Главная > Нилуфари СОБИР > Толиб ҚУДРАТОВ: «Оби тоза ҳам таҷҳизот ва ҳам масъулият мехоҳад!»

Толиб ҚУДРАТОВ: «Оби тоза ҳам таҷҳизот ва ҳам масъулият мехоҳад!»

Таври маълум, таъмини аҳолӣ ба оби тозаи нӯшиданӣ масъалаи байналмилалист. Тибқи омори расмӣ, ҳар ҳафта дар миқёси ҷаҳон дар натиҷаи бемориҳои вобаста ба сифати бади об ва шароити ғайрисанитарӣ 42 000 нафар вафот мекунанд. Дар бештар аз 90 фоизи воқеаҳои ногувори вобаста ба об сухан дар бораи кӯдакони то 5-сола меравад. Бо таваҷҷӯҳ ба ин маълумоту далелҳо ва дар иртибот бо Барномаи даҳсолаи «Об барои ҳаёт» дар солҳои 2005-2015, ки коршиносону масъулин саҳми соҳибкоронро дар амалигардонии он зарур мешуморанд,  дар Тоҷикистон чӣ корҳое ба анҷом расидааст? Муваффақияти соҳибкорону мақомот дар ин иртибот то кадом андоза аст? Сатҳи иттилоънокии мардум, истифода аз технологияи муосир барои тоза нигоҳ доштани оби нӯшиданӣ ва ҳифзи саломатии аҳолӣ чӣ гуна бояд роҳандозӣ шавад? Ба ин ва дигар саволҳо ба мо Толиб Қудратов — Директори генералии Корхонаи дорои масъулияташ маҳдуди «Оби соф-Geyzer» зимни як мусоҳибаи ихтисосӣ ҷавоб гуфт.

— Ҷаноби Толиб Қудратов, бигӯед, ки фаъолияти ҶДММ «Оби соф-Geyzer» дар Тоҷикистон кай оғоз шуд ва он чи вазифаҳоеро бар дӯш дорад?

— Маркази асосии корхонаи мазкур дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия буда, мо ба ҳайси дилер ба мардуми Тоҷикистон хизмат мерасонем. ҶДММ «Оби соф-Geyzer» аз соли 2009-ум дар Тоҷикистон фаъолияти худро оғоз кард. Мақсад аз таъсиси чунин корхона тоза ва филтратсия кардани оби нӯшиданӣ дар шаҳру навоҳии кишвар мебошад. Таври маълум, таъмин кардани аҳолӣ бо оби тозаи нӯшиданӣ яке аз масоили муҳим буда, бахусус ба саломатии мардум робитаи қавӣ дорад. Тоҷикистон яке аз кишварҳоест, ки ба мавзӯи оби тоза аҳамияти хоса додааст. Бо пешниҳоди раиси ҷумҳури кишварамон Барномаи байналмилалии даҳсолаи оби тоза барои солҳои 2005-2015 аз ҷониби СММ қабул шудаву нақшаҳои он то имрӯз амалӣ шуда истодааст. Бо назардошти маҳз ҳамин нукта ва ҳамчунин мушкили бартараф кардани истифодаи оби ифлос дар миёни аҳолии кишвар моро водор намуд, то чунин як корхонаеро фаъол кунем. Вазифаи асосии ҶДММ «Оби соф-Geyzer» ба сокинони кишвар ва бахусус ба аҳолии Душанбе пешниҳод ва дастрас кардани таҷҳизоти хубу муосире мебошад, ки барои соф ва филтратсия кардани оби нӯшиданӣ истифода бурда мешавад.

Дар ҳоли ҳозир таҷҳизоти ҶДММ «Оби соф-Geyzer» танҳо дар шаҳри Душанбе дар Марказҳои  савдои «Волна», «Техносила», «Метро-де-люкс» ва «Samsung» ба муштариён бо нархҳои дастрас ва барои шаҳрвандон имконпазир пешкаш карда мешавад. Аммо дар ноҳияҳои дигари кишвар ҳоло бахшҳои худро таъсис надодаем. Соҳибкорону тоҷирон таҷҳизоти корхонаи моро маҳз аз ҳамон марказҳои савдои дар боло зикршуда аз шаҳри Душанбе метавонанд дастрас кунанд.

 

— Таҷҳизоти пешниҳодкардаи корхонаи мазкурро таъриф кунед ва лутфан саҳму назари коршиносонро дар таҳияву сохти онҳо ба хонандагон фаҳмонед…

— Таҷҳизоти филтркунонии Гейзер дар ҳама шароит ва дар ҳар ҷое, ки об ҳаст, барои сокинон ва истифодабарандагони он ба кор меравад. Масалан сар карда аз қубурҳои обгузари манзилҳои зист то ба қубурҳои обгузари кӯчаву маҳаллаҳо ва ҳатто коргоҳҳову маконҳои бузурги истеҳсолӣ чунин таҷҳизотро пешниҳод мекунем. Он таҷҳизот аз шаҳри Санкт-Петербург ба Тоҷикистон оварда мешавад. Навъҳои таҷҳизоти филтркунонии корхонаи мо гуногун буда, аз таҷҳизоти хурд, ки дар ошхонаҳо, хонаҳои истиқоматӣ истифода мешавад, то таҷҳизоти миёнаву калон барои маҳаллаву шаҳру корхонаҳои бузург ба кор меравад. Ҳамчунин таҷҳизоти филтркунонии Гейзерие ҳастанд, ки бидуни барқ ва пайвасткунӣ ба ягон система пурра имкони истифода бурданро дорад. Масалан яке аз он таҷҳизот, ки «Кӯзаи обсофкунак» ном гирифтааст, дар ҳаҷми аз 3 то 3,5 летр обро дар муддати 3-4 дақиқа дар пеши чашми истифодабаранда тоза мекунад.

Аз ҷониби дигар, асбобҳои обсофкунии Гейзер на танҳо обро филтр мекунанд, балки онро барои саломатӣ фоиданок низ мегардонанд. Ин хусусият барои он ба таҷҳизоти ширкати «Гейзер» хос аст, ки олимону коршиносони соҳа дар Санкт-Петербург аз болои ҳар асбоб зиёд кор кардаанд. Бояд гуфт, ки дар шаҳри Санкт-Петербург дар назди ширкати «Гейзер» як маркази махсусе амал мекунад, ки олимону коршиносонро фаро гирифта, дар иртибот бо мушкилоти гуногуни марбут ба об фаъолият мекунанд. Таври маълум, об ҳам гуногун аст. Соф ва ифлос. Вобаста ба навъи об олимони ин марказ таҷҳизот меофаранд. Таҷҳизоти офаридаи онҳо на танҳо обро софу тоза мекунад, ҳамчунин обро барои саломатӣ фоиданок мегардонад.

 

— Шумо гуфтед, ки олимони Санкт-Петербург ихтирооте дар ин самт кардаанд, ки обро ҳам соф ва ҳам барои саломатӣ фоиданок мекунад. Лутфан намунае аз он ихтироотро барои мутаваҷҷеҳон ва аҳолӣ муаррифӣ кунед. 

— Яке аз ихтироъи ягона дар ҷаҳон аз ҷониби ширкати «Гейзер» бо номи картриҷи «Арагон» мебошад, ки он дар асоси хусусиятҳои таркибии химиявиву физикии  глобалӣ-молекулярӣ сохта шуда, барои саломатии инсон комилан бехатар мебошад. Яъне ҳангоми гузаштан ба воситаи ин филтр об структураи худро дигар мекунад. Яъне таркиби молекулявии об иваз шуда, тамоми ифлосиҳову микробҳои зараровари он аз ҳисоби қабатҳои ионҳои муҳофизаткунанда ба оби софи фоиданок табдил меёбанд. Бояд гуфт, ки микробҳои зараровар аз филтри «Арагон» намегузаранд, зеро қабатҳои ҷафсшудаи филтр хеле мустаҳкаманд.  Аслан «Арагон» аз хока таркиб ёфтааст ва тавре ки дар сохтмон қум тар шуда ба якдигар зичтар мегардад, қабатҳои филтри «Арагон» ҳам ба ҳамин тарз хеле ба ҳам ҷафсанд ва дар навбати худ обро тоза карда, аз қабати худ мегузаронанд. Зеро ифлосиҳои об дар қабатҳои он ба монанди таркиби қуми тар часпида мемонанд ва дар натиҷа танҳо оби соф аз қабати филтр гузашта метавонад. Ин заррачаҳои хавфноки дар об мавҷудбуда ба монанди парҳое мебошанд, ки ҳангоми гузаштани об ба қабатҳои филтр дармемонанд. Ҳамчунин дар таркиби филтри «Арагон» нуқра мавҷуд аст, ки он хусусияти нест кардани микробҳоро дорад. Маҳз бо ҳамин хусусиятҳо «Арагон» аз дигар филтрҳо фарқ мекунад.

Ченаки филтри «Арагон» аз рӯи микрон ҳисоб карда мешавад ва он ба шароити ифлосии об вобаста аст. Чӣ қадаре ки дар об микроб зиёд бошад, эҳтимолияти аз филтр гузаштани 0,1 ё ки 0,01 ҳиссаи онҳо вуҷуд дорад. Якхел обҳое ҳастанд, ки ба назар ҷилодору шаффоф ва тоза менамоянд. Агар бо микроскоп бинем, дар таркиби ин обҳо металҳои гуногуни аз қабати замин ба об дохилшуда вуҷуд доранд. Масалан ҳангоме обанбор сохта мешаваду об ҷорӣ мегардад. Чунин обҳоро филтр кардан шарт нест. Дар таркиби чунин обҳо намакҳои ғафси табиӣ вуҷуд доранд, ки онҳо аз филтр намегузаранд. Ин намакҳо дар навбати худ обро тоза нигоҳ медоранд. Аммо вақте филтри «Арагон»-ро истифода мебарем, танҳо миқдори ками намакҳое дар об боқӣ мемонад, ки ба саломатии инсон фоида дорад. Ин филтр ихтироъи гурӯҳи калони олимони соҳа дар Санкт-Петербург мебошад.

 

— Шумо муваффақияти кори ҶДММ «Оби соф-Geyzer»-ро дар қаламрави Тоҷикистон чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

— Тӯли соли 2010 беш аз 1300 нафар шаҳрвандон таҷҳизоти моро харидорӣ карданд. Аммо вақте ки мо тариқи шабакаҳои радиоиву бо рӯзномаҳо таҷҳизоти ширкати «Оби соф-Geyzer»-ро таблиғ кардем, сафи харидорони мо афзоиш ёфта истодааст. Таблиғи таҷҳизоти корхонаи мо ҳамчунин аз ҷониби нафароне, ки маводи корхонаи мазкурро харидорӣ кардаанд, ҷараён мегирад. Вақте мардум дар муддати 10-15 сол фақат оби ҷӯшонида хӯрдаанд, ба онҳо фаҳмонидану кафолат додани таҷҳизоти обсофкунӣ хеле мушкил аст. Ҳар нафаре, ки ба саломатии худаш ва саломатии фарзандонаш аҳамият медиҳаду масъулият ҳис мекунад, ҳатман ҷиҳати тоза кардани оби нӯшиданӣ дар манзилу ҷойи кораш аз технологияи муосир истифода мекунад. Ин албатта ба шуурнокиву фаҳмиши мардум бештар вобаста аст. Аммо ман боварӣ дорам, ки бо мурури замон фаҳмиши мардум тағйир меёбад ва аҳолӣ аз мавҷудияти таҷҳизоти обтозакунӣ ба хубӣ огоҳ мешаванду кори мо дар қаламрави кишвар рушд мекунад. Ҷанбаи дигаре, ки боиси нигаронии ман аст, ин тағйирёбии нарху наво вобаста ба баланд шудани қиммати сӯзишворӣ, роҳ ва гумрук мебошад. Албатта ин ба вазъи иқтисодӣ ва имконоти молии мардум низ таъсир мерасонад. Орзуи ман ин аст, ки тамоми аҳолии кишвар имкони харидорӣ кардани чунин таҷҳизоти судмандро дошта бошанд, то саломатии онҳо ҳамеша хуб бошад.

 

— Бигӯед, ки мақомоти Тоҷикистон бо ҶДММ «Оби соф-Geyzer», ки мақсади он таъмини оби тоза ба аҳолист, чӣ ҳамкориҳое дорад?

— Ҳоло мо ҳамкории худро бо мақомоти кишвар ба роҳ намондаем. Аз фурсат истифода карда, мехоҳам ба шаҳрдорӣ, ниҳодҳои сохтмонӣ ва вазоратҳо, аз ҷумла Вазорати маориф ҳамкории судмандеро пешниҳод кунам. Бубинед, аксари бемориҳои мардум аз нӯшидани оби ифлос сар мезанад. Махсусан кӯдакон, ки дар боғчаҳои бачагона ва мактабҳо оби ноҷӯшонидаро менӯшанд ва бештар гирифтори бемориҳои гуногун мешаванду ин ҳолат волидайни онҳоро нигарон мекунад. Агар таҷҳизоти корхонаи мо дар қубурҳои обгузари кӯдакистонҳову мактабҳо васл карда ва ҳатто бидуни васл истифода бурда шавад, пас, хатари бемориҳо аз оби ифлос низ бартараф мешавад. Ҳамчунин оби беморхонаҳо, коргоҳҳо, бозорҳо ва дигар комплексҳо низ бояд тоза бошад, то ки саломатии мардум низ зиён набинад. Дар ҳамин радиф ҷамоатҳои деҳот низ барои тоза кардани оби нӯшинданӣ аз ҳамон таҷҳизоти «Кӯзаи обсофкунӣ», ки бе барқу васлкунӣ ҳам кор мекунад, метавонанд истифода баранд.

Ташаккур барои сӯҳбат!

Мусоҳиб Нилуфари СОБИР

 

  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: