Архив

Archive for Февраль 2010

Баҳси 5 миллиону 500-ҳазорсомона оғоз ёфт

Рӯзи гузашта маҷлиси пешакии судӣ таҳти раисии судяи Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе А. Сафоев оид ба аризаи даъвогии судяҳои Суди олии ҶТ Н. Нуров, У. Мамадшоев ва судяи Суди шаҳри Душанбе Ф. Додоматов доир ба ҳимояи шаъну шараф, эътибори корӣ ва рӯёндани зарари маънавӣ ба маблағи 5 миллиону 500 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби нашрияҳои «Озодагон», «Азия плюс» ва «Фараж» доир гардид.
Дар маҷлиси пешакии судӣ асосан шахсияти даъвогарону ҷавобгарон муайян карда шуд. Маълум гардид, ки даъвогар Н. Нуров дар ноҳияи Айнии вилояти Суғд таваллуд шудааст, тоҷик, судяи Суди олӣ мебошад. У. Мамадшоев дар вилояти Сурхондарёи Ҷумҳурии ӯзбекистон таваллуд шудааст, тоҷик, судяи Суди олӣ мебошад. Ф. Додоматов дар вилояти Тошканди Ҷумҳурии ӯзбекистон таваллуд шудааст, тоҷик, судяи Суди шаҳри Душанбе. Ҷавобгарон: Солеҳҷон Ҷӯраев, дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии ӯзбекистон таваллуд шудааст, тоҷик, адвокати маслиҳатхонаи ҳуқуқии рақами 2-и шаҳри Душанбе. Марат Мамадшоев, дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст, тоҷик, муҳаррири ҳафтаномаи «Азия — плюс». Зафар Сӯфиев, дар вилояти Фарғонаи Ҷумҳурии ӯзбекистон таваллуд шудааст, тоҷик, сармуҳаррири ҳафтаномаи «Озодагон». Хуршедҷон Ниёзов, дар деҳаи Дашти Қозии ноҳияи Панҷакент таваллуд шудааст, тоҷик, сармуҳаррири ҳафтаномаи «Фараж».
Пас аз муайян намудани шахсиятҳои тарафҳо судя ҳуқуқу ӯҳдадориҳои тарафҳоро иброз намуд. Ҳамчунин, аз тарафи судя таклиф карда шуд, ки тибқи талаботи қонун тарафҳо метавонанд шартномаи созиш банданд. Чун тарафи даъвогар барои ба пас гирифтани аризаи даъвогияшон розигӣ надоданд, то нимаи аввали моҳи марти соли равон танаффус эълон карда шуд. Ҷавобгарон иброз намуданд, ки аризаи даъвогӣ бепоя буда, онҳо нуқтаи назарашонро бо иловаи маводи дахлдор пешниҳод мекунанд.

А. БАДАЛОВ, БМСТЖ

Рубрики:Uncategorized

Ҳукумати чорум ё ангушти шашум?


Дар замони ҷанги шаҳрвандӣ аскарони барқароркунандаи сохти кониститутсионӣ вориди Тавилдара гардида, мардумро ҷамъ намуда, мепурсанд:
— Мо хубем ё аскарони мухолиф?
— Шумо ҳам хубеду онҳо ҳам. Танҳо мо аҳмақем, ки дар ин ҷо зиндагӣ карда истодаем,- посух медиҳанд онҳо.
Ин суханонро директори Симои мустақили Тоҷикистон Зинатулло Исмоилов дар мизи гирде гуфт, ки мавзӯяш «Дастгтрӣ ва рушди воситаҳои ахбори оммаи мустақил дар Тоҷикистон аз ҷониби ташкилотҳои байналмилалӣ ва мададрасон» буду дар он намояндагону сафирони баъзе давлатҳо, САҲА ва дигар созмонҳои байналхалқию Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат доштанд. Вай бо як дарди ба худ хос дар бораи мушкилоти ба сари СМТ омада ҳарф зада, иброз намуд, ки наметавонад барномаҳояшро пахш кунад. Ба намояндагони Ҳукумат муроҷиат мекунад, чора намебинанд. Ба созмонҳои байналхалқӣ муроҷиат кунад, гарданашонро чун ӯ каҷ мекунанд…
— Ҳадафи мо бой шудан нест. Агар бой шуданӣ бошем, симои ҳунарию фароғатӣ ташкил мекунем. Ҳамаи онҳое, ки ба Русия намераванду чанд танга доранд, ҳофиз шудаанд. Метавонем маблағи зиёд ба даст орем. Вале ҳадафи мо ахбори дақиқро ба мардум расондан, ҳақиқатро гуфтан аст,- гуфт Зинатулло Исмоилов.
Суханони ӯ маро ба андеша бурд. Дар банди фикр будам, ки гуфтаи ҷамъбастии барандаи мизи гирд Қироншоҳ Шарифзода маро ба худ овард. Таклиф намуд, ки барои ба низом даровардани масъалаи қарздиҳии созмонҳои байналҳалқӣ бо ВАО-и кишвар як ниҳоде лозим аст…
Намедонам дар он ҷо нишастагон ба чи қарор омаданд. Вале ман маҷлисгоҳро тарк намудам. Зеро боз ҳадаф буд, боз миёнаравӣ буд, боз ба худию бегона ҷудо кардан буд…
Намояндаи фонди Евразия худаш иқрор шуд, ки баъзе маблағҳои ҷудонамудаи онҳо ба «тарафи чап» мерафтааст… Директори радиои «Ориёно» Рустами Ҷонӣ барҳақ эрод гирифт, ки барои ба тарафи чап рафтани маблағҳо кӣ гунаҳкор аст? Даъво мекунанд, ки лоиҳаҳоро экспертҳо месанҷанд. Он экспертҳо ба куҷо нигоҳ карданд? Оё ошнобозию бачаи амаку тағогӯӣ аз худи дорандагону тақсимкунандагони фондҳо сар намешавад?
— Вақте мавзӯи мизи мудавварро хондам, гумон кардам, ки ба нашрияҳо пули калон медиҳанд,- мегуфт Рустами Ҷонӣ.
Аз нафари дар паҳлӯям нишаста — Зафар Абдуллоев пурсидам, ки чӣ қадар маблағ медиҳанд? Посух дод, ки аз 2 то 10 ҳазор доллар. Ба ростӣ, хандаам омад. Ман гумон доштам, ки ба маблағи 100-150 ҳазор доллар кӯмак мекунанд. Бо ин маблағи додаи созмонҳои хориҷӣ беҳтарин корчаллонро аз ҳамон кишвар биёрӣ ҳам, кори мӯътадили ВАО-ро ба роҳ монда наметавонад. Созмонҳои хориҷӣ барои ба мо кӯмак намудан омаданду баръакс монанди мо шуданд…
Фикру андешаҳо дар мавриди кӯмаки созмонҳои байналхалқӣ хеле зиёд буд. Баъзеҳо мегуфтанд, ки ин созмонҳо ба ВАО-и тоҷик «хӯрдан»-и моҳиро ёд доданд, акнун тарзи «қапидан»-и моҳиро меомӯзонанд. Онҳо ба тариқи масал дар бораи моҳию қапидани моҳӣ сухан меронданду ман орзу мекардам, ки кош он афсона рост мебаромад ва «моҳичаи тиллоро» меқапидам. Охир, созмонҳои хориҷӣ тарзи қапидани моҳиро нишон медодаанд. Ба моҳичаи тилло фармон не, аз ӯ илтимос мекардам, ки ба нафари зери номи журналист паноҳ гардидаю қаламу қоғазро ба манфиати нафси шумаш истифода мебурда, амал деҳ, вазир кун, аз вазир болотар барор! Соҳиби қасру савори мошинҳои рангобаранг намо… Ҳар чӣ дилаш мехоҳад, фароҳам биёр… Ба зону зада илтиҷо мекардам, ки танҳо қаламро аз дасташон гирад… Вале «бачагиям бо умеди моҳии тилло гузашт» гуфтани Лоиқ аз банди андеша халос намуд. «Бачагӣ не, тамоми умр бо умеди моҳии тилло гузашт» пичиррос задам ба худу «баъзе рӯзномаҳои туфайлихӯр» гуфтани Қироншоҳ Шарифзода боз ба оғӯши фикру хаёл бурдам. Маводҳои ҷамъ намудаи рӯзноманигорони Бюрои маслиҳатдиҳӣ, сухансанҷӣ ва тадқиқоти журналистиро дар мавриди гирифтани гранти ВАО дар чанд соли охир пеши назар овардам. Барои кушодани сайт, барои ташкили «Мизи мудаввар», баҳри гузарондани конференсия…
Ба ибораи «баъзе рӯзномаҳои туфайлихӯр» раиси Анҷумани рӯзноманигорони форсизабон Адолати Мирзо эроди сахт гирифта, иброз намуд, ки маблағҳои барои рушти ВАО ҷудокарда барои сохтани хонаю харидани мошин нест. Бояд он мақсаднок истифода бурда шавад. Ниҳоят, таъкид намуд, ки ҳамаашро медонад…
— Адолатбону, на танҳо Шумо, мо ҳам медонем. Ҳатто маводи тайёре дорем. Вале «осмон баланду замин сахт». Нисбати нафаре мавод нашр намудем. Аз чор тараф чунон «хойданд», ки мондан гиред. Сарзаниш карданд, ки чаро чунин кардем. Боз «Кодекси ахлоқи бинокори коммунизм»-ро (хонда шавад: Кодекси ахлоқи журналист) имзо гузоштему ба бало мондем. Акнун наметавонем камбудии рӯзноманигоре ё нашрияеро зери танқид гирем. Даррав дар Шӯрои ВАО муҳокима мекунанд…
— Аз ҳама созмонҳои журналистии мавҷуда манфиати Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба нашрияҳо бештар мерасад,- изҳор намуд раиси Маркази тадқиқоти журналистӣ Хуршед Ниёзов. Кодекси ахлоқи журналист қабул намуданд. Мо ба он имзо нагузоштем. Вале вақте Шӯрои ВАО ташкил шуду раиси он И. К. Усмонов интихоб гардид, ба хотири он кас чанд рӯзнома аъзо шудем. Ба умеди созмонҳои журналистӣ намешавад. Мо се нашрияи мустақил муттаҳид гардидем.
Раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Акбаралӣ Сатторов дар бораи чанд рӯз пеш бо сафирони баъзе давлатҳо вохӯрдану дар бораи ташкили рӯзнома масъала гузоштанаш ҳарф зад. Ташкили рӯзнома дарди кӯҳна аст. Хуршеди Атовулло ҳам ба умеди аз ҳафтафаҳмӣ халос шудану «Фараж»-ро рӯзнома кардан садо баланд кард. Вале «ҳафтафаҳм» монду як нашрияи варзишияш «Гол»-ро аз майдони «футбол»-и ВАО берун намуд…
Директори «Хома» Шаҳло Акобирова аз боби ноӯҳдабароии роҳбарони нашрияҳо дар дар ҷалби реклама сухан ронда, қайд намуд, ки захираи реклом чанд миллион будааст. Аммо наметавонанд онро аз худ кунанд.
Корманди радиои «Ватан» Вера Кулакова, ки қаблан оид ба «Имкониятҳои мустаҳкам намудани ҳамкории байни ВАО ва ташкилотҳои мададрасон» бо далелҳои мушаххас изҳори ақида намуда буд, ин иддаоро бепоя хонд. Изҳор намуд, ки рекломдиҳандагон медонанд ба кӣ муроҷиат намоянд. Онҳо танҳо ба ВАО-и «худӣ» реклама медиҳанд…
Зафар Абдуллоев, директори МАТ бинобар дар мизи мудаввар иштирок накардани директори АМВАОТ Нуриддин Қаршибоев сухан накард.
Марат Мамадшоев, муҳаррири «Азия — плюс» оид ба вазъи охирини ВАО ва баҳсҳои судӣ сухан ронда, қайд намуд, ки ҳаранд онҳоро ҷабрдида мегӯянд, худро ҷабрдида ҳисоб намекунад. Зеро нашрияҳо салоҳияти касбии худро адо намуданд. Пас, ин нашрияҳо пирӯзанд.
— Камбағалӣ худ гуноҳ аст, боз камбағалиро баҳона карда, талабидан гуноҳест азим,- гуфт Зафари Суфӣ, сармуҳаррири «Озодагон». Агар созмонҳои мададрасон кӯмаке мекарда бошанд, бигзор бе ягон ҳадаф барои дастгириии ВАО-и мустақил ёрӣ расонанд.
Зафари Суфӣ дуруст мегуфт. Барои гирифтани чанд танга чунон сарсону саргардон мекунанд, ки ҳадду ҳудуд надорад. Гоҳе лоиҳаи ба нафъи ҷамъият пешниҳодшуда як тараф мемонаду ким чизи дигаре мегузарад. Зеро боз телефонбозию тарафгирӣ. Чанде қабл намояндагии САҲА дар Тоҷикистон ба ҳамаи ҳафтаномаҳои мустақил ба ибораи интихоботӣ гӯем, ба тариқи шаффоф қоғаз тақсим намуд. Магар намешавад, ки ин таҷрибаро дигар созмонҳои мададрасону ташкилотҳои байналмилалӣ такрор кунанд? Касе аз касе дилмонда намешавад…
Дар мизи мудаввар масъалаи асосӣ он буд, ки оё созмонҳои байналхалқию мададрасон ба ВАО-и мустақил кӯмаки молиявӣ расонанд ё не? Ба хулоса омаданд, ки кӯмак расонанд.
Дар мизи мудаввар роҳбари дафтари матбуотии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлат Назрӣ ширкат намуда, чанд маротиба сухан гуфт. Умедворем эродҳои гирифтаи рӯзноманигоронро дар мавриди бешаъну шараф будани Вазорату мақомот ва фишори мақомоти судӣ ба роҳбаронаш мерасонад. Зеро дар миқёси байналхалқӣ сухан аз боби обрӯю эътибори Тоҷикистон меравад.
Бисёр суханони дигар ҳам гуфта шуданд, ки аксарашон манфиат буд. Вале маро ҳамон суханони Зиннатулло Исмоилов боз дунболагир шуд.
— Ба хулосае омадам, ки ВАО-и мустақили дарди мардумро мегуфта на ба ҳукумат лозим асту на ба созмонҳои байналхалқӣ. Агар зарур мебуд, Симои мустақили Тоҷикистон ба ин ҳол гирифтор намешуду 5 рӯзномаи мустақилро ба суд намекашиданд…
Вале, банда мегӯяд, ки барои ҳарду ҳам ВАО-и озод лозиманд. Дар Конститутсия навишта шудааст: Тоҷикистон давлати демократӣ…
Созмонҳои байналхалқӣ мегӯянд: Ҳомии озодии баён ҳастанд.
Пас, мо — ВАО-и мустақили Тоҷикистон маълум, ки ҳукумати чорум нестем. Ангушти шашум буданамон аниқ аст. Бурранд, дард мекунад, набурранд, халал мерасонад…

Ҷумъаи ТОЛИБ, БМСТЖ

Рубрики:Uncategorized

Шарм доред-е, шарм…


Хабари барои рӯёндани зарари маънавӣ ба маблағи 5 миллиону 500 ҳазор сомонӣ ба Cуди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе муроҷиат намудани ду нафар судяи Суди олӣ ва як нафар судяи Cуди шаҳри Душанберо нисбат ба рӯзномаҳои «Азия-плюс», «Озодагон» ва «Фараж» хонда, дар ҳайрат мондам. Охир, ин рӯзномаҳо салоҳияти касбии худро иҷро намуда, изҳороти адвокатеро нашр кардаанд. Мушоҳида намудам, ки ҳафтаномаҳои номбурда посухи судяҳоро нисбат ба изҳороти адвокат ба дасти чоп доданд. Пас, чӣ ҳоҷат буд ба суд муроҷиат намудану зарари маънавӣ талаб кардан? Кас ҳайрон мешавад, ки ин миқдор маблағро чи тавр ба зарари маънавияшон вобаста кардаанду шарм накарда онро талаб менамоянд? Албатта, ҳар кас ҳуқуқ дорад барои ҳимояи шаъну шарафаш ба суд муроҷиат намояд. Вале тааҷҷубовар аст, ки чаро шикояти нафарони оддӣ мавриди баррасии боадолатонаи судяҳо қарор намегирад?
Чун сухан аз боби ҳимояи шаъну шараф рафт, аз кулли судяҳо пурсиданиям, ки магар танҳо онҳо шаъну шараф доранд? Муаллифи ин сатрҳо аз соли 2004 инҷониб бо судяҳои зинаҳои гуногун сарукор дорам. Боре ба Суди олӣ муроҷиат намуда будам, ки судяҳои зинаи поёнӣ ҳалнома не, тӯҳматнома қабул мекунанд. Ҳамаашро бо далелҳо нишон додам. Аммо посухе нашуд. Дар бораи рӯёндани зарари маънавӣ аз ҳисоби судяҳо ду маротиба аризаи даъвогӣ навиштам. Касе онро баррасӣ накард. Чаро? Чунки манфиатдоранду якдигарро ҳимоя мекунанд?
Барои ҳал намудани баҳси манзилам 6 сол сарсону саргардон шудам. Нафароне ҳастанд, ки зиёда аз даҳ сол боз аз назди як судя ба назди дигараш мераванд. Барои чӣ мардумро сарсону саргардон мекунанд?! Сабабаш маълум асту то манфиат набошад, ин амал рух намедиҳад. Масъаларо дар асоси қонун, дар мӯҳлати тибқи қонун нишондодашуда баррасӣ мекунанд. Дур намеравем, Агентии «Тоҷикстандарт» нисбат ба рӯзномаи «Пайкон» барои рӯёндани зарари маънавӣ ба Суди ноҳияи Фирдавсӣ муроҷиат намуд. Онро судя дар давоми 14 рӯз ҳал намуд. Аниқтараш, аризаи даъвогиро пурра қонеъ кард.
Дар халқ мақоле ҳаст: «Камбағалро чизе нагӯй, куртаашро даррон». Ба суд кашидани ҳафтаномаи «Пайкон» оғози «мусаллаҳшавӣ» буд. Аммо дигар рӯзноманигорону нашрияҳо худро канора гирифтанд. Навбат ба «Миллат» расид, ниҳоят навбати «Азия-плюс», «Озодагон» ва «Фараж» омад. Барои «ҳамла» танҳо сабабе лозим буду сабабро ёфтанд. Чунки дар ду соли охир рӯзноманигорон хеле фаъол гардида, парда аз рӯи бисёр амалҳои пасипардагӣ бардоштанд. Ин амали онҳо бисёр соҳибмансабон, аз он ҷумла судяҳоро безобита кард. Вале гуфтаи Расули акрам аст, ки «Ҳақиқат боло меравад». Боварӣ дорам, ки пирӯзӣ насиби ин рӯзномаҳо мегардад. Зеро онҳо ҷонибдори халқанду ҳақиқатро рӯи қоғаз меоранд. Дар боло таъкид намуда будам, ки солҳо боз бо судяҳои зинаҳои гуногун сарукор дорам.Гуфтам, боз ҳодисаеро нақл мекунам, то маълум гардад, ки киро барои расондани зарари маънавӣ ба суд кашидан лозим аст? Рӯзноманигорон ё судяҳои бесалоҳиятро?!
Мушоҳида намудам ва он фикри шахсии ман аст, ки дар Суди олӣ мавқеи ҳимоякунии судяҳоро пеш гирифтаанду ба амалу санади қабулнамудаи онҳо аҳамият намедиҳанд. Дар баҳси манзиле ҳамчун намояндаи ваколатдор иштирок мекунам. Арзи шикоятам ба зинаҳои гуногуни судӣ бенатиҷа монд. Ноилоҷ ба ВАО рӯй овардам. Чунки дар асоси бесалоҳиятии судяи Суди ноҳияи Фирдавси шаҳри Душанбе С. А. Қурбонов як духтараку модарашу пиразане дар кӯча сарсону саргардон монданд. Санаи 11-уми июни соли 2009 дар ҳафтаномаи «Пайкон» муроҷиатномае ба унвони Президенти мамлакат бо номи «Дар кӯча зиндагӣ дорем» ба табъ расид. Аммо аз ҷониби Суди олӣ вокунише нашуд. Нашрия бори дуюм ба Суди олӣ муроҷиат намуда, ҷавоби мақоларо талаб кард. Ниҳоят, бо имзои муовини раиси Суди олии Ҷумҳурии Тоҷикистон А. Юсупов ба нашрия посух омад. Ҷавоби фиристодаро хонда бо номи «Дурӯғгӯй душмани Худо» он ҷавобро шарҳ додам. Ҷавобнома аз аввал то ба охир як навъ худсафедкунию тарафгирии судя буд. Гӯё дар ин олам танҳо гуфтаи судяҳою санади қабулнамудаашон ҳукми қонунро дорад. Онҳо фаромӯш кардаанд, ки дигарон ҳам чашм доранд ва қонунҳоро хонда метавонанд. Эроди гирифтаи ман санаи 4-уми ноябри соли 2009 ба табъ расида буд. Дар он навишта будам, ки бигзор ба ин масъала худи раиси Суди олии ҶТ Н. Абдуллоев посух гӯяд. Аммо аз байн наздики чор моҳ гузашту то ҳол хомӯшанд. Ин далели чист? Нописандию дидаю дониста ба назар нагирифтани Қонуни ҶТ «Дар бораи муроҷиати шаҳрвандон» ва Фармони Президенти ҶТ «Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба баромадҳои ВАО». Акнун меоем сари ҷавоб ва онро то андозае шарҳ медиҳем, ки ба амали судя, санади қабулнамудаи ӯ дар суди олӣ чи тавр баҳо доданд. Дар қисмати аввали посух ҳамчун хабар дар бораи ҳаракати парванда нақл карда шудааст. Вале ба он масъала баҳо намедиҳанд, аниқтараш рӯшод намекунанд, ки баҳсро кадом судяҳо мавриди баррасӣ қарор додаанд? Чаро аз ин далел ёдовар намешаванд? Чунки ҳамааш ошкор мешавад. Барои чӣ тамоми баҳсҳои вобаста ба як масъаларо собиқ судяи Суди ноҳияи Фирдавсӣ С. А. Қурбонов медидааст? Чӣ, дар Суди ноҳияи Фирдавсӣ дигар судя набуд? Барои он ки дар баррасии парванда ширкат накунад, чор маротиба дар санаҳои 7-уми апрели соли 2008, 26-уми майи соли 2008, 29-уми майи соли 2008, 12-уми июни соли 2008 нисбат ба судя изҳори нобоварӣ карда шуда буд. Аммо барои чӣ боз худаш баррасӣ намуду дархостро рад кард? Магар ин аз манфиатдории судя шаҳодат намедиҳад? Санаи 14-уми июни соли 2007 судяи Суди ноҳияи Фирдавсӣ С. А. Қурбонов дар асоси аризаи С. Эмомов ақди никоҳро бекор намуда, манзили истиқоматиро ба ҳиссаи баробар тақсим мекунад. Аризаи кассатсионии Ф. Раҳимова аз тарафи коллегияи судӣ оид ба баррасии парвандаҳои шаҳрвандии Суди шаҳри Душанбе бетағйир гузошта мешавад. Чанде пас Эмомов С. барои аз манзили истиқоматӣ баровардани Ф. Раҳимова боз аризаи даъвогӣ менависад. Ин баҳсро санаи 9-уми апрели соли 2008 судяи Суди ноҳияи Фирдавсӣ Г. А. Юсупова мавриди баррасӣ қарор дода, аризаи даъвогиро беқаноат мемонад. Вале санаи 27-уми майи соли 2008 судя С. Қурбонов ба тариқи ғоибона ҳалнома бароварда, даъвоӣ С. Эмомовро дар мавриди аз хона баровардани Ф. Раҳимова қонеъ мекунад. Магар ин қонуншиканӣ, аз мансаб истифода бурдан нест? Оё ҳалномаи қабулнамудаи судя Г. А. Юсупова ҳуқми қонун надорад? Ҳол он ки, дар таъиноти маҷлиси Суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе дар ҳайати раисикунанда Юсупова Г. А., бо котибии А. Искандарзод, бо иштироки прокурор Хоркашев А., адвокат Бадриддинов аз 9-уми апрели соли 2008 таъин карда шудааст: «Аризаи даъвогии Эмомов Сайдаҳмад Раҳмонович нисбати Раҳимова Файзимо Ҳакимовна оиди баровардан аз манзили истиқоматӣ бе баррасӣ мононда шавад.
Аз болои таъиноти судӣ дар муддати 10 рӯз тавассути ҳамин суд ба Суди шаҳри Душанбе шикояти хусусӣ овардан мумкин аст».
Пас, дар асоси кадом қонун судя С. Қурбонов парвандаро бо ихтиёри худаш баррасӣ кардааст? Оё ин қонуншиканӣ, сӯистифода аз мансаб, паст задани ҳуқуқи инсон нест?
Кас афсӯс мехӯрад, ки бо кадом далел ваҷҳҳои дар Муроҷиатнома овардаро беасос меноманд? Магар ҳамин чор маротиба нисбат ба судя раддия навиштану судя бо хости худ рафтор намуданаш далели хилофи қонун рафтор кардани судя нест? Боз кадом асос лозим бошад?! Дар посухнома менависанд, ки «Раҳимова Ф. ба суд оиди касал буданаш ягон маълумот пешниҳод накардааст». Охир, ҳамаи он ҳуҷҷатҳои беморӣ дар дохили парванда буд, агар онро нобуд накарда бошанд. Бори дигар таъкид мекунем, ки Ф. Раҳимова чанд сол боз ба касалии рӯҳӣ гирифтор буда, аз соли 2008 расман ҳамчун бемори рӯҳӣ нафақа мегирад. Рақами дафтарчаи нафақагирияш 195768 мебошад.
Дар посухи Суди олӣ меояд, ки гӯё «ӯро бо ҳамроҳии модари пир ва фарзанди ноболиғаш ба тариқи зӯрӣ аз манзили номбурдашуда кӯчонидааст», беасос будааст. Намедонам, чаро тӯтивор «беасос» мегӯянд. Охир, бузургон гуфтаанд, ки «бедалел эътироз намудан дар зинаи пасти хирад будан аст». Онҳоро якчанд маротиба аз хона ба таври маҷбурӣ бо роҳи задану кашола кардан берун мекунанд. Ҳангоми аз хона бароварданашон Ф. Раҳимова, модари пираш ва ду нафари дигар зарари ҷисмонӣ мебинанд. Дар ин бора хулосаи суди тиббӣ таҳти рақами 5070, 5071, 5072, 5073 аз 15 то 18-уми августи соли 2008 мавҷуд мебошад.
Далели дар посухнома оварда, ки гӯё барои ҳиссаи зиёдеро ба хона соҳиб шудан Ф. Раҳимова хилофи қонун духтари шаҳрванд Р. Шарифоваро ба номи худ гузаронда бошад, дурӯғи маҳз аст. Чунки Ф. Раҳимова бо розигии собиқ шавҳараш ва розигии модари кӯдак — Р. Шарифова соли 2000-ум кӯдакро гирифта, то ҳоло он кӯдак дар тарбияи Раҳимова Ф. мебошад. Собиқ шавҳари Раҳимова — Эмомов соли 2002 аз хона баромада рафтааст, ки дар он вақт кӯдак дусола буд. Пас, чи хел суд менависад, ки шавҳари Ф. Раҳимова аз ин кор хабар надорад? О, ин кӯдаки зинда буд-ку, на лӯхтаки беҷон, ки кунҷе партоянду кас ӯро набинад ва овозашро нашунавад! Дигар, Эмомов дар куҷо буд, ки аз соли 2002 то соли 2006 хонаро суроғ накард? Барои чӣ суд дар як вақт бо Раҳимова зиндагӣ кардани Эмомову ҳамзамон ду зани дигар гирифтани ӯро мавриди баррасӣ қарор надод? Куҷост адолати судӣ!? Мантиқ куҷост, мӯҳтарам судяҳо! Айни замон Ф. Раҳимова ва Р. Шарифова дар як долон зиндагӣ доранд ва муайян намудани асли воқеа он қадар мушкилӣ надорад.
Дар манзили баҳсӣ бошад, ким-кадом шахсони ношинос омадаву дарро кушода, ба чи кор машғуланд, касе намедонад. Шабона медароянду рӯзона мебароянд. Худи Эмомов ҳам дар ин манзил зиндагӣ надорад.
Оид ба модари пири ҷабрдида. Барои ин, ки Раҳимова касалии рӯҳӣ дорад, баъди аз хона баромада рафтани шавҳараш модараш бо ӯ зиндагӣ мекунад ва ҳамеша таҳти назорати модараш мебошад. Фақат модараш метавонад Раҳимоваро аз ҳолати беҳушӣ барорад. Агар Раҳимова беназорат монад, ҳангоми хурӯҷ кардани беморияш мумкин аст ба ҳалокат расад.
Бигзор роҳбарони Суди олии ҶТ тасаввур кунанд, ки агар ягон наздики онҳо ба чунин аҳвол гирифтор мебуд, чӣ кор мекарданд? Куҷост меҳру шафқат!?
Ниҳоят, аз Худо тарсидан лозим аст. Мансабу амал ҳамааш як тараф, вале ростиро завол нест. Боварӣ дорам, имрӯз не, пагоҳ масъала роҳи ҳалли одилонаи худро меёбад. Рӯзе асли масъала ба Ҷаноби Олӣ мерасад. Инсоф кунед, инсоф… Се нафар зан дар кӯча зиндагӣ доранду бо як ҳалномаи хилофиқонунии С. Қурбонов сарсону саргардонанд.
Акнун худ қазоват кунед. Киро ба суд кашидану аз ӯ зарари маънави рӯёндан лозим аст? Ба ҷои нисбат ба ин рафтори С. А. Қурбонов чизе гуфтан, боз ба дигар минтақа судя таъин карда фиристодаанд.
Ин ҳодисаро аз рафтори як судя нақл кардам. Метавонам боз мисолҳои зиёде орам. Вале ба доно як ишора мегӯянд. Ҳадаф аз рӯи қоғаз овардани ин ҳодиса, ҳушдор додани судяҳою робаронашон мебошад. Ба нашрияҳои мустақилу рӯзноманигорон бо чашми ало нигоҳ накунанд. Зеро онҳо бо халқанд. Баръакс, аз амалҳояшон бояд шарм кунанд. Бале, судяҳои азиз, шарм доред, шарм…
Қ. ҒОИБОВ,
сокини шаҳри Душанбе

Рубрики:Uncategorized

ЖУРНАЛИСТ Ҷ. ТОЛИБ ЧӢ МЕХОҲАД?


Душанбе, 25 феврал. (АМИТ «Ховар», Дишодаи Ҷонмард).- Бегоҳи 24-уми феврали соли ҷорӣ директори «Бюрои маслиҳатдиҳӣ, сухансанҷӣ ва тадқиқоти журналистӣ», сармуҳаррири ҳафтаномаи «Пайкон» Ҷумъаи Толиб нисбати ҳуқуқшиноси Маркази ҳимояи ҳуқуқии «Адвокати Шумо»-и шаҳри Хуҷанд Абдураҳмон Тӯраев ба Суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бо аризаи даъвогӣ барои кушодани парвандаи ҷиноятӣ, ҳимояи шаъну шараф, эътибори корӣ ва нашри узрнома, рӯёндани зарари маънавӣ дар ҳаҷми 300 ҳазор сомонӣ муроҷиат намуд.

Сабаби пешниҳод намудани даъво навиштае бо номи «Адолати судӣ ба касе вобастагӣ надорад!» мебошад, ки дар таърихи 1-уми октябри соли 2009 дар ҳафтаномаи «СССР» № 40 (56) бо имзои Абдураҳмон Тӯраев ба табъ расидааст.

— А. Тӯраев маро дар ин навиштааш барои аз ҳадди ваколатҳои худ баромадан, моҷароҷӯӣ, бемантиқона сухан гуфтан, ба таҳқиру маҳалчигӣ даст задан, сарфаҳм нарафтани қонун, фишор овардан ба мақомоти судӣ, хезондани ҳангома, ба моҳияти қонун сарфаҳм нарафтан, ба гумроҳӣ бурдани кормандони мақомоти судӣ, пеш гирифтани роҳи қассосу ниқор, монеагӣ ва дахолат ба принсипи адолати судӣ, рафтори ҷинояткорона содир намудан, гунаҳкор ва ғайриқонунӣ ҳисобидани мақомоти судӣ, паст задани мақому мартабаи байналхалқии Тоҷикистон, бадном кардани миллати тоҷик, рӯҳафтода ва ноумед намудани мардум тӯҳмат кардааст. Бинобар ин, аз суд хоҳиш намудам, ки нисбат ба А. Тӯраев тибқи моддаи 135, қисми 2-и Кодекси Ҷиноятии ҶТ парвандаи ҷиноятӣ кушода, барои паст задани шаъну шараф ва эътибори кории ман дар ҳаҷми 300 ҳазор сомонӣ зарари маънавӣ рӯёнда, ӯҳдадор карда шавад, ки аз ман тариқи ҳамон рӯзнома узр пурсад,- мегӯяд Ҷумъаи Толиб.
http://www.khovar.tj/taj/index.php?option=com_content&task=view&id=11950&Itemid=13

Рубрики:Uncategorized

Раҳматилло Зойиров: Депутатҳоро бояд «ҷунбонем»…

— Дар яке аз баромадҳоятон таъкид намуда будед, ки «то интихобот худи Ҳукумат маро муаррифӣ мекунад». Аз ибрози ин назар ҳадаф чӣ буд? Оё дар ҳақиқат Ҳукумат Шуморо «муаррифӣ» кард?
— Албатта «муаррифӣ» кард. Ва бояд қайд намоям, ки дар даври интихобот ҳам ин «муаррифӣ» давом дорад.
Бинед, танҳо дар давоми 3 моҳи охир зиёда аз даҳ бор! Ҳукумат маро ва ҲСДТ-ро дар маркази таваҷҷӯҳи ВАО ва ҷамъият қарор дод. Масалан, Президенти кишвар ба вохӯрӣ бо раисони ҳизбҳои сиёсӣ дар Шӯрои ҷамъиятӣ маро ҳамчун раиси ҲСДТ даъват накард. Баъдан, аз 7 ҳизби сиёсӣ намояндаҳои онҳоро ба узви Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ пешниҳод карду аз Ҳизби сотсиал — демократи Тоҷикистон пешниҳод накард. Ин албатта «муаррифӣ»-и манфист, ки аз ҷониби президенти кишвар риоя накардани моддаи 64-уми Конститутсияи ҶТ буд. Аммо рекламаи манфӣ ҳам «муаррифӣ» аст.
Баъдан, дар ВАО-и ҳукуматию давлатӣ чандин бор моро бар маркази таваҷҷӯҳ кашиданд. Масалан ба табъ расидани мақолае дар сайти АМИТ «Ховар» бо номи «Роҳе, ки ту меравӣ, ба Туркистон аст», ё оид ба мавқеи ҳуқуқии ман ва ҲСДТ вобаста на ба сохтмони Роғун (мо ҷонибдори сохтмони ин иншоот ҳастем), балки ҷойҳои аз нигоҳи ҳуқуқ заифи эълом кардани ҶСШК «Роғун ва фурӯши саҳмияҳои он, нодуруст ва ғайримантиқӣ «изҳорот» додани муовини директори МТС назди Президенти ҶТ, ё мақолае таҳти унвони «Шумо ба осиёби кӣ об мерезед, ҷаноби Зойиров?!» дар рӯзномаи «Ҷумҳурият», нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13-уми феврали соли 2010 ва ғайра.
Худи ҲХДТ намехоҳад аз «муаррифӣ»-и Р. Зойиров қафо монад. Масалан, то 3-юми январи соли 2010 аз ҷониби маъсулони ин ҳизб эълон гашт, ки дар ноҳияи Сино, яъне аз ҳавзаи якмандатии интихоботии № 4 ректори Донишкадаи забонҳо пешниҳод карда шуд. Вақте ман рӯзи 3-юми январ эълом намудам, ки аз ин ҳавза, яъне Сино № 4 номзадии худро аз ҲСДТ пешниҳод менамоям, дар «нақшагирии» ҲХДТ тағйиротҳо ба миён омад. Дар ВАО иттилоъ пайдо шуд, ки аз ҳавзаи интихоботии Сино № 4 Маҳмадалӣ Ватанов пешниҳод мегардад. Баъд аз 2-3 рӯз маълум гашт, ки бар зидди Р. Зойирови ҲСДТ ҳамчун намояндаи ҲХДТ раиси Шӯрои адлияи ҶТ пешниҳод карда шуд. Ин таъҷилан «хабарҳои радиои армании тоҷикро» ба миён овард, ки ҲХДТ аз Раҳматилло Зойиров тарсу ҳарос дорад ва кӯшишу ғайрат ба харҷ медиҳад, то ӯ ба парлумон роҳ наёбад. Ин хабарҳо беасос набудаанд. Дар давоми ин ҳафтаномаи «Минбари халқ» — нашрияи марказии ҲХДТ рӯзи 4-уми феврали соли 2010 зери унвони «Даъвоҳои беасос ба хотири қасос, ё Раҳатилло Зойиров аз миллату давлати Тоҷикистон чӣ мехоҳад?» мақолаи тӯҳматомезу иғвоангезро бар зидди Р. Зойиров ба чоп расонд. Ман нисбати нашрияи марказии ҲХДТ — «Минбари халқ» ва муаллифи ин мақола аризаи даъвогӣ оид ба ҳимояи эътибори шахсӣ, шаъну шараф, номусу номи нек, эътибори корӣ ва рӯёнидани зарари маънавӣ ба Суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе муроҷиат намудам. Ин гуна фактҳо даҳҳо мебошанд.
— Аз ҳизбҳои гуногун номзадҳои зиёде барои ба мандати депутатӣ соҳиб шудан номзадияшонро пешбарӣ кардаанд. Чаро танҳо Шумо мавриди «ҳамла»-и ВАО қарор гирифтед?
— Агар гӯем, ки мавриди «ҳамла»-и ВАО-и ҳукуматӣ ва ҲХДТ, ин дурусттар мебошад. Зеро ВАО-и мустақили Тоҷикистон маро дар умум танҳо дастгирӣ менамоянд. Аз дигар нигоҳ, бояд қайд намоям, ки ба нашр расидани ин маводҳои «муаррифии манфӣ»-и ман ё ҲСДТ дар АМИТ «Ховар», «Ҷумҳурият» ё «Минбари халқ» на ташаббуси журналистон ё роҳбарияти ин ВАО, балки «супоришӣ» мебошад.

— Ба андешаи Шумо, ин қадар «антиреклама»-ро нисбататон истифода бурдан ба кадом хотир аст? Мушаххас гӯед, чаро намехоҳанд Шумо дар парлумони касбӣ фаъолият дошта бошед?
— Тоҷикистони имрӯза ҳанӯз ҳам дар бӯҳрони низомӣ қарор дорад. Сабаби асосии ин на танҳо дар худхоҳии гурӯҳиву қавмӣ ва белаёқатии кадрҳо, аз ҷумла кадрҳои ҳукуматӣ ва парлумони имрӯзаи Тоҷикистон, балки дар меъёрҳои дугона ва роҳбарии бесамараи иқтисоди кишвар мебошад. Дар ин ҳолат худи мақоми қонунгузор ҳам гуноҳи азимро дорад, зеро сиёсати қонунгузорӣ дар соҳаи иқтисодиёт сусттарин ҷанбаи фаъолияти парлумон мебошад. Муҳимаш, имрӯз роҳбарияти кишвар ин воқеиятро эътироф кардан намехоҳад. Вақте ҳақиқатро эътироф кардан намехоҳанд, нафаре лозим, ки ӯ доимо танҳо аз рӯи ҳақикат гуфтугӯ ва рафтор кунад. Барои ҳамин, роҳбарияти кишвар хоҳиш надорад, ки ман, яъне Раҳматилло Зойиров дар парлумон бошам. Ин албатта хатои ҳам сиёсӣ, ҳам ҳуқуқӣ мебошад.
— Боре таъкид карда будед, ки агар намоянда дар парлумон интихоб шавед, «Роғун»-ро дар баҳсҳои байнидавлатӣ аз ҷиҳати ҳуқуқӣ ҳимоя мекунед. Магар барои ҳимоя намудани «Роғун» депутат будан шарт аст? Чаро Шумо ҳамчун ҳуқуқшинос — шаҳрванди Тоҷикистон наметавонистаед ба манфиати ҷамъият коре кунед?
— Дар ҳолати имрӯзаи Тоҷикистон шарт аст. Воқеият ҳамин аст, ки вақте фард вакил нест, ӯ мақоми ҳуқуқии устувор ва мустақил надорад. Масалан, иҷрои дархости вакил ё қарори парлумон барои ҳукумат ҳатмӣ мебошад. Вақте ман ҳатто раиси ҲСДТ бошам, дархосту изҳоротҳои ман барои ҳукумати Тоҷикистон «ҳеҷ». Агар ман имрӯз ҳам кӯшишу ғайрати худро барои ҳимояи «Роғун» сафарбар кунам, масалан ҳамчун ҳуқуқшинос, боварӣ надорам, ки ҳукумат ҳуҷҷатҳои «Роғун»-ро ба ман шаффоф ва пурра пешниҳод менамояд. Дар ин ҳолат адвокат кору фаъолият бурда наметавонад. Агар ман вакил бошам, метавонам аз рӯи назорат ва дархост аз ҳукумат ҳуҷҷатҳоро ба парлумон талаб карда гирам ва комиссияи парлумон ҳал намояд, ки ин масъаларо чигуна баррасӣ менамояд.
— Шумо дар як мусоҳибаатон гуфтед, ки ба шаффоф ва демократӣ гузаштани интихобот боварӣ надоред, аммо умед доред. Умеди Шумо дар ин ҳолат, масалан аз ин интихобот чист?
— Бояд эътироф намоям, ки зоҳиран аз нигоҳи ташкил кардану гузаронидани интихобот мо дар ин интихобот якчанд қадам пеш рафтем, яъне интихоботи соли 2010 мусбат, фарқкунанда мебошад. Моҳиятан, ҳоло дида мешавад, ки интихобот ба манфиати ҲХДТ, аз ҷумла бо истифодаи шахсият, симо ва имкониятҳои идеологии президенти кишвар равона карда шудааст. Аз ин рӯ, масалан дар худи ҳавзаи якмандатии Сино №4 ҳам хоҳанд ё нахоҳанд, мақомоти маҳаллӣ, комиссияҳои участкавии интихоботӣ, ки ҳозир аксаран танҳо аз намояндаҳои ҲХДТ иборат мебошанд, ҳама кӯшишу ғайрати худро барои ғолиб омадани намояндаи ҲХДТ сафарбар мекунанд. Дар ин ҳолат ман танҳо ба мардум, яъне ба интихобкунанда умед дорам ва такя мекунам, ки ӯ ҳамчун ягона сарчашмаи ҳокимияти давлатӣ иродаи худро нишон медиҳад, яъне, нафареро интихоб менамояд, ки ба манфиати ӯ хизмат мекунад.
— Фарз кардем, ки Шумо депутат интихоб шудед. Оё боварӣ доред, ки дар мавриди таҳияи қонунҳо фикратон қобили қабули дигар намояндагон мегардад?
— Барои чӣ не? Албатта, фикри ман ё ду се намояндаи ҲСДТ қувваи ҳалкунанда намешавад. Аммо, чи хел дар як уқёнус як нафар SOS гӯяд, аз ин уқёнус бохабар мешавад, мо ҳам доимо ҷомеаро бохабар карда метавонем. Парлумон бошад, бар зидди ҷомеа қарор қабул карданаш мушкил мегардад.
Ғайр аз ин, бояд қайд намоям, ки дар парлумон бисёр фардҳо ҳастанд, ки онҳо болаёқат, босавод, мутахассисанд, вале барои ислоҳ кардани хато ё масъалагузорӣ ҷуръату ҷасорат надоранд. Барои ин гуна вакилон албатта фарди «меҷунбонда» лозим. Ҳолатҳое мешавад, ки як гурӯҳи хурд парлумонро табдил дода метавонад. Мисол гирем аз табиат. Агар ба як сатил шири ҷӯшида як қошуқ ҷурғот наандозед, шири ҷӯшида вайрон мешавад. Як қошуқ ҷурғот як сатил шири ҷӯшидаро ба як сатил ҷурғот табдил медиҳад. Одам ҳам ҳамин тавр аст. Ҳатто як гурӯҳи хурди дилсӯзу кордон метавонад фикри як парлумонро тағйир диҳад.
— Гӯед, ки номзадии Шумо нисбат ба номзадии рақибонатон аз ҳамин ҳавзаи якмандатии Сино № 4, масалан, аз Шермуҳаммад Шоҳиён чӣ афзалият дорад, ки мардум ҳатман Шуморо интихоб намоянд?
— Бояд ба ин савол мушаххас ҷавоб гӯям. Мо асосан аз рӯи тахассус, яъне ҳамчун ҳуқуқшинос монандӣ дорем, вале фарқиятҳоямон зиёд аст. Худатон, қазоват кунед:
1). Ш. Шоҳиён ҳуқуқшиноси варзида аст, аммо ҳуқуқшиноси варзида ва эътирофшудаи ҳукумати имрӯза аст. Маро ҳамчун ҳуқуқшиноси варзида на танҳо ҳукумат, балки асосан ҷомеаи Тоҷикистон ва дар арсаи байналмилалӣ эътироф доранд;
2). Ш. Шоҳиён ба парлумон ҳам ворид шавад, намояндаи ҲХДТ ва ҳукумати имрӯза буд ва мемонад. То имрӯз дар вазифаҳои гуногуни ҳуқуқӣ кор мекард ва ҳама имкониятҳоро дошт, ки дар фаъолияти парлумон ҳиссагузорӣ кунад. Хусусан, ӯ 6 сол намояндаи комилҳуқуқи президенти кишвар дар парлумон буд. Яъне, имрӯз аз ворид шудани ӯ ба парлумон ягон навигарӣ ба миён намеояд, мақоми ҳуқуқии ӯ баланд намешавад, балки паст мешавад. Ворид шудани ман ба парлумон ҳам навигарӣ меорад, ҳам барои ҷомеаи шаҳрвандӣ заруртар мебошад;
3). Ш. Шоҳиён ҳамчун ҳуқуқшинос танҳо таҷрибаи амалии ҳуқуқӣ дорад. Ман, ғайр аз таҷрибаи амалии ҳуқуқӣ, корманди илм бо 30 сол таҷрибаи корӣ, унвони илмӣ дорам, муаллифи зиёдтар аз 300 кори илмӣ мебошам, 35 китоб, 230 мақолаи илмӣ, хусусан дар соҳаи техника ва мураттабсозии қонунгузорӣ зиёда аз 40 кори илмӣ ба табъ расонидаам;
4). Ғайр аз ин, ман 27 таҷрибаи кории устодӣ дар мактабҳои олии ҳуқуқӣ ва сиёсӣ дорам, ки Ш. Шоҳиён дар ин соҳа амал накардааст; Ман барои илми ҳуқуқшиносӣ зиёда аз 3200 шогирди ҳуқуқшинос ва даҳҳо бо унвонҳои илмҳои ҳуқуқшиносӣ тайёр кардаам;
5). Ман, ғайр аз ҳуқуқшинос буданам, сиёсатшинос ва сиёсатмадор мебошам, асосгузор ва раиси Ҳизби сотсиал — демократи Тоҷикистон мебошам. Ғайр аз ин, ҳамчун ҳуқуқшинос ва сиёсатмадор дар сатҳи байналмилалӣ, ҳамчун коршиноси байналмилалӣ эътироф гардидаам;
6). Аз нигоҳи табиати кадрӣ, агар Ш. Шоҳиён корманд ва ҳуқуқшиноси аз нигоҳи ҳимояи манфиатҳои ҳукумат бошад, ман ҳуқуқшинос ва ҳуқуқҳимоятгари манфиатҳои шаҳрвандон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошам, ки манфиатҳои интихобкунандагонро, хусусан аз ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, бевосита намояндагӣ ва ҳимоя карда метавонам.
7). Ниҳоят, бояд қайд намоям, ки ман дар парлумон озод ва ба манфиати адолат ва ҳақиқатҷӯӣ амал карда метавонам, ки барои парлумони Тоҷикистон, барои гузаронидаи ислоҳоти ин мақоми қонунгузор муҳим мебошад. Ш. Шоҳиён дар асоси фаъолияти худ, алалхусус ҳам аз сиёсати ҳукумат, ҳам аз сиёсати ҲХДТ вобаста мебошад.
— Аз интихобкунандагон чӣ хоҳиш доред?
— Танҳо се чиз: дили пок, дарки масъулият ва иродаи шаҳрвандӣ. Бояд ҳар шаҳрванд, дар умум мо — халқи Тоҷикистон дар баргузории интихобот фаъол ва сиҳату саломат бошем!

Мусоҳиб
Фарангиси МУЗАФФАР, БМСТЖ

Рубрики:Uncategorized

Рақс бикун, рақс бикун, гардаме…

(Луқма)
Cубҳи 20-уми феврал дар «Кохи Ҷомӣ» ярмаркаи ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон баргузор шуд. Чорабинии мазкур бо ибтикори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бунёди байналмилалии системаҳои интихоботӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кӯмаки молии Агентии рушди байналмилалии Амрико барпо гардид. Гузаронидани чунин чорабиниҳо дар арафаи интихоботи парлумонӣ як амри воқеист ва ҳар кишвари ҳуқуқбунёду демократӣ аз ин усул кор мегирад. Аммо чизи дигаре дар ин миён мардумро ба ҳайрат овард. Ин ҳам аз қолаб берун ҷастани дастандаркорони чорабинӣ. Равшантар гӯем, ҳамон «карнайу сурнайнавозӣ» ва «ашӯлахонӣ»-ву «рақскунӣ»-и иштирокчиёни ярмарка.

Толори «Кохи Ҷомӣ» он рӯз шумораи зиёде аз ҷавононро ҷалб карда буд. Ҳама хурсандона рақс мекарданд ва ҳатто гоҳе баробари сарояндагон лаб меҷунбонданд. Маълум буд, ки шикамашон сер аст. Зеро дар ярмарка қатори барномаву овезаҳо ва дигар ашёи интихоботии аҳзоби сиёсӣ анвои хӯрока низ пешкаши иштирокчиён гардид. Шояд ин як усули «гарм кардани дили ҷавонон» ва бо ҳамин васила дар толор нигоҳ доштани онҳо буд. Диққат диҳед! Намояндаи Ҳизби сотсиал — демократи Тоҷикистон Шӯҳрат Қудратов мегӯяд, ки «мо дар ин ярмарка дидем, ба ҷавонон на интихобот ва барномаҳои интихоботии аҳзоб, балки рақсу мусиқӣ аҷибтар аст. Вақте мусиқӣ садо медод, онҳо аз ғурфаҳо дур мерафтанд ва ба рақсу мусиқӣ дода мешуданд». Ин дар ҳолест, ки шахсони калонсол дар чорабинӣ кам иштирок доштанд ва ҳамин ҷавонон буданд, ки метавонистанд таваҷҷӯҳ ба номзадҳои аҳзоби сиёсӣ кунанд. Аммо гумон аст, ки баъди ин вохӯрӣ нафаре аз номзадҳо дар ёдашон монад, чун сармасти базму тараб буданд. Бадеҳист, ки ҳамин тавр ҳам мешавад. Зеро роҳандозони ярмарка масъалаи ҷалби ҷавононро ба маъракаи муҳими сиёсӣ сарсарӣ тарҳрезӣ карда, ҳолати равонии онҳоро ба эътибор нагирифтаанд. Чӣ гуна? Масалан, барои он ки симои номзадҳои аҳзоби сиёсӣ дар хотир монад, мебоист онҳо низ бар замми пешниҳоди барномаҳои худ дар қатори ҷавонон мерақсиданд. Навозандагон тору дуторашонро ҷӯр мекарданду сарояндаҳо месуруданд: «Рақс бикун, рақс бикун, гардаме…». Вақте ҷавон медид, ки номзад аз Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон таҳти наво бо усули арабӣ ё «Катхак»-и ҳиндӣ мечархад, номзад аз Ҳизби халқӣ — демократии Тоҷикистон зери навои гитор бо усули «Фанданго»-и испанӣ мерақсад, номзадҳо аз Ҳизби сотсиал — демократи Тоҷикистон бо усули «Танго»-и аргентинӣ ҷойи пойи якдигарро иваз мекунанд, номзад аз Ҳизби демократи Тоҷикистон бо усули «Салтарелло»-и итолёвӣ меҷаҳад, номзад аз Ҳизби ислоҳоти иқтисодииТоҷикистон бо усули «Рок-н-ролл»-и амрикоӣ ба худ мепечад, номзад аз Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон «Брейк»-и сиёҳпӯстони амрикоиро иҷро мекунад, номзад аз Ҳизби аграрии Тоҷикистон бо усули «Гопак»-и украинӣ ҳар тараф медаваду номзад аз Ҳизби коммунисти Тоҷикистон «Канкан»-и фаронсавиро ба қиём меорад, ин манзара ва симои номзадҳо то мурдан аз ёдаш намерафт.

Фазлиддин АСОЗОДА, БМСТЖ

Рубрики:Uncategorized

Баҳси об, ду тобут ва парвози «Кукуруз»

Фаромадани тарма дар шоҳроҳҳои Душанбе — Хуҷанд, Душанбе — Хоруғ ва ағбаи Шаҳристон рафтуомади шаҳрвандонро аз Хатлону навоҳии тобеи марказ ба вилояти Бадахшон ва Суғд тавассути нақлиёт ғайриимкон гардонидааст. Тавре аз Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва Раёсати бозрасии давлатии автомобилӣ хабар доданд, аз сабаби фаромадани тармаи зиёд ҳаракати нақлиёт дар шоҳроҳҳои Душанбе — Хоруғ, Душанбе — Хуҷанд ва ағбаи Шаҳристон ғайриимкон гардида, бо вуҷуди сафарбар кардани қувваи корӣ, тоза гардидани роҳ дар рӯзҳои наздик дар назар дошта нашудааст. Ба иттилои намояндагони ин ниҳодҳо, ягон нақлиёт дар зери тарма намондааст, лекин ду нафар дар ағбаи Хоруғ ҳафтаи гузашта бар асари лағжиши тарма ба ҳалокат расидаанд.
Сабаб бориши борон…
Аз рӯи маълумоти ҳолдонҳо, корҳои тозакунии роҳ аз тарма ниҳоят суст ҷараён дорад ва дар баъзе рӯзҳо тақрибан ба назар намерасад. Аммо намояндаи Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода мегӯяд, ки мувофиқи маълумоти ҳавосанҷӣ дар давоми ҳафта бориши борон ба қайд гирифта шудааст, ки эҳтимоли фаромадани тарма дар назар аст. Аз ин сабаб, барои тоза кардани роҳ мушкил эҷод шудааст.
Дар ҳамин ҳол Кумитаи Оксфордии кӯмак ба камбизоатҳо (Оксфам) дар натиҷаи як санҷиши худ эълом доштааст, ки гармии ҳаво дар Тоҷикистон боиси об шудани пиряхҳо гашта, дар оянда муносибати ӯзбекистону Тоҷикистонро, ки дар масъалаи кам шудани об баҳс доранд, боз ҳам тезутунд хоҳад кард. Ба гуфтаи Илҳомҷон Раҷабов, раҳбари департаменти давлатӣ оид ба тағйирёбии иқлим, аз 8 ҳазору 492 пирях дар кишвар тақрибан 20 дар сади он кам гаштааст. Дар 34 соли ахир ҳаҷми пиряхи аз ҳама калони Федченко 6 фоиз кам шудааст. Ин ҳолат мушкили камобиро дар Осиёи Марказӣ дучанд хоҳад кард.

Тақдири муҳоҷир
Агар мушкили камобӣ дар фасли тобистон эҳсос шавад, проблемаи равобити аҳолӣ миёни минтақаҳои Тоҷикистон аллакай ба назар мерасад. Хоса дар замоне, ки маъракаи интихоботӣ наздик аст ва номзадҳо талош доранд бо мардум вохӯриҳо гузаронанд. Зеро на ҳамаи номзадҳо имкон доранд, ки телевизионро минбари худ қарор диҳанд ва тавассути он ба мардум муроҷиат кунанд. Аммо ҳамаи ин дарди бахайр. Тарғибот бурданд ё не, ба ҳар ҳол шаҳрвандон раъйи худро ба хостаҳояшон медиҳанд. Зарурате нест, ки номзадҳо ҷони худро дар хатар андохта, дар чунин вазъи боду ҳаво ва баста будани шоҳроҳҳо ба ин ё он минтақа сафар кунанд.
Вале дар шабурӯзи баста гаштани роҳ ду тобути муҳоҷири тоҷикистонӣ, ки ҳарду сокини ноҳияи Панҷакент маҳсуб мешуданд, аз Русия оварда шуд. Якеро тавассути фурӯдгоҳи Хуҷанд ва дигареро тариқи фурӯдгоҳи Душанбе қабул карданд. Ҳарчанд вазири корҳои хориҷӣ Ҳамрохон Зарифӣ ва дигар мақомоти кишвар аз ҳамкорӣ ва муносибати хуби Тоҷикистону Русия сухан мегӯянд, равобити ин ду кишвар беш аз пеш меафзояд, аммо «равобити» тоссарҳои миллатчии рус низ бештар гашта, шумораи тобути муҳоҷирони тоҷик низ рӯз аз рӯз дар афзоиш аст. Вале баҳс ҷои дигар аст, ки ҳангоме тобути якеро тавассути ағбаи Шаҳристон меоранд, роҳ аллакай баста шуда буд. Аз Хуҷанд ба ноҳияи Панҷакент парвози самолёт низ вуҷуд надорад. Соҳибони мурда маҷбур тавассути Ҷумҳурии ӯзбекистон тобутро ба Панҷакент бурдаанд. Аз як ҷониб печидагиҳое дар муносибати ин ду кишвар мавҷуд аст, вале аз тарафи дигар зиндаву мурдаи Тоҷикистон хоҳ — нохоҳ ба гузаштан аз марзи ӯзбекистон эҳтиёҷ пайдо мекунад. Агар не, пас бо кадом роҳ бояд тобути муҳоҷир ба зодгоҳаш расонида шавад? Зеро он тобуте, ки тавассути фурӯдгоҳи Душанбе оварда шуда буд, ду рӯз боз соҳибонаш интизорӣ мекашанд, то ин ки хоҳ савора, хоҳ пиёда, тавассути нақби «Истиқлол» онро гузаронанд. Нақби «Истиқлол»-е, ки то ба истифода доданаш даъвоҳо зиёд шуда буд, гӯё акнун мушкили ҳаракати мардум дар зимистон бартараф шуд ва гузаштан аз ин роҳро мехостанд пулакӣ кунанд. Роҳи дигари гузаштан кадом аст? Аз Душанбе ба Панҷакент гоҳ-гоҳ парвози ҳавопаймои «Кукуруз» мушоҳида мешуд, ки дар ин шабу рӯзи баста шудани ағбаҳо самти ҳаракаташро дигар кардаанд. Дигар мушкилиҳои ҷузъиро ба инобат нагирем, аз қабили банд мондани мошинҳо дар миёни тарма, бознишастани мардум дар ҳуҷраҳои муваққатӣ ва иҷора, лекин тобутро сарфи назар кардан ба вайроншавии мурда сабаб хоҳад гашт. Шояд мутаваффои дохили тобут дар зиндагӣ чандон аз ҳуқуқҳои худ бархӯрдор набуд, дар мусофират азобу шиканҷаи зиёд дида бошад, таҳқиру мазаммати «Ҷамшуду Равшан» гуфтанҳо аз ҷон сераш карда бошад! Лекин вай агар ҳуқуқи озод зистан надошт, эҳтимол ҳаққи осуда мурдан ҳам пайдо накард. Гунаҳкор тақдир! Оё тақдирҷунбони муҳоҷир давлати иҷтимоӣ буда метавонист?

Исфандиёр ХАЛИЛОВ
Исфандиёр ХАЛИЛОВ

Рубрики:Uncategorized

Ду тоҷикро дар Питер куштанд

Шаби 19-уми феврали соли 2010 дар кӯчаи Виборскийи Набережнии шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия тахминан муноқишаи байни муҳоҷирони тоҷику ӯзбек ба вуқӯъ пайваст.
Амакбачаҳо Сунатулло Сангинов (соли таваллудаш 1979) ва Фирӯзҷон Давлатов (соли таваллудаш 1987), ки зодаи шаҳри Ваҳдати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, муҳоҷирони ӯзбекро насиҳат мекунанд, ки дар хобгоҳ ба номаъқулӣ роҳ надиҳанд. Вале бародарон Бозоровҳо, ки аслан шаҳрвандони Ҷумҳурии ӯзбекистон маҳсуб меёбанд, бо Сунатулло ва Фирӯзҷон ба ҷангу муноқиша бархоста, бо корд якеро 4 зарбаи марговар ва дигареро 8 корд мезананд. Дар натиҷа Сунатулло Сангинов ва Фирӯзҷон Давлатов аз ин зарбаҳои марговар ба ҳалокат расиданд. Мошини ёрии таъҷилӣ тахминан соатҳои 9 расида омада бошад ҳам, онҳоро аз марг наҷот дода натавонистанд.
Нисбати бародарон Бозоровҳо делои ҷиноӣ аз ҷониби Прокуратураи Виборскийи Набережнии шаҳри Санкт-Петербург кушода шуда, тафтишот идома дорад.
Танҳо намоянда аз Хадамоти муҳоҷирати ВКД-и Тоҷикистон ба ин масъала сарукор гирифта, қарор аст 24-уми феврал ҷасади ғӯрамаргони тоҷик ба ватан интиқол дода шавад.
Боз марги тоҷик… гулписаре… марди хонадоне… Чаро вақте шаби 19-ум ин фоҷеа ба амал омад, ҷамъиятҳои масъули тоҷикон аз пайи кушодани гиреҳҳои ин ҷинояти вазнин нагардиданд? Вақте як нафар шаҳрванди арман ё озарбойҷониро дар Русия таҳқир мекунанд, тамоми диаспора ва сафорати он давлат ба шӯриш омада, аз пайи ҳимояи ҳуқуқи поймолшудаи шаҳрвандаш мегардад. Вале вақте тоҷикеро мекушанд, касеро аз ин парвое нест. Марги тоҷик як чизи муқаррарӣ гардидааст. Ҳол он ки, муҳоҷири тоҷик сиёҳтарин ва вазнинтарин корро ба анҷом мерасонад. Чаро ва чароҳои зиёд! Чаро тоҷик сарпаноҳе надорад дар ин диёри мардум. Магар ин ҷамъияту диаспораҳои тоҷикӣ фақат ба номанду барои фанди мардум? Чаро масъулин ба суол посухи мушаххасе намедиҳанд? Магар тоҷик дар Русия дигар сарпаноҳе надорад?

Ш. НАҶМИДДИН, Санкт-Петербург

Рубрики:Uncategorized

РАМЗИ ХУҶАНД ЧИ ГУНА БОШАД?

Эъломи озмуни тарҳи «Рамзи шаҳри Хуҷанд» аз тарафи масъулини шаҳр шояд аз дурандештарин нигаришҳо бар устуворӣ ва пойдории шаҳри Хуҷанд ва сокинонаш бошад. Воқеан, ин қасд як амри тасодуфӣ нест, балки тасмими дар ҳақиқат таърихист. Думболи он набояд шуд, ки ин тасмим аз роҳи таҳқиқ ё тақлид омадааст, балки аз пайи он шуд, ки чи гуна метавон тамомии ҳастӣ ва ояндаи Хуҷанд ва сокинони онро дар як нишон таҷассум намуд. Бояд мардона бипазирем, ки иҷрои ҳамчунин тарҳ ҳатто барои огоҳтарин афрод кори осоне нест.
Он чи бояд таъкид шавад, ин аст, ки агар арзёбии озмун аз рӯи инсоф ва мантиқи солими илмӣ сурат бигирад, шакк нест, илмитарин нишона ҷойи муносиби худро дар зеҳни таърихи муосир ва ояндаи ин шаҳри маъруфи миллат хоҳад гирифт. Вале агар натиҷагирӣ аз ҳавои ғараз ва халаф сурат бигирад, мутмаинан нияти нек акси худ гардад.
Пӯшида нест, ки таъйин ва интихоби тақрибан ҳамаи нишони шаҳрҳои таърихӣ, мабнӣ бар таърих ва вежагии суннат ва фарҳанги он диёр сурат мегирад.

Аз он ҷо, ки беш аз 25 сол машғули таҳқиқот ва баррасии таърих ва фарҳанги зодгоҳи худ ҳастам ва пайваста муҳимтарин таҳқиқоти хешро дар ин замина асосан ба забонҳои хориҷӣ ба чоп расонидаам, тасмим гирифтам назари худро дар мавриди рамзи шаҳри Хуҷанд ироа намоям. Албатта, шакк нест, дар ин хусус донишмандон, муҳақиқин, ҳунармандон ва коршиносони риштаҳои мухталифи улуму ҳунар изҳори назар карда бошанд, вале он чӣ дар зер меояд, фикр мекунам барои тасмим ва тааммули коршиносон ва низ барои масъулини таъйини нишони диёр муфид хоҳад буд.
Қабл аз ин ки, вежагиҳои тарҳи нишони шаҳр тавзеҳ дода шавад, ишораи чанд нукоти таърихӣ ва фарҳангии масъала муфид ба назар мерасад:
Ҳамаи ақвом ва миллатҳо бо зодгоҳ ва меҳани худ меболанд. Барои муаррифӣ кардани манзалати диёри хеш муҳимтарин сафаҳоти ифтихорманди гузашта ва фаровардаҳои афроди маъруфи хешро ба унвони рамзи шаҳри худ интихоб мекунанд. Пӯшида нест, таъйин ва интихоби тақрибан ҳамаи шаҳрҳо ва аёлоти таърихии манотиқи Урупо ва Шарқ бар пояи вежагиҳои суннат, фарҳанг ва ҳунар ва ё бар барҷастатарин хадамоти таърихии онон сурат гирифтааст. Кофӣ аст, аз ин назар ба нишон ва ифтихороти бузургтарин шаҳрҳои таърихӣ назар афканем. Чунончи, нишони шаҳрҳои Париж, Вена, Стамбул, Теҳрон, Шероз, Москва, Санкт — Петербург, Твер, Тула, Нижний Новгород, Пекин ва… ғайра фақат бар пояи таърих ва вежагиҳои фарҳангии мардумонашон сохта шудаанд.
Шаҳри Хуҷанд бо собиқаи беш аз 2500 соли хеш, ҳам акнун ва барои оянда ниёзманд ба таъйини нишон ва рамзи худ аст. Мусалламан, интихоби нишон ё рамзи шаҳр бидуни баррасӣ ва таъйини вежагии таърих ва фарҳанги ин диёр ғайри мумкин аст. Шак нест, муаррихон, фарҳангшиносон, чуғрофидонон ва пажӯҳишгарони дигар, ки огаҳӣ аз таърих ва вежагиҳои фарҳангӣ ва ҷуғрофиёи Хуҷанд доранд, барои таъйини нишони шаҳри Хуҷанд аз воқеиятҳои таърихӣ ва фарҳангӣ суд ҷустаанд ва хоҳанд ҷуст.
Аз назари ҷуғрофиёи табиӣ маълум аст шаҳри Хуҷанд дорои манозири беназири табиӣ, ба монанди Сир — Дарё ва кӯҳи Мевағул (Муғул) мебошад. Аз диди таърихӣ — фарҳангӣ ин шаҳр бо доштани ёдгориҳои арзишманди меъморӣ ва ҳунарӣ, ба монанди: мақбараи шайх Муслиҳиддин, Бозори Панҷшанбе, муҷассамаи Ленин, Кохи Арбоб, театри Хоҷа Камол, Арки Хуҷанд ва дигарҳо аз эътибор ва шӯҳрати қобили таваҷҷӯҳе бархӯрдор аст. Аммо бо ин вуҷуд ҳеҷ яке аз мавозеъи ҷуғрофӣ ва ёдгориҳои таърихии мазбур ба танҳоӣ наметавонанд шохисаи рамзи таърих ва ҳуввияти Хуҷанд бошанд. Пас дар таъйини рамзи шаҳр бояд унсур ва заминаи ҳақиқии рамзофарини таърих таваҷҷӯҳ кард.
Ҳамаи осори таърихӣ, ҳунарӣ ва ҷуғрофиёӣ, ки дар боло ба унвони аносири рамзофари Хуҷанд зикр шуданд, дар воқеъ наметавонанд ба хубӣ ҳамаи ниёзҳои ҳуввияти таърихии Хуҷандро бароварда кунанд. Аносири меъморӣ ва ҳунарии мазбур (ғайр аз Арки Хуҷанд ва Мақбараи шайх Муслиҳиддин), ки ҳам акнун дар Хуҷанд ба унвони ифтихороти таърих мавҷуданд, шакк нест, фаровардаҳои афкор ва заҳамоти меъморон ва муҳандисони даврони шӯравиянд. Бояд дар назар дошта бошем, ки нишони шаҳр ғайр аз ин ки таърихӣ ва зебо бошад, рӯҳ ва моҳияташ низ бояд миллӣ ва маҳаллӣ бошад!
Агар қарор бар ин бошад, ки симои афроди маъруф рамзи шаҳр бошад, мутаассифона, Хуҷанд боз ҳам ба мушкилӣ бархӯрд мекунад. Чунончӣ, шахсияти Темурмалик дуруст аст, ки фарди бузурги таърихи Хуҷанд аст, вале ӯ низ наметавонад самбули (символи) Хуҷанд бошад. Вай фақат самбули мардонагии диловарони Хуҷанд дар баробари душманон аст. Ба ҳар сурат бо ин ҳама мардонагӣ ӯ дар ҷанги зидди муғул шикаст хӯрд ва аз диди насаб ҳам турк аст. Аз ин хотир, Темурмалик фақат метавонад ба унвони қаҳрамони асили таърих бимонад. Камол ҳам агарчи аз зумраи бузургтарин афроди Хуҷанд аст, вале симои ӯ низ наметавонад рамзи шаҳри Хуҷанд бошад, чун вай номи худро ба унвони самбули шеър ва адаби Хуҷанд дар китоби таърихи шеъри форсӣ сабт кардааст. Афроди маъруф ва машҳури илму адаби дигари Хуҷанд низ тақрибан дар ҳамин вазъ қарор доранд. Пас чӣ бояд кард?
Бояд дар назар дошта бошем, ки Хуҷанд қабл аз ҳама бо маърифатпешагӣ ва донишдӯстии сокинонаш машҳури ҷаҳон гаштааст. Кофӣ аст аз ин лиҳоз ишорае бар сиёсати фазилатдӯстии Оли Хуҷандиён дар Эрон карда шавад, ки беш аз 450 сол раёсати Исфаҳонро бар ӯҳда доштаанд, яъне ҳамон шаҳреро ки бо «нисфи ҷаҳон маъруф» аст. Ба таври дигар касби маърифат ва дониш, аз ҳама муҳим ҳимояти фазлу дониш аз вежагиҳои тафаккур ва табиати равонии хуҷандиён дар тӯли таърих будааст. Дар воқеъ, агар номҳои ҳар як аз машоҳири таърихи Хуҷандро аз ниҳодаш бардорем, мутаваҷҷеҳ мешавем, ки таърихи ин диёр ба маротиб тира хоҳад шуд.
Аммо он чи рӯшан аст, ин аст, ки барои ақвоми милал онҳое азизтаранд, ки заҳаматашон мутаассир бар равнақи илм ва дониши башарӣ шуда бошанд. Хушбахтона, ҳамчунин шахсро дар таърих Хуҷанд зодааст. Ин фард Абӯ Маҳмуди Хуҷандист ва бо ӯ бояд ифтихор кард. Дар бораи ҷойгоҳи ин донишманд бисёр навиштаанд, вале бо ин ҳама дағ — дағаҳои миллатпарастӣ ҷойгоҳи ҳақиқии ин мухтареъ дар таърихи улуми башарият ҳанӯз ки ҳанӯз мазлум қарор гирифтааст. Бо як калом манзур ин аст, ки офаридаи ҳамин шахс, яъне устулоб метавонад асоси рамзи шаҳри Ҳуҷанд бошад.
Чаро маҳз устурлоби Хуҷандӣ зерасос ва пояи рамзи шаҳри Хуҷанд қарор бояд бигирад? Саъй мекунам ин мавзӯъро тавзеҳ бидиҳам. Чун дар бораи ҷойгоҳ ва аҳамияти илмии устурлоби Ҳуҷандӣ дар чанде аз навиштаҳоям гуфтаам, вале дар ин ҷо мухтасаран таъкид менамоям, ки аз назари таърихӣ Абӯ Маҳмуди Хуҷандӣ нахустин фарди илмие мебошад, ки бо дониш ва ихтирооти ҷаҳонгираш номи Хуҷандро дар манотиқи исломӣ ва сипас дар таърихи улуми ҷаҳонӣ машҳур намудааст. Баъд аз ӯ фардеро, ки бархоста аз хоки Хуҷанд бошад ва дар таърихи илм ва дониш манзалате чун ӯ касб карда бошад, намешиносем. ӯ ифтихормандтарин марди Хуҷанд аст ва шахсияту ихтирооташ рамзи донишдӯстии мардуми ин диёр мебошад.
— Устурлоби Хуҷандӣ дар навъи худ аз беназиртарин шоҳкорҳои илмӣ ва ҳунарӣ дар ҷаҳон аст ва бо гузашти рӯзгор боз ҳам касби шӯҳрат хоҳад кард.
— Устурлоби Хуҷандӣ дар замони худ ва баъд аз ӯ дар тӯли асрҳо миёни донишмандон ва мунаҷҷимон ба унвони улгу қарор гирифт ва ҳамаи мухтареони дунёи ислом ва ҳатто Урупо дар сохтани устурлоб ба сабки ӯ тақлид намуданд.
— Бисёре аз дастовардҳо ва комёбиҳои улуми нуҷумшиносии дунёи ислом бар пояи ихтирооти Абӯ Маҳмуди Хуҷандӣ устувор аст ва устурлоби ӯ фақат яке аз онҳо ба шумор меравад.
— Созандаи ин шоҳкори илмӣ зодаи Хуҷанд аст ва ӯ саъй кардааст то тамомии халлоқияти хешро дар офаридаи ҳунарӣ ва илмии худ таҷассум намояд.
— Устурлоби Хуҷандӣ чи аз диди илмӣ ва чи аз диди ҳунарӣ абзори машҳур ва хоси Хуҷанд метавонад бошад, чаро ки дар кулли шаҳрҳои Осиёи Марказӣ ва Эрон ин вежагии ҳунарӣ ва ихтироотро наметавон мушоҳида кард.
Тарҳи поя ва зерасоси рамзе, ки пешниҳод мешавад аз чанд ҷиҳат афзалият бар аносири дар боло зикр шуда, мебошад:
Ҳамаи мусташриқин ва пажӯҳишгарони таърихи илм бар ин ақида буданд, ки Абӯ Маҳмуд бузургтарин мухтареъи (ихтироъкор) дунёи ислом аст ва дар сохтани Устурлоб ва абзори дигари нуҷумӣ мунҳасир ба фард («уникум») будааст ва ботаассуф таъкид бар он доранд, ки то кунун ҳеҷ абзоре, ки марбут ба Абӯ Маҳмуд бошад, ба даст наёмадааст. Аммо хушбахтона, як дона аз устурлобҳои маъруфи Абӯ Маҳмуд, ки худ дар Бағдод сохтааст, то замони мо расида ва аз тарафи маъруфтарин донишмандони илми нуҷум ва риёзӣ бо вежагиҳои илмӣ ва ҳунарии худ аз шоҳкорҳои ҷаҳони илм эълом шудааст. Бидуни шакк, ин абзори нуҷумӣ дар оянда метавонад табдил ба мушаххастарин ифтихороти хуҷандиён гардад.
Бояд дар назар дошт, ки устурлобро як донишманд ва мухтареъи тоҷики Хуҷандӣ сохтааст. Он гуна, ки гуфта шуд, устурлобҳои сохтаи Абӯ Маҳмуд на танҳо дар замони худ, балки пас аз маргаш барои донишмандон ва нуҷумшиносони исломӣ ба унвони улгу қарор гирифтаанд. Агар муҳимтарин устурлобҳои асрҳои баъдии дунёи исломиро аз назари текникӣ ва усулӣ баррасӣ кунем, таъсири равиши текникии устурлоби Хуҷандиро ба возеҳ метавон мушоҳида кард. Бе сабаб нест, ки машҳуртарин муҳаққиқ ва мутахассиси таърихи нуҷум ва улуми риёзиёт профессор Девид Кинг устурлоби Хуҷандиро бо устурлобҳои мухтареъони машҳури дунёи ислом муқоиса ва мутобақа намуда ва саъй кардааст то бартарии Устурлоби Хуҷандиро бар дигар устурлобҳо нишон бидиҳад.
Дар воқеъ, устурлоби Хуҷандӣ чи аз диди ҳунарӣ ва чи аз диди зеҳнӣ комилан миллӣ ва байналмилалӣ аст, яъне Абӯ Маҳмуд дар сохтани устурлобҳояш аз дастовардҳои илмии кишварҳои мухталиф (қабл аз ҳама аз комёбиҳои донишмандони юнонӣ — румӣ ва маҳаллӣ) халлоққона истифода кардааст.
Устурлоби Хуҷандӣ фақат гувоҳи ҳунари шахсии Абӯ Маҳмуд нест, балки он аз бузургтарин дастовардҳои нуҷумшиносони дунёи ислом аст. Ҷойгоҳи он камтар аз туфанги мухтареъони Тула нест, ки дар оянда рамзи шаҳри худ кардаанд, балки болотар аз он аст, чаро, ки устурлоб ва абзорҳои дигари Абӯ Маҳмуди Хуҷандӣ, ки дар тӯли ҳаёташ сохтааст, ҷиҳати равнақи ақлу дониши башарӣ будааст, на ҷиҳати қатлу кушиши инсон. Итироъоти Хуҷандӣ дар воқеъ яке аз муҳимтарин илали шӯҳрати илми нуҷуми ақвоми милал будааст. Ба тариқи дигар, агар ихтироъоти Абӯ Маҳмуди Хуҷандӣ дар ихтиёри донишмандони чи Шарқу чи Ғарб намебуд, дастовардҳо ва пешрафтҳои макотиби нуҷумшиносӣ ва риёзии Табрезу Пекину Самарқанду Ҳоланду Лаҳистон ва ғайра бас мушкил буд. Бидуни шакк, Устурлоби Хуҷандӣ арзиши илмии ҷаҳонӣ дорад, на минтиқӣ ё маҳаллӣ. Пас бо ҷаҳонӣ шудани ихтироъоти маҳали худ бояд ифтихор кард, на бо маҳдуд будани аносири ҳунарӣ ва илмӣ. Устурлоби Хуҷандӣ бо ҷаҳонӣ будани арзишҳояш дар таърихи Хуҷанд беназир аст ва дар баробари вай чизи муҳимтаре, ки вежагии халлоқияти ҳунарӣ ва илмӣ дошта бошад, наметавон гузошт.
Тазаккур бояд намуд, ки устурлоби Хуҷандӣ дар таърихи илм ва ҳунари башарӣ аз арзиши бузург ва беназир бархӯрдор аст. Падид омадани ҳамчунин абзори илмӣ натиҷаи тафаккур ва андешаи донишманд ва мухтареъи ботаҷрибаи миллӣ аст. Мутмаинан, дар миёни ҳамаи аносири рамзофарини шаҳри Хуҷанд, баробари ин асар наметавон падидае пайдо кард. Шояд бархе бигӯянд, ки устурлоби Хуҷандӣ фақат якто аст, агар бисёр буд, чизи дигарест. Посух бар эшон ин аст, ки аз устурлобҳои зиёди Хуҷандӣ ин ҳамин якто расида, вале муҳим ин нест, ки теъдодаш кам будааст, балки ин аст, ки он дар таърихи устурлобсозии ҷаҳон беназир аст. Боз ҳам дар назар бояд дошт, ки шоҳкорҳои ҷаҳон ҳамагӣ яктоиянд.
— Хуҷандиён бо ин шоҳкори илмӣ ва ҳунарӣ, ки мондагортарин нишонаи фазилат ва дониши башар низ метавонад бошад, бояд ифтихор намоянд. Ба унвони рамзи шаҳр интихоб кардани он, мусалламан Хуҷандро ҳамчун конуни илм ва маърифати инсонӣ дар миёни ақвоми милал муаррифӣ хоҳад кард. Иҷрои ин амр таъкидест ба донишдустӣ ва фазилатпешагии хуҷандиён, ки аз қадим тавассути донишмандони милал ба унвони вежагии табиати мардумони ин диёр ёд мешуда.
Хуҷандиён бо доштани чунин рамз дар миёни миллатҳои дигар худро ҳамчун дӯстдорон ва ҳомиёни илм ва дониш муаррифӣ хоҳанд кард.
Албатта, тавзеҳи ҳар як аз тасвирот ва нақшҳои рӯи рамз ниёз ба фурсати бештаре дорад ва мутмаинан ин имкон дар оянда фароҳам хоҳад омад. Аммо он чӣ бояд гуфта шавад, ин аст, ки тасвири такмилӣ ва тақвиятии устурлоби Хуҷандӣ ба унвони заминаи нишон ва рамзи шаҳри Хуҷанд, бахусус агар тарҳи он бо истифода аз тасвири руди Сайҳун ва кӯҳи Мевағул анҷом шавад, шакк нест, яке аз илмитарин рамзҳо хоҳад шуд.

Рубрики:Uncategorized

Мор, муш ва Қурбоққаҳо

25 февраля, 2010 1 комментарий

(Масал)
Айёми тобистон гузашт. Мор, ки ду моҳ боз рӯи сафедхоки болои теппача дароз мекашиду чашмонашро хумор карда, аз нури сӯзони офтоб ҳаловат мебурд, дар такопӯ афтод. Атрофи кулӯхҳо печутоб хӯрда, теппачаро фаромад ва хост ба лонааш дарояд. Аммо наёфт онро. Лонаашро хок «кӯр» карда буд. Худро чор тараф зад. Як муддат ҳайрон хазида гашт…
Дуртар аз лонаи мор мушаке мезист, ки кораш бурдану хӯрдану орамидан буд. Иттифоқо, гузори мор ба хонаи муш афтод. Беистиҳола ворид шуд, чун меҳмони нохонда. Ин замон муш рӯи намадпора паҳлу зада, такя ба гулдӯзиҳои дуздидааш дода буду бо дандонакҳои нафису тезаш чормағзҳои ба яғмо бурдаашро чарақ — чириқ шикаста мехӯрд. Чун дар сӯрохи даромадгоҳ чашмони алои морро дид, ғалтону хезону ларзон пеш давиду алъамон хост: «Ай шоҳи хазандаҳо, зинҳор деҳ!! Бар ивазаш тамоми ин молу манол, ки мебинӣ, дар ихтиёрат мегузораму меравам».
Мор забонашро алвонҷ доду ба гуфтор даромад:
— Ҳой нодон, намедонӣ, ки ин нуқлу анвоят маззаи дандони ман намекунад!? Як пора гӯшти қурбоққа аз ҳама чиз болост. Бирав, бароям қурбоққа биёру назди даромадгоҳ об ҷорӣ намо, то шикамро сер кунаму ташнагиямро шиканам. Шарт ҳамин, ки ҳар ҳафта ғизои нав орӣ!
Муш аз хонааш берун рафт ва ба ҷустуҷӯи қурбоққа афтод. Шаб шуду борон реза — реза рехт. Миёни дашт мегашт, ки қурбоққаи хокиро дид ҷӯлида бар лой. Барои вохӯрӣ пеш давид ва бо нимтаъзими сохтакорона гуфт:
— Салом эй мири шаб! Чи иттифоқе уфтода, ки ин азизро дар майдони бекарону бекас овораву сарсон мебинам?
Қурбоққа ба сухан даромад:
— На, танҳо наям. Шабгардҳои дӯсте дорам, ки ҳар кадом аз зери борон худро бехи буттаҳо кашидаанд.
Муш, ки то ин дам пайти мувофиқ меҷуст, то дили қурбоққаро ба даст орад, дурӯягиро пеша кард:
— Ин тоифа дӯстон ки мегӯӣ, дӯст нестанд. Душмане ҳастанд дар пӯсти дӯст, ки ҳар гӯшае камин гирифта, ҳатто чоҳ барои пайвандони худ мекананд. Онҳо ки дил надоранду виҷдон, агар ҷон бар ҷонашон пайвандӣ, қайсариву каҷравии худро кунанд.
Қурбоққа аз ин панди муш музтар монд ва гӯё аз ҳамҷинсони худ шарманда буд, ки суол дод:
— Пас, чӣ бояд кард? Ба ҳар узве аз қабилаи худ лаънат фиристаму аз онҳо дурӣ ҷӯям? Охир, чигуна мешавад ангушти дастро буридан?
— Шарт нест худро канора гирифтан,- шердил шуд муш, ки ҳамин гилаи қурбоққаро интизор буд.- Баръакс, ҳоло ҳар кадомеро наздат мехонӣ ва бо ҳам ба хонаи ман меравем. Хоҳу нохоҳ аз он буттаҳо, ки ёд овардӣ, нами борон гузаштаву таъсири сардиро ба мағз-мағзи устухони дӯстонат расондагист. Бигзор дар хонаи гарми ман чанд муддат дами хуш бизананд. Он гоҳ ба гуноҳу зиштии худ ва ҳам ба кушодадастию софдилии ту қоил хоҳанд шуд.
Қурбоққа чун навозиши беш аз муш дид, ҳамҷинсонашро фаро хонд. Гурӯҳи қурбоққаҳо аз дунболи муш ба хонаи ӯ равон шуданд. Ворид гаштани онон ҳамон буду ҷаст задани мор ҳамон. Худро дар иҳотаи тану думу сари мор дарёфтанд ва нафрин ба муш хонданд, ки бар онҳо ғиромибозӣ карда. Аммо дигар илоҷи раҳоиву роҳи гурез набуд. Сар фуруд оварда, тақдир ба тақдирҷунбон таслим карданд.
Мори алочашми гурӯсна он рӯз дар шоҳидии муш ду қурбоққаро хӯрд. Баъдан амр кард, ки чокараш аз пайи иҷрои супориши дуввум, яъне овардани об шавад.
Муш дар они воҳид ба кор шурӯъ намуд. Аз даромадгоҳи хонааш сар карда, то наздиктарин ҷуйбор заминро сӯрох канд ва худ ба рӯи замин баромадаву қафо гашт. Аммо вақте ба дари хонааш расид, мутаҳайир шуд. Дид, ки хоки лаби даромадгоҳ фурӯ рехтаву сӯрохро пур кардааст. Ҳамчунин, сари пачақу маҷақи мор берун аз хок мондаву санге нӯгтез болои гарданаш.
Дили муш заррае ба қурбоққаҳо насӯхт, аммо аз нобудии хонааш алам кашид. Вале баъди наззораи чашмони аз косахонаи сар баромадаи мор худ ба худ гуфт: «Ба хайр аст! Хонаи наве месозаму мавқеи дигаре меёбам! Аз ҳамин мори палид раҳоӣ ёфтам, шуд!».

Қиёми САЪД

Рубрики:Uncategorized

интиХОБот

«… вақте инсон андешаашро озодона баён мекунад, бовараш ба оянда зиёд мешавад».
Чингиз Айтматов


«Номзадҳои Президент»
Вақте мардум тарзи баромаду мӯҳтавои суханронии бархе аз номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагонро тариқи шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон мешунаваду мебинад, фикр мекунам, умеди онҳо аз оянда канда мешавад. Дар сурате, ки аксарашон ҳатто чор-панҷ ҷумлаи муқаррариро аз рӯи қоғаз дуруст хонда наметавонанд, саволе пайдо мешавад, ки интихобкунанда чӣ гуна метавонад ба фаъолияти назарраси ӯ бовар кунад?
Чунин ҳолатро бахусус ҳангоми баромади номзадҳои Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон метавон мушоҳида кард. Ҳатто нафароне, ки маротибаи дуюму сеюм вакил шуданиянд, баромадашонро аз рӯйи қоғаз ва он ҳам базӯр мехонанд! Ин ҳам дар ҳоле ки қисми зиёди мардум солҳои ахир боварияшонро ба он, ки овози додаашон барои ояндаи кишвар нақш мебозад, аз даст додаанд. Ҳастанд онҳое, ки дар ин давом умуман дар ягон интихобот ширкат наварзидаанд.
Як сокини ноҳияи Восеъ, ки худро Зубайд муаррифӣ кард, ҳангоми сӯҳбат дар ин хусус иброз дошт, ки натанҳо ба овози додааш бовар надорад, балки вакилаш дар ҳаёти ӯ наметавонад нақше бозад.
Аз ин рӯ, ӯ ки дар шаҳри Душанбе истиқоматкунандаи муваққатӣ аст, намехоҳад 50 сомониро роҳкиро карда, овоздиҳӣ равад.
«Беҳтараш дар ин рӯз кори манфиатоваре анҷом диҳам, то маблағе ёфта, бо он 50 сомонии роҳкиро ҳамроҳ карда, барои аҳли оила равон кунам»,- гуфт ҳамсӯҳбатам.
Пас, вакилони оянда рисолати гароне ба дӯш доранд, бахусус ин ки бояд боварии мардумро барқарор кунанд. Аммо ҳоло мебинем, ки намояндаҳои Ҳизби халқӣ-демократӣ бо истифода аз номи Президенти кишвар худро «номзадҳои президент» муаррафӣ карда, сару садоеро зиёд кардаанд, ки «бояд номзади президент гузарад». Ин чӣ маъно дорад?
Аввалан онҳо ба нерӯи худ бовар надоранд ва баъдан боз ҳам масъулиятро ба дӯши сарвари мамлакат бор карданиянд, на ба худ. Оё ин гуна вакилон ба мардум лозиманд? Ба Президент чӣ?

Истифодаи аксҳои Президент
Ҳамчунин, усули дигари бархе аз номзадҳо истифода аз акси Президенти кишвар мебошад. Масалан, дар ҳама варақаву лавҳаҳои таблиғотӣ дар муқоиса бо номзадҳо акс ва корнамоиҳои Президент инъикоси бештар ёфтааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки Президенти мамлакат моҳи майи соли гузашта зимни як фармони худ истифодаи аксашро ба манфиати роҳбарон манъ карда буд. Яъне, Эмомалӣ Раҳмон дастур дода буд, ки «бо мақсади пешгирии худнамоӣ ва аз байн бурдани каҷфаҳмиҳо дар байни мардум» портретҳо ва қолинҳо, ки дар онҳо раисони шаҳру ноҳияҳо ҳамроҳ бо раисҷумҳур аксбардорӣ шудаанд, аз утоқҳои корӣ, ҷойҳои ҷамъиятӣ ва канори роҳҳо гирифта шаванд.
Агар чунин аст, пас, истифодаи аксҳои Президент дар варақаву лавҳаҳои таблиғотии номзадҳои Ҳизби халқӣ-демократӣ дар кӯчаву ҷойҳои ҷамъиятӣ худнамоӣ нест? Чунки Президенти ҷумҳурӣ истифодаи аксҳояшро бо мақсади худнамоӣ манъ карда буд.
Дар ин ҷо метавон мисоли дигареро аз рекламаҳои тарғиботии ҳизби ҳоким овард, ки тамоман нобаробарӣ нисбати дигар аҳзоб мебошад. Яъне, дар он вазифаҳои Президенти Тоҷикистонро ба фаъолияти ҲХДТ марбут дониста, чунин маънидод мекунанд, ки ҳамаи ин ободиву созандагиро маҳз ҳамин ҳизб анҷом додааст.

Интихобот барои ду ҳизб
Чунин менамояд, ки интихоботи парлумонӣ танҳо барои ду ҳизб — ҲХДТ ва ҲНИТ бошад. Зеро дар қиболи ҳизби ҳоким ягона Ҳизби наҳзати исломӣ аст, ки дар сатҳи он муаррифӣ ва барномаҳои таблиғотияшро доир карда истодааст.
Масалан, дар овезаҳои калонҳаҷм ва мошинҳои таблиғотӣ бо шиори ҳизб ва истифодаи баландгӯяк, хона ба хона гаштани бонувони ҳиҷобпӯш барои тақсим намудани баргаҳои таблиғотии ҲНИТ яке аз усулҳои ҷалб намудани мардум аст. Ҷо-ҷо таблоҳоеро низ бо акси бузурги раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ вомехӯрем.
Аммо дар гӯшаву канори шаҳри Душанбе шиорҳои воҳиманоку дар телевизион рекламаҳои қатори дигар аҳзоби сиёсиро наметавон дид. Шиори ҳизбҳои боқимонда танҳо дар варақаҳои интихоботӣ дар ҳаҷми хеле кӯтоҳ омода шудаанд, ки он ҳам дар бархе аз девори биноҳо, истгоҳҳо ва симчӯбҳои пойтахт насб шудааст.
Бархе таҳлилгарон бар ин назаранд, ки ҳизбҳои дигар барои насби шиорҳои интихоботии худ дар плакатҳои бузург ҷуръат надоранд. Вале сабаби инро намояндагони ин аҳзоб дар вазъи молӣ шарҳ додаанд. Аз ин рӯ, наметавонанд барномаҳои таблиғотияшонро ба таври бояду шояд ба роҳ монанд.
Ин аст, ки дар арафаи интихобот аҳзоберо, ки чунин мушкилот доранд, як андоза «тихо» кардааст ва аз чунин фурсат истифода бурда, ҲХДТ фазои маъракаи таблиғотиро то ҷое худаш пур кардааст.

Ин вазъ бошад, барои «тихо» гузаштани интихобот имкон фароҳам меорад, то ин ки, боз ҳам чун солҳои пештар дар парлумони кишвар намояндаҳояш аз курсиҳои муқарраршуда қисми зиёдашро соҳиб шавад. Яъне, дар парлумони феълӣ намояндаҳои ҳизби ҳоким аз 63 курсӣ 46 ададро соҳиб ҳастанд. Маҷлисҳои маҳаллӣ низ аз ҳисоби намояндагони ҲХДТ бештар ташкил шудааст.
Дар ҳамин ҳол, тавре тариқи Шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон эълон науданд, барои таблиғу муаррифии намояндагони ҳамаи ҳизбҳо дар телевизион вақти ройгон ҷудо карда шудааст. Вале аз чи бошад, ки то кунан боз ҳам аз ин имкон ду ҳизб бештар истифод мекунанду халос. Ҳизбҳои дигар куҷоянд?

ВАО ва маъракаи тарғиботӣ
Тавре дар боло гуфтем, мардум то андозае аз интихоботҳои баргузоршуда дилсард шудаанд, ки «тихо» буданро авлотар медонанд. Яъне, аз он ки дар рӯзи интихобот ширкат намеварзанду ба ҷойи онҳо шахсони манфиатдор овозашонро «мегиранд», ХОМӯШ мемонанд.
Ҳамчунин, дар рафти интихобот қонуншиканиҳоро мебинанд, вале ХОМӯШ истоданро беҳтар ҳисоб мекунад.
Аксари коршиносон бетаваҷҷӯҳии мардум ба интихоботро ба ҳамин тавсифи аз ҳад беши ҲХДТ ва нодида гирифтани аҳзоби дигар марбут медонанд.
Аммо натанҳо мардум ХОМӯШ буданро ихтиёр кардаанд, балки расонаҳои давлатӣ низ дар инъикоси фаъолияти ҳизбҳои дигар «тихо» монданро авлотар медонанд. Ҳарчанд барои таблиғи ҳамаи ҳизбҳо имкони ройгони баробар аз тарафи қонунгузор кафолат дода шудааст.
Дар ин хусус раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон Раҳматилло Зойиров шояд гӯяд, ки «таблиғ накунанду халал ҳам нарасонанд».
Зеро ба қавли ӯ, аз замоне, ки рӯзи баргузоршавии интихобот эълон гардид, то кунун бар зиддаш беш аз 30 мақолаи танқидиву пур аз таҳқир дар расонаҳои давлатӣ нашр шудааст.
Ин аст, ки ахиран ӯ маҷбур шуд то дигар «тихо» нашинаду рӯзномаи «Минбари халқ»-ро ба суд кашад.
Хулоса, чунин шароити «тихо» баргузор шудани интихоботҳо мардумро ба хулосае овардааст, ки интихоботи воқеиро мардуми тоҷик бояд ҳоло хоб бинад…

Саида ҚУРБОНОВА, БМСТЖ

Рубрики:Uncategorized

5-2

Аслан, чи гуна гузаштани 5 соли ҳаёти тифле шояд дар чашми дигарон нанамояд, вале барои падару модар ва аҳли оилаи ӯ ҳар як солаш хеле тӯлонию мушкил пушти сар мешавад.
Таърихи МТЖ
Ҳеҷ боварамон намеояд, ки аз ташкил шудани Маркази тадқиқоти журналистӣ (МТЖ) 5 СОЛ сипарӣ шуд. Маҳз рӯзи 23-юми феврали соли 2005 буд, ки МТЖ таъсис ёфт. Ҳарчанд тасодуфӣ буд, аммо дар ин рӯз — рӯзи Артиши миллӣ ба қайд гирифтани он бесабаб набуд. Зеро дар аввал ҳайати чорнафараи эҷодии он — мо — Нилуфар, Фарангис, Саида ва Парвона бо роҳбарамон Сафват Бурҳонову директори иҷроия Сангин Гулов ва раис Хуршед Ниёзов воқеан ба монанди як Артише гирди номи МТЖ муттаҳид шуда будем. Баъдан, ба ин ҳайат коромӯзону мисоли мо навроҳони журналистика пайвастанд.
Тавре дар боло аз тавлиди тифл ёдрас шудем, албатта соли аввали таъсисёбии ҳар як идораву корхонаро низ метавон ба он монанд кард. Тифл ҳам дар яксолагияш бо чӣ қадар афтидану хестанҳо роҳ рафтанро меомӯзаду корхона низ. Ва устувор қадам гузоштанаш ҳам аз онҳое вобастагӣ дорад, ки дасташро чӣ гуна мегиранд.
Масалан, ҳайати эҷодии Марказ ба мушкилоти молӣ нигоҳ накарда, аз пайи гузаронидани тадқиқот буд. Чун Марказ рӯзномаи худро надошт, ба хотири ҳаққи қалам мақолаҳо дар дигар рӯзномаҳо чоп мешуданд.
Ё ин ки, ба номи МТЖ ор медонистем, ки зери ҳар навиштаи ночизе, ҳатто жанри хабар имзояшро гузорем. Чун ҳадафи асосии марказ навиштани маводи тадқиқотӣ буд. Аммо ба хотири гиромидошти шамъи хотираи ситораҳои абадзиндае чун Аҳмад Зоҳир ва Муқаддас Набиева чанд маҳфили хайриявиро баргузор кард. Он замон барои бисёриҳо хеле тааҷҷубовар менамуд, ки МТЖ ба баргузории консертҳо чӣ робита дорад. Аммо баъд аз тамошои аввалин ёдбуди баргузорнамуда, ки «Бозгашти Аҳмад Зоҳир» ном дошт ва шунидани қиссаи марги ӯ аз забони шабаҳи вай робитаи ин консерт ба Маркази номбурда маълум гашт.

Муҳити МТЖ
Ҳарчанд дар аввал эроди зиёд мегирифтанд, ҳарчанд бароямон кори серпул пешниҳод мекарданд, ҳарчанд дар аввал чун ҳама корхонаҳои навтаъсис, мушкилоти иқтисодӣ дошт. Ҳарчанд…
Вале ин «Артиш» қасами муттаҳидии худро намешикаст. Зеро МТЖ бароямон натанҳо ҷойи кор буд, балки онро барои худ даргоҳи муқаддасе сохтем ва ХИЁНАТУ НОСИПОСиро барояш раво намедонистем. Барои худ як муҳити хуби кориву оилавӣ доштем, ки ҳар нафари ба идораи МТЖ воридшуда орзуи чунин команда доштанро мекард.
Ҳеҷ аз ёдамон намеравад, вақте директори телевизиони СМТ устод Зиннатуллоҳи Исмоил (ҳангоми таҳсил сабақ дода буданд) аз таъсиси чунин команда огоҳӣ ёфта, меҳмони МТЖ шуданд. Аммо бояд гӯем, ки он кас пушаймон шуда, гашта рафтанд. Зеро устод меҳмонӣ омада, моро дар ҳолати ногувори «корӣ» диданд ва бо шӯхӣ гуфтанд, ки: «Тақдир надоштаем-да, мо қаҳванӯшӣ омадему инҷо хонаҳо ғарқи об».
Чун он вақт МТЖ дар бинои истиқоматие қарор дошту ҳамон рӯз ҷумаки об вайрон шуда, ҳама зери об монда буд, мо ҳар чор аз пайи «обкашонӣ» будем ва натавонистем барои устод як пиёла чой тайёр кунем.
Баъди дидани ин ҳолат Зиннатуллоҳи Исмоил «бори аввал чунин муттаҳидиро мебинам ва ба хотири ҳамин ман шуморо барои нӯшидани қаҳва ҷойи дигар таклиф мекунам»,- гуфта, баромада рафтанд.
Ҳамин гуна лаҳзаҳои аҷоибу ғамангези хотирмонро давоми фаъолият бо МТЖ зиёд гузаронидаем, ки бо вуҷуди гузашти моҳҳову солҳо ва дуриву бехабарӣ, наметавон аз ёдҳо дур сохт.

Лаҳзаҳо
— Нилуууууууууу, пиёлаҳоро кӣ шикаст??????????!!!!!!!!!!!!!!!!!!
Нилуфар чун ҳамеша бепарвоёна:
— Ээээээээ, малим… заб чӣ будаст! Як пиёла. Пагоҳ аз хона «дуздӣ» карда, меорам…
Сабаб дар он буд, ки Нилуфар дар баробари корҳои эҷодии МТЖ, ба хоҷагидорӣ низ таваҷҷӯҳи бештар медод.
Бурҳонов дар ин лаҳза ба ҳимояи духтараш бархоста:
— Бечора «духтаракамеееееее…», ба ҳама чиз ҷавобгар аст. Чизе набиёр!!!!
Нохост садои Гулов баланд шуд:
— Пиёларо як сӯ монед, чиптафурӯшӣ кӣ меравад!? Нилуфар, шогирдатро ёбу зуд Филармония равед. Онҷо шуморо Субҳону Фурқат интизоранд.
Чун он вақт барои гузаронидани консерти Муқаддас Набиева аз рӯи вазифаҳо ба Нилуфар фурӯхтани чиптаҳо расида буд. Боқӣ ҳама аз пайи дарёфти маблағ буданд…

***
— Фарааааааааааанг!!!!!!!!!!!! Бас кун ҳамон бозиҳота!!!! Обед гузашт, табоқро гиру рав қурутоб биёр!!!
Аммо Фарангис гоҳ хандидаву гоҳ бо қавоқ: «Мурад ҳамин Фаранггггг! Мурад, ки ҷони ҳама халос шавад!!! Ҳама чиз дар сари Фаранг!!! Аку ҳамин як бор агентбозӣ кардем, ё не, тамом дига, дар бало мондем!… Табоқро кормандони қурутобхона шинохтанду гирифтанд, дар чӣ биёрам?!».
Чун табоқи қурутобхӯриямонро аз як қурутбохона соҳиб шуда будем.
— Хубаш Ролтон тайёр мекунам,- гуфт Фарангис.
Бурҳонов, ки дар ин вақт сари компютер бо Парвона машғули мақоланависӣ буданд, якбора айнакашонро бардошта, гуфтанд: «Не, ролтон дар ҷонам зад! Бас будагист! Наход, ки фақат Ролтон хӯрем, маразча?!».

***
— Сайидааааааа!!!!! Тез саҳифабандии «Овоза»-атро тамом кун, «Фараж»-ро сар кардан даркор!!! Агар то бегоҳ тамом накунӣ, шаб истода худат «Фараж»-ро саҳифабандӣ мекунӣ!!!!
— Майлаш, он қадар шарти вазнин набудааст,- чун ҳарвақта ботамкинона ва табассуми малеҳи ба худаш зебанда ҷавоб дод Саида.
Азбаски ҳарду рӯзномаро танҳо ҳамин чор нафар бо Устод тайёр мекардем, чандин шабҳоро дар ҷойи кор рӯз карда будем.
Дар ин лаҳза муаллим Гулов ба хотири Саидаро аз ҷабри зиёд озод кардан гуфтанд:
— Устодчаи маро ин қадар азоб надиҳед. Ман дар ҷойи ӯ шаб меистам.
Саидаро муаллим Гулов ба он хотир чунин ном мегирифтанд, ки ба он кас кор бо компютер ва Интернетро меомӯхт.

***
Парвоооооооооннннннн!!!!!!! Ту чӣ ин қадар бисёр механдӣ?! Бо масхарабозиҳоят на кори худатро «успеть» мекунӣ, на мемонӣ, ки дигарон корашонро тезтар ба охир расонанд. «Не убьет», то рӯзи Душанбе «опрос»-атро супор!!!!
Парвона, ки эркаи МТЖ буд, дар ҳама ҳолат худро ҳимоят карда метавонист. «Чӣ, дар вақтҳои бекорӣ ҳам хандидан мумкин нест?!,- гуфта, аз назди Фарангис ба ошхона назди Нилуфару Саида рафт, вале ҳеҷ наметавонист хандаашро бас кунад.
Сабаби хандаи беохираш он буд, ки муҳосибамон — акои Партобхӯҷа саргарми ҳуҷҷаттайёркунӣ нохост дар курсии шикастае нишаста, ба замин афтиданд. Он кас ки марди қоматбаланд ва шӯх буданд, баъди афтидан низ дар ҳолати хандаовар то ин ки ҳама дида нахандиданд, аз ҷо барнахостанд.
Воқеан, маҳз ҳамин ҳазлу шӯхиҳои беғаразона ва муттаҳидии ҳамдигар буд, ки мо ҳама мушкилотро сарфи назар мекардем.

***
Як субҳи барвақти дигар ҳангоме ҳама дар ҷойи кор ҳозир шуд, раиси МТЖ бо табъи гирифта ҳамаро ҷамъ намуда гуфтанд:
— Маҷлис!
Ҳама бо тааҷҷуб «маҷлисссссс».
— Ҳа! Камера гум!!!!!!!!!!!!!! Касе агар шӯхӣ карда бошад, оварда дар ҷояш монад.
Ҳама хомӯш ба ҳамдигар менигаранд.
— Сайида! Ту бо он бештар кор мекардӣ ва охирон бор ба Парвона тарзи истифодаашро ёд доданатро дида будем.
Саида ва Парвона ҳарду бо як овоз:
— Тобааааааа…..
— Дирӯз охирин шуда кӣ аз ҷои кор баромада рафт?
Гулов ва Нилифар ҳарду баробар:
— Мо баромада рафтем. Вале аз камера дарак надорем.
— Набошад шумо — Фарангу Бурҳонов!
Бурҳонов бо ҷаҳл гуфт:
— Ҳамин камераи ту дар ду дунё ба ман даркор нест!
Фаранг бошад:
— Медонед, ки ба камера кор надорам ва ягон маротиба истифода ҳам накардаам.
— Пас кӣ?!
Ҳама дар як ҳолати ногувор. Ҳама аз якдигар гумонбар. Камера куҷо ғайб зад?
Намедонистанд кӣ гирифтааст. То замоне, ки гунаҳкорро пайдо накарданд, дили ҳар яке дар тапиш буд, ки бо сабабҳои дар боло оварда ӯро «дузд» гумон мекунанд.
Ахиран, пас аз ҷустуҷӯҳои зиёди роҳбарон дуздро ҳам пайдо карданд. Ҳамон шабу рӯз барои шаби ёдбуди Муқаддас Набиеваро баргузор кардан омодагӣ медидем. Менеҷерамон як миқдор маблағеро, ки бо чи қадар азобҳо барои ин консерт пайдо карда будем, гирифта мегурезад…

***
Рӯзе бо Парвона духтараке меҳмони МТЖ шуду як муҳитеро дид, ки дар он ҳам муносибати корӣ буду ҳам оилавӣ. Яъне, ҳама муттаҳидона ҳам мақола менавиштанду ҳам корхонаашонро рӯбучин мекарданд ва ҳам хӯрок пухтаву сари як табоқ менишастанд.
Аз ин рӯ, хост мисли Саида, Фарангис, Нилуфару Парвона баробари донишҷӯӣ кор ҳам кунад ва маҳз дар МТЖ. Вале муттаассифона ӯро ба кор қабул накарданд. Раиси МТЖ — Хуршеди Атовулло ба ӯ чунин гуфтанд:
— Охирин нафаре, ки шогирд гирифтаам, Парвона аст. Дигар касеро ба шогирдӣ гирифтан намехоҳам. Минбаъд агар ҳар нафаре, ки бо мақсади кор меояд, коргар аст ва бояд писар бошад.
Воқеан, бояд иқрор шуд, ки то замоне мо будем, Устод дар ин қавлашон устувор монданд. Намедонем сабаб дар чӣ буд, ки нафарони зиёде мехостанд бо мо кор кунанд, аммо Раиси МТЖ чун Устоди содиқ ҳамеша ба онҳо як ҷавоб медоданд:
— Мехоҳам танҳо ба ҳамин чор нафар чизе омӯзонам ва касе шаванд, ки бо онҳо фардо ифтихор созам ва тавонам, ки корамро бовар кунам.
Аммо иқрор мешавем, ки мо натавонистем шогирди ВОҚЕӣ буданамонро исбот кунем. Зеро бо гузашти 5 СОЛ касе аз мо на сармуҳаррири рӯзномае шуду на рӯзноманигори машҳур, то боиси ифтихор ва боварии Устодамон шавем.

Фаъолияти МТЖ
Дар муддати фаъолият дар назди МТЖ нашрияҳои «Фараж»-у «Овоза» тавлид ёфтанд, ки ҳаёти Марказро ба куллӣ тағйир дод. Яъне, агар дар оғоз мо танҳо мақолаҳои тадқиқотӣ менавиштем, баъди якбора кори ду газетаро ба зимма гирифтан, бояд ҳам тадқиқот мебурдему ҳам онҳоро ба чоп омода мекардем.
Чун нашр намудани газета кори саҳл нест, барои ҳамин дар аввал мо ба қувваи худ боварӣ надоштем, вале Зафар Абдуллоев, роҳбари оҷонсии хабарии «Авеста» ба ҳайати МТЖ бо дили пур ин ду рӯзномаро супорид.
Хулоса, бо дастгирии раиси МТЖ, ҳамзамон Устодамон — Хуршеди Атовулло аз ӯҳдаи ин кор ҳам баромадем.
Ба ҳамагон қисмати ҳафтаномаи «Овоза» маълум аст, вале оҳиста -оҳиста «Фараж» он қадар шӯҳраташ баланд шуд, ки имрӯз МТЖ зери номи он ноайён мондааст.
Хулоса, мо муддати фаъолият дар Маркази тадқиқоти журналистӣ онро барои худ чӣ дар фаъолияти эҷодӣ ва чӣ дар зиндагӣ як омӯзишгоҳи махсус ном гузоштаем. Дар ин омӯзишгоҳ мо аз устодони дигар Раҷаби Мирзо ва Ҷумъаи Толиб низ барои хеш сабақе гирифтаем, ки имрӯз дар фаъолияти кориямон дар ин соҳа ба кор меравад.
Воқеан, чаро мактабу донишгоҳ неву омӯзишгоҳ гуфтем? Зеро дар мактаб 10 сол таҳсил мекуниву дар донишгоҳ 5-7 сол, дар омӯзишгоҳ бошад, аз ҳама кам, яъне 6 моҳ, 1 сол ва ё зиёди зиёд 3 сол. Аммо муҳим ин нест, ки чанд сол таҳсил мекунӣ. Муҳим он аст, ки новобаста аз қимату арзиши даргоҳе, бояд онро ХАТМ кунӣ ва барои омадану чизе омӯхтани шогирдони дигар низ имкон диҳӣ!!!
Пас, 5-солагият муборак, эй Омӯзишгоҳи МО!!!!!!!!!!!!!!!

НФСП

Рубрики:Uncategorized

«Пайкон» №8 (50)

Рубрики:Uncategorized

Ҳизби таҳрир, саҳмияҳои «Роғун» ва рӯҳониёни тоҷик

Ахиран дар хабаргузориҳо маълумот оид ба паҳн кардани коғазҳои таблиғотии Ҳизби таҳрир, ки алайҳи харидани саҳмияҳо равона шуда буд, пахш гардид. Мувофиқи маълумотҳо, намояндагони ҳизби таҳрир шабнома ё коғазеро нашру паҳн кардаанд, ки дар он рӯҳониёни Тоҷикистон зери тозиёнаи танқид қарор гирифтаанд. Зеро ба навиштаи эшон, харидории саҳмияи ширкати саҳҳомӣ ҳаром дониста шудааст ва муллоҳои кишвар мардумро барои харидории саҳмияҳои ширкати саҳҳомии «Роғун» даъват мекунанд. Аз ин лиҳоз, ҷонибдорони ҳизби таҳрир аз рӯҳониён ва имомхатибони масҷидҳо интиқод кардаанд, ки мусулмононро баҳри иҷрои кори ҳаром ташвиқ менамоянд, дар ҳоле, ки ба эътиқоди онҳо, ислом харидории саҳмияҳоро ҳаром медонад.

Ин дар ҳолест, ки рӯҳониёни саршиноси кишвар ва намояндагони Шӯрои уламои Тоҷикистон харидани саҳмияҳоро ҳамчун садақа ва хайрия раво дониста, мусалмононро барои саҳм гузоштан дар кори хайр, аз ҷумла харидани саҳмияҳои «Роғун» даъват мекунанд. Қобилҷон Боев, мудири шӯъбаи фатвои Шӯрои уламо мегӯяд, ки иддаои ин ҳизб ба шариати ислом мувофиқ нест. Зеро дар ислом даҳҳо намуди садақа ва хайрия вуҷуд дорад ва тавассути харидории саҳмия саҳм гузоштан дар сохтмони «Роғун» барои рӯшноӣ бахшидан ба мардум амали савоб аст.
Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, яке аз чеҳраҳои саршиноси кишвар ақидаи пайравони ҳизби таҳрирро рад карда гуфт, ки касе саҳмия мехарад, ба ширкати «Роғун» аъзо мешавад ва фардо агар фоидае ба даст орад, фоидаи ҳалоли ӯст, ҳеҷ гуна шубҳа надорад. Ширкат дар шариат як намуди ҳалоли ҳамкорист, ки ҳар афрод мувофиқи саҳмгузорияш дар оянда баҳрабардорӣ мекунад.
Сайид Қиёмиддини Ғозӣ, яке аз рӯҳониёни шинохтаи Тоҷикистон мегӯяд, ки харидории саҳмия на ҳаром, балки яке аз иқдомҳои шоиста ба ҳисоб меравад. Зеро он ба манфиати кулли мардуми кишвар равона шудааст. Вай мегӯяд, паёмбари ислом Муҳаммад (с) фармудаанд, ки садақаи ҷория ҳамон аст, ки ҷоеро бунёд кунед, то манофеи миллию мардумӣ дошта бошад, ба миллату қавму диёр фоидааш расад. Дар он кор кӯмак кардан, дасти ёрӣ дароз кардан бузургтарин ҳадя, бузургтарин савобу некӯкорӣ ва писандидатарин амал ба шумор меравад.
— Саҳмия гирифтан, ба ҳар касе ки қудрату тавон дошта бошад, на фақат як кори шаръист, балки як кори иттиҳоди миллист. Мо ба иттиҳоди миллӣ, ба иттиҳоди кишвардорӣ, ба обод кардани сарзаминҳо садҳо далел аз Қуръони азимушшаън ва аз суханони расули мукаррами ислом дорем. Ин гурӯҳ далел надоранд, танҳо таассуб доранд. Аз дидгоҳи таассуб, аз дидгоҳи бемазҳабӣ ин корро мекунанд. Мумкин таассубашон зидди давлатист, шояд зидди миллист. Ё шояд зидди давлатдорию сарзаминест. Ман намедонам ангезаи онро. Лекин набояд шахси оқил, мусалмон як тараф бошад. Касе ақл дорад, дар ин кор бо дасту забону молу пул кӯмак бояд кунад. Ҳар чизе ки миллат интихоб кард, мо пуштибони он раъйем. Ман аз дидгоҳи худам ва аз фаҳме, ки аз Қуръони азимушшаън ва суханони паёмбар дорам, ҳарф мезанам. Касе чизе гӯяд, ихтиёр дорад. Вале ман ба ин дурӯғу бӯҳтон, ба ин тарз амалу рафтор кардану коғаз паҳн кардан розӣ нестам. Мухолифи ин корҳо ҳастам. Ҳар касе барои тафриқа амал кунад, тафриқаангезҳоро Худову паёмбар ба бадтарин азобҳо таҳдид кардааст,- изҳор мекунад эшони Қиёмиддин.
Рӯҳонии дигари тоҷик домулло Нурмуҳаммад мегӯяд, ки корхонаи «Роғун»-ро мардум дар якҷоягӣ месозанд. Мувофиқи шариати ислом, вақте корхонаро тамоми мардум барои баровардани эҳтиёҷоти худ месозанд, барои чӣ ҳаром бошад? Шариати ислом ба ободкориву хайрхоҳӣ даъват мекунад. Модоме, ки мардуми мо имрӯз ниёз ба барқ доранд, аз набудани он азият мекашанд, пас чаро мардум барои манфиати умум саҳмияро харидорӣ накунанд? Чаро шариати ислом онро иҷозат намедодааст? Модоме як кас корхонаро месозаду мегӯяд, ки ман пули шуморо ин тавру он тавр медиҳам, ин камтар ҷониби рибо аст, аммо ҳамаи мардум барои баромадан аз бунбасти энергетикӣ созанд, ҳаром нест.
Аммо иддае аз коршиносон мегӯянд, ки таблиғоти ин гурӯҳ шояд дар дунбол ангезаи сиёсӣ дорад. Зеро ҳанӯз аз ирсоли номаи сарвазири ӯзбекистон дар мавриди аз бунёди нерӯгоҳи «Роғун» худдорӣ кардани ҷониби Тоҷикистон фурсате нагузашта, боз таблиғоти дигаре алайҳи «Роғун» оғоз шудааст. Пас, ин гурӯҳ манофеи мусалмононро ҳимоя карданиянд ё аз манфиати давлату гурӯҳе пуштибонӣ менамоянд? Таҳлилгарон мегӯянд, агар воқеан аз манфиати мусулмонон ҳимоя мекунанд, чаро дар замоне, ки духтарони мусалмонро бо ҳиҷоб ба омӯзишгоҳҳо роҳ намедоданд, ҳимоя накарданд? Ё аз тахриби масҷидҳо дар ташвиш нашуданд, ё ин ки дар лаҳзаи қабули қонуни «озодии виҷдон», ки ҳуқуқи намозхононро маҳдуд мекард, садо баланд накарданд? Маҳз имрӯз, замоне, ки сухан сари бунёди иншооти миллӣ меравад, ки тамоми мардуми Тоҷикистон, ақалиятҳову аксариятҳо ба рӯшноии нерӯи барқи он ниёз доранд, ҳизби таҳрир ба ташвиш афтодааст.
Аммо Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, рӯҳонии маъруфи тоҷик бар ин назар аст, ки дар пиёда кардани сиёсати давлати ӯзбекистон ҳамдастии ҳизби таҳрир мувофиқи мақсад нест. Зеро аз ҳама бештар ба муқобили ҳизби таҳрир ӯзбекистон мубориза мебурд. Ба хотири ӯзбекистон шуда, дигар кишварҳои минтақа ҳизби таҳрирро ғайриқонунӣ эътироф карданд. Ва аз он ки ба хотири дастгирии сиёсати ӯзбекистон ин корро карда бошад, чандон мувофиқат намекунад. Аммо як чиз маълум аст, ки ҳизби таҳрир бо ҳамаи ҳукуматҳо мухолифат дорад. Вай мехоҳад ҳукумати худро бо номи «хилофат» дошта бошад. Аз ҳамин хотир, ба андешаи ман, рабт додани ин ҳар ду чандон мувофиқи мақсад нест. Зеро ҳазорҳо нафар пайравони ҳизби таҳрир дар зиндонҳои ӯзбекистон хобанд.
Сайфулло Сафаров, муовини раиси Маркази тадқиқоти стратегии назди Президени Тоҷикистон вуҷуд доштани қувваҳои дигареро, ки мехоҳад аз номи ҳизби таҳрир баромад карда, онро бадном кунад, аз эҳтимол дур намедонад. Вай мегӯяд, шояд мавқеи худи ҳизби таҳрир ин тавр бошад, ки дар муқобили ҳамагуна ҳаракатҳои оммавии ба сӯи гул-гулшукуфӣ рафтан, таҳкими иқтисодиёт ва пурқувват шудани ваҳдати миллӣ бошад. Аз ин сабаб, мумкин онҳо ҳамин гуна вокуниш карда бошанд. Ё ин ки баръакс, шояд қувваҳои дигаре ҳам бошанд, ки аз номи ҳизби таҳрир ҳамин гуна чизҳои зиддидавлатиро паҳн мекунанд.
Сайфулло Сафаров дар масъалаи тезутунд гаштани муносибати ӯзбекистону Тоҷикистон дар моҳҳои ахир чунин назар дорад, ки ҳоло ҳам роҳи ҳалли дипломатии муносибатҳо байни ин ду кишвар вуҷуд дорад. ӯ мегӯяд, давлати Тоҷикистон нисбати ӯзбекистон ҳеҷ мақсаду нияти бад надорад. Баръакс хостори он аст, ки ҳамсоякишвар ҳам аз об ва ҳам аз барқе, ки дар оянда Тоҷикистон ба он доро мешавад, ба пуррагӣ истифода кунад ва ҳатто бештар аз он ки имрӯз истифода мебарад.
— Манфиатҳои халқи тоҷик ва ӯзбек дар ин ҷо аз ҳам ҷудо нестанд. Зеро барқи арзон ва оби доимӣ дар вазъиятҳои камобӣ барои мардуми ӯзбек ҳамон қадар лозим аст, ки мо имрӯз ниёз дорем. Ба ғайр аз ин, аз рӯи манфиатҳо давлати ӯзбекистон ҳамчун ҳукумат низ ба сохтмони НОБ-и «Роғун» зид нест. Ба назари ман, дар ин ҷо шояд қувваҳои пинҳоние бошанд, ки онҳо ба оташ равған мерезанд ва гӯё ки ӯзбекистонро дар муқобили мо қарор медиҳанд. Барои ҳамин, мо бояд нисбати ӯзбекистон позитсия ё мавқеи сарвазири худамонро ҳимоя кунем. Бисёр андешаҳои хуб дар мактуби ҷавобии сарвазири мо ҳаст ва мо бояд ҳукумати Тоҷикистонро барои ин гуна ҷавоби ҳаматарафа, дақиқ ва илмияш табрик кунем.
Вале ба андешаи Фаррух Умаров, коршиноси масоили мазҳабии маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон, ҳизби таҳрир дар кишварҳои қашшоқу камбизоат, бо истифода аз фурсати муносиб мехоҳад нуфузи хешро бештар кунад. ӯ мегӯяд, вақте Тоҷикистон соҳиби барқи хеш мешавад, албатта мардум аз вартаи камбизоатӣ раҳо мешаванду ҷомеа рушд мекунад. Дар ин сурат ҳизби таҳрир дар Тоҷикистон корҳои тарғиботӣ бурда наметавонад.
Ёдовар мешавем, ки фаъолияти Ҳизби таҳрир дар Тоҷикистон аз соли 2001 ба ин сӯ мамнӯъ аст ва номи он дар рӯйхати 11 созмони террористиву экстримистӣ, чун ҳаракати исломии ӯзбекистон ва Ҳизби «Тоҷикистони озод» зикр шудааст.
Дар 9 сол мақомоти интизомии кишвар беш аз 400 узви «Ҳизб-ут-таҳрир»-ро бо ҷурми паҳн кардани варақаҳову адабиётҳои мазҳабӣ ва даъват ба сарнагунии низоми Қонуни асосии кишвар, боздошт ва ба муддатҳои тӯлонӣ маҳкум ба зиндон кардаанд.

Исфандиёр ХАЛИЛӣ

Рубрики:Uncategorized

Шӯҳрати дубораи Рустами Эмомалӣ


То интихобот рӯзҳои баршумор боқӣ мондааст. Ҳарчанд мегӯянд фурсат кам аст, вале номзадҳо имкон доранд дар ин муддат бо ҷонибдоронашон якчанд вохӯрии дигарро баргузор намоянд.
Аммо таври маълум, танҳо намояндагони ду ҳизб — Ҳизби халқӣ -демократии Тоҷикистон ва Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон фаъол ҳастанду халос. Номи ҳизби саввум — сотсиал — демократҳо низ ба воситаи вокунишҳову адолатхоҳияшон вирди забонҳост.
Рақобати ҲХДТ бо ҲНИТ
Ин ҳафта пешбарӣ шудани номзадии Рустами Эмомалӣ, писари Эмомалӣ Раҳмон, президенти кишвар аз ҷониби Ҳизби халқӣ — демократи Тоҷикистон барои ширкат дар интихоботи Маҷлиси вакилони шаҳри Душанбе дар сархати хабару мақолоти расонаҳои кишвар буд.
Албатта, ин асос ҳам дорад, зеро ҳангоме номзадии ӯ пешниҳод шуд, ки то интихоботи 28-уми феврали Маҷлиси Олии Тоҷикистон ҳамагӣ ду ҳафта боқӣ мондааст. Ва бисёриҳо ба ин андешаанд, ки Рустами Эмомалӣ барои шиносоии барномаи пешазинтихоботӣ ва вохӯрӣ бо ҷонибдоронаш фурсати кофӣ надорад. Аммо чуноне намояндагони Ҳизби халқӣ-демократӣ бо боварӣ мегӯянд, ӯ аллакай миёни ҷомеа то андозае шӯҳрат пайдо кардааст ва интихобкунандагон ба ӯ овоз хоҳанд дод. Шояд барои ҳамин ягон хел вохӯрӣ ва барномаи пешазинтихоботӣ барои Рустам лозим ҳам набошад. Зеро тавре хабар дода шудааст, рӯзи 10-уми феврал дар мулоқоти масъулони Ҳизби халқӣ — демократии Тоҷикистон бо интихобкунандагони ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе эълон шуда буд, вале чун Рустами Эмомалӣ дар сафари хидматӣ қарор дошт, натавонистааст дар ин мулоқот ширкат кунад.
Бояд гуфт, номзадии Рустами Эмомалӣ дар асоси қарори конфронси ташкилоти Ҳизби халқӣ — демократии Тоҷикистон дар ҳавзаи 23-и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе пешниҳод шудааст. ӯ дар ин ҳавзаи интихоботӣ бо Худойқули Ҳамроқул, номзад аз Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки номзади худпешбар мебошад, рақобат хоҳад кард.

«Ҳадафҳои шахсӣ ва таъмини ғалабаи ҳизби худ»
Дар ҳамин ҳол, аксар аҳзоби сиёсӣ ва намояндагони ташкилотҳои байналхалқӣ баргузории маъракаи пешазинтихоботӣ дар кишварро зери танқид қарор додаанд. Чанде қабл Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) аз ҷой доштани ҳолатҳои қонуншиканию фишор овардан ва таъқиботи намояндагони ҲНИТ дар ҷараёни маъракаи интихоботӣ зимни як нишасти хабарӣ изҳори нигаронӣ намуданд.
Аз ҷумла, масъули ситоди ҲНИТ — Шамсиддин Саидов ба хабаргузории TojNew гуфтааст, ки Шӯрои сиёсии ҲНИТ аз Ҳукумати кишвар даъват менамояд, то барои таъмини волоияти қонун дар арафаи интихобот чораҳои зарурӣ андешанд. «Баъзе аз масъулини давлатӣ ба хотири расидан ба ҳадафҳои шахсӣ ва таъмини ғалабаи ҳизби худ бо ҳар роҳу восита омодаанд қонун ва ваъдаи Президентро канор гузоранд»,- иброз доштааст мавсуф.
Ҳамчунин, як ҳайати нозирони САҲА дар Тоҷикистон гуфтаанд, ки тавсияҳои ин ниҳод баъд аз интихоботи парлумонии соли 2005 дар бораи камбудиҳои қонуни интихоботи кишвар ба назар гирифта нашудааст.
Бояд гуфт, ки ин ҳайат соли 2005 набуди муқаррарот дар мавриди фаъолияти нозирони дохилӣ, шомили гурӯҳҳои гуногун набудани комиссияҳои интихоботӣ, системаи нокомили расидагӣ ба шикоятҳо, муқаррароти норӯшан дар бораи сабти ном ва тарзи раъйдиҳии раъйдиҳандагон, шумора ва гурӯҳбандии овозҳоро аз ҷумлаи камбудиҳо дар ин қонун зикр карда буд.
Ин нукта зимни як гузориши нозирони интихоботии ин ниҳод дар Тоҷикистон зикр шудааст. Ҳамчунин, дар ин гузориш омадааст: «Қавонини Тоҷикистон наметавонанд нуқсу камбудиҳои интихоботро ҷилавгирӣ кунанд. Ислоҳи қонуни интихоботи Тоҷикистон, ки соли 2004 сурат гирифт, «заминаҳои қонунии интихоботро беҳтар сохт, аммо навоқиси қобили таваҷҷӯҳе дар ин қонун боқӣ мондааст».
Пирони парлумон ва қонунқабулкунии «якдилона»
Тавре аз шумораи зиёди номзадҳои ду ҳизб дар боло ёдрас шудем, Ҳусноро Мирзоева, раиси комиссияи интихоботии Маҷлиси вакилони шаҳри Душанбе низ ин хабарро тасдиқ кардааст. Ба қавли ӯ, дар 70 ҳавзаи интихоботӣ 212 номзад ба қайд гирифта шудаанд, ки ба ҷуз аз ҳизби аграрӣ, номзадҳои дигар аз аҳзоби сиёсӣ ва ҳамчунин, номзадҳо тариқи худпешбарӣ ҳастанд. Бештарин номзадҳоро низ намояндагони ҳизбҳои халқӣ — демократии Тоҷикистон ва наҳзати исломӣ ташкил медиҳанд.
Масалан, аз Ҳизби аграрӣ — 6 нафар, Ҳизби демократӣ — 2 нафар, Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ — 4 нафар, Ҳизби коммунистӣ — 9 нафар, Ҳизби наҳзати исломӣ — 20 нафар, Ҳизби сотсиалистӣ — 3 нафар, Ҳизби халқӣ — демократӣ — 22 нафар ва аз Ҳизби сотсиал — демократи Тоҷикистон 7 нафар номзад пешбарӣ шудааст.
Ин шумораи онҳое мебошад, ки дар ҳавзаҳои якмандатӣ аз ҷониби ҳизбҳо пешниҳод шудаанд ва дар сурати овози бештар гирифтани ҳизбашон мегузаранд. Ва яқин аст, ки ҳизби ҳоким ин бор низ курсиҳои зиёдро дар парлумон соҳиб мешавад.
Ғайр аз ин, онҳое ки тариқи худпешбарӣ номзадияшонро аз ҳизби ҳоким гузоштанд, беҳисоб аст. Аммо саволи матраҳ ин аст; оё ҳамаи онҳое, ки ба ин мақомоти қонунгузор роҳ меёбанд, арзандаанд? Метавон гуфт, ки не! Чунки парлумони моро то имрӯз ҳама пиронсолон ташкил медоду имрӯз низ қариб 50 дар 100-и онҳоро синну соле ташкил медиҳад, ки ба нафақа расидааст. Ё худ, номзадии аксари онҳо дубораву себора гузоштаанд, ки ҳеҷ фаъолияти назарраси онҳоро то ба ҳол надидаем. Яъне, ҳар қонуне, ки пешниҳод мешавад, «якдилона» қабул мекунанд. Маҳз ин боис мегардад, ки ҷавонон наметавонанд ба парлумон роҳ ёбанд.
Таваҷҷӯҳ кунед ба синну соли бархе номзадҳо: аз Ҳизби халқӣ — демократӣ — Миралиев Амиршо — 64-сола, Кенҷаева Мунаввар Ҳодиевна — 55-сола, Сангинов Ҷумъабой Раҳматович — 58-сола, узви Кумита оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила, ҳифзи сиҳатӣ ва экологияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ, Эсанқулов Эшбурӣ Турахонович — 59-сола, Ҳизби сотсиалистӣ — Ғаффоров Абдуҳалим — 59- сола, раиси КИМ ҲСТ, Ҳизби наҳзати исломӣ — Ҳикматулло Сайфуллозода — 60-сола, узви Раёсати Олӣ ва Шӯрои сиёсии ҲНИТ, Ҳизби коммунистӣ — Шабдолов Шодӣ Давлатович — 67-сола, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Насимов Азим — 74-сола, Ҳизби аграрии Тоҷикистон — Қарақулов Амир Бӯриевич — 68-сола, Аҳмадов Ҳукматулло Маҳмудович — 61-сола.

Чаро ҷавонон номзад набошанд?
Пешбарӣ шудани номзадии Рустами Эмомалӣ барои ширкат дар интихоботи Маҷлиси вакилони шаҳри Душанбе қадами навбатии ӯ дар майдони сиёсат дар ду соли ахир ба шумор меравад. Яъне, Рустами Эмомалӣ тақрибан як сол зиёд мешавад, ки дар вазифаи раиси бахши соҳибкорӣ дар Кумитаи сармоягузорӣ ва амволи давлатии Тоҷикистон то ба ҳол ифои вазифа мекунад.
Қадами дуввум, 19-уми апрели соли 2009 ӯ дар анҷумани ғайринавбатии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон муовини раиси ин созмон интихоб шуда буд. Дар ин анҷуман ба ҷонибдории номзадии ӯ дар анҷумани 9-уми ин созмон қариб ҳамаи вакилон овоз доданд.
Зимнан, тибқи қонунҳои ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ин ягона созмони ҷавонон аст, ки дар баробари ҳизбҳо ҳаққи пешбарии номзад ба вазифаи президентиро дорад. Яъне, имрӯз, ки аз ҷониби Ҳизби халқӣ — демократӣ номзадияш ба вакилӣ пешниҳод шудааст, метавон гуфт, ки чунин муваффақиятҳояш ӯро то ин зина хоҳад бурд.
Муваффақияти дигари ӯ барои наздик шудан ба вакилӣ, ин моҳи декабри соли гузашта дар Анҷумани ҲХДТ ба узвияти раёсати ин ҳизб пазируфта шуданаш мебошад.
Аммо аксар таҳлилгарон мегӯянд, ки Рустами Эмомалӣ новобаста ба писари президент будан, дар ин интихобот пирӯз мешавад. Зеро дар баробари шӯҳрат доштан, инчунин ҷавонтарин номзад мебошад.
Аз тарафи дигар, сабаби ин бовариҳо дар он аст, ки Рустами Эмомалӣ бештар миёни ҷавонон маҳбубият дораду қишри зиёди ҷомеаро онҳо ташкил медиҳанд.
Масалан, то ба ҳайси муовини раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон интихоб шуданаш, чун вакили анҷуман аз ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт бо ин иттифоқ ҳамкории зич дошта, сарпарасти чандин маъракаҳои марбут ба ҷавонон будааст. Он замон Дилшод Қурбонов дар сӯҳбате гуфта буд, ки интихоби Рустами Эмомалӣ, фарзанди Президенти Тоҷикистон, ки худ низ хеле ҷавон аст, барои пурсамартар шудани кори Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард.
Ҳамзамон, ӯ миёни мухлисони футбол низ машҳур аст. Зеро Рустами Эмомалӣ яке аз сарпарастон ва футболбозони тими «Истиқлол» аст, ки тавонист дар як муддати кӯтоҳи фаъолияташ бо 23 бурд дар 23 бозӣ унвони қаҳрамони футболи шаҳри Душанбе дар соли 2008-ро ба даст оварда, ба лигаи олии мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон роҳхат бигирад.
Акнун чунин муваффақиятҳоро дар ҳолати намояндаи ҷавонон дар Маҷлиси вакилони шаҳри Душанбе интихоб шуданаш метавон баҳогузорӣ кард. Пас, чаро ҷавононе ба мисли ӯ ба парлумон ворид нашаванд?

Саида ҚУРБОНОВА, БМСТЖ

Рубрики:Uncategorized

Каромат Шарипов: «Наша Раша»-ро ба суд мекашем!

Зиёда аз панҷ сол аст, ки дар шабакаи ТНТ-и Русия барномае бо номи «Наша Раша» фаъолият дорад ва дар он муҳоҷирони тоҷик таҳқир карда мешаванд. Тайи ҳамин панҷ сол дастандаркорони тоҷик натавонистанд ҷилави барандагони ин барномаро кашанд. Борҳо мақомоти Тоҷикистон кӯшиш карда буд, то барнома пурра аз шабака бардошта шавад. Вале кӯшишҳояшон бенатиҷа монд. Чи қадар дар рӯзномаҳои даврӣ дар ин бора навиштанду менависанд, аммо нафъе намеорад. Барнома ҳамон тавре ки пахш мешуд, ҳар ҳафта пахш мегардад. Боз ҳамон Равшан ва Ҷамшуди «тоҷик» «желмелди» гӯён, хонаи Ксения Собчакро таъмир мекунанду тамошобинон завқ бурда, ба ҳоли онҳо хуб механданд.

Ниҳоят, муҳоҷирони тоҷик ба як қарори қатъӣ омаданд, то таҳқиркунандагони худро ҷазо диҳанд. Косаи сабри раиси ҷунбиши «Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар Русия» Каромат Шарипов лабрез шуда, тасмим гирифтааст барномаи «Наша Раша»-и шабакаи ТНТ-и Русия ва масъулони ин шабакаро ба суд диҳад. Дар номаи саркушоди ин созмон ба унвони Додситони кулли Русия ва Хадамоти федералии ин кишвар чунин омадааст, ки шабакаи ТНТ тайи панҷ соли охир алайҳи муҳоҷирони меҳнатии тоҷик барномаҳои таҳқиромез таҳия ва пахш карда, симои миллати тоҷикро дар Русия доғдор намудааст.
Каромат Шарипов дар як сӯҳбат гуфтааст, ки дар ин барномаи пур аз таҳқири шабакаи ТНТ муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар Русия дучори масхара ва мазоҳ мешаванд. Ва аз барномасозони «Наша Раша» даъват кардааст, ки барои паст задани шаъну шарафи мардуми тоҷик расман узр пурсаду аз пахши чунин барномаҳо даст кашад. Ҳатто ӯ изҳор доштааст, ки дар сурати бенатиҷа гузоштани даъво тайёр аст ин қазияро то ба додгоҳҳои Аврупо барад.
Вай гуфтааст: «Баста шудани чунин барномаҳо, ки кори аслияшон тасвири бардурӯғ ва таҳқири ошкорои миллати тоҷик дар Русия аст, бояд чанд соли пеш сурат мегирифт. Тайи панҷ соле, ки ин барнома амал мекунад, борҳо чунин талош аз сӯи Сафорати Тоҷикистон дар Русия ва Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон анҷом дода шуд. Ман инро вазифаи асосии худ мешуморам, ки на танҳо барномаи «Наша Раша», балки худи шабакаи ТНТ баста шавад. Онҳо моро таҳқиру мазоҳу масхара карданд. Ва мақомоти интизомии Русия бояд ҷилави онҳоро бигирад. Бигзор масъулони шабакаи ТНТ ва дастандаркорону бозигарони ин барнома расман аз мардуми тоҷик узр пурсанд ва навору дискҳои худро аз фурӯш барчинанд. Вакте ман ин масъаларо бо дигар коргардонҳо ва бо дигар актёрҳо дар миён гузоштам, ки чаро маҳз тоҷикон дучори чунин беҳурматӣ ва беэҳтиромии ин барнома шудаанд, онҳо посух доданд, ки тоҷик пуштибон надорад».
Тасмими Каромат Шарипов як иқдоми нав набошад ҳам, амри зарурист ва шояд пас аз ба суд муроҷиат кардан ягон вокунише нишон диҳад.
То кадом андоза саривақтӣ будани тасмими муҳоҷиронро раиси ҲКТ Шодӣ Шабдолов вобаста ба вақт медонад. «Муҳоҷирони мо аз ҳуқуқи худ, ба монанди деклоратсия дар бораи ҳуқуқи инсон бояд дуруст истифода баранд ва худро муҳофизат кунанд. Дар тамоми давлатҳои Русия ин ҳуқуқҳои башарро, ки аз тарафи Созмони Милалли Муттаҳид эътироф шудааст, ба эътибор гирифтаанд. Доир ба ҳуқуқи инсон, аз ҷумла муҳоҷирони тоҷик, ки дар давлати Русия ҳастанд, бояд ҳуқуқи худро ҳимоя кунанд. Албатта инро суд муайян мекунад. Даъво дуруст аст. Ҳар нафаре, ки аз ҳуқуқҳои ҳамон давлат огоҳ бошад, худро дар суд ҳимоя карда метавонад. Ва даъвои ҳар як шаҳрванди тоҷике, ки дар Русия муҳоҷир аст, аз маҳорати ҳуқуқдонии ӯ вобаста аст. Албатта дар ин ҷо махсусан телевизионҳое, ки ин барномаро намоиш медиҳанд, аксарашон хусусӣ ҳастанд. Пеши роҳи онҳоро на ба воситаи давлат, балки ба воситаи мақомоти судӣ гирифтан мумкин аст. Ё ин ки, бо роҳи ташкил кардани афкори омма тариқи ВАО».
Ҳарчанд аксари коршиносон бар онанд, ки масъалаи пешгирии таҳқири тоҷикон тариқи барномаи «Наша Раша» ҳатто дар сатҳи мақомоти давлатии тарафайн ҳам ҳал ношуданист, вале Адуғаффори Абдуҷаббор, роҳбари дастгоҳи Вазорати фарҳанг бар ин назар аст, ки ҳар нафаре, ки нияти даъво кардан дорад, бояд қонунҳои амалкунандаи қаламрави Русияро хуб дарк карда тавонад. Вай гуфт: «Онҳое, ки нияти даъво кардан доранд, бояд қонунҳоеро, ки дар қаламрави Федератсияи Русия амал мекунанд, ба инобат гиранд. Ва исбот карда тавонанд, ки ин барнома воқеан ҳам мардуми тоҷикро таҳқир кардааст. Албатта барои ин ҳимоятгари қавӣ ва маблағ лозим меояд. Агар заминаҳои иҷтимоии ин масъаларо хуб ҳаллу фасл карда, баъд даъвои асоснок пешниҳод намоянд, шояд комёб шаванд.
Дар ҷомеаи демократӣ, ки зиндагӣ мекунанд, ҳам дар Русия, ҳам дар қаламрави Тоҷикистон, баъзан фаҳмидаву нафаҳмида ҳарчи хоҳанд навиштан мегиранд, озод ҳастанд. Масалан, рӯзномаҳои мо ҳам чи қадар дар бораи ҳамон барнома ва қаҳрамонҳояш навишта буданд, касе кордор нест».
Вале касе дақиқ гуфта наметавонад, ки бо ин тасмим комёб мешаванд ё не, ё ин ки ҳаллу фаслаш бетағийр мемонад. Аммо баъзе рӯзноманигорон бар ин назаранд, ки бояд ин корро барвақт анҷом медоданд. Рӯзноманигор Султони Ҳамад мегӯяд: «Хабар дар бораи он, ки яке аз ҷамъиятҳои муҳоҷирини тоҷик дар Русия тасмим гирифтааст, ки телевизиони ТНТ-и ин кишварро барои дар барномаи «Наша Раша» ба таҳқири миллати тоҷик роҳ доданаш ба пайгарди қонун бикашад, хабари хушҳолкунанда аст. Барои он хушҳолкунанда аст, ки билохира яке аз роҳбарони ҷамъиятҳои сершумори муҳоҷирин дар Русия аз хоби гарон хеставу худ ба дифои ҳаққу ҳуқуқҳои хеш камар бастаанд. Ҳарчанд роҳбарияти ҳукумати Тоҷикистон, васоити ахбори оммаи кишварамон дар ин масъала ҳеҷ гоҳе хомӯш набуданд, кӯшишҳое низ ба харҷ доданд, вале ин наметавонист ва наметавонад мушкилоти мушобеҳро ба он тарзе ки мо мехоҳем, ҳал кунад. Яъне, садди роҳи нашри чунин барномаҳои телевизионӣ дар кишвари бегона шаванд. Чунин кор аз тариқи қонун тавассути мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия сурат гирифтанаш мумкин аст. Ҳаққи ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат кардан ва аз тариқи қонун масъала ҳал карданро худи муҳоҷирони тоҷике, ки дар Русия кор мекунанд, махсусан онҳое, ки табааи ин кишвар ҳастанд, доранд. Аз ин рӯ, онҳо чунин корро, ба фикри ман, бояд хеле барвақт мекарданд. Дар ин кор ба муҳоҷирон ё шаҳрвандони тоҷиктабори Русия бояд ҳуқуқшиносони варзидаи кишварамон кӯмак намоянд. То кадом андоза муҳоҷирони тоҷик дар ҳимояи ҳуқуқҳои худ муваффақ хоҳанд шуд, ин ба кордонӣ, азму суботи мубтакирони ин ташаббус ва адлу инсофи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия низ сахт вобастагӣ дорад».

Фарангиси МУЗАФФАР, БМСТЖ

Рубрики:Uncategorized

Баҳои беасосу носанҷида надиҳед!


15-уми феврали соли 2010, тақрибан соатҳои 10:30 ба ман котиби комиссияи ҳавзавии якмандатии Сино №4 занг зада, хоҳиш кард, ки соатҳои 12:00 як назди раиси комиссияи ҳавзавӣ А. Ҳабибов меомадед. Ман гуфтам, ки соати 12:00 наметавонам, зеро соати 11:00 дар донишкада дарс дорам, метавонам баъд аз 15-20 дақиқа ба ҳавза оям. Соати 10:50 ба ҳавза ворид шудам. Раиси ҳавза А. Ҳабибов ба ман мактуби худро ба унвони комиссияи ҳавзавии Сино №4 оид ба нишастҳои матбуотии ман пешниҳод кард ва гуфт, ки оид ба ин масъала аз ман баёнот лозим аст. Ман нусхаи мактубро гирифта, ризогии худро додам, ки пагоҳ, яъне 16-уми феврал баёноти асосноки худро медиҳам. Танҳо бароям фаҳмо набуд, ки барои чи ӯ, вақте ки дар давоми 3-4 рӯзи охир 2 бор вохӯрдем, ягон чиз дар ин бора ба ман шифоҳӣ нагуфт. Ба ҳар ҳол, ман ҳамчун ҳуқуқшинос пешниҳоди мактуби мазкурро аз ҷониби раиси комиссия А. Ҳабибов ба комиссияи ҳавзавӣ барои муайян кардани ҳолати кор рафтори солим баҳогузорӣ кардам.
Маълум мешавад, ки ҳамин рӯз, яъне 15-уми феврали соли 2010, ҳоло, масалан, баёноти маро ногирифта, насанҷида, дар ҷаласаи комиссияи ҳавзаи Сино №4 бо иштироки ман баррасӣ накарда (мактуби А. Ҳабибов ба унвони комиссияи ҳавзавӣ равона карда шудааст), мактуб аз 16-уми феврал таҳти рақами 9 ба қайд гирифта шудааст, таъҷилан ҳамчун пресс-релиз (матни мактуб дар пресс-релиз пурра омадааст) барои ВАО пешкаш шудааст, ки ин рафтори ғайриқонунӣ ва носолим мебошад.
Оид ба пресс-релизи мазкур бояд қайд намоям, ки рӯзи 16-уми феврал маро ҳеҷ кас ба комиссияи ҳавзавӣ даъват накардааст, зеро пресс-релиз аллакай рӯзи 15-уми феврал паҳн карда шудааст.
Дар пресс-релиз омадааст: «Вақтҳои охир номзад ба вакили МН МОҶТ ҷаноби Зойиров Р. Х. дар нишастҳои матбуотии худ ба ғаразгӯиҳо нисбати ҳавзаи интихоботии Сино №4 бо истифодаи далелҳои беасос роҳ медиҳад. Барои тасдиқ маводҳои зерин асос шуда метавонанд: Дар нишасти хабарии Раҳматилло Зойиров, ки ҳафтаномаи «Миллат» аз 11-уми феврали соли 2010 зери сарлавҳаи «ҲСДТ аз нақзи қонунии интихобот шикоят дорад» чоп шудааст, омадааст: «… Ба унвони мисол ӯ (яъне Зойиров Р. Х.) аз корзори интихоботии худ, ки дар ҳавзаи инфиродии 4-и шаҳри Душанбе ба унвони номзад дар интихоботи парлумонӣ сабти ном шудааст, ёдовар шуда гуфт, маъсулини комиссияи ҳавзавии маҳалӣ аз рақибаш Шермуҳаммади Шоҳиён, номзади Ҳизби халқӣ — демократӣ ҷиддан ҳимоят мекунанд». Гуфтаҳои ҷаноби Зойиров Р. Х. ягон асос надоранд…».
Бояд қайд намоям, ки оид ба комиссияи ҳавзавии Сино №4 ман дар нишасти матбуотии худ ягон сухани манфӣ нагуфтаам, калимаи «ҳавзавӣ» дар гузориши журналисти «Миллат» ба ҷойи калимаи «участкавӣ» иштибоҳ карда шудааст.
Дар пресс-релиз дигар мисол оварда шудааст. Дар ҳафтаномаи «Нигоҳ» аз 11-уми феврали соли 2010 зери сарлавҳаи «Раҳматилло Зойиров: Ба демократӣ гузаштани интихобот умед дорам», омадааст: «… Бубинед, ки дар ҷадвали вохӯриҳои номзадҳое, ки барои мо пешниҳод кардаанд, баъзе аз вохӯриҳо соати 10 нишон дода шудааст, вале соати 9 оғоз мешаванду ҳангоме мо меравем, аллакай тамом шудааст». Ин гуфтаҳои ҷаноби Зойиров Р. Х. асос надоранд… Тибқи ҷадвали вохӯриҳо, ки онҳоро комиссияи ҳавзавӣ мегузаронад,… ҳамаи онҳо соати 16:00 оғоз шуданд ва дар ҳамаи ин вохӯриҳо ҷаноби Зойиров Р. Х. ширкат варзида, баромад кард ва эшон аз ташкилу рафти ин чорабиниҳо ягон эрод нагирифтааст.
Мӯҳтарам А. Ҳабибов. Дуруст. То имрӯз оид ба комиссияи ҳавзавии Сино №4 ман, Раҳматилло Зойиров ягон сухане манфӣ дар ягон баромадам нагуфта будам, аммо, ин пресс-релизи Шумо якумин бор асоси ҷиддӣ барои манфӣ баҳо додан ба кору фаъолияти на комиссия, балки Шумо бояд гардад.
Бинед. Дар ҳафтаномаи «Миллат» омадааст: «Масъулони Ҳизби сотсиал — демократи Тоҷикистон дар корзори интихоботии ин ҳизб аз 15 ҳодисаи нақзи қонуни интихобот шикоят кардаанд». Дар ҳафтаномаи «Нигоҳ» омадааст: «Аз оғози таблиғу ташвиқи интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар беш аз 15 ҳолатҳои қонуншиканӣ ба мушоҳида расидааст,- иброз дошт раиси Ҳизби сотсиал — демократи Тоҷикистон (ҲСДТ) Раҳматилло Зойиров зимни нишасти матбуотӣ. Лекин дар ин 15 ҳодиса номгӯи комиссияи ҳавзаи Сино №4 вуҷуд надорад. Ин барои Шумо муҳим нест.
Дар худи ҳамин ҳафтаномаи «Миллат» гуфта шудааст: «Раҳматилло Зойиров аз сӯйи дигар таъкид кард, ки дар ҳоле КМИР феҳристи мулоқоти аҳзоби сиёсӣ бо интихобкунандагонро таҳия ва вақту маҳали мулоқотҳоро эълом кардааст, аммо дар бештари маврид комиссияҳои интихоботии ҳавзаҳо ин санадро нодида мегиранд. Гуфта мешавад тибқи ин феҳрист бояд ҳафтаи гузашта дар шаҳри Турсунзода мулоқоти намояндагони аҳзоб бо интихобкунандагон дар соати 10-и субҳ баргузор мешуд, вале комиссияи интихоботии ҳавзаи ин шаҳр мулоқотро соати 9 танҳо бо номзадҳои ҲХДТ баргузор карда ва намояндагони дигар ҳизбҳоро ба ин нишаст дар соати 9 даъват накардааст». Шумо чӣ, раиси комиссияи ҳавзавии шаҳри Турсунзода мебошед?
Дар ҳафтаномаи «Нигоҳ» омадааст: «Ҳамчунин, Раҳматилло Зойиров гуфт, ки маҳдудгароӣ нисбат ба ҲСДТ дар ҳама минтақаҳои кишвар ба назар расида, дахолати ҳокимияти маҳаллӣ баръало эҳсос мешавад. Як мисоли оддӣ. Бубинед, ки…». Шумо аз «Бубинед» дар пресс-релизатон оғоз мекунед, аммо дар болояш омадааст, ин иқтибос на дар бораи номзад Р. Зойиров, балки дар бораи ҳизби сиёсӣ — ҲСДТ мебошад.
Ғайр аз ин, Шумо дар бораи ҷадвали вохӯриҳо гап мезанед, вақте ки ба номи ҷадвал танҳо вохӯриҳои КМИР ба нақша гирифта омадааст, вохӯриҳои комиссияи ҳавзаи Сино №4 ба нақша гирифта ба номгӯи «Реҷаи вохӯриҳо» меояд, на ҷадвал.
Дар хулосаи пресс-релизатон омадааст: «Ҳамаи ин исботи он аст, ки номзад ба вакили МН МОҶТ ҷаноби Зойиров Р. Х. дар нишастҳои матбуотии худ нисбати комиссияи ҳавзаи Сино №4, ки ба ҳайати он қариб намояндагони ҳамаи ҳизбҳо шомиланд, ғаразгӯӣ намуда, барои паст задании шаъну эътибори ҳавза аз озодии воситаҳои ахбори омма сӯистифода мебарад, ки ин амал тибқи банди 14-и моддаи 39-и Қонун «Дар бораи интихобот» манъ аст. Вайрон намудани талаботи дар ин модда пешбинишуда барои бекор кардани қарор оид ба бақайдгирии номзад метавонад асос шавад».
Ман танҳо дигар хулосаи умумиро пешниҳод карданӣ ҳастам. Ба фаъолияти номзадҳои мустақил оид ба интихобот баҳои худро беасос ва носанҷида надиҳед. Ин ба комиссияи интихоботӣ намезебад.

Бо эҳтиром, номзад ба вакилӣ аз ҲСДТ Раҳматилло ЗОЙИРОВ

Рубрики:Uncategorized

Дар бораи Ишқ

Дар бораи Ишқ
Ишқ рамзи хилқат ва офариниши коинот аст.
Ишқ сарчашмаи аслии вуҷуд ва ҷавҳар ва бунёди ҷаҳонӣ аст.
Ҷунбу ҷӯш ва шӯру шавқ, рӯшноии саросари олами вуҷуд ва ҷаҳони ҳастӣ аз партави ишқ аст.
Танҳо ба роҳи ишқ бояд рафт, ки он халлоқ ва ҳунарофарин аст.
Ғараз аз омадан ба ин дунё ишқварзӣ аст.
Ошиқон дар раҳи ишқ ва ишқбозӣ аз ҷону сар гузаштаанд. Онон худпарастиро фидои ишқ кардаанд.
Ҳар киро ишқ нест, ӯ зинда нест.
Аз «Ёдгори биҳишт»

Дар бораи зан
Зан зеботарин, боарзиштарин ва охирин ҳадяи осмонӣ аст. Вай махзани асрори хилқат аст.
Ибодат ва бандагии Худо бояд аз бандагии модарон шурӯъ шавад.
Ҳуруфи сарнавишти башарият дар шири модарон ниҳон аст.
Зан фариштаи Адолат аст.
Як сарриштаи саодати зиндагӣ дар дасти зан аст.
Ҳамаи мардон барои осоиш ва саодати худ ниёзманд ба занонад.
Зан қабл аз ҳама нардбони уруҷи инсоният аст.
Зан на танҳо гули баҳории иҷтимоъ ва ё парваришдиҳандаи занон ва мардони арҷманд аст, балки намунаи комили камол аст.
Аз як сӯй зан мазҳари табиат ва шоҳкорҳои Худованд аст, балки аз сӯйи дигар холиқи зебоист.
Аз «Уруҷи инсоният»

Дар бораи марг
Зиндагӣ дам ба дам пеш меравад ва марг ҳамеша ҳамроҳ бо ӯст.
Эҳсосоти мо дар баробари Марг нотавон аст.
Марг идомаи роҳи зиндагӣ аст ва зиндагӣ идомаи роҳи марг аст. Ҳар чӣ оғоз дошта бошад, саранҷоме низ дорад.
Марг ҳалокат нест, балки фатҳ ва гушоиш аст. Ҷое ки Марг аст, зиндагӣ он ҷост. Фано аз бақо ва бақо аз фаност.
Одамӣ ҳамеша аз марг ваҳшат доштааст ва бад-ин иллат, арзиши зиндагиро фаромӯш кардааст.
Агар марг набуд, дунё пур аз бадӣ ва фоҷиаҳо мешуд. Марг аст, ки ба ин дунё зиндагӣ бахшидааст.
Ҳастиро набояд ба нестӣ дод ва агар додӣ, дар ҳақиқат маргро куштаӣ.
Аз «Чеҳраи зишт бо фазилати зебо»
Дар бораи фарҳанг
Агар инсон ояндаи инсон аст, дар он сурат иштибоҳ нахоҳад буд, агар бигӯем: фарҳанг дар батни фарҳанг аст.
Ҳамаи мардум ба таври ғаризӣ ва фитрӣ дорои рӯҳия ва тамоюли зидди иҷтимоӣ ва зидди фарҳангӣ ҳастанд.
Ҳамаи фарҳангҳо ва ҷавомеъ дар баробари соири фарҳангҳо ва соири ҷавомеъ худро беҳтарин медонанд ва ин амр решаҳои равонӣ дорад.
Таърих нишон додааст, ки андешаҳои «нажоди асил», «фарҳанги асил» ва андешаҳои мушобеҳ ба хотири огоҳӣ ва шуури нокофии ҷомеа ба вуҷуд омадаанд.
Таассуб нисбат ба фарҳанги хеш пояҳои фарҳанги худро вайрон мекунад.
Афрод таассуби худро навъи огоҳӣ нисбати фарҳангашон медонанд, вале намедонанд, ки ин андешаи таассуб охирин андешаи инсонӣ нест.
Баъзе аз афрод … чизеро ҳақиқат медоданд, ки наслҳои оянда онро хато маҳсуб хоҳанд кард… Бояд мунтазири тағйир ва такмил дар оянда низ буд.
Трожедии ҳамаи тамаддунҳои бузург дар он аст, ки ба маҳз ин ки фарҳангҳо рушд карданд ва ба мизони зиёде тавсеа ёфтанд, усулу иртибот ва озодии иртиботро байни фарҳангҳо таҳти шуъои худ аз байн мебурданд ва ин қатъи иртибот ба василаи фарҳангҳои ғолиб бар фарҳангҳои таҳти шуъои худ муҷиби марги онҳо хоҳад буд.
Аз «Фарҳанг дар батни фарҳанг»

ЛУҚМОН

Рубрики:Uncategorized

Торҳои асабам таранг шуд

Аслан бисёр мехостам ба ин мавзӯъ ва ҳатто ҳамин гуна мавзӯъҳо даст назанам, зеро дар ин боб борҳо навиштаанду менависанд ва хоҳанд навишт. Аммо боз рафтори бархе аз ҷавонон оромам нагузошт. Аз ин рӯ, боз сари мизи компютер нишастаму хостам роҷеъ ба одобу ахлоқи бархе аз ҷавонони «пешрафта» матлабе нависам.

Имрӯзҳо тақрибан дар ҳама ҷо, даруни автобусу троллейбус, сари кӯчаю роҳҳо, даруни бозору мағозаҳо ҳамеша калонсолон шикоят аз он мекунанд, ки одобу ахлоқи ҷавонони имрӯза коста гаштааст. Албатта, то ҷое ин дуруст ҳам ҳаст. Аммо суоле посух мехоҳад, ки чӣ тавр пеши роҳи ин падидаи номатлубро бояд гирифт? Барои посухи ин суол аз ҷавонон сар карда, то пиронсолон бояд ба умқи андеша фурӯ рафта, дар худ таҳлил намоянд, ки чӣ бояд кард!
Баъд аз он, ки имтиҳонҳоро бо муваффақият супурдам, хеле шод гардида, барои аёдати рафиқон роҳ ҷониби ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе гирифтам. Назди беморхонаи «Қарияи боло» расидан баробар, садои наврасон баланд гардид, ки мегуфтанд: «Саховат мерӣ, корвон мерӣ» ва ғайраву ҳоказо. Ба яке аз маршрутҳои хурди мусофиркаш нишастам. Чун «тангем» ба роҳ баромад, садои телефони яке аз мусофирон баланд шуд. Ҷавони тақрибан 20-21-сола бо садои баланд чи гапҳое намегуфт. Дар дохили тангем як зани калонсолу ду духтар ва як марди тақрибан 40-42-сола нишастаанду касе лаб намекушояд. Ҷавон бошад, бо садои баланд мегуфт: «Ҳозир, ҳозир ма миём ҳавайа фалон мекнм». (Мебахшед хонанда). Наход одобу ахлоқ то ин дараҷа паст бошад, ки дар назди падару модар чунин суханони қабеҳу аз доираи этика берунро ба забон орӣ!?
Аслан ҳама чиз фарҳангу маданияти худро дорад. Маданияти нишастан дар автобус, маданияти гуфтугӯ бо телефон, маданияти либоспӯшӣ ва ғайра ҳоказо. Дар баробари ин, одоби муошират ҳаст, ки аз мактаби миёна сар карда, то ба донишгоҳу донишкадаҳо ва дар ҳаёти ҳаррӯза ба мо мегӯянд. Чун дар риштаи журналистика таҳсил мекунам, аз рафтори беодобонаи ин ҷавон торҳои асабам таранг шуду ба ӯ гуфтам: «Мебахшед бародар, инҷо ҷойи ҷамъиятӣ, ин гуна суханҳои қабеҳро дар инҷо нагӯед. Инҷо калонсолон нишастаанд». Э посухи хуб гирифтамеееееееее!!! «Демократия!!!!!!!!! Корат набошад!». Мутаассифона, нафаре аз калонсолон лаб накушоданд.
Ояндаи Тоҷикистон аз мо — ҷавонон вобастагии сахт дорад ва месазад, ки аз имрӯз мо тарбияи дуруст гирему дар оянда тавонем ҷамъиятро ба роҳи дуруст равона созем. Бубинед, шароите, ки имрӯз барои ҷавонон фароҳам сохта шудааст, метавон тамоми илмро аз худ намуд. Аммо қисми каме аз ҷавонон пайи омӯзиши илму дониш камари ҳиммат мебанданд, ки ин бар зарари ҷомеа мебошад. Имрӯз агар мо худро бо ҳамсабақони хориҷии худ қиёс кунем, маълум мегардад, ки то кадом андоза ба боло ё ин ки поён рафтаем. Албатта, наметавон аз як гурӯҳ ҷавонон, ки ҳамеша вақти худро пайи омӯзиш мегузаронанд, чашм пӯшид. Аммо кам ба назар мерасад. Аз ин рӯ, хуб мешуд, ки ҷавонон ба ҷойи телефонбозору дискоклубҳо ба театру китобхонаҳо ва музейу осорхонаҳо мерафтанд. Одобу маърифати баландро аз ана ҳамин гуна ҷойҳо меомӯхтанд, на ин ки аз телефонбозору дигару дигар ҷойҳо… Имрӯз тақрибан ба назар намерасад, ки ҷавонон ба театр ё осорхонаҳо раванд. Осорхонаҳо дар интизори ҷавононанд…
Соли 2010-ро сарвари мамалакат Эмомалӣ Раҳмон Соли фарҳанги техникӣ эълон карданд. Аммо мутаассифона, имрӯз бархе аз ҷавонон аз технологияи муосир тақрибан огоҳ нестанд. Чӣ гуна? Шабонарӯзӣ дар интернет — кафе ба бозиҳои компютреӣ машғул мешаванду вақте аз барномаҳои оддии компютерӣ, ба монанди «Word» ва дигару дигар пурсон мешавӣ, бо ханда посух медиҳанд: «Ту ки метавонӣ, чӣ корро ба анҷом расондӣ?». Ин ҳам дар ҳолест, ки имрӯз тақрибан ҳама соҳаҳо пурра бо компютер муҷаҳҳазанду ҳама корро тавассути технологияи ҳозиразамон ба анҷом мерасонанд. Вақте ҷавонон аз ин гуна технология ва барномаҳои он истифода бурда наметавонанд, чӣ гуна пагоҳ фаъолият мекарда бошанд?
Тазаккур бояд дод, ки имрӯз тақрибан мактаб, коллеҷ ва ё донишгоҳу донишкадае ба назар намерасад, ки бо компютер муҷаҳҳаз набошад ва ё ҳадди ақал синфхонаи компютерие надошта бошад. Аммо аз бемасъулиятии ҷавонони фориғболи мо, ки ба ҷойи омӯзиши барномаҳо ба бозиҳои кӯдакона шуғл меварзанд, ҳатто қисмҳои алоҳидаи компютерҳо фарсуда шудаву аз кор баромадаанд. Масалан, дар якчанд синфхонаи компютерӣ нишаста, маълумам гардид, ки «клавиатура»-ҳои онҳо аз кор баромадаанд ва сабабро масъулин дар бозиҳои нодаркоре мебинанд, ки ҷавонон рӯзҳои дароз вақти қимати худро ба он сарф мекунанд.
Феълан дар ҳама ҷо дастрасӣ ба компютер ва дигар технологияи ҳозиразамон мавҷуд аст. Аз ин рӯ, месазад, ки ҷавонон ахлоқи норавои худро як сӯ гузошта, пайи омӯзиши илму техника камари ҳиммат банданд.

Наврӯз ҚУРБОНЗОДА, донишҷӯй
Дар бораи Инсони комил
Одам садафи асрори рабубият буд ва хазинаи ҷавоҳири малакут.
Инсон ин ганҷи сӯхта дар офариниши худ муқаддас аст. Вай тоҷи ҷаҳони ҳақиқат, ҷону рӯҳи ин ҷаҳон аст… Дар вуҷуди инсон қалби дунё метапад.
Роҳи инсони комил ба сӯи ҳақиқат аст, хаёлаш дар ҷустуҷӯи ҳақиқат. Саъйи ӯ дар такмили маҳорати ишқ, меҳру муҳаббат, садоқату рафоқат, ҷавонмардиву шуҷоат, муруввату адолат, қудрат ва дар айни ҳол тараҳҳум ва арзишҳои дигари инсонист.
Инсони комил бо худ дар ҳоли ҷанг аст ва мурғи ғурурашро худ куштааст. Худ чашми нафсро кӯр кардааст. ӯ соҳиби ҷаҳон аст, на ашёи он.
Инсони комил худ дар зиндагии ҷону ҷаҳону зиндагӣ аст ва қалбаш низ ойинаи ҷаҳон аст.
Муҳаббаташ бар ҳама чиз аст, меҳру имонаш ростин аст.
ӯ ойинаи ҷамоли азалӣ аст ва дар қалби худ ҷоми ҷаҳонбин ҷой додааст.
Инсон бояд ибодат бар инсон кунад. Чун умқи ибодат ба Худой ҳамон ибодат бар инсон аст. Аз қалб ба қалбҳо роҳест ва дилҳо ба дил менигаранд. Як дил меҳроби дили дигарест.
Аз «Ганҷи сӯхта»

Рубрики:Uncategorized