Главная > Uncategorized > Тоҷикистонро аз бӯҳрони иқтисодӣ мебарорам!

Тоҷикистонро аз бӯҳрони иқтисодӣ мебарорам!

Ман шахсан худам рӯзҳои наздик новобаста ба дар куҷо буданам, гарчанде ба сиёсат дохил набудам, вазъиятҳои объективӣ ва субъективӣ маҷбурам сохтанд, ки ба он дохил шавам. Бо ҳамин мақсад ният дорам, ки устави ҳизби худро барои тасдиқ ба органҳои дахлдор пешниҳод намоям ва дар ҳолати бақайдгирии мусбат дар  мӯҳлати 6 моҳ ба Ҳукумат ва Шӯрои Олӣ барномаи иқтисодӣ оиди дар муддати 1,6 сол ба пуррагӣ аз бӯҳрони иқтисодӣ баровардани Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоям ва барои ин барнома кафолати шахсии худамро диҳам. Мактуби зерин дар маҳбасхонаи муваққатии Кумитаи амнияти ҷумҳурӣ бе ягон шароиту дастур рӯи қоғаз оварда шудааст ва барои ҳамаи хатоҳои имлоии ҷойдошта аз хонанда узр мепурсам.

Миқдори хисорете, ки ба ҶДММ  «Мовароуннаҳр», мизоҷон ва кормандони он дар натиҷаи беасос боздошт кардани роҳбари ширкат, боздоштани корҳои сохтмонӣ, маҳкам кардани суратҳисобҳо ва надодани мӯҳри корхона аз тарафи кормандони Прокуратураи Генералӣ расидааст. (Аз давраи 9.11.2010 то 5.05.2011) +2 моҳ азнавбарқароркунии корхона.                                                               

Асосҳо:

1. Мутобиқи қонунгузорӣ,  вақте кори корхона боздошта мешавад, бояд мувофиқи Кодекси меҳнат 1 моҳ пешакӣ ҳамаи кормандон огоҳ карда шуда, дар вақти аз кор озод кардан 2-ҳафтина музди корӣ бо тариқи «пасобия» дода шавад. Дар санаи 9.11.2010 сол дар корхона 1500 нафар маошгиранда бо музди меҳнати 820000  сомонӣ дар як моҳ кор ва фаъолият мекарданд, ки 2-ҳафтина маоши онҳо — 820000/24=34166, маоши якрӯзаи онҳо ба ҳисоби миёна 34166 сомониро ташкил мекунад. Ба онҳо мувофиқи қонунгузорӣ (34166 х 10 рӯз)=341660 сомонӣ маош додан зарур буд.

2. Дар ин муддат дар объектҳои сохтмонии корхона — Зарафшон — 3 нафар, Б. Ғафуров — 3 нафар, И. Сомонӣ — 3 нафар, Маяковский — 3 нафар, 46 мкр — 3 нафар, Навбаҳор 13-ошёна — 3 нафар, Навбаҳор 6-ошёна — 3 нафар, бетонный узел — 3 нафар, базаи истеҳсолӣ — 3 нафар, Н. Қарабоев — 3 нафар, офиси корхона — 5 нафар дар муддати 8моҳ дар ҷои корӣ буданд ва вазифаи посбонро иҷро мекарданд. (40 нафар*500 сомонӣ *8 моҳ=160000 сомонӣ) ба онҳо бояд маош дода мешуд.

3. Дар давраи тафтишот як қатор кормандони корхона бо тафтишот ҳамкорӣ доштанд ва дар ҷои корӣ ҳама вақт иштирок доштанд, ки миқдорашон 25 нафар буда, музди моҳонаашон 1500 сомониро ташкил медиҳад. (25х1500х8)=300000 сомонӣ. Дар инҷо зарар 300000 сомонӣ аст, чунки ин кормандон дигар ягон даромади иловагӣ надоштанд.

4. Музди маоши Директори генералӣ (2500х8)=20000 сомонӣ.

5. Музди маоши 4 нафар муҳофизатчӣ (адвокат) (4х2250х8)=72000 сомонӣ.

6. Агар 15 нафар аъзои кумитаи саҳмгузороне, ки аз ҷои кори доимӣ бо сабаби дар корхона банд буданашон маҳрум гаштаанд, ба ҳисоби миёна 1000 сомонӣ маош дар ҷои кори пештараашон мегирифтанд, ба маблағи (15х1000х8) =120000 сомониро ташкил медод, ки зарар диданд.

Ҳамагӣ дар муддати 8 моҳ ба кормандони ҶДММ «Мовароуннаҳр» аз тарафи органҳои тафтишотӣ зарари иқтисодӣ расонида шудааст -(341660+160000+300000+20000+72000+120000)=1013660 сомонӣ.

Ба ғайр аз ин, ба фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 25% аз 1013660=253415 сомонӣ дохил нашуд.

Ҳамагӣ хисорот — (1013660+253415)=1266075 сомонӣ.

2.1. Ба ғайр аз ин, барои бо хӯрока таъмин намудани Директории генералӣ ва нигоҳ доштани аҳволи саломатии ӯ аз ҳисоби оила,хешу табор, мизоҷон ва кормандони корхона хароҷот шудааст.

180 рӯз х 350 сомонӣ хӯрокпӯли = 63000.

180 рӯз х 50 сомонӣ дорупулӣ = 9000.

180 рӯз х 150 сомонӣ сигор = 2700.

Ҳамагӣ хароҷот 74700 сомонӣ.

3.1. Зарари зиёда ба 600 нафар мизоҷон, ки 74000000 сомонӣ маблағгузорӣ намудаанд, мувофиқи шартнома маблағи зеринро ташкил мекунад (аз рӯи 15% солона) 74000000 х 1,25% х 8 моҳ=7400000 сомонӣ.

4.1. Маблағи зараре, ки бо сабаби дар моҳи декабри соли 2010 насупоридани биноҳои «Госстрах» дар ноҳияи Данғара ва Турсунзода ба амал омад.  1000000х18% солона =180000 сомонӣ.

4.2. Маблағи зараре, ки ба ҳамкорони корхона, ки ба таъминоти корхона машғул буданд ва корхона ба онҳо ба маблағи 2500000 сомонӣ қарздораст.

2500000 х 2% х 8 моҳ=400000 сомонӣ.

4.3. Маблағи зарар ба корхонаи «Сомонсохтмон», ки ҳармоҳа (2000 доллари ИМА барои крани 46 мкр ва апаловкаи биноҳои 13-ошёнаи Навбаҳор 1000 доллари ИМА, ҷамъ 3000 даллари ИМА) иҷорапулӣ мегирифт.

13500 бо сомонӣ х 8 моҳ=108 000 сомонӣ.

4.4. Хисороте, ки ба корманди корхона, соҳиби автомашинаи сабукрави «Сантафей» аз сабаби банд кардани ғайриқонунии автомашина расид.

240 рӯз х 50 сомонӣ (рафту омад ба ноҳияи Ҳисор)=12000 сомонӣ.

Нархи акумулятор=1000 сомонӣ.

Ҷамъ 13000 сомонӣ.

4.5.  Дар мӯҳлати 8 моҳ акумуляторҳои 65 автомашинаи боркашонӣ ғайри истифода шудааст, ки (65х1300)=84500 зарари он мебошад.

4.6. Хисорот аз ҳисоби истифода набурдани автомашинаҳо, ки ҳар як автомашина 300 сомонӣ даромади соф медод (180х32 выход)=(148х300х65)=2886000 сомонӣ.

4.7. Хисорот аз ҳисоби кор накардани заводи хишт, истеҳсоли нақшавӣ дар як мавсим 2500000 дона хишт. Даромади нақшавӣ 2500000х0,10=250000 сомонӣ.

4.8. Хисорот аз ҳисоби кор накардани минисех барои истеҳсоли цемблок, керамзитаблок ва пенаблок.

Истеҳсоли нақшавӣ дар 24 соат 2500 дона.

180 рӯз х 2500 х фоида аз як дона 0,40=180000 сомонӣ.

4.9. Хисорот аз ҳисоби кор накардани 2 карьер ва 1 бетонный узел.

Даромади нақшавӣ дар як рӯз 12345 сомонӣ.

12345 сомонӣ х 180 рӯз=2222100 сомонӣ.

4.10. Хисорот ба буҷаи давлат аз ҳисоби даромад ва андози изофа (п 4,1 то 4,10)

18% аз ҳаҷм 6098500 сомонӣ=1097730 сомонӣ.

25% аз даромад 60985000 сомонӣ =1546250 сомонӣ.

Ҳамагӣ: 2643980 сомонӣ.

Ҳамин тариқ, аз рӯи ҳисоботҳои пешниҳодшуда, ки ҷиҳати минималии зарари расонида ҳисоб шудааст, бо гуноҳи Прокуратураи Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ду нафар судяи Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ва 1 нафар судяи суди кассатсионии шаҳри Душанбе, ки бе омӯхтани ягон айби пешакӣ ба саволҳои ман ва адвокатҳо чунин ҷавоб доданд, ки мувофиқи талаботи боло мо ҳуқуқи бегуноҳ будан ё набудани шуморо муайян кардан надорем. Мо бояд қарори прокурорро тасдиқ номоем ва бо ҳамин 6 моҳ санксия тасдиқ шуд.

Ба ҶДММ «Мовароуннаҳр», ба кормандони он ва мизоҷон, ба буҷаи давлат зарари зерин дар муддати 8 моҳ расонида шудааст, ки бо ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда пешниҳод карда мешаванд.

— Музди маош — 1013660.

— Андози ҳифзи иҷтимоӣ — 253415.

— Зарар ба Директори генералӣ — 74700.

— Зарар ба мизоҷон — 7400000.

— Зарари корхона ва дигар шахсон бо сабаби бекорӣ — 8567580.

Ҳамагӣ 17309355 сомонӣ зарар расонидашуда бо ҳуҷҷатҳо тасдиқ карда шудаанд.

Илова бар ин, аз тарафи кормандони Прокуратураи Генералӣ ба номи ҶДММ  «Мовароуннаҳр» дар арсаи бизнеси байналхалқӣ ва байниҷумҳуриявӣ иснод оварда шуд, ки номашон ба қаллобӣ ва фиребгарӣ баромада, дар ин арса, ки ҷои муайянро мегирифт, ба ҷои охирин фаромад, ки аз кормандони гунаҳкор барои аз нав ташкил карда, реклом карда, ба ҷои худ баромадан 5000 000 сомонӣ талаби кассатсионӣ пешниҳод менамоям.

— Барои ба шаъну шарафам овардани иснод, поймол намудани ҳуқуқҳои граждании худам ва аҳли оила ва авлодам аз кормандони гунаҳкор 3000 000 сомонӣ ҷарима талаб мекунам.

— Барои истисмори мизоҷони корхона, сарсону саргардон намуда, дар муддати 8 моҳ онҳоро ташвиш додан, ба онҳо фактҳои бардурӯғ пешниҳод намудан, аз гунаҳкорон 3000 000 сомонӣ бо роҳи кассатсионӣ талаб мекунам.

Ҳамин тариқ, ба ҳисоби минималӣ аз тарафи кормандони Прокуратураи Генералӣ ва судҳо ба корхонаи ҶДММ «Мовароуннаҳр», кормандон ва мизоҷони ӯ ба маблағи (17309355+11000000)=28309355 сомонӣ зарари иқтисодии молиявӣ ва рӯҳӣ расонида шудааст. Аз органхои дахлдор хоҳиш менамоям, ки зарари ба мо расонидаро эътироф намоянд ва барои баргардонидани зарар чораҳои заруриро ёбанд.

Илова ба зарари ба ҶДММ «Мовароуннахр» ва гуноҳи кормандони  прокуратура, зарар ба буҷаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин 8 моҳ маблағи зеринро ташкил медиҳад:

1.  Биноҳое, ки ҶДММ «Мовароуннаҳр» дар минтақаи офатзадаи Кӯлоб ба ӯҳда гирифта буд, бо сабаби бастани корхона 1 бино нотамом ва маҳсулоти дохилии ин биноҳо дастрас нашуда буд, ки маҷбур бо хароҷоти 300000 сомонӣ аз ҳисоби буҷаи давлат сохта ба истифода дода шуд.

2.  Дар муддати 8 моҳ 12 корманди прокуратура ва 6 нафар корманди КРУ-и коррупсия, ки ҳар кадоме 1500 сомонӣ маош аз ҳисоби супорандагони андоз мегиранд, беҳуда ба тафтишот ҷалб карда шудаанд, ки хароҷоти зеринро ташкил медиҳад:

12 нафар х1500 х 8моҳ =144000 сомонӣ.

Андози фонди иҷтимоияшон 25% аз 144000=36000 сомонӣ.

3. Бо сабаби надониста дахолат кардан ба шартномаи «Паушалии» ҶДММ «Мовароуннаҳр» ,ки шартномаи байналмилалӣ бо Бонки рушди исломӣ ва Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, мутобики шартнома ягон орган ҳуқуқи тафтишоти молиявиро ғайр аз мӯҳлати иҷроиши кор ва сифати кор надорад. Бо роҳи зӯроварӣ тафтишотро сар карданд ва роҳбарияти корхона бе розигии Бонк ба зерподрятчикон объектро супорид, аммо ҳама ҷавобгарӣ ба зиммаи ӯст. Ва ба ҳамин рафтор корхонаро аз гирифтани даромади нақшавӣ, ки 15% аз 11480000 доллари ИМА 1722000 доллар ё 7749000 сомониро ташкил мекард, маҳрум сохтанд.

4. Ба воситаи теливизион ва радио, матбуот, аз он ҷумла газетаи «Вечерная Душанбе» ба мизоҷон ва халқи ҷумҳурӣ муроҷиат карда, талаб кардаанд, ки касе ба ҶДММ «Мовароруннаҳр», ки имрӯз қаллоб эълон шудааст, доду гирифт дошта бошад, ба прокуратура муроҷиат намояд, дар дигар ҳолат аз маблағ ё хонаи худ маҳрум мегардад. Ва бо ҳамин ба шахсияти мо иснод оварданд.

5. Бе ягон асос 705 ҳуҷраи биноҳои ба халқ супорида, маблағгузоришударо, ки ин шикоят нисбати онҳо набуд, ҳабс карда, аз аҳолӣ талаб намудаанд, ки нисбати Охонов Ҷ. баёноти манфӣ бидиҳанд. Аммо дар ин маврид чанд нафаре  мехост хонаашро фурӯшад, ё ба гарав монда, корашро пеш барад, нақшаҳояш барбод рафт. Харидорон аз хонаҳои «Мовароуннаҳр» рӯй гардонданд ва ба бисёриҳо шикасти молиявӣ расид.

6. Бо мактубҳои прокуратура ва равобит доду гирифти тамоми корҳои хешовандони маро, ки 21 нафар мебошанд ва асосан ба соҳибкорӣ машғӯланду бо бисёр корхонаҳои ҷумҳурӣ ва хориҷӣ доду гирифт доштанд, дар ин муддат бе асос манъ карданд ва ба насаби Охоновҳо нуқта гузошта шуд, ки ин зарари молию маънавиашро ман имруз ҳисоб карда наметавонам.

Ба корхонаи «Мовароуннаҳр», роҳбарият, кормандон, мизоҷон ва андозсупорандагони буҷет зарари иқтисодиро қасдан раво диданд, ки он (28309355+300000+144000+36000+7749000)=36538355 сомониро ташкил медиҳад. Ман дар ин навиштаҳоям фақат зарари як корхонаро мисол овардам ва кафолат медиҳам, ки ин хел корхонаҳо ва шахсиятҳо, ки даҳҳо ва садҳо нафаранду як қисматашон аз беқонунии қонундон аз озодӣ маҳрум гаштаанд, дар ин рӯзҳои кризиси иқтисодӣ барои ҷумҳурӣ ва андозсупорандагони он маблағи кам нест. Бинобар ҳамин, ба халқи ҷумҳурии азизам, Раиси ҷумҳур, Маҷлиси Олӣ, аъзоёни Маҷлиси намояндагон, матбуоти байналхалқӣ ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ муроҷиат намуда, пешниҳод мекунам:

1.  Навиштаҷоти ман тафтиш карда шуда, шахсони гунаҳкор ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.

2.  Маблағи зарар аз ҳисоби гуноҳкорон рӯёнида шавад.

3.  Қисми корҳои дар истеҳсолот доштаи прокуратура ва судишуда дар давоми 2 соли охир санҷида шавад, ки характери иқтисодӣ дорад.

4.  Комиссияи махсус ташкил карда шуда, вазъи шахсоне, ки нисбаташон кори ҷиноятӣ бардошта ё оғоз шудааст ва дар маҳбасхонаҳои муваққатӣ моҳҳо ва ҳатто солҳо нигоҳ дошта шуда истодаанд, санҷида баромада, ба онҳо аз тарафи комиссияи босалоҳияти давлатӣ баҳо дода шавад.

5.  Нисбати рафти ин корҳо ба воситаи матбуот ба халқи Тоҷикистон ахборот дода шавад.

6.  Рафиқон, дӯстон, ҳамватанон, биёед реалист шавем, гуманист шавем, ба қадри хизматҳои Сардори давлат бирасем, ҷумҳуриро аз дасти тороҷгарон озод намоем. Худ тасаввур кунед, дар ҷойҳои боздошти муваққатӣ ҳама вақт 1000-2000 шахс нигоҳ дошта мешаванд ,агар нисбати 10% онҳо ҳамин рафторе, ки нисбати «Мовароунннаҳр» раво диданд, раво дида бошанд, ҳисоб кунед, ки хисорот чӣ қадар мешавад: (150 х 36,5 миллион сомонӣ) = 5475000000 сомонӣ, ки бо ин маблағ худамон метавонем НОБ-и «Роғун»-ро бисозем ва миннати кас накашем.

Биёед як бор худамон фикр кунем! Танҳо Раиси ҷумҳур бе кӯмаки мардумаш ин корро ба анҷом расонида наметавонад. Шукри ҳамаи инвеститсия ва грантҳое кунем, ки бо ҳазор кӯшиш Раиси ҷумҳур ба Тоҷикистон дохил менамоя.

Бо эҳтиром ва нияти нек

Ҷӯрабек ОХОНОВ

Реклама
Рубрики:Uncategorized
  1. Ноябрь 24, 2011 в 1:16 пп

    Safi chunin odamho ziyod shavat InshoAllah hamai aholii Tojikiston sohibi daru khona megardand!

    Нравится

  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: