Главная > Комил Бекзода > Ояндаи равшанфикрони миллӣ

Ояндаи равшанфикрони миллӣ

Ҳамин ақидаи асосиро «Ихвон» дар аксари масъалаҳои «Расоил»-и худ татбиқ кардаанд. Аз ҷумла масъалаҳои маърифат, масъалаҳои олам ва дигар масъалаҳо қатъӣ назар аз ҳамагуна шаклҳои эҳтиёт, такя ва дурандеши¬ро. Эҳтиёткорӣ ва пӯшидагӯии онҳо дар масъалаи ваҳй чунин омада¬аст: «Ваҳй ҳоло ҳам аз осмон ба пайғамбарони пок ва авлиё нозил ме¬шавад… То ин ки Худоро ба таври шои¬ста бишносонанд”. Акнун бояд пурсид, ки онҳо бо калимаи ваҳй чиро дар на¬зар доранд? Зоҳиран калимаи ваҳй ин ҷо ба мафҳуми исломии он далолат мекунад. Вале «Ихвон» ба ин ибораи маъмулӣ ва маъруфу машҳури исломӣ боз калимаи дигаре, яъне «авлиё»-ро низ илова намудаанд. Чуноне ки маълум аст, аз нуқтаи назари исломи расмӣ, ваҳй танҳо хоси пайғамбарон асту бас. Ва ҳатто шиаҳои мӯтадил низ даъво надоранд, ки барои «имо¬мони» онҳо аз осмон ваҳй нозил ме¬шавад. Ба ин маънӣ калимаи ваҳй дар фаҳмиши «Ихвон» меоваранд, пайғамбарон низ чун соири одамон, аҳли замин ва аз ҷумлаи башаранд. Пас дигарон низ метавонанд, ки до¬рои сифатҳои пайғамбарӣ гарданд. Ва авлиё метавонанд, ки бе васотат ва миёнаравии пайғамбарон ба Худо бирасанд. Ин ақида аз назари Амалия пайғамбаронро аз ҳама имтиёзҳои пе¬шиниашон маҳрум намуда, онҳоро ба одамони ҳамзамонашон дар як саф мегузорад. Бо ҳамин яке аз рукнҳои ислом, яъне масъалаи пайғамбариро инкор мекунанд. Пас, роҳи расидан ба Худо аз назари «Ихвон» осон аст: Аввалан бо бадоҳати аввалини ақлӣ ва дуюм бо илм, ки натиҷаи маърифа¬ти ҳиссӣ бошад. Дар ин ҷо «ваҳй» ба «кашф»-и сӯфию ишроқӣ алоқае на¬доранд. «Ихвон» файласуфони амалӣ ва сиёсӣ буданд. Аз ҳамин сабаб ба ақидаҳои хурофотии сӯфиён эътимод надоштанд. Танҳо баъзе аз унсурҳои тасаввуфро, ки ба рӯҳи гуманизм ва энсиклопедизми онҳо мутобиқат дошт, мавриди таваҷҷӯҳ қарор медоданд. Агар маърифати Худо ва олами рӯҳонӣ ба ақл ва донишҳои ақлию илмӣ анҷом мегирифта бошад, пас метавон «олами ҷисмониро» низ ба ҳамин василаҳо (ақлу илм) фаро ги¬рифт. Дар ин асос ба натиҷагирие мерасем, ки рӯҳи умумии «Расоил»-и «Ихвон»-ро майли материалистӣ ва воқеъбинӣ ташкил медиҳад. Бо ин назорати худ «Ихвон» аз доираи ақлгароёни абстрактии холис ва аз доираи ҳиссиёти ифротӣ берун рафтанд. Назарияи маърифати онҳо ба назарияи мутафаккирони илмпе¬ша шабоҳат дорад. «Ихвон-ус-сафо» ҳангоми шарҳу баёни протсесси тафаккур пеш аз ҳама қоидаи маърифати инсониро муайян кардаанд. Ин қоида аз се рукн иборат буда, аз поён ба боло равона шудааст. Аввали ин қоидаро ҳисҳои панҷгона ташкил медиҳанд. Ин ҳисҳо байни инсону ҳайвон муш¬тараканд. Дар нисбати маърифати инсонӣ ин панҷ ҳис марҳилаи авва¬лин ё худ пастарини маърифатро таш¬кил медиҳанд. Ин марҳилаест, ки хоси кӯдакон аст. Баъди он ақл меояд. Ақл чизест, ки инсонро аз ҳайвон фарқ мекунад. Ин марҳилаи маърифат аз марҳилаи пешина баландтар буда, аз давраи балоғати инсон ибтидо ме-гардад. Ва ин марҳилаест, ки одатан баъд аз давраи кӯдакӣ меояд. Ақл дар ин ҷо ба он маънои умумӣ истеъмол мегардад, ки ҳамаи корҳои бадеҳиро дар бар мегирад ва аз ҷумла идроки ин масъала, ки ду зидро бо ҳам оштӣ додан мумкин нест. Идроки чунин чизи бадеҳӣ ва ҳамагонӣ ба назари «Ихвон» василаи муштараке байни одамони калонсол мебошад. Ақл ба ин маъное, ки зикр кар¬дем, дорои арзиши умумӣ буда, ба илм бурда намерасад. Пас лозим аст, ки баъди ин марҳилаи дигаре бошад, ки ба илм расонад. Ин марҳила рукни сеюм, яъне бурҳон аст. Пас маъри¬фати илмӣ ҳар се рукнро дар якҷоягӣ тақозо дорад. Ба ин тартиб: Ҳис, ақл ва бурҳон. Барои саҳеҳӣ ва дурустии масъала «Ихвон» иштироки риёзиёт, ҳандаса ва мантиқро шарт медонанд. Ин аст василаҳои маърифат дар ҳама марҳилаҳои он, чуноне ки «Ихвон-ус-сафо» ақида доранд. Оё ҳамаи ин василаҳо дар прот¬сесси тафаккур дар алоқамандӣ амал мекунанд ва ё ин ки ҳар як васила метавонад мустақилона амалиёти маърифатиро анҷом диҳад? Ин саволест, ки бо ҷавоб додан ба он равияи ҳақиқии назарияи маъри¬фати «Ихвон» муайян карда мешавад. Тафсили ин савол дар гуфтори онҳо роҷеъ ба қувваҳои нафс ва аъмоли аз онҳо содиршуда баён ёфтааст, ки ин қувваҳо барои идора кардани корҳои ҷисм ва ҷиҳози физиологӣ ва маърифатии он хизмат мекунанд. Вақте, ки мо ин масъаларо дар осори «Ихвон» мутолиа мекунем, мебинем, ки қувваҳои нафс ба гурӯҳҳои гуногун тақсим карда шудаанд. Ва вазифаи ҳар як гурӯҳ аз вазифаи гурӯҳи дигар фақ мекунад, вале ҳамаи ин гурӯҳҳо дар якҷоягӣ як ваҳдати томро ташкил медиҳанд. Амалиёти ҳар яки он ба дигараш алоқаманд аст. Дар ин мамлакати тан мақоми подшоҳро ақл ишғол на¬муда, қувваҳои дигари нафс бошанд, мақоми гурӯҳҳои дигаре аз мардумро ташкил медиҳанд. Ин қувваҳои сер¬шумори нафс ба се маҷмӯаи бузург тақсим мешаванд. Якум: қувваҳои табиӣ. Ба ин қувваҳои наботӣ, ҳайвонӣ, нотиқа (яъне инсонӣ) до¬хил мешаванд, маҷмӯаи дуюмро қувваҳои ҳассоса ташкил медиҳанд. Ин қувваҳо иборат аз ҳавоси панҷгона, яъне шунавоӣ, биноӣ, бӯёӣ, чашоӣ ва ламсӣ мебошанд. Ин ҷо ҳар як ҳисса мавриди баррасии алоҳида қарор гирифта, аз хилоли ин тавсифот муҳаққиқ метавонад дараҷаи пеш¬рафти илми биологияро дар марҳилаи арабии он мушоҳида кунад. Маҷмӯаи сеюми қувваҳоро «Ихвон» қувваҳои рӯҳонӣ (дар фаҳмиши онҳо қувваҳои фикрӣ) ташкил медиҳанд, ки адади онҳо панҷ аст. Мутахайила, мутафак¬кира. Ҳофиза, нотиқа ва сонеъа яъне созанда. Таҳлили ҳамаҷонибаи ин қувваҳо дар «Расоил»-и «Ихвон» ба хулосаҳои аз назари мо хеле муҳим бурда мерасонанд. Якум: «Ихвон» ҳақиқати роби¬таи моддии байни протсесси ҳаёт ва протсесси эҳсос ва протсесси та¬факкуро дарк кардаанд. Ин идрокро мо дар гуфтаи онҳо ба таври возеҳу равшан мушоҳида карда метавонем. «… нафс ягона аст, вале ӯро чанд ном ниҳодаанд (аз қабили: наботӣ, ҳайвонӣ ва инсонӣ) вале ҳамаи ин номҳо, мувофиқи он чӣ аз афъоли нафс зоҳиршуда мансуб дониста шу¬даанд. Ва агар: дар ҷисм таъсири ғизо ва нумӯъ мушоҳида шавад, онро нафси номия (аз нуму, яъне рушд ва расиш) меономанд ва агар дар ҷисм феъли ҳис, ҳаракат ва кӯчиш аз ҷое ба ҷое мушоҳида шавад, онро нафси ҳайвонӣ меноманд. (Давом дорад)

Рубрики:Комил Бекзода
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: