Главная > Комил Бекзода > Ояндаи равшанфикрони миллӣ

Ояндаи равшанфикрони миллӣ

Аз ин қиссаи алоқаи мӯътазила бо «Ихвон-ус-сафо» маълум ме­гардад, ки қатъи назар аз таърихи ягонаи ду мактаби фикрӣ, байни онҳо дар масъалаҳои асосӣ фарқи ҷиддие вуҷуд дорад.

Истифода аз роҳу равишҳои шуубигарӣ дар назарияи маърифати «Ихвон-ус-сафо»

Назарияи маърифати «Ихвон-ус-сафо»-ро наметавон дар қолабҳои маъмулии ҳамагонӣ мавриди озмо­иш қарор дод. Зеро назарияи маъ­рифати онҳо чуноне ки худашон ин назарияро тасаввур мекарданд, дар «Расоил» наомадааст. Назарияи маърифати онҳо дар «Расоил» ба ҷуз тавсияҳои оммавӣ беш нест, ки ин тавсияҳоро барои оммаи мардуми лаёқатманд ва омодаи қабули чу­нин ақида пешниҳод карда буданд, ки мебоист баъди амалӣ шудани ин тавсияҳо инқилоби иҷтимоӣ ва фикрӣ дар империяи ислом ба вуҷуд меомад. Нақшаи тахминӣ ва пешакии ин инқилоб дар «Расоил» ба таври умумӣ зикр шудааст. Вале нақшаи дақиқи он дар фикри муал­лифони «Расоил» буд, ки то имрӯз аз мавҷудияти он дараке нест. Аз ин ҷиҳат моро боистӣ, ки тамоми саргузашти «Ихвон-ус-сафо»-ро аз мавқеи назарияи маърифат мав­риди баррасӣ қарор диҳем. Зеро ғарази аслии онҳо низ аз навиштаи ин 52 рисола ҳамоно паҳн намуда­ни маърифат буд. Бояд дид, ки онҳо чӣ тавр ва бо кадом роҳҳо маъри­фатро ба пайравони худ пешниҳод менамоянд ва асли онро аз чӣ иборат медонанд. Маҳз ҳамин маъ­рифат мебоист унсурҳои худогоҳи хилофати исломиро бармеангехт ва онҳоро ба сӯи ҳарбу зарбҳои оянда омода менамуд. Аз ин нуқтаи на­зар, назарияи маърифати «Ихвон-ус-сафо» дорои аҳамияти бузурги амалӣ мебошад.

Барои ворид шудан ба назари­яи маърифати «Ихвон-ус-сафо» мо бояд фикран андаке ба қафо, яъне ба асри ал-Киндӣ баргардем. Зеро ки маҳз дар давраи ал-Киндӣ авва­лин нишонаҳои фалсафӣ бо равияи ақлонии он зуҳур карда буд. Бо ин роҳ мо мехоҳем нишон диҳем, ки дар муддати қариб як аср назарияи маърифат дар фалсафаи исломӣ то чӣ андоза тараққӣ кардааст. Дар он замон мавзӯи маърифат оҳиста-оҳиста ба шикастани қалъаи фикри лоҳутӣ (худоӣ) шурӯъ намуда буд. Вале ал-Киндӣ доираи ин вусъатро то ба беруни қалъа бурда расонид. Натиҷа ин шуд, ки назарияи маъ­рифат то асри нӯҳи мелодӣ маҳдуд ба маърифати Худо гардида буд. Ва аз ин гузашта асли онро маърифати алоқа байни Худо ва Олам ташкил мекард. Вале дар фалсафаи худи ал-Киндӣ назарияи маърифат ба таври мустақил ба маърифати Олам бахшида шуда буд.

Чун аз ин давр бигзарем ва ба нимаҳои асри даҳум бирасем, хоҳем дид, ки доираи ин масъалагузориҳо дар фалсафаи «Ихвон-ус-сафо», Форобӣ ва дигар файласуфон до­рои амиқии навине гардидаанд. Шакли энсиклопедистӣ гирифтани «Расоил»-и «Ихвон-ус-сафо» ҳам ифодаи вусъати ин аср буд.

Бо вуҷуди он, ки асри «Ихвон-ус-сафо» асри густариш ва вусъати ҳамаҷонибаи илмӣ буда бошад ҳам, «Расоил»-и онҳо ба ҳама шартҳои ин аср ҷавоб дода наметавонист. Ҳарчанд мо дар ин ҷо ҳалли амиқи масъалаҳоро дар назар дорем, вале ин ҳам сабаби объективии худро дошт. «Ихвон-ус-сафо» дар «Расоил»-и худ бо ҳукми махфӣ буда­ни ғаразҳои аслии худ намехостанд, ки ҳақиқати масъалаҳоро ба таври ошкоро баён намоянд. Аз ин сабаб онҳо ба шарҳу эзоҳи масъалаҳо дар ҳудуди маърифати омма қаноат ме­карданд. Вале бо вуҷуди он ҳангоме ки мо ба феҳрасти мавзӯъҳои «Ра­соил» менигарем, дар онҳо дараҷаи пешрафтро дар мавзӯи маърифат мушоҳида менамоем. Ва мебинем, ки мавзӯи маърифати соҳаҳои гу­ногуни олами моддиро новобаста ба масъалаҳои лоҳутӣ (худшиносӣ) фаро гирифтааст. Ин пешрафтро дар мавзӯи маърифати ақлонӣ бояд дар алоқамандӣ бо инкишофи алоқаҳои иҷтимоӣ ва тараққиёти илмҳои табиӣ ва таъсири ҳамаи онҳо дар пешрафти фалсафа, дар шарҳу эзоҳи олами объективӣ дида баромад.

Мавзӯи маърифат дар энсикло­педияи «Ихвон-ус-сафо» ду ҷиҳати муҳимро дар бар мегирад. Якум: маърифати Худо ва алоқаи он бо Олам. Дуюм: маърифати Олам бо худи худ, ки аз Худо як навъ истиқлолият дорад.

Мувофиқи ин ду ҷиҳати маъ­рифат, ҳудудҳои худи маърифат низ фарқ мекунанд. Ҳарчанд ки сарчашмаҳо, усулҳо ва меъёрҳо аз якдигар фарқ доранд.

Ҳоло бубинем, ки «Ихвон-ус-сафо» доир ба маърифати Худо чӣ ақидае доранд:

«Ихвон-ус-сафо» маъри­фати Худоро «шарифтарин ва гаронқадртарин маърифат» мешу­моранд. Бояд эътироф кард, ки онҳо то андозае вобастаи асри хеш ва маънавиёти он буданд. Ва аз ҳамин нуқтаи назар раъи худро доир ба шинохтани Худо изҳор доштанд. Дар протсеси сайқал додани ақидаи худ доир ба чигунагии Худо ва шинохти он, «Ихвон-ус-сафо» методи худро дар ин масъала кор карда баро­маданд. Аввалин талаботи ин ме­тод аз он иборат буд, ки ба ақидаи онҳо, талаби шинохтани Худо бояд аз талаби шинохтани «ашёи ҷузъии маҳсус» (моддӣ) ва ё баҳс доир ба «ҳамаи мавҷудоти куллӣ» фарқ кар­да шавад ва ин ду мабдаъ (яъне Худо ва ашёи ҳиссӣ) ба якдигар муқоисанашавандаанд, дар ҳар сурат тафаккури асримиёнагӣ об­рази Худоро аз образҳои ашёи воқеӣ алоҳида ҳисоб мекард. Ҷиҳати дуюми методи «Ихвон-ус-сафо» аз он иборат буд, ки онҳо барои фарқ кардани ин ду навъи маърифат категорияҳои аз якдигар фарқкунанда истифода мекарданд. Барои мисол, барои маърифати ҳар як чизи ҳисшаванда ва ё куллӣ ягон ҷавобе доир ба ҳақиқати он талаб карда мешавад. Ва аз ин қабиланд пурсишҳое доир ба моҳияти чиз, миқдор, сифат, вазъ, макон, замон, иллат ва хусусиятҳои фарқкунандаи он ва ғайра… Аммо шинохтани Худо бошад ба ҷуз ду савол чизи дигаре намехоҳад. Он ду суол инҳо ҳастанд: Оё вай ҳаст? Вай кист? Яъне аввал доир ба шахсияти вай, дуюм доир ба сифатҳои вай савол дода меша­вад.

Натиҷа ин мешавад, ки инсон моҳияти Худоро фаро гирифта на­метавонад. На аз барои он, ки маъ­рифати Худо барои инсон дастнорас аст, балки аз он ҷиҳат, ки нури Худо ва азамати он, аз андоза берун аст. Мисли он, ки нуре тавоно чашми инсонро хира мекунад ва инсон ди­гар қобил нест, ки худ нур ва ашёи равшаншударо дуруст бубинад, дар мавъалаи худоӣ низ «Ихвон-ус-сафо» ақида доранд, ки ҳақиқати худоӣ ба мисли нури тавоно ҳамаи олами ҳастиро фаро гирифтааст ва мо одамон ба сабаби тавоноии ҷилои нури худоӣ, моҳияти он сар­чашмаи нурро фаро гирифта на­метавонем. Аз ин чунин бармеояд, ки «Ихвон-ус-сафо» дар ин масъала аз ақидаи тақлидӣ ва анъанавӣ дур рафта, ақли инсониро дар шинохти Худо оҷиз ҳисоб намекунанд, балки асли масъала он аст, ки ба ақидаи онҳо, мафҳумҳое аз қабили кам­му кайф, макону замон, иллат ва ғайра бо зоти Худовандӣ мутобиқат надоранд, зеро Худо аз ҳама гуна сифатҳои ҷисмӣ, ҳолатҳо ва аъроз ба таври мутлақ бениёз мебошад. Дар ин масъала чуноне, ки гуфта гу­заштем, дар ақидаи онҳо чизе нав ба чашм мехӯрад. Акнун бубинем, ки «Ихвон» дар масъалаи маърифа­ти олами моддӣ чӣ ақидае доранд. Ва пеш аз ҳама бояд пурсид, ки: Оё ҳамин Олами моддӣ мавзӯи маъ­рифати фалсафаи «Ихвон» аст? Ин савол моро ба саволи дигаре ме­расонад, ки чунин аст: Оё «Ихвон-ус-сафо» мавҷудияти объективии олами моддиро эътироф доранд? Шарҳи ин савол тӯлонӣ аст, вале бояд ба таври мухтасар ва ошкоро гуфт, ки бале, онҳо ба мавҷудияти объективии олами моддӣ эътироф доранд. Ва ҳамин олами объективӣ мавзӯи маърифатро барои онҳо ташкил медиҳад. Барои ҳамин ҳам аксарияти мавзӯъҳои дар «Расоил»-и онҳо омада маҳз ба мавзӯи маъри­фати олами берунӣ (моддӣ) бахши­да шудаанд.

Сарчашмаҳое, ки «Ихвон» дар маърифат ба он эътимод мекунанд, асосан ва дар аксари ҳолатҳо ра­вияи ақлонӣ аст. Онҳо ҳатто мавзӯи бо ном «илмҳои-илоҳӣ»-ро низ аз мавқеи ин асос (равияи ақлонӣ) дида мебароянд. Ва маълум аст, ки маъ­рифати ақлонӣ бар истидлолу бурҳон такя мекунад. Ва он чи ки доир ба олами муҷаррадот (абстраксияҳо) гуфта мешавад ва онҳоро берун аз олами ҷисмонӣ тасаввур мекунанд ва ғайра, ҳамагӣ аслу асоси худро дар назарияи «Ихвон» аз ақл меги­ранд. Вале ин асл (яъне ақл) ҳамеша сарчашмаи ягонаи маърифати «ола­ми рӯҳонӣ» буда наметавонад. Зеро эҳтиёткорӣ ва ҳазаре, ки рӯҳи тамо­ми «Расоил»-ро фаро гирифтааст, ба он бурда мерасонад, ки онҳо аз рӯи эҳтиёткорӣ ба рӯи натиҷаҳои ақлонӣ ва материалистиашон пардаи ғайбӣ мекашанд. Албатта ин барои ка­соне, ки аз вазъи сиёсӣ ва идеоло­гии он аср бохабаранд, як ҳолати табиӣ ва зарурӣ ба шумор меояд. Дар ҳамин нуқта шарҳу эзоҳҳои гу­ногуни муҳаққиқони осори «Ихвон» зоҳир мегардад ва ҳар як муҳаққиқ мувофиқи завқи назарии худ мавзӯъ ва ҳадафи «Расоил»-ро муайян меку­над.

Муҳаққиқи муосири араб (аз Лубнон) доктор Ҷаббур Абдуннур ме­нависад, ки мувофиқи ақидаи «Их­вон, ки аз рӯи тақия ва эҳтиёткорӣ оварда шудааст, Худо муайянку­нандаи тақдири куллиёт ва ҷузъиёт аст. Вале ақидаи ҳақиқии «Ихвон» он аст, ки «кавкабҳо сабаби асосӣ ва бевоситаи ташаккули табиӣ ва зуҳури модда ва сурат ва ба шаклҳои ҷамодӣ, наботӣ, ҳайвонӣ ва инсонӣ расидани онҳо мебошанд».

«Ихвон-ус-сафо» дар масъалаи ақл ба ду сарчашма такя мекар­данд. Яке сарчашмаи динӣ буд, вале дар охир боз ба ақли инсонӣ паноҳ мебурданд…

Дигаре методи хоси худи «Их­вон» буд, ки дар саросари «Расоила­шон» омадааст. Мувофиқи он асоси ҳамагуна маърифат ақли инсонӣ буда, дар ин замина мӯъҷизот қиммати худро гум мекунанд. Ҳамагуна тақлидҳои диние, ки аз бурҳон бенасибанд, дурӯғ эълон кар­да мешаванд… Маърифати ҳиссӣ дорои арзиш аст. Вале маърифати ақлӣ баландтарин навъи маърифат аст. Дониши дурустро илмҳои риёзӣ медиҳанд. Олами берунаро (мод­диро) танҳо бо истифода аз ақл ва таҷриба метавон фаҳмид ва ғайра. Онҳо дар «Расоил»-и худ ошкоро ақлро раиси худ эълон намуда, гуф­таанд, ки “касе агар ба қоидаҳои ақл рафтор накунад ва эътироф на­дошта бошад, бояд ӯро аз ҷамоаи худ берун кунем ва бидон, ки агар оқилони накӯкор ва писандида чун дорои ақли тавоно гарданд, дар он сурат онҳо мӯҳтоҷ ба раҳнамоӣ ва иршоди пайғамбар нестанд. Зеро худи ақл ва қудрат метавонад ҷонишини пайғамбар гардад».

(Давом дорад)

Рубрики:Комил Бекзода
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: