Главная > Комил Бекзода > Ояндаи равшанфикрони миллӣ

Ояндаи равшанфикрони миллӣ

Ва агар дар ҷисм амалиёти фикрӣ ва фарқгузорӣ анҷом гирад, онро нафси нотиқа (инсонӣ) меноманд.

Дуюм: Идроки робитаи узви байни ин се амалиёт. Чуноне ки дар осори «Ихвон» ба мушоҳида мерасад, ин идрок дар файласуфони дигари арабизабон низ вуҷуд дошта, маро ба ин хулоса водор мекунад, ки ин идрок яке аз падидаҳои маърифатии асри «Ихвон» аст. Бо вуҷуди ин мебояд то ин ҷо мавқеи фалсафаи материалистиро аз фалсафаи идеалистӣ дар масъалаи нафс ҷудо кунем. Зеро ки «Ихвон» ба дуализми нафсу ҷасад ақида меварзанд. Инсон аз рӯи фарзияи идеалистии «Ихвон-ус-сафо» маҷмӯае аз ҷасади ҷисмонӣ ва нафси рӯҳонӣ ташкил ёфтааст. Ҷасад ва нафс ду ҷавҳари аз ҷиҳати сифат ба якдигар муқобиланд. Вале чизи муштараки байни ҷасаду нафс танҳо аъмоли зоҳирӣ ва сифатҳои муваққатӣ мебошаду бас. Сарчашмаи ин зиддият дар масъалаи дуализми нафсу ҷасад аз он иборат буд, ки пешрафти илми асри «Ихвон» дар риштаи биология ба марҳилае нарасида буд, ки онҳо аз кашфиётҳои илмии худ натиҷаҳои умуминазариявӣ берун оранд. Барои ҳамин ҳам онҳо аз ҳалли илмии ин масъала оҷиз монда, гирифтори доми дуализми идеалистӣ шуданд. Ҳарчанд дар нисбати асри худ комёбиҳои арзандае дар ин масъала ба даст оварда буданд.

Сеюм: Хулосаи сеюм доир ба протсесси тафаккур. Чуноне ки аз матни «Расоил» бармеояд, онҳо ба асоси моддии протсесси тафаккур расидаанд. Аз ин ҳам гузашта, онҳо ҳаракати дохилии ҷиҳози ҳаёт ва эҳсосро дар ҷисм кашф намудаанд. Қатъи назар аз он, ки асоси материалистии кашфкардаи онҳо натавонист ақидаи «рӯҳонӣ» будани нафси инсониро рад ва қувваҳои фикриро қувваҳои рӯҳонӣ номидани «Ихвон», маънои рад кардани хулосаи моро надорад. Ин ном набояд моро ба иштибоҳ андозад. Зеро мазмуни ҳақиқие, ки аз он бармеояд, ба хулосаи мо пурра мутобиқат дорад. Вале масъалаи истилоҳ бошад, маълум аст, ки дар асри «Ихвон» истилоҳи имрӯзаи абстраксияи фикриро бо истилоҳи «қувваҳои рӯҳонӣ» ифода мекарданд. Протсесси абстраксиякунонӣ чунин протсессест, ки суратҳои ашёи объективӣ аз алоқамандии моддию ҳиссиашон ҷудо карда шуда, ба суратҳои фикрие мубаддал мегарданд, ки тобеъи қонунҳои протсесси (раванди) тафаккур ҳастанд ва ин протсесси тафаккур нисбат ба воқеият дорои истиқлоли нисбӣ мебошад. Ҳоло бубинем, ки зери ин истилоҳҳо чи мазмуне нуҳуфта аст.

«Ихвон» пеш аз ҳама қоиланд, ки байни «қувваҳои рӯҳонӣ» ва қувваҳои ҳиссӣ фарқ аст. Зеро ки аввали (яъне «қувваҳои рӯҳонӣ») маълумотҳоро ба таври рӯҳонӣ идрок мекунанд, на дар алоқамандӣ бо ҳаюлоашон (моддаашон). Аммо дуюм (яъне қувваҳои эҳсос) бошанд, «ҳисшавандаҳоро танҳо дар ҳаюло дарк мекунанд». Протсесси тафаккур аз назари «Ихвон» чунин аст, ки «агар қувваи мутахайила расмҳои маҳсусотро дар зоти худ ба куллӣ қабул кунад, бояд бо қувваи мутафаккира якҷоя амал намояд ва агар маҳсусот аз мушоҳидаи ҳисҳои он ғоиб гардад, он гоҳ он расмҳо ба сифати сурати рӯҳонӣ бо худии худ боқӣ хоҳанд монд… «ҳамин тавр ҳар як қувва сурат аз қувваи пешинаи худ мегирад ва дар охир ба суратҳои маҳсусот мубаддал мегардад. Дар охири марҳилаи ин протсесс (раванд) суратҳо ба афкори навишта табдил меёбанд».

«Ихвон» идроки қувваҳои фикриро иборат аз идроки русуми маълумот бе ҳаюлои онҳо ҳисоб мекунанд. Қувваи мутахайила ҳамаи русуми маҳсусотро дар зоти худ қабул мекунад ва «агар маҳсусот аз мушоҳидаи ҳавос дур монад, он гоҳ он русуми сурати рӯҳонӣ гирифта, бо худии  худ боқӣ мемонад». Мазмуни ҳамаи ин гуфтаҳо аз рӯи фаҳмиши асри ҳозир абстратсияи зеҳниро нишон медиҳад. Бо вуҷуди ҳамаи ин кӯшишҳо, «Ихвон» калиди масъалаи дуализми нафсу танро наёфтанд ва то охир ақидаи рӯҳонӣ будани нафс дар ақидаи онҳо ақидаи ҳукмрон гардид. Ба ҳамин сабаб «Ихвон» байни ду равияи асосии фалсафа, яъне материализм ва идеализм мекалавиданд. Онҳо дар ҳар ду равия ҳам қадаме ба пеш гузаштанд. Ин дар асл мушкилоти умумӣ барои тамоми фалсафаи исломӣ аз Ибни Киндӣ сар карда, то Ибни Рушд бо каме тағйироти миқдорӣ давом кардааст. Бо вуҷуди ин бояд гуфт, ки ғилофи «рӯҳонии» тафсири «Ихвон» доир ба протсесси фикр набояд моро фирефта намояд.

Чаҳорум: Натиҷаи панҷум иборат аз марказҳои тафаккур аст, ки «Ихвон» дар осори худ ҳудуди онро муайян намудаанд… Амалияи тафаккур дар заминаи ҷаҳонбинии материалистӣ асос ёфтааст. Вале онҳо натавонистанд ба қадри бояду шояд пешрафти асри худро дар соҳаи илмҳои табиӣ ва физиологӣ истифода кунанд.

Чизи муҳим дар ин масъала ин аст, ки онҳо алоқаи бевоситаи марказҳои тафаккур ва марказҳои эҳсосро дарк намуданд. Аз ҷумла «Ихвон» ибтидои маркази қувваи мутахайиларо аз нуқтаи бархӯрди вай бо марказҳои эҳсос иборат донистанд, ки он қисми пеши димоғ аст. Аз он ҷо ба ақидаи «Ихвон» асабҳои латифу мулоим бо пояҳои эҳсос алоқаманд мегардад ва он ҷо аз ҳам ҷудо шуда, дар қисми димоғ ба монанди танидаи анкабут бофта мешаванд… Агар аз ҷузъҳои ҳавос чигунагии маҳсусот маълум гардад ва мизоҷи ҳавос тағйир пазирад, он гоҳ ин тағйир ба он асабҳое, ки дар қисми пеши майнаи сар ҳастанд, нишонаҳои ҳамаи маҳсусотро дар қувваи мутахайила ҷамъ меорад.

Он гоҳ (ин осор) ба қувваи муфаккира. ки доираи амалиёташ миёнаи мағз аст, фиристода мешавад. Қувваи муфаккира маҳсусотро аз якдигарашон фарқ мекунонад ва ҳақро аз ботил ҷудо менамояд. Ҳамчунин савобро аз хато, фоиданокро аз зарарнок ҷудо намуда, ҳамин тавр кор ба қувваи ҳофиза мерасад. Доираи амалиёти қувваи ҳофиза қисми қафои мағзи сар аст. Қувваи ҳофиза маълумотҳоро барои вақти эҳтиёҷ нигоҳ медорад. Баъди он бевосита қувваи нотиқа сар мешавад, ки доираи амалиёти он аз ҳалқум ба забон равона мешавад, ки он ифодакунандаи нафс аст. Ҳамин тавр протсесси тафаккур ба қувваи сонеъа интиҳо меёбад, ки доираи амалиёти онро ҳарду даст ва панҷаҳо ташкил медиҳанд. Қувваи сонеъа аз ҳаракати нафс зоҳир мегардад, мисли навиштан ва дигар ҳамаи саноеъ».

Ва маҳалаҳои маърифатро чун васила ва адовати моддӣ тасаввур кардан нишонаи алоқаи органикӣ байни марказҳои эҳсос ва тафаккурро нишон медиҳад. Ба ин минвол ҳал шудани масъалаи маърифат метавон онро мавқеи материалистӣ ҳисобид. Дар навбати худ мавқеи дигаре ташаккул меёбад, ки он ақидаи истиқлолияти мутлақи фикрро аз воқеияти ҳиссӣ рад мекунад. Яъне андешаи соф шахсӣ будани тафаккурро рад намуда, ҳамчунин «кашф»-и сӯфӣ ва ё ишроқу илҳоми ғайбӣ будани онро низ рад менамояд, ки гӯё аз беруни шуур ба он ворид шуда бошанд. Ҳамин ақидаи охиринро дар «Расоил»-и «Ихвон» ба таври сареҳу равшан дучор меоем. Барои ошкоро шудани масъала ин ҷо ду мисол баён менамоем: Аввалан ин ки ҳунарҳо ба ақидаи «Ихвон», феъли муштараки байни қувваи мутафаккира ва қувваи сонеъа мебошанд. Яъне маънӣ чунин бошад, ки кори даст ва кори фикр дар қувваи фикрии муштарак бо ҳам дучор меоянд. Ҳамаи ин ба таври ошкоро ба он далолат мекунад, ки байни фаъолияти фикрӣ ва фаъолиятҳои амалӣ-иҷтимоӣ алоқаи мутабодил вуҷуд дорад.

Мисоли дуюм он аст, ки «Ихвон» дар қисми риёзии «Расоил»-ашон овардаанд. Маъно он аст, ки бисёре аз мардум гумон доранд, ки «илми нуҷум даъвои пешгӯии сирри ғайбро дорад». «Ихвон» ин даъворо рад намуданд. Вале чизи муҳим ин ҷо он аст, ки «Ихвон» чигуна ин даъворо рад кардаанд. Онҳо менависанд: «Илми ғайб он аст, ки он чи шуданӣ аст, бе далелу бе иллату бе сабаб дониста шавад. Ин масъалаест, ки касе аз мардум намедонад ва ҳамчунин на мунаҷҷим, на коҳин, на пайғамбаре аз ҷумлаи пайғамбарон ва на малаке аз малоика онро намедонад. Ғайбро фақат Худо медонад…».

«Ихвон» масъаларо шарҳ дода менависанд, ки маълумоти инсон аз се навъ иборат аст: маълумот доир ба гузашта ва ё ҳозира ва ё оянда. Инсон ба ин се маълумот бо се роҳ наздик мешавад. Шунидан дар нисбати гузашта, эҳсос барои ҳозира ва далелу бурҳон барои донистани он чи ки дар оянда рӯй медиҳад. Дар ҳамин асос «Ихвон» илми ғайбро рад намуда, исбот мекунанд, ки илми ғайб дар асоси далелу сабабҳо асос наёфтааст. Ва ҳар илме, ки дар асоси бурҳон ва робитаи сабабӣ дар ҳосил кардани маърифат устувор нагашта бошад, сазовори инкор ва рад кардан аст. Робитаи назариявӣ доир ба далел ва алоқаи сабабӣ ба сифати ду асоси зарурии маърифат, ҳамчунин падидаи асри «Ихвон-ус-сафо» буд.

Бояд дид, ки методи «Ихвон» доир ба далеловарӣ аз чӣ иборат аст: Оё методи онҳо ба мисли методи Арасту бар қиёси мантиқӣ асос ёфтааст? Яъне бо ибораи дигар, дарёфти маърифат бо роҳи ба таври автоматикӣ ба ҳам ҷамъ омадани муқаддимот анҷом меёбад ва ё ин ки он методи истиқрориест (индуктивиест), ки дарёфти маърифат дар он аз худи воқеияти зинда гирифта мешавад?

Ба ақидаи муҳаққиқи муосири араб Ҳусайни Мурувва, методи «Ихвон» истиқроӣ (индуктивӣ) буда, аз методи Арасту мегузарад. Сабаб он аст, ки робитаи маърифати ақлӣ бо маърифати ҳиссӣ барои «Ихвон» ба он бурда мерасонад, ки тағйиротҳои миқдорӣ ҳамчун омили таъсиррасонанда барои тағйироти сифатӣ сабаб мегарданд. Аз тарафи дигар, робитаи амалиёти фикрӣ бо амалиёти илмӣ аз тариқаи Арасту дур аст. Зеро Арасту кайфиётро ҳамчун ҳолатҳое сокин ва собите ҳисоб менамуд, ки ба ҳаракати камӣ ҳеҷ таъсире расонида наметавонистанд. Ва чизи ҷолиби диққат он аст, ки «Ихвон» ба асосҳои панҷгонаи анъанавии ҳадд ва ё таъриф, асоси шашумро аз худ илова намуданд, ки он «шахс» ном дорад. Аз ин қарор: ҷинс, навъ, шахс, фасл, арази хос ва арази ом. «Шахс» ба ақидаи «Ихвон» ашёи маълум, яъне мавҷудоти махсус ва ё ҷузъиёте мебошанд, ки аз онҳо ҷинсҳо ва навъҳо ташкил меёбанд. Чизи муҳим он аст, ки ин асоси шашум, яъне шахс далолаткунандаи ҳаракоти вуҷуди воқеӣ (материалӣ) аст, на ин ки дар доираи мафҳумҳои собит ва бетағйир.

Advertisements
Рубрики:Комил Бекзода
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: