Архив

Archive for Январь 2012

ЭЪЛОН !!!

Ҷумъаи Толиб

Дар арафаи Иди матбуоти тоҷик дар соли 2012 бахшида ба гиромидошти хотири рӯзноманигори боҷасорату болаёқати тоҷик марҳум Ҷумъаи Толиб маҷмӯаи ёддоштӣ ба табъ мерасад. Аз ҳама наздикон, шогирдон, ҳамкорон ва ёру дӯстони марҳум хоҳиш карда мешавад, ки агар хотирае дар бораи рӯзноманигори зиндаёд Ҷумъаи Толиб доранд, то 10-уми феврали соли 2012 бо суроғаҳои электронии fozil_80@mail.ru ва kiyom-saad@yandex.ru фиристонанд.

Рубрики:Uncategorized

Ҷумъа Толиб, марди Худову ҳақиқат буд

12 января, 2012 1 комментарий

Аҳлиддин дар бораи устоди худ марҳум Ҷумъа Толиб мегӯяд, “Ӯ марди Худову ҳақиқат буд; мардонавор аз марг истиқбол кард ва ба сӯи Худо шитофт.”

Рӯзноманигори маъруф Аҳлиддин Салимов, нахустин меҳмони “Бепарда” аст. Гуфтугӯи бепардаи Кимиёи саодат бо ӯ, дар бораи устодаш марҳум Ҷумъа Толиб аст. Бидуни муқаддима, машрӯҳи гуфтугӯ бо ӯ пешкаши хонандагони азизамон мешавад:

— Ҷаноби шумо аз кай марҳум оқои Ҷумъа Толибро мешиносед?

— Ман аз солҳои 2006 ғоибона он бузургворро мешинохтам. Вақте дар бораашон аз тариқи ВАО менавиштанд яъне соли 2006, ки марҳумро ҳабс карда буданд. Баъдан солҳои 2008-2009 нашрияи “Фараж”-ро ба хотири навиштаҳои Ҷумъа Толиб мехондам. Ҳамин тавр соли 2009 ҳамкурси эшон — Пӯлод Нуров, ки ҳаққи устодӣ ба ман доранд, маро бо эшон шинос намуданд ва ҳамкории мо оғоз шуд.

— Дар нашрияи “Пайкон”?

— Кори ман дар “Пайкон” соли 2009 оғоз шуд. Аз шумораи 3-юми нашрия корро оғоз кардам. Вақте шумораи аввали “Пайкон”-ро дар бинои Шарқи Озод дидам ва хондам, шод гардидам. Шурӯъ аз шумораи яки ин нашрия, мавзӯъхои баҳсталаб ва мубрам чоп мешуд. Тег «Далее»

Рубрики:Uncategorized

ҶУМЪАИ ТОЛИБ РАФТ…

Ҷумъа Толиб

«Ҷумъаи Толиб рафт». Вақте аз гӯшӣ ин садо омад, дигар суол накардам. Ба тамоми дӯстон ва ҳамкорони марҳум занг задам ва гуфтам: «Ҷумъаи Толиб рафт». Онҳо ҳам суол накарданд.
Соати 12 – и 18 ноябр ҳамроҳи дӯст ва ҳамкасби Ҷумъаи Толиб — Пӯлод Нуров, ҳуқуқшиноси варзида — Фаррухшо Ҷунайдов, намояндаи Анҷумани расонаҳои мустақили Тоҷикистон — Абдуфаттоҳ Воҳидов, собиқ сармуҳаррири ҳафтаномаи «Пайкон» — Фазлиддин Асозода ва хабарнигори ҳафтаномаи «Пайкон» — Олимҷон Умаров роҳи ноҳияи Айниро пеш гирифтем. Тақрибан соатҳои 17 ба деҳаи Испағн, ки устод Ҷумъаи Толиб зиндагӣ мекард, расидем.
***
Дар кӯчаҳои Испағн қадам мегузоштаму гӯё ӯро медидам, ки аз Душанбе меомад. Хаставу афгор ва мариз, аммо бо сари баланд. Моҳи март шумораи 100 – уми «Пайкон» — ро бароварду дигар натавонист, ки дар Душанбе монад. Он ҷо барояш хеле вазнин буд. Мурофиаи судии «Пайкон» идома дошту ӯ аз маризӣ азият мекашид. Наметавонист дар мурофиа ширкат кунад. Бовар намекарданд. Танҳо дар як рӯз ба сараш сездаҳ духтур фиристоданд. Бешармона мегуфтанд, ки ӯ худро касал рост кардааст. Ноилоҷ хеста ба суд рафт. Худро дифоъ карда наметавонист. Инро медиданд, аммо барои онҳо ширкати ӯ зарур буд, ки ҳалномаашонро қабул кунанд. Ӯ фақат ширкат кард, базӯр гап мезад, аммо нанолид ва ба ҳама ҳушдор дод: «Ин корро ҳамин тавр нахоҳам гузошт ва то охир хоҳам расонд». Бо ҳамон ғуруре, ки дошт, толорро тарк кард… Тег «Далее»