Главная > Нилуфари СОБИР > Маҷлиси намояндагон ва буҷет

Маҷлиси намояндагон ва буҷет

14-уми апрели соли 2011 бо ташаббуси Маҷлиси намояндагон, бо иштироки роҳбарони Вазорати молия ва дигар макомоти дахлдори мамлакат мизи мудаввар дар мавзӯи «Таҳкими нақши Маҷлиси намояндагон дар таҳияи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2012» баргузор гардид. 
Тавре котиби матбуотии Маҷлиси намоян¬дагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳамадато Султонов иттилоъ дод, муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Норинов «Оид ба роҳҳои мукамал намудани раванди таҳияии Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2012» ва вакили Маҷлиси намояндагон Ҳусейн Алиев «Дар бораи чораҳои таҳкими нақши Маҷлиси на¬мояндагон дар раванди таҳия, мониторинг ва иҷроиши Буҷети далатӣ» дар назди иштирок¬чиёни мизи мудаввар баромад намуда, иброз намуданд, ки дар шароити бӯҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ манбаи асосие, ки мета¬вонад ҳадафҳои стратегӣ ва иҷтимоии киш¬варро таъмин намояд, Буҷети давлатӣ мебо¬шад. Бинобар ин, вазифаи ҳамаи мақомоти аз буҷет маблағгузоришаванда таъмини хароҷоти мақсадноку шаффофи маблағҳои буҷетӣ, назорат ва риояи қатъии интизоми молиявӣ мебошад. 
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои беҳтар намудани таҳия ва баланд бардошта¬ни самаранокии хароҷоти маблағҳои буҷетӣ мавриди таваҷҷӯҳи коршиносон қарор ги¬рифтааст. Масъулин низ дар ин росто талошҳо кардаанд. Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20-уми марти соли 2009 «Стра¬тегияи ислоҳоти системаи молияи давлатӣ барои солҳои 2009-2018» тасдиқ гардида¬аст. Ҷиҳати иҷрои Стратегияи мазкур айни замон дар ҷумҳурӣ як қатор корҳо ба анҷом расонида шудаанд. Аз ҷумла, соли 2010 Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аудити дохилӣ», «Дар бораи идораи молиявӣ ва назорати дохилӣ дар бахши давлатӣ» қабул гардиданд. Дар доираи Буҷети давлатӣ барои соли 2011 буҷети сесола барои солҳои 2011- 2013 тасдиқ шудааст. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон системаи баҳодиҳии хароҷоти буҷетро аз рӯи гурӯҳбандии иқтисодӣ, идоравӣ ва вазифавӣ амалӣ намуд. Айни замон ба баррасии Маҷлиси намоянда¬гони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бо¬раи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешниҳод шудааст. Чораҳои мазкур қадамҳои аввалин ҷиҳати беҳтар намудани шаффофия¬ти таҳия ва хароҷоти буҷет буда, ҳамзамон дар амал татбиқ намудани чораҳои дигарро тақозо менамоянд.
Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки тақвияти назорат ва баланд бардоштани са¬маранокии истифодаи маблағҳои буҷетӣ аз фаъолияти Парламент низ вобастагӣ дорад. Бинобар ин, Кумитаи Маҷлиси намояндаго¬ни Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия дар ҳамкорӣ бо Бонки Умумиҷаҳонӣ лоиҳаи «Таҳкими нақши Пар¬ламент дар раванди омода намудан, мони¬торинг ва иҷроиши Буҷети давлатӣ»-ро таҳия намудаанд.
Тибқи лоиҳа пешбинӣ мегардад, ки аз ҳисоби маблағҳои лоиҳа дар назди Куми¬таи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Котибот иборат аз 3 нафар мутахассиси соҳа ва 1 корманди техникӣ ташкил карда шавад. Ба ӯҳдаи Котибот мунтазам барои Парламент омода намудани маводҳои таҳлилӣ оид ба рафти таҳияи Буҷети давлатӣ ва инчунин оид ба иҷроиши он вогузор мегардад. Пешбинӣ мегардад, ки кормандони Котибот аз ҳисоби мутахассисони ботаҷрибаи маҳаллӣ дар асо¬си озмун интихоб мегарданд. Тибқи лоиҳа омӯзиши вакилони Парламент вобаста ба масъалаҳои буҷет, андозситонӣ, аз ҷумла ташкили сафарҳои корӣ доир ба омӯзиши таҷрибаи давлатҳои пешқадам доир ба ин масъалаҳо пешбинӣ шудааст.
Нилуфари СОБИР

  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: