Архив

Archive for Июнь 2009

БЕ ПАДАРУ БЕ ХОНАИ ПАДАР…

16 июня, 2009 1 комментарий

Бахси суди оид ба ин масъала соли 2002 огоз ёфта буд. Инак, наздики 7 сол аст, ки идома дорад. Дар ин давра 5 маротиба халномаи суди кабул карда шуда, як маротиба даъвогарро хамчун чинояткор ба курсии айбдори шинонданд.
Чи буду чи шуд? Барои чи модари ду кудаки ноболиг доштаро ин кадар сарсону саргардон мекунанд?? Чаро руз то руз парванда печидатар мегардад? Дар паси хамаи ин ки меистад?
Биёед, аз аввал накл мекунем. Бо амри такдир Мохбиби Олимова бо Субхон Шокиров акди никох баста, дар шахрчаи Лучоб хонаи № 101, дар хонаи падари шавхараш Шокир Тохиров зиндаги мекард. Хочагии якчоя доштанд. Дар хамин сурога падарарусаш Ш. Тохирову духтараш, занаш Н. Мухточова зиндаги мекарданд. Соли 1995 Мохбиби Олимова фарзанди нахустинашон Илхомро таваллуд мекунад. Пас аз таваллуди фарзандаш муносибати хушдоманаш Н. Мухточова бо онхо сард мегардаду бо шавхараш Ш. Тохиров чанчол карда мегуяд, ки писараш бо занаш чудо зиндаги кунанд. Соли 1996 хангоми маротибаи дуюм хомиладор буданаш хамрохи шавхарашу писарчаашон Илхом мачбур мешаванд, ки дар яке аз бустонсарохои шахрчаи Лучоб муваккатан зиндаги кунанд. Баъди таваллуд кардани фарзанди дуюмашон Фаттона ба хонаи падару модараш шахрчаи Лучоб хонаи 90 рафта муваккатан зиндаги мекунад.Чунки дар он бустонсаро оддитарин шароит барои зиндагию нигохубини кудаки навзод набудааст. Соли 1996 шавхараш Субхон Шокиров барои кор ба Русия меравад. Мохбиби бошад хар вакт ба хонаи хусураш рафта меомадааст. Соли 1997 у дар хонаи яке аз хешони шавхараш муваккати зиндаги мекунад. Хусураш доимо мегуфтааст, ки барои Мохбибию кудаконаш хона харида медихад. Бо хамин максад падар ба назди писараш Субхон ба Русия барои овардани пул меравад. То ки барои оилаи писараш хона харад. Мохбиби масъалаи бо хона таъмин карданашро доимо ба хонаи хусураш омада, мебардоштааст. Дар хонаи хусураш кучаи Лучоб 101 якчанд руз зиндаги мекардаасту бо талабу чанчоли хушдоманаш, ки уро аз хона пеш мекардааст, мачбур хонаи шавхарашро тарк карда, боз ба хонаи падару модараш меравад. Соли 2001 хусураш касали вазнин мешавад. Мохбиби бо фарзандонаш омада, дар хонаи хусураш зиндаги карда, уро нигохубин мекунад. Хусураш ба А. Мухточова мегуяд, ки хонаро фурухта ба келинаш як хона харида медихад. Хушдоманаш розиги медихаду баъди чанд руз боз уро бо фарзандонаш пеш мекунад. Даъвогар боз ба хонаи волидайнаш меравад, ки дар он чо зиёда аз 38 нафар аъзои оила зиндаги мекарданд.
Мохбиби ба раиси махалла Убайдулло Шоимов мурочиат мекунаду хамрохаш гирифта ба хонаи хусураш барои хал намудани масъалаи манзили зисташ рафта, талаб мекунад, ки бо фарзандонаш он чо зиндаги кунад. Хусуру хушдоманаш рози мешаванду баъди 2-3 руз хушдоманаш боз уро аз хона пеш мекунад. Ба нозири минтакави мурочиат мекунад. Нозири минтакави Мехмондустов, раиси махалла У.Шоимов рузи 14.10.2001 сол ба хонаи хусураш мераванд. А. Мухточова дар хузури онхо забохат медихад, ки хонаи шавхарашро дар кучаи Лучоб № 101 фурухта ба даъвогар хона харида медихад. Боз уро фиреб дода, ваъдаашонро ичро намекунанд. Падари шавхараш Ш. Тохиров мохи июни соли 2002 аз олам мегузарад. Мохбиби пас аз марги падарарусаш хабардор мешавад, ки хонаро хушдоманаш Н. Мухточова ба номи писараш Б. Раимкулов хуччатгузори намудааст. Мачбур мешавад, ки барои ба хонаи падари шавхараш маскун гардидан ба суд мурочиат намояд. Ба суди нохияи Синои шахри Душанбе мурочиат мекунад. Санаи 28 октябри соли 2002 судяи суди нохияи Сино С. Расулов масъаларо мавриди барраси карор дода, даъвои М. Олимоваро конеъ гардонда, хамчун аъзои оилаи молик Б. Раимкулов ба хонаи бахси маскун менамояд.
Чаро пас аз марги Ш.Тохиров молики хонааш Б. Раимкулов гардид? Писари Ш. Тохиров-Собир барои кор ба Русия рафту дигар барнагашт. Мархум Ш.Тохиров бо никохи мусулмони бо Н. Мухточова акди никох баста буду он вакт Н. Мухточова хамрохаш писараш Бахтиёр низ буд. Модар дар хонаи Ш. Тохиров хамчун хамсар зиндаги мекарду писараш барои Ш. Тохиров чун фарзанд ба камол мерасад.
Наздики 8 мох Шокир Тохиров бемор мешавад. Аз руи нишондоди Н.Мухточова вай хонаро ба писараш Бахтиёр ба маблаги 3 хазор сомони фурухта барои табобату дигар маъракахои пас аз дафнии сохибмулк сарф кардааст.Вале бародари мархум Бой Тохиров забонхат додаст, ки ягон кас барои маросимхои пас аз дафнии бародараш ва вакти бемор буданаш маблаг сарф накардааст. Ин чо мухим нест, ки ки барои маъракахою дигар мавридхо маблаг сарф кардаааст. Чунки муайян намудани он хеле мушкил асту омузиши тулониро такозо менамояд.Танхо муайян кардани чигунагии хариду фуруши манзилгох, ки дар асоси санадхои хукуки ба амал омадаанд, барои ба ин казия равшани андохтан кумак карда метавонанд.
Боваринома 1-сентябри соли 1999 аз номи Шокир Тохиров ба хамсараш Назира Мухточова, ки аз кайди сабти асноди холатхои шахрванди нагузаштаанд, барои фурухтани хонаи истикоматии шахрчаи Лучоб хонаи 101 дода шудааст. Бо карори суди нохияи Сино аз 3-апрели соли 2002 мукаррар карда мешавад, ки сохибмулки ин хона Шокир Тохиров мебошад. Маълум мегардад, ки боваринома се сол кабл дода шудаасту ягон асоси хукуки надорад. Чунки хеч кас намедонист ин манзил ба ки тааллук дорад. Меоем сари шартномаи хариду фуруш аз 26-апрели соли 2002. Вакте ки шартномаи хариду фуруш дар намояндагии Н. Мухточова бо писараш Бахтиёр Раимкулов баста шуд, сохибмулк Шокир Тохиров дар кайди хаёт буд. Барои чи хангоми бастани шартномаи хариду фуруш у чалб карда нашуд? Эхтимол далел оранд, ки бемор буду имконияти ба идораи нотариали омадан надошт.Чаро нотариати давлати ба назди у рафта, ризоияташро дар бораи фурухтани хона напурсид? Ё ин ки барои чи санади хариду фуруши хона бевосита бо иштироки худи сохибмулк сурат нагирифт? Харчанд хангоми хариду фуруши манзил аз тамоми аъзоёни болиги оила ризояташон гирифта мешавад.
Ба халномаи баровардаи судя С. Расулов ризо нашуда чавобгарон ба мархилаи шикоятии суди шахри Душанбе ариза менависанд. Парванда барои баррасии нав ба хамон суду дар хайати дигар баргардонда мешавад. Парвандаро судяи суди нохияи Сино Т. Д. Кувватова ба истехсоли худ гирифта, санаи 2 июни соли 2003 хал менамояд, ки бинобар гузарондани мухлат даъвои М. Олимова рад карда шавад.
Бале, гуё Мохбиби Олимова мухлати даъворо гузаронда бошад, судя чунин халнома мебарорад. Тибки мукаррароти конун мухлати умумии даъво се сол мукаррар карда шудааст ва чараёни ин мухлат аз лахзаи огох шудани шахс аз поймол гардидани хукукаш огоз меёбад. Аз маводхои парванда маълум мегардад, ки санаи 14.10.2001 сол Н. Мухточова забонхат додааст. Пас аз он чанд маротибаи дигар даъвогар ба хонаи бахси омадаасту дар интихо ба суд мурочиат мекунад. Судя Т. Д. Кувватова забонхати Н. Мухточова барои харида додани хона додаашро ягон ухдадории граждани хисоб намекунад. Гуё он бо рохи фиреб гирифта шуда бошад.
Агар забонхат бо рохи фиреб гирифта мешуд, чаро то баррасии суди Н. Мухточова ба ягон чой мурочиат накард? Ё ин ки дар баррасии аввалаи парванда нагуфт, ки ин забонхатро бо рохи фиреб аз у гирифта буданд?.
Ба ин халнома ризо нашуда М. Олимова боз ба коллегияи суди оид ба баррасии парвандахои граждании суди шахри Душанбе аризаи касатсиони менависад. Парвандаро ба хамон суду дар хайати дигар бармегардонанд. Судяи суди Сино И. Х. Бобочонов санаи 23-августи соли 2004 бахси шахрвандиро барраси намуда, хал мекунад:
«Даъвои Олимова Мохбиби Бобобековна кисман конеъ карда шавад.
Олимова Мохбиби Бобобековна аъзои оилаи молик Раимкулов Бахтиёр Хасанович дониста шавад ва бо фарзандонаш ба манзили истикоматии вокеъ дар кучаи Лучоб, хонаи №101-и шахри Душанбе маскун карда шавад».
Мохбиби Олимова бо ду кудаки ноболигаш, пас аз 4 соли даву този суди, танхо санаи 11 ноябри соли 2004 ба ин хона маскун карда мешавад.Ду мох зиндаги накарда, мушкилоти дигаре пеш меояд. Мохбибиро дар худсари айбдор мекунанд. Гуё у яхдони Бахтиёр Раимкуловро худсарона гирифта, аз худ карда бошад. Аз руи нишондоди чабрдида Б. Раимкулов, ки дар хукм оварда шудааст, у санаи 1 январи соли 2005 бо максади хабаргирии манзилаш ба Лучоб меояду яхдонашро дар ошхона намеёбад. Ба милиса мурочиат мекунад. Милисахо муайян мекунанд, ки М. Олимова яхдони уро гирифта ба хонаи хоби худ бурда будааст.Дар мурофиаи суди Б. Раимкулов аз суд хохиш кардааст, ки нисбат ба М. Олимова чазо таъин карда шавад.
Иштирокчиёни ин «сахна»-и суди, агар ду нафар шахсони холисро ба назар нагирем, модару писар аз як тарафу аз тарафи дигар Мохбиби мебошанд.Шахсони холис, ки дар хукм хамчун шохид маънидод мешаванд, танхо нишондод додаанд, ки яхдонро аз хонаи Махбиби берун баровардаанд. Худ аз худ аён мешавад, ки ду бор як кас голиб меоянд. Вачххои овардаи Мохбибиро, дар мавриди чунин яхдонро аз Сирочиддин Аминов ном хамсояаашон хариданаш, на аз тарафи тафтишот санчида мешаваду на ба суд он шахрвандро даъват карда мепурсанд. Судяи суди нохияи Синои шахри Душанбе И.К. Гиёев дар таърихи 20 апрели соли 2005 Мохбиби Олимоваро бо моддаи 334 (худсари) кисми 1 Кодекси Чиноятии Чумхурии Точикистон айбдор хисобида, дар намуди корхои ислохи дар чои кораш ба мухлати як сол бо нигох доштани дах фоизи музди мехнати хармоха ба фоидаи давлат хукм мекунад.
Манзил дар бахси суди карор дошту халномаи суди оид ба дар манзили бахси маскун намудани М. Олимова бо фарзандонаш набаромада буду санаи 11-майи соли 2004 дар идораи нотариалии давлатии нохияи Сино тахти фехрести № 8д-201 Б. Раимкулов ба маблаги 8300 доллар ба шахрванд А. Алиев хонаро мефурушад. Гуё А. Алиев пас аз харидани хона барои мардикори ба Русия рафта будааст. Хамсараш Г. Хикматова бо М. Олимова якчоя зиндаги карда натавониста, дар манзили истикоматии дигарон хамчун ичоранишин зиндаги кардааст .У дар таърихи 3-августи соли 2006 аз Русия баргашта аз ин ходиса хабардор шудааст.
А. Алиев барои аз манзили истикоматии харидааш берун кардани М. Олимова бе додани манзили дигар ба суд мурочиат мекунад. Дар суд А. Алиев аз даъвояш дар кисми кучондани М. Олимова аз манзили истикомати даст кашида, аз суд хохиш намудааст, ки уро бо ахли оилааш дар хонаи бахси, яъне Лучоб 101 маскун намояд.
Судяи суди нохияи Сино Д. М. Ризоева санаи 28.08.2006 чунин хал мекунад.
«Даъвои Алиев Абдурахмон Вахобович ва Хакимова Гулистон нисбати Олимова Мохбиби, Рахимкулов Бахтиёр ва Мухточова Назарби оиди маскун намудан ба манзили истикомати конеъ карда шавад.
Алиев А. В. бо ахли оилааш ба манзили истокоматии вокеъ дар сурогаи шахри Душанбе кучаи Лучоб, хонаи 101 маскун карда шавад.
Аз даъво даст кашидани Алиев А. оиди кучонидани Олимова М. аз манзили истикомати кабул карда шуда, пешбурди кор дар ин кисм катъ карда шавад».
Касе аз хонахару хонафуруш суол намекунад, ки барои чи ин манзилгох дар бахси суди карор дошту Шумо шартномаи хариду фурушро ба тавсиб расондед?
Мохбиби гумон кард, ки бо хамин хамааш ба охир расид.Баъди чанде боз мушкилии дигаре пеш омад. А. Алиев хонаи бахсиро ба Б.Ч. Сафаров ном шахс санаи 9 январи соли 2008 фурухта будааст. Барои ба он хона рафтану зиндаги намудан Мохбиби Олимова садди рох гардида онхоро намегузоштааст, ки дар манзили харидаашон зиндаги кунанд.Б.Ч. Сафаров ба суди нохияи Синои шахри Душанбе барои дар манзили харидааш маскун намуданашу аз он бе додани манзилгох берун намудани Мохбиби Олимова аризаи даъвоги менависад. Дар суд Б.Ч. Сафаров иброз менамояд, ки то харидани хона намедонистааст, ки Мохбиби Олимова аъзои оилаи Б. Раимкулов мебошад. Магар хамин чиз боиси беэътибор донистани шартномаи хариду фуруши байни А. Алиеву Б.Ч. Сафаров намебошад? Дар боло хам таъкид намудем. Боз илова менамоем, ки тибки талаботи Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи нотариати давлати» хангоми бастани шартномаи хариду фуруши хона хатман шахсони маскунбудаи он манзилгоху аъзоёни оила огох карда шуда, барои кабул шудани чунин санад ризоияташон гирифта шавад. Маълум аст, ки бо халномаи суди нохияи Синои шахри Душанбе аз 23-августи соли 2004 Мохбиби Олимова ба ин хона маскун шуда, хамчун аъзои оилаи молик эътироф гардида буд. Вале ин нишондоди конун риоя карда намешавад.
Санаи 12 феврали соли 2008 судяи суди нохияи Сино К.Д.Дустмуродова аризаи даъвогар Б.Сафаровро мавриди барраси карор дода чунин хал мекунад:
«Даъвои Сафаров Бахтиёр Чалишиевич нисбати Олимова Мохбиби оиди кучондан аз манзили истикомати ва руёндани зарари модди кисман конеъ карда шавад.
Чавобгар Олимова Мохбиби бо ахли оилааш аз манзили истикоматии вокеъ дар шахри Душанбе , кучаи Лучоб 101 бе додани манзили дигари истикомати кучонда шавад.
Даъвои Сафаров Бахтиёр нисбати Олимова Мохбиби дар кисми руёндани зарари модди рад карда шавад».
Дар халномаи суди таъкид мешавад, ки Мохбиби Олимова ягон хуччати хукукмуайянкунанда ба ин манзил надорад. Намедонем, чиро дар назар дошта судя чунин хулоса бароварда бошад. Магар, хамон халномаи суди (аз 23-августи соли 2004) хуччати хукукмуайянкунанда нест? Чаро онро судя нодида мегирад? Дар асоси хамон халнома шахрванд аъзои оила дониста шуду ба он манзил маскун гардид. Наход ин чиз ягон арзиши конуни надошта бошад?
Аз хама ачибаш он аст, ки халнома 12 феврали соли 2008 кабул карда шудаасту ба Мохбиби Олимова 23 феврали соли 2009 ирсол карда мешавад. Пас аз гузаштани зиёда аз як сол…Намедонед, ки як сол ин халнома кучо хобид.
-Ба хамаи ин бозихо Бахтиёр Раимкулов, ки дар суди иктисоди кор мекунад, сахм дорад, -мегуяд М. Олимова. Борхо ба макомотхои дахлдор мурочиат намудам, ки пеши ин амалхои хилофи конун гирифта шаванд.Вале боз хамон чурабозию хамон хамдигарро химоя намудан. Ман намедонам, бо ду кудаки ноболигам ба кучо равам. Аз ки имдод чуям? Шавхарам 13 сол мешавад, ки бедарак аст. Ки рахми моро мехурад? Аз хар тараф ба ман фишор оварда истодаанд. Ариза менависаму баъди интизорихо хамон як чавобро мегирам.Хайронам, чи кор кунам… Наход, хакикат набошад…
Не, хакикат хаст! Онро кад мекунанду шикаста наметавонанд. Рузе мерасаду хама чиро аз нав варакгардон мекунанд. Хам масъалаи бовариномаи нахустину хам шартномахои хариду фуруши манзилро.Ба андешаи мо хишти ин «бино» аз аввал кач гузошта шудаасту то ба охир он кач меравад. Мерасад, рузе…
Бале, мерасад, рузе…Фарзандакони Мохбиби бо кадом ранчу азобе набошад, ба камол мерасанд. Эхтимол сохиби хонаю дари бошукухе гарданду ба модарашон гуянд, ки « Модарчон, ана мо хона сохтем, бо маблаги араки чабини худ. Бахузур зиндаги кардан гир. Ёд дорем, ки барои дар хонаи бобоямон зиндаги намудан, чи кадар аз як суд ба суди дигар мекашиданд. Шабхо омада, то сахар гиря мекарди.Ха, модарчон ту моро бе хонаи падару бе падар калон карда буди»…
Намедонем, чунин андеша ба хотири Бахтиёр мерасида бошад…
Чумъаи Толиб,
БМСТЖ

Рубрики:Uncategorized

ЧАНД БОР ЧАСТИ «МАЛАХАК»?

Судяи суди нохияи Фирдавсии шахри Душанбе Ф.М. Бобобеков бо халномаи худ дар таърихи 17 сентябри соли 2008 дар асоси даъвои Р.З.Мерганов нисбат ба Ф. Мерганова, Р.Хочаев, Ш.Хочаев ва Д.Каюмова оид ба беэътибор донистани шартномаи хариду фуруши манзили истикомати ва кучондан аз манзил, хамчунин даъвои мутакобилаи чониби дигарро мавриди барраси карор дода, халномаи худро мебарорад.Хамин халнома сабаб гардиду дар асоси мурочиати шахрвандон ба омузиш машгул гардидем. Пас аз сухбат бо нафарони алохида, барои хаматарафа инъикос намудани масъала дар таърихи 20 феврали соли 2009 ба Шурои адлия ба тарики хатти мурочиат намудем. Чанд руз сипари гардиду барои муайян намудани натичаи мурочиатамон ба шуъбаи умумии Шурои адлия рафтему посух доданд, ки мактуб барои мохиятан барраси намудан ба муовини аввали раиси Шурои адлия М. Р. Хабибуллоева ирсол карда шудааст. Назди М. Р. Хабибуллоева рафтему пас аз шунидани сабаби омаданамону чи кора буданамон, бо як дурушти посух доданд, ки «Чи шумоён ба фаъолияти Шурои адлия дахолат мекунед? Равед, ба мактубатон чавоб мефиристем». Хатто нагузоштанд, ки бо чанд суол мурочиат кунем. Интизори тул кашиду мактуби дигарро дар санаи 2 марти соли 2009 пешниход кардем. Аммо ягон чавобе нагирифтем. Нихоят, санаи 18 маи соли равон ба Шурои адлия рафта, хостори посухи мактубхо гардидем. Гуфтанд, ки кайхо посух фиристодаанд ва як нусхаи дигарро ба мо доданд. Дар посух, ки онро муовини аввали раиси Шурои адлия М. Р. Хабибуллоева имзо кардаву дар он санаи 21 апрели соли 2009 меистод, ба ду мактуби мо як чавоб омода гардида буд .Яъне, «бо як кулух ду фохтак»-ро задани шудаанд. Посухро хонда кас хайрон мешавад, ки чаро моро гул задани мешаванд?! Дар бораи риоя накардани мухлати посух тибки конунгузории чумхури чизе намегуем, зеро хадафи мо дигар аст. Мурочиат карда будем, ки барои шинос шудану омузиши арзу шикояти шахрвандон нисбат ба судя Ф. Бобобеков ризоият диханд. М. Р. Хабибуллоева ризоият надоданд. Дар мактуби дуюм бо харфхои хоно навишта будем: «Иттило дихед, ки дар давоми соли 2008 нисбат ба судяи суди нохияи Фирдавсии шахри Душанбе Ф. Бобобеков чанд шикоят дохил шуд ва чи гуна тадбирхо андешида шуданд? Вале аз нишон додани ин далел хам худдори кардаанд. Дар чавобнома мехонед: «Мувофики конуни конститутсиони Чумхурии Точикистон «Дар бораи судхои Чумхуриии Точикистон» санчиши маълумотхо оид ба рафтори судя ва огоз намудани истехсолоти интизоми аз тарафи Коллегияи тахассусии Шурои адлияи Чумхурии Точикистон сурат мегирад.Мувофики конуни номбурда хар гуна дахолат ба фаъолияти судя хангоми ба амал баровардани адолати суди манъ аст».Мазмуни мактуби пешниходкардаамонро дар боло овардем. Ба ин пораи посух мукоиса намоеду хулоса бароред.Охир, мо танхо бо максади шинос шудан ва омухтани арзу шикояти шахрвандон мурочиат карда будем, на ин ки барои «санчиши маълумотхо оид ба рафтори судя». Хамчунин, дар Шурои адлия ба мурочиати шахрвандон шинос шудан, чи хел «харгуна дахолат ба фаъолияти судя хангоми ба амал баровардани адолати суди» мешудааст? Нихоят М.Р.Хабибуллоева моро омузондани мешавад: дар моддаи 25 Конститутсияи Чумхурии Точикистон, ки ба он такя карда будем, навишта шудааст: «Макомоти давлати, иттиходияхои чамъияти, хизбхои сиёси ва шахсони мансабдор вазифадоранд ба хар кас имконияти пайдо намудан ва шинос шуданро ба хуччатхое, ки ба хукук ва манфиати у дахл доранд, таъмин намояд,ба истиснои холатхое, ки конун муайян кардааст». Акнун казоват кунед, ки ин нишондоди Сарконун аз чониби ки вайрон карда шуд? Шинос шудан ба шикояти шахрвандон нисбат ба судяи суди нохияи Фирдавси Ф. Бобобеков ба манфиати касбии мо алокаманди дорад.Дар кучои конунгузори навишта шуда бошад, ки ба мурочиатхои шахрвандон шинос шудани рузноманигор манъ аст?
Хамчунин дар посухнома таъкид мешавад, ки тибки нишондоди моддаи 14 Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи хукуки дастраси ба иттилоот» пешниход намудани иттилооти дорои маълумоти дар бораи баррасии парвандахои граждани ва чиноятию хочаги ва мавод оид ба хукуквайронкунии маъмури дар мавридхое, ки фош кардани ин маълумот бо конун манъ карда шудааст ё метавонад боиси риоя нашудани хукуки инсон ба баррасии холисонаи судии парванда гардад, ба хаёт ва саломатии шахрванд тахдид намояд, манъ карда шудааст.Инсоф кунед! Аз ин сабабхои оварда шуда кадомаш ба дархостхои мо дохил мешаванд? Бори дигар таъкид мекунем, ки хадафи мо танхо ба мурочиатхои шахрвандон шинос гардидан буд.
Пуштибонии М. Хабибуллоева аз судя Ф. Бобобеков дар дигар посуххояш низ баръало мушохида карда мешавад.Санаи 12 ноябри соли 2008 ба шахрванд Ш.Хочаев посух дода мешавад, ки хакикатан парвандаи шахрванди санаи 15 майи соли 2006 ба истехсоли судя Ф. Бобобеков гирифта , мухлати тулони кашол дода, нишондоди моддахои 117, 157, 218 КМГ ЧТ вайрон кардаасту барои чунин рафтораш дар хузури муовини авали раиси Шурои адлия М. Хабибуллоева огохонида шудааст.
Магар химоя кардан аз ин зиёд мешавад? Шахрвандон як маротиба не, якчанд маротиба такрор ба такрор менависанд, ки хангоми баррасии парвандаи шахрванди хукуку манфиатхои онхо аз тарафи судя дагалона вайрон карда шудааст. Хатто дар аризахояшон дар бораи тамаъи маблаг ва гирифтани маблаг аз тарафи судя сухан меравад.Дар яке аз аризахояшон кайд мекунанд, ки хангоми гузарондани суди сайёр судя Ф. Бобобекова бе ягон асос сардори хона(старший дом)-ро «авчарка» мегуяду бо алфози кабех суханони ночоро хамрох менамояд..
Намедонем, ин навиштахои шахрвандон то кадом андоза ба вокеият наздик аст.Муайян намудани далелхои дар аризахояшон овардаро бигзор макомотхои дахлдор халлу фасл намоянд.Вале зиёда аз ду сол тул кашидани як парвандаи граждани касро хайрон мекунад. Парвандаи номбурда 15 майи соли 2006 ба истехсолоти судя гирифта шуда,то санаи 17 сентябри соли 2008 идома меёбад.Пас аз кабули халнома арзу шикоят авч мегирад.
Мувофики навиштахои халнома, ки дар баррасии парванда муайян кардаанд, Р. Мерганов ба суд бо аризаи даъвоги мурочиат кардааст, ки соли 1973 Ф. Мергановаро ба зани гирифта, никохашонро 22 апрели соли 1978 аз сабти давлати гузарондаанд. Дар таърихи 15.06.1998 онхо хонаеро бо хамсараш дар кучаи Неъмат Карабоев мехаранд. Пас аз харидани манзили истикомати вай ба Русия рафта дар таърихи 24 апрели соли 1998 махбас шуда, соли 2004 аз хабс озод гардида,ба шахри Душанбе бармегардаду мефахмад, ки хонаашро дар набудани у хамсараш фурухтааст. Баъдтар маълум гардидааст, ки шахрванди аз хамсараш хонаро харида ба каси дигар манзилро фурухтааст.
Хамин чизро асос намуда барои бекор намудани шартномаи хариду фуруши манзилу аз он баровардани нафарони дар хона зиндаги дошта мурочиат кардааст.
Акнун ба далели овардаи даъвогар ахамият дихед. Хонаро мохи июни соли 1998 харидаасту ба Русия рафта, мохи апрели хамон сол хабс шудааст. Яъне, аввал хонаро мехараду пас вактро ба кафо мегардонаду хабс мешавад. Ки ба ин чиз бовар мекунад? Агар ягон манфиатдор набошад. Дар холати тамоман чонибдор будан хам ин холатро ба инобат гирифтан гайри имкон аст. Чунки хеч мумкин нест, ки чархи таърихро ба кафо гардони. Агар ин холатро дар як чои халнома вомехурдем, мегуфтем, ки сахве рох ёфтааст.Аммо дар чанд чой ин матлаб такрор мешавад. Санаи ба хабс гирифта шудани Р. Мерганов хаккони бошад, пас у хангоми харидани манзили бахси умуман иштирок надоштааст.
Дар халнома оварда мешавад, ки хамсари Р. Мерганов пас аз ба Русия рафтани шавхарашу хабс гардиданаш, бинобар ду маротиба горат кардани манзилашон хостгори фурухтани манзил мегардад. Ба собик язнааш Т.Бокиев мурочиат мекунаду пас аз чанде язнааш ба назди у омада, гуфтааст, ки як шиносаш Х.Сафаров дар ВКД ЧТ кор мекунаду дар фурухтани манзил кумак мекунад. Язнааш Т.Бокиев ба Чумхурии Узбекистон кучида мераваду баъди гузаштани чанд вакт Х. Сафаров, ки ба хонаашон омада мерафтааст, хамрохи харидор Ш. Хочаев ба хонаи бахси омада, онро ба маблаги 3 хазор доллари амрикои нарх мекунанд Байни онхо маслихат шуда будааст, ки пас аз дар идораи нотариалии давлати баста шудани шартномаи хариду фуруши манзил харидор маблагро медихад. Ш.Хочаев гуфтааст, ки мехохад хонаро ба номи бародараш Р. Хочаев ба расмият дарорад. Аммо имруз ба идораи нотариали омада наметавонад. Рузи дигар мувофики маслихати кардаашон Ш. Хочаев наомадаасту Ф.Мерганова ба хонаи бахси рафтааст, ки дари хона кулф будааст. Сурогаи Ш. Хочаевро намедонистааст. Аз ин лихоз Х. Сафаровро чустучу намуда наёфтааст. Чунки Х. Сафаров ичоранишин будаасту аз он чо хам кучида рафтааст.Якчанд маротиба ба хонаи бахси рафтаасту дари он махкам будааст.Пас аз он ба назди нотариуси давлати рафта оид ба шартномаи хариду фуруши манзил пурсон мешавад.Нотариус чавоб медихад, ки шартнома аз харду чониб имзо карда шудааст.Пас Ш. Хочаевро кофтукоб карда, ба чои кори у рафта, маблаги хонаи бахсиро талаб кардааст. Ш.Хочаев ба у тахдид кардааст, ки як бори дигар ба наздаш барои маблаг ояд, вайро хам монанди шавхараш хабс мекунад. Азбаски зани танхо будааст, аз ин тахдид тарсида, ба шахри Самарканди Чумхурии Узбекистон ба назди волидонаш рафтааст.
Кас ба ин нишондоди Ф. Мерганова бовар мекард. Агар дар давоми ин солхо боре хам бошад ба ягон макомоти дахлдор мурочиат менамуд.Гуфтем, ки дар он солхо вазъияти чумхури ноором буду боиси хавотири мегардид. Чаро пеш аз худуди чумхури баромада рафтан Ф. Мерганова ба макомоте мурочиат накард, ки маблаги хонаашро надодаанд? Имкон дошт, ки аз шахри Самарканд истода мурочиат намояд. Аммо ин амал зохир карда намешавад.Аз шартномаи хариду фуруши манзили бахси то рузи даъво пешниход кардан 8 сол сипари гардидааст.Дар давоми ин солхо Ф. Мерганова пурра имконият дошт, ки дар сурати поймол гардидани хукукаш барои хифзи моликияташ мурочиат кунад. Аммо ягон харакате карда намешавад. Дар холате, ки ба он пурра имконият дошт.Дар мавриди нагирифтани маблаги хонаи бахси низ хаминро таъкид намудан лозим, ки дар хама чо пеш аз ба каси дигар гузарондани хукук ба моликият, ризоияти у пурсида мешавад.Дар холати норизо будан шахрванд метавонад ба хамон санади хукукмуайянкунанда имзои худро нагузорад. Дар ин чо худи Ф.Мерганова дар шартномаи хариду фуруш имзо гузоштааст, ки пурра пардохта шудани маблаги манзили бахсиро гувохи медихад.Гайр аз он Ф. Мерганова ба унвони нотариати давлати бо ариза мурочиат карда будааст, ки барои фурухтани манзили бахси шавхари даъво мекарда надорад.
Дар асоси чунин далелхое, ки ягонтои онро бебахс кабул кардан мумкин нест, судя Ф. Бобобеков аризаи даъвогии Р. Мерганов ва Ф. Мергановаро каноатбахш намуда, хал менамояд, ки аз хисоби Ш.Хочаев ба фоидаи Р. Мерганов ва Ф. Мерганова 47 хазор доллари ИМА мутаносибан бо асъори милли 160 740 сомони руёнида шавад.Д.Каюмоваро бадастоварандаи бовичдони манзили бахси эътироф намуда, аз хисоби Ш. Хочаев ба фоидаи давлат бочи давлати 803 сомони руёнида шавад.
Пас аз ин халнома чавобгарон ба коллегияи касатсиони оид ба баррасии парвандахои чиноятии суди шахри Душанбе мурочиат мекунанд.Суди мархилаи касатсиони дар хайати раисикунандаА. Юсупов, судяхо Ш. Азизова, Р. А. Наимов шикоятро мавриди барраси карор дода, барои дар хамон суду дар хайати дигар барраси намудан парвандаро ирсол менамоянд. Дар карори зинаи касатсиони аз чумла кайд карда мешавад. «Суд дар рафти мурофиаи суди талаботхои КМШ ЧТ-ро дагалона вайрон карда,онро ба инобат нагирифта,холатхои корро объективона, хаматарафа ба пурраги насанчида, оиди додани далелхои маблаги хона ба Мерганова Ф. шохидон баёнот додаанд, аммо хангоми баходихи бо далелу вачххои овардаи у, ба хатоги рох дода, талаботхои КМШ ЧТ-ро вайрон кардааст.Тамоми хулосаи овардаи суд нодуруст мебошанд ва ба холатхои вокеии кор мувофикат намекунанд»…
Карори коллегияи зинаи касатсиони санаи 17 сентябри соли соли 2008 кабул карда мешавад. Вале то ба хол онхое, ки хамчун чавобгар зиёда аз ду сол аз кору фаъолияти худ монда ба мурофиахои суди даъват карда шуданд, шикоят доранд.
-Дар давоми ин кадар вакт,- мегуяд Ш. Хочаев, ба ман хеле зиёд зарари моддию маънави расид.Аз кори асосиам мондам, дар натичаи фикру асабоният ба бемори гирифтор шудам. Охир дар кучо дидаед, ки пас аз гузаштани 8 сол «конуншикани» ба ёдашон расаду боз онро судя ба хукми конун дарорад? Дар вакти мурофиаи судии зинаи аввал борхо ба судя Ф. Бобобеков суханони Президентро, ки дар даромадгохи бинои суд навишта шуда буданд: « Судя хукуки хато карданро надорад»-ро ёдрас намуда будам. Аммо судя бо як нописанди мегуфт, ки хар чи хоханд навиштан мегиранд.
Оид ба ин парванда хар хел акидахо, ки дар аризахои мурочиаткунандагон таъкид карда шудааст вомехуред. Дар якеи он шахрванд Х. Сафаров менависад, ки гуё назди у даъвогарон Р. Мерганов ва Ф. Мерганов омада гуфта бошанд, ки баёнот дихад, ки дар вакти хариду фуруши хона умуман чавобгарон маблаги хонаро надодаанд. Аз руи навиштаи муаллифи ариза гуё ин маслихатро ба даъвогарон судя Ф. Бобобеков дода бошад. Албатта, барои ин вачххоро санчидану ба он бахои хукуки додан мо ваколат надорем. Макомотхои дахлдор «муйро аз хамир чудо мекунанд». Дарвокеъ,айни замон дар асоси мурочиати шахрвандон дар Прокуратураи генерали оид ба ин масъала санчиш рафта истодааст.
-Кариб макомоте намонд, ки барои баркарор намудани хукукамон шикоят накунем, мегуяд,-Ш.Чалилова. Дар Шурои адлия танхо ба мо бе ягон санчиш посух медоданд. Бори аввал аст, ки дар Прокуратураи генерали моро даъват намуда, асли вокеаро пурсида, масъаларо санчида истодаанд. Мо бовари дорем, ки хак ба хакдор мерасад.
Хакикат шабехи офтоб аст. Имруз не, пагох зухур мекунад. Онхое, ки бо сабабе ошкор намешаванд, хоху нохох фош мегарданд. Дар халк хам мегуянд: «Як бор части малахак, ду бор части малахак, охир ба дасти малахак»…

Чумъаи ТОЛИБ

Талоши хакикату кунчи зиндон

«Илтичо мекунам, ёри расонед! Вагарна беадолати тантана мекунад»-бо чунин сатрхо ба охир мерасад, мурочиати хафтуми ба унвони Президенти кишвар навиштаи муаллимаи забони русии мактаби миёнаи тахсилоти умумии дехаи Шайнаки Муллогадои нохияи Рудаки С. Камолова. Дар аризааш С.Камолова хабар медихад, ки муфаттиши нохияи Рудаки А. Абдуллоев нисбат ба у тибки нишондоди моддаи 135 кисми 2 ва 3-и Кодекси Чиноятии Чумхурии Точикистон парвандаи чинояти огоз намуда, хар руз уро аз дарс махрум намуда, ба пурсиш даъват менамояд. Дар холе,ки имкон дорад, дар худи махал фактхо санчида шаванд.
Хамчунин, дар хамин мурочиатнома кайд карда мешавад, ки аризахои ба Дастгохи Раиси Чумхур фиристодаашро барои мохиятан барраси намудан ба макомотхои дахлдор фиристодаанд. Онхо бошанд, аризаро руяки санчидаанду баръакс мушкилоти мурочиаткунанда зиёдтар шудааст.Ин мурочиат санаи 3 ноябри соли 2008 мебошад.
Пас аз 14 рузи ин мурочиат муфаттиши шуъбаи тафтишотии ШКД-1-и нохияи Рудаки парвандаро бо айбдории С. Камолова дар содир намудани чинояти дар моддаи 135 ( тухмат) кисми 2 ва 3-и Кодекси Чиноятии ЧТ ба охир мерасонад.
Аз маводхои дар даст доштаамон маълум мегардад, ки Ш.Хушов барои руёндани 200 хазор сомони зарари маънави ба суди нохияи Рудаки мурочиат карда будааст. Ин аризаро барои барраси намудан судяи суди нохияи Рудаки Э. Алиев ба истехсолоти худ гирифта, барои масъаларо хал намудан ба мактаби дарс медодаи С. Камолова омада, мехохад дар хузури шогирдону муаллимон С. Камоловаро суд кунад. Аммо С. Камолова ба раиси суди нохияи Рудаки мурочиат намуда, хохиш менамояд, ки масъаларо ягон суди бегараз мавриди барраси карор дихад. Аз руи аризаи С. Камолова маълум мешавад, ки байни писараш ва фарзанди Ш.Хушов чанд сол кабл чанчол ба амал омада будаасту судя С. Алиев шабона такрибан соатхои 22 ба хонаашон омада, хохиш намудааст, ки пагох ягон химоячи даъват накунед, ман хам бе иштироки прокурор ин масъаларо мебинаму хал мекунам. Пагохаш дар мактаби деха чанчоли байни писараш ва фарзанди Ш.Хушовро мавриди мухокима карор дода, корро яктарафа хал намудааст. Писари уро, ки хамон вакт маъюб буд , тибки нишондоди моддаи 111 КЧ ЧТ гунахкор дониста, ба андозаи 100 маоши хадди акал баробари 2000 сомони чарима мебандад.
Маротибаи якум аризаи С. Камоловаро ба инобат намегиранд. Мачбур мешавад, ки ба тарики такрори аризаи нобовари нависад. Аризаро кабул мекунанду пас аз гузаштани ду мох боз Ш.Хушов аризаи такрори менависад, ки гуё хангоми пешниходи ариза барои барканор намудани судя Э.Алиев С. Камолова гуфта бошад, ки Ш. Хушов ба судя Э.Алиев 8 хазор доллари амрикои дода бошад. Вакти аризаи нобоварии С.Камоловаро барраси намудан намояндаи прокуратураи нохияи Рудаки Илхом Муродов ва адвокатхо ширкат доштаанд. Онхо дар баёнотхояшон иброз кардаанд, ки чунин суханонро нашунидаанд. Пас даъвогар онро аз кучо шунид? Барои чи пас аз гузаштани 2 мох оид ба ин масъала ба суд мурочиат кард? Чаро бо шахсони дар он чо хузур дошта, агар вокеан чунин сухан гуфта шуда бошад, ягон санад тартиб надоданд? Ин дафъа баррасии парвандаро судяи суди нохияи Рудаки М.Ш. Мирзоев ба истехсоли худ гирифта, дар асоси аризаи Шодмон Хушов дар санаи 11 июни соли 2008 карор дар бораи нисбат ба Сайёра Камолова тибки моддаи 135 кисми 3 парвандаи чинояти огоз намудан кабул карда, барои гузарондани тафтишоти пешаки ба прокуратураи нохияи Рудаки мефиристад.
Дар баррасии парванда шохидон даъват карда пурсида мешаванду ба саволи мушаххаси судя, ки Шумо хамин суханро, ки С.Камолова гуфта бошад, ки Ш.Хушов ба судя Э.Алиев 8 хазор доллари амрикои додааст, шунидед. Дар чавоб шохидон нишондод додаанд, ки чунин суханро шахсан аз забони С. Камолова нашунидаанд.
С. Камолова ба коллегияи суди оид ба баррасии парвандахои чиноятии Суди олии Чумхарии Точикистон аризаи касатсиони менависад . Аризаи С. Камоловаро конеъ намуда, карори кабулнамудаи судяро бекор карда, парвандаро барои аз нав мохиятан омухтан ба прокуратураи нохияи Рудаки ирсол мекунанд. Аз прокуратура ба ШКД-и нохияи Рудаки, ки натичаашро дар боло кайд кардем. Сайёра Камолова дар содир намудани чинояти дар моддаи 135 Кодекси Чиноятии Чумхурии Точикистон айбдор дониста шуда парвандаро барои мохиятан барраси намудан ба суд ирсол мекунанд.
Вакте ки парванда дар тафтишот будааст, пас аз гузаштани наздики 4 мох, баъди аризаи барканоркуниро маротибаи дуюм навиштану онро кабул кардани судя судя Э.Алиев, судя ба макомоти тафтишот ариза менависад, ки С. Камолова уро дар гирифтани пора тухмат карда буд. Хамин аризаро хам ба парванда хамрох мекунанду тафтишоти ибтидои гузаронда, якчоя ба суд мефиристанд. Касе намепурсад, ки барои чи баъди гузаштани ин кадар мухлат ин масъала ба хотири Э. Алиев расидааст?…
Баррасии казияро судяи суди нохияи Хисор Р. Рахимов ба истехсолоти худ гирифта, санаи 12 январи соли 2009 чунин хукм мекунад:
«Камолова Сайёра Саидовна бо моддаи 135 кисми 2 ва 3-и КЧ ЧТ гунахкор дониста шавад.
Бо моддаи 135 кисми 2 КЧ ЧТ Камолова С.С. ба мухлати як сол аз озоди махрум карда шавад.
Бо моддаи 135 кисми 3 КЧ ЧТ Камолова С.С. ба мухлати се сол аз озоди махрум карда шавад.
Дар асоси моддаи 67 КЧ ЧТ бо рохи чазои сабуктарро дар бар гирифтани чазои вазнинтар чазои нихои нисбати Камолова С.С. се сол махрум кардан аз озоди бо нигох доштан дар колонияи ислохотии низомаш умуми таъин карда шавад».
Дар мурофиаи суди айбдоркунандаи давлати М. Х. Назаров фикри айбдориро дастгири намуда, талаб менамояд, ки ба судшаванда ду сол корхои санчишии бехабси чазо таъин карда шавад.Вале судя Р. Рахимов дар симои муаллимаи мактаб «чинояткори хавфнок»-ро дида, уро барои паси панчара кашидан хукм мекунад. Хатто судя фикр накардаст, ки ин масъала аз кучо огоз меёбаду сабаби паси панчара кашида шудани С. Камолова чист?
Дар яке аз аризахои ба макомотхои болои навистаи С. Камолова омадааст: «Ман конунро мухофизатчии худ хисобида, аз болои беадолатхои Ш.Хушов ариза навистам. Фикр кардам, ки дар боло нишастагон ба доди ман мерасанд, арзамро мепурсанд. Аммо баръакс шуд.Худамро ба махкама кашиданд. Наход, адолат хамин бошад? Наход, барои хукуку манфиатхои худро химоя намудану аз камбудии дигарон шикоят навиштан тухмат бошад?»
С. Камолова чи навишт ва чаро хакталошиаш боиси паси панчара кашида шуданаш гардид? Дар огоз аз мурочиати охирини С. Камолова ба Дастгохи Раиси Чумхур ёдовар шуда будем.Дар хамон мурочиатнома С. Камолова 8 далелро меорад.
1. Мо 4 гектар хочагии дехкони доштему Ш . Хушов 5 гектар. Давлат ин заминхоро аз мо гирифт.Заминро мебоист факат онхое,ки хонахояшон барои сохтани аэропорт кучонда шуда буд, мегирифтанд. Аммо ба Ш. Хушов 6 китъаи замини зери иморат чудо карда шудаасту ба мо не.
2. Барктаксимкунак( трансформатор), ки Ш.Хушов дар назди девори бинои хавлии мо гузошт,оббарои хавлии моро махкам кард ва бо супориши Ш. Хушов аз ин барктаксимкунак ба мо кувваи барк дода намешавад.
3. Хатти баландшиддати баркро аз болои хавлии мо гузарондаанд. Ин хат то хонаи мо аз тарафи рости рох мегузашту дар назди хонаамон ба тарафи чап мегузашт.
4. Доимо аз пахлуи хавлии мо чуйбор мегузашт. Ш.Хушов дар чуйбор латок шинонду чуйборро ба хавлии мо 30-40 см наздиктар намуда, сатхи об баландтар гардид. Дар натича мо зарари модди дидему айвон ва танурамон корношоям гардид.
5. Собик раиси чамоат С. Шокиров барои сохтани бунгохи тибби ба мо ичозат дода буд.Мо ба чои бунгохи тиббии фарсуда онро сохтем. Тамоми мутахассисони нохия ризо буданд. Хангоми кабул намудани он бунгохи тибби Ш. Хушов ба мо халал расонд.
6. Бе ягон хуччати дахлдори чамоати дехоти Чортеппа ва дигар макомотхо Ш. Хушов чанд коргар оварда,девори дар гирди пункти тибби сохтаи моро вайрон кард. Он деворро бо максади нигох доштани бунгохи тибби сохта будем.
7. Якчанд маротиба бо супориши Ш. Хушов хати барки хонаи моро бурриданд.
8. Ш.Хушов бо шохидони худ мехоханд нисбат ба ман тухмат кунад, ки гуё гуфта бошам, ки Ш. Хушов ба судя 8000 доллари амрикои дода бошад. Ман хайрон мешавам, ки барои чи ин маблагро ном бурда истодаанд. Онхо инро исбот карда натавонистанд.Хамаи шохидони Ш.Хушов ва судя Э. Алиев кормандони заводи Ш. Хушов мебошанд. Як нафари онхо чонишини Ш. Хушов хамчун раиси махалла мебошад.
Маротибаи аввал як нишондод доданд. Акнун нишондодашонро дигар карда истодаанд.Намедонам, барои чи мехоханд, ки маро дар байни коллективи омузгорон, дар байни шогирдонам суд кунанд.
Ин далелхои С. Камолова, ки дар аризахояш такрор ба такрор таъкид менамуд. Натичааш он гардид, ки таълиму тарбия, зиндагию фарзандонро як суй гузошта дар кунчи зиндон зиндаги кунад.. Барои чи ин холат рух дод? Дар паси хамаи ин ки меистад? Оё навиштахои С. Камолова ягон асоси вокеи надоштанд?

Дар фикри айбдори оварда мешавад: «Дар ин мурочиатхо С. Камолова оиди аз чониби Ш. Хушов хангоми директори заводи «Точикэнергоремонт» буданаш содир намудани чинояти вазнин бо моддаи 314 кисми 3 КЧ ЧТ пешбинишуда, яъне гайриконуни ба даст овардани ду адад завод охиронро тухмат кардааст.
Вачххои овардаи у дар натичаи бурдани санчиш тасдики худро наёфтааст ва Прокуратураи Генералии Чумхурии Точикистон 12-уми июли соли 2006 тахти раками № 7-132-06 ба Камолова С.С. оид ба беасос будани шикояташ чавоб фиристодааст.
Инчунин директори Агентии назорати давлатии молияви ва мубориза ба мукобили коррупсияи Чумхурии Точикистон Ш.О. Салимзода бо чавоб аз 25 ноябри соли 2007-ум бегунох будани Хушов Ш-ро низ исбот кардааст».
Аввал ба ин далели дар асоси он С. Камоловаро, бо моддаи 135 кисми 2 айбдор карданашон мутаваччех мешавем. Посухи прокуратураи генералии ЧТ аз 12-уми июли соли 2006 тахти раками № 7-132-06 айнан оварда мешавад: «Прокуратураи генералии Чумхурии Точикистон мурочиати Шуморо оиди кирдорхои гайриконунии хамдехаатон Хушов Шодмон мавриди санчиш карор дод.
Муайян карда шуд, ки вачххои овардаи Шумо дар хусуси харидани бошишгохи сахрои, буридани дарахтони тут, фурухтани заминхои хочагии дехкониаш барои сохтмони манзили истикомати аз тарафи Хушов Ш. асоси вокеи надошта, дар рафти санчиш тасдики худро наёфтанд.
Чунончи, бошишгохи сахроии номбурда моликияти шахсии Хушов Ш. набуда, дар мувозинаи хочагии ба номи Р. Давлатови нохияи Рудаки карор дорад ва ба хеч кас фурухта нашудааст.
Дар кисми фурухтан ва гирифтани заминхои хочагии дехкониатон бошад, мукаррар карда шуд, ки бо карори раиси нохияи Рудаки тахти № 249 аз 2 декабри соли 1996 ба шахрванд Хушов Ш. ба масохати 5 га. китъаи замин ва бо карори раиси хамин нохия тахти № 216 аз 11 сентябри соли 1997 ба шавхари Шумо – Хошматов З. ба масохати 4 га китъаи замин барои ташкили хочагихои дехкони чудо карда шудааст, ки онхо дар ин асос мутаносибан хочагихои «Шодмон-96» ва «Чайхун»-ро таъсис додаанд. Бо карори Хукумати Чумхурии Точикистон тахти № 541 аз 25-декабри соли 2003 барои кучонидани ахолии дехахои Навобод ва Полевая, ки хонахои истикоматиашон ба худуди сохтмони фурудгохи харбии «Хисор» вокеъ дар шахраки Навобод дохил мешавад, аз заминхои хочагихои дехконии «Шодмон» ва «Чайхун» мутаносибан 3 га ва 2 га китъаи замин хамчун замини наздихавлиги чудо ва ба шахрвандон таксим карда дода шудааст. Бокимонда 2 га замини хочагии дехконии «Чайхун» бошад, ба худуди заминхои сохтмони фурудгохи номбурда хамрох гардидааст. Ин амалхо низ ба Хушов Ш. ягон алокаманди надорад.
Вобаста ба хусусигардонии заводи таъмири трансформаторхо бошад, он ба воситаи Кумитаи давлатии идораи амволи давлатии Чумхурии Точикистон ба тарики музояда аз тарафи Хушов Ш. харидори карда шудааст ва дар ин хусус хуччатхои дахлдор мавчуд аст.
Оиди руёнидани зарари модди ва маънави аз хисоби Хушов Ш. бошад, тибки талаботи моддахои 1079 ва 1115 Кодекси граждании Чумхурии Точикистон ба Шумо фахмонда дода мешавад, ки бо аризаи даъвоги ба суд мурочиат намоед».
Пас аз ин чавоб якчанд маротибаи дигар ба унвони Прокуратураи генералии Чумхурии Точикистон аризаи С. Камолова дохил мешавад.Маротибае онро барои барраси намудан ба прокурори нохияи Рудаки ирсол менамоянду бори дигар бо имзои муовини прокурори генерали посух фиристода мешавад.Вачххои овардаи аризаи С. Камоловаро рад мекунанд.Чунин далел оварда мешавад:гуё тафтишот мукаррар кардааст, ки трансформатор дар хисоби тавозуни Шабакаи барки нохияи Рудаки меистаду мардуми деха барои истифодабарии кувваи барк ба Ш.Хушов ягон алокаманди надорад ва ба бунгохи тиббии аз чониби С. Камолова бо ахли оилааш худсарона сохта шуда Ш. Хушов ягон таъсир нарасондааст.
Барои ба масъала равшани андохтан иктибосеро аз аризаи С. Камолова меорем. «Барои истифода бурдани кувваи барк барои худаш( Ш.Хушов дар назар дошта шудааст.Шархи мо.) ва рафиконаш аз хисоби «Барки точик» трансфарматори баланд шиддати баркдиханда бо ичозати органхои барктаъминкунанда дар назди иморати хочагии мо ба тарики зури мондааст».
Ана, чавоби хадамоти давлати оид ба назорат дар сохаи энергетикаи Вазорати энергетика ва саноати Чумхурии Точикистон аз 21 августи соли 2008 тахти № 09/06-321 « Иктидори трансфарматори кувваги 400 кВА, мутобики шартхои техники барои ба системаи барк пайваст намудани эхтиёчоти коммуналию маишии хонаи истикоматии шахрванд Ш.Хушов таъин шудааст».
Модоме трансформатор барои эхтиёчоти коммуналию маишии хонаи истикоматии шахрванд Ш.Хушов таъин шуда бошад, пас чи хел шикояти навиштаи С. Камолова тухмат будааст? Чи хел «мардуми деха барои истифодабарии кувваи барк ба Ш.Хушов ягон алокаманди надоштаанд»?
Нисбат ба масъалаи худсарона сохтани бунгохи тибби бошад, дар даст нусхаи лоихаи сохтмони бинои бунгохи тибби, ки онро раиси чамоати дехоти Чортеппа С. Х. Шокиров санаи 17 июли соли 2006 тахти раками 2392 ба Зиёчон Хошматов додааст, дорем. Хакикатан он аз диди меъмори ба талабот чавоб намедихад. Вале дар он мухри раиси чамоат, ки дар хамон худуди маъмури конун ваколатдор кардааст, меистад. Пас чи хел он худсарона сохта шуда ба хисоб мерафтааст? Намедонем, бинои сохтаи З. Хошматов ба талаботи имруза чавоб медихад ё не? Чунки дари он махкам буд. Вале аник аст, ки бинои кухнаи тибби ба оддитарин шароит мусоидат намекунад.
Меоем сари посухи прокуратура, ки онро айнан овардем.Гуё С. Камолова шахрванд Ш.Хушовро дар содир намудани чинояти вазнин гайриконуни ба даст овардани ду завод тухмат карда бошад. Аслан мазмуни мурочиати С. Камолова чунин аст:Магар дар вазифаи муовини сардори «Барки точик» кор карда имкон дорад, ки ду заводро хусуси гардонад? Оё дар ягон чои ин пурсиш тухмати руирост дида мешавад? Имруз бошад мо пурсиданием, ки сарчашмаи даромади ин собик сохибмансаб аз кучост, то чунин иншоотро харидааст?
Ба андешаи мо ё иншоотро ба нархи ночиз фурухтаанд ё ин ки аз хисоби ягон маблаги дигари ба даст омада харида шудааст. Вакеан хангоми хусусигардони нишон додани сарчашмаи даромадро конунгузори талаб мекунад…
Гайр аз он дар ин посух гуфта нашудааст, ки Ш. Хушов бегунох аст. Баръакс ба С.Камолова тавсия дода мешавад, ки барои руёндани зарари маънави ба суд мурочиат кунад.
Далели дигари овардаи макомоти тафтишот чавоби Агентии назорати давлатии молияви ва мубориза ба мукобили коррупсияи Чумхурии Точикистон мебошад.Ба ин посух ахамият дихед: (айнан) Cарраёсати Агентии назорати давлатии молияви ва мубориза бо коррупсияи Чумхурии Точикистон аризаи даъвогии шуморо, ки рузи 25 октябри соли 2007 тахти №К-10 ба Агенти ворид шуда буд, мавриди барраси карор дода, ба маълумоти шумо мерасонад, ки аз сабаби он ки вачххои дар ариза навишта тобеияти суди дорад, бинобар ин шумо метавонед оиди халли ин масъала ба суд мурочиат намоед.
Дар кучои ин посух : «бегунох» будани Хушов Ш. исбот карда шудааст?Дар асоси хамин ду посуху аризаи Ш.Хушов парвандаи чинояти огоз карда мешавад. С.Камолова ба ВКД-и Чумхурии Точикистон бо ариза мурочиат мекунад, ки муфаттиш парвандаро яктарафа, хилофи талаботи конун бурда истодааст.Вале парвандаро барои барраси аз ВКД ба шуъбаи корхои дохилии нохияи Рудаки мефиристанду боз аризаро ба хамон муфаттиш, ки аз болояш шикоят карда мешуд, месупоранд. Муфаттиш бошад, аризаро ба парвандаи чиноятии худи аризадиханда хамрох мекунад. Магар ин ачиб нест? Охир, то ба кай чунин бепарвои идома меёфта бошад? Аниктараш ин чо бепарвои нест. Дидаву дониста рафтор намудан аст, ки ба як бозии гурухи ба конуншикани даст дошта оварда мерасонад.
Дар фикри айбдории С. Камолова, ки тафтишотро муфаттиш А.Х.Абдуллоев бурдааст,номуайян аст, ки Ш.Хушов чабрдида эътироф шуда бошад, ё на.Чунки у хамчун чабрдида пурсида нашудааст.Дар хукм хам Ш. Хушовро чун чабрдида номбар намешавад. Агар Ш. Хушовро эътироф накарда бошанд, пас дар асоси вайрон гардидани хукуку манфиати ки С. Камоловаро суд кардаанд?
Вачхи дигари макомоти тафтишот дар мавриди гунахкории С. Камолова ин аст, ки гуё ба судя Э. Алиев оид ба 8000 доллари амрикои додани Ш. Хушов тухмат кардааст.Дар бораи ин масъала дар огози макола андешахоямонро иброз намуда будему хочат ба такрори он нест.
Вакте ки дар бораи мафхуми тухмат кас сухан меронад, пеши назар сухани гуфтае ва ё рафторе чилвагар мешавад, ки танхо ба хамон «тухматкунандаю тухматшаванда» дахл доранд. Вакте масъалаи ба миён гузошта ба воситаи дигарон, ки ваколаташон бештар аст бахогузори карда мешавад, тамоман кор ранги дигар мегирад. Чунки бо пешниходи нафаре, ки ба ранги шир ваколатдор асту гуфтаи у хукми конун дорад, хангоми гуфтани он ки шир сиёх гаштааст, бояд хатман ширро сиёх гуем.
Чаро ба ин гуфта руй овардему аз мавзуъ дур рафтем. Чунки ба вазъияти ба амал омада дурусттар бахо дода шавад. Дар асоси ду чавоб, ки дар боло овардему боиси паси панчара кашида шудани судшаванда гардидаанд, касе бояд посух гуяд. Охир, нафаре хамон шири «сафед»-ро сиёх гуфтаасту дигарон онро чунон кабул кардаанд.
Дар бораи мурочиатхои такрор ба такрори С. Камолова ба макомотхои болои гуфтем. Наход, ягон навиштаи у асоси вокеи надошта бошад? Хангоми овардани иктибос аз мактубхои макомоти прокуратураю Агентии назорати молияви ва мубориза алайхи коррупсияи Чумхурии Точикистон то андозае дар бораи мурочиатхои С. Камолова равшани андохтем. Маълум гардид, ки онхо асос доштаанд.Хамон вакт дар асоси аризаи С. Камолова кормандони чамоати дехоти Чортеппа аз 28. 08.2008 санад тартиб медиханд. Дар санад бо тамгаи чамоат тахти № 2371 ба кайд гирифта шудааст. Дар санад аз он чумла таъкид карда мешавад:
« Дар натичаи санчиш муайян гашт, ки хакикатан пушти хавлии шахрванд Камолова С. аз тарафи Хушов Шодмон барои гузаштани об 6 латоки обгузар чой карда шудааст.Аммо аз сабаби як кисми латокхо шикастан ва дар натичаи баланд шудани об хавлии шахрванд Камолова С. об зер карда, дар хакикат девори хонааш шиштааст.
Бинобар ба Хушов Ш. тавсия дода мешавад, ки латокхоро 50 см паст шинонад ва сурохихои латокхоро махкам кунад, то ки ба Камолова С. зарар нарасад».
Бубинед, лоихаи бо мухр тасдик намудаи раиси чамоат, санади омода кардаи кормандони чамоатро ба инобат намегиранду нишондоди ким-киро, ки бо рохи гараз ва ё манфиат шохиди додааст, бо «оби тилло» менависанд.Намедонед, муфаттишу суди дар ин парванда иштирокдошта маводхои расмиро ба инобат гирифтаанду ба конун такя кардаанд ё ин ки бо доираи ким- кадоме ракс намуда, нафареро паси панчара кашидаанд.
Хамаи навиштахои С. Камолова асос дорад. Мо онро бо чашми худ дидем. Ба хар кас хам алам мекунад, ки дар пахлуи хонаааш нуктаи барктаксимкунанда (трансфарматор) бошаду аз ким-кучо барк кашида биёранд. Агар ба барктаксимкунак чун моликияти шахсиаш рафтор накунад,( харчанд дар асоси мактуби Вазорати энергетика ва саноат овардааамон барои хонаи Ш.Хушов пешбини шудани барктаксимкунак маълум аст) чаро ба хонаи С. Камолова барк намедиханд? Дар холе, ки Ш.Хушов бо шавхари С. Камолова шахсони наздик-писари амак мешаванд.
Дар мавриди дар фасли зимистон аз тарафи Ш. Хушов кандани девори С. Камолова чизе гуфта наметавонем. Чунки он лахзаро айнан ба кафо гардондан гайриимкон аст. Харчанд одамон дар ин бора гувохи медиханд.
Танхо ба як далели дигар, аниктараш ба як вачхи дар аризахояш овардаи С. Камолова мутаваччех бошед. С. Камолова дар бораи замин менависад. Ана, посух:( айнан)
«Кумитаи давлатии заминсозии Чумхурии Точикистон аризаи шикоятии Шуморо дар махал барраси намуда, чунин иттилоъ медихад.
Дар аризаи шикоятии Шумо дарч гардидааст, ки Хушов Ш. сарвари хочагии дехконии «Хушов Ш» заминхои корами обии ба хочаги вобасташударо ба микдори 0,08 гектари, хамчун замини наздихавлиги ба фуруш монда шудааст.
Дар натичаи санчиш муайян карда шуд, ки дар асоси карори Хукумати Чумхурии Точикистон № 541 аз 25 декабри соли 2003 аз хисоби заминхои хочагии дехконии Хушов Ш. майдони 3 гектар барои кучонидани ахолии дехахои Полевая, Навобод, Лаби тол ба сохтмони хонахои истикомати чудо карда шудааст.
Аз ин лихоз, гайриконуни чудо намудани китъаи замин барои сохтмони хонахои истикомати тасдики худро наёфт.
Дигар далелхои дар ариза дарч гардида, бинобар дар доираи салохияти Кумита дохил набудан тахти санчиш карор дода нашуд.
Бинобар ин нисбати санчиши хариду фуруши замин ба макомоти хифзи хукук мурочиат намоед».
Дар ин масъала вачхи овардаи С. Камолова он буд, ки барои чи ба Ш. Хушов 6 китъаи замин барои сохтани манзилгох додаанду ба онхо не?
Дар хама холат макомотхои дахлдор инкор кардаанд, ки чунин замин ба касе чудо карда нашудааст. Аммо замин чизе нест, ки онро дар киса панох намои.Ин масъаларо муайян намудан чандон мушкили надорад.Танхо пурсише басанда аст, ки аз кучову чи хел сохиби замин шудан мукаррар карда шавад. Мо пурсиш нагузарондем. Танхо барои таквияти навиштахои С. Камолова, ки «тухматчи» ном гирифтааст, акси хонаро чоп мекунему пурсишашро ба макомотхои дахлдор хавола мекунем. Бигзор муайян кунанд, ки он хонаи кисту ки ва чи хел аз ин мавзеъ замин додааст?
Ин аст киссаи талоши хакикату он «хакикат» ,ки боиси паси панчара бурдани муаллимаи 22 сол боз ба таълиму тарбияи насли наврас машгул буда ва аз фанни забони руси таълим медода, Сайёра Камолова гардид.Вакте ки маводхои пешниходшударо меомухтам, ба ин зан , ба ин модар дар истодагари дар рохи хакикат ахсан гуфтаму беихтиёр мисрахои шоир ба хотирам расид:«Сано бодо ба занхое, ки марданд»…
Муаллимаро суд карданд, илму донишро, тарбиятдихандаи насли наврас, ки хонандагонро бо рохи адолату хакикат рахнамун месохт, хор сохтанд. Вакеан намешуд, ки дар холати пурра, бе ягон гумон тасдикшудани гунохи С. Камолова ба у ягон чазои гайрихабси диханд. Бале, мешуд. Аммо ин масъала аз аввал кач омада буду мебоист то ба охир кач равад.Аниктараш аз руи конунхои нонавиштаи нафаре бояд амали гардад. Вале мо дар давлати хукукбунёд зиндаги дорем. Хама гуна конунхои «худи» амал набояд кунанд.Дер ё зуд адолат тантана мекунад.

Чумъаи Толиб

АФСОНАИ МУФАТТИШ, ТАХМИНКУНИИ СУДЯЮ ХУКМИ БИСТСОЛА

12 июня, 2009 1 комментарий

(Давомаш. Аввалаш дар шумораи гузашта)

Парвандаи чинояти

Чи хеле, ки дар боло ишора намудем, парвандаи чинояти санаи 20 октябри соли 2007 тибки нишондоди моддаи 109 (ба худкуши расондан) кисми 1-и Кодекси Чиноятии Чумхурии Точикистон огоз карда шуда, Бежан Кудратовро се шабонаруз нигох дошта, бинобар дар харакатхояш набудани таркиби чиноят озод менамоянд. Санаи 29 октябри соли 2007 боз Бежанро боздошт мекунанд. Гарчанде барои дастгир намудани у ягон асоси кофи набуд. Таъкид менамоем, ки парванда нисбат ба худкушии Махина огоз карда шуда буду санаи 1 ноябри соли 2007 дар бораи харакатхои Бежан ягон парвандаи чинояти накушода, карор дар бораи хабси пешакиро муфаттиш кабул мекунад.
Аз санаи 8 ноябри соли 2007 карор дар бораи ба чавобгарии чинояти кашидан ба сифати айбдоршаванда бароварда шуда, бо моддаи 109 кисми 2 КЧ ЧТ айб эълон карда мешавад. Танхо санаи 10 январи соли 2008 нисбат ба Бежан Кудратов ва дигарон дар асоси нишондоди моддахои 109 кисми 2, 286 кисми 3, банди «а», «б», КЧ ЧТ ва дигарон бо моддаи 286 кисми 2 КЧ ЧТ парвандаи чиноятиро прокуратураи вилояти Сугд огоз мекунад. Шахрванд охири мохи октябр дастгир мешаваду пас аз ду мох нисбаташ парвандаи чинояти огоз менамоянд. То парванда ба истехсолоти прокуратураи вилояти Сугд гузаштан Бежан Кудратов ба ягон карори муфаттиш ва ташхисхои тиббии гузаронда шуда, шинос карда намешавад. Аз 20 декабри соли 2007 парвандаи чинояти дар истехсолоти прокуратураи вилояти Сугд карор мегирад. Сардори гурухи тафтишоти С. Шарипов таъин карда мешавад. То санаи 5 апрели соли 2007 Бежан Кудратов танхо дар асоси моддахои дар боло номбаршуда (ба худкуши расондану муомилоти гайриконуни бо асъори хоричи) айбдор дониста мешавад.
Айби Б. Кудратов бо моддаи 109 к. 2 КЧ ЧТ исбот намегардад ба прокуратураи шахри Чкалов намояндаи чабрдида И. К. Рузиев мурочиат мекунад ва масъалаи дуркунии муфаттишро дархост мекунад. Чунки муфаттиши покуратураи шахри Чкалов дар асоси маводхои парванда якчанд маротиба ба аризаи онхо посух дода буд, ки дар ин ходиса ягон амали куштор нест. Баъд аз ба истехсолоти прокуратураи вилояти Сугд гирифта шудани парвандаи мазкур намояндаи чабрдида И. К. Рузиев. аз санаи 10.03.2008 сол ба номи прокурори вилояти Сугд бо ариза мурочиат намуда, чунин менависад:
«Ман аз Шумо умеди калон дорам, ки дар ин рузхои наздиктарин ба котил оиди куштори духтарам Рузиева Махина айб эълон карда шуда, парванда ба суд ирсол карда мешавад».
Гуё хамин хохишро интизор буданд, бе огоз намудани парвандаи чинояти санаи 3 апрели соли 2008 аз чониби макомоти тафтишоти пешаки нисбат ба Б. Кудратов бо моддаи 104 (одамкуши) к. 2 б.б. «в», «е» КЧ ЧТ айб эълон мекунанду танхо санаи 5 апрели соли 2009 карор дар бораи огоз намудани парвандаи чинояти бо ин модда кабул карда мешавад. Баъди 5 рузи огоз намудани парвандаи чинояти бо ин модда тафтишоти парвандаро ба итмом мерасонад.
Хамин як аризаи намояндаи чабрдида сабаб мешаваду шахрванд ба котил мубаддал мегардад. Барои хамчун котил ном бурдану ба у айб эълон кардан макомоти тафтишот чи далел дошт?

«Далел»-и муфаттиш

«Кудратов Б, ки бо занаш бо сабаби аз тарафи охирон хамон руз бе ичозати у ба корманди милитсия- нозири минтикави Абдурахмонов И. додани шиносномааш ва дар натича, хангоми ба туйи хамсояаш рафта истодан, дар даромадгохи хонааш ба кормандони милитсия Абдурахмонов И. ва Акрамов В. вохурда, онхо уро ба нуктаи нигохдории тартиботи чамъиятии ШКД-и шахри Чкалов бурдаанд, дар холати чанги буд, аз ин харакатхои охирин сахт ранчида, бо корди ба дасташ гирифта тахдидона талаб кард, ки пулхои бо араки чабини рехта, бо машаккат чамъ кардаашро сузонданро бас кунад. Вакте ки суханхои у натича набахшиданд ва хамсараш пулхоро сузондан гирифт, у ба Рузиев М. хамла карда, бо корд гардани охиронро бурид. Рузиева М., ки тахдиди шавхарашро чидди нахисобида, хавфу хатарро хис намекард, намедонист ва дониста хам наметавонист, ки кордро нисбати у истифода карданаш мумкин аст, аз хамлаи ногахонии хамсараш фиреб хурда, то хатто наметавонист, ки ба худмухофизаткуни кушиш кунад. Дар натича аз дарди теги корд ва вазнинии чарохати гирифтааш «Очачон» гуён дод заду, ба давидан афтид.
Ин холатро дида, Кудратов Б. фахмид, ки ба Рузиева М. чарохати вазнини чисмони расонида ва натичаи он марг аст, барои руйпуш кардани ин кирдораш, бо максади гумрох кардани макомоти хивзи хукук, аввл ба чои ходиса шишаи холии уксусро, сониян якчанд когазхои доруворихоро оварда партофт, то гумон баранд, ки бо истифодаи онхо занаш Рузиева М. ба чони худ касд карда бошад. Гайр аз он, бо максади ба рохи нодуруст даровардани харакатхои кормандони макомоти хифзи хукук, тафтишкунандагони чинояти содиркардааш, дастхои чабрдидаро бо теги корд бурид, то ки фикр кунанд, охирон барои худкуши аввал якчанд маротиба харакатхои бехуда карда, баъдан гарданашрор бурида бошад. Аз ин хам дилпур нашуда, ба халтаи муштзании варзиши дор кашида, танаи нимчони Рузиева М-ро овезон карда монд, то фикр кунанд,ки гуё занаш худашро овехтааст. Баъд дари хучраро аз дарун кулф карда , барои ба худаш холати бегунохи сохтан, аз тирезаи ошхона ба берун баромада, бо апааш Мижгона вохурда, ба у гуфт, ки хамсараш дар хона буд, у бошад аз милисахона омада истодааст».
Ин сатрхо аз фикри айбдори, ки онро муфаттиши прокуратураи вилояти Сугд, сардори гурухи тафтишоти Cаминчон Шарипов, ки айни замон дар вазифаи ёрдамчии калони прокурори вилоят оид ба кор бо кадрхо ва коргузориро дар хамин макомот ичро мекунад, айнан овардем. Бо у дар утоки кориаш вохурдем. Сухбатамон хеле идома ёфту чун сухан сари ин парванда омад, аз мо хохиш кард, ки аввал аз прокурори вилоят ичозати сухбат намуданро гирем. Ба у посух додем, ки аллакай ба суоламон чавоб гирифтем. Хадафи асосии мо муайян кардан буд, ки дар хакикат у бо амаки Махина-прокурори нохияи Бобочон Гафуров Ё. Рузиев якчоя кор кардааст ё на. Вай хамрох кор карданашонро тасдик намуд. Ба мо якчоя кор кардан ё накардан, хамчунин бо оханги «доира»-и ки «ракс» кардани муфаттиш мухим нест. Мухим он аст, ки чи хел дидаву дониста вачххои бебунёд меорад? Охир, фикри айбдори афсонаи «Буду набуд» ё ин ки «Бузаки чингилапо» нест, ки чи хеле хохи хамон хел навистан гири. Сари хар як фикр бояд он бо далели раднашаванда мустахкам карда шавад.
Ходиса дар дохили хона ба амал омадааст, ки онро дида метавонад. Муфаттиш хатто ба чойдамкуни рафтани Махина, чойникро бо плитаи барки мондан, барои он ки Махина нафахмад бо овози паст сухан гуфтани Бежанро тасвир мекунад. Дар холе, ки яке бо олам падруд гуфтаасту дигаре чунин нишондод надодааст. Ин вачх аз кучо пайдо мешавад? Фарз кардем, навиштаи муфаттиш асоси вокеи дорад. Пас пурсиданием, ки рафторхои Махина, сухангуии уро тавассути чи муайян намуда бошад? Оё пешаки дар хонаи Бежан ягон дастгохи махфии сабти овозу наворбардори гузошта буданд? Агар гузошта бошанд, бо кадом максаду кани он? Дар холати мавчуд набудани чунин далел максад (матив)-и мукаррар намудаи муфаттиш ягон асоси хукуки надорад. Ё ин ки арвохи мархума ба муфаттиш он суханонро гуфта бошад?!

Мотив (максад)-и чиноят

Сабаби асосии содир намудани чиноятро муфаттиш дар муносибати байни Бежану Мадина ном духтар, ки то хонадор шуданаш бо у муносибати махрамона доштааст, медонад. Гуё хамон шаби ходиса Мадина ба Бежан пас аз баргаштан аз нуктаи нигохдории тартиботи чамъиятии ШКД-и шахри Чкалов, телефон карда пул пурсида бошад. Ин холатро Махина, ки дар хонаи хоб будааст, гуё шунида, рашк карда, пулхоро аз сандук гирифта сузонда бошад, ки пулхо на ба ман насиб кунаду на ба Мадина. Харчанд дар рафти тафтишоти пешаки ва дар мурофиаи суди ин далел собит намегардад, асоси максади чиноят ба хамин чиз мустахкам карда шудааст. Хамон бегохи ходиса Мадина дар соати 19.55 дакика ба Бежан занг зада хамаги 31 сония гуфтугу мекунад. Мувофики фарзияи муфаттиш гуё Мадина аз Бежан 40 сомони пурсида бошаду Бежан гуфта бошад, ки 20 сомони медихаду бокимондаашро аз маъшукаш гирад. Вале ин вачхи муфаттиш аз руи нишондоди ду нафар яке судшудаву дигаре шохид исбот карда нашудаанд. Хар ду хам дар рафти тафтишоту мачлиси суди инро инкор намуда, иброз кардаанд, ки оид ба маблаг он бегох ягон сухане гуфта нашуда буд.
Бо Мадина дар хонааш вохурдем. Оид ба муносибаташ бо Бежан сухан ронда, кайд намуд, ки он бегох дар бораи маблаг ягон харфе гуфта нашудааст. Танхо у ба Бежан занг зада дар кучо буданашро пурсид. Бежан дар чавоб гуфтааст, ки дар хамин чо ва аз гушаки телефон садои телевизор меомадааст. Масъалаи 40 сомони чанд руз кабл аз ин ходиса дар бозор сурат гирифтааст. Муфаттиш ба нишондоди ду нафар бовар намекунаду худ чун гайбдон амал менамояд. Маълум мешавад, ки асос барои ба ин чиноят даст задани Бежан умуман вучуд надорад. Пас чиноятро ки содир кард? Ин амал худкуши буд ё куштор?
Панч «шитобкори»-и Бежан аз нигохи муфаттиш.
Муфаттиш дар асоси ин холатхо гунохи Бежанро собит кардани мешавад: (айнан аз фикри айбдори)
«Дар рафти сохтани холати худкушии Рузиева М. — айбдоршаванда Кудратов Б. аз шитобкори ба панч хатои пинхоннашаванда рох додааст: якумаш дар он, ки чун одати хамешагии хамсараш дарро аз дарун бо (илтаг крючок махкам накарда, бо калид кулф кардааст, бо нишондодхои Кудратова Ф. тасдик мегардад);
Дуюм, ба хисоб нагирифтааст, ки бо рохи ташхиси суди-тибби мутахассисон вакту соати вафоти чабрдидаро тахминан аник карда метавонанд, дар байни соатхои 18.30-20.30 дакика, яъне аз руи хулосаи ташхисотчиёни тибби, вакти тахминии марги Рузиева М., бо чи кор машгул буду вактро чи хел гузаронидааст, «алиби»-и бебахс тайёр карда натавонистааст. Дар натича оиди ин масъала нишондодхои хархела додаст.Хангоми шинос шудан бо хулосаи ташхис, дар нишондодхои охирон додааш баъд аз соати 20.00 бо милитсионерон рубару шуда, бо онхо ба нуктаи нигахдории тартиботи чамъиятии ШКД-и шахри Чкалов рафтаасту аз он чо соати 21.00 яъне баъд аз ходиса гашта омадааст, дар амал бошад аз руи нишондодхои шохидон Абдурахмонов И. ва Ибодуллоева М. маълум, ки Кудратов Б. аз соати 20.00 аллакай дар хонаш буд) ;
Сеюм. боз ба хисоб нагирифтааст, ки ташхисгарони суди-тибби дар бадан (гардан)- и Рузиева М. доги бо доркашидан набуданашро муайян мекунанд ва холати набудани доркаширо гуфта метавонанд;
Чорум, ба чои ходиса шишаи уксус,доруворихоро партофта, харакати бехуда кардааст, то гумон кунанд, ки бо истифодаи онхо Рузиева М. бо худкуши харакат карда бошад;
Панчум- пулхои сухтаву нимсухтаро дар катори дигар пулхо аз чои ходиса чамъ карда, ба хохараш Фотима бурда дода, аз у хохиш кардааст, ки ба ягон чой монад ва дар натича ин холат бо сабаби дар як вакт пурсида шудани Кудратов Б., Кудратова Ф. ва Кудратова М. ошкор гардида, бо далели радкарданашаванда табдил ёфта ва ба тафтишот имкон дод, ки ба ин холат бахои дуруст дихад (яъне пулхоро ба муносибати Кудратов Б. бо Ибодуллоева М. ситеза карда, Рузиева М. сузонидааст, ки дузд ё горатгар харгиз ин корро накарда, баракс гирифта мерафт)».
Биёед ин далелхои хулосавии муфаттиш С. Шариповро як ба як тахлил намоем. Аввалаш, дарро аз дарун бо калид махкам кардани Махина чи хел шитобкории Бежан буда метавонад. Муфаттиш вачх меорад, ки Махина калид дошту боз барои чи Бежан калиди худашро дод. Калидро додан, дарро аз дарун бо халка ё калид махкам намудан, барои ошкор намудани чиноят чи медихад? Магар мумкин нест, ки дарро гох бо халка махкам куни ва гох бо калид. Ё бо хар ду. Хамчунин имкон дорад, ки нафари дигаре онро махкам карда буд…
Дуюм: Муфаттиш нишондоди Бежанро ба ШКД рафтану омаданашро саросемагии навбатии у медонад, ки барои рохгум задани тафтишот иброз намудааст. Нусхаи протоколи пурсиши Бежан Кудратовро аз санаи 29 октябри соли 2007 дар даст дорем. Мувофики хамин протокол соатхои нишондодаи Бежан оид ба рафти ходиса хамаги 10 дакика мутаносибан фарк мекунаду халос. Ба таъбири муфаттиш «аз руи нишондоди шохид И. Абдурахмонов» гуё Бежан соати 20.00 дар хонааш будааст.
Дар хакикат Бежан дар хонааш буду ин холатро муфаттиш ба максади худ истифода бурдааст. И. Абдурахмонов, ки нишондодаш хам дар фикри айбдориву хам дар хукмнома аз як копютер руйбардор карда шудааст, (дар ин бора баъдтар харф мезанем. Муаллиф.) гуфтааст, ки такрибан соати 19.00-19.20 ба таври такрори ба хонаи Бежан омадаанд. Пас чи хел соати 20.00 дар хонааш будани Бежанро исбот мекунад? Агар гуфтаи милисанер И. Абдурахмонов асоси вокеи дошта бошад, пас чи хел дар муддати кутох Бежан ба ШКД рафту бозгашт? Дар муайян намудани вакт судшуда ва шохид имкон дорад, ба хатоги рох диханд. Вале нишондоди кадоме аз онхо ба хакикат рост омаданашро ба воситаи таблограммаи телефони, ки он аз тарафи муфаттиши прокуратураи шахри Чкалов гирифта шудааст, муайян кардан мумкин аст. Хамон бегохи ходиса Бежан пас аз анчоми кор, яъне шинондани дар аз шахри Кайрокум ба хона баргашта, аз телефони хонааш соати 18. 52 ба телефони хонаи апааш занг зада такрибан чор дакика гап мезанад. Боз соати 19.36 дакика аз телефони хонааш ба хонаи апааш занг зада, як дакика харф задааст. Агар гуфтаи шохид И. Абдурахмонов дуруст бошаду онро муфаттиш С, Шарипов ба эътибор гирад, Бежан чи хел хамрохи милисахо ба суи ШКД мерафту боз бо телефони хонаги харф зад?
Хамин шохид икрор шудааст, ки дар рох Бежан бо ким-кадоме аз телефони дастиаш занг задааст. Таблограмма телефони Мадинаро нишон медихад, соат 20.23 дакика мебошад. Шохид Мадина Ибодуллоев низ дар хамаи баёнотхояш тасдик намудааст, ки пас аз 15-20 дакика Бежан занг задааст. Азбаски дар наздаш нафари дигаре буд, ба телефони у чавоб надодааст. Аз руи гуфтаи И. Абдурахмонов вакти Бежанро ба ШКД бурданашон нозири минтакави Эркин Аширов омадааст. Хамин милисанер тасдик намудааст, ки вакти бо Бежан вохурдан номбурда бо телефони хамрохаш ба касе харф мезад. Он чизе, ки нозири минтакави шаходат медихад, мувофики хамин таблограмма соати 20.37 дакика мебошад. Ба телефони Бежан аз хамон телефони соати 20.37 дакика занг задааш, соати 20.52 дакика телефон мекунанд. Пас нишондоди ки ба хакикат рост меояд?
Мувофики гуфтаи Бежан вай хангоми ин занги телефон дар рох буду ба хонааш бармегашт. Барои чи аз ин холат муфаттиш чашм пушидааст
Сеюм. Сухан дар бораи ба дор кашидани Махина меравад. Дар ин боб намедонед, ки муфаттиш чиро собит кардани мешавад. Дар хама нишондодхояш Бежан холати пас аз ба хона даромадану чи тавр карор гирифтани Махинаро як хел тасвир кардааст. Танхо муфаттиш ба он хурдагири мекунад, ки дар мавриди дар гардани Махина чанд маротиба печонда шудани шарф нишондоди Бежан мухолифат мекунад. Вале муфаттиш муайян кардан намехохад, ки катрахои хун дар болои халтаи муштзани аз кучо пайдо шуданд. Дар баландии 2-2,5 метр чи хел 3 чакраи хун дар дастакхои халтаи муштзани, дар он чое, ки як тарафи шарф баста шуда буд, пайдо шуд? Онро хангоми азназаргузаронии чои ходиса муфаттиши прокуратураи шахри Чкалов А. Шодиев ошкор намуда, дар протокол кайд намудааст.
Ин катрахои хун аз кучо пайдо шуданд. Магар онхо хам аз дасти Бежан чакиданд? Мувофики хулосаи ташхиси ягон чои Бежан бурида нашуда буд. Пас он катрахои хуни болои халтаи муштзани ё чакрахои дар девори хонаи хоб, фарши хонаи хоб, каридор, ванна, ошхона, дастаки яхдон, плитаи барки аз кучо пайдо шуданд? Магар Бежан барои руйпуш кардани чиноят сохта буд?
Чорум. Оварда партофтани шишаи холии сирко (уксус) ва дорухоро муфаттиш амали Бежан медонад. Вале дар кадом асос ин фикрашро собит намудааст маълум нест. Агар ба чои ин фарзия бо воситаи далелхо собит месохт, ки хакикатан дар шишахои овардашуда изи дасти Бежан мавчуд аст, мегуфтем, ки ин сахнаро у сохтаааст. Хамчунин дорухои ёфташуда, кадомаш ба саломатии инсон зарарнок буданд? Аз руи маводхои парванда, хулосахои ташхис маълум мегардад, ки дар он шишахо на изи дасти Бежан хасту на изи дасти Махина. Пас он шишахоро ки овард? Дар маводхо кайд карда мешавад, ки дар хона изи дасте мавчуд мебошад, ки на ба изи дасти Бежан монанд асту на ба апаашу на ба хохараш, на ба хамсараш. Пас, он изи дасти кист? Ки бояд онро муайян мекард?
Панчум. Дар масъалаи пулхоро ба хонаи апааш бурдан дар тамоми нишондодхояш Бежан маълумот медихад. Муфаттиш аз он «далели радношаванда» месозад. Боз хамон хадафи худро мустахкам кардани мешавад. Гуё телефони Мадина сабаб шуду Махина пулхоро сузонд. Аммо ба масъалаи асоси ахамият дода намешавад. Хамон шаби ходиса пулхои нимсухта аз чои ходиса гирифта шудаанд, танхо пулхои носухтаро Бежан бурдааст. Аммо бо вучуди хамчун далели шайъи эътироф намудани онхо тафтишот муккаррар накардааст, ки дар он пулхои нимсухтаи паи дасти хунолуд дошта, изи дасти ки боки мондааст. Муфаттиш вачх меорад, ки Махина пулхоро месузонду Бежан ба кахр омада ба у чарохати марговар расонд. Пас пурсида мешавад, ки дар пулхо изи хун аз кучо пайдо шуд? Хамчунин дар чои ходиса, дар он чое, ки пулхо сузонда шудааст, 17 дона гугирдчуби хунолуди оташгирифта ва 10-15 чакра хун чакидааст. Куттии гугирд хам изи дасти хунолуд дорад. Ин сахнаро ки сохт?

«Очачон»-ро ки гуфт?

« Аз ин кирдори занаш Кудратов Б., ки аз рафторхои занаш оиди бе ичозати у бамилисахо додани шиносномааш ба кахру газаб омада буду уро бахшида наметавонист, бо корд тахдид карда ба Рузиева М. Талаб кард, ки пули бомехнат дарёфт кардаи уро насузонад ва чун дид, ки ин фоида надорад бо корд, бо тези хамла карда, гардани хамсарашро буррид..Охирон бошад, аз зурии дард» Оча, очачон»гуён ду се маротиба фарёд карда, ба диван афтод, ки бо нишондодхои Бобочонова Н. ва писари у Манучехр тасдик мегардад.»
Ин сатрхо аз сахифаи 48-и фикри айбдори оварда шудаанд. Оё дар асл чунин буд? Барои ба ин масъала рушани андохтан, аввал мавкеи чойгиршавии хонахоро шарх медихем. Хонаи Бежан дар ошёнаи дуюм чойгир асту хонаи Бобочонова Н. дар ошёнаи якум. Тарзи чойгиршавии хонахо бошад, яке аз тарафи кунчи чапи ошёнаи дуюму дигаре дар тарафи рости ошёнаи якум. Агар мавкеи онро ба тарики паралели ба хисоб гирем, аз хонаи хоби Н. Бобочонова то чои ходиса наздики 20 метр масофа мебошад. Агар сахрою хавои кушод мебуд, мегуфтем, ки хакикатан овозро мешунави. Бар заммаш яке дар як ошёнаю дигаре дар ошёнаи поён. Дари хучрахоро хам касе шабона кушода намемонад.
Н. Бобочонова манзили зисташро дигар кардааст. Нишонаи уро гирифта, бо у дар хонааш сухбат кардем. Ходисаро накл намуда, иброз кард, ки вай овози «очачон» гуфтани касеро шунид. Он вакт барк хомуш карда шуда буд. Овозро аз ошёнаи якум, аз назди дари даромадгохи долон, ки хонааш рости он мебошад шунид. Аз Н. Бобочонова суол кардем, ки агар дар асл чунин холат рух медоду мархум Махина бо тамоми овозаш «Оча-чон» гуфта дод мезад, у он овозро шунида метавонист?
— Не, ман хеч гох шунида наметавонистам. Чунки чои ходиса, аз хонаи ман ба тамом дар дигар мавкеъ чойгир мебошад.
Пурсидем, ки барои чи дар суд ин суханонро нагуфт. Чавоб дод, ки хамаашро гуфтаасту хатто барои аз чониби муфаттиш дигар намудани нишондодаш у ба прокуратураи вилоят ариза навиштаасту барои мохиятан барраси намудан ба муфаттиш месупоранд. Вале он ягон натича намедихад.
Аз хамсояхои дар шафати хучраи ин ходиса ба амал омада, пурсон шудем. О. Музаффарбеков, Т. Шакархучаева, Э. Хочиева гуфтанд, ки шаби ходиса дар хона будаанду ягон овозро нашунидаанд. Барои чи нафарони дар шафати хона зиндаги дошта, садоро намешунидаанду нафари тамоман дар дури буда, ба «хост» муфаттиш онро шунидааст?
Аз сухбат бо шохидони ходисаю омузиши маводхои аз дасти адвокатхо гирифтаамон маълум гардид, ки пас аз ба беморхона бурдани Махинаю марги уро мукаррар намудани духтурон Мижгона ба хонааш ба хохараш Фотима занг зада мегуяд, ки «Махина мурд».
У ба назди хонаи акояш омада, «оча –очачон» гуён гиря мекунад. Ин овози уро дигар хамсояхо хам шунида, ба ёриаш баромада, якчоя гирифта ба беморхона мебаранд.
Чаро ин суханро ба Махина часпонданд? Агар манфиатдор набошад, барои чи чунин мекунанд? Тибки маълумотномаи шабакахои барки шахри Чкалов барк санаи ин ходиса ба амал омада соати 22.00 хомуш карда шудааст. Н. Бобочонова пас аз хомуш кардани барк овозро шунидааст. Мувофики хулосаи духтурон, часади мархума соати 21.36 ба беморхона бурда шудааст. Наход хамин чизи оддиро муфатиш ба эътибор нагирифта бошад? Барои чи муфаттиш нишондоди шохид Н. Бобочоноваро дар кисми шунидани овози «оча-чон» асос мекунаду аз худ намепурсад, ки ходиса дар дохили хона ба амал омад, дар ошёнаи дуюму хонаи Н.Бобочонова дар ошёнаи якум чойгир аст. Фарз кардем имкони шунидани овозро дошт. Пас чи хел дид, ки мархума ба руи диван афтидааст.
Махина аз ки шикоят дошт?
Бо хамсояхои Бежан хамсухбат шудему то чое имкон доштем, ба наздикону хешу табори ин оила, ки ба хам наздиканд, гуфтугу намудем. Касе аз муносибати носолими Бежану Махина шикоят накард. Хамчунин аз маводхои парвандаи чиноятии дар дасти адвокатхо буда, маълум мегардад, ки рузгори онхо хушу хурсанд мегузаштааст. Пас чаро ин ходиса рух дод? Барои чи хамон шаби вокеа Махина аз Бежан руйхати карздоронро пурсид? Чаро хамон рузи ходиса 29 дакика бо хамсари амакаш С.Ф.Мирзоева ба воситаи телефон гап зад? Барои чи муфаттиш тафтишотро ба охир нарасонда, барои гирифтани баъзе анчомхои хона ичозат дод? Бо кадом сабаб рузи аввали ходисаро ба навор нагирифтанд? Чаро хангоми маротибаи якум азназаргузаронии чои ходиса аз тарафи чонишини прокурори шахри Чкалов Ч.Н. Ахмедов кати хобу хонаи хоб «бетартиб » будаасту пас аз даромадани баъзе ашхос, хангоми маротибаи дуюм аз назаргузаронии чои ходиса хона ба тартиб овардаги будаасту танхо кати хоб андаке нохамвор?
Пас аз ходисаи марги Махина, сахарии санаи 20 октябри соли 2007 як занаки ношинос ба хонаи Т.Шакархучаева, ки дар утоки хамшафат зиндаги мекунад, омада аз ходиса пурсон мешавад. Ки буд он занаки ношинос?
Чанде кабл дар бозор расми Махинаро як занаки ношинос бо воситаи телефон аксбардори мекунад. Бо кадом сабаб, акси у бе ризоияташ гирифта шуду максади гирифтани расм чи буд? Дар суд милитсионер И. Абдурахмонов нишондод додааст, ки модари Ф. Акрамов ( хамон милисаи ба кучое гайб зада. Шархи мо) дар бозор ба тичорат машгул будааст.Гуфтем боз таъкид менамоем, ки хонаи Бежану Ф. Акрамов дар ру ба руи хамдигар чойгир асту тамоми харакатхоро дар долон имкони дидан дорад. Пас, Махина аз ки шикоят мекард?

Экспертхо чи мегуянд

Оид ба ходисаи ба амал омада, якчанд маротиба ташхиси судию тиббию дигар намудхои он гузаронда шудааст. Вале баъзе холатхо номуайян аст. Дар ташхиси судию тиббии кушодани часад тахти раками 109 санаи 20 октябри соли 2007 гузаронидашуда, ки онро муфаттиши прокуратураи шахри Чкалов А.А.Шодиев гузарондааст, дар он ному насаби ташхисгарон Ш.Ш.Гозиев ва А. Мухаммадиев навишта шудаасту танхо имзои Ш.Ш.Гозиев меистад. Дар ташхиси судию тиббии иловагии тахти раками 108 санаи 30 октябри соли 2007 гузаронидашуда, ки дар он ному насаби ташхисгарон Ш.Ш.Гозиев ва А. Мухаммадиев навишта шудааст, танхо имзои А. Мухаммадиев меистад. Ин холат аз чи шаходат медихад? Магар ин асос барои шубха намудан ба сохта будани хулосаи тибби нест? Дар мурофиаи суди ба сифати шохид Ш.Ш.Гозиев пурсида шудаасту вай нишондод додааст, ки дар протоколи азназаргузарони чои ходиса ва ташхиси кардаашон имзояшро гузошта будааст. Хамчунин нозири милиса Э.Ф.Аширов гуфтааст, ки имзо гузоштаанд. Пас имзои онхо кучо рафт? А. Мухаммадиев бошад маълумот додаст, ки дар холати набудани имзои яке аз иштирокчиёни ташхис он санад, хилофи талаботи конун асту ягон арзиши конуни надорад.
Дар мурофиаи суди Ш.Гозиев иброз намудааст, ки дар часад аломатхои худовези дида намешуд.Гардани часад бурридаги буд. Вакти бурида шудани гардан мархума дар холати рост истодан ё нишастан будааст.Чунки хун аз боло ба поён чори шудааст.Вакти бурридани гардан чабрдида ба тези намурдааст.Чунки чарохат чои тез чори шудани хунро надоштааст.Одам ба худаш ба он чойхое, ки дасташ мерасад чарохат расонда метавонад.Чарохати гарданро худаш расонда метавонад.
Аз руи гуфтаи ташхисгарон тамоми чарохатхо дар зинда будани мархум расонда шудаанд.Натичаи маргро ташхисгарон аз рафтани хуни зиёд маънидод кардаанд.
Вале дар фикри айбдори чунин хулоса карда шудааст: «Ин чарохатхо вазнин буда, дар вакти зинда будани чабрдида бо истифодаи предмити тегдори бурранда, эхтимол бо корд расонда шудааст.Чарохатхои мазкур аз тарафи худи чабрдида расонда шуданаш аз эхтимол дур буда, бисёр эътимоли аз тарафи шахси дигар расонда шудани ин чарохатхо, хусусан буридани гардан вучуд дорад». Намедонед, ки бо чунин катъият бо кадом асосу далел муфаттиш хулоса мекунад. Дар холе, ки аз тарафи ташхисгарон муайян карда нашудааст, ки бо кадоме аз ин кордхо, ки якеи он асбоби сабзипусткуни мебошад, чарохат расонда шудааст. Дар кадом корд, изи дасти судшуда мавчуд аст, то гуем, ки бо он чарохат расонда шуд?
Дар ташхиси далелхои шайъи, ки тахти раками 14 аз санаи 15 ноябри соли 2007 огоз ёфта, санаи 23 ноябри соли 2007 ба охир расидааст ва онро ташхисгар Д.Д Юсупова
гузарондааст, муфаттиш дар назди мутахассис вазифа гузоштааст, ки тарзи расондани зарари чисмониро, яъне ибтидо ва интихои онро ва бо кадом предмет расонда шудани зарарро муайян намояд. Барои муайян намудан ба ихтиёри ташхисгар ду корди дар хочаги истифодашавандаю як сабзитарошак гузошта мешавад.Ташхисгар аз пусти гардани мархума, ки дар байни он изи чарохат буд, гирифта дар пластини дигар бо кордхои хамчун далели шайъи пешниходшуда, ба тарики санчиш мехарошаду изхоро мукоиса менамояд. Хангоми бо дастхои махсус 8,4-9,8 маротиб калон кардану мукоиса намудани изхо ташхисгар ба хулоса меояд, ки аз ин кордхо чарохат расонда нашудаст.
Дар мурофиаи суди ба сифати шохиди иловаги, ки аммаи Махина аст, пурсида шудааст. Аз руи гуфтааш часадро пеш аз дафн у шустаасту изхои чарохати бадани Махина, ба фикри у бо алмос (лезва) расонда шудаанд. Дар нишондоди ин шохид хам як вачхи дигар таъкид карда мешавад: «Аъзои баданаш дастхояш бо алмос бурридаги буданд. Агар бо корд бурридаги бошад, он кадар махин ва хамвор намешавад».
Дар вакти азназаргузаронии чои ходиса изхои даст гирифта мешаванд, ки он аз тарафи чонишини прокурори шахри Чкалов Ч.Ахмедов дар лифофа махкам карда мешавад. Дар ин лифофа имзои холисон тамоман мавчуд нест ва бо мухр махкам карда нашудааст. Вакти ин лифофа ба парвандаи чинояти хамрох карда шудааст, аллакай ин парванда дар истехсолоти прокуратураи шахри Чкалов набуд.

Бозидани накш дар сахнаи «одамкуши»

Дар фикри айбдоркуни дар сахифаи 11 мехонед: «Мактаби миёнаи дехаи Некноти шахри Панчакентро хатм карда ( Бежан дар назар дошта шудааст) хамон сол, яъне соли 1998 ба факултаи актёрии донишгохи санъати шахри Душанбе дохил шудааст ва якуним сол дар он чо тахсил карда, бинобар вазнинии шароити иктисоди, хонданро тарк карда,ба шахри Маскав ба мардикори рафтаст». Акнун ба хулосаи муфаттиш ахамият дихед: «Аз ин маълум мегардад, ки у ба актёри шавку хаваси калон дорад ва ба накши каси дигар даромада, дар сахна бози карда метавонад..Аз он чумла, дар рузи ходисаи мазкур тавонистааст, ки накши чабрдидаро ичро карда, кушиш кунад, ки хамон вакт куштор нашудаасту хамсараш ба чони худ касд кардааст»…
« Актёри»-и судшавандаю «режиссёри»-и судя.
Парвандаи чиноятиро аъзои коллегияи суди оид ба баррасии парвандахои чиноятии суди вилояти Сугд Ф.Н. Зиёдуллоев мавриди барраси карор додаст.
Хукмро мехонеду ангушти хайрат мегазед. Кисми аввали хукм, агар як чумларо ба эътибор нагирем, аз фикри айбдори руйбардор карда шудааст. Аниктараш аз як компютер нусхабардори кардаанд, Эхтимол далел оранд, ки дар кисми муайянкунии холати чиноят чунин амал кобили кабул аст. Харчанд дар мачлиси суди кисми муайянкунии холати ба амал омада, бояд дар муайян намудани такдири минбаъдаи судшаванда мавкеи махсус дорад. Аммо бо хадафи хеш истифода намудани нишондоди шохидон, тамоман масъалаи дигар аст. Дар сахифаи 7- хукм нишондоди шохид Н. А. Бобочонова оварда шудааст. Мувофики навиштахои хукм, ки гуё номбурда иброз карда аст: «Рузи 19. 10. 2007с тахминан соатхои 19-30, 20-30 дакика бо писараш Манучехр дар хонааш буд ва бо эхтимоли барвакткушта шудани барк тараддуди хоб карданро мекарданд, ки ногахон ду-се маротиба овози «Оча… оча!» гуфта дод задани духтаракеро шунидааст. Ин овозро писараш низ шунида тарсидааст. У бошад писарашро «натарс ягон чанчоли оилави будагист…» гуё ором кардааст. Баъд онхо хоб рафта рузи дигар оиди фавти фочиавии Рузиева Махина аз гуфтахои хамсояхо бохабар шудааст». Ин гуфтахои Н.А Бобочонова айнан аз варакаи 34-35 фикри айбдори, оварда шуд.
Аз руи накли шохид Н.А.Бобочонова барои тагйир додани нишондодаш хангоми тафтишоти пешаки ба прокуратураи вилояти Сугд ариза менависаду аризаи уро барои барраси ба ихтиёри муфаттиш месупорад. Аммо ариза мавриди барраси карор дода намешавад. Хангоми вохурдан Н.А. Бобочонова такрор ба такрор иброз намуд, ки у овозро паз аз хомуш гардидани кувваи барк шунидааст. Мувофики маълумотномаи шуъбаи барктаъминкунии шахри Чкалов хамон бегох баркро соати 22 хомуш кардаанд . Барои чи ин далелро судя нодида мегирад ? Хатто нафари аз илми хукук тамоман бехабар, агар боре дар мурофияи суди ширкат варзида бошад медонад, ки дар мачлиси суди котиб хасту гуфтахои шохидонро менависаду дар протоколи рафти мачлиси суди ва халномаю хукмнома иктибос меоранд. Вале дар инчо бо максади аз пайи тафтишот рафтан, бегунохии судшаванда зери суол карор дода шудааст.
Аз маводхои парванда маълум мешавад, ки нишондоди ду милитсионер дар ходисаи марги Махина мавкеи махсус доранд. Яке аз онхо ба кучое гайб мезанад, нишондоди нафари дигар Абдурахмонов И. бояд накши халкунанда, яъне такдирсоз ё такдирсузро бояд бошаду адолати судиро таъмин намояд.
Намедонем дар мурофиаи суди И Абдурахмонов чи гуфту ба суолхои иштирокчиёни мурофиа чи посух дод. Вале муайян аст, ки барои суд кардани Бежан Кудратов хам тафтишоту хам суд аз он мохирона истифода бурдаанд. Дар фикри айбдори нишондоди И.Абдурахмонов аз сахифаи 30 огоз ёфта, то сахифаи 32 оварда шудааст. Магар боре дидаеду шунидаед, ки нафаре нишондоди 5-6 мох пеш додаашро, айнан бо хамон калимахою хамон тарзи баён ифода кунад. Хастанд шахсоне, ки кувваи хофизиашон бакувват асту ходисаро айнан накл карда метавонанд ва хатман тарзи баёну истифодаи калимахо дигар мешавад. Дар хукми кабул намудаи судя Зиёдуллоев нишондоди И. Абдурахмонов хамон тарзе, ки дар фикри айбдори оварда шудааст, нишон дода мешавад. Маълум аст, ки аз як компютер руйбардор кардаанд. Вале номуайян аст, ки он руз мурофиаии суди доир гардидааст ё тасдики идомаи мантикии фикри айбдори. Дар мавриди истифодаи нишондоди И. Абдурахмонов судя фаромуш кардааст, ки дар дохили нишондоди шохид хулосаи муфаттиш С. Шарипов низ мавчуд мебошад. Он хам айнан оварда шудааст. Таваччух намоед: «Дуруггуии навбатии Кудратов Б. дар амал маълум гардид, ки баъд аз соати 16.00 аз хонааш аввал рост ба магозаи дар бозор будааш ва баъд аз он чо ба шахри Кайроккум барои шинонидани дари охани ба хучраи духтур Рузиев И. рафтаасту аз он чо ба хонааш соатхои тахминан 18.30 дакика гашта омада истода, дар рох ба хамсояаш Тиллоев , ки туй дошт рубару шуда, бо таклифи у оиди ба маъракаи охирин ташриф овардан рози шуда хостааст, ки баъд аз ба хучрааш даромада либосхояшро иваз кардан, аз он чо баромада ба туи хамсояаш равад. Аммо бо милитсионерон Абдурахмонов И. ва Акрамов Ф. рубару шудааст».

«Гунох»-и дигари Бежан

Чизи дигаре, ки Бежан Кудратовро гунахкор медонанд ин рафтори у тибки моддаи 286 КЧ ЧТ (муомилоти гайриконуни бо асъори хоричи) мебошад. Ин айбро ба у, пас аз парвандаи чинояти ба истехсолоти прокуратураи вилояти Сугд гузаштанаш муфаттиш С.Шарипов эълон мекунад. Гуё вай мохи декабри соли 2003 бо асъори хоричи хонаеро харида бошад. Гайр аз он бо максади харидани як хонаи дигар тахминан моххои апрел- майи соли 2004 бо асъори хоричи муомила кардааст. Соли 2006 бошад бо хохиши апааш хонаи уро бо асъори хоричи фурухтааст. То он даме, ки ходисаи марги Махина ба амал наомад, ба гушаи хотири касе ин масъала намерасад. Вале ачибаш он аст, ки оид ба ходисаи марг парванда огоз кардаву Бежан ба хабс гирифта мешаваду дар фикри айбдори собит намудани айбдории махкумшударо аз хамин чиз огоз мекунанд. Харчанд дар тамоми санадхо, шартномахои хариду фуруш кайд карда мешавад, ки муомила бо пули милли сурат гирифтааст, касе инро ба инобат намегирад. Хатто як хонаро Бежан барои апааш хамчун ёрдамчи харидааст. Чунки маблаги шавхари апааш будаасту хона ба номи Х. Холиков хариду фуруш шудааст. Лахзаи сеюми ин «чиноят» хам ба Бежан ягон алокаманди надорад. Чунки хонаро апааш мефурушаду вай ёри мерасонад. Фарз кардем, ки Бежан бо асъори хоричи муомила кард. Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи авф», ки аз 20 июни соли 2007 кабул карда шуд, нисбати тамоми шахрвандон бояд амали карда шавад. Яъне, гунохе, ки то ин давра содир кардаанд, аз тарафи Президенти Чумхурии Точикистон авф карда шуд. Гайр аз он тибки талаботи конунгузори конун амали бозгашт надорад.Аммо дар мавриди гунахкор намудани Бежан Кудратову уро паси панчара кашидан хама чизро раво медонанд. Барои чи ин конунро нисбат ба Бежан тадбик накарданд? Охир, бори дигар таъкид менамоем, дар холати пурра тасдик шудани гунохаш бо нишондоди ин модда, мебоист Бежанро дар асоси конуни авф, на ин ки ба чавобгари, балки аз чавобгари озод мекарданд. Аммо…

Хукм

«Кудратов Бежан Абдуалиевич бо моддахои 268 к банди «а» ва 104 кисми 2 бандхои «в, е» КЧ Чумхурии Точикистон гунахкор дониста шавад.
Ба Кудратов Б. А. бо моддаи 286 кисми 3 банди «а» КЧ Чумхурии Точикистон чазо дар намуди махрум сохтан аз озоди ба мухлати 8 (хашт)- сол бо мусодираи амвол таъин карда шавад.
Бо моддаи 104 кисми 2 банди «в, е» КЧ Чумхурии Точикистон чазо дар намуди махрум сохтан аз озоди ба мухлати 18 (хаждах) сол бо мусодираи амвол боа дои он дар калонияи ислохии дорои низомаш сахт таъин карда шавад.
Мувофики моддаи 67 кисми3 КЧ Чумхурии Точикистон аз руи мачмуи чиноятхо бо рохи кисман зам кардани чазохои таъиншуда чазои нихои нисбати Кудратов Бкжан Абдуалиевич бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати 20 (бист) сол»

Суди оли

Аз болои халномаи суди коллегияи касатсиони оид ба баррасии парвандахои чиноятии Суди вилояти Сугд химоячиёни махкумшуда ва худи судшуда ба коллегияи касатсиони оид ба баррасии парвандахои чиноятии суди Олии Чумхурии Точикистон аризаи касатсиони менависанд. Дар ин зина парвандаро судяхои суди Оли дар хайати раисикунанда Х.С.Холова судяхои суди оли Н.А. Расулов ва Б.Р. Муродов мавриди барраси карор дода, хукми суди зинаи аввалро бетагйир мемонанд. Махкумшуда ба тарики назорати ариза менависаду парванда барои барраси намудан ба суди мархилаи назорати пешниход карда намешавад. Ачибаш он аст, ки дар аризаашон адвокатхо, судшуда ва падари у вачх меоранд, ки хангоми ба амал омадани ходисаи марги Махина Бежан умуман дар чои ходиса набуд. Аз суди Оли посух мегиранд, ки аз руи баёноти милиса И. Абдурахмонов маълум мешавад, ки марги Махина то омадани милисахо, яъне соати 19 фаро расидаасту Бежан дар чои ходиса будаст. Чунки ба талаби онхо барои дидани хамсараш Махина чавоби рад додааст. Дар ин чо хам чун дастгирак аз баёноти яке аз иштирокчиёни асосии ин казия И. Абдурахмонов, ки ба чи гунагии рафти ходиса манфиатдор буд, мегиранду пеши назар намеоранд, ки ин нишондод умуман ба замони ходиса мувофикат намекунад. Маълум мегардад, ки дар Суди Оли хам ба таври чидди ин масъаларо мавриди барраси карор надодаанд.

Чаро айбдоркунандаи чамъияти?

Дар хукми суди зинаи аввал кайд карда мешавад, ки яке аз иштирокчиёни мурофиа айбдоркунандаи чамъияти Ф. Вохидова мебошад.Гуфтанд, ки дар рафти тафтишоти пешаки низ Ф. Вохидова иштирок кардааст.Намедонистем, ки дар кадом асос хангоми тафтишот шахси бегонаро рох додаанд. Ба гуфти яке аз адвокатхо оид ба дар рафти тафтишот иштирок намудани Ф. Вохидова карори муфаттиш будааст.Мо ба парвандаи чинояти шинос нашудем. Аз ин лихоз аник гуфта наметавонем, ки дар хакикат чунин карор хаст ё не.Вале як чиз тааччубовар аст, ки чаро дар рафти тафтишот айбдоркунандаи чамъияти рох дода шудааст.

Дуруггую дуругросткун

Накл мекунанд, ки дар як замоне, дар як маконе як дуруггу будаасту як дуругросткун. Корашон якчоя равнак доштааст. Рузе гапашон мегурезаду дуругросткун кахр мекунад. Дуруггуй ба назди шох рафта мегуяд:
-Шохам, як бузи кухиро чунон ба нишон гирифта паррондам, ки аз кафшакаш даромада, аз шохаш баромад.
Шох дар газаб шуда мепурсад, ки
-Ой, аблах! Чи хел тири ту аз кафшаки оху даромада, аз шохаш мебаромадааст.
Дуруггуй лол мешаваду ноилоч назди дусти дуругросткунаш рафта, зорию тавалло мекунад, ки агар ба назди шох даромада сухани уро исбот накунад, кораш тамом. Дуругросткун ба назди шох омада, таъзим карда мегуяд:
-Шохам ин рост мегуяд. Вакте ки бузи кухи бо кафшаки пояш шохашро мехорид ин ба нишон гирифта тир андохту тираш аз кафшаки оху гузашта аз шохаш баромад…
Ин накл хох афсона бошад, хох ривоят ва хох хакикат ба касе нисбат намедихем. Танхо дар хаёти вокеи ба ходисахое вохурдан мумкин аст, ки як макомот бе дигараш, агар созиш надошта бошанд, миси корашон мебарояд.
Бехтараш ба идомаи мавзуъ шуруъ мекунем.Ба фикрам дар бораи аксар лахзахое, ки барои чинояткор будан ё ба таври тасодуфи махкум шудани Бежан накл кардем. Танхо бисёр лахзаю далелхои дигар хастанд, ки гуфтанашон ба ваколати мо дохил намешавад. Аниктараш онро фош кардан холо барвакт аст.
Харчанд дар ин мавзуи хеле тулкашида, дар бораи лахзахои чудогона ибрози назар карда бошем хам, бори дигар таъкид менамоем, ки замони ба амал омадани ходисаро муфаттиш С. Шарипов ва судя Ф.Зиёдуллоев байни соатхои 18.30-20.30 муайян кардаанд.Аммо дар карори кабулнамуда оид ба хабси пешаки гирифтани Бежан Кудратов, аз 1 ноябри соли 2007 гуфта мешавад, ки Махина Рузиева ба муомилаи берахмона ва пастзанандаи кадру кимати худ тоб наоварда, хамон руз тахминан дар соати 21 ба воситаи асбоби тез ба гулу ва гарданаш чарохатхои чисмони расонда худро халок кард.
Нишондодхои милитсинер И. Абдурахмонов бо махкумшуда такрибан як соат фарк мекунанд. И. Абдурахмонов мегуяд, ки мо тахминан соати 19-19.20 ба назди хонаи Бежан омадем. Вакти ру ба ру шуданашон Бежан бо касе телефон кардани будааст.Баъдтар Бежан дар рох , хангоми ба суи ШКД рафтанашон занг задаст. Бежан дар ШКД аз соати 19.30 то соати 19.45 дакика хузур доштааст.Дар он чо дигар милисахо будаанд.
Судшуда Бежан Кудратов нишондод додаст, ки такрибан соати 20-20.10 бо милисахо вохурда, тахминан соати 20.30 дакика ба ШКД рафта мерасанд. Аз он чо такрибан соати 20.45 дакика ба суи хонааш баргашта, тахминан соати 21 ба хонааш меояд.
Мутаасифона, на муфаттишу на судя ин нишондодхоро бо дигар далелхо мукоиса намекунанд.Харчанд барои муайян намудан имкониятхои зиёд доштанд.Танхо нишондоди ду нафарро ба таблограмма мукоиса намудан кифоя буд, ки гуфтаи кадоме аз онхо хак буданашро пурра собит намои.Вале танхо мавкеи айбдоркуниро пеша намуда, чунин нишондод тахлил карда намешавад.Дар арафаи тафтишоти пешаки муайян кардаанд, ки Бежан соати 18.52 ва 19.36 аз телефони хонааш ба раками телефони апааш занг задаст.Вале И. Абдурахмонов мегуяд, ки хамрохи у Бежан то соати 19.45 дакика дар ШКД будааст.Пас пурсида мешавад, ки агар Бежан дар милисахона буд, чи хел дар он соат аз телефони хонагиаш занг зад? Хамчунин судя ба ин нишондодхо, гуфтаи ягон шохиди дигарро дар мавриди замони ба амал омадани ходисаю дар кучо будани судшаванда мукоиса накардааст.
Аз маводхои дар даст доштаамон, дар боло хам ишора намудем, вакти марги Махинаро ду хел нишон медиханд. Аввалааш ба хакикат рост намеояд. Чунки дар ин вакт зинда будани Махинаро хамсояхо ва дигар далелхо собит месозанд. Холати дуюми марги Махина байни соати 20- то 21 мебошад. Аз руи нишондоди Бежан ва гуфтахои шохидону мукоиса бо таблограмма маълум мегардад, ки дар ин вакт Бежан дар хонааш набудааст.
Чизи дигар. Барои ба марг расондан ягон асоси муайян лозим аст. Аз нишондоди судшудаю ба таври дигар гуем сабаби чанчол-Мадина Ибодуллоева маълум мегардад, ки оид ба маблаг он бегох ягон сухане нагуфтаанд.Дар хукм хулоса карда мешавад, ки Бежан пас аз занги М.Ибодуллоева, яъне пас аз соати 19.55 дакика бо хамсараш чанчол карда, ба у бо корд хамла намуда, гарданашро буррид.Аммо ин далели судя бо ягон чиз исбот карда нашудааст.Чунки хамаи инро шохид М. Ибодуллоева рад кардааст.Дар бораи дигар далелхои барои гунахкории Бежан оварда, хаминро гуфтан чоиз аст, ки сохтакории махз асту халос. Барои чи то ба ШКД рафта омадани Бежанро ба таври такрори санчидаанду шунидан ё нашунидани садои «оча»-гуиро аз тарафи Н.Бобочонова мавриди тахкик карор надоданд? Чунки агар месанчиданд, на ба манфиати тафтишот буду на ба манфиати судя.Гайр аз он дар мурофиаи судию дар тамоми нишондодхояш Н. Бобочонова мегуяд, ки овозро пас аз хомуш шудани кувваи барк шунидааст.Пас барои чи аз маълумотномаи идораи барки шахри Чкалов ба назар гирифта намешавад? Чун ки агар он маълумотномаро ба эътибор мегирифтан, худ аз худ нишондоди шохидон дар мавриди бегунохии Бежан тасдик мегардид.
Дар тамоми тачрибаи судию тафтишоти хангоми печидагии чиноятхо ба хулосаи мутахассисон руй оварда, ба холати кор бахо медиханд.Дар ин ходиса хам якчанд мутахассис чалб карда шуда, онхо фикри худро иброз намудаанд.Дар бораи чигунагии санадхои омода намудаи мутахассисон чизе намегуем. Зеро ки дар боло ёдрас шудем. Танхо лозим донистем, ки чанд суоли ба мутахассис аз тарафи тафтишот гузошташудаю чавоби мутахассиси ташхисгарро ин чо таъкид намоем.Масалан чунин суол гузошта шудааст: « Оё мархума метавонист, пас аз гирифтани чарохатхо харакат кунад, дод занад, одамонро ба ёри даъват кунад?»Чавоби ташхисгар: « Бо чарохатхое, ки дар танаи мархума мавчуданд, у метавонист дар хона харакат кунад, дод занад, одамонро ба ёри даъват кунад». Савол: «Оё ин чарохатхо дар вакти зинда будани чабрдида расонида шудаанд, ё баъд аз маргаш». Чавоб: «Хамаи чарохатхо дар вакти зинда будани чабрдида расонда шудаанд, зеро аз онхо баромадани хуни зиёд ба назар мерасад». Савол: « Оё дар бадани мархума ягон аломати худмухофизаткуни дида мешавад?» Чавоб: «Дар бадани мархума ягон чарохати чои латхурда, ки дар натичаи худмухофизаткуни, ба вучуд омаданаш мумкин аст, вучуд надорад».
Акнун ин саволу чавобро ба холати вокеии кор мукоиса мекунем.Аз маводхои ташхиси ва протоколхои азназаргузаронии чои ходиса маълум мегардад, ки дар 17 дона гугирдчуби бо онхо пулхоро сузода, изи дасти хунолуд боки мондааст. Хамчунин дар пулхо хам, кисмаш сухтаю кисми дигараш носухта изхои дасти хунолуд мушохида шудаанд.Дар чои сузондагии пулхо дар руи гилему дар фарши хона 10-15 чакра хун чакидааст. Дар ванна, ошхона, дахлез, хонаи хоб чакрахои хунро мушохида кардаанд. Дар дастгираки дари яхдон, плиткаи барки хам изи дасти хунолуд мушохида шудааст. Пас ин изхо кай пайдо шуданд? Пеш аз марг ё пас аз марг?
Дар хукм таъкид мешавад, ки Бежан бо корд хамла карда, гардани Махинаро буррид. Аммо дар асоси ташхиси судию тибби маълум мегардад, ки дар гардани Махина ду чарохати буридаи кисми пеши гардан мушохида мешавад.Ин чарохатхоро мутахассисон «ссадына»,яъне харошидаги номидаанд. Судя фикр накардааст, ки чи хел бо корд чарохат мерасонию он монанд ба харошидаги мешавад?
Гайр аз он дар хукм гуфта мешавад, ки гуё Махина ба сузондани пулхо машгул шуду аз он кахри Бежан омада, бо корд ба мархума хучум кард.Агар вокеан ходиса чунин мебуду дар зинда буданаш, хангоми пулхоро сузондани шудан чарохат расонда мешуд, изи хунолуди дар пулхо аз кучо пайдо шуд?
Чарохатхои дар часад бударо ба назар гирифта,тафтишот дар назди ташхисгарон чунин суол мегузорад: « Чарохатхои дар гулу ва дасти чапи мархума чи тавр метавонистанд, пайдо шаванд?» Чавоб: «Ин чарохатхо метавонистанд бо дастони худи чабрдида, хам дар гулу ва хам дар дастхо расонда шуда бошанд. Аз руи баъзе тадкикотхо ин гуна чарохатхоро метавонад, шахси дигар низ расонад».Савол: « Чаро хам харошидагихои(ссадына) гулу ва хам кисми пеши дасти чап ба мисли хатхои параллели аз як самт буррида шудаанд? Чавоб: « Ба хам параллел будани чарохатхо як хел буррида шудани онхо, самти якхела буриш доштани онхо ба он далолат мекунад, ки ин чарохатхо бо дастони худи чабрдида бурида шудаанд».
Дар хукм бошад, оварда мешавад, ки чун Бежан фахмид, ки натичаи зарбаи бо корд расондааш марг аст,бо максади гумрох намудани кормандони макомоти хивзи хукук дастхои Махинаро буррид. Оид ба лахзаи доркаши хам чунин тахминкуни мушохида мешавад.Гуё ба хамаи ин каноат накарда,танаи нимчонро ба халтаи муштзани овезон карда бошад, ки гумон кунанд то ба доркаши Махина якчанд харакати бехуда кардааст. Магар бо сохтани сахнаи доркаши чарохати гарданро пинхон карда мешавад? Вокеан, агар ин сахнаро Бежан сохта бошад, пас чанд чакраи хун дар баландаи 2,5 метр дар банди бастаи халтаи муштзани аз кучо пайдо шуд? Барои чи дар зери халтаи муштзани чакрахои хун пайдо нашуданд? Агар дастони Махина бо максади ба гумрохи андохтани макомоти тафтишоти буррида шуда бошанд, пас чаро донахои гугирдчубу пулхо хунолуданд? Он изи хун аз кист? Таъкид мекунем, ки мувофики хулосаи ташхисгарон ягон чои Бежан буррида нашуда буду хатто аз зери нохунхояш хам ягон нишонаи хун мушохида нагардидааст.
То чое имкон доштем дар боло аз харакатхои тафтишотию суди изхори акида намудем. Дар хама чо аз нишондодхои хархелаи судшуда харф мезананду ягон вачхи мушаххас нисбат ба ин ходиса оварда намешавад, ки хархела будани нишондоди Бежанро собит намояд.Дар баъзе холатхо махкумшударо ба дуруггуи муттахам намуда,худашон дуруг мегуянд.Нисбат ба ин масъала хам аз фикри айбдориву хаи аз хукм далелхои зиёд овардан мумкин аст. Вале бо овардани як мисол конеъ мешавем.Дар хукм хулоса мешавад, аниктараш дуруггуии Бежанро собит кардани мешаванд, ки дар байни соатхои 18.30- ва 20.30 дар назди хонаи Бежан бинобар туй буданаш одамони зиёде хузур доштанду каси бегона наметавонист кушторро содир кунад.Пас нишондоди И. Абдурахмонов, ки судя барои таквияти тахминаш аз фикри айбдори айнан руйбардор кардааст, чи мешавад? И. Абдурахмонов мегуфт, ки соати 19-19.20 дакика ба назди хонаи Бежан омада буданду 4-5 дакика дар берун бо Бежан сухбат карданд. Пас чаро онхоро ягон кас надид?
Хамин кадар судя барои исбот намудани гунохи судшаванда дар ходисаи марг вачх наорад, хамон кадар хангоми ходиса хузур надоштани Бежан аниктар мешавад. А. Тиллоев сохиби туй шаходат додааст, ки то соати 19.30 дакика у дар берун меистодаасту одамон бисёр будаанд ва у хурок мекашидааст. Барои чи у ва дигарон омадани милисахоро надиданд?
Хар кадар дар бораи ин ходиса сухан ронему далел орем.хамон кадар суолхо зиёд мешаванду аз он дарак медиханд, ки барои афсонабофию тахминкуни ва хукми 20 сола нафаре истодаасту бехабараст, ки аз хукми Худо чои гурез нест. Имруз не, пагох ин хукм гиребони уро мегирад.
Хукм гуфтаму суханони Бежан, ки шароити зиндон, аллакай рангашро заъфарон кардааст, пеши назарам омаданд.Бежан накл кард, ки холааш модари мархум хамсараш Махина хануз баррасии парванда ба охир нарасида гуфта будааст, ки бачем ба такдират тан дех. Инхо туро 20 сол зиндони мекунанд.
Инро гуфту «наход, ман бист сол»… гуён ба ман нигариста, боз илова кард:
-Умедам ба Шумо….
-Ба у посух додам, ки ба умеди Худо шав, Худованд туро аз зиндон рахо мекунад.
Бале, ман бо катъият гуфтам, ки Худованд туро озод мекунад. Чунки сояи Худо дар сарзамини Точикистон Эмомали Рахмонро дар назар доштам…

Чумъаи Толиб,
Душанбе-Чкалов-Душанбе

Шохиди ВКД аз он дунё наомад


Хануз дар давраи шурави як навъ муд буд, ки дар зери оинаи кафои мошинхои сабукрави шахси кулох (шабка)-и корманди милисаро мегузоштанд. Ин рафтор чанд чабха дошту атрофиён нисбати он ба тарзи худ муносибат мекарданд. Ба хар навъе, ки набошад, чунин амал бартари доштанро нишон медод. Хусусан, хангоми харакати наклиёт дар рох. Ронандахо бо дидани чунин нишона, яъне дар зери оина гузоштани кулохи милисаги, хатто аз он наклиёт пеш намегузаштанд. Чунки нисбати он як навъ эхтироми хоса мавчуд буд.
Акнун чи? Бисёр вакт аз сабаби надонистани нозукихои вазифа натанхо сазовори эхтиром намегарданд, балки сабабгори коста гардидани обруи як макомот мешаванд.Шохиди ВКД аз он дунё наомад

Дар бораи ба Суди нохияи Исмоили Сомони мурочиат намудани сокини шахри Душанбе Чамшед Факиров барои бекор намудани карор оид ба хукуквайронкунии маъмури, химояи шаъну шараф ва эътибори кори, руёндани зарари моддию маънави ба маблаги 305 хазору 200 сомони каблан хабар дода будем. Баррасии масъала ба судяи Суди нохияи Исмоили Сомони Д. Азизова вогузор шуда буд. Аз огоз то ба анчоми ин бахси суди рафти вокеаро пайгири намуда, хангоми танаффус эълон намудани судя баъзе масъалахои ба парванда алокамандро мавриди омузиш карор додем.
Дар баррасии масъала даъвогару адвокаташ ва намояндагони чавобгар далелхои зиёде пешниход карда, хар тараф хак буданашонро собит кардани мешуданд. Ч. Факиров иброз намуд, ки автомошинаи шахсии маро бо сабаби сиёхшиша буданаш беасос дар давоми соли 2009 кормандони РБДА-и Чумхурии Точикистон ва кормандони ШБДА-и РКД шахри Душанбе чандин маротиба нигох дошта, ба чаримагох бурда, ба ман зарари моддию маънави расониданд. Хол он ки, автомошинааш тамгаи «Тайота-Лексус» РХ 350 (раками давлатияш ЕО 3888 РТ 01, соли баромадаш 2008) дар асоси шиносномаи техникии силсилаи АД № 0233399 аз 27.01.2009 ва ваколатномаи № 15п -78 санаи 9.01.2009 сол дар Идораи давлатии нотариалии нохияи Фирдавсии шахри Душанбе ба кайд гирифта шуда, сиёхшишаи истехсоли саноатист.
Номбурда хамчунин кайд кард, ки санаи 31.03.2009 сол автомашинаашро аз назди тарабхонаи «Сириус» чанд нафар корманди БДА мехоханд ба чаримагох баранд. Ч. Факиров огох гашта, ба навбатдори прокуратураи шахри Душанбе занг мезанад ва бо дахолати навбатдори прокуратура рафтори кормандони БДА пешгири мешавад. Кормандони РБДА дар санаи 1.04.2009 сол маротибаи дуюм автомошини уро боздошт намуда, ба раёсат мебаранд. Ин дафъа бо дастгохи «Тоник» шишахои мошинро месанчанд. Дар натича, маълум менамоянд, ки шишахои бари автомобил 18,6% ва шишахои кафои он 21,5% сиёх карда шудааст. Худи хамон руз санад тартиб дода, дар санад зикр менамоянд, ки автомошинаи мазкур сиёхшиша буда, ба Гости 5727-88 мувофикат намекунад. Аммо баъд аз се соати бахсу мунозира автомобилро ба Ч. Факиров бармегардонанд.
Дар санаи 02.04.2009 сол дар назди «Боги хайвонот» се нафар нозири рох боз автомобили Ч. Факировро боздошт намуда, як соат манъ мекунанду сипас чавоб медиханд. Рузи дигар, яъне 03.04.2009 сол такрибан соатхои 21:00 дар назди «Кохи чавонон», хангоме ки мошин бехаракат меистодааст, онро наворбардори мекунанд.
Вакте Ч. Факиров бо рафиконаш хуроки шом мехурдаасту мошин бехаракат меистодааст, чанд нафар корманди БДА омада, мошинро бурдани мешаванд. Пас аз ин, хуччатхои ронандагии уро гирифта, бе тартиби додани протоколи хукуквайронкунии маъмури ва бе иштироки у автомобилро ба чаримагохи «Гулбутта» бурда, махкам мекунанд. Инчунин, уро огох мекунанд, ки то шишахои мошинро иваз накунад, мошинро барнамегардонанд.
Ч. Факиров дар санаи 05.04.2009 сол шишахои автомобилро ба маблаги 5000 сомони иваз менамояд.
Дар санаи 11.04.2009 дар ШБДА РКД-и шахри Душанбе Ч. Факировро бо протоколи № 0015223 аз 03.04.2009 сол ва карори аз 11.04.2009 сол дар бораи хукуквайронкунии маъмури бо моддаи 330 кисми 1 Кодекси хукуквайрокунии маъмурии Чумхурии Точикистон барои идора кардани автомошинаи сиёхшиша ва руёнидани чарима бо маблаги 200 сомони шинос мекунанду нусхаашро ба у намедиханд. Талаб менамояд, ки чаримаро супорад. Ч.Факиров мачбур мешавад чаримаро супорад. Хангоме ки у чаримаро супорида, барои гирифтани рухсатнома ба ШБДА-и шахри Душанбе меояду квитансияро пешниход мекунад, ба у нусхаи тамоман карори дигар, оид ба чои кораш равон кардани маводи хукуквайронкунии маъмури пешниход мекунанд, ки ба карори аввала умуман мувофикат намекардааст.
Дар мурофиаи суди кайд карда шуд, ки сабаби асосии ба суд мурочиат кардани шахрванд хамин пайгирии доимии кормандони БДА гардидааст. Вакти баррасии бахси суди аз тарафи чавобгарон, яъне ВКД ва Раёсати БДА-ю зерсохторхои он барои тибки нишондоди конун амал намуданашон вачххои зиёд оварда мешуд. Вале хангоми бахс маълум гардид, ки хакикат дар дигар чост.
Масъалаи асосии баррасии суди муайян намудани ду лахза буд. Оё шишахои мошини даъвогар сиёхшишаи саноати буданду ба талаботи ГОСТ чавоб медоданд? Масъалаи дигар ин протоколи оид ба хукуквайронкунии маъмури тартибдода буд.
Ч. Факиров далел меовард, ки мувофики банди 4.2- и Шурои стандартикунонии Евразия тахти раками 5492 аз 4 сентябри соли 2006, ки аз чониби 9 давлат, аз чумла Точикистон ба имзо расидааст, агар нишони нормативи ба хуччатхои асоси ворид карда шуда бошад, мавриди истифода карор мегирад. Гайр аз ин, тибки тагйироти № 3 аз 1 январи соли 2002 ва карори Госстандарт тахти раками 353 аз 27 августи соли 2001 дар банди 2.2.4 омадааст, ки шишаи пеши автомобил 25 фоиз сиёхкардаи саноати, шишахои дари пеш 30 фоиз, шишахои бокимонда бошанд, меъёрикунонда намешаванд. Мувофики моддаи 7- и Конуни Хукумати Чумхурии Точикистон «Дар бораи стандартони» кайд шудаст: «Дар Чумхурии Точикистон стандартхои меъёрии стандартонии категорияхои зерин амал мекунанд: 1. Стандартхои байналхалки (минтакави) 2. Стандартхои байнидавлати -ГОСТ ва гайра».
Дар асоси протоколи санчишии «Точикстандарт» тахти раками 03-09 аз 14 апрели соли 2009 маълум мегардад, ки шишахои мошини шахсии даъвогар Ч. Факиров истехсоли саноати буда, ба меъёрхои ГОСТ 5727-88 мутобикат мекунанд. Вале дар баррасии масъала ба хайати суд нусхаи дигари чунин протоколи санчиши пешниход карда шуд, ки дар санаи 14 апрели соли 2009, яъне дар як руз омода карда шудаасту айнан хамаи санчишгарон дар он имзо гузоштаанд. Танхо як фаркият буд, ки дар ин протокол шишахои мошин ба ГОСТ мувофикат намекард. Бахс дар атрофи ин масъала хеле тул кашид. Вале баромади адвокати тарафи даъвогар ба протоколи маротибаи дуюм ба суд пешниходшуда хати батлон кашид. Чунки дар ин протокол мухри «Точикстандарт» гузошта нашуда буд. Судя Д. Азизова хам такрор ба такрор сабаби мухр нагузоштанашонро аз намояндагони Точикстандарт пурсиду чавоби анике нагуфтанд. Сохта будани протокол аён шуд. Бо дархости даъвогар заводи истехсолкунандаи мошин ба унвони вазири корхои хоричии Чумхурии Точикистон ва раисикунандаи мурофиа мактуб ирсол намуда, хостгори он шудааст, ки мошинхои истехсолмекардаашон дар тамоми дунё бе ягон мамониат истифода мешавад. Дар холати пайдо шудани ягон бахс метавонанд хамчун чонибдори даъвогар баромад кунанд.
Дар санаи 3 апрели соли 2009 тахти раками 0015223 протокол оид ба хукуквайронкунии маъмури омода карда мешавад. Дар протокол чойи вайрон намудани хукуквайронкуни кучаи Чаббор Расулов навишта шудааст. Вале муайян гардид, ки протоколро дар боздоштгохи муваккатии РБДА дар махаллаи «Гулбутта» тартиб додаанд. Тибки конун дар бораи хукуквайронкунии маъмури, мебоист дар иштироки ронанда протоколро тартиб медоданд. Вале бе иштироки даъвогар онро тартиб додан мумкин нест. Протоколи номбаршударо бошад, танхо санаи 11 апрели соли 2009, баъди гузаштани 8 руз «хукуквайронкун»
мегирад. Хангоми тартиб додани протокол иштироки ду нафар шохид шарт аст. Дар худи хамин протокол хам навишта шудааст. «Шохидон (хангоми муоина иштироки онхо хатмист)». Дар протоколи пешниходнамуда ному насаби 2 нафар зикр карда шуда буд. 1. Давлатов К.-нохияи Рудаки, кишлоки Дара. 2. Наботов С. Рудаки, пос Сомониён.
Аз рузи нахустини баргузоршавии мачлиси суди даъвогар Ч. Фвкиров талаб намуд, ки шохидон ба мачлиси суди даъват карда шаванд. Аз чониби намояндаи ваколатдори ВКД Акрамчон Чонов иброз мегардид, ки хатман шохидон даъват карда мешаванд.
Раисикунандаи мурофиа барои хаматарафа муайян намудани холатхои кор ташхиси такрори фармуду мо аз паи омузиш шудем. Гуфтанд, ки дехаи Дара дар худуди чамоати дехоти Чоряккорон вокеъ аст. Ба он чо рафтем. Мувофики маълумотномаи раиси чамоати дехоти номбаршуда тахти раками 1697 аз 3 июни соли 2009, дар худуди чамоат чунин деха мавчуд нест.

Эхсони АБДУЛЛО, БМСТЖ
(Давом дорад)

Рубрики:Uncategorized

«Донишмандони точикро истифода мебарем…»

Назмшиноси ва ё фанни шеър барои хар нафаре, ки мехохад дар рохи шеъру шоири кадам гузорад, илми нихоят зарурист. Зеро, агар шахси пайваста ба шеър сарукор дошта аз коидаву конунмандихо ва нозукихои ин илм пурра огох набошад, наметавонад газал, шеър, хатто як мисраъ ё байти бегалат гуяд. Ба ибораи дигар, дар васл кардани аркони байт, ки худ чузъи асосии илми аруз аст, очиз мемонад.
Дар ин маврид сухбате доштем бо як нафар олими забардасти аруздон — доктори илмхои филологи, профессор Урватулло Тоиров, ки чандин соли умри худро дар омузиши ин илм сарф кардааст.

Урватулло ТОИРОВ:
«Донишмандони точикро истифода мебарем…»

— Устоди азиз, пажухишгарони илми аруз бар ин акидаанд, ки тахкики шеър аз иншои он душвортар аст. Чи сабаб шуд, ки Шумо ба ин илми мушкилписанд руй овардед?
— Хангоми тахсил дар мактаби миёна ба илмхои физикаву математика ва химия шавку завки зиёд доштам. Аммо омадани муаллими забон ва адабиёт Нозимов (зодаи шахри Хучанд) ба мактаби мо — мактаби миёнаи раками 2-и нохияи Файзобод майлу хохиши маро ба адабиёт зиёд кард. Аз синфи 8-ум сар карда, ману Хайруллоху Мухаббат (хардуяшон хамсинфони бандаанд ва мо якчоя соли 2007 китоби «Адабиёти точик барои синфи 7»-ро навиштаем) бисёртар ба омухтани нозукихои адабиёт машгул шудем. Бо рохбарии муаллим Нозимов мо кариб тамоми шеърхои «Киссаи Хиндустон»-и Мирзо Турсунзода, газалхои Саъдию Хофизу Камолро аз ёд намудем.
Баъди хатми мактаб (соли 1960) бе ягон дудилаги ман хуччатхоямро ба факултаи таъриху филология супоридам. Хамон солхо барои дохил шудан 4 имтихон супоридан лозим буд (иншо, забон ва адабиёт — дахони, таърих ва диктант). Аз имтихонхои иншою таърих, забон ва адабиёт бахои аъло ва аз диктант бахои хуб гирифтам, аммо мутаассифона аз комиссияи мандати нагузаштам. Ба деха баргаштан нахостам. Рузона дар сохтмон бетонрез шуда кор мекардам ва шабона дар курси тайёрии донишгох мехондам. Ба мо устод Саид Халимов дарс мегуфтанд. Илохо умрашон дароз бод! Чунин устоди гамхору донишманд хеле кам аст.
Соли 1961 боз дар имтихоноти дохилшави иштирок намудам ва ин дафъа хамаи имтихонхоро бо бахои «аъло» супоридам. Боз маро аз комиссияи мандати нагузарониданд. Ба ректори онвакта — Солех Ашурович Рачабов мурочиат кардам. Он кас хам инсони бошафкат ва хам хукукшиноси хуб буданд. Мохи сентябри соли 1961 маро ба донишгох кабул карданд. (Тафсилоти ин вокеаро дар китоби «Тахкик ва таълими аруз», соли 1994 батафсил баён кардаам).
Имтихони нахустини мо дар курси аввал «Назмшиноси» буд. Ин фанро устод Хусенйзода дарс медоданд. Аз ин имтихон бахои аъло гирифтам ва аз соли 1961 то соли 1988 — соли вафоти устод Шарифчон Хусейнзода нозукихои илми арузро аз устод омухтам. Хамин тарик, ба хотири устод Хусейнзода аз соли 1961 ба омухтани илмхои арузу кофияву бадеъу анвоъи шеър машгулам.
— Дар ин мудат чи натичаи назаррасе ба даст овардед, ки аз он хушхол бошед ва дигарон манфиате бардошта бошанд?
— Тули 42 соли фаъолиятам дар хакикат оид ба илми адаб — аруз, кофия, бадеъ ва анвоъи шеър тадкикот гузаронидам. Сабаби ба илми аруз машгул шуданам як сухани устод Хусейнзода гардид. Соли 1961 мо (Гулназар Келди, Саидали Маъмур ва банда) баъди хатми имтихони нимсола барои дидорбини ба хонаи профессор Хусейнзода рафтем. Дар омади гап устод гуфтанд, ки Гулназару Саидали шояд шоир шаванд, аммо як кас бояд ба илми аруз машгул гардад. Хамин сухани устод ба ман таъсир кард ва аз хамон сол ба омухтани ин илм машгулам. Ба ин хотир, китобхои «Ал- муъчам»-и Шамси Кайси Рози (1991), «Меъёр-ул-ашъор»-и Насириддини Туси (1992), «Фунун ва саноеъи адаби»-и Такии Вахидиёни Комёр (1994), «Бадоеъ-ул-афкор»-и Хусайн Воизи Кошифи (2006), «Чахормакола»-и Низомии Арузии Самарканди (1986 хамрохи профессор Худои Шарифов)-ро ба чоп тайёр кардам. Рочеъ ба илмхои арузу кофияву анвоъи шеър китобхои «Фарханги истилохоти арузи ачам» (1991), «Комуси кофия ва арузи шеъри ачам» (чилди 1, 1993), «Тахкик ва таълими аруз» (1995), «Фарханги истилохоти кофия» (1997), «Офтобе дар миёни сояе» (дар ду кисм 1998), «Анвоъ ва авзони шеъри халкии точики» (2008), «Каломи манзум» (2005), «Назмшиноси» (бо хаммуаллифии профессор Худои Шарифов), «Рохе ба суи гафлат» (2007), «Мавлавии Рум хуб бидонад аруз» (2008) ва гайраро таълиф кардам.
— То чое медонем, панч сол мешавад, ки Шумо махфиле доред бо номи «Тахлили каломи манзум». Хафтае як маротиба ба донишчуён, устодон ва он нафароне, ки аз пайи омухтани ин илм хастанд, бе ягон маблаге дарс мегуед. Хадаф аз ин чист?
— Дар хакикат хамин хел аст. Ман дар Донишгохи милли махфили «Тахлили каломи манзум»-ро ташкил кардам, ки хар хафтае як маротиба гузаронида мешавад. Сабаби омода кардани ин махфил асосан дотсент Мирзо Солех ва профессор Худои Шарифов гардиданд. Дотсент Мирзо Солехов, ки ба банда хакки шогирди дорад, чандин бор хохиш кард, ки як семинари доимоамалкунанда оид ба илми аруз таъсис дихем. Илова бар ин, акидаи ман доир ба таълими адабиёти тамоман дигар аст. Ба акидаи ман, то замоне, ки дар мактабхои миёна илми адаб, яъне аруз, кофия, бадеъ, анвоъи шеър ба таври чидди таълим дода нашавад, аз хатмкунандаи ин мактаб дуруст навиштани иншо, бе галат хондани газалу касидаю маснави ва анвоъи шеърро талаб кардан мумкин нест. Аксари хатмкунандагони мактабхои миёна иншо навишта наметавонанд, зеро ба онхо илми аруз, кофия ва бадеъ таълим дода нашудааст. Каломи манзум меъёр ва андоза дорад. Хамин меъёр ва андоза илми аруз аст. Ба хонандаи мактаб нозукихои ин илмро ёд надода, аз у дуруст навиштани шеърро талаб кардан мумкин нест.
Ман дар ин бора соли 2005 дар хафтаномаи «Омузгор» маколае навишта будам. Хушбахтона, хамон макола дар Вазорати маориф замони вазирии Сафарали Рачабов мухокима карда шуд. Аъзои мушовараи Вазорати маорифи Точикистон ба ман супориш доданд, ки барномаи таълимии «Каломи манзум»-ро тайёр кунам. Чунин барномаро тайёр кардам. Хайати мушовараи Вазорати маорифи Точикистон онро макбул донистанд. Дар асоси ин барнома китоби «Каломи манзум»-ро навиштам ва он соли 2005 бо теъдоди 10 хазор нусха чоп шуда, хамчун замимаи китобхои «Адабиёти точик» барои синфхои 5-11 тавсия гардид. Соли 2005 бо тавсияи вазири маорифи Чумхурии Точикистон, академик Абдучаббор Рахмонов барномаи таълими адабиёти точик аз нав тахия карда шуд. Максад аз тахияи ин барнома дар мактабхои миёна омузондани илмхои адаб буд. Профессор Худои Шарифов ва банда тули як сол «Барномаи таълими адабиёт»-ро барои синфхои 5-11 тахия кардем. Дар ин барнома истилохоти асосии илмхои аруз, кофия, бадеъ ва анвоъи шеър дохил карда шуд, ки аз синфи 5 то синфи 11 бояд онро омузонад. Холо китобхои дарсии адабиёт барои синфхои 7, 10 ва 11 чоп шуданд, ки дар асоси ин барнома таълиф шудаанд. Аз руи шунидаам, китобхои дарсии адабиёт барои синфхои 5, 6, 8 ва 9 рузхои наздик дастраси хонандагон хохад гашт.
Махфиле, ки дар ДМТ ташкил кардаам, дар навбати худ давоми амали кардани хамон нияти хайр аст. Ин махфил муддати панч сол аст, ки дар факултаи филологияи точики ДМТ амал мекунад. Соли аввал аъзои махфил нисбатан кам буд. Холо шумораи онхо ба 80-100 нафар мерасад. Иштирок дар махфил озод аст. Донишчуёни факултахои филология, журналистика, шаркшиноси аъзои доимии ин махфил мебошанд. Илова бар ин, хонандагони синфхои болоии мактабхои миёнаи шахри Душанбе, донишчуёни Донишгохи омузгории Точикистон ба номи С. Айни ва баъзе устодони чавони ин донишгоххо дар махфил иштирок мекунанд. Хадаф аз ташкили ин махфил пеш аз хама таълим додани илми шеър аст. (Ин корро бояд Иттифоки нависандагон бикунад! Мутаассифона, садорати Иттифоки нависандагон дар ин бора фикре хам надорад. Натичаи хамин аст, ки моххои охир бештари китобхои шеър аз чихати вазн, кофия ва анвоъи шеър дар шакли галат таълиф гаштаанд. Хуб, ин масъаларо дар мавриди дигар бояд гуфт, холо мавриди гуфтани он нест).
— Аз нигохи Шумо, сатхи омузиши илми аруз дар донишгоху донишкадахои мо дар давраи пеш аз сохибистиклол шудани Чумхурии Точикистон ва баъд аз он чи гуна аст?
— Таълими илми аруз дар донишгоххои Точикистон бо кушиши профессор Хусейнзода ва доктори илмхои филология Бахром Сирус ба рох монда шуда буд. Профессор Шарифчон Хусейнзода аз солхои 50-ум дар китоби «Адабиёти точик» барои синфхои 8-ум илми арузро дохил кард. Баъдтар домулло Туракул Зехни китоби «Санъати сухан»-ро таълиф кард, ки дар он рочеъ ба илми аруз маълумоти мухтасар дода шуда буд. Китоби Бахроми Сирус «Арузи точики» (1963) барои таълими ин илм хеле муфид буд. Аз донишмандони солхои 60-70-уми асри XX устодон А. Маниёзов, устод А. Давронов ва устод Зухуриддинов барои омузонидани кисми амалии илми аруз хизматхои аразанда кардаанд. Устод Давронов китобхои «Сохти шеъри точики» ва «Вазни ашъори Лохути»-ро навишт, ки дар назмшиносии точик сухани нав буд. Устод Зухуриддинов чанд бахри солим ва фаръиро ба нота (адвор) дароварда, ба донишчуёни Институти санъати Точикистон таълим медод. Чи тавре ки гуфтам, солхои 90-ум аз чониби банда чанд китоб таълиф карда шуд. Холо донишмандону устодони чавоне чун Мухаммадчон Умаров, Мирзо Солехов, Мухриддин Низомов ва дигарон ба омухтани нозукихои илми аруз сахт дилбастаги доранд ва оид ба ин илм китобхо таълиф кардаанд. Аз шоирони имруза Аскар Хаким, Рахмат Назри, Гулназар Келди, Киром Остон ва дигарон илми арузро хеле хуб медонанд ва доир ба назария ва амалияи он асархои илми таълиф кардаанд.
— Донишчуён чи? Онхо шавке нисбати ин илм дар дил доранд? Агар ха, муносибати устодони назмшинос бо онхо чи гуна аст?
— Гузаронидани махфили «Тахлили каломи манзум» нишон дод, ки устодон ва донишчуёни зиёде ба омухтани илми аруз майли беандоза доранд. Шумо устод Мухибовро мешиносед. Ин кас ба ман хакки устоди доранд. Дар чанд соли охир чунон ба илми аруз дил доданд, ки холо дар амалияи аруз на хар кас ба у баробар шуда метавонад. Устод Баравни-номзади илми филология баъди чанд соли иштирок дар ин махфил илми арузро чунон аз худ карданд, ки холо дар Донишгохи омузгории Точикистон аз ин илм дарс мегуянд. Чунин мисолхо хеле зиёданд. Аз хама мухимаш он аст, ки илмхои шеър, арузу кофияу бадеъу анвоъи адабро пайваста ба толибилмон ёд додан лозим.
— Дар оянда чи накшахо доред?
— Пеш аз хама бо розигии Худованд мехохам, ки махфили мо боз хам сернуфуз шавад, майлу хохиши толибилмон ба омузиши илми аруз зиёд гардад. Аз мавриди мусоид истифода бурда, тамоми чавонони лаёкатмандро ба махфил даъват мекунам. Холо рохбарияти факултаи филологияи точик барои махфили мо бехтарин утокро чудо кардааст. Ичрои хар гуна накша ба нияту умед вобастаги дорад. Нияти банда ин аст, ки барои мактабхои миёнаву оли «Комуси кофияву арузу анвоъи шеъру бадеъ» тахия кунам.
Зиёда аз 13 сол аст, ки бо Донишкадаи исломии Точикистон ба номи Имоми Аъзам хамкори дорам ва мо дар он чо бо рохбарии ректори донишкада Абдучалол Ализода ва дигар устодони арзанда тахияи «Энсиклопедияи ислом»-ро сар кардем. Ин энсиклопедия бояд хеле содаю оммафахм бошад. Дар он бояд оддитарин истилохоти исломи (аз кабили руза, намоз, сачда пир, солик, шайх, хач, хочи, истидроч, рукуд, мухаббат, тарикат, истигно ва гайра) чой дода шавад. Ин китоб бояд тавре тахия карда шавад, ки дар он хонанда доир ба тамоми ашхоси исломи ва китобхои дини маълумоти сахех пайдо кунад. Ин кори нихоят душвор аст, аммо ибтидо ва асоси хамаи корхои маърифати хисоб меёбад. Мо кушиш мекунем, ки дар таълифи ин комус тамоми донишмандони Точикистонро истифода барем, зеро Соиб бархак гуфтааст:
Чун субх файзи сухбати равшандилон дамест,
Аммо даме, ки боиси эхёи олам аст.

Сухбаторо Фаридуни УМАРБЕК

Рубрики:Uncategorized

Точикон дар Узбеккишлок ва ё муттахами дар ватани хеш

Ба таваччухи раиси вилояти Сугд Кохир Расулзода

Точикон дар Узбеккишлок
ва ё муттахами дар ватани хеш

— Додар, бовар кун, хеч нафахмидам, ки дар кучо зиндаги карда истодаам! Охир, танхо номи чамоати дехотамон Узбеккишлок аст. Дар асл мо — точикон зиндаги дорем. Гайр аз ин, забони давлатии мо забони точикист. Наход мо дар ватани худ бо забони модариямон ба макомоти давлати мурочиат карда натавонем!

Сухбатамон бо раиси нохияи Чаббор Расулови вилояти Сугд Н. Н. Обидчонов сари масъалаи мурочиати сокинони чамоати Узбеккишлок
хеле тул кашид. Дар рафти сухбат раиси нохия иброз дошт, ки хакикатан арзи мардум чон дорад. Ин масъала дар хукумати вилоят хам мавриди санчиш карор дода шудааст. Аз руи гуфтаи раиси нохия, онхо тамоми тадбирхоро андешида истодаанд, то масъалаи ба миён омада рохи дурусти халли худро ёбад:
— Биёед коре кунем, ки болои сухта намакоб напошем! Айни замон раиси чамоати дехоти Узбеккишлок дар беморхона табобат гирифта истодааст. Аз беморхона ки чавоб шуд, бо у сухбат мекунем… Пас дар асоси талаботи конун чора мебинем,- гуфт раиси нохия.
То сухбат бо раиси нохия азм карда будем, ки ба беморхона рафта, бо раиси чамоати дехоти Узбеккишлок Угулой Амонова хамсухбат мешавем. Баъди вохури аз раъйамон гаштем.
Чаро сокинони чамоати дехоти Узбеккишлок руй ба матбуот оварданд?
Ин чо хочат ба овозаю дарвоза кардани ходиса намемонд, агар то мурочиат ба мо рохи халли масъаларо меёфтанд. Ба рости, ягон кори мушкиле нест. Даъват намудани мачлиси чамоату ба хамааш нуктаи таммат гузоштан. Охир, чамоатхо пойдевори хукуматанд, ки дар махал сиёсати Хукумати Чумхурии Точикистонро тадбик карда, ба танзим меоранд.
— Мо якчанд нафар ба кабули раиси вилоят Кохир Расулзода бо арз рафта будем,- мегуяд яке аз вакилони мурочиаткунандагон Расул Расулов. Раиси вилоят танхо маро кабул намуда, пас аз шунидани арзи мехнаткашон ба хукумати нохия супориш дод, ки масъаларо бетаъхир хал намоянд. Вале то хол ба арзи мо нарасида истодаанд. То ба раиси вилоят мурочиат кардану баъди он якчанд маротиба ба раиси нохия арз карда будем.
Порае аз мурочиати омузгорони мактабхои худуди чамоати дехоти Узбеккишлок, ки ба раиси вилоят ирсол карда шудаасту дар он 52 нафар имзо гузоштаанд:
«Раиси чамоат Угулой Амонова хамчун хизматчии давлати ба чои маслихату рох нишон додан ва расонидани ёрии амали ба ахоли, ки вазифаи асосии у мебошад, хукуку ваколатхояшро пеш гузошта, хар гуна
монеаги ва кашолакорихоро эчод мекунад. Халки одди аз рафтору кирдори у сарсону саргардон ва оворагии беасосу бемантик, доимо дар азоб мебошад. Дар холати талаб кардани шахрвандон аз хукукхои худ
У.Амонова дагали ва дуруштмуомилаги зохир намуда, хамаро дилсард кардааст.
Хилофи конунхои амалкунанда рохи осони чамъоварии андозро пеш гирифта, дар вакти додани маълумотнома, гарчанд мухлати андозсупори нарасида бошад хам, пешпардохти андозро талаб мекунад. Аснодхои чамоат дар бисёр холатхо хато тартиб дода мешаванд.
У. Амонова дар гуфтугу, мачлисхо худро эхтиромкунандаи конун вонамуд мекунад. Дар асл бошад ба чои мардумро фахмондан, пешгири кардани конуншикани, рох нишон додан дар халли ин ё он муаммо хамчун диктатор барои сиёсату гапашро гузаронидан мардумро ба милиса, суд, прократура пешниход мекунад ё бо пешниход кардан метарсонад, ки муносибати талаботи рохбари ё рохбари дилсузу гамхор, ки рохбарии халкро ба ухда дорад, рост намеояд ва бо ин рох мардумро дар атрофаш муттахид карда хам наметавонад».
Дар аризаи дигарашон сокинони чамоати дехоти Узбеккишлок, ки ба он кариб 100 нафар имзо гузоштаанд, норозигияшонро нисбат ба раиси чамоат иброз намуда, барои гузарондани маросимхои туй беасос сокинонро сарсон кардан, ба чои барои камхарч гузарондани туйхо мусоидат намудан, сабабгори харочоти зиёд шуданаш, дар худуди чамоат усули яккасардориро чори намуданаш, дар гузарондани чамъомадхои чамоат талаботи конунро риоя накардану мачлисхоро бо забони узбеки гузаронданаш, ба арзу шикояти мардум сари вакт нарасидану дагали карданаш ва амсоли инхо мурочиат кардаанд. Шахрвандон аз хукумати вилоят хохиш кардаанд, ки бо иштироки онхо мачлисе доир карда шавад.
Аммо дархости мардум пурсида намешавад. Бо нафарони зиёде хамсухбат гардидем. Бисёр лахзахоро накл намуданд, ки чои руи сахифа овардан нест. Раиси чамоат нафарони туйдоштаро мачбур мекардааст, ки рохи дуру дарозро тай намуда, барои аз кайди акди никох гузаштан бо чанд мошин ба бинои чамоат оянд. Дар холе, ки котиби чамоат ё ягон нафари масъул метавонад ба махал рафта, дар хузури хамагон шаходатномаи акди никохро супорад.
Бовар накардем, ки раиси чамоат У. Амонова мачлисхоро ба забони узбеки гузаронад. Харчанд нафаре мегуфт:
— Додар бовар кун, хеч нафахмидам, ки дар кучо зиндаги карда истодаам. Охир, танхо номи чамоати дехоти мо Узбеккишлок аст. Дар асл точикон зиндаги дорем. Гайр аз ин, забони давлатии мо забони точикист. Наход мо дар ватани худ бо забони модариямон ба макомоти давлати мурочиат карда натавонем!
Нусхаи аризаи дигареро пешниход карданд, ки ба раиси нохия Н. Н. Обидчонов фиристода шудааст. Дар он ариза кайд карда мешавад, ки санаи 22 апрели соли равон бо даъвати шифохии масъулони чамоат директорони мактабхою рохбарони маассисахои томактаби дар бинои чамоат чамъ омадаанд. Вохури бо сардорони раёсати сухторхомушкуни ва шабакахои барки нохия будааст. Раиси назорати техникии шабакахои баркдихии нохияи Чаббор Расулов Кодиров ба сухан баромада, бо забони узбеки харф мезанад. Пас аз анчоми суханронии Кодиров, раиси чамоат У. Амонова, ки раиси мачлис будааст, ба иштирокчиён руй оварда, мепурсад: «Ягон суол доред?». Омузгор Одинаев даст боло карда, пешаки маъзарат хоста, аз Кодиров хохиш менамояд, ки гуфтахояшро бо забони точики иброз намояд, то онхо навишта гиранд. Кодиров бори дигар гуфтахояшро бо забони точики такрор мекунад. Ин саволи омузгор ба раиси чамоат хуш намеояду ба ахли мачлис руй оварда, бо суханхои дагал одоби муоширатро вайрон намуда, дастхояшро ба хар тараф авлонч дода, табъи чамъомадагонро норохат мекунад. Ба ин конеъ нагардида, пас аз гусели мехмонон, раиси чамоат омузгорро ба наздаш даъват намуда, бо суханони носазо тахкир мекунад. Муаллим чизе нагуфта, оромона ба мошини кирокаш нишаста, рафтани мешавад. Аз паси муаллим раиси чамоат боз бо тамоми овозаш дод зада, хар гуна дагали мекунад.
Холи точики омузгор, оне, ки мехохад бо забони давлати маълумот гирад, дар ин чамоат чунин аст. Агар ин фишороварии ягона мебуд, мегуфтем, ки сахве рафтааст. Вале боз аз нусхаи мурочиати омузгорони мактаби тахсилоти умумии раками 26, ки ба унвони раиси нохия ирсол кардаанд, ёдовар мешавем. Дар мактаби номбурда санаи 20-уми марти соли 2009 соати 15:00 бо максади тачлили Иди Навруз чамъомади мактабиёнро дар сахни бинои мактаб бо забони точики гузарондани мешаванд. Дар чамъомад хонандагону омузгорон ширкат доштаанд. Дар басти дуюм дарс пурра гузашта будааст. Вале бо дахолати чамоат намегузоранд, ки мактабиён чашни Наврузро истикбол гиранд. Аллакай дар миёни чамъомади наврузи табъи омузгорону хонандагонро хира карда, намегузоранд чамъомадро гузаронанд. Дар ин ариза хам 22 нафар омузгор имзо гузоштаанд.
Танхо аз он далелхое ёдовар шудем, ки хамаги чанд мох пеш ба амал омадаанд. Хамчунин, танхо ба он аризахое такя кардем, ки ба макомоти дахлдор пешниход шудаанду ягон натичаашон нест.
Кист у, ки дар макомоти ичроияи хокимияти давлати фаъолият намуда, хилофи меъёрхои муайяншуда амал накарда, хукуки шахрвандонро поймол мекунад?!
Хабар доданд, ки У. Амонова аз беморхона чавоб шудааст. Хостем бо у тавассути телефон гуфтугу намоем. Аммо натавонистнм. Бинобар ба бисёр масъалахои ба фаъолияти шахсии раиси чамоати дехоти Узбеккишлок У. Амонова таалук дошта ин чо бахс накардем
Намедонам, ба ин навиштахо чи хел нукта гузорам. Суолхои «Оё»-дору пур-пури «Наход» паси хам катор истодаанд. Карор додам ягонтои онро инчо таъкид накунам, ба чуз пурсиши Хазрати Лоик: «Точик андар ватани хеш чаро муттахам аст?»…

Чумъаи ТОЛИБ,
Душанбе — Чаббор Расулов — Душанбе

Рубрики:Uncategorized

ФАРМОНИ НАВУ АФСОНАХОИ КУХНА

8 июня, 2009 1 комментарий

ФАРМОНИ НАВУ АФСОНАХОИ КУХНА

Президенти мамлакат Эмомали Рахмон бо як фармони худ дар истифодаи неруи барк низ танзимро чори кард. Яъне, истифода кардан аз лалампаи камхарчмпахои камхарчи барки, ки гуё аз яктои он дар як сол 31 сомониву 84 дирам ба бучаи хонавода фоида меовардааст. 

Масъулин асос пеш меоранд, ки аз пули бокимонда метавон барои харидани як ё ду китоб ва ё ашёи оддии дарси барои фарзандон сарф кард. Аммо дар холати зарар расонидани он чи кадар маблаг сарф мешавад, касе аз ин намеандешад. Дар мавриди зарари лампахо бошад, чои дигар сухан хохем гуфт.  

Бояд гуфт, ин фармон аз таърихи 24 –уми апрели соли равон кабул гардиду аз сатхи хукумати сар карда то мардуми одди ба хариди ин намуди лампахо машгул шуданд. Чунки рохбарони макомоти маркази ва махаллии хокимияти давлати, ташкилоту муассиса ва корхонахо, сарфи назар аз шакли моликият, бояд то охири соли 2009 ба истифодаи лампахои каммасрафи барки гузаранд.

Албатта, дар чунин холат аз кабули фармони мазкур танхо савдогарони ин намудаи ашё фоидаи бештар мебинанд. Зеро тавре маълум барои танхо як вазорату идора 300-400 дона лампа лозим аст, ки хар як фурушанда дар як руз метавонад аз 200 то 250 дона аз 12-14 сомона ва  аз чарогхои арзонтар, яъне 6 сомониаш то 400 дона фурушад.

Пас, ки гуфта наметавонад, ки  ин идеяи кадоме аз савдогарони чунин навъи чарогхо набошад?!

Хуб, ин танхо андешае сари кабули фармони гузаштан ба фурузандахои каммасраф буд, ки гуфтем.

 

Пешигирии бухрон ва ё ба он гута задан

Тавре дар боло ёдрас шудем, имрузхо корхонаву вазоратхо охирин маблаги дар буча доштаашонро ба харидани чунин лампахо сарф карда истодаанд. Харчанд, маблаги на хамаи онхо ба пурра таъмин намудани идорахояшон ба чунин чарогхо мерасад, вале хама гуё ин фармонро бо ХУШНУДИ дастгири мекунанд. Зеро агар ба хисоби миёна лампахои шашсомона хам харид кунанд, дар як вазоратхона наздики 400 дона лозим аст. Акнун хисоб кунед, ки дар холати гузаштани хама ба чунин лампахо бучаи давлат чи кадар хароб мешавад. Ин хам дар холест, ки агар танхо аз шашсомониаш истифода баранд. 

Хамзамон, аз руи фармони дар боло ёдрасшуда, барои таъмини 241 хазор оилаи камбизоат 16 миллион сомони аз хисоби Хукумати мамлакат чудо карда шудааст. Сохибкорону точирони сохибимкони кишварро даъват намудаанд, ки дар ин кор сахмгузор бошанд ва ба ахолии камбизоат дар харидории фурузандахои каммасраф дасти кумак дароз намоянд.

Худ казоват кунед, рахои аз бухрони иктисоди мечуему боз худро ба гирдоби он тела медихем. Ин кадар маблагхои бучетро сарф намуда, кисаи кадом шахси манфиатдореро пур мекунем? Агар не, наход барои пеши рохи истифодаи сарфачуёнаи энергияро гирифтан, чораи дигаре набуд?!

Масалан, оилахои камбизоат бе ин хам аз хар бори кимат шудани кувваи барк худ истифодаи онро танзим мекарданд. Яъне, хамаги як чарог фурузон мекарданд ва онро хам дар лахзахои даркори. Дигар вакт чарогхои хонахо хамеша хомуш карда мешуданд.

Дар дигар холатхо барзиёд истифода баранд хам, хамеша пулашро месупоранд. Бо истиснои холатхои саркаши, ки онро хам хеч гумон надорам як шахрванди одди содир кунад. Дар чунин холат низ аз чорахои чаримави истифода кардан мумкин аст.

Яъне, агар ба 241 хазор оилаи камбизоат 16 миллион сомони барои як маротиба харидори кардани лампахо даркор бошад, пас, оё онхо дигар корношоям намешаванд? Дар холати хар дафъаи аз кор баромадани онхо, ки оё фоидае ба ин оилахо меорад ё не, аз кадом хисоб харидори кунанд?

Аз ин ру, Хукумати мамлакат мебоист, он 16 млн. сомониро ба яке аз сохтмони неругоххои оби харч мекарду корхои сохтмони дар он тезонда  мешуд. Ё агар фаъолияти марказхои барку гармидихии хонахои баландошёнаро чун пештара хуб ба рох монанд, кувваи барк худаш сарфа мегардад.

 

Лампахои камхарч симоб доранд?

Тавре савдогарони чунин навъи фурузонакхо иброз медоранд, харчанд сифати шашсомониаш пасттар аст, вале чун арзонтар аст мардум аз он бештар харидори мекунанд.

Агар чунин аст, ки кафолат медихад, ки он ба саломатии инсон безарар мебошад? Бар замми ин, рушноияш низ камтар аст. Масалан, агар як донаи онро дар хона монед, базур хонаро равшан мекунад. Пас, ки гуфта метавонд, ки он ба биноии мардум таъсир намерасонад?

Дар баробари ин, бархе мутахассисон ба хулосае омаданд, ки чарогхои камхарч дар таркибашон моддахои кимиёвии зараровар ва хатарнок барои саломатии инсонро дорад.

Масалан, радиёи «Озоди» аз кавли  Владимир Чупров – рахбари барномаи энергетикии созмони “Гринпис” дар Русия овардааст, ки хар яке аз ин чарогхо такрибан 2 ва 3 миллиграм симоб доранд ва дар вокеъ ин микдори зиёд нест ва хатари марговар хам надорад. Вале дар сурати шикастани ин гуна чарогхо пеш аз тарки хона бояд дару тирезахои хонаро барои 15 дакика кушода монд. Дар ин сурат бухори симоб аз уток хорич мешавад.

“Албатта як чарог хатари зиёде надорад, вале агар мардум ба таври оммави ба ин навъи чарогхо ру биёрад ва микдори онхо зиёд шавад, дар ин хол мо муассисаи махсус барои безарар кардани ин гуна чарогхоро надорем. Албатта дар ин холат, мардум чарогхои азкормондаро ба сатили партоб меандозанд ва он партоб дар бехтарин холат ба партобгох меафтад. Вале агар чунин нашавад, эхтимолан чарогхо ба дасти кудакон, кучахо ва ё ба чуй меафтанд ва дар нихоят омехтаи симоб метавонад, инсонхоро олуда созад. Он метавонад, масалан як фард ва ё тамоми наслхои ояндаи уро гирифтори бемории вахшатноки “миномат” ва маъюбу маслук кунад.”- иброз доштааст Чамшед Кодиров мухаррири мачаллаи “Табиат”, нашрияи “Экоцентр”, як созмони мухитизистии Душанбе ба радиёи «Озоди».

Бо вучуди он ки хамин чанбаи масъала, яъне партоби номуносиби чарогхои аз кормондаи каммасраф созмонхои мухитизистиро нигарон кардааст, вале агар пеш аз ин хукумат корхонаи безараргардонии чарогхои каммасрафро ба рох меандохт ва баъд аз паси ташвики мардум ба истифодаи чунин чарогхо мешуд, аз ин икдом хушхол мешуданд,.

 

Фармони наву  афсонахои кухна

Ба монанди фармони гузаштан ба лампахои камхарч, дар сохаи алока, мошинхои чамбаракашон аз ростбудаву сиёхшиша, марказхои савдои пойтахт, манъ кардани харакати «тангем»-хо дар кучахои протоколи ва гайра карору фармонхо низ ба имзо расида буданд. Вале танхо муддати ду-се мох амал карданду халос. Ин хам аз зумраи онхост, ки бо бовари метавон гуфт, ки «умри дароз» намебинад. Зеро аллакай дар бархе вазоратхо ва хонахои мардум онхо корношоям шудаву ба чарогхои пештара баргаштанд.

Магар ин хандаовар нест, ки дар идорахои бонуфузи давлати рохравхояш базур рушои мекунаду хамон хам якто лампаи камхарч дораду якто чарогхои пурхарч?! Вокеан, дар ин маврид ВАО-и хоричи барномахои тахкиромез доштанд, ки ба шаъни як миллату давлат намеарзад.

Аммо агар хохем коргоху хонахои худро рушантар кунем, мачбурем ду-се донаги аз шашсомониаш ё ин ки 12-14 сомониаш насб кунем. Пас, дар ин холат ду 15 як 30 намешавад?!

 

Коррупсияи бештар дар сохаи барк

Тавре хамаруза масъулони сохаи энергетика тахлил мекунанд, бо кабули фармони номбурда, метавон дар як сол талафи микдори неруи баркеро пешгири кард, ки дар неругохи баркию обии Сангтуда хосил мешавад. 

Масалан, муштариёни барк аз хисоби ахоли, ки зиёда аз 1 миллион нафар хонаводаро ташкил медиханд, агар чарогхои тафсандаро, ки неруи баркро зиёд мегиранд, бо чарогхои каммасраф иваз кунанд, гуё дар як сол баробари 3 миллиарду 120 миллион киловат соат неруи барк сарфа мешавад, ки ин баробар аст, ба иктидори солонаи як неругохи барки-оби.

Пас, маълум мегардад, ки боз мардуми одди «курбони» аст. Зеро хам дар кам омадани пули барк ва хам барзиёд сарф шудани барк халк гунахгор!!!  Аз ин ру, боз хам мардуми бечора бояд маблагхои азхудкардаи неруи барк ва миллиард кВт соат неруи барки гайбзадаро чуброн кунад.  

Дар хамин хол набояд фаромуш кард, ки собик директори нерухгохи Норак Махмадулло Курбонов ва муовини у Махмадали Халимов дар азхудкунии маблагхои давлати ба микдори наздик ба 380 хазор доллари ИМА гумонбар дониста шуда буданд.

Ин маблагхое, ки давлати мегуянд аз кадом хисоб аст? Албатта, аз хисоби мардуми бечора. Чунки аз мухлати пардохти пули барк танхо ду-се руз нагузаштаву мавриди тахдидхои кормандони соха карор гирифта, ки «Агар пулро насупоред, баркатонро хомуш мекунем». Хол он ки маблаги барки истифодакардаи худ, чанд мох боз супорида нашудааст.

Зимнан, дар чаласаи Хукумати низ Шарифхон Самиев — раиси ширкати «Барки точик» барои ноухдабарои ва гайб задании наздики 3 млрд. кВт соат неруи барк мавриди интикоди Президент карор гирифта, аз вазифа сабукдуш гардида буд.

Он вакт низ сиёсатшиносон, гуфта буданд, ки хеч бовар надоранд бо тагйир ва ё барканории як-ду нафар вазъият махсусан дар сохаи таъминоти барк ва газ бехбуди ёбад

Хамин тавр хам шуд. Гайричашмдошт Шарифхон Самиевро, ки бо сабаби гайб задани 3 млрд. кВт соат кувваи барк аз вазифа барканор шуда буд, ба хайси директори НБО «Норак» таъин карданд. Чое, ки боз ГАЙБ задани неруи барк осонтар аст. Магар ин худфиреби нест? 

Шахсе, ки дар як чо ин кадар зарар оварда бошад, оё у метавонад чои дигарро обод кунад?!

 

Таъсиси корхонаи лампахои каммасраф

Президенти мамлакат тибки фармони худ дар бораи гузаштан ба истифодаи лампахои камхарч ба Вазорати рушди иктисод ва савдо, Вазорати энергетика ва саноат ва Кумитаи давлатии сармоягузори ва идораи амволи давлатии кишвар супориш додааст то дар давоми солхои 2009 — 2011 бо чалби сармояи дохили ва хоричи ду корхонаи истехсоли лампахои каммасрафи барки созанд.

Шояд хангоми сохтани ин корхонахо чорахои безараргардонии ин лампахо ва сифати онхо андешида шаванд?

Хамчунин, вазорату идорахои дахлдор вазифадор шудаанд, ки барои кам кардани талафоти кувваи барк, гази табии ва об барномаи истифодаи самараноки захирахои энергетикиро барои солхои 2009 — 2015 тахия ва тасдик намояд.

Аммо бо вучуди таргиби харрузаи телевизиону радиохои давлати ва ташвики нашрияхо барои истифода аз чарогхои каммасраф мардуми камбизоат барои харидани чунин чарогхо саросема нестанд. Зеро неруи баркро танхо дар ду-се мохи тобистон мебинанду се фасли солро дар торики мегузаронанд. Ба кавли эшон чароги гароне, ки неруи барк барои фурузон кардани он набошад, даркор нест. 

Умед мекунем, ки ин маротиба бо чунин барномахои «хандаровар» масъулин кишвари моро мавриди масхараи ВАО-ву кишвархои хорич карор намедиханд.

Саида Курбонова, БМCTЖ

Рубрики:Uncategorized

« ОХ»-И СИРКЧИЁНИ ТОЧИКРО КИ МЕШУНАВАД, КИ БА ДОДАШОН МЕРАСАД?

Ба таваччухи Хукумати Чумхурии Точикистон

 

« ОХ»-И СИРКЧИЁНИ ТОЧИКРО КИ МЕШУНАВАД, КИ БА ДОДАШОН МЕРАСАД?

 

Маводхои чанде кабл тавассути ВАО дар бораи Сирки точик нашр гардида хисси таваччухи маро зиёд намуд. Мо хам барои дилхуши омадем. Чунки   сиркро як чои дилхуши медонанду  барои фароѓат ва хандидан меоянд.

Хостем бо хунармандон ва мутахассисони соха сухбат кунем. Вакте ба Ашур Рачабов- рохбари студияи хунархои сирки милли мурочиат намудам, у ба сухбат кардан рози нашуд. Гуфт аз сухбат кардани ту чи фоида? Чи натича медихад? Ин суханхоро  бо алам мегуфт. Кас дар садои дардолудаш як  чизи нихонеро эхсос мекард. Вакте дуюмбора ба у мурочиат намудем, чиптаи намоишро дод ва гуфт:

-Хатман ба намоиш биё. Аввал тамошо кун. Мисли хама не, аз нигохи касби. То азобу машаккати моро дар рафти намоиш дарк накуни, суханхои маро сарфахм  намерави. Бо сухбати хушку холи, бе дидани барнома, намешавад.

Хамин гуфтугузор моро бори дигар ба намоиши Сирк овард. Барандаи барнома ва хунармандон, духтарони торбоз бо либоси милли руи сахна омаданд. Руи тори борик духтаракон мохирона рох мегаштанд.  Дар намоиши «Ромео ва Чулетта» духтарак дар баландии 24-25 метр руи дастони чавон ракс мекард.  Албатта, ин кори сахлу осон нест. Барои ин часорат, иродаи кави лозим аст. Вале вакте ки масхарабоз ба сахна омад, хамрохаш ду сагча дошт, ба андозаи гурбача. Хеле лоѓар. Ѓайр аз ин ман як харча ва се мор дидам. Ман хам мисли дигарон ба холи сагчаву харча хандидан хостам. Дар аввал гумон кардам, ки барои диккати мухлисонро чалб намудан чунин хайвонхои лоѓарро интихоб кардаанд. Вале  баъдтар, аз асли вокеа бохабар шудам.

 Хунармандоне, ки барои сухбат сари як миз чамъ омада буданд, пеш аз он ки ман ба сухан оѓоз кунам, якчанд маротиба пурсиданд:

— Ту аз навиштан наметарси? Барои навиштани асли вокеа чуръат дори? Суханхои моро бетаѓйир менависи? Баъд аз нашри макола, ягон кас онро мавриди мухокима карор медихад? Ба доди мо мерасанд? Охи моро мешунаванд?

Рости, аввал  чизе гуфта натавонистам. Барои он ки аз савол дида зиёдтар оханги дард доштани он пурсишхо  маро мутаассир карда буд. Эхтимол,  нафари ноогох аз дур хис карда натавонад, ки сиркчиён бо кадом мушкилихо вазифаашонро адо намуда истодаанд.

Дар хакикат, холи зоре доранд, хунарманди Сирки точик. Хунарманд дар  пардозхона, ки оддитарин шароити зиндаги нест, бо кудаконаш хоб аст.  Ба хотире онхоро дар ин чо чой додаанд, ки аз сирк нараванд.   Хунармандони Сирк иброз медоранд, ки аз рафтори баъзе шахсон хеле дилмонда шудаанд. Дар чустучуи точики баномусе хастанд, ки меояду ба додашон мерасад.

Ашур Рачабов, рохбари студияи сирк, аълочии фарханги ЧТ мегуяд:

-Хар кас хунарманд шуда наметавонад. Мо фидоиёнем. Фидоиёни сохаи худ. Фидоиёни ватан. Фидоиёни миллати точик. Вокеан, мардуми фидои ду рох дорад. Ё рузе дилаш сахт метападу аз сактаи дил вафот мекунад ва  ё тарки соха менамояд. Сари худро гирифта, ба сахро меравад ва чун Мачнун дар ишки Лайли то рузи  мурданаш дар азоби хунарашу истеъдодаш мегардад. Агар мо фидои набошем ва сохаи худро нигох дошта натавонем, пас мо давлати худро чи гуна нигох медорем? Хамин фидоиёнанд, ки давлат пойдор мемонад.

Дар тамоми олам бинои Сирк мехмонхонаи худро дорад. Сирки точик низ мехмонхонаи худро бо номи «Арена» дошт. Соли 1997 гурухи эчоди пароканда мешавад. «Точиксирк» аз фаъолият мемонад ва мехмонхона аз мувозина(баланс)-и он бароварда мешавад.

Имруз бо сабаби дар ихтиёри худ надоштани хобгохи махсус, рохбарияти муассиса наметавонад Сиркхои дигар кишварро даъват кунад ва дар хамкори карор дошта бошанд.

Бо фармони Вазорати фарханг факат ошёнаи сеюми мехмонхонаи «Фарханг» ба ихтиёри Сирк гузаронида мешавад, то ки хунармандон дар он чой дода шаванд. Лекин ин халли масъала нест. Мехмонхона бояд ба ихтиёри Сирк пурра гузаронида шавад. Дар холе, ки сирк  ягон манбаи даромад надорад ва хатто китъаи замин барои тайёр кардани хуроки хайвонон низ дар ихтиёраш нест, аз хисоби даромади мехмонхона метавонист, барои хайвонхо  хурока харад. Сару либоси сирки омода кунад. Асбобхои лозимиро барои намоиши сирки фармоиш дихад. Дар холе ки асбобхои барои намоиши сирки лозимро аз ягон маѓоза пайдо карда намешавад, он бо рохи эчод ба вучуд меояд, истифода кунад.

Ашур Рачабов мегуяд:

— Мо гурухи нав таъсис дода истодаем. Мепурсанд, ки чаро дигар сиркхо мехмонхона доранду мо не? Барои чи мехмонхонаи моро гирифтанд? Ман хаминро гуфта метавонам, ки он касоне ба ин кор даст заданд хиёнаткори ин соха буданд. Ѓайримуттахасисхо буданд. Ободкуниро сарфахм нарафта, вайрон карда тавонистанд.

Агар мо имруз нисбати хунармандон ѓамхори зохир накунем, хамин чанд нафари бокимонда хам тарки соха мекунанд. Масъалаи дигар ин хеле кам будани маош аст. Шогирдоне ки Сирки точик  тайёр кардааст, дар Арабистон кор карда истодааст, дар Хитой кор мекунад, дар Русия кору фаъолият дорад. Кадри точик, кадри худи. Вале аз сабаби он ки маош дар сатхи паст аст, хунармандон баромада рафтанд.

Ман хамчун мутахассис, он чизеро ки дар дигар сиркхо дидаам, он чизеро ки дар руйи дунё дидам, мегуям, ки ба ин соха дилсузи даркор аст. Чи хеле ки ба осони хобгохи сиркро гирифтанд, хамин хел ба осони баргардонанд. Илова бар ин мо бояд китъаи замин дошта бошем, ки дар он хуроки хайвон кишт кунем Мо миннатдор аз вазири фарханг, чонишини вазир ва Хукумати Чумхурии Точикистон хастем, ки як ошёнаи мехмонхонаи худамонро ба мо баргардонида доданд.

Ба хамаи ин нигох накарда Сирки точик барои пешравии соха кушиш карда истодааст. Ба шароити вазнини кор нигох накарда, хунармандон фаъолият доранд. Ба кадри имкон дар конкурсхои байналмилали иштирок мекунанд.  Вале барои он ки Сиркро хамчун шохаи фарханги милли ба арсаи чахони бардоранд, сохаро ривоч додан зарур аст.

Сирк хамаги 33 нафар корманд дорад, ки дар баробари хафт миллион ахоли ва дар мукоиса бо дигар мамлакатхо ин хеле кам аст. Мутахассисро эхтиром кардан лозим. Махсусан хунармандони сохаи Сиркро, ки дар хакикат дилдодаи касби худ хастанд. Онхо як максад доранд, Сирки точик бояд аз байн наравад, бояд мактаби сирки точик  нест нашавад. Нест шудани Сирк осон аст. Боз як ѓайримутахассис пайдо мешавад, мисли он ки соли 1933 мактаби сиркро бархам доданд, мисли он ки соли 1968 онро бархам доданд,  бархам медиханд. Соли 1935-36 ба ихтиёри Чумхурии Узбекистон доданд, хамаро валангор карданд, дигар ягон кадри махалли тарбия накарданд. Вале барои пойдор мондани он мутахассисро гуш кардан лозим аст. Агар мутахассис набошад, агар мутахассисро гуш накуни, ракета дар осмон парвоз намекунад. Мутахассисро гуш накуни ГЭС бино намешавад. Мутахассисро гуш накуни, хунарманд ба воя намерасад. Хамон мутахассис аст, ки хар як сохаро алохида ва баъдан мамлакатро пеш мебарад. 

Сирк фахмиши байналмиллали дорад, мисли опера , монанди балет. Он  безабон аст. Масалан, дар акрабатика баромад карданро дар хамаи чахон мефахманд, зеро фахмиши байналмиллали аст. 

Тавре хамсухбатам кайд кард:

-Тамошобин аз мо талаб мекунад, ки барои чи шумо хайвони хуб надоред? Чи хел хайвон дошта бошем, ки вакте шиками уро сер карда наметавонем? Ман далел дорам, ки барои як рекордсмен тайёр кардан хар руз 100-120 $ даркор аст. Барои шахси дарача (разряд) дошта 100-120 сомони. Инро ман чи гуна тайёр кунам? Барои студияи Сирк 80 сомони  маош мукаррар кардаанд. Мутахассис онро рохкиро кунад, ба шикамаш сарф кунад, либос пушад, чи кор кунад?!  Акнун тасаввур кунед, ки хунарманди кудакдор чи кор мекунад?!»

Чанд соат дар паси сахнаи тамошои Сирк бо хунармандон будаму бо шароити кори онхо ошно гардида, надонистам ба онхо боз чи гуям. Хайрон мондам, ки  ягон чиз пурсам ё аз наздашон гурезам. Онхо бо як овоз мегуфтанд.

-Касоне ки моро мешунаванд, заррае хуни точики доранд, агар номуси точики доранд, бояд моро дастгири кунанд ва мутахассисро бифахманд.

Агар аз руи вичдон бахо дихем, мо дар холате хастем, ки ба кумак ниёз дорем. Агар мо, ки мутахассис бошему моро нафахманд, пас ба ки арзу доди худро расонем?! Мо ба умеди ягон миллату давлати дигар нестем, ба умеди точики баномусем.

Мо дуст медорам он касеро ки ватанашро дуст медорад.  Нафареро дуст медорем, ки миллати точикро дуст медорад. Он нафареро дуст медорем, ки дилдодаи сохаи худ аст. Меписандем онхоеро ки аккалан, ба дигарон халал намерасонад. Куввати неки надори, бад накун! Ба тарафи мо бади омад, вале неки холо наомадааст. Барои пешравии соха мо харакат карда истодаем ва харакат мекунем, вале ба мо дастгири лозим аст. Мегуянд, ки дунё хамеша дар талаби марди кобил аст. Марди кобилро дар хама чо ба кор кабул мекунанд. Бояд хунарманди сирк хуроки хуб хурад, машки хуб карда тавонад. Агар ба асп зимистон чави хуб надиханд, бахор дар бузкаши намедавад. ..

Айни замон, рохбари студияи хунархои сирки миллиро Ашур Рачабов ба ухда дорад. Пас аз карори Хукумати ЧТ аз 7 сентябри соли 2001, тахти № 431, ки Вазорати фарханги Чумхурро барои эхёи санъати Сирки точик ,бо истифодаи анъанахои милли ва таълими мутахассисони санъати Сиркро ба воситаи таъсиси студияи назди Сирки давлатии Точикистон вазифадор намуд А. Рачабов ба ин вазифа таъин гардид. У соли 2001 аз коллечи сиркию эстрадии шахри Тошканд ба кор даъват карда шуда буд. Дар як муддати кутох бисту панч шогирд дар ин студия жанрхои гуногунро омухта сохиби шаходатномаи тахассуси гардиданд, ки айни замон хунарнамои мекунанд. Дар соли хониши 2008-2009 боз  15 нафар наврасону чавононро ба студия кабул карданд.

Накшахои рохбарияти Сирки точик зиёд аст. Онхо мехоханд аз хонаи кудакон ва мактаб- интернатхои тамоми чумхури наврасону чавонони болаёкатро чамъ намуда, як дастаи пуркуввати хунармандони Сирки миллии точикро тарбия карда, ба воя расонанд.

Зарурат ба миён омадааст, ки дувоздах утоки пардозгари (гирмёрная)-ро  ба синфхона табдил диханд. Солхои 2006-2008 ду барномаи калони сирки дар жанрхои гуногун ба тамошобинои пойтахту вилоятхои Суѓду Хатлону ВМБК ва шахру нохияхои тобеи чумхури пешниход карданд.

Харчанд аз бинои Сирк дур мешудем, хамон кадар суханони пурхаячону дардолуди хунарпешагон ва манзарахои дидаамон моро хамон кадар азият медод. Наход, мо ба кадри санъату санъаткорони худ нарасем. То ба кай оби дари дида хира мешавад. Охир, Сирки точик яке аз шохахои асосии фарханги милли ба хисоб меравад. Барои хамин хам барномаи давлатии рушди ин сохаро хар чи тезтар омода кардан зарур аст. Хуб мебуд агар, тавассути барномахои гранти ин муассисаи фарханги дастгири карда мешуд.

Аз хама масъалаи нигаронкунанда ин дуруст ба рох мондани студияи хунархои Сирки мебошад.

Хамчунин барои ба хоричи кишвар барои тачрибаомузи ва баланд бардоштани малакаи тахассуси сафарбар кардани хунармандон аз манфиат холи нест.

Вокеан, хайвонот, ки яке аз шохахои асосии санъати сирки мебошад, набояд фаромуш шаванд.  Нихоят, масъалаи асоси-чи хеле осонакак мехмонхонаи Сиркро гирифтанд, хамон тавр осонакак супоранд…

Парвонаи Хамдам,

БМСТЖ

 

Рубрики:Uncategorized

«Лондон: созиш нишонаи эътироф нест»

Мусохибаи Абдукаюми Каюмзод бо   Рахматилло Зойиров- раиси Хизби сосиал-демократ ва собик мушовири калони Президенти Тољикистон  

Бо гузашти такрибан ним сол аз анљоми мубохисоти додгохи  миёни ширкати Талко ва  рохбарияти пешини он  ва ширкати Ансол –аз шарикони тиљоратии  собики ин корхона ханузам макоме хозир нест дар ин бора сухбат кунад.Дар ин миён ин корхона моликияти истисноии давлат эълон шуд ва хукумати Тољикистон ахиран изхор дошт,ки то поёни соли љори  хулосаи аудити фаъолияти ин корхона низ ба дастрасии мардум карор хохад гирифт. Зимнан дар гузориши ахири Гурухи байналмилалии пажухиши бухронхо  (ICG) тахти унвони «Тољикистон дар рох ба суи нокоми  ё сукут» аз давлат такозо шудааст, ки шаффофият дар бораи фаъолияти рузмарра ва вазъияти молии корхонахои бузурги давлати,  аз љумла  ширкати Талко  ба мардум маълумот  бидихад.

Аммо харчанд мурофиа дар шахри Лондони Бритониёи Кабир миёни ширкатхои Талко ва Ансол наздики чахор сол идома дошт ва дар поёни соли гузашта бо созиши тарафхо хатм шуд то кунун љомеаи кишвар  огах нест,ки чаро ба як чунин созиш  тарафхо рози  шуданд. Дар сухбати  зер хукукшиноси маъруф, Рахматилло Зойиров назари худро дар ин масъала баён кардааст.

Рахматилло Зойиров:

«Лондон: созиш нишонаи эътироф нест»

— Инчо метавонад сабабхо гуногун бошад. Аммо аз оѓози  мурофиа маълум буд, ки  барои Точикистон натича намедихад. Зеро дар ин мурофиа мавкеи хукумати Точикистон хам аз чониби худи  хукумат ва хам аз чониби хукукшиносоне, ки барои ичрои ин кор чалб шуда буданд, дуруст арзёби  карда нашуд.

Хангоми  мурофиа як масъала пеш омад. Маълум шуд, ки дар аксари  созишнома ва санадхои хамкори  аз як чониб хукумати Точикистон ва аз чониби дигар раиси пешини ин корхона, яъне Тадаз имзо кардаанд. Ва низ маълум шуд, ки дар мурофиа тарафхои байни хам ракиб, ё аз ин чониб  ва ё аз он чониб иштирок доранд. Барои ман мавкеи  як ширкате, ки аз суи ду иштирокчии ин мурофиа -Ансол ва РусАл (50 дарсади  ба онхо тааллук дошт) ташкил шуда, Тадазро бо маводи хом таъмин мекард ва мудири ин созмон намояндаи РусАл буд, бисёр нофахмо буд. Яъне ширкате, ки аз соли 1999 то 2004 Тадазро бо гилхок таъмин мекард. Ва ачобат дар он буд, ки Русал дар оѓози мурофиа аз чониби Талко  иштирок мекард, дар холе, ки коршарики ширкати Ансол буд. Аммо ин сабабхо ба фикри ман  сабабхои аввалиндарача набуданд, ки боиси  дасткашии Талко  аз идомаи мурофиаи додгохи  шуда бошанд. Фикр мекунам дар мурофиа баъзе холатхое ба миён омаданд, ки ошкор шудани онхо ба манфиат намеомад. Ин холатхо имруз барои мо маълум нест.

— Оё чониби Точикистон аз ибтидо намедонист ва ё интизор надошт, ки як чунин холатхо пеш меояд?

— Фикр мекунам аз аввал интизор набуданд. Азбаски бовар доштанд бо далелхое, ки дар даст доранд, мурофиаро ба фоидаи худ  хал мекунанд. Хукукшиносоне, ки ин далелхоро омода карданд, президентро мутмаин сохтанд, ки мурофиаро хоханд бурд. Вале  чараёни мурофиа руз ба руз ва мох ба мох тавре  сурат гирифт, ки ташаббус ба фоидаи ширкати Ансол шуд.

   — Ба фикри шумо оё ин мурофиа ба обру ва имичи Точикистон то кучо таъсир кард?

  Ман фикр мекунам, ки он ба обруи Точикистон зарар овард. Зеро нишон дод, ки далоилро то ба охир насанчидаанд  ва окибатхои онро низ пешбини  накарданд, ки барои  Точикистон зиёнбор  тамом шуд. Аз чихати иктисоди  низ чуноне аз ахбор маълум мешавад, ин мурофиа бо гаронии харочоташ дар таърихи Бритониёи Кабир собика надоштааст. Бубинед, тибки конунхои роич агар хукумат даъво кард, ки 480 миллион доллар дуздида шудааст, барои ба бахси додгохи  кашидани он бояд чониби муддаи  дах дарсади ин маблаѓро хамчун боч биспорад. Аз тарафи дигар, вакте муддаи  даъвои худро пас мегирад, низ хамаи харочоти додгохро у хохад пардохт.     

  — Аммо раиси феълии корхона Садриддин Шарифов дар сухбати матбуотиаш чанде кабл гуфт, ки харочоти мурофиахои додгохии Талко  дар хорича хамаги  58 миллион долларро ташкил додааст, ки аз хисоби худи корхона пардохт шудааст. Шумо то кучо ба ин суханон мувофикед?

 — Тибки маъмул хачми умумии маблаѓи бахс  дар додгох чи кадаре бошад, дар давоми се-чахор соли мурофиа на камтар аз 20 -30 дар сади он маблаѓ харч хохад шуд. Бе ин намешавад. Хам Ансол ва хам Талко  фикр мекунам аз 100 то 150 миллион доллар харч кардаанд ва ин микдори маблаѓро масраф кардани  Талко барои коршиносону хукукшиносон, пушида нест. Зеро дар матбуот чанд бор зикр шуда буд  ва инро инкор кардан нашояд ва то хол инкор хам карда нашудааст. Вакте 480 миллион доллар аз тарафи Ансол дуздида шуда бошад, вакте дар хачми дах дар сади ин маблаѓ  барои оѓози мубохисоти  додгох  пардохт мешавад, вакте давоми 3-4 сол  то си  дар сади маблаѓи умумии даъво масраф ва вакте танхо барои ширкати хукукии Херберт Смит Талко 140 миллион доллар «гонорар» медихад, оё ин ба миллиард доллар намерасад, ки хамааш бар хаво рафтааст?

-Вале инчо суоли дигар пеш меояд, ки дар холе дар ин бора матолиби зиёде дар расонахои хоричи  ва сайтхои интернети  мунташир шуд, аммо масъулони ширкат ба чомеаи кишвар маълумот ироа накарданд. Ба назари Шумо чаро?

   — Дар вокеъ мебоист масъулони ширкати Талко дар ин бора ва дар бораи вокеияти мурофиа ба мардум бевосита маълумот пешниход мекарданд. Он чизе ки дар расонахо ва дар сайтхо дар ин бора мунташир шуд, бо хам зиддият доранд. Аз ин ру, бехтарини рох  ин буд, ки бевосита худи Талко ё  дигар  макомоти давлати, ки ба ин кор машѓул аст, чихати  пурра равшан сохтани  масъала як маълумоти дакик ба мардум пешниход мекарданд.

 — Ва дар идомаи хамон сухбат раиси корхона  гуфтааст, ки «дар таърихи корхона дар ин чор сол идора ва назорати милли  чори  карда шуд. Ва дар идораи корхона ва шарикони он гуруххои чинояткори муташаккил низ даст доштаанд». Чун шумо дар он солхо мушовири президент низ будед, оё ин гапхо то кучо асос доранд?

  — Ман то кучо даст доштани гуруххои чинояткори муташаккил дар кори корхонаро хабар надорам. Акидаи шахсии ман ин аст, ки Абдукодир Эрматов-раиси пешини корхона, он вакт барои ТадАз хидмати арзанда кард. Давоми дах соле, ки у раис буд хамрох бо дигар ширкатхои хоричи  аз чумла бо Ансол, махсусан дар солхои душвори чанги дохили  тавонист фаъолияти корхонаро пеш барад. Бояд эътироф кард, ки рахбари ширкати  Ансол хам, ки шахрванди Точикистон аст барои фаъолияти босамари корхона  сазовор хидмат кардааст.

 Аз чихати хукуки  хаминро метавон таъкид кард, ки заводи алюминий  ба ягон вазорат ва сохтор тобеъ набуд. Вай мустакил буд ва дар асоси созишнома бо хукумат кор мекард. Ман худам дида будам ду созишномаеро, ки байни завод ва хукумат баста шуда буданд.

Яъне бо имзои ин ду нафар созишномахо фаъолияти корхонаро таъйин ва муайян карда буданд. Яъне корхона то соли 2004 низ бевосита зери рохбари  ва назорат карор дошт. Сухбати раиси феълии корхона дар мавриди гуруххои чинояткори муташаккил метавонад ба хукумат низ иртибот гирад. Аз тарафи дигар Эрматов вакили Мачлиси Оли  ва баъдан узви Мачлиси Милли   буд. Фикр мекунам агар сухбати раиси корхона  вокеият аст, пас он гурух байни корхона, Русал, Ансол ва хукумати Точикистон  карор дошта ва  онхо вокифанд, ки ин гурух кист.

   — Чизе дигар хам, ки аз маълумоти расонахо бармеояд ин аст, ки шарикони тичоратии Талко ширкатхое хастанд, ки дар хорича сабти ном шудаанд, вале тааллук ба  атбои Точикистон доранд. Чаро худи корхона мустаким наметавонад худро бо маводи хом таъмин кунад ва махсулоташро бифурушад? Зеро гуфта мешавад даромади ширкатхои миёнарав бамаротиб бештар аз даромади худи корхона аст? Масалан даромади ширкати CDH, ки сохибаш табааи Точикистон будааст…

— Ба назари ман, сабаби асосии вориди ин корхо нашудани корхона дар он аст, ки рохбарони ширкатхои миёнарав аз ин кор манфиат мебинанд. Ин чо манфиатхои шахси  аз дигар манфиатхо боло гузошта шудаст. Агар ки рохбарият ва масъулони  корхона  бихоханд, ки манофеи чомеа болотар гузошта шавад, барои чалби шарикони тичорати  бояд озмун –тендер  эълом мекарданд. Вакте ин ухдадори  ба ихтиёри як ташкилот вогузошта мешавад, ман фикр мекунам, ки дар ин холат сабаби асоси  ин манфиатдор будан бар пояи  даромадхои ширкати миёнарав аст. Тарафайне, ки дар як чунин созишнома имзо кардаанд, ба ин кор манфиатдоранд. Зеро бо такя ба  тачрибаи чахони  дар сурати даромади бештар гирифтани ширкати миёнарав аз худи корхонаи тавлидкунанда,  пеш бурдани фаъолияти сохибкори  як амали ѓайримантики  ва ѓайриимкон аст.

 — Ин корхонаро ифтихори саноати Точикистон мешуморанд, дар холе ки мегуянд танхо аз ширкати Барки точик наздики 100 миллион сомони  карздор аст. Ин хам дар холест, ки барои ин корхона бахои  неруи барк аз ахоли  низ поинтар мукаррар шудааст. Оё то чи хад як чунин корхона метавонад мояи ифтихор бошад ва ё шояд замоне расидааст, ки дар   муносибат бо он тачдиди назар шавад?

  — Имруз  барои Талко неруи барк, ки аз камбуди он ахолии кишвар ранчи зиёд мебинад, хеле арзон дода мешавад, дар холе ки кисми зиёди барки истехсолшавандаро масраф мекунад. Аммо  дар сурати такозои пардохти он аз руи меъёрхои байналмилали  аз ин корхона ягон доллар фоида ба даст намеояд. Агар  ин корхона баркро ба нархе, ки ба дигар корхонахои саноати  мукаррар шудааст бипардозад ва  тавонад, ки харочоту даромадашро хадди акал  сарбасар бикунад, ин худ як муваффакият хисоб мешавад.

  — Аммо Талко барои мисол барои тармим ва тачдиди корхонаи кимиёвии Ёвон ва хамин тавр ТЭС-и ин нохия  беш аз  бист миллион доллар ихтисос додааст ва хамин тавр бар асоси карордод бо Эрон аз ин кишвар мошинхои сабукрави Саманд харидори  кардааст,ки холо дар хадамоти таксии пойтахт истифода мешаванд. Аммо сабаб чи  бошад, ки  пули истифодаи неруи барк ва газро наметавонад бипардозад?

— Вокеан ин як муаммост. Дар холе ки баркро ба ин дарача арзон мегирад,чаро агар ин корхона корхонаи бузург аст, карздор бошад? Ва оё чи тавр мешавад корхонаеро, ки бар ивази торикиву сардии хонахо, боѓчаву кудакистону мактаб ва бемористон фаъол нигах медорем, мояи ифтихор гуфт? Аммо хамчун хукукшинос метавонам бигуям, ки аз чониби хукумат ва «Барки точик» ба ин андоза арзон додани барк ин накзи конун дар бораи ракобат ва кавонини зиддиинхисори  аст.Аз тарафи дигар  то ин дарача вогузории  имтиёз ва нархи арзони барк танхо барои як корхона шубханок ба назар мерасад. Агар корхонаи алюминий  пуркувват ва пуриктидор бошад, сабаб чи аст, ки барои  вай ин имтиёзхоро доданд ва аз пардохти баъзе аз намуди андозхо озод карданд?

— Албатта  макомоти додситони  ва Очонсии назорати молияви  ва мубориза бо фасод  он идда аз мансабдоронеро, ки маблаѓхои бучаро ѓайримаксаднок масраф мекунанд, ошкор ва ба чавобгари  мекашанд. Вале миллионхо  долларе, ки танхо барои вакилони мудофеи Талко дар додгох масраф шуд оё максаднок масраф шуданд? Назари Шумо хамчун хукукшинос дар ин бора чи аст?

— Сабаб дар он аст, ки хам додситони  ва хам Очонси  ба хокимияти ичроия итоат мекунанд.Талко бевосита аз чониби хокимияти ичроия идора карда мешавад.

Ба гумони ман додситони  ва Очонси  бидуни мувофака ва ризоияти  хукумат наметавонанд алайхи нафаре дар хукумат даст ба икдоме бизананд.

— Аз чониби дигар Додситони кулли кишвар дар нишастхои матбуоти  ва  бо нашри макола  дар нашрияхо мегуфт, ки далелхо алайхи Ансол мувассаканд ва аз Интерпол низ боздошти рохбари пешини ин корхона ва Ансол дархост карда шуд. Аммо вакте рохбарияти корхонаи саноатии Талко, яъне як муассисаи давлати, аз даъво даст кашид, додситони  чизе нагуфт, балки эълом кард онхое, ки тахти пайгард карор доштанд, чустучу намешаванд ва дигар гунахкор ба хисоб намераванд…

-Ин  нишонаи он аст, ки мавкеи Точикистон дар мурофиаи додгохи  суст буд. Дигар ин ки дар соли 2004 кори чиноятие, ки зидди Абдукодир Эрматов-раиси пешини ин корхона оѓоз шуд, ба сурати лозим асоснок карда нашуда буд.

Бале, дар умум мегуянд, ки ин сиёсат аст. Аммо натичаи ин сиёсат чи шуд? Аз оѓози мурофиа маълум буд, ки бахси хукумати Точикистон бо Ансол масъалаи хукуки  нест. Ин як масъалаи гурухи  ва сиёси  буд. Гуё дар чахорчуби хукук ва конун хостанд, бахс кунанд вале атрофи ин мурофиа он гуна кувва ва нерухо иштирок карданд, ки онхо аз  доира ва чахорчуби конун дур буданд. Онхо бештар ба тичорат ва савдои манофеи якдигар сарукор доштанд. Дар ин бахс манфиатхо хамчун тарозу монда шуда буданд. Ва окибат аз руи тичорати хамин манфиатхо ва ё савдои манфиат  ба хулосае омаданд, ки ба ин кор нукта бигзоранд, дар асоси созишнома аз мурофиа даст мекашанд, яъне ду тараф аз аризахо даст мекашанд. Ва дар ин асос корхои чинояти  ва парвандаи чинояти  катъ карда мешавад. Агар ин масъаларо ба ду кисм:- хукуки  ва сиёси  таксим намоем, рушан хохад шуд, ки вазни бештар ба кисмати дуввум аст. Ва дар нихоят, хамин кисмати  сиёси  корро ба нафъи худ, яъне бо созиш анчом дод. Ва барои хифзи манофеи худ аз манофеи чомеа ва давлат даст кашида шуд.

— Манзуратон аз хифзи манфиатхо  чи аст?

-Ин чо манзур аз хифзи манфиат он аст, ки натанхо онхое, ки дар дохили кишвар аз ин корхона манфиат доштанд, балки вакте ин масъала дар хорича, дар додгохи беруна матрах шуд, дар он хоричиёне, ки аз берун манфиат доштанд, низ ширкат варзиданд.

— Аммо боз хам он нукта рушани  мехохад, ки он доирахое, ки шумо зикр кардед, чи гуна тавонистанд рохбариятро муттакоид созанд, ки вокеан 480 миллион доллар аз тарафи рохбарияти пешини ин корхона дуздида шудааст ва онро бояд руёнд? Вале боз хам инхо тавонистаанд, ки бояд даъворо аз додгох  пас гирифт?

— Вакте аснодро барои бахси додгох тахия карданд, ба фикри ман ин як амали фармоиши  буд. Ин чо тахияи аснод ва аризаи даъвои  зохири масъала аст.

-Шумо тавре фахмонида истодаед, к и гуё рохбарияти пешини он хеле неруманд ва тавоно буданд…

— Ман фикр мекунам, ки рохбарияти пешин ба он дарача пуриктидор набуд. Лекин хамаи аснод хам барои корхона ва хам барои ширкатхои миёнарав бидуни иродаи ва изни рохбарият ироа  нашудаанд. Раиси  пешини корхона  як механизм барои истифода буд.У чизеро муайян намекард. Куввахои чандин карат бузургтар аз у дар хорича ва дар дохил  буданд. Дар соли 2004 хам зиддиятхо байни манфиатхо ба миён омад. Масалан бо ширкати норвежи  ва ё бо РусАл. Он вакт ки  мавкеъ бо Русал наздик буд, манфиатхои ширкати норвежи  махдуд карда  шуданд. Ва вакте бо Русал хамкорихои манфиатовар буд бо Ансол ва дигар ширкатхо мухолифатхо сар заданд. Ва дар заминаи хамин хамкори  аризаи даъвои  омода шуд, додситони  алайхи Эрматов парвандаи чинои  боз кард ва  уро аз кор гирифтанд. Ва агар он вакт метавонистанд, ки уро хабс  кунанд, Эрматов чи хеле ба забони руси  мегуянд «козёл отпушение» мешуд. Барои он ки зиддияти байни манфиатхо ба у тааллук надошт. Зеро у танхо ичрогар буд.

— Ба назари Шумо корхона оё бо он тарзе, ки имруз фаъолият мекунад то кучо ба рушди иктисоди кишвар судманд аст? Бархе аз коршиносон мегуянд ин корхона, ки дар даврони шурави  бунёд шуда буд, холо бар руи шонахои иктисоди кишвар вазнини  мекунад. Яъне Точикистон дар танхои  наметавонад онро бо неруи барк таъмин кунад чун дар даврони шурави  низоми халкавии таъмини энержи  амал мекард.

 — Ба назари ман, дар ин шакле, ки холо Талко кор мекунад, манфиатовар нест, балки ба иктисоди Точикистон зарар дорад. Сохтани неругохи Роѓун бо пулу карзи беруна, бо пули давлатхои хоричи  талафоти бузург аст. Агар давлати Точикистон бар ин мавкеъ аст, ки метавонад корхонаи алюминийро бо барк таъмин кунад, иштибох мекунад. Албатта бар зарари мардум ва иктисоди  кишвар метавон солхои баъди  низ онро фаъол нигах дошт вале ин кор монеа дар  рушди иктисод ва  чалби сармояи хоричи, боиси  кохиши сатхи зиндаги, пастравии иктисоди ва идомаёбии азоби бебарки  ва аз кор мондани дигар бахшхои иктисод, аз чумла саноат мешавад. Зеро масъалаи камбуд -дефисити барк холо идома дорад. Худи корхона хам ба махзи хамин мушкил  рушд карда наметавонад. Ва дар чунин шароит бехтарин кор ин хохад буд, ки корхона фурухта ва ё ба муддати тулони  ба ичора дода шавад то ки аз  хамаи ин мушилихо  кишвар рахо ёбад. Ман фикр мекунам бо чунин тарз  кор кардан манфиати  бештар меорад ва мо як мухлати тулони   аз ин мушкилихо  халос мешавем  ва мушкилоти  иктисодиву ичтимоии чомеа ва давлатро бевосита дар дохил хал карда метавонем. Танхо дар ин холат эхёи иктисодиву сиёсиву  демократияи Точикистон таъмин мешавад. Ва инчо мебояд таъкид кард, ки он хама иддаову сару садохои рохбарияти феълии корхона дар баробари пешниходи бархе аз афрод аз  худсафедкуние беш нест.Чаро ки имруз аз матбуот маълум аст, ки Талко  аз «Точиктрансгаз» ва  аз «Барки точик» миллионхо сомони  карздор аст. 3 хазор коргарашро ихтисор кард. Ба тасдики масъулинаш аз хар тоннаи алюминий  700 доллари  зарар мебинад. Дар холе ки мегуфтанд низоми толлинг барои онхо муфид аст, имруз баръакс мехоханд аз он даст кашанд ва бо хукумат дар ин масъала ба бахс шуроуъ кардаанд. Бо ин хама пасравию сардаргуми  чи  тавр метавон онро «ифтихори милли » ва «парчамбардори саноат» номиду  аз хирной дар карнаи радио садо дардод? Ва иттихом зад, ки казияро «чамъияти » карда, бо ин васила «депутат» шудан мехоханд? Фикр намекунам, ки Шоди  Шабдолов, ки умри депутатиаш аз умри бархе аз рахбарони Талко тулонитар аст, бо ин рох депутат бишавад ва ё Хочи  Акбар Турачонзода камтар аз рохбарони феълии корхона  ватану халку миллаташро дуст бидорад. Фарк дар он аст, ки азобу озори бебаркиву зимистони сарди манозили мардумро мебинанду  вичдонашон ором намегузорад ва назару андешахояшонро иброз медоранд. Ва агар на, вокеан суоле матрах мешавад, ки бо «Талко» гуфтан дахони ки ширин мешавад?

  — Садриддин Шарифов- раиси феълии корхона дар «тааччуб»  аст ва хатто «ханда»-аш  омадааст, ки матбуот аз сулхи Талко ва Ансол менависад. «Дар холе ки, — афзудааст раис  «дар Бахши тичоратии Суди Олии Лондон чун чавобгар даъвои чониби даъводоштаро пазируфт, парванда бо созиш ба итмом мерасад». Оё вокеан чунин аст, «чавобгар даъвои чониби даъводоштаро пазируфтааст?». Назари Шумо чи аст?

  -«Чониби чавобгар даъворо пазируфтаасту баъд ошти  шуданд» ин гап комилан нодуруст  ва вокеан хандабор аст. Казия метавонад се вариант дошта бошад. Як вариант аризаи чавоби  ё мукобил, варианти дигар  эродхо ба худи парванда яъне эътироф ва ё инкори кисме аз мавод ва сеюм он эътирофи пурраи ариза. Ва бояд гуфт Ансол то чое медонем аз тарики матбуот, ки умуман иттихомот алайхи худро эътироф накардааст ва дигар ин ки агар Талко ба микдори  480 миллион доллар аз Ансол даъвогар  шуд, Ансол аризаи чавобиро ба маблаѓи 800 миллион доллар пешниход кард. Ин маънои онро дорад, ки Ансол хатто як фисад аризаи даъвоиро эътироф накардааст. Мо сабабхои вокеии оштии тарафхоро намедонем, аммо тахмин карда метавонем, ки харду чониб ба кадом тафохуме даст ёфтанд  ва махз хамин тафохум боис шуд харду тараф аризаи даъво нисбати якдигарро  пас бигиранд. Ин мазмуни онро дорад, ки дигар чонибхо даъвои моли, иктисоди  ва хатто сиёси  бо хам надоранд. Барои мисол ба Ансол он нукта мухим аст ки  додситони  алайхаш парвандаи чиноиро катъ кард, яъне дигар кофтукоб намешаванд ва онхо метавонанд ба ватанашон низ  оянд. Як нуктаи дигар  кобили ёдоварист, ки РусАл дар оѓоз алайхи Ансол буд ва аз мавкеи хукумат тарафдори  мекард.Баъдтар аз он даст кашиду як микдори калони пул (100 миллион доллар)  ба Ансол дод ва бо ин ширкат созиш кард. Яъне Русалу Ансол хам байни худ ошти  карданд. Аз ин ру  байни Ансол ва Талко низ шояд додугирифт сурат гирифт. Вале фикри раиси корхона боз аз он чихат ѓалат, ки аз руи усули кори додгох вакте чавобгар аризаи даъвоиро пазируфту эътироф кард, додгох  халнома ва хукм мебарорад ва чавобгар  гунахкор хисоб мешавад. Яъне у пазируфтааст даъворо. Аммо инчо созиш шудааст. Созиш дар асоси муомилаи тарафхо сурат мегирад на эътирофи як чониб. Дар асоси созиш  бахше аз талафотро даъвогар мепардозад ва сипас  гузашти дучониба мешавад. Ин усули кори додгох аст ва фарк надорад ин додгох байналмилали  ё дохилист.

— Як чизи дигар ин аст, ки чониби Точикистон баъди муборизаи панчсола бо мухолифин ва бахси такрибан 4 сола бо рохбарияти пешини Талко созиш кард. Оё  имкон надошт, ки ин созишхо пештар ба вукуъ мепайваст?

  — Созиш он вакт хосил мешавад, ки куввахо баробар  бошанд. Ё ки тарафе зури  кунад ва тарафи дигар ногузир ба гузашт шавад, то ки  хадди акал мавкеашро хифз кунад. Агар куввахо баробар набошад, тарафи зур харакат мекунад, ки мукобилро пахш кунад. Ман фикр мекунам, ки чи дар давраи  солхои 93-97 ва чи дар соли 2005 то 2008 дар охири кор миёни тарафхо мувозинат ва баробари  ба амал омад. Ё  маълум шуд, ки на ин  тараф ва на он тараф тарафи дигарро бо зури  наметавонад шикаст дихад ва  ё манфиатхо то дарачае ба хам мувофик омад, ки дигар онхоро бо рохи ошти  хал кардан дуруст меояд. Дуруст аст, ки дар ин мурофиаи додгохи  манофеи  гуруххо ба хам мувофик омад, аммо на ба манфиати чомеа ва давлат,чаро ки аз ин созиш ва ошти  зарари зиёд дид.Вакте дар соли 1997 миёни хукумат ва мухолифин созиш хосил шуд, ташаббус дар дасти оппозисиюн буд, аммо вокеият чунин буд, ки харду чониб ва чомеаи кишвар низ аз идомаи чангхо хаста ва ба чон расида буданд. Аммо дар ин мурофиа ташаббуси ошти аз чониби хукумат садо дод, зеро  идомаёбии он барои харду тараф окибатхои номаълум ва зараровар дошт.

Рубрики:Uncategorized

Чоизаи Айни тахкир нашуд?

7 июня, 2009 1 комментарий

Чоизаи Айни тахкир нашуд?

«Шохкори»-и Шохмузаффар Ёдгори, «дебоча»-и Абдулхамид Самад ва «тахрир»-и Чонибек Акобир

Соли 2008-ро президенти чумхури Эмомали Рахмон «Соли Забон» эълон намуд. Ба пешвози он 9-уми ноябри соли чори  дар Иттифоки нависандагони Точикистон чаласае баргузор гардид, ки кисми асосияш  масъалаи забони адабиёт ва матбуоти муосир буд. Аксарияти иштирокчиёни чаласа маъруза хонда, вазъи забони точикиро мавриди мухокима карор доданд. Сардабири мачаллаи миллии адабии «Садои Шарк»  Чонибек Акобир насри имрузаи точикро махлут бо вожахои нолозим шуморида, чунин мисол овард: «Дареѓо, ки мотор сухт. Он хафта лабавояшро шикаста будам, дар пеши хонаи худам. Худо накарда крилову капотамро хам пачак кунам»… Дар холе, ки навиштахои аз ин хам нобоб, хатто фахшангез ба табъ расидаву боз муаллифи он дар озмун сохиби чоиза гардидааст.

Чанд сухан дар боби озмун

Озмун. Ин калима дар «Фарханги забони точики» ба маънои озмудан, санчидан, тачриба кардан омадааст. Солхои охир гузаронидани озмунхо дар Точикистон, махсусан дар сохаи адабиёту ВАО ба хукми анъана даромадааст. Вале инчо чанд савол пайдо мешавад: «Оё хамаи озмунхо аз руи адолат мегузаранд?», «Хайати хакамон ба нигоштаи муаллифон хаккони бахо медиханд?», «Миёни овоздихандагон шахсони ѓаразнок рох намеёбанд?» ва ахиран «Хама гуна навиштаи ѓолибонро, ки месанчанду меозмоянд, воситаи тачрибаандузи карор додан мумкин аст?».

Ду сол пеш дар як макола чавоби ин саволхоро мухтасар кайд намуда, хулоса карда будам, ки дар шакли пушида гузаронидани озмун хам бар зарари ѓолибон ва хам «харифони махрумшуда»-ю овоздихандагон аст. Зеро, агар хохем, ки натичаи «пушидагуи» миёни иштирокчиён шуру валвала барнахезонаду вокеияти тахкики осори нависанда риоя гардад, бояд матни овозгирифтаро дар шакли кушода ба кулли иштирокчиён пешниход кард, то онхо нуктаи назарашонро гуянд, бахс ба вучуд ояд ва хусну кубхи каломи бадеъ муайян шавад. Ё хеч набошад, пеш аз он, ки ба овоздихи оѓоз бахшанд, як маротиба навиштахоро аз назари тахкик гузаронанд. Он вакт гумон мекардам, ки шояд соле баъд дар натичаи зиёд шудани озмунхо ва пештар рафтани шуури миллию таквият ёфтани фикррони ба ин нукта таваччух зохир мекунанд. Вале, чун дар шумораи 18-уми хафтаномаи «Адабиёт ва санъат» (аз 2  майи соли 2007) эълони Мачлиси раёсати Иттифоки нависандагони Точикистонро дар боби «бо овоздихии махфи» ба мухокима пешниход кардани асархои муаллифон хондам, донистам, ки хануз хам зиёиёни мо аз мубохисахои ру ба ру мехаросанд.

Дере нагузашта, 4-уми июл дар мачлисгохи Иттифоки нависандагони Точикистон Мачлиси раёсати Иттифоки нависандагони Точикистон баргузор гардид. Дар рузномаи Мачлис масъалаи ширкати адибон дар чашни 10-солагии Вахдати Милли ва эхёи Точикистон, хамчунин чамъбасти озмуни асархо барои дарёфти чоизахои адабии ба номи  Садриддин Айни ва Мирзо Турсунзода барраси шуд. Маълумотномаи муаллифони асархое, ки бо овоздихии пушида сохиби чоиза гаштаанд, дар шумораи 28-уми хафтаномаи «Адабиёт ва санъат» (аз 12-уми июли соли 2007) ба табъ расид. Айнан:

«Чоизаи адабии ба номи Садриддин Айни:

Шохмузаффар Ёдгори. «Васваса». Роман. Мачаллаи «Садои Шарк», № 9 -10, соли 2006.

Мирзо Шукурзода. «Чонпайванд». Мачмуаи маколахои публитсисти, «Адиб»-2006.

Чоизаи адабии ба номи Мирзо Турсунзода:

Абдурахмон Абдуманнонов. «Пиндорхо». Кисми аввал аз китоби «Пиндорхо ва ингорхо», ки ба тадкики назм бахшида шудааст. «Адиб»-2006.

Ато Мирхоча. «Шакарганч». Мачмуаи шеърхо. «Адиб»-2006».

Чун ба мавзуи гузаронидани озмунхо дер боз таваччух доштам, баробари мутолиаи эълони Мачлиси раёсати Иттифоки нависандагони Точикистон карор додам дубора сари ин мавзуъ баргардам.

«Падидаи эчоди» ку?

Азбаски «Пиндорхо»-и Абдурахмон Абдуманнонов дар номгуи (номинатсияи) «Накди назм» ва «Чонпайванд»-и Мирзо Шукурзода дар «Публитсистика ва накди адаби» танхо монданд, маълум буд, ки бе ягон гуфтугузор аз санчиш мегузаранд. Вале чоиза гирифтани Шохмузаффар Ёдгори туфайли романи «Васваса», ки бо дархам- бархамии афкор, забони махлути кучаги, садхо хатои имлоию  мантики ва маънихои подархавою хамокати беш дар мачаллаи бонуфузи «Садои Шарк» ба табъ расидааст, касро ба шигифт меорад. Дар холе, ки як имтиёзи Низомномаи озмун бахри додани мукофот «барои падидахои эчоди» будааст. Пас, хонанда аз «падидаи эчоди»-и Шохмузаффар Ёдгори чиро меомузад? Инро, ки у навиштааст: «Дидан баробар занака бин, ки руймол пеши чашм кашиду «худо бигира х…хои кашолта-е, Комил» гуфта чириѓу пириѓ карда гурехт!» («Садои Шарк», №9, 2006, сах. 34), ё «- Хар, бачам, к…и очат рафт» (хамон чо. сах.47), ва ё «- Дар ин чо х…ма мекови?» («Садои Шарк», №10, 2006, сах. 54) ба хотири олуда накардани забон калимахои фахшро на айнан, балки бо сенуктахо овардам,- Ф.Х.)). Чои дигар, гуё у алфози кабеху фахшро дар нигоштааш дарк карда бошад, ки худ баъзе калимахоро бо сенукта навиштааст: «Боз мегуям, ки рузаш мерасад, ки омада, зорию тавалло карда каллаи к…- ро мебусед» («Садои Шарк», №9, 2006, сах.22), ё  «Барои он, ки ба гуфти худи бобои Комил, замин холи монда хафа нашаваду зани заминдорро на…яд, таи дарахтонро рушка корида буд». (Хамон чо, сах. 49), ё худ «- Э дар забонат н…рам!» («Садои Шарк», №10, 2006, сах.16). Вале аз «пайроха»-и пешгирифтааш пой накашидааст. Масалан, чои дигар менависад: «- Очаи туро бобои Комил  ѓинг кунам гуфт…» («Садои Шарк», №9, 2006, сах. 52), «- Ши…фи (сенукта гузоштам,- Ф.Х.) акибаш чи, бобои Комил?» (хамон чо, сах. 53), «Бурав, гуфтам г…и (боз сенукта гузоштам,- Ф.Х.) очата бухур» (хамон чо, сах. 59) ё «Э бача, хиштаки изори очат даридаги, тавба кардам, хамун чизуш метова — йе!» (№ 10, сах. 54).

99 фисади одамон «харомзодаанд»?

Муаллиф аз забони Шайтон ба Одам сухан мегуяд, вале чои маъхази иктибосхо холи мондааст. Дебочахои сохтаи у хандахаришанд ва пуропур аз тахкири Одам:

«- Ту зану фарзанд надори, Шайтон?

— Дорам. 99 фисади занхо зани мананд ва 99 фисади кудакхои Одам фарзандони мананд.

— Барои чи 99 фисад?

— Чунки 99 фисад мард одам гирифтору хаводори зани бегона аст. Чун аз кафои зани бегона рафт, ман бо зани у меомезам ва фарзанди Шайтон ба замин меояд…» («Садои Шарк», №10, 2006, сах. 18).

Ахсант! Адиби мухтарам аз кучо дарёфт карда бошанд чунин омори «дакик»-ро, ки бе истихола онро ба души Одамони чахон бор мекунанд!? Аз ин мебарояд, ки 99 фисади одамон «харомзодаанд»? Касе наметавонад мукобили Шайтони рачим мубориза барад? Наход 99 фисади занхо чунин сустирода бошанд (ба акидаи Шохмузаффар Ёдгори), ки тану нафси худро таслими «Шайтон» созанд?… (Медонем, ки кисми зиёди чумлаву иборахо дар чомаи кинояанд. Вале максад аз чунин кинояпардози дар чист?- Ф.Х.)

Дар «роман» асли максади муаллиф чунон торик аст, ки дар ин торики хонанда миёни мазмуну мундаричаи асар рохгум мезанад ва дарк карда наметавонад, ки зиддияти Бобоёру Холназар дар чист. Магар аз ин, ки «Бобоёр даст пеши бар боодобона ба Холназар салом гуфт. Холназар бошад, овоз набароварда бо андак чумбондани сар ба саломи у чавоб дод, ки ин бехурмати ва тахкири рушод буд»? (№ 9, сах. 5). Пас, барои он, ки «тахкиру бехурмати» нашавад, алейкдиханда бояд бо сари барахна  пеш даваду ба пои саломдиханда афтода, хокбуси кунад?

Ба хамин монанд лахзахои зид ва аз нигохи муаллифи «роман» тахкиромезу дар назари хонанда номафхум хеле зиёданд. Масалан, дар чои дигар адиб менависад: «Хатто рузу моххои гузаштаи наздик низ бо хамдигар кам ру ба ру шудаанд ва сабабе  хам набуд, ки гапашон гурехта бошад. Агар тундгуии соле  пеш байнашон руйдодаро у то имруз дар дил нигох доштаву кина гирифта бошад, гапи дагар». (Хамон чо. сах. 6). Шояд зиддияти кахрамонхо аз хамин нукта оѓоз шуда бошад, вале, хатто хонандаи заки хам пай намебарад, ки муаллиф кадом «тундгуи»-ро дар назар дорад, аниктараш дар «роман» аз он осоре намеёбад. Танхо хамин чиз аён аст, ки муаллиф кахрамонхоро дар муколимахои дурударозу печида бози доронда, аз забони онхо тамоми калимаву иборахои фахшро ба сари хонанда фуру мерезад, вале ба хадафи худ (?) нарасидааст.

«Хизмати хирсона»

Ба акидаи устод Садриддин Айни, нависандаро лозим аст хангоми таълифи асар аз забони барои мардум содаву фахмо бомахорат ва бо санъати хос истифода барад. Вале Шохмузаффар Ёдгори чараёни махлутсозии забони точикиро чунон тезонидааст, ки хонанда дар хайрат монда, ба дарки ибороту калимахои сохтаи базурносир намерасад. Аз ифодахое ба монанди «кумби» (сах. 4-37), «руи чунуб дид» (сах. 4 -15), «натурад», «оваз», «рупук» (сах. 9), «мега», «хилеб» (сах. 10), «чурт кард», «пучид» (сах. 14), «луфтак» (сах. 15), «туриди», «шакид», «дохон», «каттаги»  (сах. 16), «рушка», «Бурки», «кампири халадавак», (сах. 16 — 23), «ночадари» (сах. 17), «гулмехчики», «бузан» (сах. 20), «чуртак», «фус», «тарѓарфа», «сабзаковаи тез», «киндик» (сах. 22), «чикид», «чунг», «кирни», «асаббози» (сах. 23), «беханги», «бухурумут», «кавар» (сах. 24), «хуру пуч» (сах. 25), «худхоро», «човур», «охирин сатри даравида», «падкол», «пала парронда», «харба», «бухон» (сах. 26 — 76), «чапушак» (сах. 27), «ѓулуп» (сах. 29), «кумур» (сах. 30), «шинник», «хардумка»(сах. 31), «кампири хулиган» (сах. 32), «каладиккак», «забони дурушти форам», «хевааш» (сах. 33), «пайкаи хар», «биген», «зоро», «рушда»,  (сах. 34), «такка», «фучида» (сах. 35), «нугули бамазза» (сах. 36),  «пичи», «гурумбоси», «кучок» (сах. 38), «манка», «магам», «дидакум», «пилефта», «чи мегат», «шуш бина», (сах. 39), «кашики сар», «минчик» (сах. 41), «зиётай» (сах. 42), «куст», «куда» (сах. 43), «будаванд» (сах. 45), «радаи хархо», «гуз зада» (сах. 46), «пойрам», (сах. 47), «нахурат», «будора» (сах. 50), «гуз мезанен» (сах. 53), «пучала», «курук» (сах. 51), «у бор хурда» (сах. 52), «харкан» (сах. 53), «када», «шилмак», «булук», «лишт», «гундиша», «саги баобру», «дохт», «навера», «бегури шухай», «шунавошуна», «бугум», «мерем» (сах. 54, 56, 79), «букап», «биги» (сах. 55), «тиринг» (сах. 57), «чапуш», «худмун», «сопидан», «мара», «дига мегум»  (сах. 58), «фусмол» (сах. 59), «такалочук» (сах. 60), «пармучала» (сах. 63), «хова» (сах. 64), «нугчухт», «бирен», «мешен» (сах. 65), «ѓуруп» (сах. 66), «почикит» (сах. 67), «тушка», «агане» (сах. 68), «кут», «чоноби» (сах. 69), «санбака», «тушкаи хизматнишондода» (сах. 70), «бутен», «беписанди» (сах. 75), «ликоби» (сах. 77), «балам», «бинии мошин», «бузан», «килкилак», «чанковоз» (сах. 81), «фандонаки» (сах 82), «мешакум», «инка» (сах. 84), «мандонами» (сах. 89), «мундалаѓут» (сах. 85), «поист», «какровукхо», (сах. 87), «фит», «ботинан кунчиду» (сах. 88), «валай» (сах. 90), «калтус» (сах. 94), «пис мешавад» (сах. 95), «дирингас» (сах. 98), «серѓузук», «бурава», «шидай», «бурен», «бигем», (сах. 99) ва чандин калимаву ибораи дигари у, ки сахифахои мачаллаи «Садои Шарк» (№ 9 -10)-ро «оро» додаанд, бисёр нафарон чизе намефахманд ва агар мунаккидхои забондону адабиётшинос ба тахкики ин «шохасар» чазб шаванд, бешубха, маълум мегардад, ки он чизе нест, ба чуз «хизмати хирсона» дар нопоксозии забони модари.

«Шохкори»-и дакёнуси

Забони ноби точики дар садади асрхо рушду такомул ёфт, ки дар ин раванд хидмати устод Садриддин Айни беназир аст. Чунки у дар умри пурфайзи худ ба алифбои забон таѓйирот ворид кардаву алайхи ачнабиёни бедодгар муборизаи беамон бурд. Домулло Айни ба забони кадимаи мо — точикон умри дубора бахшид. Ин хидматхои арзишманд боис шуд, ки аз минбархои муътабар точикона сухан мегуфт. Хамин буд, ки баъзе хасудони тангназар захматхои кашидаашро нодида мегирифтанд ва хатто суяш «сангандози» мекарданд. Ин нукта аз чониби нависанда Саттор Турсун тасдик шуд. Вакти суханрони дар Иттифоки нависандагони Точикистон, у гуфт: «Ончи дар замони Айни ба вучуд омад, хеле хуб буд. Худамон бесавод ки хастем, дар навиштан Айниро гунахкор мекунем».

Агар устод Садриддин Айни бархаёт мебуд, аз Шохмузаффар Ёдгори барои хамокат ворид сохтану беэхтироми нисбати забони модари сахт меранчид ва ба Нависандаи Халкии Точикистон Абдулхамид Самад мефармуд, то чунин амалро шарх дихад. Вале эхтимол меравад, ки дар ин холат Абдулхамид Самад аз фармудаи устод сар печида, ба мачаллаи «Садои Шарк» дида медузад. Чаро? Зеро, ба кавле, «хишти аввал»-и «Васваса»-ро дар «Садои Шарк» у гузоштааст. Яъне, асарро хонда (?), ба хулосае омадааст, ки: «… шиддати вокиа, зиддияти афкору амали инсонхо дар романи «Васваса»-и Шохмузаффар Ёдгори дар музофоти дур аз пойтахт гирехи бисёр муаммо ва саволхоро то андозае мекушояд. Мухимаш, муаллиф дар тасвири фаъолияти кахрамонхои мусбату манфи, рохи тайкардаи онхо дар пасту баланди рохи хаёт назари холис, хайрхохона ва зебо дорад». (Аз чумлаву ибора ва калимахои фахше, ки дар боло овардем, маълум аст!- Ф.Х.) Изофатан, Абдулхамид Самад ба хонанда мурочиат намудааст: «Дигар ба санъату хунари муаллиф дар офаридани ин асар зимни мутолиа, шумо, хонандагони гироми озод хастед». Ачабо! Хонанда «ба санъату хунари муаллиф дар офаридани ин асар зимни мутолиа» чигуна озод буда метавонад? Шояд дебочанавис ба шитобкори рох додааст, агар не, чумла дар чунин шакли дуруст руи чоп меомад: «Дигар, дар ифшои хусну кубх ва тахкику казовати санъату хунари муаллиф зимни мутолиа, хонандагони гироми, озод хастед». Ва боз, шояд у гумон доштааст, ки пеш аз чоп хайати тахрир ва шахсан сардабири мачаллаи «Садои Шарк» Чонибек Акобир тахкирномаи «Васваса»-ро «сурху сиёх» карда, хама ифодахои фахшу муѓлакро, ки хоси рузномаву мачаллахои шахватангезанд, аз матн мебардоранд? Агар чунин фикр дошта бошад, пас мутлако хато кардааст. Аз руи бовар мегуям, ки матни «роман» баъди хондани (?) Абдулхамид Самад куллан калам зада нашудааст. Ё не?! (Хитоб ба масъулини «Садои Шарк»). Бадбахтии мост, ки чунин як «шохкори»-и дакёнуси ва берун аз чахорчубаи адаби дар минбари адибон — нашрияи миллии адабии Иттифоки нависандагони Точикистон ба табъ расидааст. Дар нашрияи муътабаре, ки бо Амри президенти кишвар Эмомали Рахмон аз 25-уми марти соли 2005 (№АII-1699) макоми миллии адаби гирифтааст.

Риштаи «Харшиноси»

Чанд фасли «роман»-и навбаромад «Вокеа дар чойхонаи говбозор», «Масчид, «Маѓозаи Коля» ва чойи ѓалтанакзании хархо» ва «Хархо обруи кишлоканд» ном гирифтааст. Дар ин фаслхо матн ва чумлахоеро дучор меоем, ки аз мантик дур буда, имлои забони точикиро ба сатхи хеле поин фаровардаанд. Хонандаи азиз, аз ин чумлахо сар — сари нагузашта, ба маънояшон бо мулохиза таваччух фармоед: «Хархо … мухимии масъаларо (?) дарк карда (?!) буданд, ки дар хузури (?) мочахархо худро боинтизом (?) нишон дода, дигар беодоби (?) намекарданд», «Хар тез давад, обруи кишлок (?) будааст, хар тез надавад, обруи кишлок мерехтааст» (?).

Ба давоми чумлахо мувочех бошед (айнан): «Унвони (?) хари бехтарин ба хари ягон кишлок дода нашуд», «Охир, нархар буи мочахарро, ки гирифт, тамом, намедавад, аз мочахар пеш намегузарад», «Хар аз пушти як мочахари ту вори ёшак (?) хез зада рафт». «Баръакс, хамин ки мочахар аз тарси нархар то чон дорад, тез меравад», «Сохибони мочахархо бошанд, ба сари сохибони нархархо сахттар дуѓ заданд. Гуфтанд ва исбот карданд (?), ки мочахар низ зоти хар аст ва ягон инсони муъмину мусалмон хак надорад (?) хукукашро (?!) поймол кунад», «Хари хулигани (?) чавмаст муйсафедро афтонда, худаш «бало занад хамин пайкаатонро» гуфтаги барин (?), буйи мочахарро гирифта, гурехта «ишкбози» (?!) рафта буд» (сах. 81), Мочахархо низ суст наомада (?), шарафи худро (?!) мухофизат мекарданд (?)», «… вакте ин нархару мочахар дар як чой боз хам бо хамдигар чавси (?) танамол гирд оварда шуд, чи руй дод?», «Нархархои бекор гаштаи фарбеху чавмаст … аз шамидани (?!) буи хушу (?!) дидани модиёнхои сохибчамол (?!) маст шуда … бо тамоми кувва мочахархоро сурсуркунон худро байни тудаи одамон мезаданд», «Мехохем хамаи дунё фахмад, ки хари кадом кишлок хару хари кадом кишлок кирои хар гуфтан нест…» ва «Хархо обруи кишлокро нарезонанд, аз кафои мочахархо харигари накарда ханг зада будаванд» ва ѓайраву хоказо.

Офарин!!! Дар риштаи «Харшиноси» тачрибаи бузург андухтаед, устод Шохмузаффар Ёдгори! Агар дар ин бахш озмуни чахони эълон мекарданду Шумо  асаратонро пешниход менамудед, бемухобо, дар он хам сохиби «Шохчоиза» мегаштед!

Чумлахои «думбурида»

Шохмузаффар Ёдгори дар «роман»-и худ калимаи «чор»-ро дар як чумла  панч маротиба истифода бурдаву (сах.4) бо ин конеъ нашуда, чумлахои «думбурида»-еро, ки тихи аз маъниянд, руи сахифа «бод додааст». Чунончи: «Ва шуд» (сах. 97), «Бисмиллохи ош» (сах. 9), «Номаш Халим нест, номаш Пирхаров Нархар» (сах. 54), «Дахани ма гурда» (сах. 67), «Дастам ба чи бирасад? Ба тушкахом» (сах. 68), «Дахани ма ѓуруп» (сах. 66) ва чандин мисоли дигар, ки маърифати пастро ба мутолиагар наздик месозанд. Адиб аз «забардасти»-и худ ба вачд омадаю забони точикиро «забун» карда, дигарбора «бозор»-и дашномро метафсонад: «… очахаки зори хаматонро м…. холи», «Бобои Камол дар ѓилофи Фаёз даромад» (сах. 53), «Г…а (сенукта гузоштам,- Ф.Х.) ба чени даханат хури, намешавад?» (сах. 61), «Хирак накард» (сах. 62). Боз шарм надошта, хонандаро ба куи нобовари мекашад: «… офтоб яку якбора  аз нуги кух хез зада (?!) токи осмон баромад» (сах. 5). Дар холе, ки олимон чарх задани офтобро гирди мехвараш — замин собит намудаанд. Пас, ин чигуна офтоб аст? Ё тирест, ки аз камон мечахад?

Адибон чи назар доранд?

Тасмим гирифтам сари мавзуи мазкур нуктаи назари чанд нафар адиби точикро пурсам. Вакте фиттаи сабти овози адибонро гуш мекардам, хис намудам, ки кам шахсоне пайдо мешаванд, то дар шархи мавзуъ худдори накарда, аз вокеият сухан гуянд. (Шояд бархе метарсанд. Тарс аз чи? Ё аз ки?). Шоири Халкии Точикистон Мухаммад Ѓойиб гуфт: «Мувофики Низомнома барои пирузи дар озмун овозхо бояд 10 — 11 -то мебуданд. Чун Шохмузаффар Ёдгори 11 овоз гирифта буд, дар руйхат монд. Дар даври дуюм бошад, сохиби 17 овоз шуд, яъне аз хама зиёд». Шоир хамчунин кайд намуд, ки дар озмун ягон вайронкуни нашудааст, ба хар нафар мувофики мавкеъ ва эчодиёташон бахо додаанд. Хафтовози гирифтану аз руйхат афтодани ду нафар иштирокчии дигари номгуи «Наср»  — Ато Хамдам ва Сипехри Хасанзодро у вобаста ба кам будани мукофотхо донист. «Аз мо хам одамони бузург меѓалтанд, чи мегуи!? Чанд бор Низом Косим ѓалтид, ин як насиб аст»,- гуфт у. Вале, хамзамон афзуд, ки асархои харду адиб арзанда буданд.

Дар хамин маврид барандаи Чоизаи олии адабии Покистон Ато Хамдам мегуяд: «Азбаски ман дар руйхат будаму аз он берун мондам, шояд посух доданам лозим набошад? Боз фикр накунанд, ки «ин мардакро аламаш омадааст». Мухим ин аст, ки ба асарат мардум бахо диханд. Бахои онхо барои ман бехтарин мукофот аст. Ба кавли баъзехо, шояд дар озмун хотирбини карда бошанд. Ба хар хол, дустонеро, ки сохиби мукофот шуданд, табрик мегуям!».

Нависанда Сипехри Хасанзод гуфт: «Эхтимол дар такдири ман ин мукофот навишта нашудааст. Лекин чоизаи бехтарини озмун бароям он шуд, ки атрофи китобам як идда мухаккикини адабиёт изхори назар намуданд. Бар он боварам, ки эчоди адиб аз руи моли хубаш миёни хонандахо дер ё зуд махбубият пайдо мекунад».

Шоири Халкии Точикистон, барандаи Чоизаи давлатии ба номи Абуабдуллохи Рудаки Рахмат Назри кайд намуд, ки хар кас нуктаи назари худро дар бораи асархои пешниходгашта ба таври махфи баён доштааст, зеро озмун пушида буд.

Сафармухаммад Аюби низ хамин далелро тасдик карда, дар шакли пушида гузаштани овоздихиро кобили кабул шуморид. Зеро, ба акидаи у, агар овоздихи кушода бошад, нафаре хатман ба шахси дигар такя мекунад. Аммо ба ки овоз додани худро «махфи» арзёби кард. Ин дар холест, ки Мухаммад Ѓойиб ба Ато Хамдам овоз додани худро маълум намуду Рахмат Назри гуфт: «Сипехри Хасанзод арзанда буд. Ба пуштибонии асари вай маколахои зиёде ба табъ расид. Муаллифони маколахо хама адабиётшиносон, мутахассисон, онхое буданд, ки ба адабиёт бахо дода метавонанд».

Узви Иттифоки нависандагони Арманистон, мунаккид Абдували Давронов ва корманди Институти забон ва адабиёт Мирзо Муллоахмадов тамоман нахостанд сухан гуянд. Шояд аз он сабаб, ки навиштаи онхоро ба мухокима рох надоданд? Шоир Ато Мирхоча бошад, чараёни озмунро сад фоиз шаффоф номиду шоира Нукраи Суннатниё аз посух гуфтан ба суолхо худдори намуд. «Овоздихи пушида буд, ба ман маълум нест. Рости гап, ман намедонам»,- чавоб дод у.

Охирсухан

Бале, шоираи азиз намедонанд. Шояд ба чандин нафари дигар хам маълум набошад, ки 17 нафар овоздихандагони «роман»-и «Васваса» кихоянд ва аз руи кадом меъёр ба он бахо гузоштаанд? Ва шояд бисёрихо надонанд, ки чоиза аз руи мазмуну мухтавои асар дода мешавад, ё барои пиронсоли? Шояд кас хайрон шавад, ки чаро навиштаи фахшангезе аз зери назари адибони саршиноси точик гузаштаву бо лак — лак хатохои техники ва услубию имлои дар нашрияи адаби ба табъ расидааст? Ин «шоядхо» муаммоянд. Муаммое, ки аз Иттифоки нависандагони Точикистон ва «Садои Шарк» посух мехохад.

Фазлиддин ХОЧАЕВ

P.S. Нависандаи точик Саттор Турсун дар хамон чаласае, ки 9-уми ноябр баргузор шуд, гуфт: «Нависандахои мо вакте чизе менавиштанд, вокеан хам навиштахои онхо як навъ «ѓалбер» мешуд. Чанд нафар дар нашриёт нишаста, онро тахрир мекарданд, сарфи назар аз он, ки муаллиф нависандаи бузург аст. Мутаассифона, имруз чунин нест. Аз ин ру, забон вазъи хеле ногувор дорад».

Шояд ин эроди нависанда ба инобат гирифта шавад ва романи «Васваса»-и Шохмузаффар Ёдгориро пеш аз он, ки дар шакли китоб ба табъ мерасонанд, «як навъ ѓалбер кунанд». Ин кор ба манфиати миллат хохад буд.

ТУРК — ШУРНОВАЮ ТАВИЛДАРА: КИ ЧИ МЕХОХАД?

7 июня, 2009 1 комментарий

ТУРК — ШУРНОВАЮ ТАВИЛДАРА: КИ ЧИ МЕХОХАД?
Накл мекунанд, ки дар дами маргаш муйсафеди 83-сола аз дехаи Суфиёни шахри Панчакент Холбой Одинаев гуфтааст: «Акнун марг фаро расид. Ман ин хасратро бо худ мебарам. Маро фахмидан нахостанд. Паспортамро пас аз маргам сузонед! Дасти касе, ки ба шиносномаи ман чунин навист, бигзор хамсони хамон сухтаи паспорт гардад!… Миллати ман точик аст…

«Курбони»-хои таърихи
Муйсафедро, ки дар оилаи точик таваллуд шуда буду ба камол расид, дар шиносномааш миллаташро узбек навиштанд. Ба кучохое шикоят накард. Вале дар хама чо ба у як хел посух доданд: «Хайр, миллат ба Шумо чи медихад?!…».
Эхтимол дар назар ин амал як намуди бепарвои намояд. Вале нек бингарему ба таърих руй орем, маълум мешавад, ки чунин касон дар катори хамон «курбони»-хои таърихи буданд.
Аз накли муйсафеду марги у ёдовар шуданам бесабаб нест. Ходисаи охирини дехаи Турк — Шурнова хотири маро ба ин накл овард. Охирхои соли 1994 чил оилаи турктабор дар байни сархади Точикистону Узбекистон, дар худуди маъмурии нохияи Панчакент худсарона манзилгох сохта, зиндаги мекунанд. Тибки протоколи байни намояндагони ваколатдори Чумхурии Точикистон ва Чумхурии Узбекистон, ки санаи 29.06 соли 2007 дар нохияи Ургути вилояти Самарканд ба имзо расида буд, дехаи Турк — Шурнова худуди ягонаву маъмурии Точикистон эътироф гардидааст. Намояндагони ваколатдори Чумхурии Узбекистон хохиш карда буданд, ки то ба хулосаи нихои омадан, яъне кабули шахрвандии Чумхурии Точикистон ва ё тарк намудани дехаи Турк — Шурнова ба 240 нафар сокини он то охири соли 2007 мухлат дода шавад. Чониби Точикистон ин пешниходро пазируфт. Дар ин мухлат якчанд маротиба аз чониби сархадбонони Чумхурии Узбекистон барои хезондани чанчол кушиш карда шуд. Охирхои мохи майи соли 2007 бист нафар сархадбони узбекистони дар ин махал, ки хамаги 3 нафар марзбони точик дар хизмат буданд, барои гирифтани яроку дастгохи алока (радсия) ва ба дарунтар бурдани дидбонгохи сархади кушиш мекунанд. Сархадбонони точик хабар медиханду ба кумакашон мерасанд ва задухурд ба амал намеояд. Боз аз тарафи марзбонони узбек 500 гектар замини кишту чарогохи сокинони дехаи Шурнова ишѓол карда мешаваду намегузоранд, ки онхо ба киштзору чарогоххояшон ворид шаванд.

Садои «зархаридхо»-и Узбекистон дигар аст…
Санаи 8. 04 соли 2009 дар дехаи Турк — Шурнова машварати сайёри раиси шахри Панчакент баргузор шуд. Раиси шахри Панчакент Х. Абдуназаров бо бошандагони ин деха сухбат намуда, аз протоколи байни намояндагони Чумхурихои Узбекистону Точикистон ёдовар мегардад. Сокинони дехаи Турк — Шурнова давоми кариб ду сол ба хулосае наомада буданд. Аз ин ру, бахри муайян намудани идораи маъмурии дехаи Турк — Шурнова, бехдошти вазъи зиндаги, ба эьтидол овардани вазъи хукукии сокинони деха машварат доир гардид. Дар ин мулокот ба сокинони деха мурочиат шуд, ки агар онхо хохиши кабули шахрвандии Чумхурии Точикистонро дошта бошанд, ба онхо шиносномахои Чумхурии Точикистон дода мешавад. Агар ба ин пешниход рози набошанд, метавонанд ба Чумхурии Узбекистон барои зисти доими куч банданд. Як кисми сокинони дехаи Турк — Шурнова бо гуруххои кори, ки аз 100 нафар иборат буд, хамкории хуб намуданд ва оид ба зиндагии доими дар зодгохашон, ки ба каламрави маъмурии Точикистон дохил аст, ризоият доданд. Аммо ин масъала тавассути «зархарид»-хои Чумхурии Узбекистон ба таври дигар садо медихад.

Ба Точикистон тухмат мезананд!
Чанде кабл тавассути сомонаи интернети хар гуна маколахои бадномкунанда ба табъ расиданд, ки моломол аз ѓаразанд. Яке аз муаллифони он маколахо Станислав Березиков мебошад, ки оид ба дехаи сархадии Турк — Шурнова хангомаи беасосу бебунёдеро бадкасдона тасвир намуда, раванди таъмини волоияти конун ва риояи низоми давлатдориро бешармона ба ходисахои гузаштаи таърихи нисбат додаасту чониби Точикистонро ба миллатгарои тухмат мекунад.
Агар ин муаллифи зархарид таърихро дурусттар пеши назар меовард, дарк мекард, ки ки барои хамсояааш ин кадар чабру чафоро раво дидааст. Аз «узбеккунони»-и точикон, ки то ба имруз дуд аз димоѓамон баромада истодаасту чун хезуми тар бе садо месузем, ягон чои сухан гуфтан нест!

Бо дастгирии хамсояхо хуни нохак рехт!
Хануз аз даврае, ки Точикистон хамчун чумхурии автономи шинохта шуд, муносибати хамсояи мо чандон хуб набуд. Мехостанд дар симои точикон миллати «гапдаро»-ро бинанду танхо онхо идора намоянд. Аммо Точикистон руз то руз пеш мерафту таракки мекард. Эхтимол, хамин чиз боис бошад, ки бо хар рох мехоханд ба рафти пешрафти Точикистон халал ворид намоянд. Дар бораи махрум шудан аз имтиёзхои он корхонахои бузурги саноати, ки дар даврони Шурави тибки лоихахои умуми сохта буданд, харф намезанем.
Ба солхои давраи чанги бародаркушию баъди он ахамият дихед. Таърих гувох аст, ки бо дастгирии хамсоягон чи кадар хуни нохак дар сарзамини точик рехт. Садхо точик ватанро тарк гуфт. Хама точикони гурезаро панохгох доданд. Танхо хамсоягони мо дарро ба руи точикон бастанд. Зиёда аз 50 хонаводаи точикро аз мавзеи Кизилмазор ва Кашкосу сокинони нохияи Айнии вилояти Суѓдро ичбори берун карданд ва барои тайёри дидан ба дастаи М. Худойбердиев вогузоштанд. Вакте ки созишномаи оштии милли ба имзо мерасид, масъалаи кисмати миллати точик хал мегардид. Узбекистон аз имзо кардани созишнома саркаши намуд. Вакте ба ин созишнома имзо гузоштанд, ки аллакай ягон ахамият надошт.
Пас аз чанги шахрванди Точикистон комати худро акнун рост карда истодааст. Сармоягузорони хоричи мехоханд дар таракки ёфтани Точикистон сахмгузор бошанд. Натичаи ин аст, ки сохтмони азими Сангтуда, Роѓун, накби «Истиклол», «Шахристон», «Шар-шар» ва ѓайра ба кор шуруъ намуданд.
Ислом Каримов аз чи метарсад?
Ачабо! Моро намемонанд, ки сарватхои табииямонро ба манфиати мардум истифода барем. Дар масъалаи бунёди неругоххои барки обии Точикистон хар гуна сарусадо баланд карда мешавад.
Ислом Каримов, президенти Узбекистон, мухолифи аслии бунёди неругоххои барки обии Точикистон мебошад. Аз ин лихоз, бо хар роху восита кушиш ба харч медиханд, ки хар фурсатро барои интикод аз ин неругоххо, бархезондани бахси чахони ва дар шубха андохтани сармоягузорони хоричи истифода баранд.
Хеч гох бо бунёди неругоххо, аз он чумла неругохи барки обии Роѓун хачми оби ба Узбекистон чоришаванда кам намегардад, балки баръакс меафзояд. Шояд инро рохбарони Узбекистон дарк кунанд. Вале махз аз истиклолияти энергетикии Точикистон харос доранд. Ба хар тараф чор зада, сабаби хушкшавии бахри Аралро аз сохтмони неругоххои барки медонанд. Аммо касе тахлил намекунад, ки дар сохили дарёхои ба бахри Арал резанда чи кадар ахоли зиёд шуд. Ё ин ки чанд гектар замини ташналаб обёри гардид? Агар дар хушкидани бахри Арал давлатхои дар болооб чойгиршуда сахм дошта бошанд, кайхо ба хама чо овоза мекарданд. Миллион гектар заминхои ташналаб дар Узбекистону Туркманистону Казокистон обёри шудаанд, на дар Точикистону Кирѓизистон… Ѓайр аз ин, аз руи баъзе маълумотхо, бахри Арал ба се хисса таксим шудааст, ки як хиссаи он аз Казокистону ду хиссаш аз Узбекистон аст. Казокистон бо Кирѓизистон хамкори карда, обанборхои калон сохт. Вале Узбекистон ѓайр аз сару садохои беасосу иѓвогаронаю бадномкунанда ба кори дигаре даст намезанад.
Шояд чунин амалашон самара додааст. Дар як номааш ба хукумати Чумхурии Узбекистон Роберт Зеллик, раиси Бонки чахони навиштааст: «Бонки чахони дар мавриде масъулияти бунёди неругохи Роѓунро ба зимма мегирад, ки «танхо мутолеае дар мавриди ичропазир будани ин тарх бо таъкид ба паёмадхои эхтимолии он барои минтака» анчом дихад».
Чаро аз бебарки танкиси кашем?
Касе сари ин масъала намеандешад, ки зиёда аз 60%-и тамоми оби Осиёи Маркази аз Точикистон мешорад, аммо Точикистон хатто дахяки онро истифода намебарад. Точикистон аз нарасидани барк танкиси мекашаду бунёди неругох хачми обро кам намекунад. Танхо ба воситаи труба чори мегардад. Охир, кучост инсоф, ки наздики 90% обро Узбекистон истифода бараду боз нагузорад, ки неругоххои худро созем?!
Дар бораи захираи энергетикии Точикистон хочати гап задан хам нест. Агар тамоми ин захирахо истифода бурда шавад, нисбат ба талаботи тамоми Осиёи Маркази ба барк се маротиба зиёд аст. Аз руи хисоби мутахассисон, захираи энергетикии Точикистон 527 миллиард кВт/соатро ташкил медодааст. Бо чунин захираи бузург чаро мо аз бебарки танкиси кашем? Хатман неругоххоро сохтан лозим аст!

Дасти Тошканд?
Ба сохтмони неругоххои кишвар бо хар рох мехоханд таъсир расонанд. Магар ходисахои охирин дар атрофи Тавилдараю ногахон пайдо шудани Мулло Абдуллою изхороти Толибон ба хамин масъала алокаманди надорад?! Харчанд макомоти дахлдори хукумат оид ба гузарондани амалиёти «Кукнор-2009» иттилоъ медихад, вале амалия акси онро нишон дода истодааст. Боздошт гардидани нафарони бо дастаи Мулло Абдулло шарикидошта гувохи медихад, ки хадаф танхо гузарондани амалиёти «Кукнор-2009» нест. Нафаре, ки нахост номашро ин чо зикр намоем, таъкид намуд, ки хама сол бо карори Хукумати чумхури дар мохи май то охири ноябр амалиёти «Кукнор» гузаронда мешавад. Максади ягона аз кабули ин карор нобуд кардани растанихои нашъаовар мебошад. Агар дар минтакае тухми маводи нашъадорро кишт карда бошанд, он охирхои мохи июн аз замин мебарояд. Пас дар мохи май, дар минтакаи кухи гузарондани ин амалиёт касро ба андеша мебарад.
Дар хамин хол як манбаъи наздик ба Хадамоти амнияти давлатии Узбекистон ба хабарнигори “Озоди” гуфтааст, ки дар рохандозии ин ходисахо гурухи махсуси ин хадамоти Тошканд даст дорад ва ин гурух бо Хадамоти амнияти Русия аз як су ва бо Харакати исломии Узбекистон аз суи дигар хамкори мекунад.

Манфиатдорон…
Чи хеле набошад, дар рухияи мардум як навъ ноороми хис карда мешавад. Хабархои изхороти Толибон ва ба онхо робита доштани Мулло Абдулло акидаеро ба миён овардааст, ки уро Толибон барои номуътадил гардондани вазъи Точикистон фиристодаанд.
Нисбат ба хамин нооромихо ва барои нооромихо ки манфиатдор буданаш радиои «Озоди» чунин хабар медихад: «…бо назардошти он ки аз чунин ноороми ки бурди бештар хохад кард, ба Узбекистон ва Русия ишора мекунанд. Дар сурати ба хам хурдани вазъ дар Точикистон, Тошканд метавонад осуда бошад, ки бунёди иншооти обу барки Точикистон барои муддатхои тулони номумкин хохад гашт. Русия сардихои ахири равобиташ бо Душанберо нишонаи харчи бештар ба Ѓарб наздик шудани Точикистон мешуморад ва шояд ба ташаннучи вазъ дар Точикистон хамчун фишанги бозгардон манфиатдор бошад».
Боймахмади СОДИК,
БМСТЖ

Рубрики:Uncategorized