Архив

Posts Tagged ‘Муҳиддин Кабирӣ’

Муҳиддин Кабирӣ: ««Минаи дерамалкунанда» дар ҳаракат даромадааст»

Ҳар сол қабл аз оғози моҳи шарифи Рамазон дар Тоҷикистони азиз вокунишҳои зиёд нисбат ба пайравони дини ислом ва намозгузорон ба миён меояд. Имсол низ истисно нест. Аз ҳамин хотир хабарнигорамон бо чанд суол ба раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ муроҷиат намуд.

— Устод, чун танҳо чанд рӯзе аз моҳи шарифи Рамазон сипарӣ шудааст, нахуст онро бароятон муборак мегӯем ва таманниёти Шуморо ба мардуми Тоҷикистон пурсиданием.

— Ба номи Худованди бахшанда ва меҳрубон. Шумо ва мардуми шарифи кишварамонро ба фарорасии моҳи Шариф муборакбод мегӯям ва аз Худованд қабули ибодатҳо ва сарбаландиву ободонии мардумро таманно дорам. Иншоаллоҳ, ки ин фурсатро ҳамагон ҳам барои тақарруб ба Парвардигор ва ҳам барои парвариши хислатҳои ҳамидаи инсон истифода намоем, зеро рӯза доштан танҳо худдорӣ аз хӯрдану ошомидан нест, балки худдорӣ аз ҳама амали норавост.

Ҳафтаи ахир Кумитаи дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти намозгоҳи ҲНИТ-ро дар маҳаллаи Борбади шаҳри Душанбе ғайриқонунӣ шуморид. Намозгоҳи ҲНИТ дар ҳақиқат бояд сабти ном шавад, ё ин тасмим фишори навбатист?

— Тахминҳо ва таҳлилҳо дар ин бора гуногунанд. Яке ин иқдомро фишор медонад, хусусан пас аз интихоботҳо, ки ҷонибдории ҳаматарафаи мардуми кишвар аз ҳизби мо барои бисёриҳо ғайримунтазира буд. Дигарон инро як иқдоми худнамоии баъзе масъулин медонанд, аз рӯйи мақоли «кӯзаи нав обаш хунук». Масъулине, ки бо мо вохӯрӣ доштанд, зоҳиран қонуни ахиран қабулшуда «Дар бораи озодии виҷдон ва ташкилотҳои динӣ»-ро асос медонанд. Қонуне, ки ҳангоми қабулаш сарусадоҳоро ба вуҷуд оварда буд ва мо мухолафат ба он доштем, ки ин қонун бо духӯрагӣ ва номушаххасиҳои худ мушкилиҳоеро болои ҷомеа, бахусус диндорон хоҳад овард. Он вақт мегуфтанд, ки ин ҳангомаҳо асос надорад ва касе пеши роҳи намозгузоронро дар ҷойи кору идораҳо нахоҳад гирифт. Ба ёд биёрем шарҳу тафсирҳои вазири фарҳангро, ки ҷавобан ба нигарониҳои матбуот ва шаҳрвандон нашр карда буданд. Ҳоло мебинем, ки нигаронии мо ва онҳое, ки эрод доштанд, беасос набудааст ва ба истилоҳ «минаи дерамалкунанда» имрӯзҳо дар ҳаракат даромадааст. Тег «Далее»