Главная > Uncategorized > Моҷарои ров

Моҷарои ров

Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Ба Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерхон Салимзода

Ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба Кумитаи амнияти миллӣ

Ба Созмони Амнияти Ҳамкории Аврупо

Ба тамоми созмонҳои ҳимоятгари ҳуқуқ

Охираш. Аввалаш дар шумораи гузашта

Бо ҳамаи ин нодидагириҳо Мазориев Ғ. медонист, ки аломатҳои моддаҳои гузоштааш маротибаи аввал сафед шуданд ва дигарбора низ сафед хоҳанд шуд. ӯ медонист, ки айбҳои эълоннамудааш асос ва пояи ҳуқуқӣ надоранд. Бо ҷабрдидагони сохтааш Алимардонов С., Шукуров Б., Шукурова Х., Назарова М., Назаров Д. даст зада, дар таърихи 12.09.08 нисбати ман бо аломатҳои моддаи 247 қ.2 б «а» ва 247 қ.4 б «а» ғайриқонунӣ, бе исботсозии қаллобӣ, бо шаҳодат ва баёнотҳои сохтаи номбаршудагон парванда оғоз намудааст.

Акнун мегузарем ба таҳлили Моддаи 247 қисми 4 банди «а» — қаллобӣ, яъне тасарруфи амволи ғайр ё ба даст овардани ҳуқуқ ба амволи ғайр бо роҳи фиреб ё сӯистифодаи боварӣ дар ҳолати ретсидиви махсусан хавфнок.

а). Ҷаноби Мазориев Ғ. медонист, ки пардохти музди маош, таъмини маводи хӯрока, тиббӣ, хароҷоти пулию молии коргарон дар давраи тайёрӣ, ҷамъоварии шираи Ров (камол), лавозимоти кории коргарон, либосворӣ, хӯрока, доруворӣ, сарпарастии онҳо, ҷалби мутахассисони корӣ, тибқи банди ӯҳдадориҳои ширкати Наҷиб Самеъ Ҳоҷизода дар зербанди 1-и Шартномаи тарафайни байни Ширкати “Кова” дар шахсияти Гулмуродов Қ. ва ширкати Наҷиб Самеъ Ҳоҷизода дар шахсияти Ҳоҷӣ Абдулҳақ валади Сифатуллоҳ медарояд, на ба ӯҳдадории ширкати “Кова”. Аз ин хотир, барои мустаҳкам намудани моддаҳои 259, 234, 245 КҶ гузоштааш нисбати Гулмуродов Қ. боз ба моддаи 247 қ.2 б «а» ва 247 қ.4 б. «а» ғайриқонунӣ, дар асоси шаҳодати бараъло бардурӯғ ва тӯҳматонаи шоҳидони сохта парвандаи ҷиноятӣ оғоз намудааст.

Мазориев Ғ. дар рафти тафтишот ба ваҷҳу далелҳои судшаванда Гулмуродов Қ. ва ҳимоячии ӯ аҳамият надода, аниқ носанҷида, тамоми ваҷҳҳои ҳимоячӣ Қурбонов З.-ро гӯё бинобар беасос буданаш рад кардааст. Талаботу дархостҳои ҳимоячӣ Қурбонов ҳамон талаботҳои Суди Олии ҶТ буд. Мутаассифона Мазориев Ғ. дар мӯҳлати зиёда аз 4 моҳ ба дархостҳои ҳимоячӣ ҷавоб надода, бархилофи моддаи 25 Конститутсияи ҶТ, Моддаи 9 ва 12 Қонуни ҶТ «Дар бораи муроҷиати шаҳрвандон», ки мӯҳлатро, агар он санҷишро талаб кунад, 2 моҳ муқаррар намудааст, амал намуда, бо ин кирдорҳои худ аломатҳои таркиби ҷинояти моддаи 148, моддаи 163 КҶ-ро таҷассум менамояд, ки ин масъала аз тарафи мо ба мақомоти Прокуратураи генералии ҶТ масъалагузорӣ карда шудааст.

Яъне тамоми асосу ваҷҳ ва далелу исботи бегуноҳӣ агарчанде, ки вазифа ва ӯҳдадориҳои мурофиавии ҷиноятии судшаванда ё ҳимоячии ӯ набошад ҳам, он аз тарафи ҳимоячӣ ба таври возеҳу рӯшан гузошта шуда буд. Вале бештар аз 10 арзу дархост, шикояту эрод дар давраи тафтишот гӯё ҳамаи он асоси худро наёфта бошанд, рад карда шудааст, ки кори тафтишотро зери шубҳа мебарад. Ман метавонам дар мурофиаи судӣ ҳамаи ваҷҳҳои дар ин дархостҳо овардаамро исбот намоям ва якояки онро таҳлил кунам, тамоми аломатҳои ҷиноии гузоштаи Мазориев Ғ.-ро рад кунам.

б). Дигар ин ки, дар таърихи 15.11.2008 сол (в.к. 159-165, ч.4 парванда) қатъи қисми айби эълоншуда бо аломатҳои моддаи 247 қ.2 б «а» дар асоси моддаи 5.2. КМҶ бинобар сабаби набудани таркиби ҷиноят қатъ карда шуд, ки ин худ шаҳодатгари он аст, ки дар кирдорҳои Гулмуродов Қ. аломатҳои таркиби умуман ҷинояти моддаи 247 дида намешавад.

в). Қайд кардан бамаврид аст, ки моддаи 247 қ.4 б. «а» дар ҳоли ретсидиви махсусан хавфнокро дар назар дорад. Ҳимоячӣ Қурбонов З. тибқи дархосту маълумотномаҳои Маркази иттилоотии ВКД огоҳ гардид, ки Гулмуродов Қ. танҳо як маротиба соли 1991 аз тарафи Суди ноҳияи Ховалинг ба мӯҳлати 2 сол аз озодӣ маҳрум гардидааст. Дар бораи такроран, чӣ тавре, ки мақомоти тафтишот даъво дорад, тарафи ҳимоя аз Маркази иттилооти ВКД ҶТ тибқи маълумотномаи ба мақомоти тафтишот пешниҳодкардаашон аз 13.11.2008 сол ба дархости тафтишот аз 10.04.2008 сол танҳо бо аломатҳои моддаи 2041 к.2 КҶ ЧСШТ маълумот додааст, ки пеш суд шудааст. Дар қисматҳои моддаҳои дигар дар ВКД ҶТ иттилоот вуҷуд надорад.

Аз ин маълум мешавад, ки ин аломат низ беасос мебошад. Зеро агар маълумот оид ба ин масъала вуҷуд надошта бошад, хешовандон ва худи судшаванда судшавии худро дар соли 1997 инкор мекунад. Модоме, ки ҳукми суд оид ба рӯёнидани ҷарима ба миқдори 1440 рубли тоҷикӣ содир шуда бошад, пас чӣ гуна ин ҳукм дар қисмати рӯёниши маблағи ҷарима аз тарафи иҷрочиёни Суди ноҳияи Ховалинг ба роҳ монда нашуда, он рӯёнда нашудааст? Аз рӯйи маълумотҳои пешниҳоднамуда, ӯ ба ҷавобгарӣ кашида нашудааст ва ба маҷлиси судӣ даъват нашуда, пурсида нашудааст ва нисбати ӯ ҳукми суд дар намуди ҷазои ҷарима набаромадааст.

г). Қайд кардан бамаврид аст, ки моддаи 247 қ.4 б. «а» тасарруфи амволи ғайрро бо роҳи фиреб ё сӯистифодаи боварӣ баён менамояд, лекин тафтишот муайян карда натавонистааст, ки Гулмуродов Қ. амволи ғайр — амволи киро бо роҳи фиреб ба даст овардааст? Он амвол аз чӣ иборат буд ва ба кӣ тааллуқ дошт?

Дар ҳоле, ки тамоми масорифи моли хӯрока, либоса, маводҳои тиббӣ, таҷҳизоти корӣ, музди меҳнат ва ғайра тибқи шартномаи тарафайн бар ӯҳдаи ширкати афғонии Наҷиб Самеъ Ҳоҷизода дар зербанди 1-и Шартномаи тарафайни байни Ширкати “Кова” дар шахсияти Гулмуродов Қ. ва ширкати Наҷиб Самеъ Ҳоҷизода бошад, пас масъалаи хароҷоти хурду хӯрок, либос, маводи тиббӣ, таъмини таҷҳизоти корӣ ва ғайра бар ӯҳдаи ширкати “Кова” намешавад ва масъалаи моли байни «ғайр», яъне дигарон ва муносибатҳои онҳо бо ширкати “Кова” аз байн бардошта мешавад. Тибқи шартномаи мазкур масъалаҳои молӣ ва маблағгузорӣ ба масъулияти “Кова” дохил намешавад. Андешае ба миён меояд, ки агар ширкати “Кова” имконияти молӣ медошту қудрати пардохти маблағҳоро дар бораи кишт, коркард ва ҷамъоварии шираи ров, ҷалби коргар, пардохти музди маош, таъмини лавозимоти хӯрокӣ ва либосӣ ва дигар хароҷотҳои вобаста ба ин, ҳеҷ гоҳ бо ширкати Наҷиб Самеъ Ҳоҷизода дар зербанди 1-и Шартномаи тарафайни байни Ширкати “Кова” дар шахсияти Гулмуродов Қ. ва ширкати Наҷиб Самеъ Ҳоҷизода шартнома набаста, миқдори 67% аз даромади бадастомадаро ба ширкати мазкур вобаст намекард ва худ соҳиби 33% аз фоидаи бадастмеомада намегашт. Метавонист ин хароҷотҳоро “Кова” худаш намояду кулли маблағ ва миқдори 100% фоидаи бадастмеомадаро ба фоидаи худ мегирифт ва ҳоҷат ба ҷалби сармоягузор намедошт ва танҳо бо роҳи даъвати якчанд мутахассис метавонист омӯзиши коркард ва ҷамъоварии шираи ровро дар миёни шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба роҳ монаду дар солҳои оянда эҳтиёҷ ба мутахассис надошта бошад. Вале ба ҳамаи ин ваҷҳу далел, асосу бурҳони раднашаванда Мазориев Ғ. аҳамият надода, тафтишотро ғайриқонунӣ, беасос, яктарафа ва ғаразнок гузаронида, парвандаи хом ва беасосро барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол намудааст.

г). Вобаста ба тасарруфи амволи ғайр чунин гуфтаниям, ки тибқи шартномаи тарафайни ба имзо расонида миёни ҶДММ “Кова” дар шахсияти роҳбари он — ман — Гулмуродов Қурбоналӣ бо Ширкати хориҷии (афғонии) Наҷиб Самеъ Ҳоҷизода, роҳбараш Ҳоҷӣ Абдулҳақ валади Сифатулло, тибқи бандҳои ин шартнома ҳар кадом барои амалӣ намудани Барномаи давлатии ҶТ оид ба кишт, парвариш ва ҷамъоварии гиёҳҳои шифобахш, аз он ҷумла шираи камол масъулият ва ӯҳдадории худро дошт. Мувофиқи шартномаи мазкури баимзорасонида, ширкати хориҷии Наҷиб Самеъ Ҳоҷизода, роҳбараш Ҳоҷӣ Абдулҳақ валади Сифатулло масъулияти пардохти музди маош, таъмини маводи хӯрока, тиббӣ, хароҷотҳои пулию молии коргарон дар давраи тайёрӣ, ҷамъоварии шираи Ров (камол), лавозимоти кори коргарон, либосворӣ, хӯрока, доруворӣ, сарпарастии онҳо, ҷалби мутахассисони корӣ, ҳифзи беҳдошти муҳити зист, аз ҷумла бо хок рӯпӯш кардани кунда ва решаҳои гиёҳҳо ва кишти тухмӣ гиёҳҳоро дошт, на ман — Гулмуродов Қ.

Шоҳидони сохта даст ба шаҳодати бардурӯғ зада, тафтишот ва судро ба гумроҳӣ андохтанӣ шуда, зикр намудаанд, ки гӯё Гулмуродов Қ. ба яке аз ин шоҳидон Алимардонов Сафар гуфта бошад, ки гандуми худро, ки гӯё аз гуфти Алимардонов С., 2 тоннаро ташкил медодааст, орд карда, сипас нон пӯхта, онро ба коргарон бурда диҳад ва ӯ шахсан худаш, яъне Гулмуродов Қ. маблағи хароҷоти гандум, маводи хӯрокаи Алимардонов С.-ро аз мағозаҳои номбаркардааш гирифта ва музди меҳнаташро медиҳад.

Дар ҷойи дигар бошад, худи Алимардонов С. инкор мекунад ва мегӯяд, ки маводҳоро худаш гирифтааст ва Гулмуродов Қ. ягон маротиба ба мағоза нарафтааст.

Оид ба ин масъала шоҳидони нолозимеро, ки тафтишот даъват намуда буд, аз қабили муаллимаи мактаб Ибрагимова Зилфира, Қулматова Ашӯргул — фарроши мактаб, ки ба асли воқеа ҳеҷ алоқаманд нест ва танҳо шаҳодатҳояшро дар асоси овозаҳои шунидааш додааст, сокинони ноҳияи Фархор, деҳаи Қизилсу дар ҷавоб ба саволи адвокат вохӯрӣ, сӯҳбат, маслиҳат дар бораи маводи хӯрока ва ғайраро бо Гулмуродов Қ. инкор менамоянд ва баёнот додаанд, ки онҳо Гулмуродов Қ.-ро аз дурӣ дар назди хонаи Алимардонов С. дидаанд. Бо Гулмуродов Қ. ҳамсӯҳбат нашудаанд. Танҳо Алимардонов С. аз мағозаҳои онҳо маводи хӯрокаи макарон, равған ва ғайраро гирифта, оид ба пардохти пули маводи хӯрока ба онҳо Алимардонов С. ваъда додааст, ки Гулмуродов Қ. медиҳад.

Савол ба миён меяод, ки фурӯшандаҳо Гулмуродов Қ.-ро надида, ҳамсӯҳбат нашуда, чӣ гуна ба ӯ аз суханони каси дигар боварӣ намуда, маводи хӯрока медодаанд? Чаро чандин маротибае, ки Гулмуродов Қ. ба деҳаи Қизилсу рафтааст, касе оид ба ин масъала ба ӯ муроҷиат накардааст? Аз ин бармеояд, ки ин масъала низ ғараз ва тӯҳмате беш нест.

Ман тибқи шартномаи тарафайни баимзорасонидашуда масъулияти таъмини маводи хӯрока, музди меҳнат, маводи тиббӣ, рӯпӯш кардани кунда ва реша, кишти тухми ров ва ғайраро надоштам ва накардаам, ки ин ҳам аз шаҳодати шоҳидон, кормандони хоҷагии ҷангали ноҳияи Фархор ва ҳам аз шартномаи тарафайн бараъло маълум ва муайян гардидааст.

Моддаи 1531 — напардохтани музди меҳнат.

Моддаи мазкур напардохтани музди меҳнат, стипендия, нафақа ва ёрдампулӣ мебошад. Ҷаноби Мазориев Ғ. маро беасос, ғайриқонунӣ, дар асоси шаҳодатҳои бардурӯғи як қатор шахсон ба ҷавобгарии ҷиноятӣ барои напардохтани музди меҳнат айбдор сохтааст. Чунончӣ:

а). Миёни ҶДММ “Кова” дар шахсияти роҳбари он — ман — Гулмуродов Қурбоналӣ бо Ширкати хориҷии (афғонии) Наҷиб Самеъ Ҳоҷизода, роҳбараш Ҳоҷӣ Абдулҳақ валади Сифатулло шартномаи оид ба ҳамкории тарафайн ба имзо расониданд. Тибқи бандҳои ин шартнома, ҳар кадом барои амалӣ намудани Барномаи давлатии ҶТ оид ба кишт, парвариш ва ҷамъоварии гиёҳҳои шифобахш, аз он ҷумла шираи камол масъулият ва ӯҳдадории худро дошт. Мувофиқи шартномаи мазкури баимзорасонида ширкати хориҷӣ Наҷиб Самеъ Ҳоҷизода, роҳбараш Ҳоҷӣ Абдулҳақ валади Сифатулло масъулияти пардохти музди маош, таъмини маводи хӯрока, тиббӣ, хароҷотҳои пулию молии коргарон дар давраи тайёрӣ, ҷамъоварии шираи Ров (камол), лавозимоти кори коргарон, либосворӣ, хӯрока, доруворӣ, сарпарастии онҳо, ҷалби мутахассисони корӣ, ҳифзи беҳдошти муҳити зист, аз ҷумла бо хок рӯпӯш кардани кунда ва решаҳои гиёҳҳо ва кишти тухми гиёҳҳоро дошт.

Аз ин хотир, пардохти музди меҳнат, ҷалби коргарон ва таъмини онҳо ба ӯҳдадории ман — Гулмуродов Қ. намедаромад. Бинобар ин, ваҷҳи беасоси гузоштаи мақомоти прокуратураи минтақаи Кӯлоб ғайриқонунӣ, бо далелҳои сохта, бо шаҳодати бардурӯғ ва мақсади ғаразнок ба ҷо монда шудааст.

Вақте ки масъулияи пардохти музди меҳнат, ҷалби коргарон, таъмини моддию маишии онҳо бар дӯши Гулмуродов Қ. нест, пас чӣ гуна вайро бо ин модда ба ҷавобгарии ҷиноятӣ мекашанд? Аз тарафи Мазориев Ғ. гузоштани ин модда бараъло бардурӯғ ва тӯҳмат ва мақсади ғаразноке беш нест, зеро шартномаи мазкур тибқи талаботи моддаи 178, 207, 453, 464, 482, 797, 800 КГ ҶТ баста шуда, он аз лаҳзаи баста шуданаш ҳукми қонунӣ мегирад. Пас мавзӯи ҳамкории тарафҳоро шартномаи мазкур ҳаллу фасл менамояд. Шахсонеро, ки мақомоти прокуратура ҳамчун ҷабрдида эътироф намудааст, на кормандони Ширкати “Кова”, балки кормандони Ширкати хориҷии Наҷиб Самеъ Хоҷизода мебошанд.

Дар масъалаи рӯёнидани маблағҳои музди меҳнат, гӯё хароҷотҳои маводи ғизоӣ ва ғайра метавонанд ба ширкати хориҷии Наҷиб Самеъ Ҳоҷизода муроҷиат намоянд ва аз болои он ба мақомоти Прокуратура ва Суд муроҷиат намоянд на ба ширкати “Кова”.

Дар охир ҳуҷҷат ва далелҳои раднашавандаи исботкунандаи бегуноҳии ман — Гулмуродов Қ.-ро пеш меорам:

Дар масъалаи зарари гузоштаи Мазориев Ғ.:- Барномаи давлатӣ оид ба кишт, коркарди гиёҳҳои шифобахш ва тайёр намудани доруворӣ аз онҳо барои солҳои 2005-2014 бо нархномаҳояш оид ба зарар не, балки ҷаримандӣ кардан. (Барнома дар қабати маводҳои кори парванда).

Дар масъалаи ба ӯҳдаи ҶДММ “Кова” дар шахсияти роҳбараш набудани масъалаи пардохтҳо:- Барои амалӣ намудани Барномаи давлатии ҶТ оид ба кишт, парвариш ва ҷамъоварии гиёҳҳои шифобахш, аз он ҷумла шираи камол. Мувофиқи шартномаи мазкури баимзорасонида, ширкати хориҷӣ Наҷиб Самеъ Ҳоҷизода, роҳбараш Ҳоҷӣ Абдулҳақ валади Сифатулло масъулияти пардохти музди маош, таъмини маводи хӯрока, тиббӣ, хароҷоти пулию молии коргарон дар давраи тайёрӣ, ҷамъоварии шираи Ров (камол), лавозимоти кории коргарон, либосворӣ, хӯрока, доруворӣ, сарпарастии онҳо, ҷалби мутахассисони корӣ, ҳифзи беҳдошти муҳити зист, аз ҷумла бо хок рӯпӯш кардани кунда ва решаҳои гиёҳҳо ва кишти тухми гиёҳҳо. (Шартнома дар қабати маводҳои кори парванда).

Дар масъалаи ба ӯҳдаи ҶДММ “Кова” дар шахсияти роҳбараш набудани масъалаи пардохтҳо:- Баёнотҳои ба мақомоти Прокуратураи генералӣ додаи бо ном ҷабрдидагони эътирофии Мазориев Ғ., ки аз тарафи ҳимоячӣ ба суд пешниҳод карда шуд. Баёноти Шукурова Ҳуриниссо, Шукурова Холмома, Шукуров Баҳриддин ва Шукурова Сайида оиди аз тарафи ман — Гулмуродов Қ. ба кор кабул накардан, ваъда накардани пардохти музди меҳнат, 2 тонна гандум, таъмин ва пардохти хариди маводи хӯрока. (Баёнотҳо ба суд аз тарафи ҳимоячӣ пешниҳод карда шуд дар мурофиаи судӣ).

Дар масъалаи гӯё расонидани зарар ба ҳифзи муҳити зист ва Хоҷагии ҷангали ноҳияи Фархор:- Мувофиқи шартномаи мазкури баимзорасонида ширкати хориҷи Наҷиб Самеъ Ҳоҷизода, роҳбараш Ҳоҷӣ Абдулҳақ валади Сифатулло масъулияти таъмини иҷрои чорабиниҳои вобаста ба ҳифз ва беҳдошти муҳити зист, бо хок рӯпӯш кардани кунда, реша ва кишти тухми ров. (Дар қабати маводҳои кори парванда).

Дар масъалаи гӯё расонидани зарар ба ҳифзи муҳити зист ва Хоҷагии ҷангали ноҳияи Фархор:- Мактубҳои ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Фархор аз 09.2008 ва Хоҷагии ҷангали ноҳияи Фархор аз 04.09.2008, ки дар вақти ҳисоби бо ном ғайриқонунии «зарар» ба маблағи 14400 сомонӣ аз тарафи онҳо пешниҳод нагардидани даъво дар бораи рӯёнидани даъво. (Аз тарафи ҳимоячӣ ба суд дар мурофиа пешниход карда шуд).

Дар масъалаи гӯё ба соҳибкории ғайриқонунӣ машғул шудани ҶДММ “Кова”:- Мактуби Бозрасии махсуси назорати давлатии истифода ва ҳифзи олами наботот ва ҳайвонот дар шахсияти Сардори Бозрасӣ Бобокалонов таҳти №50 аз 16.08.2008 сол гуфта шудааст, ки аз меъёри Иҷозатнома барзиёд ҷамъоварӣ намудани шираи ров ҷинояти иқтисодӣ набуда, балки бо пардохти 3-каратаи маблағи таъиншуда барои ҳар 1 кг шираи ров, ба муроҷиаткунанда Иҷозатномаи иловагӣ дода мешавад, зеро чӣ гуна омадани вазъи обу ҳаво, ҳосилнокӣ ва ҳаҷми хушкшавии растаниро касе муайян карда наметавонад. (Дар қабати маводҳои кори парванда).

Дар масъалаи набудани методикаи ҳисоби зарар, ҳуқуқ надоштан ба гузаронидани экспертизаи экологӣ мақомоти ноҳияи Фархор будаи муҳити зист ва хоҷагии ҷангал, дар масъалаи нарасонидани зарар, дуруст ба роҳ мондани технологияи коркарди шираи ров, дар масъалаи хатто ҳисоб кардани миқдори зарар ба маблағи 14400 ва 119145 сомонӣ, асоси илмӣ ва қонунӣ надоштани он, дар масъалаи аз тарафи “Кова” вайрон накардани талаботҳои литсензионӣ, дар масъалаи кишти тухми ров, дар масъалаи дар Китоби сурх ба қайд нагирифтани растании алафии ров, дар масъалаи дарахт, бутта ва изғичи печон набудани растании алафии ров, дар бораи риоя гаштани қоидаҳои агротехникӣ, коркард ва парвариши растании алафии ров, масъалаи дар асари омилҳои табиӣ — иқлими ҳаво, равшанӣ, гармӣ, обӣ, омилҳои эдофикӣ — хоку замин, омилҳои орографии релефӣ, омилҳои биотехникӣ — таъсири олами хайвонот, омилҳои антропегенӣ — инсон, муқаррар карда нашудани зарари ба муҳити зист расонида:- Хулосаи пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии Хоҷагии ҷангал №23 аз 04.09.08 сол, Китоби Сурхи ҶТ соли 1988, Китоби Флораи ҶТ ч.7, Санади қабули кишт аз тарафи хоҷагии ҷангали ноҳияи Фархор аз 28.12.05, Хулосаи комиссияи экспертии сайёри экспертии экспертизаи давлатии экологӣ аз 02.05.07, Хулосаи комиссияи экспертии сайёри экспертии экспертизаи давлатии экологӣ аз 30.09.2008 сол таҳти №89-15 (дар қабати маводҳои кори парванда ва қисман аз тарафи шоҳидон дар мурофиа ба суд пешниҳод кардашуда, нишон додашуда, қисман аз тарафи ҳимоячӣ пешниҳод кардашуда).

Ҳамаи ин ҳуҷҷатҳои ба тафтишот ва суд пешниҳодгардида, ки бештар аз 1000 саҳифаро ташкил мекунанд, далели он мебошанд, ки дар кирдорҳои ман — Гулмуродов Қурбоналӣ аломатҳои таркиби ҷиноятҳои моддаҳои 234 қ.2 б «в», 259 қ.2 б «б», 245 қ.4 б «а», 247 қ.4 б  «б» ва 153 1 КҶ ҶТ дида намешавад. Ва мақомоти тафтишот бо далоили зер нигоҳ накарда, бо мақсади ғаразнок, бо сӯистифода аз ваколатҳои мансабӣ, бо роҳи омода намудани шаҳодатҳои бардурӯғи шоҳидон, омода намудани баёнотҳои бардурӯғ, сохтакории далелҳо ва шоҳидон ман — Гулмуродов Қурбоналиро бо моддаҳои зикршуда ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидааст.

Аз рафти мурофиаҳои судӣ ва ҳуҷҷатҳои раднашавандаи ба суд ва мақомоти прокуратура пешниҳодгардида маълум гардид, ки шоҳидон Алимардонов С., Шукуров Б., Шукурова Х., Назаров Д., Назарова М., Шукурова С. чӣ дар рафти тафтишот ва чӣ дар мурофиаи судӣ шаҳодат ва баёнотҳои ба ҳақиқат ва ҳуҷҷатҳо мухолифаткунанда додаанд.

Бо овардани ҳамаи ин далелҳои раднашаванда Суди ноҳияи Фархори вилояти Хатлон маро бо аломатҳои моддаи 247 қ.3 КҶ ҶТ бо банду басти парвандаи ҷиноятӣ, аломатҳои Моддаи 1531 КҶ ҶТ гунаҳкор донистааст.

Бинобар ин, аз Шумо хоҳиш менамоям, ки парвандаро мавриди омӯзиш қарор дода, нисбати ин амалҳои ғайриқонунии кормандони Прокуратураи вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб чораҳои зарурӣ андешед. Ва зарарҳои моддӣ ва маънавии бар асари ин амали номатлуби мақомоти Прокуратураи вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб ба ман расонидашуда барқарор карда, баргардонида дода шавад.

Бо эҳтиром ва мунтазири ҷавоб, маҳкумшуда Қурбоналӣ Гулмуродов

Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: