Главная > Uncategorized > Комил БЕКЗОДА: Ояндаи равшанфикрони миллӣ

Комил БЕКЗОДА: Ояндаи равшанфикрони миллӣ

Чанде пеш мӯҳтарам Комил Бекзода ба ҳафтаномаи «Пайкон» муроҷеъ шудаву изҳор доштанд, ки мехоҳанд матолиби дар мавзӯи равшанфикрӣ таълифкардаашон аз нашрияи «Мино» бознашр шавад, чун ин нашрия доираи васеи хонандагонро надоштааст. Дархости ӯро пазируфтем ва инак навиштаҳоро ба ихтиёри хонанда вомегузорем.

Собиқаи мавзӯъ

Дар гузашта мепиндоштанд, ки миллат ва сиёсат ҳарду парвардаи домони динанд… Ва дар таърихи башарият ин назар татбиқи худро дошт. Вале аз оғози асри XIX то имрӯз (марти 2010) муҳаққиқон бар ин назаранд, ки таносуби қудратҳо тағйир ёфтааст. Ҳарчанд ба ҳама ошкор нест. Решаи ин таҳаввулро бедории саросарии миллатҳо ва прогресси бесобиқаи илму техникаи муосир ташкил медиҳад.

Имрӯзҳо дар ҷаҳони фарҳанг бештар доир ба сарнавишти миллатҳо ва андешаи равшанфикрон таваҷҷӯҳ менамоянд. Мавзӯи дин, сиёсат, идеология ва диндорӣ камрангтар шудааст… Ҳарчанд ба таври сунъӣ ба ин мавзӯъҳои пешина зиракона (ва гоҳо маккорона) доман мезананд. Мардум аз ин ваъдаҳои хушк ва бебунёди аҳли дин ва сиёсат хаста шудаанд. Фарҳанги ҷаҳонӣ ва иттилооти ҳамагонӣ қодир ба ин амал шудаанд, ки роҳро аз чоҳ фарқ кунанд. Мисли он ки сатҳи огоҳии мардум рӯз ба рӯз ҳам наздик мешавад. Ваҳдати маънавӣ рӯз ба рӯз меафзояд. Ҷаҳонбиниҳо бо ҳам наздик мешаванд. Имтиёзҳои деринаи дину сиёсат доранд ранг мебозанд… Эҳтиёҷ ба ҷаҳонбинии навин ва илмии ҳамагонӣ эҳсос мешавад. Файласуфи машҳури англис Бертранд Рассел (1872-1970) дар нимаҳои асри ХХ китобе навишт бо номи «Ҷаҳонбинии илмӣ». Дар он аз кашфиётҳои Галилей, Нютон, Коперник, Павлов ва ғайра ба сифати ҷаҳонбинии илмӣ ёд кардааст. Дар ним асри охир дар соҳаи инсоншиносӣ (антропология), равоншиносӣ (психология) ва ҷомеашиносӣ (сотсиология) низ кашфиётҳои назаррасе арзи вуҷуд намуданд. Ҳамаи ин кашфиётҳо дар маҷмӯъ заминаи пайдоиши ҷаҳонбинии илмиро фароҳам оварданд.

«Оянда» яъне чӣ?

Аз нигоҳи маъмулӣ «Оянда» яъне 50, 100 ва 200 сол баъд аз замони мо… Аз нигоҳи фалсафӣ «оянда» як мафҳум ва истилоҳи шартист… Устувор ва ҷавҳарӣ нест… Таҳаввулёбанда аст… Худи ҷаҳон на парвои «оянда» дораду на парвои «гузашта»… Дар ин диёри абад гузашта ба оянда табдил меёбаду оянда ба гузашта… Чун олами вуҷуд сайри мустақим надорад… Чаро ки ҳудудҳо мушаххас нестанд… Ҷавҳари таҳаввул дар ниҳоди ҳамаи зарраҳои вуҷуд ҳузур доранд. Вуҷуди вазн, кашиш, суръат, ҳаракат, таҳаввул, замон, гармӣ, сардӣ ва ғайра ченакҳои гузашта, ҳозира ва ояндаро ба ҳам омехтааст… Ин ченакҳо дар фаҳмиши мо, одамон мушаххас ва дақиқанд, дар сурате, ки дар воқеият чунин нест… Гузаштаву ҳозира ва ояндаи кайҳонӣ ба таври мутлақ такрорнашавандаанд. Ин мо, одамон ҳастем, ки бо ақли маҳдуди худ ва ченаки аз он маҳдудтар ва сатҳитари худ (мантиқ) ин олами нопайдоканорро мавриди санҷиш ва муқоиса қарор медиҳем.

Ва аз ин иқдоми хоми худ қонеъ ҳам ҳастем… Дар асл кайҳон ва олами вуҷуд аз боби ҳастии худ мушкилие надорад… Чаро ки чизеро аз даст надодааст… Ҳамеша дар ҷунбиш ва таҳаввули бардавом аст. Ҷаҳон аввалу охире надорад… Ба ин марзу сарҳадҳо эҳтиёҷе эҳсос намекунад. Агар ба ҷаҳон таъин намоӣ, ки «ана ҳамин девор охирин сарҳади вуҷуди туст!» Фавран ба ту хоҳад гуфт: «Он тарафи девор замини кист?». Яъне, марзҳо ва сарҳадҳои ҷаҳон низ беҳудуд ва абадианд… Ин мо, одамон ҳастем, ки ба ҳукми маҳдудии вақту фазои зиндагии худ «аввал»-у «охир» дорем. «Аввал»-и мо таваллуд ва «охир»-и мо марг аст. Ва хаёл кардаем, ки ҷаҳон ҳам мисли мо таваллуд (аввал) ва марг (охир) дорад. Ин муқоиса муқоисаи сахт бепоя ва сатҳӣ аст.

Равшанфикрон кистанд?

Равшанфикрон мутафаккироне мебошанд, ки ба воқеияти ҷаҳон ва аҳли ҷаҳон бо диди бетарафона ва назаре хунсардона менигаранд. Ба ин сабаб, ки рӯҳониён ва сиёсатмадорон онҳоро саркӯб мекардаанд. Чаро ки равшанфикрон назари воқеъбинона ва бетарафона дошта, мардумфиребии аҳли дин ва сиёсатро ҳамеша фош мекардаанд. Дар он рӯзгор мардум аз бесаводӣ ва хурофотзадагӣ мақому манзалати аслии равшанфикронро намешинохтанд. Дар ҷаҳони имрӯза онҳоро каму беш мешиносанд. Махсусан, дар Урупои имрӯз равшанфикрон гули сари сабади ҷомеаи худ мебошанд. Барои мисол, Колин Вилсон ва Бертранд Расселу Арнолд Тойнби дар Англия; Алберт Камю, Ҷон Пол Сартр ва Симона де Бовуар дар Франсия; Мартин Хайдеггер ва Карл Ясперс дар Германия; Мигел де Унамуно ва Ортега-и-Гассет дар Испания; Атонио Грамиш ва Бенедито Кроче дар Италия;

Раванди куллии ҷомеаҳои башарӣ рӯ ба огоҳӣ дорад. Огоҳии воқеӣ. На ваҳйу илҳом ва каромати осмонӣ. Инсоният дар арафаи инқилоби навини андеша ва ҷаҳонбинии реалистӣ аст…

Дар арафаи инқилоби ҷуғрофӣ: гузаштан ба сайёраҳои дигар: Ва инқилоби ҷисмонӣ: абадӣ гардонидани тани инсон аз роҳи таҷрибаҳои тиббӣ ва атропологӣ… Дар ин протсесс (раванд)-и печида ва мураккаби иҷтимоӣ ва илмӣ масъулияти бештар ба ӯҳдаи равшанфикрони миллӣ ва байналмилалӣ аст. Докторинаҳои пешинаи мазҳабӣ, сиёсӣ ва иҷтимоӣ дигар коргар нестанд. Ҷаҳонбинии равшанфикрӣ дорои методологияи воқеӣ ва реалистие мебошад, ки бо диде бетарафона, мунсифона (аз рӯйи инсоф) ва хунсардона, воқеияти ҷомеаҳои ҷаҳониро мавриди баҳс ва таҳлил қарор медиҳад. Мо бояд ба пешвози ин раванд омода бошем. Ин омодагӣ иборат аз ривоҷу равнақи ҷараёни равшанфикрӣ мебошад. Миллатҳо, давлатҳо, мазҳабҳо ва ҷомеаҳои ҷаҳонӣ мутаассифона, ба ин раванди равшанфикрии навини ҷаҳонӣ омодагии кофӣ надоранд. Сахт мутаассиб ва хурофотианд. Қабилаҳои пешина ба миллатҳо табдил ёфтаанд. Миллатҳо ба давлатҳо. Давлатҳо ба қудратҳои худхоҳ ва империяҳои якатоз ва тоталитарӣ.

Дар асл ҷаҳони мо сифатан тағйире наёфтааст. Он чи мо таҳаввул ва прогресс мешуморем, ҳамагӣ тағйироти миқдорӣ ҳастанд, на сифатӣ.

Нигоҳе ба таърих: Муаррихон ва муҳаққиқони ҷомеа ва фарҳанг ба мо мегӯянд, ки инсоният ҳамагӣ даҳ ҳазор сол пеш ба рӯшноии дониш ва қонуну мазҳаб расид. Давлатҳо, миллатҳо, мазҳабҳо ва фарҳангҳои мушаххас ташкил ёфт. Аз он замон то имрӯз замин ҳамон замин асту осмон ҳамон осмон. Ин аз нигоҳи табиӣ. Аз нигоҳи маънавӣ ва фарҳангӣ дар ин даҳ ҳазор сол зиёда аз панҷ ҳазор дину мазҳаб, фирқаву тариқатҳоро аз сар гузаронидем. Зиёда аз шашсад (600) дину мазҳаб ва ҷараёнҳои фикрӣ-фалсафӣ то ҳол дар ҷаҳон зиндаанд. Фаъолият доранд. Пайравон доранд. Давлат ва миллате аз онҳо пуштибонӣ менамояд. Ин ақидаҳо ва ҷаҳонбиниҳо аз табиатпарастӣ ва бутпарастӣ сар карда, то ақлгароӣ ва худопарастӣ бо ҳам робитаи танготанг доштанд. Робитаҳои сахт самимона ва ё сахт душманона. Ҳоло ҳам чунин робитаҳо ривоҷ доранд. Шаклҳои пайдоиш ва ташаккули ин ҷараёнҳои фикрӣ ва ақидавӣ сахт рангоранг ва печида аст. Яке аз дигаре меомӯзад ва пайравӣ мекунад. Дигаре меомӯзад ва омӯзгори худро террор мекунад. Чаҳорумӣ ақида ва андешаеро аз қавму миллати дигар «дуздида» як умр кӯшиш менамояд, ки ин «дуздӣ»-и худро пинҳон нигоҳ дорад. Панҷумӣ бо зӯри яроқ ва аслиҳа бовар ва ақидаи худро ба гардани дигарон таҳмил мекунад… Ва ғайра. Ҳамин аст ҳолати воқеии тамаддунҳои башарӣ то имрӯз. Мавзӯи асосии баҳси мо ин аст, ки мо бо ин мероси пуртазоду пурихтилоф чӣ гуна ба сӯи оянда равона шавем… Оё дар сайёраҳои дигар низ якдигарро ба кофиру мӯъмин ва коргару капиталист тақсим хоҳем кард? Ва ё ба таври куллӣ аз номи Инсоният ва Замин худро муаррифӣ хоҳем намуд? Ин аст мушкилӣ ва проблемае, ки мо дар пеш дорем…

Мо ду мафҳуми сарлавҳаи баҳсро, ки аз «оянда» ва равшанфикрон» иборат буд, таҳлил намудем. Таҳлили озод ва мустақилона. Аз назари шахсӣ… Акнун расидем ба истилоҳи сеюми сарлавҳа: «миллат».

Миллат чист?

Сарлавҳаи мо ин аст: «Ояндаи равшанфикрони миллӣ». Аз китобҳои муфассали академикӣ, ки доир ба таърихи миллат ва андешаи миллӣ мутолиа намуда будам, имрӯзҳо (7 марти 2010) танҳо ҳамин нуктаи мухтасар дар ёдам мондааст, ки нишонаи асосии миллат: ягонагии таърихӣ ва забонӣ мебошад. Нишонаҳои дигар: дин, давлат, кишвар, иқтисод ва ғайра нишонаҳои зоҳирӣ ва гузарандаанд. Дар мақолае, ки рӯзномаи «Фараж» чоп карда буд, ман ба таври мушаххас аз сарчашмаҳои илмӣ иқтибос намуда будам, ки мо форс-тоҷикҳо дар таърихи худ дувоздаҳ дину мазҳабро аз сар гузаронидаем. Вале миллияти мо, забони мо ҳанӯз побарҷост… Умрҳо бо ин забон аз куфру имон бо ҳам гуфтугӯ доштем ва ҳоло ҳам дорем. Саргузашти Ҷамшеди таърихӣ ҳоло ҳам таърихи имрӯзаи мост. Ҳамаи дину мазҳабҳои гузаштаи мо зери таъсири ақидаҳои Авесто, зарвонигарӣ ва Зардушт ташаккул ёфтаанд. Касе ки китоби чорҷилдаи «DICTIONARY of the AVECTA» (1991) («Фарҳанги вожаҳои Авесто», таълифи Эҳсон Баҳромӣ ва Фаридуни Ҷунайдиро варақ мезанад, ҳарчанд забони авестоиро надонад ҳам, мебинад, ки бисёре аз калимаҳо барои ӯ фаҳмо ва ошно ҳастанд. Бо андаке кӯшиш ва андеша сари ин вожаҳо (калимаҳо) метавонад ба дарёи вожаҳои забони миллии хеш ворид гардад. Яъне решаи миллӣ то ҳол боқист ва қобили истифода ва пешбурд… Бо як калима асосгузори фарҳанги илмии мо Ҷамшед буд. Асосгузори фарҳанги динӣ ва мазҳабии мо — Зардушт. Ба сабаби набудани сарчашмаҳои илмӣ ва таърихӣ ба забони имрӯзаи тоҷикӣ ҷавонони мо хаёл мекунанд, ки пешвои ҳамаи фарҳанги мо танҳо Зардушт асту бас. Масъала ин тавр нест. Зардушт як пайғамбар буд. Ақидаи динӣ овард ва китоби динӣ бо номи Авесто. Ҷамшед як мутафаккири воқеъбин ва реалист буд. Аҳли илму дониш буд. Бо ақидаи Зардушт розӣ набуд. Чуноне ки як мутафаккир ва файласуф ба ақидаҳои як пайғамбар розӣ нест. Мисли он буд, ки дар тӯли таърихи мо, тоҷикон пайравони Ҷамшед бо пайравони Зардушт дар мубориза буданд. Аз ҷиҳати замонӣ Ҷамшед аз Зардушт пештар зиндагӣ кардааст. Муҳаққиқони имрӯза мегӯянд, ки (махсусан такя бар сарчашмаҳои қадимии юнонӣ) Зардушт ҳафт-ҳашт ҳазор сол пеш аз замони мо зиндагӣ кардааст. Таърихе мегӯяд Зардушт дар асри VI пеш аз мелод зиндагӣ кардааст, яъне 2600 сол пеш аз замони мо, таърихи сохта ва бофтаи рӯҳониёни зардуштӣ аст, ки дар давраи Сосониён навиштаанд. Бо шикасти Хушоёршо — шоҳи Ҳахоманишӣ аз дасти юнониён (соли 480 пеш аз мелод), шикасти давлатдорӣ ва андешаи миллии мо оғоз гардид. Баъдҳо Искандару арабу муғулу… дигарҳо дар нобуд сохтани мероси илмӣ ва динии мо саҳми қотеъ ва фаъолона доштанд.

Муҳаққиқони имрӯза сабаби шикасти миллати моро дар низои бардавоми ашрофзодагони хонадонҳои шоҳаншоҳӣ бо рӯҳониёни зардуштӣ медонанд. Ин сиёсатмадорон ва рӯҳониёни он замон аз хушбоварии мардум сӯъистифода намуда, оқибат ба доми фиреби худ афтоданд. Давлат ва мазҳаби худро нобуд карданд. Аз озодагӣ даст кашиданд. Ба мақоми ғуломӣ расиданд. Арабҳо онҳоро «маволӣ» меномиданд. Маволӣ — яъне ғуломи озодшуда. Ин шарҳи истилоҳии калима аст. Вале дар воқеъ то имрӯз ғуломи сиёсӣ ва мазҳабии арабҳо боқӣ монданд. Равшанфикронашон низ ба ибораи файласуфи тоҷик Меҳмоншо Шарифзода дар «мақоми сустаносир» (худбохта) арзи вуҷуд менамоянд. Ва рост гуфтаанд.

Аммо урупоиҳо ин масъаларо дигар хел ҳал карданд: Дар асри XIV  мелодӣ ба фарҳанги пешинаи худ рӯй оварданд. Ба фарҳанги Рим ва Юнон. Юнон ақлгаро ва мантиқдон буд. Рим суннати устувори низом ва қонунро дошт. Урупоиёни асрҳои баъд аз XIV  ба ақл, мантиқ ва қонун сахт таваҷҷӯҳ намуданд. Ин таваҷҷӯҳ ба ренессанс (эҳё) оварда расонд. Таърихи гузаштаи худро дар шакли нав зинда ва эҳё намуданд. Онро аз ҳолати фарромӯшӣ берун оварданд. Ин эҳё ба инқилоби фикрӣ ва иҷтимоӣ оварда расонд. Нуфузи дин ва хурофотро кам кард. Калисо таслими донишгоҳ шуд. Илми дақиқ ва гуманизми реалистӣ ҷомеаҳои Урупоро фаро гирифт. Илму техника тараққӣ кард. Корхонаҳо ба кор оғоз карданд. Ҷомеаи урупоӣ эҳсоси озодӣ намуд. Ин озодӣ ба ҳамаи табақаҳо ва гурӯҳҳои иҷтимоӣ як навъ дилгармии ҳаётбахш тақдим кард… Доманаи озодиҳои иҷтимоӣ низ рӯ ба афзунӣ ниҳод… Дар маҷмӯъ Урупо-Урупо шуд. Чуноне ки онро имрӯз мебинем. Ин як таҷрибаи бобарор ва мусбат дар таърихи башарият буд ва ҳаст. Хулоса, ақл, мантиқ ва қонун Урупои навинро сохт.

Аммо кишварҳои Шарқӣ ҳам шохаи сомӣ ва ориёии он то имрӯз пойбанди хурофоти мазҳабӣ ва қабилавии худ буданд ва ҳастанд.

Бузургтарин давлат ва империяи мо, форсу тоҷикҳо дар замони Пифагор ва Суқрот дорои масоҳате буд, ки сарҳади ғарбии он шаҳри Шероз буду сарҳади шарқии он шаҳри имрӯзаи Хоруғи Бадахшон. Аммо аз он замон то имрӯз сарҳади Юнон ҳамон аст, ки буд. Империяи Ҳахоманишӣ куҷо шуд? Юнон барои ҷаҳон илму фалсафа дод. Ин илму фалсафаро худи юнониён аз Мисру Бобулу Эрони қадим гирифта буданд. 41 мутафаккири намоёни юнонӣ ба ин кишварҳо сафар намуда, таҳсили илм намуданд ва китобҳо навиштанд. Вале мо аз давлати Ҳахоманишиҳо нафаронеро намешиносем, ки дар мактабҳои фалсафии Юнони қалим таҳсил карда бошанд!? Чаро?

Зеро империяи Ҳахоманишӣ империяи соф сиёсӣ ва тоталитарӣ буд. Сиёсатзада буд. Қудратталаб буд. Сиёсат дар хизмати мазҳаб буду мазҳаб дар хизмати сиёсат. Оқибат сиёсат ва мазҳаб якдигарро фирефта, ҳарду ба чоҳ афтоданд. Юнон, ки аз пайи илму фалсафа рафт, наҷот ёфт. Боқӣ монд. Ҳам дар таърих ва ҳам дар саҳнаи зиндагӣ.

Ин таҷрибаи талхро мо дар замони Сомониён (асри Х) низ доштем. Ҳамин ки аз ғуломии араб наҷот ёфтанд, ба лофу газофи суннатӣ ва анъанавии худ шурӯъ намуданд. Шоирон шабу рӯз машғули мадҳу санои онҳо буданд. Махсусан, устод Рӯдакӣ. На зан гирифт ва на хона обод кард. Оқибат ҳайрону нолон ба деҳаи худ баргашт… Амирони Сомонӣ як умр машғули ҷангу ҷидол ва фитна ба муқобили якдигар буданд. Ҳар яки онҳо мехостанд империяи нави ҳахоманиширо ташкил диҳанд. Охири охирон аз аморати маҳдуди худ низ маҳрум шуданд. Зиҳӣ кӯтоҳназарӣ ва сатҳинигарӣ! Уқдаи худбузургбинӣ (мания величия) бемории табобатнашавандаи ҳамаи ҳукуматҳои ориёитабор буд. Ҳоло ҳам ворисони онҳо аз ҳамин беморӣ ранҷ мебаранд… Акнун мавриди муносиб фаро расидааст, ки ба як сарлавҳаи дигар рӯй оварем:

Чаро давлати Сомониён аз байн рафт?

Дар ин мавзӯъ ба мутахассисони варзида муроҷиат мекунем. Доктор Солеҳ Паргорӣ дар мақолае зери унвони «Сабабҳои завол ва фурӯпошии ҳукумати Сомониён» ба ин нуктаҳо ишора мекунад:

1. Аксарияти амирони сомонӣ дар хурдсолӣ ба сари ҳокимият омаданд ва таҷрибаи ҳаётӣ ва сиёсии зарурӣ надоштанд. Масалан, Абдумалик ибни Нӯҳ дар даҳсолагӣ ба маснади шоҳӣ нишаст… Мансур ибни Нӯҳ дар 17-солагӣ… Нӯҳ ибни Мансур дар 13-солагӣ… Мансур ибни Нӯҳ «ба сабаби хурдсолӣ аз ӯҳдаи корҳо барнамеомад»… Абдулмалик ибни Нӯҳ ба ҳангоми ҳукумат «тифле сағир буд» (номаи Оли Сомон. Маҷмӯаи мақолот. Теҳрон. 2000, саҳ.95).

Ҳатто вазирони бокифояте чун Абдуллоҳи Ҷайҳунӣ ва Абулфазли Балъамӣ ин нуқсони ҷиддиро бартараф карда натавонистанд.

2. Сабаби дуюми фурӯпошии ҳукумати сомониён касби қудрати беш аз андозаи умарои низомӣ (ҳарбӣ) ва мудохилаи онҳо дар корҳои сиёсӣ ва ҳарбии ҳукумати сомонӣ буд. Ин сарварони ҳарбӣ аз роҳи худсарӣ аз итоати амирони сомонӣ сарпечӣ мекарданд. Мисолаш, ҳодисоти давраи ҳукумати Наср ибни Аҳмади Сомонӣ (301-331-и ҳиҷрӣ) буд.

3. Бесалоҳиятии баъзе вазирони давлат…

4. Надоштани сохтори ҳукуматии муттаҳид ва муназзам… Ба истиснои давраи Исмоили Сомонӣ.

5. Набудани девонсолории қудратманди ҳукуматӣ…

6. Исрофкории баъзе амирон нисбат ба молу дороӣ ва хазинаҳои давлатӣ ба хотири хушомад задан ба дарбориён ва маддоҳони худ…

7. Қудратталабии амирони низомӣ (ҳарбӣ) ва мудохилаи онҳо дар ҳавзаҳои дигари сохтори қудратии сомонӣ… Мухолифати онҳо бо дигар вазоратҳо… Алптегин — ғуломи турк, ки дар замони Абдулмалик ибни Нӯҳ ба мақоми сипаҳсолорӣ даст ёфта буд, ончунон фармонфармоӣ менамуд, ки вазир Абӯалӣ Муҳаммади Балъамӣ «ҳеҷ корро бе машварати Алптегин намекард» (Гардезӣ. Зайн-ул-ахбор. 1363, саҳ. 354). Баъзе вазирон ба дасти ин сипаҳсолор ба қатл мерасиданд.

8. Муҷодила ва муборизаи амирони низомӣ бо ҳамдигар, рақобатҳо ва ҳасодатҳои сардорони сипоҳ яке аз решаҳои аслии суқути давлати сомониён гардид.

9. Деҳқонон (заминдорон), аъён ва ашроф ва аз ҷумла фарҳангиён аз пуштибонии пешинаи худ нисбат ба ҳукумат даст кашиданд. Зеро ҳукумат ба бегонагон такя мекард, на ба «кадр»-ҳои ҳамнажоди худ.

10. Мубориза бо Саффориёни ҳамнажоди худ нишонаи дурандешии сиёсӣ набуд. Ва дар ин роҳ аз қавмҳои бегона ёрӣ талаб намуданд.

11. Ба сафи сипоҳи худ ворид намудани сардорони бегона тавозуни байни туркон ва деҳқононро (тоҷиконро) халалдор намуд. Ҳукумати Сомониён тамоми Мовароуннаҳр, Хуросон, Табористон, Рай (Теҳрон) ва Сиистонро дар бар дошт. Аммо худи амирони сомонӣ аз фармонбардорӣ ва хушомадҳои зоҳирии бандагони турк фирефта шуда, баъзе аз мансабҳои бузург ва калидии давлатиро ба онҳо супориданд. Аз имтиёзоти ҳамнажодони худ коста, ҳамаи ин имтиёзотро ба кормандони тозавориди турк супориданд. Ҳамнажодони амирони сомонӣ аз ин рафтори онҳо ба дил кина гирифта, бо ҳар васила кӯшиш карданд, ки ҳукумати сомониро сарнагун кунанд. Авҷи хидмати ҳамнажодӣ ба ҷое расид, ки Буғрохони туркро даъват намуданд, ки Бухороро ишғол намояд (В. Бартолд «Туркистоннома», саҳ. 549).

12. Парокандагии қудрати давлати Сомониён. Аз замоне ки амирони сомонии камсинну сол, бетаҷриба ва бесалоҳият бар ҳукумат соҳиб шуданд, сардорони лашкар, ки аксар аз бегонагон буданд, ин даъворо пеш гузоштанд, ки барои хизматҳои ҳарбиашон барои онҳо имтиёзоти навтар ва бештар диҳанд.

Амирони ҷавон ва ноогоҳ ин шартҳоро қабул мекарданд ва хостаҳои онҳоро иҷро менамуданд. Барои мисол доир ба Алптегин навиштаанд, ки «панҷсад деҳа дар ихтиёр дошт; Ва ҳеҷ шаҳре набуд, ки ӯро дар он сарой, боғҳо, корвонсароҳо, гармобаҳо ва сад ҳазор асп, устур, шутур беш буд ӯро дар мулки Сомониён» («Сиёсатнома», Теҳрон. 1364 саҳ. 166). Баъди ин сарварони артиш барои ба куллӣ гирифтани ҳукумат бо якдигар талош мекарданд. Дар натиҷа, Алптегин ҳукумати Ғазнавиёнро ташкил дод. Сардори дигар Абӯалии Симҷурӣ бо роҳҳои пинҳону ошкоро ба муқобили ҳукумат фитнаҳо меангехт ва дар охир бо Буғрохони қарахонӣ бар зидди Сомониён аҳду паймон баст… (с. 98).

13. Ихтилоф миёни мардони бузург ва дарбориён, бахусус дар масъалаи ҷойнишинии амири Сомонӣ, сабаби дастабандӣ ва гурӯҳбозӣ мегардид.

14. Таҳдиди марзҳои қаламрави Сомониён аз ҷониби ҳамсоягон низ дар дар заъф ва шикасти ҳукумати Сомониён таъсири чашмгире дошт.

15. Задухӯрди ахир бо ҳукумати Сиистон хасорати бузургеро ба давлати Сомониён ворид намуд…

16. Ба мазҳаби Исмоилия рӯй овардани баъзе аз амирони Сомонӣ (Амир Наср ибни Аҳмади Сомонӣ) сабаби парешонии идеологии давлати марказӣ гардид. Сомониён суннӣ буданд. Нӯҳ писари Наср, падарро аз салтанат дур карда, исмоилиёни Мовароуннаҳр ва Хуросонро дар соли 332 ҳиҷрӣ ба қатл расонид (саҳ. 100). Ин шубҳаи исмоилгарӣ дар нисбати баъзе амирони сомонӣ солҳо давом кард…

17. Даста-даста мусулмон шудани туркони гирду атрофи давлат ворид шудани онҳоро ба деҳу шаҳрҳои марказӣ осон намуд. Фақеҳони суннӣ дигар иҷозат намедоданд, ки ҳукумат бо туркон ба ҷанг ворид шавад. Далелашон ин буд, ки туркон ҳам ба мисли мо мусулмон ва суннианд.

18. Яке аз манбаъҳои асосии давлат касби молиёт буд. Ин амр аз замоне, ки деҳқонон (заминдорон) нисбат ба сомониён бадгумон шуданд, дучори шикаст ва нобасомонӣ гардид. Деҳқонон дигар бо давлат ҳамкорӣ намекарданд. Илова бар ин, низомиёни муздури турк барои хизматҳои худ аз ҳукумат маблағҳо ва мукофотҳои газоферо талаб мекарданд.

Саркӯбии шӯришҳо ва махсусан саркӯбии исмоилиён ҳукуматро холӣ намуд (саҳ. 101). Ба сабаби холигии хазина ҳукумат ба гардани мардум молиёти зиёдеро таҳмил намуд. Норозигии мардум рӯз ба рӯз меафзуд… Мардум ин рафтори ҳукуматро «ситамгарона» баҳо доданд. Ин иқдом сабаби суқути сатҳи зиндагии мардум гардид. Оммаи мардум дигар аз ҳукумати сомониён ҳимоят накарданд (В. Бартолд «Туркистоннома», с. 205).

19. Ба ҳукми ҳамзистии тӯлонии мардуми бумӣ бо туркнажодон, мардум нисбат ба ҳукуматҳои сомонӣ ва туркӣ ҳассосияти ҷиддие надоштанд. Барои онҳо дину мазҳаб муҳим буд, на миллату нажод.

20. Ҳамаи ин омилҳо дар маҷмӯъ низоми ҳукуматии сомониёнро заъиф ва фартут сохта буд. Хуросон ончунон ба осонӣ ва бидуни барнома ва нобоварона дар ихтиёри Султон Маҳмуд қарор гирифт, ки Абулфазли Байҳақӣ менависад: «Амир Маҳмуд, ноандешида, бад-он зудӣ амири Хуросон шуд» («Таърихи Байҳақӣ». Интишороти Хоҷу, 1362, саҳ. 642).

21. Муҳаққиқи миллатпарасти тоҷик, шодравон Ҳақназар Назар дар навиштае бо номи «Авомили сууд ва суқути давлати Сомониён» ба феҳрасти мо чандин нуктаеро илова намудааст, ки зикри онҳо аз аҳамият холӣ нест.

Ба навиштаи профессор Ҳақназар Назаров, «хонадони Оли Сомон дар Мовароуннаҳр ва Хуросон бештар аз 180 сол ҳукмфармо буданд, ки худ зода ва парвардаи ин марзу бум буда ва аксари муаррихони гузашта онҳоро аз ашрофзодагони Балх медонанд ва нисбаташонро ба Сосониён мерасонанд. Ҳадафи сиёсии Сомониён барпо намудани давлати миллӣ ва эҳёи таърих ва тамаддуни Эрон буд. Бинобар ин, пайванди худро ба таърихи пешинаи Эрон мерасониданд. Дар айни ҳол, онҳо аз мӯътақидони исломӣ низ ба гунае васеъ истифода кардаанд. Заминаи давлати Сомонӣ ҳанӯз аз ҷунбиши озодихоҳии Абумуслими Хуросонӣ (746-750) поягузорӣ шуда буд ва давлатҳои миллии Тоҳириён ва Саффориён шароити барпо кардани онро мустақиман ҳамвор сохтанд. Истилои араб ва таҷовузкориҳои хонҳои турк омилҳои муҳимми ин падида дар таърихи мардуми Эронзамин ба шумор меравад». («Номаи Оли Сомон», Теҳрон, 2000, саҳ. 348).

22. Хурӯҷи рӯҳониёни мутаассиб ва сипоҳиёни Амир Саид Насри Сонӣ пояи ҳукумати сомониро сахт мутазалзал (ларзон) сохт (саҳ. 352). Иштибоҳи бузурги сомониён он буд, ки ҳимоят ва пуштибонии давлати миллии эрониро ба муздурон ва аҷирони хориҷӣ ҳавола карда буданд…

23. Вале муҳимтарин далели таназзул ва суқути давлати сомониро бояд дар сусту кунд шудани ҳисси миллии эрониён ҷустуҷӯ кард. Мардуми ин давлат, ки муддате аз таҳқиру таҳдиди истилогарони турк ва араб раҳоӣ ёфта буданд, баъдҳо мутаассифона онҳоро як осудагӣ ва бепарвоӣ фаро гирифта буд ва рӯҳи муборизаи миллӣ, ки боиси фатҳу пирӯзии эрониён ва тарғиби усули исломӣ, ки ҳамаи мусулмононро баробар, бародар ва як миллат қаламдод мекард, ғурури эронӣ ва худшиносии миллӣ, ки боиси таҳаввулоти азими сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ду-се қарни ахир шуда буд, ба тадриҷ ба нестӣ гароид… Онҳо нисбат ба сарнавишти давлати миллии худ саҳлангорӣ ва бемасъулиятӣ нишон доданд ва оқибати сангин ва нангини ин амали худро дар пӯсту устухони худ санҷиданд (с. 353). Хулафои аббосии Бағдод аз истиқлоли Сомониён хушнуд набуданд… Шоҳон Табаристонро ба муқобили Сомониёни суннӣ тарғиб мекарданд… Давлатҳои миллии он рӯзгор: Тоҳириён, Саффориён ва Сомониёнро ба ҳам ҷанг меандохтанд. Ба гуфтаи Абулфазли Байҳақӣ «Хазинаи Оли Сомон ҳама дар сари муҳорибаҳои Рай сарф шуд». Дар маҷмӯъ амалиёти тахрибкоронаи халифаҳои аббосӣ, яке аз иллатҳои шикасти давлати сомонӣ ба ҳисоб меравад (с.354).

Мардуми Бухоро ҳамеша бо худ аслиҳа доштанд ва аз худ дифоъ мекарданд. Вале рӯҳониёни суннии Бухоро фатво доданд, ки «агар хонҳои турк бо сомониён дар масъалаи дин муноқиша мекарданд, мубориза кардан бо онҳо ҳатмӣ буд, вале вақте ки мубориза аз барои неъматҳои ин дунё меравад, барои мусулмонон шоиста нест, ки худро қурбонӣ кунанд ва ба ҳалокат расонанд. Тарзи ҳаёти онҳо дуруст ва эътиқодашон саҳеҳ аст ва аз ин лиҳоз беҳтар аст, ки аз ҳар гуна мудохила худдорӣ шавад» (Б. Ғафуров. «Тоҷикон», Москва, 1972, саҳ. 347). Чунин фатвое боис шуда буд, ки мардуми Бухоро аз ҳимоят ва пуштибонии давлатии сомонӣ сарфи назар намоянд. Дар солҳои охири давлати сомонӣ бодиянишинони гирду атрофи пойтахти Сомонӣ барои халифаҳои Бағдод такягоҳи боэътимоде ба шумор мерафтанд. Ҳатто рӯҳониёни исломӣ низ дар байни он бодиянишинон мақому мавқеияти иҷтимоӣ ва сиёсии худро мустаҳкам карда, соҳиби неъматҳои фаровони дунявӣ низ шуда буданд (с. 355).

24. Фақеҳони исломӣ аз замони салтанати ғазнавиён ба ин тараф, таъбир ва тафсири ҳадис, оёт ва таъини муқаррароти исломиро комилан ба дасти худ гирифтанд. Онҳо улуми табиатшиносӣ, ҳикмат ва фалсафаро зидди шариати исломӣ эълон карда, мамнӯъ қарор доданд ва аз ин лиҳоз ба қавли муаррихи номдори афғон Муҳаммад Ғубор «мардум ба тақлид ва зиддият ба таҳқиқ ва мухолифат ба илму фалсафа, кашонида шуданд, зеро илм зидди дин ва шариат эълон шуда буд. Уламо такфир ва озодихоҳон зиндиқ номида шуданд. Имомони фиқҳ, илми каломро  (фалсафаи қуръониро) ҳаром шумурданд ва мутакаллимро ба задани тозиёна ва ташҳир (шармандакунӣ дар байни мардум) маҳкум карданд» (Мир Ғулом Муҳаммади Ғубор. Афғонистон дар масири таърих. Кобул, 1967, саҳ. 118).

Таассуб ва иртиҷои динӣ ба марому мақсадҳои туркони бодиянишини тозамусулмон созгор омад. Ва пас аз он ки хилофати Бағдод ба маркази иртиҷоъи илмӣ ва таассуби динӣ мубаддал гашт, онҳо дар симои бодиянишинҳои тозамусулмоншуда такягоҳи боэътимоде пайдо карданд. Ғазнавиён ҳама ҷо пайравони муътазила (озодандешони исломӣ) ва қарматиро (адолатхоҳи мазҳабиро) саркӯб намуда, танҳо ба фақеҳони суннатгаро (ва анъанавӣ) таваҷҷӯҳ мекарданд. Роҳи пешгирифтаи ғазнавиён боис шуд, ки улуми ақлӣ ё табиатшиносӣ, ки меҳвари рушд ва густариши ҷомеаро ташкил медоданд, аз миён бардошта шуданд, ки ин ба ақибмондагии иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии олами ислом оварда расонд. Дар шароити навини таърихӣ, баъд аз он ки мамлакатҳои шарқӣ ба мустамликаҳои давлатҳои ғарбӣ мубаддал гаштанд, мутафаккирон ва муслиҳони исломӣ перомуни масъалаи ақибмондагии мамлакатҳои исломӣ ба фикри амиқ фурӯ рафта, авомили онро иборат аз ҳукумати ҷаҳл, истибдоди феодалӣ ва таассуби динӣ медонистанд, ки онҳо даст ба даст амал карда, иҷтиҳоди (навоварӣ) муттакӣ ба иҷмоъро комилан аз байн бурда буданд. Бинобар ин Муҳаммад Иқбол таъкид намуда буд, ки «дар миёни иллатҳо ва мавҷиботе, ки мунтаҳӣ ба интиҳототи (таназзули) миллатҳои исломӣ шуд, масъалаи ғафлат аз иҷтиҳод, яке аз муҳимтарин иллатҳо ва сабабҳо будааст» (с. 357).

Мутафаккирони бузурги исломӣ Сайид Ҷамолиддин, Муҳаммад Иқбол ва дигарон пайравони исломро ҷонишини Худо дар замин, созанда ва эҷодкори ҳақиқии олами ҳастӣ эълон карда, онҳоро ба фаро гирифтани тамоми илмҳо, алалхусус табиатшиносӣ даъват менамуданд, то ҷомеае шукуфон, мураффаҳ (осуда) ва одилона ба вуҷуд ояд, ки биҳишти ҳақиқӣ барои инсоният бошад (с. 357).

Оё давлати Сомониён давлати миллӣ буд?

Аксари муҳаққиқон ба ин савол ҷавоби мусбат додаанд. Ба ин маъно, ки давлати сомонӣ давлати миллӣ будааст. Аммо баъзе муҳаққиқон ба ин ақида мувофиқ нестанд. Дар сатрҳои пешин 24 сабаби шикасти давлати сомониёнро зикр кардем. Танҳо барои мисол ва намуна. Вагарна сабабҳои шикаст аз ин рақам бештаранд. Давоми баҳс ба ин мавзӯъ бахшида мешавад, ки давлати сомониён то чӣ андоза миллӣ буд ва ё миллӣ набуд.

Муҳаққиқони муосир мегӯянд, ки пайдоиши давлатҳои миллӣ ба асрҳои 17-18-и ҷаҳони нав тааллуқ доранд. Дар дунёи қадим ва асрҳои миёна чеҳраи давлатҳои миллӣ хеле камранг аст. Вале дар муқоиса бо миллатҳо ва фарҳангҳои дигар ба ақидаи баъзе муҳаққиқон (махсусан Ричард Фрай дар китоби «Асри заррини фарҳанги Эрон», Теҳрон, 1997, с. 18) давлатҳо ва империяҳои форсӣ дорои чеҳраи миллии бештар будаанд. Мавзӯи баҳси мо, ки равшанфикрони миллии муосири тоҷик аст, зарурате эҳсос мешавад, ки собиқаи таърихии ин мавзӯъро пайгирӣ намоем. Ба ин ҳадаф, ки саҳми давлатмардон, рӯҳониён ва равшанфикрони миллӣ дар империяҳои форсӣ аз ҳахоманишиён сар карда, то ибтидои асри ХХ дар чӣ сатҳ будааст. Ва махсусан саҳми равшанфикрони миллӣ мавриди баҳс ва андеша қарор хоҳад гирифт.

ҲАХОМАНИШИЁН

Ҳахоманишиён сулолаи форсиест, ки онро Куруши Якум асос гузошт (асри 7 пеш аз милод). Машҳуртарин шоҳони он Куруши Кабир, Комбизи дуюм, Дорои Якум буданд. Империяи онҳо кишварҳои Юнон, Фаниқия ва Мисрро дар бар мегирифт. Бо марги Куруши Сеюм, ки аз ҷониби Искандари Македонӣ мағлуб гардид, ин империя аз байн рафт. Осори таърихии бузурге аз ин империя дар Персополис (Тахти Ҷамшед дар Шероз) ва шаҳри Шуш боқӣ мондааст (Мунҷид. Нашри 30, соли 1988, Байрут, саҳ.30).

Муаррихон ва муҳаққиқон он нуктаро тарафдорӣ мекунанд, ки эрониёни қадим дар тамоми соҳаҳои илмӣ ва амалӣ дорои ҳадафе инсонӣ ва маънавӣ будаанд. Ҳатто ҷангҳо ва кишваркушоиҳои онон бо ҳадафҳои инсонӣ оғоз мешуд ва ба ин натиҷаҳои инсонӣ саранҷом мегирифт. Дурустии ин мардумро, ки ба сабаби ахлоқ ва мазҳабу дин мақаррар шуда буд, мардуми Юнон низ тасдиқ намудаанд. Чуноне ки Ҳеродот, муаррихи номии Юнон менависад: «Мардуми Эрон ҳеҷ чизро ба қадри дурӯғ сабабгор ва муҷиби шармсорӣ намедонанд».

Чаро ки ҳадафи эрониён бар хилофи ошуриҳо дар масъалаи ҷанг танҳо ба кишварситонӣ (ишғол) иборат набуд, балки нуктаҳои инсониро пеши чашму ҳиммати инсонии худ қарор медоданд, то билоди фатҳшударо сару сомон бубахшанд. Ва нахустин дафъае, ки миллатҳои Шарқ рӯи сулҳу оромиш дида ва мутеъи муназзам гардид, вақте буд, ки дар истило ва ишғоли эрониён қарор гирифтанд (Алберт Мола, таърихи миллатҳои Шарқ ва Юнон, саҳ. 132).

Ибни Надим, муаррихи машҳури асри Х милодӣ дар китоби «Алфеҳраст» менависад: «Замоне ки Искандар подшоҳи Юнониён барои ҳуҷум ба Эрон аз шаҳре, ки румиён онро Македония номанд, берун шуд ва ӯ касе буд, ки гирифтани фидя (хунбаҳо)-ро, ки дар мамлакати Форс ва Бобул маъмул буд, раво ва ҷоиз намедонист ва Доро (Дориюши сеюми Ҳахоманишӣ) писари Дорошоҳро ба қатл расонид ва бар қаламрави ӯ истило ёфта, шаҳри Мадоинро вайрон ва кохҳое (қасрҳое), ки ба дасти саркашон сохта шуда буд, хароб карда ва сохтмонҳои гуногуни онро, ки бар сангҳо ва тахтаҳояш анвоъи улум нақш ва кандакорӣ шуда буд, ба хок яксон намуд. Ва бо ин харобкориҳо ва оташсӯзиҳо, ҳамоҳангии онро ба ҳам рехта ва дар ҳам кӯбид ва аз он чи дар девонҳо ва хазинаҳои шаҳри Истахр буд, рӯнавиште бардошта ва ба забони румӣ ва қибтӣ (номи қадимии мардуми Миср) баргардонид ва пас аз он ки аз нусхабардориҳои мавриди ниёзаш фароғат ёфт, он чи ба хатти форсӣ, ки ба он каштаз мегуфтанд, онҷо буд, дар оташ андохт.

Хостаҳои худро аз илми нуҷум, тиб ва табиатшиносӣ гирифта ва бо он китобҳо ва дигар чизҳое, ки аз улум ва амвол, ганҷинаҳо ва уламо ба даст оварда, ба Миср фиристод. Ва чизҳое дар Ҳинду Чин монд, ки подшоҳони Эрон дар даврони паёмбарашон Зардушт ва Ҷомосп, ононро аз кирдору рафтори Искандар зинҳор (ҳушдор) дода ва гуфта буданд, ки пирӯзӣ бо вай хоҳад буд. Ва ӯ низ то он ҷо ки тавониста аз улум ва китобҳо рабуда, ба шаҳри худ равона кард. Аз ин ҷиҳат дар Ироқ илм рӯ ба шикаст ва таназзул ниҳода ва аз ҳам пошида шуд. Ва олимон бо ҳам ихтилоф пайдо карда ва аз миён рафтанд. Ва дар мардум ҳолати таассуб ва тарафдорӣ пайдо шуда ва ҳар даста барои худ подшоҳе баргузида ва ба мулукуттавоифӣ (давраи сулукиён) шӯҳрат ёфт» (саҳ.436-437).

Алберт Мола меафзояд: «Эрониён пеш аз ислом дар фарҳанг ва тамаддун дорои хусусиёт ва имтиёзоте буданд, ки дар миёни дигар миллатҳо ва қавмҳо мавқеъ ва мақоме бошукӯҳ ишғол намуданд. Онон қавме мутамаддин буданд, ростӣ ва риояти қонунҳо аз хусусиятҳои тамаддуни эрониён шумурда мешавад. Чун бар хоки Машриқ даст ёфтанд, назму тартиби дақиқе ба кор бурданд ва оромише барқарор карданд. Ва ҳамчунин идораи муназзаме ба вуҷуд оварданд ва афву бахшоишро дар ҳама кор ба кор бастанд» (с. 136).

Ин баён намудори шукӯҳи фарҳанги Эрон аст, ки аз хомаи пажӯҳишгаре хориҷӣ ва ғайри эронӣ таровиш кардааст. Бадеҳӣ аст чунин фарҳанге тавонист дар тӯли таърихи зиндагии башар, тамаддунҳои шукуфое ба вуҷуд оварад, ки ҷузъиёти он равшан нест. Бар хилофи аз миёни рафтани бисёре аз мероси фарҳангии бостон, нишонаҳои таърихии фаровоне вуҷуд дорад, ки моро то ба ҳадде аз онҳо бохабар месозад. Ба иборати дигар агарчи бо ҳамлаи Искандари Македонӣ ба Эрони бостон бисёре аз ифтихорот ва осори эронӣ дучори нобудӣ ва сӯхтор гашт, вале бисёре аз онҳо аз тариқи тарҷима ба забонҳои дигар ва интиқоли онҳо ба Юнон боқӣ монд ва аз тариқи Юнон дар саросари фарҳанги мардуми он замон ва наслҳои баъдӣ асар гузошт… Ба-дин тартиб маълум мешавад, ки Ҳахоманишиниён нишонаҳои илмҳои эрониро бар девораи сангҳои сохтмони худ нақш мекарданд ва нақшҳои Тахти Ҷамшед (дар Шероз) ва дигар қасрҳои эронӣ нигорҳои илмӣ дошта, ки бояд бо истифода аз рамзу рози он нақшҳо, таҳқиқотҳои ҷадиде пиромуни улуми вобаста ба эрониён, дар даврони бостон ба амал ояд.

Дар сояи чунин фарҳанг ва равишҳои инсонӣ, қавмҳои порсӣ тавонистанд назари мардуми дунёи куҳанро ба худ ҷалб намуда ва фарҳангу тамаддунерро ба вуҷуд оваранд, ки дар ҳадди васеъе намуна ва сармашқи ҷаҳони қадим буд. (Рафеъ. Таърихи улум ва фалсафаи эронӣ. Теҳрон. 1372, саҳ.35-38).

Методология ва равиши таҳқиқи мо дар ин баҳс

Ин сарлавҳа мебоист дар муқаддимаи ин навишта меомад. Вале чунин нашуд. Акнун иштибоҳи худро ислоҳ мекунем. Ва мегӯем:

Якум: Мо таърихи бедории фикрии ориёиҳоро 8-10 ҳазор сол то замони имрӯзӣ медонем.

Дуюм: Ин қавм то замони Зардушт табиатпараст, меҳрпараст, офтобпараст, оташпараст… буданд.

Сеюм: Зардушт 3700-4000 пеш то замони мо зуҳур намуда, қавми худро ба тавҳид ва яккахудоӣ даъват намуд. Худои Ягонаи Зардушт Аҳурамаздо ном дошт. Китоби динии ӯро Авесто меноманд. Авесто дар аввал аз 21 ҷилд иборат буд. То имрӯз аз он тақрибан 800 саҳифа боқӣ мондааст. Он қисмат аз Авесто, ки ба дасти худи Зардушт навишта шудааст, Готҳо (сурудҳо) ном дорад. Дар ҳудуди 200 саҳифаи имрӯза аст. Қисматҳои дигари Авесторо рӯҳониёни баъдинаи зардуштӣ таълиф ва талфиқ (пайваст) намудаанд.

Чорум: Шахсияти илмӣ, фарҳангӣ ва миллатгарои мо Ҷамшед ном дорад. Ҷамшед 5000 сол пеш аз замони мо зиндагӣ кардааст. Пеш аз Зардушт ва пеш аз таълифи Авесто, Ҷамшед асосгузори фарҳанги моддӣ ва дунявии қавми ориёӣ буд. Дар давраи ҳукмронии хеш фақат ба корҳои ободонии кишвар ва мардум машғул буд. Ба масъалаҳои эътиқодӣ ва динии мардум дахолат намекард. Мисли он ки озодии виҷдон вуҷуд дошт. Иду маросимҳо ба динӣ ва дунявӣ ҷудо набуданд. Ин ҷудоӣ баъдтар пайдо шуд. Ҷамшед марди илм ва дониш буд. Равшанфикр ва файласуф. Воқеъбин ва озодандеш. Аммо Зардушт марди дин ва пайғамбар буд. Ақидаҳои Ҷамшедро қабул надошт. Пайравони Зардушт дар тӯли таърих дар асарҳои худ Ҷамшедро танқид кардаанд. Мисли он ки таърихи қавми ориёӣ таърихи муборизаи ғоявӣ байни пайравони Ҷамшед ва Зардушт будааст. Ин мубориза ҳоло ҳам давом дорад. Зардуштиёни имрӯзаи ҷаҳон идеяҳои динии Зардуштро тарғиб ва ташвиқ мекунанд. Аммо равшанфикрон ва файласуфони Ҷамшедӣ аз соли 2000 то имрӯз дар атрофи нашрияи «Бедорӣ» ҷамъ омада, андешаҳои воқеъбинона ва равшанфикронаи Ҷамшедро давом медиҳанд. Нафароне ба мисли доктор Шуҷоъуддини Шафо, доктор Масъуди Ансорӣ, Сиёвуши Лашкарӣ, Аҳмади Эронӣ, Муҳаммадалии Меҳросо, Бузург Умед, Ҷалол Оштненӣ, Ҳушанг Муъинзода, Манучеҳри Ҷамолӣ, Иззатуллоҳи Ҳумоюнфар, Нушервони Маданӣ, Муҳаммад Осимӣ, Хонум Сурур, Муртазо Мирофтобӣ… ва садҳо нафари дигар, ки шиори нашрияашон «Конуни фарҳангии хурофазудоӣ» мебошад. Ин равшанфикрон ҳамаи динҳои гузашта ва ҳозираи ҷаҳонро хурофоти бепоя мешуморанд…

Ба назари онҳо Ҷамшед писари Вивангаҳон дар замони худ ба ин натиҷа расида буд. Яъне худи Инсони заминӣ метавонад, ки аз роҳи илму дониш зиндагӣ ва биҳишти ҷовидониро маҳз дар ҳамин Замини мову шумо амалӣ намояд. Ин даъво буд, ки дар вақташ ба ақидаи Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ қавми Ҷамшед аз ӯ рӯй гардонд ва гуфт, ки ту даъвои Худоӣ кардӣ… Ва биҳиштро дар Замин сохтӣ ва мардумро аз маргу мурдан наҷот додӣ… Хонандаи муосир медонад, ки ин устураҳои бостонӣ дорои рамзу рози хеле густурда ва амиқи фалсафӣ мебошанд… Ҷаҳони илм дар асри мо ин ифтихор ва қудратро дорад, ки устураро ба воқеият табдил диҳад… Ва табдил медиҳад. Хонандаи мо метавонад ин намунаҳоро аз китоби донишманди урупоӣ Артур Кларк бо номи «Чеҳраи Оянда» мутолиа намояд.

Панҷум: Мардуми ориёӣ пеш аз Ҷамшед ҳам Наврӯзро мешинохтанд. Иди табиӣ, нуҷумӣ ва мардумӣ буд. Ба дину эътиқод робитае надошт. Динҳо ҳам ба Наврӯз таваҷҷӯҳе надоштанд. Ин ихтилофот баъдҳо пайдо шуданд. Баъди он ки Ҷамшед «Наврӯз»-ро ба таври расмӣ асос гузошт. Ва аз он вақт то имрӯз ин ид мавриди рақобатҳои ақидавӣ ва идеологӣ гардид. Вале аз нигоҳи илми муосир ва маълумотҳои этнологӣ ва этнографӣ «Наврӯз» ба ҳеҷ дину мазҳабе алоқамандӣ надорад.

Шашум: Мо ҳангоми баҳс доир ба силсилаҳои шоҳони эронӣ чун: Хахоманишиниён, Пешдодиён, Ашкониён, Сосониён, Сомониён, Саффориён, Тоҳириён ва ғайра таваҷҷӯҳи худро танҳо ва танҳо ба фаъолияти миллӣ ва меҳанпарастии онҳо равона мекунему бас. Чаро ки мавзӯи баҳси мо ба таври мушаххас мақоми «равшанфикрони миллӣ» аст!

Ҳафтум: Он чи ки ба равшанфикрони миллии тоҷик дар асри XX ва XXI дахл дорад, методология ва равиши таҳқиқи мо аз ин қарор аст:

А. Ҷомеаи Тоҷикистон баъди Инқилоби Октябри соли 1917 ба қисматҳои зерин тақсим шудааст: исломӣ, шӯравӣ ва миллӣ.

Б. Мо дар вақти тасниф ва гурӯҳбандии равшанфикрон аз меъёр ва ченаки оммафаҳми садфоиза истифода намудаем. Яъне мулоҳиза менамоем, ки ин ё он равшанфикр чанд дар сад исломӣ аст. Чанд дар сад шӯравӣ мебошад.Ва чанд дар сад миллӣ аст. Ба ин маъно ки аксари равшанфикрони мо ин се нишонаро доранд: Худро мусулмон меҳисобанд. Ҳамзамон коммунист ҳам буданд ва ё ҳастанд. Ва бидуни истисно ҳама худро ватанпараст ва миллатдӯст мешуморанд. Дар ин ҳол шеваи таҳқиқи мо ин аст, ки барои мисол устод Лоиқ Шералӣ чанд дар сад равшанфикри миллӣ асту чанд дар сад равшанфикри исломӣ ва коммунист? Аз рӯи муқоисаҳои оморӣ (статистикӣ) дар «Девон»-и Устод ба ин натиҷа расидем, ки Устод Лоиқ навад дар сад равшанфикри миллӣ буда, панҷ дар сад исломӣ ва панҷ дар сад коммунист будааст. Дар ҳамин асос мо Устодро ба гурӯҳи равшанфикрони миллӣ дохил намудем. Ба дигарон низ аз рӯи ин меъёр кор гирифтем.

В. Ногуфта пайдост, ки ин метологияи мо ноқис ва нотамом аст. Аввалан ба ин хотир, ки назари субъективӣ дорад. Ва нависандаи ин сатрҳо аз зиндагӣ ва осори ин равшанфикрон ба таври дақиқ ва муфассал ошноӣ надорад. Дар ин тарзи таҳлил эҳтимоли иштибоҳ хеле бузург аст. Вале мо чораи дигаре надоштем. Ҳазор сол боз дар бораи Ибни Сино менависем. Мисли он ки то имрӯз ҳамаи нуктаҳо доир ба ҳаёт, осор ва афкори ӯ ба таври ниҳоӣ ва дақиқ ошкор нашудаанд. Аз ин қарина мо ҳақ дорем, ки доир ба мавзӯи баҳс ақаллан назари шахсӣ ва субъективии худро баён кунем. Муҳаққиқони баъдина онро такмил хоҳанд кард. Танҳо ба ҳамин хотир ҷасорат пайдо намуда, доир ба равшанфикрони миллии муосири худ ин пешдовариҳои шогирдонаро ба рӯи саҳифаи дафтар овардем.

Г. Дар фарҳанги пеш аз исломии мо гурӯҳҳои муқоисашавандаро зардуштигарӣ ва зарвонигарӣ ташкил медод. Зарвониён пайравони Ҷамшед буданд.

Д. Дар марҳалаи исломии фарҳангии мо доираи равшанфикрӣ хеле печида ва густурда гардид. Равшанфикрони исломӣ ба гурӯҳҳои зерин тақсим мешуданд: равшанфикрони суннӣ, шиӣ, исмоилӣ, ботинӣ, даҳрӣ, риндӣ, шуубӣ, фотимӣ, қарматӣ, зиндиқӣ, ровандигарӣ, маздакӣ, монавӣ, санавӣ ва ғайра.

Е. Ин нукта сазовори таъкид аст, ки муосирони мо (равшанфикрон дар назар аст) аксар исломӣ ва шӯравӣ ҳастанд. Вале ин зоҳири масъала аст. Ба ин маъно, ки аксари равшанфикрон ба ҳукми анъанаи ҳазору чандсола ва эҳтироми мардуми мусулмони хеш дар симои исломӣ тазоҳур мекунанд. Ин як чизи маълум аст. Аз ин гузашта, равшанфикрони коммунисти мо ба хотири зиндагӣ ва мақому мансаб пайрави ин ҳизб гардиданд. Бо аз байн рафтани низоми коммунистӣ, аксарият аз ин ҳизб рӯй гардониданд ва билетҳои ҳизбии худро оташ заданд. Ва устод Лоиқ дар як шеъраш ин ҳизбро, ки худ соли 1972 узви он гардида буд, «иннийн» (импотент) номид ва он шеъраш дар матбуоти даврӣ ҳам ба чоп расид. Албатта, дар давраи бозсозӣ ва истиқлол ин шеър нашр гардида буд.

Ё. Алқисса, хостем, ки саҳми равшанфикрони миллиро дар таърихи қавми ориёӣ ба таври мухтасар ва оммафаҳм барои ҳамагон пешниҳод намоем. Ҳар интиқод ва пешниҳоди созанда ва далелнокро ба камоли майл қабул хоҳем кард…

Акнун ба мавзӯи асосӣ бармегардем.

ПЕШДОДИЁН

Нахустин подшоҳони эронӣ, ки дар Шоҳномаи Фирдавсӣ аз онҳо сӯҳбат шудааст, подшоҳони пешдодӣ мебошанд. Устод Муҳаммад Карамӣ дар китоби «Ҳамосаи ҳамосаҳо» (дар ду ҷилд, Теҳрон, 1370 (1992), саҳ. 374, ҷилди як) бар ин назар аст, ки «гурӯҳе аз таърихнависон сулолаи ҳахоманишиён ва пешдодиёнро яке донистаанд. Вале ин мавзӯъ мустанад ба асноди таърихӣ ва илмӣ нест». Подшоҳони пешдодӣ даҳ нафар буданд: 1. Каюмарс. 2. Ҳушанг. 3. Таҳмурас. 4. Ҷамшед. 5. Заҳҳок. 6. Фаридун. 7. Манучеҳр. 8. Нузар. 9. Таҳмосп. 10. Гаршосп.

Мувофиқи методологияи интихобкардаи худ ба навтарин сарчашмаҳои илмӣ муроҷиат мекунем. Ба ин ҳадаф, ки бидонем: илми муосир доир ба ин сулола чи назаре дорад. Дигар: саҳми ин сулола дар фалсафаи равшанфикрии ин қавми ориёӣ дар чи ҳад аст… Ва ё хидматҳои миллии онҳо дар таърих аз чӣ иборатанд. Қуръаи фол ба номи устод доктор Фаридуни Ҷунайдӣ афтод. ӯ китоби арзандае дорад ба ин ном: «Зиндагӣ ва муҳоҷирати ориёиён бар пояи гуфторҳои эронӣ». Бунёди Нишопур, Чопи дуюм, 1374 (1996). (Аз ин баъд: «Зиндагии ориёиён»). Боз ин нуктаро бори дигар такрор менамоем, ки ҳадафи асосии мо хотирнишон намудани андешаҳои миллии ин ё он шахсияти таърихӣ ва фарҳангӣ мебошад. Ба масъалаҳои динӣ, идеологӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ғайра маҳз ба хотири равшан нашудани ин ё он масъалаи миллӣ муроҷиат менамоему бас. Ва ба таври мушаххастар, аз пайи фаъолиятҳои равшанфикрони миллӣ мебошем.

Инак, намунае чанд аз фаъолиятҳои миллигароёна ва равшанфикронаи шахсиятҳои силсилаи пешдодиро дар ин ҷо сабт менамоем. Ҳамин як ҷумлаи Устод Ҷунайдӣ дар муқаддимаи китоб беҳтарин раҳнамои иқдоми мо хоҳад буд: «Барои эрониён ва ориёитаборон аз равзанаи чашми бегонагон ба ҷаҳон нигаристан роҳи наҷот ва растагорӣ нест, чаро ки аз дидгоҳи бегонагон ба Эрон нигаристан, мояи шармсорӣ аст!».

Таваҷҷӯҳ ба як нукта:

Устод Муҳаммад Карамӣ соли 1992 дар масъалаи яке будани силсилаи хаҳоманишиён ва пешдодиён изҳори шак ва шубҳа карда буд. Устод Ҷунайдӣ соли 1996 ба ин мушкилӣ равшанӣ андохт: «Подшоҳи ҳахоманишиён ду ҳангомро (замонро) дар бар мегирад: Нахуст давраи Куруш ва Камбуҷия. Ду давраи дигар замони Дориюш ва фарзандонаш. Ва бад-инсон метавон онро бо ду ном: Курушиён ва Дориюшиён хонд. Замони Курушиён дар Шоҳнома бо номи «Дороб» омада аст, ки кӯчи онон аз Озарбойҷон ва пойтахти Модигон — Модиҳо оғоз мешавад ва аз канораи рӯди Гомосёб ба Порс меанҷомад. Ва чунин аст, ки Шоҳнома достони рафтани гоҳвораи Доробро ба рӯи об боз мегӯяд!

Замони Дориюшиён дар Шоҳнома ба Дорои Дороён — Доро писари Дороб номзад гардидааст. Ва басе аз рӯйдодҳои замони Дориюшон дар ин давра бозгӯ шудааст. Ба мисли сохтани Доробгард — Тахти Ҷамшед ва Кохи Шуш дар Хузистон.

Барои огоҳ шудан аз кори коргарони ҳамаи кишварҳои зери фармони Ҳахоманишиён хуб аст, ки ба сарнавиштаҳои Дориюш дар Тахти Ҷамшед ва Шуш бингарем. Ва низ акнун баҷост, ки нигораҳои деворҳои Тахти Ҷамшедро, ки достони овардани пешкашҳо (тӯҳфаҳо) аз сар то сари он марзи бузург, боз мегӯяд.

Фиристода омад, зи ҳар кишваре,

Зи ҳар номдоре ва ҳар меҳтаре.

Зи Ҳинду зи Фағфуру Хоқони Чин,

Зи Руму зи ҳар кишваре ҳамчунин.

Ҳама пок бо ҳадяву божу сов,

На пай буд бо ӯ, касеро на тов!

Дар Шоҳнома Дороб писари Ҳумой омадааст. Ва Ҳумой гунаи дигар аз Ҳумой — Ҳумод ё Кишвари Неки Мод аст…» («Зиндагии ориёиҳо»).

ПОДШОҲОНИ ПЕШДОДӣ ДАР «ШОҲНОМА»

Аввалан чанд ҷумлаи муқаддимотӣ: Урупоиён аввал ба Ҳиндустон расиданд… Донишмандонашон ба таҳқиқи забонҳо… Пас гуфтанд, ки забони мардумони Ҳинд ба забони мардуми Урупо хеле монанд аст… Ва ба он забони ҳинду-урупоӣ ном ниҳоданд!… Пас аз он таҳқиқ дар забонҳои паҳлавӣ, форсии дарӣ, авестоӣ ва форсии бостон шурӯъ шуд ва донистанд, ки забонҳои эронӣ ва ҳиндӣ бисёр наздиктар аз ҳинду-урупоӣ аст ва тамоми инҳо аз решаи воҳид ва ягонае бархӯрдоранд. Пас шохаи дигаре аз ин забонро забонҳои ҳинду-эронӣ ном ниҳоданд. Вале дар асл мебоист ки ба ҳамаи ин забонҳо забонҳои ориёӣ ном мениҳоданд, ки модари ҳамаашон забони нажоди ориё буд, на ҳиндуурупоӣ ва на ҳиндуэронӣ! Чаро ин иштибоҳ пеш омада? Барои ин ки урупоиён аслу нажоди худро фаромӯш карда буданд ва ба куллӣ ғофил буданд аз ин ки рӯзе дар доманаи васеъ ва фарохи Эронвиҷ ҳама бо ҳам Меҳри (Офтоби) дорандаи даштҳои фарохро ситоиш мекардаанд. Ва ҳама бо ҳам ба ҷанги Индра — худои раъду барқ мерафтанд… Ва шабонгоҳ дар канори тӯдаҳои оташи сурх шарбати гиёҳи саумаро менӯшиданд…

Урупоиён баъдан донистанд, ки каломашон ориёӣ аст ва таҳқиқ дар аслу маншаи хешро шурӯъ карданд… Аммо ҳиндувон ва махсусан эрониён ҳеҷ гоҳ ин мавзӯъро фаромӯш накардаанд ва бо таърихи худ аз ибтидои таҷаммӯъ, иттиҳод ва ташаккули қабоили ориёӣ бастагӣ доранд ва худи эрониён то замони ҳамлаи тозиён (арабҳо) ҳатто аз бастагии худ ба урупоиён иттилоъ доштаанд ва пас аз он ҳам ҳамчунин. Зеро нуктае, ки то кунун бад-он таваҷҷӯҳ надоштаем, ин аст, ки гумон мебарем Шоҳнома таърихи афсонавӣ, достонӣ, ҳамосӣ ва навишташудаи Эрон аст, ҳол он ки чунин нест. Ва Шоҳнома аз ибтидо то салтанати Эраҷ таърихи ориёиён аст. Ва пас аз Эраҷ ва бар нишастани Манучеҳр ба салтанат, таърихи Эрон аст…

Бо таваҷҷӯҳ ва мутолиаи ҷадиди Шоҳнома (махсусан аз оғоз то қисмати салтанати Манучеҳр) равшан хоҳад сохт, ки эронӣ таърихи худро, аз замоне ки сухан гуфтан дар арсаи гетӣ роиҷ шуд ва ҳатто пеш аз онро ба хотир дорад. Ба ин сатрҳои Ҳакими Тӯс — Фирдавсӣ таваҷҷӯҳ дошта бошем, ки

Ту инро дурӯғу фасона махон,

Ба яксон равиш, дар замона мадон.

Аз ӯ ҳарчи андар хурад, бо хирад,

Дигар бар раҳи рамзу маънӣ барад.

Зеро ки агар нависандагони Шоҳнома аз баёни саргузашти Аҳриман, Дев, Ҷоду ва Аждаҳо чашм мепӯшиданд, имрӯз мо ҳам гузаштаи худро фаромӯш карда будем. Ва Фирдавсӣ ба унвони як мутарҷими амин (ростин), айнан навиштаҳои пешиниёнро ба назм овард. Магар дар поёни достонҳо, ё дар ибтидои ҳар достон, ки чанд байт аз худ овардааст, ки он ҳам шарти вуруд ба достон ё ибрат аз рӯзгор аст… Дар Авесто агарчи аз шахсиятҳои таърихӣ ҳама ҷо ба таври мураттаб, аз Каюмарс то Гаштосбшоҳ ном бурда шуда, аммо он тасалсули таърихӣ, ки дар Шоҳнома риоят шуда, дар Авесто нест, бахусус он ки номҳои таърихӣ дар Авесто, дар ниёишҳо, намозҳо ва сурудҳо аз назари талаботи динӣ баррасӣ шудааст ва таърих дар Авесто дар воқеъ гӯшаҳое аз таърих аст, бидуни пайвастагии комил…» (Доктор Фаридуни Ҷунайдӣ. «Зиндагии ориёиҳо», с. 15).

Офариниш: Офариниши ҷаҳону инсон дар «Шоҳнома» ва Қуръон фарқ дорад… Нахустин офаридаи Аҳурамаздо Vohu-menengh ё андешаи нек аст, ки баъдҳо дар забони паҳлавӣ ба Vohumen ва дар форсӣ ба баҳман табдил гардид…

Аз пайдоиши ислом ҳадисе нақл кардаанд, ки «Нахустин чизе, ки Худо халқ кард, ақл аст». Ин ҳадис аст. Дар Қуръон нест. Аммо дар фарҳанги бостонии мо дар Авесто омадааст. Собиқаи хеле тӯлонии таърихӣ дорад… Ва аз номи Худо омада, на аз номи пайғамбар… (саҳ. 19. Зиндагии ориёиҳо).

Каюмарс: Башари нахустин аст. Аввалин шоҳи рӯи замин аст… Дар ин мавзӯъ ҳам назари «Шоҳнома» аз назари ривоёти динӣ фарқ мекунад… Дар замони ӯ ҳанӯз ҷонварон ва инсон ҳама бо ҳам зиндагӣ мекунанд…

Даду дому ҳар ҷонвар к-аш бидид,

Зи гетӣ ба наздики ӯ орамид.

Инсон дар ҷаҳон душмане ҷуз Аҳриман надошт. (Аҳриман аз нигоҳи муҳаққиқони диншиноси имрӯза рамзи қувваҳои харобиовари табиат мебошад).

Набудаш ба гетӣ касе душмано,

Ҷуз андар ниҳон рейман Аҳримано…

Аждаҳо: Дар «Шоҳнома» аз аждаҳо бисёр сухан рафтааст. Муҳаққиқони муосир мегӯянд, ки аждаҳо мавҷуди биологӣ нест, ба мисли аждаҳои ҷангалҳо ва крокодилҳои дарёҳо, балки рамзе ва тамсиле аз оташфишон (вулкан) аст. Дар он замони хеле дур дар минтақаи Эронвиҷ панҷ оташфишони бузург ва чаҳор оташфишони кӯчак вуҷуд доштааст. Бузургтарине аз онҳо дар кӯҳи Дамованд буда… Аз аҷоиб он аст, ки дар ҳеҷ афсона ва достоне дида нашудааст, ки аждаҳоро зану фарзанде буда бошад ва ҳамин ки паҳлавоне асотирӣ (афсонавӣ) ӯро мекушт, ҳама чиз тамом мешуд ва мардумон осоиш меёфтанд… (с.31) Дар ривоятҳои қадимӣ қади аждаҳоро 180 метр тахмин кардаанд, ки дар ҷаҳон ҷисме биологӣ ба ин андоза дида нашудааст…

Ҳушанг: Дар ин давра ҷондорон бо сарпарастии инсон бо дев (сармо ва яхбандон) мубориза мебаранд… Дар ҳамин давра аст, ки қабилаҳои мухталифи нажоди ориё ё эҳтимолан ғайриориё ташкил меёбанд. Аммо бар ҳамаи онҳо давраи созандагӣ ҳукмфармо аст ва мардумон дар ҳама ҷо, бо пирӯзӣ ба созандагӣ мепардозанд.

Ки бар ҳафт кишвар манам подшо,

Ба ҳар ҷой пирӯзу фармонраво.

В-аз он пас ҷаҳон яксар обод кард,

Ҳаме рӯи гетӣ пур аз дод кард.

Аз Ҳушанг дар Авесто бо лақаби парзот (paza-thete) ёд шуда. «Зот» маънии дод, адл ва қонунро медиҳад. Тарҷимаи форсии ПАРЗОТ пешдод аст, ки айни маънии авестоиро дорад ва бар рӯи ҳам маънии «доди пешин» ё «қонуни пешин» ва «қонуни нахуст»-ро дорад.

Албатта, маълум аст, ки чаро дар ин давра барои нахустин бор, қонун ба миён омада. Зеро ки хона сохта шуд. Ва аввалин марзҳо ба вуҷуд омад ва нигаҳбонӣ аз ин марзҳо ва васоиле, ки дар хонаҳо нигаҳдорӣ мешуд, вуҷуди қонунро эҷоб (талаб) мекард… (с.55).

Таҳмурас: Давраи Таҳмурас ба таҳамтанӣ, паҳлавонӣ, силоҳ, ром кардан аст ва пайдоиши дин маъруф аст.

ҶАМШЕД

Давраи дурахшон ва тиллоии нажоди ориё

Хулосаҳое пеш аз таҳлил: Ҷамшед шахсияти меҳварии фарҳанги ориёӣ буд… Шахсияти таърихӣ… Номаш ҳам дар Авесто ва мероси авестоӣ ва ҳам дар осори ориёиёни Ҳинд, яъне Ведоҳо (китоби муқаддас) омада… Ҷамшед дар замоне зиндагӣ карда буд, ки ориёиҳо ба ду шохаи эронӣ ва ҳиндӣ тақсим нашуда буданд… Ва ҳаёти якҷоя ва муштарак доштанд… Ихтилофи сарчашмаҳо доир ба Ҷамшед аз он ҷиҳат аст, ки ӯ дар замони хеле қадим зиндагӣ кардааст… Баъди ӯ қавми ориёӣ (озода) чандин сохти сиёсӣ, динӣ ва иҷтимоиро аз сар гузаронида… Чандин сулолаҳои сиёсӣ ва нажодӣ ба вуҷуд омада ва аз байн рафта… Ҳамаи ин ҳодисаҳои таърихӣ ва падидаҳои эътиқодӣ ба ҳам омехта… Ва ин омезиш ҳоло ҳам давом дорад… Ва давом хоҳад дошт. Чаро ки инсоният як организми том ва тамом аст. Ҳама узвҳо дар ҳамбастагӣ қобили фаъолиятанд… Ин тақозои воқеии зиндагӣ аст. Аз он ҷои гурез нест. Ҷудоиталабӣ ва худхоҳӣ ба шикаст меанҷомад…

Ба сабаби аҳамияте, ки шахсияти Ҷамшед барои таърих ва фарҳанги мо дорад, лозим ба назар мерасад, ки дар ин навишта, маълумоти бештаре дар бораи ӯ зикр намоем… Ҳарчанд, ки ин маълумотҳо пароканда, парешон, мутаноқиз ва бо ҳам мухолиф бошанд… Сабаб ҳам равшан аст… Фосилаҳои замонии таърихӣ… Камбуди сарчашмаҳои дақиқи илмӣ чӣ дар гузашта ва чӣ имрӯза… Ин узрҳо дигар қабул нестанд… Ва коре бояд анҷом дода шавад… Иқдоме бояд оғоз гардад… То оғози иқдоме ҷиддӣ мо ин чанд матолибро аз сарчашмаҳои гузашта ва ҳозира ба хонандагони имрӯзаи худ пешкаш менамоем:

Дар луғатномаи мӯътабари «Фарҳанги форсӣ» (ҷилди 5, соли 1375-1997, Теҳрон, чопи даҳум, саҳифаи 433) аз доктор Муъин, доир ба Ҷамшед омадааст: «Ҷамшед аз ду калимаи паҳлавии «ҷам» ва «шед» гирифта шуда, маънояш «Ҷами дурахшон» аст. Дар китоби муқаддаси ҳиндувон «Ведо» — Яма (Ҷам) писари Хуршед ва нахустин башарест, ки марг бар ӯ ғалаба карда, бар дӯзах ҳукумат мекунад. Дар достонҳои миллии мо, ориёитаборон низ вай яке аз подшоҳони силсилаи достонии пешдодӣ аст. Ба қавли Авесто ӯ нахустин касест, ки Аҳуро-Маздо дини худро ба ӯ пешниҳод кард. Дар ривоятҳои эронӣ омада, ки муддати сесад сол дар замони Ҷам беморӣ ва марг набуд, то ӯ гумроҳ шуд ва ҷаҳон барошуфт ва бемориву марг дигарбора бозгашт. Ҷашни Наврӯз ба гуфтаи Шоҳнома аз русуми ӯст. Заҳҳок ӯро барандохт ва ҳалок кард». Ба ин нукта мо борҳо хоҳем баргашт. Дар ин ҷо ба ишорае басанда мекунем: Ишора ба зиддиятҳои ин маълумот: 1. Маънии номаш дурахшон ва тобанда… 2. Дар Ведо, яъне дар китоби Ведоҳо инсони аввалин ва писари Хуршед… 3. Касест, ки аз дасти марг қурбон шудааст… 4. Вале дар дӯзах ҳам барои худ мақому мартаба дорад. Ҳукмрони дӯзах аст. Саноӣ, шоири сӯфӣ мегӯяд:

Гар мекунӣ гуноҳ, гуноҳи кабира кун,

То дар ҷаҳаннам аз ҳама болонишин

шавӣ!

Ҷамшед дар ҷаҳаннам (дӯзах) ҳам болонишин аст!

Дар достонҳои миллӣ яке аз шоҳони пешдодӣ аст. Яке аз муҳимтарини онҳо. Дар Авесто гуфта мешавад, ки Аҳурамаздо ба Ҷамшед пешниҳод намудааст, ки пайғамбариро қабул кунад. Вале Ҷамшед рад кард ва қабул накард. Зардушт аз Аҳурамаздо савол кард, ки «Чаро Ҷамшед пайғамбариро қабул накард?». Аҳурамаздо дар ҷавоб гуфт: «Ҷамшед аз андоза берун марди зирак буд!». Давои ин гуфтугӯи асотирӣ ин аст, ки Ҷамшед гуфт: «Ман аз ӯҳдаи корҳои осмонӣ (динӣ, эътиқодӣ) баромада наметавонам. Вале агар корҳои заминиро ба ӯҳдаи ман гузорӣ, иҷро хоҳам кард!». Аҳурамаздо розӣ шуд ва корҳои заминиро ба ӯҳдаи Ҷамшед гузошт… Ва Ҷамшед дар воқеъ ҳамаи корҳои заминиро сомон бахшид, ободонӣ кард, маргу мурданро барҳам зад ва дар замин биҳишти воқеӣ эҷод намуд… Ва рӯзи Наврӯз ҳам ба навиштаи осори асотирӣ (мифологӣ) рӯзи аввале буд, ки маргу мурдан барҳам хӯрд ва инсонҳо ба зиндагии абадӣ, ҷовидонӣ ва номироӣ ноил гардиданд…

Заҳҳок образи марг ва мирандагӣ аст…

Ба ҷовидонагии инсонҳои ҷамшедӣ рашк намуда, ба империяи Ҷамшед ҳуҷум намуд… Ва ҳамаро ба хок яксон кард (Хоҳишмандон ба китоби дуҷилдаи доктор Меҳрдоди Баҳор бо номи «Асотири Эрон» муроҷиат намоянд).

Пойдевори фалсафаи ин устура (миф, афсона) чунин аст: Муборизаи байни зиндагӣ ва марг ҳамеша буда… Инсон аз ибтидо заиф ва нотавон буд… Вале аз мубориза даст намекашид… Ва комёбиҳое ҳам насибаш мегардид. (Мисолаш кӯшишҳои Ҷамшед барои барҳам задани марг ва мурдан…) Вале ин кор ба натиҷаи ниҳоӣ нарасид… Боз Ҷамшед шикаст хӯрд… Боз марг ғалаба кард… Заҳҳок пирӯз шуд… Вале мубориза ба охир нарасид… Пайравони Ҷамшед Заҳҳокро мағлуб карданд… Андешаи Ҷамшедӣ боз аз нав зинда гардид… Муборизаи маргу зиндагӣ ҳам давом дорад… Дар сафи пеши ин мубориза файласуфони озодандеши имрӯзаи нашрияи «Бедорӣ» қарор доранд… Ҳадаф ҳамон ҳадаф ва мубориза ҳамон мубориза аст. Аммо дар шаклу намудҳои нав… Ҳадафи ниҳоӣ: Ғалабаи зиндагӣ бар марг… Наҷоти инсоният аз таҳдидҳои ҳамарӯзаи қудратҳои ҷобирона ва золимияти табиат ва ҷамъият… Ва расидан ба мадинаи фозила. Ҷомеаи одилона ва хирадгаро. Барои ҳамаи инсонҳо… Барои баробарӣ ва бародарии умумибашарӣ… Ин ғоя ҳоло ҳам дар рӯзномаи зиндагии ҳамаи миллатҳо ва давлатҳо қарор дорад…

Муҳаққиқи собиқадори «Шоҳнома» устод Муҳаммад Карамӣ китоби дуҷилдаи худро бо номи «Ҳамосаи ҳамосаҳо» (Достони достонҳо), ки ба таҳқиқи «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ бахшидааст, чунин оғоз мекунад: «Ба пешгоҳи пешкисватони фикру андеша ва хираду ҳикмату дониш, ки пайваста тозиёнаи хирадро бар пайкари бехирадиву хурофотпарастӣ ва таассубандешаони замона фурӯ мебаранд… Ба пешгоҳи пешгомони озодиву иззат ва шарафу истиқлоли Эронзамин… Ба пешгоҳи сарбозони гумном ва сардорони боном, ки дар роҳи посдорӣ аз шарофат ва истиқлоли сарзаминамон ҷон бохтаанд… Ба пешгоҳи занон ва мардони озодае, ки бидуни кучак шумурдани дигар нажодҳои инсонӣ бо кирдори нек, пиндори нек ва гуфтори нек, бар баландии шарофати инсонӣ орамидаанд… Ва… Ба хоки пои муқаддаси тамоми модароне, ки фарзандони барӯманде ҷиҳати обёрии дарахтони тануманди истиқлоли Эронзамин, ба меҳанашон тақдим кардаанд» («Ҳамосаи ҳамосаҳо». Ҷилди 2, нигориши Муҳаммад Карамӣ, Чопи аввал, Теҳрон, 1371-1993 мелодӣ, саҳифаи 3). Ва дар саҳифаҳои 9-12-и ҳамин ҷилд доир ба Ҷамшед чунин мегӯяд: «Ҷамшед фарзанди Таҳмурас аст, ки пас аз падар ба подшоҳӣ мерасад:

Гаронмоя Ҷамшед фарзанди ӯ,

Камар баст як дил пур аз панди ӯ«.

Ҷамшед бо баҳонаи пайкор (мубориза) бо палидиҳо ва нобакориҳои ҳастӣ ба сохтани олот ва адавоти разм (аслиҳа) рӯ меоварад ва дар ин роҳ абзоре чун кӯлоҳи худ, зиреҳ, ҷавшан, хифтон, теғ ва баргустувон (зиреҳи саворон) тавлид мешавад. Чун аз ин кор осуда мегардад, аз катон (зағирпоя) ва абрешим, дебо, пашм ва хаз (пӯсти санҷоб) роҳи таҳия ва дӯхтани либосро ба мардумон нишон медиҳад. Чун аз ин ҳам бармеояд, халоиқро (мардумро) ҳирфаӣ (касбӣ) тақдим мекунад ва шуғлу ҳирфаи ҳар гурӯҳро мушаххас ва муайян мекунад. Аз хадамоти хуб ва арзандаи дигари Ҷамшед эҷоди бино ва сохтмонсозӣ аст. Ва пас аз он кашфи ёқут, нуқра, ҷавоҳиролот ва баъд ривоҷи атру гулоб, уду анбар ва мушку бӯйҳои хуб байни мардум аст. Кашфи илми пизишкӣ (табобат) ва мудовои (муолиҷаи) дардмандон, сохтани киштӣ ва гузаштан аз дарёҳо  ва барпо доштани ҶАШНИ НАВРӯЗ аз корҳои неки Ҷамшед аст.

Ҷамшед чун бар баландии ҳарам ва мақоми қудрат ва зӯрмадорӣ такя мезанад, баногаҳ аз он ҳама покиҳо, некандешиҳо ва хираду дониш ҷудо мешавад ва деви зишткорӣ бар ӯ чира мегардад ва ғарра (мағрур) аз комгирии ҷаҳон мегӯяд:

Ҳунар дар ҷаҳон аз ман омад падид,

Чу ман номвар тахти шоҳӣ надид.

Хӯру хобу ороматон аз ман аст,

Ҳамон кӯшишу коратон аз ман аст.

Чу ин гуфта шуд, фарри Яздон аз ӯй,

Бигашту ҷаҳон шуд пур аз гуфтугӯй.

Манӣ чун бипайваст бо Кирдугор,

Шикаст андар оварду баргашт кор.

Чу гуфт он сухангӯи бо фарру ҳуш,

Чу Хусрав шавӣ, бандагиро бикӯш.

Ба Яздон ҳар он кас ки шуд носипос,

Ба дил-ш андар ояд зи ҳар сӯ ҳарос.

Ба Ҷамшед бар, тирагун гашт рӯз,

Ҳамекост он фарри гетифурӯз.  

 

 

(Давом дорад)

Равшанфикрони миллии тоҷик аз нигоҳи муаллиф

Устод Садриддин Айнӣ (1878 — Бухоро — 1954 — Душанбе).

Ашӯр Сафар (1930 — Кӯлоб — Душанбе — 1997).

Қутбӣ Киром (1932 — Фалғар — 1995 — Душанбе).

Салимшо Ҳалимшо (1934 — Шуғнони Бадахшон).

Мастон Шералӣ (1935 — Панҷакент — 1988 — Душанбе).

Бозор Собир (1938 — Файзобод).

Сарвар Амирҷон (1938 — Қалъаи Хум — 1986 — Душанбе).

Лоиқ Шералӣ (1941 — Панҷакент — 2000 — Душанбе).

Ҳаёт Неъмат (1943 — Самарқанд).

Ҳабибулло Файзулло (1945 — Кӯлоб — 1980 — Душанбе).

Мирзо Боқизода (1946 — Масчо).

Гулрухсор Сафиниё (1947 — деҳаи Яхчи Рашт).

Гадомуроди Сармад (1947 — Панҷакент — 1993 — Панҷакент).

Зиё Абдулло (1948 — Қубодиён).

Мирзо Шукурзода (1949 — Масчо).

Назри Яздонӣ (1949 — Тавилдара).

Мӯҳтарам Ҳотам (1950 — Ғарм).

Муҳаммадалии Аҷамӣ (1954 — Қӯрғонтеппа).

Искандари Хатлонӣ (1954 — Кӯлоб — 1999 — Москва).

Муҳаммад Навид (1956 — Тоҷикобод).

Низом Қосим (1958 — Норак).

Рустами Ваҳҳобниё (1960 — Ғарм).

Сайёд Ғаффор (1962 — Рашт).

Муҳаммадалии Ҷунайдӣ (Сиёвуш) — (1963 — Вахш).

Зафари Сӯфӣ (1964 — Фарғона).

Хайриддини Хайрандеш (1964 — Кӯлоб).

Фарзонаи Ҳоҷиниё (1964 — Хуҷанд).

Абдулло Ҳакими Раҳнамо (1970 — Ҳисор).

Исфандиёр: Саидмирзо Алиназар (1972 — ноҳияи Айнӣ).

Акбари Турсон.

Шодмони Юсуф.

Насрин Идибеков.

Умарбек Султонов.

Муҳаммадалии Музаффар.

Шерзод Абдуллозода.

Абдунабии Сатторзода (1941 — Панҷакент).

Нозир Арабзода.

Мирбобо Мирраҳим.

Додоҷони Атовулло.

Наврӯз Султонов.

Тоҳири Абдуҷаббор.

Раҳими Мусулмониён.

Бӯрӣ Каримов.

Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ (1926 — Бухоро).

Салом Нуриёни Баравнӣ.

Басир Расо (1931- Ванҷ).

Ҳайдаршои Хушбахт.

Абӯсаид Шохуморов.

Ҳақназар Назаров.

Бобоҷон Ғафуров.

       51. Абдулвоҳид Шамолов.

       52. Парвонаи Ҷамшед.

       53. Доро Дӯстов.

       54. Бурҳон Ғанӣ (1938 Масчо).

       55. Салими Зарафшонфар (1963 Панҷакент).

       56. ӯрун Кӯҳзод (1937 Панҷакент).

       57. Носирҷон Маъсумӣ (1915 Ҳисор).

       58. Холиқ Мирзозода (1911 Самарқанд).

       59. Фазлиддин Муҳаммадиев (1928 Самарқанд).

       60. Сайф Раҳимзоди Афардӣ (1953 Фархор).

       61. Маъруф Раҷабӣ (1955 Кӯлоб).

       62. Муҳаммадзамони Солеҳ (1951 Масчо).

       63. Сорбон Ҳамроев (1940 Панҷакент).

       64. Нодир Шанбезода (1908 Роштқалъа).

       65. Ҳайрат Шанбезода (1933 Хоруғ).

       66. Ҳафиз Холиқзода.

       67. Нозим Нуров.

       68. Ёрмуҳаммад Ниёзӣ.

       69. Нуриддин Шаҳобиддинов.

       70. Усмон Камолов.

       71. Абдусабури Озод.

       72. Исомуддин Шарифзода.

       73. Ҳикмат Раҳмат (1938 Ҳисор).

       74. Нафасбек Раҳмонӣ.

       75. Абдулло Дӯсти Хоксорӣ.

       76. Фотеҳи Абдуллоҳи Ардамеҳр.

       77. Усмон Шарифзода (1945 Файзобод).

       78. Муҳиддин Фатҳиддинов.

       79. Файзи Олӣ.

       80. Меҳмоншо Шарифзода.

       81. Иброҳим Усмонов.

       82. Хуршеди Атовулло.

       83. Раҷаби Мирзо.

       84. Адолати Мирзо.

       85. Шокирҷон Ҳакимов.

       86. Сайёфи Мизроб.

       87. Рашид Ғанӣ Абдулло.

       88. Қироншоҳи Шарифзода.

       89. Адаш Истад.

       90. Салими Аюбзод.

       91. Қодири Рустам.

       92. Барнои Қодирдухт.

       93. Ҷонибеки Асрориён.

       94. Шарифи Шайдо (Мисайзод).

       95. Нуралӣ Давлат.

       96. Ортиқи Қодир.

       97. Дориюши Раҷабиён.

       98. Абдуқаюми Қаюмзод

       99. Муҳаммадраҳими Сайдар.

       100. Ҳокими Муҳаббат.

       101. Раҳматкарими Давлат.

       102. Фаррух Қосимов.

       103. Аҳмадшоҳи Масъуд.

       104. Масрури Абдуллоҳ.

       105. Сафват Бурҳонов.

       106. Зафари Мирзоён.

       107. Сайфуллоҳ Сафаров.

       108. Шӯҳрат Сайнаков.

       109. Ҳарамгули Қодир.

       110. Сафар Абдулло.

       111. Садри Зиё (1865-1932).

   112. Сайдуллоҳ Амин.

   113. Аҳмадшоҳи Комилзода.

   114. Бӯриннисо Бердиева.

       Ҷумъаи Одина

       Баҳманёр Арабзода

       Мирзонасриддин Саидов

       Абдурауфи Фитрат (1886-1938)

       Аҳмади Дониш (1826-1897)

       Абдулвоҳиди Мунзим (1872-1934)

       Муҳаммадсиддиқи Ҳайрат (1878-1902)

       Маҳмудхоҷаи Беҳбудӣ (1875-1919)

       Сиддиқии Аҷзӣ (1865-1927)

       Тошхӯҷаи Асирӣ (1864-1915)

       Абдулқодири Шакурӣ (1875-1943)

       Аҳмадҷони Ҳамдӣ (1884-1946)

       Ҳомидхоҷаи Меҳрӣ (вафоташ 1918)

       Ҳабибулло Махдуми Авҳадӣ (1900-1938)

       Тӯрақул Зеҳнӣ (1892-1938)

       Мансур Бобохонов

       Ҷобулқо Додалишоев

       Юсуфшоҳи Яъқубшоҳ

       Мӯҳсин Умарзода

       Иброҳим Умаров

       Бобоназар Бобохонов

       Муаззам Диловаров

       Валӣ Самад

n          Раҳим Масов

Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ

Ғанӣ Абдулло (1912, Самарқанд — 1984).

Разиюлло Абдуллозода (расмӣ) (1912,- ӯротеппа — 1995).

Юсуфи Акбарзода (1938, Панҷакент).

Қурбони Аламшоҳ (1960, Роштқалъа).

Амирбек Абибов (1916, Ишкошим — 1999, Душанбе).

Файзулло Ансорӣ (1931, Панҷакент — 1980).

Маъруф Бобоҷон (1945, Хуҷанд).

Гулназар Келдӣ (1945, Айнӣ, деҳаи Дар-дар).

Абдулло Зокир (1927, Хуҷанд — 1982).

Муҳибуллоҳи Қурбон (1948, Исфара).

Отахон Латифӣ (1936, Панҷакент — 1998, Душанбе).

Лаълҷӯбаи Мирзоҳасан (1952, Роштқалъа).

Абдулхолиқ Набавӣ (1946, ноҳияи Айнӣ, деҳаи Ревад).

Ҳабибулло Назаров (1907, Ҳисор — 1978).

Низом Нурҷонов (1923, Бухоро).

Тилло Пӯлодӣ (1912, Шуғнон).

Шодӣ Солеҳ (1947, Душанбе).

Худоӣ Шариф (1937, Дарвоз).

Наҷмиддини Шоҳинбод (1952, Шуғнон).

Аминҷон Шукӯҳӣ (1923 Хуҷанд — 1979).

Абдулфаттоҳ Кулолӣ (1944, Хуҷанд).

Дӯстмуҳаммади Дуст.

Маҳмудҷон Воҳидов (Ашт).

Пайванди Гулмурод.

Мирзомуҳиддин Мансуров.

Мирзосироҷи Ҳаким.

Мирҷалол Юсуфзода.

Маҳмудхоҷаи Беҳбудӣ.

Сайидризо Ализода.

Ҷумъаи Толиб.

Ҳоҷимуҳаммад Умаров.

Ғиёсиддин Қодиров.

Рӯзии Аҳмад.

Дилшод Раҳимов.

Равшан Раҳмонӣ.

Иршод Сулаймонӣ.

Аҳмади Иброҳим.

Муҳаммад Карим Рақибов.

 

Андешаҳои равшанфикрони миллии тоҷик

Устод Садриддин Айнӣ

(1878-1954, Душанбе)

Фалсафаи таърих

«Мо, мактабхоҳони Бухоро назар ба хулуси (покии) нияти худ дар ислоҳи макотиб (мактабҳо) ва иҷрои усули савтия (усули нави таълими урупоӣ) аз тарафи мусулмонон мамониатро аслан дар хаёл намегузарондем ва мегуфтем, ки нияти мо хайру салоҳ аст ва аз ислоҳи макотиб, ғайри нафъи мусулмонон дигар чизе ба вуқӯъ намеояд. Ҳар мусулмон, хусусан синфи уламои (олимони) ин мактаби намунаро, ки мо холисан лиллоҳ эҷод мекунем, ҳар гоҳ бинанд, таҳсин ва тақдир хоҳанд кард, ба коре ки мувофиқи шаръи (шариатӣ) шариф ва манфиати мусулмонон аст, албатта, ёрмандӣ хоҳанд намуд. Чун дар хаёли мо (дар) сиёсиёт (масъалаҳои сиёсӣ) ва дар идораи ҳукумат тадохул (дахолат) кардан набуд, мамониати ҳукуматро низ ҳаргиз гумон намекардем;

Ғарази мо, ки ба хулуси ният тарбияти атфоли муслимин ва ёд додани чизҳои динӣ ва дунявӣ ба тариқи осон буд, ба хотир мегузашт, ки он ҳама ошӯбҳое, ки дар Русия воқеъ шуд, дар Бухоро воқеъ нахоҳад шуд. Аммо аз он ҷо, ки таърих иборат аз мукаррари (такрори) вуқуъот (воқеъшудаҳо) аст ва ҳамон ғарази шахсӣ ва манфиатдӯстӣ дар Бухоро низ ба зиёдоти шарифа (то андозае) мавҷуд буд, илова бар инҳо умуми (ҳамаи) аҳолии Бухоро аз улуми аҳолии мусулмони Русия бехабартар ва ғофилтар буданд, ақлу мантиқ ҳукм мекард, ки албатта, дар ин боб ба мубориза ва муҷодилаҳо хоҳем афтод. Бино бар ин мулоҳиза, дар зиммаи (ӯҳдаи) мо вазифаи бисёр бузурге афтода буд. Бояд ки мо ба мактаб оҳиста-оҳиста талаба ҷамъ карда, мактабро ба аҳолӣ ишоъат (ривоҷ) медодем; ҳам бояд ки ба тадбир ва мулоимат касеро, ки ба инод (мухолифат) ва муқобилат бармехезад, сокит мекардем. Ин вазоиф (вазифаҳо) ҳақиқатан аз қувват ва тоқати се нафар берун буд. Маазолика мутаваккилан алал-лоҳ (таваккал бар Худо карда) ҳарчи бодо бод «Ётиб қолғунча отиб қол!», — гӯён ба кор шурӯъ кардем. Зеро худро дар айёми ҷаҳолат ва ғафлат, агарчи як дараҷа маъзур медоштем, модом, ки филҷумла интибоҳ (огоҳӣ) рӯй дод, бо қадри қувва адои вазифа накарданро виҷдон қабул намекард. Аз сафолат (ҷаҳолат ва бесаводии) атфоли муслимин дар мактабҳои кӯҳна, дида ва дониста чашм пӯшида ба кунҷе хобиданро мухолифи шамаи (табиати) инсоният ва исломият медонистем» (Садриддин Айнӣ. Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро. Суруш. Теҳрон 1381=2003. саҳ. 26-27. Минбаъд. С. Айнӣ. Таърихи инқилоби фикрӣ… с. )

ххх

«Наҷот дар илм асту бас». (С. Айнӣ. Таърихи инқилоби фикрӣ. саҳ. 55)

ххх

То ба кай бошем дар кунҷи ҷаҳолат мустақим?

То ба кай бошем дар фикри залолат устувор? (с. 53)

ххх

Ба ҳама маълум аст, ки мутолиаи кутуб ва расоил аз кадом қисм, ки бошад, ба танвири (равшании) афкор хидмат мекунад. Асли дард дар инҷост, ки дар мадрасаҳои Бухоро ба эътибори умумият, ғайр аз қироати ҳавошӣ (ҳошияҳо) ва муҷодила дар дебоча, чизе намондааст. Ононе, ки даъвии аноният (манманӣ) ва фарёди «Ано воҳидун фи-л-олам» («Ман ягонаи олам ҳастам») мезананд, ҳамаи ҳимматашон масруфи (сарфи) дебоча ва ҳавошӣ аст. Агар талабаҳои Бухоро ҳам мисли замони салаф (гузашта), истифодаи кутуби мӯътабаре мекарданд, ҳеч гоҳ аз дин ва дунё бехабар намемонданд… Агар таърихи исломро медонистанд… ин қадар ғализ-ул-қалб (сангдил) намегардиданд. Ба бародарони мусулмони худ (шиа) ба мулоимат маъишат (зиндагонӣ) мекарданд…

Ақаллан «Ақоиди Насафӣ»-ро то охир ба диққат мутолиа мекарданд, такфири аҳли қибла дуруст набуданашро дониста, ақаллан мусулмонҳои ҳаммазҳаби худашонро такфир намекарданд. Агар расоили адабӣ ва девонҳои шуарои мутақаддимини (гузаштаи) форсиро истеъмол мекарданд ва танқидоти уламои беамал ва шайхҳои беилмро дар порчаҳои адабии ширин мутолиа менамуданд, ба танқидоте, ки дар ҳаққи уламо ва машоих дар рӯзномаҳо нашр мешавад, «таҳқири уламо шуд» (нагуфта), оламро ба ҳам намезаданд… Агар медонистанд, ки уламои гузашта ба хунҳои ҷигар забони аҷонибро (бегонагонро) омӯхта, он ҳама ҳикмати юнониёнро ба забони араб тарҷима намудаанд, ба муҷарради омӯхтани забони русӣ касеро такфир намекарданд… Агар онҳо китоби «Эҳё-ул-улум» ва «Кимиёи саодат»-ро мутолиа карда, нишонаи уламои суъ (бад) аз ин ҳаштсад сол пешро аз забони мисли Имом Ғаззолӣ одами суққа (озмуда, мӯътабар) ёд мегирифтанд ва дар ҳаққи худ ин ҳама хушбоварӣ накарда, фирефта намешуданд… Агар барои шинохтани ҳадиси саҳеҳ (дуруст) аз ҳадиси мавзӯъ (сохта) чӣ қадар хуни ҷигар хӯрдани Имом Муҳаммад ибни Исмоили Бухориро мешуниданд, ҳар қола-н-набии пушти китобро ҳадис (нагуфта), иддаъо (даъво) намекарданд… Хулоса, агар талабаҳои Бухоро ба мутолиа шавқ медоштанд, осори нафиси гузаштагон аз китобхонаҳои Бухоро, ки алъон (ҳоло) аксараш ҷои айшу нӯши махдумон аст, парешон (нашуда) ба китобхонаҳои Фарангистон намерафт, ё ба сандуқи касоне ки феҳрасти ин китобҳоро намехонад, ё хонда наметавонанд, маҳбус (намонда), аз истифодаи толибон маҳрум намегардид» (С. Айнӣ. Таърихи инқилоби фикрӣ… саҳ. 57-59).

***

«… Ислоҳи аҳволи талаба ва мадорис аз муҳимтарин заруриёт аст; Бе ислоҳи эшон ҳар ташаббусе, ки карда шавад, кам натиҷа медиҳад, ё натиҷа намедиҳад. Ислоҳи аҳволи талаба ва мадрасаҳоро бар наҳҷе (тарзе) кардан лозим аст, ки умри талаба дар мадраса абас (беҳуда) нагзарад ва тариқи таълимро бар вазъе таъсис кардан лозим аст, ки ба таъсири он, талаба, муҳиби илм (илмдӯст), ошиқи маориф ва ҳариси мутолиа шаванд» (Ҳамон ҷо, с. 59).

***

Соири тараққихоҳоне, ки дар Бухоро пайдо шуда буданд, ҳар кадоми инҳо ҳам ба корҳои хусусии худ машғулӣ карда, ба ҳар муносибат ба танвири (равшангарии) афкори мардум ва нашри ҷароиди ворида (аз берун расида) дар Бухоро кӯшиш мекарданд. Ба ин муносибат рӯз ба рӯз осори интибоҳ (худогоҳӣ) дар Бухоро зиёда мегашт. Махдумони ҷавон ва олимзодагони кибор (бузург) аксарӣ ба тадриҷ ба тарафи тараққӣ ва таҷаддуд майлон мекарданд. Дар фасли тирамоҳи санаи 1328 (1910) Мирзо Сироҷи Ҳаким, писари Мирзо Абдурауф аз сайру сафари чандсолаи Урупо ба Осиё баргашта, дар хонаи худ ба Бухоро истиқомат кард. Мулло илайҳи (шахси мазкур) ҷавони фозил, боҳаммият (ғайюр, баномус) ва донишманд буд. Аз вуруди ин шахс ба ҷомеаи тараққипарварон, Бухоро хеле қувват пайдо кард: Мирзо Сироҷи Ҳаким дар хонаи худ ба тарзи Урупо мағозаи давофурӯшӣ (дорухона) ва дастгоҳи табобат кушода, мардумро ба тарзи нав табобат мекард, ба ин муносибат илқои фикр (баёни андеша) намуда, ба танвири афкори мардум мекӯшид… Фитнаҷӯён мегуфтанд, ки «тараққихоҳон ба ҷавонтуркон робита доранд, дар роҳи иттиҳоди ислом хидмат мекунанд»… Ва ҳол он ки дар байни тараққипарварон ва мактабхоҳон аслан фикри сиёсӣ набуд, балки ғаразашон фақат ислоҳи мактабҳо ва мадрасаҳо буд» (С. Айнӣ. Таърихи инқилоби фикрӣ… саҳ. 59-60).

Вазъи ислом дар Бухоро

«Мукаммилуддин писари Бурҳон Махдум… дар хонаи худ ду-се нафар атфоли ақрабо (наздикон) ва аҳбоб (дӯстон)-и худро ҷамъ карда, махфиёна таълими хат ва савод карда, Қуръон ёд медод (Оҳ, ба чӣ рӯз омад аҳволи Бухоро, Қуръони азимро маҷбурем, ки махфиёна хонем ва ёд диҳем. Ин кор дар ҳеҷ ҳукумати куффор (кофирон) нест. Ин аст аҳволи асафбори ҳукумати Бухоро! Ин аст манбаи илми шариат будани Бухоро!!!) (С. Айнӣ. Таърихи инқилоби фикрӣ, с. 60-610).

***

«Ҳар фармоне, ки (аз ҷониби амир) содир шавад, ба ҳолати фармоне ба коғаз мемондааст (ва амалӣ намешудааст)» (саҳ.65).

***

Аҳволи раъияти кӯҳистон

Ин аҳволе (ришвахорӣ, ҷаҳолати мардум, фасоди ҳокимон…), ки баён ёфт, дар Бухоро, туманҳо ва вилоятҳои наздики Бухоро буд. Аммо дар гӯшаву канори мамлакат, мисоли Ҳисор, Кӯлоб, Балҷувон, Қаротегин, Дарвоз фармони ба тахт нишастани амири ҷавон таъсире набахшида буд. Балки аз сабри амир истифода карда, ҳокимон ва қозиёни он атроф ба ҷавру бедод яке бар даҳ афзуда буданд. Аксари ҳокимон ва тобеони онҳо он тараф, ғасбан (маҷбурӣ) 20-30 нафар духтарони мусулмононро ба унвони духтархона бо худ медоштанд. Ғайри пулҳое, ки бамавқеъ ё бемавқеъ аз раъият мегирифтанд, масорифи худро ҷинсан андоз карда, меситонданд. Билҷумла раъиятҳои он тараф (кӯҳистон) бо духтару писару зан, фарзанд, молу ҷони худ тамоман асиру мамлуки ҳокимон буданд. Авлиёқулибек вақте ки аз ҳукумати Ҳисор маъзул (сабукдӯш) шуда омад, ба унвони духтархона тақрибан 30 нафар духтарони болиғаи раъиятро ҳамроҳи худ овард, аммо молу ашё ва нуқудаш (пулҳояш) аз ҳадду ҳасри муҳосибони Бухоро берун буд.

Аҳолии Қаротегин ва Кӯҳистон аксарияташон барои таъмини маишат ва имрори ҳаёт (гузаронидани зиндагӣ)-и худ ба Туркистони Русӣ рафта, ҳаммолӣ, мардикорӣ ва саройбонӣ мекунанд. Як сол-ду сол кор карда, дорои маблағе, ки шуданд, муҳаббати ёру диёр ва хешу табор ба дилашон ба ҷӯшиш омада, ба ватани маълуф (аслӣ) рафтанӣ мешаванд. Ҳамин ки аз хоки Фарғона хориҷ шуда, ба ҳудуди Қаротегин дохил мешуданд, закотчинони ҳудуд (сарҳад) ба унвони закот аз ашё, амвол ва нуқудашон ба қадри дилхоҳ мегиранд. Дар байни ашёашон ягон порча қимоиши (матои) хубтар ёфт шавад, «ин ба миру ҳоким ё ба бегиҷон даркор аст» гуфта, ба ғасб меситониданд. Муздури бадбахт бо бақияи амвол ва ашёаш ҳамин ки дохили хона мешавад, маъмурон ва навкарони ҳоким ба дастёрии (ҳамкорӣ) кадхудоёни деҳ ҳар рӯз ба сараш як даъвӣ эҷод мекунанд, дар андак фурсат ба харҷи мудофиа, хидматона ва ҷурмона бору будашро ба яғмо мебаранд.

Ҳосил (хулоса), муздури фалакзада ҳанӯз ба хонаи худ ҷо гарм накарда, боз тарки ёру диёр намуда «ҳубби ватанам, чиқордӣ кутанам»,- гӯён сари худро ба Фарғона мегирад. Ин бечорагон, ки дар Туркистони Русӣ дар байни мусулмонон ва рус ба садоқат ва истиқомат (ростӣ) ва амният, муҳаббати ҳамаро ба худ ҷалб кардаанд, дар ватани худ барои ҳусули кайфу (сафои) ҳокимон ба дуздӣ ва бадкирдорӣ ном мебароранд. Касе аз аҳли Қаротегин хоҳад, ки модар, зан ва фарзанди худро гирифта, азми Туркистони Русӣ намояд, маъмурони ҳукумат монеъ мешаванд. Зеро медонанд, ки ҳар гоҳ ин мард дилбастагони худро гирифта аз ин диёр биравад, дигар то қиёмат нахоҳад омадан ва ҳукумат аз мадохили (даромади) бузурге маҳрум хоҳад монд… Мардумони Қаротегин аксарӣ бекор ва толиби мардикорианд… Аммо ҳокими ин минтақа фармонҳои амирро ба таври худ татбиқ мекунад…

Баъзе инсонпарварон ҳоли хароби инҳоро мушоҳида намуда, аҳволи эшонро ба губернатори рус маълум карданд. Ҳукумати рус аҳволро ба амир навишта, ба шиддат танбеҳ кард… Аммо ҳамин қадар зулму бедоди ҳокими Қаротегин беҷарима ва ҷазо монд, касе ӯро сарзаниш накард. Баръакс дар соли дигар ин золим ба мартабаи баланде тараққӣ карда, дар Шаҳри Сабз, ки яке аз вилоятҳои ободи мулки Бухоро аст, волӣ насб шуд. Ин аҳволе, ки дар ин дафтар сабт ёфт, нодир ва камёфт нест. Ҳар рӯз амсолаш ба вилояти Кӯҳистон воқеъ мешавад ва ба аксари аҳолии Бухоро ин ҳол маълум аст, бо вуҷуди ин касе эътиное намекунад. Гумон мекунам ҳар кас, ки нишонаи исломият ва инсоният дошта бошад, ба шунидани амсоли ин аҳвол тоқат карда наметавонад. Ларза дар аъсобам (асабҳоям) афтода, қуввати қалам рондан намемонад. Намедонам, ки фақир (муаллиф) фавқулодда рақиқ-ул-қалб (раҳмдил) афтодаам ё дили дигарон аз санг ва оҳан аст?» (Ҳамон ҷо, с.67-68).

Аҳвоми равшанфикрони Кӯҳистон

«Дар вилоятҳои Кӯҳистон ҳам мисли соири вилоятҳои Бухоро, калоншавандагон ва номдорон шарику саҳими ҳоким ва амалдори ҳукуматанд. Аз тороҷи амволи раъият, аз «гови ғадудӣ» ҳақ-ус-сукут (музди хомӯшӣ) ба эшон ҳам мерасад.

Аммо баъзе аз бузургон ё муллоён, ки ба софияти (покии) кӯҳистонӣ боқӣ монда, ахлоқашон фосид нашуда бошад, дар пайи додхоҳӣ ва ҳимояти мазлумин меафтанд. Аммо ҳамин, ки эшон дар коре мудохила карданд, фаврӣ ба унвони осӣ ва ихтилолчӣ (саркаш) ба Бухоро мефиристонд. Табиӣ мувофиқи арзи ҳоли ҳоким ҷазо дида, умре ба Бухоро маҳбус ё ба шаҳри дигаре матруд (ронда) мемонд. Фақир яқин дорам, ки аз он тафсилот, шахси амир (худи амир) хабар надорад ва дар пайи тафтиш ҳам нест. Ононе, ки аз аҳли дарбор медонанд, шарики золимонанд ва ба амир хабар нахоҳанд дод. Билфарз агар амир таҳқиқ карданӣ шавад ҳам, боз ҳақиқат пӯшида мемонад. Зеро воситаи таҳқиқ ҳамон маҳрамони дарборанд, ки таъмини маъишаташон аз ҳокимон аст» (саҳ. 68).

Аҳли дарбори амир

«Аҳли дарбор умуман мардумони чашмгурӯсна ва пастҳимматанд. Бинобар ин се рӯзе, ки ҳоҷиён ба дарбор меистоданд, умрашон ба талош бо аҳли дарбор мегузашт. Ин савдоҳо ранге мегирифт, ки инсонро аз тарафи эшон шарму ҳаё зер мекард» (саҳ. 69).

Комил БЕКЗОДА, файласуф

(Давом дорад)

Рубрики:Uncategorized
  1. 8 августа, 2010 в 8:26 пп

    эй бародар аз афташ раса бекор мондаги одам будаи намешавад китоб кунед? ин гапхота мардум бихонад гаранг мешаванд дар кампютрь чои ин хели гапро намегуянд ман кариб як соат хондамаш ..дар точикистон замистон куваи барк мушкил аст илтимос дигар такрор нашавад ……….

    Нравится

  2. 8 декабря, 2013 в 5:25 дп

    Як олам ташаккур ба муаллифи гироми-Комил Бекзода, Сад олам лаънат бар оне, ки бо имзои мустаор (саймумин) чанд барги зард аз дарахти бехосили дониши худ ба ин муносибат бирехт!

    Нравится

  1. No trackbacks yet.

Оставьте комментарий