Главная > Меҳронаи САБО > Қодиршои МУРУВВАТ: «Фарзандони тоҷикон узбакӣ мехонанд»

Қодиршои МУРУВВАТ: «Фарзандони тоҷикон узбакӣ мехонанд»

Сӯҳбати хабарнигори «Пайкон» бо Қодиршои Мурувват — муовини

раиси Созмони тоҷикони Қирғизистон ба номи устод Рӯдакӣ

Таври маълум, имрӯзҳо тоҷикон дар бисёр кишварҳои ҷаҳон шуғле доранд ва пайваста заҳмат мекашанд. Яке барои дарёфти воситаи рӯзгузаронӣ, дигаре ба хотири шиносонидани миллати тоҷик ба ҳамсоякишварҳову кишварҳои дур, сеюмӣ барои пайванд додани миллатҳо. Дар сӯҳбате, ки бо яке аз намояндагони мардуми тоҷик дар Ҷумҳурии Қирғизистон Қодиршои Мурувват анҷом додем, дар ин бобҳо низ сухан гуфта шуд. Нахуст ба мавсуф муроҷеъ шудем, ки Шумо берун аз кишвар ду вазифаи пурмасъулият — муовинии Созмони ҷамъиятии тоҷикони Қирғизистон ба номи устод Рӯдакӣ ва сардабирии рӯзномаи тоҷикии «Паёми Ала Тоо»-ро ба ӯҳда доред. Лутфан бигӯед, ки ин ду сохтор барои муттаҳидии тоҷикони Қирғизистон чӣ нақше доранд?

— Созмони тоҷикони Қирғизистон ба номи устод Рӯдаки бо эҳтимом ва ибтикори як гурӯҳ ҳамзабонони миллатдӯст ва хайрхоҳ 13-уми ноябри соли 1992 дар деҳшӯрои Учқӯрғони ноҳияи Қадамҷо, вилояти Бодканд (он замон ӯш) рӯи кор омад. Аввалин раиси Созмони тоҷикон академик Абдуҳалим Раҳимҷонов — раиси маркази бемориҳои хуни вобаста ба Вазорати тандурустии Қирғизистон буд, ки ин созмони ҷамъиятиро бурдборона ва сабурона тайи 15 сол сарпарастӣ кард. Ҳадаф аз роҳандозии созмон ҳифз ва равнақи забону фарҳанг ва сунати гузаштагонамон дар ин диёр эълом шудааст ва фаъолони Созмон бо истифода аз имтиёзҳое, ки Сарқонун ва соир қавонини ин кишвар  пешбинӣ кардааст, ба манзури тарвиҷи арзишҳои маънавии халқамон даст ба кор шудаанд.

Нашрияи тоҷикии «Паёми Ала Тоо» низ дар ростои густариши забону фарҳанги ниёконамон дар ин сарзамини босафо масъулияти таърихиро ба дӯш гирифтааст. Аввалин шумораи «Паёми Ала Тоо» моҳи сентябри соли 2008 рӯи чопро дид ва то имруз 25 шумораи он ба ҳамаи минтақаҳои тоҷикнишини Қирғизистон расонида шуд. Қисме аз онро барои тоҷикони Қазоқистон ва чандеро низ ба Тоҷикистон мефиристем.

Бояд тазаккур дод, ки таърихи матбуоти тоҷикӣ дар сарзамини Қирғизистон бевосита бо номи Исҳоқ Раззоқов — муншии аввали КМ Ҳизби коммунисти Қирғизистон алоқаманд мебошад. Соли 1958 дар ноҳияи Учқӯрғон (он замон деҳшӯрои Учқӯрғон ноҳия буд) мулоқоти Исҳоқ Раззоқов бо фаъолон баргузор мешавад. Раиси колхози ба номи Калинин, ки тоҷик буд, бо забони узбакӣ суханро оғоз мекунад. Он гоҳ Раззоқов бо забони соф тоҷикӣ миёни суханашро бурида мегӯяд: «Шумо тоҷик ҳастед, ба забони модариатон гап занед». Шоҳидони ҳол мегӯянд, ки раиси колхоз сару рӯяш арақшор, бо забони махлути тоҷикӣ ва узбакӣ арзи ҳол мекунад. Дар ҳамин мулоқот муншии аввали КМ Ҳизби коммунисти Қирғизистон сароҳатан дастур медиҳад барои сокинони Учқӯрғон ба забони модарӣ рӯзнома таъсис кунанд.

Исҳоқ Раззоқов, ки соли 2010 дар  Қирғизистон, Тоҷикистону Узбакистон 100-солагии зодрӯзаш таҷлил гардид, зодаи ноҳияи Лайлак буда, дар ятимхонаи шаҳри Чкаловск (Тоҷикистон) бузург шуда ва то поёни умр забону фарҳанги тоҷиконро дӯст медошт. Дар соли 2010 бинобар фармони Роза Отунбоева — Раиси Ҷумҳури Қирғизистон ба фарзанди фарзонаи миллат (пас аз вафот) унвони олии Қаҳрамони халқи қирғиз дода шуд.

Хулас, аввалин рӯзномаи тоҷикии « Байрақи мусобиқа» дар соли 1958 мунташир шуд ва чопи он то соли 1962 идома кард. Устод Шарифчони Учқӯрғонӣ, ки бемуҳобот шоҳсутуни забону фарҳанги ниёгонамон дар Қирғизистон мебошад, аввалин сардабири ин нашрияи тоҷикӣ буданд. Дар соли 1993 гурӯҳи равшанфикрони деҳшӯрои Учқӯрғон боз як кӯшиши эҳёи нашрияи тоҷикиро карданд ва тайи як сол рӯзномаи  «Мавҷи Исфайрам» арзи вуҷуд кард. Бинобар далоили мухталиф ин рӯзнома низ аз фаъолият бозмонд.

«Паёми Ала Тоо» дар моҳи сентябри соли 2008 нашр гардид ва тавре дар боло қайд шуд, хонандагонашро бо навгониҳои рӯзгори тоҷикони Қирғизистон ошно мекунад. Вале фикр мекунам мухотаб ва хонандаи асосии мо ҳамон навҷавононе ҳастанд, ки дар мактабҳои тоҷикии ҷумҳурӣ таҳсил мекунанд ва мо дастандаркорони нашрия саъй дорем барои равшан кардани шӯълаи ишқу муҳаббат нисбати забони модарӣ дар қалби онҳо коре карда бошем.

— Теъдоди нашрияи Шумо чанд аст ва мӯҳтавои он бештар кадом мавзӯҳоро дар бар мегирад?

— «Паёми Ала Тоо» ба таври ранга бо тирожи 4 ҳазор дар 8 саҳифа нашр мешавад. Як нуктаро бояд зикр кунам, ки Созмони тоҷикон аз ҳеҷ ниҳод ва мақом ҳимояти молӣ намешавад ва тамоми фаъолиятҳои мо дар заминаи кӯмаки молии Равшанбек Собиров — раиси созмони тоҷикон ва намояндаи парлумони Қирғизистон амалӣ мешавад. Ҳамчунин чанд тан соҳибкорони ҳамзабон, аз қабили Субҳонқул Мардонқулов, Зафар Юсупов, Абдукарим Одинаев, Мавлонҷон Абдуразоқов дар ин росто ёрии молии хешро дареғ намедоранд. Ҳамаи шумораҳои «Паёми Ала Тоо» низ аз ҳисоби ёрии афроди дар боло номбаршуда рӯи чопро дидаанд.

— Вазъи озодии баён дар Қирғизистон дар кадом поя қарор дорад?

— Ба ақидаи аксар соҳибназарони дохилӣ ва хориҷӣ, баъд аз сари кор омадани ҳукумати Роза Отунбоева дар таърихи 7-уми апрели соли 2010 мавзӯи озодии баён густариши бештар пайдо кард. Дар муддати як солу як моҳи ахир, ки аз умри ин ҳукумат мегузарад дар Қирғизистон ҳеҷ нашрияи чопӣ ва электронӣ баста нашудааст ва хабарнигорон низ таҳти фишору таҳдид қарор нагирифтаанд. Яъне, хабарнигорон масоили дилхоҳашонро ба риштаи таҳлилу баррасӣ кашида, нашр мекунанд. Аммо дар як вақт дар фаъолияти расонаҳои гурӯҳии ин кишвар раванди номатлуб ба мушоҳида мерасад, ки дар сурати идома ёфтанаш метавонад ба суботи дохилӣ ва муносиботи байниқавмӣ дар ин кишвари касирулмиллат халал эҷод кунад. Коршиносон нашрияҳои қирғизизабонро, ки ба теъдоди зиёд чоп мешаванд, баррасӣ намуда ва изҳор медоранд, ки аксар матолиби онҳо бар асоси фарзияву тахмин ва овозаҳо таҳия мешаванд. Яъне, муаллифони чунин мақолахо бидуни дар назар гирифтани назокатҳои миллӣ нисбати намояндагони ақаллиятҳои сокини ҷумҳурӣ, ки беш аз 29% аҳолии ҷумҳуриро ташкил мекунанд, истилоҳоти ноҷоро истифода мебаранд. Инчунин нашри мақолаҳое афзоиш ёфтааст, ки мӯҳтавои бадномкунанда дошта ва дар остонаи интихоботи Раёсати Ҷумҳурии Қирғизистон  бар асоси супориши ин ё он гурӯҳҳои сиёсӣ таҳия ва нашр шудаанд. Соҳибназарон дар ин росто хабарнигоронро ба риояи ахлоқи ҳирфавии журналистӣ мехонанд, ки мутаасифона на ҳама вақт аз ҷониби расонаҳо шунида мешавад.

— Оё омори дақиқе вуҷуд дорад, ки дар Қирғизистон шумораи тоҷикон чӣ қадар аст?

— Дар Қирғизистон ҳудуди 50 ҳазор тоҷик зиндагӣ мекунанд. Онҳо сокинони таҳҷоии ин марзу бум буда, пас аз тақсимоти марзии соли 1924 ба унвони ақаллияти миллӣ дар ин ҷумҳурӣ боқӣ монданд. Ҳамзабононамон асосан дар манотиқи аҳолинишини вилоятҳои Боткан, ӯш, Ҷалолобад ба таври сарҷамъ зиндагӣ мекунанд. Мутаассифона дар вилояти Ҷалолобод, дар ноҳияи Алабуқа ҳудуди 3500 тоҷикон зиндагӣ мекунанд, ки бинобар канда шудан аз решаҳои таърихии худ забону фарҳанги модариро фаромӯш карда ва ҳоло фарзандонашон ҳамагӣ ба забони узбакӣ мактаб мехонанд.

— Тоҷикон дар Қирғизистон бо чӣ гуна шароите рӯз ба сар мебаранд?

— Тоҷикон ба истиснои сокинони шаҳраки санъатии Хайдаркон, асосан дар манотиқи рустоии Қирғизистон мустақаранд ва ба кишоварзиву боғдорӣ шуғл меварзанд. Дар ин росто рӯзгори ҳамзабононамон дар деҳшӯрои Учқӯрғони ноҳияи Қадамҷой, вилояти Боткан қобили ситоиш аст. Худованд барои сокинони ин минтақа табиати биҳиштосо ато кардааст.Тоҷикон бо истифода аз замини ҳосилхез ва оби вофир дар ин ҷо ду — се бор маҳсулот мерӯёнанд. Учқурғониҳо дар парвариши ноку нашпотӣ ва гелосу шафтолу шӯҳратёр буда ва меваи парвардаи онҳо дар бозорҳои Русия, Қазоқистон ва қисматҳои шимоли Қирғизистон мавриди писанд қарор гирифтааст.

— Шумо 18 сол боз муқими Қирғизистон ҳастед. Бо муқоиса ба Тоҷикистон фаъолияту ҳаёт ба сар бурдан онҷо беҳтар аст ё инҷо?

— Барои он идда ҳамзабононамон, ки мардуми таҳҷоӣ, ё ба истилоҳ бумии ин марзу бум мебошанд, бидуни шак Қирғизистон макону ҷои аслӣ маҳсуб аст ва онҳо зимни сӯхбатҳо ин нуктаро борҳо иброз кардаанд. Вале барои онҳое, ки бар асари ҳаводиси маълум аз Тоҷикистон ба ин кишвар омадаанд, вазъ комилан фарқ мекунад. Мо дар ин ҷо кору зиндагӣ карда ва шукри ободиву суботи Тоҷикистонро мекунем. Зеро ба мушоҳидаҳои чандинсолаи банда, ҳар чи қадар Тоҷикистон пешрафт намояд, ҳамон андоза мардуми таҳҷоӣ ва ҳатто макомоти марбутаи ин кишвар моро бештар бо чашми эҳтиром менигаранд.

Ҷои ифтихор аст, ки созмони тоҷикон бо сафорати Тоҷикистон дар Қирғизистон равобити ҳасана дорад ва тайи 3 соли ахир мӯҳтарам Асомуддин Саидов — сафири Тоҷикистон аз ҳамаи ташаббус ва иқдомоти мо ҷиҳати ҳифзу равнақи забону фарҳанг ва мактабу маорифи тоҷикон ҳимоят мекунад.

— Дар Қирғизистон чанд мактаби тоҷикӣ амал мекунад ва шароити таълими фарзандони мардуми тоҷик дар кадом сатҳ аст?

— Мактабу маориф ба қавле, нуктаи ҳассос ва дарднок дар фаъолияти Созмони тоҷикон маҳсуб аст. Ба кадом далел? Дар Қирғизистон дар ҳоли ҳозир ҳамагӣ 3 мактаби соф тоҷикӣ ва чанд синфи тоҷикӣ фаъолият дорад. Дар деҳаи Андарак, ноҳияи Лайлаки вилояти Бодканд ду  мактаби тоҷикӣ ва дар шаҳраки Ҳайдаркони ҳамин вилоят як мактаби дигар вуҷуд дорад, ки ба ифтихори Абулқосими Фирдавсӣ номгузорӣ шудааст. Он нукта нигаронкунанда аст, ки дар деҳшӯрои Учқӯрғони ноҳияи Қадамҷо, ки беш аз 23 ҳазор тоҷикон ва танҳо 3400 ҳазор узбактаборон зиндагӣ мекунанд, ягонто мактаби соф тоҷикӣ нест. Дар 9 мактаби маълумоти ҳамагонии деҳшӯро дар 7-тояш ба забони узбакӣ, дар яктояш русӣ-узбакӣ ва танҳо дар мактаби ба номи устод Айнӣ нисфи шогирдон тоҷикӣ ва нисфи дигар узбакӣ мехонанд.

Дар моҳи августи соли 2008 маҷлиси ҳисоботӣ- интихоботии Созмони тоҷикон бо ҳузури намояндагони ҳамаи минтақаҳои тоҷикнишин баргузор шуд. Дар ин нишаст ба таври демократӣ Равшанбек Собиров ба сифати раиси Созмони тоҷикон интихоб шуд. Дар нахустин маҷлиси раёсат мавзӯи мактабу маориф мавриди баррасӣ ва муҳокимаи ҷиддӣ қарор гирифт. Барои эҳёи синфҳои тоҷикӣ барномаҳои мушаххас пешниҳод шуд. Дере нагузашта дар макаби миёнаи ба номи Рӯдакӣ ва мактаби Ҷомии деҳшӯрои Учқӯрғон синфҳои тоҷикӣ рӯи кор омад.

Дар таърихи 17-уми сентябри соли 2007 дар Бишкек мулоқоти ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фаъолони Созмони тоҷикон баргузор гардид. Пас аз ин мулоқоти таърихӣ фаъолони Созмон бо дасту дили гарм ба иҷрои вазоифи ифтихории худ иқдом карданд. Дар давоми ду сол бо кӯмаку ҳамдастии сафорати Тоҷикистон дар Бишкек беш аз 50 хатмкунандаи синфҳои тоҷикии Қирғизистонро ба донишгоҳҳои мӯътабари Душанбе ва Хуҷанд фиристодем. Онҳо аз ҳисоби бурсияи Президенти Тоҷикистон, ки барои ҳамзабонони бурунмарзӣ пешбинӣ шудааст, ба сурати маҷонӣ таҳсил мекунанд. Ин иқдом ба унвони як таҳаввулоти мусбат баррасӣ шуда, волидайнро барои омӯзиши фарзандон ба забони модарӣ алоқаманд сохт. Дар соли таҳсили 2011-2012 қарор аст боз 50 тан ҷавони тоҷик аз тариқи бурсияи Президенти Тоҷикистон ба донишгоҳҳои Душанбе ва Хуҷанд муаррифӣ шаванд, ки бидуни шак гоми арзанда ва муҳимест барои тақвияти забони тоҷикӣ дар ин кишвари ҳамсоя.

— Шумораи аъзоёни Созмони шумо чӣ қадар аст ва иштироки тоҷикон дар масъалаҳои сиёсиву иҷтимоиву фарҳангӣ чӣ гуна аст?

— Ҷои хушҳолӣ аст, ки дар канори дафтари марказии Созмони тоҷикон дар Бишкек боз дар ҳамаи минтақаҳои тоҷикнишини Қирғизистон шӯъба ва намояндагиҳои фарҳангии созмон таъсис шуда ва фаъолият мебаранд. Дар шаҳри Ҷалолобод, шаҳри ӯш, деҳаи Правдаи ноҳияи Каросу, деҳшӯрои Учқӯрғони ноҳияи Қадамҷо, шаҳраки Хайдаркон, деҳаҳои Андарак ва Коргони ноҳияи Лайлак ҳамзабононамон ба таври доимӣ барои ривоҷу равнақи сунат ва анъанаҳои ниёгон кор мебаранд.

— Тайи наздик ба 3 сол бо ҳимояти Созмони тоҷикон дар Бишкек чанд номгӯй китобҳо оид ба таъриху рӯзгори ҳамзабонон рӯи чопро дид. Дар аксари ин китобҳо Шумо чун муаллиф ва муҳаррир муаррафӣ шудаед. Дар ин росто чӣ гуфтанӣ доред?

— Дуруст қайд кардед. То кунун беш аз 15 номгӯй китоб оид ба таърихи тоҷикон ва дӯстии мардуми қирғизу тоҷик ба нашр расид, ки «Таджики Кыргызстана» («Тоҷикони Қирғизистон») ва «Свет дружбы» («Чароғи дӯстӣ») барои омӯзиши рӯзгори тоҷикони сарзамини баҳодур Манас боаҳамият мебошанд. Дар соли бузургдошти Имом Абӯҳанифа бо ибтикори фаъолони Созмони тоҷикон дар Бишкек китоби ин шахсияти бузурги маънавӣ ва мазҳабии миллатамон бо номи «Китоб ал-Муснад» ба забони қирғизӣ нашр гардид. Ба камина муяссар шуд дар ҷараёни ширкат дар ҳамоиши байналмилалии Имоми Аъзам дар Душанбе ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ин китобро тақдим намоям.

Ин ҷо як нуктаро бояд ёдовар шуд, ки чопи тамоми китобҳои номбаршуда бинобар ҳимат ва саховати фаъолонамон муяссар гардид. Бо истифода аз ин фурсат мехоҳам ба ҳамзабонони саховатпеша ва миллатдӯст Равшанбек Собиров, Зафар Юсупов, Субҳонкул Мардонқулов, Абдукарим Одинаев, Мавлонҷон Абдураззоқов, Саидбек Сафарбеков ва чанде дигарон, ки барои пешрафти кори Созмон кӯмаки молии худро дареғ намедоранд, сипос бигям. Зеро ҳар нақша ва барномае, ки ҷиҳати беҳбуди равнақи забону фарҳанги гузаштагонамон таҳия мешавад, бидуни ҳимояти молӣ ғайри қобили иҷро мебошад.

— Бо кадом созмонҳои дохилӣ ва бурунмарзӣ ҳамкорӣ доред?

— Дар Қирғизистон аз соли 1993 ба ин тараф созмони бонуфузи ҷамъиятӣ амал мекунад, ки Ассамблеяи халқҳои Қирғизистон ном дошта ва фаъолияти 35 ниҳоди милливу фарҳангиро сарпарастӣ мекунад. Бояд қайд кард, ки созмони ҷамъиятии тоҷикон ба номи устод Рӯдакӣ низ шомили ҳамин ниҳод буда ва бо ҳамаи ташкилотҳои мавҷуд ҳамкории наздикро барқарор кардааст.

Дар ин ҷо мехоҳам ба масъулини Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони дунё «Пайванд» сипоси аъзоёни созмонро иброз намоям. Тайи се соли ахир бинобар ҳимоятҳои бевоситаи мӯҳтарам Исомиддин Салоҳиддинов — раиси кумитаи иҷроияи «Пайванд» як қатор иқдомотро амалӣ сохтем, ки барои тақвияти ҷойгоҳи созмон миёни ҳамзабононамон мусоидат кард.

— Роҳбарияти Созмони Шумо дар пешбурди фаъолият чӣ барномаи муҳимеро пеш гузоштааст?

— Дар маҷлиси раёсати созмони тоҷикон, ки оғози соли ҷорӣ сурат гирифт, барномаи фаъолияти Созмон барои соли 2011 баррасӣ ва тасвиб шуд. Тибқи ин барнома дар рӯзи ҷашни Наврӯзи хуҷиста дар хиёбони ба номи Айнӣ, дар шаҳри Бишкек лавҳаи ёдгории устод Садриддин Айнӣ ба забонҳои тоҷикӣ, қирғизӣ ва русӣ насб гардид. Кӯчаи устод Айнӣ дар пойтахти Қирғизистон дар соли 1962 арзи вуҷуд кардааст.

Дар ҳамкории наздик бо сафорати Тоҷикистон дар Қирғизистон ба муносибати 20-умин солгарди истиқлоли Тоҷикистон дар таърихи 14-уми майи соли 2011 дар деҳшӯрои Учқӯрғон конференсияи илмӣ- амалиро баргузор менамоем. Ба ин муносибат ба кумитаи иҷроияи Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони дунё «Пайванд» муроҷиат кардем, то ҷиҳати ҳузури гурӯҳи олимону донишмандони Тоҷикистон дар ин нишаст мусоидат кунад.

Ҳамчунин имсол ба зодрӯзи устод Шарифҷони Учқӯрғонӣ — шоир ва донишманди шинохтаи тоҷиктабори Қирғизистон 80 сол пур мешавад. ӯ тамоми умри бобаракати худро вақфи забону фарҳанги ниёгонамон кардааст. Бо тасмими раёсати Созмони тоҷикон қарор шуд дар ин айём дар сарзамини пурсафои Учқӯрғон бо ҳузури пуршӯри ҳамаи ҳамзабонон аз зодрӯзи устоди сухан таҷлил шавад.

Меҳронаи САБО         

Рубрики:Меҳронаи САБО
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: