Главная > Неъматуллои НУРУЛЛО > Радиоҳои хусусӣ ва бачаҳои сари кӯча

Радиоҳои хусусӣ ва бачаҳои сари кӯча

Аз таъсиси радиоҳои пайи ҳам пайдошуда, ки онҳоро бештар «радиоҳои хусусӣ» ё «радиоҳои ғайридавлатӣ» ном мебаранд, ҷомеа интизори он буд, ки шояд доираи дарбаргирии мавзӯҳои радиоӣ васеътар шавад ва мардум он чизеро шунида тавонанд, ки аз давлатиҳо шояд нашунаванд. Вале ҳайҳот, ки он тавр нашуду ин тавр шуд: суруду мусиқии бетанаффуси хориҷиву барои аксари шунавандаи мо ноошно ва сӯҳбатҳои нодаркори «сарибозорӣ»…
Суоле беихтиёр рӯ мезанад, ки «модоме чунин аст, пас маблаҳи зиёдро чаро барои ин «маҳсулоти пастсифат» харҷ мекунанд?! Ин пурсиши шунавандаи рамузфаҳми даркдошта ва маънифаҳм аст, на аз гурӯҳе, ки шояд баро¬яш ин ҳама «ғалоғула» роҳатфизост. Муасси¬сини ин радиоҳо дақиқ гуфта метавонанд, ки бо ин васила чӣ мехоҳанд, ҳадафашон чист? Вагарна, дар ин замоне, ки ҳар касе як пули пучакашро мешумораду ба бод намедиҳад, боз радио таъсис додан бесабаб нест…
Модоме, ки як гурӯҳи дӯстдорони радио шабакаи мустақил (шояд ба касе тобеанд?,- Н. Н.) таъсис додаанду мақсади амалашон барои аксар хира аст, наход касе пайдо на¬шаваду онҳоро ба танзим надарорад ё ҳадди ақал назора кунад? Назора ба ин маънӣ, ки «чӣ мешунавонед?!». Оё боре ба онҳо ёдрас кардаанд, ки «шумо барои мо ахбор шунаво¬нидан мехоҳед, куҷост он ахбори сареъ, тоза ва мубрами рӯз, ки кам ва хеле кӯтоҳ мешуна¬вем?! Аз шаҳру ноҳия, рустову деҳоти аз мар¬каз дур қариб ки хабару «дараке» нест! Магар метавон ин гурӯҳи радиҳоро ба воситаҳои ах¬бори омма шомил донист?! Шумо — шунаван¬дагон посух бидиҳед: Ин аст «ахбори омма»? Суруду мусиқияшон аслан ва бештар бо ка¬дом забонҳост? Шумо-ку гӯш мекунед! «На¬воварияшон» ин аст, ки дар баробари суруду таронаҳои русиву англисӣ «забони мардумо¬ни мо» — туркиро ҳам «қӯш» кардаанд, ки «та¬брик» барои ин «қӯшкуниҳо»!!
Дар мавриди радиоҳои давлатӣ ҳам ҳаминро ёдрас карданием, ки агар обрӯву эҳтироми шоиста хоҳанд, аз пайроҳаи ин радиоҳои серғалоғула ва қариб ҳама суру¬ду таронаҳояшон барои мардуми мо бего¬на пой набардоранд, ки он пайроҳа «пасту баландиҳо» дорад. Яъне, гумон накунед, ки онҳо ҳозиразамонанду роҳи хубро интихоб кардаанд. Баръакс, онҳо роҳгум задаанд. Чӣ гуфтан ва куҷо рафтанашонро намедонанд ва ё шояд супориши хоҷаҳои дохилӣ ва хориҷиеро иҷро мекунанд, ки барномаҳояшон барои мардуми мо муфид, даркорӣ ва рӯисрост — меҳанхоҳона нест. Ҳатто агар дар қиёс биги¬рем, барномаҳои радиоҳои даврони шӯравии мо даҳҳо маротиба аз ин радиоҳои ба ном хусусӣ доманфароху муфид ва донишафзову фарҳангдиҳанда буданд.
Мо гуфтанӣ нестем, ки радиоҳои давлатӣ камбудиву проблема надоранду ҳама кора¬шон «сад дар сад» аст. Як масъалаи ҳанӯз ҳам пурра ҳалношудаи онҳо ин аст, ки мухбирона¬шон камтар ба назди кишоварзу ҳунарманд ва марди рустоӣ мераванд, аз ҳаёту рӯзгори эшон лавҳаву очерку репортажҳо камтар ме¬шунавем. Ва чунин барномаҳо дар радиоҳои «ҳозиразамон»-и хусусӣ тухми анқосту гӯё ин жанрҳои маъмул ба онҳо дахл надорад. «Репортаж»-и инҳо шояд ҳамин аст, ки баран¬даашон бо шунавандае, ки фарсахҳо аз до¬ниш бебаҳра аст, бо саволҳои содалавҳонаи «номат чист?», «чӣ кор мекунӣ?», «ҳозир ба чӣ кор машғулӣ?» муроҷиат намуда, бо хан¬да ва ғайра гӯё «гузориш» омода месозанд. Қариб тамоми рӯз кори ин радиоҳо аз чунин «сӯҳбатҳо» ва шунавонидани суруду таронаҳои барои мо хеле бегона ва нофаҳмо саршор асту бас. Ба ҷои он, ки бо шахси рӯзгордидаи меҳнатӣ, ҳунарманди чирадаст, шоиру нави-санда ва олими маъруфу варзишгаре сӯҳбат биороянду аз дастёфти ин гуна ашхос ҳамагон огаҳу баҳраманд бигарданд…
Мақсад аз ибрози андешаҳои боло ин аст, ки радиоҳои хусусӣ дар радифи радиоҳои давлатӣ арзи ҳастӣ бикунанд, вале рисо¬латашон, ки «ахбори омма асту воситаи саривақтии иттилоърасонӣ», ҷомеаро бо шунавонидану пешкаши барномаҳои ран¬гин, ҷолиб, муосир, замонофар ва ба за¬мон мувофиқ баҳраманд намоянд. Ва бо¬лотар аз ин, пуштибону тарғибгари забони тоҷикӣ-форсӣ, ҳуввияти миллӣ, ватандустӣ, инсонпарварӣ бошанд ва ба ин росто ҳидоят намоянд. Аз проблемаву масъалаҳои мубра¬ми дохиливу хориҷӣ барномаҳо шунавонанд, аз камбудиҳо ҳарф зананд бо бурҳони қотеъ ва агар роҳи ҳаллашонро нишон бидиҳанд, метавонанд чунин ҳисобанд, ки ба рисолати касбиашон содиқ будаанд ва бо замонаи хеш ҳамқадам. Вагарна, бо хараҷу мараҷ, суру¬ду таронаҳои бемаънӣ, аз забонҳои барои аксар ноошно ва дигар гуфтугӯҳои норавову кӯчагӣ ҳам обрӯву эътибор аз даст медиҳанд ва ҳам ҷойгоҳи хешро дар миёни дигар ВАО нахоҳанд пайдо кард.
Мо ҳамчун шунаванда, на ҳамчун «мунаққид» ибрози андеша мекунем. Ин андешаҳо шояд ба касе мақбуланд, ба каси дигар не. Масъулини чунин радиоҳо, ки гу¬мон мекунам ашхоси пешқадаму босавод ва рӯзноманигорони муосиранд, рӯи ин гуфтаҳо мулоҳиза намоянд. Мегӯянд, ки «дил сӯзад, аз чашми кӯр об меравад». Ин ҳама аз дилсӯзӣ ба ҳампешагон аст ва барои пешравии кори онҳо.
Инҷо шояд ном гирифтани ин радиоҳо шарт набошад, зеро ҳамагон онҳоро медо¬нанд. Дар хона, мошин ва коргоҳ барномаҳои онҳоро мешунаванд. Радиои «Азия плюс», «Ватан» ва шояд радиоҳои хусусии дигаре ҳам бошанд, ки номҳояшон ба ёди мо на¬расид. Ин ду ва дигар радиоҳоро беҳтар будӣ, ки аз радиоҳои ҳамкасбони русиягии хеш меомӯхтанд, ки барномаҳои рангин ва гуногунҷанбаъ пешниҳод мекунанд. Дар ин ду радиое, ки исмашон ёд шуд, барномаҳои «Набзи русто» ҷой наёфтаааст, «Дунёи вар¬зиш» ҳам фаромӯш шуда. Оё мо имрӯз дар кишвар варзишгарони шинохта кам дорем? Аз ҳаёту ҳунари онҳо боре ҳам барнома пахш шудааст? Олимони соҳоти гуногун чӣ? Ба ҷойи барномаҳои нолозим, ки танҳо гӯши моро кару асабҳоро хароб мекунанд, ақаллан аз рӯзгори табақтарошу барзгаре ҳикоят мешуд, ин ба манфиати ҷомеа мебуд.
Сомеону мухлисони асосии ин шабакаҳои навбаромади замони соҳибистиқлолӣ аслан он гурӯҳе мебошанд, ки на ба табақаи зиёӣ ва на ба он тарафе дохиланд, ки мақсадашон пешравию бурдбориҳои кишвар бошад. Ба ин гурӯҳи мухлисон «овозашон сабт шуд, чизе гуфта бошанд, ки аз маънӣ ва мақсад фарсахҳо дур аст, асосаш, ки бо майдата¬рин шӯхие хандиданд» басанда аст. Метавон гуфт, ки ин радиоҳо ҳам мухлиси худро до¬ранд, вале на шунавандаи огоҳу босаводу бофарҳанг. Мо гуфтанӣ нестем, ки сад дар сад мухлисонашон дар як пояи саводу маърифа-танд, вале ба диду гӯшу огаҳии мо, аксаранд онҳое, ки ҳанӯз ҳам вазифаи асосии радио¬ро хуб дарк кардаанд. Зеро аз рӯи саволу ҷавоб ва мулоҳизаронияшон бо барандаго¬ни ин шабакаҳо аёнамон аст, ки чӣ суолҳое пеш мегузоранд. Намедонам барандагони «барномаҳои шоу» рӯзноманигори касбӣ ҳастанд ё не, вале диду назар ва масъалаву суолгузорияшон хеле сабук ва дуртар аст аз он журналисте, ки ба ин касб дилбохта аст ва аз ин рисолат огаҳии комил дорад. Гуф¬танием, ки ин шабакаҳоро низ дар маври¬ди интихоби рӯзноманигорони сухандон ва соҳибқалам зарур аст таҷдиди назар кунанд. Зеро агар ин раванд идома ёбад, метавонем шунавандаи асили радиоро аз худ дур карда, радиоро ба шабакаи «ҳазлу мазоқ» мубаддал созем. Имрӯз агар аз муҳандиси нуктадон, физики ихтироъкор ва ҳавонаварду соҳоти барои рӯзгори мо хеле зарурӣ камбуди му¬тахассис дошта бошем, аз рӯзноманигори соҳибсухан танқисӣ надорем. Беҳтарину бо¬саводу соҳибкасбони ҳақиқиро бояд интихоб намуд, на он ёру ошноҳо, сергапҳои гуфтора¬шон монанд ба савдогарони бозору бачаҳои сари кӯчаро!
Ин пешниҳоди дилсӯзонаи мост барои пешравии кори шумо ва обрӯи радиоҳоятон. Зидди сароидани шеъру таронаҳои хориҷӣ ҳам нестем, вале ба меъёраш ва камтар аз сурудҳои ватанӣ бошад, боз беҳтар! Аз овоз¬хону раққосу мусиқинавоз низ норасоӣ надо¬рем, яъне хеле зиёданд. Мақсад аз таъсиси ин радиоҳо чист, аниқтараш муассисон ва рӯзноманигорони ин ду ва дигар шабакаҳои хусусӣ посух гуфта метавонанд…
Агар ҳар барномаи ин радиоҳоро таҳлил кунем ва аз нигоҳи касбият мулоҳизаронӣ намоем, саҳфаҳои зиёде лабрез хоҳанд шуд. Вале бо ҳамин андешаи кӯтоҳ хулосабарорӣ намуда, гуфтанием: Ҳамкасбони гиромӣ, би¬донед, ки шумо рӯзноманигоред ва бештар ба масъалаҳои муҳим дасти эҷод бигиред. Су¬руду мусиқӣ низ зарур аст, вале ҳар гуна коре набошад, андоза ва вақти муайян дорад. Бе «шоу» ҳам зиндагӣ кардан мумкин аст, агар проблемҳо гуфта ва ҳал шуда бошанд…
Неъматуллои НУРУЛЛО,
Рӯзноманигор

  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: