Главная > Иқболи САИДЗОД > Бин Лодан рафт, Лодан бини дигар меояд…

Бин Лодан рафт, Лодан бини дигар меояд…

Шайхи араб, корманди СРУ, террористи №1 ё миллиардери биёбонӣ?

Акнун баъд аз «қиссаи марги Усома бин Лодан» дар бозиҳои сиёсӣ лидери дигарро мехоҳанд «муаррифӣ» кунанд. Тибқи иттилои ахири расонаҳои хориҷӣ, кормандони Хадамоти кашшофии Амрико Анвар ал-Авлакӣ, идеологи Ал-Қоида дар нимҷазираи арабро аз байн бурда натавонистаанд, ки гӯё ӯ яке аз хатарноктарин тундгарои мазҳабӣ дар ҷаҳон будааст, ки барои ИМА ӯ метавонистааст бештар хавф эҷод кунад, на Усома бин Лодан. Ба иттилои Маркази миллии назорати зиддитеррористии ИМА, Авлакӣ бештари умрашро дар Амрико гузаронидааст ва тавони ташкил кардани амалҳои террористиро дар қаламрави Амрико доштааст. Авлакиро кӯшиши нобуд кардан намуда, бо ёрии ҳавопаймои ҳарбии беҳавонавард панҷуми май дар Яман ба як мошин, ки савораҳои ҳарбӣ дошт, оташ кушодаанд. Аз ин оташкушоӣ бародарон Мусаид ва Абдуллои Муборак — роҳбарони маҳаллии дараҷаи миёнаи шабакаи Ал Қоида ҳалок шудаанд. Вале Авлакӣ дар ин мошин набудааст. Авлакиро дар куштори зиёди одамони базаи ҳарбии Техас ҳамдаст медонанд.  

Бори 6-ум аст, ки Бин Лодан кушта мешавад

Дар бораи марги Бин Лодан гумону шубҳаҳо ҳам вуҷуд дорад, ки ӯ оё воқеан кушта шудааст ё ин дафъа низ мисли гузашта кушта шудани ӯ беасос аст? Вале ин маротиба Хадамоти кашшофии Амрико ва нерӯҳои интизомии Покистон далелҳои зиёдеро пешкаш карда истодаанд, ки гӯё кушта шудани ӯро исбот кардааст. Онҳо аз номи хонаводаи Бин Лодан, занаш, духтараш ва пайравонаш далелҳо овардаанд, ки Усома воқеан ба ҳалокат расидааст ва шабакаи Ал Қоида мехоҳад ҷойгузине барои роҳбарии оянда интихоб намояд.

Нерӯҳои интизомии Амрико метавонистанд, ки Усома бини Лоданро зинда дастгир намоянд, аммо ӯ кушта шудааст. Ин гуна иттиллоъро хадамоти интизомии Покистон баъди сӯҳбат бо духтари Усома бини Лодан дар ихтиёри  расонаҳо гузоштаанд. Бино ба иттиллои расонаҳо, Сафия — духтари Усома тақрибан 12 ё 13 сол дошта, бо чашми сар амалиёти нерӯҳои интизомии Амрикоро дидааст. Рӯзномаи «The Daily Telegraph» бо такя ба суханони духтарони Усома бини Лодан навиштааст, ки низомиёни Амрико ба хона ворид шудаву пас аз лаҳзае падараш дар пеши чашми духтараш кушта мешавад. Гуфта мешавад, ки низомиёни амрикоӣ як фарзанди Усома бин Лоданро бо худ бурдаанд. Дар ҳамин ҳол зимни амалиёт ба сӯи кӯдакон ва афроди дигари дар хона буда оташ кушода нашудааст. Ҳамчунин иттиллоъ дода мешавад, ки замони гузаронидани амалиёт  Усома бин Лодан бидуни яроқ будааст. Хадамоти интизомии Покистон гуфтаанд, ки  ҳамсари Усома  бин Лодан ва чанд нафар хешовандонаш барои бозпурсӣ даъват шудаанд. Кохи Сафед эълон кардааст, ки аксҳои Усома бини Лодан мунташир намегарданд, зеро нашри он  барои амнияти ҷомеаи ҷаҳонӣ хатарнок дониста шудааст.

Бино ба иттиллои агентии «Рейтер», мақомоти қудратии Покистон се нафар ҳамсар ва чанд нафар хешовандони Усома бин Лоданро худашон мустақилона бозпурсӣ менамоянд. Ин хабаргузорӣ афзудааст, ки нерӯҳои покистонӣ ба мақомоти қудратии Амрико иҷозаи бозпурсии ин афродро надодаанд. Мавриди зикр аст, ки баъди кушта шудани Усома бини Лодан байни низомиёни Покистону Афғонистон муноқишаҳои лафзӣ сурат гирифтааст. Аз ҷумла ҷониби Амрико Покистонро барои пинҳон доштани ҷойи Усома бин Лодан айбдор медонад. Иттиҳоме, ки Покистон онро ба гардан гирифтан намехоҳад.

Гурӯҳи нозири Амрико бо номи SITE ё Ҷомеаи иттилооту фановарӣ ва омӯзишии Амрико дар гузориши худ гуфтааст, ки Ал Қоида дар як сомонаи ҷиҳодӣ марги Усома бин Лодан — раҳбари худро таъйид кардааст. Дар ин гузориш, ки аз номи Ал Қоида чоп шудааст, ҳамчунин омадааст, ки дар ояндаи наздик садои бин Лодан низ нашр хоҳад шуд, садое, ки чанд ҳафта пеш аз маргаш сабт шуда буд. Ин изҳорот дар ҳоле нашр шудааст, ки нерӯҳои вижаи Амрико дар Абботободи Покистон дар як амалиёти вижа бин Лоданро ба қатл расонданд. Ҳамзамон рӯзи ҷумъа дар Абботобод садҳо нафар бар зидди куштори бин Лодан дар шаҳри Кветта эътироз карданд. Дар Қоҳираи Миср низ тазоҳурот баргузор шуд.

Гумонҳо дар марги Усома бин Лодан

Ҳарчанд мақомоти Вашингтон мегӯянд марги бин Лодан ҷои шубҳа надорад, аммо пахш нашудани шаҳодати эътимоднок аз ҳалокати марде, ки солҳо шикораш мекарданд ва чеҳрааш ба ҳама ошност, нобоварӣ ва тавтеаҳоро дар атрофи ҳалокати ӯ афзун кардааст. Ҳоло Вашингтон дар вазъияти бисёр душвор қарор гирифтааст, ки чӣ гуна нобовариҳоро ба марги террористи рақами аввал мутақоид кунад. Вале гумону нобоварӣ ва эътирозҳо аз ҳама бештар дар Аббатободи Покистон, макони амалиёти муваффақи нерӯҳои Амрико дар нобуд кардани Усома бин Лодан мушоҳида мешавад. Сокинони ин минтақаи бисёр орому осоишта, ки дар қисмати шимоли Исломобод воқеъ шудааст, ба достони Вашингтон эътимод надоранд.

Расонаҳо дар Аббатобод сабаби ин беэътимодиро ин гуна шарҳ додаанд, ки мардум наметавонанд ба ин содагӣ бовар кунанд, ки Усома дар ин ҷо кушта шудааст. Онҳо мегӯянд Аббатобод маркази низомиёни Покистон аст ва чӣ гуна ӯ метавонист дар ин ҷо паноҳ барад? ӯ дар феҳристи аввали афроди мавриди ҷустуҷӯи артиши Покистон қарор дошт, баъд чӣ тавр ӯ метавонист дар ин минтақа, махсусан шаҳри Билол пинҳон шавад, ки дар ҳамсоягии Академияи низомии Покистон аст?

Мардум мегӯянд, ки агар аскарони амрикоӣ Усома бин Лоданро кушта бошанд, пас чаро тасвиру аксҳо пешниҳод намешаванд? Мо ниёз ба исбот дорем, арз доштаанд онҳо. Аксари одамон таҳаввулоти ахирро хушунат дар атрофи Аббатобод арзёбӣ мекунанд, ки дар гузашта яке аз шаҳрҳои осоишта буд.

Дар ҳоли набудани тасвирҳо тавтеаву овозаҳо рӯз то рӯз бештар мешаванд. Баъзе аз бошандагони ин минтақа мегӯянд, ки ин таҳаввулот, аз саркашӣ то дар баҳр гӯронидани бин Лодан саҳнасозие беш нест. Мардум суол мегузоранд, ки чаро амрикоиҳо ба зудӣ аз ҷасади бин Лодан халос шуданд, дар ҳоле, ки бо ин ҳама сахтӣ ӯро ба даст оварданд? Онҳо чиро пинҳон мекунанд?

Баъзе сокинони дигар дар ҳангомасозӣ фаротар мераванд. Муфтӣ Кифоятуллоҳ, узви маҷлиси маҳалии вилояти Хайбар — Пахтунхуа ба расонаҳо гуфтааст, ба эътиқоди ӯ Усома бин Лодан дар ҷойи дигар кушта шуда, баъдан ҷасадаш бо ҳадафҳои печидае ба Аббатобод интиқол ёфтааст. «Тамоми достон сохтаву бофтааст. ӯро дар ҷои дигар кушта сипас ба маҳалли осоиштаи Аббатобод овардаанд, яъне эҳтимол дорад ҳавопаймоҳои бесарнишини Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ин маҳалро мавриди ҳуҷум қарор диҳанд. Бовар намекунам, ки амалиёт аз ибтидо дар Абботобод анҷом шуда бошад. Артиши Покистон бо фишори Амрико ӯро дар ҷои дигар боздошт кардааст ва бо ташкили як амалиёти бофта аз шаҳодати ӯ гузориш додаст»,- меафзояд ӯ.

Мавҷи эътирозҳо, ки ба таври густурда дар телевизиони Покистон намоиш дода мешаванд, мақомоти Амрикоро, ки марги бин Лоданро як пешрафти муассири ҷанг бо терроризм унвон кардаанд, дар мавқеияти дифоъ қарор додааст. Фиристодаи Амрико дар минтақа Марк Гроссман пас аз мулоқот бо мақомоти Покистону Афғонистон дар Исломобод ба матбуоти маҳаллӣ гуфтааст: «Шумо ҳар қадар дилатон мехоҳад, ҳангомаву эътироз кунед, ӯ мурда аст. Ин хабари хуб аст».

Мақомоти Вашингтон мегӯянд, ки дар заминаи собит кардани марги бин Лодан ҳам аз ҳуҷҷатҳои қонунӣ ва шиносоии чеҳраи ӯ бархӯрдор ҳастанд. Мақомот ҳанӯз аз оғози марги Усома хабар доданд, ки намунаҳои гирифта шуда аз бадани бин Лодан ҳуввияти ӯро собит кардаанд ва чеҳраи ӯ низ аз тарафи мутахассисон  шиносоӣ шудааст.

Аз сӯи дигар, то ҳол Вашингтон дар пахши ҳуҷҷатҳои мавҷуда худдорӣ кардааст. Ин худдорӣ ба гуфтаи коршиносон аз баҳсҳои доғи Вашингтон маншаъ мегиранд, ки оё тасвирҳоро ба маърази тамошо бигзоранд ё не. Ҷонибдорони пахши аксҳо, аз ҷумла намояндаи Амрико Леон Паннета пахши тасвирҳоро зарур мешуморад. Аммо интиқодгарони намоиши ҷасади бин Лодан мегӯянд, ки ин амал метавонад мусулмонҳоро ба хашм орад ва тундгароиро афзоиш бидиҳад. Дар ҳоле, ки иддае аз коршиносон чунин мешуморанд, ки аксари мусулмонон ҷонибдории ӯро намекарданд. Пажӯҳишгар ва рӯзноманигор Ҳошим Холзода бар ин назар аст, ки зарари Ал Қоида ва пайравони маҳаллиаш беш аз он ки ба қудратҳои ғарбӣ расида бошад, барои кишварҳо ва миллатҳои сокин дар қаламрави ҷаҳони ислом дардисарсоз будааст. Ғарбиҳо бо баҳонаи вуҷуди бин Лодан ва Толибон ба Афғонистон ва Ироқ лашкаркашӣ карданд. Дар ин ҷанги ба таъбири Буш ва Путин «салибӣ» садҳо ҳазор нафар мусулмон куштаву миллионҳо нафар овораву бехонумон гаштаанд.

Далелҳои нав дар бораи марги таррористи №1

Бо гузашти чанд рӯз аз амалиёти нерӯҳои вижаи Амрико дар хоки Покистон, ҷузъиёти ҳарчи бештаре дар бораи ин амалиёт дастрас мешавад. Мақомоти Амрикову Покистон рӯз ба рӯз тафсилоти наверо дар ихтиёри мардум мегузоранд, ки манзараи амалиёти қатли бин Лоданро рӯшантар мекунад.

Мақомоти Амрико акнун эътироф мекунанд, ки манзили Усома бин Лоданро дар Аббатободи Покистон аз як манзили амни наздик, ки ба CIA ё СРУ, Агентии марказии иктишофии Амрико тааллуқ дошт, таҳти назорат доштанд ва ҳамин назорат дар натиҷа роҳи амалиёти қатли раҳбари Ал-Қоида дар таърихи дуюми майро ҳамвор кардааст. Рӯзномаҳои амрикоии «New York Times» ва «Washington Post» аз қавли як мақоми ин кишвар навиштанд, ки СРУ дар пайи маълум шудани макони бин Лодан дар моҳи августи соли гузашта як манзилро дар Аббатобод дар наздикии ин паноҳгоҳ иҷора гирифтааст.

Бино бар ин гузоришҳо, афсарони CРУ тайи чандин моҳ аз ин ҳавлии иҷора манзили раҳбари фирории шабакаи Ал-Қоидаро назорат мекарданд ва акси он сокинони маҳаллӣ ё меҳмононеро, ки ба ин хона равуо доштанд, мегирифтанд. Ин манзили иҷора ба чунон пойгоҳи бузурги иктишофӣ табдил ёфта буд, ки CIA ҳатто аз Конгресси Амрико барои нигоҳдориаш даҳҳо миллион доллар хостааст. Шишаҳои тирезаҳои ин манзил чунон оинабандӣ шуда буд, ки афсарони CРУ бидуни кадом бими маълум шудани ҳаракатҳои онҳо аз берун, ба хотири назорати манзили бин Лодан аз камераҳои видеоиву дастгоҳҳои аккосӣ истифода мебурдаанд. Маъмурони иктишофии Амрико ба хотири шунидани сӯҳбатҳои дохили манзили раҳбари Ал-Қоида ва сабти гуфтугӯҳои телефонии аҳли он хона, таҷҳизоти ҳассоси гӯшкунанда низ бо худ дошта, нақбҳои эҳтимолие, ки бин Лодан ва ёронаш битавонанд тавассути онҳо аз манзил фирор кунанд, тавассути моҳвора ҷустуҷӯ мешудааст.

Покистон худро дар назди Амрико «сафед» карданист

Мақомоти низомии Покистон бо нашри як баёнияи хашмолуд бори нахуст ба амалиёти махфии Амрико вокуниш карданд. Ин баёния, ки дар пайи нишасти 12 генерали Покистон бо фармондеҳи артиш Ашфақ Каёнӣ нашр шуд, то ҳадди ақал коҳиш додани шумори нерӯҳои Амрико дар Покистонро талаб мекунад. Генералҳои Покистон ҳамчунин таҳдид кардаанд, ки Исломобод дар сурати роҳандозии чунин ҳамлаи якҷониба дар қаламраваш, ҳамкории худ бо Амрикоро дар набард алайҳи терроризм қатъ хоҳад кард. Ашфақ Каёнӣ оғози таҳқиқотеро эълон кард, ки бояд «чигуна бидуни хабардор шудани нерӯҳои Покистон ба чунин умқи қаламрави кишвар — ҳатто то ҳамагӣ 50-километрии пойтахташ Исломобод дарун рафтани аскарони амрикоӣ»-ро таҳқиқ кунад.

Як далели чунин сурат гирифтани кор ифшои боз як ҷузъиёти дигар аст, ки мегӯянд дар амалиёти қатли бин Лодан аз чархболҳои хеле махфӣ ва то кунун диданашудаи нерӯҳои вижаи Амрико, ки ягон радар онҳоро гирифта наметавонад, истифода шудааст. Яке аз ин чор чархбол ҳангоми фуруд дар ҳавлии қалъамонанди бин Лодан дар Аббатобод ба далели фаннӣ аз кор монд ва нерӯҳои амрикоӣ худ онро хароб карданд, то барои ташхиси махсусиятҳо ва тавоноиҳои ин чархбол ба мутахассисони ғайр шоҳиде боқӣ намонад.

Исломобод тайи 4 сол сарусадоҳо дар бораи имкони дар Покистон паноҳ бурдани раҳбари Ал-Қоидаро башиддат рад мекард. Дар баёнияи ахири низомиҳои Покистон эҳсоси камбудӣ дар иттилооти иктишофӣ перомуни ҳузури Усома бин Лодан дар хоки Покистонро дорад, вале онҳо мегӯянд, ISI, Хадамоти кашфи Покистон бо ҳамкории CРУ ё мустақилона ҳудуди 100 узви Ал-Қоида ва ёрони ин шабакаро нобуд кардааст.

Кашфи манзили бин Лодан дар Покистон ва он ҳам дар наздикии Академияи низомии ин кишвар ва манзили бисёре аз генералҳои мустаъфии покистонӣ боиси хашми бисёре аз амрикоиҳо шудааст, ки мегӯянд мақомоти Исломобод ҳадафмандона ба раҳбари Ал-Қоида дар хоки худ паноҳ додаанд ва аз ҳамкории худ дар ҷанг алайҳи террор фақат лоф мезаданд. Аммо Салмон Башир, дабири Вазорати хориҷаи Покистон ин иддаоро рад мекунад ва мегӯяд: «Осон аст гуфтан, ки Хадамоти кашфи Покистон ва бархе афрод дар дохили давлат бо Ал-Қоида шарик буданд. Ин фарзияи дурӯғ аст».

Ахиран Барак Обама, президенти Амрико аз Покистон хостааст дар мавриди шабакае, ки мумкин аст аз бин Лодан ҳимоят карда бошад, таҳқиқ кунад. Вай гуфтааст: «Мо ба ин боварем, ки шабакае дар Покистон вуҷуд дошта, ки аз Усома бин Лодан ҳимоят мекард.

Ҳамчунин Вазорати дифои Амрико ё Пентагон панҷ навори видеоӣ аз бойгонии Усома бин Лоданро нашр кардааст. Ба гуфтаи масъулини хадамоти кашфи Амрико, бойгонии мусодирашудаи Усома бин Лодан баёнгари он аст, ки манзили ӯ дар Абботобод ситоди марказӣ буд ва назорати стратегиву фаврии Ал-Қоида аз он ҷо сурат мегирифт. Дар яке аз онҳо паёми видеоии раҳбари Ал-Қоида ба ҷонибдоронаш сабт шудааст. Худи Усома бин Лодан, маъруф ба «террористи рақами аввал», дар баробари телевизион нишаста, тасвири худро дар шабакаҳои хабарии ҷаҳонӣ мушоҳида мекунад. Ин наворҳо бозгӯи он аст, ки Усома бин Лодан дар маҳали иқомати худ компютер низ доштааст, агарчи ба гуфтаи мақомоти амрикоӣ вай аз интернет ё телефон бархӯрдор набудааст.

Ҳамзамон даъвоҳои қасосгирӣ аз ҷониби пайравони бин Лодан дар расонаҳои хабарӣ шунида мешавад. Бино ба гузориши Ассошиейтед-Пресс, сухангӯи Вазорати умури дохилии Афғонистон 8-уми майи соли ҷорӣ эълон кардааст, ки даргириҳо миёни нерӯҳои давлатӣ ва гурӯҳи Толибон дар Қандаҳор аз нав идома пайдо кардааст. Агарчи намояндаи Толибон ин ҳамлаҳоро бахше аз амалиёти густурдаи баҳории ин гурӯҳ хондааст, аммо Ҳомиди Карзай, раиси ҷумҳурии Афғонистон дар баёнияе эълон кардааст, ки ин иқдомот барои интиқом аз марги Усома бин Лодан, раҳбари Ал-Қоида сурат гирифтааст.

Тоҷикистон ва баҳси Лодан

Бар асоси иттилои сафорати Тоҷикистон дар Покистон, сафир Зубайдулло Зубайдов панҷуми май дар Исломобод бо Раҳмон Малик, вазири корҳои дохилии Покистон дидору гуфтугӯ кардааст. Дар ин мулоқот тарафҳо дар бораи густариши ҳамкориҳои ду кишвар дар бахши мубориза бо терроризм ва ҷиноёти созмонёфтаи фаромиллӣ сӯҳбат кардаанд. Бар асоси баёнияи Вазорати корҳои дохилии Покистон, ин мулоқот дар фазои дӯстона анҷом ёфтааст. Дар ин баёния омадааст, сафири Тоҷикистон дар Покистон таъкид кардааст, ки кишвараш ба ҳамкориҳо бо Покистон аҳамияти махсус қоил буда, ба густариши ҳамкориҳо алоқаманд аст.

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдов, сафири Тоҷикистон дар Покистон бо вазири умури дохилии он кишвар дар ҳоле баргузор мешавад, ки чанд рӯз қабл расонаҳо дар бораи ҳушдорҳои мақомоти Тоҷикистон ба Амрико дар заминаи пуштибонии Усома бин Лодан аз сӯйи бархе мақомоти покистонӣ гузориш дода буданд. Дар як номаи маҳрамонаи сафорати Амрико дар Тоҷикистон аз таърихи 11-уми декабри соли 2009, ки Викиликс онро рӯзи 2-юми май мунташир кард, омадааст, ки генерал Абдулло Назаров, муовини собиқи раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ба дипломати амрикоӣ дар ин бора ҳушдор додааст. Назаров аз ҷумла гуфтааст: «Ҳар гоҳе, ки нерӯҳои амниятӣ мехоҳанд амалиёте алайҳи Усома бин Лодан анҷом диҳанд, душман дар бораи наздик шудани онҳо аз нерӯҳои амниятии Покистон иттилоъ дарёфт мекунад».

Ба гуфтаи сафири Тоҷикистон дар Исломобод, дар мулоқоти рӯзи панҷшанбеи ӯ бо Раҳмон Малик вазъияти худи Покистон баррасӣ шудааст. Оқои Зубайдов афзуд, ки дар рӯзҳои наздик сафари вазири корҳои дохилии Тоҷикистон ба Покистон дар назар гирифта шудааст. Зубайдов таъкид кард, ки пас аз сафари як моҳ қабли раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ба Покистон ҳамкориҳои дуҷонибаи кишварҳо тавсеъа пайдо кардааст. Бо афзоиши нигарониҳо дар мавриди эҳтимоли зиёд шудани фаъолияти гурӯҳҳои терористӣ дар Афғонистон пас аз хурӯҷи нерӯҳои НАТО аз ин кишвар, президенти Тоҷикистон ва мақомоти дигари баландпояи ҷумҳурӣ дар ин сафар бо ҳамтоёни худ масоили марбут ба тақвияти ҳамкориҳои ду кишвар дар мубориза бо терроризмро баррасӣ карда буд.

Абдулло Назаров ва «афсонаи паноҳанда шудани Усома дар Бадахшон»

Ахиран расонаҳои хориҷӣ хабар доданд, ки гӯё Усома зинда ва дар Бадахшон ба сар мебурдааст. Аммо коршиносони дохилӣ ин тахминҳоро ба ноамн сохтани ин минтақаи Тоҷикистон рабт дода, гуфтаанд, ки бо ин баҳона қудратҳои сиёсӣ «миссияро аз як макон ба макони дигар» кӯчонидан мехоҳанд. Комёб Ҷалилов, коршиноси масоили амниятӣ гуфт, ки Усома барои Тоҷикистон таҳдид ба ҳисоб мерафт.

— Ҳаракати исломии ӯзбекистон, Толибон ва дигар ташкилотҳои радикалӣ аз тарафи гурӯҳҳои муайяни ба Ал Қоида наздик идора ва роҳбарӣ мешаванд, маблағгузорӣ мешаванд ва агар лозим ояд, баъдан барои Тоҷикистон, ӯзбекистон ва дигар кишварҳо нақша мекашанд ё таҳдид мекунанд. Дар асл ин бозиҳои сиёсӣ аст, ки дар ин бора худи бозингарон ҳарф намезананд ва ҳамаашон медонанд, ки кӣ бо кӣ ва чӣ тавр бозӣ мекунад. Мо як роҳ дорем, бояд муттаҳид шавем ва кӯшиш кунем, ки моро ҳамчун бозича истифода карда натавонанд,- мегӯяд ӯ.

Ин дар ҳолест, ки генерал Абдулло Назаров ду сол пеш ба масъулони сафорати Амрико дар бораи ҳимояти нерӯҳои амниятии Покистон аз Усома бин Лодан ҳушдор додааст. Сайти Викиликс як номаи маҳрамонаи сафорати Амрико дар Душанберо интишор дода, ки аз ҳушдори Тоҷикистон дар мавриди ҳимояти унсурҳое аз нерӯҳои амниятии Покистон аз Усома бин Лодан ҳикоят мекунад. Номаи маҳрамонаи сафорати Амрико ба мақомоти он кишвар дар Вашингтон як рӯз пас аз кушта шудани раҳбари шабакаи Ал Қоида дар сайти Викиликс мунташир шудааст. Бар асоси ин нома, мавзӯи хатари терроризм дар минтақа дар дидори 11-уми декабри соли 2009 миёни Абдулло Назаров, муовини вақти раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ва масъули бахши сиёсӣ ва иқтисодии сафорати Амрико дар Душанбе матраҳ шудааст. Дар ин нома омадааст, ки ин мулоқот қабл аз таҳияи гузориши солонаи Вазорати корҳои хориҷии Амрико дар бораи вазъияти мубориза алайҳи терроризм дар ҷаҳон баргузор шуда, масъули сафорат вазъи анмиятии кишварро бо ин мақоми амниятии Тоҷикистон баррасӣ кардааст. Дар ин сӯҳбат генерал Абдулло Назаров аз ҷумла гуфтааст, ки аъзои созмонҳои терористӣ, назири Ал Қоида, Ҷунбиши Исломии ӯзбекистон ва Иттиҳоди Ҷиҳоди Исломӣ дар кишварҳои зиёде, аз ҷумла дар Тоҷикистон фаъолият доранд. Вай ҳамчунин афзудааст, ки агар кишварҳои дигар аз гурӯҳҳои террористӣ бо ҳадафҳои геополитикии худ истифода намекарданд, ин созмонҳо хеле пеш нобуд мешуданд. Назаров ба дипломати амрикоӣ гуфтааст: «Маслан, Усома бин Лодан дар Покистон як одами аз назарҳо пинҳон нест ва бисёриҳо дар бораи макони буду боши вай дар Вазиристони Шимолӣ хабар доранд, аммо ҳар гоҳе, ки нерӯҳои амниятӣ мехоҳанд амалиёте алайҳи ӯ анҷом бидиҳанд, душман дар бораи наздик шудани онҳо аз нерӯҳои амниятӣ иттилоъ дарёфт мекунад». Назаров ин суханонро дар назароташ дар бораи авзоъи амниятии минтақа ва Тоҷикистон иброз доштааст. Вале акнун, бо кушта шудани Усома бин Лодан, бархе аз расонаҳои ғарбӣ ба мӯҳтавои суханони ӯ дар номаи маҳрамонаи сафорати Амрико таваҷҷӯҳ кардаанд. Тибқи ин санади маҳрамона, Абдулло Назаров ҳамчунин ба ҳамкории Русия бо гурӯҳҳои террористӣ ишора карда, аз ҷумла гуфтааст, ки дар солҳои 2001 ва 2002 гурӯҳҳои террористӣ бо кӯмаки русҳо аз қаламрави Тоҷикистон ба ӯзбекистон убур кардаанд. Тибқи навиштаи Викиликс, Абдулло Назаров сипас ба таври кинояомез ин суолро кардааст: «Ин гурӯҳҳо муҳимоти ҷангиро аз куҷо мегиранд?». Вай афзудааст, ки дар яке аз ҳамоишҳои гурӯҳи Шангхай мақомоти тоҷик аз ҳамтоёни руси худ пурсидаанд, ки чи гуна террористони шинохташуда тавассути фурӯдгоҳҳои Домодедово ва Шереметево ба Тоҷикистон сафар кардаанд?

Гуфта шудааст, ки мақоми амниятии Тоҷикистон дар бораи посухи русҳо ба ин савол чизе нагуфтааст. Аммо ӯ ба дипломати амрикоӣ гуфтааст, ки ҳудуди даҳ нафар, дар баробари шомил буданашон ба феҳристи афроди мавриди таъқиби Русия тавонистаанд аз шаҳрҳои Санкт-Петербург ва Тюмени Русия дар замони даргириҳои Тавилдара дар ду сол пеш ба Душанбе парвоз кунанд. Назаров дар бораи амалиёти нерӯҳои давлатӣ дар Тавилдара дар тобистони соли 2009 низ иттилоъ дода, гуфтааст, ки дар ин даргириҳо аъзои гурӯҳҳои террористии байналмилалӣ, ки дар миёни онҳо кореиҳо, тоторҳо, чеченҳо ва доғистониҳо низ шиносоӣ шудаанд, ширкат доштанд. Вай ҳамчунин ба дипломати амрикоӣ хабар додааст, ки дар замони даргириҳои Тавилдара Тоҳир Юлдошев, раҳбари Ҷунбиши Исломии ӯзбекистон панҷ нафарро барои кӯмак ба пайкорҷӯёни мухолифи Тоҷикистон ба Тавилдара фиристода, вале нерӯҳои давлатӣ онҳоро дар ноҳияи Дарвоз дастгир кардаанд. Ба гуфтаи Абдулло  Назаров, ин афрод қасд доштанд дар наздикии сафорати Амрико дар Душанбе ва дар пули иртиботии воқеъ дар Панҷи Поён, ки тавассути Амрико бунёд шудааст ва  бузургтарин пули иртиботии миёни Тоҷикистон ва Афғонистон аст, инфиҷорҳое анҷом диҳанд.

6 соли бидуни офтоби

хонаводаи Усома

Ба гуфтаи як мақоми иктишофии Покистон Амал Аҳмад Абдулфаттоҳ, ҳамсари ямании бин Лодан ҳангоми бозпурсӣ иқрор кардааст, ки ӯ дар ин манзил бидуни хурӯҷ аз қабатҳои болоӣ 6 солро бар сар бурдааст. Амал Абдулфаттоҳ ва ду ҳамсари дигари бин Лодан дар пайи амалиёти нерӯҳои Амрико дастгир шуда, феълан дар Покистон бозпурсӣ мешаванд. Интизор меравад бозҷӯии ҳамсаронаш парда аз рӯи шеваи зиндагии бин Лодан дар ин манзил ва чигуна амон монданаш дар тӯли ин ҳама солро бардорад.

Мақомоти Покистон аз қавли занону кӯдакони раҳбари Ал-Қоида мегӯянд, ки бин Лодан ва ёронаш дар пайи вуруди нирӯҳои вижаи Амрико ягон муқовимати ҷиддӣ нишон надоданд ва аз ҷумла ба далели болояшон андохтани норинҷакҳои гиҷкунанда ҳаракати номақбул накардаанд. Мақомоти покистонӣ аз ин манзил ҳамагӣ як автомати Калашников ва як туфангча пайдо кардаанд ва ҳам шоҳиде, ки гувоҳи холӣ шудани ҳамагӣ як тир аз ин туфанг мебошад.

Ин дар ҳолест, ки мақомоти амрикоӣ акнун мегӯянд, яке аз 4 тани кушташуда дар амалиёти рӯзи 2-юми май дар Аббатобод мусаллаҳ буд ва алайҳи нерӯҳои Амрико тирандозӣ кардааст. Ба гуфтаи ин мақомот, яке аз кушташудаҳо писари бин Лодан ва якеи дигар қосиди мӯътамадтарини ӯ Абӯаҳмад ал-Кувайтӣ будааст, ки ҳамсояҳо ӯро бо номи ҷаълии Аршадхон ва сарвари хонаводаи сокин дар ин манзил мешинохтанд. Мақомоти Амрико ба «New York Times» гуфтаанд, ки маълумоти бадастомада аз аснод ва компютери ёфтшуда дар манзили бин Лодан гувоҳӣ аз он аст, ки ӯ аз инҷо дар тӯли солҳо ба ҳамлаҳои Ал-Қоида раҳбарӣ мекард ва аз ҷумла қасд дошт, ки имсол, дар солгарди даҳуми ҳамлаҳои 11-уми сентябр дар роҳҳои оҳани Амрико ҳамлаи ҷадид анҷом диҳад.

Зиндагии мармузи Бин Лодан

Яке мегӯяд, ки Усома бин Лодан миллиардери Суадӣ буд ва ҳисси озодихоҳиаш боло гирифт, ки алайҳи хиёнатҳои яҳудиён ба ислом эътироз кард ва то охири умр мубориза бурд. Баъзе бар ин бовар буданд, ки ин сохтаву бофтаи хадамоти ҷосусии кишварҳои абарқудрат буд, ки бо баҳонаи таъқиби ӯ дигар кишварҳоро бе ягон асос ғасб мекарданд. Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода дар як сӯҳбат гуфтааст, ки Усома дар Тоҷикистон ҳеҷ пайраве надорад, вале дар дунёи ислом чаро дорад, зеро барои як гурӯҳи мардум агар вай террорист буд, барои тоифаи дигар озодихоҳ ва мубориз бар зидди истилои империализм буд.

Ҳамчунин гуфта мешавад, ки ӯ фарзанди яке аз шайхони маъруфи араб будааст, ки дар Арабистони Саудӣ падараш шаҳрҳо бунёд кардааст. Аммо Усома чунон пойбанди мазҳабаш будааст, ки ҳатто боре ба рӯи зани бародаронаш нигоҳ накардааст. Рӯзи таваллуди ӯ маълум нест. Дар сарчашмаҳо 28-уми июн, 10-уми март ва 30-юми июл нишон дода шудааст. Соли ба дунё омаданашро 1955-56 ва 57 тахмин задаанд. Падари вай Муҳаммад бин Лодан соҳибкори сарватманди саудии яманитабор будааст.

Аз сӯи дигар, боз Ал Қоидаи таъсисдодаи Усома роҳбар мекобад ва коршиносоне ҳастанд, ки мегӯянд, ин бозии қудратҳост ва ҳар вақт хоҳанд месозанд ва дар сурати нодаркор шудан мекушанд. Ҳоло дар оянда маълум хоҳад шуд, ки бин Лодан мурдааст ё зинда ва ҷои ӯро боз ба кӣ медиҳанд, то миссияву нақшаҳои нави қудратҳо амалӣ гардад.

 

Иқболи САИДЗОД,

БМСТЖ

  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: