Главная > Uncategorized > Шаппотии обдор ба рӯи муҳоҷир

Шаппотии обдор ба рӯи муҳоҷир

Муҳоҷирони тоҷик Рустам Юсупов, Салим Аҳмадов ва Нуруллоҳ Саидов ба дискотекаи «Меридиана»-и шаҳри Питер рафта, рақсиданӣ мешаванд. Яъне, ба гуфти худашон, истироҳаткунӣ мераванд. Дар ҳоле ки дар ватан модару хоҳаракону додараконашон гӯшнаву ташна, мӯҳтоҷи як сӯми онҳоянд.
Нуруллоҳ то он дараҷае маст мешавад, ки дигар худашро назорат карда наметавонад. Ҷӯраҳояш зорӣ мекунанд, ки зудтар аз дис¬котека бурун раванд. Аммо Нуруллоҳ Саидов масти шароб мерақсаду мерақсад. Ба касе эътибор намедиҳад. Ба духтараки русе наздик шуда, маҷбурӣ ба рақс мекашадаш. Духта¬рак норозиёна ӯро аз худ дур мекунад. Аммо Нуруллоҳ дасти ӯро сар надода, ба ҷониби худ мекашад. Духтарак асабӣ шуда, ба рӯи ӯ шаппотии обдоре мефарорад. Аммо Нуруллоҳ якбора дар ғазаб шуда, ба даҳони ӯ мушт мекӯбад. Бо ин ҳам ғазабаш фурӯ нарафта, аз мӯйи духтар медораду ба замин афтонда, таги лагадаш мегирад. Ҳамин вақт одамони дискоклуб давида омада, ӯро шаттаборон мекунанд ва ҳамон замон ба шӯъбаи милиса месупорандаш. 
Вақте бо Нуруллоҳ сӯҳбат мекардам, гуфт:
— Апаҷон, сахт пушаймонам, кӯмак намо¬ед!
— Чаро бо ин маоши бо арақи ҷабин ёфта¬ат арақнӯши кардӣ?
— Пушаймонам…
Аммо муфаттиш масхараомез гуфт:
— Ҳа, Нуруллоҳ, канӣ гап зан, аз чандсолагӣ арақ менӯшӣ?
— Ин дуввум бор буд.
Муфаттиш боз гуфт:
— Дар ватани шумо аслан писарон назди падарон меҳаросанду хотири ҳурмати эшон арақу сигор намекашанду наменӯшанд. Аммо ту мегӯӣ, ки дуввум бор. Аҷиб…
Нуруллоҳ гиряомез гуфт:
— Он шаб вақте милисаҳо маро рӯи барф рӯямро доштанд, баъд ба худ омадам. Дар хо¬тирам нест, ки чӣ кор кардаам. Ин ҷӯраҳои номардам маро партофта гурехта рафтаанд.
Ҷӯраҳои Нуруллоҳ дар рафти тафтишоти судӣ қайд карданд, ки онҳо ба ин кор дахл на¬доранд ва Нуруллоҳ арақ хӯрдааст, на онҳо.
Нуруллоҳро ҷазои маҳбас интизор аст. Ба¬рои авбошӣ ва задани духтарак.
Аз ҳуҷраи муфаттиш баромадаму зери лаб гуфтам: «Ба нофаҳмиву беқадрии ҷавонӣ ҳайфам ояд. Ба ин ҷавони ноозмудаи пушай¬мон низ».
Чаро ҷавонони тоҷик, ки дар рӯҳияи мусулмонӣ ба воя расидаанд, ба чунин амалҳои ғайриинсонӣ даст мезада бошанд?
Аҷабо, дар мулки дигар ба корҳое даст мезананд, ки номи тоҷикро ба нестиҳо меба¬ранд.
Шаҳлои НАҶМИДДИН,
Санкт-Петербург

Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: