Главная > Ваҳҳоби ЛАТИФ > Фарҳангу варзиш ё риш?

Фарҳангу варзиш ё риш?

Дар ҳошияи мақолаи Ҳотами Нафис — «Кофирӣ дар мусулмонии кист?»  («Пайкон», 01.02.2011 сол)
Ҳотами Нафис бо мақолааш аз он ба ташвиш афтодааст, ки мактаби таҳсилоти ҳамагонии №59-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ҳарчанд толори барҳавои сохти Шӯравӣ дошта бошад ҳам, фарши чӯбини он «шудгор» шудааст, мактаббачагон дар рӯзҳои барфу борон дар синфҳо танҳо шашкаю шоҳмот мебозанду халос ва гоҳо ба мактаби №32-и ҳамсояашон юриш мекунанд…

Ман, ки сокини ҳамин ноҳияам, ба ин навиштаҳо аввал бовар накардам, вале ди¬дам, ки фарши толори варзишии ин мактаб корношоям асту фаҳмидам, ки бо мактаби №32 юриш кардан низ ҷой доштааст.
Вақте ки толори варзишӣ чунин ҳол дора¬ду ягон бозиҳои иловагии варзишӣ гузаронда нашавад, пас наврасон нерӯи худро ба чӣ кор равона мекунанд? Ба юриш, шикастани мизу курсӣ, дарахтон ва хунин кардани бинии ҳамдигар… 
Президенти кишвар дар ҷаласаи ва¬сеи Шӯрои амнияти ҷумҳурӣ аз афзуда¬ни масҷидҳо нисбат ба мактабҳо изҳори нигаронӣ карда, аз ҷумла қайд намудааст: «Масҷид аз лиҳози таъиноти худ фақат мако¬ни намозгузорӣ мебошад, вале имрӯз меби¬нем, ки баъзе масҷидҳо ба минбари таблиғи идеяҳои экстремистӣ ва ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои иртиҷоӣ табдил ёфта истодаанд…».
Чун наврасону ҷавонон аз варзишҳои гуногун маҳрум бошанду дар маҳалҳо клубу китобхона, кружокҳои шавқовар фаъол набо¬шанд, албатта онҳо ришҳои булаҷаб монда, рӯ ба нимчамуллои мутаассиб меоранд, ки бояд барои аҳли маорифу фарҳанг ташвишангез бошад.
Мо зидди ришмонӣ нестем. Лекин баъзан ришҳоеро мебинем, ки чун табақи қурутобхӯрӣ калон буда, мӯйҳо чунон печидаю чигил шуда¬анд, ки онро танҳо бо панҷшох шона кардан имкон дорад.
Дар як сӯҳбат муллое гуфта буд, ки ҳаҷми риш аз як қабза мушт бояд зиёд набошад. Зеро калонии саллаю риш далели дороӣ нест. Беҳуда халқ нагуфтааст: «Гап на дар салла аст, балки дар калла аст».
Аз замонҳои ҷамъияти ибтидоӣ инсон ба варзиш диққати зиёд медод. Асп давонда, бо камону найза шикор мекард, гӯштин ги¬рифта, шиноварӣ менамуд. Лашкаркашону муборизони роҳи озодӣ Рустами дастон, Гур-дофарид, Шерак, Темурмалик, Восеъ ба вар¬зиш машғул шуда, дар мубориза бо аҷнабиён корнамоиҳои ҳайратангез нишон додаанд. Ҳукумати Шӯравӣ дар мактабҳои барҳаво дарси тарбияи ҷисмониро барои хонандаго¬ни тоҷикистонӣ ба роҳ монд. Футбол, волей¬бол, баскетбол, гӯштингирӣ, самбо, дзю-до, каратэ, камонварӣ дар Тоҷикистон мартабаи хуб пайдо карданд. Чемпионҳои ҷаҳон оид ба гӯштину камонварӣ Саидмӯъмин Раҳимову Зебуниссо Рустамова ва чемпиони чандин¬каратаи Иттиҳоди Шӯравӣ оид ба қаиқронӣ Юрий Лобанов, ба лигаи олии футболи СССР баромадани дастаи «Помир»-ро кӣ намедо¬над?…
Дар мактабҳои деҳоти аз пойтахт дур дар¬си тарбияи ҷисмонӣ суст ба роҳ монда шу¬дааст. Ин дарсро ба устодони ғайриихтисос барои зиёд шудани соатҳои дарсӣ медиҳанд. Лавозимоти варзиш тӯб ва ҳуштак буда, сумкаи хонандагон доимо «сутунҳо»-и дар¬возаи бозии футбол аст. Аксар вақт устодо¬ни солхӯрдаи камҳавсала ба хонандагон «дарси имрӯзаамон давидан аст, аз ин боис ҳама то хона тохта равед» гуфта, рӯзро кӯр ва журналҳоро аз қайдҳои бофта пур менамо¬янд…
Дар замони истиқлолият бо дастгириҳои бевоситаи президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон соҳаи варзиш дастгирии зиёд дид. Чанде пеш ӯ бо кормандони соҳаи варзиш ва варзишгарон вохӯрӣ гузаронд. Маълум шуд, ки варзишгарони тоҷикистонӣ дар арсаи байналхалқӣ соҳиби чандин медалҳои тиллою нуқра ва биринҷию ҷойҳои намоён шудаанд, ки боиси ифтихор аст.
Президент супориш дод, ки дар ҳама ноҳияю шаҳр, вилояту ҷамоатҳо майдону толорҳои варзишӣ тармиму аз нав сохта ша¬ванд. Ба воситаи телевизионҳои Тоҷикистон акнун мебинем, ки наврасон дар толору варзишгоҳҳои барҳавои замонавӣ бо дили гарму шод машқ карда, ваъда медиҳанд, ки оянда дар мусобиқаҳои ҷаҳонӣ ливои Тоҷикистонро боло хоҳанд кард. Лекин…
Дар деҳа меҳмони хонадоне шудам. Дар рафти сӯҳбат маълум шуд, ки як ҳамдеҳаашон аз пойтахт устоди варзиш оид ба гӯштин шу¬дааст. Баъди ӯро табрик намудан, марди азимҷуссае гуфт:
— Шогирдамон танҳо оид ба гӯштингирӣ устоди варзиш шуда бошад, банда устоди панҷ намуди варзишам.
— Кадом намудҳо?,- пурсид меҳмоне бо тааҷҷуб.
— Камонварӣ — сихкабоб, гулӯлапартоӣ — манту, кӯҳнавардӣ — палов, шиноварӣ — хомшӯрбо ва танобкашӣ — лагмон,- гуфта, ӯ шикамашро, ки чун чагдег буд, молиш дода хандид…
— Ин «устоди варзиш» кӣ бошад?,- пурси¬дам аз ҳампаҳлӯям.
— Муаллими тарбияи ҷисмонии мактаба¬мон…
Бале, дар ҷамъият ҳастанд ашхосе ки аз ватанпарварӣ бештар ба баданпарварӣ машғул шуда, ба атрофиён таъсири манфӣ мерасонанд.
Дар паҳлӯи 5-6 зани солхӯрда, ки рӯйи хараки назди бинои баландошёна нишаста сӯҳбат мекарданд, ҳузур доштам. Ин вақт марде бо як даста китобу ҳафтаномаҳо аз на¬здамон гузашт.
— Ҳамин мардак нинармалнист,- «хулосаи тиббӣ» баровард зане, ки гирду атрофро бо пӯчоқи офтобпараст пур карда буд.- Ягун бор надидам, ки ба хонааш чор нону ягон мева барад…
Ҳамин зан агар Русия равад, ба фикрам, аз «муоинаи тиббӣ»-и ӯ ягон сокинаш «нор¬малний» намебарояд — хурду калон, марду зан, нафақахӯр, коргари одӣ дар метрою троллейбус, таксию поезд… ҳафтаномае ё ки-тобе мехонанд…
Дар масъалаи галстукбандии боғчараву мактабхон ва донишҷӯён гуфтаниям, ки мо набояд зоҳирпараст бошем. Латифаи ба ҷомаи зарбофаш палав хӯрондани Афандиро аксари мардум медонанд. Пас, хонанда дар зимистон бо калӯшу маҳсӣ, ки аз пойпӯшҳои чинӣ пойро гармтар медоранд, ба мактаб ояду куртаи сафед надошта бошад, ӯро ба дарс роҳ надиҳем? Устод пеш аз ҳама бояд аз хонанда дониш талаб кунад, на ба сару либо¬си ӯ эрод гирад…
Ба дарсҳои фарҳангӣ ҷалб намудани во¬лидайн кори савоб аст. Ин дарсҳо ҳафтае як маротиба гузаронида шаванд, кофист. Зеро падару модар барои пайдо кардани ризқу рӯзӣ ба чор тараф сарсонанд. Дарсҳо бояд аз боби оиладорӣ, одоби шаҳрдорӣ, ҳуқуқ гуза¬ронида шавад…
Ман фарзанди ягонаи падарам будам. Қариб аксари ҳамсинфонам соат доштанд. Чун аз падар хоҳиш кардам, ки ба ман соате харанд, бо нармӣ гуфтанд:
— Ҳамин ки коргар шудӣ, аз маоши авва¬линат соат хоҳӣ харид…
Велосипед ҳам надоштам. Аз симчӯб то симчӯби дигар дучархаи ягон касро ронда, бист тин медодам. Бадбахтона, агар чархи ду¬чарха аз симчӯб каме гузарад, «ҷарима» панҷ тин буд.
Акнун чӣ? Дар паси чанбари мошинҳои гаронбаҳое, ки ғайр аз роҳи мошингард майдончаҳои бозии кӯдакон ва ҳатто пиёдароҳҳоро «забт» кардаанд, аксар навра¬сону ҷавононанд. Онҳо телефонҳои мобилии соатдору расмгиранда ва сабткунанда ҳам доранд. «Офарин» ба падару модари онҳо, ки мизу курсии дарстайёркунӣ харида намета¬вонанд, реҷаи рӯзу шаби фарзандро назорат намекунанд!
Зимистон дар рӯйи танӯри самбӯса ва дигар мавсим болои пештахтаҳои бозори «Деҳқон»-и маҳаллаи Дилшод (33-юм микро¬район) ба воя расидани Сорбону Камолро ҳама медонанд. Касе онҳоро суроғ намекард, ҳарчанд падару модар доштанд.
Дар масъалаи бозори «Деҳқон» ҳам муал¬лиф ҳақ аст. Аз ҳисоби соҳибкорон ободу зебо кардани бозор мувофиқи шартномаҳое, ки ҷонишини директори бозори мазкур Ҳақдоди Сафар имзо намуда, бо мӯҳр санади ҳуқуқӣ гардондааст, манъ аст. Зеро дар боби «Ва¬зифаи бозор», банди 2 айнан навиштаанд: «Маъмурияти бозор» ӯҳдадор аст, ки маблағи аз соҳибкорон ҷамъшударо ба пуррагӣ ба фоидаи ободу зебо гардонидани бозори мар¬бутаи бозори «Марказӣ» 33 мик/он».
Дар ин ҷумла хабар нест. Ба фикри мо «харҷ карда мешавад» будагист. Ба фикри масъули бозор мумкин «харҷ карда намеша¬вад» дуруст аст. Зеро чанде пеш қариб аз 70 дӯкон барои дар пештоқашон насб кардани рақамҳо шаш сомонӣ пул ҷамъ кардаанд. Бозор аз чор тараф дарвоза надорад ва Аб¬дул ном ҷавонеро посбон монда, аз ҳисоби соҳибкорон маоши хуб диҳанд ҳам, вай на¬медонад, ки кадом тараферо назорат кунад. Шабу рӯз аз тарафи шимолии бозор мошинҳо даромаду баромад карда, якчанд нафар нонпаз дар чор дӯкон хобу хез мекунанд, ки ба ягон талаботи санитарӣ-гигиенӣ ҷавобгӯ нест. Ахлотқуттиҳое, ки як вақтҳо 15-20 метр дур аз даромадгоҳи шимолии бозор ҷойи муайян доштанд, ба лаби гузаргоҳ оварда шудаанд. Аз ин ҷо мактабхонҳо, боғчаравҳо ва корафтодаҳои зиёд равуо карда, ахлотро ба дохили дӯконҳо мебаранд. Маъмурияти бозор ин айбро ба гардани Раёсати хоҷагии манзилӣ-коммуналии №2-и ноҳияи Сино ме-печонанду онҳо ба бозор.
Агар мансабдорону соҳибкалиди идораҳо ҳафтаномаҳоро мехонданд, шояд гӯшае обод, дили ранҷуре шод мешуд. Аз баромадҳои танқидии зиёд дар ҳафтаномаҳо маълум мешавад, ки соҳибмансабон ба танқидҳо ё аҳамият намедиҳанд, ё супориши президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмонро оид ба саривақт посух додан ба мақолаҳои танқидӣ ва ислоҳи камбудиҳо аз ёд баровардаанд…

Ваҳҳоби ЛАТИФ

Рубрики:Ваҳҳоби ЛАТИФ
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: