Главная > Фарангиси МУЗАФФАР > Сино боз «танӯри тафсон»

Сино боз «танӯри тафсон»

И нтихоботи миёнадаврии вакили Маҷлиси намяондагон, ки рӯзи понздаҳуми майи соли ҷорӣ дар ҳавзаи ноҳияи Синои пойтахт баргузор мегардад, бе мушкилот нахоҳад буд.

Зеро Сайидиброҳими Назар, мушовири раҳбари ҲНИТ, ки номзадиашро ин ҳизб дар ноҳияи Сино пешбарӣ карда буд, бо сабаби вориди комиссияи ҳавзавии райъпурсӣ нашудани намояндагони ҳизбаш аз иштирок дар ин интихобот даст кашидааст. Дар ҳоле барои сабти номи намояндаи ҲНИТ иҷозат дода шуд, вале ӯ номзадияшро бозхонд кард. Думболаи он шӯъбаи ноҳиявии ҲНИТ дар ноҳияи Сино, ки нмзадии ӯро пешниҳод карда буд, эътирозашро пазируфт. Бозхонд кардани номзадии ӯ як андоза дар дили таҳлилгарон шубҳа овард. Зеро ин нишонаи он нест, ки намояндагони ҲНИТ ба пирӯзии худ бовар надоранд?

{}Ҳоло дар интихоботи миёнадаврии ҳавзаи Сино чаҳор номзад пешбарӣ карда шуд, ки яке аз онҳо Амирқул Азимов, дабири Шӯрои амнияти Тоҷикистон ва Толибшоҳи Сайидзода, муҳаррири ҳафтаномаи мустақили “Миллат”, ҳамчунин Музаффар Мирзоев аз Ҳизби аграрии Тоҷикистон ва Сафарбек Маннонов, муовини раиси Маркази миллии тиббии Тоҷикистон талоши худро давом хоҳанд дод. Вале дар ин интихобот аз байни ин номзадҳо кадомеро интихоб менамоянд, вақт нишон медиҳад. Чун айни замон корҳои ташвиқотиву тарғиботии номзадҳо дар ҳавзаи интихотӣ идома дорад.

Аммо воқеан ҳам тарси пирӯз нашудани намояндагон ба вакилӣ нобоварӣ ба худашон аст ё далели риоя нашудани қонунҳои интихоботии Тоҷикистон? Зеро эҳсос мешавад, ки маъракаҳои интихоботиро баъзе нафарон ҷиддӣ қабул намекунанд. Ҳарчанд ин як маъракаи сиёсист ва ҷиддиятро талаб дорад. Яке аз номзадҳо ба вакили Маҷлиси намояндагон Толибшоҳ Сайидзода мегӯяд, ки бо як боварии қавӣ номзадиашро пешбарӣ намудааст, вале ба риоя шудани қонунҳои интихоботӣ дар Тоҷикистон ва шаффоф баргузор гардидани ин маъракаи муҳими сиёсӣ то ҷое шубҳа дорад:

— Ҳарчанд сари шаффоф баргузор намудани интихобот президенти кишвар ишора намуда буд ва Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси КМИР ваъдаи баргузории интихоботи шаффофро додаст, вале ҳамин бозхонди номзадии Сайидиброҳими Назар аз ҷониби ҲНИТ нобоварии эшон ба интихоботи шаффоф буд,- мегӯяд ӯ.

Аммо дар мавриди он ки бо як нафар кам шудани номзадхо барои дигарон имконияти бештари пирӯзӣ даст медиҳад ё на, Толибшоҳ Сайидзода гуфт, «аз он ки Сайидиброҳими Назар дар интихобот ширкат намекунад, хеле мутаассифам, вале умед бар он мебандам, ки ҷонибдорони ӯ ва ҲНИТ аз номзадии банда пуштибонӣ хоҳанд кард. Дурӯғ гуфтан намехоҳам, бо вуҷуди он ки аз ширкат накардани Сайидиброҳим дар интихобот мутаассифам, вале имкони бештари пирӯзӣ барои банда муҳайё шудааст».

ӯ мегӯяд агар Сайидиброҳим номзадиашро бозхонд намекард, ба ӯ ҳатман музокира пешниҳод менамуд.

Вале худи Сайидиброҳими Назар бар ин назар аст, ки Шӯрои сиёсӣ тасмим гирифтааст дар интихобот ширкат наварзанд. ӯ иброз дошт: «Вақте одам рӯи саҳна меравад, ба худ бовар дорад. Вале ҳадафи аслии мо дар он набуд, ки мо ба ҳавзаҳо омадем, ҳатман вакил шавем. Ҳадафи аслии мо дар он буд, ки мардум ба интихобот боварӣ пайдо кунанд. Агар аъзои моро ба участкаҳо роҳ медоданд ва ман райъ намебурдам ҳам, ҳар даъвое мекардам, бемантиқ буд. Аз ин рӯ, ҳар нафаре, ки номзадии худро пешбарӣ мекунад, ҳатман ба худ бовар дорад. Агар аъзои моро роҳ медоданду дигар нафарро пешбарӣ мекарданд ва ҳар касе, ки ғалаба мекард, аввалин шахсе ки табрикаш мекард, ман будам».

Ва акнун вақте ҲНИТ номзади худро надорад, кадоме аз ин чаҳор номзадҳоро ӯ ҷонибдорӣ хоҳад кард?

— Аъзои ин ҳавза нестам, ҳарчанд дар ноҳияи Сино зиндагӣ мекунам, вале ҷойи истиқоматам дар ин минтақа дохил намешавад. Феълан тасмим нагирифтаам шахсан дар ин мавзӯъ, чун ман дар ин ҳавза интихобкунанда нестам,- мегӯяд ӯ.

Ҳикматулло Сайфуллозода, сармуҳаррири ҳафтаномаи «Наҷот» мегӯяд: «Аз қабл ҳизб иброз дошт, ки дар интихоботи миёнадавраӣ ширкат мекунад. Он вақт ҳам паҳлӯҳои дигари масъаларо эълом надошта буд. Албатта бо таваҷҷӯҳ ба он ки комиссияи марказии интихобот, яъне ба сари «чамбар»-и роҳбарии комиссия омадани афроди нав ва то ҷое ҳунарманд, ҳуқуқшинос бо ин ҳамаи ҷанбаҳо гумон доштем, ки дар худи таъсиси комиссияи интихоботии зинаҳои поёнӣ ҳам таҷдиди назар сурат мегирад. Бахусус дар марҳалаи таъсиси комиссияҳои интихоботӣ дар ҳавзаи Сино, яъне интихоботи миёнадавраӣ. Ба ин маъно шуд, ки чунин як кор амалӣ нашудааст. Яъне комиссияҳои қитъавии интихоботӣ намояндагони азҳоби сиёсиро шомил накарданд. Сайидиброҳими Назар мавқеи хешро дар ҷаласаи ҳавзаи интихоботӣ матраҳ кард. Ширкати худро ба ин шарт гузошт, ки «агар намояндагони ҳизб дар қитъаҳои интихоботӣ ворид карда намешаванд, пас ман дар интихобот ширкат кардани хешро зарур намешуморам».

— Аммо дар мавриди чӣ гуна бозхонд шудани номзад аз ҳавзаи интихоботӣ қонунгузории кишвар ду мавридро муайян кардааст. Агар номзад тавассути баргузор намудани конфронси ҳизбӣ номзадии худро пешниҳод кардааст ба ҳавзаи интихоботӣ ва боз ҳам ҳамин конфронси ҳизбӣ метавонад номзади пешниҳодкардаашро бозхонд кунад. Дуюм ин ки, боз дар интихоби номзад гузошта шудааст. Дар ҳар марҳалае, ки то баргузории интихобот номзад ё конфронси ҳизбӣ лозим бидонад, номзадро бозхонд карда метавонад. Номзад боз метавонад бо пешниҳоди аризаи хеш номзадиашро бозхонд намояд. Вақте мушкилоти зикршуда ҳалли худро пайдо накард, пас номзади мо ва бахши ҳизб дар ноҳияи Сино ба чунин қарор омад, ки номзади ҳавзаро бозхонд кунад,- иброз медорад Ҳикматулло Сайфуллозода.     

Вале аз ҳама аҷиб ин аст, ки агар ба ҷои Сайидиброҳими Назар ягон нафар аз Ҳизби коммунист пешниҳод мешуд, роҳбарияти ин ҳизб бо кадом шева метавонист ба намояндаи худ кӯмак расонад? Исмоил Талбаков, муовини раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон дар ин маврид гуфт: «Мо дар ин ҳавза ба он хотир номзади худро пешниҳод накардем, ки ҳам аз ҷиҳати молиявӣ ва ҳам аз ҷиҳати масрафи молӣ ва гарави интихобот имкониятҳои ҳизб набуд. Мо аз интихоботҳои дигар  таҷриба дорем, ки дар сурати номзади мо иштирок кардан ва нагузаштан мо аз ҳисоби ҳизб зарари моддӣ медидем. Вале агар номзади мо пешниҳод мешуд, тамоми фаъолони худ, ташкилотҳои ҳизбии худамонро, ки дар ҳудуди ноҳияи Сино дар ин ҳавза ҳаст, барои тарғибу ташвиқ сафарбар мекардем. Агар ба шарте, ки  намояндаи ҳизб ба қайд гирифтаву пешниҳод карда мешуд ва худсарона номзадиашро бозхонд мекард, мо дар ҳаққи чунин аъзои ҳизб, ки бе розигии ҳизб ба ин амал даст мезанад, чораи ҷазодиҳӣ ё то аз масъалаи аз ҳизб хориҷ карданашонро мемондем.

Барои ҳамин ҳам дар интихобот иштирок кардан ва номзадеро пешбарӣ кардан ин бозӣ нест. Ин як маъракаи бисёр муҳими сиёсӣ аст, ки ба ӯ бо як иродаи мустаҳкам ва устувор муроҷиат кардан даркор аст.

Дар интихоботи гузашта, ки номзад аз ҳизби мо пешниҳод шуда буд,  нафароне, ки нагузаштанд, ин маънои онро дошт, ки онҳо номзадиашонро бозпас мегиранд. Онҳо то охир иштирок карданд, вале натиҷаи интихобот ҳамин тавр сурат гирифт».

Коршиноси масоили сиёсӣ Абдуғанӣ Маҳмадазимов дар мавриди аз даври интихоботӣ берун шудани як номзад ва он ҳам аз ҲНИТ ва дар оянда чӣ гуна вокунишеро ин амал ба бор оварданаш мумкин аст, гуфт:

— Даъвои асосии онҳо ворид намудани намояндагони ҳизб дар комиссияи учаскавии интихоботӣ буд, ки ба ин роҳбарияти ҳавзаи интихоботӣ розӣ нашуданд. Зеро онҳо бо иваз шудани роҳбарияти комиссияи интихоботии райъпурсӣ умед доштанд, ки баъзе тағйиротҳо мешавад. Дар қонун муайян нашудааст, ки ин манъшуда ҳисоб намеёбад. Барои ҳамин комиссияи ҳавзавӣ метавонист, ки намояндаи ин ҳизбро ворид намояд, вале ин корро накард. Аз ин рӯ, намояндаи Ҳизби наҳзати исломӣ номзадиашро бозхонд намуд.

Умуман дар Тоҷикистон ҳашт ҳизби сиёсӣ фаъолият мекунад. Ҳар як ҳизб худаш муайян менамояд, ки дар интихобот иштирок кунад ё на. Лекин дар интихоботи миёнадавраи қаблӣ аксарияти ҳизбҳо ба ин интихобот эътибор намедоданд.

Лоиқ ба ёдоварист, ки ҳавзаи интихоботии ноҳияи Сино дар интихоботи парлумонӣ дар кишвар аз доғтарин ҳавзаҳо ба шумор мерафт. «Ҳавзаи доғ» ба ин маъно, ки дар он ду ҳуқуқшиноси маъруфи кишвар — Шермуҳаммади Шоҳиён (раиси вақти КМИР) ва Раҳматулло Зоиров (раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон) қувва меозмуданд. Тавре мебинем, ин маротиба ҳам ин ҳавза сахт «гарм» аст. Ғолиб он хоҳад буд, ки аз ин «танӯри тафсон» бо сари баланд, аниқтараш, бе тақаллубу шаффоф барояд.

Ку бубинем, ваъдаҳои президенту Шермуҳаммади Шоҳиён то куҷо мерасад…  

Фарангиси МУЗАФФАР,

БМСТЖ

  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: