Архив

Archive for Август 2010

Гурезогурез

Чаро ин воқеа баъди мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Медведев ба вуқӯъ пайваст?

Аз вохӯрии ин дафъаи Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Дмитрий Медведев, Президенти Русия дар Сочӣ миёни коршиносон интизориҳо ба таври мухталиф арзёбӣ мегардад. Иддае бар ин назаранд, ки ин вохӯрӣ чизеро тағйир дода наметавонад, аммо бархе чунин мешуморанд, ки Маскав дар баҳси миёни ӯзбекистон ва Тоҷикистон дар бораи «Роғун» ва об нақши муҳим дорад. Вале афроде низ ҳастанд, ки ба бовари онҳо, ин вохӯрӣ нишасти 5 сол пеши Владимир Путин, Президенти собиқи Русия бо Раҳмонро ба хотир меорад. Зеро он вақт гузаштҳои зиёди ҷониби Тоҷикистон муносибати сардгаштаи дутарафаро гармтар карда буд ва эҳтимоли ба миён омадани чунин вазъият низ вуҷуд дорад.

Сукути Русия чӣ маънӣ дошт?

Ҷамъоварии маблағ барои бунёди нерӯгоҳи «Роғун» дар ҳоле сурат гирифта буд, ки Президенти Тоҷикистон аз сафари Русия баргашт. Дар доираи коршиносон сӯҳбатҳо ва ибрози назарҳо баён карда мешуд, ки шояд ҷониби Русия барои пиёда сохтани манфиатҳояш дар Тоҷикистон аз сохтмони нерӯгоҳи «Роғун» пуштибонӣ кардааст. Аммо бо як мухолифати Тошканд нисбати бунёди ин нерӯгоҳ мавқеи Медведев ноустувор ба назар мерасид. Беҳуда намегӯянд, ки дар сиёсат манфиат дар ҷои аввал аст. Чун ӯзбекистон беш аз 25 миллион нуфус дорад ва доду гирифти ӯ бо Русия табиист, ки ба маротиб бештар аз Тоҷикистон аст.

Нахуст фишори Русия дар он зоҳир мешуд, ки бо баҳонаи паҳн шудани бемории фалаҷи сар дар Тоҷикистон кӯдакони хурдсолро иҷозаи вуруд ба сарзаминаш намедод ва баъдан ба таври густарда аз қабул кардани меваи хушки Тоҷикистон даст кашид. Ҳарчанд далел пеш меовард, ки ин тасмим ягон тобиши сиёсӣ надорад, аммо ба иддаои баъзе коршиносон, ин танҳо як фишоре буд, ки бо роҳандозӣ кардани он Русия нишон додан мехост, ки ҷонибдори Тошканд аст. Тег «Далее»

Рубрики:Uncategorized

Убайдуллоев як холи дигар гирифт

Вохӯрии раиси шаҳри Душанбе бо сокинони пойтахт бори дигар собит сохт, ки танҳо камбизоатон пушти дари роҳбарон солҳо боз навбат мепоянду мушкилашон ҳамоно ҳал нашуда мемонад.

То оғози ҷаласа

Рӯзи 23-юми август раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев барои сокинони пойтахт ҷаласаи дарҳои кушодро доир кард, ки дар он ҳар нафари мушкилдошта метавонист иштирок кунад. Ҳарчанд ин ҷаласа барои арзу доди мардумро шунидан буд, вале пеш аз оғози қабули шаҳрвандон бо роҳбарони тамоми идораву сохторҳои зертобеи худ ҷаласаи дигар гузаронидан як андоза шубҳанок менамуд. Зеро агар мақсад вохӯрии ошкоро ва ислоҳи камбудиву бемасъулиятии зертобеонаш бошад, шояд дар ҷаласаи «махсус» барои зертобеон доиршуда сабру таҳаммулро хоста бошад?

Аммо тибқи хабари расмӣ, ин ҷаласаи васеи назоратии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба баррасии масоили мубрами ҳаёти хоҷагидории шаҳр дар моҳи шарифи Рамазон унвон гардидааст.

Ва то лаҳзае, ки ҷаласаи роҳбарон идома мекард, дар беруни маҷлисгоҳ мардумро ҷамъ намуда, аз ҳар кадоме шахсони масъули дастгоҳи Ҳукумати шаҳр мепурсиданд, ки то ин дам ба куҷо чанд маротиба муроҷиат бурдаву мушкилашонро ҳал накардаанд?

Баробари вориди толор шудани арзкунандагон раиси шаҳр дарҳол «э-ҳа, мардум ин қадар бисёр будаанд-ку! Боз ман гумон кардам, ки 5-6 нафар меоянду халос. Маълум, ки додашонро шумо нашунидед ва маҷбур шуданд то назди ман оянд»,- гуфта, бо зарда ба муовинон, раисони ноҳияҳои пойтахт ва дигар сохторҳои масъул расонид.

Албатта, ин ҷумлаҳо боис ба он гаштанд, то мардум худро озод эҳсос кунанд ва донанд, ки ин вохӯрӣ ғайрирасмӣ аст. Ҳамин тавр, беш аз 48 нафар сокинони пойтахт тавонистанд бе хушомадгӯиву мадҳиясароӣ арзу доди худро расонанд. Тег «Далее»

Рубрики:Uncategorized

Иззат АМОН: «Сафорати Тоҷикистон наметавонад расидагӣ кунад…»

Бо вуҷуди миллионҳо навбат нақз шудани ҳаққи шаҳрвандони Тоҷикистон дар кишвари Русия ва муроҷиати бепоёни ин муҳоҷирини корӣ ба мақомоти расмии Тоҷикистон ва намояндагиҳои он дар Русия мушкил роҳи ҳалли худро пайдо накард ва раванди зиндагӣ сари кор омадани созмонҳои ҷамъиятии тоҷикиро тақозо намуд. Яъне, акнун умеди муҳоҷирин танҳо ба нерӯи худ дар сарҷамъиву иттиҳод нигаронида шуд. Феълан созмонҳои ҷамъиятии тоҷикӣ бар 12 адад бо шӯъбаву бахшҳои худ дар манотиқи гуногуни ФР ба фаъолият шурӯъ карда, ба мушкилоти муҳоҷирини тоҷик расидагӣ мекунанд. Чанде қабл дар Маскав як созмони нави тоҷикӣ бо номи «Миллат» ба фаъолият шурӯъ кард. Ҳадафи ин созмон чист, то куҷо он метавонад барои ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷири кории тоҷик саҳм дошта бошад? Ин ва дигар суолоте буданд, ки зимни сӯҳбат бо сарвари ин созмон, номзади улуми сиёсӣ Иззат Амон матраҳ намудам.

— Мӯҳтарам Иззат Амон, сараввал мегуфтед, ки созмони «Миллат» чӣ созмонест ва чаро «Миллат»?

— Аввалан ба мардуми шарифи Тоҷикистон салом арз мекунам. Баъдан, созмони «Миллат» як иттиҳоди ҷавонони рӯшанфикр аст, ки бо аҳдофи сирф иҷтимоӣ рӯйи кор омадааст. Солҳои мадид аст, ки нерӯи асосии созандаи Тоҷикистон — ҷавонон ба Русия ба муздурӣ, ба мардикорӣ меоянд. Шояд фикр кунем, нафароне, ки маълумот ва касб надоранд, малакаи кор дар Тоҷикистонро надоранд, ба муҳоҷират мераванд, вале ин нуқтаи назар як хатои маҳз аст. Зеро аз ду як нафар муҳоҷири кории тоҷик соҳибкасбу дорои маълумоти олист. Аз ин рӯ, як гурӯҳ ҷавонони рӯшанфикри тоҷик сари як пиёла чой, дар вақти танаффус, ба қавли русҳо «перекур», доим ҳасрат мекардему аз мушкилоти худ ҳарф мезадем. Аммо мавзӯъ доим як буд: нақзи ҳуқуқи тоҷикон аз сӯйи пулиси рус, аз сӯйи кордиҳандаи рус, миёнарав ё ба қавли дигар, даллолу мардикорҷаллобон. Тег «Далее»

Рубрики:Uncategorized

Эълом мекунам!

Ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба Агентии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба Агентии хариди мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба Раёсати БДА-и ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон

Аз сабаби он ки:

1.      Соли 2009 тендерҳо (озмунҳо) оид ба тайёр намудани аломатҳои бақайдгирии давлатӣ бо чаҳорчӯбаи пластмасӣ ва талонҳои муоинаи техникии воситаҳои нақлиёт бо дағалона вайрон кардани қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифтанд; Тег «Далее»

Рубрики:Uncategorized

«Добавка» ё фиреб?

Дар қарори №474-и раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев оварда шудааст, ки бо мақсади нигоҳ доштани нархи маҳсулот ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ дар бозорҳои пойтахт новобаста аз шакли  моликияташон дар моҳи шарифи Рамазон, аз 11-уми август то 10-уми сентябр нархи як килограмм гӯшти гов то 18 сомонӣ, гӯшти гӯсфанд то 19 сомонӣ ва нархи як халта орди навъи якум то 90 сомонӣ нигоҳ дошта шавад. Вале тӯли ин чанд рӯзе, ки мардуми Тоҷикистон Рамазонро аз сар мегузаронанд, овозаҳо, ҳангомаҳо, вокунишҳо нисбати нарху навои бозорҳо зиёд шуд, ки кам не. Тег «Далее»

Рубрики:Uncategorized

Рости дурӯғнамо

Тоҷиддин писари ягонаи хонадон буду волидайнашро нигоҳубин мекард. Бо гардиш хӯрдани чархи гардун ӯ ҳам роҳи Русияро пеш гирифт. Дар Русия Худованд барор доду ӯ соҳиби давлату кори сердаромад гардид. Ном ба номи Тоҷиддини ваҳдатӣ буд. Ҷавонмардони тоҷики Питер аз ӯ ифтихор мекарданд. Дар ҷойе, ки одам ҳаст, ҳамеша ҳасаду бахилӣ ҷой дорад. Чи шуду ӯро бо тӯҳмат дар маҳбаси душворшароити шаҳри Санкт-Петербург маҳкам карданд. Ҳарчанд додгустари беҳтаринро киро карда, барои ҳақиқат мубориза бурд, натавонист аз тӯҳмати ноҳак пок гардад. ӯ ҳанӯз тӯйи домодӣ барпо накарда, чодари ба номаш дӯхтаи модар интизори ӯ дар ватан меистод. Тег «Далее»

Рубрики:Uncategorized

Ояндаи равшанфикрони миллӣ

Давомаш. Аввалаш

Дар гоҳи (вақти) муносиби дигаре шайтон ба сурати хидматгор ва ошпази забардасте роҳ ба андаруни кохи Заҳҳок меёбад ва чун дар хидмати Заҳҳок бисёр хушхизматӣ мекунад ва суфраҳои рангоранг ва ғазоҳои лазиз барояш омода мекунад, рӯзе аз ӯ иҷоза меёбад, ки бар ду китфаш бӯса бизанад ва чун чунин мекунад, бедаранг (ҳамзамон) ду мор аз китфи Заҳҳок мерӯянд ва шайтон низ ба ногоҳ нопадид мешавад. Заҳҳоки тозӣ сахт дар банди шайтон гирифтор шудааст ва худ намедонад. Пизишкони фаровоне барои муолиҷаи морҳои сабзшуда аз ду китфаш меоянд, вале чорае барои ин дарди бедармонаш намеёбанд.

Саранҷом бори дигар шайтон ба сурати пизишке (табибе) бар болини Заҳҳок меравад ва нусхаи ниҳоиро (рецепт) барои зинда мондани ҲАМЗОДИ ХЕШ тавсия мекунад. Заҳҳоки тозӣ барои идомаи зиндагии палидаш ҳар рӯз бояд мағзи сари ду инсонро ба морҳои баромада аз китфаш бихӯронад. Намунаи том ва тамоми палидӣ ва нопокӣ, ин охирин таҷвиз ва тавсияи шайтонро низ мепазирад ва ҳамон кореро мекунад, ки шайтон мехоҳад. Тег «Далее»

Рубрики:Uncategorized

Во ғарибо, во ғарибӣ, во ғариб

Давомаш. Аввалаш

Баъди рафтани Оксанаву Пётр Пётрович зиндагии Азиз дар хонаи Артур боз ба дараҷае душвор шуда буд. Модари Диана аз Азиз чашм намеканд. Инчунин, назорати Азизро аз Диана ва Артур тақозо мекард. Ба хотири онҳо меовард, ки чи хел ҳангоми ороиши қисми дохилии бино сохтмончиёни молдованӣ хонаи онҳоро ғорат карда, гурехта буданд. Ҳарчанд ин воқеа чаҳор — панҷ сол пештар рух дода бошад ҳам, дар хотири Диана нақш баста буд. Сохтмончиёни молдованӣ асосан олотҳои барқии сохтмонии гаронбаҳо, ба монанди паркетка, мабзил, арраҳои барқӣ, дастгоҳҳои кафшеркунии нимавтоматӣ, дастгоҳи оҳанбурии қиматаш 10000 рублро бурда буданд. Тег «Далее»

Рубрики:Uncategorized

Рӯза ва назариёти донишмандони шарқу ғарб

Давомаш. Аввалаш дар шумораҳои гузашта Каланл Друшо — равоншиноси маъруф мегӯяд: «Рӯза муҷиби ҳолати ҷазабаи рӯҳӣ мебошад». Саъдӣ мегӯяд:

Андарун аз таом холӣ дор, то дар ӯ нури маърифат бинӣ, Тиҳӣ аз ҳикмате ба иллати он, ки пурӣ аз таом то бинӣ.

Риёзати (ранҷ) нафс барои чист?

Риёзаткашон ва касоне ки дар пайи тараққӣ ва таъолии рӯҳӣ ҳастанд, аз тағзияи хеш аз назари кайфият ва камият мекоҳанд, то онҷо, ки як нафар муртоз дар тӯли рӯзу шаб ба як адад бодом иктифо мекунад ва ё баъзе ба ғизои наботӣ иктифо карда ва аз хӯрдани гӯшт парҳез менамоянд, то дар канори риёзат аз холӣ будани меъда ва иҷтиноб аз кулли хӯрданиҳо ва ошомиданиҳо битавонад ба ҳадафи олии худ, ҳамон тарақии рӯҳ ва парвариши он аст, бирасанд. Аз суханони боло ду натиҷа оид мегардад: 1. Рӯза риёзати воҷибест, ки Худованд барои тазкияи нафс ва омодагии рӯҳ муайян фармудааст. 2. Амали рӯза ва ҳамаи риёзатҳо дар рӯҳ марбут ба мазҳаб ё ақидаи махсусе нест, балки як амали табиӣ аст, рӯи қонун сабаб ва мусабаб кор мекунад. Чунон ки баъзе аз риёзаткашон ҳастанд, ки рӯҳашон дар марҳилаи олӣ аст, вале аз ҳақиқати мазҳаб ғофиланд ва беҳтарин ва ҳақиқаттарин риёзати нафсонӣ ҳамон пайравӣ аз дастуроти динӣ аст, ки одамиро ба сӯи марҳилаҳо ва мартабаҳои ҳақиқат роҳнамоӣ мекунад. Тег «Далее»

Рубрики:Uncategorized

Бо роҳи қаллобӣ хонаамро гирифтаниянд

Ба таваҷҷӯҳи раиси Суди олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Одамро шири хомхӯрда мегӯянд, ки рост аст. Аз куҷо медонистам, ки ба доми нафарони маккор афтида, ин қадар сарсону саргардон мешавам. Асоси саргардонии ман зудбовариям мебошад. Ёров Маҳмадшоҳ Қаландарович ном шахс ба бовариям даромада, шахси ношинос Маҳмадуллоев Саидро ба хонаам овард. Аз ман илтимос намуд, ки барои ривоҷи тиҷораташ хонаро ба гарав мемонад. Бо ҳамин баҳона ба ман якҷоя бо баҳонаи аввал гарав мондан ва баъдтар харидуфурӯш 20000 ИМА-ро дода, забонхат навишт, ки боқимонда 30000 долларашро пас аз чанд рӯз медиҳад. Оид ба ин ҳолат забонхати Маҳмадуллоев С. мавҷуд мебошад,  ки номбурда навишта дод. Тег «Далее»

Рубрики:Uncategorized

Ҳадаф хона, парванда баҳона

Давомаш. Аввалаш

Мегӯянд, ки “ҳалворо ҳоким хӯраду калтакро ятим”. Мудири бахши давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ М. Ш. Иззатов ҳама корро мекунаду дигарон бояд ҷавоб гӯянд. Диққати хонандаро каме ба қафо бармегардонем. Дар ин пораи аз фикри айбдорӣ иқтибосоварда зикри чанд нукта муҳим аст. Аввалаш, таъкид карда мешавад, ки гӯё Л. Ҷабборов бо қарори раиси ноҳия ҷиянаш З. Авезоваро парастор таъин намуда бошад, ки Л. Ҷабборов чунин ваколат надошту надорад. Ин қарорро раиси ноҳияи Ёвон қабул кардааст. Сониян, сухан дар бораи маълумотномаи қалбакӣ меравад, ки асоси ин парвандаи ҷиноятӣ гардидааст.

Дар ҷои дигар не, дар дохили парванда нишондодҳо ҳастанд ва онро кормандони прокуратура гирифтаанд. Шаҳрвандон шаҳодат медиҳанд, ки дар он хона ҳамроҳи кампир Зайнураю писарчааш ва ду хоҳару додараш зиндагӣ мекарданд. Инро ҷонишини раиси маҳалла А. Имомова ҳам омада, аз забони Медведова шунида, пас дар бораи дар ин хона зиндагӣ доштани онҳо маълумотнома додааст. Вале тафтишгарон як чизро аз ҳам фарқ кардан намехоҳанд: дар қайд будан (прописка) ва зиндагӣ доштан (жительство). Далели бебаҳс аст, ки дар он хона танҳо кампир дар қайд буд. Вале дигарон бе қайди дахлдор ҳамроҳи ӯ зиндагӣ мекарданд. Муовини раиси маҳалла ҳам маълумотномаро “дар қайд ҳастанд” гуфта, надодааст-ку! Нигоҳ кунед. Агар ҳамин маълумотнома асоси содир намудани ҷиноят бошад, пас он аз тарафи А. Имомова дода шудааст. Вале худи мақомоти тафтишот дар рафтори А. Имомова аломатҳои ҷиноят нест гӯён, қисми парвандаро қатъ намудаанд. Модоме дар ҳаракатҳои А. Имомова таркиби ҷиноят набошад, пас маълумотномаро қалбакӣ гуфтан бармаҳал аст. Ғайр аз он, агар ин маълумотнома боиси ба ҷавобгарӣ кашидани шахси маълумотдиҳанда нагардад, пас дар рафтори онҳое, ки барои гирифтани чунин маълумотнома муроҷиат карданд, таркиби ҷиноят нест. Камтар пеш равем ҳам таъкид намудан бамаврид аст, ки дар таъиноти коллегияи судӣ оид ба корҳои ҷиноятии Суди вилояти Хатлон ҳам ин ҳолат таъкид шудааст. Тег «Далее»

Рубрики:Uncategorized

Пайкон №34 (76)

Рубрики:Uncategorized

Орзуи булбул баҳору орзуи каргас мурдор

Аксарият манфиати шахсиро фикр мекунанд ва донистан намехоҳанд, ки оянда натиҷаи амали эшон аҳли ҷомеаро ба чӣ гуна проблема мувоҷеҳ хоҳад сохт. Мисли он ки булбул танҳо  фасли баҳорро орзу мекунад ва каргас хоҳиши онро дорад, ки ҳар рӯз як мурдорро саркандаву парканда бинад.

Ҳар кӯдаки гаҳвора аз кадом як «хоҷаи хориҷӣ» 250 доллар қарздор аст

Ба иттилои вазири молия Сафаралӣ Наҷмиддинов, ҳоло қарзи берунаи Тоҷикистон ба 1 миллиарду 755 миллион доллар расидааст, ки ин нишондод ҳудуди 32 дар сади маҷмӯи маҳсулоти дохилиро ташкил медиҳад.

Барои давлате, ки 7 миллион нуфуз дорад, аммо иқтисодаш заиф аст, ин қарзи андак нест. Агар ба сари ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон, ҳатто кӯдаки гаҳвора ин қарзро тақсим кунем, ҳудуди 250-доллариро ташкил хоҳад дод. Вақте одати қарзро гирифтан ҳасту баргардонидан не, оқибат бори гарони дӯши кӣ хоҳад буд? Ба дӯши мардуме, ки худ ҳангоми муҳоҷирати меҳнатӣ буду шудашро фурӯхта, мошинпулӣ мекунад, аммо аз гаронии билет ва роҳкиро маҷбур аст бар замми фурӯхтани ҳамаи дороиҳояш боз аз куҷое қарз гирад, дар охир қарзи иловагиеро ба гардан хоҳад гирифт? Модоме, ки 50 дар сади аҳолии кишвар бо қашшоқӣ ва фақр ҳаёт ба сар мебаранд ва шояд бо гирифтани қарз ва хайр аз наздикону одамони алоҳида зиндагии «хӯру намур» доранд, беандеша ба амалҳои паёмадаш нохуб даст задан аз рӯи инсоф нест.

Агар аз дидгоҳи дигар баҳо диҳем, ки ҳангоми гирифтани қарз нақшаи баргардонидан вуҷуд дорад, ростӣ ба суоли «то куҷо ба воқеият наздик будани ин амал» посухе дарёфт карда наметавонем. Чун агар нақшае буд ё алъон вуҷуд дорад, чаро сол то сол қарзи берунии Тоҷикистон дар ҳоли афзоиш аст? Якчанд сол аст, ки қарз дар ҳоли афзоиш аст. Чаро як марҳилае набуд ва нест, ки нақшаи баргардони қарз иҷро шуда бошад? Ин гуна суолҳоро зиёд метавон пеши худ гузошт, аммо дарёфти посух ба онҳо хеле душвор аст. Тег «Далее»

Рубрики:Иқболи САИДЗОД Метки:

Муҳиддин Кабирӣ: ««Минаи дерамалкунанда» дар ҳаракат даромадааст»

Ҳар сол қабл аз оғози моҳи шарифи Рамазон дар Тоҷикистони азиз вокунишҳои зиёд нисбат ба пайравони дини ислом ва намозгузорон ба миён меояд. Имсол низ истисно нест. Аз ҳамин хотир хабарнигорамон бо чанд суол ба раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ муроҷиат намуд.

— Устод, чун танҳо чанд рӯзе аз моҳи шарифи Рамазон сипарӣ шудааст, нахуст онро бароятон муборак мегӯем ва таманниёти Шуморо ба мардуми Тоҷикистон пурсиданием.

— Ба номи Худованди бахшанда ва меҳрубон. Шумо ва мардуми шарифи кишварамонро ба фарорасии моҳи Шариф муборакбод мегӯям ва аз Худованд қабули ибодатҳо ва сарбаландиву ободонии мардумро таманно дорам. Иншоаллоҳ, ки ин фурсатро ҳамагон ҳам барои тақарруб ба Парвардигор ва ҳам барои парвариши хислатҳои ҳамидаи инсон истифода намоем, зеро рӯза доштан танҳо худдорӣ аз хӯрдану ошомидан нест, балки худдорӣ аз ҳама амали норавост.

Ҳафтаи ахир Кумитаи дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти намозгоҳи ҲНИТ-ро дар маҳаллаи Борбади шаҳри Душанбе ғайриқонунӣ шуморид. Намозгоҳи ҲНИТ дар ҳақиқат бояд сабти ном шавад, ё ин тасмим фишори навбатист?

— Тахминҳо ва таҳлилҳо дар ин бора гуногунанд. Яке ин иқдомро фишор медонад, хусусан пас аз интихоботҳо, ки ҷонибдории ҳаматарафаи мардуми кишвар аз ҳизби мо барои бисёриҳо ғайримунтазира буд. Дигарон инро як иқдоми худнамоии баъзе масъулин медонанд, аз рӯйи мақоли «кӯзаи нав обаш хунук». Масъулине, ки бо мо вохӯрӣ доштанд, зоҳиран қонуни ахиран қабулшуда «Дар бораи озодии виҷдон ва ташкилотҳои динӣ»-ро асос медонанд. Қонуне, ки ҳангоми қабулаш сарусадоҳоро ба вуҷуд оварда буд ва мо мухолафат ба он доштем, ки ин қонун бо духӯрагӣ ва номушаххасиҳои худ мушкилиҳоеро болои ҷомеа, бахусус диндорон хоҳад овард. Он вақт мегуфтанд, ки ин ҳангомаҳо асос надорад ва касе пеши роҳи намозгузоронро дар ҷойи кору идораҳо нахоҳад гирифт. Ба ёд биёрем шарҳу тафсирҳои вазири фарҳангро, ки ҷавобан ба нигарониҳои матбуот ва шаҳрвандон нашр карда буданд. Ҳоло мебинем, ки нигаронии мо ва онҳое, ки эрод доштанд, беасос набудааст ва ба истилоҳ «минаи дерамалкунанда» имрӯзҳо дар ҳаракат даромадааст. Тег «Далее»

Гӯштини наврӯзӣ

Баъзе ҳолатҳо ҳамин хел мешавад, ки додарҳои ҷон, дар чашмҳотон садқа, каллама куҷо барам, намедонам, сарфарои ягон корам намерам. Зиндагӣ-да, то даме ҷон дар рамақ дорӣ, бояд биҷумбӣ, бикаловӣ, бипалмосӣ… Мисли каловаи саргардон…

Калла гуфтаму як чиз ба хотирам омад. Чанд сол пеш, як шиноси хушкалла доштам, каллаш чунон калон аст, ки одами якум бор медидагира ҳанг-пангаш мепарад. Дар як маърака аз зиндагӣ шикояти бисёре карду баъд гуфт, ки каллама куҷо бурданма намедонам. Як дӯсти ҳозирҷавоби додармон гуфт, ки ин каллаи якпудата куҷое мебарӣ, бубар, лекин хонаи ман наёр, ки шабу рӯзи келинтон наздик асту боз бача напартояд. Хушкалла аз ин гап чунон маззае карду чунон хандид, ки тамоми дарду ранҷаш фаромӯш шуд. Гоҳ-гоҳ гап дар ҷош омада, чунон кафшер мешавад, ки худат ҳайрон мемонӣ… Тег «Далее»

Рубрики:Uncategorized

«Ба Саидамир Зуҳуров ҳаққи устодӣ дорам»

Халқи Шӯравӣ, аз ҷумла мардуми Тоҷикистон дар раъйпурсии умум баҳори соли 1991 барои бақои СССР овоз дод. Тоҷикон қариб навад фоиз тарафдор буданд. Вале раъйи мардумро чанд сиёсатмадори беандеша ба ним пул  нагирифтанд. Пошхӯрии Шӯравӣ сабабҳои зиёд дошт. Хоса солҳои охири роҳбарии Леонид Брежнев давраи воқеан «рукуд» фаро расид, фасод рушд ёфт, дар мақомоти роҳбарии мамлакат сӯиистифода аз вазифа бисёр шуд. Душманони давлати Шӯравӣ аз ин ҳама босамар истифода карданд, ба осиёби ҷудоихоҳон об ва ба деги ҳарзагӯён равған бебаркаш рехтанд, миллиардҳо доллар ба ин мақсад ба бод доданд. КГБ дар он шароит коре карда наметавонист, зеро дар ҳайати он ҳам хостаю нохоста ашхоси гуногунхислат кор мекарданд.

Л. Д: — Магар кадрҳои миллии касбӣ набуданд, ё ба онҳо чандон эътимод надоштанд?

Н. Р: — Буданд, бисёр буданд. Яке аз чунин афроди шоиста — Холбобо Шарифовро хуб мешинохтам, дар риштаи ҳуқуқшиносӣ хонда, мактаби олии ҳизбиро ҳам ба итмом расонд. Вақте дар назди КГБ шӯъбаи панҷум кушоданд, варо сардори он таъин карданд. Бо зиёиён, ҷавонон, аҳли дин кор мебурд. Якрав, мубориз, доно буд, пешаш на ҳар кас маҷоли гап задан дошт, бузургҷуссаю пурқувват буд. Чун обрӯ ёфту имкони боло рафтан, нотавонбинон садди роҳ шуданд, дасисаҳо ба кор бурданд ва ӯ аз кумита ронда шуд.

Л. Д: — Боз бармегардем ба масъалаи генералҳо. Чаро теъдодашон ин қадар афзудааст?

Н. Р: — Жириновский, ки бо номи «хурӯси Думаи давлатии Русия» машҳур аст, чанд сол пеш тариқи телевизиони Маскав ҷор мезад: «генерал шудан хоҳед, ба Тоҷикистон равед, он ҷо ҳар нафари дуюм генерал аст». Гапи мардак ҷон дорад. Ҳоло дар ниҳодҳои низомию қудратии Тоҷикистон генералҳои тоҷик чун занбурӯғи баъди борон дар афзоишанд, раису муовинон он тараф, ҳатто сардорони раёсатҳо ҳама генерал, на фақат генерал-майор, балки генерал-лейтенант ва аз он болотар. Замони Шӯравӣ барои баршумории генерал-майорҳои тоҷик аз ҳамаи ниҳодҳои маъмурӣ ангуштони ду даст зиёдатӣ мекарданд, имрӯз ангуштони дастони бист нафар камӣ мекунанд. Генералҳои ҳозира аксар ба капитанҳои солҳои 60-80-уми қарни гузашта аз ҳама ҷиҳат баробар шуда наметавонанд. Тег «Далее»

Рубрики:Uncategorized

Рӯза ВА НАЗАРИЁТИ ДОНИШМАНДОНИ ШАРҚУ ҒАРБ

Инак, баррасии донишмандони физиологӣ ва зистшинос ва дигар мутафаккирон аз кишварҳои шарқ ва ғарбро дар масъалаи рӯза ва асароти тиббӣ ва беҳдоштӣ ва равонии он, ҳамчунин назариёти исломшиносони дунёро ба назари хонандагони мӯҳтарам мерасонем.

Назарияи илмии «Бандикат» дар бораи рӯза

Дар маҷаллаи илмӣ ва тиббӣ — Сonsteletion дар соли1960 ба қалами Elian Morcl матолиби зер дида мешавад: «Бандикат донишманди физиологист, ки як давраи рӯзаро сивуяк рӯз дониста ва мегӯяд, дар ин муддат дар таркиби хун ҳеҷ гуна омехтагӣ ба ҳам нарасида ва он нуре, ки дар баъзе аз рӯзадорон дида мешавад, як ҳолати ҷавонӣ ва нишотест, ки барои рӯзадорон рух медиҳад».

 Назариёти доктор Жон Фрумузон ва доктор Олксис Корл

Доктор Жон Фрумузон мегӯяд: «Захоири кликужени кабид (ҷигар), прутесини хун, ва захираи чарбӣ, ки дар мард сӣ дар сад ва дар зан бист дар сад аст, ки барои бадан як моҳ кофӣ аст, бинобар ин, тибқи натоиҷи мавҷуди пизишкӣ, дар як моҳ рӯза халале аз назари беҳдоштӣ дар вуҷуди инсон ба амал намеояд».

Доктор Олксис Корл дар китоби «Инсон мавҷуди ношинохта» мегӯяд: «Бо рӯзадорӣ қанди хун дар кабид (ҷигар) мерезад ва чарбуҳое, ки дар зери пӯст захира шудаанд ва прутесинҳои азалот ва ғудад ва сулулҳои кабдӣ озод мешаванд ва ба масрафи тағзия мерасанд». Тег «Далее»

Рубрики:Uncategorized

Панҷ сафорат изҳори нигаронӣ доранд

Ба ҷаноби Хамрохон Зарифӣ, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба ҷаноби Абдуҷаббор Раҳмонов, Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазирони мӯҳтарам!

Дар зер имзокунандагон аз бозхонди лисензияи академикии Вазорати маориф, ки ба Донишкадаи технология ва коммуникасияи инноватсионӣ (ДТКИ), мактаби олии хусусӣ мебошад, дода шуда буд, нигаронанд.  Вазорати маориф рӯзи 3 декабри соли 2009 аз Суди иқтисодӣ бе нишон додани ҷузъиёти меъёрҳои иҷронашуда хоҳиш кард, ки лисензияи ба ДТКИ додаашро бекор кунад, зеро «донишкадаи мазкур меъёрҳои талаботи Вазоратро иҷро накард.»  Судҳои зинаҳои поён қазияро ба манфиати Вазорати маориф ҳал карданд.  Рӯзи 27 июл Суди олии иқтисодӣ даъвои ДТКИ-ро беасос хонда, қарори суди поёниро бетағйир гузошт.

Мо аз он нигаронем, ки Вазорати маориф бе пешниҳоди далелу санади асоснок лисензияи ДТКИ-ро бозхонд кард.  То он дараҷае, ки мо медонем, Вазорат намунаҳои ҷиддии меъёрҳои аз тарафи ДТКИ иҷронакардаро пешниҳод накардааст.  ДТКИ дар акси ҳол барои ташкили таҳсили хуб ва ҳам хазинаи идеяҳо обрӯ касб кардааст ва дар ин ҷо донишҷӯён имконият доранд аз сарчашмаҳои гуногуни академикӣ баҳра бардоранд.  Аз сабаби он ки ДТКИ донишҷӯёни фаъолу боғайратро тарбия мекунаду ҳамзамон Вазорат амали худро ба таври бояду шояд шарҳ намедиҳад, ин чиз боз боиси нигаронӣ мебошад.  Тарзи гузаронидани мурофиаи судӣ боиси ба миён омадани суолҳои ҷиддӣ дар бораи шаффофу бо риояи волоияти қонун гузаштани он мегардад. Тег «Далее»

Рубрики:Uncategorized

Тендер бо усули тоҷикӣ?

Раёсати бозрасии давлатии автомобилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8-уми апрели соли 2010 ва иловатан аз 22-юми апрели соли 2010 ба маблағи умумии 7 888 000 (ҳафт миллиону ҳаштсаду ҳаштодуҳашт ҳазор) сомонӣ «Хариди маҷмӯи автомотокунонидашудаи системаи омоданамоӣ, додан ва қайди шаҳодатномаҳои ронандагии пластикӣ намунаи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо микрочип ва ё штрих-код насб гардонида шудааст ва маводи хароҷотии он» тендер эълон мекунад. Санаи 14-уми июли соли 2010 даври якуми тендер баргузор мегардад, ки барои дар даври дуюм ширкат варзидан ба пудратчиёни зерин иҷозат дода мешавад:

1. РУП «Криптотекх»

2. SYSTEC Sistem TecnolojiLerri

3. Minlbauer ID Servicer GmbH

4. American Banknote Corporation

5. Corporation «EDAPS»

6. ООО «Престиж Кард»

7. ООО «Камнамо»

8. «METTANO ALLIANCE LLP» Тег «Далее»

Рубрики:Uncategorized