Главная > Азимҷон БАДАЛОВ > Телевизиони муштарак хаёли хом гашт

Телевизиони муштарак хаёли хом гашт

Дар пешбурди маданияти сухан нақши вАо, бахусус телевизион басо назаррас аст. пӯшида нест, ки тайи чанд соли ахир дар ҷумҳурӣ таваҷҷӯҳи мардум нисбат ба воситаҳои ахбори умум зиёд гардида истодааст. зеро, бо мурури замон халқ ҳис кард, ки барои расонидани хабар нақши хусусан телевизион муҳим аст. Мебояд гуфт, ки мардум аз он чӣ ки мехонанд, агар бо чашми худ бинанд, зиёдтар бовар мекунанд. Кишварҳои абарқудрате ҳастанд, ки барои сиёсати хешро ба тамоми ҷаҳон муаррифӣ кардан маҳз аз вАо пурсамар истифода мебаранд. вақти он фаро расидааст, ки таваҷҷӯҳи ҳукумати ҷумҳурӣ нисбати воситаҳои ахбори омма зиёд гардида, фаъолияти он мансабдоронро бетараф нагузорад. Ҳанӯз соли 2006-ум сарони кишварҳои Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистон дар як вохӯрӣ масъалаи таъсиси як шабакаи муштаракро ба миён гузошта буданд. Ин тарҳ мардумро хеле хушҳол кард, ки акнун се давлати ҳамзабону ҳамфарҳанг бо посдории тамаддуни қадими худ бо як овоз садо баланд мекунанду дастибадаст пеш мераванд. Вале, кушодашавии телевизион бо орзуҳои осмонии мардум хаёли хом гашт. 

Дар вохӯрие, ки миёни саронидавлатҳои ҳамзабон доир гашт, макони ҷойгиршавии ин шабакаи муштараки телевизионӣ шаҳри Душанбе-пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарар гардида буд. Доир ба таъсиси ин шабакаи телевизионӣ хабаргузориҳо на­виштанд, ки ҷониби Тоҷикистон ҷудо намудани биноеро, ки дар он ҷо ин шабака таъсис меёбад, ба ӯҳдаи хеш гирифтааст. Зикр шуд, ки ҷониби Эрон таҷҳизоти зару­риро дастрас карда, Афғонистон бошад, харидории таҷҳизоти саб­ткуниро ӯҳдадор шудааст. Баъдан дар мавриди аз Ҷумҳурии Олмон харидорӣ намудани таҷҳизоти зарурӣ сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алиасғари Шеърдӯст иттилоъ дода гуфтааст, ки аз Олмон мутахасси­сонро даъват кардаанд ва ин му­тахассисон метавонанд дар муд­дати 20 рӯз таҷҳизотро васл карда, нозукиҳояшро ба мутахассисони форсизабон омӯзонанд. Ҳамчунин Алиасғари Шеърдӯст қайд мекунад, ки онҳо интизори он ҳастанд, ки кай Ҷумҳурии Тоҷикистон ба онҳо расман иҷозати ифтитоҳ намудани ин шабакаи муштаракро медиҳад. Ба қавли сафир, гӯё аллакай 300 барномаи телевизионӣ аз ҷониби журналистон омода гардидааст. Вале таври маълум, телевизиони муштарак, ки қаблан замони ку­шодашавияш арафаи иди Наврӯз эълон гашта буд, ба қафо партоф­та шуд. Барои мо ҳоло номаълум аст, ки мутахассиони олмонӣ ба Тоҷикистон омадаанд ё ба онҳо боз то замони тасмими дигару даъвати нав вақт дода бошанд? Аммо, бо вуҷуди он, ки ҳоло аз ку­шодашавии ин телевизион дигар дарак нест, барои мо муҳим аст, ки оё дар як муддати кӯтоҳ, яъне 20 рӯз форсизабонҳо метавонанд нозукиҳои истифодаи таҷҳизотро аз худ карда, дигар мӯҳтоҷи олмониҳо нашаванд ё баръакс, агар Худо на­карда ягон таҷҳизот аз кор монад, барои ҷустуҷӯйи мутахассис роҳи Олмонро пеш мегирем? Муҳимтар аз ҳама, он 300 барномае, ки аз ҷониби рӯзноманигорон таҳия гашт, куҷо шуд? Магар матлаба­шон кӯҳна нашуд? Оё чунин рафтор боиси дилсардии рӯзноманигорон шуда наметавонад, ки ба қавле «хуни ҷигар» шуда, барнома омода карданд, вале имрӯз меҳнати онҳо ба як «пули пучак» арзиш надорад?

Ҳамон замон, ки то Наврӯз вақти кам монда буду аллакай гумагӯҳо сари ақиб афтодани кушодашавии телевизиони муштарак пайдо шуд, Алиасғари Шеърдӯст дар ҷамъи хабарнигорон изҳор дошт, ки аз ҷониби онҳо ҳама омодагиҳо ҳаст, вале ҷониби Афғонистон баъзе муш­килот доранд. Ҳарчанд сафир буда­ни кадом мушкилотро ёдрас нагашт, тахмин меравад, ки ин мушкил мета­вонад марбут ба сиёсати хоси исло­мии Афғонистон ва фарҳанги каме аврупоишудаи тоҷикистониён бо­шад. Дар ин баробар, мебояд гуфт, ки ҷониби Ҷумҳурии Афғонистон аз ҳоло, яъне қабл аз расман ифтитоҳ ёфтани ин шабакаи муштараки форсизабонҳо хостори он шуда­аст, ки барномаҳои ин шабакаи телевизионии муштарак бо забони пашту ва халқу миллатҳое, ки дар Афғонистон ба сар мебаранд, пахш карда шавад.

Аз ин нигоҳ, ба назари сармуҳаррири идораи барномаҳои иттилоотии муассисаи телевизиони «Сафина» Карим Азизов, шояд як сабаби ба фаъолият оғоз накардани шабакаи муштараки форсизабонҳо масъалаи забони ин шабака бо­шад. Дар ин баробар Карим Азизов бар ин назар аст, ки тибқи иттилои пайдокардааш, бояд ин шабака аз сиёсат дур бошад.

— Барномаҳои ин шабака бештар фарҳангӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ буда метавонанд,- гуфт Карим Азизов ва илова кард:

— Агар касбият дар ин шабака хуб бошад, шояд аз он омӯхтан даркор. Чун як қисми аҳолии Афғонистон паштузабон аст, ба ҳамин хотир шояд баъзе мушкилот пеш омада бошад. Мумкин, ки ин масъаларо дар сатҳи роҳбарияташон ҳал карда бошанд. Аз оне, ки ин шабакаи форсизабонҳо аст ва ҳарчанд, ки барномаҳо бояд ба забони форсӣ бошад, шояд чи хеле, ки дар барномаҳои мо ахбори чанддақиқаинае ҳаст, ки ба забони русӣ пахш мешавад, барои забони пашту ягон дақиқа ҷудо мекунанд. Агар 90 фисади барномаҳои мо ба забони давлатӣ бошад, даҳ фоиз барномаҳо бо забони русӣ омода ва пахш мешавад. Аҳолии русзабо­не ҳастанд, ки ба ҳамин чиз эҳтиёҷ доранд. Ба ин монанд шояд ягон дақиқа барои забони пашту вақт ҷудо мекунанд.

Доир ба рақобат кардан ва ё накардани ин шабакаи форсиза­бон Карим Азизов мутмаин аст, ки ҳеҷ гуна рақобат нахоҳад шуд. Вале набояд фаромӯш кард, ки рақобат як чизи маъмулист. Шояд аксари­ят рақобат кардани шабакаҳои ҷумҳуриро бо ин шабакаи мушта­рак ёдрас намешаванду мегӯянд, ки он ғайриимкон аст, вале дар асл байни шабакаҳои Тоҷикистон низ рақобатро мушоҳида кардан мум­кин аст. Аз ин дидгоҳ, дар назар аст, ки оянда рақобат байни шабакаҳои ҷумҳурӣ ва ин шабакае, ки ҳоло таъ­сис наёфтааст, пайдо шавад.

Таъсис ёфтани чунин як ша­бакаи муштаракро сиёсатшинос Мирҳусейн Нарзиев амри зарурӣ ва саривақтӣ мешуморад. ӯ мегӯяд:

— То ҷое, ки мо огоҳӣ дорем, тарҳи ин шабакаи телевизионӣ соли 2006-ум миёни ин се кишвар шурӯъ шуда буд, вале бо сабабҳои барои мо ноаён ин иқдом хело тӯл кашид. Дар тамоми кишварҳои олам масъ­алаи глобализатсия рафта истодааст. Агар миёни кишварҳои форсизабон як ҳамгироии иқтисодӣ сурат наги­рад, эътимод аст, ки ин бохти мар­думи форсизабон бошад. Бинобар ин, ман гумон мекунам, ки оғози ин шабака кори хеле хуб ва қобили дастгирист.

Ба назар чунин мерасад, ки як сабаби асосие, ки садди роҳи фаъо­лияти ин шабакаи телевизионӣ шуда истодааст, масъалаи Афғонистон аст. Инҷо суоле ба миён меояд, ки чаро миёни се кишвари ҳамзабон як масъалаи кӯчаке, ки он қадар душвор нест, якчанд сол тӯл кашида, то ҳол ҳалли худро намеёбад?

Дар ин бора коршиноси масои­ли сиёсӣ Қосими Бекмуҳаммад чу­нин андеша дорад:

— Албатта, ин масъала, ки борҳо мақомоти расмӣ, аз ҷумла сафири Ҷумҳурии исломии Эрон дар мав­риди замони ифтитоҳи телевизиони муштараки кишварҳои форсизабон сӯҳбат мекунанд, вале баъзан ин масъала наметавонад ҷомаи амал бипӯшад, падидаи мусбат нест ва дар шаъни равобити бисёр наздик миёни ин се кишвари ҳамзабон низ нахоҳад буд.

Воқеан ҳам вақте ин масъала дар сатҳи се кишвари ҳамзабон ҳалли худро намеёбад, кас то андо­зае шубҳа пайдо мекунад, ки дар дигар масъалаҳои душвор чӣ кор мекарда бошем?

Ба назари Қосими Бекмуҳаммад, аз ибтидо дар масъалаи фаъолияти ин шабакаи муштарак мушкилот ҷой доштааст.

Назари Қосими Бекмуҳаммад дар ин бора чунин аст, ки бояд аз ибтидо коршиносон рӯйи ин мавзӯъ ба сурати як тарҳи муштарак кор ме­карданд, то заминаи муваффақияти он таъмин гардад.

— Ин мавзӯъ ва ваъдаҳое, ки то имрӯз натавонистанд амалӣ ша­ванд, нишон медиҳад, ки аз иб­тидо мавзӯи эҷоди телевизиони муштарак ҳамроҳ бо мушкилот будааст. Мутаассифона тайи ин фосила, ки панҷ сол мегузарад, мо танҳо шоҳиди он ҳастем, ки барои роҳандозӣ шудани ин телевизион за­мон таъин мегардад, вале билохира иттифоқе меафтад, ки дар тӯли чанд сол пайи ҳам пеш омадаанд. Яъне ин кишварҳо нишон доданд, ки дар арсаҳои фарҳангӣ ва расонаӣ ба­рои ҳамкориҳои муштарак ва би­сёр наздик ҳанӯз омодагии лозимро надоранд.

Инҷо бармегардем сари масъалаи он, ки то ба кай чунин ваъдахилофиҳо давом мекарда бошад? Қабл аз иди Наврӯз сафи­ри Ҷумҳурии исломии Эрон дар Тоҷикистон Алиасғари Шеърдӯст дар ҷамъи хабарнигорон ваъда дода буд, ки ин шабакаи телевизионӣ дар арафаи Наврӯз ифтитоҳ меёбад. Вале муттассифона чунин нашуд. Са­наи 23-юми марти соли равон дар толори Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ баргу­зор гардид ва дар он ҷо ба вазири фарҳанг ва иршоди Ҷумҳурии исло­мии Эрон Сайидмуҳаммад Ҳусайнӣ, ки бори нахуст ба Тоҷикистон ташриф овард ва он ҳам дар иди Наврӯз, доир ба масъалаи телеви­зиони муштараки форсизабонҳо саволҳои зиёде пешниҳод гардид. Аз чӣ буд, ки вазир аз ҷавоб додан ба ин саволҳо худдорӣ кард ва шарҳи масъаларо ба Алиасғари Шеърдӯст вогузошт. Алиасғари Шеърдӯст дар ҷавоб гуфт:

— Аз тарафи Ҷумҳурии исломии Эрон Эрон ҳатто таҷҳизоти мавриди ниёзи ин телевизион харидорӣ шуда­аст. Он бахше, ки вазифаи Ҷумҳурии Исломии Эрон буд, анҷом дода шуд. Дӯстони тоҷики мо то ҳадде дар фи­кри ин қазия ҳастанд ва ҳанӯз мо ба ҷамъбандӣ нарасидем. Кишвари дӯстони афғони мо, бо камоли таас­суф, дар мавриди телевизион хело ҷиддӣ ворид нашудаанд.

Доир ба ин масъала Қосими Бекмуҳаммад бар ин назар аст, ки «ҳарчанд роҳандозӣ нашудани ин телевизион дар ҳоли ҳозир заъфҳои мавҷуд дар равобити фарҳангӣ ва расонаӣ миёни ин се кишвари ҳамзабонро нишон медиҳад, бояд ниҳояти ин кор ба дасти ниҳодҳои хусусӣ ва ё ғайридавлатии ин кишварҳо вогузор шавад, то битаво­нанд ҳадди ақал як шабакаи мушта­раки фарҳангиро дошта бошанд».

Мусаллам аст, ки ин шабакаи муштараки форсизабон дер ё зуд ба фаъолият оғоз мекунад. Ба да­розо кашидани фаъолияти ин ша­бака шояд дар назари мо як чизи муқаррарӣ бошад, зеро мо бо чу­нин ваъдаҳое, ки аз ҷониби мансаб­дорони кишвар мешавад, кайҳост, ки ошноем, вале миллатҳои ғайр ба ин чӣ мегуфта бошанд? Модоме ки дар муддати чанд сол масъалаи як телевизионро ҳал карда натавонем, дигар чӣ кор карда метавонем?

Азимҷон БАДАЛОВ,

БМСТЖ

  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: