Главная > Комил Бекзода > Ояндаи равшанфикрони миллӣ

Ояндаи равшанфикрони миллӣ

Давомаш.

Дар фалсафаи «Ихвон» бошад мусул бо назираш аз ҷиҳати вуҷуд баробаранд. Инҷо ки аз Афлотун сухан рондем, зарур аст ин нуқтаро низ қайд намоем, ки пайравии «Ихвон» аз Афлотун пайравии шаклӣ ва зоҳирӣ буда, моҳиятан аз якдигар фарқ доранд. Дар ягона тадқиқоти марксистӣ дар Иттифоқи Советӣ доир ба «Ихвон-ус-сафо» асари муҳаққиқи озарӣ Закуев А. К. фалсафаи «Ихвон»-ро тақлиди ақидаҳои Афлотунӣ дониста, менависад: «Онҳо ба мисли машшоиён ақидаманданд, ки маърифат иборат аз пайдоиши образи ашёи материалӣ дар фикри инсон мебошад. Вале бо таъсири фалсафаи Афлотун доир ба олами ашёҳои ҳисшаванда ва олами идеяҳо, «Ихвон» чунин мешуморанд, ки образи он ашёҳо, ки дар олами материалӣ вуҷуд доранд, схематикӣ, тағйирёбанда буда, шакли таҳрифшудаи образҳои моҳиятҳо ва ҷавҳарҳои доимие мебошанд, ки дар олами арвоҳ ва олами идеяҳо вуҷуд доранд. Ба мисли Афлотун, «Ихвон-ус-сафо» ақида доранд, ки образҳои дар олами материалӣ дидашаванда иборат аз мусулҳо ва нишонаи образҳое мебошанд, ки дар олами арвоҳ ва идеяҳо вуҷуд доранд».

Аз ин гуфта чунин бармеояд, ки ақидаи «Ихвон» тақлиде аз ақидаи Афлотун аст. Вале чуноне, ки дар саҳифаҳои боло баён гардид, пайравии онҳо аз Афлотун эҷодкорона буда, ҳар як «идеяи» Афлотун гӯё худои мустақилест, дар сурате, ки худои «Ихвон» худои монотеистӣ буда, дорои сифати «воҳиди фарди самад» мебошад. Аз тарафи дигар, «Идеяҳои Афлотун вуҷуди ҳақиқӣ дошта, назари онҳо дар олами материалӣ аз вуҷуди ҳақиқӣ маҳруманд”, дар сурате, ки дар фалсафаи «Ихвон» идея ва назари моддии он дорои вуҷуди ҳақиқӣ мебошанд. Асари муҳаққиқи номбурда хулосае аз тадкиқотҳои донишмандони араб мебошад, ки байни солҳои 1940-1960 анҷом гирифта буданд. Вале дар олами араб баъди соли 1960 низ доир ба фалсафаи «Ихвон» тадқиқотҳое ба вуҷуд омаданд, ки бисёре аз тасаввуротҳои пешинаро доир ба фалсафаи онҳо дигаргун намуд.

Баҳси мо аксаран ба тадқиқоти Х.Мурувва такя мекунад. Зеро ӯ дар ҷаҳони муосири араб ба сифати яке аз муҳаққиқони марксист шинохта шудааст. Аз тарафи дигар, аксари муҳаққиқон ақидаҳои «Ихвон»-ро тақлиде аз фалсафаи Плотин ва навафлотуниён донистаанд. Вале чуноне, ки Ҳусейн Мурувва қайд мекунад, ин як гумон ва тахмини беҷо аст. Мисоли равшани ин фарқро мо дар масъалаи маърифат низ мушоҳида карда метавонем. Масалан Афлотун ва Плотин ҳарду маърифати ҳиссири хоҳ инкор мекунанд ва ё ин ки онро қобили эътимод намедонанд. «Ихвон-ус-сафо» бошанд, маърифати ҳиссиро ҳамчун роҳи асосӣ барои расидан ба маърифати ақлӣ меҳисобанд.

Он чӣ ба пифагориҳо дахл дорад, байни онҳо ва «Ихвон» ихтилофи ҷавҳарӣ вуҷуд дорад. Адад барои Пифагор асл ва моҳияти аввалини вуҷуд аст. Барои «Ихвон» адад як ҳодисаи мусбат буда, онро ҳакимон ба ихтиёри худ ба тартиб медароранд. Дар фалсафаи «Ихвон» бошад, адад асли вуҷуд нест. Адад дар фалсафаи онҳо ҳеҷ як маънои рӯҳонӣ надорад. Ин буд мухтасаре аз навиштаҳои муҳакқиқони муосир доир ба назарияи маърифати «Ихвон-ус-сафо». Ба ҳукми талаботи рӯзгор ақидаҳои хос ва шахсии худро баён накардаанд. Барои ҳамин ҳам назарияи дониши онҳо то як андоза маҳдуд ва ноқис аст. Сабаби ноқисӣ дар табиати сиёсии рӯзгори онҳо буд. Барои ҳамин ҳам онҳо «Рисола»-ҳои худро ба таври махфӣ дар байни мардум паҳн менамуданд.

Табиати махсуси таълимоти «Ихвон-ус-сафо»-ро ба назар гирифта, назарияи маърифати онҳоро дар дигар соҳаҳои фаъолияти онҳо санҷидан лозим аст. Зеро агар дар таълимоти онҳо ҳама чиз возеҳ, равшан, ошкоро ва барои ҳамагон мебуд, таълимоти худ ва ному насаби худро пинҳон намедоштанд. Пинҳон доштани ному насаби худ далели он аст, ки ба ақидаҳои  маъмулӣ ва расмии аҳли замон мувофиқ набудаанд.

Фаъолияти махфӣ ва ғайри ошкори «Ихвон-ус-сафо» яке аз роҳҳое буд, ки шуубиён барои расидан ба ҳадафҳои худ аз он истифода мекарданд. Метавон тасаввур кард, ки ҳатто дар мавзӯи назарияи дониш ҳам «Ихвон» озодии изҳори назар надоштаанд. Вале кӯшишҳои устувор ва зираконаи онҳо гувоҳи садоқати онҳо дар роҳи озодии андеша барои ҷомеаи худ будааст «Расоил»-и «Ихвон-ус-сафо»-ро метавон як ҳуҷҷати таърихӣ ва барномавии ҳаракати шуубия дар асрҳои миёнаи исломӣ ба шумор овард. Ин барнома ҳоло ҳам дар баъзе кишварҳои исломии муосир мавриди амал ва татбиқ аст. Чаро ки истибдоди динӣ ва сиёсӣ ҳоло ҳам монеаи асосии роҳи озодандешӣ, равшанфикрӣ ва истиқлолталабии миллӣ мебошад.

Абуҳаёни Тавҳидӣ

«Зиндиқҳои Ислом се касанд: Ибни Ровандӣ, Абуҳаёни Тавҳидӣ ва Абдулалои Мааррӣ. Ва бадтарини онҳо барои Ислом Абуҳаён аст. Зеро он ду ошкоро назари худро баён карданд. Аммо Абуҳаён ишора мекунад, вале назарашро равшан ва ошкоро баён наменамояд». (Тоҷиддин Ас-Субкӣ «Табақот аш-шофеъия». ҷилди 4, саҳ. 3. Қоҳира, бидуни таърихи чоп).

Муҳаққиқони муосир доир ба асри Абуҳаёни Тавҳидӣ бар ин назар ҳастанд, ки дар асри чаҳоруми ҳиҷрӣ мутобиқ ба асри даҳи мелодӣ шукӯҳу ҷалоли хилофати аббосӣ аз миён рафт ва ваҳдати ҳукумати исломӣ дар ҳам шикаст ва қудрату нуфузаш ба заъфу нотавонӣ гароид. Ин заъф аз ҳангоме оғоз шуд, ки эрониён бар хулафо ғолиб шуда, ба ҳукумат расиданд ва мансабҳои бузурги давлатиро ба даст оварда ва ба он ранги эронӣ доданд, то ин ки мавқеияти арабро суст ва заиф сохта ва бо онон дар забони арабӣ рақобат карда ва бо он забон шеър суруданд ва наср навиштанд ва таълиф намуданд.

Хулосаҳои ин мавзӯъ аз ин қароранд:

1. Ҷунбиши шуубӣ-миллатпарастӣ (раҳоии Эрон ва эрониён аз тасаллути сиёсии нуфузи араб) дар давраи аббосӣ шӯълавар гардид ва эрониён бартарӣ ва тафаввуқи худро бар арабҳо ошкор сохта ва онҳоро ҳаҷв намуда ва аз арзишу аҳамияти онҳо костанд. Арабҳо мутавачҷеҳи он хатар шуда, аз гӯшаю канор фарёдашон аз ин вазъ баланд шуд, чунон ки ин мавзӯъ аз ашъоре, ки Абуҳаёни Тавҳидӣ аз марде алавӣ дар Куфа аз ғафлати аббосиён нақл мекунад, ошкор аст:

«Мебинам, ки оташе рӯи теппае афрӯхта шуда ва рӯшноиву партаваш ба ҳар сӯ мерасад ва Бани Аббос аз он ғофиланд ва орому осуда хобидаанд. Ҳамон тавр, ки бани Умайя хобиданд ва ҳангоме барои дифоъ аз худ бедор шуданд, ки дигар вақти дифоъ набуд».

Ва ин абёт монанди абётест, ки Наср ибни Сайёр барои Марвон ибни Муҳаммад — охирин халифаи Уммавӣ ҳангоми шӯриши сиёҷомагони Хуросон (тарафдорони Абумуслими Хуросонӣ) фиристод.

«Равшании оташро аз зери хокистар мебинам ва назик аст, ки он оташ забона кашад, оташи боду чӯб равшан мегардад, вале шарр аз сухан оғоз мешавад, аз тааҷҷуб гуфтам: Кош медонистам, ки Бани Умайя хобанд ё бедор, агар субҳ шуда ва ҳанӯз дар хобанд, бигӯ: Бархезед, ки вақти бархостан аст».

Заъфи сиёсии хилофати Аббосӣ аз замони рӯи кор омадани Мутаваккил — 232 ҳиҷрӣ (846 мелодӣ) оғоз шуд. Зеро ӯ турконро ба худ наздик сохт ва ишонро ба эрониён бартарӣ дод.

Мутаваккил суннии мутаассиб буд, ки аз шиаён сахт бадаш меомад ва бештари эрониён шиъа буданд ва маълум аст, ки ин кори Мутаваккил чи аксуламале хоҳад дошт.

Ҳатто ба хотири Мутаваккил намегузашт, ки туркони баргузидаанд, ки ононро бар эрониён тарҷеҳ (бартарӣ) додааст, ӯро хоҳанд кушт ва қудраташро аз ӯ хоҳанд гирифт, аз ин рӯ касе аз эрониён ба ӯ кӯмак накард ва аз ӯ дифоъ нанамуд, то ин ки дар қатлаш бо писараш Мунтасир сӯйқасд намуда, ӯро дар соли 247 ҳиҷрӣ (861 мелодӣ) куштанд. Аз он вақт шӯру фитнаи туркон боло гирифт ва фармондеҳони турк дар куштани падар аз писар ва дар қатли бародар аз бародар кӯмак мегирифтанд ва хулафову валиаҳдҳо бо онҳо паймонҳои дӯстии бисёр мебастанд ва онҳоро дӯстони худ қарор медоданд, то бад-инвасила тақвият шаванд, то ин ки Бағдод аз ишон ба танг омад ва зиндагӣ дар он мушкил шуд.

Бо ин ҳама туркон барои хулафо ҷуз василаи вайронкорӣ ва бозӣ бо сарнавишт набуданд, зеро аз замоне, ки Мутаваккилро куштанд, хулафо гирифтор ва асири дасти ишон буданд ва зиндагиву ронданашон аз хилофот ва куштани ишон, бо иродаи туркон вобаста буд.

Хилофат танҳо дар гарави иродаи туркон буд, ҳамаи мардум инро медонистанд ва барои он нуктаҳо мегуфтанд. Чун Муътаз рӯи кор омад, дӯстонаш ситорашуморонро оварда, аз ишон пурсиданд, ки ӯ чи қадар дар хилофат хоҳад монд? Ва чӣ андоза умр хоҳад кард? Яке аз зарифон ки дар маҷлис буд, гуфт: Ман муддати хилофат ва умри ӯро аз ишон беҳтар медонам. Гуфтанд чи қадар аст? Гуфт ба андозае ки туркон бихоҳанд. Пас ҳамаи аҳли маҷлис хандиданд.

Дар ин қарн нуфуз ва қудрати сипоҳиёни турк боло гирифт ва ҳокимияти хулафо рӯ ба нотавонӣ ва коҳиш гузошт. Ҳокимон ва волиён чун заъфи хулафо ва истибдоди турконро дар умури ҳукумат ва сиёсат мушоҳида карданд, ба истиқлоли вилоёти таҳти тасарруфи худ тамаъ варзиданд.

Ин ҷунбишҳои ҷудоиталабӣ аз замони халифаи Розибиллоҳ ошкор шуд. Ва ӯ охирин халифае буд, ки ҳукуматро худ идора мекард ва аввалин халифае буд, ки қудрату ҳукм аз дасташ берун рафт.

2. Дар ин ҳол барои халифаи Аббосӣ ҷуз Бағдод ва тобеоти он чизе намонд. Мулоҳиза мешуд, ки ин ҳукуматҳои ҷудошуда аз як нажод нестанд, зеро Сомониён ба Бувайҳиён иронӣ, ахшедиён ва ғазнавиёни турк, ҳамдодиёну фотимиён ва уммавиён арабанд. Бидуни гумон хулафои Бани Аббос дар қарни чаҳорум танҳо шаклу сурате буданд, ки шукӯҳу ҷалоле надоштанд. Зеро рамуз ва нишонаҳои динӣ буданд, вале аз бузургӣ ва ҷалол нишоне боқӣ намонда буд.

Чун тамоми корҳо ба дасти муставлиёну ҳокимон афтод ва ҳар тавр, ки мехостанд дар корҳо дахолат мекарданд, бидуни ин ки муқайяд бари ояти манфиати кишвар ва иҷрои адолат бошанд.

Аз ин рӯ вайронӣ ва фасод шоеъ гардид ва хулафо аз замони Муқтадир (295-320 ҳиҷрӣ) (907-932 мелодӣ) аз сиёсат даст кашиданд, балки дасташонро аз сиёсат кӯтоҳ карданд ва таслими шаҳват ва ҳавасрониҳои худ гардида, корҳояшонро бо занони кох (қаср) ва навкорону ғуломон супурданд.

Меер мегӯяд: «Ҳукумати ин халифаи бадбахт яъне Муқтадир, хилофатро ба поёнтарин дараҷаи таназзулу пастӣ кашонид. Халифа дар Бағдод бозичаи дасти занон афтода, хилофат аз дохил мавриди тамасхур гашта ва аз хориҷ ҳадафи тамаъи ғоратгарон. Бағдод шаҳре буд, ки қодир набуд ҷилави ҳамлаи ғоратгаронро бигирад. Ва хилофат дар он аз ҳам пошида буд, дасисаҳо ва изтиробот даври муҳимеро дар он бозӣ мекард».

Барои халифа ҷуз мансаби исмӣ ва расмӣ чизе намонд, зеро ҳукуматҳои тобеъ (ғайр аз фотимиён) танҳо бо султаи динии халифа эътироф доштанд ва ҳадяҳое барояш мефиристонданд. Ва рӯи минбарҳо ба номаш хутба мехонданд ва барояш дуъо мекарданд.

Гуфтаи Мутеъ: «Ман чизе ғайр аз хутба надорам», сидқ мекунад. Бо ин тартиб хулафо танҳо ҷоҳу мақоми худро аз даст намедоданд, балки таъмини ҷонӣ ва итминон ба зиндагӣ низ надоштанд: зеро гоҳе аз хилофат ронда ва гоҳе зиндонӣ ва гоҳе ба бадтарин шакле кушта мешуданд.

3. Дар замони зиндагии Абуҳаён гурӯҳе аз фармондеҳон ва нависандагон ва қозиён дар соли 317 ҳаҷрӣ (930 мелодӣ) халифа Ҷаъфар ибни Аҳмади Муқтадирро аз хилофат берун намуда, хонаашро вайрон карда ва амволашро тороҷ намуданд. Ва Абдулло ибни Муътахро ба ҷои ӯ нишонданд. Вале пас аз як рӯз ва як шаб ӯро куштанд ва хилофат ба Муқтадир бозгашт, байъаташро (ҳукмашро) таҷдид карданд, то ин ки ӯро бо вазъи баде куштанд ва ҷуссаашро ба гӯшае андохтанд ва ин кор пас аз он ки Муънис — фармондеҳи кулли силоҳи турк, ӯро бекор намуда буд, анҷом гирифт. Пас аз он ба шартҳое, ки Муънис имло кард, бо Қоҳирбиллоҳ байъат шуд. Лекин чизе нагузашт, ки ӯро аз мансаб бекор намуданд ва дар чашмонаш мил кашида, вайро нобино сохта ва дар соли 322 ҳиҷрӣ (933 мелодӣ) зиндонӣ карданд. Сипас чашмони Муттақибиллоҳро мил кашида ва дар соли 333 ҳиҷрӣ (944 мелодӣ) ӯро аз хилофат хориҷ намуданд.

Давом дорад.

Advertisements
Рубрики:Комил Бекзода
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: