Архив

Archive for Июнь 2010

Пайкон №26 (68)

Рубрики:Uncategorized

Рақси кӯлобӣ дар иҷрои Шералӣ Гул ва Абдуфаттоҳ Шарипов

20-уми июн чанд лаҳза дар шабакаҳои телевизиони Тоҷикистон рақси мансабдорони тоҷик Шералӣ Гул, Абдуфаттоҳ Шарипов, Шералӣ Кабиров ва чанд тани дигар намоиш дода шуд, ки дар Ҷумҳурии халқии Хитой ҳузур доштанд.

Ба назар чунин мерасид, ки ҳофизе аз намояндаҳои қавми уйғур (шояд) сурудеро дар бораи шаҳри бостонии Кӯлоб замзама мекард, ки эҳтимол ба вазиру кабирони тоҷик ё овози ҳофиз писанд омад, ё аз забони як сарояндаи миллату давлати дигар шунидани суруди тоҷикӣ ва маҳз номи «Кӯлоб» хеле ҷолиб буд, ки онҳоро ба ваҷд овард ва ба рақс водор намуд. Ба назар чунин мерасид, ки табъи ҳукуматдорони мо хеле болида ва ғам аз сарашон дур буд. Воқеан баъди ин офатҳои табиӣ, ки бар сари мардуми Кӯлоб омада буд ва дар баробари ғамзадагии мардум ташвиши ҳукумат зиёд гашта буд, баъди мушкилиҳои азиме, ки пешорӯяшон ӯзбекистон эҷод намуд, вагонҳои молу таҷҳизотро тӯли 4-5 моҳ боздошт ва мақомоти давлатӣ аз гуфтушуниду баҳсу кашмакашҳо бо ҳамсоякишвар хаста шуданд, баъди нуқта гузоштани Ислом Каримов барои интиқоли масолеҳи сохтмонии «Роғун» аз ҳудуди кишвараш шояд ғаму андӯҳи бепоёни бар сарашон омадаро мехостанд, ки дур аз ватан, як каме бо рақсу сархушӣ сабуктар кунанд.

Албатта мардум ҳар гуна андешаҳои каҷ ҳам доштанд, ки гӯё вазирону кабирон «шикамшон серу ғамшон дур» шудааст, ки ба рақсу замзама шурӯъ кардаанд. Аммо ба назар мерасад, ки ин тавр нест. Зеро дар баробари андак мушкили камбизоатии мардум, ки 50 дар сад аст, онҳо ҳам бори маломат мекашиданд. Дар бораи андак банд мондани вагонҳо низ бепарво набуданд ва аз маблағи ҷамъшудаи саҳмияҳои «Роғун», ки ҳоло тақдираш номаълум аст, ташвиш доштанд. Аз офатзадагии мардуми Кӯлоб низ, бо вуҷуди «қарсаки ғайриихтиёри»-е, ки кадом мансабдоре бо гумони дар ҷаласае бо сарвари давлат будан ногоҳ зада буд, хеле нигарон буданд ва кӯшиш мекарданд, ки ба бесарпаноҳе паноҳгоҳ муҳайё кунанд. Аз андак мушкили болоравии нархҳо, ки аз ҳисоби роҳи пулакӣ низ гуфта мешуд, ташвиши ҳукуматдорон зиёд буд. Хулоса аз мушкилиҳои андак каме дуртар рафта, андак рақсу сархушӣ кардан, боз дар арафаи иди Ваҳдат шояд хеле барои рафъи хастагияшон кӯмак кард.

Пас, Рӯзи ваҳдат бо рақси намояндаҳои миллат муборак бошад!

 Беҳзоди АБӯБАКР,

сокини пойтахт

Рубрики:Uncategorized

На нештаре ба ӯзбекистон, на чизе дигар…

Баъд аз он ки тарҳи НБО-и «Роғун» дар амал татбиқ шуд ва мардуми тоҷик барои бунёди ин нерӯгоҳ камари ҳиммат бастанд, оташи бахилии президенти ҳамсоя, ҷаноби Ислом Каримов боз ҳам аланга гирифту аз пайи бунёди монеаву саддгузориҳо шуд. Маҳз пас аз ин ӯзбекистон аз манъи интиқоли газ сар карда, то ба боздошти қатораҳои бору колои ба Тоҷикистон аз хориҷи кишвар воридмешуда оварда расонд, ки хисороти зиёде ҳам ба Тоҷикистон ва ҳам ба худи ӯзбекистон расондааст.

Гуфта мешавад, ки ҷониби Тоҷикистон аз манъи қатораҳояш дар қаламрави ӯзбекистон аз cабаби сари вақт ворид нашудани маводи сӯзишворӣ ва дигар таҷҳизот дар айёми кишти баҳорӣ даҳҳо миллион доллар зарари моддӣ дидааст. Тибқи маълумоти масъулони Роҳи оҳани Тоҷикистон, худи ӯзбекистон низ аз манъи қатораҳои Тоҷикистон беш аз 100 миллион доллар хисорот дидааст. Худи ҷониби ӯзбекистон низ ин хисоротро таъйид кардааст.

Коршиносон пофишориҳои ахири Ислом Каримовро дар мулоқоти рӯ ба рӯ бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба манъи қатораҳои маводи марбут ба нерӯгоҳи «Роғун» ба ҷуз ҳадафи сиёсӣ чизи дигаре арзёбӣ накардаанд. Ин ҳама саддэҷодкуниҳои Ислом Каримов Эронро низ ором гузошта натавонист, ки дар масъалаи вагонҳо дар пушти Тоҷикистон қарор гирифт. Иштироки раисҷумҳури Эрон Аҳмадинажод дар конфронси байналмилалии «Об барои ҳаёт» дар Душанбе ва ахиран ҳушдори Теҳрон ба ӯзбекистон дар робита ба озод кардани вагонҳои Тоҷикистон далели пуштибонии қавии Эрон аз Тоҷикистон аст.

Ҳамакнун мувофиқи гуфтаи вазири энергетикаи Эрон Маҷиди Номҷӯ тибқи як созишномаи сеҷонибае миёни Тоикистон, Афғонистон ва Эрон, ки бояд ба наздикӣ ба имзо расад, Эрон бояд аз Тоҷикистон об ворид кунад ва ин обро ҷониби Эрон дар истгоҳҳои барқии худ истифода хоҳад бурд. Масъулони эронӣ дар масъалаи василаи захираи оби Тоҷикистон ба Эрон ва ҳамчунин дар мавриди нархгузории об ибрози андеша накардаанд. Вале маълум аст, ки пас аз ба имзо расидани санади ҳамкории Эрону Тоҷикистон бо Афғонистон маълум мешавад, ки оби Тоҷикистон аз тариқи Афғонистон ба Эрон интиқол дода хоҳад шуд. Тег «Далее»

Рубрики:Uncategorized

Барномаи «Қавлу амал» ва гуноҳи дайншуда

Ҷашни Ваҳдат наздик аст, аммо атрофи ҳамдигарбахшӣ имрӯз баҳсу мухолифатҳо вуҷуд дорад. Ба андешаи иддае аз таҳлилгарон, он созишномае, ки ҳангоми гуфтушунид ба имзо расида буд, на ҳамаи бандҳояш иҷро гардид ва ҳатто он бандҳое, ки ба унвони моддаи «сулҳ» қабул карда буданд, халалдор гашт.

Раҳматулло Валиев, раиси ташкилоти ҷамъиятии «Рушди ҷомеа» мегӯяд, ки яке аз моддаҳои «сулҳ» ин муайян будани мӯҳлати интихоби президентӣ маҳсуб мешуд, ки ин банд баъд аз имзои созишномаи сулҳ дигар карда шуд. ӯ бар ин назар аст, ки беқонуниҳо ва сатҳи баланди фасод дар Тоҷикистон барои иҷро гаштани бандҳои созишномаи сулҳ мушкил эҷод мекунанд.

Натиҷаҳои сиёсатҳои пухта…

Созишномаи сулҳ бар асоси ҳамдигарбахшии ду ҷониб — ҳукумат ва оппозитсия ба имзо расид. Аммо баъд аз имзои созишнома ва гузаштан аз гуноҳи ҳамдигар дар намоишҳои телевизионӣ бештар нақши як ҷониб ва як нафарро инъикос мекунанд, ки ин амал дар баъзе ҳолат боиси норозигии ҷониби дигар гаштааст. Сухангӯи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Ҳикматулло Сайфуллозода чунин назар дорад, ки ҳангоми истифодаи вожаи Ваҳдат камбудие дида мешавад, ки он дарк накардани асли ваҳдат аст. Камбудии дигар ба андешаи ӯ нафаҳмидани асли он талаботҳо ва бандҳои алоҳидаи созишномаи умумии сулҳ аст, ки метавонад ба ваҳдати миллӣ расонад ва он боз бармегардад ба ҳарфи ҳамдигарбахшиву гузаштан аз тамоми даъвоҳои солҳои хушунати 1992-97, ки пурра ба иҷро нарасидааст. Вай гуфт:

— Вақте телевизиони Тоҷикистон барномаи «Қавлу амал»-ро намоиш медиҳад ва ҳама чизро марбути як инсон медонад, пас маънои созиш, сулҳ, ваҳдат ва ҳамдигарбахшӣ аз байн меравад. Тег «Далее»

Рубрики:Uncategorized

Луқмапартоиҳои судӣ

Ё худ, Суди ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ бозор аст?

Ба таваҷҷӯҳи Суди Олии ҶТ

Ба таваҷҷӯҳи Прокуратураи генералии ҶТ

Ҳамарӯза тариқи воситаҳои ахбори оммаи чи чопӣ ва чи электронӣ мақолаҳои зиёде дар бораи қонуншиканиву беадолатии судҳо пахшу нашр мешавад, ки дараҷаи огоҳмандии мардумро боло мебарад. Ман ин ҷо беадолатӣ дар Суди ноҳияи Ҷалолиддини Румиро аз тарафи собиқ раиси суди ноҳия Амиров Н. Ю. хотиррасон карданиям. Ҳалномаи ғайриқонунӣ баровардаи ӯ буд, ки боиси аз манзил маҳрум мондани сокини ҳамин ноҳия Давлатова К. ва 12 нафар аҳли оилааш гардид. Дар ин хусус дар ҳафтаномаи «Фараж» (№40 (147), аз 16.09.09с) мақолае ба табъ расида буд. Аммо ин ҷо дар бораи дигар парвандаҳое низ, ки Амиров Н. Ю. баррасӣ кардааст, сухан гуфтаниям. Тег «Далее»

Рубрики:Uncategorized

Во ғарибо, во ғарибӣ, во ғариб

Аввалаш

Биёриҳо мусолиҳа мекарданд, ки раванд чи мешаваду нараванд чи гап мешуда бошад? Шояд ин кризиси лаънатӣ ба охир мерасаду ҳама хуб мешавад!? Вале беқурбшавии пули русӣ акси ҳолро нишон медод. Се моҳ пеш ба хонаравӣ Азиз агар як доллари амрикоиро ба 23 сӯми русӣ мехарид, ҳозир бошад, ин як доллари сабил қариб ба 33 — 35 сӯм расида буд. Бисёриҳо бо ҳар роҳе, ки набошад, бо ҳар азоб роҳкиро пайдо карда, бо дасти холӣ ба ватан бармегаштанд. Бисёриҳо аз Маскав ба дигар шаҳру вилоятҳои Русия ба ҷустуҷӯйи кор мерафтанд. Қисме ба Петербург низ. Ногуфта намонад, ки дар аёми кризис рафтору кирдори милисаҳои Маскав шадидтар шуда буд. Онҳо тез — тез бозорро тафтиш намуда, бисёриҳоро мебурданд, азоб медоданд, ҷарима гирифта, сонӣ сар медоданд. Бепулҳоро «депорт» мекарданд.

Азиз чанд бор аз ҳамқишлоқиёнаш дар мулки ғарибӣ дар бораи суперстадиони дар Санкт-Петербург сохташуда шунида буд. Овозаҳо хеле зиёд буданд. Инак, боз дар «Шанхай» баъди хӯроки шомгоҳон гап дар бораи Питер ва варзишгоҳи азими он рафт. Убайдулло, яке аз ҳамдеҳагони Азиз (ногуфта намонад, дар ин утоқи тахтаю фанерини чиркин ҳама ҳамдеҳагони Азиз буданд) телефони мобилияшро аз киса бароварда, ба холабачааш, ки дар ин варзишгоҳ кор мекардааст, занг зад. Дар натиҷаи сӯҳбат бо холабачаи Убайдулло дар ҳақиқат маълум шуд, ки дар он ҷо коргар бисёр лозим будааст. Инчунин, онҳо бо бригадири Азимино — Ҳотам сӯҳбат карданд. Аз афташ Ҳотам корчаллони гузаро буд. Бисёр таклиф мекард. «Кӯҳҳои тиллоӣ» ҳам набошад, аз 20 то 30 ҳазор пули русӣ дар як моҳ ва аз он ҳам зиёд ваъда мекард. Тег «Далее»

Рубрики:Uncategorized

«Инострансҳо»-ро ба кор намегирем

Эълонҳои зиёде барои ҷойи кор ба чашм мерасад. Хурсандона рақамҳои зиёди телефонҳоро барои худ қайд мекунаму бо навбат занг мезанам. Аз он тараф баъди салому алейки нарм мепурсанд:

— Откуда?

— Таджикистан.

— Мы не берем иностранцев.

Худоё, чи дилсардиву бегонагӣ дар шаҳри мардум!? Боз занг мезанам ба дигар рақам. Рӯзи дигараш ба ҳамон нишонӣ, метрои Лиговский, мағозаи «Стрела», ошёнаи сеюм мебароям. Маро духтараки рус бо ширинзабонӣ қабул мекунад. Дар кадом нашриёте кори сердаромади шабона барои занҳо будааст. Ду рӯз кор, ду рӯз истироҳат. Ҳар рӯз 1000-рублӣ. Андеша кардам, ки агар рӯзона ба кори рӯзноманигориям машғул шавам, пас, метавонам иловагӣ меҳнат карда, пул ёбам.

— Вы сначала платите нам по 2500 за страховку вашего здоровья.

— Что?

Ман гуфтам, ки кори бенайранг ҳеҷ гоҳ пули пешпардохт надорад. Виктория (ӯ худро бо ҳамин ном муаррифӣ намуд) бо ҳамон табассуми малеҳ гуфт:

— Мо аз рӯйи қонунгузории ФР амал карда истодаем. Дилатонро пур гиред. Ана, телефони ман. Ман ҳам нармона бо ӯ хайрухуш карда, баромадам.

Хулосаи ман чунин буд:

1. Ширкатҳои мобилӣ пул кор мекунанд.

2. Пули бедарду миён аз ҳисоби страховкаҳо.

3. Нишонияшонро зуд — зуд дигар мекунанд.

4. Телефони додагияшонро тамоман намебардоранд.

Сагҳои Питер аккос намезананд

Як нафар дӯсти молдовиям рӯзе гуфт: «Ту дар Питер сагҳоеро дидаӣ, ки аккос зананд?». Ман ҳам хуб мушоҳидаҳоямро пеши назар овардаму гуфтам, ки нашунидаам. Дар ҳақиқат дар шаҳри Питер сари ҳар қадам сагҳои зебои либоси чашмхиракунанда пӯшидаро дидан мумкин аст. Ҳарчанд дар чашм баъзе сагҳо бадвоҳима тобанд ҳам, заррае аккос намезананд. Ҳатто шабҳо ҳам садои сагҳоро шунидан амри маҳол аст. Тег «Далее»

Рубрики:Uncategorized

Ба Худо, аз Худо дилам мондаст…

Давомаш. Аввлаш дар шумораи гузашта

Дигар, қисмати басо ангуштшумор, ки маҳорати касбиашон кифоят аст. Ҷанги Раҳмонов бо гурӯҳи аввал буд. Он тоифа, ки худ бар заъфи худ иқроранд, «диктантнависӣ»-ро бо усули таҷрибаи андӯхтаи таҳсили дарёфти мадорики (диплом) касбӣ ёфтанд ва хомӯш буданд. Онҳо, ки мадракро бо заҳмати таҳсил ба даст оварда буданд, ба беиззатӣ ризо нашуданд ва диктант нанавиштаву ба «ҳимояи шараф» гузаштанд. Агар Раҳмонов қасди худро бо роҳи «аттестатсия» амалӣ мекард, ҳам эҳтиромаш меафзуду ҳам агар мехост, аз мадракдорони бемағзак холис мешуд.

Дар муноқишаи ДТИКТ ва вазорат дар ҳузури Р. Қурбонова-муовини раиси Ҳукумати кишвар бо ширкати вазир Раҳмонов ва чанд масъули дигар сари қазоват нишастем. Вазир барои аз тариқи созиш аз байн бурдани моҷаро хоҳиши моро пазируфт. Эҳтиромам ба Раҳмонов афзуд, ӯро оқил номидам. Зеро мегӯянд, ҳаким хато накунад, оқил иштибоҳи худро иқрор шавад ва онро ислоҳ кунад, ҷоҳил хатои худро дарнаёбад ва ботили худро ҳақ донад. Аммо баъд аз ду рӯз муовини аввали вазир Раҳимов Ф. Қ. аз тариқи сӯҳбати телефонӣ аз номи вазир гуфт, ки: Тег «Далее»

Рубрики:Uncategorized

Роҳбари гурӯҳи «террористӣ» кист?

Идома аз шумораи гузашта

Нақли дар боло намудаамон, ғайр аз ҳодисаи сабабгори бори дуюм ба ин мавзӯъ баргаштан, кайҳо гузашта буд. Бо кормандони кумитаи заминсозии ноҳия дар назди раиси хоҷагии деҳқонии «Деҳмой» сӯҳбат карда натавонистем. Аз ин лиҳоз нахуст ба кумитаи заминсозии ноҳия рафтем. Раиси кумитаи заминсозии ноҳия Р. Боқиев афзуд, ки дар асоси супориши Ҳукумати ноҳия баҳри баррасии аризаи аъзоёни хоҷагии деҳконӣ кормандонашро фиристодааст. Ба мо аризаеро пешниҳод намуд, ки ба номи раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов, истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти Деҳмой, деҳаи Қуланбошим В. Каримов навиштааст. Пешгуфтори ариза аз он иборат буд, ки аз ҳисоби заминҳои хоҷагии деҳқонии «Деҳмой» барои аз нав ташкил намудани як хоҷагии деҳқонӣ дар минтақаи Қуланбошим, дар асоси саҳми замини мавҷуда ва Протоколи комиссияи вилояти Суғд аз 8-уми апрели соли 2010 бо номи хоҷагии деҳқонии «Қуланбошим» ризоият дода шавад.

Беҳуда дар боло ин Протоколро «хишти каҷ» ном нагузоштем. Бубинед, як амали З. Калонов — сармутахассиси кумитаи заминсозии вилоят боиси чӣ қадар кашокашӣ гардида истодааст. Гуфтем, бори дигар таъкид менамоем, ки агар ҳамон рӯзи баррасии аризаи саҳмдорон аз диди қонун роҳ нишон медоданд, эҳтимол кор то ба ин ҷо намерасид. Охир, нафарони номашон дар Протокол қайдшуда соҳиби замин, ба истилоҳи ҳуқуқӣ гӯем, заминистифодабаранда нестанд. Ғайр аз чанд касе, ки ҳиссаи саҳми замин доранд. Пас чӣ хел, он Протокол асос барои ташкили хоҷагии нави деҳқонию аз аъзогии як хоҷагӣ баромадан  мегардад?

Аризаро варақ задем. Дар он 219 нафар гӯё имзо гузоштаанд. Диққати моро ному насабу имзои чанд нафаре, ки рости номашон «армия» навишта шуда буд, ба худ ҷалб намуду аз Р. Боқиев суол кардем:

— Нафарони дар артиши миллӣ буда чӣ хел ба ин ариза имзо гузоштаанд?

— Инашро ман намедонам, аз нафари аризаро пешниҳоднамуда пурсидан лозим аст,- посух дод Р. Боқиев. Тег «Далее»

Рубрики:Uncategorized

Мерасад марде, ки занҷири ғуломӣ бишканад

Неъмати бегазанд ва пурфайзу баракати илоҳӣ баъди ҷанги таҳмилшудаи шаҳрвандӣ дар 27-уми июни соли 1997 бо номи сулҳ ва ё Ваҳдати Миллӣ насиби халқи тоҷик гардид. Сулҳ паёми осмонӣ ва иршодоти илоҳӣ буда, хушбахтиву саодатмандиро барои башарият таъмин мекунад. Вожаи Ваҳдати Миллӣ моҳиятан маънои тоза ва навро фарогир гашт. Таҷассумгари ормонҳои мардумӣ ва рамзи ухуввату якдигарфаҳмиро дар худ фароҳам сохт. Андеша ва ормонҳои худшиносии миллӣ ва худогоҳии имониро дар қалбҳо эҷод намуд. Алорағми ҳамагуна афкори ботил, андешаи носавоб ва кинатузиву ватанзудоии мухолифони миллати тоҷик офтоби ваҳдати миллӣ андар осмони  кишвари Тоҷикистон нурафшон гардид. Оштӣ ва Ваҳдати Миллӣ ягона роҳи ҳалли муноқиша ва ҷангу размандагӣ пазируфта гардид.

Ҷанги таҳмилшудаи соли 1992-юми мелодӣ ҷони ҳазорон ҷавонмардон ва ҳамватанони гиромиро аз олами ҳастӣ ба коми нестӣ фурӯ бурд. Қомати иқтисодиёти миллӣ хазон ва баҳори гуларӯсони нозанин пурмотам ва андар шохи дарахтон навҳаи чуғзу қар-қари зоғон ба гӯш мерасид. Ҳазорон модарону хоҳарон ва кӯдакону мӯйсафедон бо амри тақдир тарки манзил ва диёр намуданд. Қатлу куштор, ғорату роҳзанӣ, бераҳмию беинсофӣ ва қиматию нодорӣ, фақру гурӯснагӣ авҷ мегирифт. Ҳамзабону ҳамдин бадгумону дар қатли якдигар камар баста буданд. Тег «Далее»

Рубрики:Uncategorized

Кирмҳои сурхаку зардак дар қубурҳои оби Файзобод

Имрӯз мардумро бемориҳои баландшавии фишори хун, зардпарвин, домана, бемории об, саратон, бемориҳои пайдоиши санги талхадону ҷигар, бемории қанд ба ташвиш овардааст. Чаро дар даврони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ин бемориҳо кам буду имрӯз афзоиш дорад?

Ёд дорам, солҳои 60-уми қарни бист буд. Он солҳо ба ҳайси мухбири суратгири нашрияи «Коммуна», ҳоло «Шаҳриёр»-и шаҳри «Ваҳдат» ифои вазифа мекардам. Боре котиби масъул, ҳоло муҳаррири «Шаҳриёр» супориш дод, ки ба комбинати ордбарории шаҳр рафта, пешқадамони истеҳсолотро наворбардорӣ кунам. Он рӯз аз хотирам ҳеҷ гоҳ намеравад. Рӯзи ба он ҷо рафтанам даҳҳо мошини боркаш дар навбат меистод.

Ҳар кадом ронанда кӯшиши зиёд ба харҷ медод, ки ҳарчи зудтар бор гираду ба самти вилояти Бадахшон ба роҳ барояд. Тег «Далее»

Рубрики:Uncategorized

Вохӯрӣ бо Штирлис

24 июня, 2010 1 комментарий

Як ақлак чанд рӯз пеш дар шоҳидии боз чанд каси дигар мега, ки акаи Ҷалил, шунавидем дар ҷанг Штирлис қатӣ вар хӯрда будӣ, лекин дар кинои «Ҳабдаҳ лаҳзаи баҳор » тура надидем. Ман исту бист накарда гуфтам, ки ту, хилмак, патҳои бинит гули лола ворӣ шукуфтагӣ, ҳар шабу рӯз дар дари хонаи маниву боз мара дар ким — кадом кино дидан мехоҳӣ?!

Додарҳои ҷону ҷигар, баъзе бахилаш ба нолаи даҳанат кор дорад, агар дар пешаш ба кӯдаки худат ягон чиз диҳӣ, ҷонаш мебарояд, бо ҷӯраи худат сахттар салом бикуниву бубинад, дунё дар назараш торик мешавад. О, кори ту чӣ ба ману Штирлис. Хайр, як вақт вар хӯрда будем, давраи ҷанг буд, гузашт рафт. О, акатона ҷаҳон мешинохт. Дар раҳматии Сесесер мара намедонистагӣ одам набуд, лекин хап карда гаштам-ку! Хайр, бало ба паси ин бахилҳо. Гап ки баромад, маҷбурам як ҳодисаи вар хӯрданма бо Штирлис барои шумо нақл бикунам. Тег «Далее»

Рубрики:Uncategorized

Пайкон №25 (67)

Рубрики:Uncategorized

Даҳшат!!!

Ба таваҷҷӯҳи прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерхон Салимзода

Ба таваҷҷӯҳи вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон А. А. Қаҳҳоров

Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов духтараки 4-соларо таҷовуз кардаанд

Мӯҳтарам ҳайати эҷодии ҳафтаномаи «Пайкон». Ба умед ба Шумоён муроҷиат намуда истодаем, ки мактуби моро ба масъулон мерасонед. Аз маводҳои ҳафтанома ҳувайдо мегардад, ки доимо дар талоши тантанаи ҳақиқату адолат ҳастед. Тег «Далее»

Рубрики:Uncategorized

Ҳақиқати талх ва сиёсати дуқутбӣ

Қобили хушҳолӣ ва фараҳмандист, ки равобит миёни ду давлати ҳамзабон, ҳамдину ҳамфарҳанг ва таърихи муштаракдошта — Ҷумҳурии исломии Эрон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯз аз рӯз беҳтар мегардад. Ин албатта бар манфиати мардумони ҳар ду кишвар аст.

Ангушти носолим даркор нест…

Мақоле хеле маъмул аст, ки «Сад сӯм набошаду сад дӯст бошад…».  Яъне, дӯсти бисёр доштанро аз боигарии зиёд доштан афзалтар ҳисобидаанд, ки ҳақиқати ҳама давру замонҳост. Ҳатто бубинед, ки давлате ҳам ба мисли Амрико, ки худро пурқудраттарин давлати Кураи арз мепиндорад, ҳар куҷо дар ҷустуҷӯи иттифоқчиён асту ҳар коре пеша мегирад, шарикони зиёдеро чи бо роҳи зӯрӣ ё зориву зар гирди хеш мехонад, то яккаву танҳо намонад. Магар ҷамъ овардани шумори чанд давлате дар блоки ҳарбии Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) барои нуфузи  давлатҳои пештози ин блок нест?! Имрӯз ҳам бо вуҷуде, ки «рақибаш» «Шартномаи Варшава» вуҷуд надорад, бисёр талош мекунанд, ки давлатҳои дигареро ҳам ҳамроҳ бикунанд. Мақсад: «Зӯрем, боз зӯртар шавем!»… Ва боз, мақоли «Зӯрии мушт дар панҷ ангушт» низ ҳаммаъност ба шарики бисёр доштан. Яъне, агар  ҳама ангуштҳо солим набошанд, даст чӣ кор ояд?

Имрӯз ҳам агар мо давлатҳои дӯсти бештар дошта бошем, ба манфиати мо хоҳад буд ва дар асоси равобитҳои баробару ҳусни неки тафоҳум амалкардҳо суръат бигиранд, албатта ба ҳадафҳои беҳтаре комёб мегардем. Тег «Далее»

Рубрики:Uncategorized

Роҳи ғорат

Ба назар чунин мерасад, ки баҳсҳои миёни ширкати ҷамъоварандаи пул дар роҳи Душанбе — Чаноқ — IRS (Innoveitiv Road Solution) ва раиси Агентии зиддимонополии Тоҷикистон Амонулло Ашӯр бозии сиёсие беш нест. Вагарна, чаро ин ширкат ҳамаи он иддаои Амонулло Ашӯрро ҳатто ба як фулусе қадр намекунад. Яъне ҷониби IRS ба эътирози Амонулло Ашӯр ва дигар намояндагони вазорату ниҳодҳои зидахл «ҳа-ҳа» гуфта, кори худро чи тавре хоҳанд, идома медиҳанд.

Хадамоти зиддимонополӣ аз ширкати IRS дархост кардааст, ки дар фаъолияти молии худ тарофаҳои нав пешниҳод кунад ва дар сурати иҷро нагардидани ин хоҳиш дар муддати муайяншуда хадамоти зиддимонополӣ (зиддиинҳисорӣ) алайҳи ин ширкат бо далели риоя накардани қонунгузории Тоҷикистон парванда боз хоҳад кард. Аммо ба гуфтаи Амонулло Ашӯр, масъулини ширкати IRS дар шоҳроҳи Душанбе — Чаноқ ба сурати ғайриқонунӣ ва бе доштани тарофаи хос ба ҷамъоварии маблағ машғуланд. Ҳамчунин, таъкид кардааст, ки аз ҳар мошин 1 сомонӣ ва ё ҳар касе чи маблағе пешниҳод кунад, мегиранд ва агар квитансия бошад ҳам, бар ивази он ба ронандаҳо намедиҳанд. Тег «Далее»

Рубрики:Uncategorized

Эй войи қиматӣ!

Ҳоло ҳам таҳсин ба «Ҷаноби Олӣ» — Каримов гӯем, ки ба ғайр аз таҷҳизоти Роғун воридоти дигар молу маҳсулотро иҷозат дод?

Замоне барои тасаллӣ додани хотири мардуми фалокатзада яке гуфта буд: «Шукрона кунед!». Яъне, шукронаи он ки вазъ аз ин бадтар нашуд, ё худатон зинда мондед. Мо низ ҳоло шукрона мекунем, ки қиматӣ акнун ба шудан-ку шуд, хайрият қаҳтӣ наомадааст. Зеро дар ин 5-6 моҳе, ки вагонҳои моро масъулини мақомоти ӯзбекистон беасос боздошт карданд, агар роҳи убури мо пурра ба онҳо вобаста мебуд, эҳтимолан ҳоло қаҳтӣ ба Тоҷикистон асар мекард. Вале мисли рафторе, ки то ин замон бо мардуми мо дошт, агар пурра вобаста мебудем ҳам, заррае «раги инсонӣ»-и онҳо шояд намеҷунбид, ки дар ин гӯшаи кӯҳпора мардум аз гӯшнагӣ ҷон месупоранд.

Ҳоло 1 литр бензин дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ аз 4,30 то 4 сомониву 50 дирам фурӯхта мешавад. Масъулини ширкатҳои воридкунандаи сӯзишворӣ ба Тоҷикистон далели болоравии нархро вобаста ба ҷорӣ кардани пардохти содиротӣ аз ҷониби Русия арзёбӣ мекунанд, ки дар ҳаҷми 2 фоиз баланд кардааст. Вале иддае аз коршиносон мегӯянд, ки боздошти вагонҳо низ ба болоравии нархи маҳсулот, аз ҷумла сӯзишворӣ оварда расонд. Тег «Далее»

Рубрики:Uncategorized

Баҳси об ва сояи сиёҳи он ба сари «Роғун»

Рӯзҳои 8-10-уми июн дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба таҳлили миёнамӯҳлати ҷараёни иҷрои тадбирҳои  Даҳсолаи байналмилалии «Об барои ҳаёт» дар давраи солҳои 2005 — 2015 баргузор шуд. Дар доираи конфронс 2 ҷаласаи пленарӣ, 6 мизи гирд, 4 иҷлосияи махсус ва намоишгоҳи байналмилалии «Об барои ҳаёт», намоишгоҳи аксҳои кӯдакона, аксҳо ва дигар чорабиниҳо анҷом гирифтанд. Намояндагони 80 кишвари ҷаҳон ва 65 созмону ташкилоти минтақавиву байналмилалӣ дар кори конфронс ширкат карданд. Дар маҷмӯъ беш аз 500 чеҳраи баландмақом ва сиёсатмадорон, донишмандону пажӯҳишгарон аз манотиқи мухталифи ҷаҳон амсоли Африқо, Осиё, Амрико, Аврупо ва ғайра, ҳамчунин намояндагони ҳукуматҳо, пажӯҳишгоҳҳои гуногуни СММ, пажӯҳишгоҳҳои иқтисодӣ, ҷамъияти шаҳрвандӣ ва секторҳои хусусӣ дар давоми 2 рӯз муҳимтарин масоили дар ҷаҳон марбут ба обро муҳокима карданд. Аммо дар маҷмӯъ Конфронси «Об барои ҳаёт» ба Тоҷикистон чӣ суд дод? Ҷиҳати рӯшанӣ андохтан ба ин суол мо гузорише бо фарогирии андешаҳои коршиносону масъулин омода кардем.

Нигаронӣ аз кишварҳои поёноб

Ҳадаф аз баргузории Конфронси байналмилалии «Об барои ҳаёт» мушаххас кардани ҷамъбасти марҳилаи нимаи аввали даҳсолаи 2001-2015 дар иртибот бо таъмини аҳолии ҷаҳон бо оби тозаи ошомиданӣ буд. Бо таваҷҷӯҳ ба ин нукта Эмомалӣ Раҳмон, президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суханронии худ дар рафти конфронс гуфт, ки мушкили камбуди оби тоза дар ҷаҳон паёмадҳои нохуш дошта, он бештар ба ҳаёти кӯдакон рабт мегирад. ӯ вазъи аҳолии сайёраро дар иртибот бо танқисии оби тоза чунин шарҳ дод: «Дар шароити имрӯза қариб як миллиард сокини сайёра аз нарасидани оби тоза танқисӣ мекашад. 2,6  миллиард нафар дар шароити ғайрисанитарӣ зиндагӣ мекунад. Дар бештар аз 80 мамлакат барои таъмини аҳолӣ об намерасад. Ҳар ҳафта дар миқёси ҷаҳон дар натиҷаи бемориҳои вобаста ба сифати бади об ва шароити ғайрисанитарӣ 42 000 нафар вафот мекунад. Дар бештар аз 90 фоизи воқеаҳои ногувори вобаста ба об сухан дар бораи кӯдакони то 5-сола меравад». Бино ба гуфтаи президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, тибқи тадобири дар тӯли панҷ соли охир андешидаи Ҳукумати Тоҷикистон 1,2 миллион нафар аҳолии кишвар бо оби тоза таъмин карда шуда, беш аз 600 ҳазор нафар аз оби тозаи ошомиданӣ баҳравар гардидаанд. Аммо барои амалӣ кардани нақшаҳои дигари марбут ба об бо сабаби фалокатҳои табиӣ ва бӯҳрони молӣ корҳо ба таъхир меафтанду дар натиҷа буҷаи кишвар хисорот мебинад. Тег «Далее»

Рубрики:Uncategorized

Қурбонии скинхедҳо

Ҷамолиддин оҳиста — оҳиста қадам зада, ба тарафи хобгоҳашон рафтан гирифт. ӯ бехабар буд, ки ин дақиқаҳо аз пасаш як гурӯҳ калҳои хунхӯр таъқиб карда, пойида омада истодаанд. Ҳушу хаёлаш ба ватану модари пири танҳомондааш банд буд. Аммо Азроил намепурсад, ки одамизод оё зистан мехохад ё на.

Аҷал бо сад баҳона, бо ҳазорон ранг меояд,

Ки то моро ҷудо созад аз ин дунёи танги мо.

ӯ миёни кӯчаи тангу хилват расиду қадаммонияшро тез кард. Ногаҳ ба паси каллааш чизи сахте бархӯрд. Тег «Далее»

Рубрики:Uncategorized