Главная > Uncategorized > СУД МӯҲЛАТИ ҚАБУЛИМЕРОСРО БАЪД АЗ 42 СОЛ ДАРОЗ НАМУД!

СУД МӯҲЛАТИ ҚАБУЛИМЕРОСРО БАЪД АЗ 42 СОЛ ДАРОЗ НАМУД!

Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Ба таваҷҷӯҳи раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бо ҳалномаи суди ноҳ ияи Спитамен аз 21.10.2005-ум сол аризаи Абдунабиев Қурбанбой Расулович «оиди дароз намудани мӯҳлати қабули мерос» қонеъ карда шудааст. Аз болои ҳалнома ба тариқи кассатсионӣ шикоят оварда нашудааст.

Аз ҷониби суди зинаи аввал дар вақти баррасӣ намудани парвандаи мазкур аз рӯйи аризаи Абдунабиев Қурбанбой Расулович ба ҳолатҳои кор баҳои ҳаққонии ҳуқуқии ҳаматарафа дода нашуда, парвандаи мазкур аз ҷониби суди зинаи аввал ғайриобъективона бурда шуда, аризаи Абдунабиев Қурбанбой Расулович нодуруст қаноатбахш карда шудааст. Ҳол он ки мутобиқи моддаи 15 Кодекси мурофиавӣ-граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳрири 1961) суд ӯҳдадор буд, ки барои ҳамаҷониба, пурра ва объективона муайян кардани ҳолатҳои ҳақиқии кор ҳуқуқу ӯҳдадориҳои тарафҳоро бо материалҳо ва баёноти пешниҳодкардашуда маҳдуд намуда, тамоми чораҳои бо қонун пешбинӣ кардашударо бинад.

Инчунин, суд бояд ба шахсони иштирокчии кор ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳояшонро фаҳмонида диҳад, дар бораи оқибатҳои иҷро кардан ё накардани амалиёти мурофиавӣ огоҳ кунад ва ба шахсони иштирокчии кор дар бобати ба амал баровардани ҳуқуқҳояшон ёрӣ расонад.

Аз ҷониби суди зинаи аввал ман, Амонбоев Абдуқодир ҳамчун шоҳид ба кор ҷалб карда шудам, ки ин тамоман нодуруст аст ва бар замми ин насаби аслии ман Амонбоев Абдуқодир буда, дар ҳалномаи судӣ ҳамчун «Отабоев» нодуруст нишон дода шудааст, ҳол он ки ман Амонбоев Абдуқодир ба кор бояд ҳамчун шахси манфиатдор ҷалб карда мешудам, ки дар ин хусус  суди ноҳияи Спитамен ба хатогӣ роҳ додааст, чунки хонаҳоро дар ин манзил ман Амонбоев Абдуқодир бунёд намудам.

Ман Амонбоев Абдуқодир дар ин манзили истиқоматии баҳсӣ воқеъ дар суроғаи н.Спитамен, шаҳраки Нов, кӯчаи Ҳамза №13 (пештара кӯчаи Сталин №15) аз хурдсолиам баъд аз модарам Рафурова Меҳрӣ ба Расулов Абдунабӣ ба шавҳар баромадан бо розигии худи Расулов Абдунабӣ омада зиндагӣ карда, ҳатто ҳамроҳи зану фарзандонам солҳои тӯлонӣ дар қайди ин манзил ҳастем ва пас аз вофоти падарам Расулов Абдунабӣ аз соли 1963 то инҷониб дар ин манзил якчанд хонаҳо бунёд намуда, ба таври муқимӣ ва давомдор зиндагӣ карда, ҳамеша хизматҳои коммуналии хона ва ҳамаи намуди андозҳоро сари вақт супорида истодаем.

Суди н.Спитамен аризаи Абдунабиев Қурбанбой Расуловичро «оиди дароз намудани мӯҳлати қабули мерос» ба таври истеҳсолоти махсус баррасӣ намудааст, ки ин тамоман нодуруст мебошад, чунки ариза «оиди дароз намудани мӯҳлати қабули мерос» ба тарзи даъво пешниҳод намудан ва ба сифати шахси сеюм бо ҷалб намудани мақомоти молия ё шахсони манфиатдор бояд баррасӣ карда шавад, аммо дар вақти баррасии парванда намояндаи мақомоти молияи маҳаллӣ ва шахсони манфиатдор тамоман иштирок накардаанд ва ин ҳолат тамоман берун аз мадди назари суди н.Спитамен мондааст ва ҳуқуқу манфиатҳои шахсоне, ки дар ин манзил хонаҳо бунёд намуда то ин вақт зиндагӣ мекунанд, пурра вайрон карда шудааст.

Хулосаи суди н.Спитамен оиди он ки, гӯё хонаи таҳти литери 1А/1С соли 1963 аз ҷониби Расулов Абдунабӣ сохта шудааст тамоман нодуруст мебошад, чунки Расулов Абдунабӣ 23.02.1963 сол вафот карда, бинобар бемор ва кӯҳансол буданашон дар моҳи январ ва феврали соли 1963 қудрати сохтмон карданро тамоман надошта, ин хона баъд аз вафоти Расулов. А аз ҷониби ман Амонбоев Абдуқодир бунёд карда шудааст. Ҳангоми пайдо шудани баҳс суд баррасии корро қатъ намуда, ба тарафҳо бояд тавсия диҳад, ки бо истеҳсолоти даъвогӣ ба суд муроҷиат намоянд.

Вобаста ба ин ҳолат суд бояд ҳатман аз идораи нотариаилии давлатӣ оиди мавҷуд будани парвандаи меросӣ оиди қабул кардани мерос ё ин ки оиди дода шудани шаҳодатномаи мерос маълумотҳо талаб кунад, ки ин талаботҳои қонун аз ҷониби суд риоя карда нашудааст. Бар замми ин дар ин манзил ягон хонаи меросӣ тамоман боқӣ намонда, хонаҳои истиқоматӣ аз ҷониби ман Амонбоев Абдуқодир ва баъдтар бо ҳамроҳи фарзандонам бунёд шудааст ва хонаҳои истиқоматие, ки ба он суд ҳуқуқи меросии Абдунабиев Қурбанбой Расуловичро дароз намудааст тамоман меросӣ нест, чунки хонаи истиқоматии меросие, ки соли 1930 сохта шуда ба он ҳуқуқи моликии Расулов Абдунабӣ соли 1958 эътироф карда шудааст, тамоман фурӯ рафта, массаи меросӣ баъд аз вафоти Расулов Абдунабӣ тамоман боқӣ мондааст.

Аммо Абдунабиев Қурбанбой маро фиреб дода, соли 2005 ҳамроҳи худ ба суд гирифта рафта, пеш аз ба суд рафтан ба ман гуфт, ки ӯ солҳои тӯлонӣ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ кор карда ба ҳуҷҷатгузории хона нағз сарфаҳм меравад ва фаҳмонид, ки ӯ ҳамчун бародар ба ман кӯмак карда, манзилро ба номи ман ба таври қонунӣ ба расмият дароварда медиҳад ва хонаҳое, ки солҳои тӯлонӣ ман бунёд намудаам, худсарона буда, дар ин ҳолат ягон нафар ин хонаҳоро ба қайд намегирад. “Агар Шумо ба суд рафта ин як хона аз ҷониби падарамон бунёд карда шудааст гӯед, ман ҳам ин гапи шуморо тасдиқ мекунам ва дигар шоҳидонро низ меёбам, ки суханамро ттасдиқ мекунанд. Минбаъд дар ин хона зиндагӣ карданро давом дода, хонаро ҳамчун мерос ба худатон ба расмият дароварда медиҳам”,  гуфт ӯ.  Аввал ман розӣ нашуда ба ӯ фаҳмонидам, ки ин фикрро бояд бо фарзандонам маслиҳат кунад, аммо ӯ “фарзандонатонро аз корашон намонед, наход ба ман ба бародаратон бовар накунед, ман дар коғазҳои суд аз ҷониби Шумо сохта шудани хонаҳоро тасдиқ кунонида, баъд ба Шумо нишон медиҳам гуфт ва ман бовар карда ба суд рафта, он чӣ ки ба ман Абдунабиев Қурбанбой фаҳмонида буд, ҳамин тавр дар суд ҳамчун шоҳид нишондод додам ва оиди ба суд рафтанам фарзандонам ва завҷаам тамоман бехабар буданд.

Абдунабиев Қурбанбой дар манзили истиқоматии воқеъ дар суроғаи н.Спитамен, ш.Нов, кӯчаи Ҳамза 13 (пештара Сталин 15) тамоман зиндагӣ накардааст ва оиди вафоти падараш сари вақт огоҳ буд, аммо вобаста ба мерос ягон маротиба даъво накарда буд ва ваҷҳҳои ӯ гӯё “оиди кушода шудани мерос огоҳ набуд” тамоман нодуруст мебошад. Чунки ӯ дар ш.Душанбе кор кунад ҳам дар шаҳраки Нов манзили истиқоматӣ дошта, тез-тез омада мерафт ва ҳеҷ гоҳ оиди кушода шудани мерос ё ин ки оиди вафоти падарашон Расулов Абдунабӣ огоҳ набуда наметавонист. Бинобар барои зиндагӣ кардан мутобиқ намудани хонаи истиқоматӣ баъд аз вафоти падарашон Расулов Абдунабӣ, ки барои дар ин манзил ба ман хона бунёд намуданам розигӣ дода буд ва ман устои дуредгар будам ва хонаҳоро аз нав бунёд кардам. Ман хонаҳои кӯҳнаро, ки то соли 2005-ум валангор буд, ҳамвор карда, хонаи нави худро сохтам, ки то соли 2005-ум амволи ғайриманқули меросӣ вуҷуд надошт.

Мӯҳлати қабули мерос дар ҳолати оид ба кушода шудани мерос тамоман воқиф набудани меросгиранда дароз карда мешавад, лекин Абдунабиев Қурбанбой аз кушода шудани мерос пурра воқиф буда, ин қоида ба ӯ набояд татбиқ карда шавад.

Мутобиқи талаботи моддаи 1142 КГ Ҷумҳурии Тоҷикистон мерос дар натиҷаи вафоти шаҳрванд ё фавтида эълон гардидани ӯ кушода мешавад ва замони кушодани мерос рӯзи вафоти меросгузор ва ҳангоми фавтида эълон намудани  ӯ рӯзи эътибори қонунӣ пайдо намудани қарори суд дар хусуси фавтида эълон гардидани шаҳрванд мебошад.

Дар асоси талаботи 11 зербанди «а» Қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҷрибаи аз ҷониби судҳо татбиқ намудани қонунгузорӣ оид ба парвандаҳои меросӣ» таҳти №2 аз 04.06.1991-ум сол мӯҳлати қабули мерос дар ҳолати исбот гардидани узрнок будани мӯҳлати гузаронидашуда дароз карда мешавад ва дар дигар ҳолатҳо бояд рад карда шавад.

Суди ноҳияи Спитамен дар вақти баррасӣ намудани парвандаи мазкур бе иштироки шахсоне, ки дар ин манзил солҳои тӯлонӣ зиндагӣ мекунанд тақдири онҳоро ҳал намудааст, ки ин тамоман нодуруст ва ғайриқонунӣ мебошад. Мутобиқи талаботи Қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба баҳсҳои манзил суд ҳуқуқ надорад, ки бе иштироки шахсони манфиатдор дар рафти мурофиаи судӣ тақдири охиронро ҳал намояд ва дар як вақт ҳуқуқ ва манфиатҳои онҳоро маҳдуд гардонад.

Суди ноҳияи Спитамен дар ҳалнома дуруст қайд намудааст, ки мутобиқи талаботи моддаи 1174 бандҳои 1, 2, 3 КГ Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соҳиб шудан ба мерос ворис бояд онро қабул намояд ва мерос ҳамон вақт аз ҷониби ворис қабулгардида эътироф мегардад, ки ӯ дар мӯҳлатҳои дар қонун муқарраргардида ба идораи нотариалӣ оиди кушода шудани мерос ва қабули мерос ариза пешниҳод намояд. Амалҳои дар ҳамин модда пешбинишуда бояд дар давоми шаш моҳ аз рӯйи кушода шудани мерос ба анҷом расонида шавад, аммо на ин ки шаш моҳ, балки баъд аз гузаштани 42 сол аз ҷониби суди ноҳияи Спитамен мӯҳлати қабули мерос ғайриқонунӣ дароз карда шуда, дар мӯҳлатҳои муқарраргардида Абдунабиев Қурбанбой ба ягон ҷой вобаста ба қабул кардани мерос муроҷиат накардааст. Соли 1963 Расулов Абдунабӣ вафот кард, вале Абдунабиев Қурбанбой танҳо соли 2005-ум ба суд бо ариза муроҷиат кардааст.

Сабаби то ин вақт оиди ин баҳс муроҷиат накардани ман аз ин иборат аст, ки баъд аз ба суд рафтани Абдунабиев Қурбанбой ва ман, Абдунабиев Қурбанбой ба ман гуфта буд, ки «дилатонро пур кунед, ман коғази судро гирифтам, мана дар дастам, бинед ваъдаи ба Шумо додаамро хонда диҳам» гуфта дар варақ дар ин манзил сохтмон кардани Амонбоев Абдуқодирро хонда дода «акнун, кам-кам ба расмият дароварда медиҳам, баъд ҳаққи маро медиҳед» гуфта буд, ки ман Амонбоев Абдуқодир розӣ шуда, дилпур гаштам. Ман оиди поймол шудани ҳуқуқҳоям моҳи июли соли 2007-ум фаҳмидам.

Лекин дар вақте, ки моҳҳои июли соли 2007 маро ба суди н.Спитамен даъват намуда, нусхаи аризаи даъвогии Абдунабиев Қурбон «оиди берун кардани ман аз манзили истиқоматӣ» -ро нишон доданд, огоҳ гаштам, ки Абдунабиев Қурбанбой маро фиреб карда, манзилро пурра ба номи худаш ба расмият дароварда, хостааст, ки маро бо аҳли оилаам аз манзилам маҳрум намояд ва ба хонаҳои ман бунёднамуда соҳиб шавад. Бо аризаи худ Абдунабиев Қурбанбой ба суд васиятнома пешниҳод кардааст, ки ин васиятнома тамоман сохта мебошад.

Суди н.Спитамен аз рӯйи нишондодҳои хоми Абдунабиев Қурбанбой ва дар хизмати ҳарбӣ ва дар шаҳри Душанбе кор карданаш такя намуда, мӯҳлати қабули меросро баъд аз гузаштани 42 сол дароз намуда, аз Абдунабиев Қурбанбой барои тасдиқи нишондодҳояш ба таври расмӣ ҳуҷҷатҳои заруриро талаб карда нагирифтааст, ки ин аз нопуррагии ҳаракатҳои суд гувоҳӣ медиҳад.

Хулосаи суди зинаи аввал вобаста ба он ки гӯё ба ин манзили баҳсӣ ман Амонбоев Абдуқодир ягон алоқамандӣ надошта бошам тамоман нодуруст буда, бояд ки аз нав дида баромада шавад. Тибқи талаботи моддаи 258-и КГ Ҷумҳурии Тоҷикистон ман ва занам Марупова Раҳбар муддати зиёда аз 40 сол аст, ки ин амволро соҳибӣ мекунем.

Абдунабиев Қурбанбой соли 2007 ба суди ноҳияи Спитамен бо аризаи худ «оиди берун кардан аз манзили истиқоматӣ» муроҷиат кард, баъд аз дида баромадани парвандаи гражданӣ парванда аз суди ноҳияи Спитамен ба суди ноҳияи Ҷаббор Расулов ирсол карда шуд. Абдунабиев Қурбанбой судяи суди ноҳияи Ҷаббор Расулов Амонов. А ва адвокати мо Якубова Л-ро беасос ҳақорат кард ва нисбати ӯ парвандаи ҷиноятӣ бо моддаҳои 135 қ.3 ва 136 қ.1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, 10 моҳ ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ва ҷарима дар ҳаҷми 100 маоши ҳадди ақал ба фоидаи давлат бо нигоҳ доштан дар колонияҳои ислоҳии дорои низомаш умумӣ таъин карда шуд.

Соли 2010 Абдунабиев Қурбанбой боз ба суди ноҳияи Спитамен аризаи даъвогӣ «оиди берун кардан аз манзили истиқоматӣ» пешниҳод намуд, ки ман ариза «дар бораи аз нав баррасӣ намудани ҳалномаи суди ноҳияи Спитаменро аз санаи 21.10.2005 сол вабаста ба ҳолатҳои навошкоргардида» пешниҳод кардам.

Судяи суди ноҳияи Спитамен Аминова С  моро ба созиш овард ва аз ҳавлии истиқоматии ман ба Абдунабиев Қурбанбой қитъаи замини наздиҳавлигӣ бо масоҳати бараш 14.40 м ва дарозиаш 22.20 м воқеъ дар суроғаи ноҳияи Спитамен ҷ/ш Нов, кӯчаи Ҳамза, хонаи 13 ҷудо карда дод. Боз маро, ки мӯйсафед 75 солаам, фиреб доданд, лекин ин кор ҳоло ҳал нашудааст. Чунки Абдунабиев Қурбанбой барои гирифтани хонаи ман то ҳол навис-навис карда гаштааст.

Мӯҳтарам Судяҳо!

Баъд аз гузаштани 42 сол ин мумкин аст?!

 Амонбоев А.

Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: