Главная > Фарангиси МУЗАФФАР > Дар Паёми имсолаи Президент кадом масъалаҳо бояд ҷой бигиранд?

Дар Паёми имсолаи Президент кадом масъалаҳо бояд ҷой бигиранд?

21-уми апрел Паёми солони Президенти ҶТ ба парлумон ирсол мешавад. Чун анъана ин тасмим ҳар сол сурат мегирад ва Сарвари давлат дар ин раванд оид ба паҳлӯҳои мухталифи ҳаёти ҷомеаи тоҷик масъалагузорӣ мекунанд. Хуб аст, ки аз Паём то Паём каме ҳам бошад, самтҳои матраҳшуда ислоҳ мепазиранд ва соҳаҳо нумӯъ мекунанд. Суоли мо ба коршиносон низ ҳамин аст, ки:

Мирҳусейн НАЗРИЕВ, сиёсатшинос:

— Тайи солҳои охир вазъи мамлакат ба ҳамагон маълум аст. Ин пеш аз ҳама идомаи бӯҳрони иқтисодӣ, иҷтимоӣ, маънавӣдар мамлакат мебошад, ки ин ҳолат дар маҷмӯъ торафт вазъи зиндагонии мардуми мамлака тро сангин намуда истодааст. Таҳлилҳои одӣ нишон медиҳанд, ки дар Тоҷикистон торафт коррупсия намӯъ ёфта, он барои пайдо шу дани воситаҳои замонавии истеҳсолот садди оҳанӣ эҷод намудааст. Рушди коррупсия ҳатто ба амнияти мамлакат таҳдид намуда истода аст. Аз ин рӯ, мо бар он андеша ҳастем, ки яке аз сабабҳои пош хӯрдани империяҳо — ин рушди коррупсия ба ҳисоб мерафт. Гузаш та аз ин, болоравии ҳаракатҳои мардум ва тазоҳуротҳои гуногун дар кишварҳои араб, ки то ба имрӯз идома дорад, сабаби аслии онҳо рушди коррупсия аст. Аз ин рӯ, мехо стем ахиран роҳбари давлат дар паёми худ ба чанд савол мушаххасан ҷавоб гӯянд. Пеш аз ҳама, дар Тоҷикистон ахиран кай ва дар кадом мӯҳлат вазъи бӯҳронии мамлакат бар тараф мегардад? Дуюм, бо назардошти он, ки масалан дар мамлакат қариб, ки тамоми ислоҳоти пешин бенатиҷа буданд, бисёр хуб мешуд президент дар бораи гузаронидани ислоҳоти оҷилии конститутсионӣ дар ҳамин паём масъалагузорӣ менамуданд. Сеюм, бо назардошти вазъияти имрӯзаи кишвар ва умуман пастравии сиёсати хориҷии мамла кат, дар ин паём мушаххасан роҳбари давлат дар бораи беҳдошти сиёсати хориҷӣ, баху сус нисбати баъзе аз ҳамсоякишварҳо, дар назар дорем Русия,ӯзбекистонро, ки дар ҳалли баъзе аз масъалаҳои стратегии киш вари мо хатҳои сунъӣ гузошта истодаанд, ис тода гузаранд. Ахиран мехостем президент додани иловапулӣ ва зиёд намудани маоши кормандони соҳаҳои буҷавӣ, нафақахӯрон, донишҷӯён ва ғайраҳоро мавриди баррасӣқарор диҳанд.

Мӯсо АСОЗОДА, сиёсатшинос:

— Дар баробари ояндабандии ҷомеасозӣ дар паёми роҳбари давлати мо пеш аз ҳама рушди хоҷагии қишлоқи ҶТ, ҷалби бештари сармоягузорӣ аз хориҷи кишвар бояд ҷой би гирад. Дар ин замина таҳкими муносибатҳои истеҳсолӣ, аз ҷумла таъмини мардум бо ҷойи кор. Дар заминаи рушди иқтисодиёти Тоҷикистон амалӣ намудани нақшаҳои пеш гирифтаиҲукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, во баста ба рушди иқтисодиёт, саноат, энергети ка, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ. Таъмини минбаъдаи рушди соҳибкории хурду миёна, ҷалби бештари ҷавонон ба инфрак структураи кадрӣбо назардошти ояндабинии ҷомеасозии Тоҷикистон. Дар ин раванд ба назар гирифтани саҳми ҷавонон ва занон дарҷомеасозии феълии Тоҷикистон. Бо назар дошти гуногунандешӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон, ба назар гирифтани муносибатҳои байни соҳаҳои гуногун дар иҷтимоиёт, иқтисодиёт, саноат бояд баррасӣ гарданд. Барои баланд бардоштани сатҳу манзалати муаллим дар ҷомеа аҳамияти ҷиддӣ бояд дод.

Фаррух УМАРОВ, коршиноси

масоили сиёсӣ:

— Пеш аз ҳама бояд дар паём дар шароити кунунии бӯҳрони молиявии иқтисодии ҷаҳонӣ дар мадди аввал роҳҳои пешгирии оқибатҳои таъсири ин бӯҳрон ба иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла ба шароити иҷтимоӣқтисодии аҳолии Тоҷикистон бояд мавриди баррасӣқарор гиранд. Яъне, бояд чораҳои мушаххас барои баланд бардоштани сатҳи иқтисодӣҷтимоии зиндагии мардум нишон дода шаванд. Дар сиёсати хориҷӣ бошад, пеш аз ҳама мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон хусусан дар фазои Осиёи Марказӣ мустаҳкам карда шавад ва беҳтар кардани робитаҳо бо кишвари ҳамсояи ӯзбекистон низ маври ди баррасӣқарор гирад. Инчунин, мавқеи таҳким бахшидан ба амнияти дохилӣ дар кишвар, хусусан дар партави онҳодисаҳое, ки имрӯз дар кишварҳои араб сурат меги ранд, мавриди муҳокима қарор гирад. Яъне таъсири ҳодисаҳо дарҶумҳурии Тоҷикистон, сабабу омилҳои пайдоиши ин ҳодисаҳо дар кишварҳои арабӣ ва таъсири он ба мамлака ти мо чигунаҳастанд, бояд дар ин паём ҷой дошта бошад. Яке аз масъалаҳое, ки имрӯз хеле масъалаи доғ аст, ин масъалаи маориф мебошад. Зеро, тавре медонем, имрӯз дар соҳаи маориф баъзе хараҷу мараҷ ба вуҷуд омадааст, хусусан вобаста ба тавриғайри расмӣ таҳсил кардани баъзе донишҷӯёни тоҷик дар кишварҳои хориҷӣ. Оқибатҳои ин гуна гирифтани таълимот дар кишварҳои исломӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан дар соҳаи маориф бояд қайд карда, мавриди омӯзиш қарор дода шавад.

Парвиз МУЛЛОҶОНОВ, сиёсатшинос:

— Тараққиёти иҷтимоӣ ва иқтисодӣ, таъ мини сатҳи зиндагии мардум, ки ба талаботи замона мувофиқ бошад. Аз ҳама масъалаҳои муҳим масъалаи иқтисодӣ мебошад, ки бояд баррасӣ шавад. Баъдан поён бурдани нархҳо дар бозор, бахусус нархҳои хӯрокворӣ бояд дар паём ҷой дошта бошад.

Нуралӣ ДАВЛАТ, таърихнигор:

— Проблемаҳои мо солҳост, ки тағйир на меёбанд. Тоҷикистон дар бӯҳрони амиқи иқтисодӣқарор дорад. Ба назари ман, бояд посух гуфта шавад, ки чаро мо наметавонем аз ин бӯҳрон бароем? Яъне роҳи наҷот дар куҷост ва чӣ гуна бояд онро пайдо кард? Бо дарназардошти вазъи имрӯзаи ҷаҳон гуфтан мумкин аст, ки ин масъала хеле ҷиддӣ гаш тааст.

Омодасоз Фарангиси МУЗАФФАР, БМСТЖ

  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: