Главная > Иқболи САИДЗОД > «Бин Лодан»-и русӣ кушта шуд

«Бин Лодан»-и русӣ кушта шуд

Дигар аз фоли «русӣ» ва тарҳи «амрикоӣ» халос шудем 
Кушта шудани Абдулло Раҳимов, ки бо номи «Бин Лодан»-и русӣ ва «Мулло Абдул¬ло» ёд мешуд, расман тасдиқ шуд. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар як баёния кушта шудани Мулло Абдулло ва 14 ҷонибдори ӯро тасдиқ кард.
Дар ин изҳорот гуфта мешавад, ки ама¬лиёти зидди гурӯҳи мазкур пас аз ошкор шу¬дани маҳали ҷойгиршавии Абдулло Раҳимов, мулаққаб ба «Мулло Абдулло» «дар қисмати ғарбии ноҳияи Рашт, дар масофаи беш аз 50 километр дуртар аз маркази ноҳия, дар мав¬зеи баланду мушкилгузар» рӯзи 15-уми апрел оғоз ёфт. Ҳангоме ки нерӯҳои давлатӣ барои боздошти Абдулло Раҳимов, бо лақаби «Мул¬ло Абдулло» ба ин маҳал омаданд, задухӯрди шадиде шурӯъ шуда, бар асари он Абдулло Раҳимов ва 14 нафар аз «аъзои гурӯҳи ҷиноии ӯ» кушта шудаанд. Дар баёнияи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо изҳори таассуф гуфта шудааст, ки дар ин даргирӣ ду нафар аз сокинони маҳаллӣ, ки бо иродаи ватанахоҳӣ аз ҳамсафони ихтиёрии сохторҳои қудратии кишвар буданд, ба шаҳодат расиданд ва ду нафар аз кормандони мақомоти амният ҷароҳати ҷисмонӣ гирифтаанд. 
Ҳамчунин, аз кашфи миқдори зиёди яроқи оташфишон, муҳимоти ҷангӣ, васоити маълумотӣ, маводи тарканда ва дигар лаво¬зимоти ҳарбӣ аз махфигоҳи гурӯҳи Мулло Аб¬дулло хабар дода шудааст.
Чанд рӯзи пеш шунида шудани садои тирпарронӣ ва ҳаракати чархболҳои ҳарбӣ дар минтақаи Раштро мақомот машқҳои муштараки нақшавии сохторҳои қудратии мамлакат бо истифода аз яроқу аслиҳаи оташ¬фишонии сабуки ҷангӣ ва тӯбҳову чархболҳои ҳарбӣ маънидод карда буданд. Аммо ин шарҳи мақомот суолҳоеро ҳам ба вуҷуд оварда буд, ки посухи мушаххас нагирифта буданд. Гуфта мешуд, ки амалиёти муштарак чаро маҳз дар Рашт сурат мегирад, на ҷои дигар? Гумонҳое ҳам буд, ки амалиёти густардаи мақомоти қудратии Тоҷикистон, ки баланд бардоштани малакаи касбии хизматчиёни ҳарбӣ дар сам¬ти иҷрои ҳамаи вазифаҳо унвон мешуд, шояд хабарҳоеро дар пай хоҳад дошт.
Хабари кушта шудани Мулло Абдулло дар ҳоле гуфта мешавад, ки дар ин самт идома ёфтани амалиётҳо мавриди назар буд. Ҳанӯз чанд ҳафта пеш Амирқул Азимов, котиби Шӯрои амният ва ҳоло номзад ба вакили Маҷлиси намояндагон аз ҳавзаи ноҳияи Си¬нои шаҳри Душанбе дар сӯҳбат бо «Озодӣ» дар ин бора як ишораи хеле равшан дошт. ӯ гуфта буд, ки дар бораи Мулло Абдулло ва макони ҷойгиршавиаш маълумоти оперативӣ дар даст доранд, аммо пас аз анҷоми ама¬лиёт метавонанд дар ин бора маълумот диҳанд. Амирқул Азимов ҳамчунин ишорае дошт: «Азбаски ман дар минтақаи Рашт чанд вақти ахир ҳузур доштам, бо боварии том гуфта метавонам, ки сохторҳои қудратӣ бо як тарзи корбарӣ гузаштаанд. Имрӯз қариб 95 фисади онҳое, ки ба гурӯҳи террористии Мулло Абдулло мансуб буданд, дастгир ё не¬сту нобуд карда шудаанд ва барои боздошт кардани боқимондаи онҳо кор давом дорад. Дар Тоҷикистон барои чунин гурӯҳҳо майдон нест…».
Замоне, ки мошини «Урал»-и Вазорати мудофиа таркид ва 28 нафар аз аскарон дар натиҷаи ин таркиш ҷони худро аз даст доданд, мақомот инфиҷори мазкурро кори дасти Мул¬ло Абдулло номида буданд. Аммо баъдан ба ин кор даст доштани Мирзохӯҷа Аҳмадов, собиқ корманди милиса ва қумондони мухолифи ҳукумати феълӣ ва одамони ӯро низ тасдиқ карда, аз пайи дастгир кардани ӯ афтоданд. Вале дар охир шарик набудани Мирзохӯҷа Аҳмадовро дар ин таркиш мақомот ёдрас шуда, бо ҳамкории ӯ ба безарар кардани гурӯҳи Алии Бедакӣ, ки гунаҳкори асосии нооромиҳои шарқи кишвар ва ҳамдасти Мул¬ло Абдулло номида мешуд, шурӯъ карданд. Аммо Алии Бедакӣ кушта шуд ва аз Мулло Абдулло хабаре набуд. Ҳатто дар бораи зин¬да будан ё набудани Мулло Абдулло шубҳаҳое вуҷуд дошт ва ӯро «Бен Лодан»-и русӣ низ ном мебурданд. Ба хотири он ки ҳар вақт Русия ба¬рои ноором нишон додани вазъ аз ӯ ном ме¬бурдааст. Аммо баъзе коршиносони хориҷӣ нооромии вазъро аз мавҷудияти «дасти ғарбӣ» маънидод мекарданд. Таҳлилгари рус, Андрей Грозин иддао дошт, чун дӯстони амрикоӣ диданд, ки Тоҷикистон ба гапи Москва гӯш мекардагӣ шуд, ҳамкориҳоро тақвият дод, ба ташвиш афтоданд. Ва дар ин маврид сафари дипломатҳои амрикоӣ ба Душанбе ва Мо¬скавро мисол оварда гуфта буд, ки ин нақшаи сафарро онҳо барвақт тарҳрезӣ карда бу¬данд. Ба андешаи ӯ, ҳарчанд таҳлилгарон дар фирори зиндониён «дасти русӣ»-ро мекобанд, аммо дар асл на ин тавр, балки гурӯҳҳои амнияти Ғарб ва амрикоӣ муносибати хуби Москаву Душанберо ба назар гирифта, ин гуна маъракаро барпо намуданд, яъне «да¬сти ғарбӣ» шояд дар он бошад. Вале ба ҳар сурат фирори зиндониён дар асл аз беназмӣ, фасод ва муносибати бисёр бади мақомоти интизомии Тоҷикистон дар иҷрои вазифа ба вуқӯъ пайвастааст. Бисёриҳо дасти бегонаро ҷустуҷӯ мекунанд. Аммо дар асл дар он ҳузури қудрате дида намешавад,- гуфта буд ӯ.
Номи Мулло Абдулло чун исёнгар на як бору ду бор, балки дар ҳар нооромии шарқи кишвар зикр мешуд. Соли 2009 мақомоти қудратии кишвар бо баҳонаи амалиёти «Кӯкнор 2009» ба Тавилдара нерӯҳои зиёде¬ро бурданд ва баъди даргирӣ миёни гурӯҳҳои номаълум ва нерӯҳои давлатӣ, мақомот эъ¬тироф карданд, ки Мулло Абдулло ва ёронаш вориди Тоҷикистон гашта ва бо нерӯҳои ам¬ниятии кишвар даргир шудаанд. Дар натиҷа мақомоти Тоҷикистон баъд аз қатли Мирзо Зиёев, собиқ фармондеҳи нерӯҳои мухоли¬фин, ки гӯё мехост Мулло Абдуллоро ба ҳукумат дастгир карда диҳад, аммо шарики ӯ Неъмат Азизов аз ин мақсади Зиёев огоҳ шуда, ӯро ба ҳалокат мерасонад, хабар доданд. Хулоса баъд аз он, ки Мулло Абдулло сари Зиёевро ба бод дод, изаш аз хоки Тоҷикистон нест гашт ва мавзӯи баҳси ворид шуданаш ба ҷумҳурӣ аз сархати расонаҳо берун гардид. Тӯли як сол аз Мулло Абдулло ва таҳдидаш ба Тоҷикистон чизе гуфта намешуд ва амалиёти «Кӯкнор 2009» ҳам тамом шуд. Аммо рӯзи 19-уми сен¬тябри соли 2010 ногаҳон хабари ворид шуда¬ни Мулло Абдулло ба Тоҷикистон бо гурӯҳаш ва зери оташи тир қарор додани як мошини низомии Вазорати мудофиа паҳн гардид, ки дар натиҷаи ин тирандозӣ 28 сарбози ин ниҳод кушта шуданд.
Даргирӣ дар марз ва сӯҳбат дар бораи гурӯҳҳои террористӣ дар доираи мақомот дар ҳоле гуфта мешавад, ки тайи як соли ахир аз фаъолияти Ҳаракати Исломии ӯзбекистон дар қаламрави Тоҷикистон зиёд мегӯянд. Ҳатто дар ҳайати зиндониёни фирорӣ аз боздоштгоҳи Кумитаи амнияти миллӣ низ ҳузури аъзои ин ҳаракат тасдиқ шудааст. Аммо иддае аз коршиносон «хатари ҷанубӣ» ва ноамнӣ дар сарҳадро бофтаи расонаҳои русӣ маънидод мекарданд, ки шояд Русия бо ин роҳ мехоҳад дигарбора нерӯҳои сарҳадии худро дар мар¬зи Тоҷикистону Афғонистон муҳофиз қарор диҳад. Баъзе коршиносони рус эҳтимоли ву¬руди гурӯҳҳои мусаллаҳи террористӣ ба Осиёи Марказиро тавассути қаламрави Тоҷикистон маънидод мекарданд.
Мулло Абдулло яке аз собиқ қумондонҳои Иттиҳоди нерӯҳои оппозитсионии Тоҷикистон (ИНОТ) дар соли ҷанги шаҳрвандӣ буд. ӯ солҳои 1992-97 минтақаи Дарбанд, ҳоло Раштро зери назорати худ дошт. Тибқи хабарҳо, баъди имзои созишномаи сулҳ соли 1997 Мулло Аб¬дулло ба сулҳ розӣ нашудааст. Дар соли 2000 аз ҷониби мақомоти қудратии Тоҷикистон ба¬рои безараргардонии ӯ ва гурӯҳаш амалиё¬ти густардае гузаронида шуд, вале ӯ ба тав¬ри пинҳонӣ ба Ҷумҳурии Афғонистон фирор кард. ӯ аз соли 2005 дар ҷустуҷӯи мақомоти Тоҷикистон қарор дошта, дар сомонаи Интер¬пол ба қайд гирифта шудааст.
Акнун, ки кушта шудани ӯ ба таври расмӣ тасдиқи худро ёфт, шояд дигар аз овозаҳои нооромкунандае монанди «фоли русӣ»-ву тарҳи «амрикоӣ» халос шавем?

Иқболи САИДЗОД, 
БМСТЖ

  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: