Архив

Posts Tagged ‘Дониш’

Қаҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватанӣ: Бобоҷон Ғафуров, Шириншоҳ Шоҳтемур…?

Чун шоҳзодаро ба ақлу ба рой.

Донишомӯз диду рамзкушой.

Низомии Ганҷавӣ

Дониш, яъне маърифат аст. Илм, яъне дастоварди фарҳанг аст. Дониш мояи ифтихори одамият аст. Донишмандони гузашта бо дониш ишқ меварзиданд. Ривояте ҳаст аз файласуфи бузурги Юнон, Феоғурус (Пифагор).

Рӯзе як мард аз Феоғурус пурсид:

— Шумо олим ҳастед? Феоғурус ҷавоб дод:

На, ман олим нестам. Ман фақат ва фақат ба дониш ишқ меварзам.

Нигоҳ кунед, файласуфи бузурги Юнон бо ин ҳама бузургӣ, ки асрҳои аср нисфи дунё дар ангушти ақидаи ӯ мечархид, чӣ гуна ва бо чӣ фурӯмоягӣ посух дод. Ин муаллими бузурги башарият дақиқан бо ақоиди инсонӣ гуфт, ки вуҷудаш фақат ва фақат ба хотири илм зинда аст. ӯ дар ҳақиқат ба илм ишқ меварзид. Бубинед, чӣ қадр нерӯи илм азим аст, бузургтарин донишмандони дунё ҳамчунин фикр мекарданд, ки худ бо ин ҳама дониши бузург хирадгароӣ карда, боз ҳам илмро аз андешаи худ болотар мегузоранд ва мегӯянд, ки олим нестанд, вале ба илм ишқ меварзанд. Чунин ҳикматро танҳо хирадманде метавонад бигӯяд, ки ишқро дар хидмати дониш ва тафаккур гузоштааст.

Аммо акнун суоле пешорӯст, ки дониш ва маърифати миллии мо дар кадом сатҳ аст?

То ҷое, ки таҳлил ва баррасиҳо нишон медиҳад, имрӯз донишомӯзон ва донишҷӯён донишро зери по гузошта ва ҳамеша фикру хаёли онҳо ба чизҳои беҳуда банд аст. Дониш мояи ифтихори ҳар кишвар бояд бошад. Зеро дониш, аст ки ҷомеаро ба дурустӣ роҳнамоӣ мекунад. Агар мо ҳазорон мактабҳо ва марказҳои илмӣ бисозем ва аммо аҳолии он ҷомеа ба пешрафти илм аҳамият надиҳанд, он кишвар мусалламан, ҳеҷ вақт пеш нахоҳад рафт. Тег «Далее»