Тамос бо мо

bmstj@mail.ru

fozil_80@mail.ru

ahliddinsalim@mail.ru

Тел.: 238-53-09, 92 7777 308, 919-66-02-84, 919-27-20-87

  1. Askarali
    16 января, 2012 в 7:27 дп

    Салом, Коргар лозим хаст?

    Нравится

  2. Murod
    23 марта, 2012 в 4:41 пп

    Салом ман кори илми навишта истодаам илтимос дар бораи блоги шумо аз кужо мавод дастарс кунам. Таърихи он ва масъалахои адабиёт дар он

    Нравится

  3. Hajdar
    6 января, 2013 в 12:25 пп

    Ба Президенти ЧТ Чаноби Оли Э. Рахмон
    Нусха: Ба Раиси Кумитаи андози назди Хукумати ЧТ
    Нусха: Ба Прокурори генералии ЧТ
    Нусха: Ба Агентии назорати молияви ва мубориза бо коррупсияи ЧТ
    Нусха: Ба Раёсати хизмати давлатии назди Президенти ЧТ
    Мо як гурух сохибкорон, сармухосибон ва рохбарони ташкилоту корхонахо зарур шуморидем, ки ба Шумо мурочиат намоем, чунки дигар илоче намонд. Дар нохия ва вилоят ба арзу доди мо хеч кас намерасад. Гарчанде чаноби Ашуров Хайдар Усмонович— сардори Нозироти андоз дар шахри Конибодом, шахрванди Точикистон, миллаташ узбак бошад хам бо сохибкорони точик то кадри имкон дагалона рафтор менамояд, лекин худи чаноби Ашуров Х.У бо кадом рох шиноснома бо миллати точик гирифтаасту…
    То имруз эъломияхои андозро ба нозирони минтакави месупоридем, яъне ба кураторон лекин баъди омадани Ашуров эъломияхои андоз танхо тавассути у супорида мешудааст, чунки карзхои шахсиашро ба воситаи эъломияои андоз хисоби карда истодааст. Ба гуфти худаш « Хохи хамин нахохи чавоб» гуён бо хар хел дугу пуписа ва тахдид , яъне ки холо мебини, фаъолиятатро махкам мекунам гуён гусел мекунад. Аламовараш хамин, ки бо точикон дигар хел салом мекунаду бо узбакон дигар. Уро дар нохия миллатчии раками як гуфтаанд,зеро,ки агар узбакпарвар бошад пас чаро шиносномаро бо иваз кардани миллати худ харидаастМо як гурух сохибкорон иборат аз 70 нафар бо хар хел намуди фаоълияти сохибкори машгул мебошем, аз он чумла сехи равганбарори, нуктахои доруфуруши, туйхонаю тарабхона ва хоказо, ки ин хама намуди фаоълиятро худи чаноби Ашуров дорад. То сехи равганбарории Ашуров бо пумбадона пур нашавад ба дигар сеххо рохи пумбадона баста мешавад гарчанде сехи равганбарории чаноби Ашуров на дар кайди нозироти андоз хасту на як суми сиёх андоз месупорад. Тамоми нуктахои доруфуруширо ба дод овард, хамаи конунгузорихои андозро риоя мекунем, саривакт андозхоро хисоб намуда ба буча пардохт мекунем, мошинаи назорати хазинавии дорои хотираи фискали дорем аммо худи чаноби Ашуров 3 нуктаи доруфуруши дорад, ки солхои тулони на мошинаи назорати хазинави дораду на андоз месупорад, яке аз нуктахои доруфурушиаш вокеъ дар даромадгохи дармонгохи шахри буда хонум Зарринахон-зани дуюми чаноб Ашуров Х.У., ки аз Ашуров як фарзанд дорад фаъолият мебарад, ки солхои тулони на андоз супораду на мошинаи назорати хазинави гирад.
    Мошинаи давлатии хизматии Нозироти андоз бо ронандааш Шокир танхо ба хонум Зарринахон вобаста карда шудааст, яъне ки хар сахари соати 7-30 хонумро ба кор бурда бегох аз кор мебиёрад. Худи чаноби Ашуров аудисавор бо ду зан фахр карда, ба гуфти худаш «Худам шоху таъбам Вазир» гуён ба хеч кас сухан намедихад. Охир дар Сарконуни Чумхурии Точикистон бисёрникохи манъ карда шудаасту дар Кодекси Чиноии ЧТ чавобгари пешбини шудааст.
    Дар дехаи худ сехи равганбарори, туйхонаи бохашаммат, ошхона, нонвойхона хочагии дехкони зиёда аз 60 га ва дар маркази шахр тарабхона, мехмонхона, нуктахои доруфуруши ва маркази саломатии шахси дораду ягон маротиба ягон намуди андозро супоридани уро худо медонаду худаш…
    Оё чунин ашхос сазовори мансаби хизматчии давлати мебошад?
    Хамаи ин молу мулки хусусигардонидааш ва ё сохтааш аз кадом хисоб? Бигзор ба номи завчааш Зебо ва ё духтараш бошад хам ин маблагхо аз кучо бошанд?
    Чаноби Ашуровро чи хеле ки мо медонем Донишгохи ш. Новосибирски ФР-ро бо ихтисоси геодезист хатм намудааст, лекин дипломи маълумоти олии иктисодиро аз кучо гирифтааст? Метавонед санчед, ки хамон солхои тахсил дар кучо кор мекарду дар табели кори дар тахсил монда бошад ё кор. У дари донишгохро надидааст. Оё дар макомоти андоз ё ин ки дар худи нозироти андоз ягон мутахасис набуд, ки чаноб бо чунин тарчумаи хол бори дуюм аст, ки ба ин вазифа омада истодааст. У барои сохтани иморату иншоотхо маблаги зиёде аз бисёр сохибкорон карз гирифта буд. Максади гаразноки у омадан ба ин вазифа «хисоби кардани карзхо аз сохибкорон» ба воситаи пешниходи эъломия, тахдид кардан оиди фаъолияти сохибкориатро нест мекунам гуён мебошад. Гапи ёфтааш « ман мегуям ту мекуни, дигар илоч надори». Хамаро ба дод овард. Чи кор кунем?
    Пуштибони ман бакувват,диди-бори дуюм ба вазифаи сардори Нозироти андоз омадам дигар маро аз ин чо хеч кас чунбонида наметавонад,ман хаккашро (доляашро) дода вазифаро харида омадам,бинобар ин ман гуфтаги маблагро мебиёрию халос – ин аст суханони харрузаи чаноб Ашуров Хайдар Усмонович.
    У бо хамаи ин бизнесхояш сер нашудаасту оё мо бо чахор тангаи сиёхи меёфтагиамон уро сер карда метавониста бошем ?
    Мо авввал хостем митинг барпо кунем,лекин хукукшинос маслихат дод,ки аввал ба Шумо мурочиат намоем.
    Модоме,ки мо ба Шумо мурочиат намудем боварии комил дорем,ки ин арзи мо бе натичаи мусби намемонад ва узри худро аз Шумо барои маълум накардани ному насабхоямон пешаки мепурсем,чунки дар холати муайян гардидани ному насабхои мо оянда шахсони бовариноки (ба гуфти худаш пуштибонхои) у ба мо рох намедиханд,ки дарКонибодом кор кунему зиндагиамонро пеш барем.
    Бо эхтиром як гурух сохибкорон,сармухосибон ва рохбарони корхонаю ташкилотхо иборат аз 70 нафар

    Нравится

  1. No trackbacks yet.

Оставьте комментарий