Главная > Иқболи САИДЗОД, Uncategorized > Нархи сӯзишворӣ боз боло рафт

Нархи сӯзишворӣ боз боло рафт

 

Русия ва ӯзбекистон аз мо чӣ мехоҳанд?

 

Қимати бензин дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ боз боло рафта, як литраш то ба 5 сомониву 20 дирам расидааст. Сабаби афзудани қимати сӯзишвориро дар боло бурдани боҷи содиротии сӯзишворӣ аз ҷониби Русия барои Тоҷикистон маънидод мекунанд. Боло рафтани нархи сӯзишворӣ ба афзоиши нархи молу маҳсулот дар бозорҳои Тоҷикистон оварда расонидааст ва қобилияти харидории мардум паст шудааст.

Русияро далели аслии афзоиши нархи бензин ном мебаранд. Русия аз 1-уми апрели соли 2011 мизони боҷи гумрукии як тон сӯзишворӣ ба Тоҷикистонро аз 244,6 доллар то ба 283,9 доллар боло бурд. Соли 2010 низ дар Русия арзиши боҷи гумрукӣ ду дар сад боло рафт ва аз 200 ба 205 доллар расид, лекин дар нисбати Тоҷикистон 2 фоиз болоравӣ не, балки 205 доллар мушоҳида шуд. Яъне барои Тоҷикистон ин баробар ба 205 доллар аст. Зеро Тоҷикистон ба Иттиҳоди гумрукӣ шомил нест. Он вақт тибқи маълумотҳо болоравии боҷи гумрукӣ ба боло рафтани нарх дар ҳаҷми 30 фоиз таъсир расонд.

Гуфта мешавад, ки дар ҳоли ҳозир ҳудуди 90 дарсади маводи сӯхтро Тоҷикистон аз Русия ворид мекунад. Баъди он, ки Русия барои содироти фаровардаҳои нафтӣ ба Тоҷикистон боҷи содиротӣҷорӣ намуд, мақомоти Тоҷикистон ҳамвора талош кардаанд, ки Русияро барои лағви ин муқаррарот моил кунанд. Аммо Русия ба ҷои посух гуфтан ба ин дархости Тоҷикистон, дар аввали моҳи апрел ба андозаи панҷ дарсади дигар ин боҷро боло бурд. Ин ҳол зарурати таъмини маводи нафтӣ аз манобеи дигарро пеш овардааст.

Ҳоло дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе бензини навъи 92-96-98 аз 4,60 сомонӣ то 5 сомонӣ аст. Афзоиши қимати сӯзишворӣ дар пойтахт боис шуда, ки дар навоҳии дурдаст нарх аз ин ҳам боло равад. Дар минтақаҳо навъи 95 аз 4,80 то 5,20 сомониро ташкил медиҳад. Ин дар ҳолест, ки соли 2009 дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ нархи бензини навъи 95 се сомониву 10 дирам, се сомониву 20 дирам фурӯхта мешуд. Дар соли 2010 як литр бензини навъи 92 се сомониву 40-50 дирам ба фурӯш бароварда мешуд. Ҳоло бошад, нархи ин навъи бензин беш аз 1  сомонӣ боло рафта, 4,60 ва 4,70 фурӯхта мешавад.

Дилшод, як ронандаи таксӣ гуфт: «Аз сабаби боло рафтани нархи сӯзишворӣҳоло аз субҳ то шом кор мекунам, вале суде ба даст намеояд, пули кор кардаам танҳо ба бензинпулӣ мерасад. Дар сурати афзудани нархи сӯзишворӣ, ки молу маҳсулот дар бозор қимат шудааст, роҳкироро ҳам қимат кардан зарур аст. Вале дар ин сурат мардум норозӣ мешаванд, зеро онҳо низ аз қиматшавии нархҳо дар бозор ва афзоиши арзиши сӯзишворӣ нигаронанд, мутаассифона маоши кормандони буҷавӣ низ зиёд нашудааст. Аз куҷо пул ёбанд, ки мо тавонем роҳкироро қимат кунем? Агар вазъ ҳамин тавр идома ёбад, маҷбур рӯ ба муҳоҷирати меҳнатӣ меорам».

Ширкатҳое, ки бештар бозорҳои дохилии моро бо бензин таъмин мекунанд, «Зарубежнафт», филиали ширкати русӣ, «Нури Дилшод», «Тоҷирон», «Умед 88» ва «Газпром-нафт»-и Тоҷикистон мебошанд ва дар маҷмӯъ ширкатҳои дар қайди расмӣ буда, ки ба воридоти сӯзишворӣ машғуланд, теъдодашон ба 40 адад мерасад. Дар ҳоле, ки ширкатҳои воридкунандаи сӯзишворӣ зиёданд, набояд нархи бензин якбора боло равад. Зеро ширкати бисёр рақобатро ба миён мегузорад ва пеши роҳи зуд-зуд боло рафтани нархҳоро медорад. Аммо бо вуҷуди нишон додани шумораи зиёди ширкатҳои воридкунандаи сӯзишворӣ ба андешаи таҳлилгарон, ин ширкатҳо ба се-чор нафар тааллуқ доранд, ки нархи бензинро дар бозори дохилӣ муқаррар мекунанд. Вагарна дар сурати рақобати солим миёни 40 ширкат нарх якбора боло намеравад.

Аммо сабаби аслии болоравии нархро, чӣ тавре, ки дар боло зикр кардем, аз гарон шудани боҷи гумрукии сӯзишвории Русия барои Тоҷикистон медонанд. Масъулини Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон аз сӯи Русия боло бурдани боҷи сӯзишвориро масъалаи сирф иқтисодӣ хонданд. Низомиддин Зоҳидов, муовини вазири умури хориҷии Тоҷикистон дар як нишасти хабарӣ гуфт, ки Русия дар ин маврид ба Ҳукумати Тоҷикистон  ҳеҷ шарт нагузоштааст.

Коршиносон мегӯянд, ҳадафи Русия аз боло бурдани боҷи гумрукӣ, маҷбур кардани Тоҷикистон барои ворид шудан ба Иттиҳоди гумрукӣ аст, ки ҳоло Қазоқистону Белорус шомили ин иттиҳоданд. Аммо Низомиддин Зоҳидов гуфт, ки ин тахминҳо асос надорад, зеро расман аз ҷониби Русия шарте пеш гузошта нашудааст.

Русия аз моҳи майи соли 2010 то якуми апрели соли равон се маротиба боҷи гумрукиро боло бурд. Дар натиҷа қимати 1 литр бензин аз 3,5 сомонӣ ба 5 сомонӣ ва ё 1 доллару 10 сент афзуд. Ба болои ин, ӯзбекистон моҳи гузашта қимати транзитро барои вагонҳо то 15 дарсад боло бурд, ки боз бар арзиши маводи воридотӣ ба Тоҷикистон афзуд. Аммо ин танҳо далели боло будани қимати сӯзишворӣ дар Тоҷикистон нест. Соли гузашта сабаби боло рафтани нархи бензин дар муҳосира мондани қаторҳои Тоҷикистон дар ҳудуди ӯзбекистон буд, ки чанд моҳ боз дар банд қарор доштанд. ӯзбекистон аввал бо роҳи «ӯзбакию зӯракӣ» шояд хост инони ҷилавро дар ихтиёр гирад, вале баъди сару садоҳои зиёде, аз ҷумла аз ҷониби Эрон ва дигар кишварҳои Ғарб вагонҳоро раҳо кард. Аммо бо ин ба фишорҳои худ хотима набахшид. Балки боҷи гумрукиро боло бурд, ки ин низ ба афзоиши нарх таъсир расонида истодааст.

Ба қавли Эраҷ Басиров, сухангӯи «Газпромнефт-Тоҷикистон», ин ширкат фақат 35 дарсади сӯзишвориро ворид мекунад ва ин ширкатҳои дохилӣҳастанд, ки қисман моли онро харида, дубора мефурӯшанд.

Дар асоси иттилои расмӣ, эҳтиёҷи Тоҷикистон ҳудуди 950 ҳазор тонна сӯзишворӣ аст. Баъзе коршиносон бар ин назаранд, ки Русия бо ҳадафи сиёсии худ боҷи гумрукиро боло мебарад. Вале коршиносон сабабҳои дигареро низ ба нарх таъсиргузор медонанд. 

Иддае аз таҳлилгарон бар ин назаранд, ки рақобати носолим дар бозори бензини дохилӣ боиси рушди бозори сиёҳ дар ҷумҳурӣ гаштааст. Тибқи маълумоти иқтисодшиносони мустақил, саҳми ин бозор 60 дар сад аст. Таҳлигарон пешниҳод мекунанд, ки бояд ба арзиши маҳсулот дар замони воридот таваҷҷӯҳ карда шуда, нархгузории он мувофиқи талабот ва қудратмандии аҳолӣ муқаррар гардад. Ба қавли коршиносон, мушкили асосӣ то ҳол дар зери инҳисори чанд ширкат қарор гирифтани бозори сӯзишворӣ мебошад, ки тайи чанд соли охир мустаҳкамтар мегардад. Тавре коршиносон таъкид медоранд, танҳо рақобати солим ва бидуни ҷӯрабозӣ метавонад пеши роҳи бозори сиёҳро гирад ва боиси мӯъдадил нигоҳ доштани нарх гардад.

Коршиноси масоили иқтисодӣҲоҷимуҳаммад Умаров мегӯяд, ҳарчанд Русия бо ҳадафҳои сиёсии худ боҷи гумрукиро боло мебарад, аммо дар дохили Тоҷикистон низ гурӯҳҳои қудратманде ҳастанд, ки бештар аз Русия аз ин вазъ нафъ мебинанд.

Сӯзишворӣ, аз қабили бензин, сӯзишвории дизелӣ, равғани мошин, битум барои сохтмон ва ғайраро ташкил мекунад. Ба ҳисоби коршиносон, агар ба ҳар ҳазор тонна 284 доллар боҷи гумрукӣ афзуда шавад, 280 миллион долларро ташкил медиҳад, ки андаке кам аз буҷаи маорифи Тоҷикистон аст.

Дар тобистони соли гузашта сарвазири Тоҷикистон Оқил Оқилов тибқи номае аз ҳамтои русии худ Владимир Путин хост, ки боҷи содиротиро барои Тоҷикистон лағв кунад. Аммо ин тарофаҳо лағв нашуд. Русия ҳоло барои кишварҳои узви Иттиҳодияи гумрукӣ ва инчунин барои Қирғизистон маҳсулоти нафтиро бидуни боҷи содиротӣ мефурӯшад.

Коршиносон яке аз роҳҳои ҳалли масъаларо аз миён бурдани монополияи ширкатҳои русӣ дар бозори нафтии Тоҷикистон медонанд. Вале дар ҳоли ҳозир ширкати «Газпром-нефт»-и Русия воридкунандаи аслии бензин ба Тоҷикистон аст ва бино ба омори расмӣ, 92 дарсади бозори маҳсулоти нафтиро таҳти инҳисори худ дорад ва Тоҷикистонро зарур аст, ки манбаъҳои дигари воридоти сӯзишвориро ёбад.

Ба гуфтаи коршиносони тоҷик, як роҳи дигари ҳалли масъала ворид шудани Тоҷикистон ба Иттиҳодияи гумрукӣ аст. Иттиҳодия иборат аз Русия, Белорус ва Қазоқистон аст. Аммо Русия ба гуфтаи таҳлилгарон, ҳоло моил ба узвияти Тоҷикистон дар ин иттиҳодия низ нест. Ба қавли иддае аз коршиносон, сабаби аслии боло бурдани боҷи гумрукӣ аз ҷониби Русия барои Тоҷикистон ин сари масъалаи фурӯдгоҳи низомии Айнӣ, марзи миёни Тоҷикистону Афғонистон ва додани имтиёз дар масъалаи «Роғун» мебошад. Русия қаблан бо баҳонаҳои бемории фалаҷи кӯдакона аз содироти меваи хушки Тоҷикистон ба Русия ҷилавгирӣ карда буд, сафари наврасон ба кишвараршро боздошта буд, Тоҷикистонро ба ноӯҳдабароӣ дар нигаҳбонии марз муттаҳам кард, вале бо ин вуҷуд мақомоти Тоҷикистон марзро дар ихтиёри марзбонони рус нагузоштаанд.

Дар ҳамин ҳол мақомот масъалаи шомил шудан ба узвияти Иттиҳоди гумрукиро баррасӣ мекунанд. Низомиддин Зоҳидов, муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфт, ки болоравии қимати сӯзишворӣ нигаронкунанда аст, вале ба Иттиҳоди гумрукӣ ворид шудани Тоҷикистон ҷанбаҳои мусбату манфии худро дорад. Ба қавли ӯ, ворид шудан ба Иттиҳоди гумрукӣ пеш аз ҳама, ба нафъи кишварҳои содиркунанда аст. Аз ин рӯ, мақомоти Тоҷикистон роҳҳои дигари ворид кардани сӯзишвориро меҷӯянд. 

Давлат Усмон, вазири пешини иқтисод мегӯяд, ҳалли ин масъала бо Туркманистон ба ҳадде, ки битавонад ниёзи Тоҷикистонро бароварда кунад ва то ҷое Тоҷикистонро аз вобастагии нафти Русия наҷот диҳад, ба содагӣ даст намедиҳад. Ба қавли ӯ, ин масъала фақат метавонад дар сатҳи қарордоди байниҳукуматӣҳалли худро пайдо намояд. Дар Туркманистон бар асоси қарори ҳукумати он кишвар, фурӯши сӯзишворӣ бар асоси музояда сурат мегирад. «Дар ҳоле, ки дар баробари Тоҷикистон кишваре мисли Афғонистон, ки сад дарсад сӯзишвориро ворид мекунад, дар музояда ширкат дорад, барои Тоҷикистон ҳеҷ гуна имтиёзе вуҷуд нахоҳад дошт. Агар масъала дар сатҳи қарордоди давлатӣҳал шавад, ки бо имтиёз мо сӯзишвориро харидорӣ кунем, метавонем ба осон шудани ин мушкили худ умед бандем»,- мегӯяд ӯ.

Таҳлилгарон мегӯянд, танҳо роҳе, ки муносибати мақомоти Тоҷикистонро бо Русия дар ин масъала метавонад хуб кунад, савдо бар сари масоили сиёсӣ, иқтисодӣ ва низомӣ, аз ҷумла фурӯдгоҳи низомии Айнӣ ва додани имтиёз дар баъзе масоил ба Русия аст. Аммо Низомиддин Зоҳидов мегӯяд, ки агар фурӯдгоҳи Айниро ба касе доданӣ бошанд, он танҳо Русия буда метавонад. Пас Русия боз чӣ имтиёзе мехоҳад ба даст орад, норӯшан аст.

 

Иқболи САИДЗОД,

БМСТЖ

  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: