Главная > Uncategorized > Моҷарои ров

Моҷарои ров

Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Ба Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерхон Салимзода
Ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ба Кумитаи амнияти миллӣ
Ба Созмони Амнияти Ҳамкории Аврупо
Ба тамоми созмонҳои ҳимоятгари ҳуқуқ
Бо мактуби кушода ба Шумо зодаи ноҳияи Восеъ, падари 13 фарзанд Қурбоналӣ Гулмуродов муроҷиат мекунад. Нафаре, ки нисбаташ аз тарафи мақомоти Прокуратураи вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб ғайриқонунӣ, яктарафа ва беасос ду маротиба парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, он ба судҳо барои баррасӣ фиристонида шуд.
Дар маротибаи аввал парвандаи ҷиноятии ғайриқонунӣ, беасос ва яктарафаро Мазориев Г. — прокурори криминалистии Прокуратураи минтақаи Кӯлоб ба итмом расонида, онро ба¬рои моҳиятан баррасӣ намудан ба Суди ноҳияи Шӯроободи вилояти Хатлон фиристонд, ки дар натиҷа суди мазкур оид ба ин масъала 31-уми майи соли 2007 маро бо аломатҳои моддаҳои 234 қ.2 б «в», 259 қ.2 б «б» гунаҳкор дониста, дар асоси Қонуни авфи соли 2007 аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод намуд. Бо аломатҳои моддаи 245 қ. 4 б. «б» дар асоси Қарори Пленуми Суди Олии ҶТ аз 04.06.2004 сол бинобар барзиёд будани айби мазкур маро сафед намуда буд. 
Бо Ҳукми мазкур Прокуратураи генералии ҶТ мувофиқ нашуда, ба тариқи назоратӣ ба Суди Олии ҶТ эътироз овард, ки дар натиҷа Ҳукми суди мазкур, Таъиноти Коллегияи Кассатсионии Суди вилояти Хатлон ва дигар зинаҳои судӣ аз та¬рафи Суди Олии ҶТ дар таърихи 28.03.2008 сол бекор карда шуда, парвандаи мазкурро барои тафтишоти нав ба Прокуратураи генералӣ фири¬стониданд. Дар навбати худ Суди Олӣ як қатор талаботҳоро дар назди мақомоти тафтишотӣ гузошт, ки ҳамаи он аз тарафи Прокуратураи минтақаи Кӯлоб дар шахсияти тафтишотбаранда прокурори криминалистӣ Мазориев Ғазалшо ба иҷро нарасид. Ба ман ғайриқонунӣ ду айби нав бо аломатҳои моддаҳои 247 қ.4 б «б» ва 1531 КҶ ҶТ бо мақсадҳои ғаразнок ва беасос бор карда, онро барои моҳиятан баррасӣ намудан ба Суди ноҳияи Фархор ирсол намуданд.
Парвандаи ғайриқонунӣ ва бар хилофи талаботҳои Қарори Суди Олии ҶТ ва як қатор моддаҳои КМҶ ҶТ барои баррасӣ ба Суди ноҳияи Фархор дар ҳайати раисикунанда Акрамов Х. фиристонида шуд, ки мӯҳтарам Акрамов Х. онро аз таърихи 09.01.2008 сол мавриди баррасӣ қарор дод.
Бо асосҳо ва далелҳои зер беасосӣ, ғайриқонунӣ ва яктарафа будани тамоми айбҳои эълоннамудаи мӯҳтарам Мазориев Ғазалшоро исбот менамоям, ки онро Суди Олии ҶТ пешбинӣ намуда буд. Сараввал ба талаботҳои гузоштаи Суди Олии ҶТ менигарем. Суди Олии ҶТ назди тафтишот барои тафтиш ва санҷиш талабот гу¬зошта буд, ки аз 8 банд иборат аст.
Талаботи 1. Суди Олии ҶТ дар пеши тафтишот талаботҳои асоснок санҷидан ва рад намудани ваҷҳҳои овардаи маро гузошта буд.
Мутаассифона Мазориев Ғ. дар вақти бурда¬ни тафтишот ягон ваҷҳи Гулмуродов Қ.-ро асос¬нок рад накарда, боз иловатан ғайриқонунӣ ба ӯ ду моддаи дигар ҳамроҳ намуд. Ваҷҳҳои Гулму¬родов Қ. ягонтояш мавриди баррасӣ, санҷиш ва тафтиш қарор нагирифта, он ба таври асоснок рад карда нашудааст. Чунончӣ:
а) Гулмуродов Қ. ваҷҳ оварда буд, ки ӯ бо шахсе бо номи Ҳоҷӣ Масъуд шинос нест ва ӯро намешиносад ва бо ӯ ягон муносибат надорад.
б) ӯ ягон нафарро ба кор қабул накарда, бо ягон кас шартномаи меҳнатӣ, алалхусус бо шаҳрвандони ҶТ, сокинони ноҳияи Фархор, деҳаи Қизилсу набастааст ва ин тибқи Шар¬тномаи тарафайни бо сармоягузор ширкати хориҷии афғонӣ Наҷиб Самеъ Ҳоҷизода ба ӯҳдадории ҶММ “Кова” нею ба ӯҳдадории шир¬кати Наҷиб Самеъ Ҳоҷизода мебошад, ки он дар қисми ӯҳдадории ширкати Наҷиб Самеъ Ҳоҷизода банди 1-и шартномаи мазкур бараъло дарҷ гардидааст.
в) Ваҷҳи дигар оид ба он, ки ӯ миқдори 1063 кг ровро нафурӯхтааст ва маблағи онро аз они худ накардааст.
г) Ваҷҳи дигар оид ба маълум сохтани шахсиятҳои шаҳрвандони ДИА Генерал Абдулло ва Юсуф.
д) Муайян намудани пайдоиши бор-шираи рови барзиёд ба миқдори 1350 кг ров ва аз ка¬дом замин ҷамъоварӣ намудани он ва ғайра.
Талаботи 2. Суди Олии ҶТ дар пеши тафтишот талаботҳои асоснок санҷидани бо кадом роҳ ра¬сонидани зарар аз тарафи Гулмуродов Қ., дар асоси кадом методика ва ченаки ҳисоб дар асо¬си чӣ муайян карда шудааст, гузошта буд.
Аз куҷо бошад, ки ин дафъа бархилофи дафъаи аввала, ки нисбати Гулмуродов Қ. 5 млн. сомонӣ гӯё зарар ба хоҷагии ҷангали ноҳияи Фархор расонида бошад, онро бо пофишорӣ ва талошҳои тарафи ҳимоя дар давраи тафтишот ба миқдори 3.729.000 ё муодили 1.093.548 доллари ИМА кам намуда, миқдори боқимонда 1.271.250 сомонӣ ҳамчун даъво ба фоидаи хоҷагии ҷангал ба суд пешниҳод намудааст, ки он низ беасос мебошад. Зеро то ин дам чӣ аз Санади ташхиси экологии Кумитаи муҳити зист ва хоҷагии ҷангали ҶТ аз 02.05.2007 сол, аз 30.09.2008 сол ва нишондоду баёнотҳои кор¬мандони мақомоти хоҷагии ҷангали ноҳияи Фар¬хор мӯҳтарам Ҳаитов Аҳлиддин-сарҷангалпарвар, Хоҷаев Қурбоналӣ — сармуҳосиб, Азизов Фарҳод — ҷангалбон, Худойназаров Мунаввар — сарму¬тахассис, ки як қисми онҳо як маротиба аз та¬рафи мақомоти болоияшон бинобар нодуруст ва ғалат бе мавҷуд набудани методикаи ҳисоби зарар пешниҳод намудани маблағи миқдори зарар ҷазои маъмурӣ гирифта буданд, инчунин аз тарафи Абдураҳимов Бозор — Сармутахас¬сиси шӯъбаи Экспертизаи Давлатии Экологӣ, ки бо дархости ҳимоя ба суд даъват шуда буд, дар асоси ҳуҷҷат, пешниҳодот, китобу лоиҳаҳо ғайриқонунӣ дониста шуд. Зеро, ба қавли онҳо, то ба ҳол методикаи ҳисоби зарар вобаста ба растаниҳои алафӣ вуҷуд надорад ва танҳо Қарори Ҳукумати ҶТ №410 аз аз 03.09.2008 сол миқдори ҷаримабандиро муайян ва муқаррар сохтааст, на зарарро.
Талаботи 3. Суди Олии ҶТ дар пеши тафтишот талаботҳо оиди гӯё тасарруфи маблағи 19300 доллари ИМА ва муносибати Гулмуродов Қ. бо Ҳоҷӣ Масъудро гузошта буд.
Қайд кардан бамаврид аст, ки тафтишот му¬айян карда натавонист, ки Гулмуродов Қ. борро ба кӣ фурӯхта, маблағи онро ба миқдори 19300 доллари ИМА аз они худ намуда, дар хоҷагии худ барои чӣ ва бо кадом роҳ сарф намудааст. Инчу¬нин муносибати ман — Гулмуродов Қ.-ро бо шах¬сияти ба ном Ҳоҷӣ Масъуд, шаҳрванди ДИА му¬айян карда натавонист ва инчунин муносибати қарзии гӯё доштаи Гулмуродов Қ. аз Ҳоҷӣ Масъ¬уд ба миқдори 10000 доллари ИМА-ро низ муай¬ян карда натавониста, шахсияти Ҳоҷӣ Масъудро муайян ва исбот карда натавонист. Модоме, ки шахсиятҳои бо ном харидор сохтаи Мазориев Ғ. ва шахсияти Ҳоҷӣ Масъуд шаҳрвандони ДИА му¬айян нашуда бошад, инчунин ба кадом миқдор ва бо кадом роҳ ба генерал Абдулло ва Юсуф, ки шахсияти онҳо низ тибқи талаботҳои Суди Олии ҶТ муайян сохта нашуда бошад аз тарафи про¬куратураи минтақаи Кӯлоб, пас чӣ гуна метавон муайян сохт, ки ин шираи ровро ба Генерал Аб¬дулло ва Юсуфи бешахсият ба миқдори 19300 доллари ИМА фурӯхта, аз он миқдори 10000 долларашро ба Ҳоҷӣ Масъуди бешахсият барои қарзҳояш пардохт намудааст?
Талаботи 4. Суди Олии ҶТ дар пеши тафти¬шот талаботҳои муайян намудани ҷамъоварии ҳамаи маҳсулот аз ҳудуди Тоҷикистон ва содир сохтани он аз марзҳои Тоҷикистон ва бо кадом роҳу восита ва марзи Тоҷикистон ва бо кадом бунгоҳи гумрукӣ гузошта буд.
Аз тарафи тафтишот низ ин дар асоси ҳуҷҷатҳои лозима (ғайр аз суханони бофтаю сохтаи шоҳидони ғайривоқеӣ) муайян карда на¬шуд, ки миқдори вазни 2350 кг шираи ров аз заминҳои вобастанамуда ба ширкати “Кова” ҷамъоварӣ шудааст. Инчунин, тарзу усул, роҳу восита, бунгоҳу гумрук, шахси интиқолдиҳанда ва содиркунанда низ аз тарафи тафтишот муай¬ян нагаштааст. Миқдори вазни калони шираи ров аз заминҳои ба ширкати “Кова” вобастана¬муда, ғайр аз ин роҳу восита, шахси содиркунан¬да, марзу буми содиркунӣ, гумруку бунгоҳҳои он аз ҷониби тафтишот дар шахсияти Мазориев Ғ. маълум карда нашуд ва исботи худро наёфт.
Талаботи 5. Суди Олии ҶТ дар пеши таф¬тишот талаботҳои муайян намудани ба кадом шахсон фурӯхтани шираи ров дар ҳаҷми 1063 кг ва ба кӣ фурӯхтани он, шахсиятҳои харидор ва фурӯшанда, роҳҳои аз анбори Заводи нони шаҳри Душанбе баровардани он ва аз ҷониби кадом шахс бароварда шудани онро гузошта буд.
Ин талабот низ аз тарафи тафтишот дуруст ва аниқ санҷида нашуда, он бо тӯҳмат ҳамроҳ ме¬бошад. Дар фикри айбдории тафтишоти пешакӣ аз таърихи 12.02.2007 сол ҷаноби Мазориев Ғ. муайян намудааст ва он аз ҷониби Прокурори минтақа мӯҳтарам Розиқов А. тасдиқ шудааст, ки миқдори 1063 кг ров дар анбори Заводи нони шаҳри Душанбе нигоҳ дошта мешуд. Дар фикри айбдории пешниҳоднамудаи Мазориев Ғ. аз 27.11.2008 сол бошад, аз нишондиҳии ҷойи нигоҳдории шираи ров худдорӣ намуда, зикр кардааст, ки онро ба Душанбе бурда, ба гене¬рал Абдулло ва Юсуф ба миқдори 19300 доллар фурӯхтааст. Шахсияти фурӯшанда гӯё Гулмуродов Қ. баромад намуда, харидорон маълум карда нашудааст, ки ин бархилофи фикри айбдории пешина аз 12.02.2007 сол буда, ба сохтакории ҳуҷҷату далел ва исботкуниҳо оварда мерасонад. Ғайр аз ин, дар худ кирдори ба ҷамъият хавфнок, яъне ҷиноятро инъикос менамояд. Дигар ин ки, муайянкунии роҳҳои барориш аз анбори Заво¬ди нони шаҳри Душанбе, ки Суди Олии ҶТ онро талаб намудааст, дар асоси партофта ва нодида гирифтани Рафиқ Мазориев Ғ. ва маҳв кардани далелу исботҳои пешина дар фикри айбдорӣ аз 12.02.2007 сол овардааш, онро мадди назар сохта, ин талаботро низ ба иҷро нарасонида¬аст, ки ин низ бархилофи талаботҳои КМҶ ва Суди Олӣ мебошад ва аз нопуррагӣ, ғаразнокӣ, беасосӣ, ғайриқонунӣ ва яктарафагии тафтишот шаҳодат медиҳад.
Талаботи 6. Суди Олии ҶТ дар пеши тафтишот талаботҳои муайян намудани аз кадом қитъаи замин 88 кг шираи рове, ки хоҷагии ҷангал гирифта, дар худ нигоҳ доштааст ва миқдори зиёда аз 1 тонна ширае, ки аз хонаи Ҷӯрахонов Дӯстмурод ёфта гирифта шудааст, ҷамъоварӣ на¬мудааст, кишту парвариш шудааст.
Тафтишот дар шахсияти прокурори кримина¬листии Прокуратураи минтқаи Кӯлоб Мазориев Ғазалшо ба хотири гурехтан аз ҷавобгарии ногу¬зири ҷиноятӣ оид ба исбот насохтан, пайдо на¬кардани дуздони воқеӣ, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ накашидани шарикони «ҷиноят» тафтишотро боз ҳам яктарафа гузаронида, онро ба он асоснок кардааст, ки миқдори зиёда аз 1 тонна боре, ки аз хонаи Ҷӯрахонов Д. дарёфт шудааст, аз заминҳои вобастанамуда ба Гулмуродов Қ. аз мавзеи поёнии Кӯҳи Шохи Аҳтамҷони ноҳияи Фархор мебошад. (Дар талаботи Суди Олӣ қитъа гузошта шуда буд, на замини вобасташуда).
Дигар ин ки, дар рафти тафтишоти судӣ аз баёнотҳои Алимардонов С. ва дигарон, ки онҳоро ҷаноби Мазориев Ғ. ғайриқонунӣ ҳамчун ҷабрдида эътироф намудааст, инчунин аз баёно¬ти ҳамсари Ҷӯрахонов Д. ва ғайра бармеояд, ки бори мавҷударо дар як нишондодаш 9 хару 1 асп, дар нишондоди дар суд додааш 6 хару 1 асп гуфтааст. Ва моҳу рӯзаш аниқ нест. Гулмуро¬дов Қ. мансубияти бори мазкурро ба ширкати “Кова” чи дар рафти тафтишоти пешакӣ ва чи дар рафти тафтишоти судӣ рад намудааст. Ба ширкати “Кова” мансуб будани ин борро Азизов Фарҳод — ҷангалбон низ, ки ҳамзамон масъулия¬ти вазнкашии шираи ҷамъовардашудаи рови ба “Кова” тааллуқдоштаро иловатан бар зиммааш дошт, дар ҳоли пурсиш аз тарафи судя Акрамов Х. дар мурофиаи дар таърихи 13/01/2008 сол рад намудааст. ӯ зикр кард, ки кормандони ба ширкати “Кова” ҷамъоваранда, ки коргарони кирояи ширкати афғонии Наҷиб Самеъ Ҳоҷизода буданд, аллакай дар моҳи августи соли 2006 корро ба итмом расонида, палаткаҳои кории ху¬дро ғундоштаанд ва ӯ ҳамагӣ бори ба ширкати “Кова” таллуқдоштаро ба миқдори 1200 кг ка¬шидаасту халос. Дигар миқдори зиёдатии бори мазкурро кӣ, кай ва аз кадом қитъаи замин ҷамъоварӣ намудааст, намедонад ва мансубия¬ти онро низ ба “Кова” намедонад.
Талаботи 7. Суди Олии ҶТ дар пеши тафтишот талаботҳои муайян намудани баҳои ҳуқуқӣ до¬дан дар бораи аз Иҷозатнома барзиёд коркард, кишт ва ҷамъоварӣ намудани шираи ровро гу¬зоштааст.
Тафтишоти пешакӣ дар шахсияти проку¬рори криминалистии мақомоти Прокуратураи минтақаи Кӯлоб ҷаноби Мазориев Ғ. дидаву до¬ниста бардурӯғ, бо сохтакории ҳуҷҷатҳо, бе баи¬нобатгирии далелу исбот ва мактубу хулосаҳои Комиссияи экспертии экологӣ ман — Гулмуродов Қ.-ро бо он гунаҳкор месозад, ки ба соҳибкории ғайриқонунӣ даст задаам. Тафтишот ба ҳуҷҷату далелҳои раднашавандаи пешниҳоднамуда оид ба мавҷуд набудани кирдорҳои ҷавобгарии ҷиноятӣ дар бораи аз меъёри дар Иҷозатнома барзиёд кишт, коркард ва ҷамъоварии шираи рови бадбӯй ва дар ин кирдор таркиби ҷиноят набудан тибқи мактуби маълумотии Бобокало¬нов И. — Сардори бозрасии махсуси назорати давлатии олами ҳайвонот ва наботот дар макту¬би худ аз 22/05/2007 таҳти №22 ба Раиси ко¬миссияи экспертизаи давлатии экологӣ, мактуб аз 16/08/2007 сол таҳти №50 ба ҶДММ “Кова” ирсолгашта, ки дар қабати маводҳои парванда мавҷуд аст, инчунин тибқи Хулосаҳои ташхиси комиссионии экспертизаи сайёри давлатии экологӣ аз 02/05/2007 сол ва аз 30/09/2008 сол ба номбаршудагон иттиилоъ дода шуд, ки «Бо назардошти он, ки пешакӣ чӣ қадар ҷамъоварии шираи ровро бо ҳеҷ усул муқаррар кардан имконнопазир аст, дар асоси шартно¬маи тарафайн муқаррар гардидааст, ки дар ҳолатҳои аз меъёр ва хаҷми Иҷозатнома бар¬зиёд ҷамъоварӣ намудани шираи рови бадбӯй ба миқдори 3 маротиба барзиёд аз нархномаи муқарраргардида барои хар 1 кг. шираи ров пардохт намуда, Иҷозатномаи иловагӣ мегирад. Чунин ҳолат ҷинояти иқтисодӣ намебошад, зеро қаблан чӣ гуна омадани обу ҳаво, ҳосилнокӣ ва ҳаҷми хушкшавии растаниро касе муайян кар¬да наметавонад».
Аз ин мактубу хулосаҳои такрорӣ ба ҷаноби прокурори криминалистии Прокура¬тураи минтақаи Кӯлоб — Мазориев Ғ. пурра ва аниқ маълум ва исбот гашт, ки аз миқдори Иҷозатнома барзиёд ҷамъоварӣ намудани ши¬раи ров ҷиноят набуда, танҳо бо пардохти 3 ма¬ротиба барзиёд аз нархномаи муқарраргардида ба ҷамъоваранда, яъне ҶДММ “Кова”, ки роҳбариашро ман — Гулмуродов Қ. ба ӯҳда до¬рам, раҳоӣ меёбаду халос.
Мақомоти тафтишоти пешакӣ дар шахсия¬ти тафтишкунанда — прокурори криминалистии Прокуратураи минтақаи Кӯлоб ҷаноби Мазори¬ев Г., агарчанде ба ӯ маълум гашта бошад, ки аз миқдор барзиёд ҷамъоварӣ намудани ши¬раи ров ҷиноят набудааст, боз ғайриқонунӣ, бо мақсадҳои бараъло ғаразнок, яктарафа онро ба инобат нагирифта, ман — Гулмуродов Қ.-ро бо аломатҳои моддаи 259 қ.2. б «б» ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидааст, ки дар кирдорҳои худи ҷаноби Мазориев Ғ. аломатҳои таркиби ҷинояти ғайриқонунӣ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ каши¬дан мавҷуд мебошад. Ин талаботи гузоштаи Суди Олии ҶТ низ аз мадди назари Мақомоти тафтишот қасдан ва бо мақсадҳои ғаразнок, ғайриқонунӣ, яктарафа дур андохта шудааст. Ди¬гар ин ки, ин масъала низ, яъне мавҷуд будани барзиёд ҷамъоварӣ намудан аз миқдори дар Иҷозатнома додашуда аз тарафи кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист ва хоҷагии ҷангали ноҳияи Фархор, ҷангалбон Азизов Фарҳод, Худойназаров Мунаввар — сармутахассис, Абдураҳимов Бозор — Сармутахассиси шӯъбаи Экспертизаи Давлатии Экологӣ дар асоси факту рақам ва далелҳои раднашаванда тасдиқ гарди¬даанд.
Талаботи 8. Суди Олии ҶТ дар пеши тафти¬шот талаботҳои муайян намудани ченаки за¬рари расонидашуда дар асоси кадом ҳуҷҷати тасдиқшуда муқаррар шуданашро гузоштааст.
Аз куҷо бошад, ки ин дафъа бархилофи дафъаи аввала, ки нисбати Гулмуродов Қ. 5 млн. сомонӣ гӯё зарар ба Хоҷагии ҷангали ноҳияи Фархор расонида бошад, онро бо пофишорӣ ва талошҳои тарафи ҳимояи ман дар давраи тафтишот ба миқдори 3.729.000 ё муодили 1.093.548 доллари ИМА кам намуда, миқдори боқимонда 1.271.250 сомонӣ ҳамчун даъво ба фоидаи Хоҷагии ҷангали ноҳияи Фархор ба суд пешниҳод намудааст. Ин низ беасос мебошад.
Ин талаботи гузоштаи Суди Олии ҶТ низ беа¬сос ва ғайриқонунӣ аз мадди назари тафтишоти пешакӣ дур андохта шуда, бо вуҷуди набудани методикаи ҳисоби зарари растаниҳои алафӣ дар сатҳи ҷумҳуриявӣ, он дар асоси Қарори Ҳукумати ҶТ таҳти №410 аз 03/09/1996 сол нархнома ҷиҳати ҳисоб намудани андозаи ҷарима, ки дар натиҷа мевадарахтони худрӯй, чормағз, ва буттамеваи замини фонди давла¬тии ҷангалро худсарона чидани шаҳрвандон содир мешавад, барои 1 кг ва нарх ҷиҳати ҳисоб кардани андозаи ҷарима барои вайрон кардани ҷангал, ки дар натиҷа дарахтонро бар¬хилофи қонун буридани корхонаҳо, муассисаю ташкилотҳо ва шаҳрвандон содир мешавад, беасос, ғайриқонунӣ, бо истифодаи мақоми хиз¬матии худ, ҳамчун методикаи зарар ҳисобида, ҷаримаро ба зарар иваз намуда, барои рӯпӯш намудани кирдорҳои ғайриқонунӣ даъво ба фои¬даи Хоҷагии ҷангали ноҳияи Фархор ба миқдори 1271250 сомонӣ пешниҳод намудааст, ки ин ғайриқонунӣ мебошад.
Бо ин рафтори худ мақомоти тафтишоти пешакӣ исбот ва муайян карда натавонист, ки миқдори зарар ҳисобидаи маблағи нишондода¬ашро дар асоси кадом ченак, кадом миқдор ва методикаи ҳисобу китоб анҷом додааст.
Аз ин хотир, ин 8 талаботи гузоштаи Суди Олии ҶТ дар Таъиноти худ аз 28-уми марти соли 2008-ро иҷро накарда, тафтишотро бе ҳал кар¬дани масъалаҳои муҳими гузоштаи Суди Олии ҶТ, яктарафа, бо мақсади ғаразнок, ғайриқонунӣ ва нодида гирифтани далелҳои раднашаванда бо роҳи сохта ва шоҳидони сохта ба охир расонида, онро барои моҳиятан баррасӣ намудан ба Суди ноҳияи Фархор ирсол намудааст.
Акнун мегузарем ба таҳлили моддаҳои ҳамчун ҷиноят гузоштаи ҷаноби Мазориев Ғазалшо — прокурори криминалистии Прокурату¬раи минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон:
Моддаи 259 қисми 2 банди «б»-соҳибкории ғайриқонунӣ бо ба даст овардани даромад ба миқдори махсусан калон:
I. Сараввал прокурори криминалистии Про¬куратураи минтақаи Кӯлоб ман — Гулмуродорв Қ.-ро бо он сабаб, ки гӯё аз тарафи ман татбиқи фаъолияти соҳибкории бидуни бақайдгирӣ ё бидуни иҷозатномаи махсус (литсензия) дар ҳолатҳое, ки чунин иҷозатнома ҳатмӣ мебошад ё бо вайрон кардани шартҳои литсензионикунонӣ ё машғул шудан бо намудҳои манъшудаи фаъоли¬яти соҳибкорӣ, ки бо ба даст овардани даромад ба миқдори махсусан калон ё расонидани зарар ба миқдори калон ба манфиатҳои шаҳрвандон, ташкилоти тиҷоратӣ ё ғайритиҷоратӣ ё ба давлат содир намудааст, айбдор намудааст.
Кирдорҳои содирнамудаи дорои аломатҳои моддаи 259 қисми 2 банди «б»-соҳибкории ғайриқонунӣ бо ба даст овардани даромад ба миқдори махсусан калон тибқи Қонуни афви ҶТ аз 18/06/2006 сол ва аз 20/06/2007 сол афв гардидааст, ки ҳам ҷавобгарии ҷиноятӣ ва ҳам ҷазоро бартараф мекунад. Вале новобаста аз ин Мазориев Ғ. бархилофи талаботҳои бандҳои 4, моддаи 5 КМҶ ҶТ амал намуда, маро ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидааст.
а). Татбиқи фаъолияти соҳибкории бидуни бақайдгирӣ.
Қайд намудан бамаврид аст, ки сараввал ҶДММ “Кова”, ки солҳои қаблӣ ба қайд гириф¬та шуда буд, дар асоси Кодекси граждании ҶТ, Қонуни ҶТ «Дар бораи бақайдгирии шах¬сони ҳуқуқӣ» дар соли 2004 моҳи феврал дар мақомоти вилоятии вазоратӣ аз нав ба қайд ги¬рифта шуд ва ба ширкати мазкур Шаҳодатномаи бақайдгирии шахси ҳуқуқӣ дода шуд. Пас ин ало¬мат аз моддаи 259 қисми 2 гузоштаи ҷаноби Мазориев Ғ. меафтад, зеро ҶДММ “Кова” аз қайди давлатӣ гузаштааст.
б). Бидуни иҷозатномаи махсус (литсензия) дар холатҳое, ки чунин иҷозатнома ҳатмӣ мебо¬шад.
Бояд зикр кард, ки қабл аз машғул шудан ба фаъолияти соҳибкории худ ман — Гулмуро¬дов Қурбоналӣ оид ба амалӣ намудани Бар¬номаи давлатӣ «Оиди кишт, коркарди гиёҳҳои шифобахш ва тайёр намудани доруворӣ аз онҳо барои солҳои 2005-2014” барои гириф¬тани Иҷозатномаи махсуси ҳатмӣ ба Куми¬таи давлатии ҳифзи муҳити зист ва хоҷагии ҷангали ҶТ муроҷиат намуда, сипас баъд аз иҷрои талаботҳои литсензиягирӣ Иҷозатномаи №0000121 аз тарафи идораи мазкур дода шу¬дааст. Пас ин аломати гузоштаи ҷаноби Мазори¬ев Ғ. низ бархилофи қонун буда, аз яктарафагии мақсадҳои ғаразноки ӯ шаҳодат медиҳад. Ин аломат аз моддаи 259 қисми 2 гузоштаи ҷаноби Мазориев Ғ. меафтад, зеро ҶДММ “Кова” биду¬ни иҷозатномаи махсус (литсензия) дар ҳолатҳое, ки чунин иҷозатнома ҳатмӣ мебошад, низ дар кирдори ман дида намешавад.
в). Бо вайрон кардани шартҳои литсензионикунонӣ ё машғул шудан бо намудҳои манъшудаи фаъолияти соҳибкорӣ.
— Аз баёноти мутахассисон, шоҳидон, корман¬дони хоҷагии ҷангали ноҳияи Фархор, мактубҳои маълумотии Бобокалонов И. — Сардори Бозра¬сии махсуси назорати давлатии олами ҳайвонот ва наботот дар мактуби худ аз 22/05/2007 таҳти №22 ба раиси Комиссияи экспертизаи давлатии экологӣ, мактуб аз 16/08/2007 сол таҳти №50 ба ҶДММ “Кова” ирсолгашта маълум мегар¬дад, ки «Бо назардошти он, ки пешакӣ чӣ қадар ҷамъоварии шираи ровро бо ҳеҷ усул муқаррар кардан имконнопазир аст, дар асоси шартно¬маи тарафайн муқаррар гардидааст, ки дар ҳолатҳои аз меъёр ва ҳаҷми Иҷозатнома бар¬зиёд ҷамъоварӣ намудани шираи рови бадбӯй ба миқдори 3 маротиба барзиёд аз нархномаи муқарраргардида барои ҳар 1 кг. шираи ров пардохт намуда, Иҷозатномаи иловагӣ мегирад. Чунин ҳолат ҷинояти иқтисодӣ намебошад, зеро қаблан чӣ гуна омадани обу ҳаво, ҳосилнокӣ ва ҳаҷми хушкшавии растаниро касе муайян кар¬да наметавонад» кирдори содирнамудаи ман — Гулмуродов Қ. — роҳбари ҶДММ “Кова” шартҳои литсензионикунониро вайрон накардаам. Пас ин аломат низ дар кирдори ман — Гулмуродов Қ. дида намешавад.
Аз ин хотир, моддаи 259 қ.2 б. «б» гузоштаи ҷаноби Мазориев Ғ. нисбати ман — Гулмуродов Қ. беасос, ғайриқонунӣ, яктарафа, бо мақсади ғаразнок ва барои рӯпӯш кардани кирдори ғайриқонунӣ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани шахси бараъло бегуноҳ буда, як тири хокхӯрдае беш нест.
Моддаи 234 қисми 2 банди «в»-ғайриқонунӣ буридани дарахту буттаҳо:
I. Сараввал прокурори криминалистии Прокуратураи минтақаи Кӯлоб ман — Гулмуро¬дорв Қ.-ро бо он сабаб, ки гӯё аз тарафи ман ғайриқонунӣ буридани дарахт, буттаҳо ё изғичи печон ё ҳамчунон расонидани зараре, ки ба сабзиши ояндаи он дар ҷангалзорҳои гурӯҳи 1 ё қитъаҳои махсус ҳифзшавандаи ҳамаи гурӯҳи ҷангалзорҳо имконнопазир гардидааст, инчу¬нин дарахту бутта ва изғичи печон ё дигар на¬муди ниҳолу буттаҳое, ки ба фондаи ҷангал до¬хил нашудаанд, ё буридани онҳо манъ шудааст, агар бо ин кирдор боиси расонидани зарар ба миқдори калон содир гардида бошад, гунаҳкор намудааст.
Кирдорҳои содирнамудаи дорои аломатҳои Моддаи 259 қисми 2 банди «б»-соҳибкории ғайриқонунӣ бо ба даст овардани даромад ба миқдори махсусан калон тибқи Қонуни афви ҶТ аз 18/06/2006 сол ва аз 20/06/2007 сол афв гардидааст, ки ҳам ҷавобгарии ҷиноятӣ ва ҳам ҷазоро бартараф мекунад. Вале ново¬баста аз ин, Мазориев Ғ. бархилофи талаботҳои бандҳои 4, моддаи 5 КМҶ ҶТ амал намуда, маро ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидааст. Дар асоси қонунҳои дар боло зикршудаи авф суд, прокурор муфаттиш ва мақомоти таҳқиқ вазифадоранд, ки агар моддаи баҷавобгарии ҷиноятӣ каши¬даи шахс ба авф афтад, он дар кадом марҳилае набошад, қатъ карда шуда, гумонбаршуда, айб¬доршаванда ва ё судшавандаю маҳкумшуда аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешавад.
а). Ғайриқонунӣ буридани дарахт, буттаҳо ё изғичи печон.
Маълум аст, ки растании алафии ров ба намудҳои дарахту бутта ё изғичи печон шо¬мил намешавад. Вале Мазориев Ғ. дар фикри айбдории пешина аз таърихи 12/02/2007 сол ғайриқонунӣ, бо мақсади ғаразнок, якта¬рафа растании алафии намуди ровро ба бутта номгузорӣ карда, ғайриқонунӣ ман — Гулмуродов Қ.-ро ба ҷавобгарии ҷиноятӣ бо ин аломат ка¬шидааст. Ин аломат дар кирдори ман дида на-мешавад. (Хулосаи ташхиси комиссияи сайёри экологӣ аз 30/09/2008 сол).
б). Ё ҳамчунон расонидани зараре, ки ба сабзиши ояндаи он дар ҷангалзорҳои гурӯҳи 1 ё қитъаҳои махсусҳифзшавандаи ҳамаи гурӯҳи ҷангалзорҳо имконнопазир гардидааст, инчунин дарахту бутта ва изғичи печон ё дигар намуди ниҳолу буттаҳо.
Қайд кардан бамаврид аст, ки агар рас¬тании алафии ров ба намудҳои дарахту бутта ё изғичи печон шомил нашаванд ва мудоме, ки заминҳои ба иҷора гирифтаи Гулмуродов Қ. ба гурӯҳи 1 не, балки ба гурӯҳи 5 дохил меша¬ванд ва он ба қитъаи махсусҳифзшаванда шо¬мил нест, инчунин на аз тарафи экспертон, на аз тарафи олимон ва кормандони мақомотии ҳифзи муҳити зисти ҶТ ва ноҳияи Фархор он қитъаҳо қитъаҳои махсусҳифзшаванда ё раста¬нии алафии ров, дарахту бутта ё изғичи печон дар асоси Китоби Сурхи ҶТ ва Китоби Флораҳои Тоҷикистон ва дигар санадҳои лозимаи радна¬шаванда, ғайр аз ин тибқи ин меъёрҳо эътироф нагардидани шакли ниҳолӣ ё буттаии растании алафии ров ва радди он аз тарафи олимони Ака¬демияи улуми ҶТ, ДДМТ, дигар мутахассисони мустақил ҳамчун дарахту бутта, ниҳол, изғичи печон шомил нагарданд, пас чӣ гуна ҷаноби Ма¬зориев Ғ. ман — Гулмуродов Қ.-ро бо аломатҳои ин модда ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида, онро барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол менамояд? Магар ин ғаразнокии мақомоти таф¬тишот, яктарафагӣ ва беасосии онро инъикос намекунад?
в). Агар бо ин кирдор боиси расонидани за¬рар ба миқдори калон гардида бошад.
Тибқи хулосаи ташхиси экологӣ аз 12/05/2007 сол ва аз 30/09/2008 сол, баё¬ноти шоҳидон, мутахассисон, қарорҳои лози¬ма, мактубҳои расмӣ ба унвони Гулмуродов Қ. ва мақомоти тафтишоту Комиссияи экспертӣ ирсолгардида методикаи ҳисоби зарар вуҷуд надорад. Аз ин рӯ, ҷаноби Мазориев Ғ. дар объект ва субъекти ҷиноят ба хатои ҳуқуқӣ роҳ дода, ғайриқонунӣ, бо мақсадҳои ғаразнок, яктарафа, барои рӯпӯш кардани ғайриқонунӣ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани шахси ба¬раъло бегуноҳ, бо сӯйистифода аз ваколатҳои мансабиаш Қарори Ҳукумати ҶТ №410 аз 03/09/2008 солро, ки миқдори ҷаримабандиро муайян ва муқаррар сохтааст, ба фоидаи шахсӣ ва манфиатҳои мансабиаш истифода намуда, маблағи ҷаримаро ба зарар иваз намуда, дида¬ву дониста боз ҷаримаро ба зарар табдил дода, шахси бараъло бегуноҳ — Гулмуродов Қ.-ро ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидааст. Қарори мазкур миқдори ҷаримабандиро муайян намудааст, на зарарро.
Моддаи 245 қисми 4 банди «а» — Азонихудкунӣ ё исрофкорӣ, яъне тасарруфи амволи ғайр ки ба гунаҳкор бовар карда супорида шудааст, дар ҳолати ретсидивӣ хавфнок ё махсусан калон.
I. Сараввал прокурори криминалистии Про¬куратураи минтақаи Кӯлоб ман — Гулмуродорв Қ.-ро бо он сабаб, ки гӯё аз тарафи ман ба азонихудкунӣ ё исрофкорӣ, яъне тасарруфи ам¬воли ғайр, ки ба гунаҳкор бовар карда супорида шудааст, дар ҳолати ретсидивӣ хавфнок ё мах¬сусан калон, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидааст.
Қаблан дар тафтишоти пешакӣ тибқи фикри айбдории мақомоти Прокуратураи минтақаи Кӯлоб дар шахсияти Мазориев Г. маро бо банди «б» ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида буд, ки он аз тарафи Суди ноҳияи Шӯроободи вилояти Хатлон дар асоси Қарори Плениуми Суди Олии ҶТ аз 04/06/2004 сол бинобар барзиёд будани айби мазкур сафед ва шубҳа доштан дар гунаҳгории Гулмуродов Қ. сафед карда шуда буд.
а). Суди Олии ҶТ эътирози Прокуратураи ге¬нералиро қисман қонеъ гардонида, 8 талабот назди мақомоти тафтишот монда буд, ки оид ба онҳо дар боло қайд карда гузаштем. Дар худи Та¬ъиноти Суди Олии ҶТ аз 28/03/2008 сол Суди Олии ҶТ таъин намудааст: — Ҳукми суди ноҳияи Шӯрообод аз 31/05/2007, Таъиноти Колле¬гияи Корҳои ҷиноятии Суди вилояти Хатлон аз 10/07/2008 сол ва Қарори Раёсати Суди вилоя¬ти Хатлон аз 10/10/2007 сол бекор карда шуда, эътирози Прокуратураи генералӣ қисман қонеъ карда шавад.
Дар ҳоле, ки қисман бекор шуда, қисман эътироз қонеъ шуда бошад, пас ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани як шахс ду маротиба пай дар пай бо аломатҳои як модда, банд, ва қисм, ки он ҳам дар асоси Қарори Плениуми Суди Олии ҶТ аз 04/06/2004 сол бинобар барзиёд будани айби мазкур ва шубҳа доштан дар гунаҳкории Гулму¬родов Қ. сафед карда шуда буд, ғайриқонунӣ буда, яктарафагӣ, ғаразнокӣ, сӯйистифодаи ваколатҳои мансабӣ, бесалоҳиятӣ, беасосии тафтишотро инъикос мекунад. Дигар ин ки, мақомоти тафтишот бо ин модда намебоист парвандаи ҷиноятӣ оғоз намояд. Ғайр аз ин, бо аломатҳои ин модда, ки дар Қонунҳои авфи дар боло зикршуда шомил намешаванд, бархилофи талаботҳои моддаҳои 82, 83, 90 КМҶ ҶТ нисбати ман — Гулмуродов Қ., ки бемории фишор, қалб ва инсулт дорам, чораи пешгирии дар ҳабс нигоҳ доштанро татбиқ намудааст.
б). Дигар ин ки, аломатҳои банди «а»-и мод¬даи мазкур дар асоси далелҳои сохта, нодуруст ва барғалат тартибдодаи Мазориев Ғ. гузошта шу¬дааст. Саввуман, дар асоси баёнотҳои шоҳидон, мактубу хулосаҳо, таҳқиқу комилсозиҳо аз та¬рафи кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист ва хоҷагии ҷангали ноҳияи Фархор, ҷангалбон Азизов Фарҳод, Худойназаров Мунаввар — сар¬мутахассис, Абдураҳимов Бозор — Сармутахас¬сиси шӯъбаи Экспертизаи давлатии экологӣ дар асоси факту рақам ва далелҳои раднаша¬ванда, аз ҷумла Хулосаи комиссияи сайёри экспертии давлатии экологӣ аз 02/05/2007 сол ва аз 30/09/2008 сол, баёнотҳои шоҳидон Худойдодов Мунаввар, сармутахассиси хоҷагии ҷангали ноҳияи Фархор дар мурофиаи таърихи 13/01/2009 сол, Азизов Фарҳод, ҷангалбони хоҷагии ҷангали ноҳияи Фархор, Саидов Д. муҳандиси хоҷагии ҷангали ноҳияи Фархор дар мурофиаи таърихи 13/01/2009 сол, Хоҷаев Қурбоналӣ- сармуҳосиби хоҷагии ҷангали ноҳияи Фархор, Хаитов Аҳлиддин -сарҷангалпарвари хоҷагии ҷангали ноҳияи Фархор, Бобоев Раҷабалӣ — директори хоҷагии ҷангали ноҳияи Фархор дар санаҳои гуногуни гузаштаи муро¬фиаи судӣ аз 09/01/2009 то 15/01/2009 сол ҳамагӣ тасдиқ намуданд, ки методикаи ҳисоби зарар вуҷуд надорад ва аз ин рӯ зарар муайян карда намешавад ва растании алафии ров рас¬тании монокарпии дарозумра буда, то бист сол умр мебинад. Вақто, ки коркард ва қоидаҳои агротехникӣ дуруст ба роҳ монда шавад (ки онро Хулосаи комиссияи сайёри экспертии давлатии экологӣ аз 02/05/2007 сол ва аз 30/09/2008 сол дуруст ба роҳ мондашуда эътироф намуда¬аст), он гоҳ худи алаф хушк шуда, соли оянда дар мавсимаш боз ба рӯиш нумӯъ мекунад. Ак¬нун қазоват намоем, ки агар методикаи зарар дар миқёси ҷумҳурӣ набошад ва ҳисоби зара¬ри гузоштаи Мазориев Ғ. ба миқдори 1271250 сомонӣ, ки тибқи шаҳодати шоҳидони номбар¬гашта дар мурофиаҳо аз рӯйи Қарори Ҳукумати ҶТ №410 аз 03/09/2008 сол маблағи ҷаримаро ҳамчун зарар нишон додааст, ки ғайриқонунӣ ва нодуруст буда, он зарар намебошад.
Аз ин хотир, дар асоси Қарори Ҳукумати ҶТ №410 аз 03/09/2008, баёноти шоҳидони ном¬баргашта, набудани методикаи ҳисоби зарар дар миқёси ҷумҳурӣ, зарари ба растании ров расонидашуда нодуруст ва ғайриқонунӣ буда, он бо мақсадҳои ғаразнок аз тарафи Мазори¬ев Ғ. банду баст, дарёфт ва ба суд пешниҳод карда шудааст, ки чӣ шоҳидон ва чӣ олимону мутахассисон ва чӣ ҳимоячии судшаванда дар мурофиаҳои судӣ талаб намуданд, ки ҷаноби Мазориев Ғ. ба мурофиа даъват карда шуда, аз ӯ пурсида шавад, то исбот намояд, ки миқдори калони зарари расонидашударо дар асоси ка-дом далелҳо, бурҳон, дастурамал ва методика дарёфт намудааст ва чаро Қарори Ҳукумати ҶТ №410 аз 03/09/2008, ки танҳо ҷаримабандӣ шудааст, онро ба фоидаи хеш табдил дода, ба он номи «зарар»-ро гузошта, ман — Гулмуродов Қ.-ро бо аломати моддаи 245 қ.4. б «а» ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидааст?
в). Дигар ин ки, Мазориев Г. бо аломатҳои банди «б»-и моддаи 245 қ.4 мазкур дар таърихи 02/09/2008 сол нисбати ман кори ҷиноятӣ оғоз карда, сипас онро бе бандубасткунӣ бархилофи талаботҳои КМҶ ҶТ дар таърихи 24/10/2008 сол маро бо Қарори содирнамудаи худ айбдор эълон кардааст, ки ин низ бархилофи талаботҳои КМҶ ҶТ буда, мақсади ғарази Мазориев Ғ.-ро нишон медиҳад. Чунин тарзи пешбарии тафтишот ноду¬руст буда, он ғайриқонунӣ мебошад.
г). Дар таърихи 15/11/2008 сол бо пофишорӣ ва исботсозии шифоҳии ҳимоячӣ Қурбонов З. дар қисми маблағи 3.728.750 сомонӣ парван¬даи ҷиноятӣ бо аломатҳои моддаи 245 қ.4. б «б» қатъ карда шуда, сипас бархилофи талаботҳои КМҶ бе оғоз кардани кори ҷиноятӣ бо аломатҳои моддаи 245 қ.4. б «а» ва ба истеҳсолот қабул на¬мудани он, бе гузаронидани пурсиш, пурсиши шоҳидон, бе тартибдиҳии протоколи пурсиш, гузаронидани чораҳои тафтишоти ғайриқонунӣ дар ҳамин таърих аз 15/11/2008с. нисбати Гулмуродов Қ. қарор дар бораи эълони айб бо моддаи 245 қ.4. б «а» қабул намудааст, ки ин сар то по бархилофи КМҶ ҶТ мебошад ва беасосӣ, ғаразнокӣ, сӯйистифодабарии ваколатҳои мансабӣ, яктарафиро дар кирдорҳои Мазориев Ғ. нишон медиҳад.
Бо эҳтиром ва мунтазири 
ҷавоб
маҳкумшуда,
Қурбоналӣ Гулмуродов
 Давом дорад

Рубрики:Uncategorized Метки:
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: