Главная > Шаҳлои НАҶМИДДИН > Кордиҳандагони қаллоб

Кордиҳандагони қаллоб

Дар тамоми дунё қаллобон буданду ҳастанду мемонанд. Аз рӯзе, ки ба шаҳри Питер қадам гузоштам, эҳсос кардам, ки ба як доираи печ дар печи анкабут дармондаам. Пойтахти ФР — шаҳри Маскав шабеҳи мошинаи гӯштқиммакуниест, ки ҳар як одами нав омадаро мисли қимма мебарорад. Ва ё гард мегардонад. Бо дипломи оливу таҷриба дар соҳаи журналистика умед доштам, ки зуд ҷойи кор меёбам…

Ҳафтаномаҳои эълонҳои ҷойи кори холӣ инҷо ройгон дар роҳҳову қад-қади истгоҳи метроҳо хеле зиёд аст. Даҳ номгӯйи ҳафтаномаҳои «Вакансия», «Работа для вас», «Работа в городе», «Профессия»-ро бо диққат варақ гардонида, ба рақамҳои телефонии ишорашуда занг задам. Аз 50 эълони навишташуда 8-тояш тамоман гӯширо набардоштанд, 20 эълони дигар хеле бо лаҳни ширин хуб пурсупос карда, сипас бо ҳамон ширинзабонӣ посух медоданд:

— Шумо шаҳрвандии Русияро доред?

— Не, ман аз Тоҷикистонам.

— Набошад, намешавад. Мо шаҳрвандони Тоҷикистонро ба кор намегирем.

— Пас чаро дар эълонҳои бадвоҳимаатон наменависед, ки мо шаҳрвандони Тоҷикистонро ба кор намегирем?

15 эълони дигар ширкатҳои қаллобие буданд, ки ба кисапуркуниву найрангбозиҳо, ба сӯҳбати расмӣ даъват мекарданд. 4 эълони дигар ҳақиқӣ буданд, аммо моҳонаашон хеле кам. Ба як эълони ҷойи кор, ки хеле-хеле ба назарма гарм тофт, бодиққат назар кардам. Рӯйи эълон навишта шуда буд: «Шаҳрвандони Узбакистон, Тоҷикистонро ба кор мегирем». Ку як бахтамро санҷам! Гӯширо марде бардошту гуфт:

— Метрои Ладожская биёед. Онҷо заводи мошин аст, 3-юм ошёна, утоқи 143.

Субҳ бо як нафар муҳоҷирзани корҷӯ ҷустуҷӯ карда, ба он ҷойи кор рафтем. Менеҷери корхона Владимир моро хеле хуш пазироӣ карда, наздамон як варақаи номгӯйи ҷойи кор гузошт.

— Ваҳ, чи хубе, 15 намуд номгӯйи ҷойи кор. Ман ба ҳамроҳам ишора кардам, ки интихоб намояд. ӯ хурсандона варақаро хонду гуфт:

— Ман фасовшисаро интихоб мекунам. Ина бинед, маошаш 24000 рубл.

Хурсандона номгӯйи корҳоро интихоб карда, ба менеҷер нигаристем.

— Акнун ба ман бигӯед, ки ҳуҷҷати тиббӣ доред ё не?

— Не мутаассифона.

— Набошад 2500 рубли русӣ тайёр кунед.

— Аввал ба кор бигиред, баъд пули ҳуҷҷати тиббиро медиҳем.

— Не, ин хел намешавад, аввал пули ҳуҷҷати тиббиро диҳед, баъд ба кор мегирем.

Ҳайрон ба ҳамроҳам нигаристам. Ишора кардам, ки берун бароем.

— Медонед чӣ, апа, инҳо ҳама найрангбозҳо, рафтем аз инҷо.

Дар роҳрав корҷӯёни мусофир қатор меистоданд. Ба ин муҳоҷирон наздик шуда, пурсидам ва донистам, ки аввалин бор омада будаанд. Таъкид сохтам, ки ба доми чунин ҳаннотон наафтанд. Боз рост истода корҷӯёнро назорат кардам. Ҷавонмарди менеҷер ба қавле аввал ваъдаҳои осмонбӯсро медоду сипас мегуфт, ки 2500 рубли русӣ супоридан лозим аст. Бо аксгирак сурати эшонро гирифтам. Аз рӯи эълони дуввум занг задаму онҳо ҳам суроғаашонро дода, ба сӯҳбат даъватам карданд. Ҷуста-ҷуста ба метрои Владимирская омадам. Офиси гуфтагии кордиҳандагон дар як ҳуҷраи калони тоза воқеъ буд. Аллакай мисли ман корҷӯёни зиёде ҷамъ омада буданд. Ба ман инҷо се саҳифа варақа дароз карданд. Дар ин саҳифаҳо суолу посух ҷой дода шуда, оид ба ким чи хел безурёт мондани мард ва ким чи хел «добавка»-ҳо. Ҳайрон варақаҳоро гирифтаму зуд пайхас кардам, ки инҷо ҳам аз мушк бӯйи пиёз меояд. Варақаҳоро пур накарда, оҳиста аз онҷо баромадам.

Вале имрӯз ман ҷойи кор ёфтам. Дар соҳаи худам. Рӯзноманигорам.

Шаҳлои НАҶМИДДИН,

 шаҳри Санкт-Петербург

  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: