Главная > Фарангиси МУЗАФФАР > Талоқи зани рус ва сархамии марди тоҷик

Талоқи зани рус ва сархамии марди тоҷик

Сароғоз кишвари Русия муҳоҷирони тоҷикро бо оғӯши кушода пазируфт ва барои сохтани як қатор биноҳои баландошёна ва дигар корхонаҳо нағзакак истифода бурд. Як қатор мушкилиҳои дар кишвараш ҷойдоштаро бартараф намуд. Вале, чун дид, ки тоҷикон сӯи Русия зиёд «лашкаркашӣ» карда истодаанд, ба таҳлука афтод.
Русҳо, ба қавле «харашон аз лой гузашта буд», ки ба баровардани қонуну фармонҳои гуногун барои муҳоҷирони корӣ пардохтанд. Вале дар ин муддат баъзе аз мардони зираки мо корро то баромадани қонунҳои нуҳуфтаи Русия тамом карда буданд. Яъне, муқими он кишвар, соҳиби хона, оилаи осуда, зани рус ҳам шуданд. 
Тоҷикон чун диданд, ки ҷойи даромадноке беҳтар аз кишвари Русия нест, рафтанро идо¬ма доданд. Дигар хашму ғазаби миллатгароё¬ни рус дар ин миён боло гирифт ва дар пайи аз байн бурдани сарсиёҳҳо афтоданд.
Ҳоло бошад, кор аз кор гузаштааст. Муҳоҷирон аз дасти қонуну фармонҳои нав ба нави ин кишвар хаста ҳам шуданд. Чун солҳои қабл муҳоҷирон бе иҷозатномаи кор метавонистанд дар баъзе ҷойҳо фаъолият ку¬нанд. Оҳиста-оҳиста бе ҳуҷҷати корӣ фаъолият кардани муҳоҷиронро манъ карданд. Ҳар на¬фареро, ки бе иҷозатномаи кор ё бе ҳуҷҷат медиданд, як муддат дар боздоштгоҳҳои муваққатӣ нигоҳ дошта, баъдан ба кишвара¬шон «депорт» мекарданд. Вале муҳоҷирон ба ҳамаи сахтӣ, пастиву баландиҳои зиндагӣ дар ин кишвар тоб меоварданд.
Муҳоҷироне, ки шаҳрвандии Русия до¬ранд, аз дигар муҳоҷирон осудатар буданд. Вале омада-омада барои онҳо низ мушкилот пайдо шудан гирифт. Акнун аъмоли онҳоро низ бо қарору қонунҳои нав тагу рӯ кардан мегиранд. Ҳарчанд ҷониби Русия наметаво¬над ба куллӣ кишвари худро аз муҳоҷирони тоҷик тоза кунад. Чун аксарият дар ин мудда¬ти тӯлонӣ соҳиби фарзанд шудаанд ва ҷойи кори доимӣ пайдо намудаанд. Ба ҳар ҳол, тасмимҳое аз ҷониби Русия барои коҳиш до¬дани шаҳрвандии ин кишварро гирифтани тоҷикон ба мушоҳида мерасад. Акнун Русия тасмимеро роҳандозӣ кардааст, ки мехоҳад шаҳрвандони тоҷики бо занони калонсол ва духтарони рус никоҳи қалбакӣ доштаро муайян кардаву онҳоро аз ҳам ҷудо созад. Дар ҳолати қалбакӣ будани никоҳи муҳоҷирони тоҷик бо занони рус, онҳо «депортатсия» хоҳанд шуд. Ҳамин тавр ҳам шуд. Чанде пеш додситони вилояти Калугаи Русия никоҳи як ҷавони 27- солаи тоҷикро бо зани 49-солаи рус бекор кардааст. Ҳангоми санҷиши додситонӣ маъ¬лум шудааст, ки шаҳрванди Тоҷикистон танҳо бо ном ва дар ҳуҷҷат ҳамсари ин зани рус аст, вале дар асл бо ӯ ҳеҷ робитаи ҳамсарӣ надо¬штааст. Ҳамчунин, зани рус ҳам иқрор шуда¬аст, ки бар ивази гирифтани 15 ҳазор рубли русӣ барои издивоҷ бо ҷавони тоҷик розӣ мешавад. Мақомоти интизомии Русия хабар додааст, ки ҳолатҳои қалбакӣ будани никоҳи шаҳрвандони муҳоҷири Тоҷикистон бо бону¬вони рус, ки онҳо ошкор кардаанд, афзудааст. Ба қавли ин мақомот, издивоҷҳои қалбакӣ танҳо ба хотири дарёфти шаҳрвандии ин киш¬вар сурат гирифтааст.
То имрӯзҳо қонунгузории Русия барои тоҷикон дарёфти шаҳрвандиро мушкил кар¬да буд. Яъне, муҳоҷирон метавонистанд танҳо аз рӯи квота шаҳрвандӣ гиранд, ки он мӯҳлати зиёд талаб мекард. Ҳамин чиз боис гардид, ки ақди никоҳ бастани муҳоҷирони корӣ бо занҳои рус афзояд. Зеро, дар ин ҳол онҳо имкон пайдо мекунанд рафти гирифтани шаҳрвандии Русияро суръат бахшанд. Аммо суоли баҳсталаб ин аст, ки пас аз ноил шудан ба никоҳҳои қалбакӣ ҳоли муҳоҷирон чӣ ме¬шуда бошад? Дар ҳоли бекор кардани ақди никоҳи мардони тоҷик бо занони рус чӣ муш¬килоте мардикори тоҷикро интизор аст?!
Сиёсатшиноси варзида Давлат Усмон дар ин бора мегӯяд: «Ин як падидаи номат¬луб аст. Фикр мекунам, ки дар Русия рӯз то рӯз қонунҳояш муназзамтар шуда истода¬аст. Албатта издивоҷ кардани марди тоҷик бо зани рус ин яке аз роҳҳои гирифтани шаҳрвандӣ буд. Ҳоло вақте расидааст, ки Ҳукумати кишвар Тоҷикистон бештар кӯшиш кунад, то тоҷикон муҳоҷир нашаванд. Яъне иқтисодиёти Тоҷикистонро боло бардоранд. Инҷо ягон мушкилие вуҷуд надорад. Яъне, ин амали Русия нақзи ҳуқуқи шаҳрвандони тоҷик нест, балки ин кишвар мехоҳад қонунҳояш ҳифз карда шаванд».
Бархе бар ин назаранд, ки дар гумон аст солҳои наздик дар Тоҷикистон масъалаи ҷойи кори муносиб ва дастмузди хуб ҳалли худро пайдо кунад. Ва агар муҳоҷири тоҷике, ки чанд сол бо хонуми рус зиндагии якҷоя доштаву баъди бекор шудани ақди никоҳаш ба ватан, назди зану фарзанди худ баргардад, ба муш¬килоташ чандин нохушии дигар зам мешавад. Ба ин маънӣ, ки ҳамсари тоҷики ӯ дигар хиё¬наташро хуш нахоҳад дошт ва агар муносибат ҳам кунад, рӯякӣ. Дигар ҳеҷ! Ғайр аз ин, ҳамон мушкили иқтисодӣ ӯро дубора дунболагир мешавад ва хоҳу нохоҳ зери маломату ҳатто истинтоқи завҷаи худ дармемонад.
Аммо ҷомеашиноси тоҷик Ойниҳол Бобо¬назарова дар ин маврид мегӯяд: «Аслан би¬гирем, ин кор нодуруст аст. Масалан имрӯз исбот сохтани он ки никоҳи онҳо сохта аст ё сохта нест, ин аз ду тараф вобаста аст. Яъне аз ҷавони тоҷик ва зани рус. Дуввум, ҷониби Ру¬сия аз ин чиз истифода бурда, ҳатто никоҳҳои ҳаққониро низ сохта эълон мекунад. Сеюм ин ки, агар ҷавонони тоҷикро депортатсия кунанд, тасаввур кунед, ки ҳолашон чӣ меша¬вад. Гап дар сари он нест, ки зери шиканҷаи зан қарор мегиранд. Аслан зани тоҷик кай метавонад хушунатро нисбати мард раво би¬над? Гап сари он меравад, ки бо ин кор худи Русия зарар мебинад. Зеро ҳар сол 1 млн. аҳолии Русия кам шуда истодааст. Онҳо танҳо метавонанд аз ҳисоби тоҷикон, ӯзбекон, қирғизҳо ва дигар кишварҳо масъалаи демо¬графиашонро ҳал намоянд».
Инҷо боз суоле посух мехоҳад, ки вақте барои шаҳрвандони рус издивоҷи шаҳрвандӣ роиҷ аст, чаро тоҷикон натавонанд тибқи қонуни онҳо амал кунанд? Дар ин бора Ойниҳол Бобоназарова мегӯяд: «Бале, дар Русия масалан никоҳҳои шаҳрвандӣ иҷозат дода шудааст. Яъне бе қайди никоҳ ҳам онҳо ҳуқуқ доранд зиндагӣ кунанд. Аз ин бармеояд, ки тоҷик ҳам ҳуқуқ дорад. Чунки қонун барои ҳама як аст».
— Албатта ҷониби Русия бо ин кор намехоҳад тоҷикон соҳиби шаҳрвандӣ гарданд. Фикр ме¬кунам, ки ин кор бар зарари худи занҳо ва кишварашон мебошад. Дар ҳолати баргашта¬ни муҳоҷирон ба ватан аз тарафи занони тоҷик зери истинтоқ қарор намегиранд. Агар чунин ҳолат рух диҳад ҳам, барои марди тоҷик осон аст, сар медиҳад ва духтарони бешавҳари мо ҳам бисёр ҳастанд, яктаи дигарашро ба занӣ мегирад. Ин чиз барои мард мушкилот буда наметавонад,- мегӯяд ӯ.
Ҳолатҳое низ ҳаст, ки занони рус худ мехоҳанд ҳамсари ғайрирус дошта бошанд. Чунин нафарон зиёданд. Ҳатто ҳолатҳое низ ҳаст, ки муҳоҷирони тоҷик духтарони русро ба Тоҷикистон оварда, издивоҷ кардаанд. Бар асоси иттилои ғайрирасмӣ, беш аз як миллион шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия муҳоҷири кориянд. Онҳо барои дарёфти ҷои кори мувофиқ ва маоши хуб талош мекунанд шаҳрвандии Русия ё ҳадди ақал душаҳрвандӣ дошта бошанд. Ин ҳам дар ҳоле, худи қонунгузории Русия гирифтани шаҳрвандии ин кишвар ва душаҳрвандиро муқаррар на¬мудааст. Пас, магар издивоҷ кардани муҳоҷир бо духтар ё зани рус кори ҷиноятист?
Сиёсатшиноси муқими Русия Каромат Шарипов дар ин маврид мегӯяд:
«Боварӣ дорам, ки ягон нафари онҳо ба ҷиноят кашида намешаванд. Аммо маблағе, ки ба арӯсшавандаи рус аз тарафи мардони шавҳаршаванда дода шудааст, барнамегар¬дад. Чунки бо боварии якдигар ин масъала¬ро онҳо дида буданд ва ягон нафари онҳо бо роҳҳои нотариалӣ ҷонибдори ин масъала на¬шудаанд ва намешуданд».
Агар аз ин нуқтаи назар бингарем, шояд тасмими нави Русия аз бекор кардани ақди никоҳи муҳоҷирон танҳо ба хотири барҳам до¬дани душаҳрвандӣ бошад, на чизи дигар.
Фарангиси МУЗАФФАР, 
БМСТЖ

  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: