Главная > Uncategorized > ПӯКид

ПӯКид

Охираш. Аввалаш (…)

Дурӯғи дуввуми С. Мирзораҳматов ин аст, ки гӯё «Акбар Турсунов, Сафар Абдулло в те годы опубликовали на эти темы в центральных литературных и философских журналах научные статьи» (с. 71). Бо вуҷуди эҳтироми зиёде, ки нисбат ба А. Турсунов, С. Абдулло ва дигарон роиҷ аст, даъвогар ҳеҷ мисоле намеоварад, ки ишон дар куҷо ва дар кадом маҷаллот ва дар кадом навиштаҷот ва дар кадомин сол дар мавриди омӯзиши алифбои ниёгон (расмулхати форсӣ) ва дигар масоиле, ки дар мақолаи «То ба кай об аз таги ях меравад?» сухан рафтааст, пешниҳоде ироаъ додаанд. Ин ҷо дурӯғгӯй аз ду услуби санҷидашудаи ҷаҳонбинии (тасаввурот, идеология) низоми коммунистӣ истифода кардааст: 1. муқобил гузоштани андеша ва корномаи М. Мирраҳимов бо А. Турсунов ва С. Абдулло; 2. дурӯғи бузург далел намехоҳад, ҳамон ки пароканда шуд, кифоят мекунад. Хонандаро ин тарзи дурӯғ роҳгум мезанад ва ҳатто барои шубҳа ва ё андеша кардан фурсат намеёбад ва маҷбур аст ба он дурӯғ бовар кунад.

Шояд худи дурӯғгӯй камбудии даъвояшро дарк карда, ки дар ҷумлаи дигар чунин узр пеш меоварад: «Но эти материалы читали в республике лишь единицы, поскольку широкой публике эти издания были недоступны» (с. 71). Ба эҳтимоли зиёд дар сафи он нафароне, ки яккаву ягона дастрасӣ ба он маводи нашрии комилан сиррӣ дошт, ҳамин С. Мирзорахматов қарор гирифта, ки ҳол аз овардани мисол худдорӣ фармудааст (бахилӣ аз даст наравад ва ё сирри давлатӣ фош нашавад!). Ба ҳар ҳол лутфи карам мебуд, агар шаммае аз он мақолоти илмӣ ба таваҷҷӯҳи хонандагон бо мисоли рӯшан пешниҳод мешуд ва даъвои ин рӯзноманигори тӯҳматгар бо далел собит мегардид, ки чизе ҳаст.

            Севвумин дурӯғи С. Мирзорахматов идомаи ҷумлаи болост, ки чунин фармудааст: «Тем более не могли знать об этих публикациях далекие от культуры, национального самосознания руководители республики» (с. 71). Ин ҷо низ С. Мирзорахматов бо дурӯғи бефурӯғаш хонандаро ба дом меандозад, то роҳ ба бофтаҳои дигар ва бузургтарро боз намояд. Дар даврони султаи коммунистӣ ҳар нуктае, ки дар мавриди бедории миллӣ, худшиносӣ ва ҳатто латифаи тамоман беозор нисбат ба масъалае гуфта мешуд (навиштан он тараф истад!) ба таври катбӣ ва фаврӣ мӯҳтавои он ба шакли гузориши фишурда рӯйи мизи кории раҳбарони Ҷумҳурӣ ва ҳатто Маскав қарор мегирифт. Ба ҳар ҳол боз рӯзноманигороне чун С. Мирзораҳматов кам набуданд, ки камтарин озодихоҳӣ ва ошкорбаёниро ба боди интиқод мегирифтанд (масалан Х. Юсупов) ва садҳо хуфиянавис низ дар камин ҳозиру нозир буданд. Дигар он ки раҳбарони Ҷумҳурӣ он қадр нобихрад набуданд, ки С. Мирзорахматов онҳоро чунин ба қалам додаст. Нобихрадии онҳо дар он буд, ки мисли С. Мирзорахматов ва Х. Юсупов рӯзноманигорон доштанд ва ба навиштаҳои онҳо бовар мекарданд ва замоне ки М. Мирраҳимов матлабро рӯшан ва ошкоро пешниҳод кард, дар доми дурӯғ ба сар мебурданд, воқеъиятро дидан намехостанд, ҷуръат надоштанд камбудии худро ислоҳ созанд.

Барои он ки дурӯғпароканиҳои С. Мирзорахматов фошофош рӯшан шавад аз китоби муаллифи ин сатрҳо-«Падидаҳои худшиносӣ» (ин китоб то ба ҳол ду бор нашр шуда) навиштаҳои рӯзи 27.01.1988-ро айнан меоварем:

«27-уми январи соли 1988 дар рӯзномаи “Комсомоли Тоҷикистон” зери унвони “Гӯшаи муҳаррир” хабари муҳиме нашр шудааст. Дар он аз мулоқоти Абдурраҳмон Додобоев мағзи суханрониашро дар бораи аҳамияти омӯзиши алифбои ниёгон чоп кардаанд.

Дар Тоҷикистон ба муқобили мақолаи «То ба кай об аз таги ях меравад?» ва раванди бедории миллӣ фитнаи бузург шурӯъ шуд ва он бо пештозии И. Усмонов ва А. Саъдуллоев-устодони донишкадаи рӯзноманигории Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин бо мақолаи «Сухани нобарҷой зишт бошад» дар шумораи имрӯзаи рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ» қадам ба арсаи вуҷуд гузошт, ки думаш хеле дароз аст. Ин мақола аз ҷиҳати вазн ва фурсати чоп пурмӯҳтавотар аз хиёнати хуҷандиҳое аст, ки Темурмаликро дастгир ва ба чингизиҳо таслим карданд ва сулолаи Оли Хуҷанд, ки дарвозаҳои шаҳри Исфаҳонро барои сипоҳи муғул боз карданд, мебошад. Ҳеҷ фарди боандешаи миллат дар ин рӯзҳои сарнавиштсоз ба чунин хиёнат даст намезанад, вале тоҷикнамоҳо бояд ҳамин хел рафтор дошта бошанд ва бо супориши хоҷагонашон фаъолият намоянд. Бо ин амал И. Усмонов сари вақт пешгирӣ аз чопи мақолаи мо карда натавонистанашро ҷуброн кард (ва ҳатто бештар аз ҷуброн). Аҳсант, бар шумо Иброҳимҷон Кенҷаевич Усмонов!

Мақолаи А. Саъдуллоев ва И. Усмонов бо ин сархат оғоз мешавад, ки ҳадафи асосии фитнабарангезонро рӯшан месозад: «Дар шумораи 6 январи соли ҷории газетаи «Комсомоли Тоҷикистон» ба чунин навиштаҳо дучор омадем: «Дар минбари муқаддас агар ҳар кас ҳар чизе, ки ба даҳанаш ояд, гуфтан гирад, оқибат чӣ мешуда бошад?» Ин гапи хуб ба ёди мо шумораи аввали имсоли худи газетаи «Комсомоли Тоҷикистон», бахусус, саҳифаи сеюми онро ба ёд овард, ки вақфи рӯзгори иддае аз кормандони он гардидааст»[1].

Муқарризони муғриз, беистеъдод, орӣ аз одоби рӯзноманигорӣ ва дастгоҳи гапбофии донишкадаи рӯзноманигории Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин А. Саъдуллоев ва И. Усмонов бештар Додоҷони Атовуллоҳро мавриди танқид қарор дода, мехостанд, ки бо ин роҳ ӯро ҳамчун сабабгори нашри мақолаи мо дар «Комсомоли Тоҷикистон» саркӯб ва маҳкум созанд. Вале навиштаҳояшон бисёр нотавон, сустбунёд ва бемаънӣ буд. Танҳо фитна дар он мавқеи асосӣ дошт.

Дирӯз дар шаҳри Сумгаити Озарбойҷон қатли оми арманиҳо рух дод ва ба дунболи он муборизаи озодихоҳонаи мардуми Кӯҳистони қаробоғ ба вуқӯъ пайваст.

Афсари КГБ Абдулазиз Муродов, ки масъулу маъмури (куратор) Академии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби он созмон аст, маро барои бозпурсӣ ба хонаи махфии хуфия воқеъ дар кӯчаи ба номи А. Чехов бурд. Ин истинтоқ беш аз се соат тӯл кашид…

Ба таври ошкоро аз ман хостанд, ки аз муаллифии мақолаи «То ба кай об аз таги ях меравад?» даст бикашам ва тавбанома нависам, ки «дигар ин хел гуноҳ намекунам». Аммо ман ваъда додам, ки ҳатман ҳамин «роҳи худшиносиамро идома хоҳам дод ва дар оянда осоре беҳтар аз мақолаи «То ба кай аз таги ях меравад?» хоҳам навишт. Намояндаи КГБ-и Иттиҳоди Шӯравӣ, ки миллияташ гурҷӣ буд ва унвони сарҳангӣ (яъне «полковник») дошт, хеле кӯшиш ба харҷ дод, то маро ба миллатчигӣ айбдор созад. Сарҳанг ҳангоми бозпурсӣ бо таҳдид таъкид бар ин нукта дошт, ки аз муаллифии мақолаи «То ба кай об таги ях меравад?» даст бикашам ва нашри онро ба Акбар Турсунов ва ё Давлат Худоназаров нисбат бидиҳам. Ман ин хабосат ва дархости он сарҳангро бо далоили зер рад кардам ва чунин посух додам:

-Асли ин мақола нахуст ба забони русӣ ҳанӯз солҳои 1981-1982 навишта шуда буд ва ба хотири он ки он солҳо хафақон буд, мо аз нашраш худдорӣ варзидем. Акбар Турсунов ва Давлат Худоназаров наметавонанд ва ҷуръати ин хел мақола навиштанро надоранд…

Маълум шуд, ки маҳз ҳамин сарҳанг соли 1958 Звиад Гамсахурдиаро дар додгоҳ ба миллатчигӣ маҳкум карда будааст (ӯ аз натиҷаи ин кораш ифтихор мекард). ӯ дар ниҳоят ба воқеъаҳои Сумгаит ва Кӯҳистони Қаробоғ низ ман ва мақолаамро сабабгору гунаҳкор донист (зеро бародарони арманӣ мақолаи «То ба кай об аз таги ях меравад?»-ро ба забони арманӣ баргардон ва ба теъдоди беш аз чиҳил ҳазор нусха чоп ва дар Қарабоғи Кӯҳистон, Арманистон ва Озарбойҷон паҳн намудаанд) ва таҳдид кард, ки «туро ҳеҷ гоҳ ором нахоҳем гузошт…» Тафсилоти ин бозрасӣ як китоби ҷудогона мешавад, ки шояд дар ояндаҳои дур иншо шавад…»

Имрӯз пас аз даргузашти беш аз бисту се сол аз он таърих С. Мирзорахматов бо наҳви андаке дигар суханони ҳамон сарҳанги КГБ-и Иттиҳоди Шӯравии собиқро дар сархати нахустини шоҳасари безаволаш такрор кардааст, ки ҷои ҳеҷ тааҷҷубе нест, зеро «таги коса нимкосае ҳаст» (дар поён ба ин мавзӯъ бозмегардем). 

Агар ман дар баҳсҳо, дору даъвои муллонуқотиҳои Фарҳангистони улуми Тоҷикистон ва мансабдорон дар идораҳои зирабти қудратӣ, таҳдиду таҳқирҳо, хулоса ҳар он чӣ, ки пас аз нашри мақолаи «То ба кай об аз таги ях меравад?» рух дод, шикаст мехӯрдам ва аз мубориза даст кашида, пешниҳоди сарҳанги КГБ-и Иттиҳоди Шӯравиро мепазируфтам, ҳамаи рӯшанфикрону худшиносон, тарафдорони хешро сархам ва дар кулл мардумро тамоман ноумед мекардам. Масъулияти бузурге ба дӯши банда афтода буд, на шӯҳрате, ки то имрӯз ҳасудонро ором намегузорад. Он чӣ имрӯз С. Мирзорахматов бо сафсатта ва тӯҳматнома ва устодаш Нур Табарович Табаров бо пешгуфтори бемасъулиятона ва орӣ аз дарки таърих анҷом додаанд, дар муқоиса бо дасисаҳои гузашта, танҳо ғуруби фитна аст ва арзиши кӯшишҳои ишон ба хокбӯсии қадамҳои нопоки қаҳрамонони мақолаи Додоҷони Атовулло-«Уштура гуфтам ғамза кун…»[2] намерасад.

Дар ҳамин сархати нахустини мақолаи С. Мирзорахматов боз як иштибоҳи ҷузъӣ ҷой дорад: замоне, ки мақолаи «То ба кай об аз таги ях меравад?» дар рӯзнома чоп шуд, онро «Комсомоли Тоҷикистон» меномиданд, на «Ҷавонони Тоҷикистон». Номи рӯзнома ба «Ҷавонони Тоҷикистон» пас аз як соли нашри мақолаи мо тағйир дода шуд. Ин нуктаи ҷузъиро танҳо барои он мисол овардем, то рӯшан шавад, ки С. Мирзорахматов ба ҳар матлабе, ки дар танқиди нуқтаи назари дигарон даҳон мезанад, сатр ба сатр фаротар аз дурӯғпароканӣ мепардозад.

Ниҳоят, дар боби мақолаи «То ба кай об аз таги ях меравад?» боз як ишораи муҳимро таъкид кардан аз манфиат холӣ нест: ман пас аз бар маснади давлатӣ нишондани Ҷашни Наврӯз[3] як боби тозае аз сархати худшиносии хешро бо ин мақола оғоз кардам, ҳамаи чиз ва ҳамаи нукот дар мавриди худшиносӣ ва эҳёи фарҳанги миллиро гуфта натавонистам ва лозим ҳам набуд. Ин садои нағмаи худшиносии мо ба гӯшу ҳуш ва дилу хиради одамони бедор расид ва онро ба ҷону дил пазируфтанд ва озодагону озодмардон (занҳои озода низ дар ҳамин қаторанд) аз андешаҳои нек пайравӣ карданд. Онҳое, ки сиришти пок доштанд, бедор шуданд, ба нигоҳи дигар ба хеш нигаристанд, нукоти муҳими худшиносиро ба ёд супурданд, ҳифз карданд ва онҳое, ки табиати ғуломона доштанд, дар рӯзномаҳои дарбориашон бар зидди мо шӯриданд, даъвову дасиса ба роҳ андохтанд, эзору шалворашонро кашида, то ба даргоҳи КМ ҲКТ ва КМ КПСС ва ҳатто Тошканду Мюнхену Вашингтон давиданд, ки Мирбобо Мирраҳимов ин суханҳоро гуфт ва мардум бедор мешаванд, бояд коре кард ва сари ин роҳи худшиносиро гирифт, вагарна идора карданашон душвор хоҳад шуд. Ҳеҷ чизе барояшон оид нашуд, танҳо дурӯғу дасисаҳояшон то имрӯз идома дорад. Нафаҳмиданд, ки:

Зиндагӣ саҳнаи кимёи ҳунармандии мост,

Ҳар касе нағмаи худ хонаду аз саҳна равад.

Саҳна пайваста ба ҷост-

Хуррам он нағма, ки мардум бисупоранд ба ёд!

Аз ҳар сатри мақолаи С. Мирзорахматов бӯйи ғараз ва ҳасодат меояд. Он чӣ М. Мирраҳимов дар бисёр маворид сухани аввалро гуфтааст, ӯро ором намегузорад ва барои он ки танқидаш коро шавад ба муқобилгузорӣ бо дигарон-Лоиқ, Гулрухсор, Бозор Собир, Акбар Турсунов (с. 72) мепардозад, ҳатто андозаи ҳуруфро дар миёни матни мақолааш тағйир медиҳад, то хонанда ба ҳунари рӯзноманигории вай итминон кунад, ки метавонад авомро бештар саргарм созад ва ҳар дурӯғро ба фурӯш бароварад. Барои он ки хонанда ба худ наояд ва танҳо зери навиштаи С. Мирзорахматов ба сар бибарад, суханҳои кӯчаву бозорро «далели шаъйӣ» меоварад ва «яке аз ашриқ ва дигаре аз Машриқ» мегӯяд ва якбора дасиса ва беадабии бисту се сол пеш анҷомдодаи ҳамтабақ ё худ ҳамқадаҳаш-Хулькар Юсуповро ба тарзи тамоман бозоргир ва иғроқомез ҷилва медиҳад: «А тут случаи, чтобы напоминать о себе все громче и громче, представлялись один за другим. Взять хотя бы публикацию Хулькара Юсупова в газете «Коммунист Таджикистан» против статьи Мирбобо, вызвавшую негативную реакцию творческой интеллигенции, что, конечно же, прибавило ему популярности» (72)[4].

Магар Хулькар Юсупов бардаи ҳалқабаргӯш аст ва бо супориши мо мақола навишта, ки шӯҳрате бароямон бияфзояд?! Агар аз дасти Хулькар Юсупов кори шӯҳрат бахшидан ба дигарон меомад, ҳатман онро аз шумо дареғ намедошт, мӯҳтарам С. Мирзорахматов! Коре, ки Хулькар Юсупов бо нашри мақолааш дар рӯзномаи «Коммунист Таджикистана» (3.02.1988) анҷом дод, аз одоби рӯзноманигорӣ ва ҳатто фарҳанги инсонӣ хориҷ аст, ки номаш «фитнаву дасиса» мебошад. Х. Юсупов метавонист мақолаашро дар рӯзноме, ки мақолаи «То ба кай об аз таги ях меравад?» чоп шуда буд (мақолаи мо ба забони тоҷикӣ ва дар рӯзномаи тоҷикӣ чоп шуда буд ва аз мӯҳтавои он хонандагони рус ва мардуми русзабон тамоман огоҳӣ надоштанд ва то имрӯз ҳам надоранд), ба нашр бирасонад ва ҳақ ҳам дошт (бовар кунед рафиқон А. Норматов ва Р. Қ. Олимов[5] онро бо ҷону дил чоп мекарданд, зеро рӯзи якшанбе, 31.01.1988 мақолаҳои З. Саидов ва ӯроқоваро дар «Комсомоли Тоҷикистон» ба муқобили мақолаи М. Мирраҳимов чоп шуда буданд). Мақолаи Х. Юсупов боиси марги як инсон шуд, ки барои С. Мирзорахматов, албатта, арзише надорад. Х. Юсупов дидаву дониста одоби рӯзноманигориро пушти по зад ва ба рӯи миллати тоҷик туф кард ва дигар он ки чӣ қадар тоҷик кушта мешавад ва ё русҳо муқобили тоҷикон мешӯранд, коре надошт, зеро миллияташ дигар аст. Ҳадафаш ин буд ки дасиса ба роҳ андозад, «қаҳрамон» шинохта шавад ва ҳамаро гумроҳ созад. Пайт мепойид, ки шӯҳрат ба даст оварад ва нашри мақолаи мо он фурсатро барояш ҳадя кард. Аҳсант! Аммо чӣ тавр он разолат ва доғи сиёҳро С. Мирзорахматов сафед мекунад ва имрӯз бо чӣ ҳунар онро ба хосу ом пешниҳод месозад, воқеан ҳам нодир аст.

Ин таърихро маҳз барои С. Мирзорахматов менависам, ки дигар гузаштаро таҳриф насозанд: дуввуми феврали соли 1988 ман аз нашри мақолаи Х. Юсупов ва матни ҳуруфчинишудаи (гранкаи пеш аз нашр)[6] он пурра хабар доштам ва ба идораи рӯзнома ва ҳатто сардабири «Коммунист Таджикистана» В. Наумов гуфтам, ки аз чунин дасиса худдорӣ кунанд ва аз Райиси Фарҳангистони улуми Тоҷикистон М. Осимӣ, ки сарриштаи ҳамаи мақолаҳои зидди «То ба кай об аз таги ях меравад?» дар дасти ишон буд, хоҳиш кардам, ки бигузор мақолаҳои муқобили андешаҳои банда дар рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» чоп шавад, на ягон нашрияи дигар. Вале маҳз бо супориши болонишинҳо мақолаи Х. Юсупов 3.02.1988 дар рӯзномаи «Коммунист Таджикистана» ба чоп расид. Албатта, ҳадафи Х. Юсупов барангехтани фитна ва рӯҳияи зиддитоҷикӣ буд, ки ба он ноил шуд, вале таъсири баръакси он низ кам набуд. Ҳоло пас аз даргузашти бисту се сол аз он рӯзҳо мӯҳтарам С. Мирзорахматов дақиқан ҳамон роҳеро мепаймоянд, ки қаблан яке убур карда ва ба ҷуз дасиса аз хеш мероси наҳсе боқӣ нагузошта. Гузашта аз ин, субҳи рӯзи севвуми феврали соли 1988 соати 08-55 ба Кумитаи Марказии ҲКТ рафтам ва бо мудири бахши матбуотии он даргоҳ «Набӣ Каримов чунин изҳор доштам:

-Дар шумораи 28(17371) рӯзномаи «Коммунист Таджикистана», яъне имрӯз чаҳоршанбе, севвуми феврали соли равон, мақолаи Х. Юсупов «А разве ледоход не начался? Открытое письмо кандидату философских наук М. Миррахимову» чоп шудааст, ки хилофи одобу ахлоқи инсонӣ ва рӯзноманигорӣ ва таҳрифи нуктаҳои асосии мақолаи мо мебошад. Хоҳишмандам дар робита ба нашри ин мақолаи иғвобарангез ду мулоҳизаи маро ба котиби якуми КМ ҳКТ қаҳҳор Маҳкамов бирасонед:

Якум. Агар “Номаи кушода”-и Хулькар Юсупов дар ҷумҳурӣ рӯҳияи зиддирусиро барангезад, дар он раванд маро гунаҳкор кардан мумкин нест;

Дуюм. Дар сурати дар хориҷа нашр ва ё тавассути радио пахш шудани мақолаи “То ба кай об аз таги ях меравад?” ман аз ҳуқуқи муаллифӣ даст намекашам»[7].

Дақиқан ҳамин матлаби болоро дар мулоқот бо Қ. Маҳкамов 5 марти соли 1988 низ баён карда будам[8].

Агар С. Мирзорахматов каме ба худ заҳмат медод ва китоби «Падидаҳои худшиносӣ»-ро, ки дувоздаҳ сол пеш нашр шуда, мутолаа мекард, ба чунин таҳрифот намепардохт. Хушбахтона, Қ. Маҳкамов дар қайди ҳаёт ҳастанд ва ҳар кас метавонад ин ҳақиқатро аз он кас суол фармояд.

Ҳатто пас аз сипарӣ шудани як моҳ аз нашри иғвономаи Х. Юсупов ба таври катбӣ ба сардабири рӯзномаи «Коммунист Таджикистана» В. Наумов муроҷиат кардам, ки матни пурраи мақолаи «То ба кай об аз таги ях меравад?» ба забони русӣ чоп карда шавад, то камбудӣ ислоҳ ва аз дасисаҳои нав ба нав пешгирӣ ба амал ояд. Аммо сардабири мӯҳтарам, ки вазифааш барангехтани иғвоҳои нав ба нав дар Тоҷикистон буд, аз нашри мақолаи мо сар печид[9]. Боз далел меоварам, то ба хирасарон сабақ шавад, ки дар амал рӯзномае, ки шумо, ҷаноби С. Мирзорахматов, хабарнигории онро бар ӯҳда доштед, чӣ хиёнате ба мардуми кишвар кард (ҳам номаи мо ва ҳам посух ба он баргардон аз забони русӣ):

«Дуюми марти соли 1988 соати расо 11-00 ба идораи рӯзномаи «Коммунист Таджикистана» ин номаро супоридам:

«Мӯҳтарам сардабири рӯзнома!

Бо сабаби он ки пас аз нашри «Номаи кушода»-и аъзои Иттиҳодияи рӯзноманигорони шӯравӣ Хулькар Юсупов шарҳи гуногуни мақолаи ман «То ба кай об аз таги ях меравад?» идома дорад ва муаллиф қасдан бисёр нуктаҳои илмии мақолаи маро таҳриф кардааст, аз ин рӯ хоҳишмандам онро бо тарҷумаи саҳеҳ аз тоҷикӣ ба забони русӣ дар рӯзнома чоп намоед.

Бо эҳтиром Мирбобо Мирраҳимов»

Посухи сардабири рӯзномаи «Коммунист Таджикистана» рафиқ В. Наумовро ҳам айнан бароятон меоварем, то мушаххас шавад: киҳо нахуст ба дасиса даст задаанд ва чӣ касе имрӯзҳо он суннатро дар Қазоқистон идома медиҳад:

«Рафиқи мӯҳтарам Мирраҳимов!

Агар мақолаи шумо ҳаҷман мӯътадилтар мебуд, мо онро якҷоя бо мақолаи Юсупов медодем[10]. Алҳол чопи он тамоман беҷо аст, зеро дар бюрои КМ ҳКТ 2 марти соли 1988 ба вай баҳои аз ҳама манфитарин дода шуд. Сардабир В. Наумов» /№35, 03.03.1988/.

Мутолааи номаи ҷавобии сардабири рӯзномаи «Коммунист Таджикистана» маро бисёр шод кард. ӯ дар сари қаҳр асли қарори бюрои КМ ҳКТ-ро ба ман хабар додааст, ки на ҳар як одами боақл ин хел рафтор мекунад. Ба ҳар ҳол то нашри қарори бюро аз он истифода бурдан аз рӯи одоби сиёсӣ нест.

Маълум шуд, ки ҷаласаи муҳокимаи банда дар Маҷлисгоҳи АИ Тоҷикистон, ки сеюми моҳи марти соли 1988 ташкил шуд, бесабаб набудааст. Мансабдорони ҳизбиву комсомолӣ ва коргардон-саркардаи «илмӣ»-и онҳо Муҳаммади Осимӣ мехостаанд, ки пас аз он ки «дар бюрои КМ ҳКТ 2 марти соли 1988 ба вай (яъне мақолаи «То ба кай об аз таги ях меравад?»-М.М.) баҳои аз ҳама манфитарин дода шуд» маро зери по ва тамоман маҳву нобуд сохта, пас дар рӯйи устухонҳои мо ҷашни шодӣ биёроянд. Онҳо мехостанд, ки маро рӯҳан ва ҷисман шикаст бидиҳанд ва пасон аз болои тани зинда ва рӯҳи мурдаи ман ҷаноза бихонанд. Ғалат карданд. Шукри Худованд, ки нотавонон ба мақсади нопокашон нарасиданд»[11].

С. Мирзорахматов дар масъалаи интихоботи Раёсати Бунёди забони форсии тоҷикӣ дар 14 октябри соли 1989 низ ба сафсатта ва дурӯғпароканиҳои зиёде пардохта, иттилооти нодурустро сармашқи кори хеш кардааст. Нахуст дар он интихобот масъалаи пешниҳод шудани устод Лоиқ ба ҳайси Райис дар муқобили номзадии Мазҳабшо Муҳаббатшоев меистод. Номзадии М. Муҳаббатшоев ба сифати Райиси Бунёди забон аз ҷониби КМ ҲКТ дастгирӣ мешуд ва ҳадафи мансабдорон ба даст гирифтани нахустин созмони ғайридавлатӣ буд. С. Мирзорахматов дар он интихобот ширкат надошт ва агар ҳам дошт касе ӯро намешинохт, ҳоло хулосаи худашро аз номи дигаре ин тавр ба хонанда пешниҳод мекунад: «предложения избрать заместителем Председателя именно Мирбобо, были категоричными-он и только он! Кто-то пытался объяснить, что Мирбобо толком не знает таджикский язык, историю нашей культуры и, наконец, нашу письменность. Не хотел его избрания и Устод Лоик, которого просто раздражали крикуны от культуры» (с. 74).

Бояд ба ин мардак гуфта шавад, ки мо медонем, ки ин дурӯғро ба гӯшатон чӣ касе («кто-то») рехтааст ва шумо онро мисли ҳақиқати кулл ба фурӯш баровардаед. Шумо аз кай қозӣ (яъне «судья») шудаед ва ҳукм мебароред, ки ин шахс забон ва фарҳангро медонад ва дигаре намедонад? Шумо ва хонаводаатон маро ҳеҷ гоҳ надидаед, ҳамсӯҳбат ҳам нашудаед (худ дар тӯҳматномаатон навиштаед) ва ин қадар ҳам бӯҳтон аз худ бофтаед ва ҳатто бовар ҳам кардаед, ки ҳама чизро дар бораи мо медонед! Мо номзадии хешро барои тасаддии ҷонишинии Райиси Бунёди забони форсии тоҷикӣ пешбарӣ накардаем, ки ба ғазаби шумо гирифтор шавем. Агар Мирбобо Мирраҳимовро ба ҷонишинии Райиси Бунёди забон интихоб карданд, на шумо ва ягон ҳамтабақи имрӯзаатонро, гуноҳи мо дар чист?

Дар робита ба масъалаи интихоби банда ба ҳайси муовини Райиси Бунёди забони форсии тоҷикӣ овардани як далели муҳимро лозим медонем, то бебунёдии дурӯғи ҷаноби С. Мирзорахматов рӯшан шавад.

Барои он ки суханонам дар мавриди бозпурсии (истинтоқ) Райиси Бунёди забони форсии тоҷикӣ Лоиқи Шералӣ ба хотири Мирбобо Мирраҳимов аз ҷониби бозрасҳои мӯҳтарами Кумитаи давлатии амнияти миллӣ бе далел набошад ва боз ба камина тӯҳмат назананд ва худо нигаҳ дорад, дар пайгарди қонунӣ қарор надиҳанд, овардани санадеро лозим донистем, ки бо имзои худи устод Лоиқ ба он идораи мӯътабар фиристода шудааст (ва ҳоло бори дуввум ба С. Мирзорахматов пешкаш мегардад). Ин сифатнома ё беҳтараш бигӯем тавсифнома, ки тоҷикони имрӯза онро «характеристика» меноманд (ва устод Лоиқ низ маҷбур шудаанд, ки онро барои қобили фаҳми забондонон шудан дар болояш «характеристика» нависанд) таҳти шумораҳои 7 ва 8 аз 18 марти соли 1994 мебошад. Онро бо ҳам мехонем:

«Ба Кумитаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба амнияти миллӣ

Мувофиқи мактуби ирсолкардаи Шумо аз таърихи 11.03.94 г. таҳти рақами 15-94 бо имзои муфаттиши ҳайати муфаттишӣ, мӯҳтарам Воҳидов Д. А. бароятон характеристикаи собиқ корманди Бунёди забони форсии тоҷикӣ Мирраҳимов Мирбоборо мефиристем.

 

Бо эҳтиром Раиси Бунёди забони форсии тоҷикӣ

Лоиқ Шералӣ

 

 

 

ХАРАКТЕРИСТИКА

 

Дода шуд, ба Мирраҳимов Мирбобо, дар он хусус, ки вай аз таърихи 1-уми марти соли 1990 то 11-уми маи соли 1992 дар Бунёди забони форсии тоҷикӣ ба вазифаи ҷонишини аввали раиси Бунёди забони тоҷикӣ (форсӣ) кор кардааст. Мирраҳимовро дар Анҷумани муассисони Бунёди забони тоҷикӣ (форсӣ) аз таърихи 14-уми октябри соли 1989 ба ин вазифа мувофиқи Ойинномаи ин созмон интихоб карда буданд. Ва тибқи ҚАРОРИ Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 маи соли 1992, рақами 154, ДАР БОРАИ РАИСИ ШИРКАТИ ДАВЛАТИИ СИМО ВА САДОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ТАЪИН ШУДАНИ МИРРАҲИМОВ МИРБОБО бо имзои Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон р. А. Мирзоев ва Муовини мудири корҳои Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз вазифаи дар Бунёди забон доштааш сабукдӯш карда шуда буд.

Мирраҳимов ба ин вазифа тасодуфӣ наомадааст, балки ҳамчун яке аз созмондиҳандагони Бунёди забони форсии тоҷикӣ интихоб шудааст. ӯ аз рӯзи аввали фаъолияти Бунёди забон то охирин рӯзҳои кориаш аз иҷрои вазифааш мебаромад. Албатта, мувофиқи он имконияте, ки худи ташкилот дорад. Чунки дар тамоми тӯли фаъолияташ ва то имрӯз ҷои (манзили) кории доимӣ ва дигар шароиту имкониятҳои заруриро надорад. Яъне, агар дар ҷое нақшаҳои кории ӯ пурра амалӣ нашуда бошанд, ин ба тамоми фаъолияти ташкилот-Бунёди забон тааллуқ дорад, на ба фаъолияти алоҳидаи ин ё он корманд. Мирбобо бо ҳамкоронаш дар муносибати хуб ва дӯстона буда, табиатан орому ботамкин аст. Ақидаҳои шахсии фарҳангӣ ва сиёсиашро ба касе талқин накардааст. Дар тӯли фаъолияташ аз тарафи Садорат ва Раёсати Бунёди забони форсии тоҷикӣ ягон норозигӣ баён нашудааст. Ин сифатнома тибқи хоҳиши расмии Кумитаи Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба амнияти миллӣ, таҳти рақами 15-94 аз таърихи 11.03.1994 иншо шуд.

Бо эҳтиром Раиси Бунёди забони форсии тоҷикӣ Лоиқ Шералӣ».

Он сол, ки Устод Лоиқ ин тавсифномаро барои М. Мирраҳимов навиштаанд, зери фишори сахт қарор доштанд ва мо дар зиндони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар боздошт ба сар мебурдем. Он рӯзҳо камтарин дифоъ аз Мирбобо Мирраҳимов бо нархи ҷон тамом мешуд. Вале Устод Лоиқ мисли бисёр номардҳо дурӯғ нанавиштанд, балки баръакс ҷавонмардона аз Мирбобо Мирраҳимов дифоъ ба амал оварда, ҳақиқатро навиштаанд. Худо раҳматашон кунад, ки сурати С. Мирзорахматов барин дурӯғнависонро надиданд…

Ин мардакро ҳасад ва ғараз он қадр кӯр кардааст, ки ҳатто оддитарин нуктаро дарк намекунад ва ба ҳар роҳе мехоҳад дурӯғашро ҳамчун ҳақиқат ҷилва диҳад. Ва ин яке дигар аз дурӯғҳои ӯ: «Сейчас он (т. е. М. Миррахимов) в своих мемуарах выдает себя за одного из учредителей движения Растохез. Конечно, врёт. Растохез был задуман яркими представителями таджикской интеллектуальной этиты» (с. 75). Ин ҷо на Мирбобо, балки маҳз С. Мирзорахматов дурӯғ мегӯяд. Зеро чӣ тавр таъсис шудани Созмони мардумии Растохез ва чӣ тавр ва дар куҷо чоп шудани нашрияи «Растохез»-ро С. Мирзорахматов дар хоби шабаш ҳам нашунидааст ва намедонад.

Ҷалолатмаоб С. Мирзорахматов! Барои шумо пӯшида намонад, ки пеш аз таъсиси Созмони мардумии Растохез маҳфили сиёсии «Рӯ ба рӯ» амал мекард ва пештар аз он маҳфили дигаре буд, ки ба шакли «гаштак» ва дар он бунёдгузорони асосии ҳар ду ҷараён ширкат доштанд. Номи чанд нафари онҳоро ин ҷо овардан аз манфиат холӣ нест, то дигар ба дурӯғи шумо ҳоҷат набошад: Ҳ. Ҳабибуллоев, Ҳ. Файзуллоев, М. Мирраҳимов, А. Холиқзода, Ҷ. Исоев, Б. Мақсудов ва дигарон. Ҳеҷ як аз шахсиятҳои бузург, ки шумо даъво доред ва аз ишон ном намеоваред, дар таъсиси Созмони мардумии Растохез нақше надоштанд. Нашрияи «Растохез»-ро Мирбобо Мирраҳимов дар хориҷ аз Тоҷикистон чоп карда, аз Маскав то Самарқанд бо қатор (яъне поезд) ва аз он ҷо то ба Душанбе роҳи заминӣ овардааст (биравед аз Х. Ҳамидов бипурсед, онро бароятон нақл хоҳад кард). Мо аз хазинаи Созмони Растохез ҳамагӣ ҳаштсад сӯм пул гирифта, боқимонда ҳамаи хароҷоти нашр ва ҳамлу нақлро аз ҷайби худ пардохта, шумораи нахустини «Растохез»-ро чоп кардем. Бародари мӯҳтарам Ҳадятуллоҳ Файзуллоев, ки хазинадории Созмони мардумии Растохезро бар ӯҳда доштанд, ин қазияро бароятон ба таври рӯшан шарҳ хоҳанд дод.

Барои он ки қазияи нашрияи «Растохез» рӯшантар шавад чанд далел меоварам. Нахуст, дар саҳифаи якуми шумораи аввалини моҳномаи «Растохез» порае аз ҳикояи донишомӯзи (хонанда) мактаби миёнаи ноҳияи Ғончӣ Фахриддини Холбек чоп шуда буд, ки аксарият онро акси садое ба воқеаҳои феврали соли 1990 талаққӣ мекарданд. Ҳол он ки Фахриддин нома ва ҳикояташро моҳи ноябри соли 1989 бароям фиристода буд ва он моҳи январи соли 1990 дарёфт шуд ва як пораашро моҳи май дар нахустшумораи «Растохез» ҷой додам. Сониян, дар саҳифаи дуввуми нахустшумораи «Растохез» мақолаи маъруфи «Ким тарафдор? Ким бетараф? Ҳамагӣ чоп шуда. Муаллифи мақола равоншод Абдуқодири Холиқзода аст бо имзои мустаор. Асли мақола аз дувоздаҳ саҳифа (ва бо замимаҳо понздаҳ сафҳа) иборат буд ва агар мо ҳамаи онро дар «Растохез» чоп мекардем, барои дигар матолиб ҷой намемонд. Ман онро даҳ ё понздаҳ бор виройиш карда, дар як сафҳае ба андозаи А-4 гунҷонидам ва чунин сарлавҳа (унвон, титр) задам: «Ким тарафдор? Ким бетараф? Ҳамагӣ!». Ин сарлавҳа паёми асосии мақоларо ба хубӣ ба хонанда мерасонд ва масхарабозии Иҷлосияи Шӯрои Олиро даровард. Дар Иҷлосияи дуввуми ШО (моҳи августи соли 1990) рафиқ Қ. Маҳкамов танҳо як бор ба истилоҳ «ким» гуфтанд ва барои чунин иштибоҳ филфавр узр хостанд. Имрӯз дар нашрияҳои гуногун он сарлавҳаи мо, ки дар он мақола ба кор бурдем, садҳо бор кӯр-кӯрона такрор мешавад. Севвум, дар «Растохез» ҷойи нашри он «Published in Bambay» зикр шудааст. Дар мавриди ҷойи нашри моҳнома ин, албатта, як муболиға буд ва дастгоҳҳои ҳизбию давлатиро ба иштибоҳи бузург во дошт, то он ҷо ки ҳатто дар ҳамон соли 1990 аз намояндагии расмии давлати Ҳиндустон тақозо шуд, ки чӣ тавр дар Бомбай ба табъ расидани як чунин нашрияро шарҳ бидиҳад…

Агар гӯри хешро пеш аз марг ҳам канда бошед, дурӯғ нагӯед, мӯҳтарам С. Мирзорахматов! Чанд шумораи дигари «Растохез» ва нашрияи «Як рӯзи пинҳон аз мардум» низ маҳсули ранҷи мост ва як шумораи моҳномаи «Согдиана» низ бо пул ва кӯшиши мо чоп шудааст, ки ин мавзӯъро шоҳидони зинда тасдиқ карда метавонанд.

Навиштаҳои С. Мирзорахматов маро ба ёди ин латифаи юнонӣ мебарад, ки овардаанд:

«Аз Арасту пурсиданд:

-Чаро ҳасудон доиман аз як чизе норозианд?

-Барои он ки онҳоро на танҳо нокомии худашон месӯзонад, балки мавқеъияти дигарон низ ишонро мегудозад».

Бояд зикр шавад, ки дар Тоҷикистон аз оғози таъсиси Созмони мардумии Растохез ном ва корномаи фаъолони онро бо диққат ва зери заррабин меомӯзанд ва дар ин замина ҳатто докторону профессорони «Растохез»- харош кам нестанд, ки ҳанӯз соли 1992 мо дар бораи яке аз он зотҳои шариф-Музаффар Абдулваққосович Олимов бо номи «Докторанти «Растохезшинос» дар рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» (8.02.1992, №16/8498) мақолае навишта будем. Ба наздикӣ мӯҳтарам вазири собиқи Вазорати амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Саиданвар Камолов китоберо бо номи «Сангар» [12] ба нашр расонида, ки ба он доктори илми таърих, профессор С. Мухторов пешгуфторе навишта, на танҳо ба таърих ва ҳофизаи таърихии мардум, балки ба даъвои С. Мирзорахматов дар мавриди таъсиси Созмони мардумии Растохез ба қавли Умари Хайём «тиз»[13] фиристодааст. Ин профессори бисёр мӯҳтарами таърих, ки назираш дар таърих камёб аст (аслан беназир аст!), дар мавриди таъсиси Созмони мардумии Растохез «кашфиёти нетандарҷаҳон» кардааст, ки овардани танҳо як сархат аз музахрафоташро ин ҷо лозим донистем, то бо С. Мирзорахматов ҳамсангу ҳамтарозу шавад: «Аз хараҷу мараҷи[14] замона истифода бурда дар Тоҷикистон ҳизбу созмонҳои мухталиф пайдо шуданд. То пошхӯрии Иттиҳодӣ Шӯравӣ бо дастгирии дӯстони хориҷӣ «Растохез» пайдо шуд[15]. Ба он бештар зиёиёни равшанфикр[16] майл карданд. Аз рӯи нақшаи «Растохез» моҳи феврали соли 1990 ҳалқабаргӯшони он ба намоиш баромада қувваташонро санҷиданд ва диданд, ки ҳизби коммунист дигар садди роҳи онҳо шуда наметавонад. Аз он хайрхоҳон илҳом гирифта, дар шаҳру ноҳия ва вилоятҳо шӯъбаҳои хешро таъсис доданд. Оҳиста-оҳиста ин ҳаракатҳо ба худ мақоми маҳалпарастиро гирифт»[17]. Ба ин даъвои дурӯғини профессори мӯҳтарам С. Мухторов танҳо ҳаминро метавон муқобил гузошт, ки ҳанӯз соли 1990 дар нашрияи яке аз муассисаҳои пажӯҳишии ИМА мақолае ба чоп расида, ки дар хулосаи он омадааст: «Таъсиси Созмони мардумии Растохез ба манфиати ИМА дар Осиёи Марказӣ хатари ҷиддӣ дорад». Ҷолиб он ки муҳаққиқини ҳамабини амрикоӣ он замон тамомии ҳунари интиқоди хешро алайҳи М. Мирраҳимов равона карда буданд, на ягон нафари дигар. Суол ин ҷост, ки сарчашмаи ҳамаи ин бадбинҳо нисбат ба М. Мирраҳимов аз куҷо нашъат гирифта: аз нишондодҳои гумоштагони созмони хуфияи Иттиҳоди Шӯравии собиқ ва ё Созмони таҷассусии Амрико (ЦРУ) ва ё ҳар ду, ки то имрӯз идома дорад?! Чаро маҳз пас аз гузашти беш аз бисту се сол аз он таърих ҷаноби С. Мирзорахматов дақиқан он бадбинӣ ва нотавонии хуфиянависонро бо дурӯғ ва ҳунармандии муҳоҷиронаи тоҷикӣ такрор мекунад?!

Дар мавриди Созмони мардумии Растохезро тарк гуфтани Мирбобо Мирраҳимов низ ҷаноби С. Мирзорахматов аз худаш бисёр дурӯғ бофтааст ва рӯшан аст, ки ҳақиқати ҳолро намедонад. Яке аз сабабҳои асосии тарки Созмони мардумии Растохез ин буд, ки гурӯҳе аз гирдиҳамомадагон 21 апрели соли 1992 дар Майдони Шаҳидон намояндагони парлумонро ба гаравгон гирифтанд. Вақте хабари гаравгонгирии намояндагони мардумиро шунидам, ба Майдони Шаҳидон рафтам. Нисфишаб фаро расида буд ва шоири бузурги миллат Бозори Собир дар симмати Додситони кулли Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагони мардумии ба гаравгонафтодаро дар минбари гирдиҳамоӣ мавриди истинтоқ ва бозпурсии ҷиноӣ қарор дода, ҳар тавҳину таҳқир, ки мехост нисбат ба онҳо анҷом медод ва ҳар дону нодониашро бар сари он бечораҳо мерехт. Дар яке аз хаймаҳо ҳамқадаҳу ҳамтабақ ва дӯсти С. Мирзорахматов-Шодмон Файзуллаевич Юсупов ва намояндаи мардумӣ, Раиси Созмони мардумии Растохез Тоҳири Абдуҷаббор бо хаёли роҳат хӯроки шом мехӯрданд. Ин кори Ш. Юсупов ва Т. Абдуҷаббор хиёнат ба ҳамаи ормонҳои миллии мо буд ва ман ҳар дуи онҳоро «хоин, дурӯя ва мурдаи сиёсӣ»[18] номидам ва аризаи қатъи узвият дар Созмони мардумии Растохезро навиштам ва аз он берун рафтам. Чанд омили муҳими дигар сабаб шуд, ки ман ба ин қарор биёям:

Нахуст, мувофиқи қарори Раёсати Растохез раҳбарияти ин Созмон ҳақ надошт дар гирдиҳамоӣ ширкат кунад ва аз М. Навҷувонов[19] дастгирӣ ба амал оварад.

Дуввум, Т. Абдуҷаббор бояд ба гаравгонгирии намояндагони мардумӣ мухолифат мекард.

Севвум, ҳамаи намояндагони мардумии гаравгонафтода, аз аҳолии вилояти Ленинобод буданд, ки маънои маҳалгаро будани гирдиҳамомадагонро рӯшан мекард.

Чаҳорум, худи ҳамон лаҳзаҳое, ки намояндагони мардумӣ гаравгон гирифта шуданд, яъне шаби 21 ба 22.04.1992, мӯҳтарам Шодӣ Шабдолов-Муншии якуми КМ ҲКТ озими навоҳии Данғара ва Кӯлоб шуданд, то барои гирдиҳамоии муқобили Майдони Шаҳидон заминаи муносиб дуруст созанд ва баҳона ҳам пайдо шуд, ки «ҳангоми гаравгонгирии депутатҳо дар Майдони Шаҳидон ба номуси хоҳари азизи мо … таҷовуз шудааст» (нақли қавл аз забони Рустами Абдураҳим, ки дертар дар ҷаласаи Шӯрои Олии Тоҷикистон 29.04.1992 садо дод ва он хонум, намояндаи мардумии ноҳияи …, ки дар иҷлосия ҳузур дошт… Сукути он хонумро мардуми Ҷумҳурӣ аломати ризоият ва ҳақиқати ҳол пазируфтанд).

Панҷум, Сафаралӣ Кенҷаев, ки Раёсати Шӯрои Олии Тоҷикистонро дар даст дошт, барои таъсиси Фронти халқӣ дар шаҳри Турсунзода иқдом кард.

Ман ҳеҷ гоҳ аъзои ягон ҳизби сиёсӣ набудам ва нестам, аз ҷумла Ҳизби наҳзати исломӣ. Ҳеҷ қаробате ё узвият ба ин ҳизб наҷустаам, надоштам ва надорам. Чаро С. Мирзорахматов чунин дурӯғро навиштааст, онро ба виҷдони худаш во мегузорем (агар он дар вуҷудаш ҳаст!). Ман барои тасаддии мансаби Раёсати Ширкати давлатии садо ва симо ҳеҷ гоҳ кӯшише ба харҷ надодаам ва лозим ҳам набуд. Ҳизби наҳзати исломӣ номи маро ба мансаби Раисии Ширкати давлатии садо ва симо пешниҳод кардааст ё на ҳатто хабар надорам. Бояд аз масъулини ҲНИТ суол кард, ки оё ин даъвои С. Мирзорахматов сиҳҳат дорад ё на?! Тобистони соли 1992 як бор аз равоншод Раҳмон Набиев сабаби интихоб шуданам ба Раёсати Ширкати давлатии садо ва симоро пурсон шудам. Он кас чунин гуфтанд:

-Дар рӯйхати довталабҳо номи хонаводагии («фамилияи») шумо набуд. Мухолифон номҳои Абдунабӣ Сатторзода, Сафар Абдуллоев, Бозор Собиров, Бӯрӣ Каримов, Давлат Усмонов, чанд нафари дигар ва ҳатто Отахон(Латифӣ)-ро ба Раисии Ширкати давлатии садо ва симо пешниҳод карданд. Ҳеҷ кадоме аз онҳоро ман қабул надоштам. Он гоҳ номи хонаводагии шуморо пеш оварданд. Пурсидам:

-Чаро Мирраҳимовро ба ин вазифа пешниҳод мекунед?

Яке гуфт:

-Вай агар кушта шавад ҳам ба мо ҳеч зарар намерасад. Садқаи сар…

Агар С. Мирзорахматов дар ин маврид далели дигаре дорад, бояд пешниҳод мекард, на ба шахсияти инсон таҳқир ворид карда, дурӯғ мегуфт! Ман як «гуноҳи бузург» дорам ва он ин аст, ки барои мардуми ҷануби кишвар «шимолӣ», «ленинободӣ» ва барои шимолиҳо бегона-«ҷанубӣ» (ё ба гуфти як сокини Хуҷанд, ки дар моҳи августи соли 1992 рӯ дар рӯ ба шахси мо фармуд: «мастчоҳӣ»). Тарозуи ақлу хиради С. Мирзораҳматов низ бо ҳамин ду санг вуҷуди маро баркашида. Албатта, боз ҳам ғалат кардааст.

Воқеаҳои феврали соли 1990 ва интихоби банда дар «Кумитаи 17» ба ин шарҳ аст:

Пешдаромади воқеаҳои февралӣ аз барномаи дасисаомези телевизионии шоми 8-уми феврал бо ширкати шаҳрдори Душанбе М. Икромов ва Р. Қ. Олимов шурӯъ шуд, ки дар он аз ташрифи чанд сад муҳоҷир аз Спитаки Арманистон ва фирории арманӣ аз Озарбойҷон ба пойтахти Тоҷикистон ва ҷобаҷоии онҳо бо манзил хабар паҳн шуд…

То имрӯз фаромӯш намекунам, ки пагоҳии рӯзи якшанбе, 11-уми феврали соли 1990, соати 07-50 аз дӯкони рӯзномафурӯшии бозорчаи маҳаллаи 102-уми шаҳри Душанбе як нусха аз рӯзномаи «Правда»-ро ба даст гирифта, дар шумораи дуввуми он чашмам ба ин титри бисёр таҳрикомез ва аҷибулғариб афтод:

«В Комитете государственной безопастности СССР»

Дар он чунин гуфта мешуд:

«В последнее время в Москве и ряде других мест широко муссируются слухи о якобы готовящихся погромах евреев, азербайджанцев, армян. Для придания достовернос- ти этим слухам их распространители используют националистически окрашенные «программы» некоторых нефрмальных объединений, а также хулиганские, провокационные выходки отдельных элементов, подобно той, что недавно имела место в Центральном Доме литераторов в Москве. Слухи о погромах будоражат людей, вызывают среди них кривотолки, чувство неуверенности, обостряют социальную обстановку.

Комитет государственной безопасности СССР в пределах своей компетенции, особенно в части, касающейся защиты конститутционных прав советских граждан, не проходит мимо экстремистских националистических про- явлений и в предусмотренных законом случаях предприни- мает меры к их пресечению.

Что же касается распротраняемых слухов о погромах, то конкретных данных об их обоснованности не имеется. Единственные сведения, которые поступают в органы госбезопасности,-это сами слухи, их муссирование в средствах массовой информации и обращения отдельных граждан за разъяснениями по поводу все тех же слухов. Тем не менее КГБ СССР следит за развитием ситуации и предпримет надлежащие меры в случае ее реального обострения…»[20]

Ин хабар ва ё худ ҳушдор дар субҳи он рӯз бароям бисёр такондиҳанда ва аҷиб намуд ва аз дилам гузашт, ки худо накунад бар сари мо ягон бало наёваранд. Дақиқан чаҳору ним соат пас аз мутолааи ин хабари шум рӯзи ёздаҳуми феврали соли 1990 дар Майдони ба номи Ленини шаҳри Душанбе гирдиҳамойӣ сурат гирифт. Наздикиҳои пешин-дақиқан байни соати 12-30 ва 13-50 хабари ин гирдиҳамойиро бо телефон Салими Аюбзод ба мо гуфт. Он рӯз Додоҷони Атовулло меҳмони хонаводаи мо буд ва як кабки зинда барои писарам тӯҳфа оварда…

Рӯзи 13-уми феврали соли 1990 ман барои пешвоз гирифтани як нафар меҳмон, ки аз истироҳатгоҳи Хоҷа Обигарм бармегашт, назди чойхонаи «Роҳат» қарор гузошта будем, рафтам. Дигар он ки соати 18-00 рӯзи 13 феврали соли 1990 дар Хонаи маорифи сиёсӣ бояд ҷаласаи маҳфили сиёсии «Рӯ ба рӯ» баргузор мегардид. Он ҷо канори сохтмони «Зиннат» Акбари Турсун ва Сафари Абдулло ва дертар ҳамкори собиқам Қамариддин Нурулҳақовро вохӯрдам.

Мӯҳтарам С. Мирзорахматов! Шумо аз китоби мо бисёр иқтибос оварда, ба забони русӣ тарҷума ҳам кардед, наход ақлу фаросататон нарасид, ки бояд доир ба воқеъаҳои февралии соли 1990 ба матни истинтоқи бозраси КГБ Ю. Н. Косухин аз М. Мирраҳимов дар 16.05.1990 нигоҳе меандохтед, ки ба забони русӣ аст, ки дар он дақиқан чунин омадааст: «… Несколько раз ходил в сторону ЦК (вместе с С. Абдулло, А Турсун и др.). Наблюдал. В 17-30 направился в Дом политпросвещения, поскольку в 18-00 было назначено заседание клуба «Ру ба ру» с Председателем Гостелерадио т. А. Ш. Джураевым. Приблизительно к 18-35 был рядом с «Зинат» и хотел поехать домой. Остановили трое, сказали, что читают мою фамилию. Потом видел Х. Хабибуллоева. Когда перешел дорогу то понял, что обратно не могу. Вот так я вошел в водоворот этих событий»[21]. Худованд моро ҳифз карда, ки он матни истинтоқро аз бозрас Ю. Н. Косухин бигирем ва тавонистем чоп кунем, вагарна бо ин дурӯғпароканиҳою тӯҳмат ва дарӯғбофии С. Мирзорахматов чӣ метавон кард?!

Он чӣ баъд иттифоқ афтод ва сабабҳои асосии гирдиҳамоӣ чӣ буд ва мутаҳаррики он киҳо будандро дар навори мустанаде (бо сармогузории Бунёди забони форсии тоҷикӣ), ки Ёрмаҳмад Аралов таҳия кардааст, муфассал шарҳ додаам ба ҷуз ин нукта, ки кунун бароятон ифшо хоҳам кард. Зеро дар тафсири С. Мирзораҳматов ва пешгуфтори мӯҳтарам Нур Табарович Табаров дар ин китобча сирри ҷолибе нуҳуфта аст, ки имрӯз пас аз бисту як сол сипарӣ шуданаш гуфтан воҷиб ба назар мерасад.

То имрӯз намехостам, ки ин роз фош шавад (шояд Бӯрӣ Каримов дар китобҳояш онро навишта бошад, вале камина ҳеҷ як аз онҳоро, мутассифона, нахондаам. Натавонистам дастрас намоям). Ба шарофати навиштаҳои С. Мирзорахматов ва пешдоварии Нур Табаров ҳоло ин дайн аз дӯши мо соқит мешавад. С. Мирзорахматов навиштааст, ки М. Мирраҳимов дар Пленуми феврали соли 1990 КМ ҲКТ «зачитал список членов ревкома, подобранных им лично, куда попали, в основном, присутствовавшие в зале партийные функционеры, занимавшие высокие посты на областном и републиканском уровне» (с. 76). Ҳазор раҳмат, рафиқ С. Мирзораҳматов, ки ин дурӯғро навиштед. Офарин! Сад офарин!

Ҳол ҳақиқат ин аст: рӯзҳои 13 ва пагоҳии 14-уми феврали соли 1990 дар дафтари кории Бӯрӣ Каримов ҷаласаи «Кумитаи 17» баргузор шуд. Дар ин ҷаласаи дуввум, ки масъалаи баргузории Пленуми КМ ҲКТ рӯшан гардид, баррасӣ ва ширкати намояндагони «Кумитаи 17» дар он қатъӣ шуд, ногаҳон Нур Табаров (ҷолиб аст, ки ишон ба «Кумитаи 17» ҳеҷ нисбате надошт, вале доиман дар канори Бӯрӣ Каримов мисли парвона пар мезад) ҳузур пайдо кард. ӯ аз утоқи хилвати Б. Каримов берун омад ва вориди толори пазироии на он қадар бузург шуд, ки аксари аъзоёни «Кумитаи 17» он ҷо нишаста буданд. Чизе мехӯрд ва даҳонаш меҷунбид (албатта, риш надошт, вагарна мешуд ҳамонанди афсонаи Ақлак гуфт: «ришаш меҷунбид»). Н. Табаров палтояшро сари китфаш партофта буд ва остинҳои он холӣ ва овезон. Вазири мӯҳтарами фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон-Нур Табаров хеле сари ҳол ба назар мерасид ва кадом як ояндаи рӯшанеро дар пешорӯи хеш медид. Тарзи суханрониаш аз он шаҳодат медод, ки то чанд рӯзи дигар ӯро дар маснади болотаре хоҳем дид. Худораҳматӣ Олими Зарробек бо ҳушёрии хос зуд аз ин тағйироти рӯҳию равонии Нур Табаров пай бурда, бо садои каме паст ба гӯши ман гуфт:

-Ҳозир Котиби якуми Кумитаи Марказии Ҳизби коммунистии Тоҷикистон сухан хоҳад гуфт…

Нур Табаров филҳол эълон дошт, ки дар Пленуми КМ ҲКТ бояд рӯйхати аъзоёни нави бюрои КМ ҲКТ пешниҳод гардад ва номи чанд нафареро, ки дар як варақча омода сохта буд, ибтидо қироат ва пасон таъкид кард, ки бо чанд нафаре, ки дар рӯйхат номашон зикр шуда ҳамоҳангиҳои усулии лозим («принципиальная договоренность») ба амал омадааст ва онҳо барои узвият дар бюрои ояндаи КМ ҲКТ розианд. Вақте баррасии номзадҳои нави бюрои КМ ҲКТ шурӯъ шуд ва дар ниҳоят бо иловаҳо қатъӣ гардид, ироаи онро ба мо вогузор намуданд. Иттифоқан ин пешниҳод низ нахуст аз ҷониби Н. Табаров садо дод, ки «бояд М. Мирраҳимов рӯйхатро дар Пленум ироа намояд». Барои банда то имрӯз муаммост, ки чаро Н. Табаров дар утоқи хилвати Б. Каримов ҳузур дошт ва дар ҷаласаи «Кумитаи 17» ширкат ба амал оварда, пешниҳоди рӯйхати бюрои нави КМ ҲКТ ироа дод ва чаро ӯ сиёҳнависи рӯйхати номзадҳои нави бюрои КМ ҲКТ-ро омода сохта, бо онҳо «ҳамоҳангиҳои усулии лозимро ба амал оварда», барои машварати ҳуқуқӣ Н. Ҳувайдуллоевро ба дафтари кори Б. Каримов даъват кард (ҷолиб он ки Н. Ҳувайдуллоев низ гӯё мунтазири ишорат будааст, ки дар як они воҳид он ҷо ҳузур пайдо кард) ва чаро солиёни зиёд ин таърихи манҳус ба дасти  фаромӯшӣ супурда шуд ва чаро ҳол пас аз бисту як сол сипарӣ шудани он фоҷиаҳо С. Мирзораҳматов айбномаи омода сохтани рӯйхати «ревком»-ро маҳз ба дӯши шахси М. Мирраҳимов бор кардааст?! Шояд барномае (ё фильмномаи музҳике) дар пеш аст, ки касе аз мӯҳтавои он огоҳ нест?! Агар ман тавони таъйин кардани «ревком»-ро доштам, ҳеҷ гоҳ ба фоҷиаҳои бештар роҳ намедодам ва кишвар имрӯз дар ин ҳол қарор намегирифт.

Барои он ки маҳз мо рӯйхати номзадҳо ба бюрои КМ ҲКТ-ро пешниҳод кардем, солҳои 1990-1991 дар КГБ, Додситонии кулли (яъне Прократураи генералӣ) кишвар ва Комиссиони Шӯрои Олии Тоҷикистон оид ба баррасии воқеаҳои февралии соли 1990 борҳо ва борҳо мавриди бозҷӯӣ ва истинтоқ қарор гирифтем, вале дар ҳеҷ ҷой аз он ки ин кор, яъне тартиб додани рӯйхати «ревком» (узр, ки аз ин истилоҳи бофтаи ҷаноби С. Мирзорахматов истифода мешавад), ибтикори вазири фарҳанг Ҷумҳурии Тоҷикистон рафиқ Нур Табарович Табаров буд, чизе нагуфтем, зеро ба таври мустақим дар мавриди мутаҳаррикин ва коргардони гирдиҳамоӣ ва муаллифи асосии рӯйхати аъзоёни нави бюро КМ ҲКТ суол гузошта намешуд, балки мустақиман моро айбдор эълон мекарданд, чуноне ки имрӯз ҳазрати С. Мирзорахматов дақиқан аз ҳамон масир амал намуда, моро барои таъйин «ревком» айбдор мекунанд. Ҳол худи ҷаноби Н. Табаров хостаанд, ки ойина ба дасташон бидиҳем, то дар он чеҳраи ҳақиқиашонро наззора кунанд, ки росту зебо ҳастанд ва ё хеле… Лозим нест, ки ойинаро бишканед, мӯҳтарам Нур Табарович Табаров! Инъикоси он дуруст аст!

Ҷаноби С. Мирзорахматов! Шояд шумо низ ба монанди Б. Каримов иштибоҳ карда, ба доме афтодаед, ки аз он баромаданаш муҳол шавад! Агар Б. Каримов он вақт бо маслиҳати Нур Табарович Табаров ва мушовираи ҳуқуқии Н. Ҳувайдуллоев кор намекард ва аз ақли хеш кӯмак мегирифт, ин қадар гирифтори бадномӣ ва бадбахтӣ намешуд. Ба ҳар ҳол дурӯғпароканиҳои шумо, ҷаноби С. Мирзораҳматов, боис шуд, ки ман шахсияти яке аз коргардонони асосии фоҷиаҳои хунини моҳи феврали соли 1990 барои касби мақоми аввал дар Ҷумҳуриро дақиқ нишон бидиҳам. Ба фоҷиаҳои февралии соли 1990 ворид сохтани фаъолони Созмони мардумии Растохез маҳз барои бадном кардани нерӯҳои миллӣ-озодихоҳӣ тарҳрезӣ шуда буд ва таҳриккунандагон ва коргардонҳои асосии он як мушт аз маҳалгароёни ашаддӣ буданд, ки дар ниҳоят бо нақшаи Маскав аз ҳар бало эмин монданд (ва ҳоло аз нав сар бардоштаанд), зеро ҳадафи асосӣ саркӯбии мардуми бедор ва касби пирӯзӣ барои коммунистон дар интихоботи намояндагони мардум ба Шӯрои Олии Тоҷикистон, 25-уми феврали соли 1990 буд[22]. Он ҳадаф бароварда шуд ва барангезандагон ва коргардонҳо дар паси парда монданд[23]. Ҳоло он «қадаҳ бишкасту он паймона рехт» ва дигар шумо ва устодатонро ба дасти надоматбонони надоматгоҳи таърих месупорам[24]. Бифармоед:

Гар хоҷаи мо Хоҷа Ҳасан хоҳад буд,

Моро на ҷуволу на расан хоҳад буд!

Барои чунин пешниҳод, ки дар Пленуми КМ ХУ11 ҲКТ рӯйхати Н. Табаров таҳия кардаро қироъат кардам, ҳеҷ кас моро мазаммат накардааст ва агар касе ба шумо, ҷаноби С. Мирзорахматов, ин иттилоъро расондааст, сад дар сад дурӯғ гуфтааст ва чунин дарҳамбарҳамиро аз худаш бофтааст, то қаҳрамон шинохта шавад. Агар ман он рӯйхати аъзоёни бюро КМ-ро аз минбари Пленуми февралии КМ ҲКТ намехондам, шояд мавриди интиқод ва хӯрдагирӣ қарор мегирифтам ва ба «хиёнат» гумонбар мешудам.

Он чӣ шахси ҷаноби Н. Табаров дар рухдодҳои февралии соли 1990 «ҳамоҳангиҳои усулии лозимро ба амал оварда», ҳама ҷо ҳозиру нозир буд ва мутаҳаррики асосӣ шакке вуҷуд надорад[25]. 18 марти соли 1990 котиби КМ ЛКСМ Тоҷикистон П. Пӯлотов дар гузориши хеш ба Райиси КГБ-и Тоҷикистон В. В. Петкель оид ба нақши М. Мирраҳимов ва ҳузури Н. Табаров дар гуфтушуниди «Кумитаи 17» ва он ки тамомии фоҷиаҳои февралии соли 1990 дар Душанбе кори як даста аз маҳалгароён буд, чунин навиштааст:

«… 13 февраля я находился в зале, где собиралась группа представителей митингующих с трех сторон у площади ЦК КПТ. Было примерно 30-35 человек. Среди них я увидел некоторых знакомых мне людей: Хамидов Х., Хабибуллоев Х., Миррахимов М., Саидов Б., Холиков А. и др.

… При формировании «Комитета» в основном кандидатуры предлагали Хабибуллоев, Миррахимов, Холиков. В «Комитет» включили Т. Абдуджаббора, которого не было вообще в городе. Начались переговоры с руководством республики. По-моему Холиков вытащил из кармана готовые требования из 12 (или 19) пунктов. Зачитал руководству. Основные пункты были обсуждены. Главное требование осталось отставкой руководства. Вначале разговор шёл о полной отставке руководства в составе Бюро и Совмина, некоторых руководителей республики и города. К вечеру на танке Холиков зачитал эти требования и сказал, что руководство согласилось и их приняли, чего не было в действительности. После переговоров оставалось всего 2 пункта: это проведение джанозы и отставка руководства республики. В процессе переговоров основную роль играли Б. Собир, Х. Хабибуллаев, М. Миррахимов и где-то Х. Хамидов. Наиболее настойчиво отстаивал пункт об отставке М. Миррахимов. Когда протокол был подписан, решили уточнить и отпустить задерживающих, пригласили Каххарова (за ним ходил Табаров Н.). Каримов ему поручил разобраться и отпустить людей, он отказался т.к., это компетенция министра, тогда ему сказали уточнить списки, он ушел.

Предложение о приглашении представителей КГБ и МВД исходило от Миррахимова, который сказал Каримову Б. Б.: «Не надо Вам подниматься наверх, а пригласите их сюда, надо уважать свой Комитет». Предложение об отставке русскоязычных руководителей, а также Каримова Д. Х., Алимова Р. К. внес он (Миррахимов М.).

Пока обсуждался вопрос о протоколе, проходило время. Митингующие уже из трех колонн превратились в толпу и находились у здания ЦК. Я позвал в коридор С. Абдулло, которого знал по учебе в Москве, и сказал, что здесь вопрос о власти имеет местнический характер. Надо сейчас решить другие вопросы, успокоить народ, распустить, а потом возвратиться на переговоры. На что он в коридор пригласил Б Собира и то А. Хакима, или М. Бахти. Они с мной согласились и зашли в комитет. Посоветовались с Табаровым Н., Миррахимовым М., Хабибуллаевым Х. и решили этого не делать. Я был вынужден сказать уже в зале всем. При этом были и руководители республики. Холиков, который писал текст протокола (договора), сказал, что сейчас уже заканчивает, но после этого прошло 3-4 часа.

Весь ход переговоров я был в зале, видел 14 числа подписание протокола, который 13-го еще назывался договором. После подписания протокола на двух языках М. Миррахимов распределил экземпляры сам. Отдал по одному экземпляру газете «Тоҷикистони советӣ», радио, Каримову Б. Б., остальные взял с собой, чтобы известить город, и уехали на машине с громкоговорителем. Каримов Б., Табаров Н. ушли через двор ЦК. С самого начала инициативу по формированию «комитета» взяли свои в руки представители «Растохеза». Список менялся несколько раз. Каримов Б., Хабибуллаев Х., Миррахимов собственноручно вводили и выводили людей в состав комитета. 18 марта 1990 г. П. Пулатов»[26].

Дертар мӯҳтарам Н. Табаров дар бораи воқеаҳои февралии соли 1990 хотироте навиштанд ва лутф фармуда, дастхаташонро барои мутолаа ба мо доданд. Дар он навиштаҳо ба ҷуз ғараз ва бадбинии шахсӣ нисбат ба Отахони Латифӣ ва Ҷӯрабек Муродов чизи тозае набуд. Ман онро бодиққат хондам ва ба ишон бозпас гардонидам ва гуфтам, ки ин кор барояшон обрӯе нахоҳад овард…

Дар чашмони заррабини ҷаноби С. Мирзорахматов симои Мирбобо Мирраҳимов ҳар қадр манфӣ ва таҳқиршуда ҷилвагар гардад, ҳамон қадар забони ӯ дарозтар мешавад. Муносибати Мирбобо Мирраҳимов ба дин ва рӯҳоният бо чӣ орову торо нақл шудааст, ки мутолааи он хандаовар аст. Ҳазрати С. Мирзорахматов дар мавриди Мирбобо Мирраҳимов чунин навиштааст: «Воинственный атеист, специалист по научному атеизму, защитивший кандидатскую диссертацию на тему безбожия ни где-нибудь, а в Академии наук общественных (?) при ЦК КПСС в одночасье перекрасился в верующего. И стал заигрывать с авторитетными деятелями духовенст- ва-Эшони Тураджон (Отец Ходжи Акбара Тураджонзо- да), Эшони Саидашраф. И здороварся с ними хот трижды в день не рукопожатием, а объятиями» (с. 78).

Ман диндорӣ ва иродати хешро нисбат ба Ҳазрати Эшони Тӯраҷон (худо раҳмат кунад) ва шаҳид Эшони Сайидашраф (ҷояшон ҷаннат шавад) ҳеҷ гоҳ пинҳон накардаам ва намекунам, ки аз он ба сифати «далел» истифода кард. Бо Ҳазрати Эшони Тӯраҷон дар миёнаҳои солҳои 1980 ошно шудаам ва дар мавсими ҳаҷҷи соли 1996 бо ҳам будем ва маносики ҳаҷро бо ҳам анҷом додем. Дар дори ҳиҷрат ва ғурбат низ аз дидани он кас хушҳол будам ва ҳатто барои дидор бо ишон ба Қазоқистон ҳам сафар кардаам. Ҳазрати Эшони Тӯраҷон муносибати хеле хубе бо ман доштанд. Як мусоҳибае низ бо ишон анҷом додаам, ки ба шакли китобча даромадааст. Дар зимн ман андешаи худро дар ҳар маврид бо ишон озодона дар миён мегузоштам ва ҳеҷ гоҳ надидаам, ки аз сухани банда озоре ба он кас ворид шуда бошад. Барои мисол: замоне ки масъалаи бозгашти Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода (поёни соли 1997 ва моҳҳои январ ва феврали соли 1998) аз Эрон ба Тоҷикистон ба сифати муовини нахуствазир матраҳ шуд ва ҳама онро тарафдорӣ карданд, ман ба ин бозгашти писари бузургворашон қатъиян мухолиф будам. Далел ҳам доштам ва онро ба худи Ҳазрати Эшони Тӯраҷон ва Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода гуфтам (метавонед он далоил- ро аз бародари мӯҳтарам Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода, бародарони ишон ва оқои Мирзои Шакурзода пурсед). Солҳо пас аз гузашти он сӯҳбат дар як дидор худи Ҳазрати Эшони Тӯраҷон фармуданд:

-Танҳо Мирбобо дӯсти ҳақиқӣ будааст, ки он вақт ба бозгашти Ҳоҷӣ Акбар ба Тоҷикистон мухолифат кард…

Бо Эшони Саидашраф дар нимаи дуввуми солҳои 1980 ошно шудам ва дидам, ки инсони босавод ва мантиқист, вале аз он ки барои касби мансаби қозигӣ мубориза мебаранд, хеле нороҳат шудам. Боре рӯйирост ба он кас гуфтам:

-Ин кори шумо тафриқа аст ва ҳамаи душманон аз ин хушҳоланд. Ҳол агар Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода қозӣ аст, чӣ айбе дар кори ишон дидед? Хуб, танҳо ин ки Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода аз қавми Қаротегин нест?!

Хомӯш монданд ва пас аз сукути тӯлонӣ фармуданд:

-Таҳрики дигарон сабаб гардид, ки мо ба ин бало гирифор шудем…

Солҳои 1993-1994 бо Эшони Сайидашраф зери як сақф-зиндони КГБ (ки имрӯзҳо дар ҷаҳон бисёр маъруф шудааст) дар боздошт ба сар бурдем. Онеро, ки ҷаноби С. Мирзорахматов, ба дастбӯсиаш расидан мехоҳанд, маҳз Эшони Саидашраф соли 1992 аз чанголи марг наҷот доданд, вале он фард ҳангоми шахси дуввум дар қудрат буданаш барои аз зиндони марг озод кардани Эшони Сайидашраф дасти ёрӣ дароз накард… Дар зиндон бо сахтӣ ва шиканҷа шаҳид шуданд. Худо раҳмат кунад.

Ман дуои неки ин бузургонро гирифтаам ва аз ав-аву ҷақ-ҷақи ҳасудон парвое надорам. Бигузор нависанд ва садо баланд кунанд. Корвони худшиносии мо аз садои онҳо ҳаросе надорад.

Ин муқаддимаро танҳо барои он овардам, ки диндорон аз он ки шахсиятҳои бузурганд ва ё мақоме надоранд, бароям аҳамияте надорад, ҳама баробаранд ва ҳаммиллат ҳастанд ва ҳеҷ гоҳ аз онҳо худро канор намекашам ва бо ҳама муносибати хуб дорам, албатта, то он замоне ки онҳо низ бо ман муносибати хуб ва бародарона дошта бошанд. Агар С. Мирзорахматов филми мустанад «Он чӣ, ки аён аст…»[27]-ро дида бошанд, дар он саҳнаи бисёр такондиҳандае ҳаст, ки мо дар як гӯшае аз қабристон назди марқаде истодаем. Мутаассибон барои гӯронидани муаллими деҳа дар қабристони умумӣ мухолифат кардаанд. Он замон касе ҷуръат надошт ин ҳақиқатро ба таври ошкоро бигӯяд, вале М. Мирраҳимов хатари хонумонсӯзи таассуб ва меваи талхи ба бор овардаи онро гуфт ва дар навори синамо сабт ҳам кард ва барои ҳамагон намойиш дод. Вақте аз Ҳазратҳои (Ҳазарот) Эшони Муҳаммадҷон (Мавлавии Ҳиндустонӣ, ки дар он мустанад аз ин шахсияти бузург низ филмбардорӣ ва мусоҳиба анҷом шудааст), Эшони Тӯраҷон ва Эшони Сайидашраф суол кардам:

-Оё муллое ҳақ дорад барои гӯронидани шахсе фавтида, ки ба айби озодфикрӣ гумонбар шудааст, мухолифат кунад ва майитро ба қабристон роҳ надиҳад?

Посухи ҳар се нафар дақиқан яке буд ва ҳатто бо сухани каме қабеҳ гуфтанд:

-Он одам мулло набудааст, балки як хар. Аз куҷо чунин фатво баровардааст ва он ҳам дар ин замон, ки намешавад дақиқ собит кард, ки он майит диндор буд ва ё бедин! Дуввум, кӣ медонад, шояд Худованд он шахсро дар биҳишт ҷой дода бошад…

Пеш аз наворбардории саҳнаҳои қабристон дар навори мустанади «Он чӣ, ки аён аст…» ин ҳикоят аз «Гулистон»-и Шайх Муслиҳиддин Саъдии Шерозӣ маро ба ёд омад:

«Яке аз ҷумлаи солеҳон ба хоб дид подшоҳеро дар биҳишт ва порсоеро дар дӯзах. Пурсид, ки:

ӯҷиби дараҷоти ин чист ва сабаби даракоти он чӣ, ки мардум ба хилофи ин мӯътақид буданд?!

Нидо омад, ки:

-Ин подшаҳ ба иродати дарвешон ба биҳишт андараст ва ин порсо ба тақарруби подшоҳон дар дӯзах.

 

Далқат ба чӣ кор ояду мисҳову мураққаъ

Худро зи амалҳои накӯҳида барӣ дор

Ҳоҷат ба кулоҳи баракӣ доштанат нест

Дарвешсифат бошу кулоҳи татарӣ дор»[28].

Вақте ман панди ин ҳикояти безаволи Шайх Саъдиро бо суханони дар боло иқтибос овардаам аз Ҳазратҳои Эшони Муҳаммадҷон (Мавлавии Ҳиндустонӣ), Эшони Тӯраҷон ва Эшони Сайидашраф муқоиса кардам ва аз назари мантиқӣ ва илмӣ дар он лағзишеро надидам, ки шубҳа ворид шавад, чаро онҳоро эҳтиром накунам?!

Барои он ки авом бештар ба дониши фарогири тӯҳматгаро эътимод намоянд, С. Мирзорахматов на танҳо ба шахсияти Мирбобо Мирраҳимов тавҳин ва дурӯғбофӣ менамояд, балки ба номи писараш ҳам даҳон мезанад, то маълум шавад, ки бесавод ва безавқ нест. Ҳар номе, ки ба фарзандонам гузоштаам, майлу хоҳиши ман аст ва ба шумо марбут нест ва ба машварататон ниёз надорам, рафиқ С. Мирзорахматов! Вале хушҳолам ба шумо машварати холисонае бидиҳам: то метавонед ба наслҳои ояндаатон номҳои хуби замонавӣ, масалан, «Мирзошутур Ҳангихӯҷа Кулӯхиддин (ҳамвазни Саломиддин) Осмонтӯра ..вич Саломиддинов-Мирзорахматов», «Бибиабасон Даст- нарасон Тӯфоннисо Дарёбегим ..овна Саломиддинова-Мир- зорахматова» ё «Эзорбӣ ё «Кулӯхнисо …овна Саломиддинова-Мирзорахматова» (ва агар ба забони русӣ мехоҳед: Медведь, Волк, Зайяц, Капуста, Сковородка, Топор, Тополь, Подбородник, Брызгалка, Копейкин, Собакевич) ва монанди онҳоро гузоред, то фарҳанги номгузории асили тоҷикӣ ва русӣ, ки ба мазмуни «Интернационал»-и коммунистӣ шабоҳат дорад, дар даштҳои қазоқ (иттифоқан он сарзамини аслии ниёкони ориёӣ аст: Ҳазрати Зардушти Сапетамон дар он ҷой қадам ба олами ҳастӣ гузошта ва дини поки хешро маҳз дар паҳнои бузурги Қазоқистони имрӯз тарғиб ва устувор кардааст. Дар ин маврид муроҷиат шавад ба осори муҳаққиқин ва ба вижа Мери Бойс оид ба пайдоиши ойини зартуштӣ ва ҷуғрофиёи он) густариш пайдо карда, оламгир шавад, иншоаллоҳ.

Гоҳо С. Мирзорахматов аз бехудӣ ба худ меояд ва ба мо машварат медиҳад, ки бояд воқеаҳои солҳои бист, сӣ ва панҷоҳи асри ХХ-ро мавриди пажӯҳиш қарор бидиҳем, ки он солҳо беҳтарин мағзҳои миллат дар гирдоби таъқиб маҳв шуданд. Чаро худи шумо ба ин кор машғул намешавед?! Дар оғози солҳои панҷоҳи садаи бист ҳазорон тоҷик ба ҷурми «босмачӣ» ба даштҳои қазоқ таъбид шуда буданд ва шояд насле аз онҳо то ба ҳол боқӣ бошад! Ба ҳар ҳол бо хаёли роҳат дар Қазоқистон ба корҳои худатон машғул шавед, ҷаноби С. Мирзорах- матов! Мо ин корҳоро пеш аз гуфтани шумо оғоз кардем («Падидаҳои худшиносӣ» 1989 ва 1999), «Саъдахтар» (ҳанӯз соли 2001 ба чоп расида) «Ватани ман дар куҷост?» (2004) ва чаҳор-панҷ китоби дигар низ омодаи нашр аст.

Яке аз намунаҳои ҳунари волои С. Мирзорахматов дар дурӯғбофӣ бо ҳам омехтани таърих ва шиорҳои гирдиҳамомадагони Майдони Озодӣ аз 29-31-уми август, 7-10-уми сентябр[29], 22-уми сентябр то 7-уми октябри соли 1991 бо гирдиҳамоӣ аз 24-уми март то аввалҳои моҳи майи соли 1992 дар Майдони Шаҳидон мебошад. Ин санаҳоро барои он овардам, то тӯҳматбофии С. Мирзорахматов дар баҳамомехтани таърих дақиқ мушаххас шавад ва муаллифии ҳарфи дигаронро ба мо бор накунад. Он чӣ Эшони Қиёмиддин шиори «Русияи рӯсиёҳ»-ро дар миён гузоштааст ва бармало кардааст, далел дошт ва он Афғонистон буд, ки беш аз сиву се сол мешавад оромӣ аз он ҷо рахт бастааст (ҳоло қарор аст ба ин номгӯ Боснӣ ва Ҳерзоговин, Косово, Қафқоз, Гурҷистон, Ироқ, Либӣ ва ҳатто Қирғизистон изофа шавад). Шиори «Марг бар Амрико!» ба ҳеҷ ваҷҳ ва ҳеҷ вақт соли 1991 дар гирдиҳамоиҳои Майдони Озодӣ садо надодааст ва сад дар сад дурӯғ аст, рафиқ С. Мирзорахматов! Бо камоли масъулият эълон менамоям, ки ин тӯҳмат ва сафсаттаро С. Мирзорахматов танҳо барои худашро ба амрикоиҳо ва Русия ширин кардан аз худаш бофтааст. Шиори «Марг бар Амрико!» моҳи апрели соли 1992 дар Майдони Шаҳидон аз ҷониби кӣ садо дод, мо дақиқан намедонем ва ҳамаи ин сафсаттаҳои бофтаи С. Мирзорахматов ба М. Мирраҳимов ҳеҷ нисбате надорад?! Охир, дар гирдиҳамоии Майдони Шаҳидон (соли 1992) мо на баранда, на сухангӯ будем ва на муҷрӣ! Он вақт ман ҳаққи сухан гуфтан дар гирдиҳамоиро надоштам[30]. Чӣ тавр мешавад ин қадр дурӯғ бофт ва як бор андеша накард, ки чӣ менависӣ?! Агар Эшони Қиёмиддин дар мусоҳибаи хеш ба рӯзномаи «Ҷумҳурият» дар мавриди Артиши 27.000 нафараи исломӣ сухан гуфтааст (с. 84), бирав аз Ҳазрати Эшони Ҳоҷӣ Қиёмиддин бипурс, ки он Артиши бистуҳафт ҳазорнафараи буррону таррору ҷаррори[31] ислом куҷост? Ё Давлати Усмон қаблан нигаҳбони кадом як идора буда ва пасон муовини нахуствазир (таваҷҷӯҳ фармоед, ки ин қаламбадаст дар ҳаққи як инсон чӣ қадр дурӯғ ва тӯҳмат бофтааст: «Назначение бывшего охранника райсельхозтехники, человека с кишлачным мышлением и кругозором Давлат Усмона вице-премьером, курирующим правоохрани- тельные органы, вызвало тогда бурю негодования по всей республики и стало вкупе с убийством Сангова одной из главных причин разразившийся впоследствии трагедии». Карикатурный вице-премьер оказался страстным любителем пресс-конференций. Чуть ли не каждый день он собирал журналистов, чтобы осветить какой-нибудь вопрос». с. 85) ва ба гуфтаи шумо «ҳеҷ ҷое таҳсил накардааст» («нигде не учился» с. 89), ба Мирбобо Мирраҳимов чӣ дахл дорад?! Шумо агар мардед ва соҳиби ақли солим ба худи Давлати Усмон нависед, ки дурӯғ гуфтед, зеро он вақт ҳам ӯ маълумоти олии ҳуқуқшиносӣ дошт ва имрӯз унвони номзади илмӣ дорад ва ба наздикӣ рисолаи доктори илм дифоъ хоҳад кард. Албатта, чунин таҳқир ва тавҳин нисбат ба дигарон дар олами мутамаддин пайгарди қонунӣ ҳам дорад, ки шояд шумо аз он бехабар бошед.

Азизи дилу дидаи Нур Табаров, рафиқ Саломиддин Мирзорахматов! Мирбобо Мирраҳимов 30 октябри соли 1992 бо табдили «Ширкати давлатии садо ва симо» ба «Кумитаи давлатӣ» аз вазифаи Райисии он канор рафт ва худи ҳамон рӯз Даврон Ашӯров Райиси «Кумитаи давлатии садо ва симои Ҷумҳурии Тоҷикистон» таъйин шуд. Аз таърихи якуми моҳи ноябри соли 1992 дигар на барномаҳои садо ва на намойишҳои симо ба Мирбобо Мирраҳимов ҳеҷ нисбате надошт. Он чӣ намунае аз мусоҳибаи муовини шаҳрдори Душанбе ҷаноби Юрий Филимонович Поносов (шумо, ки даъвои рӯзноманигорӣ доред, чӣ тавр ҳатто ном ва номи хонаводагии муовини шаҳрдории Душанберо дар ёд надоред!? Ҳофизаи таърихиатон куҷост?) мисол овардаед, ба нимаи дуввуми моҳи ноябри соли 1992 дахл дорад ва шумо барои аҳмақ кардани одамон ин тӯҳматро ба мо мебандед, то ҳамагон бовар кунанд, ки шон ҳақгӯ ҳастанд?! Дар мавриди А. Комилов ва М. Ҳакимов низ С. Мирзорахматов суханҳои зиёде бахшидаанд («Преуспевал в этом деле бездарный, необразованный Ахмадшохи Комил (язык не поварачивается назвать его журналистом)-заместитель (?) Мирбобо и Мухаммадюсуф в роли политического обозревателя» (с. 85), ки лозим буд мушаххас ба худи онҳо гуфта шавад, на ба Мирбобо Мирраҳимов! Вале С. Мирзорахматов ҷуръат надоранд, ки рӯирост нисбат ба худи онҳо чизе бинависанд. Медонанд, ки бо онҳо дарафтодан барояшон шӯҳрат намеоварад, балки онҳо метавонанд тартиби чунин беадабро чунон ҳам нишон бидиҳанд, ки ҳафт пушташ фаромӯш нахоҳад кард. Чӣ лозим! Беҳтар аст ҳамаи айбу камбудиҳоро ба Мирбобо Мирраҳимов нисбат дод, то барои пойбӯсии зинаи қудрат заминаи му- носиб муҳайё шавад. Охир, солҳои оянда интихоботи Раё- сати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пас аз он интихоботи дига- реро дар пешорӯ дорем ва нерӯҳои тозанафаси тамаллуқ- кор аз ҳоло барои хидмат камари ҳиммат бастаанд!!!

С. Мирзорахматов нафрати бепоён ба Мулло Абду- ғаффор (худо раҳмат кунад) ва Мулло Муҳаммадрасул доранд[32]. Намедонам Ҳоҷӣ Мулло Муҳаммадрасул чӣ коре дар ҳаққи шахси Саломиддин Мирзорахматов анҷом додаст, ки нуздаҳ сол мешавад, ин бечора шабу рӯз дар зеҳнашон ин ҷумлаҳоро парваридаанд ва бадбахтиашонро аз Мирбобо медонанд:

«Среди этих с позволения сказать «духовных отцов» особо выделялись своей жестокостью и цинизмом террористы мулло Абдугаффор и мулло Мухаммадрасул. Как же можно назвать их виновными, ведь Мирбобо был их имиджмейкером!

Я не голословно называю и Мулло Мухаммадрасула террористом» (с. 92).

«… Мулло Мухаммадрасулу, который возглавлял мародерство, этого было мало. Ему нужны были живые деньги. И он на терроре наладил доходный бизнес. Захваты- вая, без разбора в заложники и гармцев и кулябцев, он приго- ворил их к смертной казни. Затем, оповестив родственников, он ставил условие-если к такому-то времени те принесут нн-ую сумму денег, смертник может быть помилован. Помнится, у одного приговоренного дома не нашлась названная сумма, и для него весь кишлак собирал деньги.

Летом 1992 года Давлат Худоназаров в рамках своей миротворческой миссии привел в совхоз Туркменистан председателей Вахшского и Бохтарского районов Файзали Кувватов и Абдулмаджида Достиева для переговоров. В зале, где должны были состояться переговоры, собралось много журналистов, а Достиев и Кувватов сидели на первом ряду. Вдруг в зал ворвался мулло Мухаммадрасул и с истеричным криком «Кто вас позвал сюда!!!» набросился на Достиева и приставил пистолет к его виску. Все сидящие замерли от страха. Охранники Худоназарова с трудом разняли их. Переговоры, конечно, не состоялись.

Кровавый фанатик мулло Мухаммадрасул своей ненавистью и жестокостью фактически опорочил благородные идеи возрождения священной религии ислам» (с. 92).

Хушбахтона, Мулло Муҳаммадрасул зинда аст ва ҷаноби А. Достиев ҳам. Бигузор онҳо даъвояшонро бо ҳамдигар бигӯянду бишнаванд ва пои моро ба он таърих кашондан чӣ маънӣ дорад?! Ҳар кас он замон ғоратгарӣ, гуноҳе ё имрӯз дуздие карда, ба худаш марбут аст, на ба мо! Имрӯз Ҳоҷӣ Мулло Муҳаммадрасул имом-хатиби кадом як масҷиди расмии вилояти Хатлон аст ва ҳазорон-ҳазор одам аз паси ӯ иқомаи намоз мекунанд ва шумо, ҷаноби С. Мирзорахматов, бо ин навиштаҳоятон доғе ба гиребони пироҳани пок ва намозии ишон часпонидаед, ки масъулияташ бар дӯши худи шумост. Сониян, дар дунёи мутамаддин «додгоҳ» (яъне «суд») ҳаст. Биравед дода- тонро ба додгоҳ ва он кас бигӯед, на ба Мирбобо Мирраҳимов! Одатан занҳои руспӣ эзорашонро дароварда бар гардани бегуноҳон меандозанд, ки: «ту ин корро дар ҳаққи ман кардӣ Мо, ки писархолаи шумо ва Мулло Муҳаммадрасул нестем, ки ҳар нозатонро бардорем ва болои чашм гузорем!

Аммо асли паёме, ки дар навиштаҳои боло нуҳуфта аст, ин хушомадгӯӣ ва тамаллуқи дерҳангоми С. Мирзорахматов ба А Достиев мебошад, ки ишон ду дасташонро сари сина гузошта ва дуқат хам шуда, сарашонро то ба замин расонида, мехоҳанд чунин бигӯянд:

ӯҳтарам Абдулмаҷид Достиеви азиз! Он таърихро ёд доред?! Қурбони шумо! Хоки поятон шавам! Дастбӯси шумо ҳастам! Ман бо шумо будам ва имрӯз аз дирӯз ҳам бештар шуморо дӯст дорам! Иродат дорам! Имрӯз шумо сафири Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон дар Русия ҳастед. Хоҳиш мекунам, ин навиштаҳои моро ба ҳокимони кунунии Маскав-хоҷагонамон ва ҷаноби Н. Назарбоев ва ҳатто Ислом Каримов тӯҳфа бибаред, то онҳо муталеъ шаванд, ки гунаҳкор Мирбобо Мирраҳимов буд ва ҳаст! Китобча- амро ҳатман бепул ва бо камоли эҳтиром ба намояндагони парлумони Тоҷикистон, Итиҳодияи рӯзноманигорон, шир- каткунандагони ёдбуди 75-солагии Устод Отахони Лати- фӣ дар Иттиҳодияи адибони Тоҷикистон ва ҳатто нос- фурӯшон ва лӯлиҳои сершумори садақаталаб дар кӯчаҳои Душанбе бо соядаст тақдим хоҳам кард, то ҳамагон ба васвасаҳои бофтаам бовар кунанд ва ҳаққо, ки ман ҳаққам![33]

Паёми пурасрори С. Мирзорахматов ҳатман дарёфт хоҳад шуд ва муаллифаш бе подош нахоҳад монд. Мутмаин бошед!

Дар навиштаҳои боло  (ки мисол оварда шуд) боз як дурӯғ ва хиёнату таҳриф ҳаст, ки фош кардани он лозим ба назар расид. Д. Худоназоров дӯст дошт ба таври доимӣ навори гузоришҳо аз «гаштҳои сулҳофар»-иниаш аз симо пахш шавад ва дақиқан аз ҳамон сафаре, ки ҷаноби С. Мирзорахматов ёд овардааст, шогирдонаш мустанаде дуруст карда буданд ва аз Райиси Ширкати давлатии садо ва симо талаб доштанд, ки ба таври фаврӣ аз симо пахш шавад. Мо ба пахши фаврии он навор мухолифат кардем, зеро медонистем, ки чунин бузургнамоиҳо аз нақш ва шахсияти Д. Худоназаров дар истиқрори сулҳ он рӯзҳо ба ҳеҷ кас намефорад ва ҳатто нафратангез аст. Зеро масъала дар секунҷаи (мусалласи) бонуфузи Маскав-Вашингтон-Тошканд[34] ба нафъи дигарон ҳаллу фасл шуда буд ва танҳо пардаи охири намойиш боқӣ монда буд, ки бояд ба он ҷомаи қонунӣ мепӯшониданд. Бояд зикр шавад, ки Давлат Худоназаров он пардаи қонунӣ ва хотимавиро ҳамчун мушвири кафили Райиси Ҷумҳурӣ А. Искандаров бо маҳорати баланди коргардонии синамои ковбойи шарқӣ дар даҳаи севвуми моҳи ноябри соли 1992 бо барпоии Иҷлосияи ХУ1 Шӯрои Олӣ дар Кохи Арбоби Унҷии Хуҷанд (бояд зикр шавад, ки меъмори асосии он Кохи беназир дар Осиёи Миёна академики зиндаёд Ҳикмат Абдуллоевич Юлдошев аст, ки гумном боқӣ мондааст) устодона пиёда кард.

Мантиқи тӯҳматбофии С. Мирзорахматов нисбат ба мо хеле содда ва бозорист, ки ҳеҷ ба делел ва санад эҳтиёҷ надорад, ҳар чӣ шон менависанд бояд ҳамчун ҳақиқати кулл пазируфта шавад. Бояд ба бозрасҳои мӯҳтарами дастгоҳҳои додситонӣ ва амниятӣ ташаккур кард, ки ишон заҳмати фаровон кашида, санади асосии ба сифати мушовир ба кор пазируфтани Абдуғаффор Худойдодов (яъне Мулло Абдуғаффор) дар Ширкати давлатии садо ва симоро пайдо ва барои ояндагон ҳифз намудаанд. Понздаҳ сол пеш аз ин рӯзҳо мо онро нашр кардем ва ҳол бори дуввум ба таваҷҷӯҳи ҳамагон пешкаш менамоем:

«Азбаски дар тамоми навиштаҳои дӯсту душман ба сифати мушовир ба кор гирифтани Мулло Абдуғаффор ба камина нисбат дода мешавад, ҳол як ҳуҷҷати муҳимро, ки бозрасҳо аз Идораи коргузории садо ва симо (Отдел кадров) пайдо кардаанд ва дар варақҳои кории ҷилди У111 (парвандаи №625) ҳифз шудааст, айнан меорем:

Перечень

Изменений в штатном расписании Госкомитета Таджикской ССР по телевидению и радиовещанию на 1992 год.

Телевидение. Дирекция программ. Ввести: Ст. редактор (Советник) шт. 1. Должностной оклад 660, надбавка персональная 340. Всего в месяц 1000 руб.

Подпись:

Заместитель Председателя Госкомитета Таджикской ССР

по радиовещанию и телевидение Г. Махмудов.

Начальник планово-финансового отдела Азимова К.

Ба сифати мушовир ба кор гирифтани А. Худойдодов (Мулло Абдуғаффор) кори хеле пурмасъулият буд ва ман ба ҳеҷ ваҷҳ онро наметавонистам анҷом бидиҳам. Аввалан, ҳарифон моро аз нигоҳи қонун метавонистанд айбдор созанд. Сониян, мушовирӣ дар бахши барномаҳои динӣ бояд салавотӣ мешуд, на бо пул. Ва ниҳоят, Мулло Абдуғаффор бо ахлоқ ва тундхӯии худаш ҳамаро аз мо дур мекард, ки намунаи он ҷанҷоли машҳури ишон бо А. Комилов бар сари тасаллут ба … аз 8.05.1992 дар студияи телевизион буд, ки дар он ғавғо ҳеҷ ангезаи исломӣ ҷой надошт. Ғулом Маҳмудов барои хушомад ҳамаи корҳоро анҷом дода, дертар ба ман эълом дошт, ки «домуллоро ба кор гирифтем». Ростӣ, ман дар вазъияте аз ин бозиҳои Ғ. Маҳмудов ва Мулло Абдуғаффор огоҳ шудам, ки рад кардан ва ё тағйир додани он ҳеҷ имкон надошт ва ба салоҳи кор ҳам набуд. Мулло Абдуғаффор дертар ба корҳои радио ва телевизион дахолат намекард. Аммо дар тафаккури одамон танҳо номи ӯ монд ва корҳое, ки дар кӯчаю бозор, фурудгоҳ ва маҳаллаи «Южный» аз ҷониби ҳаводорони ӯ ба миён омад, умдатан ба тамоми оппозиция нисбат дода мешуд»[35].

Устоди таҳрифоти таърих-С. Мирзорахматов фаро- мӯш кардаанд, ки ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ва хориҷ аз он бо имзои тавофуқи сулҳ дар Маскав 27 июни соли 1997 ба поён расида ва бод додани «коҳи кӯҳна» дигар ҳамонро мемонад, ки дар мақоле овардаанд: «мушти пас аз ҷанг боло бардоштаатро ба сари худат бизан!» Имрӯз маҳз чунин дурӯғбофон мехоҳанд боз кишварро ноором созанд ва бо санг партофтан ба сӯи дигарон заминаҳои назарӣ ва амалии дарҳамбарҳамӣ, ташаннуҷ ва даргириҳоро ҳамвор созанд.

Дар мавриди намоишҳои симо ва гуфтори садо дар тобистони соли 1992, ки ҷаноби С. Мирзорахматов онҳоро ба боди интиқод гирифтаанд, чанд нуктаи муҳимро ёдовар мешавем, то ҳолашон ба худ ояд ва шояд дарк намоянд, ки воқеъият ва ҳақиқати ҳол тамоман чизи дигар буда, на он чизе ки ишон ба қалам додаанд.

Нахуст, дар бораи «қаҳрамон» шиносонидани Сангак Сафаров аз симо. Замоне, ки С. Сафаров ва Р. Абдураҳимро (5.05.1992) дастгир карданд, коргардони боистеъдоди синамо Д. Худоназаров ба кӯмак расид ва тарҳи мусоҳиба ба онҳоро матраҳ кард, то «тӯба» кунанд. Сӯҳбаторои ин намойиши фоҷиа устод Сафари Абдулло буд, ки ҳоло дар Қазоқистон зиндагӣ ба сар мебарад ва ишонро С. Мирзорахматов хуб мешиносанд. Ман дар бораи он мусоҳиба чизе намегӯям, зеро дуруштиву дағалии онро то ба ҳол ҳар фарди каме аз фарҳанг бохабар дар ёд дорад. Наворбардори он мусоҳиба ва саҳнаҳои он равоншод Коваи Баҳор буд, ки дертар ба таври мармуз дори фониро падруд гуфт. Чизе, ки мехоҳам ба таваҷҷӯҳи шумо бирасонам ин аст: ба ҳеҷ ваҷҳ пахши он навор аз симо ҷоиз набуд. Аммо Д. Худоназаров, С. Абдулло ва боз як даста аз тарафдоронашон борҳо ва борҳо таъкид бар он доштанд, ки навори бозпурсии (истинтоқи) С. Сафаров ва Р. Абдураҳим бояд ва ҳатман аз симо пахш шавад. Бечора Коваи Баҳор се бор аз студияи симо ронда шуд, ки «гӯру чӯби ин наворро нест намо, зеро бадбахтӣ меоварад». Гӯё қисмат чунин будааст, ки маҳз Коваи Баҳор он мусоҳибаро (албатта, маълум аст, ки бо супориши кӣ) ба навор бигирад ва воситае байни коргардонон ва симо шавад. Билахира, бо пофишориҳои зиёде, ки ҷанобон доштанд, навори бозпурсии С. Сафаров ва Р. Абдураҳим аз симо пахш шуд. Барои он ки умуман ба симо дахл надоштани он мусоҳиба ва истинтоқ рӯшан шавад ҳангоми пахш дар гӯшае аз он чунин навиштаҳо ҳаккокӣ ва сабт шуд: «Наворбардор Коваи Баҳор», «Навори Коваи Баҳор».

Ҷаноби С. Мирзорахматов! Агар шумо ҳирфаи рӯзноманигорӣ ва ба вижа рӯзноманигории садо ва симоро дуруст омӯхта бошед, ҳатман медонед, ки ҳангоми пахши навор ё санаде, ки симо ба моликияти он соҳибҳуқуқӣ надорад ва ба садо ва симо дахил нест, бояд сарчашмаи он нишон дода шавад. Инро дар истилоҳи рӯзноманигорӣ-идорӣ «одоби ҳирфаӣ-ҳунарӣ» (профессиональная этика) ва ҳуқуқӣ-«ҳуқуқи молӣ ва маънавии асари муаллиф» меноманд, ки шояд шумо фаромӯш карда бошед. Коваи Баҳор ҳангоми пахши навори он бозпурсӣ аз симо ду бор ба студияи телевизион ташриф овард ва хост, ки он навиштаҳои «Наворбардор Коваи Баҳор» ва «Навори Коваи Баҳор» аз экран пок карда шавад. Аз «боло» ҳам занг мезаданд, ки навиштаҳои фавқулзикр аз экран пок шавад, зеро маълум буд, ки он ба наворбардорони симо дахл надорад ва моли каси дигаре ва ибтикори дигарон ҳаст, ки мехоҳанд, паси парда бимонанд.

Дар ин робита боз як мисоли дигарро, ки маҳз чунин бозиҳо дар берун аз симо рух медод, ёдовар мешавем. Райиси Ҷумҳур Р. Набиев дар сафарҳои расмиаш низ аз ҳунари наворбардории Коваи Баҳор истифода мекард, ки як пораи онро дар «Даме бо Лоиқ» овардаам, ки соли гузашта ҳафтаномаи «Тоҷикистон» онро ба нашр расонида буд. Биёед як бори дигар онро бо ҳам мурур мекунем:

ДУ ФОЛ БАРОИ НАБИЕВ

 

Баъзан таърих ба одамон тамасхур мезанад ва агар онҳо ин нуктаро дарк накарданд, зиндагӣ барояшон сангин тамом мешавад. Ба фикрам, ҳамин иттифоқ ду бор ба Раҳмон Набиев рух дод ва ҳар дуи он ба фоли Ҳофиз гиреҳ хӯрд. Байни солҳои 1975 ё 1977 буд (дақиқ дар ёдам нест), ки дар Тоҷикистон зодрӯзи Шамсиддин Ҳофизи Шерозиро ҷашн гирифтанд ва маросими поёнии он дар театри опера ва балети ба номи Садриддини Айнӣ баргузор шуд. Меҳмонони зиёде аз кишварҳои дунё дар он маросим ҳузур доштанд. Дар паси мизи бузурги рӯйи саҳнаи театр Раҳмон Набиев-Нахуствазири Ҷумҳурӣ нишаста буд. Раҳбари ҳайати эронӣ, райиси Китобхонаи салтанатӣ бонуи бисёр зебо ва донишманд Бадрии Отобоӣ (ё Атобой) аз минбар суханронӣ карда, нохост ба Раҳмон Набиев ҳамчун мизбон ва садри ин ҷашнвора рӯй овард ва хоҳиш кард, ки ҳамчун суннати дерин фоли ӯро аз «Девони Ҳофиз» бигирад. Вақте хонум Бадрии Отобой китоби «Девони Ҳофиз»-ро ба Раҳмон Набиев пешниҳод кард, то вай саҳифаи дилхоҳашро боз кунад, Нахуствазири Тоҷикистон китобро аз дасти ӯ гирифт ва барои «чунин тӯҳфа» ташаккур карда, ба гӯшае аз мизи ҳайатрайисаи ҷашн гузошт. Он хонуми ширинадо аз чунин ранг гирифтани кор дар ҳайрат монда, чӣ кор карданашро намедонист. Мардуми рамузфаҳми толор нафасгир шуда, садое аз худ дарнаёварданд ва аксар аз шармандагӣ сари худро пойин андохтанд. Ин лаҳза яке аз муовинони Р. Набиев ба кӯмаки вай расид ва «Девони Ҳофиз»-ро аз рӯйи миз бардошта, аз нав ба дасти Набиев дод, то вай саҳифаеро аз он боз намояд…

Бадрии Отобой бо саҳифаи бозгушодаи «Девони Ҳофиз» дар паси минбар қарор гирифт ва бо «баҳ-баҳ»-у «ваҳ-ваҳ», ки ҳоло маънии дигар ҳам ба худ гирифта буд, ба қироати фоли Набиев пардохт…

Рухдоди дуввум аз ҳамин ҷинс, вале дар моҳи июни соли 1992 рух дод ва дар болои сари мазори Ҳофизи «лисонулғайб» иттифоқ афтод. Наворбардор Коваи Баҳор (равонаш шод бод) онро барои таърих сабт карда, дар ихтиёри инҷониб қарор дод, то он тасовирро аз симо пахш намоем. Ман танҳо суханони охири ин саҳнаро, ки аз забони Раҳмон Набиев садо дод («зӯр бу-аас», яъне «зӯр будааст», «мо ҳам шоирои зӯр дорем») ва нигоҳи тамоман ҳузномези устод Лоиқро «қайчӣ» задам ва ба дасти нашр супурдам…

Ҳайати ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Раҳмон Набиев ба шаҳри Шероз омад ва барои зиёрат ба сари гӯри Хоҷа Ҳофиз ташриф бурд. Сари турбати Ҳофизи «лисонулғайб» китоби «Девон»-и шоирро барои райиси Ҷумҳури Тоҷикистон Раҳмон Набиев оварданд, то чун суннати аҷдодӣ фоли ӯро бигиранд (хайрият, ки ин бор Раҳмон Набиев китобро қабза назад). Набиев саҳифаеро аз «Девони Ҳофиз» боз кард ва ин ғазал фоли ҳоли ӯ шуд:

 

Ба даври лола қадаҳ гиру бериё мебош,

Ба бӯи гулнафасе ҳамдами сабо мебош.

Нагӯямат, ки ҳамасола майпарастӣ кун,

Се моҳ май хӯру нӯҳ моҳ порсо мебош.

Чу пири солики ишқат ба май ҳавола кунад,

Бинӯшу мунтазири раҳмати худо мебош.

Гарат ҳавост, ки чу Ҷам ба сирри ғайб расӣ,

Биёву ҳамдами Ҷоми Ҷаҳоннамо мебош.

Чу ғунча гарчи фурӯбастанист кори ҷаҳон,

Ту ҳамчу боди сабо гиреҳкушо мебош.

Вафо маҷӯ зи кас гар сухан намешунавӣ,

Ба ҳар зарра толиби Симурғу кимё мебош.

Сар бар тоаъти бегонагон машав, Ҳофиз,

Вале муоъсири замони ошно мебош.

 

Вақте ровии маъруфи гулгашти Мусаллои Ҳофиз ғазали болоро бо садои баланд ва хуши худ қироат кард, Набиев ва дигар аъзои ҳайати ҳукуматӣ таҳти таъсир қарор гирифтанд ва аз чунин рост омадани гуфтаҳои Ҳофиз ва воқеъияти он дар тааҷҷуб афтоданд. Ногоҳ Раҳмон Набиев пӯкид:

Ҷудо ҳам шоири зӯр бу-аас!

Дафъатан ба устод Лоиқ, ки каме дуртар аз дигарон ғарқи андеша ба сар мебурд, рӯй овард ва суоломез гуфт:

-Лоиқ! Мо ҳам шоиро(н)и зӯр дорем-а?! Ҳамту не-мӣ?!

Устод Лоиқ бо шунидани ин суханҳо аз тааҷҷуб ба сӯйи осмон нигаҳ карда, лаб газид. Ин хел суханҳои подарҳаво аз забони Раҳмон Набиев ва муовинаш Н. Дӯстов кам набуд ва одамон аз онҳо шох мебароваранд.

Дуввум. Террор ва фаҳшиёт на аз Симои мардумии Тоҷикистон, балки аз садо ва симои ӯзбакистон (оғоз: шоми 14 июни соли 1992) ва Русия шурӯъ шуд, ки то ба ҳол идома дорад (зеро на мурда ва зиндаи мардуми тоҷик барояшон аҳамияте надорад). Ёд доред, ҷаноби С. Мирзорахматов, чӣ наворҳое сохтаву бофта аз симои ӯзбакистон пахш мекарданд ва чӣ қаҳрамононе аз он сухан мегуфтанд?! Ин кор хеле идома дошт ва танҳо ҳамон рӯзе, ки мо ба Райиси Кумитаи садо ва симои ӯзбакистон ҷаноби оқои Ҳайитметов занг задем ва ба таври қатъӣ талаб кардем, ки: «агар ин хел дахолатҳоро ба корҳои дохилии кишвари мо бас накунед, мо навори қатли оми ӯшро дар даст дорем ва пахш мекунем» аз дасисаҳояшон ба таври мустақим каме худдорӣ карданд. Албатта, онҳое, ки дар мавриди дасисаҳои дигарон дар корҳои дохилии Тоҷикистон аз қабл чашмашонро кӯр ва гӯшҳояшонро ба карӣ задаанд, он таърихро зуд ба дасти фаромӯшӣ супурданд (чӣ расад ба ин рӯзҳо, ки ҳоло солиёни зиёде аз он таърих сипарӣ шудааст) ва ҷомае пур аз дурӯғ ва ҳарзаву тӯҳмат барои мо дуруст карданд. Барои Ҷумҳурии ӯзбакистон ва Федератсиони Русия (ва ҳол Ҷумҳурии Халқии Чин) сарзамин ва сарватҳои кишвари Тоҷикистон  бе вуҷуду ҳузури тоҷикон лозим буд ва ҳаст. Равоншод Исмоил Давлатов (собиқ Райиси Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон, вазири иқтисод, вазири ҳифзи иҷтимоӣ) дар як мусоҳибаи телевизиониаш соли 1993 таъкид карда буд, ки соли 1992 як миллиону сесад ҳазор (1.300.000) сар гов (ба қавли шумо «чорвои калони шохдор») аз вилояти Қӯрғонтеппаи Тоҷикистон ба Ҷумҳурии ӯзбакистон бурда шудааст, то он заҳамоти ройгони ҷаноби олӣ-Ислом Каримов ва ҷаноби холӣ-Салим-бойбачча дар истиқрори сулҳу сабот дар Тоҷикистон ҷуброн шавад. Бунёдгузори Фронти халқии Тоҷикистон Сафаралӣ Кенҷаев барои чунин корномаи пурифтихор солҳои 1993-1995 мӯҳтарам Ислом Каримовро ба Ҷоизаи сулҳи Нобел номзад пешбарӣ карда буд (сад шукр, ки Ҷоизаи сулҳи Нобел насиби Ислом Каримов нашуд, вагарна имрӯз монанди Бараки Ҳусейни Обама, ки зеро ба таври муфт Ҷоизаи сулҳи Нобелро ҳамчун пешпардохт дар ҷайб зад ва ба Либӣ ҳуҷум овард, ҷанги наверо дар Тоҷикистон роҳандозӣ мекард). Ин нуктаи ҷолибро ҳам ёдовар мешавем, ки чанд сол пеш дар шаҳри Сочии Русия Райиси Ҷумҳури ӯзбакистон, мӯҳтарам Ислом-ака Каримов, барои он ҳама иштибоҳоти содиркардаашон дар истиқрори сулҳ ва осойиш дар Тоҷикистон аз «халқи бузургвори тоҷик» узрхоҳӣ кардаанд…

Севвум, соли 1992 хати интиқоли сигналҳои садо ва симои Тоҷикистон аз Душанбе ба вилояти Ленинобод аз хоки ӯзбакистон убур мекард ва дақиқан аз оғози моҳи май дӯстони ӯзбакии мо онро масдуд карда буданд. Албатта, бо ибтикори хеш ва дархости мансабдорони Тоҷикистон. Бесабаб набуд, ки Додситони кулли Тоҷикистон Нурулло Ҳувайдуллоев моҳи майи соли 1992 ду бор ба таври пинҳонӣ ба он кишвар сафар карда ва бо мақомоти баландпояи ӯзбакистон дидор ва гуфтугӯ ба амал оварда, масъалаи бо роҳҳои ҳуқуқӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо ва ба ӯзбакистон пайвастани вилояти Ленинободро матраҳ сохта буд ва ҳатто дар ҳамин замина Иҷлосияи намояндагони вилоят низ баргузор шуд. Дертар мо навори суханронии Додситони куллро дар он Иҷлосия аз симо намойиш додем, вале аз он ки паси парда сарварони вилоят ва худи мӯҳтарам Додситони кулли Тоҷикистон ба чӣ кори шармовар ва хиёнат машғул шуда буданд, чизе нагуфтем[36] (масъалаи тарҳи таҷзияи Тоҷикистон аз ҷониби мухолифин бо сарварии А. Соҳибназаров, Ш. Ф. Юсупов Т. Абдуҷаббор ва … мавзӯъи дигар аст). Бояд ба Ислом-ака Каримов ташаккур гӯем, ки ин пешниҳоди калладорони бузурги Хуҷанд бо сарварии Н. Ҳувайдуллоев[37] дар мавриди ҷудосозии вилояти Ленинобод аз кишвари Тоҷикистон ва мулҳақ кардани он ба Ҷумҳурии ӯзбакистонро «ба таври муфт напазируфтанд», вагарна мо имрӯз на танҳо ҳазор километри мураббаъ, балки даҳҳо ҳазор километри мураббаъ бештар аз хоки Тоҷикистонро тамоман аз даст дода будем. Бидуни шак И. Каримов на танҳо вилояти Ленинобод (Суғд), балки тамомии Тоҷикистонро мехост ғасб ва тасарруф кунад, вале дар кадом як марҳилае байни манофеи ӯзбакистон ва сиёсати геополитикии Русия тазодд ба миён омад ва дуввумӣ бар якумӣ амалиёти маъруфи иборат аз се ангуштро нишон дод. Лозим аст барои дақиқ шудани ин нукот ба хотироти афсари баландрутбаи ГРУ Александр Сергеевич Чубаров, ки дертар бо дастури Раҳбарияти ӯзбакистон муовини вазири дифои Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин шуд, муроҷиат намоем. А. С. Чубаров аз тобистони соли 1992 ва дахолати бевоситаи ӯзбакистон ва Русия дар даргириҳои Тоҷикистон чунин ёдовар мешавад: «Хотелось бы пояснить, чем мы в республике занимались и в чьих интересах действовали. Мы защищали конституционный строй Таджикистана, одновременно являясь офицерами узбекской армии, и думали в первую очередь о том, что матушке-России не нужен был этот бардак в регионе, где к власти рвались исламские фундаменталисты. Все, кто там воевал из ГРУшников, имели опыт Афганистана за плечами. Выдвигались мы из Чирчика, с территории 15-й бригады спецназа ГРУ, на тот момент «отошедший» к Узбекистану. Нужно признать, что президент Ислам Каримов повел себя мудро. Он прозливо предугадал возможное развитие ситуации и, опасаясь ее развития по сценарию ваххабитов, решил отдать приказ на формирование специального корпуса в Узбекистане и оказать помощь Народному фронту Таджикистану. Разумеется, он преследовал и свои цели: отсечь северные провинции Таджикистна, где располагались более ста развитых предприятий и мощный военно-промышленный комплекс (ВПК). Забегая вперед, скажу, что сделать это ему не удалось… Усилиями спецназовцев, которым приходилось не только воевать, но вести разведку в этом необыкновннно сложном регионе и заниматься там политикой, был создан так называемый Народный фронт-по сути, местные отряды самообороны, которые мы обучали и направляли для борьбы с исламистами. Нам был придан статус советников, но мы, офицеры спецназа, вместе с «фронтовиками» принимали участие в боевых действиях и подставлялись под «ваховские» пули. Мы учили людей воевать, учили командиров руководить боем»[38]. Бар замми ҳамаи ин тақвиятдиҳандаҳои (ретранслятор) садо дар шаҳраки Гулистони ноҳияи Вахш дар ихтиёри марказ набуд. Аз 24 августи соли 1992 сарварони вилояти Ленинобод пахши садо ва симоро дар вилоят қатъ карда, телевизиони Тошканд ва Русияро бозгушоӣ намуданд ва бо дастури онҳо кор мекарданд, ки якбора чӣ тавр аз даст рафтани ҳокимияташонро нафаҳмида монданд.

Чаҳорум, пас аз юриш ва турктозии С. Кенҷаев[39] ба шаҳри Душанбе (дар таърихи 24 октябри соли 1992) хабарнигори симои Тоҷикистон дар ноҳияи Бохтар бо ҷаноби А. Достиев мусоҳиба дошт ва номбурда талаб кард, ки суханрониаш бе виройиш пахш шавад. Мо ин талаби ишонро ба ҷой овардем. Суханони ҷаноби А. Достиев бе камукост аз симо пахш шуд. Ёд доред: дар он суханронӣ ҷаноби А. Достиев ба нишонии ҳамсари иҷрокунандаи вазифаи Райиси Ҷумҳурӣ А Искандаров дақиқан чӣ фиристод?!

Дигар боз чӣ даъво доред, ҷаноби С. Мирзорахматов?!

Дар мавриди баркандани муҷассамаи В. И. Ленин дар таърихи субҳи бисту дуввуми сентябри соли 1991 (пас аз адои намози бомдод) ин ҷо чизе намегӯем. Бигузор дигарон бинависанд, дертар ҷамъбаст хоҳем кард (таҳқиқоте дар даст дорем). Танҳо ҳамин нуктаро ёдовар мешавем, ки нахуст дар Арманистон муҷассамаи Ленинро бо тӯб тирборон ва несту нобуд карданд ва ҳеҷ садое баланд нашуд, ҳеҷ кас онро «ваҳшоният» нагуфт, ҳатто Маскав онро маҳкум накард. Зеро маҳз бо тасмими доҳии заҳматкашони дунё қисмати азими хоки Арманистон ба кишвари Туркия бахшида шудааст. Ҳол он ки В. И. Ленин на танҳо сарзаминҳои асосӣ, шаҳрҳо-пойтахтҳои бостонии давлатдории тоҷикон, марказҳои пешрафтаи иқтисодию фарҳангии мардуми моро ба дигарон бахшид, балки бештар аз он ҳатто гӯри миллати тоҷикро ҳанӯз соли 1920 канда буд ва нафрати бепоёне ба миллати тоҷик дошт ва аҷиб аст, ки имрӯз фарзандони нохалаф ва беору номусе дар сӯги муҷассамаи берӯҳу беҷони он «доҳӣ» ё ҳодӣ аз 23-юми сентябри соли 1992 то имрӯз дар Тоҷикистон мотамзада ҳастанд…

Аз оғоз то поёни мақолаааш С. Мирзорахматов тӯҳмат, сафсатта, таҳқир ва тавҳин нисбат ба Мирбобо Мирраҳимов ба кор бурда ва дар ҳеҷ ҷое ба худ суол намедиҳанд, ки ин корҳо чӣ маънӣ дорад? Чӣ чеҳрае аз миллати хеш барои дигарон дуруст мекунед? Туфе, ки бар осмон барои дигарон фиристодаед, ҳатман рӯи сари худатон хоҳад афтод. Натиҷаи чунин мақолаҳои тамоман бемасъулиятона аст, ки обрӯи тоҷикон дар хориҷ аз кишвар ба сифр баробар аст ва аксарият имрӯз дар Русия ба тоҷикон бо таҳқир ҳамчун қавми пасттар аз «чукча» нигоҳ мекунанд.

«Ин ҳикмат дар як нусхаи хаттӣ омадааст: он чӣ дар мавриди ман андеша дорӣ, бигӯ, ман дар бораи ту бадтар аз чӣ, ки ҳаст, фикр мекунам».

Ҷанобон хуб медонанд, ки тоҷиконро дар Қазоқистон беш аз ҳам ҷӯгиҳо (лӯлӣ) бо дурӯғ, гадоӣ ва бешарафӣ шӯҳратманд кардаанд ва ҳоло «Саломиддин Мирзорахматов, достаточно известный русскоязычный таджикский журналист-публицист» (тавсифномаи хеле хуби Нур Табаров) бо чунин «шоҳасараш», ки бо бебандуборӣ ва бефарҳангӣ дар олами мутамаддин назир надорад, афзун бар он муаррифиномаи зишт кохи дурӯғе аз ҳарза ва ифтироъ дуруст кардааст, ки шояд мояи ифтихори ин қаламбадасти коммунистмаоб хоҳад шуд.

Фирор ва муҳоҷират барои мардуми тоҷик чизи нав нест-ин қабил фоҷиаҳо чӣ дар замони истилои муғул ва чӣ истилои Шайбонихони ӯзбак ва ҳатто солҳои 1920-ум ва нимаи дуввуми соли 1930 иттифоқ афтода. Аммо он чӣ боиси нигаронӣ ва тааммул аст ин мебошад, ки мардуми мо, ба вижа қишри ба ном рӯшанфикр ё каме саводнокаш, ҳеҷ гоҳ аз ин бадбахтиҳо сабақ нагирифтанд. Имрӯз ҳар ҷо ки тоҷик муҳоҷират кардааст агар ду нафар як ҷо ва ё дар як кишвар бошанд зиндагиашон ҳатман ғайбати дигарон ва ҳасрати гузашта ва агар се нафар бошанд ҳатман тафриқа ва маҳалгароӣ ва агар чаҳор нафар бошанд афзун бар нукоти зикршуда ҳатман даргирӣ, фиреб, кулоҳбардорӣ, зӯргароӣ ва дурӯғпароканӣ нисбат ба ҳаммиллати хеш аст ва ҳамин тавр зиндагӣ ба сар мебаранд ва ҳар чӣ бештаранд ин ҷиҳатҳо, яъне хулқу хӯй ва хусусиёти манфӣ, густардатар ба чашм мерасад. Бархе дар заминаи дурӯғпароканӣ ва тӯҳмату ҳарзабофӣ ба бемории васвос гирифтор шуда, онро ҳеҷ гоҳ наметавонанд табобат бибахшанд (ҳатто табибони исавиҳуш ва муллоҳои бисёр зӯр низ бо даму нафаси хубашон ва дуоъхонӣ бари сари ин беморон оҷизанд, зеро на сухани нек ва на оёти муқаддас бар онҳо таъсиргузор нест).

Инглисиҳо ва ирландиҳо бо фирор аз кишвари хеш ва муҳоҷират Амрикои шимолӣ, Австралиё ва Зеландияи Навро моли хеш сохтанд, кишваргушойӣ карданд. Арманиҳо ва яҳудиён аз муҳоҷират сабақ гирифтанд ва барои ваҳдати миллии хеш дастури зиндагоние таҳия намудаанд, ки ҷомеаи иборат аз се нафар ҳамзабону ҳаммиллат бояд се корро ҳатман анҷом бидиҳад: 1. барои фарзандони хеш ба забони модарӣ мактабу мадраса боз кунанд (ё бисозанд), то дар он ҷо навиштор (яъне «хат»), забон ва адабиёти миллӣ омӯзонида шавад; 2. ба ҳаммилати хеш кӯмак намоянд, то дар зиллат ва хорӣ намонад ва набошад; 3. маъбади мазҳаби хеш (калисои арманӣ ва канисаи яҳудӣ) бунёд ва барпой нигаҳ доранд.

Чашмандози имрӯз ба муҳоҷират ва фирори тоҷикон, ба вижа ба Русия ва Қазоқистон ва муқоисаи он бо дигар халқҳо нишон медиҳад, ки муҳоҷири тоҷик дар ҳама мавқеъият ҳамон хулқу хӯйи тоҷиконаашро хеле ва хеле хуб ҳифз кардааст ва нукоти боризи он ин аст: ин ба ман дахл надорад; ҳамааш айби дигарон аст ва омодаам худи ҳозир гунаҳкори асосии он воқеъаҳоро ба забони русӣ ба шумо нишон диҳам; нисбат ба ҳаммилатони ман ҳар чӣ хоҳед бикунед, фақат ба ман кор надошта бошед; бигузор дунё бисӯзад, вале деги шӯрбои ман биҷӯшад ва хонаи ман барпой бошад…[40]

Имрӯз тоҷикон дар кишварҳои Русия, Қазоқистон ва дигар ҷойҳо барда ва асиранд-ҳам асири он кишварҳо ва ҳам бардаву асири кишвари хеш, ки мурдаву зиндаашон ба касе аҳамият надорад. Аз ин рӯ:

Завқ дар бонги асирон набувад,

Наъра(а)шон низ асирона бувад!

Ҳазорон-ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия ва дигар кишварҳо мардикоранд ва ҳар сол наздик ба ҳафт- сад тобути (кушта) тоҷикро танҳо аз Русия ба Тоҷикистон меоваранд. Албатта, ин танҳо омори расмӣ аст. Он чӣ ба таври ғайрирасмӣ чӣ қадар тоҷик дар Русия ва дигар кишварҳо кушта ва рабуда мешавад ва нопадид аст шояд беш аз ҳазор нафари дигар бошад. Ба ин омор боз худкушии шаҳрвандон (соли 2010 танҳо дар вилояти Суғд 309 ҳодисаи худкушӣ ба қайд гирифта шудааст[41]) дар кишвар ва қурбониёни мин (мина) дар марзи Ҷумҳурии ӯзбакистон ва даргириҳои дохилӣ (ба вижа соли 2010 ва баҳори соли 2011) изофа шавад, дар сӣ сол ҳатман аз омори кушташудагони ҷанги хунини Гватемала, ки 100 ҳазор нафар баровард кардаанд, бештар хоҳад шуд. Худо нигаҳ дорад, ки ин раванд боз сӣ соли дигар идома пайдо накунад.

Ин нукоти болоро маҳз барои ҷаноби С. Мирзорах- матов (ва устоди ишон) баринҳо мисол овардам, то ишон дарк намоянд, ки барои хидмат ба хоҷагони нав лозим нест, ки монанди Хулькар Юсупов, Шодмон Файзуллаевич Юсупов ва Раҳим Мусулмонқулов дигаронро сиёҳ кард. Зеро бо сиёҳ кардан ва таҳқири дигарон обрӯ намегиранд. Ҳар рус ва ё қазоқи бофарҳанг (албатта, тоҷикон дар ин қатор нестанд, зеро тоҷик ба ҳама чиз ё аз назари маҳал менигарад ва ё манфиати шахсии хеш) пас аз  мутолааи очерки С. Мирзорахматов дар бораи М. Мирраҳимов ҳамон сухани О. Сулаймонов «сволочь»-ро дар ҳаққи нависандаи очеркҳо дар бораи Б. Каримов, Ш. Ф. Юсупов ва М. Мирраҳимов дареғ нахоҳад дошт ва саҳнаҳои аҳмақонаи намойиши музҳики симои Русия-«Равшан» ва «Ҷамшуд», ки хулқу хӯйи муҳоҷирини меҳнатии тоҷикро ба боди интиқод ва масхара гирифтааст, дар зеҳнаш зинда хоҳад шуд. Мо дар мақолаи «То ба кай об аз таги ях меравад?» барои онҳое, ки даъво доранд, ки чизе ҳастанд ва аз забони русӣ ҳамчун олати сиёҳ кардани дигарон истифода ба амал оварда, худашонро донишманд ҷилва медиҳанд ва ё одам мешуморанд, ин нуктаро таъкид карда будем, ки имрӯз онро бори дигар ба С. Мирзорахматов ёдрас менамоем: «Маро нуктаи дигар ба ташвиш меорад, ки он ҳам бошад, ҳамаи ин назарияи «фавқинтернационалистӣ» аз номи забони русӣ, аз номи халқи рус, тавассути забони русӣ ба амал бароварда мешавад. Ва ҳол он ки худи халқи рус ва забони русӣ чунин хушомадгӯиро намеписандад ва мӯҳтоҷи он ҳам нест»[42]. Агар С. Мирзорахматов каме аз ақлашон истифода ба амал меоварданд ва онро ба кор меандохтанд, гузаштаро дар ҷояш мегузоштанд (зеро ба ибораи як овозхони маъруф: «гузаштаҳо гузашта-гузашта барнагашта») ва ба оянданигарӣ мепардохтанд, ки чӣ бояд кард, то насли нави миллат дигар дастнигари хоҷагони бузург ва миёна нашавад ва роҳи дурустро интихоб намояд.

Гузашта барои одамони боандеша ва худшинос чароғи оянда аст, аммо барои хирасарон сарчашмаи ғаму ҳасрат. Мо дар оғози ин посух ҷумлаи «чашми ҳасуд кӯр аст ва гоҳе дубин»-ро беҳуда наёвардем. Он чӣ ғазаби ҷаноби С. Мирзорахматовро сахт барангехтааст китоби мақолаҳои мо «То ба кай об аз таги ях меравад?»[43] мебошад, ки ҳанӯз соли 1998 ба нашр расида буд. Худи мунаққиди нотавонбин чунин навиштааст: «Эти статьи, которые он собрал в одну книгу, будучи «политэмигран- том» в Иране, мало, чем отличались от его эмоциальных речей» (с. 79). Хушбахтона, чашми С. Мирзорахматовро буғзи ҳасрат ва кина он чунон танг кардааст, ки аз мақолаҳо танҳо камбудӣ ва нуқсон ҷуста, дар ҳоле ки донишмандон ва рӯзноманигорони бофаҳм аз он нукоти хуб ва пешбиниҳои дақиқ пайдо кардаанд.

Нуралии Давлат дар пажӯҳиши муфассали хеш «Тӯраҷонзода номзади ҲНИТ ба президентӣ буд» ин нуктаро ёдрас шудааст (хеле хуб ки чашми ҷаноби С. Мирзорахматов ва Нур Табаров онро надидааст, вагарна боз дар бало мемондем, ки: -Чаро?!):

«Вақте ки баъди 10 рӯзи гирдиҳамоӣ мухолифат бо парламент дар бунбаст қарор гирифт, ба Тоҷикистон Анатолий Собчак ва Евгений Велихов омаданд. Имрӯз бо гузашти замон комилан ошкор гуфтан мумкин аст, ки сафари ин ду нафар намояндаи Кремл дар моҳи октябри соли 1991 ба Тоҷикистон сифр барои саркӯб гардонидани нирӯҳои демократӣ ва исломӣ сурат гирифта буд. Аммо дар он шабу рӯз инро танҳо як нафар дарк кард. Ин нафар Мирбобо Мирраҳимов-олими файласуфи тоҷик буд. ӯ дар мақолаи худ зери унвони «Тоҷикистон дар пешорӯи инқилоб аст?» менависад: «…аксарият чунин гумон доранд, ки А. А. Собчак ва Е. П. Велихов маҳз ба дастгирии гирдиҳамомадагон ба Душанбе омаданд. Ҳақиқати ҳол тамоман дигар буд… Собчак ва Велихов дар симои Раёсати Шӯрои Олии Тоҷикистон ҳамон дастпарварони собиқи хешро диданд, ки минбаъд низ ба онҳо содиқона хизмат хоҳанд кард. Аммо гирдиҳамомадагон на ин ки гарданшах, балки хатарнок ҳам буданд. Ҳамчунин ин Иттиҳоди қувваҳои мардумӣ ҳар лаҳза метавонистанд аз доираи таъсири Русия берун раванд»[44].

Нуктаи ҷолиб он аст, ки пас аз як соли ин баҳое, ки мо ба сафари А. Собчак ва Е. Велихов додаем, «хабарнигори вижаи «Правда» бо номи «Виктор Ряшин» чунин тафсири баръакси ҳақиқати ҳолро ба ҳамагон талқин кардааст, то ҳадафи асосии истеъморгарон комилан пӯшида боқӣ бимонад: «… кто поджег бикфордовы шнуры на окраинах разрушенного Союза? Разве не экспортеры «демократии», которые были готовы сбыть свой товар с гнильцой кому угодно, даже дьяволу. Вспомните прошлогодний блиц-визит А. Собчака, приезжавшего в сопровождании Е. Велихова в Таджикистан. Тогда при их активном посредничестве были заключены «согласительные протоколы», обеспечившие, в конечном счете приоритет оппозиционно-националистическим силам в республики»[45].

Дар он сафари таърихии А. Собчак ва Е. Велихов ба Тоҷикистон боз як тани дигар низ ҳамроҳи онҳо буд, ки «Виктор Ряшин» аз ӯ ном набурдааст (зеро соли 1992 касе ҳатто пешбинӣ намекард, ки аз 1-уми январи соли 2000 В. В. Путин ба вазифаи «Президенти Федерацияи Русия» мансуб мешавад). Ишон шоҳроҳи дуруст баргузидаи А. Собчак ва Е. Велихов барои пешрафти Тоҷикистонро дар даҳсолаи нахустини садаи бисту якум идома дод ва медиҳад…

Боиси таассуф аст, ки ҷаноби С. Мирзорахматов Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Душанбе (имрӯз ба номи Устод Садриддини Айнӣ)-ро бо ихтисоси «муаллими фанни забон ва адабиёти рус» ва бо «Дипломи аъло» хатм ва дар мактаби миёна ва ҳатто ба сифати декани Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Қӯрғонтеппа ва мудири шӯъба ва хабарнигори рӯзномаҳои «Ҳақиқати Қӯрғонтеппа», «Коммунист Таджикистана» кор ва ҳатто дар Қазоқистон зиндагӣ карда, аз одоб ва фарҳанги рӯшанфикрии рус ва ҳатто инсонӣ баҳрае набардоштааст (барои чунин таъкид аз хонандагон маъзарат мехоҳам). Вагарна бо чунин адабиёте (алфоз), ки нисбат ба инҷониб ва дигарон (истисно очерк дар бораи устод Латифӣ аст) мақола навиштааст (осори ҳамтабақҳои пешин ва кунунияш низ аз ин баҳо берун нестанд), танҳо дар зиндонҳои имрӯзаи Русия ва бемористонҳои равонии Кишварҳои Муштаракулманофеъи пас аз суқути режими коммунистӣ сухан мегӯянд ва баҳс меороянд. Табиати инсони солимфикр чунин хирасариро ба худ раво намебинад, ки бидуни далел дар ҳаққи дигарон бо ҳақорат, таҳқир ва паст задани шахсияти инсонӣ саҳифа сиёҳ кунад ва қаламфарсоӣ намояд. Ин ҷо метавон бо ибораи хеле зебои Ибни Ҳуққал (Ҳавқал) ифодаи матлаб кард, ки барҳақ дар сурату сирати ин қабил бузургворон мефармояд: «ишон пойбанд ба фазоили ахлоқӣ нестанд ва дар касби разоил бисёр ҳарисанд».[46]

Барои нақди корнома ва китобҳои Мирбобо Мирраҳимов ҳунар ва дониш лозим аст ва сарсарӣ аз як ҷо сархатеро интихоб карда, мавриди тӯҳмат ва сасаттабофӣ қарор додан кори сафеҳон аст! Мирбобо Мирраҳимов дунболи шӯҳрат нест ва аз он ки касе имрӯз ӯро ба хотир намеоварад, ҳеҷ парвое надорад ва ҳатто хушҳол аст, зеро «гумномӣ барои инсон зеботар аст аз бадномӣ» (Рӯзбеҳ). Гумон накунед, ки бо дурӯғҳоятон моро метавонед боз ба вартаи бало бикашонед. Иштибоҳ кардаед, ҷаноби С. Мирзорахматов! Пеш аз шумо, аз соли 1987 сар карда (ва ҳатто пештар аз он), беш аз шашсад ё ҳафтсад нафар хуфиянавис, гумошта, рӯзноманигор, вазир, академик, муллонамо, ходими ҳизби ва давлатӣ дар бораи Мирбобо Мирраҳимов ба КГБ, рӯзномаҳо ва хоҷагонашон гузориш, баёнот, мақолаҳо навиштаанд, ки дар маҷмӯъ парвандаи шастуҳафтҷилдаеро ҳанӯз соли 1994 дар Вазорати амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил дода буданд (ҳоло панҷоҳу се ҷилди он дар ВА ҶТ маҳфуз аст). Байни солҳои 1995 ва 2010 низ боз даҳҳо мақола ва чандин ҷилд китобу рисола ба он музахрафот афзуда шудааст.

Нақди Мирбобо Мирраҳимов барои хуфиянависон, ҳангоматалабҳо, гузоришгарон, дурӯғнависон, тафсиргарон, мушовирони мақомоти баландпоя ва ҳатто уламои мӯҳтарами ислом низ бозоргир аст. Ахиран ҳамзамон бо нашр ва пахши китобчаи С. Мирзорахматов дар Тоҷикистон дар нишасте бо номи «Ёдбуди Нурӣ ва Ҳимматзода» уламои мӯҳтарами ислом низ аз китоби нави мо (бо ҳаммуаллифии С. Ҳакимова) «камбудие» пайдо кардаанд ва бо дастони мубораки хонум Мушкинисои Асозода дар сайти интернетӣ ва рӯзнома чунон тафсире ба қалам додаанд, ки дар тарозуи ақл намегунҷад. Ибтидо он тафсири аҷибу ғариби осмонро ба таваҷҷӯҳи шумо ва ҳамтабақҳоятон пешкаш менамоем:

«Ин уламо буданд, ки ҳам забонро ҳифз карданд ва ҳам фарҳангро. Набошад он замон бо дасти рост хӯрданро ҷоиз намедонистанд. Барои замонавӣ будан ҳатман бо дасти чап нон мехӯрдӣ. Имрӯз ҳам таъсираш ҳаст. Ҳозир бародар Мирбобо дар бораи этикет китоб навиштааст, ки бояд бо дасти чап хӯрӣ. Ҳол он ки пайғамбари худо гуфта буданд бо дасти рост хӯрок хӯред. Бо дасти чап хӯрдан ин фарҳангӣ ва замонавӣ будан ҳисобида мешудаасту бо дасти рост хӯрокхӯрӣ ақибмондагӣ»[47].

Ҳоло аз китоби «Илми ахлоқ ва одоб» ҳамон сархатеро, ки ҳадафи интиқод қарор гирифтааст, айнан мисол меоварем, ки уламои мӯҳтарами ислом ва хонум М. Асозодаро сахт ношод ва мушавваш сохтааст ва гӯиё ки ба муқаддасоти динӣ тавҳин шуда бошад:

«Ҳангоми тановули ғизо аз васоили хӯрокхӯрӣ-чумча, чангол (чангча, вилка) ва корд бе садо истифода карданро ёд бигиред. Бояд чумчаро дар дасти рост, чанголро дар дасти чап, аммо корд ё кордчаро дар дасти рост нигаҳ дошт ва аз онҳо бе садо истифода ба амал овард. Замоне ки сарфи таъом ба поён расид васоилро на рӯйи дастархон, балки дохили табақча ё коса, ки аз он хӯрок истеъмол кардед, гузоред»[48].

Ҳар инсони бофарҳанг пас аз мутолааи ин сархат ва тафсири уламои мӯҳтарами ислом ё хонуми Мушкинисои Асозода[49] худаш хулоса барорад, ки оё дар навиштаҳои мо даъвои ҳатман бо дасти чап хӯрок хӯрдан вуҷуд дорад ва оё мо бо дасти рост хӯрок хӯрданро «ақибмондагӣ» гуфтаем ё на! Ин мавзӯъ, ки уламои мӯҳтарами ислом дар таърихи фарҳанги мо чӣ нақше бозидаанд, ба ҳамагон рӯшан аст ва нуктаи ҷолиб ин ҷост, ки ҷаноби С. Мирзорахматов дар навиштаҳояш нисбат ба худи уламои ислом мушаххасан чизе намегӯяд, балки айб ва аъмоли онҳоро аз Мирбобо Мирраҳимов медонад. Уламои мӯҳтарами ислом низ дар навбати худ аз Мирбобо Мираҳимов домангиранд, ки исломгаро нест.

Даҳ сол пеш вақте ки «шоири бузурги миллати тоҷик Бозори Собир» дар тамомии рӯзномаҳои кишвар номаи бисёр пурсӯзу гудози худаш-«Симхорҳои «девори оҳанин»-ро набардоред»[50]-ро ба чоп расонд, мо мақолаеро бо унвони «Hallo аз Амрико ва посух ба он»[51] навиштем ва бахше аз он дар се шумораи ҳафтаномаи «Наҷот» ба нашр расид. Вале якбора уламои мӯҳтарами ислом ҷомаашонро чаппа пӯшида, на танҳо аз чопи идомаи посухи мо дар ҳафтаномаи «Наҷот» сар печиданд, балки муаллифро ҳамонанди даврони режими коммунистӣ мавриди накӯҳиш ва маҳкумият ҳам қарор доданд[52]. Тафсири уламои исломӣ: он замон ва ин замон Бозори Собир ҳаммаҳали онҳо буд ва Мирбобо Мирраҳимов бегона. Имрӯз, ки Бозори Собир манъи фаъолияти ҲНИТ-ро дар кишвар ошкоро талаб дорад ва «ҳизби исломиро дар Тоҷикистон бастан даркор, чунки оянда зарараш дучандону садчандон хоҳад шуд»[53] мегӯяд, уламои мӯҳтарами ислом дар сардаргумӣ ба сар мебаранд ва бо тафсирҳое чун «ин фикри шахсии вай» иктифоъ меварзанд.

Бо иродати фаровон ба мақоми волои уламои мӯҳтарами ислом хоҳишмандем аз баҳри худо дар ин маврид ягон фатвое ё дастуре содир фармоед, ки мардум раҳгум назананд. Агар нигаҳ доштани «чангол дар дасти чап», ки мо гуфтем, ин қадар тафсири исломӣ дар пай дошта, пас чаро суханони Бозори Собир бе тафсир монда?! Ҳадди ақал барои маросими тановули ғизо мефармуданд:

-Бародарон ва хоҳарони аҳли суннат вал-ҷамоат! Барои он ки бо дасти чап чангол гирифта нашавад, ҳангоми тановули ғизо ҳатман дасти чапро бо рӯймол ё таноб ё таноби фӯлодӣ (таноби филезӣ, яъне трос) ба тани хеш (албатта, на тани бегона!) маҳкам бибандед ва мувозиб бошед, ки боз нашавад!

Ё ин ки:

-Бародарони исломӣ! Чанголро дар дасти рост ва корд ё кордчаро дар дасти чап бигиред!

Магар ҷаноби С. Мирзорахматов бо уламои мӯҳтарами ислом ҳамфикру ҳамақида ҳастанд ва барои шӯҳрат бахшидан ба онҳо аз шахсияти Мирбобо Миррҳимов интиқод ба амал меоваранд?!

Дар китоби «Илми ахлоқ ва одоб» дар мавриди суннати таъом хӯрдан аз осори бузургон нуқтаи назари тоҷикӣ ё худ исломӣ оварда шудааст, ки, мутаассифона, аз назари уламои имрӯзи (модерн) ислом пӯшида мондааст ва ҳол он ки лозим буд, лутфан, ба ин навиштаҳо таваҷҷӯҳ мефармуданд:

«Агар пурсанд, ки чаҳор суннат (дар таъом хӯрдан-М. М.) кадом аст? Бигӯй: -Аввал, «Бисмиллоҳ» гуфтан. Дуюм, пеш аз таъом даст шустан. Сеюм, таъом ба дасти рост хӯрдан. Чаҳорум, баъд аз таъом «ҳамд» гуфтан»[54].

Чанде пеш китоби Шарон Ҳиллер «Донишномаи Фрейд» дастраси мо шуд, ки оқои Муҷтабои Пурдил аз инглисӣ ба форсӣ баргардон намуда ва соли 2010 интишороти «Тарона»-и Машҳад онро бо теъдоди 2000 нусха чоп кардааст. Ин китоб, ки дар мазмун хилофи таълимоти динии мост, бо як пешгуфторе, ки бархе ин тазоддро шарҳу тафсир кардаанд, нашр шудааст. Аммо дар Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳеҷ як аз уламои мӯҳтарами ислом алайҳи он нашӯридаанд ва тафсири подарҳавое ба он нанавиштаанд, зеро мефаҳманд, ки омӯхтани ҳатто нукоти мухолиф беҳ аз надонистан аст. Мо одоби дар олами мутамаддин роиҷ дар истифода аз чангол ва кордчаро ёдовар шуда, дар бало мондем.

Дар мавриди мо ҳар он чӣ дигарон менависанд, агар интиқоди солим ва дуруст аст, ҳеҷ эроде надорад ва бо камоли эҳтиром пазируфта мешавад. Вале агар дасиса ва даъвое чун навиштаҳои Х. Юсупов, Р. Амонов, Р. Ғаффоров, С. Табаров, А. Маниёзов ва дурӯғу тӯҳмат монанди очерки С. Мирзорахматов аст, бо ин байти Убайди Зоконӣ, ки борҳо дар Эрон ва Тоҷикистон (ба фикрам, ҳатто дар Фаронса ҳам) нашр шудааст, қотеъона рад мешавад:

Ҳар «маърифате», ки марди бангӣ гӯяд

Бар к…ри харе навису дар к…наш кун![55]

Хуб мебуд агар ҷаноби С. Мирзорахматов пеш аз даст задан ба мавзӯъоти таърих, ба вижа таърихи бедорӣ ва худшиносии миллии тоҷикон пас аз нашри мақолаи «То ба кай об аз таги ях меравад?» ба мутахассисини равонкобӣ (психоанализ) ва равоншиносӣ (психология) муроҷиат намуда, худашонро каме ташхис ва табобат мекарданд. Вагарна бо чунин ҷуволе пур аз васваса, сафсатта ва дурӯғу буҳтон ба ҷое нахоҳанд расид:

Тарсам нарасӣ ба Каъба, эй аъробӣ[56],

Ин роҳ, ки меравӣ ба Туркистон аст!

Воқеъан ҳам бо ин коре, ки ҷаноби С. Мирзорахматов дар ғурбат анҷом додаст, роҳ ба сӯи Туркистон пеш гирифта, ки пасгашт аз он имкон надорад ва ҳаргиз ба Каъба нахоҳад расид ва агар бирасад ва ҳатто мулло шавад ҳам шакке нест, ки суде дар бар надорад.

Ман аз суханоне, ки дар мавриди осори халқкардаи Устод Айнӣ (мавзӯъ ва сабки «Ҷаллодони Бухоро», «Одина», «Дохунда», «Ғуломон» ва «Мактаби кӯҳна» дар назар аст) навиштаам, ҳеҷ гоҳ даст накашидаам ва намекашам, зеро он як дидгоҳи илмӣ аст ва дар ин замина мешавад баҳс кард ва он чӣ мо гуфтем, аз бузургии Устод ҳеҷ чизеро нахоҳад кост. Баръакс дар он сархат аз бузургии Устод Айнӣ, ҳунари халлоқият ва устувории ӯ дар сари ақидааш сухан рафтааст. Онро бо ҳам мурур мекунем:

«Иншои ниқорнома дар адабиёти шӯравии тоҷик пас аз кудатои нангини большевики соли 1917 ба майдон омад. Устод Садриддини Айнӣ бар ивази 75 дарра, ки аз шербачаҳои Амир хӯрда буданд, аз Сайид Олимхон қасос гирифтанӣ шуда, тамоми таърихи тоҷикро чӣ дар адабиёти бадеӣ ва чӣ дар осори илмӣ бо маҳорати фавқулодда сиёҳ карданд. Ва Устод тамоми умр аз ақидаи хеш даст накашиданд. Аммо ин ниқорномаи профессори шӯравипарвард роҷеъ ба ҷиноятҳои сангакиён ва нақши онҳо дар таърих тамоман чизи дигар аст. Зеро ин китобча на асари илмӣ аст ва на аз ҷумлаи каломи бадеӣ»[57].

Суханони боло ба тафсири хирасарону бесаводон ниёз надорад (зеро ҳадафи асосӣ нишон додани беистеъдодии Р. Мусулмонқулов дар иншои китоб роҷеъ ба рухдодҳои Тоҷикистон аст). Ин нуктаро борҳо бо равоншод Устод Камолиддини Садриддинзодаи Айнӣ (15.05.1928-14.08.2010) низ дар миён гузоштаам, ки ишон пазируфтанд. Худи Камолиддини Айнӣ ёдовар шуданд, ки ҳатто Амир Сайиди Олимхон дар як номае ба тарзи тасвири Устод Айнӣ дар мавриди ваҳшонияти замони аморат эътироз карда будааст…

Камоли булуғи дониши ҷаноби С. Мирзорахматов дар он аст, ки як сархатеро аз мақола барканда ба тарзи тафаккури муғризона тафсир мекунад ва пас аз он бо маҳорати бисёр хос, ки танҳо вижаи муллонуқотиҳост, ба аъмоли сафеҳона ва ифротгароёнаи толибони покистонии Афғонистон мечаспонад:

Умедвор бувад одамӣ ба хайри касон

Маро ба хайри ту умед нест, шарр марасон[58]

С. Мирзорахматов дар «шоҳасар»-и хеш бо истеҳзо ва шояд як навъ ҳасодат роҷеъ ба зиндагии М. Миррахимов дар хориҷ аз Тоҷикистон ёдовар шудааст. Ин ҷо мо ба С. Мирзорахматов ташаккур мегӯем, ки ишон ба худфошкунӣ пардохтаанд. Дар поёни мақолаи С. Мирзорахматов таърихи иншои он шаҳри «Алматы 2002 г.» (с. 94) сабт шудааст. Ин таърих моро ба андешаҳои талх водор сохт. Мо намедонем, ки ин гузориши бо сабки хуфиянависон иншокардаи ҷаноби С. Мирзорахматов нахуст ба куҷо ирсол шуда ва дар кадом кишвар ба нашр расида, вале ин нуктаро дақиқ метавонем бигӯем, ки маҳз аз солҳои 2001-2002 масъалаи душвориҳои иқомати мо дар кишварҳои Русия, Эрон ва ҳатто Туркия сар шуд. Ҳар ҷо ки мерафтем масъала пеш меомад. Ёд дорам, ки боре ба Русия сафар доштам ва дар меҳмонхонае ҷой гирифта, барои сарфи хӯроки пешин бо дӯстон берун рафтам. Вақте ба меҳмонхона баргаштам, масъулини пазириши меҳмонхона гуфтанд, ки гузарномаам(загранпаспорт)ро шербачаҳои созмони хуфияи Русия бо худ бурдаанд ва лозим аст, ки зуд ба нишонии онҳо муроҷиат намоям. Рафтам. Ду соат аз банда бозҷӯӣ карданд. Он дурӯғу сафсаттаҳое, ки ҳоло ҷаноби С. Мирзорахматов (ва «Игорь Ленский») чун ҳақиқат дар ҳаққи мо ба қалам додаанд, ба наҳве дар суолот ва пурсишҳои бозҷӯии ҷанобон ҷой дошт. Далеле надоштанд, ки ба ҷурме айбдор созанд. Ноумед шуданд ва дар ниҳоят яке аз афсарони баландрутба, ки чанд бор вориди утоқи бозҷӯӣ шуда ва боз берун мерафт ва ба асли қазия таваҷҷӯҳи вижа дошт, бо ҳақорат ба нишонии гузоришгарони тоҷик, ки дар мавриди М. Мирраҳимов навиштаанд, чунин гуфт:

-Дарди саре бароямон дуруст кардаанд ва дақиқ чизе нест, ки ин одамро барои чӣ боздошт кунем: бо айби «бунёди ҷумҳурии исломӣ ва ё терроризми байналмилалӣ». Дигар ба гузоришҳои тоҷикони лаънатӣ дар мавриди Мирбобо Мирраҳимов бовар накунед…

Соли гузашта барои дарёфти раводиди кӯтоҳмуддати саёҳатӣ ба сафоратхонаи яке аз кишварҳои мутамаддини дунё муроҷиат кардам. Бароям раводиди саёҳатӣ (туристическая виза) надоданд ва гуфтанд, ки нерӯҳои расмии кишвар барои сафари шумо ба хориҷ мухолифат меварзанд…

Дар тӯли ин солҳо боре барои «Фотиҳа»-хонӣ ба як хешамон аз марзи байни ноҳияи Зафаробод ва мавзеъи Қӯшканди ӯзбакистон убур мекардем ва ду соат марзбонони кишвари дӯст ва ҳамсоя-Ҷумҳурии ӯзбакистони бародарӣ маро боздошт карданд. Иллат пурсидам. Гуфтанд:

-Ба мо аз хориҷа гузориш расида, ки «Мирраҳимов бунёдгузори ҷумҳурии исломӣ дар Осиёи Миёна аст»…

Ниҳоят як афсари ҷавоне, ки, хушбахтона, миллияташ тоҷикӣ будааст ва ному номи хонаводагии мо ба гӯшаш расида, шояд аз ин қабил гузоришҳо хаста шуда буд, ки гузарнома ва шиносномаамро пас дод ва гуфт:

-Дигар назди марзҳои кишвари мо пайдо нашавед. Бароятон хатари зиёд дорад!

Ин саҳнаҳои музҳикро барои он мисол овардем, ки имрӯз пас аз сипарӣ шудани наздик ба даҳ сол аз таърихи иншои тӯҳматномаи С. Мирзорахматов маълум шуд, ки бод аз куҷо мевазидааст ва чӣ тавр ишон дар ин муддат зиндагиро чӣ дар хориҷ ва чӣ дар Меҳан барои мо заҳр кардаанд…

Дар Эрон барои ман ягон имтиёзе вуҷуд надорад, раводиди «паноҳандаи сиёсӣ» низ надорам, ки боиси ҳасодати дигарон шавад. Агар зарурате (аз қабили баргардон ё виройиши китоб) пеш ояд монанди дигар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо раводиди саёҳатӣ («туристическая виза») ба он кишвар меравам ва аз ду ё се моҳ бештар иқомат дар он ҷоро надорам. Шукр мегӯям ва коре ба касе надорам. Бинобарин даъвои ҷаноби С. Мирзорахматов дар бораи он ки «политэмигрантом» в Иране» (с. 79), «Мирбобо теперь в стабильном, процветающем Иране пишет мемуары» (с. 91) ҳақиқат надорад ва дурӯғи маҳз аст.

Ҳар чизе ки метавонам бо истинод аз қонунҳои давлати демократии ҳуқуқбунёд дар Тоҷикистон менависам ва ба чоп мерасонам ва аз ҳеҷ кас иҷозат намепурсам ва ба шахсе ё идорае низ оид ба мӯҳтавои асари худ ҳисобот намедиҳам, ки чӣ менависам ва чӣ чизеро чоп мекунам. Ҳасад баред, ки ин хушбахтиро Худо ба банда додааст.

Сарнавишт чунин рақам зада, ки номи мо доиман зери интиқод ва дурӯғи дигарон қарор бигирад. Ба ҳамаи ин неъмат шукргузорем. Зеро дар ғафлат намемонем:

Даврони бақо чу боди саҳро бигузашт,

Талхиву хушиву зишту зебо бигузашт.

Пиндошт ситамгар, ки ҷафо бар мо кард,

Дар гардани ӯ бимонду бар мо бигузашт.

P. S. Ба посухҳоям нуқтаи таммат гузоштанӣ будам, ки ногаҳон ду нукта ба ёдам расид. Нахуст, ду баёнот ё гузорише аст, ки дар мавриди М. Мирраҳимов соли 1990 (пас аз рухдодҳои моҳи феврал) ба КГБ-и Тоҷикистон расида. Дертар он гузоришҳо ба парвандаи ҷиноии шастуҳафтҷилдаи №625 нисбат ба М. Мирраҳимов (ба ин парванда корномаи А. Комилов, Х. Қосимов ва Х. Назаровро низ мулҳақ кардаанд) дӯхта шудааст ва ҷилди даҳумро ташкил додаст. Мо аз овардани ин аснод дар китоби «Рӯзномаи маҳкум ба қатл. Хотироти зиндони КГБ дар солҳои 1993-1994» худдорӣ карда будем. Он чӣ, ки ҷаноби С. Мирзорахматов бо ҷумлаҳое чун-«Кто-то пытался объяснить, что Мирбобо толком не знает таджикский язык, нашей культуры и, наконец, нашу письменность» (с. 74); «писаки» (с. 80); «он картавит немного» (с. 82;), «барои Бунёди забон, Растохез коре накард» ва дигар ибораҳо дар ҳаққи М. Мирраҳимов мақола менависанд, дар он гузоришҳо дақиқан навишта шудааст. Албатта, ҷаноби С. Мирзорахматов хуб медонад, ки муаллифи он суханҳо ва гузоришҳо кист. Афзун бар ин аз сабки нигориши С. Мирзорахматов чунин бармеояд, ки касе ҳамчун хуфиянавис аз рӯзе, ки мақолаи «То ба кай об аз таги ях меравад?» ба нашр расид, доиман дар камин ва ё пушти сари Мирбобо Мирраҳимов ҳама ҷо ва дар ҳар макон ва дар ҳар замон ҳозиру нозир аст ва бо диққат наззора дорад ва мунтазир аст, ки чӣ иштибоҳе аз ӯ рух медиҳад, то дастгираш кунем ва ба гуноҳе муттаҳам созем. Чун рафтори ғайриқонуние аз банда рух надода, пас бо навиштаҳои подарҳаво сиёҳ кардан ва дар ҳаққаш дурӯғ парокандан, ки касе посухгӯ набошад, беҳтар аст, то даъвои ҳақиқӣ!

Дуввум, дар авҷи даргириҳои соли 1992 дар рӯзномаи «Правда» мақолаи «Двойка по философии. Эхо таджикского полупереворота» (11.07.1992, №2/26846/) бо имзои «хабарнигори вижа Игорь Ленский» чоп шуд, ки асосан дар танқиди М. Мирраҳимов ва қисман Ш. Юсупов ихтисос дошт. Он замон ман ба он дурӯғнома эътирозе накардам, зеро ҳатто фурсати кофӣ ҳам дар ихтиёр надоштам. Албатта, «Игорь Ленский» кист ва чаро ӯ танҳо доир ба масоили даргириҳои Тоҷикистон мақола менавишт ва чаро имрӯз С. Мирзорахматов айнан ба монанди Игорь Ленский аз М. Мирраҳимов (ва, албатта, аз Ш. Ф. Юсупов-ҳамтабақаш) танқид ба амал меоварад, пас аз хондани ин ҷумлаи зерини сафсаттабоф: «С Мирбобо вообще не знаком» (с. 9) каме шубҳаомез аст. Ёд надорам, ки кадом як «хабарнигори вижаи «Правда» Игорь Ленский» ба таври мустақим моҳи июн ва ё июли соли 1992 бо ман мусоҳиба карда бошад, вале чанд тоҷики роҳибнамо, ки маълум буд, дасти Маскав ҳастанд ва ба олами рӯзноманигорӣ низ сару кор доранд, бо баҳонаи дидор вориди дафтари корӣ шуда, аз боби гӯё баста шудани барномаҳои русӣ дар садо ва симо пурсон шуда буданд, ки суроби яке онҳо шабоҳат ба устоди С. Мирзорахматов дошт…

Он рӯзҳо «Игорь Ленский» аз «мулоқот ва мусоҳиба» бо М. Мирраҳимов ин тавр ёдовар шудааст:

«С видным деятелем оппозиционного движения Мирбобо Миррахимовым по странному совпадению тоже кандидатом философии, мы встретились в его только обретенном кабинете председателя теле радиокомитета (?) Таджикистана. Захотелось узнать о происшедшем из первых уст. Мое намерение не понравилось министру.

-Как член правительства национального примерения я не могу нарушить затишья.

Раз так, я спросил: почему ликвидируется русская редакция. Министр нахмурился:

-Она не ликвидируется. Она преобразуется в международную.

-Не следствие ли это заявления Шодмона Юсуфа?

-Он прав. Русские в большинстве своем никогда не чувствовали себя гражданами Таджикистана.

-У нас была одна страна…

-Все ровно. Им не дорога наша земля. Они даже языка не знают.

Внезапно сверкнув очами, министр стал резко говорить о начальнике гарнизона и о русских солдатах, которые так здесь не нужны. Я осторожно напомнил, что в мартовском интервью «Правде» президент Набиев высказался за охрану внешних границ республики силами СНГ.

-Сейчас другое время. Нам незачем защищаться от своих братьев, -жестко возразил философ, давая понять, что разговор окончен»[59].

«Игорь Ленский» дар шумораи 4 сентябри соли 1992 (№117/26871/) дар мақолае бо номи «Что стоит за путчем в Душанбе» дар мавриди истеъфои Р. Набиев чунин навиштааст:

«Ссылка на таджикское радио крайне важна для оценки информации. Не исключено, что таджикская телерадиокомпания, руководимая одним из вождей исламистов М. Миррахимовым, выдает желаемое за действительное. Телега-то явно поставлена впереди лошади. Сессия еще не собралась, и неизвестно, соберется ли и будет ли на ней кворум, уже решен. Решен правительством и президиумом парламента, которым по конститутиции Таджикистана такое право не предоставлено…»

Як моҳ пас аз нашри ин мақола ин бор дар саҳифаҳои якум ва дуввуми шумораи 6 октябри соли 1992 (№139/26893/) рӯзномаи «Правда» шахси «Игорь Ленский»-ро якбора «хабарнигори вижаи «Правда» Виктор Ряшин» иваз мекунад ва мақолаи муфассалеро бо номи «Кулябское сопротивление» ба чоп мерасонад, ки мазмунан ба навиштаҳои С. Мирзорахматов дар соли 2002 ҳамсадо аст. Турфанди беназир дар рӯзноманигории коммунистӣ ин аст, ки рӯзномаи «Правда» дар соли 1992 дар Тоҷикистон аз хидмати ду «хабарнигори вижа» истифода мекардааст, дар ҳоле ки аз мӯҳтавои рӯзнома бармеояд он замон вазъи иқтисодии хубе надошт ва гирифтори додгоҳи фаъолони ГКЧП ва рӯзшумори ташрифи ҳунарпешаи мексикоӣ Вероника Кастро ба Русия буд. Дар поёнии моҳи октябр «Игорь Ленский» сари кор баргашта ва боз дар бораи воқеаҳои Тоҷикистон 31 октябри соли 1992 мақолаи дигареро ба нашр расонидааст, ки «Таджикистан может остаться без таджиков» ном дорад. Унвони мақола бисёр дилсӯзона нисбат ба тоҷикон ба назар мерасад, вале муаллиф дар мазмуни нигориш ба юришу турктозии С. Кенҷаев, ки пойтахти Тоҷикистон-шаҳри Душанберо бо зархаридони аҷнабӣ ғасб карда, куштаҳои зиёде бар ҷой гузошт, чунин баҳои мусбат додааст:

«Захватив президентский дворец, Кенджаев нашел мужество признать: за полгода погибло больше 20 тысяч человек. Одна из самых жестоких гражданских войн в Гватемале унесла 100 тысяч. Но за тридцать лет. Сравните цифры»[60].

Агар ин қатли оми омори 20-ҳазор нафар тоҷик аз Ширкати давлатии садо ва симои пахш шуда буд, ҳатман террор маҳсуб мешуд, вале ҳоло бо қаламфарсоии «Игорь Ленский» «мардонагии С. Кенҷаев» ном гирифтааст, зеро он устоди кудато субҳи 24 октябри соли 1992 Ширкати давлатии садо ва симоро бо кӯмаки низомиёни Русия ва бо сарварии сарҳанг Камышкин ғасб карда, дар суханронии хеш ва Рустами Абдураҳим[61] шахси худашро «Президенти Тоҷикистон» эълон кард. Он чӣ пас аз юриши С. Кенҷаев[62] танҳо дар назди сохтмони бинои садо («Дом Радио») се кушта ва назди қаҳвахонаи «Деҳқон»-и бозори «Баракат» (дигар имрӯз на аз он қаҳвахона ва на бозор нишоне нест) беш аз сездаҳ шаҳид (дигар куштори дар Душанбе анҷомшуда аз ҷониби аҷнабиён дар 24.10.1992-ро мо мисол намеоварем) мерос боқӣ монд, аҳамияте надорад ва дар қатори омори 20 ҳазор нафара дохил намешавад!

Лозим аст далелҳои ин ду ҷумла бо ҳам муқоиса шавад. Ҷаноби С. Мирзорахматов солҳои 2002-2011 чунин навиштаанд:

«21 июня 1992 года большой отряд боевиков народного фронта вторглись на территорию печально известного совхоза «Туркменистан» Вахшского района. Мирные жители от страха прятались в сбросных каналах, на полевых станах и на кладбищах. Однако, боевикам, видимо была дана команда не трогать мирное население (был убит один мирный житель, якобы оказавший сопротивление). Это был акт устрашения, демонстрация силы» (С. Мирзорахматов, с. 85).

«Игорь Ленский» 11 июли соли 1992 дар мақолааш чунин навишта буд:

«Новой кровью налился полувековой давности этно-религиозный спор между гармскими и кулябскими таджи- ками. Без видимых причин 27 июня произошло столкновение в совхозе «Ленинград» Курган-Тюбинской области -погибли более 30 человек» (Правда, 11.07.1992, с. 2).

Умуман мақолаҳои «Игорь Ленский»  барои хоҷагони Маскав ва Тошканд (ӯзбакистон), ки дар воқеъаҳои фоҷиабори Тоҷикистон дахил буданд, раҳнамуд ва дастаки хубе шуд ва таъсири баде ба мерос гузошт ва имрӯз дар навиштаҳои нави Нур Табаров ва С. Мирзорахматов бо ҳамон сабки қадим, вале ба ранги нав зуҳур кардааст.

Дар муаррифиномаи С. Мирзорахматов, ки пушти ҷилди тӯҳматномаашон овардаанд, як порае аз тарҷумаи ҳолашон аз нашр афтодааст (шояд барои рӯйпӯш кардани фитнаи таърих, фарти фаромӯшхотирӣ ва ё бо машварати устод Нур Табаров), ки барои хонандаи дақиқназар лозим аст ин ҷо зикр шавад: ишон пас аз муддатҳо хабарнигорӣ дар «Коммунист Таджикистана» бо пофишории устод Отахони Латифӣ (пас аз истеъфои ишон дар соли 1989) ба вазифаи пурмасъулияти хабарнигори рӯзномаи «Правда» дар Тоҷикистон тавсия шуданд. Ин ҷо ради пои хабарнигори «Правда» дар Тоҷикистон гум мешавад. 9-уми декабри соли 1991 Иттиҳоди Шӯравӣ бо муоҳидаи Беловежск байни Б. Н. Ельцин, Л. Кравчук ва С. Шушкевич барҳам хӯрд. «Правда» дигар мухтор буд, ки ҳар касеро мехост барои хабарнигорӣ дар Тоҷикистон баргузинад. Албатта, дар корномаи хабарнигори «Правда» ҳеҷ мақолае дар нимаи дуввуми соли 1992 бо ному имзои номубораки-«С. Мирзорахматов» рӯи чопро надидааст. Шумо кистед, Саломиддин-ака Мирзорах- матов?! Чанд чеҳра доред?! Мардаки ҳазорчеҳра. Ба наздикӣ ҳама шуморо хоҳанд шинохт ва хеле маъруф хоҳед шуд. Фарҷоми оғозатон муборак!

Ҷилва бар ман мафурӯш, эй маликулҳоҷ, ки ту

Хона мебиниву ман хонахудо мебинам[63].

Шояд қатли нобаҳангоми Отахони Латифӣ дар рӯзи наҳси 22-юми сентябри соли 1998 барои дигарон роҳи шӯҳрати тозаеро боз карда ва таъриф аз он равоншод ин таъриф аз худ бошад?! Одатан ашки тимсоҳ барои он аст, ки касеро фурӯ бурда… Агар моҳи феврали соли 1990 бо кӯмаки сӯзанбоне (стрелочник) чун Нур Табаров Отахони Латифиро барои тарафдории гирдиҳамомадагон муттаҳам карда бошанд, пас чаро дар соли 1998 он тӯҳмат бо пӯкиши нохостаи С. Мирзорахматов ҷомаи марг напӯшад?!

Пас аз ин посухҳои бо мантиқ, мадорик ва далелҳои маҳкам, ки дар боло овардем (ва инҳоро устод Нур Табаров бисёр таманно доштаанд ва доранд, ки рӯи дасташон гузошта шавад ва ё барои ҳамлунақл ҳамчун гулчанбаре гирди сарашон дуруст гардад, ки ҳатто ба хонандагони китобча ҳам ин орзӯяшонро қисмат кардаанд)[64], ба ҷаноби Саломиддин Мирзорахматов барои он ки аз нав бар осиёби дигарон об рехта истодаанд, бо забони худобиёмурз Ҷӯлқунбой (А. Қодирӣ) ва бо камоли эҳтиром таманнои шаби хуш менамоем ва мегӯем:

-Энди яхши етиб туринг![65]


[1] Ниг.: Тољикистони советї, 27.01.1988, №22(27421).

[2] Ниг.: Додољони Атовулло. Уштура гуфтам ѓамза кун…-Комсомоли Тољикистон, 31.01.1988.

[3] Мурољиат шавад ба: Миррањимов М. Љашни Наврўз дар тарзи њаёти советї.-Маориф ва маданият, 23.03.1980; Турист, 1981, №4; Наука и религия, 1981, №5 ва 1983, №5; Праздник Навруз. Душанбе: Ирфон, 1985,  2-е изд. 1998; Љашни Наврўз ва љањоншиносї. Душанбе: Ирфон, 1992 ва дигар пажўњишњои муаллиф дар рўзнома, маљалла ва маљмўъањои илмии Иттињоди Шўравї, Афѓонистон ва Эрон.

[4]Дар воќеъ С. Мирзорахматов дар сафсаттафбофї ва дурўѓ устухон надорад. Вагарна бо чунин шакл љилва додани дасисаи њамтабаќаш-Х. Юсупов дар таърих беназир аст. Ин њунари воло ва нотакрори С. Мирзорахматов латифаи маъруферо ба ёди кас меоварад (варианти русии ин латифа дар байни њуќуќшиносон низ хеле маъруф аст), ки бо таѓйири љойи як вергул мешавад сарнавишти инсонро дигаргун сохт. Онро бо њам мурур мекунем: Рўзе подшоње њукми мањкумеро чунин содир кард: «Бахшиш лозим нест, эъдомаш кунед!»

Вазир, ки гўё масъалаи бахшиши он зиндониро матрањ карда буд, пас аз дарёфти њукм бо таѓйири љойи як вергул, њукми эъдомро ба бахшиш табдил мекунад: «Бахшиш, лозим нест эъдомаш кунед!»

Имрўз љаноби С. Мирзорахматов на танњо як вергул, балки дар як сархат маќолаи њамтабаќашро чунон устодона ба мазмуни тамоман нав ба хонандагон муаррифї карда, ки то ба њол ба зењни њељ кас нарасида буд. О-фа-рин!

[5] Р. Ќ. Олимов-котиби якуми КМ ЛКСМ (комсомол) ва А. Норматов-котиби идеологии КМ ЛКСМ Тољикистон дар он даврон.

[6] Дар гранкаи маќолаи Х. Юсупов чанд бор ном ва номи хонаводагии мо ба шакли «Мирзобобо», «Мирзобобоев» чоп шуда буд.

[7] М. Миррањим. Падидањои худшиносї (ё сањифањо аз дафтари хотира). 1999, с. 124-125.

[8] М. Миррањим. Падидањои худшиносї (ё сањифањо аз дафтари хотира). 1999, с. 155-156.

[9] Умуман В. Наумов ва кормандони рўзномаи «Коммунист Таджикистана» барои фитна ангехтан байни мардуми мо устухон надоштанд. Барои мисол: нашри муќолаи Т. Бердиева «Союз наций, содружества языков» дар таърихи 22.04.1987 аз њамин ќабил аст…

[10] Барои фитнаангезии Х. Юсупов дар сањифањои рўзнома В. Наумов љой пайдо кард, вале барои ислоњи он дасиса…

[11] М. Миррањим. Падидањои худшиносї, с. 143-145.

[12]Камолов С. Сангар. Душанбе: Империал-Груп, 2010, 146 сањ.

[13] Тиз-боде, ки аз шикам мебарояд; боди садодор, ки аз маќъад хориљ шавад.

[14]Истилоњи «хараљу мараљ» дар ягон фарњанги забон нест, љаноби профессор С. Мухторов! Ба ин устоди таърих бояд гуфт шавад, ки истилоњи «њарљу марљ» вуљуд дорад, ки ба маънии «дарњамубарњам, дарњамбарњам ё дарњам ва барњам, бањамрехта, дарњамомехтагї ва беназмї» аст. Ваќте профессори илми таърих оддитарин истилоњро намедонад, пас, чї монад ба дониши фарогири ў дар мавриди дигар масоил!

[15]Бањ-бањ, профессори мўњтарам! Умратон дароз бод, ки чунин гавњари маънї суфтаед! Чї кашфиёте кардаед, ки њатто шайтон ба он њасад мебарад! Он дўстони хориљї, ки аз «Растохез» дастгирї ба амал овардаанд, кињо будаанд, мисол наовардед, то бишносем! Охир, аз дурўѓ намешавад санад дуруст кард ва дар парвандаи љиної дўхт!

[16]«Зиёиёни» торикфикр дар куљо пинњон шуданд?

[17] Ниг.: Камолов С. Сангар, сањ. 4. Навиштањои профессори мўњтарам С. Мухторов даќиќан шабењи тўњматномаи ТољикТА «Растохез» чист?» мебошад, ки 25-уми феврали соли 1990 дар сањифаи аввали рўзномањои тољикї ва русї ба чоп расида буд ва маънии «Растохез»-хароширо дорад..

[18] Т. Абдуљаббор пас аз он ки мо ўро дар таърихи 21.04.1992 «мурдаи сиёсї» эълон кардем боз њаждањ сол зиндагонї ба сар бурд ва даќиќан 21.04.2010 дори фониро падруд гуфт.

[19] М. Нављувонов дар рухдодњои моњи феврали соли 1990 дар шањри Душанбе дасташ ба хун оѓўшта шуда буд ва дар кадом як љаласаи Шўрои Олї номи ноњияи «Ѓозималик»-ро ба шакли «Зоѓималик» эълон карда, боиси латифа ва масхара шуд. Т. Абдуљаббор сабаби ширкат дар гирдињамої дар пуштибонї аз М. Нављувоновро чунин шарњ дод: «Ду рўз дар ќабулгоњи Райиси Љумњур Р. Набиев мунтазир истодам, то ба вай сўњбат кунам, вале ў маро напазируфт. Ќањрам омад ва ба назди гирдињамомадагон рафтам ва суханамро гуфтам..»

[20] Ниг.: Правда, 11.02.1990, №42(26125).

[21] Ниг.: М. Миррањим. То ба кай об аз таги ях меравад? Маљмўаи маќолањо, китоби нотамом ва њикояњо. 1998, сањ. 228.

[22] Агар бар сари мазмуни пинњонии њушдори КГБ СССР аз 11.02.1990, ки дар боло аз рўзномаи «Правда» мисол овардем, дурусттар мулоњиза шавад, даќиќан маълум хоњад шуд, ки њадафи асосї саркўбии нерўњои мардумї дар Тољикистон буд. Интихоби рўзи дасиса низ бисёр муњим буд, зеро 11-уми феврал солгарди инќилоби исломї дар Эрон аст ва аз њар љињат ба дарди Тољикистон мехўрад. Барои рўшантар шудани ин масъала овардани як мисоли дигарро лозим медонем. Як шаб пеш аз интихоботи Шўрои Олии Тољикистон аз садо ва симо ва рўзи якшанбе, 25 марти соли 1990 дар сањифањои нахустини рўзномањои «Коммунист Таджикистана» ва «Тољикистони советї» хабари тањрикомези хабаргузории ТаджикТА бо номи «Что означает слово «Растохез»? нашр шуд. Муаллифони гумноме бо имзои мустаори «ТаджикТА» дар тањрифи хеш чунин дурўѓпароканї кардаанд (чанд нукта аз онро дар нусхаи асл ва аз рўзномаи «Коммунист Таджикистана» мисол меоварем): «Этот вопрос, как, впрочем, и другой,-были ли организации с подобным названием раньше, в эти дни задают многие жители Таджикистана. Это не случайно и связано с созданным в республике неформальным объединением «Растохез». …Это слово имеет несколько толкований. Первое-возрождение, подьем. В религиозном же смысле оно означает-воскрешение из мертвых, кроме того, в словосочетание «рузи растохез»-«день страшного суда». Словарь дает еще одно понятие, которое редко используется в смысле бепорядок, волнение, суматоха (поднимать суматоху, устраивать беспорядок). Что же касается второй части вопроса, то, перелистав не один десяток страниц книг, периодики, был найден материал, касающийся организаций «Растохез». Так, в 1982-1986 годах в ряде граничащих с Ираном провинциях Афганистана (Герат, Фарах) и городе Кабула была отмечена деятельность антиправительственной промаоистской организации с названием «Растохез». До 1984 года она находилась на нелегальном положении. Численность быле не велика. Состояла из представителей интеллгенции и грамотной части населения. В своей деятельности эта организация использовала исламские лозунги, методы диверсии, террора, распространения листовок антисоветского, антиправительственного характера. Кроме того, с 1975 года в Иране существовала единственная партия «Растахиз-Е меллат-Е Иран» (партия национального возрождения Ирана). Она была создана по указанию шаха Мухаммед Реза Пехлави…» Ин тафсири роњибона ва иѓвогаронаи «ТаджикТА» дар зењни мардум рўњияи тарсу њарос ва нигарониро барангехт. Гузашта аз ин амдан ба мардуми русзабон то он љое талќин мекарданд, ки «Растохез» нест, балки дар асл «Ростохез» аст ва маънии он ин аст, ки «рост карда, тартиби одамонро медињад…» Дар баргардони тољикии матлаби «Растохез» чист?» (нигаред ба матлаби мазкур дар рўзномаи «Тољикистони советї» аз 25.03.1990 ва муќоиса шавад бо матни русї) низ дарњамбарњамии зиёде дида мешавад, ки танњо барои гумроњ кардани мардум ба кор рафтааст…

[23] Иншои ин посухњо ба поён расида буд, ки њафтаномаи «Asia-Plus» мусоњибаи панљ сол пеш (№17, 2007 г.) бо Ќ. Мањкамов ба табъ расонидаашро ба тарзи фишурда аз нав (20.04.2011, №30/619) чоп кард. Албатта, чунин тасодуфи таърих, ки чаро мањз пас аз чопи тўњматномаи С. Мирзорахматов ин мусоњиба такроран нашр шуд,  касро ба андеша водор мекунад. Ќ. Мањкамов бо услуби ба худашон хос, ки њељ гоњ аз њељ кас ва аз њељ чиз ном бурдан намехоњанд, барангезандагони воќеањои феврали соли 1990-ро асосан дуруст шарњ додаанд, лекин наќши коргардонии вазири мўњтарами фарњанги Љумњурии Тољикистонро ба дасти фаромўшї супурдаанд ё худ надидаанд: «Февральские события, на мой взгляд, были инспрированы извне в момент ослабления и начала развала Союза. Эти события, по мнению их организаторов, должны были ускорить развал. …В качестве «народа» город был наводнен бандитами и сомнительными людьми со всей Средней Азии. …Я еще раз повторяю, что все безобразия были инспрированы извне, в том числе эти люди (т. е. люди «Комитета 17»-М. М.) были введены в заблуждение различными посулами…». Мо ин нуктањоро њанўз соли 1990 гуфта будем, ки асосан Маскав бо кўмаки Ўзбакистон ва Боку ва … воќеањои февралии соли 1990-ро дар шањри Душанбе барангехтанд ва дертар бар асоси он тамриноти куллї фољиањои тобистони соли 1992-ро дар тамомии кишвар роњандозї карданд, љанги шањрвандии беш аз як панљсоларо оташ заданд, ки натиљааш ќатли оми мардум, харобї, ќањтї, бесаботї, бесаводї, ришвахорї ва мањалгароиро ба бор овард. Сарзаминњои тољикон ва кишвари Тољикистон аз соли 1988 омољгоњи таљрибањои нав ба нави коммунистї интихоб шуда буд…

[24]Яъне таърихнависону таърихнигорони даќиќназар, на доктору про- фессори «Растохез»харош ба монанди М. Олимов ва С. Мухторов.

[25] Ба эњтимоли зиёд вазири фарњанги Љумњурии Тољикистон, мўњтарам Нур Табаров дар фољиањои февралии соли 1990 пањлўњои гуногуни фарњанги гирдињамоиро мавриди омўзиш ва тањќиќ ќарор дода будаанд, ки њоло аз нав бо пеш андохтани С. Мирзорахматов дар масири инњирофї њамчун сўзанбон (стрелочник) фаъолияти хешро аз сар гирифтаанд!

[26] Ниг.: Парвандаи №625, љилди Х, вараќњои кории 84-87; М. Миррањим. Рўзномаи мањбуси мањкум ба ќатл. Хотироти зиндони КГБ (солњои 1993-1994). 1997, сањ. 197-198.

[27] «Он чї, ки аён аст…», номи ин мустанад ба забони русї: «Из первых рук», коргардон П. В. Ањмадов, муаллифи филнома ва ровї М. Миррањимов.-Тољикфильм, 1987, муддатзамон 1 соату 10 даќиќа.

[28] Шайхи Шероз Саъдї. Гулистон. Тењрон: Интишороти Ќадёнї, 1370 хуршедї, с. 112. Таќарруб-наздикї, њамнишинї; мисњ-љомаи пашмини дурушт; мураќќаъ-љомаи дарбењдор; баракї-1.кулоње дароз аз пашми шутур, 2. ќаљ гузоштани кулоњ ба маънои њавобаландї ва олуфтагї; кулоњи татарї-кулоњест, ки муѓулон бар сар нињодаанд; каллапўши муѓулон.

[29] Ин љо лозим аст ёдовар шуд, ки агар ин гирдињамоињои нерўњои мардумї дар охири моњи август ва дањаи нахусти моњи сентябри соли 1991 набуд, сад соли дигар њам парлумони Тољикистон эълони истиќлолият намекард. Имрўз њатто онњое, ки бањори соли 1992 бо даъватњои «СССРа барќарор мекунем!», «Байраќи СССРа дар ќуллаи Коммунизм мезанем!» ба майдон омаданд, бо шиори «Шукри истиќлоли Ватан» сухан мегўянд ва бистсолагии истиќолиятро љашн мегиранд. Албатта, ин мавзўъ аз назари рафиќ С. Мирзорахматов дур мондааст, ки ин љо њамин ишорат кифоят мекунем.

[30] Дар њамон китоби «То ба кай об аз таги ях меравад?» (ниг.: с. 101-104), ки рафиќ С. Мирзорахматов дар даст доранд, матни сухани охи- рини М. Миррањимов дар мурофиаи Додгоњи (суд) шањри Душанбе аз 24.02.1992 оварда шудааст ва аз мўњтавои он бармеояд, ки моро бо даъвои С. Кенљаев мувофиќи моддаи 138/3 КЉ ЉТ ба муддати ду сол аз озодї мањрум кардаанд ва њукми додгоњ ба таъвиќ афтода. Яъне агар аз мо дар зарфи ду сол ягон камбудие содир шавад худ аз худ њукм фаъол мешавад. Бинобарин банда дар гирдињамоии Майдони Шањидон њаќќи сухан гуфтан ва фаъолона ширкат карданро надошт. Ман аз болои њукми додгоњи шањри Душанбе шикоят ба Додгоњи Олии Тољикистон бурдам. Дар љаласаи баррасии шикояти ворида ба њукм рўзи 5 майи соли 1992 Додгоњи Олии Љумњурии Тољикистон њукми Додгоњи шањри Душанбе дар мавриди даъвои С. Кенљаев нисбат ба М. Миррањимовро бекор кард. Аммо пас аз як сол, яъне соли 1993, Додситони шањри Душанбе Саломиддин Шаропов бо фармони худ Ќарори Додгоњи Олии Тољикистонро бекор ва њукми боздошти М. Миррањимов дар зиндонро содир менамояд. Албатта, ин кори хилофи аќли солим гиребони худи додситон Саломиддин Шароповро гирифт ва мо ба озодї баромадем. Њатто хирасарон ва бесаводон медонистанд ва медонанд, ки М. Миррањимов бањори соли 1992 њаќќи сухан гуфтан ва муљригї дар гирдињамоии Майдони Шањидонро надошт, вале фаќат маликулдурўѓ С. Мирзорахматов метавонанд чунин тўњмат ва њарза дуруст карда, бешармона онро ба нашр бирасонанд ва њатто фикр њам накардаанд, ки чї менависанд.

[31] Буррон-бурро, тез; таррор-аёр; љаррор-анбўњ, бисёр.

[32] Кинаи деринаи њазрати С. Мирзорахматов ба ањли дин реша дар даврони коммунистї ва касабаи рўзноманигории тамоман суп-сурхи коммунистии ишон дорад. Намунае аз он: «Так, до недавнего времени в совхозе «Комсомол» (Джиликульского района-М.М.) проживал самозваный мулла по имени Анвар, который в течение ряда лет нигде не работал, вел религиозную пропаганду среди населения. Более того, открыв незаконно школу, обучал детей догмам ислама». -Коммунист Таджикистана, 4.04.1988 г. с. 2.

[33] С. Мирзорахматов ба ин ваъдањои хеш асосан вафо карданд.

[34]А. С. Чубаров аз он таърих чунин ёд меоварад: «В ночь с 15 на 16 сен- тября мы совершили перелет в район Кокайды. Этот под Термезом. Там загрузились и караваном из двадцати восьми Ми-8 под прикры- тием «двадцатьчетверток» пошли в направлении Курган-Тюбе. Зада- чу нам поставили десантироваться на территорию 191-го мотострел- кого батальона и в случае необходимости отбивать атаки боевиков-исламистов». Ин нукта низ аз хотироти А. С. Чубаров хеле муњим аст: «На прощание Ахмедов (Рустам Урманович-министр обороны Узбекистана-М.М.) задал мне вопрос:

-Чубаров, ты знаешь, кто в Средней Азии заказывает музыку?

-Не могу знать, товарищ министр обороны!-отвечал я.

-Чубаров, в Средней Азии музыку заказывают узбеки! И запомни-так было и так будет всегда!»

Много позже мне стало известно, что указание о моем командирова- НИИ в Таджикистан давал сам Каримов».

Александр Чубаров. Сто десять боевых выходов.-журнал «Братиш- ка», январь 2011. Сайт: bratishka.ru

[35] Ниг.: М. Миррањим. Рўзномаи мањбуси мањкум ба ќатл. Хотироти зиндони КГБ (солњои 1993-1994). 1997, с. 177-178

[36] Тухми хиёнате, ки Додситони кули Тољикистон дар мавриди људосозии вилояти Ленинобод (имрўз Суѓд) аз кишвари Тољикистон дар моњи майи соли 1992 кошт, дар як муддати кўтоњ панљ бор њосили талх ба бор овард. Нахуст, рўзи ќатли Н. Њувайдулоев, 24 моњи августи соли 1992, рањбарони вилояти Ленинобод бо машварат ва дастгирии М. Осимї ва Ю. Исњоќї масъалаи људошавии вилояти Ленинободро ба таври ќатъї ба миён гузоштанд (њатто С. Кенљаев, раќиби ашаддии Н. Њувайдуллоев, дар маросими ба хоксупории Додситони кулл ашки тимсоњ рехта, савганд ёд карда буд, ки «кори ўро давом хоњем дод…»). Дуввум, фирори Раиси Љумњур-Р. Набиев аз шањри Душанбе ба маќсади Хуљанд дар авоили моњи сентябр низ яке аз марњалањои њассоси ин раванди људоихоњї буд, ки бо даст кашидани ишон аз њокимият хотима ёфт. Севвум, дар маросими ифтитоњияи Иљлосияи ХУ1 Шўрои Олии Тољикистон дар Кохи Арбоби Хуљанд моњи ноябри соли 1992 Раиси Кумитаи иљрояи вилояти Хуљанд А. Њомидов суханронии хешро бо забони ўзбакї шурўъ кард ва њатто дар навор суханони ў: «Хуш келибсиз азиз мењмонлар!» садо дод. Ин ба он маънї буд, ки А. Њомидов аллакай (ба лањљаи хуљандињо «аллаќачан») вилояти Ленинободро дар оѓўши Љумњурии Ўзбакистон медид. Чањорум, њамин љаноби А. Њомидов буд, ки як бор ба Ўзбакистон фирор кард ва пасон боз ба мансаби Раиси комиљроияи вилоят расид, пули иртиботии рўдхонаи Яѓнобро, ки шимол ва љануби Љумњуриро бо њам мепайваст, тарконид ва дар нињоят бо аъмоли зиёди хиёнатборе бар зидди тамомияти арзии кишвар муттањам шуд ва соли гузашта дар зиндон ба сахтї мурд. Нињоят, фарљоми хиёнати Н. Њувайдуллоев њуљуми сарњанг М. Худойбердиев дар соли 1998 аз хоки кишвари Ўзбакистон ба вилояти Суѓди Љумњурии Тољикистон буд.

Барои љаноби С. Мирзорахматов ва устоди гиромиќадрашон Н. Табаров ёдовар мешавем, ки агар садо ва симо хиёнати Н. Њувайдуллоев, рањбарони вилояти Ленинобод ва мушовираи М. Осимї ва Ю. Исњоќї ва фирори Р. Набиевро сари ваќт бозгўї намекард, мо имрўз ба монанди нимљазираи Корея ва мардуми он ду ќисмат будем ва ё зери султаи Ўзбакистон. Бо камоли масъулият арз менамоям, ки дар тафсири сиёсии симо шаби 27-уми августи соли 1992 ин нуктањои боло ошкоро ба тамошобинон гуфта шуд. Пас аз он њам М. Осимї ва њам Ю. Исњоќї шахсан ба мо занг заданд ва изњори норозигї карданд, ки «мо ба тасмими рањбарони вилоят њељ таъсире надорем». Дар њоле ки далелњо шањодат бар он медод, ки мањз ин ду тан пас аз марги Н. Њувайдуллоев ибтикори амалро дар ин замина ба даст гирифта буданд. Марги нохостаи ишон самараи хиёнати худи онњост… Наќл мешавад, ки пас аз ба ќатл расонидани М. Осимї дар дањонаш ин хатчаро гузоштаанд: «Сазои сари хоин ин аст».

[37] Пагоњии 23 сентябри соли 1991 кафили ќонун-Додситони кулли кишвар-Н. Њувайдуллоев њангоми берун шудан аз дари хурўљии бинои Шўрои Олии Тољикистон ба дастгирии гирдињамоии коммунистон дар сўги фурў рехтани муљассамаи В. И. Ленин чунин гуфта буд: «Ман њамаи авбошону зиндониёнро озод карда, к…ни исломињоро медаронам…» Ман шоњиди зиндаи ин суханони таърихии Додситони кулли Тољикистон Н. Њувайдуллоев будам. Додситони кулли кишвар натиљаи ваъда ва кирдорашро надид, вале подоши хиёнатњои хешро 24 августи соли 1992 дарёфт кард, албатта, аз тири њамон сипоње, ки ба сўи мардуми Тољикистон равона карда буд…

[38]Александр Чубаров. Сто десять боевых выходов.-журнал «Братиш- ка», январь 2011. Сайт: bratishka.ru Нуралии Давлат матни ин хотироти генерал А. С. Чубаровро аз забони русї ба тољикї баргардон ва дар шуморањои 16(226), 17(227) моњи апрели соли 2011 њафтаномаи «Фараж» ба чоп расонидааст.

[39] Шаби 23 ба 24 октябри соли 1992 С. Кенљаев даќиќан бо супориши И. Каримов ва дастгирии нерўњои он кишвар аз роњи самти ѓарбии мамлакат-шањри Турсунзода вориди хоки поки Тољикистон шуд. Ин бузургтарин хиёнат ба миллат ва якпорчагии кишвар буд. Русия тавонист ин бозиро ба нафъи худ њал кунад: тири С. Кенљаев ва пуштибонаш хок хўрд ва С. Сафаров (ки бо тарафдоронаш ба Душанбе наёмад) ўро бо ин шармандигии абадї аз сањнаи бозињои минбаъдаи сиёсї дур андохт. Русия дар ин масир ва барои саркўбии тољикон аз нерўњои тарафдори М. Худойбердиев њам хуб истифода карда, дертар ўро низ канор зад.

[40] Яксаду чињил сол пештар аз ин рўзгор академик А. Ф. Миддендорф дар китоби хеш «Очерки Ферганской долины» (СПб, 1882, с. 401) доир ба тољикон чунин тавсифномае навишта буд: «… мы можем судить и о прочих качествах таджика, поставляемых ему в упрек и часто противоречащих одно другому. Тирания сделал его послушным, низкопоклонным, замкнутым, скрытным, недоверчивым, лгуном, обманщиком, мстительным, хвастуном, льстецом и лжесвидетелем; будучи мельником, он занимается фальсификацией муки и постного масла; будучи шелководом, он продает песчаные зерна за грошу шелковичного червя; будучи «ученым», он подделывает документы и монету. Как человек ловкий и алчный, он, если занимает высокий пост, лучше всякого европейского дипломата проявляет свое мастерство в лжи и обмане; он виртуоз в искусстве невозможных извращений и хитросплетений. Как житель больших городов, он в низостях всякого рода далеко превосходит европейца-жителя этих гнезд пороков».

[41] Фараж, №3(213), 19.01.2011.

[42] Ниг.: Комсомолии Тољикистон, 6.01.1988.

[43] М. Миррањим. То ба кай об аз таги ях меравад? Маљмўаи маќолањо, китоби нотамом ва њикояњо. 1998.-240 сањ., бо аксњо ва замимањо.

[44] Ниг.: Фараж 21 октябри соли 2009, сањ. 5. Барои шахси С. Мирзорахматов лозим аст ба њамон китоби «То ба кай об аз таги ях меравад?», ки дар даст доранд ва ё ба дасташон додаанд, ба сањифањои 88-89 мурољиат намоянд ва бо ибораи маќоли халќї барояшон мегўем: «њамаро бо як чашм бинед!».

[45] Правда. 4 сентября 1992 г., с. 1.

[46] Ниг.: Сафарномаи Ибни Фазлон. Тењрон: Интишороти Бунёди фарњангии Эрон, 1345, сањ. «яб».

[47] Ниг.: Фараж, 9.03.2011, №10(220). Ин тафсири исломии хонум М. Асозода як рухдоди аљоиби дигар ва дар њаќиќат исломиро дар ёди мо зинда кард, ки овардани онро зарур медонем:

Соли 1994 дар шањри Кундуз (Куњандизи Афѓонистон) кормандони «Садои Тољикистони озод» бо як нафар аз уламои мўњтарами ислом нишасте доштаанд. Яке аз бачањои рўшанфикр зимни сўњбат чунин њадс мезанад:

-Шояд решаи калимаи «фаранљї» аз вожаи «фаранг, фарангї» гирифта шудааст…

Сухани он љавон дар дањонаш ях мебандад ва он олими мўњтарами ислом филфавр бо чашми ало ва шубња ба тарафи он љавон менигарад ва мегўяд:

-«Фаранљї», яъне «фарангї»?! Њо?! Ана, ба ту фарангї, мана, ба ту фаранљї…

Ва ба дањони он љавони рўшанфикр ду-се мушти обдор зада, дандонњои вайро мешиканад!

[48] Њакимова С., Миррањим М. Илми ахлоќ ва одоб. Душанбе: Шуљоъиён, 2010, сањ. 35.

[49] Шояд хонум М. Асозода њам барои шўњрат ёфтан дар тањриф ба худ муносиб надидаанд, ки аввал як бор ба сарчашма, яъне китоби «Илми ахлоќ ва одоб», нигоњ кунанд ва пас аз он тафсир бинависанд. Албатта, тафсири исломии ин хонум њам аз фаросат ва њам дониши фарогирашон гувоњї медињад. Аз ин пас хонуми М. Асозода машњур хоњанд шуд њамонади дигар дурўѓнависон бо тафсирулдурўѓинашон…

[50] Љумњурият, 18.08.2001 ва мурољиат шавад ба дигар нашрияњои кишвар дар моњњои август ва сентябри соли 2001 ба забонњои тољикї, русї ва ўзбакї.

[51] Наљот, №№38, 39, 40 дар таърихи 21 ва 28 сентябр ва 5 октябри соли 2001.

[52] Мухолифат дар нашри маќолаи «Hallo аз Амрико ва посух ба он» ва мањкумияти муаллифи он аз љониби уламои мўњтарами исломї заминае шуд барои иншои китоби нав, ки моњи феврали соли 2002 ба охир расондем ва худи њамон сол чоп шуд. Ниг.: М. Миррањим. Сар омад ќиссаи дуздї њикоят њамчунон боќист…». 2002, 147 сањ., бо замима ва аксњо.

[53] Ниг.: Миллат 26.01.2011, сањ. 8.

[54] С. Њакимова, М. Миррањим. Илми ахлоќ ва одоб, сањ. 268.

[55] Ниг.: Убайди Зоконї. Куллиёти мунтахаб. Душанбе: Нашриёти давлатии Тољикистон, 1963, сањ. 117; Куллиёти Убайди Зоконї. Тењрон: Чопи Тењрони мусаввар, чопи дуввум, 1343, сањ. 210.

[56] Кадом як танзпардоз мисраъи нахустини ин шеърро чунин таъбир кардааст:

Тарсам нарасї ба Каъба, эй ѓир(р)омї!

[57] М. Миррањим. Ниќорнома. Перомуни як рисолаи профессор Р. Мусулмонќулов.-Чароѓи рўз, №3(92), 1996, сањ. 15.

[58] Шайхи Шероз Саъдї. Гулистон. Тењрон: Интишороти Ќадёнї, 1370, с. 185. Шарр-бадї, фасод.

[59] Правда, 11.07.1992, с. 2.

[60] Правда, 31.10.1992, №158(26912).

[61] Пас аз ин суханронии таърихї Р. Абдурањимро байни соатњои 12-40 ва 13-25 њамон рўзи 24 октябри соли 1992 Ризвон Содиров дар автобазаи №3 ба ќатл расонд. Ин воќеаро ба мо И. Холназар ва А. Комилов бо телефон хабар доданд.

[62] Бунёдгузори Фронти халќии Тољикистон Сафаралї Кенљаев, ки корнома ё даќиќтараш парвандаи љиноятии худашро дар чанд љилд китоб бо номи «Табаддулоти Тољикистон» ба сабт ва дар Душанбе ва Тошканд ба нашр расондааст, даќиќан дар њамон рўзе ба ќатл расид, ки Ф. Саидов ва С. Сафаров њадигарро кушта буданд, яъне 30.03.1993. Тафовут танњо дар он буд, ки таърих ба С. Кенљаев даќиќан шаш соли дигар фурсати зиндагї дод, то дарк кунад ва панд бигирад, ки барои мансаб талош кардан, хиёнат ва хун рехтан мукофоти сахте њам дар ин дунё ва њам дар он дунё насибаш хоњад шуд.

[63] Ин байт аз Хоља Њофизи Шерозї аст. Маликулњољ-сардори дастаи њољиён, сарвари корвони зиёраткунадагони Каъба; ба ќавли тољикони имрўз «њољибарак».

[64] Устод Нур Табаров дар ин маврид чунин таърифу тавсифро нисори хоки пойи Акбари Турсун ва Саломиддин Мирзорахматов кардаанд, ки мутолааи он аз ањамият холї нест: «Историки и философы, кроме ссылки на общепринятую официальную оценку глубоких исследований причин и последствий происшедших событий, ничего толком пока не говорят, исключая серьезные заметки Акбара Турсуна-нашего Платона в изгнании. И вот Саломиддин Мирзорахматов, достаточно известный русскоязычный таджикский журналист-публицист, взялся за описание портретов политических фигур ХХ столетия-своих соотечественни- ков, замечу, наиболее известных» (с. 12). Чї њикмате суфтаанд ва чї каромоте халќ кардаанд ин пири ботадбир, ки даќиќан ин байт баёнгари таърихдонї, њамадонї ва њамабинии ишон аст:

Аз каромоти пири мо чї аљаб

Панљаро боз карду гуфт: -Ваљаб!

Ду рухдоди бузурги таърихї дар соли 2011 барои Тољикистон ин аст, ки пас аз ин таърифу тавсиф Афлотун аз дори табъиди Амрико (ИМА) ба Ватан баргашта (ва 11 апрели соли 2011 Раиси пажўњиш- гоњи забон, адабиёт, ховаршинсї ва мероси хаттї таъйин шуда) ва Саломиддин-ака Мирзорахматов њам бо пахши ройгони китобчаи пур аз дурўѓу тўњмат ва сафсаттањояшон дар дилу дидаи њамагон љо гирифтаанд. Њамчунон ки худи С. Мирзорахматов дар мавриди шинохти мавќеъият ва замонасозї чунин фалсафафурўшї кардаанд: «А вообще у многих тогда нюх сработал. Следуя принципу УУ (выражение Акбара Турсуна-угадай и угоди), одни коммунисты, сдав билет члена КПСС, стали демократами и на каждом шагу демонстрировали ненависть к коммунизму. Другие же, ставь беспартийными, стали выжидатьь: куда же примкнуть, чтобы не прогадать» (с. 80-81). Њазрати Афлотун низ пас аз ба мансаб расидан мувофиќи усули њикматбарангезу сењрангези хеш-«УУ» фармуданд: «Тољикистон давлати тоталитарї нест» (Ниг.: Пайкон, №15/98/; Фараж, №17/227/). Чї хуб аст, ки аъмоли имрўзи бузургон ба ќавли нозиме «шарми занона дорад» ва шабењ ба гуфтаи болост ва УУ=СМ+НТ+АТ=УУУУУУ~=баробар аст ба як муаммои тоза ё фарзияи (гипотеза) риёзии тољикона. Фарзияи (гипотеза) риёзии дардисарофарини Пуанкаре пас аз даргузашти сад сол аз љониби Перельман кашф шуд. Мунтазир хоњем монд то ягон тољик ин фарзияи тозапайдои «УУ=СМ+НТ+АТ=УУУУУУ~»-ро низ дуруст њаллу фасл намояд. Хушо ба њоли шумо, сарварони гиромї!

[65] Њоло бо хаёли роњат бихобед! Иттифоќан Ќ. Мањкамов њам дар њафтодупанљсолагии хеш дуруст фармудаанд, ки: «по ночам я сплю спокойно» -«Asia-Plus», №17, 2007 г.; 20.04.2011, №30(619). Бо хаёли роњат хобидан хеле хуб ва муњим аст ва њамчунон ки дар як мисраъ шеъри мардумї гуфта мешавад: Гар хоб барад, хоби калонат бибарад!  Мо њам мегўем: Аз хоби гарон махезед, дар хоби гарон бимонед!

  1. Faridun
    22 апреля, 2012 в 10:42 дп

    Мухтарам Мирбобо! Бубахшеду лекин шумо хукуки масхараи Осими ва Исхокиро надоред!!! Шумо ки хастеду онхо ки буданд? Сониян, кинояву тамасхури шумо нисбати К. Махкамов хам беасос аст, ва хазор афсус ки шумо барин ночавонмардон чунин сохибкасберо аз хукумат дур сохтед, вагарна мо холо чунин холи табохе намедоштем…
    Дар мавриди чудошавии вилояти Ленинобод сахт муболига намудед чанобашон…Дурусти ё нодурустии он та ба имруз бахсангез аст…Мумкин саноати он то ба имруз фаъол мемонд… фалач намегардид ва «тухфа» бар бародарони «чинои» намешуд…Мавчуд будани якчанд давлати хамзабон харгиз маънои порашавии миллатеро надорад….
    Дар мавриди навиштаи ин публицист- мардона икрор шавед то андозае баъзе андешахояш хак!!!
    Соли 1991 шумобарине шабуруз дар гуш радио монда демократ буду хар лахза нисбати он ки русхо истисморгаранду моро гулом кардаанду дигару дигар харза мегуфт…Дар истгохи назди Саховат русхоро руирост дашном додаву тахдид мекарду тарки Точикистон кардани онхоро талаб…. Соли 1996 бо амри такдир озими Москав шудаму дар ончо он «демократ»-ро вохурдам ки куча меруфт…. Боки сухбат чи буд хочати баён нест…
    Хафа нашавед, хамон маколаи «То ба кай об аз таги ях меравад»-и шуморо мумкин хамон замон даххо карат хонда будам гарчи мактабхон будам… На хамаи фикрхои шуморо он вакт ва имруз тарафдори мекунам…
    Муваффак бошед!!!

    Нравится

  2. Нико
    27 февраля, 2013 в 7:30 пп

    Бисёр хуб вале faridun аз хама бехабар хасти то он чое ки ман медонам то хол хеч кас пайдо нашудааст ки Устодро сухани ночо гуяд хатто фикри ин касро нодуруст барорад!то хол ин бародар ба мисоли шоир Икбол дар хоби гарон аст!рочеъ ба маколаи То ба кай об аз таги ях меравад ба faridun маълум шавад ки дар он солхо хар кас хунар надошт сар бардорад ва аз масъалахои забоги точики гап занад на хар марде ки худро мард мегуяд дар хона мисли занак мешист ва дахон боз кардан наметавонист!дар Москва чи диди ва чи шуниди ин маъно надорад ки аз Устод бахонагари намои! чи агар хар коре ба сомон нарасад ва ё гови хона назояд Устод гунахкор аст?ва аз он шахсоне ки faridun аз онхо тарафдори мекунад ба як тори муи Устод ва хатто ба муи пои он кас намеарзанд инро дониста ва ба гуш халка намо!хама касоне ки бар зидди забони точики буданд имруз аз он тарафдори мекунанд ва бисёр андешахо ва фикрхои Устодро дуздида онро истифода мебаранд!окои faridun пеш аз навиштан фикри солим мебояд ва он мисоле ки Устод истифода бурдаанд аз У. Зокони бисёр бомаврид аст «хар маърифате ки марди банги гуяд…….»давомаш хочат ба баён нест!То Устод хастанд забони точики хаст ва умри Устод зиёда бод ки захмати зиёда ва умри худро дарег надошта бахри ояндагони точикон мехнат менамоянд!

    Нравится

  1. No trackbacks yet.

Оставьте комментарий