Архив

Archive for Октябрь 2009

Ҷалолиддин АМИРОВ: «Омӯзгор бо калӯш ба дарс намеравад»

30 октября, 2009 1 комментарий

Мувофиқи қарори Вазорати маориф, аз омӯзгорони тамоми мактабҳо пӯшидани либоси махсус талаб карда мешавад. Баробари паҳн гаштани ин хабар байни омӯзгорон ҳар хел сару садоҳо баланд гардид. Муаллимон аз нарасидани маоши мегирифтаашон барои харидории либос шикоят мекарданд. Борои ба ин масъала равщанӣ андохтан, сӯҳбате доштем бо сармутахассиси Раёсати таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии Вазорати маориф Ҷалолиддин Амиров.
— Мӯҳтарам Ҷалолиддин Амиров, оё дар ҳамин шароити бӯҳрони молиявӣ зарурияти чунин қарор қабул кардан буд?
— Айни замон дар мушовараи Вазорати маорифи ҶТ дастурамали либосҳои тавсиявӣ барои омӯзгорон баррасӣ гардид. Ин дастурамалро тӯли як сол мешавад, ки ба Раёсат ва шӯъбаҳои маориф пешниҳод кардем, то ки онҳо муҳокимаю баррасӣ ва фикри худашонро пешниҳод намоянд. Яъне, барои қабули дастурамал имрӯз тамоми омӯзгорону педагогон ва олимон, умуман, он нафароне, ки таваҷҷӯҳ доранд, фикрашонро пешниҳод карданд. Айни ҳол ин дастурамал аз ҷониби Вазорати маориф мавриди омӯзишу баррасӣ қарор гирифта истодаат. Дар баробари ин, ҳоло ҳам ҳастанд нафароне, ки агар мехоҳанд ба он чизе илова кунанд, имконият додем. Яъне, бо вуҷуди он, ки мушовараи Вазорати маорифи ҶТ онро дид, баррасӣ кард, ки ҳамин чизи зарурӣ аст, мо пешниҳодоти дигарро низ қабул дорем.
— Нархи либосҳое, ки вазорат барои омӯзгорон тавсия кардааст, дар бозор чӣ гуна аст ва оё имрӯз маоше ки омӯзгори тоҷик мегирад, барои харидории чунин либосҳо кифоягӣ мекунад?
— Дар масъалаи он, ки имрӯз шароит вазнин асту барои чӣ мо ин чизро барои омӯзгорон пешниҳод кардем, бояд таъкид кунам, ки мо дастурамали либосҳои тавсиявӣ барои хонандагон пешниҳод карда будем. Тасаввур кунед, ки вақте хонанда бо як либоси зебо, шинаму хеле ҷаззоб ба мактаб меояд ва омӯзгор бо либоси танг ё ғайриахлоқӣ, омӯзгор ҳаргиз намуна буда наметавонад. Дар сурате, ки «хонаву палос, одаму либос» гуфтаанд гузаштагони мо. Ғайр аз ин, дар масъалаи он, ки омӯзгорон аз нарасидани маоши худ барои харидории чунин либосҳо сарусадо баланд мекунанд, мегӯем, ки имрӯз ҳамон шими ҷинсе, ки омӯзгорони мо мепӯшанд, аз 100 то 200 сомонӣ дар бозор нарх дорад. Мо мехоҳем муаллим бо ҳамон шиму костюм ва куртаи сиёҳ, ки мо пешниҳод кардаему дар бозор аз 100 то 150 сомонӣ қимат дорад, ба дарс равад.
— Вобаста ба сифати таълиму тарбия чӣ? Оё қарор ба ин ҷузъи масъала таъсире расонида метавонад?
— Албатта, омӯзгор ё зиёӣ бо ҳамин як либоси зебо ва шинаму боодобонааш аз дигар категорияҳои ҷамъиятӣ бояд фарқ кунад. Зеро худи пӯшидани либос ҳам як намуди тарбия аст, тарбияи эстетикӣ, тарбияи зебоӣ аст.
Ғайр аз ин, бо пешниҳоди пӯшидани либоси хуб мо Амрикои нав кашф накардем. Танҳо ҳаминро пешниҳод кардем, ки пӯшиши омӯзгор иборат аз шиму костюми оддӣ бошад. Имрӯзҳо ин қадар воҳима мекунанд, ки шиму костюм дар бозор қимат аст. Масалан, як костюме, ки ман дар тан дорам, нархаш 80 сомонӣ аст. Ин ки имрӯз баъзе рӯзномаҳои озод эълону доду фиғон мекунанд, ки гӯё либосҳои қиматро пешниҳод карда бошем, дурӯғи маҳз аст. Манзури мо танҳо ҳамин аст, ки либос барои ҳама дастрас бошад ва омӯзгор дар ҳар ҷое, ки мехоҳад, онро фармоиш диҳад. Ҳамчунин, мо пешниҳод кардем, ки занҳои омӯзгор либосҳои оддии якранг пӯшанд. Либосҳое, ки дорои ҳар гуна овехтаи симу ҳар гуна мӯҳраву дигар чизҳои қиматбаҳо набошанд. Овехтани тилловориву дигар чизҳои қиматбаҳоро барои зан — омӯзгор манъ кардем. Ба он хотир, ки муаллим ба мактаб барои худашро намоиш додан наравад.
— Таври маълум, пас аз он, ки Вазорати маориф барои донишҷӯён сарулибоси ягонаро тавсия намуд, донишҷӯйро барои риоя накардан аз дарс ронданд ва ҳоло ҳам меронанд. Агар имрӯз омӯзгорро низ аз дарс ронанд, пас қадру қимати ӯ дар пеши шогирд чӣ мешавад?
— Ин дастурамали тавсияӣ аст, яъне Вазорати маориф тавсия медиҳад ва касеро маҷбур намекунад. Мо тавсия медиҳем, ки бояд омӯзгор ҳамин чизро бубинад ва худаш дар доираи ахлоқу рафтор риоя куад. Баъдан шӯроҳои педагогии мактабҳо қарор мекунанд ва дар доираи қарори шӯроҳои педагогӣ ин чиз қонунӣ мешавад. Мо намехоҳем, ки зани омӯзгор бо «мини юбка» ба мактаб ояду хонанда дарсро монда, дар тамошои ӯ бошад.
— Қаблан хабаре паҳн шуда буд, ки гӯё аз ҷониби вазири маориф А. Раҳмонов ба омӯзгор барои бо 2 см риш ва калӯш ба дарс омадан иҷозат дода шудааст. Оё ин хабар воқеият дорад?
— Мо гуфтем, ки худи ҳамин дастурамали тавсиявии сарулибоси муаллимон, ки пешниҳод кардем, мавриди омӯзиш қарор дорад. Яъне, айни ҳол мо ин дастурамалро пурра ба охир нарасонидем ва дар ин ҷо фикри омӯзгорон ва дигар нафарони ба соҳаи маориф алоқамандро гирифта истодаем. Ба ҳамин хотир, мо ин чизро ҷабран ё зӯран болои омӯзгорон бор накардем. Ин чиз дар омӯзиш аст. Ба ҳамин хотир, бо калӯш ё бо ҷома ба дарс рафтани омӯзгор воқеият надорад. Зеро бубинед, ки агар омӯзгор бо калӯш, ҷома ё бо риш ба дарс омад, ин дар доираи касби ӯ намеғунҷад. Чунки, охир, ӯ ба масҷид намеравад — ку!

Мусоҳиб Фаридуни УМАРБЕК,
БМСТЖ

«Тоҷикстандарт» акнун бой мешавад… «Пайкон» 300 000 сомонӣ зарари маънавӣ медиҳад…

30 октября, 2009 1 комментарий

«Ба ҳар кас озодии сухан, нашр, ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахбор кафолат дода мешавад». (Моддаи 30. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон).

Ин чунин маънӣ дорад, ки Қонуни асосӣ ОЗОДИИ СУХАН ва ОЗОДИИ БАЁН-ро барои шаҳрвандон кафолат додааст. Ғайр аз ин, дар моддаи мазкур нигошта шудааст, ки «сензураи давлатӣ ва таъқиб барои танқид манъ аст».

Овардани чунин пешгуфтор дар мавриди ҳалли қазияи мазкур ниҳоят муҳим аст. Гап дар сари он аст, ки даъвогар моро ба он муттаҳам карданӣ, ки гӯё мо аз номи соҳибкорон фаъолияти Агентии «Тоҷикстандарт»-ро мавриди муҳокима қарор дода бошем. Дарвоқеъ масъала тамоман дигар аст. Мо мутмаинем, ки дар қазияи мавриди баҳс қарордошта танҳо рисолати хешро иҷро намудему халос. Рисолате, ки Конститутсия ва қонунгузории Тоҷикистон ба ӯҳдаи мо вогузоштааст ва дар оғози ҷавоби мазкур ишора кардем. Рӯи чоп овардани Мактуби кушоди як гурӯҳ соҳибкорони кишвар ба Сарвари давлат, Ҷаноби Олӣ, Президенти Тоҷикистон — мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маънии онро надорад, ки нашрияи «Пайкон» ба Агентии мӯҳтарами «Тоҷикстандарт» ягон ғарази шахсии хешро дошта бошад.
Ногуфта намонад, ки муроҷиати мазкур ғайр аз мо боз ба чанд нашрияи дигар фиристода шуда буд.
Пас аз нашри Муроҷиатома аз тарафи Агентии «Тоҷикстандарт» «Посух ба Муроҷиатномаи гурӯҳи соҳибкорон ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон (Рӯзномаи «Пайкон» №19 (19) аз 22.07. 2009) ба идораи рӯзнома санаи 5-уми августи соли 2009 таҳти №01-1059, аз 03.08.09 ворид шуд. Дар охири посух чунин навишта шудааст: «Бо эҳтиром маркази Матбуоти Тоҷикстандарт». Яъне, мактуби мазкур бе имзо ба редаксияи нашрияи «Пайкон» пешниҳод гардид.
Маълум аст, ки идора, муассиса, ташкилот дар асоси оиннома ё низомномаи дахлдор фаъолият мекунанд. Мувофиқи оиннома ё низомнома танҳо роҳбари идора, муовинони ваколатдори он, муассиса ва ё ташкилот ҳақ дорад аз номи он баромад намояд. Мутаассифона дар мавриди пешниҳод намудани посухнома чунин тартиботи муқарраргардида риоя нагардида буд. Бинобар ҳамин, бо Агентии «Тоҷикстандарт» дар тамос шуда, хоҳиш намудем, ки дар посухнома ягон нафари ваколатдор имзо гузораду ба мо фиристанд, то ки нашр кунем. Санаи 7-уми августи соли 2009 таҳти №60 ба тариқи хаттӣ мактуб ирсол карда шуда буд. Ғайр аз он, шахсан корманди маркази матбуотии Агентии «Тоҷикстандарт» Муродқул Ашӯров огоҳ карда шуд, ки ба посухнома нафари масъул имзо гузораду ба мо пешниҳод намояд, то ки нашр намоем. Аммо дархости мо аз ҷониби «Тоҷикстандарт» мавриди эътибор ва эътино қарор нагирифт.
Барои риояи озодии сухан Муроҷиатномаи ба унвони Президенти мамлакат навиштаро нашр намудему омода будем, ки посухи Агентии «Тоҷикстандарт»-ро низ нашр намоем. Дар ҳамин масъала бо имзои директори Агентии назорати молиявӣ ва мубориза алайҳи коррупсияи Ҷуҳмҳурии Тоҷикистон Ф. Ғ. Саидов ҷавобнома дохил гардид, мо онро нашр намудем. Чунки шахси ваколатдор дар посухнома имзо гузошта буд.
Мувофиқи нишондоди қисми 4-и моддаи 174-и Кодекси граждании ҶТ, «Талаби шаҳрванд ё шахси ҳуқуқиро дар мавриди нашри раддия ё ҷавоб дар воситаҳои ахбори умум дар сурате суд баррасӣ мекунад, ки мақомоти ахбори умум нашри онро рад кунад, ё дар давоми як моҳ нашр накарда ва ё барҳам дода бошад». Таъкид мекунем, ки мо нашри раддия ё ҷавоби пешниҳодкардашударо рад накардаем. Танҳо бинобар аз тарафи маркази матбуотии ваколатнадошта, ғайр аз он бе имзо пешниҳодшуда, нашр накардем. Ин ҷо нашр накардани посухнома бо айби нашрия сурат нагирифтааст. Ғайр аз он, мо Фармони президенти мамлакат аз 6-уми феврали соли 2009 «Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводҳои танқидӣ ва таҳлилии воситаҳои ахбори омма»-ро асос намуда, талаб кардем, ки нафари ваколатдор ба посухнома имзо гузорад.
Пас аз чанде аз Суди ноҳияи Фирдавсӣ мактуб гирифтем, ки дар замима аризаи даъвогии Агентии стандартикунонӣ, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Тоҷикстандарт» ҳамроҳ карда мешуд. Дар аризаи даъвогӣ талаб карда мешуд:
1. Шаъну шараф ва эътибори кории Агентии «Тоҷикстандарт» ҳимоя карда шавад.
2. Ҷавобгар ҳафтаномаи «Пайкон» ӯҳдадор карда шавад, ки дар ҳафтаномаи худ оид ба Муроҷиати нашрнамудаи худ аз 22 июли соли 2009 раддия чоп намуда, аз Агентии «Тоҷикстандарт» расман бахшиш пурсад.
3. Аз ҳисоби ҳафтаномаи «Пайкон» ба фоидаи Агентии «Тоҷикстандарт» зарари маънавӣ ба маблағи 300 ҳазор сомонӣ рӯёнда шавад.
Пеш аз ба суд рафтан бо директори Агентӣ Д. Ҳотамов ҳамсӯҳбат гардида, сабаби нашр накардани посухро иброз дошта, афзудем, ки пас аз гузарондани тадқиқоти журналистӣ баъзе ваҷҳҳои овардаи соҳибкорон тасдиқи худро наёфтанд. Маслиҳат шуд, ки директор ба посух имзо мегузораду мо онро нашр намуда, аз нафарони номашон дар Муроҷиатнома зикршуда бахшиш мепурсем.
Баррасии баҳс дар Суди ноҳияи Фирдавсӣ таҳти раисии судя С. Камолов санаи 12-уми октябри соли 2009 доир гардиду ин аҳди бастаро иброз доштем. Баррасии баҳс мавқуф гузошта шуду мо дар шумораи №31, аз 14-уми октябри соли 2009 ҷавобномаро нашр кардем.
Гумон доштем, ки бо ҳамин масъала роҳи ҳалли худро меёбад. Вале баррасии баҳс аз нав оғоз ёфту намояндаи ваколатдори «Тоҷикстандарт» «ду пойро ба як мӯза андохта» талаб кард, ки аризаи даъвогӣ дар ҳаҷми пуррааш қонеъ карда шавад. Аз ҳар ду тараф якнафарӣ пурсида шуданд.
Ҳамин тавр, санаи 26-уми октябри соли 2009 судяи Суди ноҳияи Фирдавсӣ С. Камолов даъворо пурра қонеъ намуд. Мувофиқи ҳалномаи судя, ҳафтаномаи «Пайкон» барои зарари маънавии «Тоҷикстандарт» 300 000 сомонӣ бояд диҳад. Тибқи талаботи қонунгузорӣ дар давоми 1 моҳ пас аз гирифтани нусхаи ҳалнома ба суди зинаи боло муроҷиат кардан мумкин аст.
То кадом андоза дуруст будани ҳалномаи судяю бой шудан ё нашудани «Тоҷикстандарт»-ро мурофиаҳои минбаъда муайян менамояд.

БМСТЖ

Хостаи Эмомалӣ Раҳмонро бармегардонанд?

Замоне ёдгориҳои таърихии миллии тоҷиконро аз ҳудуди кишвар бароварда, ба дигар мамоликҳо бурдаанд. Дар ин маврид метавон бозёфтҳои таърихии пеш аз Шӯравии собиқ ва ҳамондавраро мисол овард, ки бостоншиносони рус дар натиҷаи ҳафриёт ёфта, ба хотири тармиму омӯзиш ба кишвари Русия бурдаанд. Аз зумраи ин гуна бозёфтҳо ба иттилои масъулини Вазорати фарҳанг, дар осорхонаи Маскав ва Эрмитажи давлатии Санкт — Петербург даҳҳоянд.
Аз ҷониби дигар, ёдгориҳое ба мисли «Ганҷинаи Омӯдарё» дар ҳудуди Тоҷикистон замони мавҷудияти Аморати Бухоро бозёфт шудаанд, ки берун аз ҳудуди Иттиҳоди Шӯравии собиқ, яъне ба Британияи Кабир бурда шудаанд.

Ёдгориҳои тасарруфшуда ва тавофуқномаи Вазорати фарҳанг
Дар хусуси баргардонидани ёдгориҳои таърихию фарҳангии тоҷикон, ки дар осорхонаи Маскав ва Эрмитажи Санкт — Петербург маҳфузанд, тибқи хабарҳо масъулони Вазорати фарҳанг борҳо муроҷиат кардаанд. Аммо роҳбарияти ин осорхонаҳо баргардонидани чунин осорро аз эҳтимол дур дониста, ба фиристодани нусхаҳое аз ин ёдгориҳо изҳори омодагӣ кардаанд.
Лекин моҳи майи соли ҷорӣ дар бораи баргардонидани ёдгориҳои қасри шоҳони Ҳулбук масъулини Эрмитажи давлатии Санкт — Петербург изҳори омодагӣ намуда буданд ва ин хабар дар саҳифаи нашрияҳо чоп шудааст. Вале то кунун масъалаи баргардондани ин ашё норавшан мондааст.
Дар ҳамин ҳол, аз ҷониби Вазорати фарҳанг соли равон тавофуқномае дар Парлумон баррасӣ ва қабул шуд, ки масъалаи баргардонидани осори таърихӣ ва фарҳангӣ дар он бардошта шудааст. Номи пурраи он созишнома дар бораи «Ҳамкории кишварҳои аъзои Иттиҳоди давлатҳои мустақил дар мубориза бо тасарруфи ёдгориҳои фарҳангӣ ва таъмини баргардонидани онҳо» аст.
Гарчанде ин масъала бардошта шудааст, аммо ба андешаи Музаффар Азизов, раиси Идораи ҳифзи осори таърихӣ ва фарҳангии Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, мувофиқатнома танҳо баргардонидани осори таърихию фарҳангиеро дар мегирад, ки имрӯз аз ҳудуди кишвар бароварда мешаванд.
Дар ҳамин ҳол даъвои баргардонидани осорҳои таърихиеро, ки дар даврони пеш аз Шӯравӣ ва замони Аморати Бухоро аз ҳудуди имрӯзаи Тоҷикистон бурда шудааст, Музаффар Азизов беасос ва нодуруст хонд. Вай мегӯяд, бо тасвиби ин тавофуқнома танҳо ёдгориҳои таърихии имрӯзаи моро, ки дар ҳудуди кишварҳои ҳамсуд ёфт мешавад, баргардондан мумкин аст. Аммо баргардонидани осорҳои таърихие, ки пеш аз таъсис ёфтани Тоҷикистони Советӣ, бахусус дар замони мавҷудияти Аморати Бухоро аз ҳудуди кишвар бароварда шудааст, ҳеҷ имкон надорад.
Ин дар ҳолест, ки тибқи гузоришҳо, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон моҳи апрели соли 2007 ҳини боздид аз мавзеи таърихии «Тахти сангин», воқеъ дар ноҳияи Қубодиён, хостори баргардонидани «Ганҷинаи Омӯдарё» шудааст. «Ганҷинаи Омӯдарё» аз 180 ашёи тиллоӣ ва нуқрагии асрҳои чаҳор ва дуи пеш аз милод иборат буда, охири қарни 19 дар Бохтари бостонӣ, назди марзи Тоҷикистону Афғонистон кашф шудааст. Баъдан, аз роҳи Афғонистон ба Ҳиндустон ва сипас ба Британияи Кабир бурда шудааст. Он замон Тоҷикистон ҷузъи Аморати Бухоро маҳсуб мешуд ва Ҳиндустон ба Британияи Кабир итоат мекард. Агар баргардонидани ёдгориҳои таърихии замони пештара ғайриимкон бошад, пас суоле пайдо мешавад, ки дар мавриди хостори президент, яъне баргардонидани «Ганҷинаи Омӯдарё» ҳеҷ имконияте мавҷуд нест?

Шароити нигоҳдорӣ
мавҷуд нест
Аммо баргардонидан масъалаи дигар асту нигоҳдорӣ кардан шароити дигар мехоҳад. Дар сурати баргардонидани осорҳои таърихии нодир, ба андешаи Саидмурод Бобомуллоев, раиси Осорхонаи Пажӯҳишгоҳи таъриху бостоншиносии Академияи улуми Тоҷикистон, шароити мусоид дар аксари осорхонаҳои кишвар мавҷуд нест. Дар Осорхонаи бостоншиносӣ нигоҳдории катиба ё нигораҳо хеле душвор аст. Агар дастхатҳои Кӯҳи Муғ, ки ҳоло дар осорхонаи Маскав маҳфуз аст, баргардонида шавад ва ба ин осорхона оранд, аз сабаби ҷой надоштани ҳарорати яксон дар тӯли се-чор сол нобуд хоҳад шуд.
Ҳамзамон Музаффар Азизов мегӯяд, ки ҳангоми бунёди аксари осорхонаҳои кишвар аз сохтмонҳои мухталиф истифода шудааст ва мутобиқи нақшаи осорхона бунёд нагардидааст.

Қонуни
даровардану баровардан
Дар ҳамин ҳол барои баргардонидани осори таърихӣ оё барвақт нест? Овардан ва ба яғмо додан ягон зарурат дорад? Чунки аз замони истиқлолият то имрӯз ҳолатҳои ба яғмо бурдани нигораҳои гаронбаҳо зиёд ба чашм мехӯрад. Аз ҷумла, ба гуфти Музаффар Азизов, раиси Идораи ҳифзи осори таърихӣ ва фарҳангӣ тайи чанд соли охир аз Осорхонаи миллии ба номи Камолиддин Беҳзод якчанд осори таърихӣ, сиккаву тангаҳо ва мусаввараи қарни 19 (кӯдак бо модар) рабуда шуда буд. Вале то ҳанӯз ёфт нашудааст ва мавриди ҷустуҷӯй қарор дорад.
Тибқи маълумоти Вазорати фарҳанг, соли 1992 рабуда шудани беш аз 80 бозёфти таърихию фарҳангӣ аз осорхонаи Пажӯҳишгоҳи таъриху бостоншиносии Академияи улуми Тоҷикистон аз бузургтарин мавриди ба яғмо бурдан маҳсуб мешавад.
Аммо Музафар Азизов бар ин назар аст, ки дар замони бесарусомониҳо дар кишвар хориҷиҳо аз вазъият истифода бурда, ганҷинаҳои зиёдро берун бурдаанд. Вай афзуд: «Ташкилотҳое буданд, ки гӯё ёрии беғаразона мерасониданд, аммо хеле сарватҳои таърихии моро бурданд. Мо баъдтар хабардор шудем, вале далели собиткунандае дар даст надоштем, ки даъво кунем. Ва қонуни мо дар бораи даровардан ва баровардани ёдгориҳои таърихӣ соли 2001 қабул шуд. То ин вақт танҳо як дастурамал дар Вазорати фарҳанг буд. Аз ин нуқтаи назар ҳам барои мамониат тавассути полиси байналмилалӣ заминаи ҳуқуқӣ надоштем».
Яке аз роҳҳои раҳоӣ аз ҳолати рабуда шудани ганҷинаҳо дар осорхонаро Зафар Иброҳимов, муовини директори Осорхонаи миллӣ бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз гардонидани онҳо медонад. Агар системаи сигнализатсионӣ ва назорати видеоӣ мавҷуд бошад, ҳолатҳои ба сирқат бурдан кам мешавад. Аммо ба андешаи ӯ, рабудани осорҳо дар ҳама осорхонаҳо вуҷуд дорад ва кори маъмулист. — Бо вуҷуди муҷаҳҳаз будани осорхонаҳо бо таҷҳизоти замонавӣ, дуздӣ дар тамоми осорхонаҳои ҷаҳон проблемаи асосӣ ба ҳисоб меравад. Зеро одамони ҳушёр ва зирак бо ин кор машғуланд,- мегӯяд ӯ.

Осорхонаи ҷадид
Ба андешаи Музаффар Азизов барои нигаҳдорӣ ҳамакнун шароити мусоид пайдо хоҳад шуд. Зеро бо тасмими давлати Тоҷикистон, соли ҷорӣ бунёди осорхонаи замонавии миллӣ оғоз мешавад. Дар он нигоҳдории ҳама гуна ашёи қиматбаҳо ва осорҳои таърихию фарҳангӣ имконпазир мегардад.
Аммо мавзее, ки осорхона бунёд мешавад, ҳанӯз муайян нест. Зеро дар Вазорати фарҳанг ба мо гуфтанд, ки масъулияти ин лоиҳа бар ӯҳдаи шӯъбаи зидахл дар Дастгоҳи иҷроияи президент мебошад. Пас аз занг задан ба Дастгоҳи иҷроияи президент, маълум шуд, ки шӯъбаи фарҳанг бо ин лоиҳа сару кор доштааст. Онҳо мегӯянд, ки ин маълумотро аз директори сохтмон ва меъморӣ метавон дарёфт. Лекин тибқи хабарҳо, эҳтимол аст осорхонаи ҷадид дар назди бозори «Баракат» бунёд шавад. Зеро, аз рӯи маълумоти Би-Би-Сӣ, Баҳром Иззатов, як масъули Агентии сохтмон ва меъмории Тоҷикистон хабар додааст, ки тарҳи бунёди осорхонаи ҷадид таҳия ва барои баррасӣ ба давлат пешниҳод шудааст. Дар сурати таъйиди ин тарҳ аз сӯи раиси ҷумҳурӣ, бунёди осорхона дар маркази шаҳри Душанбе шурӯъ хоҳад шуд. Ҳарчанд ба гуфти Иззатов маҳалли бунёди осорхона ба таври дақиқ мушаххас нашудааст, аммо эҳтимол дорад дар қаламрави бозори «Баракат», қабати ин бозор, ё дар қисмати шимоли «Кохи миллат» бунёд гардад.

Зардуштпарастӣ дар
Хатлон вуҷуд дошт?
Тибқи маълумоти масъулони Осорхонаи миллии ба номи Камолиддин Беҳзод, дар ин ҷо беш аз 50 ҳазор осори таърихӣ маҳфуз аст. Аммо ҳар сол беш аз ҳазор адад осори таърихӣ ва фарҳангӣ аз сокинон харидорӣ гашта, дар ин осорхона нигоҳ дошта мешавад. Бар ин далел, шароити лозим барои нигоҳдорӣ ва ҳифзи осори таърихӣ дар Осорхонаи миллӣ маҳдудтар аст. Аз ин хотир, пас аз бунёди осорхонаи ҷадид қисмати ёдгориҳои таърихӣ ба он ҷо интиқол дода мешаванд.
Ҳамзамон рӯз то рӯз дар натиҷаи ҳафриёт ашёҳои гаронбаҳои таърихӣ бозёфт мешаванд. Тибқи маълумоти раиси Осорхонаи бостоншиносии Тоҷикистон С. Бобомуллоев, дар ҷараёни ҳафриёте, ки дар Қалъаи Кофарниҳон сурат гирифт, 350 адад ашёи мутааллиқ ба оини зардуштӣ кашф шудааст. Сиккаҳои биринҷӣ, ашёи ороишотӣ аз биринҷу сангҳои гаронбаҳо, зарфҳо аз гили пухта ва хум бо навиштаҷоти қадимӣ аз ҷумлаи ин гуна ашё будааст.
Дар назар аст, ки ашёи маъбади зардуштӣ пас аз тоза кардан ва сабти ном дар Осорхонаи бостоншиносии Тоҷикистон ба маърази тамошо гузошта шавад.
Қаблан таърихнигорон ва бостоншиносон бар ин назар буданд, ки дар замони пеш аз милод оини зардуштӣ хоси мардуми шимол ва марказии Тоҷикистон будааст. Дар ҷануби кишвар бошад, мардум пайравӣ аз мазҳаби буддоӣ мекардаанд. Аммо Саидмурод Бобомуллоев мегӯяд, ки дар Қалъаи Кофарниҳон оташкада, рамзи ойини зардуштӣ пайдо шудааст ва ин аз он далолат медиҳад, ки дини зардуштӣ дар ҷануби Тоҷикистон низ густариш ёфтааст.
Музаффар Азизов мегӯяд, ки дар асрҳои пеш аз милод дар Хатлон ҳар ду дин: буддоӣ ва зардуштӣ вуҷуд дошт. Зеро сиккаҳое аз ин сарзамин ёфт шудаанд, ки дар он нақши ҳам Буддо ва ҳам Мазда дар паҳлӯи якдигар қарор доштанд. Ин сикка далели он аст, ки мардум ба ду дин эътиқод доштанд.

Исфандиёр ХАЛИЛОВ,
БМСТЖ

 

Чеҳраи нав дар блоки иқтисодӣ оё чунин тағйирот лозим буд?

Дар таърихи 19-уми октябр бо фармони Президент тағйироти кадрӣ дар сатҳи вазирон сурат пазируфт. Азҷумла, Ғуломҷон Бобозода, вазири рушди иқтисод ва савдои кишвар аз вазифа озод шуда, ба сифати сафири Тоҷикистон дар Ҷопон таъйин гардид. Ба мақоми ӯ Фаррух Ҳамралиев, собиқ раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва амволи давлатӣ ҷойнишин гардид. Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва амволи давлатӣ собиқ сафири Тоҷикистон дар Ҷопон Давлаталӣ Саидов таъйин гардид. Аммо чунин ҷойивазкунии курсинишинони собиқ ва ҳозира ягон зарурат дошт? Зеро замоне ин гуна тағйирот дар сатҳи блоки иқтисодӣ сурат пазируфта буд. Аммо он чӣ натиҷа дод?
Тағйироти якум
ва оқибати он
Моҳи майи соли ҷорӣ бо фармони Президенти кишвар дар блоки иқтисодӣ баъзе кадрҳо иваз шуданд. Умед Давлатзод, собиқ муовини директори «Ориёнбонк» ба вазифаи ҷонишини вазири рушди иқтисод ва савдо ва Шӯҳрат Раҳматов ба вазифаи ҷонишини раиси Кумитаи идораи амволи давлатӣ ва сармоягузорӣ таъин шуда буданд. Шояд сабаби тағйироти аввал дар блоки иқтисодӣ ин эҳсоси масъулият накардани чанд нафаре аз тими иқтисодӣ буд, ки оғози бӯҳрон ва таъсири манфии онро нодида мегирифтанд. Баъдан дар таҳияи барномаи зиддибӯҳронӣ саҳлангорӣ нишон дода шуд ва пас аз муддате иваз шудани кадрҳо дар гурӯҳи иқтисодӣ сурат пазируфт. Аммо дар тағйироти аввал назари коршиносон гуногун буд. Баъзеҳо андеша доштанд, ки дар муддатҳои наздик шахсони аввали блоки иқтисодӣ иваз хоҳанд шуд ва ин оғози раванди мазкур аст. Аз оғози раванди тағйироти кадрӣ 4-5 моҳ сипарӣ шуд ва ҳамакнун чунин пешгӯиҳо тасдиқи худро меёбанд. Аммо бо вуҷуди иваз шудани кадрҳо дар оғоз Абдуғанӣ Мамадазимов, раиси Анҷумани сиёсатшиносони Тоҷикистон ин тағйиротро чандон муассир намедонист. ӯ иброз дошта буд, ки бо иваз кардани ду ҷонишин дар сатҳи вазорату кумитаҳо наметавон гуфт, ки Ҳукумат тайёр аст консепсияи сиёсати иқтисодиашро иваз кунад. Воқеан баъди тағйироти аввала ҳеҷ пешрафти чашмрасе дар соҳаи иқтисод дида нашуд. Танҳо таҳияи ҳамон барномаи зиддибӯҳронӣ буд, ки номукаммал баромад ва мавриди интиқоди коршиносон қарор гирифт. Ҳоҷимуҳаммад Умаров, коршиноси масоили иқтисодӣ муассир набудани ин барномаро ба хотири дар мадди аввал гузоштани содироти кишвар медонист, ки воқеан пас аз таъсири бӯҳрон худи намояндагони блоки иқтисодӣ кам шудани содиротро эътироф карданд. Бино ба маълумоти масъулони Вазорати молияи ҶТ, дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ҳаҷми содироти молу маҳсулот аз Тоҷикистон ба андозаи 48 дарсад ё худ 379 млн. доллар камтар шудааст.
Абдуғанӣ Мамадазимов аз он изҳори нигаронӣ мекард, ки ягон кадр аз сектори хусусӣ ба идораи давлатӣ ҷалб карда нашудааст. ӯ «Ориёнбонк»-ро муассисаи наздик ба Ҳукумат ва фаъолияташро бо дастгоҳи ииҷроияи Президент ҳамоҳанг медонад, на аз сектори хусусӣ.

Дар тағйироти дуввум чӣ навигариҳоро метавон интизор шуд?
Ҳоло низ, пас аз иваз шудани шахси аввал дар блоки иқтисодӣ сиёсатшинос А. Мамадазимов бар он андеша аст, ки дар тағйироти кадрӣ ҳеҷ симои нав ба майдон наомадааст. Аз шахсони дар муҳити пешина шаклгирифта ягон таҳаввулотро интизор шудан мумкин нест. ӯ мегӯяд, ки агар мақсад аз иваз кардани кадрҳо воқеан боқувват ва сифатан нав кардани блоки иқтисодӣ бошад, пас кадрҳои ин ниҳодҳои калидиро бояд аз сектори хусусӣ даъват кард.
Дар ду тағйироти кадрие, ки сурат гирифт, ҳолати ҳамранг такрор шуд. Масалан, намояндаи як ниҳоди давлатӣ ба ниҳоди дигар мегузарад ва ҷойи ӯро боз шахси дигар аз идораи давлатӣ ишғол мекунад. Аммо суоле пайдо мешавад, онҳо дар ниҳоди худ чи корҳоеро анҷом доданд, ки шоистаи таҳсин буд ва акнун дар ниҳоди дигар метавонанд кордонии хешро нишон диҳанд? Дар ин бора оқои Абдуғанӣ мегӯяд, ки омадани Фаррух Ҳамралиевро ӯ аз сектори хусусӣ маҳсуб намедонад. Зеро кумитае, ки вай дар он ҷо кор мекард, ниҳоди давлатист ва яке аз кумитаҳои асосии соҳаи иқтисодиёти кишвар мебошад. Рӯшан аст, ки ӯ кори кумитаро дар шароити бӯҳронӣ то куҷоҳо пеш бурдааст ва аз ин рӯ кор дар ин Вазорат низ чунин сурат мегирад. Аммо чи тавре мегӯянд, «вақт довар аст». Бо гузашти вақт аз тағйироти кадрӣ муайян шуданаш мумкин аст, ки 4-5 моҳи тағйироти дуввум аз якум чӣ бартарӣ дорад.

Ҷойивазкуниро сабаб чӣ буд?
Дар навбати аввал сабаби иваз кардани кадрҳоро агар аз заъф ва саҳлангории эшон нисбати таъсири бӯҳрони ҷаҳонии молӣ ба кишвар рабт диҳанд, чӣ зарурат пеш омад ба тағйироти кадрии дуввум?
Ба андешаи Абдуғанӣ Мамадазимов, Ҳукумати ҷумҳурӣ эътироф кард, ки иқтисоди Тоҷикистон як ҷузъи иқтисоди ҷаҳон аст ва вобастаи он мебошад. Аз ин рӯ, мо бояд сари вақт ба ин раванд иқтисоди худро мувофиқ мекардем.
ӯ мегӯяд, ки ин ҷойивазкуниҳо ягон проблемаро ҳал нахоҳад кард. Балки дар ин маврид намояндаҳо аз сектори хусусӣ бояд қабул карда шаванд. Масалан, дар соҳаи сохтмон Зайд Саидов, дар соҳаи нақлиёт Беҳзод Файзуллоев ва дар соҳаи саноат Шералӣ Кабиров ва дигар кадрҳои сатҳи миллӣ муносиб арзёбӣ гардидаанд. Барои беҳбуди вазъи иқтисодӣ салоҳияти васеъро дар мӯҳлати муайян ба ихтиёри тоҷирони сатҳи миллӣ вогузоштан лозиим аст.

Исфандиёр ХАЛИЛОВ,
БМСТЖ

Рубрики:Uncategorized

«Ватанфурӯш» ё қаҳрамони тоҷик?

Паҳлавони тоҷик, маҳбуби мадуми тоҷик Расул Боқиев қаҳрамони Русия шуд. Ҳамон Расуле, ки чанде пеш аз беҳамиятии мо — тоҷикон озими Русия гардиду мураббияш Владимир Елчанинов сабаби гирифтани чунин тасмимро ба шоиста қадрдонӣ нашудани ӯ аз ҷониби мақомоти марбутаи Тоҷикистон вобаста медонист. Мураббии паҳлавон он вақт, баъди рух додани қазияи мазкур чунин ибрози андеша карда буд: «Аз сӯи бархе кишварҳо пешниҳод шудааст, ки шогирди банда Расул Боқиев дар Олимпиадаи Лондон, ки соли 2012 баргузор хоҳад шуд, ин кишварҳоро намояндагӣ кунад. Мо аз ин миён Русияро интихоб кардем ва рӯзҳои наздик Расул шаҳрвандии Русияро ҳам дарёфт хоҳад кард».
Бале, шояд Расул Боқиев аз кишвар ба хориҷ бо дили озурдаву реш — реш рафт. Ҳарчанд, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Маликшо Неъматов дар як мақолаи худ иброз дошта буд, ки бо Расул сӯҳбат доштаву мавсуф дар посух ба суолҳои ӯ вобаста ба тасмимаш хомӯш мондааст. Дар ҳамон мақола Маликшо Неъматов паҳлавонро ба «ватанфурӯш» нисбат додаву гуфта буд: «Расул раҳгум задааст. ӯ ба хатогии бузург роҳ дода истодааст… Имрӯз, ки ӯ соҳиби ҳунар аст, ба Русия даркор шудааст. Аммо агар худое накарда, як ҷояш як латмае бихӯраду қувваозмоӣ карда натавонад ва ё ба натиҷаҳои хуб нарасад, дарҳол ӯ барои онҳо нодаркор мешавад. Дар чунин ҳолат, ки аз Ватан ба хотири кадом подоше рӯ гардондааст, дигар ба Ватан баргашта наметавонад». Фикр мекунам, ки ин андешаи номбурда бар пояи нобоварӣ нисбати як нафар шаҳрванди Тоҷикистон ба бор омада. Аммо Расул исбот кард, ки раҳгум назадаву баръакс, боварии комиле ба нерӯю тавони худ дорад. ӯ дар мусобиқаи қаҳрамонии дзюдои Русия, ки дар шаҳри Налчики Кабардину Балқар доир гардид, иштирок намуда, дар вазни 73 кг ғолиб омад ва соҳиби медали тилло шуд. ӯ бар 5 нафар рақиби худ — Олег Яшин, Владислав Михалин, Артур Хахук, Александр Обоймов ва Улан Гуртуев дастболо шуда, ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт. Паҳлавони тоҷик дар қувваозмоии ниҳоӣ барандаи «Суперкубок»-и Маскав Константин Заретскийро мағлуб кард.
Баъди унвони қаҳрамони Русияро гирифтан, Расул нишон дод, ки ӯ «ватанфурӯш» набуда, мақсадаш дастёбӣ ба ормонҳо як ҷавони тоҷик аст. Худи ӯ мегӯяд: «Баъди ин пирӯзӣ ман ба ҳайати дастаи мунтахаби дзюдои Русия дохил шудам ва соли оянда дар мусобиқоти мухталифи байналмилалӣ, инчунин, мусобиқаи қаҳрамонии Аврупо дар шаҳри Венаи Австрия ва дар сабқати ҷаҳонӣ дар шаҳри Токиои Ҷопон ширкат хоҳам кард. Бинбар ин, бо роҳбарии устодам Владимир Елчанинов ба мусобиқоти соли оянда ҳамаҷониба омодагӣ мебинам. Ман фарзанди тоҷик ҳастам ва ҳадафи ман боз ҳам баландтар бардоштани обрӯи тоҷикон аст. Вақте ки аз номи Русия баромад мекунам, маро ҳамчун шаҳрванди Русия муаррифӣ мекунанд, вале аслан, маро ҳамчун фарзанди тоҷик мешиносанд. Ягона мақсади ман ҳамчун варзишгар қаҳрамони ҷаҳон ва баъдан қаҳрамони олимпӣ шудан аст».
Ва дуруст ҳам ҳаст, ки тоҷик будани паҳлавонро касе инкор карда наметавонад. Ватан ҳамеша ӯро интизор аст, хоҳ шаҳрванди Русия бошад, хоҳ аз Индонезия ва ё давлати дигар. Муҳим ин ки, ӯ тоҷик аст!

Фаррухи ФОЗИЛ, шаҳрванди Тоҷикистон

Рубрики:Uncategorized

«Пайкон» 300 ҳазор сомонӣ ҷарима шуд

Рубрики:Uncategorized

Сӯхтан ва сохтани хеш

Сӯхтан ва сохтани хеш

Ранҷи беҳуда зояндаи ҳамаи нокомиҳост. Шахс беш аз ҳама аз ноогоҳии хеш навмедона ранҷ мекашад.
Намедонистам. Ба ман гуфтанд, ки: «Ҳар он чӣ бо имон ба дуо талаб кунӣ, хоҳӣ ёфт!».
Хирад хостам, Парвардигор мушкилоти фаровоне ба сари роҳам ниҳод. Он гоҳ донистам, ки ниҳояти хирадмандӣ эътироф ба нодонӣ будааст!
Илтифоте хостам, Парвардигор фурсате дод, то огоҳ шавам, хештан мусаббаб ва масъули эҷоди мавонеъи хеш ҳастам. Он гоҳ донистам, ки ҳеч кас наметавонад соҳиби андешаҳои инсони дигаре шавад ва ҳар кас масъули истиқлоли хеш асту роҳи камолаш ҷудост!
Тавон хостам, Парвардигор ранҷамро бештар кард. Он гоҳ донистам, ҳазфи ранҷ аз ҳастӣ маҳол асту худ он дари ношнохта барои раҳо шудан будааст. Агар даре баста буд, бидонем, ки дарвозаҳои бузургтаре интизори вуруди моянд!
Ишқ хостам, Парвардигор, сӯзишамро фузун гардонид ва ниёзмандонро ба сари роҳам ниҳод, то шафқат барояшон намоям ва ёриашон диҳам… Он гоҳ донистам, шамъи муҳаббат дар дил асту оғозаш шинохти эҳсосоти дигарон!
Агар дар зиндагии шахсии худ камии муҳаббатро эҳсос мекунед, бидонед, ки замину замон ба андешаи нек посухи муҳаббатомез медиҳад ва инсон ҳеч гоҳ аз шунидани ибрози муҳаббат хаста намешавад. Ҳамаи қалбҳо ниёзманди навозишанд. Муроқиби муҳаббат бояд шуд, ки он файз ва фазилати осмонист!
Оре, Худованд, он чиро, ки мехоҳем, нахоҳад дод, вале аз лутф, ба он чизе, ки ниёз дорем, пеши роҳамон гузоштааст. Ҳар лаҳзаи торикӣ ва нур эъҷозе аст, ки моро ба сӯи сохтани хеш ҳидоят мекунад. Ҳамаи мавонеъ ва ранҷҳои зиндагӣ низ бистари такомули инсонанд. Магар ин дуруст нест, ки ранҷҳо модарони шодиҳоянд?
Қаламмӯйи зиндагии мо — интихоби дарунии мост ва мо худ наққоши зиндагии хеш ҳастем. Метавонем дар пардаи зиндагӣ биҳиштро нақш кунему ба дарунаш биравем ва ё метавонем дӯзахи хеш бисозему дар дарунаш бисӯзем. Чӣ басо хуш аст, агар бифаҳмем, ки мо худ ва интихоби дарунамон соҳиби ғаризаи нирӯманде барои бақо ҳастем.
Кӯшишу такопӯй, пурвозеҳ, чизе аст, ки дар зиндагӣ сахт ба он ниёз дорем. Маънии зиндагӣ — ёфтан ва сохтани хеш аст.

Соҳиби ду ганҷ

Касе ки қудрати дарки ишқро надорад, зебоиро низ дарк намекунад. Касе ки тавонманд, вале маҳрум аз қудрати рӯҳ аст, низ наметавонад аз зебоӣ ҳимоят намояд.
Сирати ишқ ва сурати зебоӣ дар воқеъ чеҳраи асли ҳақиқатанд. Рухсори Ҳақро кӣ метавонад бибинад? Он ки ҳақу пок аст.
Пас, оё ҳақиқат ин нест, ки барои дарки ишқ ва дифоъ аз зебоӣ бояд соҳиби қудрати ақлу рӯҳи тавонманд буд?

Лутф
Худованд гуфт:
— Дунёи ман беш аз талабу толиб аст. Бар хастагон марҳаме, бар хостагон нишоне, бар ошиқон дидор хоҳам дод!
Марҳаме хостам.
Марҳамаш дарди ҷонро бекарон кард.
Нишоне хостам.
Нишонаш ҷаҳонамро бенишон кард.
Назар хостам.
Нигоҳаш нишонамро нишон кард.

Хандаи писари Замон

Вақт фосилаи тафаккур аст. Андеша бояд кард, то зиндагиро эҳсос кунем.
Адолату Озодиро дар зиндагӣ натвонистам пайдо кунам. Ба думболи он ду рафтам ба қабристоне. Сӯфиеро дар миёни вайронаҳо дидам. ӯро Писари Замон меномиданд. Шоду хушҳол буд.
Пурсидамаш:
— Чӣ кор мекунӣ ва чаро туро Писари Замон мехонанд?
Хандиду гуфт:
— Ғарқи андешаам. Писари Замонам, чаро ки бо гузаштаву ҳолам. Аз гузашта таассуф нахӯрам, в-аз оянда низ нигарон наям ва бо ҳол зиндаам.
Суоли дигар ба забонам наёмад.

Носипосӣ
Ҳакимеро пурсиданд:
— Бадтарин ғафлат?
Гуфт:
— Ҳақу ботил чеҳра иваз накардаанд. Шумо худ ҳақро бо ботил иштибоҳ гирифтаед ва дурӯғро дар маснади рост нишондаед. Магар ин бадтарин ғафлати ҳуш пеши ҳақиқати Ҳақ нест!
Пурсиданд:
— Бадтарин ғурур?
Гуфт:
— Худованд бегона нест. Шумо худ аз Худову худ бегона шудаед. Ғайр аз худ чизи дигареро намебинед. Чун чарх ба даври хеш мечархед. Магар ин бадтарин ғурур пеши Офардигор нест!
Пурсиданд:
— Бадтарин зулм?
Гуфт:
— Шумоед, ки ҳастии хешро зиндони хеш мекунед. Решаҳои афкори хешро дар кӯраҳои нодонии худ месӯзед. Магар ин бадтарин зулм бар ҳастии хешу табиат — модар нест!
Пурсиданд:
— Бадтарин тавҳин?
Гуфт:
— Зиндагӣ ҳадяи бебаҳои илоҳӣ аст, вале ин неъмати ҳастиро низ пок фаромӯш кардаед! Магар ин бадтарин тавҳин бар лутфи Яздони пок нест!?

ЛУҚМОН

Рубрики:Uncategorized

«Эшони Нуриддин ботамкин ва бовиқор буд…»

24 октября, 2009 1 комментарий

Дар раҳи дин сахт чун алмос зӣ,
Дил ба ҳақ барбанду бе васвос зӣ.
Эй туро бахшад Худо қалбу ҷигар,
Тоати марди мусалмоне нигар.
Ман фидои он ки дарвешона зист,
Вой он к-ӯ аз Худо бегона зист.
Каргасонро расму ойин дигар аст,
Сатвати парвози шоҳин дигар аст.
Сирри дини Мустафо гӯям туро,
Ҳам ба қабр андар дуъо гӯям туро.

— Мавлонои гиромиқадр! Ҷаноби Абдулҳамид фарзанди мулло Фақир, омадани Шуморо ба кишвари Тоҷикистон, ба Симпозиюми байналмилалӣ бахшида ба бузургдошти 1310-солагии фақеҳи бузург, асосгузори мазҳаби ҳанафӣ ва бунёдгузори Академияи фиқҳӣ — Имоми Аъзам (р) хайра мақдам мегӯем. Бошад, ки Худованд бо баракати ин ҷашнвораи бузург ва намояндаҳои баландмақоми ҷаҳони исломӣ хайру раҳматашро ба уммати исломӣ арзонӣ бидорад. Пас, мавлонои гиромиқадр, хешро бо хонандаи тоҷик муаррифӣ менамудед!
— Зиндагиро чист расму дину кеш,
Як дами шерӣ беҳ аз сад соли меш.

Мавлави Л..

Номи ман Абдулҳамид. Падарам мулло Фақир писари Исмоили Зеҳӣ. Соли таваллудам 1326 ҳиҷрӣ, мутобиқ ба соли 1947 мелодӣ. Миллатам балуҷ. Зодгоҳам шаҳри Зоҳидони Ҷумҳурии Исломии Эрон. Забони форсӣ, балуҷӣ, арабӣ, ингилисӣ, паштӯӣ ва ҳиндиро хуб медонам. Забони балуҷӣ яке аз шохаҳои қадимаи забони форсӣ — тоҷикӣ мебошад. Мусалмони ҳанафимазҳаб ва аз аҳли тариқатам. Силсилаи насабиам ба аҳлу байти Расулаллоҳ (с) пайванд аст. Падару аҷдодам аз аҳли суннат ва ҷамоат буданд, ки мо низ андарон ҳастем. Кулли мардуми минтақаи ҷануби кишвари Эронро мусалмонони суннӣ ташкил мекунад. Забони коргузории мо забони давлатӣ, яъне форсӣ мебошад. Минтақаи Зоҳидон як пора дили Эрони бузург мебошад.
Мисли ҳазрати Яқуб (ъс) серфарзандам. Фарзандонам соҳиби маълумоти олии динӣ мебошанд ва баъзеяшон тулоб ҳастанд. Бо лутфу карами Худованд дар ҳоли ҳозир пешво ва имоми аҳли суннат ва ҷамоати минтақаи ҷануби Эрон мебошам. Бештар ба ибодат ва таълиму тадрис машғулам. Китоби дӯстдоштаам Қуръон ва аҳодиси Расули раҳмат ва шафоат (с) мебошад. Дар кишвари Покистон таҳсил намудаам. Падарам ва бародаронам донишмандони замони худ буданд. Либоси сафедро дӯст медорам ва мепӯшам. Бар сар болои кӯлоҳ доимо саллаи сафед мебандам. Болои салла чодар меандозам, ки аз суннатҳои Расулаллоҳ (с) аст.
— Феълан барои шинохти фалсафаи шаръӣ ва масоили мухталифу гуногунҷабҳаи мактаби фиқҳии Абӯҳанифа (р) чӣ корҳоро ба сомон бояд расонд, ки чеҳраи илмӣ ва масоили фиқҳии Имоми Аъзам (р) шинохта шуда, дастраси муштариён ва уммати исломӣ гардад?
— Шинохти шахсият ва маърифати масоили фиқҳи Абӯҳанифа (р) аз замони қадим то ба имрӯз ба пуррагӣ даст наёфтааст. Ҳарчанд ки нисбати ин абармарди бузург ва фақеҳи ориф дар масири таърих аз ҷониби бузургони дин ва мусташриқин садҳо китоб ва рисолаҳои илмӣ навишта шудааст, то ба ҳол ин шахсият ба таври илмӣ шинохта нашудааст. Дар ин ҷода ковишҳои илмӣ шарт ва зарур аст. Бештар ба сарчашмаҳои таърихӣ ва зиндагии орифонаи Абӯҳанифа (р) бояд такя намуд.
Ҳамин Симпозиюми байналмилалӣ, ки бахшида ба бузургдошти 1310-солагии Имоми Аъзам (р) дар торихи 5-6-уми октябри соли 2009-и мелодӣ бо ибтикори Президенти кишвари Тоҷикистон — Эмомалӣ Раҳмон доир гашт, барои шинохти Абӯҳанифа (р) бисёр муфид буд.
Барои иттилооти бештар ва шинохти илмии Абӯҳанифа (р) бузургони дин, пажӯҳишгарон, насли ҷадид ва наслҳои ояндаро зарур аст, ки ба омӯзиши маноқиб, фазоили илмӣ ва ахлоқию ибодатии орифи ирфонӣ ва суфии куфӣ Имоми Аъзам (р) аҳамияти ҷиддӣ бидиҳанд.
Суханронии ҷаноби Райиси Ҷумҳури Тоҷикистон дар Симпозиюм мавриди шукргузорӣ ва пазироӣ барои уммати исломӣ ва махсусан барои уламо буд, ки Худованд ин лутфу карамро барои шаҳрвандони Тоҷикистон ва уммати исломӣ насибу рӯзӣ гардонид. Танҳо дӯст доштани Абӯҳанифа (р) барои шинохти фақеҳи шаҳид ва суфии куфӣ кофӣ нест, балки иттилооти сирати эшонро ва равиши ақида, низоми ибодат ва мактаби фиқҳии эҷодкардаи орифи бузургвор Имоми Аъзам (р)-ро эътироф ва пайравӣ кунем. Сирати эшон ифшогари розҳои пинҳони ӯ мебошад.
Имоми Аъзам (р) орифи дурандеш, таҳаммулпазир, тезҳуш, хушкалом, батақво буд. Зӯҳду порсоии ин фақеҳи шаҳид ва орифи рашид то ҷое буд, ки қаламро бе таҳорат ба даст намегирифт. Дар ин нуқта худсозӣ, худтарбияткунӣ, худназоратӣ ва қудсияти инсонӣ дар симои Абӯҳанифа (р) ошкор мегардад. Инсоне, ки фалсафаи Аврупо ва Юнони Қадим дар ҷустуҷӯй ва орзуи он ҳастанд. Абӯҳанифа (р) барои инсони комил будан худро дар ҳама ҳолат омода месозад. Абӯҳанифа (р) рамзи инсони комил ва чеҳраи поки имонист.
Омӯзиши рафтор, кирдор, ахлоқ, муносибат ба ҷамъият, риёзати ҷонгудоз, шабзиндадориҳои бардавом, баёни ҳақиқати амри Илоҳӣ дар муқобили ҳокимони замон ва эҳтироми ҳуқуқи инсон ҳамчун падида ва неъмати илоҳӣ, эҷодгари мактаби ҳуқуқӣ ва таҳаммулгароӣ ва сабру субот дар муқобили хушунат ва ҷаҳлу ҷаҳолати фитнагарону кинатӯзон омилҳо ва сарчашмаи асосии ковишҳои илмӣ дар шинохти Абӯҳанифа бояд қарор бигиранд. Зеро бидуни шинохти Қуръон ва маърифати аҳодуссуннабӣ ва мактаби илмӣ ва ахлоқии Расули раҳмат (с) ковишҳои илмӣ дар шинохти Имоми Аъзам (р) ғайри имкон аст. Касе имон надорад, дар риштаи ковишҳои илмӣ Имоми Аъзам (р)-ро шинохта наметавонад.
Симпозиюми мазкур ҳоло ибтидои кор дар шинохти Абӯҳанифа (р) мебошад ва дигар шинохти ин нобиғаи илмӣ ва фақеҳи бузург аз мутахассисон, уламои бузург ва рӯшандилони равшанзамир вобастагии бештаре дорад, ки эшон дар шинохти ин шахсият аз кадом равзанаи илмӣ ворид мешаванд.
Гурӯҳҳои тундгаро ва мазҳабгурези ба ном динӣ ва баъзе мусташриқини динситези дингурез то ба ҳол ҳамчун як шахсияти илмӣ ва нобиғаи замон Абӯҳанифа (р)-ро қабул надоранд. Балки ӯро бунёдгузори тафриқа дар ҷаҳони ислом медонанд, яъне вай бунёдгузори аввалин мазҳаб дар ислом мебошад. Албата ин фикр ботил ва хилофи ақли солим мебошад. Аммо барои радди ақида ва диди ботили мухолифин ва мункирини мазҳаб бо асосҳои илмӣ ҷавоб бояд гуфт.
Наҷоти инсоният рӯ овардан ба маорифу илм аст. Дин барои хушбахтӣ ва саодатмандии инсон аст.
Дунё худ дар вартаи садамаҳои бузурги табиӣ қарор дорад аз беаҳамиятӣ ва фориғболии Инсон. То ҳол дунёро нашинохтаем. Худоро нашинохтаем. Инсонро нашинохтаем. Худованд ба хотири Инсон дунёро халқ кардааст. Инсонро нашинохтаем. Инсон ниёзи бештаре ба шинохти асли худ дорад. Инсон аз шинохти асли худ дур афтодааст. Пас итоати Худованд ва маърифати илмии масоили фиқҳии Имоми Аъзам (р) дар замони муосир барои шинохти Инсон ва Худошиносӣ як амри табиӣ ва зарурист. Инсон фитратан мусалмон мебошад.
Ва ин Симпозиюми байналмилалӣ, ки аз ҷониби давлати Тоҷикистон баргузор гардид, як падидаи тозаи илмӣ дар шинохти орифи шаҳид – Абӯҳанифа (р) мебошад. Барои арабу аҷам дарси ибрат аст. Аз Тоҷикистон ва ҳиммати баланду шуҷоат ва хирадмандии раҳбари он — ҷаноби Эмомалӣ ибрат бояд бигиранд. Райиси Ҷумҳури Тоҷикистон аз ин пас ифтихори уммати исломӣ аст, ӯ як шахси воҳид нест, балки хоси уммати исломист. Ба қадри ин ифтихори уммати исломӣ бирасед, эй ворисони Имоми Аъзам (рҳ)!
— Худованд беҳтарин неъматҳоро ба Шумо ҷаноби мавлоно Абдулҳамид арзонӣ бидорад ва дуогӯйи он ҳастем, ки дар ду сарой хушбахту саодатманд бошед. Пас бигӯед, миллати тоҷик ва мардуми Тоҷикистонро чӣ гуна дарёфтед?
— Сафо ва самимият, меҳмоннавозӣ, эҳтирому дӯстӣ ва муҳаббат ба дин дар мардуми тоҷик дидам. Ва ҳамчунин дар тавазӯъ, диндӯстӣ, дурандешӣ ва мудирияте, ки дар Райиси Ҷумҳур дидам бисёр, таассуроти зиёде нисбати миллати тоҷик пайдо кардам. Ба ин хулоса расидам, ки миллат ва халқи тоҷик аз қадимтарин миллатҳои дунёст, ки ин мардум соҳиби фарҳанги қадимаи аҷдодӣ мебошад.
Дар роҳи салоҳият ва сулҳу сафо ва талоши гумшудаи худ, ки Қуръону суннат ва илму дониш аст, ҷавонони ин кишвари мусалмоннишин саъю талоши зиёд доранд. Пешрафт ва комёбиҳои бузурги илмӣ эшонро интизор аст. Воқеан мардуми тоҷик ворисони асосии Салмони Форсӣ (р), Имоми Аъзам (р), Имом Бухорӣ (р), Имом Муслим (р) ва Имом Тирмизӣ (р) мебошанд. Маънии тоҷик ба фикри ман мусалмони комил ва биҳиштӣ аст. Ва ман хушнудам, ки дар кишвари биҳиштиёнам. Тулоби тоҷик мисли Имом Бухорӣ (р) ва Имом Абӯҳанифа (р) барои дарёфти илм ва шинохти бештари масоили фиқҳӣ пайваста дар ҷустуҷӯянд. Ҳиҷрат мекунанд, гирифтори мушкилоти роҳ, манзил ва дурии ҷигарбандон мегарданд. Ба фирқа ва гурӯҳои гуногуни ақидавӣ рӯ ба рӯ ва гирифтор меоянд.
Тулоб ва ҷавононро шарт аст, ки барои расидан ба истиқлолияти иқтисодӣ ва динӣ такя бо илмҳои динӣ ва дақиқи замони муосир саъю кӯшиш биварзанд. Тарз ва усулҳои беҳтарини омӯзиш ва парваришро думболагирӣ намоянд. Тақлиди кӯр — кӯронаи ғарб ва ифротгароии ба ном динӣ ҷомеаро аз бунбастҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва динӣ раҳо карда наметавонад. Ба нерӯҳои созандаи дохилӣ такя бояд кард. Кишваре, ки худоношинос, динситез ва дингурез аст, иқтисодиёт ва пешрафти техникӣ надорад, вобастагиҳояш аз дигарон бештар аст. Шавқу рағбат ва муҳаббати зиёди худшиносӣ ва диндӯстдорӣ дар мардуми ин кишвар зиёд аст.
— Шайхи мӯҳтарам, Мавлоно Абдулҳамид! Шумо як шахсияти бузурги ҷаҳони ислом мебошед ва зиёда аз 15 миллион нафар аз аҳли суннати ҷануби Эрон Шуморо ба ҳайси роҳбар ва пешво мешиносанд ва эътироф мекунанд. Барои азизони худ бигӯед, ки чаро роҳи исломро пешаи худ сохтед? Ва чӣ манфиате дар ин ҷода барои инсоният ва миллати исломӣ нуҳуфтааст?
— Роҳи ислом беҳтарин роҳи муқаррабони даргоҳи илоҳӣ ва роҳи Паёмбарон (съ) аст. Роҳи наҷоти башарият ва дарёфти муҷозоти дунёву охират дар дин аст, ки инсонҳо то ба ҳол ин маъниро ба таври комил дарнаёфтаанд. Монеаҳо ва таззодҳои зиёде андарин роҳ нуҳуфтааст. Дин ва бандагӣ ҳадафи аслии офариниш ва хилқат мебошад. Ва дунё василаи зиндагӣ ва эҳтиёҷу ниёзи ҳаёт аст. Дунё мазраъаи охират аст. Дунёро бо чашми ҳақорат набояд нигарист. Бар киштзори охират боэҳтиром бошед. Аз бадгӯйӣ нисбати киштзори охират боз истед ва дунёро маъбуди худ қарор надиҳед. Дунёро ба ҳайси зарурат ва эҳтиёҷ ба даст биёред. Мақсад аз хилқат дин ва бандагӣ аст. Роҳи дини ислом роҳи Биҳишт ва саодати охират мебошад. Дар сиришти ман муҳаббати дини исломро Худованд сириштааст. Хоҳони онам, ки инсоният аз шароби туҳур ва ширини дини ислом нӯш намояд. Дини ислом дини сулҳу сафо, муҳаббат ва наҷот аст. Мусалмон дурӯғ намегӯяд. Бештари ҳоҷиён дурӯғгӯй гаштаанд, суд мехӯранд ва суд мегиранд. Шаробфурӯшанду шаробхора. Мусалмонасту ҳаромфурӯшӣ ва гаронфурӯшӣ мекунад. Ин гурӯҳ риёкоронанд, ки дар назди Худованд манзалате надоранд. Роҳи динро ба хотири нафси аммора пушти сар намудаанд. Худованд беҳтарин файсалакунандаи зоҳир ва сират аст. Ғайруллоҳи зоҳирпараст дар амал ва кирдорҳои баъзе ҳоҷиёни риёкор баҳогузорӣ мекунанд бар уммати исломӣ. Дини ислом дини адолат ва раҳмат аст. Қуръон ҳуҷҷати илоҳӣ аст. Қуръон каломи Худованд мебошад. На наср аст ва на назм. Танҳо каломи Худованд аст. Китоби шифо, китоби раҳмат, китоби баракат мебошад. Назму низоми сайёраҳо ва низоми Дунёву Охират андар он нуҳуфтааст. Маълумотҳои комил ойиди дунёи Қабр, пурсиши Мункар ва Накир, Фариштагон, аҳволи Дӯзахиёну Биҳиштиён, оби Кавсар, рӯзи Қиёмат, Мизон — санҷиши амалҳо, пули Сирот, аҳамияти намоз, моҳияти зикр, мақоми дуо, аҳамияти садақа ва накӯӣ, хулқу атвори хуб, маззарати куфру ширк, илмҳои табиӣ, кайҳоншиносӣ, зистаншиносӣ, аҳамияти зиндагӣ дар дунё, Инсон беҳтарин махлуқи Худованд ва моҳияти он ва дигар масоили зиндагӣ ва муфидро дармеёбем.
Ба муҷарради фавтидани шахс зиндагӣ қатъ намегардад, балки ин оғози зиндагист. Аз марг наҳаросед, аз дурӯғгӯйӣ, шаробхӯрӣ, бенамозӣ, риёкорӣ, хушунат, ҷаҳлу нодонӣ, эҷоди фитна, бадгумонӣ нисбати якдигар, махсусан уламо ва аз қатлу зино битарсед. Марг паёмовари васл аст. Дар ҷустуҷӯйи марг нашитобед. Ризқ ва марг дар ҷутуҷӯйи шумост.
Бад — ин хотир, роҳи динро ихтёр намудам, то бошад бар уммати исломӣ ва инсоният хизмати шоистаеро анҷом бидиҳам. Ва дар ин роҳ ҷонамро фидо ҳоҳам кард. Ҳамчуноне, ки сарвари мо ва пешвои мазҳабамон Имоми Аъзам (р) дар муқобили лаззатҳои нафсонӣ ва айшу нӯши ҳукумати аббосиён динро пазируфт. Ҳақиқатро иброз дошт. Мисли қозиёни дурӯғгӯи асри хеш ва ҳоҷиёни шаробхора ва судхӯру риёпешаи замони муосири мо набуд. Дин дурӯғгӯйро қабул надорад. Роҳи дин роҳи наҷоти башарият ва роҳи расидан ба Худо мебошад. Барои шинохти дин илму маърифат лозим аст. Пас дар ҷустуҷӯйи гумшудаи худ — илму дониш бошед.
— Мавлонои арҷманд! Басе каломи дилкаш ва пурмӯҳтаво барои азизони тоҷики худ гуфтед. Худованд неъмати донишомӯзӣ ва раҳмати бепоёнашро ба мусалмонони ин кишвар ато формояд, ки дорои илму дониш ва ахлоқи ҳамида бошанд. Ва Худованд ҷаноби мавлоноро низ дар ҷивори раҳматаш мақом диҳад. Лутфан бигӯед, ки бузургтарин орзуи Шумо ҳамчун як шахсияти илмӣ ва аҳли тариқат барои уммати исломӣ дар чист?
— Бузургтарин орзуи банда дар зиндагӣ он аст, ки бедории динӣ ва иҷтимоӣ пайдо шавад дар зиндагии мусалмонҳо. Мусалмонон аз лиҳози ахлоқ ва худошиносӣ баргарданд бар аслашон. Ва муслимин ба ваҳдату иттиҳод бирасанд. Касодии иқтисодӣ аз зиндагӣ ва марзу буми муслимин зудуда шавад.
Орзуи ман барои кишвари Тоҷикистон он аст, ки аз лиҳози дин ва дунё ба тараққӣ ва пешрафт бирасад. Ҳам аз ҷиҳати санъати техникӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, динӣ ва илмӣ ба пешрафтҳои чашмрас дастёб гардад. Иттиҳод ва дӯстӣ барпо бошад. Дучори ихтилоф набошед, зеро ихтилоф миллатҳои бузургро нобуд месозад. Ба хотири масоили ҷузъӣ дар ростои афкор ва дидгоҳ ихтилоф наварзед. Ҳалли масъалаҳои шаръиро аз фиқҳи ҳанафӣ ҷӯё шавед. Фиқҳи ҳанафӣ ҷавобгӯйи ҳама ниёзҳои мардумӣ ва масъалаҳои мубрами имрӯзу фардо мебошанд. Шинохти ҳама дидгоҳи фиқҳӣ хуб аст.
Дар минтақе, ки ҳама ҳанафӣ мебошанд, аз дидгоҳи мазҳаби ҳанафӣ бояд амал кард. Ва агар ҳама шофеъӣ бошанд, аз мазҳаби шофеъӣ истифода кунанд, зеро наҷоти онҳо дар мазҳаби онҳост. Ҷумла мазоҳиби аҳли суннат ва ҷамоат аз Қуръон ва суннат сарчашма гирифтаанд. Наҷоти ҳанафимазҳабон аз пайравӣ кардани мазҳаби худашон мебошад. Гурӯҳ ва фирқаҳои мазҳабгурез ва бемазҳам ҳақ надоранд, ки аҳволи мардуми соҳибмазҳабро парешон кунанд. Яқин донед, ки ин гурӯҳҳои иғвоангез ҳар куҷое бошанд, мухолифини динанд, на ғамхори дин. Дастгоҳи бузурге эшонро идора хохад кард. Ҳудуд ва ҳадди шариъат муайян аст, кас наметавонад онро тағйир бидиҳад.
Орзуйи дигари ман он аст, ки баъди Симпозиюми бузургдошти Имоми Аъзам (р) ин абармарди шаҳид ва фақеҳи бузург, яъне Абӯҳанифа (рҳ)-ро ба дасти фаромӯшӣ надиҳед. Мисли ӯ ботақво, донишманду фозил, ботаҳаммул, дурандеш ва ғамхори дину ватани худ бошед. Аз камиттилоотӣ ва камхабарии соҳибони ин мазҳаб мабошад, ки ҳар гурӯҳи бемазҳаб ва мухолифони мазҳаб мавқеъ ва мақом меёбанд. Пас дар меояд, ки байни уламои динии ин кишвар робитаи хуби илмӣ вуҷуд надорад. Аз ин фурсати ба даст омада бемазҳабон хуб истифода мекунанд. Адабиётҳои бемӯҳтаво ва хилофи динро тақдими мусалмонҳо мекунанд.
Уламои динро зарур аст, ки аз баҳри ихтилофҳо ва ғаразҳои шахсӣ, ҷоҳу мансабталабӣ даргузаранд. Манфияти миллату уммати исломиро аз манфиятҳои шахсӣ ва гурӯҳӣ боло бидонанд. Уламо худ намунаи сулҳу салоҳ ва ваҳдату якпорчагии уммати исломӣ бошанд. То ғайруллоҳ натавонад байни уламо шӯр ва мухолифат эҷод бикунад. Уламо даст ба даст бидиҳанд ва якдигарро дар канор бигиранд. Барои хушбахтӣ ва саъодатмандии мусалмонони ин кишвари биҳиштосо камари ҳиммат банданд. Воқеан, китобҳои таълимӣ ва илмӣ эҷод бикунанд барои тулоби худ. Бар сарнавишти миллати худ ва фарзандони худ бетараф набошанд. Бетарафӣ нисбати сарнавишти дин ва мазҳаби худ ҷуз гумроҳӣ чизи дигаре нест.
Орзӯйи дигари ман он аст, ки уламои дини Тоҷикистон дар кофронсҳои илмӣ дар кишвар ва хориҷ аз ватан садри маҷлис бошанд. Аз рафтор ва кирдори Расулаллоҳ (с) ва пешвои худ Имоми Аъзам (р) дарси ибрат бигиранд. Уламоро чоплусӣ ва хиёнат ба миллати худ сазовор нест. Уламо чеҳраи миллат ва қивоми миллати мусалмон мебошанд. Шикасти уламо шикасти уммат аст. Умматро набояд шикаст.
Симои Райиси Ҷумҳури Тоҷикистонро чеҳраи миллат дарёфтам, пас бад — ин чеҳраи миллат ва пайрави мазҳаб дуои хайр бигӯед. То хайр насиби ҳамагон бошад. Уламо тақдирсози миллати худ ҳастанд ва бас тақдирсозони миллатро ғофилию танбалӣ сазовор нест. Бар тақдирсозони миллати худ эҳтиром гузоред. То Худованд дар ивази эҳтироми уламои дин подошу раҳматашро ба уммати исломӣ арзонӣ бидорад.
— Чӣ хотироти неке бардоштед аз кишвари Тоҷикистон ва уламои он?
— Хотиротамро метавонам дар шакли китоби алоҳида дарҷ намоям, аммо барои мусалмонони кишвари Тоҷикистон чанд лаҳзаеро ёд хоҳам кард. Вохӯрии ман бо шайх Амонуллоҳи Неъматзода, домулло Маъруф ва мулло Ҳайдари кулобӣ фараҳбахшу фаромӯшнашаванда аст. Домулло Маъруф аз хонадони аҳли тариқат буда, ҷадии бузургвораш зиёда аз 11 китоб дар тариқат таълиф намудааст. Шайх Амонуллоҳ дар сатҳи баланди инсонӣ ҳайати кории моро дар дафтари кориаш қабул намуда, дар атрофи масоили гуногунҷабҳаи Имоми Аъзам (р) сӯҳбат ва табодули афкор намудем. Мо низ, яъне донишмандони ҷануби Эрон зодагони аҳли тариқат ҳастем. Суфиҳо дӯстони Худо ва ёрони барҳақи Расулаллоҳ (с) мебошанд. Кӯтоҳандешон ва бехабарони хавориҷ суфия ва тариқатро нашинохтаанд ва санги маломат ба эшон мезананд. Дар шинохти ин ёрони Худо ғайримуққалиддин ба нуқсон ва тақсирот гирифторанд. Бо ҳар баҳона тариқат ва суфияро намепазиранд.
Ва дигар, дар хонае ба меҳмонӣ даъват гаштем, ки дар он макон уламои зиёди тоҷик бо қиёфаи кушода моро пешвоз гирифтанд, ки хешро муррифӣ намуданд: Эшони Нуриддин, ки дар тан либосҳои тоза ва озода ва бар сар саллаи сафеди зебо дошт, ҳоҷӣ Акбар, эшони Маҳмуд, эшони Аҳмад ва домулло Абдураҳими қазоқонӣ, домулло Холмурод ва ҳоҷӣ Мирзо. Домулло Абдураҳими қазоқонӣ низ либосҳои суннатӣ дошт ва бар сар амомаи сафед. Гоҳ — гоҳ ҳоҷӣ Акбар бо суханронии ширини худ хомӯшии маъракаро зебанда месохт. Равшан буд, ки ӯ аз донишмандони соҳаи дин мебошад. Эшони Нуриддин ботамкин ва бовиқор буд. Гуфтораш ҳадафрас ва тоҷикии ширин буд. Бо ирода ва ихлоси комил сухан мегуфт. Инчунин ҳайати намояндагии мо бо эшони Абдухалил, ки ҳолиё дар Ҳисор зиндагӣ мекунад, мулоқот намуда, аз файзи гуфтораш баҳраманд шудем. Кулли эшон азизони Худоянд.
Баъди ғазо хӯрдан мардуми зиёд ба зиёрати мо пардохт. Сидқу ихлос ва муҳаббати мардум нисбати мо беандоза зиёд буд. Аз байни издиҳоми зиёраткунандаҳо ба осонӣ халос намеёфтем. Аз ин самимияти мардуми мусалмони тоҷик нисбати мо хеле хушнуд ва шукргузорем.
Чизи нодире, ки дар ин миллат дарёфтам, он аст, ки мавқеи дуо хеле устувор ва маҳкам аст. Сари ҳар қадам аз мо талаби дуо мекарданд. Дар ягон мамлакати исломӣ ва ғайри исломӣ мавқеъ ва мароми дуо то ин сатҳи баланд вуҷуд надорад. Ин нишон ва баёнгари он аст, ки дуо дар мазҳаби ҳанафӣ нақши асосиро дар ҳама ҳолат мебозад. Ҳатто хоҳарон ва модарон пеши роҳ меистоданд, ки дар ҳаққи мо ва миллати мо дуъои хайр намо. Баъди намоз се дуо мекунанд, ки дар дигар манотиқи кишварҳои муслимоннишин кам дида мешавад. Воқеан дуо мағзи ибодат аст. Баъди намози рӯзи ҷумъа дуои чаҳорумро ман намудам.
Тоҷикон нисбати нон эҳтироми хоса доранд. Дар бисёр мамолики ба ном исломӣ чунин қадрдонӣ нисбати нон дида намешавад. Бар намоянагони ин мамлакатҳо зарур аст, ин суннати ниёгони муслиминро аз тоҷикон боз биёмӯзанд. Икром ва иззати нонро ба ҷо биёранд, ки яка аз неъматҳои Худовандист. Баъди таъом хӯрдан низ дуъо мекунанд ва Қуръон тиловат мекунанд. Дар беруни намоз низ дар ҳаққи фавтидагон бисёр дуъо мекунанд, ки дар дигар манотиқи дунё дида намешавад. Албатта ин амали хайр аст. Худованд гуфтааст: Дуо кунед, то бипазирам.
Аз фурсати муносиб истифода бурда, аз Маркази Исломшиносӣ дар назди Президенти кишвар ва раҳбари он ҷаноби Муродуллоҳи Давлат дидорбинӣ намудем. Ифтитоҳ ва фаъолияти чунин як маркази илмӣ — тадқиқотии исломшиносиро дар назди Райиси Ҷумҳури Тоҷикистон хуб дарёфтем. Мубодилаи афкор дар фазои озод сурат гирифт. Доктор Муродуллоҳ Давлатов як шахсияти мусалмону бофарҳанг ва дорои ҷаҳонбинии васеъ буд. Табодули афкори мо аслан дар мавзӯи равобити илмӣ ва фарҳангии ҳарду ҷониб буд. Ин маркази исломшиносии навбунёд думболи худ пайёмадҳои хуби илмиро доро мебошад. Дар наздиктарин мӯҳлат яке аз беҳтарин марказҳои исломшиносии ҷаҳон хоҳад гашт. Мо аз ҷониби худ омода ҳастем, ки дар доираи фаъолият ва талаботи қавонун равобити илмӣ ва фарҳангии худро мустаҳкам намоем. Забони гуфттугӯйи мо забони тоҷикӣ — форсӣ буд. Барои мо дигар тарҷумон лозим нест. Дину мазҳаби ягона ва фарҳанги муштарак дорем. Дар симои ҷаноби Муродуллоҳ Давлатов ба ҳамаи кормандони ин Маркази исломшиносӣ ва мардуми Тоҷикистон хушбахтӣ ва бурдбориҳо дар ковишҳои илмӣ аз Худованд хоҳонам.
Ва дигар хотироти неки ман он аст, ки аз Осорхонаи миллии ба номи Камолиддини Беҳзоди шаҳри Душанбе дидорбинӣ намудем. Мудирияти осорхона ҷаноби Абдувалӣ Шарифзода кулли меҳмононро бо чеҳраи кушода хайри мақдам намуд. Аз Осорхонаи Миллӣ вақте ки дидорбинӣ мекардем, ҷаноби Абдувалӣ ҳар нуқта, осор ва нишонаҳои таърихиро дар сатҳи баланди илмӣ ва касбӣ ба мо муаррифӣ мекард. Забони ширини тоҷикӣ ва арабиро хуб медонист. Катибашиноси моҳир ва донишманди хубе будааст. Навиштаҷоти катибаи меҳроби чӯбинеро, ки хеле мураккаб ва душвархон буд, бо як санъати баланд хонд ва тарҷума намуд. Муҳаббати илмии мо нисбати ин кишвару ин ҷавон зиёдтар гардид. Воқеан халқи тоҷик дорои таърихи хеле қадима аст. Ҷаноби Абдувалӣ тангаҳои хеле қадима, аз ҷумла тангаҳои замони Имоми Аъзам (р)-ро ба мо нишон дод ва навиштаҷотҳои болои ин тангаҳоро озодона хонд, ки хеле диққатҷалбкунанда буд. Инчунин, бо қадимтарин дастхатҳои исломӣ андарин ҷо шинос гаштем. Худованд чунин ҷавонони бедору донишмандро дар ҷивори раҳматаш нигаҳбон бошад, ки барои миллати мусалмон ва башарият захираи зиндаи илмӣ мебошанд.
— Ҷаноби мавлоно Абдулҳамид! Дар охир барои мардуми кишвари Тоҷикистон чӣ гуфтание доред?
— Фурсат даст бидиҳад ва умр вафо кунад, ки боз ба Тоҷикистон биёем ва аз дигар манотиқи биҳиштосо ва мардуми он дидорбинӣ намоем. Тоҷикистон кишвари сарсабзу хуррам аст. Ҷавонони бедор ва дӯстдори илму маърифт дар ин ҷо бисёр аст. Бозшиносии шуури динӣ ва маърифати Худошиносии ҷавононро эҳтиром бояд гузошт. Аз уламои азиз ва ҷавонони мутаддайин хоҳиши онро дорам, ки аз баҳсу ҷадал ва муноқишаҳои фирқаи хавориҷ дур бошанд. Агар аз нигоҳи илмӣ заъиф бошед ва аз мазҳаби худ бехабар, аллбата, бемазҳабон хуруҷ мекунанд. Соҳибхонаро бехона мекунанд. Заминаҳои пайдоиш ва инкишофи хавориҷро бештар шиносед ва барои рафъи заминаҳои пайдоиши онҳо аз илм истифода баред. Бештар ба Қуръону суннат такя намоед. Наҷоти шумо дар шинохти мазҳаби худ, пайравӣ ва мутобиат ба сирати Абӯҳанифа (р) аст.
Ҳуввияти миллӣ ва истиқлолияти кишвари худро ба ҷонҳо харидорӣ намоед. Раҳбари кишвари Тоҷикистон як шахсияти мусалмон ва соҳибмазҳаб аст. Чанд китоби ҷаноби Президентро бо худ гирифтаам, ки мавриди мутолиа қарор хоҳам дод. Пойбанди илму дониш ва суннат бошед. Ҳар куҷое мо низ бошем, аз миллат ва арзишҳои илмӣ, миллӣ ва динию мазҳабии мардуми Тоҷикистон ҳифозат ва дастгирӣ хоҳем кард.

Мусоҳиб Абдуллоҳи МУҲАҚҚИҚ

Рубрики:Uncategorized

АЗ «ТРОЙКА»-И СТАЛИНӣ ТО «ТРОЙКА»-И РАҲМОНОВӣ-5

24 октября, 2009 1 комментарий

Дар мақолаи пешин баёни назари Вазорати маорифро чун баёни мавзӯи нав шарҳ додем. Ин навбат мустаҳкамкунӣ ва супориши вазифаи хонагӣ чун қисмати охири лаҳзаҳои дарс ва ҳамчун ҷамъбасти мавзӯи мазкур пешниҳод мешавад. Яъне, ин навбат дар бораи қонунияти фармонҳои вазир, хулосаи гурӯҳҳои корӣ, пешниҳодҳои Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф сухан хоҳем гуфт.
Ба хотири фаҳмо гаштани моҳияти моҷаро масъаларо ба тарзи саволгузорӣ ва ҷавоб ба он баррасӣ менамоем, то моҳияти масъала ба хонанда ошкор ва фаҳмо бошад. Инак савол ва ҷавоб:
1. Вазъияти ҳуқуқӣ ва рӯҳиву равонии ДТИКТ, муносибати он бо Вазорати маориф пеш аз оғози муноқишаҳо:
Шарҳи ҳол. Соли 2006 бо қарори мушовараи Вазорати маориф мақоми Донишгоҳи гуманитарии Тоҷикистон ба донишкада — Донишкадаи технологияи инноватсионӣ ва коммуникатсионии Тоҷикистон табдил дода шуд. Ин амал аз нуқтаи назари қонунгузорӣ хилофи меъёрҳо буд, аммо роҳбарияти Донишгоҳ онро ба хотири дур будан аз муноқишаву моҷаро таҳаммул намуд ва таҳти рамзи АУ 0000495 аз таърихи 19-уми июни соли 2008 иҷозатномаи фаъолиятро аз сари нав то соли 2013 ба даст овард.
2. Асос, замина ва сабабҳои сар шудани муноқишаи ДТИКТ бо Вазорати маориф (дурурсташ бо вазири маориф).
Шарҳ: Дар оғози соли таҳсили 2008-2009 бо сабаби ба иллати саломатӣ бо хоҳиши худ аз кор рафтани ректор Ҳ. Умаров ба вазифаи ректории ДТИКТ корманди Вазорати маориф Бобоев Х. Ю. бо даъвати муассиси ДТИКТ ба кор даъват карда шуд. Бобоев ба як қатор санадҳои қонунан қабулкардаи муассис итоат накард ва дар заминаи ҳамдигарнофаҳмӣ бо муассис 11.05.2009 бо моддаи 45-и КМҶТ (бо хоҳиши худ) аз кор рафт. Аммо пеш аз кор рафтан афзуд, ки вай ҳамчун ҷӯраи вазири маориф қавл медиҳад, ки фаъолияти ДТИКТ-ро бо кадом роҳе набошад, қатъ мекунад. Дарвоқеъ, вазири маориф бе ин ҳам ба ДТИКТ чун ба муассисаи ғайридавлатӣ назари нек надошт. Гувоҳ ин аст, ки вай ҳамон соли 2006 дар қатори 5-6 муассисаи дигари ғайридавлатии таҳсилоти олӣ ин муассисаро низ аз байн бурданӣ буд, аммо муқобилияти қонунии вай Вазоратро имкон надод, ки ба ин амал даст занад ва чуноне ишора намудем, дар «этапи 1» мақоми онро тағйир дод, ки ин ба муассиса зарари калони молӣ (азнавсозии тамоми асноди бақайдгирӣ дар тамоми ташкилоту муассиса ва вазорату идораҳо)-ву маънавӣ ворид кард.
3. Амалиёти №1-и вазири маориф барои амалӣ кардани дархост ва қавли Бобоев Х. Ю.
Шарҳ: Рӯзи 12.05.2009 вазири маориф таҳти №748 фармон дар бораи таъсиси гурӯҳи корӣ бо мақсади тафтиши ДТИКТ ташкил намуд. Саволе пайдо мешавад, ки: Мақсади ин тафтиш, сабаби он, нияту андешаи вазири маориф чӣ буд? Магар амалӣ кардани ваъдаи Бобоев не? Гурӯҳи корӣ аз натиҷаи тафтиши худ ба ДТИКТ ягон маълумотнома пешниҳод накард. Аммо, узви гурӯҳи корӣ дар сӯҳбати шифоҳии худ ба раёсати ДТИКТ шифоҳан арз намуд, ки ягон камбудии ҷиддӣ дар фаъолияти ДТИКТ вуҷуд надорад. Албатта, дар ҷое кор ҳаст, баъзе камбудиҳои ҷузъӣ ҳатман пайдо мешавад. Вазири маориф дар асоси ахбори гурӯҳи корӣ барои «ҷазо» додани ДТИКТ ва амалӣ кардани хоҳиши Бобоев асос пайдо накард.
4. Амалиёти №2-и вазири маориф барои қатъ кардани фаъолияти ДТИКТ.
Шарҳ: Пас, бо мақсади амалӣ кардани мақсади худ хост «дасти Ҳукумат»-ро истифода барад. Бо ин мақсад, дар таърихи 03.06.2009 ба номи Президент мактуби «махфӣ» навишта, дар он нисбати ДТИКТ тӯҳматҳои сиёсӣ бор карда, дархост намуд, ки фаъолияти ДТИКТ қатъ карда шавад. Эътибор намоем, ки дархости вазир на муваққатан боз доштани қабули довталабон, на муваққатан боз доштани амали иҷозатномаи ДТИКТ, балки «пурра қатъ кардани фаъолияти ДТИКТ» буд. Чуноне хонанда аз гузоришҳои пешин медонад, ин мактуб то ҳол «махфӣ» нигоҳ дошта мешавад. Аз мавҷудияти он ДТИКТ аз як посухи Прокуратураи генералӣ (аз 07.08.2009, №21/60 ж) ба шикояти худ ва сухани шифоҳии Т. Маликов огоҳ шуд. Новобаста аз дархости ДТИКТ ба муовини Сарвазир Р. Қурбонова, ба худи вазири маориф, Суди иқтисодии ш. Душанбе дар бораи ба ДТИКТ шинос намудани мактуби вазир касе онро ошкор кардан намехоҳад. Чаро? Албатта, барои он ки тӯҳматҳои беасоси вазир ошкор мешавад. Мувофиқи иқрори раиси гурӯҳи кории ҳукуматӣ, мӯҳтарам Маликов, вазири маориф дар шикояташ навиштааст, ки дар ДТИКТ «оппозитсионерҳои Ҳукумат» ҷамъ шудаанд ва пароканда накардани онҳо барои «бехатарии давлат» хатарнок аст.
ДТИКТ эътироф мекунад, ки раиси Ҳизби наҳзати ислом М. Кабирӣ, раиси Ҳизби сотсиал — демократ Р. Зойиров, муовини раиси Ҳизби сотсиал — демократ Ш. Ҳакимов кормандони он ҳастанд. Аммо ДТИКТ ҳеҷ вақт роҳ надодааст, ки дар вай кадом ҳизби сиёсие майдони фаъолияти худро ташкил намояд. Дар баробари ин, агар дар ДТИКТ ду-се нафар намояндагони ҳизбҳои оппозитсионӣ кор кунанд, дар баробари онҳо аъзои дигар ҳизбҳо, аз ҷумла, Ҳизби халқӣ — демократӣ, коммунист, сотсиалистӣ низ кор мекунанд. Магар ин аз рӯи инсоф аст, ки мо инсонҳоро барои истифодаи ҳуқуқҳои конститутсиониашон ба «махав»-ҳои ҷомеа табдил диҳем? Ягона талабе, ки раёсати ДТИКТ ба намояндагони ҳизбҳо дошту дорад, ин дар дохили ДТИКТ роҳ надодан ба фаъолияти сиёсӣ ва динӣ буд ва ҳаст, ки ин амал ба пуррагӣ риоя шудааст ва мешавад. Агар масъаларо дар худи назарияи «оппозитсия» таҳлил намоем, оппозитсионери қонунӣ душмани давлат ва маншаи бехатарии он набуда, балки воситаи пурқувваткунандаи давлат аст. Дурустии ин мантиқро ҳамин мисол исбот мекунад, ки бояд ҳар касе ки рисолаи илмӣ ҳимоя мекунад, (қонунан) бояд на камтар аз ду нафар аппонент (оппозитсионер) дошта бошад, то ки камбудӣ ва нуқсони кори илмиро ошкор намояд. Пас, ба амали вазири маориф, ки дар ДТИКТ оппозитсия кор мекунад, чӣ тавр баҳо диҳем? Айби дигари дар мактуб ба ДТИКТ боркардаи вазир ин будааст, ки (аз сухани Маликов) фаъолияти молиявии ДТИКТ ғайриқонунӣ аст. Ин масъаларо намояндаи гурӯҳи кории Ҳукуматӣ санҷид ва ягон камбудии ғайриқонунӣ пайдо накард. Инчунин, дар ҳамин чанд рӯзи охир аз тарафи раёсати андози шаҳри Душанбе (аз рӯи нақша) фаъолияти молиявии ДТИКТ барои 4 сол санҷида шуд. Ягона хатои ошкоршуда ҳамин аст, ки ДТИКТ баъзе андозҳоеро, ки аз пардохти он озод аст, зиёдатӣ пардохт намуда, баъзе андозҳоро камтар пардохтааст. Таносуб ва фарқи ин маблағ муайян шуд ва ДТИКТ онро пардохт карда истодааст.
5. Вокуниши Президент ба «шикоят»-и вазири маориф.
Шарҳ: ДТИКТ иқрор аст, ки дар асоси Қонуни ҶТ «Дар бораи муроҷиати шаҳрвандон» ҳар гуна шикоят бояд мавриди санҷиш қарор дода шавад. Президенти кишвар қонунан супориш додааст, ки шикояти вазир нисбати ДТИКТ санҷида шавад. Ҳамчунин, Президент бо риояи қонун, ҳақ ва манфиати қонунии инсон ва шаҳрванд «амбитсия»-и шикояти вазир — «фаъолияти ДТИКТ қатъ карда шавад»-ро оқилона сарфи назар карда, барои санҷиши воқеият супориш додааст. Мутаассифона, берун аз супориши Президент, гурӯҳи корӣ бо сабабҳои номаълум дар амалиёти худ ба чанд ихтилофи қонун роҳ дод. Яке аз онҳо «пинҳон кардани мактуби шикоятии вазир» буд. Чун дар асоси талаботи қонунгузорӣ ҳар гуна санҷиш бояд ошкор, шаффоф сурат гирад. Гурӯҳи корӣ ӯҳдадор буд, ки ДТИКТ-ро ба мактуби шикоятӣ шинос намояд. Аммо, баръакс роҳбари гурӯҳи корӣ дар рӯзи аввали ба ДТИКТ омадан вонамуд кард, ки гурӯҳ танҳо барои «омӯзиш»-и фаъолияти ДТИКТ омадааст ва набояд омадани онҳо ҳамчун «санҷиш» ё «тафтиш» дониста шавад. Вале рӯзҳои минбаъда ӯ иқрор шуд, ки омадани онҳо ба шикояти вазири маориф вобаста аст ва вазир аз Президент дархост кардааст, ки «фаъолияти ДТИКТ қатъ карда шавад». Гурӯҳи корӣ изҳор намуд, ки онҳо танҳо ба супориши Президент — муайян кардани ҳақиқати масъала сару кор гирифта, аз доираи мундариҷаи шикоят берун намераванд ва воқеияти масъаларо ба воситаи маълумотнома ба Президент мерасонанд. Ин гуфторро ДТИКТ бо қаноатмандӣ пазируфт. Дар зарфи чанд рӯзи бо ном «омӯзиш» аъзои гурӯҳи корӣ аз фаъолияти ДТИКТ изҳори қаноатмандии худро пинҳон намекарданд ва баъзе аз онҳо, ки дар ҷодаи фазилат бартарӣ доштанд, тӯҳмат будани мазмуни шикояти вазирро пурра эҳсос карда, барои дар ташвиш мондани ДТИКТ изҳори узрхоҳӣ намуданд. Албатта, ин фазл ва имондории онҳо буд, на «мухлисӣ» ва на кадом «ҷонибдорӣ»-и хоса. Гурӯҳи корӣ «омӯзиш»-и худро ба итмом расонид. Танҳо ду узви гурӯҳ маълумотномаи масъалаи аз тарафи онҳо санҷидашударо ба ДТИКТ шинос кард ва нусха низ дод. Ин маълумотномаи санҷиши масъалаи сифати таълиму тарбия ва молиёт буд. Дар ҳарду маълумотнома фаъолияти ДТИКТ ба таври маҷмӯӣ мусбат арзёбӣ шудааст. Раиси гурӯҳи корӣ изҳор дошт, ки маълумотномаи умумии натиҷаи «омӯзиш» баъд аз тартиб дода шуданаш ба ДТИКТ шинос карда шуда, дар раёсати ДТИКТ муҳокима мешавад ва як нусхаи он ба ДТИКТ дода мешавад (ин талаби қонунгузорӣ оид ба тартиби доир кардани ҳар гуна санҷиш аст). Ва гурӯҳ рафт.
6. Бозиҳои пасипардагӣ дар натиҷагирии амалиёти гурӯҳи кории Ҳукуматӣ ва изҳори назар ба ҳар банди мактуби Р. Қурбонова.
Шарҳ: ДТИКТ сари ҳар чанд рӯз аз раиси гурӯҳи корӣ Маликов хоҳиш намуд, ки маълумотномаи ниҳоии «омӯзиш» ба ДТИКТ пешниҳод карда шавад. Охирин посухи Маликов ба таври шифоҳӣ аз тариқи телефон ин шуд, ки: «Гурӯҳ ба ин хулоса омад, ки ба Вазорати маориф тавсия дода мешавад, ки дар наздиктарин вақт масъалаи аттестатсияи ДТИКТ-ро дида барояд. Худи ДТИКТ дар ду соли охир бо якчанд мактуб аз Вазорат тақозо намуда буд, ки аттесттатсияи ДТИКТ-ро гузаронад. Ҷавоби Маликов барои ДТИКТ қаноаткунанда буд.
Вале бо гузашти як давра ба ДТИКТ бо мактуби ҳамроҳии сардори Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи маориф як мактуби ахборӣ ба номи Президент аз ҷониби муовини Сарвазир Р. Қурбонова расид. Мундариҷаи мактуб боиси нигаронии ДТИКТ шуд. Дар он маълумотҳои барғалат, беасос, хилофи қонунгузорӣ мавҷуданд, ки албатта, имкон надорад дар як дастгоҳи босалоҳият ба ин андоза бемантиқии гуфтор роҳ дода шавад.
Масалан, дар қисми ахбории ин мактуб навишта шудааст:
«Вазорати маорифи ҶТ аз 2 августи соли 2004 (АУ №000135) ба ду ҷузъи сохтории Донишгоҳ — Донишгоҳи байналмилалии Тоҷикистон ва Маркази таълимии «Садр» барои пешбурди фаъолияти таълимӣ иҷозат дода буд, ки мӯҳлати он соли 2008 ба охир расидааст».
Изҳори назар:
Ин баён аз воқеияти масъала ноогоҳона ифода шудааст. Зеро: 1. Ҳеҷ вақт ба Донишгоҳи байналмилалии Тоҷикистон (ДБТ) иҷозатнома барои фаъолият дода нашудааст, балки иҷозатнома ба Донишгоҳи гуманитарии байналмилалӣ (ДГБ) ва Маркази таълимии «Садр» дода шудааст. ДБТ муассиси ДГБ ва МТС буда, худаш ягон фаъолияти мустақили таълимӣ надошт ва надорад. 2. МТС баъд аз анҷоми мӯҳлати иҷозатнома то соли 2008 аз Вазорати маориф иҷозатномаи фаъолият то соли 2013 ба даст овардааст. Пас, ин ғалатгӯӣ ба кадом мақсад?
«Соли 2007 баъди муайян кардани «Меъёрҳои муайянкунандаи мақоми муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҶТ (аз 8 феврали соли 2008) Донишгоҳи байналмилалии Тоҷикистон санҷида шуд ва ба муассис аз ҷониби Вазорати маориф дастур дода шуд, ки муассисаи таълимии мазкур фаъолияти худро ба меъёрҳои номбурда мутобиқ гардонад. Дар ҳамин замина Донишгоҳ, ки ба меъёрҳои муайянкунандаи донишгоҳӣ мувофиқат намекард, бо қарори Шӯрои директорони Донишгоҳ аз 10 августи соли 2007 №001-4095 муассисаи таҳсилоти олии касбии ғайридавлатии «Донишкадаи технологияи инноватсионӣ ва коммуникатсионии Тоҷикистон»-ро таъсис дод … ва Вазорати маориф барои то соли 2013 ба вай иҷозатномаи фаъолият додаст».
Изҳори назар:
1. Магар соли 2007 баъди соли 2008 меояд, ки дар мактуб омадааст: Соли 2007 баъди муайян кардани «Меъёрҳо…» дар 8-уми феврали соли 2008?
2. «Меъёрҳо…»-и навини Вазорат соли 2006 тасдиқ шудааст, на 8-уми феврали соли 2008.
3. Вазорати маориф на соли 2007 ва на соли 2008 ба Донишгоҳ ягон дастур барои ба «Меъёрҳо…» мувофиқ шудан надодааст. Балки соли 2006 Вазорати маориф 6 муассисаи ғайридавлатиро «бӯғӣ» карда, фаъолияташонро ғайриқонунӣ манъ кард ва ният дошт онро ҳам бо ҳамин усул «бӯғӣ» кунад. Чун муаассиса ба муқобили ҳарактҳои ғайриқонунии Вазорат овоз баровард, Вазорат ноилоҷ аз «бастан»-и он (аз афташ муаваққатан) худдорӣ намуд ва ба воситаи қарори мушовараи Вазорат бо усули «бӯғӣ» мақоми онро ба Донишкада табдил дод. Муассиса ба хотири даст кашидан аз муноқишаҳо ба ин амали ғайриқонунии Вазорати маориф «ба тақдир тан дод». Қарори Шӯрои директорон дар бораи таъсиси Донишкада зери фишори Вазорати маориф бароварда шуд. Ин «гаптобдиҳӣ» ба кӣ даркор?
«Фаъолияти Донишкада аз рӯйи 7 меъёр (аз 25 меъёр) санҷида шуд ва вай ба меъёрҳои мавҷуда ҷавобгӯ набуд. Инчунин, санҷиш ошкор намуд, ки сифати таълим хуб нест, яъне дараҷаи таълим баробар ба 61.5 фисад аст, ки аз талабот 19 фисад кам аст. Дар Донишкада устодони варзида нест. Аксари омӯзгорони унвондор дар чанд муассиса кор мекунанд. Масалан, Хуррам Раҳимзода ҳам дар ДТИКТ ва ҳам дар Пажӯҳишгоҳи Академия ба сифати корманди доимӣ фаъолият дорад. Профессорон Т. Ғаниев, Ф. Комилов, Х. Муҳаббатов, С. Иброҳимов дар муассисаҳои дигар фаъолияти доимӣ дошта, дар ДТИКТ ҳамкор мебошанд. Устодони дигари унвондор соатбайъ буда, ба таълим ёрии дуруст намекунанд. Шумораи унвондорони то 35 сола ҳамагӣ 1.5 %-ро ташкил мекунад. Донишгоҳи байналмилалӣ варақаи аккредитатсияи байналмилалӣ надорад. Донишкада аккредитатсияи давлатӣ надорад. Аммо вай бархилофи қонунгузорӣ ҳам дипломи намунаи давлатӣ ва ҳам дипломи муассисаро бо рамзҳои давлатӣ медиҳад».
Изҳори назар:
Гурӯҳи корӣ барои санҷиши шикояти вазир омада буд, ё барои аттестатсияи Донишкада? Агар аттестатсия аз рӯйи «Меъёрҳо…» доир карданӣ буд: 1. Оё доир кардани аттестатсия ваколати Ҳукумати Тоҷикистон аст ё ваколати Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи маориф? Магар гурӯҳи корӣ ҳуқуқ дошт ваколатҳои ин Хадамотро тасарруф кунад? Агар тасарруф карду аттестатсия гузаронид, дар кадом асос аз 25 меъёр танҳо 7-тои онро санҷид ва аз рӯйи натиҷаи 7 меъёр хулоса баровард? Дар эзоҳи «Меъёрҳо…» омадааст, ки муассисае, ки ба 70 фисади «Меъёрҳо…» ҷавобгӯ аст, аз аттестатсия гузашта дониста мешавад. Пас, як меъёр баробари 4 фисад аст. Яъне 25х4=100. 7 меъёр 28 фисадро ташкил мекунад. Агар Донишкада ба 18 меъёри дигар ҷавобгӯ бошад, ин 72 фисадро ташкил мекунад ва аз аттестатсия гузашта дониста мешавад. Дар хусуси он ки Х. Раҳимзода корманди доимии Академия аст, дурӯғи маҳз аст. Устодоне, ки дар мактуб ба сифати ҳамкор ном бурда шудаанд, бештарашон як сол пеш аз Донишкада аз кор рафтаанд ва ба ҷои онҳо унвондорони коргари доимӣ ба кор қабул шудааст. Ин ҷумла аз маълумотномаи узви гурӯҳи корӣ Сангов Р. ба унвони раиси гурӯҳ Маликов С. Т. аст, ки навишта:
«Ҳамин тариқ, аз рафти санҷишу омӯзиши сифати таълим, дараҷаи дониш, сатҳи азхудкунӣ ва давомоти донишҷӯён ошкор гардид, ки агар давомоти солонаи соли таҳсили 2007-2008 65-70 то 80-83%-ро ташкил дода бошад, пас дар давоми соли таҳсили 2008-2009 ин нишондиҳанда то ба 80-85 то ба 92%-ро ташкил додааст. Дараҷаи дарсазхудкунии донишҷӯён аз 61.5 %-и соли таҳсили 2007-2008, соли таҳсили 2008-2009 ба 72% ба қайд гирифта шудааст».
«Дурӯғ торикии имон аст». Табиист, ки ин тӯҳматҳо на самараи андешаи Р. Қурбонова, балки «ғалатандозӣ»-и вазири маориф аст ва пушту паноҳшавии кадом мансабдори ба рӯйи қонунҳои давлат пой гузошта. Касе ки дидаву дониста ба Президенти кишвар, ҳомии ҳуқуқ ва манфиатҳои инсон ва шаҳрванд дурӯғ мегӯяд, Президентро фиреб медиҳад, оё ҳуқуқи маънавии номи «хизматчии давлатӣ»-ро дорад? Ризоияти Президентро бо роҳи ғалатнависӣ ва тӯҳмат гирифта истода, таънаи таърихро ба сари Президент мепартоянд? Инро дар халқ «намакдонтуфкунӣ» мегӯянд. Президент ба умед аст, ки атрофиёнаш ба ӯ хиёнат намекунанд. Ин амалҳо сахт баданд.
Ва дар анҷом Р. Қурбонова дар мактуб пешниҳод кардааст, ки: «Аз соли таҳсили 2009-2010 қабули довталабон муваққатан манъ карда шавад; Вазорати маориф то ба анҷом расидани иҷозатнома раванди таълимро дар муассиса ба зери назорат гирад; бо сабаби ба анҷом расидани иҷозатномаи Донишгоҳ ва ҷузъи сохтории он Маркази таълимии «Садр» иҷозатномаи он аз эътибор соқит карда шавад; иҷозатномаи Донишкада барои иҷро накардани талаботҳои Вазорати маориф бозпас хонда шавад». Ва дар анҷом Қурбонова розигии Президентро барои татбиқи ин пешниҳодҳо «пурсидааст».
Изҳори назар:
Ин пешниҳод маънои онро дорад, ки фаъолияти ДТИКТ қатъ карда шавад. Соли 2006 нисбати 6 муассисаи ғайридавлатӣ ҳамин мазмун дар ин шакл ифода шуда буд: «Қабули довталабон қатъ карда шавад. Ба муассиса иҷозат дода шавад, ки то хатми донишҷӯёни курсҳои болоӣ фаъолият намуда, дар анҷом фаъолияташон қатъ карда шавад». Аз эътибор соқит донистани иҷозатномаи Маркази таълимии «Садр» чӣ маънӣ дорад? Дар кадом асос? Дар сурате ки дар Тоҷикистон даҳҳо Марказҳои таълимӣ дар таҳхонаҳо, хонаҳои шахсӣ, дохили дигар муассисаҳо бе иҷозатнома, бе бақайдгирии давлатӣ, бе супурдани андоз, бе ташкили қонунии истифодаи меҳнат ва бе таъмини ҳифзи иҷтимоии кормандон амал мекунанд?
Қатъи фаъолияти таълимии Маркази «Садр», ки даҳҳо ҳазор сомонӣ ба буҷаи давлат ворид карда истодааст, беш аз 5 ҳазор нафарро соҳиби маълумоти ибтидоии касбӣ бо омӯзиши забонҳои англисӣ, русӣ, технологияи компютерӣ кардааст? Муассисае, ки хатмкунандагони он дар даҳҳо мактабҳои ҳамагонии Вазорати маориф аз забони англисӣ, технологияи компютерӣ дарс мегӯянд? Муассисае, ки қарор ва амрҳои Президенти кишвар: Укази Президент аз 4.04.2003 «Дар бораи такмил додани таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва анлисӣ дар ҶТ», қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.12.2002, №502 «Дар бораи тасдиқ кардани барномаи компютеркунонӣ…», аз 10.05.2003, №194 «Дар бораи таҳияи Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ…», Протоколи Ҳукумати ҶТ аз 24.01.2008, №2-ро дар бораи «таъмини ташкили рақобат дар муассисаҳои ғайридавлатии маориф ва тандурустӣ»-ро қонунан амалӣ кардааст ва карда истодааст? Муассисае, ки даҳҳо кормандони Дастгоҳи иҷроияи Президент, Ҳукумати ҶТ, вазорату идораҳо, корхонаву муассисаҳо аз устодони он забон ва илми компютер омӯхта, соҳиби сертификат шудаанд? Ҳайф, ба чунин ватанхоҳиву ватанпарварӣ! Ҳайфи машақатҳои Президенти кишвар, ки барои «сари баланди Тоҷикистону тоҷик худро ба сад дар мезанад!».
Варақаи назоратии ин санадро роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президент зери сабти «Президенти ҶТ розигӣ додааст», нафари дигар, ҳамчунин муовини аввали раиси Ҳукумат Ғулом А. Ғ. имзо гузошта, ба Вазорати маориф зери назари Ҳ. Н. Фақиров барои иҷро гузошта шудааст.
Изҳори назар:
Аз лиҳози ҳуқуқӣ ҳамин мактуби Р. Қурбонова чӣ гуна санад аст? Оё дар Қонуни Ҳукумати ҶТ, Регламенти Ҳукумати ҶТ, Қонуни ҶТ «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» мавҷудияти чунин санад, арзиши ҳуқуқии он ифода шудааст…?
7. Бемасъулиятӣ дар амали вазири маориф ва Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи маориф дар эътимод ба мактуби Р. Қурбонова.
Шарҳ: Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи маориф мактуби Р. Қурбоноваро бо мактуби худ аз 17.07.2009, №3196 ба унвони ДТИКТ фиристод ва дархост намуд, ки: Мактуб ба кормандони Донишкада эълон карда шуда, қабули довталабон дар соли хониши 2009-2010 қатъ карда шавад; ҳар се моҳ аз раванди таълим дар курсҳои болоӣ ба Хадамот маълумотнома фиристад; дар муддати се рӯз иҷозатномаи Донишгоҳ ва Маркази таълимиро бинобар сабаби ба охир расидани мӯҳлаташон барои аз эътибор соқит кардан пешниҳод намояд. Дар анҷоми мактубаш Сардори Хадамот таҳдидомезона қайд кардааст, ки дар сурати иҷро накардани талаботи Вазорати маориф иҷозатномаи он бозпас хонда мешавад. Низ ишора шудааст, ки чорабиниҳо оид ба ислоҳи камбудиҳо доир карда шуда, барои дар интиҳои соли хониш аз аттестатсия гузаштан омода шавад.
Изҳори назар:
Ҷойи нигаронӣ аст, ки гирем Қурбонова аз нозукиҳои кори Хадамот огоҳ набуд ва ё бо «тақозо»-и касе ин номаи ғайриқонуниро фиристод. Чаро Хадамот ҳамчун муассисаи махсуси ҳалли масъалаҳои мазкур аз давом додани амали ғайриқонунӣ худдорӣ накард? Магар Хадамот ҳамин гуна санади меъёрие дар даст дорад, ки аз ҷамъи фаъолияти муассисаи таълимӣ танҳо қабули довталабонро ба иллат ва сабабае манъ кардан муқаррар шуда бошад? Магар Зиёев намедонист, ки Донишгоҳи байналмилалӣ фаъолияти таҳсилотӣ надорад, балки ин фаъолиятро сохторҳои он ба амал мебароранд? Магар Зиёев намедонист, ки мӯҳлати иҷозатномаи фаъолияти Маркази таълимӣ дар соли 2008 ба итмом нарасидааст, балки мӯҳлати он то соли 2013 мебошад? Медонист, аммо ҷуръат накард. Он ки тақозо кардааст ҳар се моҳ аз рафти таълими муассиса Донишкада маълумотнома фиристад, изҳори худбинона ва тантанавист, на меъёри қонун ва асноди қонунӣ. Ва дар хусуси аттестатсия дар охири соли таҳсили 2009-2010. Ин як сухани саридастист. Агар чунин намебуд, дар мавриди дигар вазири маориф ҳукм намекард, ки аттестатсияи Донишкада охири моҳи сентябр баргузор мешавад.
Воқеан, Донишкада ин талаботи Хадамотро итоат накард. Сабаб? Дар асоси Низомномаи Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи маориф ин мақомот ҳуқуқ надорад санади ҳатмии иҷроиявӣ ва меъёрӣ қабул намояд. Ин назари худро Донишкада дар воситаҳои ахбори умум, дар вохӯрӣ бо вазири маориф ошкор эълон кард. Маҳз дар асоси ҳамин эродҳо Вазорати маориф «бесалоҳиятӣ»-и худро дарк кард ва аз таърихи 23.07.2009, таҳти №1450 вазири маориф ба хотири қонунӣ кардани мактуби «ҳавас»-акии ҷаноби Зиёев фармон дар бораи қатъ кардани қабули довталабонро баровард. (Бисёр кормандони вазорати маориф ва донишмандон шӯхиомез ба мо мегӯянд, ки Шумо бо ин амалҳои худ Вазорат ва вазири маорифро хуб «таҷриба» омӯхта истодаед. Дафъаи дигар агар чунин зарурати «бӯғӣ»-кунӣ ба Вазорат пеш ояд, хеле моҳирона ва дониста амал мекунад. Ин ҳазл асос дорад). Ин, алабатта, санади дорои арзиши ҳуқукӣ ва лоиқи эътибор буд. Бинобар, Донишкада, бинобар беасос ва ғайриқонунӣ будани асосҳои қабули фармон ба Суди иқтисодии шаҳри Душанбе ариза дар бораи тадбирҳои таъминотӣ, яъне боздошти амали фармони вазир пешнҳод намуд. Судя Муҳаммадиева бо таъиноти худ амали фармони вазирро боздошт.
Эътибор намоем, ки давраи қабули довталабон дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ аз моҳи май шурӯъ мешавад. Донишкада дар тӯли 2 моҳу 23 рӯз ҳеҷ гуна санади дорои арзиши ҳуқуқидошта оид ба қабул накардани довталабонро надошт.
Рӯзи 27.07.2009 фармони вазир оид ба қатъи қабул баромад. Рӯзи 30.07.2009 амали он бо таъиноти суд боздошта шуд. Пас, қабули довталабон то рӯзи 31.07.2009 қонунӣ аст. Рӯзи 31.07.2009 судя Муҳаммадиева ошкор эълон кард, ки ба ӯ фишор овардаанд ва ӯ аз қонун дида аз «чиновник»-ҳо сахттар меҳаросад ва маҷбур аст таъиноташро бекор кунад. Дар ин асос, ӯ рӯзи 31.07.2009 таъиноташро бо таъиноти дигар бекор кард. Ва Донишкада аз 1.08.2009 дигар довталаб қабул накардааст. Аммо даъвои асосӣ дар бораи ғайриқонунӣ будани фармони вазир дар истеҳсоли суд қарор дошт, яъне фармони вазир ҳанӯз ҳам аз назари қонун баҳсталаб буд.
Рӯзи 03.08.2009 Зиёев ҳамчун «исполнитель» бо мактуби худ таҳти №342/06 аз бекор кардани бозодошти амали фармони вазир Донишкадаро «огоҳ» кард ва талаб намуд, ки ин таъинот ба кормандони Донишкада эълон карда шавад. Донишкада на танҳо ба кормандон, балки ба довталабон ва намояндагони қонунии онҳо ин «бузакбозӣ»-ҳоро хабар расонид. Падару модари довталабон (дар ин хусус санад ҳаст) изҳор доштанд, ки ҳамин ҳозир ба назди қасри Президент барои эътироз мераванд, аммо Донишкада ба иллати дар шаҳр доир шудани баъзе чорабиниҳои сиёсии хосияти манфиати миллидошта пеши роҳи ин тақозоро гирифт.
Аз ин баҳсҳо ва эродҳои Донишкада ҷаноби вазир барои қонуншиканиҳои худ даступохӯрда шуда, тибқи муқаррароти моддаи 29-и Қонуни ҶТ «Дар бораи маориф» (ин ягона моддаест, ки вазир худро зери паноҳи он (сохтакорона) гирифтааст) аз таърихи 21.07.2009, таҳти №1428 фармон дар бораи таъсиси гурӯҳи корӣ бо мақсади «мавриди санҷиш қарор додани мактуби Р. Қурбонова» ва ба ҷаноби вазир пешниҳод кардани «маълумоти муфассал» қабул кард. Аҷаб вазире! Мактуби муовини Сарвазирро «мавриди санҷиш қарор медиҳад» ва «маълумоти муфассал» талаб мекунад, ки Р. Қурбонова дуруст навиштааст, ё не. Офарин! Ин ҷуръати вазирро табрик бояд гуфт. Бо вуҷуди он ки мактуби мазкур ба таври қонуншиканона манфиатҳои ДТИКТ-ро халалдор кардааст, аммо ДТИКТ ҷуръат надорад иброз дорад, ки «мактуб мавриди санҷиш қарор дода шавад», зеро ба ҳар навъе Р. Қурбонова муовини Сарвазири Ҳукумати ҶТ мебошад ва санади ӯ на барои «мавриди санҷиш қарор додан», балки барои ба роҳбарӣ қабул кардан бояд пазируфта шавад. Вазири маориф давр зери меъёри моддаи 29-и қонун «Дар бораи маориф» худро панаҳ карда, қабул кардан нахостааст, ки ин модда на танҳо ба салоҳияти вазир, бали ба салоҳияти мақомоти идоракунии системаи маориф дахл дорад. Мақомот бошад, танҳо вазир набуда, тамоми машинаи идоракунии Вазорати мориф мебошад, ки ваколатҳо дар байни сохторҳои он тақсим карда шудааст ва як сохтору мансабдор ҳақ надорад ваколати каси дигарро тасарруф намояд.
Ва Зиёев ҳамчун «ҷумлаи пайрави тобеъ» дунболи иҷрои фармони вазир «Протоколи №1»-ро қабул кард. Яъне, дар ҳайати гурӯҳи корӣ мактуби Р. Қурбоноваро «мавриди санҷиш қарор дода», ба вазир «маълумоти муфассал» дод, ки: «Иҷрои мактуби Р. Қурбонова таҳти назорат қарор дода шавад» ва дар охири соли хониши 2009-2010 доир кардани аттестатсияи ДТИКТ-ро фаромӯш карда, гуфт, ки аттестатсияи ДТИКТ дар асоси нақша ташкил карда мешавад. Гӯё нақшаҳои Зиёев таърих надоранд.
Вазири маориф «хандахариш» гаштани фармони №1428-и худро дар саҳифаи воситаҳои ахбори умум хонда, аз афташ «автор»-и онро хуб сарзаниш кард ва фармонро аз нав бо таҳрири нав ин тавр навишт: «Гурӯҳи корӣ барои иҷроиши мактуби Ҳукумати Тоҷикистон ба вазир пешниҳод манзур намояд». Яъне, вазир хатои худро «ислоҳ» кард.
Дар ин раванд, ки даъвои Донишкада дар Суди иқтисодӣ дар истеҳсол қарор дошт, дар асоси меъёрҳои Кодекси мурофиаи судии иқтисодӣ Донишкада дар таърихи 19.08.09, таҳти №518/1 аз Вазорати маориф пешниҳод намудани аризаи шикоятии вазир ва маълумотномаи гурӯҳи корӣ бо фармони №1428 аз 21.07.2009 ташкилкардаи Вазоратро дархост намуд. Вазир 26.08.2009, таҳти №01/1-260 ҷавоб гардонид, ки: «Мукотибаи вазоратҳои ҶТ бо Президенти кишвар бо салоҳдиди Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ ба ҷониби сеюм ирсол карда мешавад». Маълумотномаи гурӯҳи корӣ ба воситаи Хадамот ба Шумо фиристода шудааст.
Инак, вазири маориф бо ин ҷавоби худ чӣ кард? 1. Вай рӯирост иродаи худро аз болои қонунҳо гузошт. Агар не, пас, вазир гӯяд, ки дар кадом санад ин қоидаи «худҳимоя»-и вазир муқаррар шудааст? Донишкада ҳаминро медонад, ки шахси манфиатдор ва намояндагони қонунии вай дар асоси муқаррароти даҳҳо қонун ва санадҳои зериқонунӣ аз дилхоҳ мақомоти ҳокимияти давлатӣ талаб карда гирифтани санадеро, ки бевосита ба ҳуқуқ ва манфиати қонунии онҳо дахл дорад, ҳуқуқ дорад ва иҷро накардани ин талаб дар асоси КҶҶТ ҷиноят мебошад. Ҷавоби масъалаи маълумотнома бошад, ғайр аз «нагла» дурӯғ гуфтан гапи дигаре нест. Дар дасти Донишкада ним саҳифа аз маълумотномаи гурӯҳи кории Вазорат нест.
Дар асоси фармони вазир ба ҳайати гурӯҳи корӣ инҳо шомил шудаанд: Зиёев Х.-роҳбар, Саидов Р.Ҳ., Ҳайдаров А. Ҳ., Гулматов Ф. Г., Сангов Р. С., Қодиров С. М., Ғаюров Ш. К., Ғафуров А. Д.
Ин гурӯҳ дар Протоколи №1-и худ (бе таърих аст) мактуби гурӯҳи кории Ҳукуматиро ба қавли худ баррасӣ намуда, чунин хулоса кардааст: Талаботи банди яки «дастур»-и Ҳукумати ҶТ оид ба муваққатан манъ кардани қабули довталабон дар ДТИКТ ҷонибдорӣ карда шавад ва аз шахсони масъул хоҳиш карда шавад, ки онро таҳти назорат қарор диҳанд. Аттестатсияи Донишкада мувофиқи нақша гузаронида шавад.
Изҳори назар:
Ин гурӯҳи корӣ гӯё аз сари нав пешниҳоди Р. Қурбоноваро омӯхта, таҳлил карда (?) ба ин хулоса омадааст, ки танҳо банди яки он (оид ба муваққатан манъ кардани қабули довталабон) ҷонибдорӣ карда шавад. Дар мавриди бандҳои дигари мактуб (ин ҷо онро Вазорати маориф «дастур» номидааст) нуқтаи назар баён нашудааст. Мантиқро бинед. Гурӯҳи кории Вазорати маориф аз нав мактуби муовини Сарвазирро муҳокима карда, як банди онро ҷонибдорӣ кардаасту мантиқан бандҳои дигари онро сарфи назар кардааст. Чунин бемантиқии амалро дар ҳеҷ гуна санади меъёрӣ ва амалияи ақлонӣ во хӯрдан мумкин нест, ки якчанд корманди вазорат нуқтаи назари Ҳукуматро таҳлил кунад ва баҳо диҳад. Аммо савол. Чаро Вазорат ин корро кард? Чунки вазир ва «команда»-и ӯ дарк карданд, ки мактуби Қурбонова аз нигоҳи талаботи қонунгузорӣ ягон аризиши ҳуқуқӣ надорад, дарк карданд, ки масъалаи ташкили гурӯҳи корӣ барои санҷиши як муассисаи таълимӣ танҳо ба воситаи Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи маориф ба амал бароварда мешавад. Бинобар, вазир гурӯҳи корӣ ташкил кард ва хулосаи мактуби Қурбоноваро ба воситаи ин гурӯҳи кории Хадамот қонунӣ карданӣ шуд. Аммо вазир «хандахариш»-ии корро ошкортар кард. Чаро? Чунки дар асоси кадом санади ҳуқуқӣ гурӯҳи корӣ санҷишро дар асоси қоидаҳои қонунгузорӣ доир накарда, дар асоси мактуб нисбати тақдири як муассисаи таълимӣ ҳукм мекунад?
8. Идомаи худсариҳои Хадамот ва вазири маориф дар қазия.
Чуноне ки ишора намудем, дар ин раванд судяи Суди иқтисодӣ Муҳаммадиева ошкоро ба намояндагони ДТИКТ эълон кард, ки «ӯ маҷбур аст таъиноташро дар бораи боздошти амали фармони вазири маориф бекор кунад, зеро ӯ зери фишори сахт қарор дорад». Ва воқеан Муҳаммадиева ин корро кард.
Сардори Хадамот Зиёев гӯё «кашфиёт»-и азиме карда бошад, дар таърихи 03.08.2009, таҳти №342/06 ба номи ДТИКТ мактуб навишт ва ДТИКТ-ро «огоҳ кард», ки таъиноти нави судро ба кормандон эълон кунад ва онро иҷро кунад. Ин масхарабозиро бинед, ки таъиноти суд оиди бекор кардани таъиноти ибтидоии суд оид ба тадбирҳои таъминотӣ (дар асоси аризаи ДТИКТ ба муқобили фармони вазир) буд. Ҷойи ҳайрат аст, ки Зиёев ҳатто мантиқи оддии ин санади ҳуқуқиро пай набурда, чунин пиндоштааст, ки ин амали суд қонунӣ донистани фармони №1450-и вазир аст. Дар асл ҳанӯз даъвои ДТИКТ дар бораи ғайриқонунӣ донистани фармон дар истеҳсоли суд қарор дошт ва ҳатто то ҳол маҷлиси омодасозии даъво баргузор нашуда буд.
Инак, Хадамот дар асоси эродҳои ДТИКТ ба амалҳои ғайриқонунии Хадамот ва Вазорат дар воситаҳои ахбори умум гӯё дарк кард, ки пешниҳоду фармон, протоколу мактубҳои онҳо хилофи талаботи қонунгузорӣ ҳастанд, боз як бори дигар «кӯшиш кард», ки «ҳуҷум»-и худро аз нигоҳи «тактикӣ ва стратегӣ» ба талаботи қонун мувофиқ кунад. Аз ин нигоҳ, сари саросемагӣ баъди Протоколи №1 фаромӯш кард, ки дунболи рақами 1 рақами 2 аст ва аз нав аз номи комиссияи таъсисдодаи вазир (фармони 1428) Протококли №3 (бе таърих) тартиб дод. Ин дафъа ҳам масъала «баррасии мактуби Р. Қурбонова» шуд. Дар ин протокол акнун гурӯҳи корӣ талош кардааст, ки муҳокимаи масъаларо «қонунан» ба миён гузорад. Ва рақами аввал (аз рӯи матни Протокол) аз номи узви гурӯҳ Ғаюров Ш. К. навиштанд, ки: «Ман таклиф мекунам дар асоси маълумоте ки дар Вазорат ва Хадамот оид ба ДТИКТ мавҷуд аст, оид ба вазъи Донишкада Хадамот маърӯза кунад». Ин таклифро узви дигар Қодиров С. М. дастгирӣ кардааст. Зиёев Х. М.- сардори Хадамот гуфтааст: «Биёед дар асоси маълумоте ки мо дар бораи Донишкада дорем (?) масъалаи аттестатсияи Донишкадаро, ки дар асоси нақша дар моҳи сентябр доир мегардад (?) (Зиёев дар мактуби пешинаи худ навишта буд, ки аттестатсияи Донишкада аз рӯйи нақша дар охири соли хониши 2009-2010 сурат мегирад) дахолт накарда, умуман вазъи Донишкадаро дар асоси «Меъёрҳо…» таҳлил намоем». Бубинед, худ ҷаноби Зиёев иқрор аст, ки ин «муҳокима» аттестатсия нест. Пас, ҳолати ба меъёрҳо мувофиқ будан ва набудани як муассисаи таълимиро дар кадом асос дидаву дониста бар хилофи қарори 54-и Ҳукумати ҶТ ин ҷанобон мавриди муҳокима (ин ҳам бошад на дар асоси санҷиши масъала дар ҷояш, балки дар асоси маълумотҳои аз «кабинети Зиёев ҳосилшуда») қарор додан мумкин аст? Зиёев аз таърихи Дақёнус ва «қиссаи асҳоби қаҳф» дар бораи асри 21 ҳукм мекунад?
Ва ҳамин тавр Зиёев як ҷадвали маълумотро, ки «аз кабинеташ пайдо кардааст» пешниҳод намудааст. Зиёев навиштааст, ки аз кабинети ман аз 25 талаботи «Меъёрҳо…» оид ба 23-тои он маълумот ёфт шудааст. Дар ҷадвал сарчашмаи маълумот ин тавр омадааст: «аз маълумотномаи ҳукуматӣ», «аз ҳисоботи Донишкада». Ва кори ҷаноби Зиёевро бинед. Гуфтааст, мо аз 25 талабот оид ба 23-тои он маълумот дорем, аммо дар ҷадвали дар Протоколи аз номи гурӯҳ навиштаи онҳо ҳамагӣ дар бораи 12 меъёр маълумот ҳасту халос. Ва оид ба ин 12 талабот ҳам ҷавобҳои сохтакорона, дурӯғ, тӯҳматӣ. Ҷаноби Зиёев ва гурӯҳи ӯ аз хотир баровардаанд, ки дар мактуби Р. Қурбонова (ба қавли онҳо маълумотнома) навишта шудааст, ки аз 25 меъёр 7-тои онро гурӯҳ санҷид. Дар ҷадвали 12-маълумотаи Зиёев (ба ҷои 25 маълумот) аз «маълумотнома»-и Ҳукуматӣ 4 маълумот ишора шудааст. Яъне, гурӯҳи корӣ дарк кардааст, ки дар мактуби Р. Қурбонова ҳам на дар бораи 7 меъёр, балки дар бораи 4 меъёр ишора (ин ҳам беасос) рафтаасту халос. Бузургии ҷаноби Зиёев ва гурӯҳи ӯро бубинед, ки дар асоси натиҷаи 12 малумоти беасосу дурӯғин (ба ҷои 25 меъёр) хулосаи ҳуқуқӣ баровардаанд, ки Донишкада «ба талабот ҷавобгӯ нест».
Ва инак ҳақиқати 12 маълумоти «Ҷадвали 12»-и Зиёев ва гурӯҳи кории ӯ». Зиёев ва гурӯҳи ӯ баъд аз Хамурапӣ дуввумин касанд, ки «Ҷадвали 12» навиштанд. Муборак!
1. Миқдори барномаҳои таҳсилотии амалишаванда: талабот 13-15. Дар Донишкада 7 барнома. Ин дуруст аст. Аммо ҷаноби Зиёев бигӯяд, ки бо кадом мақсад Вазорати маориф соли хониши 2007-2008 3 барнома (ихтисос)-и Донишкадаро «нагла» маҳкам кард ва 4 ихтисосро, ки дар давраи ректории Бобоев тасдиқ карда буд, фармони ихтисосҳоро бо дасти Бобоев «дуздида бурд» ва Вазорат он фармонро пинҳон нигоҳ доштааст? Яъне, дар асл имрӯз Донишкада 11 ихтисоси тасдиқшуда дораду 3 ихтисосро Вазорат аз афташ соли гузашта «мақсаднок» маҳкам кард.
2. Миқдори самтҳои тадқиқоти илмӣ. Талабот 3-то. Зиёев медонад, ки самтҳои тадқиқоти илмӣ баъд аз аттестатсия ва аккредитатсия гузаштан муқаррар карда мешавад. Вазорат новобаста ба дархости чандкаратаи Донишкада аттестатсияи онро аз ин сол ба он сол (беасос) мегузаронад. Ин айби кист? Ва умуман, вазири маориф ва Зиёев дар меъёрҳо баъзе талаботеро (аз ҷумла ҳамин) муқаррар кардаанд, ки ягон мантиқ надорад. Донишкада дар асоси қарори №54 танҳо баъди 5 сол аз аттестатсия ва баъд аз он аз аккредитатсия мегузарад. 3 меъёри «Меъёрҳо…» (мисли иҷозати самти тадқиқоти илмӣ, ташкили аспирантура, ташкили Шӯрои ҳимоя) дар асоси қонунҳои маориф танҳо баъди аз аккредитатсия гузаштан иҷозат дода мешавад, яъне дилхоҳ муассисаи таълимӣ ба таври «автоматӣ» то гузаштан аз аккредитатсия (яъне, 5-7 сол) ба ин 3 талабот ҷавобгӯ буда наметавонад. Дар «Меъёрҳо…»-и соли 2003 ин талабот нисбати муассисаҳое буд, ки на камтар аз 10 сол собиқаи фаъолият доранд. Ҷаноби вазири маориф дар «Меъёрҳо…»-и соли 2006-и худ онҳоро барои муассисаи соли аввали таъсис ҳам «талабот» таъин кардааст. Яъне, ба қавли вазири маориф духтарчаи дар таваллудхона таваллудшуда бояд ҳамл дошта бошад.
3. Фоизи устодони унвони илмидошта. Талабот 5 %. Дар маълумоти Зиёев 1.5%. Дар асл кормандони умумӣ 124 нафар, аз он унвондорҳо 37 нафар ё баробари 29.8 фисад. Кормандони доимӣ, ҷамъ 100 нафар, аз ҷумла, унвондорҳо 31 нафар, ё баробари 31 фисад.
4. Шумораи соҳаҳои илм, ки аз рӯйи онҳо аспирантура амал менамояд. Гуфтем, ки аспирантура дар муассиса баъд аз гузаштан аз аккредитатсия иҷозат дода мешавад. Яъне, ин талабот бемантиқ ва бачазоии кӯдаки навтаваллудшудаи таваллудхона аст. Ва вазири маориф бо Зиёев нағз медонанд, ки аз 28 муассисаи таҳсилоти олӣ чандинтои он аспирантура надорад. Аммо чун онҳо «пишаки вазири маориф»-ро «пишт» намегӯянд, «сирри мардон пӯшида» аст. Ёдрас мешавем, ки ин маълумот ин ҷо ва ҷои дигар аз «Маҷмӯаи омории соҳаи маорифи ҶТ» аз саҳ. 155 аст. Душанбе-2009, 186 саҳ.
5. Фоизи устодони то 35-солаи дорои унвони илмӣ. Талабот 8-10 %. Дар маълумоти Зиёев 1.5%. Дар асл, 3 нафар, яъне баробари 8 фисад. Дар сурате ки ин талабот дар бештари муассисаҳои таҳсилоти олӣ таъмин нест. Моҳиятан, ин талабот ҳам ғайримантиқист. Зеро, агар мурод ҳавасмандкунии ҷавонон ба ҷалби илм бошад, талаботи мазкур танҳо «инкишофи илми зоҳирӣ»-ро меафзояду халос.
6. Маблағ барои корҳои илмӣ — тадқиқотӣ барои як омӯзгори штатӣ. Талабот 50 сомонӣ. Дар маълумоти Зиёев 0 (тӯҳмати маҳз). Дар асл ба ҳар омӯзгор дар асоси қарори Шӯрои олимони Донишкада 50 соати дарсӣ, ки арзиши он барои профессор 550 сомонӣ, барои номзадҳои илм 500 сомонӣ, барои муаллимони калон 450 сомонӣ ва барои ассистентон 400 сомониро ташкил медиҳад, ҷудо карда шудааст.
7. Шумораи китобҳои дарсӣ ва дастурҳои таълимӣ ба 100 нафар устод дар 5 соли охир. Талабот 1.2 адад. Дар ҷадвали Зиёев ин талабот «сохтакорона» 4 нишон дода шудааст. Дар маълумоти Зиёев оид ба ДТИКТ иҷрои талабот 0 (тӯҳмати маҳз). Дар асл 3 китоби дарсӣ бо қарори мушовараи Вазорати маориф, шумораи монографияҳо ва дастурҳои чопшуда бештар аз 50 адад…
8. Шумораи соҳаҳои илм, ки барои онҳо Шӯрои ҳимоя мавҷуд аст. Талабот 1-то. Дар маълумот 0. Дуруст аст, аммо ин ҳам ҳамон бачазоии кӯдаки навтавлидшудаи таваллудхона аст. Ва ин талабот низ дар чандин муассисаи таҳсилоти олӣ вуҷуд надорад. Аммо, гуфтем, «сирри мардон пӯшида».
9. Шумораи аспирант ва докторантҳое, ки дар 6 сол ҳимоя кардаанд. Талабот 6%. Дар маълумоти Зиёев 0 (тӯҳмати маҳз). Дар асл 5 ҳимояи номзадӣ, 2 ҳимояи докторӣ, яъне дар маҷмӯъ 8 фисад.
10. Фоизи омӯзгороне, ки аз такмили ихтисос гузаштаанд. Талабот 20%. Дар маълумоти Зиёев 11%. Дар асл 20 %.
11. Миқдори хати ба «Интернет» васлшуда. Талабот на 2-то, ки Зиёев «хоббинона» нишон додааст, балки то 2-то. Дар маълумоти Зиёев 1-то. Дар асл 2-то.
12. Сохторҳои таркибӣ. Талабот умумӣ аст. Дар маълумоти Зиёев 2 факулта (тӯҳмати маҳз). Дар асл 2 факулта, як гимназия, 3 лаборатория, 3 нуқтаи таҷрибавӣ.
Ҷаноби Зиёев ҷиҳати пешниҳоди маълумот ба 13 талаботи дигар ё оҷиз мондааст, ё аз сабаби ба таври назаррас ба талабот ҷавобгӯ будани онҳо «даҳани пӯшидаро ҳазор тилло» донистааст. Аҷиб аст, ки Зиёев дар сар то сари амалиёташ озодона тӯҳмату дурӯғро тавонистааст истифода кунад, чаро ин ҷо аз ин усул истифода накардааст, ҷои ҳайрат аст. Оид ба 13 талаботи «чашмпӯшида»-и ҷаноби Зиёев ва «гурӯҳи корӣ»-и босалоҳияти ӯ: намуди таълим (талабот рӯзона, ғоибона, шабона, воқеият рӯзона ва ғоибона). (Маврид ба тафсир аст, ки ҷаноби вазири маориф қабули ғоибона ва шабонаро манъ ё маҳдуд мекунаду дар меъёрҳояш онро барои «бӯғӣ» кардан боқӣ гузоштааст), фоизи умумии омӯзгорони «штатӣ» (талабот 60 фисад, дар асл 81 фисад), сатҳи сифати таълим (талабот 80 фисад, иҷроиш 83 фисад), миқдори компютерҳои «pentium» (талабот ба 1000 донишҷӯ 30-то, дар асл дар ДТИКТ 118 адад, яъне 118:1870 = 65.5), теъдоди донишҷӯ, талабот 750 нафар, дар асл 1870 нафар, масоҳат дар асоси қарори мушовараи Вазорат дар асоси тағйироти меъёрҳо оид ба масоҳат барои донишкада 6 м. мураббаъ, воқеият дар як баст 4.5, дар ду баст 6.7 м. мураббаъ, миқдори ҷои нишаст дар китобхона (талабот 100 ҷой, дар асл 129 ҷой), таъмини адабиёт (талабот ба адабиёти таълимӣ — тахассусӣ 70 %, дар асл 62 %, адабиёти методӣ ва бадеӣ 30, дар асл 38.5 фисад), вақти компютерӣ (талабот 54 соат, дар асл 85.4 соат). Инак, дар асоси охирин маълумоти аз Донишкада сарзананда на танҳо вай ба 70 фисад, балки ба 90 фисади талабот ҷавобгӯ аст. Ва хонандаи гиромӣ қазоват кунад, ки ин ҳама дурӯғбофиҳо ва тӯҳматҳои ғайриахлоқӣ аз ҷониби шахсони масъуле, ки «ҷилав»-и идораи миллат дар як ҳаҷме ба дасташон аст ва хоса онҳое ки бачаи миллатро чун «муаллимҳои калон» раҳ меомӯзанд, чӣ маънӣ дорад? Агар мурод нотавонбинӣ ба муассисаҳои ғайридавлатист, ҳаминро нотарсида ошкор бояд гуфт. Шумо — ку инро метавонед…
Зиёев баъд аз ҷадвли 12-меъёраи худ (ба ҷои 25 меъёр) навиштааст, ки Донишкада ҳамагӣ ба 52 % талабот (ба ҷои 70 %) ҷавобгӯ аст ва аз аккредитатсияи давлатӣ гузаронида намешавад. Ҳол он ки дар оғози навиштааш гуфта, ки мо ҳоло ба аттестатсияи Донишкада дахл намекунем, зеро он моҳи сентябр доир мешавад. Ин «марди Худо» инак аттестатсия доир накарда, аллакай дар бораи аз аккредитатсия нагузаштан ҳам ҳукм кардааст. Дар идомаи гуфтаҳои Зиёев омадааст, ки Донишкада ба талаботи зидди сӯхтор, санитарӣ ҷавогӯ нест. Дар сурате ки Донишкада ҳам аз Идораи зидди сӯхтор ва ҳам аз Идораи санитариву эпидемиологӣ санади ба талабот ҷавобгӯ буданро дорад. Ин дурӯғи бепарда виҷдони «муаллими назоратчии давлатӣ»-ро азоб намедода бошад? Қироатхонаи Донишкадаро Зиёев дорои ҷои нишасти кам гуфта, дар қисмати Хулоса боз навиштааст, ки «Донишкада қироатхона надорад». Натиҷаи азхудкунии таълимро Зиёев аз ҳаво 57 % гуфтааст, дар сурате ки дар маълумотномаи Сангов чун узви гурӯҳи кории Ҳукуматӣ он 72 фисад баҳо дода шудааст.
Дар ҳамин ҷо банди «тӯҳмат ва дурӯғи шахсии Зиёев» дар Протокол ба охир расидааст.
Дар идомаи тӯҳматҳои Зиёев аз номи узви дигари гурӯҳ Қодиров С. М. сухан рафтааст. Омадааст, ки: Дар мактуби Р. Қурбонова ҳамин гуна камбудиҳо зикр шудааст. Дар асл дар мактуби Р. Қурбонова то ин андоза тӯҳмат нест. Ва аз номи Қодиров ишора шудааст, ки: «Мактуби Р. Қурбонова дар асоси меъёри м. 28-и Қонун «Дар бораи маориф», м. 31-и Қонун «Дар бораи таҳсилоти олӣ…», банди 38-и Дастури Ҳукумати ҶТ санади меъёрӣ мебошад». Шояд ин хулосаҳои «бесаводона»-ро аз номи Қодиров ҷаноби Зиёев гуфта бошад. Ба ҳар навъ, ин гуфтаҳо шарҳталаб ҳастанд.
Шарҳ: Моддаҳои 28 ва 31-и ду қонуни зикррафта воқеан ба салоҳияти Ҳукумати ҶТ дар бораи маориф дахл доранд. Аммо мӯҳтарам Қодиров дар куҷои ин меъёрҳо пайдо кардааст, ки Ҳукумати ҶТ «муассисаҳои таълимиро аз аттетстатсия ё аккредитатсия гузаронида, фаъолияти онҳоро қатъ мекунад, амали иҷозатномаи онҳоро боз медорад»? Агар ҳамин меъёрро Қодиров аз ин ду қонун пайдо мекард, ДТИКТ ҳатман пеши ӯ сари итоат мефаровард. Ё назари Зиёев (аз номи Қодиров) дар хусуси он ки дар асоси банди 31-и дастури Ҳукумати ҶТ гуфтааст, ин чӣ гуна санад аст? Шояд муроди ҷанобон «Регламенти Ҳукумати ҶТ» аст, ки бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 7-уми сентябри соли 2001, таҳти №419 тасдиқ шудааст ва дар он сухан дар бораи тартиби аз тарафи Ҳукумати ҶТ қабул кардани қарор ва фармоиш (постановление и распоряжение), тартиби аз тарафи комиссия тайёр намудани лоиҳаи қарору фармоишҳои Ҳукумат рафтааст. Ва ҷанобони «ходими давлатӣ» мактуби Р. Қурбоноваро бо як ҷасорати махсуси ҳуқуқдонӣ «санади меъёрӣ» ном додаанд. Ҷанобон, ин гуна бесалоҳиятӣ барои Шумо айб аст. Санади меъёрӣ санадеро мегӯянд, ки он муносибатҳои ҳуқуқии ҷамъиятиро ба тартиб медарорад, мисли меъёри ҳар қонун, кодекс, қарори меъёрӣ ва ғайра. Дар баробари санадаҳои меъёрӣ санадҳои дорои хосияти иҷроишӣ мавҷуданд, ки онҳо меъёри якмаротибагии иҷроиш дошта, дигар ҳеҷ муносибати ҷамъиятиро ба тартиб намедароранд.
Иловатан, ба диққати гурӯҳи босалоҳият мерасонем, ки Ҳукумати ҶТ танҳо як санад бо номи дастур дорад, ки номи пурраи он «Дастури коргузорӣ дар Дастгоҳи иҷроияи Президент» ном дорад. Ҳамчунин, дар асоси таъиноти қисми 37-и Регламенти Ҳукумати ҶТ барои дар амал татбиқ намудани санадҳои Ҳукумати ҶТ «комиссияҳои доимӣ» ташкил мешавад, ки онҳо дар асоси Низомномаи комиссия фаъолият мекунанд. Гурӯҳи корӣ дар он ҳолат ташкил мешавад, ки агар ҳангоми омода намудани лоиҳаи ягон санад ихтилофи назар ба вуҷуд омада бошад. Ва қарори чунин гурӯҳҳои корӣ дар шакли «Протоколи маҷлиси комиссия ё гурӯҳи корӣ» тартиб дода шуда, аз тарафи раиси гурӯҳи корӣ ба имзо мерасад. Хайр, …
Ва Ғаюров Ш. К. таклиф кардааст, ки «пас, мо метавонем хулосаи ҳуқуқии гурӯҳи кориро ба вазир пешниҳод намоем». Ва инак Хулоса (мазмунан):
Бинобар сабаби набудани қироатхона (Зиёев гуфт, ки қироатхона ҷои нишасти кам дорад, гурӯҳ дар хулоса гуфт, беҳтараш мегӯем надорад), иштирок накардани донишҷӯён дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ (ин бозёфти тӯҳмати бепардаро дар хулоса бинед. Чун донишҷӯёни Донишкада на танҳо дар озмунҳо ҳар сол фаъолона иштирок кардаанд, балки бо имзои «муборак»-и ҷаноби Раҳмонов «Ифтихорнома» аз 05.05.2007 таҳти №579 барои ишғоли ҷои дуюм дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ, Дипломи иштирокчии фестивали русидонҳои давлатҳои ИДМ ва Балтика дар соли 2009 (4-то), мукофоти Донишгоҳи славяниро дар соли 2008 соҳиб мебошанд.
Ва гурӯҳ ду хулоса кардааст:
1. Фаъолияти Донишкада ба талаботи аккредитатсияи давлатӣ ҷавобгӯ нест. (Гуфтем, ки дар оғоз гуфтанд, ки мо ба масъалаи аттестатсияи Донишкада, ки он моҳи сентябр баргузор мегардад, дахолат намекунем. Инак, гурӯҳ аз қавли худ фаромӯш карда, на танҳо ба масъалаи аттестатсия дахолат кард, балки аз он ҳам гузашта, оид ба аккредитатсия хулоса баровард. Ё ин ҷанобони «гурӯҳи корӣ»-и «босалоҳият» фарқи аттестатсия ва аккредитатсияро дарк намекунанд? Шояд ҳамин хел бошад. Агар онҳо қоида ва тартиби гузаронидани аттестатсия, аккредитатсия ва иҷозатномадиҳиро аз рӯи қонун «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият», «Низомнома дар бораи тартиби гузаронидани аттестатсия, аккредитатсия ва иҷозатномадиҳии муассисаҳои таълимӣ» (қарори Ҳукумати ҶТ аз соли 2003, №54) огоҳ мебуданд, алабатта, шарм карда ин қадар дағалона ҳамаи меъёрҳоро зери по намекарданд. Фақат «бадии кор» дар он аст, ки моддаи 42-и Конститутсияи Тоҷикистон муқаррар карда, ки: «Надонистани қонун ҷавобгариро истино намекунад».
2. Аз Вазорат пурсида шудааст, ки оид ба боздоштани амали иҷозатномаи Донишкада чора дида шавад. Дили кас аз тақдири ДТИКТ дида, ба ҳоли қонунҳои Тоҷикистон месӯзад, ки ин «ходимони давлатӣ» то чӣ андоза аз Конститутсия то кодексу қонунҳоро бо чӣ бепардагие беқадру хору залил месозанд ва боз худро дар чеҳраи «пешвои муаллимон»-и ҷумҳурӣ муаррифӣ мекунанд. Ҳайфи ибораи «қонунҳо муқаддасанд»…
Ва мушовараи Вазорати маориф 20.08.2009, таҳти №12/2 ана ҳамин «тӯҳматнома»-и Хадамотро баррасӣ карда қарор кардааст:
1. Мувофиқи банди 1-и моддаи 14-и Қонун «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» амали иҷозатномаи ДТИКТ ба мӯҳлати 3 моҳ боздошта шавад.
2. ДТИКТ вазифадор карда шавад, ки дар тӯли 3 моҳ камбудиҳоро ислоҳ намояд .
3. Қарорро Зиёев назорат кунад.
Ф. Раҳимов ва Зиёев такрор ба такрор гуфтаанд, ки ректори ДТИКТ дар мушовара ширкат дошт, вале натавонист Донишкадаро дифоъ кунад, зеро ҳамаи эродҳо асоснок ҳастанд. Воқеан, ректор дар мушовара ҳузур дошт, чизе нагуфт, чунки ягона ҷое ки инсон «гунгу лолу карахт» мешавад, пеши нафари «дар чашм нигоҳ карда дурӯғ гуфта метавонистагист». Суханронии онрӯзаи вазир ва Зиёев он қадар бепарда ва дурӯғ буд, ки ректор на танҳо он ҷо, балки тӯли як ҳафта аз сухан гуфтан монд…
Ва вазири «муваффақ» баъд аз қарори мушовара «бо сари баланд» фардои он рӯз, яъне 21.08.2009, таҳти №1761 қарори мушовараро тасдиқ ва назорати иҷрои фармонро ба «муаллими сонӣ» — Ф. Раҳимов вобаст намуд…

С. АКРАМОВ, ректори ДТИКТ

Рубрики:Uncategorized

Аз «кефир»-и хориҷӣ «ҷурғот»-и табиӣ месозанд?

Тибқи хабарҳо, дар Душанбе корхонае мавҷуд аст, ки дар он ҷо аз пахта шиму галстуки босифат истеҳсол гашта, фурӯши он танҳо дар кишварҳои хориҷӣ ба роҳ монда шудааст. Ба он хотир, ки моли босифат дар хориҷа ҳамеша бо нархи баланд ба фурӯш меравад. Ҳамин гуна мисол дар ҳолати баръакс низ мушоҳида мешавад. Молҳои босифат аз кишварҳои хориҷӣ ба Тоҷикистон ворид шуда, бо арзиши баланд дар байни аҳолӣ харидор меёбад. Ба мисли маҳсулоти ширие, ки аз хориҷи кишвар ворид мегардад.

«Фарзияҳо баҳонае беш нестанд»
Дар шаҳри Душанбе ду корхонаи шир фаъолият мекунад, ки яке Комбинати шири Душанбе асту дагари Фабрикаи шири «Саодат». Ҳарчанд ба қавли мутахассисони Комбинати шири Душанбе, маҳсулоти шири ин корхона тозаву табиист ва химикат надорад, аммо «кефир»-у «сметана»-и русӣ ва хомаи эрониву покистонӣ бозорҳои моро фаро гирифтааст ва ба гаронӣ ва химикати он нигоҳ накарда, талаботи мардум ба он зиёд аст. Аз Сиёвуш Қосимов, як сокини пойтахт суол кардем, ки маҳсулоти шири истеҳсоли кадом кишварро истеъмол мекунад. ӯ гуфт: «Аслан хомаву сири эрониро харидорӣ мекунам. Зеро таъми он аз сметанаи тоҷикӣ болаззаттар аст. Хомаро ду рӯз кушода монӣ, маззааш вайрон намешавад, аммо боре сметанаи тоҷикиро субҳ истеъмол кардам ва боқимондаашро дар яхдон гузоштам. Хостам бегоҳ тановул кунам, аммо аллакай вайрон шуда буд».
Дар ҳамин ҳол Назармоҳ Назарбекова, сардори бахши озмоишии ҶСШП Комбинати шири Душанбе дар як сӯҳбаташ гуфтааст, ки маҳсулоти шири хориҷӣ дар таркибашон ҳар гуна химикатҳо доранд. Аз ин сабаб мӯҳлаташон хеле дароз аст. Вай ҳамчунин афзудааст: «Агар дақиқтар назар намоем, тамоми он маҳсулоти ширие, ки аз хориҷи кишвар ба ҷумҳурӣ ворид месозанд, таркибашон олудаи моддаҳои химиявӣ — консентрат ва эмулгатор аст, ки ба саломатии инсон зарар доранд, яъне маҳсулоти табиӣ нестанд. Маҳсулоти истеҳсолнамудаи корхонаи мо аз 6 рӯз зиёд нигоҳ дошта намешавад. Дар таркиби маҳсулоти корхонаи мо ба ҷуз аз моинӣ ва шир дигар чизе нест».
Яъне маҳсулоти ин комбинат зудвайроншаванда аст. Аз ин хотир, ба хориҷи кишвар бароварда намешавад.
Салимов Шамсиддин, савдогаре дар бозори «Саховат» андешаи ин мутахассисро дастгирӣ карда, мегӯяд, ки маҳсулоти шири тоҷикӣ воқеан табиист. Зеро таъмаш бозгӯкунандаи он аст, ки химикат надорад.
Вале дар ҳамин ҳол Мамлакат Сафарова, як шаҳрванди дигар иброз дошт, ки таъму лаззати маҳсулоти ширӣ баёнгари табиӣ будан ё набудани он аст ва аз лиҳози таъм сметанаи тоҷикӣ ба хомаи эронӣ баробар шуда наметавонад. Вай гуфт: «Агар маҳсулоти ширӣ зарар дошта бошад, оё давлати Эрон иҷоза медиҳад, ки мардум аз он истифода баранд? Дар он ҷо низ мисли «Тоҷикстандарт» ниҳоде шояд бошад, ки истеҳсоли маҳсулоти ғайристандартии ба мардум зарароварро манъ кунад… Фарзияҳои «табиӣ нест, химикати зиёд дорад» баҳонае беш нестанд. Шояд нозукиҳои кори чирадастони эрониро пурра наомӯхтаанд ва сирри дервайроншавиро намедонанд. Вагарна мақсади ҳамаи корхонаҳо пул кор кардан аст. Оё дар Комбинати шири Душанбе намехоҳанд, ки маҳсулоташон дар хориҷ аз кишвар харидор дошта бошад? Агар сирри химикат карданро омӯзанд, эшон низ фурӯшро дар манотиқи дурдасти кишвар ба роҳ мемонанд. Зеро имрӯз маҳсулоти шири хориҷӣ дар тамоми минтақаҳои кишвар паҳн шудааст, аммо маҳсулоти ширии мо танҳо дар гирду атрофи шаҳри Душанбе фурӯхта мешавад».

«Нусхабардорӣ»-и русӣ
Аз Агентии «Тоҷикстандарт» ба мо гуфтанд, ки ҳамаи маҳсулоти ширӣ дорои химикат аст, хоҳ истеҳсоли Тоҷикистон бошад, хоҳ Русияву Эрон. — Аммо ин маънои онро надорад, ки ба саломатӣ зараровар аст. Химикате, ки дар таркиби «сметана»-ву «кефир» ҳаст, безарар мебошад. Зеро дар тамоми корхонаҳои дорои маҳсулоти ширӣ лабараторияҳои махсус мавҷуд аст, ки мувофиқи меъёрҳои мавҷуда истеҳсолро ба роҳ мемонанд,- қайд карда шуд дар ин ниҳод.
Ба гуфти Н. Назарбекова, маҳсулоти Комбинати шири Душанбе дар ҳудуди ҷумҳурӣ танҳо дар ноҳияҳои Ҳисор, Рӯдакӣ, Ваҳдат, Шаҳринав, Варзоб ва Турсунзода ба фурӯш гузошта мешаванд. Аммо дар масъалаи нигоҳдории маҳсулот мушкилӣ доштаанд ва баъдан роҳбарияти корхона аз кишвари Белорусия мағозаҳои сайёрро овардаанд, ки дар яхдони чунин мағозаҳо ҳарорат барои нигоҳдории маҳсулот ба танзим дароварда шудааст. Қаблан, дар ҳарорати 28-30 дараҷаи яхдонҳо маҳсулот вайрон мешудааст.
Аз ин бармеояд, ки таҷрибаро аз мутахассисон ва кори корхонаҳои хориҷӣ меомӯзанд. Пас эҳтимолан, истеҳсоли маҳсулот низ дар асоси таҷрибаи мутахассисони хориҷӣ ба роҳ монда шудааст. Зеро ин мутахассис қайд карда, ки барои омӯхтани усули кори комбинатҳои шири давлатҳои хориҷӣ мутахассисони корхона ба шаҳрҳои Маскав, Санкт — Петербург ва Сочи фиристонида шудаанд.
Чунин тарзи коромӯзӣ далели он аст, ки истеҳсоли маҳсулот дар асоси таҷрибаи мутахассисон ва корхонаҳои хориҷӣ ба роҳ монда шудааст. Боз тазаккур додани он, ки маҳсулоти шири хориҷӣ омехтаи химикат аст ва ба саломатии мардум зарар дорад ва дар ҳамин ҳол нишон додани бартарии маҳсулоти шири тоҷикӣ бо табиӣ ва бехимикат буданаш оё ягон воқеият дорад?

Эҳтиёҷ ба таҷҳизоти замонавӣ
Ба андешаи Абдураҳим, як ронанда, ки чанд сол дар кишвари Русия умр ба сар бурдааст, маҳсулоти шири тоҷикӣ нусхабардорӣ аз маҳсулоти русист. Зеро он қуттӣ ва каробкаҳое, ки дар ин ҷо «кефир» ва «сметана» мегиранд, айнан аз сохти русӣ гирифта шудааст. Аммо баъзе нозукиҳои корро ҳанӯз наомӯхтаанд. Аз ин сабаб, маҳсулоташон ба мӯҳлати дароз нигоҳдорӣ намешавад. — Таҷҳизоти корхонаҳои Русия аз лиҳози замонавӣ ва нав буданашон нисбатан дар сатҳи баланд қарор доранд,- мегӯяд ӯ.
Назармоҳ Назарбекова мегӯяд, ки моҳи феврали соли 2009 аз Маҷористон барои истеҳсоли «Био — кефир» технологияи нав оварда, насб карда шудааст. Аммо дар мавриди дигар зикр мекунад, ки дар оянда нақшаи ворид намудани дастгоҳу таҷҳизоти замонавиро доранд. Ин далел бар он аст, ки ҳанӯз ба технологияи замонавӣ эҳтиёҷ ҳаст.

«Аз роҳбарият касе нест»
Барои маълумоти муфассал пайдо кардан оид ба сифати маҳсулот, вазъи таҷҳизот, асоснок кардани бартариву камбудии маҳсулоти Комбинати шири Душанбе нисбат ба истеҳсоли маҳсулоти хориҷӣ, вуҷуд доштани мутахассисони хориҷӣ, зудвайроншавии маҳсулот ва дигар саволҳо хостем бо роҳбарият ё ягон мутахассиси ин корхона сӯҳбат кунем. Дар давоми ду ҳафта панҷ маротиба бевосита ба комбинат рафтем, якчанд маротиба занг задем, вале ҳар дафъа чунин посух медоданд: «Аз роҳбарият касе нест, раис дар истироҳат, ҷонишин куҷои дигар рафтагӣ, бе иҷозаи роҳбарият мутахассисон сӯҳбат намекунанд».

Исфандиёр ХАЛИЛОВ, БМСТЖ

Рубрики:Uncategorized

Суди олии ҶТ Суди вилояти Суғдро суд мекунад?

Бо аризаи даъвогӣ Насим Шукуров, сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов дар ҷавобгарии Суди вилояти Суғд барои барқарор намудани ҳуқуқ ба шикояти хусусӣ ва ӯҳдадор намудан ба баррасии он ба Суди олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намудааст.

Дар аризаи даъвогӣ қайд карда мешавад, ки санаи 12-уми июни соли 2009 судяи Суди ноҳияи Ҷаббор Расулов А. Амонов бо таъиноти худ нисбат ба Н. Шукуров парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 135, қисми 3 (тӯҳмат) КҶ ҶТ оғоз карда, нусхаи таъинотро Н. Шукуров пас аз 43 рӯз мегирад. ӯ ба таъинот розӣ нашуда, барои онро ҳаматарафа баррасӣ намудан ба коллегияи судӣ оид ба баррасии парвандаҳои ҷиноятии вилояти Суғд шикояти хусусӣ меорад. Санаи 18-уми августи соли 2009 бо мактуби муовини раиси Суди вилояти Суғд посух мегирад, ки шикояти хусусиашро барои баррасӣ намудан ба ШКД-и ноҳияи Ҷаббор Расулов фиристодаанд.
Дар аризаи даъвогиаш Н. Шукуров бо такя ба талаботи қонун нишон додааст, ки ҳуқуқҳои мурофиавиаш поймол карда шудааст. Қайд карда мешавад, ки ШКД-и ноҳияи Ҷаббор Расулов ҳуқуқи баррасии ин шикоятро надошт ва мувофиқи нишондоди моддаи 330 КМҶ ҶТ салоҳияти баррасии шикояти хусусӣ аз болои таъиноти суди ноҳия ва шаҳр, инчунин қарорҳои судя ба суди вилоятӣ вогузор карда шудааст. Ғайр аз он, аз рӯи нишондоди моддаи 337-и ҳамин кодекс, суди зинаи касатсионӣ вазифадор буд, ки дар муддати 10 шабонарӯз аризаи дохилшударо мавриди баррасӣ қарор диҳад. Аммо суди зинаи касатсионӣ аз баррасии ариза саркашӣ кардааст.
Даъвогар аз Суди олии ҶТ хоҳиш намудааст, ки ҳуқуқашро барои овардани шикояти хусусӣ аз болои таъиноти судӣ барқарор намуда, Суди вилояти Суғд ӯҳдадор карда шавад, ки шикояти хусусиро ба тариқи касатсионӣ мавриди баррасӣ қарор диҳад.
Айни замон баррасии парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба Н. Шукуров бо аломатҳои моддаи 135, қ. 3 КҶ ҶТ дар Суди ноҳияи Ҷаббор Расулов дар ҳайати раисикунандаи мурофиаи судӣ Х. Сангинов идома дорад.

Фарангиси МУЗАФФАР, БМСТЖ

Рубрики:Uncategorized

Муҳаммадсолеҳи Пурдил: «Ман кӯлобиям»

— Мӯҳтарам ва донишманди гиромӣ Муҳаммадсолеҳи Пурдил, худро барои хонандаи тоҷик муаррифӣ менамудед, ҳарчанд ки дар байни мусалмонони кишвари Тоҷикистон маҳбубияти зиёде доред!

DSC01485

— Бисмиллоҳир раҳмонир раҳим.Сипосу ситоиш мар Аллоҳро, ки зоти муқаддасаш масдари бирру наъим ва сифоти мукаррами ӯ мазҳари лутфу карам аст. Ва дуруду салом ва саловоти бепоён ба турбати сайид – ул — мурсалин ва Расули раҳмат — улил — оламин — Муҳаммад (с).

Сазовор аст, ки барои хонандаи мусалмони тоҷик мухтасаран хешро ошно бикунам. Номи ман Муҳаммадсолеҳ ва номи падарам Аҳмади Пурдил мебошад. Соли 1342 шамсӣ ва мутобиқ ба соли 1963 мелодӣ бо лутфи Худованд чашм бар олами ҳастӣ кушодам. Зодгоҳи ман қисми ҷанубии кишвари Эрони бузург дар Бандарабод мебошад. Падарам -Аҳмади пурдил алоқаманди олимон ва донишмандон буд. Модарам зани боиффат, покдоман ва муслимаи хирадманде буд. Аввалин устодони ман модари меҳрубон ва падари азизам буданд.

Падарам бо яке аз донишмандони маъруф — Муҳаммад Зиёӣ хеле дӯст буд. Шайх Зиёӣ  марди фақеҳ ва хушбаён буд. Бо роҳбаладии падар назди ин донишманд сари зону нишастам барои дарёфти илм ва маорифи Қуръонӣ.

Дабиристони мутавваситаро дар зодгоҳу кишвари худ дар хурдсолӣ ба поён расонидам. Бо тавсияи падарам шайх Зиёӣ маро барои таҳсил ба Донишгоҳи исломии Мадинаи мунаввара ирсол намуд. Муддати 11 сол андарин Донишгоҳ таҳсил намудам. Баъди хатми ин донишгоҳ як соли дигар дар донишгоҳи исломии Исломобод касби дониш намудам ва баъдан ба зодгоҳам баргаштам.

Ҳолиё соҳиби зан ва фарзандонам. Падару модари меҳрубонам аз дунё гузаштанд. Дасти навозиши падару модар дигар бар сари ман нест, магар лутфу раҳмати Худованд. Эшонро ба дуо пайваста ёд мекунам, ки боиси камолоти маънавӣ ва худошиносии ман гаштаанд. Худо устодам Зиёӣро биомурзад, ки аз он хушгӯӣ ва хубгӯиро омӯхтаам.

— Пас баҳри чист, ки бештари муштоқон ва муштариён Шуморо бо номи Пурдил ёд мекунанд? Ва «Пурдил» чӣ маъние дорад?

— Пурдил шахси шуҷоъу нотарс ва далеру ҷасурро гӯянд. Шайхи Аҳмад — падари ман марди далеру шуҷоъатманд буд. Аз ҳамин ҷиҳат ӯро Пурдил гуфтанд дар замонаш ёру дӯстонаш, яъне Аҳмади пурдил. Пурдил лақаби падари ман аст, ки маро бо он ном мехонанд. Номи ман бошад ҳамоно Муҳаммадсолеҳ мебошад. Ва аз ин ном ҳам шукргузорӣ мекунам, ки сазовори он бошам.

— Баъди хатми мадорис ва феълан ба чӣ амал пайвастед?

— Бади хатми мадориси исломӣ ба ҳавзаи илмии аҳли суннат ва ҷамоати Бандарабод омадам. Ва дар ин ҷо фаъолияти кориамро оғоз намудам. Дар муддати кӯтоҳ ва заҳматҳои зиёд анҷумани хайрияи «Хотамуннабавия»-ро созмон додам барои фаъолиятҳои фарҳангӣ ва хадамоти иҷтимоӣ. Ҳолиё ин анҷуман хеле хуб фаъолият дорад. Ва воизӣ як қисми фаъолият ва вазифаи мусалмонии ман мебошад.

-То ҷое ки дарёфтем, Шумо парваришёфтаи мактаби илоҳӣ буда, барои пешрафти уммати исломӣ саъю талоши зиёде доред. Пас чаро дар ин ҷода шеваи даъват, яъне воизиро пеша намудаед?

— Бале, ман парваришёфтаи мактаби инсонӣ ва исломӣ мебошам. Ва низ бисёр ризо ва муташшаккир аз Худовандам, ки ин неъматро бар ман арзонӣ доштааст. Ва барои он шеваи хушгӯиро касб намудам, ки устоди бузургворам — Муҳаммад Зиёӣ хеле хушгӯй буд ва ботақво. Аз хурдӣ орзуйи хушгӯиро дар дил доштам, ки бад — ин васила бар уммати исломӣ хизмати шоистаеро анҷом бидиҳам ва бошад, ки мавриди бахшиш ва лутфу карами Худованд қарор бигирам. Ва ҷавонони мутаддайинро аз соҳили бехабарӣ ва парешонӣ дар канор гирам ва ба соҳили мурод — худшиносӣ ва Худошиносӣ бирасонам, ки бас умри инсон кам ва нокофист.

Ҷаноби Муҳаммадсолеҳ, аз назари Шумо воиз кӣ шуда метавонад?

— Ҳар киро Худованд лоиқ бидонад воиз мешавад. Аз ҷониби дигар, бар воиз шарт аст, ки шахси донишманд, ботақво, боиффат буда ва орӣ аз хурофот, ҷаҳл, нодонӣ ва ҳарзагӯйӣ бошад. Баёни саҳеҳ, ҳадафманд ва бомантиқро кӯшиш намояд, ки дарёбад. Дар баён ва шарҳи ҳар калима ва ё вожае хуб андеша намояд. Камгӯй ва хубгӯй бошад. Воизро сазовор ва шарт аст, ки илми таҷвид, фиқҳ, шарҳ, сарфу наҳв, илми ҳадис ва шарҳу баёни қуръонро хуб ошно бошад. Бе устод ва раҳбалад шеваи иҷтиҳодӣ накунад. Вобаста ба дарки мардум ва атрофини худ амри маъруф ва наҳй аз мункар намояд. Дарк ва маърифати худро, ки комил ва пурратар аст, ба таври иҷборӣ ба камзарфон ва бехабарон сарборӣ накунад, ки боиси гурези онҳо аз дини ислом мешавад. Ҳар зарф андозаи ғунҷоиши худро доро мебошад. Дар мавъиза аз каломи дурушт истифода набарад, зеро каломи Илоҳӣ ва аҳодиси Расули раҳмат (с) орӣ аз дуруштгӯӣ ва сахтбаёнӣ аст. Воиз, ки пайваста аз номи Худо ва Расулаллоҳ (с) ҳарф мезанад, бояд покдоман, парҳезгор ва дар хилвату зоҳир яксон бо Худо бошад. Худое накунад, ки каломи пок ва мусафои раббонӣ ва аҳодиси набавиро барои афкори ғайруллоҳ ва манфиати гурӯҳу аҳзоби сиёсие равона намояд, зеро каломи илоҳӣ барои наҷоти башарият мебошад дар ду сарой. Воизро зебанда нест, ки яксароӣ намояд, яъне барои ба даст овардани манофеъи дунё саъю талош биварзад ва охиротро аз даст бидиҳад.

Иҷтимоиёт ва иқтисодиёт асоси рушду такомули ҷомеаи инсонӣ мебошад. Пас бар воиз зарур аст, ки дар баробари худшиносӣ ва худошиносӣ мусалмононро барои омӯзиши илмҳои дақиқ даъват намояд. Сарчашмаи ҳамаи илмҳои дақиқ Қуръон аст. Аз ғофилии муслимин истифода бурда, мункирини Худо ва бохабарони ғайруллоҳ дастовардҳои илмиро аз қудрати Худовандӣ ҷудо нишон доданд.

Воизе, ки дар гуфтору кирдораш тазодҳост, дер ё зуд мақом ва мартабаи хешро дар ҷомеа аз даст медиҳад. Ҳамчуноне, ки хоҷаи бузургвор Ҳофизи Шерозӣ (р) даст ба дуъо бардошта мегӯяд:

Воизон, к — ин ҷилва дармеҳробу минбар мекунанд,

Чун ба хилват мераванд,худ кори дигар мекунанд.

Мушкиле дорам, зидонишманди маҷлис боз пурс,

Тавбафармоён чаро худтавба камтар мекунанд.

Ин ғазал саропо дуо ва муноҷот ба даргоҳи Илоҳӣ мебошад, ки баъзе воизони ҷилвафурӯш ва ҷоҳу мақомхоҳ дар талаби шавкату шӯҳрат ва ифтихори ному насабанд. Фароиз ва авомири илоҳиро пушти сар ниҳода, ҷавфурӯшанду гандумнамоӣ мекунанд.

Воиз он аст, ки бар фароиз ва суннатуннабӣ худ пайваста қоим бошад ва дигаронро бад — он ташвиқ намояд, ҳарчанд ки  ин шева ва амал мушкил асту камаршикан.

— Дар ҳақиқат дарёфтем, ки воиз чӣ нафаре бошад, пас бигӯед, ки Шумо ҷузъи кадом равия ва ё фирқаҳои ҷадиди исломӣ мебошед?

— Алҳамдулиллоҳ! Ман мусалмонам. Вобаста ба ҳеҷ гурӯҳ ва фирқаи ҷадиди фитнаандоз ва иртиҷоӣ нестам, балки ҷузъе аз узви тамаддуни инсонӣ ва исломӣ ҳастам. Шофеъимазҳаб мебошам аз аҳли суннат ва ҷамоат. Мисли имом ва пешвои мазҳабамон — имом Шофеъӣ (рҳ) дӯстдори кулли мусалмонҳо, бахусус ҳанафимазҳабон мебошам. Мутааллиқ ба ҳама ҳастам. Пайваста дуо мекунам, ки пунбаи ғафлат ва пардаи ҷаҳолатро мусалмонон аз худ дур бияндозанд. Наҷоти муслимин дар шинохти Қуръон ва амал намудан ба суннатуннабӣ мебошад. Эҷоди гурӯҳ ва фирқаҳои ҷудоиандоз кори мусалмон нест, балки маърифати Худованд ва амал намудан ба фармудаи Расули раҳмат (с) омили пирӯзӣ ва хушбахтии муслимин аст. Мазҳаби худро дӯст медорам, аз муқаррароти Қуръон ва суннат берун намеравам. Барои ман ҳамаи мусалмонон азиз ва қиматанд. Хушо ба ҳоли он мусалмоне, ки аз мазҳабу дини худ дифоъ мекунад. Аз муқаррарот ва ҳудуди Худовандӣ набояд таҷовуз кард. Созандагӣ шеваи мусалмон аст, на сӯзандагӣ.

— Уммати исломиро чи гуна дарёфтед?

— Худованд уммати исломиро бо се васф тавсиф кардааст:

1)      Ин уммат уммати хайр аст.

2)      Ин уммат уммати васат, яъне миёна ва эътидол аст. Қавли Худованд мебошад: «Ва мо шуморо уммати васат қарор додем».

3)      Ин уммат уммати воҳид аст (ҳанафӣ, шофеъӣ, моликӣ ва ҳанбалӣ). Қавли Худованд аст: «Ин уммат уммати воҳид аст. Пас маро бипарастед».

Пас лозим аст, ки мо мусалмонон хайр ва мӯътадил бошем ва тундгароӣ ва тундхӯйӣ барои муслимин бегона аст.

— Лутфан бигӯед, ки шикаст ва нокомии уммати исломӣ дар чӣ нуҳуфтааст?

— Фосила гирифтан аз Қуръон ва суннат ва дурӣ ҷустан аз илмҳои воқеӣ. Олимон ва мутафаккирони ғарб мегӯянд: «Мусалмонон намехонанд, агар хонанд, намедонанд, агар фаҳманд, амал намекунанд». Пас охири уммат ислоҳ намешавад магар ба он чизе, ки аввали уммат ислоҳ шуд, яъне Қуръон ва суннатуннабӣ. Танҳо василаи наҷоти уммати исломӣ илм аст. Илм ва амал василаи расидан ба Худо мебошад. Ҳикмат гумшудаи мӯъмин аст. Пас дар ҷустҷӯйи гумшудаи худ, яъне илму дониш ва маърифати Худованд  бошед. Ононе, ки суд мехӯранд, яъне рибо дар назди Худованд ҳисоботи сахтеро интизор бошанд. Дар талаби илму дониш саъю талош биварзед. Фосила гирифтан аз Қуръон ва суннатуннабиро бо як лафз се талоқ бидиҳед.

— Муҳаммадсолеҳи Пурдил! Тоҷикистонро чӣ гуна дарёфтед?

— Кишвар, миллат ва давлатро осуда ва зебо дарёфтам. Миллат, кишвар ва давлате, ки зебост, аз лутфу раҳмати Худованд бархӯрдор аст. Пас ҷонҳои худро баҳри ин миллату кишвар ва давлат фидо кунед. Истиқлолияти динӣ барпост. Пас аз дину мазҳаби худ дар чаҳорчӯбаи қавонин дифоъ намоед. Истиқлолияти иқтисодии кишварро тавоно ва пурзӯр намоед, то вобастагиҳои иқтисодии кишвар аз дигарон мунқатеъ гардад. Истиқлолияти динӣ он гоҳ пурқувват мегардад, ки истиқлолияти иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ҳамқадами он бошад. Тоҷикистонро Мадинаи мунаварра дарёфтам. Шаҳрвандони ин кишвар муҳиби Худо ва Расули раҳмат (с) мебошанд. Суннатҳои Расули раҳмат (с) дар ин кишвар бисёранд. Кишвари суннатҳост. Омилҳои пайдоиш ва заминаҳои рушди  гурӯҳҳои хавориҷро дуруст омӯхтан яке аз масоили асосӣ аст.

Ман дар ду ҳолат дар зиндагии худ гиря намудам, аввалан, вақте ки муддати 11 сол дар Мадина таҳсил намудам ва баъди хатми донишгоҳ дӯстон гуфтанд: Бо равзаи мубораки Расулаллоҳ (с) худоҳофизӣ бикун, ки акнун фардо ба Эрон меравӣ. Сари турбати поки Расулаллоҳ (с) аз сӯзи дил гиря кардам. Гиряи ман гиряи фироқ ва ҷудоӣ аз манзили Расули раҳмат (с) буд, ки шояд дигар умр бар ман вафо накунад ба зиёрати Расулаллоҳ (с) мушарраф гардам. Дар ҳоли ҳозир низ гиря мекунам, ки аз кишвари Расулаллоҳ (с) — Тоҷикистон ҷудо мешавам. Тоҷикистон барои он кишвари Расулаллоҳ (с) аст, ки ҳама донишмандону мусалмонони оддӣ пойбанди суннат ва дӯстдори Худованданд. Агар умр вафо кунад, боз ба ин кишвари Расулаллоҳ (с) — Тоҷикистон меоям. Гиряи ман ҷудоӣ аз дӯстони тоҷик ва мусалмонони Тоҷикистон аст.

— Симпозиюми Байналмилали бузургдошти 1310-солагии Имоми Аъзам (рҳ)-ро чи гуна арзёбӣ мекунед ва чӣ ковиш ва аҳамияти илмро фарогир буд?

— Аввалан аз ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон миннатпазирам, ки қобили таваҷҷӯҳ шуд, ки мо низ дар ин симпозиюм ширкат варзидем ва аз Худованд пайваста дуо мекунам, ки давлату кишвари ин шахсияти таърихӣ побарҷо ва сабзу хуррам бошад. Ин ҷашнвора ва номи Эмомалӣ Раҳмон дар саҳифаи торихи муслимин бо оби тилло навишта хоҳад шуд. Ва Худованд бар Эмомалӣ Раҳмон — президенти кишвар ҷазои хайр насибу рӯзӣ донад. Яке аз чеҳраҳои бузург ва фарзанди содиқи ин кишвар ва миллати исломӣ мебошад. Дигар Эмомалӣ Раҳмон барои кулли уммати исломӣ азизу арҷманд аст. Арабу аҷам ва шофеъию моликӣ ва ҳанбалию бародарони шиа ӯро дӯст медоранд. Худованд аз газанди рӯзгор кишвари Тоҷикистон ва райиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмонро ҳифозат намояд. Суханронии ҷаноби призиденти кишвар дар сипозиюми мазкур такони бузурги илмӣ башумор меравад, ки барои дигар раҳбарони давлатҳо дарси ибрат ва омӯзиш аст.

Тавассути сайтҳои интернетӣ ва зангҳои мухталифи мобилӣ ба мо хабар медоданд, ки райиси ҷумҳури Тоҷикистон аз мухолифони дин аст ва муфтии Тоҷикистон — шайх Амонуллоҳ комуннист мебошад ва манфиатҳои комуннистонро дифоъ мекунад. Чун дар ҳақиқат дарёфтем, ки воқеият хилофи навиштаҳои сайтҳои интернетӣ ва гуфтаҳои телефонӣ аст. Эмомалӣ Раҳмон ва муфтии ин кишвар як шахсияти мусалмон  аз аҳли тариқат мебошанд. Мо ҳар куҷое бошем, аз манофеъи кишвари Тоҷикистон ва президенти он дифоъ хоҳем кард.

Симпозиюми бузургдошти 1310-солагии Абӯҳанифа (р) таҳаввулоти тозаи илмие дар ҷаҳонбинии динӣ ва мазҳабӣ эҷод намуд. Ковишҳои илмӣ бештар дида мешуд. Аз сабаби тангӣ ва кӯтоҳии вақт на ҳама донишмандон фикри худро иброз медоштанд. Аҳамияти ин симпозиюми байналмилалӣ барои бедорӣ ва ҳушёрии уммати исломӣ, аз ҷумла соҳибони мазҳаб хеле ва хеле арзишманд ва қиммат аст. Бо баракати Раёсати ҷумҳур аз файзу ҷалоли ин симпозиюм мо низ бархӯрдор гаштем. Ин ҷаласаи хайр аввали ковишҳои илмӣ мебошад. Пас барои шинохти Имоми Аъзам (р) ба ду асл: Қуръон ва суннатуннабӣ муроҷиат намуд. Ҳар кӣ Абӯҳанифаро дӯст медорад, пас зарур аст, ки Худо ва Расулаллоҳ (с)-ро дӯст бидорад. Таҳаммулпазиру мусалмони воқеӣ ва пойбанди аҳкоми исломӣ бошад. Олимон ва хирадмандони худро иззат ва икром намоед. Аз мазҳаб ва арзишҳои илмӣ ва мазҳабии худ дифоъ ва ҳимоят намоед. Арзишҳои миллии тоҷикиро арзишҳои исломӣ дарёфтам. Симпозиюми бузургдошти Имом Аъзам (р) пулеро омода сохт барои шинохти ин миллати кӯҳанбунёди тоҷик барои мо мусалмонони кулли дунё. Дарёфтам, ки маънои вожаи тоҷик мусалмон аст. Тоҷиконро зарур аст, ки аз дигарон бештар Абӯҳанифа (р)-ро бишносанд. Аз тақлиди кӯр — кӯронаи аҳли хавориҷ ва ақидаи харобиовари эшон қотеъона даст бояд кашид.

Ҷаноби Муҳаммадсолеҳ! Аз таъомҳои тоҷикӣ кадом навъашро хуб пазируфтед?

— Ҳайати кории аҳли суннат ва ҷамоати кишвари Эрон дар дафтари кории Муфтӣ ва райиси Шӯрои уламои Тоҷикистон бо шайх Амонуллоҳи Неъматзода, субҳидам баъди намози бомдод бо гурӯҳе аз донишмандони исломӣ вохӯрӣ намуда, оиди симпозиюми бузургдошти Имоми Аъзам (р) ва густариши бештари муносибатҳои фарҳанги динӣ ва мазҳабӣ  сӯҳбат орстем. Дар ҳамин маҳфили хайр баъди хатм шуданаш моро шайх Амонуллоҳи Неъматзода ба сари суфра ва дастурхони тоҷикӣ даъват намуд. Аввалан дастҳоямонро шӯста ва атрофи дастурхон як ҷо нишастем, ки мизбонон дар ду табақи бузурги чӯбин ғазо оварданд, ки онро қурутоб гуфтанд. Ростӣ чунин табақҳои бузурги чӯбинро бори аввал дидам ва ғазои болаззатро бо номи қурутоб бори нахуст тановул намудам. Қурутоби тоҷикӣ ғазои серғизо ва болаззату гуворо буд. Нафарони зиёде атрофи ин ду табақи пур аз қурутоб нишастанд ва ғазо хӯрданд. Таъомхӯрии Расулаллоҳ (с) дар хонаи Абдуллоҳи Ансорӣ (р) ба ёдам омад. Дарёфтам ва дидам, ки ин суннати Расулаллоҳ (с) дар Тоҷикистон барпо ва зинда аст. Хомшӯрбо ва қурутоби тоҷикӣ ғизои дӯстдоштаи ман аст.

— Аз либосҳои тоҷикии мардона чиро ба худ хуб пазируфтед?

— Пеш аз он ки аз либоси мардон ҳарф бизанам, беҳтар он аст, ки аз либоси занонаи тоҷикӣ чизе бигӯям. Либосҳои миллии тоҷикӣ, ки аксари занон ва модарону хоҳарони мусалмон мепӯшанд, зебо ва форам аст. Дар хиёбонҳои шаҳр духтарони ҷавонеро рӯ ба рӯ шудем, ки либосҳои шаффоф ва хеле танг ба тан доштанд, ки ин як навъи либоси мӯд ва ҷадид аст, ки пӯшиши онҳо хилофи одоб ва талаботи шариат мебошад. Аз хоҳарони зебои мусалмони тоҷик таманнои онро дорам, ки дӯхти либосҳои шаръиро тангу ношоям омода насозанд. Либосҳои миллӣ ҷавобгӯйи пӯшиши талаботи шаръӣ мебошад, пас аз он истифода кунед. Иффат ва зебогии худро хоҳарони азиз аз чашми номаҳрам мастур бидоред.

Аз либосҳои мардонаи тоҷикӣ ҷома ва кӯлоҳи кулобӣ бароям хуш омад. Хонаи ҷавонмарди тоҷике меҳмон шудем, ки Давлат писари Достӣ аз зодагони Ховалинг буд. Бо ҳамроҳии ман пешвои аҳли суннат ва ҷамоати минтақаи Балуҷистони Эрон, шайхулислом, мавлоно Абдулҳамид, мавлоно Абдулғанӣ, мавлави Усмон аз аҳли тариқати нақшбандия ва чанд тан аз дигар ҳамсафаронам буданд. Дар ин ҷо бо яке аз рӯҳониёни донишманд — мулло Ҳайдари кулобӣ низ ҳамсӯҳбат гаштем. Баъди меҳмондорӣ ва ғизохӯрӣ ба мо ҷома пӯшонданд ва бар сари мо кӯлоҳи кӯлобӣ гузоштанд. Ҳамин тоқии кӯлобӣ ва ҷомаи тоҷикӣ ба мо хеле хуш омад. Вақте ки ба меҳмонхона баргаштам, дар сар тоқии кӯлобӣ доштам. Дӯстонам гуфтанд: Оё, ту кӯлобӣ ҳастӣ? Гуфтам: Бале. Ман кӯлобиям, яъне мусалмонам.

Ҷаноби Муҳаммадсолеҳи Аҳмади Пурдил, ҷавоне аз миллати рус мусалмон шудааст ва номи ӯ Искандар мебошад. Дар дӯкони китоб кор мекунад ва ҳофизи Қуръон мебошад ва аз мухлисони ҷиддии хушгуфтории Шумост. Дар ин боб чӣ гуфтание доред?

— Албатта, ҷавонон маро бад — он хотир эҳтиром мегузоранд, ки масоилҳои шаръӣ ва фиқҳиро хеле содда ва пурмӯҳтаво баён мекунам. Дар фанни адабиётштносӣ инро санъати саҳли мумтанеъ гӯянд, ки баёни он хеле сангин аст. Чунин нерӯйи гуфтори илмӣ дар сиришти миллати мусалмони тоҷик бисёр нуҳуфтааст. Аз ин нерӯйи худӣ истифода намоед, то шавкату шукӯҳи ҳавзаҳои илмии Бухорову Самарқанди собиқ насиби шумо гардад. Намояндагони миллати тоҷик, бахусус аҳли тариқат исломро дар Покистону Ҳиндустон интишор намуданд. Устодони мадориси Девбанд, ки ҳама суннии ҳанафӣ мебошанд, шогирдони донишмандони Бухорои шариф ва Самарқанд мебошанд.

Тавассути забони шакарбори тоҷикӣ ва таълимоти Абӯҳанифа (р) дар Ҳиндустон ислом интишор ёфт. Ин масоил ниёзи бештаре ба ковишҳои илмӣ дорад.

Ба ҷавонон мегӯям:

Навҷавонеро чу бинам беадаб,

Рӯзи ман торик мегардадчу шаб.

Ба Искандар, ки аз миллати рус асту мусалмон, дуои хайр мекунам ва бикӯшад, ки дигар ҳамзабонҳои худро ба дини ислом фаро хонад, зеро наҷоти башарият рӯ овардан ба Қуръон ва суннат аст. Ҳамаи халқиятҳоро Худованд офаридааст. Дини ислом хос ва марбут ба миллат ва минтақае нест.

— Оё дар тӯли ин сафар бо донишмандони тоҷик шиносоӣ ва риштаи дӯстӣ пайдо намудед?

— Бале. Бисёр. Ҷавонон ва донишмандони рӯҳониро вохӯрдам ва дӯстони зиёде низ пайдо намудам. Аммо вохӯрии ман бо донишманди хеле бофарҳанг ва мусалмон, ҷаноби Ҷумъахони Темирзода хеле фараҳманд ва пуртаъсиру фаромӯшнашаванда аст. Ҷумъахони Темирзода воқеан як ҷавони огоҳу воқифе аст. Шеърро хуб медонад ва дар сатҳи баланд ҳифз намудааст. Офарин ба чунин ҷавонони ватандӯсту худогоҳи мусалмони тоҷик. Ҷумъахонро барои таълиму тадрис аз барои шогирдон ба марказҳои бузурги исломӣ даъват намудам. Бошад, ки даъвати моро бипазирад. ӯ устоди бузург аст.

— Худованд бар Шумо ва дар симои Шумо ҷаноби Муҳаммадсолеҳ, бар уммати исломӣ хайр ва баракат насибу рӯзӣ фармояд. Оё дар рафти симпозиюм камбуд ва норасоиеро эҳсос намудед?

— Симпозиюм дар сатҳи баланди ковишҳои илмӣ сипарӣ гашт, аммо камбуд ва норасоӣ дар он дида мешуд, ки тарҷумонҳо шарҳи баъзе матнҳоро аз забони арабӣ ба форсӣ нодуруст ва пурхато баён мекарданд ва дуввумин, дар садри конфронси илмӣ ягон намояндаи донишманди рӯҳонии тоҷик фикрронӣ накард. Аз захираҳои илмии дохилии кишвар хуб истифода мешуд, ба манфиати кор буд. Рӯҳониёни кишвар масъулити фарҳангӣ ва илмиро хубтар дарк мекарданд. Фикрронии намояндаи тоҷикистонӣ дар рӯзи охири конфронс баён ва тобиши фалсафӣ дошт.

— Барои мардуми тоҷик чӣ таманно ва дархосте доред?

— Орзуи деринаи ман дидор аз ин кишвари зебо ва мусалмоннишин буд, ки Худованд дар беҳтарин рӯзҳо сарфарозам гардонид. Пас хоста ва орзуи дигари ман он аст, ки чанг бар фароизи илоҳӣ ва суннатуннабӣ бизанед. Бар райиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ва кишвари худ содиқ бошед. Ва хостаи дигари ман он аст, ки робитаҳои илмӣ ва динии Маркази исломӣ ва Шӯрои уламо ва Маркази исломшиносии кишвар бо дигар ҳавзаҳои илмӣ дуруст ба роҳ монда шавад. То мо дар сатҳи васеътар муносибатҳои фарҳанги исломиро ба роҳ монем. Ва баҳраманд аз илму дастовардҳои илмӣ ва динӣ бигардем. Аз номи худ ва мардуми мусалмони шофеъимазҳаби аҳли суннат ва ҷамоати Эрони бузург ба кулли мусалмонони тоҷик паёми хешро мерасонам. Чароғи илоҳӣ дар ҳар хонадони тоҷик мунаввару тобон бошад.

Мусоҳиб Абдуллоҳи МУҲАҚҚИҚ, БМСТЖ

Рубрики:Uncategorized

АЗ «ТРОЙКА»-И СТАЛИНӣ ТО «ТРОЙКА»-И РАҲМОНОВӣ-4

16 октября, 2009 1 комментарий

Ин бахшро «Баёни мавзӯи нав» номидем, чун сухан аз боби ифшои назари Вазорати маориф баъд аз «пурсиш»-(тафтиш)-ҳо хоҳад рафт.

Дар гуфтори гузашта сухан  то он ҷо расид, ки як «гурӯҳи корӣ»-и Вазорати маориф ва як «гурӯҳи корӣ»-и Ҳукуматӣ ДТИКТ-ро тафтиш карда рафтанд. Низ ёдовар шудем, ки маншаи ба ДТИКТ «часпидан»-и Вазорати маориф аз вазифаи ректорӣ сабукдӯш кардани ҷӯраи Вазир Х. Бобоев ва маншаи ба «омӯзиш» омадани гурӯҳи кории Ҳукуматӣ мактуби Вазир ба унвони Президент бо талаби «қатъ кардани фаъолияти ДТИКТ» гашт.  Ва, таассуф, ҳарду «гурӯҳи корӣ» хулоса ва ё маълумотномаи умумии натиҷаи тафтиши худро ба ДТИКТ пешниҳод накарданд. Аз байни аъзои ҳарду гурӯҳи корӣ танҳо Сангов Р. ва Собиров Ғ. М. як нусхаи маълумотномаи (справкаи) масъалаи аз тарафи онҳо санҷидашударо ба ДТИКТ пешниҳод намуданд. Ҳарду маълумотнома натиҷаи фаъолияти ДТИКТ-ро оид ба масъалаҳои санҷидашуда қаноатбахш арзёбӣ карданд. Яке аз аъзоёни гурӯҳи корӣ узр хостанд, ки гӯё бо иштибоҳи номаълуме ин гурӯҳи корӣ ташкил карда шудааст. Ва бо сабабҳои «маълуми номаълум» дар асоси ин натиҷаҳо Вазорати маориф «фикри нав»-ро чун мавзӯи нав ба ДТИКТ баён намуд. Баёни Вазорати маориф дар мавриди «натиҷаи санҷишҳо» он қадар таҳқиромезона садо кард, ки як фарди аз кӯчаи фарҳанг гузашта нисбати «душмани муқотил»-и худ чунин амалро раво намедорад. Ва ин баён бо ин ибора ҷамъбаст шудааст: «ДТИКТ … ба талабот ҷавобгӯй нест».

Дар саҳифаи матбуоти даврӣ назари чанд хонандаро марбут ба моҷарои донишкада ва Вазорати маориф хондем, ки навиштаанд: «Намедонем ҳақ ҷониби кист?». Дар гуфтори гузашта маншаъ ва ибтидои ин моҷароро гуфтем. Ягона талаби Раёсати ДТИКТ ин аст ва хоҳад буд, ки қонун ва асноди зерқонунӣ дар дилхоҳ амал (ё аз тарафи шоҳ бошад ё гадо) риоя карда шавад. Баъзан дар байни мардум як сухани мақолшуда садо мекунад: «Қонун барои халқ аст, на барои болоиҳо». Яъне, танҳо авом ӯҳдадор аст қонун ва тартиби ҷамъиятиро риоя кунад, мансабдорони давлатӣ аз ин ӯҳдадорӣ озоданд. Воқеияти ҳаёт мардумро то ин ақида расонидааст, ки гӯё ба ин талаб розӣ шудаанд ва вобаста ба ин зарбулмасалу мақолҳо офаридаанд. Чун: «Сардор ба кор дер намемонад, вай андармон мешавад», «Бозӣ накун ба арбоб, мезанадат ба ҳар боб», «Сардор, ки гуфт, шутур мепарад» ва монанд ба инҳо. Далели ин суханҳо муроҷиати чандкаратаи ҳайати омӯзгорӣ – профессорӣ ва донишҷӯёни ДТИКТ ба Ҳукумат ва дигар мақомоти ҳукуматӣ ба воситаи мактуб ва муроҷиат дар рӯзномаҳо мебошад. Дар муроҷиатамон оид ба халалдор гаштани зиёда аз 100 банди қонун ва дигар аснодҳои меъёрии марбут ба ҳодисаи рухдода  таъкид намуда будем, вале  ҳеҷ посух ва чорабиние дида нашуд. Аммо дар асоси як мактуби собиқ ректори донишкада ба Вазорати маориф ва мактуби «комилан махфӣ»-и Вазири маориф ба президенти кишвар, гурӯҳи махсус ташкил карда, қазияи донишкадаро ба ин дараҷа оварда расонданд.

Ба таҳлили хонандаи гиромӣ ин назари худро мегузорем, ки магар метавон ба ин розӣ шуд, ки шараф, номус, ҳуқуқ ва манфиати қонунии Шумо дағалона (бо шикасти ҳама қонунҳо) зери по карда шаваду ором ва тамкину роҳат бошед? Агар ДТИКТ воқеан ба таври покғаразона, дар асоси риояи талаботи қонун санҷида шаваду натиҷаҳои манфии барои қатъ кардани фаъолияти он ҳосил гардад, чӣ тавр раёсати он метавонад дар матбуот роҳбарияти Вазорати маорифро зери ин қадар танқиди ҷомеавӣ қарор диҳад? Магар Вазорати маориф ҳақ дорад, ки шарафи Вазоратро ҳамчун мақоми давлатӣ «дастак»-и сари забонҳо қарор диҳад? Вазири маориф дар рӯзномаи «Фараж» («Фараж», №45 (152), 7-уми октябри соли 2009) ибрози назар намудааст, ки «Вазорат нисбати мақолаҳои танқидӣ дар матбуот аз он сабаб хомӯш мондааст, ки мақолаҳо воқеъбинона нестанд ва аз ин сабаб лоиқ ба ҷавоб намебошанд». Пас, Вазири маориф ба мазмуни ин мисраи Турсунзода чӣ мегӯяд:? «Шараф чизи таҷовузнопазир аст»… Раёсати ДТИКТ фикр дорад, ки сабаби хомӯшӣ он аст, ки ҳама айбдоркуниҳо нисбати Вазорати маориф воқеӣ ва ҳақиқати бебаҳс аст ва онро метавонад бо далелҳои шайъӣ исбот намояд. Ягона мавқее, ки ДТИКТ худро заиф меёбад, ин ноадолатона ба қазия баҳо додан аст. Вазири маориф дар сӯҳбат ба хабарнигори «Фараж» гуфтааст, ки ӯ аз танқидҳои нисбати Вазорат равонашуда «лаззат мебарад». Эҳтимол ин фикри Вазир аз он ҷиҳат бошад, ки аксари ходимони давлатӣ ба ҳафтаномаҳои озодандеш бо назари дигар менигаранд, гӯё ин нашрияҳо танҳо матолиби ҳангомаҷӯёнаи аз воқеият дурро ба табъ мерасонда бошанд. Модоме, ки нашрияҳои расмии ҷумҳурӣ аз баррасии чунин масоил худро канора гиранд, пас муштариён ба куҷо муроҷиат намояду чӣ хел ҳақиқати ҳолро ба ҷомеа расонанд? ДТИКТ аз танқид, аз поймол кардани ҳуқуқ ва манфиатҳои қонуниаш «лаззат намебарад», балки тамоми вуҷудаш дард мекунад.

Инак, атрофи чанд баҳодиҳии бо ном «хулоса»-и «гурӯҳҳои корӣ» дар таносуби қонунҳо нуқтаи назар баён мекунем ва хонандаи гиромӣ худ қазоват кунад, ки магар ин амалҳо гузаштан аз ҳадди ваколатҳои хизматӣ, сӯйистифода аз мансаб, тӯҳмат, таҳқир, дағалона риоя накардани қонун ва санадҳои зериқонунӣ ҳаст ё не.

Ишора намуда будем, ки рӯзи 11-уми майи соли 2009 Х.Бобоев аз вазифаи ректорӣ сабукдӯш шуду, рӯзи 12-уми май Вазир фармони таъсиси гурӯҳи корӣ барои тафтиши ДТИКТ содир намуд. Магар ин ҳаракати сиёҳғаразона ва бадхоҳона нест? Агар мурод аз тафтиш аризаи Х.Бобоев мешуд, чаро тафтиш маҳз барои ғайриқонунӣ рафтор кардан нисбат ба ректор доир нашуд? Чаро Х.Бобоев ба додгоҳ барои қонунӣ будан ё набудани азкорозодкунияш арз накард? Агар Вазир дар асоси ахбори Х. Бобоев маълумот дар бораи қонуншиканиҳои ДТИКТ (қонуншиканиҳои маъмурӣ ё ҷиноӣ) медошт, чаро ба мақомоти Прокуратура, коррупсия, мақомоти умури дохила хабар нарасонид то онҳо омада, тафтиш гузаронанд. Агар сухан дар бораи риоя кардан ё накардани қонунҳои маориф мерафт, чаро натиҷаи санҷиш дар ДТИКТ муҳокима нашуд? Чаро маълумотномаи санҷиш ба раёсати ДТИКТ пешниҳод нашуд? Чаро Вазир ба маълумотномаи фиристодагони худ қонеъ нашуд (албатта, барои он ки аз ҷониби онҳо ҳеҷ гуна норасоии ҷиддӣ ошкор карда нашуд)? Бо кадом мақсад Вазир то имрӯз мактуби ба унвони Президент фиристодаи худро, ки дар он талаб кардааст фаъолияти ДТИКТ қатъ карда шавад, бо сад баҳона пинҳон нигоҳ медорад? Чаро мақомоти тафтишии Ҳукуматӣ ҳам мактубро пинҳон дошта, мазмуни айбдоркунии онро ошкор кардан намехоҳад? Чаро Вазири маориф дар сӯҳбати назди муовини раиси Ҳукумати Тоҷикистон Р. Қурбонова (бо иштироки чанд масъули Ҳукуматӣ) натавонист гуноҳи ДТИКТ-ро бебаҳс ошкор кунад? Чаро Вазир дар ин сӯҳбат иқрор кард, ки «кори нохуб» шудааст ва барои оромона аз баҳри муноқиша гузаштан розӣ шуду баъд аз ду рӯз баён кард, ки «барои оштӣ дер шудааст»? Чаро барои оштии мухолифини соли 1992 ва Президенти кишвар гузашти 4-5 соли муноқиша, ки муноқишаи хунин буд, дер нашуда буду барои Вазири маориф, ки худ поймолкунандаи қонунҳост, барои даст кашидан аз такаббур ва рӯ овардан ба адл ва ҳақиқат дер шудааст? Чунки Вазири маориф дар даст «машинаи ҳукуматӣ»-ро дорад? Чунки Вазири маориф имкон дорад ба мақомоти судӣ ба таври дилхоҳ фишор орад ва гапашро гузаронад? Вазири маориф на аз каломи Худо дар бораи риояи адолат метарсаду на аз шикасти арзишҳои Конститутсия ва қонунҳо…

ДТИКТ имрӯз чунин мепиндорад, ки агар Вазири маориф фаъолияти ДТИКТ-ро бо усули «бӯғӣ» кардан қатъ намояд ҳам, ӯ ғолиби ин моҷаро нест. ӯ таърихро дигаргун карда наметавонад.

Намояндагони Вазорати маориф дар матбуот пайваста бо як далел худро сафед мекунанд: «ДТИКТ ба ягон талабот ҷавоб намедиҳад». Аз ҷаноби Вазир пурсиданием, ки магар ӯ набуд, ки дар ҷаласаи ҳайати омӯзгорӣ ва профессории ДТИКТ соли хониши 2008-2009 иброз намуд, ки: «Агар фаъолияти ДТИКТ ҳамин тавр давом кунад, вай дур нест, ки ба яке аз Донишгоҳҳои бонуфузи кишвар табдил ёбад». Агар ДТИКТ ба ягон талабот ҷавобгӯй набуд, дар кадом асос ба ӯ бо имзои шахсии худ (ду иҷозатнома бо имзои собиқ Вазири маориф С. Раҷабовро сарфи назар мекунем) таҳти рамзи АУ №0000537 аз таърихи 24.12.2008 (ҳамагӣ 6 моҳ пеш аз муноқишаи Вазорати маориф бо донишкада) ва АУ №0000495 аз таърихи 19-уми июни соли 2008 Иҷозатномаи фаъолият барои то соли 2013 дод?

Чӣ шуд, ки баъди аз мансаби ректории ДТИКТ рафтани Х. Бобоев якбора «ДТИКТ ба ягон талабот ҷавоб намегуфтагӣ» шуд? А.Раҳмонов дар пояи Вазири маориф расид, дараҷаи академикиро ноил шуд. Аммо фазли вазирӣ ва академикӣ куҷост? Шоир гуфта:

Миёни оқилу ҷоҳил ҳаминқадар фарқ аст,

Ки ин кушодаимон асту онкушодамаҳор.

Намояндагони Вазири маориф дар маҷлиси судӣ ба сухани намояндаи ДТИКТ, ки: «Оре, Исои Масеҳро бо вуҷуди ростии паёмбарияш сари салиб чормех карда буданд», «бозавқ» хандакунон даст ба мазоқ заданд ва гуфтанд: «Ҳоло Шумо Исои Масеҳ шудед». Оре. Гуноҳи намояндагони ДТИКТ ин аст, ки онҳо ин ҳикматро фаромушт карданд:

Изҳори аҷз пеши ситамгарраво мадор,

Ашки кабоб боиси туғёниоташ аст.

Инак, ДТИКТ чеҳраҳои баъзе намояндагони Вазорати маорифро шинохт. Инак, ДТИКТ қоил аст, ки Вазорати маориф «нагла» тӯҳмат мекунад, дуруғ мегӯяд, фиреб мекунад, «ташкил мекунад», Масеҳи вақтро «хандакунон» сари салиб мекашад.

Ва Маҷлиси Олӣ, Прокуратураи генералӣ, Агентии коррупсия, ки Раёсати донишкада бо далелҳои шайъӣ хулосаҳои ҳуқуқии худро оид ба амалҳои ғайриқонунии Вазорати маориф ба воситаи мактуб муроҷиат намуда буд, зери шиори «шутури сафед дидӣ, Не!» амал мекунанд. Ва Суди иқтисодӣ қонуншиканиҳои Вазоратро «қонунӣ» месозад. Ва Дастгоҳи иҷроияи Президент Вазорати маорифро «пушту паноҳ» мешавад.

Чӣ илоҷ.

Ҳузури зиндагӣ хоҳӣ, зироҳи рост берун шав,

Ки бе ангушти каҷ аз кӯзаравған барнамеояд.

Чӣ илоҷ. Наслро дар ҳамин рӯҳия таълиму тарбият медиҳем. Ҷашни Рӯдакиву Фирдавсӣ, ҷашни Мавлонои Балху Имоми Аъзам мегузаронему чашми панди Рӯдакиро  аз нав кӯр мекунем, Сӯҳроби Фирдавсиро аз нав ба дасти падар мекушем, Мавлоноро аз нав аз Балх барои кӯчидан бо ҷабри худ маҷбур месозем, Ибни Собитро аз нав заҳр медиҳему мекушем…

Имрӯз бо як мактуби махфии вазири маориф ба президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз охирин муассисаи олии ғайри давлатиро «мебанданд». Мехостем аз Вазири маориф пурсем, ки барои амалӣ кардани таъкидҳои президенти мамлакат дар минбарҳои баланд оид ба дастгирии муассисаҳои таълимии ғайридавлатӣ чӣ навъ мусоидат кардааст? Дар ҳолате, ки дар шартномаи миёни ширкати таълимии «Садр, Инк» (муассиси ДТИКТ) бо Вазорати маориф барои ташкили нуқтаҳои таълимӣ дар қаламрави Ҷумҳурии тоҷикистон вазорати маориф ӯҳдадор гардида буд, ки дар таъмини бино ва ё иншооти таълимӣ мусоидат хоҳад кард. Шояд баъди 100 сол фарзандони ин ташаббускорон аз бойгонии «маориф» номи ДТИКТ-ро зинда карда, «реабилитатсия» карда, ҷашнаш кунанд… ???

С. Акрамов,ректор ва муассиси ДТИКТ

(Давом дорад.)

Рубрики:Uncategorized

«Афония», кӯҳнадӯзӣ ва хизмати аскарӣ

Ҳафтаномаи ҷамъиятию сиёсии «Пайкон»-ро ҳар ҳафта мутолиа мекунам. Ҳар шумораи онро бесаброна интизор шуда, мақолаҳоеро мехонам, ки дарди ҷомеа, дарди мардум дар он таҷассум меёбад.

Дар шумораи гузаштаи ҳафтаномаи «Пайкон» мақолае бо сарлавҳаи «Нақшаи «пахта-аскар»-ҳо иҷро мешавад» нашр гардида буд. Пас аз мутолиаи он ба хулосае омадам, ки андешаҳоямро рӯи қоғаз орам.

Мусаллам аст, ки дар солҳои пеш бародар дар хизмати ҳарбӣ буду пас аз як моҳи баргаштани вай ва бо омадани даъватнома додараш ба хизмати Ватан мерафт. Додар наметавонист бародарашро бинад. Онҳо пас аз чор сол ҳамдигарро медиданд.

Дар замони Шӯравӣ рафтан ба хизмати ҳарбӣ барои ҳар як ҷавонмард ифтихор буд. Ҳар ҷавон мехост аввал хизмати Ватанро адо карда, пас бо сари баланд оиладор шавад ё кори дигареро сомон диҳад. Шахсе, ки аз ин мактаби ҷавонмардӣ намегузашт, агар падару модари ӯ ба хонаи духтардоре хостгорӣ мерафтанд, ба вай духтар намедоданд. Дар он солҳо ҳар ҷавон бо хоҳиши худ ё омадани даъватнома ба хизмат мерафт. Ҳоло бошад, бараъкс, қариб ки ягон ҷавон бо хоҳиши худ ба хизмат намеравад. Онҳоро иҷборан барои хизмат кардан мефиристанд. Ё барои он ки ба хизмат нараванд, волидайнашон онҳоро ба ин ё он донишгоҳ дохил мекунонанд. Ва дар бораи ихтисосҳои пешгузошта тасаввурот доштану надоштани фарзанд барои волидайн муҳим нест. Пас аз чанд муддат бархе аз онҳо тарки донишгоҳ ё донишкада карда, гурӯҳи дигар  бо надоштани дониши мукаммал бо ҳар восита аз устодон баҳо мегиранду баъд аз хатми донишгоҳ аз рӯи ихтисоси худ кор карда наметавонанд.

Як нуктаро зикр кардан бамаврид аст, ки имрӯзҳо аксари ҷавонони тоҷик дар давлатҳои хориҷа, аз ҷумла Русия ба аробакашӣ машғул мешаванд ва инро аз адо кардани қарзи Ватан, яъне хизмати аскарӣ авлотар медонанд. Тайи чанд соли ахир дар аксари донишгоҳу донишкадаҳои мамлакатамон донишҷӯёнро дар макотиби олии кишвар аз меъёр зиёд қабул карда истодаанд.

Ҷавонеро мешиносам, ки аз ҳар сухан асабонӣ шуда, бо ҳар кас дармеафтид ва ӯро «афония» мегуфтанд. Воқеан ҳам ӯ чунин буд. Дар оилаи камбағал зиндагӣ карда, шароити табобат карданро надошт. Душвории зиндагӣ ӯро маҷбур кард, ки кӯҳнадӯзӣ карда, барои пеш бурдани зиндагӣ «қути лоямуте» ёбад. Ба гуфти роҳбари синфаш, ки аз овардани номаш худдорӣ мекунем, он ҷавон воқеан «афония» буда, дар дарсҳо ба гапи устодон аҳамият надода, назди онҳо ҳар хел суханҳои ноҷо мегуфтааст. 12-уми майи соли 2003 шахсе, ки мо дар назар дорем, ба беморхона барои табобат меравад. Ҳамин вақт омада ӯро меқапанд. Ба суханҳои он писар, ба мисли «ман бемор ҳастам, табобат гирифтанам лозим», касе аҳамият намедиҳад. ӯро маҷбурӣ ба мошин бор мекунанду ҳангоми аз ташхиси тиббӣ гузаштан ҳама ҳуҷҷатҳои ӯро даронида, аз нав ҳуҷҷат карда, дар ҳама ҳуҷҷатҳояш ӯро солим мегузаронанд. Ҳарчанд ки омӯзгорон ба вай дар хусуси бемориаш хулоса навиштаанду духтурон бемор будани ӯро собит кардаанд, ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, вайро маҷбуран ба хизмати ҳарбӣ равон мекунанд. Падару модар ҳамеша дар фикри фарзанди носолимашон буданду ба кадом қисми низомӣ фиристодани фарзандашонро намедонистанд. Пас аз як моҳ ба падару модари он ҷавон хабар доданд, ки фарзанди онҳо дар қисми низомии @-и ВМКБ хизмат карда истодааст. Тақрибан охирҳои моҳи январи соли 2004 овозае паҳн гардид, ки гӯё он ҷавонро дар хизмат паррондаанду пас аз ду-се рӯз ҷасадашро ба хонаашон меоранд. Кӯчаҳо ҳама барф буду мардум ба тоза кардани он машғул. Нафаре ҷуръат намекард, ки ба падару модари ӯ ин хабари нохушро расонад. Хулосаи калом, пас аз чанд рӯз гуфтанд, ки ӯ вафот накардаасту дар беморхонаи ноҳияи Рӯшони ВМКБ бистарӣ гардидааст. Аслан сабаби тирпарронӣ  байни афсарҳо он будааст, ки афсарон — «дедҳо» ба аскарҳои наврафта зӯрӣ карда, онҳоро бисёр азоб медиҳанд. Даҳшатовару нафратовар аст, ки ба номуси онҳо таҷовуз мекунанд, ки дар шумораи гузаштаи ин ҳафтанома ишора шуда буд. Фикр мекунам, сабаби аз хизмат саркашӣ намудан, аз қисмҳои ҳарбӣ гурехтан ҳамин масъала аст. Тавре дар боло ишора кардем, гурӯҳи панҷнафара мехоҳанд аскаронеро, ки нав ба хизмат омадаанд, таҷовуз кунанд. Гурӯҳи шашнафара аз ҷони худ безор шуда, аз касоне, ки ба номуси онҳо маҷбуран таҷовуз карданӣ буданд,  қасос гирифтанӣ мешаванд. Дар ҳамин ҳол, ба тарафи онҳо тир холӣ мекунанд. Ду нафар ба ҳалокат расида, се нафари дигар захмӣ мегарданд. Захмишудагон чанд муддат дар беморхонаи ноҳияи Рӯшон бистарӣ мегарданд. Пас аз ҷавоб шудан онҳоро гунаҳгор медонанд ва ҳар якашон мувофиқи гуноҳашон айбдор дониста шуда, ба мӯҳлати гуногун ҷазои маҳбусӣ мегиранд. Баъзе аз онҳо то ҳол дар маҳбасанд.

Аҷиб аст, ки мо танҳо фикри иҷро кардани нақшаро ба назар мегирему халос. Хуб мешуд, ки аз қисмҳои низомӣ омада бо мактаббачагон, ба хусус ҷавонони баркамол сӯҳбат гузаронида, ба онҳо маслиҳат медоданд. Дар қисмҳои ҳарбӣ шароити афсаронро хуб мекарданд, то ҷавонони мо ба шаҳрҳои бегона рафта, ба аробакашӣ машғул намешуданд.

А. ИДИБОЙЗОДА, сокини шаҳри Душанбе

Рубрики:Uncategorized

Андоз, андоз…

Муроҷиати якҷояи воситаҳои ахбори омма ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки дар он 40 нафар, аз роҳбарони созмонҳои журналистӣ сар карда, то сармуҳаррирону рӯзноманигорони алоҳида имзо гузошта буданд, хондаму ба андеша рафтам. Чӣ водор намудааст, ки рӯзноманигорон рӯи ниёз ба Ҳукумати Ҷумҳурӣ оранд.

Пеш аз ҳама ин гуфта ба хотирам расид: «Рӯзгор оинаро мӯҳтоҷи хокистар кунад». Бӯҳрони молиявӣ дар қатори дигар соҳаҳо ба воситаҳои ахбори омма ҳам бетаъсир намонд. Зиндагии эҷодкор боз мушкилтар шуд. Эҳтимол аз ин лиҳоз барои каме ҳам бошад, шароити муфиди корӣ фароҳам овардан, муроҷиат намуда буданд. Намедонам ин муроҷиати намояндагони воситаҳои ахбори омма мавриди баррасӣ қарор дода шудааст ё не. Ҳар чӣ ҳам бошад, «дунё ба умед» мегӯянд.

Чӣ маро маҷбур намуд, ки қалам ба даст гирифта, оид ба ин масъала ибрози назар намоям. Азбаски дар  ҷодаи рӯзноманигорӣ ба қавле мӯи сар сафед кардаам ва азобу машаққати касби рӯзноманигориро хеле хуб дарк менамоям, дар канор истода натавонистам.

Дар муроҷиатнома оид ба мушкилоти соҳаи рӯзноманигорӣ ҳарф зада, се дархости асосӣ ба миён гузошта шуда буд:

1. Аз ҷониби сохторҳои молиявии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  кушодани шабакаҳои кредитии махсус оид ба додани қарзи бефоиз ба ҳар як иштирокчии Барномаи зиддибӯҳронӣ, ё худ қабул гардонидани барномаҳои ҳукуматӣ оид ба пешниҳоди бурсҳои давлатӣ барои ВАО.

2. Муваққатан ба мӯҳлати 5 сол озод кардани ВАО аз пардохти андозҳо аз арзиши иловашуда ва андоз аз фоида. Мусоидат дар кори созмон додани Шабакаи миллии паҳнкунии маҳсулоти чопӣ тавассути таҷдиди фаъолияти хадамоти алоқаи давлатӣ, инчунин бекор намудани маҳдудиятҳо нисбати ҷойгирсозии дӯконҳои фурӯши рӯзномаҳо дар маҳалҳои серодами шаҳру ноҳияҳо, аз он ҷумла, дар шаҳри Душанбе.

3. Даровардани тағйирот ба қонунгузории амалкунандаи давлатӣ дар бахши танзими фаъолияти радио ва телевизон, бекор намудани меъёрҳои ичозатдиҳӣ дар бахши истеҳсоли маҳсулоти аудиовизуалӣ, ки дар паёми Президенти ҷумҳурӣ ба Маҷлиси Миллӣ аз таърихи 15-уми апрели соли 2009 таъкид шуда буд.

Метавонам оид ба ҳар як қисмати ин пешниҳодҳо ибрози ақида намуда, барои воситаҳои ахбори омма зарурият доштанашонро бо далелҳо нишон диҳам. Зеро пешниҳодҳо агар амалӣ гарданд, дар раванди демократикунонии мамлакат саҳми хеле сазовор гузошта, баҳри пешравии ҷомеа мусоидат менамоянд. Аммо хостам танҳо дар атрофи  ба мӯҳлати 5 сол аз андоз озод намудани воситаҳои ахбори омма сухан ронам. Амалӣ намудани ин пешниҳод ягон хароҷоти иловагиро тақозо намекунад ва ба назари ман, ба буҷаи мамлакат ҳам он қадар зарар намерасонад. Агар дар як корхонаи саноатӣ тарзи андозу андозбандӣ ба таври ҳақиқӣ ҳисобу ба роҳ монда шаваду пардохт гардад, имкон дорад аз пардохти чандсолаи андози ВАО зиёд бошад. Аз ин лиҳоз амалӣ намудани ин дархост хеле ба манфиати рӯзноманигорон мебошад. Борҳо шоҳид будем, ки аз тарафи санҷишгарон баробари пардохти дигар намуди андозҳо аз нашрияҳо талаб мекунанд, ки андоз аз фурӯши чаканаро низ пардохт намоянд. Дар ҳоле, ки аксари нашрияҳо ба тариқи яклухт маводи нашркардаашонро ба паҳнкунандагон медиҳанд.

Дар чанд соли охир ба воситаҳои ахбори оммавӣ таваҷҷӯҳи зиёде зоҳир намуда истодаанд. Дар ёд дорам, ки дар даврони Шӯравӣ агар дар рӯзномае, ҳатто рӯзномаи ноҳиявӣ хабари хурди танқидие нашр мешуд, боиси муҳокимаю пайгирии зиёде мегардид. Дар солҳои гузашта воситаҳои ахбори оммавӣ ба як навъ тири бенишон мубаддал гардида буданд. Гузоришҳои онҳоро касе баррасӣ намекарду парвое надошт. Вале ба ҳамаи ин Фармони Президенти мамлакат аз 6-уми феврали соли 2009 таҳти № 622 «Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводҳои танқидӣ ва таҳлилии воситаҳои ахбори омма» хотима гузошт. Дар банди 2-и Фармони номбурда роҳбарони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадор карда шудаанд, ки ҷиҳати вокуниш ба мулоҳизаҳои танқидӣ ва пешниҳодҳое, ки дар воситаҳои ахбори омма иброз мегарданд, дар мӯҳлатҳои тибқи қонунгузории ҷумҳурӣ муқарраргардида тадбирҳои бетаъхири мушаххас андешида, аз натиҷаи баррасии онҳо ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва воситаҳои ахбори оммаи дахлдор иттилоъ диҳанд. Акнун тамоми баромадҳои таҳлилию танқидии ВАО мавриди баррасӣ қарор дода шуда, роҳбарони ташкилоту муассиса новобаста аз шакли моликияташон бояд нуқтаи назари худро баён намоянд.

Чаро аз ин масъала ёдовар шудам? Чунки агар ВАО ба мӯҳлати кӯтоҳе аз андоз озод карда шавад, бештар рӯй ба проблемаҳо оварда, барои ҳал намудани онҳо роҳҳои муфидро пешниҳод мекунанд. Зеро ҳама чиро дар асоси иқтисодиёти бақувват ба роҳ мондан имкон дорад. ВАО дар чунин давраи бӯҳрони шадиди иқтисодӣ наметавонад тамоми фаъолияти худро барои рафъи камбудиҳои ҷомеа ба роҳ монад. Аз ин ҷост, ки аксар вақт матолиби аз ҳақиқат дур пешкаши хонандагон карда мешавад, ки аз манфиатдории нашрия ё муаллиф дарак медиҳад. Агар  пешниҳодҳо амалӣ гарданд, нуран алонур мешавад.

Чизи дигарро бояд таъкид  намоям, ки аз ҷиҳати иқтисодӣ пурқувват гардидани ВАО-ро на ҳама мехоҳанд. Гумон мекунанд, ки агар матбуот «ҷон» гирад, ба нафъи онҳо намешавад. Бо чунин назари танг метавонанд ба пешравии миллат зарар расонанд. Зеро агар норасоиҳоро нагӯӣ, он рӯз то рӯз реша давонда, боиси рушду нумӯъ накардани мамлакат мешавад. Барои ҳамин ҳам, ба муроҷиати рӯзноманигорон бояд гӯш дод. Ва нухустинаш андоз, андоз…

Турсуналӣ АЛИЕВ, узви Иттифоқи рӯзноманигорони Тоҷикистон

Рубрики:Uncategorized

Ситораҳо бегуноҳанд!

Ҳафтаномаи «Пайкон» дар шумораи гузаштаи худ (№29 (29), аз 30.09.2009) мақолаеро зери унвони «Дилимиз бир, тилимиз бошқа», ки дар он перомуни кору фаъолияти сарояндагони Тоҷикистону  кишварҳои ҳамсоя ва сафарҳои ҳунарии эшон ба ҷумҳурии мо ва баръакс баҳсу таҳлилҳо ҷараён гирифтааст, ба табъ расонд. Муаллифи мақола кӯшидааст, то дар мавриди ҳимояи меъёрҳои фарҳанги миллӣ ва нигоҳ доштани одобу ахлоқи тоҷикона ибрози андеша кунад ва ман ҳамчун хонандаи доимии нашрияҳои мустақил ба ин иқдоми ӯ бешак эҳтиром мегузорам.

лонд.jpeg

С. Вализода ҳақ аст, ки мегӯяд, дар шабакаҳои телевизион мардум танҳо ахбори расмиву барномаҳои мусиқиро мебинанд. Гӯё дар Тоҷикистон дигар мушкилот вуҷуд надошта бошад. Комилан дуруст аст, ки бахши аъзами назми замони шӯравӣ ва ё муосир дар каломи худ эҳсоси тӯфонро надоштанд ва танҳо ба хотири «ба даст овардани дили маскав» аз гуфтани ҳақиқат худдорӣ карданду барои аз даст рафтани Самарқанду Бухоро бетафовутӣ зоҳир намуданд. Ситоишкуниву маддоҳии аҳли зиёии мо ба хотири манфиати шахсияшон мутаассифона имрӯз низ боиси баҳсу мунозираҳост. Ҳамчунин, ман низ тарафдори онам, ки сафарҳои ҳунарии сарояндагони мо ва барномаҳои қаблан матраҳкардаи эшон барои мухлисони хориҷиашон танзим шаванд ва ё зери назорати мақомоти кишвар қарор бигиранд, зеро барномаи мусиқие, ки Фарзонаи Хуршед бо раққосаҳояш ду сол қабл дар «кӯчаҳо»-и Русия баргузор карда буд, барҳақ боиси нанги миллат аст. Тафтиши ҳайати дастаҳои ҳунарӣ низ кори баде нест.

Аммо бо вуҷуди ин ҳама ҷасорату садоқат ба арзишҳои миллии мо, ба назари ин ҷониб, маводи мазкур то андозае яктарафа навишта шудааст.

С. Вализода дар мақолааш дар клипҳои хонандагони афғонӣ ба навор гирифтани духтарони тоҷик ва таронасароии муштараки онҳоро бо ҷавонони афғон танқид кардааст. Аммо ба ҳама маълум аст, ки дар ҷаҳони муосир зуҳури чеҳраҳои зебои занонаву мардона дар клипҳои таронаҳои ҳунармандон тамоюли маъмулист ва он ҳатто ҷанбаи таблиғии миллатҳои дунёро дар бар мегирад. Бубинед, мо маҳз тавассути ҳамин клипҳо ба аксар  халқиятҳои ҷаҳон дилбастагиву мухлисӣ пайдо кардаем. Имрӯз дар миёни мардуми мо кам касоне ҳастанд, ки чеҳраҳои ҳунарӣ ва фотомоделҳои машҳури Ҳиндустон, Русия, ӯзбекистон, Туркия, Эрон, бахусус эрониҳои муқими Аврупо, Афғонистон, ИМА ва ғайраро нашиносад. Тақвимҳоро бо акси эшон мардум зиёд харидорӣ мекунанд ва ҳатто аксу таронаҳои чунин чеҳраҳоро дар зангҳои телефонҳои мобилияшон ҷой медиҳанд. Ҳатто ба хотири онҳо шуда, на танҳо як шахсият, балки ҳамон миллатеро, ки чеҳраи дӯстдоштаашон намояндаи он миллат аст, эътирофу эҳтиром мекунанд. Магар ҷой кардани муҳаббати миллати худ ба қалбҳои мардуми дигар тавассути ин чеҳраҳо қаҳрамонӣ нест? Масалан, ман борҳо аз забони мардум шунидаам, ки  мардуми Ҳиндро ба хотири Айшвариву Шоҳруххону дигар симоҳои намоёнашон ҳамчун миллати зебо ситоиш мекарданд. Ин ҳам дар ҳолест, ки ба назари ман, тоҷикон аз ҳиндиҳо дида зеботаранд. Хонандагони мо низ дар клипҳои худ дар Дубай ва дигар кишварҳои хориҷ хонумҳои зебои он сарзаминҳоро ба навор гирифтаанд ва он клипҳо хеле ҷолиб ҳам ҳастанд.

Дахолат ва назорати мақомоти марбута, амсоли Вазорати фарҳанг, Вазорати корҳои хориҷӣ ва муассисаи «Базморо» (собик Госконсерт) ба сафарҳои ҳунарии хонандагони ватанӣ аз нигоҳи муаллифи мақола бояд ҳатмӣ бошад. Яъне хонандагон ҳангоми сафари ҳунарӣ бояд дар бораи нақшаи кори худ ба ин мақомоти идорӣ ҳисобот диҳанд ва пеш аз ҳама аз ҳисоби маблағи аз барномаҳои мусиқияшон бадастоварда андози давлатро супоранд. Ин тартибот дар сурати сафари ҳунарӣ дар сатҳи давлатӣ бошад ё дар сатҳи хусусӣ, ба назари С. Вализода, бояд қатъиян риоя карда шавад. Албатта ҳеч кас муқобили супоридани андози давлатӣ нест, вале бояд донист, ки дар ҳар шартнома миёни хонанда ё гурӯҳи ҳунариву ширкатҳои мусиқии давлативу ғайридавлатӣ баста мешавад, маблағи андози давлатӣ, андоз барои бинои истифодашавандаи барномаи ҳунарӣ ва ғайра ҳатман муқаррар карда шудааст. Аз ҷониби дигар, оё метавон бовар кард, ки вазоратхонаҳо ва ниҳодҳои марбутаи мо дар анҷоми чунин қоидаву тартибот фаъолияти шаффоф хоҳанд кард? Кӣ метавонад бо дили пур бигӯяд, ки муассисаи «Базморо» ва вазоратхонаҳо барои сафари ҳунарӣ хонандагони воқеан боистеъдодро пешниҳод мекунанду воситабозӣ дар ин маврид сарфи назар мешавад? Вазоратхонаҳои кишвар мутаассифона имрӯз дар тарбияву ҳимояи манфиатҳои чеҳраҳои ҷавону болаёқат ҳеч саҳме надоранд. Охир, ҳамин Вазорати фарҳанги мо буд, ки монеи баргузории намоишномаи Барзу Абдураззоқов дар толорҳои пойтахт шуд. Ҳамин Вазорати фарҳанг аст, ки барои гузаронидани «Суруди сол» наметавонад як маблағи сазовореро ба сарояндагон пешниҳод кунад. Ҳамин Вазорати фарҳанг аст, ки барои қадрдонии сазовори Таҳмина Ниёзова, ғолиби озмуни байналмилалии «Интервидение» дар Русия ҳатто насулфид. Ҳамин вазоратхонаҳову мақомоти зидахли моянд, ки барои қадршиносии Расул Боқиев, варзишгари маъруфи тоҷик, парчамбадори Тоҷикистон дар бозиҳои олимпии Пекин ҳеч иқдоме накарданд! Пас чи ҷойи нозидану ифтихор аст аз мақомоти зидахли кишвар!?

Дар Тоҷикистон расм шудааст, ки як ҳунарманди ҷавон новобаста аз истеъдоду маҳбубияташ бояд ҳатман ба синни пирӣ расаду баъд унвони давлатиро соҳиб шавад. Аммо дар аксар кишварҳои ИДМ баробари дар миёни ҷомеа маъруфият пайдо кардани як ҳунарманд, ҳамоно унвони «Ҳунарманди шоиста»-ро ба ӯ лоиқ медонанд ва табиист, ки пас аз ин гуна қадршиносӣ чеҳраҳои ҷавон масъулияти бештаре дар назди халқу давлат ҳис мекунанд.

Акнун таваҷҷӯҳ мекунем ба сафарҳои ҳунарии хонандагони хориҷи Тоҷикистон! Муаллифи мақола бештар аз сафарҳои ҳунарии хонандагони ӯзбекистон ба кишвари мо эрод гирифтааст. Ба назари ӯ, сафарҳои батакрори Севинч, Юлдуз Усмонова, Шералӣ Ҷӯраев ва сафарҳои Сардор Амирхон, Фирӯза Ҷумъаниёзова, Озода Нурсаидова ба шаҳрҳои Душанбе, Турсунзода ва Хуҷанд ғайрирасмӣ буда, бо ибтикори ширкатҳои хусусие амсоли «Ориёно — медиа», бонкҳо ва шахсони алоҳида сурат гирифтааст. Аммо чаро ба андешаи С. Вализода, бояд сафари ҳунарӣ маҳз дар сатҳи давлатӣ бошад? Охир, тибқи қонуну меъёрҳои байналмилалӣ, ҳар ширкате, ки иқтидори молии даъват кардани ҳунармандонро ба ин ё он кишвар дошта бошад, метавонад ба хотири тиҷорат озодона ин амалро анҷом бидиҳад. Дар ин самт қоидаву талаботҳои хос роҳандозӣ шудааст. Муаллиф иддао дорад, ки гӯё Севинч Мӯминова «бо додани чанд сомоние ба шахсони алоҳида аз боло ё поин» ба Тоҷикистон омада, барномаи консертӣ баргузор карда бошад.  Номбурда барои исботи ин гуфтаҳояш ҳеч далели рӯшанеро ба хонанда  пешниҳод накардааст. Ба ҳама маълум аст, ки Севинч бо даъвати радиои «Имрӯз» ба Тоҷикистон ташриф оварда буд. Аз ҷониби дигар, ҳайрати ман дар ҳаросу нигарониҳои С. Вализода аз ҳунарнамоии хонандагони ӯзбекистонӣ дар миёни мухлисони тоҷикистонии онҳост. Муаллиф чунон ба эҳсосоту ташвиш дар ин бора менависад, ки ҳатто хандаи кас меояд.  Чунин ба назар мерасад, ки ӯ аз сарояндагони ӯзбекистон ҳамчун аз аждаҳои дарёдаркаш тарсида бошад ва дар панҷаи эҳсосот ӯ Сардор Амирхонро «ҳазрат» номидааст. Хайрият, ки Сардор дар Тоҷикистон зиндагӣ намекунад, вагарна ҳазратгӯиҳои Вализодаро шунида, воқеан худро хонандаи мумтоз тасаввур мекарду шояд аз хурсандӣ шодимарг ҳам мешуд.

Тибқи иттилои муаллифи мақола, дар ӯзбекистон ниҳоде бо номи «ӯзбек — наво» фаъолият мекардааст, ки тамоми сарояндаҳои ин кишварро ба ҳисоб гирифта, онҳоро барои гирифтани литсензия маҷбур карда, сафарҳои ҳунарии ҳунармандон бе хати ҷавози он ниҳод сурат намегирифтааст. Ин ниҳод иқтидори чанд вазоратхонаро дорад. Аммо барои ба хоки ӯзбекистон ворид шудани cарояндаҳои хориҷӣ иҷозаи Вазорати корҳои хориҷӣ, Вазорати фарҳанг ва ниҳоди «ӯзбек — наво» ҳатмӣ будааст, ки гирифтани он иҷозатнома амрест муҳол! Бахусус барои ҳунармандони тоҷик. Бояд гуфт, ки давлати худкома будани ӯзбекистонро аксар сиёсатмадорону коршиносони ҷаҳон тариқи расонаҳои гурӯҳӣ борҳо иброз доштаанд. Пас, чаро мо бояд пайрави ин кишвари худкома бошем, на пайрави мамолики демокративу мутараққӣ? Ҳақ бар ҷониби Вализода аст, ки менависад, ҳунарманд вақте ба кишварҳои хориҷ сафар мекунад, бояд ҳатман ҳунари миллӣ ва фарҳанги мардуми сарзаминашро дар миёни мардуми он кишвар муаррифӣ намояд. Вале ҳамзамон изҳори нигаронӣ аз он кардааст, ки Севинч дар таронаҳояш Темурланг — қотили 7000 кӯдаки тоҷикро дар Исфаҳон васфу ситоиш мекунаду сиёсати ӯзбекистонро ташфиқ месозад. Дуруст аст, ки Темурланг дар тӯли таърих ба мардуми форсу тоҷик бераҳмиҳои гӯшношунидеро раво дидааст, аммо ӯ барои миллатҳои туркзабон қаҳрамон аст ва агар сарояндае ҳам дар мадҳи ӯ суруда бошад, пас, танҳо барои ҳаммилатони худаш сурудааст, на барои дигарон! Албатта ман бо ин гуфтаҳоям на Темурланги хунхор ва на сарояндагони ӯзбекистониро ҳимоят карданӣ нестам, балки мехоҳам андешарониҳо низ дар ин маврид яктарафа ё диктотурӣ набошад.

Ман моҳи феврали соли равон дар барномаи мусиқии Севинч дар пойтахт ҳузур доштам. Барои ман хеле хуш буд, вақте ин сарояндаи маъруфи ӯзбекистонӣ бо забони тоҷикӣ тарона месароид ва ҳангоми сурудани таронаҳои тоҷикӣ ӯ куртаи чакани маҳаллии Хатлонро ба бар карда буд. Ин амали Севинч гувоҳи эҳтиром ва арҷгузорӣ ба ҳунари миллии тоҷикист. Худи ӯ низ борҳо дар мусоҳибаҳояш гуфтааст, ки ба мардуми тоҷик муҳаббати беандоза дорад. Оё метавон ин муҳаббату эҳтиромро ба хотири печидагиҳои сиёсӣ рад кард?

Мо набояд фаромӯш кунем, ки сарояндаҳои мо низ Исмоили Сомонӣ -асосгузори давлати Сомониён, Рӯдакӣ, Фирдавсӣ ва дигар чеҳраҳои таърихиву фарҳангии миллатамонро дар таронаҳояшон ситоиш кардаанд ва ман надидаму нашунидам, ки касе аз ин амали онҳо дар ташвиш афтода бошад. Ин гуна таронаҳои сарояндаҳои мо, амсоли Ҷӯрабек Муродов, Зафар Нозимов ва ғайраҳо низ дар саҳнаҳои кишварҳои хориҷ, бахусус ӯзбекистон зиёд садо додаанд. Имрӯз чеҳраҳои ҷавону боистеъдоди тоҷик, назири Шабнаму Ҷонибек, Садриддину Рустам, Малика ва дигарон ҳунари милливу муосири моро аз Осиёи Миёна то ба Амрико таблиғ мекунанд. Пазироии мардуми Озарбойҷон аз ҳунари волои Маликаи Саидзод ба ҳангоми сафари ҳунарии гурӯҳи «Дарё» ба ин кишвар ва маҳбубияти ӯ дар Афғонистон боиси ифтихори ҳар тоҷик аст. Худи Малика дар як сӯҳбати радиоияш аз хотироти сафари ҳунарияш ба Амрико гуфта буд: «Дар Амрико мардум пас аз баргузории барномаи мусиқӣ назди мо меомаданд ва пурсон мешуданд; шумо намояндаи кадом миллатед, ки ин қадар зебоед?». Бубинед, чи қадар ҳунармандони моро дар хориҷ дӯст медоранду қадр мекунанд! Сарояндаҳои мо дар кишварҳои дигари ҳамсоя низ маъруфияти зиёду мухлисони бешумор доранд ва ин касеро ҳарос надодааст. Тасаввур кунед, агар як коршинос ё сокини кишвари  хориҷӣ танҳо ба хотири ситоиши давлати Сомониён ва ё Исмоили Сомонӣ вуруди сарояндаҳои тоҷикро ба хоки кишвараш манъ кунад, пас, худи мо ба ин гуна мавқеъгирии ӯ чӣ баҳо медодем?

Нилуфари СОБИР, рӯзноманигор

Се ҳикмати пинҳон

Зиндагӣ, марг ва умед хикматҳои пинҳони офаранишанд. Дар миёни ҳамаи махлуқоти дунё, шояд фақат фарзандони Одам метавонанд ба асрори ин се ҳикмати пинҳони Худованд даст пайдо кунанд!
Худованд пас аз тааммуқ ва тафаккур дар садади хилқати Одам буд.
Фариштаҳо арз карданд:
— Эй Худованд! Ин ҳама фарзандони Одам наметавонанд дар рӯи дунё бигунҷанд! Зиндагӣ, ки барояшон халқ мекунӣ, арзанда нест!
Худованд фармуд:
— Ман зиндагиро меофарам то беҳтарин офаридаамро озмоиш намоям. Барои ин ки зиндагӣ арзиш дошта бошад, дар баробараш ҳикмати пинҳони дигареро меофаринам, ки ҳамеша дар канори зиндагӣ хоҳад буд ва ҳеч гоҳ зиндагиро тарк нахоҳад кард ва низ ҳеҷ касро фиреб нахоҳад дод! Он ҳикмате аст, ки ҳамаи лаззатҳоро муқаддир месозад ва касе онро бишносад ҳамаи мусибатҳои дунё барояш осон хоҳад шуд. Он ҳикматест, ки зикраш ҳамаи қалбҳои огоҳро зиндатар мегардонад ва огоҳон барои истиқболаш омода хоҳанд шуд! Он ҳикматест, ки сарнавишти ҳамагон хоҳад шуд.
Фариштагон пурсиданд:
— Он фазилати зебову огоҳкунанда ва содиқтарин ёри фарзандони Одаманд, чист?
Фармуд:
— Марг!
Фариштаҳо арз карданд:
— Агар Марг офарида шуд, зиндагӣ барои фарзандон хушоянд нахоҳад шуд. Зиндагии якнавохт зиндагӣ нест. Марг худ нохушӣ бо чеҳраи зишт хоҳад шуд ва одамон дар баробараш нотавон хоҳанд шуд ва Маргро нафрин хоҳанд кард.
Худованд фармуд:
— Ман ҳикмати дигареро дар баробари Марг меофаринам, ки ширинтар ва пурасрортар аз ҳикматҳои қаблӣ хоҳад буд. Он фазилате аст, ки одамонро нирӯманду оянданигар хоҳад кард. Ин фазилатест, ки Зиндагӣ ва Маргро бо тамоми сахтиҳояш барои инсон зеботару бошукӯҳтар хоҳад кард. Он фазилатест, ки Зиндагӣ ва Маргро маънӣ мебахшад, одамонро дар баробари шикастҳо устувортару бебоктар хоҳад намуд. Он ҳикмати зиндасозу оянданигари Зиндагиву Марг аст.
Фариштагон пурсиданд:
— Он ҳикмате, ки фарзандони Одамро дар зиндагӣ оянданигару устувор мегардонад, чист?
Фармуд:
— Умед! Ва изофа намуд:
— Умед — мояи тадовуми Зиндагист, ки дар қалбҳои инсонҳо қарор хоҳам дод то Маргро нафрин накунанд!
Ва боз фармуд:
— Шумо агар хоҳед арзиши офаридаи Маро дарк кунед ва асрори ин се ҳикматро бидонед, вале нахоҳед ёфт ва нахоҳед донист, чун калиди ин ҳама асрор дар ниҳонгоҳи қалби Инсон ниҳодаам. Инсон садафи асрори рабубият ва хазинаи ҷавоҳири малакут аст. Фарзандони Ҳазрати Одам, тоҷи сари ҳақиқат ва ҷону рӯҳи ин офарнишанд. Дар вуҷуди ворисони Одам қалби дунё хоҳад ларзид!
***
Фариштагон шоҳиди офаридаи ҷадиди Худованд шуданд. Дар рӯ ба рӯи онон беҳтарин махлуқ ва тоҷи сари ҳақиқату дунё истод. Худованд амр кард то фариштагон саҷда ба Ҳазрати Одам биёваранд!

ЛУҚМОН

Рубрики:Uncategorized

Демократҳо бо Нурӣ рафтанд, на бо Ҳимматзода

8 октября, 2009 1 комментарий

Дар арафаи маъракаи қарибулвуқӯи интихоботи парлумонӣ «Ҷомеа», нашрияи ташкилоти ҷамъиятии «Журналист» дар толори Иттифоқи журналистони Тоҷикистон мизи гирд созмон дод, ки дар он муаррифии фаъолияти ду ҳизб: Ҳизби демократи Тоҷикистон ва Ҳизби сотсиалистӣ сурат гирифт. Қироншоҳ Шарифзода, сармуҳаррири нашрияи «Ҷомеа» рӯзи 30-юми сентябр дар ин нишаст ҳадаф аз ҷамъомадро бештар шиносоӣ пайдо кардан бо барномаҳои аҳзоби сиёсӣ ва фаъолияти онҳо маънидод кард. Ба гуфтаи ӯ, дар ҷараёни гузаронидани пурсиш миёни хонандагон муайян шуда, ки аксари ҷавонон аз фаъолияти аҳзоби сиёсӣ огоҳӣ надоранд. Дар ин нишаст намояндагони воситаҳои ахбори омма, ҷониби аҳзоби сиёсии кишвар ва сафири Британияи Кабир дар Тоҷикистон Тревор Мур иштирок доштанд.
Нигоҳе ба таърихи ҲДТ ва ҲСТ
Роҳбарияти ду ҳизб — ҲДТ ва ҲСТ дар воқеаҳои сиёсии Тоҷикистони 20 соли охир фаъолона иштирок кардаанд. Намояндагони ин ду ҳизб дар маъракаҳои интихоботии Парлумон ва президентӣ низ ширкат варзидаанд. Комёб шуданд ё не, ин мавзӯи дигар аст.
Барномаи ҲДТ ба сиёсати давлат ва Конститутсияи ҶТ пурра мувофиқат мекунад. Яъне, аз ин нуқтаи назар, ҳизб ҳуқуқи комил дорад, ки дар интихобот иштирок кунад. Таърихи ҲДТ пурпечутоб аст. Августи соли 1990 аввалин анҷуманашро доир кардааст. Бисту якуми июли соли 1991 сабти ном шудааст. Дар интихоботи парлумонии соли 1990 ва 1991 ҲДТ иштирок накард. Дар интихоботи парлумонӣ иддае аз намояндагони ин ҳизб, ки ҳоло ба қайди расмӣ надаромада буд, дар Шӯрои олии охирини Тоҷикистон қувваи пешбарандаи сиёсӣ буданд. ҲДТ ба интихоботи президентии соли 1991 номзадии Давлат Худоназаровро ба ду шева дастгирӣ кард. Аввалан, Д. Худоназаров сарфи назар аз он, ки коммунист буд, бо ақидаҳои демократӣ баромад мекард ва дуввум, Аслиддин Соҳибназаров номзад ба мақоми депутатӣ Давлат Худоназаровро ворид кард. Ба ин шакл ҲДТ дар он мавқеъ ба ҷомеа худашро нишон дод. Дар интихоботи соли 1999 ҲДТ бисёр ҷиддӣ иштирок кард. Лекин ин ҷо ду ҷиҳат дорад, мегӯяд коршиноси лоиҳаи ҳизбӣ Иброҳим Усмонов: «Азбаски ҳамаи нерӯҳои миллӣ ҷамъ омада буданд, маълум набуд, ки ҳанӯз ҲДТ чӣ мехоҳад. Калимаи демократия ба маънои антоними калимаи коммунист қабул шуда буд, на ба маънои фаҳмиши сиёсии яклухт. Барои ҳамин, дар инҷо қувваҳое ҷамъ шуданд, ки онҳо демократ, либерал ва радикал буданд. Ҳамаашон омаданд дар зери як шиор. Чунки ҳизби дигаре ба ҷуз Ҳизби коммунист дар замони ташкилшавии он вуҷуд надошт».
Саршавии ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон ҲДТ-ро ба ду гурӯҳ тақсим кард. Онҳое, ки ҳамроҳи оппозитсиюни тоҷик рафтанд, ба қавли Усмонов, бо ҳизб не, наҳзати ислом, яъне бо Саид Абдуллоҳи Нурӣ, на Ҳимматзода буданд. Ва дар ҷанг иштирок карда, бо номи «Платформаи Алмаато» шинохта шуданд. Дуюми июли соли 1995 дар Алмаато онҳо анҷуман доир карда, ҳизби худро мустақил эълон намуданд ва гуфтанд, ки мо ҳамроҳи С. Нурӣ ва оппозитсиюни тоҷик ҳастем. Онҳое, ки ба оппозитсиюни тоҷик ҳамроҳ нашуданд, 22-юми июли соли 1995 дар Душанбе аз нав бо роҳи пешин аз қайд гузаштанд.
Баъди он ки ҳизби якуми демократ аз нав барқарор шуд, анҷуман доир карданд ва дар ҲДТ, ки «Платформаи Алмаато» ном дошт, Муҳаммадрӯзӣ Искандаров раис интихоб шуд. Онҳо баъдан дар шакли ду қувва, ду ҳизб боқӣ монданд. Дар интихоботи президентии соли 1999 ҲДТ бо ду номзад баромад кард. Муҳаммадрӯзӣ Искандаров ба муқобили ҳизби демократе, ки ба гурӯҳи Шодмон Юсуфов ё Афсарӣ дохил буд, ба муқобили ҲНИТ баромад карда, номзадии президентшаванда Э. Ш. Раҳмоновро дастгирӣ намуд. Ҷиноҳи Ш. Юсуфов аввал номзадии Зафар Икромовро ба президентӣ пешниҳод кард, баъди як ҳафта ин номзадиро бозгирифт ва номзадии Султон Қувватовро ба президентии Тоҷикистон пешниҳод намуд. Номзадии Султон Қувватов, Давлат Усмон ва Сайфиддин Тӯраев баҳси зиёдеро ба вуҷуд овард. Ба миқдори зарурӣ овоз пайдо карда натавонистанд. Аз Комиссияи интихобот ҷавоби манфӣ гирифтанд. Рӯзномаи «Ҷунбиш», ки манфиати ин қувваҳоро ифода мекард, аз нашр бозмонд. Ва бо ҳамин ҳизби дуюми демократ аз байн рафт.
Иброҳим Усмонов мегӯяд, ки аз ҳизби муштарак ё муттаҳидкунанда ташкил кардани онҳо огоҳӣ надорад ва ҳар ҷараёни дигаре, ки ба вуҷуд омад, аслан дар заминаи ҷараёни ҳизби М. Искандаров буд.
ҲСТ низ яке аз ҳизбҳои мубориз ба шумор меравад. Дар хусуси фаъолияти ин ҳизб Иброҳим Усмонов чунин андеша дорад, ки ҲСТ-ро метавон гуфт, ки дар воқеаҳои сиёсии кишвар солҳои 1990-95 иштирок кард ва боз метавон гуфт, ки иштирок накард. Дар ҳар ду ҳолат ҳам як чиз ба вуҷуд меояд. Аз ин нуқтаи назар, ин ҳизб монандӣ дорад хусусан ба Ҳизби халқӣ — демократии Тоҷикистон. ҲХДТ дар он вақт набуд, лекин наметавон гуфт, ки он замон дар воқеаҳо иштирок накардааст. Чунки лидери ин ҳизб яке аз роҳбарони ҳамонвақтаи ин ҳизб буд ва ҳоло ҳам роҳбари ҳизб аст. ҲСТ низ ҳамин хел аст. Вуҷуд надошт, вале созмондиҳандаи баъдии он Сафаралӣ Кенҷаев дар замони муқовимати сиёсӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ буд. Давраи аз ҳама фаъоли ҲСТ нимаи дуюми соли 1990 буд. Ҳам рӯзномааш фаъол буд ва ҳам ҳаракатҳояш. Ин ҳизб ҳам дар интихоботҳои парламентӣ ва ҳам дар интихоботҳои президентӣ иштирок кард. Вале комёбӣ ба даст наовард. Баъди вафоти Сафаралӣ Кенҷаев дар дохили ҳизб кашмакаш ва талошҳо ба вуҷуд омад. Ин ҳизб аз соли 1997 то имрӯз иқтидори интихобкунандагони худро бештар гум кардааст.
Оилаи нотинҷ ва хурсандии ҳамсояҳо
Коршиноси платформаи ҳизбӣ И. Усмонов хулосаи худро дар мавриди ҲДТ ва ҲСТ баён карда, афзуд, ки як ҳаммонандӣ дар ин ду ҳизб вуҷуд дорад, ки агар шабеҳ набошад, беҳтар буд. Ба андешаи Усмонов, дар кашмакашу талошҳои дохилӣ ҳар ду ҳизб дар як сатҳ қарор доранд. ӯ мегӯяд, ки то ин ҷанҷолҳои дохилиҳизбӣ аз байн наравад, нуфузи аҳзоби мазкур боло намеравад ва дар интихоботҳои оянда соҳиби курсӣ нахоҳанд шуд. Вай афзуд: «Албатта, вақте оила нотинҷ аст, ҳатто ҳамсоя хурсанд мешавад».
Ба андешаи ӯ, роҳбарони ҲДТ дар сурати муттаҳид кардани ҳизбашон аз рӯи системаи мажоритарӣ, яъне аз ҳавзаҳои якмандата як ё ду ҷой гирифтанашон мумкин аст, агар ба ҳамин самт пеш раванд. Вале ҲСТ танҳо аз рӯи имконияти округи бисёрминтақа ба даст овардани як ё ду мақомро дар парламенти навбатӣ дорад.

ҲСТ ба суд мекашад
Дар бораи кашмакашҳои дохилиҳизбӣ саволу ҷавобҳо радду бадал шуданд, ки боиси норизоии Абдуҳалим Ғаффоров, раиси ҲСТ шуд. ӯ бо шиддати тамом иброз дошт, ки касе оид ба мавзӯи дохилиҳизбии эшон ҳарф мезанад, масъала тариқи суд ҳал хоҳад шуд. Вай афзуд: «Бисёр вақт рӯзноманигорон ва сиёсатмадорон аз барномаи ҲСТ бархӯрдор нестанд. Бинобар ҳамин, ман ба шумо боз мегӯям, ки дар оинномаи ҲСТ фраксия нест, чи тавре дар ҲДТ ин чиз ба назар мерасад».
Аммо дар ҳамин ҳол имкони аз байн рафтани кашмакашҳои дохилии Ҳизби демократ хеле душвор аст. Ба гуфтаи намояндаи ҲДТ Ҳайдулло Абдуллоев, иттифоқ кардан дар шароити имрӯза ғайри имкон аст, зеро проблемаи дохилиҳизбӣ вуҷуд дорад.

Ҳизбҳои мавсимӣ ва
нашрияҳои мустақил
Дар ҷараёни нишаст миёни рӯзноманигорон ва намояндагони аҳзоби сиёсӣ саволу ҷавоб радду бадал мешуд. Саволи «Чаро аҳзоби сиёсӣ ба истиснои ҲХДТ мавсимӣ ҳастанд ва баъди анҷоми маъракаҳои интихоботӣ аз назари мардум дур меафтанд» норизоии намояндаи Ҳизби коммунист Субҳон Сафиаллоевро ба вуҷуд овард. ӯ чунин меҳисобад, ки аҳзоби сиёсӣ мавсимӣ нестанд, вале бархе аз фаъолияти онҳо огоҳӣ надоранд. Вай мегӯяд, ки ба истиснои нашрияҳои мустақил дигар нашрияҳои ҳукуматӣ ва журналистон баръакс мавсимӣ ҳастанд. Зеро дар арафаи интихобот баҳси хизбҳо, бештар ҲХДТ-ро инъикос мекунанд ва пас аз анҷоми он хомӯш мешаванд. Танҳо нашрияҳои мустақил фаъолияти аҳзоби сиёсии Тоҷикистонро мудом баррасӣ мекунанд.
Намояндаи ҲДТ низ мавсимӣ набудани ҳизбҳоро таъкид кард ва ақидаи С. Сафиаллоевро ҷонибдорӣ намуд. Аммо раиси ҲСТ А. Ғаффоров мавсимӣ будани ҳизбҳоро эътироф кард ва афзуд, ки сабаби ин камбағал будани аҳзоби сиёсист. Барои ҳалли ин масъала ӯ ду пешниҳоди худро зикр кард, ки яке барои аҳзоби сиёсии дар интихоботи парлумонӣ ширкаткунанда дар сари ҳар овоз аз буҷаи давлат то 5 сомонӣ ҷудо кардан ва дигаре қабули қарор дар бораи он ки, бояд аҳзоби сиёсӣ аз буҷаи давлат маблағгузорӣ карда шаванд.

Замин додан
хатои азим буд…
Дар ҷараёни нишаст раиси ҲСТ А. Ғаффоров махсусияти барномаи ин ҳизбро баён кард ва гуфт, ки ҳизби эшон иҷтимоист ва барои беҳдошти ҳаёти мардуми кишвар равона шудааст. Ба вижагиҳои иқтисодии он масъалаи ба монополияи давлат додани корхонаҳои азим ва бо ин восита кам кардани сафи бекорон ва муҳоҷирони меҳнатӣ, рушди кишоварзӣ, аз байн бурдани фаъолияти фючерӣ ва ба деҳқон додани заминҳо дохил мешавад. ӯ супоридани заминҳои корамро барои сохтани манзилҳо нодуруст арзёбӣ кард ва афзуд: «Масалан, заминҳои кораме, ки дар назди сафоратхонаи ИМА мавҷуд аст, онро додан яке аз хатоиҳои бениҳоят азим аст. Зеро он манбаи асосии захираҳо барои бозори наздики Тоҷикистон буд, ки ин афзоиши нархро боло мебардорад».

Дузду ғоратгар
Дар ҷавоби саволи вобаста мубориза алайҳи коррупсия намояндагони аҳзоби сиёсӣ мавҷудияти барномаҳои худро зикр карданд. Аммо бартарият ва тафовути он аз барномаи зиддикоррупсионии амалкунанда шарҳ дода нашуд. Танҳо доштани чунин барномаро намояндагони аҳзоб як имтиёзи иловагии худ медонистанд. Зеро ҳам ҷониби ҲСТ ва ҳам ҲДТ дар посух роҳи мубориза бо коррупсияро норӯшан вале доштани барномаро махсус зикр карданд. Дар ҳамин ҳол намояндаи Ҳизби коммунист Субҳон Сафиаллоев қайд кард, ки дар ин ҳизб соли 1996 барномаи мубориза алайҳи порахурӣ, ки коррупсия ба андешаи ӯ ҳамон аст, вуҷуд дошт. Вале Иброҳим Усмонов дар ин мавзӯъ ихтилофи назар дорад. ӯ мегӯяд, ки порахӯрӣ ин коррупсия нест. Зеро коррупсия пуштибон дорад, вале порахӯр не. Порахӯр мисли дуздест, ки дар ҳарос аст, аммо коррупсионер шабеҳ ба ғоратгарест, ки ҳам ғорат мекунад ва ҳам мекушад.

Чаро депутатҳо
ваъда медиҳанд?
Мавзӯи дигаре, ки дар ин нишаст мавриди муҳокима қарор гирифт, масъалаи ваъдаҳои болохонадори вакилони халқ буд, ки пеш аз маъракаҳои интихоботӣ сурат мегирад. Яъне ба мардум ваъдаҳои калон медиҳанд, ки барқ мегузаронанд, об меоранд, роҳ месозанд ва ғайра. Аммо баъди ба курсӣ нишастан ҳамаи ваъдаҳо фаромӯш мешавад. Ин идея асосан аз саволи як донишҷӯ пайдо шуд. Дар посух ба ин суол С. Сафиаллоев чунин гуфт: «Шахсан ман ҳамчун намояндаи Ҳизби коммунист бо тамоми ҳастиям мегӯям, ки намояндагони мо ягон интихобкунандаи худро фиреб надодаанд».

ҲДТ-ю ҲСТ зиёӣ бештар
доранд, ё носфурӯш?
Масъалаи пешниҳод ба номзади вакили халқ дар нишаст баррасӣ шуд. Имконияти молии ҳизбҳо ба пешниҳоди номзад мерасад ё не? Посухи А. Ғаффоров чунин буд, ки вақт нишон медиҳад. Дар интихобот ширкат мекунанд, аммо бо пешниҳоди 10-15 номзад, агар 7000 сомонӣ бошад, имконият надоранд. Маблағи имрӯзаи ҳизби эшон танҳо аз ҳаққи аъзогӣ аст. То муддати муайян сарпарастҳое буданд, ки кӯмак мекарданд, ҳоло чунин дастгирӣ мавҷуд нест, аммо масъала бардошта шудааст.
Ҷониби ҲДТ мегӯянд, ки барои 4 ё 5 номзад пешниҳод кардан шароит доранд. Қишри зиёӣ 7000 сомонӣ барои номзад пардохт карданашон ғайри қобили қабул аст ва дар сафи Парлумон акнун ба роҳ ёфтани бозорию носфурӯш шубҳа нест. Вале вақт нишон медиҳад, ки сафи зиёиён дар кадом ҳизб бештар аст.

Исфандиёр ХАЛИЛОВ, БМСТЖ

«Асфалти стандартӣ»-и Истаравшан

Соли 2002 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 2500-солагии Истаравшан ботантана ҷашн гирифта шуд. Ҳамон вақт қисман роҳҳои дохили шаҳри Истаравшанро асфалтпӯш карданд. Ҳатто баъди ҷашни 2500-солагӣ роҳҳое вуҷуд дошт, ки серямоқ буданду чуқурчаҳои зиёд доштанд. Он роҳҳо ниёз ба таъмир доштанд, вале на таъмир шуданду на азнавсозӣ. Дар ҳоле, ки соли ҷорӣ бо Қарори раиси шаҳри Истаравшан ва бо ташаббуси соҳибкорону зиёиён аз тамоми мардуми Истаравшан барои азнавкунию таъмири роҳҳои Истаравшан маблағ ҷамъ оварданд. Қариб 2 моҳ маблағи ҷамъшударо дар ҳисоби махсус нигоҳ доштанд…
Рӯзе вақти сайругашт пай бурдам, ки техникаи ҳозиразамони аллакай ба мо шинос, техникае, ки ба техникаи роҳсозони хитоӣ монандӣ дошт, ба шаҳр ворид мешуд. Фикр кардам, расид вақте ки мо ҳам роҳе мебинем чун роҳи Душанбеву Хуҷанд тахту ҳамвор, вале ҳайҳот.
Чиниҳо якчанд рӯз кор карда, аз асфалти кӯҳнаро боз як қабати дигар мумфарш намуданду баромада рафтанд. Ин ҳам бошад, на зиёда аз 700 -800 метр ва танҳо гирду атрофи Ҳукумати шаҳр. Гӯё маблағе, ки ҷамъ шуд, фақат барои мумфаршкунии маркази шаҳр буд. О, он маблағе, ки аз соҳибкорон, аз ронандагони маршруткаю «газел»-ҳои дохили шаҳр ва мардуми оддӣ ҷамъ шуд, таҳо танҳо ба 2 — 3 километр расид? Оид ба ин масъала баъд муфассалтар хоҳем гуфт. Ҳоло бошад, мехостам дар бораи мумфарши охирин, мумфарше, ки ба стандарти Истаравшан ҷавобгӯй аст, каме бошад ҳам, маълумот диҳам.
Гап сари он ки, назди бозори марказиро аз пули поён сар карда то пули боло шахсони мутасаддӣ мумфарш карданд. Маълум буд, ки коргарон сохтмончиёни ватанӣ буданд, яъне сохтмончиёни худамон. Вақте асфалти пештараро канданд, тамоми мардум ба андеша рафтанд, ки дар сурати ин гуна боҳавсала кор кардан шояд меҳнаташон аз меҳнати чиниҳо чанд маротиба зиёд манфиатовар гардад. Лекин ҳайҳот! Коргарон сангмайдаҳоро оварданду ба қадри имкон заминро ҳамвор карданд ва бо техникаи хеле кӯҳна 40-50-сола онро мумфарш намуданд. Дар шоҳроҳ техникаи махсус маҳсулотро мерехт ва якбора онро ҳамвор мекард. Ҳар як каҷу килебро бо таҷҳизоти махсус муайян карда, камбудиро ислоҳ мекарданд. Роҳсозони мо бошанд, 10 мошин хоку сангмайда оварданд. Борро холӣ карданду коргарон онро бо белу каланд ҳамвор намуданд. Замин дар як вақти кӯтоҳ мумфарш шуду як — ду маротиба аз болояш бо техникаи вазнин зич накарда, баромада рафтанд. Гӯё «худи мошинҳои роҳгузар рост мекарда бошанд» ҷойҳое буданд, ки на рост карданду на аз болояш коркард.
Рӯз торик мешуд ва ман ҳам ба хона равон шудам. Вале қавл додам, ки саҳарӣ барвақт омада, онро мебинам. Фикр кардам, ки ҳоло бегоҳ шудаасту давоми корро шояд пагоҳӣ идома диҳанд. Саҳарӣ омадаму дидам, ки мумфарш чи тавре рӯзи пеш гузошта шуда буд, ҳамон тавр боқӣ мондааст.
Аз ин воқеа чандин рӯз гузашту агар мавзеи мавриди таваҷҷӯҳро аз назар гузаронед, нишоне аз мумфаршкунии нав нест. Ҷое паст, ҷои дигар баландтар. Ба баъзе ҷойҳо ҳатто даст нарасонида, мумфарши навро илоҷе карда ба кӯҳна пайваст намудаанд. Магар ҳамин аст мумфаршкунии шаҳр, мумфаршкунии роҳи асосии нақлиётӣ!? Охир имрӯз мардум ҳама бозорӣ ҳастанд ва асоси ҳаракати мошину одамон маҳз ҳамон роҳ аст.
Рафти сохтмони роҳро бо чашми худ дида, номашро «Мумфарши стандартии Истаравшан» гузоштам.

ЭЙМАН

Рубрики:Uncategorized