Главная > Uncategorized > Ман муқобилам!

Ман муқобилам!

Эътироз нисбати посух ба мақолаи “Ба капитани милиса чанд зан равост?”, ки дар рӯзномаи “Пайкон” чоп шуд 
Дар мақола зикр шуда буд, ки корманди БДА капитан Заробиддин Расулов моро гӯл зада, гуфт, ки зану фарзанд надорам, мехоҳам ба Дилором Одинаева хонадор шавам. Мо ба суханони ӯ бовар карда, духтарамро тӯй кар¬да, ба Расулов З. додем. Духтарамро ба ҷойи истиқоматии ӯ — деҳаи Тезгари поён, ҷамоати деҳоти Гулистон, ноҳияи Рӯдакӣ гусел кардем. Азбаски манзили истиқоматияш ба талабот ҷавобгӯй набуд аз ҳисоби маблағи шахсиям бинои истиқоматӣ сохта, як мошин сӯзишворӣ ҳам барои зиндагияшон додам. Онҳо ҳамагӣ як сол зиндагӣ карданд.
Пас аз як сол Расулов З. оилаи навашро ба хонаи ман оварда партофт. Вақте фарзанд ба дунё омад, капитан Дилором Одинаеваро ҷавоб дод. Баъдтар фаҳмидам, ки капитан ду зани дигар доштааст. Дар ин бора дар рӯзномаи “Пайкон” навишта шуда буд. Пас аз чопи мақола сардори РБДА полковник М. Б. Саидов аз 30.03.2011сол таҳти №23/11- 1624 ба рӯзнома ҷавоби беасос навишт, ки гӯё фактҳои мақолаи “Ба капитани милиса чанд зан равост?” ба ҳақиқат рост намеома¬дааст. Посухи ӯ дар шумораи №12-и “Пайкон” аз 07.04.2001 сол ба табъ расид.
Ман муқобили раддияи Саидов мебошам. Баъд аз чопи мақола маро ба Раёсати шӯъбаи корҳои дохилии ҷумҳурӣ даъват карданд. Бо далелу исботҳоям баёнот навишта, сезанагии Расулов З.-ро дар нишондодам баён кардам. Пас, модоме, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дидаю дониста чунин нафаронро дастгирӣ мекунанд, аз дигарон чӣ гила!?
Ин ҷавоби рӯякӣ Заробиддин Расуловро дилпур кард. Модоме, ки корманди милиса капитан Расулов З. ба қонуншиканӣ роҳ дода, ҳуқуқи занону духтаронро поймол мекунад, чӣ тавр раванди ҳаёти демократикунонии ҷомеаро пеш мебарем?
Ҳарду ҷавобномаи дар “Пайкон” чопшу¬даи ҳам А. А. Аслонов — сардори ШТТ РБДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, майори милиса ва ҳам М. Б. Саидов — сардори РБДА, подполков¬ники милитсия беасос буда, ба ҳақиқат рост намеоянд. Зеро, тавре мегӯянд, “то шамол набошад, шохи дарахт намеҷунбад”.

Мирзо ОДИНАЕВ, 
сокини деҳаи Доваи 
ноҳияи Файзобод

Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: