Главная > Uncategorized > Олимов, шестернаро баргардонед!!

Олимов, шестернаро баргардонед!!

Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба таваҷҷӯҳи раиси Вилояти Суғд

Ба таваҷҷӯҳи раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба таваҷҷӯҳи раиси ноҳияи Истаравшан

 Ба маълумоти Шумо мерасонем, ки як-ду сол инҷониб арзу доди саҳмдорони хоҷагии деҳқонии «Сармисолиқ»-и Ҷамоати деҳоти Нофороҷ, ноҳияи Истаравшанро касе гӯш намекунад. Агар гӯш кунанд ҳам, баррасӣ намекунанд. Гап дар сари он аст, ки то соли 2006-ум хоҷагии мо хоҷагии иҷоравии «Сармисолиқ» тобеи хоҷагии давлатии «Истаравшан» буд. Он солҳо роҳбари хоҷагиро таъин мекарданд, на интихоб.

Олимов Нозим яке аз чунин шахсонест, ки бо кӯмаки хешу табор ва доираи хурди ёру ошноҳояш соли 2002 раиси хоҷагии идоравии «Сармисолиқ» таъин карда шуд. Дар ҳоле ки 80%-и коргарони фаъоли деҳа розӣ набуданд ва ба ҳукумати ҳамонвақтаи шаҳри Истаравшан шифоҳию хаттӣ шикоят карда буданд, лекин шикоятҳо беасос дониста шуданд. Ҳамон замонҳо собиқ директори мактаби деҳа яке аз фаъолони деҳа Азимов Бозор, ки ҳоло мактаб ба номи ӯ гузошта шудааст, гуфта буд: «Хайр ин бачаро (Олимовро дар назар дошт) раис таъин кардетон-ку, оқибаташро мебинитон, зинда бошам мебинам, агар мурам арвоҳам мебинад. Шумо баъд афсӯс мехӯред. Ин бача деҳаро ба балои бад гирифтор мекунад, ҷудоӣ андохта, одамонро ба гурӯҳбозӣ, хешу таборчигӣ гирифтор намуда, дар хоҷагӣ аз дасти ин бача сӯзан намемонад. Дар афкори ин бача аз ободгарӣ, инсондӯстӣ нишонае нест. Ҳамаи шумоён шогирди ман ҳастед. Аз ин лиҳоз, ман ба ҳар яки шумо баҳогузорӣ карда метавонам». Аз байн 9 сол гузашту гуфтаҳои Устод Азимов Бозор исботи худро ёфт. Муаллим Азимов Б. соли 2005 аз олам чашм пӯшиданд.

Мехостем аз фаъолияти хубию бадии раис Олимов Нозим лаҳзаҳоеро рӯйи коғаз орем. Пас аз солҳои 2005 Олимов Нозим ба айшу ишрат дода шуд. Ба ғасб кардани моликияти ҷамъиятӣ сар кард. Бо баҳонаи андози хоҷагӣ ба шӯъбаи корхонаи ғаллақабулкунии шаҳри Истаравшан 10 тонна гандумро аз анбори хоҷагӣ бор карда ба шаҳр равон кардем. Шоҳидони воқеа Очилов Ҷ., Таҳмонов Ҳ. ва Мадалиев У. буданд. Шоҳидони воқеа аз он хурсанд будем, ки барои озуқавории шаҳр каме бошад ҳам, ҳиссагузорӣ кардем. Пас аз се моҳ миш-миш паҳн шуд, ки Олимов Нозим ин ғалларо дар бозори Истаравшан ба пули нақд фурӯхта, барои айшу ишрат ба соҳили баҳр ба шаҳри Қайроққум ба мӯҳлати 15 рӯз истироҳат рафтааст. Ана инро “устокорӣ”-и Олимов Н. мегӯянд.

Дар соли 2006-ум бе розигии саҳмдорони хоҷагӣ, бе қарори Раиси шаҳри Истаравшан пинҳонӣ аз саҳмдорон, бо баҳонаи ҳабси амвол ба тариқи музояда роҳу риштаашро ёфта як трактори Т-4 («Алтай») ба 900 сомонӣ ба сармуҳосиби хоҷагӣ Собиров Саидмаҳмуд, як трактори МТЗ-80 ба аъзои хоҷагӣ Баротов Ҷонӣ бо нархи 800 сомонӣ фурӯхта шуд. Собиров С. «Алтай» Т-4-ро бо нархи 2600 доллар, Баротов Ҷ. МТЗ-80-ро бо маблағи 6000 доллар фурӯхтанд, ки аз ин маблағҳо шояд Олимов Н. баҳраманд шуда бошад. Набошад ин некиҳои Олимов Н. бар ивази чист? Худи Олимов Нозим бо нархи 45 сомонӣ як адад носилкаи алафдаравӣ, як адад шестернаи 4-тоннагиро, ки дар бозор ҳарду зиёда аз 2000 доллар арзиш дорад, аз худ кард.

Дар солҳои 2007-2008 зиёда аз 200 дона дарахти сафедорро бо нархи 200 сомонӣ, ҷамъ ба 40000 сомонӣ фурӯхт. Дар соли 2008 20 тонна себро бо нархи 50-дирамӣ, ҷамъ ба 10000 сомонӣ «обу лой» кард. Аз замини захираи хоҷагӣ 10 мошин алафро бо нархи 800 сомонӣ, ҷамъ ба 8000 сомонӣ фурӯхт. Қонунвайронкуниҳои Олимов Н. дар он буд, ки ҳамаи ин амалиётҳои пулию молиро бе қарори маҷлиси умумӣ ё комиссияи иқтисодию иҷтимоӣ (СТК) иҷро мекард. Ҳуҷҷатҳои сохтакоронаашро хешу табораш ва наздиконаш имзо мекунанд. Аз рафтори ноҷои Олимов Н. мардум ба танг омада, дар таърии моҳи сентябри соли 2009 собиқ муовини раиси шаҳр Нуриддинов П., сардори идораи кишоварзӣ Почокалонов С., собиқ раиси ҷамоати деҳоти Нофороҷ барои санҷидани мактуби шикоятӣ ба деҳа омада, масъалаҳоро баррасӣ карданд. Факту рақамҳои дар мактуб омада пурра тасдиқ шуд. Олимов Н. ҳамон кирдорҳояшро тан гирифта, аз ҳозирини маҷлис илтимос кард, ки касе ки раис шавад 6000 сомонӣ, ки қарз дорад, ба дӯши худ гирад. Саҳмдорон ин илтимоси Олимовро ба ҳисоб гирифтанд. Инчунин дар мактуб омада буд, ки: «Ғайр аз корҳои талаву тороҷ Олимов Н. бо баҳонаи андозғункунӣ аз ваколатҳои хизматиаш сӯистифода намуда, шахсонеро, ки ба худаш маъқул набуд, дашномҳои қабеҳ медод. Ин шахсиятҳо Шерназаров Б., Очилов Ҷ., Бобоева Хадича, Абдуллоев И., Мадалиев У. ва дигарон буданд.

Хулоса, дар ҷамъомад аз 91 саҳмдор 69 нафар иштирок намуда, бо овози ошкоро Олимовро аз вазифааш озод карданд, ки Протоколи №2 ба мактуб замима мегардад. Инчунин дар ҳамин маҷлис масъалаи интихоби раиси нав дида шуд. Очилов Ҷӯрабой барои он интихоб карда шуд, ки ин шахс дар ободонии деҳа саҳми ниҳоят бузург дорад. Шахсан бо ташаббуси ӯ боғҳои «Шодибой» — 7 га, «Шаҳидон» — 4 га бо воситаҳои насосҳои обкаш, боғи «Субҳон» — 2 га, «Гузари боло» 1 — га, боғи «Қоробой» — 3 га бунёд гардид, ки ҳазорҳо бех дарахтони мевадеҳ ва сохтмонӣ дорад, ки шоёни аҳсан буду ҳаст.

Дар охири маҷлис Олимов Н. ба Очилов Ҷ. барори кор хоста, инчунин ҳамаи саҳмдорон ва намояндагони ҳукумати шаҳр ба Очилов Ҷ. роҳи сафед талабиданд. Аъзоёни хоҷагӣ бо роҳбарии Очилов Ҷ. бо пайравии ҳамдигар аз паси ободонии деҳа камари ҳиммат бастанд ва умед доштем, ки бо ҳамин ба якдигарнофаҳмиҳо нуқта гузошта шуд.

Очилов Ҷ. корро аз обод кардани як иморати вайрона бо мақсади идораи хоҷагӣ оғоз намуд. Аъзоёни хоҷагӣ муташаккилона дар тӯли қариб 2 моҳ биноро обод карданд. Бинои идораи аввала, ки Олимов Нозим истифода мекард, дар чойхонаи деҳа ҷойгир буда, дар ҳолати садамавӣ буду ҳоло ҳам чунин аст. Бинои идораи навро бо ҳамаи шиору овезаҳои идеологӣ, қаҳрамонони миллат, панду ҳикматҳои ниёгон, бо рамзҳои давлатӣ ва симои Президент, Ҷаноби Олӣ оро дода, дар даромадгоҳи деҳа ба як бинои зебою хушманзара мубаддал кардем. Инчунин мақсад доштем, ки дар маркази деҳа барои шаҳидони ҶБВ ёдгорӣ гузорем ва дар шафати он як тӯйхонаи замонавӣ созем.

Афсӯс, ки ин марҳилаи бунёдкориҳои мо дер давом накард. Пас аз пардохт намудани 6000 сомонӣ қарзи собиқ раис Олимов Нозим, ки бо илтимоси ӯ Очилов Ҷ. ба дӯш гирифта буд, амалҳои ноҷавонмардонаи Олимов Н. оғоз гардид. Олимов Н. бо аризаи шикоятӣ ба Суди шаҳри Истаравшан муроҷиат намудааст, ки гӯё ӯро бо роҳи фишороварӣ, ғайриқонунӣ намояндагони МИДҲ-и ноҳияи Истаравшан аз кор озод карда бошанд. Инчунин ӯ аз суд талаб мекунад, ки аз сари нав ба вазифааш барқарор карда шавад, ки «Ҳалномаи судӣ» ба мактуб замима мегардад.

Дар ин бора Олимов Н. ҳақ аст. Чунки дар ҷараёни маҷлис аз ҷониби аъзоёни хоҷагӣ таклиф шуда буд, ки фаъолияти кории Олимовро прокуратураи шаҳр санҷиш кунад. Олимов Н. маҳз аз ҳамин таклиф ҳаросида аз ҳозирин (аъзоён) бахшиш пурсида ва илтимос карда буд, ки 6000 сомонӣ қарзро ба дӯши раиси нав интихобшуда бор карда, баъд аз вазифа рафт.

Албатта, мо тоҷикон иззату ҳурмати ҳамдеҳагӣ, мурдабардору зиндабардор, сари як дастархон нишастан, шарму моли мӯъмин ҳаром барин ибораҳоро дӯст медорем ва аз рӯи онҳо амал мекунем. Маҳз ҳамин хислатҳоро ба инобат гирифта, Очилов Ҷ. 6000 сомонӣ қарзи Олимовро ба дӯши худ гирифта, дар мӯҳлати кӯтоҳ пардохт намуд. Камбудии саршумори моли калони шохдорро (мудири ферма Тулибоев Ҷ.) бе чуну ҷаро қабул намуд. Олимов Н. пас аз пардохт намудани 6000 сомонӣ (аз ҷониби Очилов Ҷ.) худро «мӯсичаи бегуноҳ» пиндошта, ба суди ноҳия муроҷиат намуд.

Бегоҳии 09.12.2009 сол аз суди ноҳия ба Очилов Ҷ. занг мезананд ва таъин мекунанд, ки: «Пагоҳ (10.12.2009с.) бо мӯҳру штамп ба бинои суди шаҳр ҳозир шавед!». Аз рӯйи нақли Очилов Ҷ. бармеояд, ки: “Дар назди бинои суд Очилов Ҷ., Фозилов Ю., Одилов Умур, Одилов Амон (шаҳрванди Ҷумҳурии ӯзбекистон бо виза дар Тоҷикистон зиндагӣ мекунад. Соли 2007 вориди Тоҷикистон шудааст), Ҷумаев М. раиси хоҷагии деҳқонии «Рӯдакӣ» ҳузур доштанд. Маро ба яке аз ҳуҷраҳои суд даъват намуданд. Дар он ҷо 3 нафар менишастанд. Яке худро раисикунандаи суд Давлатов, дуюм кас корманди суд Маъмуров муаррифи намуданд ва сеюмӣ худи Олимов Н. буд. Ба ман суол карданд, ки чӣ тавр раиси хоҷагӣ шудед? Ман аз мактуби шикоятӣ ба ҳукумат оғоз намуда, рафти маҷлис, тамоми бадкирдориҳои Олимовро гуфтам. Раисикунандаи суд Давлатов хитоб намуд, ки: «Бас аст!». Сипас, Маъмуров як варақ коғазро пешниҳод намуд, ки имзо кунам. Қалам дар даст ҳайрон мондам. «Имзо кунед, имзо кунед, Очилов Ҷ. Мо вақт надорем. Ин гуфтаҳои шуморо мо баъд баррасӣ мекунем. Шумо ҳамчун шоҳид ҳастед» гуфтанд. Ман бо азобе сухан гирифта гуфтам: «Ман чӣ тавр шоҳид мешудаам? Охир ман бо Олимов Н. баҳс дорем, мана аз ҷониби Олимов Н. ду нафар шоҳид ҳаст, чаро аз ҷониби мо ягон шоҳид даъват накардед, охир мо 52 нафарро ташкил мекунем». Маъмуров бошад, «Имзо кунед, баъд гап мезанем!» гуфтанд”.

Очилов Ҷ. дарк мекунад, ки дигар чора надорад, ночор ба коғаз имзо мегузорад. Судя Давлатов «Ҳалномаи судӣ»-ро хонда дода, қарори №2-ро бекор карда, инчунин Олимов Н.-ро аз нав ба ҷояш барқарор мекунад. Аз Очилов Ҷ. талаб карда мешавад, ки мӯҳру штамп ба Олимов Н. баргадонида шавад. Очилов Ҷ. аз бинои суд баромада ба назди муовини раиси шаҳр Нуриддинов П. медарояд. ӯро аз вазъият огоҳ намуда, мехоҳад хайрухуш кунад, аммо Нуриддинов П. дар ғазаб шуда мегӯяд: «Шумо чӣ хел одам, ман шуморо ҷавоб намедиҳам, ҳамкорӣ мекунам, ман имрӯз ба назди раиси шаҳр даромада, вазъиятро мефаҳмонам. Олимов Н. лаёқати роҳбарӣ надорад, ман бо чашми худ дидам, ки ӯро аъзоёни хоҷагӣ чашми дидан надоранд».

Хулоса, рӯзи 22.12.2009 сол намояндагони Ҳукумати шаҳр ва Ҷамоати деҳот аз сари нав маҷлиси умумӣ мегузаронанд. «Равед аз паси кор шавед»,- гуфт муовини раиси шаҳр Нуриддинов П.

Акнун бармегардем ба ҳалномаи судӣ.

1. Дар ҳалномаи судӣ омадааст, ки 138 саҳмдор иштирок накард.

Ҷавоб: Бо қарори Раиси ш. Истаравшан аз 15.07.2008 №472 44 нафар саҳмдорон хоҷагии деҳқонии «Рӯдакӣ» ташкил намуда, аз ҳисоби заминҳои хоҷагии деҳқонии «Сармисолиқ» 30369 га замин ҷудо карда шуда, сертификати ҳуқуқи дараҷаи А №0215463 дода шудааст. Маълумотномаи мазкур ба ариза замима мегардад.

Аз ин бармеояд, ки даъвои Ҷумаев М. ва Одилов Н. бемантиқ буда, 138 нафар аъзо гуфтанҳои онҳо асоси қонунӣ надорад. Баръакс Одилов Амон шаҳрванди Ҷумҳурии ӯзбекистон то соли 2007 ва аз соли 2007 инҷониб дар Тоҷикистон бо тарзи раводид (виза) омадааст. Пас чӣ тавр ӯ соли 2006 соҳиби саҳми замин шудааст? Албатта ва бе чуну чаро бе кӯмаки Олимов Нозим, ки Одилов Амон ҳам то вақте ӯ ҳаст, ғайриимкон буд.

2. Дар ҳалномаи судӣ омадааст, ки аз 69 нафар 52 нафар ба Очилов Ҷ. овоз дода бошанд, пас 17 нафари боқимонда зид ё бетараф бояд бошанд, ки суд протоколи №2 беасос ҳисобидааст.

Ҷавоб: Дар маҷлис ба Очилов Ҷ. 52 овоз, ба Ашӯров Б. 9 овоз, ба Ҷумъаназаров Б. 5 нафар ва 3 нафар бетараф буданд. Хулоса, аз 91 нафар саҳмдорон 69 нафар иштирок намуданд, 21 нафар дар муҳоҷирати меҳнатӣ буданд ва дар маҷлис иштирок накарданд.

Агар тарзи қонунгузории маҷлис мувофиқи ҳалномаи судӣ бошад, ба Қарори №1, ки дар таърихи 18.03.2009 сол дар маҷлиси умумии хоҷагии деҳқонии «Сармисолиқ» шумораи умумии саҳмдоронро 138 нафар, аз ҷумла 120 нафар иштирок карданд, ягон асоси воқеӣ надорад. Чунки Олимов Нозим қарори худ тасдиқ кардааш аз 24.05.2008, ки 44 нафар саҳмдорони хоҷагӣ аз қайд баромадааст, илова бар ин Қарори Раиси шаҳр аз 15.07.2008 сол №472-ро фаромӯш кардааст магар? Ҳол он ки, маҷлис дар хонаи муаллимони мактаб, ки масоҳати 20 м2 дорад ва пур аз ҷиҳозҳои мактабӣ ҳаст, оё 120 нафар шахс меғунҷад? Ҳаргиз!!! Ин сохтакории навбатии Олимов Н. буд, ки тавонистааст кормандони судро низ ба иштибоҳ андозад. Ин аст, ки аз меваи дурӯғу сохтакориҳояш 2 сол инҷониб лаззат бурда, «Ман аз ҷониби суд барқарор шудагӣ!» гӯён аспи мансабашро медавонад. Барои ӯ норозигии мардум ба андозаи як дирам арзиш надорад. Ин тарафаш ба виҷдонаш ҳавола.

Қ. Кенҷаев, С. Мадалиев, А. Азимов, Ҷ. Очилов, Н. Бобоев, И. Абдуллоев, Ҳ. Раҳмонов, Б. Бердиқулов, Б. Шерназаров, Х. Бобоева, Ҳ. Султонов ва боқимонда 40 нафар      

Давом дорад

Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: