Главная > Uncategorized > Ғолибияти Султони Ҳамад ва Гулафшон Соқиева дар озмун

Ғолибияти Султони Ҳамад ва Гулафшон Соқиева дар озмун

Султони Ҳамад ва Гулафшон Соқиева

Султони Ҳамад ва Гулафшон Соқиева

Се нафар рӯзноманигори пурмаҳсули тоҷик — сардабири ҳафтаномаи «Рӯзгор» Султони Ҳамад, Гулафшон Соқиева ва Илҳомҷон Аюбов барандаи ҷоизаҳои таъсисдодаи Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон шуданд.

Султони Ҳамад барои беҳтарин тадқиқоти публитсистӣ-илмӣ соҳиби Ҷоизаи ба номи Пайванди Гулмуродзода гардид. Гулафшон Соқиева бошад, барои беҳтарин тадқиқоти журналистӣ Ҷоизаи ба номи Ҷумъаи Толибро ба даст овард. Рӯзноманигор Илҳомҷон Аюбов барои силсиламақолаҳо оид ба муҳоҷират соҳиби ҷоисаи махсуси МТЖТ шуд.

Бояд гуфт, ки озмуни мазкур аз ҷониби ҳайати ҳакамон аз ҳисоби намояндагони созмонҳои журналистӣ ҷамъбаст гардида, ғолибон дар ҷамъомади тантанавӣ, 3-юми майи соли 2014 дар доираи таҷлили Рӯзи байналмилалии матбуоти озод бо дипломи фахрӣ ва мукофот қадрдонӣ гардиданд.

Лозим ба ёдоварист, ки Иттиҳодияи ҷамъиятии «Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон» бо мақсади ҳавасманд гардонидани рӯзноманигорони нашрияҳои даврӣ ба фаъолияти эҷодӣ, татбиқи принсипҳои демократӣ ва озодбаёнӣ дар матбуот, таблиғи беҳтарин тадқиқоти публитсистӣ-илмӣ, беҳтарин тадқиқоти журналистӣ, ҷалб намудани таваҷҷӯҳи бештари расонаҳои чопӣ ба инъикоси чунин тадқиқот, ба ифтихори Рӯзи байналмилалии матбуоти озод — 3-юми май озмуни номбурдаро эълон дошта буд.

«Фараж»

Рубрики:Uncategorized
  1. улаймон Махмадов
    Май 8, 2014 в 1:46 дп

    Муборак бошад Муаллимаи арчманду гиромикадрам, вокеан хам Шумо арзандаи чунин чоизахоед…

  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: