Главная > Uncategorized > Даргузашти рӯзноманигори шинохта Ҷумъабой Толибов

Даргузашти рӯзноманигори шинохта Ҷумъабой Толибов

Ozodi 18.11.2011

Рӯзноманигори саршиноси тоҷик Ҷумъабой Толибов — сардабири ҳафтаномаи «Пайкон» даргузашт.

Ҷумъабой Толибов тайи як соли ахир аз бемории саратон дар ноҳияи сараш ранҷ мебурд ва бар асари ҳамин беморӣ дар синни 51-солагӣ ин дунёро падруд гуфт.

Маросими хоксупории зиндаёд Толибов фардо 19-уми ноябр дар деҳаи Испағни ноҳияи Айнӣ баргузор мегардад.

Ҷумъаи Толиб 25-уми январи соли 1960 дар деҳаи Испағни ноҳияи Айнӣ таваллуд шудааст. Хатмкардаи факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар соли 1979 аст.

Солҳои 1984 то 1994 дар нашрияи «Меҳнат»-и ноҳияи Айнӣ ба ҳайси мусаҳҳеҳ, мухбир ва мудири шӯъба кор кардааст. Сипас, як сол сармуҳаррири газетаи «Нури ҳақ»-и ноҳияи Айнӣ буд. Солҳои 1995 — 1998 раиси хоҷагии деҳқонии «Авсанъан» ва аз соли 1998 то 2004 мудири шӯъбаи ҳуқуқи ҳукумати ноҳияи Айнӣ буд.

Дар соли 2005 зимни мақолаҳои муҳим ва интиқодии ӯ ба муқобилаш парвандаи ҷиноӣ боз шуд ва 26-уми июли ҳамон сол вай ба ду соли ҳабс маҳкум гашт. Он вақт бисёриҳо гумон надоштанд, ки ин ҳукм тағйир хоҳад хӯрд. Аммо афроде буданд, ки аз Ҷумъабой ва навиштаҳои ӯ ҳимоят мекарданд. Бо талоши якҷояи вакилони дифоъ ва мушовирони ҳуқуқӣ ва ҳамчунин бар пояи ҳамраъйии журналистони тоҷику эътирози созмонҳои дохилӣ ва ҷаҳонии ҳифзи ҳуқуқи инсон ва озодии матбуот дар 16-уми декабри соли 2005 озод шуд.

ОХИРИН ГУФТУГӮИ «ОЗОДӢ» БО ҶУМЪАИ ТОЛИБРО ИН ҶО БИШНАВЕД

Аммо дар ин байн ним солро дар маҳбаси шаҳри Истаравшан гузаронд ва азбаски бо мақомоти нерӯманде дасту панҷа нарм карда буд, борҳо хатаре ба миён афтод, ки ӯро аз нав зиндонӣ кунанд.

Додгоҳи Олии Тоҷикистон парвандаи ӯро баррасӣ карда, бегуноҳии журналистро ба исбот расонд. Ин мушкилот Толибовро аз роҳаш барнагардонд. Вай пас аз озодӣ ба навиштан идома дод ва баъд аз муддате ҳамкорӣ бо нашрияи “Фараж” мудири иҷроии Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон таъйин шуд ва хабаргузории “Зарафшон-Таймс”-ро таъсис дод.

Солҳои охир Ҷумъаи Толиб раҳбари Дафтари мушовара, пажӯҳиши лингвистӣ ва таҳқиқоти журналистӣ ва ҳам сардабири ҳафтаномаи “Пайкон” буд. Вай ҳамчуин муаллифи матолиби зиёди танқидист, ки бо ин роҳ ба кори беҳтари идораву муассисаҳо ва мансабдорони давлат мусоидат мекард. Баҳсҳои зиёди додгоҳӣ ва мушкилоти нашрия ва инчунин баста шудани созмони ӯ, ки муассиси ҳафтаномаи “Пайкон” буд, сабаб гардид, ки журналисти саршинос на танҳо аз кори дӯстдошта, балки саломатияш низ маҳрум гардад.

 

Ном: Шогирд аз: Душанбе

18.11.2011 09:53

Посух

Устоди мо, устоди журналистикаи ҷавон, устоди хақиқатталабу адолатхоҳ – Ҷумъаи Толиб аз олами ФОНӢ ба ДОРУЛБАҚО пайвастанд. Ба тамоми дустдорони ин ШАХСИЯТ, ки ҳамосаи давраи журналисти баъди ҷангист, таслият арз мекунам. Худованд ҷояшро ҷаннатулфирдавс насиб гардонад ва ба пайвандонаш сабри ҷамилро хоҳонем. Инно лиллоҳи ва инно илайҳи роҷиъун.


Ном: Мухиддин аз: Душанбе

18.11.2011 09:55

Посух

Боз як ситораи тобони фазои матбуот канда шуд, боз як хуршед моро тарк гуфт… Худо рахаматаш кунад ва ба наздикону пайвандонаш сабри чамил ато фармояд.


Ном: Беном

18.11.2011 10:01

Посух

Xudo rahmat kunad yake az behtarin jurnalistoni jasuru haqgui jomeai imruz budand. Afsus chunin javonmardoni millat umri daroze nadorand…… Ba hamai xeshovandonu nazdikoni on kas sabri jamil xohonam!!!!


Ном: ГЖК

18.11.2011 10:08

Посух

Худованд рухаша шоду чояша чаннат гардонад. Омин!


Ном: Абдуазим

18.11.2011 10:12

Посух

12-уми октябр вакте ба дехаи Испагн барои дидорбонии акаи Чумъабой рафтам, хеле хушнуд буд, ки саломатиаш бех шудан дорад. Мехост, алорагми онхое, ки алайхи у дасисахову садхо мегузоштанд, «Пайкон»-ро боз ба нашр расонад. У дар як вакт хам бо бемории саратон мубориза мебурду хам бо онхое, ки адолатро чашми дидан надоранд, дасту панча нарм мекард. Билохира, саратон ба табъи дили онхое «галаба» кард, ки Чумъаи Толибро ба гуфте шикастан мехостанд.
Рухат шод бод!


Ном: Иброхим аз: Россия

18.11.2011 10:38

Посух

Рухат шод бод!


Ном: Бобозода аз: Точикистон

18.11.2011 10:55

Посух

Худо чояшро чанат кунад журналисти часур буд!


Ном: Аслиддин аз: Москва

18.11.2011 10:56

Посух

Ино лилохи ва ино илайхи рочиъун Худо рахмату магфиратат кунад устоди гироми ва окибатат обод гардад хизматхои хеле зиёд карда аст,дар хаки миллат.


Ном: Шариф аз: Душанбе

18.11.2011 11:25

Посух

Худо чояшонро чаннат гардонад. Журналистикаи точик вокеан хам талафоти калон дод. Бовар надорам, ки ягон кас дар журналистика пайи Чумабойро пур карда тавонад. Барои гуфтани хакикат аз ягон кас ё ягон чиз харос надоштанд….


Ном: Дилшод аз: Русия

18.11.2011 11:41

Посух

Худо рахмат кунад! Афсус ки ин шахсро системаи ришвахурии Чумхурии Точикистон халок кард.

Ном: Облокул аз: ш.Душанбе

18.11.2011 12:27

Посух

Ногох бувад,ки аз ин чахонат бибаранд.Аз халкаи чамъи дустонад бибаранд.Гофил манишин замон замонат бибаранд,Гар ту нарави кашон кашонат бибаранд.


Ном: Угулой аз: аз «Самак»

18.11.2011 13:19

Посух

Марг кур аст ва аввал бехтаринхоро мебарад!Рухатон шод бод журналисти часур Чумъаи Толиб!Кош сафи шумо баринхоро Худо зиёд мекард.


Ном: Лола аз: Душанбе

18.11.2011 13:21

Посух

Чумъабой хамкурсам буд. Аз чавони хеле адолатчу буд. Китобхониро бехад дуст медошт ва хатто шухи мекард, ки китобдузди гунох нест… Даврони донишчуиро ёд мекунам ва ягон лахзаеро ба хотир оварда наметавонам, ки Чумъабой дар он гамгин бошад. У хамеша шухи мекард, хамаро дилбардори менамуд, дар лабонаш хамеша табассум буд… дусти вафодор буд.
Рухаш шоду чояш чаннат бошад.


Ном: Азиз аз: Душанбе

18.11.2011 14:23

Посух

Такрибан якуним мох пеш ба аёдати акои Чумъабой ба дехаашон бо як гурух журналистон рафта будем. Худо рахматашон кунад, гуфта буданд, ки танхо як орзу дорам: «Як бори дигар «Пайкон»-ро чоп намоям ва буи рангаш ба машомам расад аз дунё бе ормон меравам». Сад афсус, ки ин ормонро бо худ бурд.
Чумъабой аз часуртарин журналистони точик буд, ки рисолати худро дар мубориза мукобили беадолатихо мешуморид.
Ва то охири умр аз ин рох барнагашт. Худо рухашро шод ва манзили охираташро обод гардонад.


Ном: Толибшохи С. аз: Душанбе

18.11.2011 15:10

Посух

Худо рахмат кунад Чумъабойро. Бо сари хам ва пуралам дар долонхои ГЖК мегашт. Инсони хубе буд. Марди мубориз ва хакталош буд. Аз касе сари тарс надошт. Тири макомот «Пайкон»- и Уро шикофт ва дилозурда шуд ва ахиран тири ачал бар пайкони чони азизаш нишаст.Ва У шодон ба суи Худои хеш шитофт. Худо рахматат кунад Чумъабой, бачаи хуби фалгари. Журналисти хакгу ва марди мубориз. Куръон муниси кабри танхоият бод!!!


Ном: Далер аз: Душанбе

18.11.2011 15:22

Посух

Рухаш шод бод чонфидои рохи хакикатро! Афсус ки имруз дар бинои Мачмааи «Шарки озод», ки хама рузноманигрон чамъ омада буданд, касе дар ин мавриди гиромидошти рухи поки у андеша накард… Вале у дигар бо бандагон сару кор ва ниёзе надорад, балки у акнун дар рох ба суи Худост.


Ном: Хамкурс аз: Душанбе

18.11.2011 18:49

Посух

Рухи равонаш шод бод! Инсон буд!

Чумъабой соли 1984 Донишгохро хатм кард, на соли 1979.


Ном: сони

18.11.2011 20:18

Посух

ИННО ЛИЛЛОХИ ВА ИННО ИЛАЙХИ РОЧИЪУН. мо чумла аз Худоем,
рах суи У паймоем.
Окибат манзили мо зери замин хохад буд,
То киёмат хамаро хол хамин хохад буд.
Дуъо кунем, ки шаби аввали саволу чавобашон осон гардад ва аъмоли неке, ки дар зиндаги кардаанд, муниси кабрашон гардад. Ва охиру даъвоно анилхамдулиллохи раббал ъламин.


Ном: Комрон Лукмонзода аз: dushanbe

18.11.2011 22:59

Посух

Ҷумъабой Толибов як кахрамоне буд ки дар чустучуи адолат ва хакикат худро курбон кард.У марди шарифе буд ва барои худ зиндаги накард, у барои дигарон зиндаги кард ва худро курбони мазлумон кард..Шаб бо ёди онхо мехобиду субх бо ёди онон баланд мешуд.Дунёи у дунёи кучаки худи у набуд ,дунёе буд бо мардумони ранчкашидаву зори мухаббат ва одамият.У барои худ ва хонаводааш каср бунёд накард, у дар дили инсонхо кох бунёд кард. Душманонаш, ки уро азият доданд,бехабар аз онанд ки ин рузхо хам мегузарад ва хама аз ин дунё рафтанианд,вале фарк дар он аст, ки баъд аз гузашти айём ояндагон аз мардонаги ва фидокори ва хакикатчуии Чумъаи Толиб асархо менависанду ва ночавонмарди,палиди,нотавони, ришвахории душманонашро мазаммат мекунанд.Пас Чумъаи Толиб дар кабли хаммеханон хамчун кахрамон боки хохад монд. Рухатон шод ва хонаи охирататон обод бод,устоди азиз.Мехрубони ва боварии шуморо нисбат ба чавонони рузноманигор аз ёд нахохем бурд.


Ном: РАИСИ ҲИЗБИ ВАҲДАТСАИДИЁН аз: ДУШАНБЕ

19.11.2011 02:56

Посух

МО АЗ ХУДО ҲАСТЕМ ВА БА Ӯ БОЗГАШТ ДОРЕМ.ХУДО РАҲМАТАШ КУНАД. БА ХЕШУ ТАБОРУ АҚРАБО САБРИ ҶАМИЛ ХОҲОНЕМ.
РАЁСАТИ ҲИЗБИ ВАҲДАТИ ТОҶИКИСТОН.

Ном: Фаридуни У. аз: ш. Душанбе

19.11.2011 10:34

Посух

Худо рахмат кунад устоди мо Чумъабой Тоибовро, ки тули солхои зиёд дар рохи хак бахри мардум часурона тавассути КАЛАМ мубориза бурданд. Илохо чояшон чаннат бошад.


Ном: Ниссо аз: Хучанд

19.11.2011 11:25

Посух

Чумъабойро беадолатихои додгохи Сугд дар вакташ бо хукми содиркардаашу прокурори нохияи Айни, халномаи бемантики додгохи Душанбе бо Госстандарт, вазорати адлия бо даъвои боздошти фаъолияти «Пайкон», ахиран макомоту мансабдорони берахму порахури зери танкиди Чумъабой карор гирифта куштанд. Худо чояшро чаннат кунад, аммо ин мансабталошону порахуронро ба Худо супорем ва чазояшонро танхо Оллох дихад.


Ном: Шогирди устод аз: Хучанд

19.11.2011 11:29

Посух

Чояш чаннат ахираташ обод бод! Аз хама мухим он аст, ки акои Чумъабой ба хамаи таъкибу азоби макомот токат карданду дар назди якон мансабдор сар хам накарданд, то вопасин аз фасоду ришваситонии макомот гуфтанд,


Ном: Исфандиёр аз: Душанбе

19.11.2011 12:10

Посух

Рухат шод бод устод! Муборизе мисли ту ноёб аст. Туро бо Пайкон ва Пайконро бо ту мещиносанд ва ин чарида «Кохи баланд»-и бунёдгузоштаи туст, ки Фирдавсии бузург гуфтааст: «Бияфкандам аз назм кохе баланд, ки аз боду борон наёбад газанд». Танхо афсус аз он мехурем, ки нашри ин чарида дубора ба рох монда нашуд ва баъди Пайкон часорати чаридахо ба худсензури табдил ёфт. Ин Чумъаи Толиб буд ки дигар чаридахо бо пайрави аз у нотарсона суханашонро мгуфтанд. Аввалин бахсхои пурсару садоро бо баъзе макомоти давлатиро Пайкон огоз кард. Вазорати маориф(бахси Донишгохи байналмилали), бахсхои судии зиёде, ки баъдан дар чомеа сару садои зиёдеро ба бор овард, аз чумла вайрон кардани хонаи Атовулло Ракибов дар Файзобод, ки аввал онро Пайкон ба нашр расонида буд, ва хизматхои Пайкон буд, ки холо ин казия халли худро ёт ва мушкили як шахси камбагал хал шуд(Ташаббусгар Фазлиддин Асозода ва Чумъаи Толиб буд). Аз пайи халли казияи сохибони магозаи марказии Душанбе (ЦУМ) низ буд, аммо бемори халал расонд. Аммо Чумъаи Толиб дар пахлуи худ як журналисти хукукдон ва тадкикотгаре мисли худ надошт, харчанд, ки мекофт вале наёфт ва имруз гуфтан мумкин6 аст, ки чои У холист. Як журналисти хукукдон ва бочуръате, ки алайхи беадолатихои макомдорон муборизаи беамон барад, нест. «Шерозаи китоби дилам сулху зиндагист. Ман душманам ба хар чи гуломиву бандагист!» Хочат ба шарх хам нест, боки таърих исбот мекунад, ки у чи инсоне буд. Дар ин дунё касе сутун намешавад, хама рузе меравем, аммо бо чи сарнавиште маълум нест….

Рубрики:Uncategorized
  1. 21 ноября, 2011 в 8:56 пп

    Ҷумъабойро аз замони донишомӯзияш мешинохтам. Аз мо ду ё се сол баъд ба таҳсил омада буд, яъне дар курси поёнтар мехонд, вале дар сӯҳбату баҳсҳое, ки байни ҳамаи мо иттифоқ меафтод, ду чиз маро мутаваҷҷеҳ мекард. Яке — лаёқати таҳлили рухдоду падидаҳо ва дигаре — муҳаббати бекаронаш ба миллат ва Ватани хеш. Муҳаббате, ки дар он ҳаргиз кам намеовард ва ҳеҷ гузаште ба душманони ин миллат надошт. Дар он давраи фишори сахти болшевикӣ ба андеша ва афкори озод, он сӯҳбатҳо намунаи шуҷоат ва мардонагӣ буд. Онҳое, ки бидуни ҳарос дили худро боз мекарданд ва аз ноҳаққиҳо мегуфтанд, ангуштшумор буданд, чун агар ду нафар рӯбарӯ мешуд, аз ҳам бим доштанд ва яке дигаррову дувумӣ аввалиро суханчини Кумитаи амнияти Шӯравӣ мешумурд. Ҷумъабой метавонист, дар назди чандин нафар, ба зарраи ҳарос ақидаи ҳақиқии худро ифшо кунад.

    Вақте ӯ донишгоҳоро хатм кард, дар як дидори тасодуфӣ дар кӯчаи сарсабзи Душанбеи азиз, ба ман гуфт, ки ба ноҳияаш меравад. Ҳарчанд исрор кардам, ки нарав, ҷои ту ин ҷост, дар Душанбе бимон ва ҳатто гуфтам, ба «Комсомоли Тоҷикистон» биё, ҳамкорӣ кун, рад кард. Гуфт, ҳам мушкили хонадводагӣ ӯро ба зодбумаш мекашад ва ҳам аз диди худаш гумон аст, ин ҷо бореро кашида тавонад.

    Он ҷо ҳам ҳамон Ҷумъабое буд, ки мешинохтем. Вақте қазияи кашокаши ӯ бо додситони ноҳия ба гӯшам расид, боз ӯро шинохтам ва боз ҳамон андеша ба сарам омад, ки ҷои ӯ паҳлуи ҳамаи журналистони хуби Душанбе буд. Вале аз сӯе ҳам ба он меандешидам, ки хуб аст, он замон он ҷо набуд, вагарна сарнавишташ мешикаст. Аммо рӯзгори навини кишвари мо чунин буда, ки инсонҳои неку пок ва боистеъдодро дар куҷое ки бошанд, мешикастааст. Ӯро дар ҳамон зодгоҳи кӯчаки байни кӯҳу сангистонҳо дарёфт ва хост, бишканад.

    Лек, боварнакарданӣ буд, ки ӯ нашикаст, балки пирӯз шуд ва ниҳоят ба Душанбе омад, то орзуҳои деринаии сухани озодро ҷомаи амал бипӯшонад, то он аташи сухани озоду ҷасуронаро бишканад. Ин бозгашти ӯ шикасти ҳамаи онҳое буд, ки мехостанд, ӯро бишкананд. Ва имрӯз ҳам, агар он одамшиканҳо бар инанд, ки пирӯз шуданд, иштибоҳ мекунанд. Онҳо бохтанд! Зеро рӯҳи қавиеро, ки Ҷумъабой дошт, надоштанду надоранд ва медонанд, ки ҳастаи он рӯҳи қавиро ишқ ба ҳақиқату адолат ва муҳаббат ба миллату ватан ташкил медиҳад — мафҳумҳое, ки ба ин афроди хабис бегона буданд ва ҷовидона бегона хоҳанд монд.

    Рӯҳи ӯ акнун дар ҷамоаи қудсиён нишастаасту поку самимона сӯҳбат мекунад, гуфтори мардонаеро, ки дар замин сар карда буд, дар осмонҳо давом медиҳад ва онҳое, ки талош карданд, аз умри ӯ бидузданд, ҳаргиз ба он баландиҳо нахоҳанд расид.

    Равонат шод, шаҳиди сухани озод, Ҷумъаи Толиб!

    Нравится

  1. No trackbacks yet.

Оставьте комментарий