Архив

Archive for Май 2011

ПӯКид

24 мая, 2011 2 комментария

Охираш. Аввалаш (…)

Дурӯғи дуввуми С. Мирзораҳматов ин аст, ки гӯё «Акбар Турсунов, Сафар Абдулло в те годы опубликовали на эти темы в центральных литературных и философских журналах научные статьи» (с. 71). Бо вуҷуди эҳтироми зиёде, ки нисбат ба А. Турсунов, С. Абдулло ва дигарон роиҷ аст, даъвогар ҳеҷ мисоле намеоварад, ки ишон дар куҷо ва дар кадом маҷаллот ва дар кадом навиштаҷот ва дар кадомин сол дар мавриди омӯзиши алифбои ниёгон (расмулхати форсӣ) ва дигар масоиле, ки дар мақолаи «То ба кай об аз таги ях меравад?» сухан рафтааст, пешниҳоде ироаъ додаанд. Ин ҷо дурӯғгӯй аз ду услуби санҷидашудаи ҷаҳонбинии (тасаввурот, идеология) низоми коммунистӣ истифода кардааст: 1. муқобил гузоштани андеша ва корномаи М. Мирраҳимов бо А. Турсунов ва С. Абдулло; 2. дурӯғи бузург далел намехоҳад, ҳамон ки пароканда шуд, кифоят мекунад. Хонандаро ин тарзи дурӯғ роҳгум мезанад ва ҳатто барои шубҳа ва ё андеша кардан фурсат намеёбад ва маҷбур аст ба он дурӯғ бовар кунад.

Шояд худи дурӯғгӯй камбудии даъвояшро дарк карда, ки дар ҷумлаи дигар чунин узр пеш меоварад: «Но эти материалы читали в республике лишь единицы, поскольку широкой публике эти издания были недоступны» (с. 71). Ба эҳтимоли зиёд дар сафи он нафароне, ки яккаву ягона дастрасӣ ба он маводи нашрии комилан сиррӣ дошт, ҳамин С. Мирзорахматов қарор гирифта, ки ҳол аз овардани мисол худдорӣ фармудааст (бахилӣ аз даст наравад ва ё сирри давлатӣ фош нашавад!). Ба ҳар ҳол лутфи карам мебуд, агар шаммае аз он мақолоти илмӣ ба таваҷҷӯҳи хонандагон бо мисоли рӯшан пешниҳод мешуд ва даъвои ин рӯзноманигори тӯҳматгар бо далел собит мегардид, ки чизе ҳаст. Тег «Далее»

100-умин шумораи «Пайкон»

Дуруд хонандаи азиз! Инак шумораи 100-уми ҳафтаномаи дӯстдоштании худ — «Пайкон»- ро дар даст дорӣ. Бихон,  мулоҳиза рон, камбудиҳои моро ба рӯи мо бигӯ, то ислоҳ шавем.

Воқеан, 100 шумораи як ҳафтанома баробар ба 100 сол аст, чун вақти қиммати инсонро талаф мекунад, заҳмат медиҳад ва ҳатто ба беморӣ мекашад. Аммо мевааш ширин аст. Агар он пухта бошад ва бе чанг заданҳову санг заданҳохуд ба худ афтад. Меваҳои «Пайкон» ширинанд.

Чун баъди пажӯҳишҳо, гӯш додан ба қалби пурдарди чандин шаҳрванди азиятдида, баррасии баҳсҳо аз ҳамдигар ранг мегиранд ва мунтаҳо рӯи саҳифаҳои ҳафтанома меафтанд.

Нӯшат бод ин меваҳои ширини дарахти пурсамари «Пайкон», хонандаи гиромӣ! Ҳама кӯшиши «Пайкон» ба хотири Туст ва барои Ту. Ғаризаҳои «Пайкон» низ баҳри осоиштагии Туст, ки ҳафта ба ҳафта шумораҳои нав ба нави онро интизорӣ. Меваи сабр ҳам ширин аст. Сабр намо, то аз чошниҳои ширинтар аз пеш бичашӣ!

Бо эҳтиром «Пайкон»-и Ту

Рубрики:Uncategorized

ПӯКид

ЧАНД НУКТА БА ҶОИ ПЕШГУФТОР

Шукри беҳад яздони покро, ки фурсате ба мо дод ва иншои ин китоб сари вақт ба поён расид. Ҳеҷ гоҳ бо чунин дилгармӣ ба навиштани посухе саргарм нашуда будам, чуноне ки дар як моҳи пас аз Наврӯзи соли 2011. Бояд ба ҳарифон низ ташаккур баён намоем, ки ҳар гоҳ хорише пайдо карданд, ному навиштаҳои моро ба миён меоваранд ва ҳадафи тӯҳмату ифтироъ қарор медиҳанд.

Албатта, барои ҳарифони мӯҳтарам ин нуктаро низ мехоҳам таъкид намоям, ки ба забони русӣ посух навиштан бароям душворие надорад, вале баҳсу андеша дар ин мавзӯъи таърихи начандон дур ё навин пеш аз ҳама кори дохилии миллат аст ва бояд байни тоҷикон ҳаллу фасл шавад ва ба доварии бародарони бузургу миёна ниёз нест (лозим ояд матни посухҳоро ба забони русӣ баргардон ва нашр хоҳем кард).

Дар посухҳо ба таври бисёр мухтасар танҳо ба бархе масъалаҳо ишорат кардему халос, зеро барои аҳли фаҳм ҳамин ишоратҳо кифоят мекунад. Тег «Далее»

Ояндаи равшанфикрони миллӣ

Давомаш.

Дар фалсафаи «Ихвон» бошад мусул бо назираш аз ҷиҳати вуҷуд баробаранд. Инҷо ки аз Афлотун сухан рондем, зарур аст ин нуқтаро низ қайд намоем, ки пайравии «Ихвон» аз Афлотун пайравии шаклӣ ва зоҳирӣ буда, моҳиятан аз якдигар фарқ доранд. Дар ягона тадқиқоти марксистӣ дар Иттифоқи Советӣ доир ба «Ихвон-ус-сафо» асари муҳаққиқи озарӣ Закуев А. К. фалсафаи «Ихвон»-ро тақлиди ақидаҳои Афлотунӣ дониста, менависад: «Онҳо ба мисли машшоиён ақидаманданд, ки маърифат иборат аз пайдоиши образи ашёи материалӣ дар фикри инсон мебошад. Тег «Далее»

Рубрики:Комил Бекзода

Олимов, шестернаро баргардонед!!

Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба таваҷҷӯҳи раиси Вилояти Суғд

Ба таваҷҷӯҳи раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба таваҷҷӯҳи раиси ноҳияи Истаравшан

 Ба маълумоти Шумо мерасонем, ки як-ду сол инҷониб арзу доди саҳмдорони хоҷагии деҳқонии «Сармисолиқ»-и Ҷамоати деҳоти Нофороҷ, ноҳияи Истаравшанро касе гӯш намекунад. Агар гӯш кунанд ҳам, баррасӣ намекунанд. Гап дар сари он аст, ки то соли 2006-ум хоҷагии мо хоҷагии иҷоравии «Сармисолиқ» тобеи хоҷагии давлатии «Истаравшан» буд. Он солҳо роҳбари хоҷагиро таъин мекарданд, на интихоб. Тег «Далее»

Рубрики:Uncategorized

Бин Лодан рафт, Лодан бини дигар меояд…

Шайхи араб, корманди СРУ, террористи №1 ё миллиардери биёбонӣ?

Акнун баъд аз «қиссаи марги Усома бин Лодан» дар бозиҳои сиёсӣ лидери дигарро мехоҳанд «муаррифӣ» кунанд. Тибқи иттилои ахири расонаҳои хориҷӣ, кормандони Хадамоти кашшофии Амрико Анвар ал-Авлакӣ, идеологи Ал-Қоида дар нимҷазираи арабро аз байн бурда натавонистаанд, ки гӯё ӯ яке аз хатарноктарин тундгарои мазҳабӣ дар ҷаҳон будааст, ки барои ИМА ӯ метавонистааст бештар хавф эҷод кунад, на Усома бин Лодан. Ба иттилои Маркази миллии назорати зиддитеррористии ИМА, Авлакӣ бештари умрашро дар Амрико гузаронидааст ва тавони ташкил кардани амалҳои террористиро дар қаламрави Амрико доштааст. Авлакиро кӯшиши нобуд кардан намуда, бо ёрии ҳавопаймои ҳарбии беҳавонавард панҷуми май дар Яман ба як мошин, ки савораҳои ҳарбӣ дошт, оташ кушодаанд. Аз ин оташкушоӣ бародарон Мусаид ва Абдуллои Муборак — роҳбарони маҳаллии дараҷаи миёнаи шабакаи Ал Қоида ҳалок шудаанд. Вале Авлакӣ дар ин мошин набудааст. Авлакиро дар куштори зиёди одамони базаи ҳарбии Техас ҳамдаст медонанд.   Тег «Далее»

Қодиршои МУРУВВАТ: «Фарзандони тоҷикон узбакӣ мехонанд»

Сӯҳбати хабарнигори «Пайкон» бо Қодиршои Мурувват — муовини

раиси Созмони тоҷикони Қирғизистон ба номи устод Рӯдакӣ

Таври маълум, имрӯзҳо тоҷикон дар бисёр кишварҳои ҷаҳон шуғле доранд ва пайваста заҳмат мекашанд. Яке барои дарёфти воситаи рӯзгузаронӣ, дигаре ба хотири шиносонидани миллати тоҷик ба ҳамсоякишварҳову кишварҳои дур, сеюмӣ барои пайванд додани миллатҳо. Дар сӯҳбате, ки бо яке аз намояндагони мардуми тоҷик дар Ҷумҳурии Қирғизистон Қодиршои Мурувват анҷом додем, дар ин бобҳо низ сухан гуфта шуд. Нахуст ба мавсуф муроҷеъ шудем, ки Шумо берун аз кишвар ду вазифаи пурмасъулият — муовинии Созмони ҷамъиятии тоҷикони Қирғизистон ба номи устод Рӯдакӣ ва сардабирии рӯзномаи тоҷикии «Паёми Ала Тоо»-ро ба ӯҳда доред. Лутфан бигӯед, ки ин ду сохтор барои муттаҳидии тоҷикони Қирғизистон чӣ нақше доранд? Тег «Далее»

Рубрики:Меҳронаи САБО

Толиб ҚУДРАТОВ: «Оби тоза ҳам таҷҳизот ва ҳам масъулият мехоҳад!»

Таври маълум, таъмини аҳолӣ ба оби тозаи нӯшиданӣ масъалаи байналмилалист. Тибқи омори расмӣ, ҳар ҳафта дар миқёси ҷаҳон дар натиҷаи бемориҳои вобаста ба сифати бади об ва шароити ғайрисанитарӣ 42 000 нафар вафот мекунанд. Дар бештар аз 90 фоизи воқеаҳои ногувори вобаста ба об сухан дар бораи кӯдакони то 5-сола меравад. Бо таваҷҷӯҳ ба ин маълумоту далелҳо ва дар иртибот бо Барномаи даҳсолаи «Об барои ҳаёт» дар солҳои 2005-2015, ки коршиносону масъулин саҳми соҳибкоронро дар амалигардонии он зарур мешуморанд,  дар Тоҷикистон чӣ корҳое ба анҷом расидааст? Муваффақияти соҳибкорону мақомот дар ин иртибот то кадом андоза аст? Сатҳи иттилоънокии мардум, истифода аз технологияи муосир барои тоза нигоҳ доштани оби нӯшиданӣ ва ҳифзи саломатии аҳолӣ чӣ гуна бояд роҳандозӣ шавад? Ба ин ва дигар саволҳо ба мо Толиб Қудратов — Директори генералии Корхонаи дорои масъулияташ маҳдуди «Оби соф-Geyzer» зимни як мусоҳибаи ихтисосӣ ҷавоб гуфт. Тег «Далее»

Пайкон 100

Пайкон 100

Рубрики:Пайкон pdf

Пайкон 100

Рубрики:Пайкон pdf

Тоҷикистонро аз бӯҳрони иқтисодӣ мебарорам!

11 мая, 2011 1 комментарий

Ман шахсан худам рӯзҳои наздик новобаста ба дар куҷо буданам, гарчанде ба сиёсат дохил набудам, вазъиятҳои объективӣ ва субъективӣ маҷбурам сохтанд, ки ба он дохил шавам. Бо ҳамин мақсад ният дорам, ки устави ҳизби худро барои тасдиқ ба органҳои дахлдор пешниҳод намоям ва дар ҳолати бақайдгирии мусбат дар  мӯҳлати 6 моҳ ба Ҳукумат ва Шӯрои Олӣ барномаи иқтисодӣ оиди дар муддати 1,6 сол ба пуррагӣ аз бӯҳрони иқтисодӣ баровардани Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоям ва барои ин барнома кафолати шахсии худамро диҳам. Мактуби зерин дар маҳбасхонаи муваққатии Кумитаи амнияти ҷумҳурӣ бе ягон шароиту дастур рӯи қоғаз оварда шудааст ва барои ҳамаи хатоҳои имлоии ҷойдошта аз хонанда узр мепурсам.

Миқдори хисорете, ки ба ҶДММ  «Мовароуннаҳр», мизоҷон ва кормандони он дар натиҷаи беасос боздошт кардани роҳбари ширкат, боздоштани корҳои сохтмонӣ, маҳкам кардани суратҳисобҳо ва надодани мӯҳри корхона аз тарафи кормандони Прокуратураи Генералӣ расидааст. (Аз давраи 9.11.2010 то 5.05.2011) +2 моҳ азнавбарқароркунии корхона.                                                               

Асосҳо:

1. Мутобиқи қонунгузорӣ,  вақте кори корхона боздошта мешавад, бояд мувофиқи Кодекси меҳнат 1 моҳ пешакӣ ҳамаи кормандон огоҳ карда шуда, дар вақти аз кор озод кардан 2-ҳафтина музди корӣ бо тариқи «пасобия» дода шавад. Дар санаи 9.11.2010 сол дар корхона 1500 нафар маошгиранда бо музди меҳнати 820000  сомонӣ дар як моҳ кор ва фаъолият мекарданд, ки 2-ҳафтина маоши онҳо — 820000/24=34166, маоши якрӯзаи онҳо ба ҳисоби миёна 34166 сомониро ташкил мекунад. Ба онҳо мувофиқи қонунгузорӣ (34166 х 10 рӯз)=341660 сомонӣ маош додан зарур буд. Тег «Далее»

Рубрики:Uncategorized

Ба мухбирони «Имрӯз-NEWS» аҳсан мехонам!


Эътироз ба баромади Прокурори Генералии ҶТ Салимзода Ш. О., ки дар рӯзномаи «Имрӯз-NEWS» 13.04.2011 сол таҳти сарлавҳаи «Прокурор умеди муштариёни ширкати «Мовароуннаҳр»-ро барҳам мезанад» чоп шудааст.

Пеш аз ҳама арзу сипоси худро ба роҳбарият ва мухбирони рӯзномаи «Имрӯз-NEWS» мерасонам ва минатдории худро ба онҳо баён мекунам, ки дар ин рӯзҳои вазнин шахсони ба сабабҳои ҳархела аз ҳуқуқи граждании худ маҳрумшударо ба ёд меоранд ва нисбати онҳо нотарсона фикри худро баён мекунанд, новобаста аз ин, ки худ метавонанд дар ваъзияти ҳамин шахсон бошанд. Ба ҳамаи онҳо аҳсан мехонам.

Нисбати таърихи «Мовароуннаҳр», ташкилшавӣ, корҳои ба анҷом расонида ва норасонида, сохтаю носохтаҳояш, хизматҳояш ба халқи ҷумҳурӣ ва худи ҷумҳурӣ аз соли 1990 то ба имрӯз ахборот намедиҳам, чунки ба ҳама маълум аст. Ман боварии том дорам, ки ба ҳамаи ин таърих баҳои худашро медиҳад ва ҳақиқатро муайян мекунад, аммо афсӯс, ки дер нашавад. Тег «Далее»

Рубрики:Uncategorized

Ояндаи равшанфикрони миллӣ

Ва агар дар ҷисм амалиёти фикрӣ ва фарқгузорӣ анҷом гирад, онро нафси нотиқа (инсонӣ) меноманд.

Дуюм: Идроки робитаи узви байни ин се амалиёт. Чуноне ки дар осори «Ихвон» ба мушоҳида мерасад, ин идрок дар файласуфони дигари арабизабон низ вуҷуд дошта, маро ба ин хулоса водор мекунад, ки ин идрок яке аз падидаҳои маърифатии асри «Ихвон» аст. Бо вуҷуди ин мебояд то ин ҷо мавқеи фалсафаи материалистиро аз фалсафаи идеалистӣ дар масъалаи нафс ҷудо кунем. Зеро ки «Ихвон» ба дуализми нафсу ҷасад ақида меварзанд. Тег «Далее»

Рубрики:Комил Бекзода

Моҷарои ров

Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Ба Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерхон Салимзода

Ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба Кумитаи амнияти миллӣ

Ба Созмони Амнияти Ҳамкории Аврупо

Ба тамоми созмонҳои ҳимоятгари ҳуқуқ

Охираш. Аввалаш дар шумораи гузашта

Бо ҳамаи ин нодидагириҳо Мазориев Ғ. медонист, ки аломатҳои моддаҳои гузоштааш маротибаи аввал сафед шуданд ва дигарбора низ сафед хоҳанд шуд. ӯ медонист, ки айбҳои эълоннамудааш асос ва пояи ҳуқуқӣ надоранд. Бо ҷабрдидагони сохтааш Алимардонов С., Шукуров Б., Шукурова Х., Назарова М., Назаров Д. даст зада, дар таърихи 12.09.08 нисбати ман бо аломатҳои моддаи 247 қ.2 б «а» ва 247 қ.4 б «а» ғайриқонунӣ, бе исботсозии қаллобӣ, бо шаҳодат ва баёнотҳои сохтаи номбаршудагон парванда оғоз намудааст.

Акнун мегузарем ба таҳлили Моддаи 247 қисми 4 банди «а» — қаллобӣ, яъне тасарруфи амволи ғайр ё ба даст овардани ҳуқуқ ба амволи ғайр бо роҳи фиреб ё сӯистифодаи боварӣ дар ҳолати ретсидиви махсусан хавфнок. Тег «Далее»

Рубрики:Uncategorized

СУД МӯҲЛАТИ ҚАБУЛИМЕРОСРО БАЪД АЗ 42 СОЛ ДАРОЗ НАМУД!

Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Ба таваҷҷӯҳи раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бо ҳалномаи суди ноҳ ияи Спитамен аз 21.10.2005-ум сол аризаи Абдунабиев Қурбанбой Расулович «оиди дароз намудани мӯҳлати қабули мерос» қонеъ карда шудааст. Аз болои ҳалнома ба тариқи кассатсионӣ шикоят оварда нашудааст.

Аз ҷониби суди зинаи аввал дар вақти баррасӣ намудани парвандаи мазкур аз рӯйи аризаи Абдунабиев Қурбанбой Расулович ба ҳолатҳои кор баҳои ҳаққонии ҳуқуқии ҳаматарафа дода нашуда, парвандаи мазкур аз ҷониби суди зинаи аввал ғайриобъективона бурда шуда, аризаи Абдунабиев Қурбанбой Расулович нодуруст қаноатбахш карда шудааст. Ҳол он ки мутобиқи моддаи 15 Кодекси мурофиавӣ-граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳрири 1961) суд ӯҳдадор буд, ки барои ҳамаҷониба, пурра ва объективона муайян кардани ҳолатҳои ҳақиқии кор ҳуқуқу ӯҳдадориҳои тарафҳоро бо материалҳо ва баёноти пешниҳодкардашуда маҳдуд намуда, тамоми чораҳои бо қонун пешбинӣ кардашударо бинад. Тег «Далее»

Рубрики:Uncategorized

Кордиҳандагони қаллоб

Дар тамоми дунё қаллобон буданду ҳастанду мемонанд. Аз рӯзе, ки ба шаҳри Питер қадам гузоштам, эҳсос кардам, ки ба як доираи печ дар печи анкабут дармондаам. Пойтахти ФР — шаҳри Маскав шабеҳи мошинаи гӯштқиммакуниест, ки ҳар як одами нав омадаро мисли қимма мебарорад. Ва ё гард мегардонад. Бо дипломи оливу таҷриба дар соҳаи журналистика умед доштам, ки зуд ҷойи кор меёбам… Тег «Далее»

Нархи сӯзишворӣ боз боло рафт

 

Русия ва ӯзбекистон аз мо чӣ мехоҳанд?

 

Қимати бензин дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ боз боло рафта, як литраш то ба 5 сомониву 20 дирам расидааст. Сабаби афзудани қимати сӯзишвориро дар боло бурдани боҷи содиротии сӯзишворӣ аз ҷониби Русия барои Тоҷикистон маънидод мекунанд. Боло рафтани нархи сӯзишворӣ ба афзоиши нархи молу маҳсулот дар бозорҳои Тоҷикистон оварда расонидааст ва қобилияти харидории мардум паст шудааст.

Русияро далели аслии афзоиши нархи бензин ном мебаранд. Русия аз 1-уми апрели соли 2011 мизони боҷи гумрукии як тон сӯзишворӣ ба Тоҷикистонро аз 244,6 доллар то ба 283,9 доллар боло бурд. Соли 2010 низ дар Русия арзиши боҷи гумрукӣ ду дар сад боло рафт ва аз 200 ба 205 доллар расид, лекин дар нисбати Тоҷикистон 2 фоиз болоравӣ не, балки 205 доллар мушоҳида шуд. Яъне барои Тоҷикистон ин баробар ба 205 доллар аст. Зеро Тоҷикистон ба Иттиҳоди гумрукӣ шомил нест. Он вақт тибқи маълумотҳо болоравии боҷи гумрукӣ ба боло рафтани нарх дар ҳаҷми 30 фоиз таъсир расонд. Тег «Далее»

Сино боз «танӯри тафсон»

И нтихоботи миёнадаврии вакили Маҷлиси намяондагон, ки рӯзи понздаҳуми майи соли ҷорӣ дар ҳавзаи ноҳияи Синои пойтахт баргузор мегардад, бе мушкилот нахоҳад буд.

Зеро Сайидиброҳими Назар, мушовири раҳбари ҲНИТ, ки номзадиашро ин ҳизб дар ноҳияи Сино пешбарӣ карда буд, бо сабаби вориди комиссияи ҳавзавии райъпурсӣ нашудани намояндагони ҳизбаш аз иштирок дар ин интихобот даст кашидааст. Дар ҳоле барои сабти номи намояндаи ҲНИТ иҷозат дода шуд, вале ӯ номзадияшро бозхонд кард. Думболаи он шӯъбаи ноҳиявии ҲНИТ дар ноҳияи Сино, ки нмзадии ӯро пешниҳод карда буд, эътирозашро пазируфт. Бозхонд кардани номзадии ӯ як андоза дар дили таҳлилгарон шубҳа овард. Зеро ин нишонаи он нест, ки намояндагони ҲНИТ ба пирӯзии худ бовар надоранд? Тег «Далее»

Пайкон 98

Рубрики:Пайкон pdf