Главная > Uncategorized > Ба мухбирони «Имрӯз-NEWS» аҳсан мехонам!

Ба мухбирони «Имрӯз-NEWS» аҳсан мехонам!


Эътироз ба баромади Прокурори Генералии ҶТ Салимзода Ш. О., ки дар рӯзномаи «Имрӯз-NEWS» 13.04.2011 сол таҳти сарлавҳаи «Прокурор умеди муштариёни ширкати «Мовароуннаҳр»-ро барҳам мезанад» чоп шудааст.

Пеш аз ҳама арзу сипоси худро ба роҳбарият ва мухбирони рӯзномаи «Имрӯз-NEWS» мерасонам ва минатдории худро ба онҳо баён мекунам, ки дар ин рӯзҳои вазнин шахсони ба сабабҳои ҳархела аз ҳуқуқи граждании худ маҳрумшударо ба ёд меоранд ва нисбати онҳо нотарсона фикри худро баён мекунанд, новобаста аз ин, ки худ метавонанд дар ваъзияти ҳамин шахсон бошанд. Ба ҳамаи онҳо аҳсан мехонам.

Нисбати таърихи «Мовароуннаҳр», ташкилшавӣ, корҳои ба анҷом расонида ва норасонида, сохтаю носохтаҳояш, хизматҳояш ба халқи ҷумҳурӣ ва худи ҷумҳурӣ аз соли 1990 то ба имрӯз ахборот намедиҳам, чунки ба ҳама маълум аст. Ман боварии том дорам, ки ба ҳамаи ин таърих баҳои худашро медиҳад ва ҳақиқатро муайян мекунад, аммо афсӯс, ки дер нашавад.

Дар тӯли 21 сол ширкати «Мовароуннаҳр» тибқи Сарқонуни ҷумҳурӣ, Кодекси граждании ҷумҳурӣ, қонунҳо дар бораи корхона, Кодекси меҳнат, қонунҳои андоз ва дигар меъёрҳои ҷумҳурӣ амал кард.

Албатта дар ин давра муваффақиятҳо, комёбиҳо ва аз он ҷумла камбудиҳо ва мушкилот кам набуданд. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, роҳбарияти он фақат фаъолияти худро барои манфиати халқ ва ҷумҳурӣ равона карда буд. Сад афсӯс мехӯрам, ки мумкин аст хатое карда бошам, ки ба ман айбнома бо моддаи 247 қисми 4 Кодекси ҷиноятӣ эълон карда шуд ва муддати 6 моҳ баъд дар СИЗО-ҳои Вазорати адлия 3 моҳ дар СИЗО-и амният дур аз хона, кӯдакону наберагон, кормандон ва саҳмгузорони корхона, ки дар наздашон ӯҳдадорӣ дорам, бе ягон шароити барои рӯзгузаронӣ муҳайё, ки ба саломати шахсиам таъсири манфии калон расонид, таги дарҳои баста дар интизории омадани адвокат ва муфаттишон 24 соат хобам, ки то ҳозир сабабаш ба ман номаълум аст.

Дар мудати 6 моҳ ба назди ман ҳамагӣ 8-9 маротиба муфаттишон омаданду он ҳам барои аҳволпурсӣ. То ба имрӯз ягон протоколи пурсиш оид ба кори корхона надидам, адвокатҳо барои даромадан ба наздам иҷозати доимӣ надошта, бо илтимосу шикоят розигӣ дода мешавад.

Дар вақте, ки дар СИЗО-и Вазорати адлия будам, барои муҳофизати ҳуқуқҳои гражданиам кӯшишҳои зиёде кардам ва ба ғайр аз он, саҳмгузорони корхона 700 нафар, кормандон 1500 нафар чандин маротиба ба унвони роҳбарияти ҷумҳурӣ, шаҳр, вазоратҳо, Прокуратураи Генералӣ ҳам ба тарзи хаттӣ, ҳам бо роҳи эътирозу ҳам ба воситаи матбуот кӯшиш намуданд ҳақиқати корро ба мо муайян кунанд. Аммо ягон нафаре моро ҳис ва дарк накард, ҷавобе нагирифтем ва сониян фаҳмидем, ки волоияти қонун барои мо набудааст. Маро барои ҳуқуқи гражданиямро муҳофизат кардан аз СИЗО-и Вазорати адлия ба СИЗО-и Вазорати амният гузаронида, аз тарафи муфаттишони прокуратура пешниҳод карда шуд, ки бо кормандони тафтишоти пешакӣ ҳамкорӣ кунам, сирри тафтишотро ба матбуот ва дигарон нарасонам, то 1-уми апрели соли 2011 нисбати ман қарори дигар кардани сахти боздошт қабул карда мешавад. Ба суди шаҳрӣ нисбати бе сабаб боздошт кардан аризаи кассатсионӣ навиштам. Дар вақти гузаронидани протсеси судӣ аъзои коллегияи суди шаҳр, раисикунандаи маҷлис Каримов ба саволҳои ман ва адвокатҳо, ки ман чӣ гуноҳ дорам, ки дар зиндон нигоҳ дошта мешавам посух дод: «Шуморо ман маҳкам накардаам, дар бораи гунаҳкор ё бегуноҳ будани Шумо ман чизе гуфта наметавонам. Мо қарори Прокуратураро асос мекунем, ин указании аз болост». Пас аз ин бармеояд, ки мо ба кӣ бовар кунем? Ба давлати ҳуқуқбунёди дунявӣ, ба Сарқонун, ба Прокурор ё Суд?

Ба мо, ки географияи ҷои таваллудамон хато омадааст, кӣ дасти ёрӣ дароз мекунад?

Шерхони Одина дар баромади худ бори дигар посух додааст, ки масъулини «Мовароуннаҳр» ваъда кардаанд, ки муштариёнашон то моҳи сентябри соли 2011 соҳиби хона мешаванд. Ҳа, мӯҳтарам Шерхони Одина, ҳанӯз дар моҳи декабри соли 2010 ман ба Шумо дархост равон карда будам, ки дар ҳолати усули боздошти манро иваз кардан, корхонаро барои кор кардан иҷозат додан ва ман ӯҳдадорӣ гирифта будам, ки то моҳи сентябри соли 2011 бо халқ ҳисобӣ мекунам, аммо ин шарт аз тарафи Шумо риоя карда нашуд. Имрӯз Шумо чи тавр дар матбуот мегӯед, ки барои ҷавоб додан ба ин савол танқисӣ мекашед? Оё корхонаи бероҳбар, бемӯҳр, беҳуқуқ метавонад дар моҳи сентябр хонаҳоро супорад? Бигӯед, ки ин бо айби кист? Магар ман аз прокуратура ӯҳдадорӣ гирифтаам, ки бояд ба ӯ ҳисобот диҳам, ки аз кӣ ва аз куҷо маблағ мегирам? Инро кадом қонун пешгӯӣ мекунад? Мумкин ин сирри тиҷоратӣ бошад, ки ман ба Шумо надиҳам. То ин вақт 21 сол «Мовароуннаҳр» аз кадом ҳисоб кор кард?

Агар донистан хоҳед:

— Аз ҳисоби пасандоз.

— Аз ҳисоби қарзи бонкӣ.

— Аз ҳисоби даромад.

— Аз ҳисоби маблағи саҳмгузорон.

Боз ҳам халқ тайёр буд, маҳсулоти зиёд, техника ва лавозимот доштем, зиёда аз 20 000 000 сомонӣ мизоҷон қарздор буданд.

Объектҳои нафурӯхта доштем ва шартномаҳое бо Русия ва Хитой доштем, ки агар дар ин мӯҳлат кор мебурдем, пурра аз вазъият мебаромадем.

Барои аз вазъият баромадан ба мо ҳамагӣ 25 000 000 сомонӣ то охири сохтмон зарур буду халос, ҳол он ки, ин вазъият вуҷуд дошт ва ҳоло ҳам вуҷуд дорад.

Имрӯз тибқи Кодекси граждании Тоҷикистон ҶДММ «Мовароуннаҳр» тибқи моддаҳои 99, 100, 95,108 ва 107 бояд ҳамчун ҷамъияти саҳомии шакли кушода номгузорӣ карда шавад ва нархи аксияҳояш муайян карда шуда, ба саҳмдорон тақсим карда шавад. Ҳуқуқи давом додани кор, фаъолияти ин корҳоро фақат тибқи қонунгузорӣ саҳмгузорон муайян мекунанд, на Прокуратура, на Суд ва на Охонов Ҷ.

Шумо, мӯҳтарам Шерхони Одина, дар баромади худ хитоб доштед, ки дар аввалҳои моҳи оянда тафтишот тамом мешавад ва кори ҷиноятӣ ба суд равона карда мешавад, аммо ман боварӣ дорам, ки ба Шумо информатсияи нодуруст расидааст ва ин тарзи корбарӣ камаш 6 моҳи дигар давом мекунад. Ба кормандоне, ки ин хабарро ба Шумо мерасонанд, бовар накунед, ин муболиға мебошад.

Ва зарари асосӣ боз зиёд мешавад ва боз ба дӯши саҳмгузорон меафтад.

Ҳама имрӯз 700 нафар саҳмгузорон, 700 нафар шахсони хонадор, 1500 нафар кормандоне, ки «дафтарчаи меҳнатиашон» бе мӯҳри аз кор озодшавӣ (аз сабаби мӯҳр набудан) ба ягон ҷой ба кор даромада наметавонанд, хешу ақрабои ман ҳама косаи сабрашон лабрез аст ва медонанд, ки бо айби кормандони Шумо дар 132 ҳолат қонуншиканӣ  шуда, ба «Мовароуннаҳр» кормандон, саҳмгузорон ва буҷаи Тоҷикистон зиёда аз 36538355 сомонӣ зарари молӣ расидааст.

(Маблағи зарари оварда замима мешавад).

Фақат ба он мақсад, ки сиёсати пешгирифтаи Ҷаноби Олиро ман дастгирӣ мекунам ва намехоҳам, ки сабабгори ташкили ягон фоҷиа шавам, халқро бо илтимоси дарозмуддати худ ором нигоҳ дошта истодаам.

Чи хеле, ки худи Шумо навиштед, гунаҳкор ҳисобидани шахс ин кори осон нест. Мо бояд аввал гуноҳро муайян кунем. Лекин  мо мардуми эҳсосотӣ ҳастем, то дар почааш наовезӣ, мегӯянд, ки ин ҷавоб нагуфт. Ҳамаро маҳкам кардан ин воситаи мубориза бо ҷинояткорӣ нест. Ҳуқуқшиносони номии ҷаҳонӣ эътироф кардаанд, ки маълум ва пешгирӣ кардан муҳим аст, на ин ки шахсро ҳатман ба ҷавобгарӣ кашидан. Ҳамин хел бошад, ман террористам, душмани халқам ё ватанфурӯш, ки 6 моҳ боз беасос дар зиндон мебошам, ё соҳиб надорам? Маро тезтар озод намоед, ки ба халқ ва кормандонам ҳисобӣ кунам. Раҳми халқро хӯред. Ба ҳолатҳои кор аҳамият диҳед ва аз рӯи гуфтаатон ҷавоб диҳед.

Тибқи қонун, моддае, ки маро Шумо айбдор донистед, дар ҳолати супоридани маблағи зарар бо он дар маҳкама нигоҳ доштан мумкин нест. Чи қадар зарар бошад, ман тайёрам супорам. Агар бошад, ҳоло ин тасдиқи худро наёфтааст.

Ман аминам, ки Шумо имрӯз вазъияти маро хуб дарк мекунед ва намегузоред, ки ин ҳолат ҳассостар шавад.

Аз Шумо хоҳиш дорам, ба кормандонатон супориш диҳед, ки аз кормандони Агентии назорати давлатӣ ва мубориза бо корпупсия сабақ  гиранд ва аз онҳо омӯзанд тарзи корбариро.

Қарори ҳатмии Шуморо интизорам.

 Бо самимият Ҷ. ОХОНОВ

Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: