Архив

Archive for Март 2010

Пайкон №13 (55)

https://paikon.wordpress.com/шуморахои-пайкон/

Рубрики:Uncategorized

Интихобот-2015

Дар кишвари Бекорон ҳизбҳои сиёсӣ хостанд барои баргузории интихоботи шаффофу демократии панҷ соли баъд сари мизи гуфтушунид биншинанд ва аз барномаҳои худ барои интихоботи навбатӣ, ки ба соли 2015 рост меомадааст, якдигарро огоҳ созанд. Ҳизби даҳриҳо, ки ҳизби ҳоким маҳсуб меёфт, худро ба унвони роҳбару довари маҷлис муаррифӣ карда, гуфт, ки барномаи ҳар яки ҳизбҳоро шунида, баҳо хоҳад дод ва сухани охир аз намояндаи ин ҳизб хоҳад буд. Зеро барномаи даҳриҳо пешрафтаву комил ба ҳисоб рафта, мардум онро қадр мекард. Дигар аҳзоб танҳо метавонистанд ба баҳс ворид шаванду барномаи якдигарро таҳлил кунанд.
1. Нахуст намояндаи Ҳизби арзанкорон барномаи амали худро муаррифӣ карда, гуфт, ки аз сабаби он ки 70 фоизи аҳолии кишварро деҳотиён ташкил медиҳанд ва бештари онҳо соҳиби замин буда, деҳқони асил маҳсуб меёбанду ба арзанкорӣ машғуланд, мо аз ҳисоби арзан аҳолиро пурра бо маводи ғизоӣ таъмин карда, боқимондаи онро ба хориҷи кишвар бароварда мефурӯшему аз ин ҳисоб буҷаи давлатро ғанӣ гардонида, ба ҳар шаҳрванд зиндагии арзандаро кафолат медиҳем.
Намояндагони ҳизбҳои қонунчиён ва дипломатҳо ин даъвои арзанкоронро рад карда, гуфтанд, ки аввалан, кишвари ҳамсоя барои содироти арзан иҷоза намедиҳад ва дигар ин ки, дар масъалаи чӣ тавр гузаронидани интихоботи шаффоф чизе гуфта нашуд. Арзанкорон арз карданд, ки баргузории интихоботи шаффофро даҳриҳо ваъда додаанд, мо боварии комил дорем, ки интихобот — 2015 шаффофу озод мегузарад. Сипас намояндаи даҳриҳо аз арзанкорон барои боварияшон изҳори сипос карда, сухани охирро гуфт, ки мо дар масъалаи содироти арзан тавассути кишвари ҳамсоя ба онҳо мадад мерасонем.
2. Намояндаи нанотехнологҳо баромад карда, гуфт, мо дуюм ҳизбем, ки баъди Ҳизби пирон фаъоият дорем. Аз ин рӯ, хидматҳои мо барои мардум зиёд аст. Агар мо вориди Парламент шавем, соҳаи наносиёсат, наноиқтисодиёт, наномаориф ва нанофарҳангро пеш мебарем. Лекин ин ниятҳои мо он вақт амалӣ мешавад, ки ҳукумат нанокафолат диҳад ва наноинтихобот баргузор гардад.
3. Намояндаи ислоҳкорон дар баромади хеш қайд кард, ки дар саргаҳи об истодаем, лидери сиёсӣ дорем. То кай дастнигарӣ аз хориҷиён, то кай дастнгарӣ аз сармоягузорон!? Мо худ бо қувваву нерӯи хеш кишварамонро месозем, иқтисодиёташро пешрафта мегардонем, ки Бекорон яке аз кишварҳои мутараққӣ дар ҷаҳон шавад. — Мо ба Парламент олимон-ислоҳкоронро ворид мекунем, то роҳҳои баромадан аз бекориро нишон диҳанд ва мо ба интихоботи шаффоф бовар дорем,- гуфт намояндаи ислоҳкорон.
Аммо дар ин ҷо боз намояндаи дипломатҳо эътироз баён кард, ки ҳоло боре ислоҳкорон ба Парламент ворид нашудаанду ин қадар ваъдаҳои болохонадор медиҳанд. Мутмаинем, ки баъди панҷ соли фаъолияташон дар Парламент шоҳид хоҳед буд, ки онҳо дурӯғ мегӯянд. Аммо намояндаи даҳриҳо варақаи рӯйхати ҳизбҳоро гирифта: — Ис-ис-лоҳкорон дар №3 ҷой гирифтаанд,- бо машаққате аз рӯи варақ хонд ва гуфт, ки ҳизби ислоҳкор аз олимҳои арзанда иборатанд, мо барномаи эшонро қабул мекунем.
4. Навбат ба намояндаи Ҳизби пирон расид. Вай гуфт, ташкилшавии дигар аҳзобро агар тахминан як даҳсола шуда бошад, мо садсола шудем. Моро аз мактаббачаи синфи даҳ боло ҳама мешиносад ва қабул дорад. Агар даҳриҳо кафолат диҳанд, ки интихоботи дар пеш истода демократӣ мегузарад, мо ваъда медиҳем, ки соҳиби курсиҳои Парламент мешавем ва қисме бекоронро ба Парламент ворид карда, қисми дигарашонро бо ҷойи кор таъмин мекунем ва буҷаи кишварро бо маблағи коргару деҳқон ғанӣ мегардонем. Намояндаи даҳриҳо моро «қавлу амал якест» гуфта, ваъда дод.
5. Намояндаи дипломатҳо оромона ба сухан гуфтан оғоз кард. Дар барномаи амали мо функсияҳои хаёливу фантастикӣ нест. Мо ваъда намедиҳем, ки дар панҷ сол Тоҷикистонро ба кишвари пешрафтаи ҷаҳон табдил медиҳем. Мо аз рӯи ваколатҳои худ ҳар чӣ тавоне дорем, барои манфиати халқу ватан хидмат хоҳем кард. Ба ваъдаҳои интихоботи шаффофу демократӣ бовар надорем, танҳо умедворем, ки мардум моро интихоб хоҳанд кард.
6. Намояндаи Ҳизби камбағалон сухан оғоз кард ва гуфт, мо аз ҳукумати бекорон талаб мекунем, ки гаравпулии номзадҳо ба Парламентро аз байн баранд ё арзонтар кунанд. Зеро мо маблағи пардохтмекардагӣ надорем, вале мо бо мардум ҳастем.
7. Навбат ба Ҳизби қонунчиён расид. Намояндаи он гуфт, ки танҳо ваъдаи интихоботи шаффофу демократӣ кофӣ нест. Мо талаб дорем, ки дар ин маврид қонуне қабул шавад, то баёнгари воқеии интихоботи озод бошад. Пешрафти ҷомеаро бо ақлу хирад ва адолат таъмин мекунем. Аммо намояндаи даҳриҳо дархости қонунчиёнро рад карда, сухани охирро гуфт, ки қавлу амали мо якест. Дар ин бора дигар ҷойи баҳс нест.
8. Акнун навбат ба Ҳизби даҳриҳо расид. Намояндаи он сухан оғоз кард. Моро мардум мешиносанд. Мо бо мардумем. Ҳизби моро ҳизби «интеллегенсия» меноманд. Мо мардуми бекорро ба хориҷа роҳнамоӣ мекунем, то ризқу рӯзӣ ёбанду худро таъмин кунанд. Бо назардошти он ки муҳоҷирон ба милисаҳо ва гумруки хориҷӣ маблағ медиҳанд, мо низ аз онҳо бояд маблағ ситонем ва бо ин роҳ буҷаи давлатро ғанӣ гардонем. Хориҷиён ҳаққи маблағ ситонидан доранду мо не чӣ?! Мо барои сафари онҳо ба муҳоҷират ҳама шароитрову онҳо ба мо ҳеҷ чизро? Ин нодуруст аст.
Аммо дар ин дам намояндаи дипломатҳо эътироз баён кард, ки бо мардум будани шумо ба мантиқ рост намеояд. Зеро шумо «интеллегенсия» будаед, аммо мардум бекору бесавод. Шумо мардумро ба муҳоҷират роҳнамоӣ кардед, аммо сабабгори бекории мардум низ ҳастед. Тамоми корхонаву заводҳо аз дасти шумо хароб шуд, заминҳо аз деҳқон кашида гирифта шуда, ба одамони бой дода шуд, ки қасру кӯшк созанд. Мардуми бечора бекор монду маҷбур ба муҳоҷират рафт.
Дар ин ҳол намояндаи даҳриҳо низ ба шӯр омада, дод зад, ки дар харобу табоҳ шудани кишвар саҳми мо баробар аст. Инро фаромӯш накунед!
— Дар ваҳдату ободкориҳо чӣ?,- оромона суол дод намояндаи дипломатҳо. Хайрият дар ин дам нозири хориҷӣ ба байн даромад ва ҷадалро хомӯш карду гуфт:
— Як пешниҳод дорам. Биёед мардуми бе ин ҳам бекору бенаво ва бечораро дар азият намононем. Рӯзи интихоботи 2010-ро байни худ маслиҳат кунеду ба мардум нафаҳмонед, то аз як ноҳия ба ноҳия ва аз як шаҳр ба шаҳр овораву муҳоҷир нагарданд. Худатон байни худ овозҳоро бо фоизи дилхоҳ тақсим кунеду натиҷаашро эълом доред. Барои чӣ мардумро даъват мекунед, ин қадар овораву саргардон месозеду баъдан боз ҳамон гуфтаи ман мешавад, яъне овозтақсимкунӣ сурат мегирад? Беҳтар нест, ки аз аввал ҳамин корро анҷом диҳед?
— Мо розӣ,- бо як овоз намояндаҳои аҳзоби кишвари Бекорон садо баланд карданд. Аммо андеша чизе нест, ки шах шуда монад. Ҳоло то панҷ соли баъд 361 паҳлӯи он тағйир меёбад.

Файзи АВЛИЁ

Рубрики:Uncategorized

Ҳамсояатро дузд магир!

Борҳо тавассути рӯзномаву маҷаллаҳои даврӣ ва тариқи ВЭА перомуни косташавии хулқу атвор ва муносибату муоширати мардум, алалхусус наврасон ва ҷавонон андеша ва нигарониҳо сурат гирифтаанд. Дар маҷолису маҳофил ва ҷамъомадҳои мухталиф низ роҷеъ ба ин масъала мубодилаи афкор сурат мегирад. Бархе нафарон оид ба мушкилоти мазкур фикрронӣ намуда, бархеи дигар маърузахонӣ карда, ин зуҳуроти номатлубро таъсири анъаноти ғарб ва ҷонибдории мардум аз он муаррифӣ мекунанд. Афкори фавқ бидуни шубҳа мақоли мардумии «атрофи хонаатро маҳкам кун, ҳамсояатро дузд магир»-ро пеши назар меорад.

Алорағми падидоии ҳар гуна зуҳуроти номатлуб феълан муоширати мардум нисбат ба солҳои қаблӣ куллан тафовут дорад: Таваҷҷӯҳ нисбат ба забони адабии тоҷикӣ бештар гардида, истифодаи калимоти қабеҳ (дашном) аз ҷониби ҷавонону наврасон, ки аксаран истилоҳи русиянд, кам ба гӯш мерасад. Дар ҳеҷ давру замон таркиби луғавии забони тоҷикӣ омехтаи калимоту гуфтори қабеҳ набуд ва нахоҳад шуд. Аксари ин гуна истилоҳот, ки вирди забони мардум аст, русӣ буда, таҳти таъсири замони Шӯравӣ «мерос» мондааст ва дар ҷараёни дуршавӣ аз замони фурӯпошии он ва афзун шудани шавқи мардум ба равиши асолати ниёгони хеш ин гуна калимот ва гуфтор марҳила ба марҳила ва дар муддати маҳдуд аз забонҳо зудуда хоҳад шуд.
Халқи тоҷик ва соири миллатҳои дунё аз аҳди бостон то ба имрӯз урфу одати писандидаи якдигарро баргузида, дар қолаби дилхоҳ мақбули хеш намуда, онро дар ҳаёти худ татбиқ сохтаанд. Аз ин рӯ, ағлаби оини миллатҳо ба ҳам ҳамбастагии амиқ доранд.
Баробари бурузи ҳокимияти халқӣ дар аксар манотиқи Аврупо миёни мардум як қатор анъаноти ҷадиде зуҳур намуд. Фарангиён аз ҳокимияти мутааллиқ ба худ сӯиистифода бурда, ҳар гуна русуми нораворо эҷод намуданд. Пӯшида нест, ки ин зуҳуроти номатлуб ба сарҳади кушодаи Осиёву Африқо, алалхусус ба мамолики исломӣ ворид гардид ва дар муносибату муошират ва рафтори мардуми он бо зарқи сабукии хеш таъсири манфӣ гузошт, ки имрӯз боиси нигаронии ҳамагон аст. Натоиҷи аз ҷониби мардум пазируфтани ҳамон анъанотест, ки аз шеваи шарқиёна тақрибан номе мондаасту халос. Набояд имрӯз пурра ба шеваи Ғарб побанд шавем, балки моро зарур аст аз усули аҷдоди хеш истифода бурда, баъзе анъанот ва шеваи писандидаи Ғарбро интихоб ва гулчин намуда, омехта бо қолаби шарқиёна тобеи хеш созем. Аммо таваҷҷӯҳи бештар ба оини ниёгони хеш дошта бошем.
Пайдо гардидани шаъну эътибори мамолики бонуфузи имрӯзи олам ва мустаҳкам гардидани иқтидори онҳо қабл аз ҳама аз одобу ахлоқ ва маданияту фарҳанги ҷамъияти он сарчашма мегирад. Ағлаби уламову удабои ниёгони мо, ки бо анвори ғояҳои хеш уфуқи ниҳоди аҳли башарро мунаввар гардонидаанд, пайванди амиқ ва ногусастание ба дин ва Худову каломи ӯ доштанд. Дар ин замина хулосаи Алберт Эйнштейн, яке аз шахсияти нотакрор ва олимеро, ки шӯҳрати ҷаҳонии ӯ дар бунёди силоҳи атомист, овардан айни муддаост: «Мақсади асосии инсонро дин муайян мекунад. Аммо дар масоили он, ки барои расидан ба ин мақсадҳо чӣ бояд кард, илм посухи амиқ медиҳад. Дар оғози асосҳои илмӣ бори дигар дин ширкат мекунад. Ман наметавонам олимеро бидуни доштани эътиқоди амиқ тасаввур намоям». Асрори дар майдони илму адаб зуҳур нанамудани уламову удабои асилро низ аз ин хулоса метавон дарёфт. Имрӯз пайваста дар андешаи онем, ки чаро Ҳофизу Саъдиву Синои дигар зуҳур наменамояд. Ва чун эшон аналҳақе, лисонулғайбе ва дорои ахлоқи ҳамидае ба вуҷуд намеояд, ки боиси ибрат ва муназзамии ҷомеаи ҷаҳон гардад. Аз сукути уламову удабои феълӣ бошад, ҳар замон дар изтиробем. Аммо ашхосе чун нафарони фавқуззикр аз батни модаре ба вуҷуд меоянд, ки дорои хулқи нек, имони комил ва пӯшандаи ҳиҷоб мебошанду сатр. Монеа эҷод намудан ба пӯшидани сатру ҳиҷоб ва дар симои эшон дидани зани манфур ва орӣ аз хулқу атвори нек моро водор ба он месозад, ки мунтазири на Ҳофиз ва на Саъдиву Синои дигар бошем.
Ҷорӣ намудани интизом дар миёни мардум низ яке аз умури душвор аст ва афкори умумро аз чораҷӯён тақозо менамояд. Аз ин рӯ, кулли мамлакатҳое, ки имрӯз ба ҳар гуна бӯҳрон мувоҷеҳанд, дар ин масъалаи нозук азият мекашанд. Роҳу воситаҳои ҳалли масъалаи мазкур бешуморанд. Аммо ҳеҷ яке аз онҳо кафолати боварибахш надоранд, ба ҷуз он роҳе, ки ҳангоми дучор ба бӯҳрони шадиди иқтисодӣ Амрико аз он истифода бурд. Соли 1937, вақте ки Амрико ба бӯҳрони молиявӣ мувоҷеҳ гардид, мардуми он аз чаҳорчӯбаи одоб берун баромада, тамоюл ба фисқу фуҷур намуданд. Аён аст, ки тамоми халқҳои рӯйи дунё пайрави адёни хешанд ва ҳар яке ба дини худ ва худои худ имони комил доранд. Элитаи ҳокимияти Амрико маҳз ана ҳамин чизро дарк намуда, ҳалли мушкилотро дар маънавиёти дин ҷалб кардани таваҷҷӯҳи халқ дарёфтанд: бештар рӯҳониёни динро баҳри рафъи бӯҳрони фарҳангӣ ҷалб намуданд. Намояндагони дин вазъиятро амиқ омӯхта, вобаста ба он аз худ ғояҳои гуногун бароварданд. Бо ин восита оқибат низомро ҷорӣ намуданд.
Мақсад ин ки, бӯҳрони молиявии ҷаҳонии соли 2009 таъсири манфии хешро ба кулли мамолики рӯи дунё расонид, аз ҷумла ба Тоҷикистон ҳам. Ва пӯшида нест, ки сатҳи ҷурму ҷинояткорӣ низ тибқи омор дар мамлакат афзуд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин нуктаро 29-уми январи соли равон дар ҷаласаи васеи ҳукумат зикр намуда, афзоиши сатҳи ҷурму ҷинояткориро 6,7 фоиз арзёбӣ кард. Мавзӯи мазкур рӯзномаву маҷаллаҳои давриро фаро гирифт, аммо бо интишору ҳадс задан ва пешниҳодоти ҳисоботи оморӣ метавон ҷилави ин роҳро гирифт? На. Пас зарурати он расида, ки роҳ ба воизин ва рӯҳониёни дин кушода шавад, то эшон тавонанд мардумро аз ҷиҳатҳои ахлоқиву маънавии улуми илоҳиёт баҳравар гардонанд. Зеро гуфтаанд:
Чу баҳре бувад, к-он надорад канор,
Каломе, ки гуфтаст Парвардгор.
Ва бо ин васила тавон ба эҳёшавии фарҳангу маданият, муносибат ва муоширати неки мардум ва ахлоқу шеваи ниёгон заминаи боэътимод гузошт. Каломи Худо барои мардуме, ки 98 фоизи онро мусулмонон ташкил медиҳанд, азиз ва муқаддас буда, саркашӣ аз ин фармони пок барои онҳо ҷурмест бе ҳадду марз.

Дилшоди МУҲАММАДМУРОД

Рубрики:Uncategorized

Ба як мард чил ҳунар кам аст

Таври маълум, бозори кор имрӯз дар Тоҷикистон ба андозае танг аст, ки бештари қувваи корӣ, яъне мардони тоҷикро ба нияти рӯзии фарзандро ёфтан равонаи Русия кардааст. Қисме аз мардони тоҷик, ки имкони ба хориҷа сафар карданро ҳам надоранд, ба шуғлҳои хурдтарину каммаоштарини кишвар қаноат намуда, «нимта нон роҳати ҷон» мегӯянду сабурона рӯз мегузаронанд. Вале, хушбахтона, боз ниҳодҳое ҳастанд, ки барои қишри камбизоати ҷомеа ҷойҳои кор муҳайё мекунанд ва ҳамзамон, ба мардум касбу кор меомӯзонанд.
Чанде пеш дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе маркази омӯзиши сангтарошӣ дари худро ба рӯйи ҷавонони оилаҳои ниёзманд боз намуд.
Ниёзбек Қурбонов, сардори Раёсати бозори меҳнат ва шуғли Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират зимни суханронӣ дар бораи маркази мазкур чунин гуфт: «Мо асосан бо одамони бекор машғулем, новобаста аз синну солашон. Агар он ҷавонон ҳамчун шаҳрванди бекор худашонро дар мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ ба қайд гирифта бошанду бо роҳхат барои касбомӯзӣ омада бошанд, метавонанд дар инҷо ба таври ройгон соҳиби ҳунар шаванд. Дар ин марказ тамоми шароитҳо барои касбомӯзон муҳайё карда шудааст. Ҳатто барои шахсоне, ки аз ноҳияҳои дурдастанд, ҷойи хоб ва хӯроки севақта пешбинӣ гардидааст. Дар инҷо на танҳо касб, балки ҳунари хизматрасонӣ ҳам омӯзонида мешавад. Чуноне ки Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо тоҷирон зикр карда буданд, пешхизматӣ ҳам касб ба шумор меравад, на ҳар кас аз ӯҳдааш баромада метавонад. Мо ният дорем, ки дар оянда ин гуна марказҳоро дар вилоятҳои Суғду Бадахшон ҳам ташкил намоем».
Чун ба маркази омӯзиши сангтарошӣ рафтем, донистем, ки қариб ҳама омӯзгорон аз Ҷумҳурии Исломии Эрон омада будаанд. Музаффари Муқаддам, устоди ҳамин омӯзишгоҳ аз ҶИЭ дар сӯҳбат бо мо гуфт: «Устодон ва тамоми дастгоҳҳои сангтарошӣ аз Эрон оварда шудаанд. Дар инҷо ҳамагӣ 17 нафар касб меомӯзанд. Касби сангтарошӣ на танҳо хоси писарҳост, балки духтарҳо низ онро меомӯзанд. Чунки он қадар касби вазнин ҳам ба шумор намеравад. Ҷавононе, ки алҳол ба касбомӯзӣ фаро гирифта шуданд, аллакай тамоми нозукиҳои сангтароширо аз бар намуда истодаанд. Албатта кор бе мушкилӣ намешавад. Авали ҳар як кор мушкил аст. Мо муаллимон кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки дар оянда шогирдони болаёқат пайдо кунем ва аз онҳо Тоҷикистоне, ки сарзамини кӯҳистон ва дорои сарватҳои зиёд аст, истифода барад».
Вақте сӯҳбатамон бо омӯзгорони маркази омӯзиши сангтарошӣ анҷом ёфт, хоҳише пайдо шуд, ки бо чанд тан аз мизоҷони ин даргоҳ ошно шавем. Салмон аз ноҳияи Тоҷикобод, ки барои омӯхтани сангтарошӣ омадааст, мегӯяд: «Ман бисёр хурсандам, ки дар ин марказ тамоми шароитҳо муҳайёст ва сифати таълими устодон бениҳоят хуб аст. Мехоҳам ин ҳунарро бо тамоми нозукиҳояш аз худ кунаму рафта дар зодгоҳам, ки аз кӯҳҳои серсанг иборат аст, кор кунам». Ҳалимахон бошад, чунин андеша дорад: «Ман айни ҳол 42-солаам. Аз хурдӣ ҳунари сангтароширо хеле меписандидам. Худоро шукр, ки ҳамин марказ кушода шуду мо соҳиби ҳунар мешавем. Кӯшиш мекунам дар оянда як корхонаи шахсӣ созаму барои ободии ватани худ хизмат кунам».
Донишҷӯйи Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат Ширин ба донишҷӯй буданаш нигоҳ накарда, дар ин марказ касбомӯзӣ дорад. ӯ мегӯяд: «Ғайр аз донишҷӯйӣ боз мехоҳам ҳунари сангтароширо аз худ кунам. Чун ин ҳунарро дӯст медорам, дар тӯли як моҳ аллакай сохтани гарданбанд, ангуштарин ва дигар чизҳоро бо истифода аз санги ҳақиқ аз худ кардам».
Одинабек Ғоибов иброз дошт, ки худ заргар аст. Аммо вақте мефаҳмад, ки чунин як марказ кушода шудааст, аз рӯйи мақоли «Ба як мард чил ҳунар кам аст» амал карда, барои омӯхтани сангтарошӣ меояд.
Чунон ки маълумамон гашт, яке аз ташкилкунандагони маркази омӯзиши сангтарошӣ дар Душанбе Кумитаи имдоди Хумайнист. Ин Кумита дар Тоҷикистон тӯли 15 сол аст, ки таъсис ёфтаву фаъолият дорад. Раиси Кумитаи имдоди Хумайнӣ дар Душанбе С. Раззовӣ мегӯяд: «Дар ин 15 сол бо лутфи Худованд Кумита хадамоти хуберо ба мардум додаст. Қариб 70 ҳазор хонавода аз Кумитаи имдод ёрдам гирифтаанд. Лекин ҳадафи асосии то тавонмандсозист. Агар мо касеро ба худ вобаста нигоҳ дорем, ин ҳунар нест. Ман номи инро хизмат намегузорам. Мо набояд ба унвони як кишвари хориҷӣ хонаводаҳоро солҳои сол ба худ вобаста нигоҳ дорем, балки кӯмак расонем, то ин хонавода дар пойи худ устувор биистад ва баъд аз мо ҷудо шуда, худоҳофизӣ кунад».
Ба андешаи С. Раззовӣ, ҳадафи Кумитаи имдод на расонидани кӯмаки ҳамешагии муфт аст, балки мехоҳад мардум худаш оҳиста-оҳиста роҳи даромадро ёфта, маблағ кор кунад. ӯ аз ҷумла зикр менамояд: «Ба қавли Эмом Хумайнӣ, ҳадафи Кумитаи имдод мадад ба ҳаёту кори бесарпарастон аст. Яъне, хонаводаи бесарпарасте, ки модараш ба инҷо меояду хӯрок мебарад ва ҳамроҳи фарзандонаш мехӯранд, фикр мекунад, ки ин хуб ва роҳат аст. Албатта ин фикр нодуруст аст. Мо кӯшиш мекунем ба он хонавода кӯмак расонем, то ки худаш хӯрока ба даст оварда, бихӯрад. Вақте фарзанд мебинад, ки модараш барои рӯзии хонавода кор мекунад, нигоҳаш ба тарафи кор хоҳад буд, на ба тарафи ин, ки чун модараш мегиряд, бояд ӯ ҳам биравад канори модару бигиряд».
С. Раззовӣ ҳамчунин сарзамини кӯҳсор будани Тоҷикистонро ёдовар шуда, гуфт: «Тоҷикистон дорои маъданҳои зиёдест, ба мисли сандуқҳои дарбаста. Мутаассифона, маҳорати сангтарошӣ дар Тоҷикистон набуд. Ба ҳамин хотир, аз Эрон дастгоҳҳои бисёр хуберо омода карда фиристоданд ва муҳимтар аз ҳама, устодони пуртаҷриба низ равон сохтанд, ки қариб ҳамаашон сангшиноси бузурганд. Рӯзҳои наздик озмун байни сангтарошон дар назар дошта шудааст. Ҳар касе дар озмун фаъол бошад, бо тӯҳфа сарфароз хоҳад шуд».

Мустафо СУЛТОНОВ, БМСТЖ

Рубрики:Uncategorized

«Падарро ақл дону нафс модар»

Ҳар шахс тибқи Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар синни 17-солагӣ ҳуқуқи барпо намудани оиларо дорад. Пеш аз барпо намудани оила ба инобат гирифтани вазъи рӯҳиву ҷисмонии оилабарпокунанда муҳим аст. Дар мисолҳои ҳаёти воқеӣ мушоҳида мешавад, ки нафароне, ки мақсади барпо намудани оилаи солимро доранд, талаботҳои қонунгузорӣ ва оиладориро риоя намекунанд.

Ҳамаи сарфи назар карданҳо боиси ба миён омадани муноқишаҳои оилавӣ мегардад. Чун оиларо ячейкаи ҷомеа ном мебаранд, бояд он пеш аз барпо гардиданаш солим бошаду барои дигарон намунаи ибрат. Тибқи назарпурсиҳо, аксари муноқишаҳое, ки дар оилаҳои тоҷикистониён ба миён меояд, аз паст будани сатҳи дониши аъзоёни оилаҳо мебошад. Имрӯз хушунатҳои оилавӣ ҳодисаҳои нангинро дар оилаи тоҷик ба миён овардааст. Хусусан даст задан ба худкушӣ. Тибқи нишондоди оморӣ, дар соли 2007 дар вилояти Суғд 207 ҳодисаи худкушӣ ба қайд гирифта шуда бошад, ин шумора дар соли 2009 ба 265 ҳодиса баробар шудааст. Имрӯз агар мо воқеан мақсади ташкил кардани оилаи солимро дошта бошем, бояд барои баланд бардоштани сатҳи маънавиёти аъзоёни оила кӯшиш кунем. Аз мушоҳида ва пурсишҳои оммавӣ бармеояд, ки аксари ҷавонони дар донишгоҳҳои мухталифи ҷумҳурӣ таҳсилдошта моҳияти аслии бунёди оилаи солимро дарк накардаанд, чунки ба корҳои ношоиста машғуланд. Аз ҳаёти рӯзмарраи ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон ва мушоҳидаҳои инфиродӣ чунин бармеояд, ки яке аз сарчашмаҳои сар задани муноқишаҳои оилавӣ — ин дуруст ба роҳ намондани назорати волидайн нисбати рафтору кирдори фарзандон аст. Масалан, донишҷӯе, ки сазовори номи донишҷӯӣ гаштааст, ба дискоклуб меравад, ба шабгардӣ машғул аст, устодеро, ки ба ӯ таълим медиҳад, ҳурмат намекунад, ба суханони падару модар гӯш намедиҳад. Ҳол он ки, бузурге чунин фармудааст:
Падарро ақл дону нафс модар,
Маёзор ин ду касро эй бародар.
Агар хоҳед, ки хушбахтиро дар рӯзгоратон дарёбед, ба тадбиқи пандҳои бузургон рӯ ореду ба хушунатҳои оилавӣ даст назанед. Зеро хушунатҳои оилавӣ боиси аз байн рафтани оилаҳои солим дар ҷомеа мегарданд.

Фирӯзмуҳаммади ҲИКМАТУЛЛО, донишҷӯйи факултаи ҳуқуқи ДМТ

Рубрики:Uncategorized

«Толори варзишӣ» аз дидани он ба дили кас ҳам раҳм меояду ҳам ваҳм

Варзиш пайвандгари наслҳои ҷавони кишварҳо бо ҳамдигарист. Аммо чи кор бояд кард, ки қисмати бештаре аз ҷавонони тоҷик рӯйинтан шаванд ва то расидан ба варзиши ҷаҳонӣ корозмуда гарданд? Ба хотири пайдо кардани посухи суоли хеш роҳ пеш гирифтем сӯйи толори варзишие, ки дар хоҷагии ба номи Файзалӣ Саидови ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон воқеъ аст.
Зимни мушоҳидаҳои хеш ва сӯҳбат бо атрофиён маълумамон гардид, ки барои ба иҷора гирифтани толори мазкур устоди варзиши собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ дар риштаи гӯштини тарзи озод Маҳмадхӯҷа Расулов чӣ қадар кӯшишҳое намудааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки толори мазкур ба оддитарин шароит ҷавобгӯй набуда, аз дидани он ба дили кас ҳам раҳм меояду ҳам ваҳм.
Вақте вориди толор шудем, ба ҷойи М. Расулов писараш Алимаҳмад Расуловро онҷо дидем, ки ӯ пас аз адои хизмати ҳарбӣ ҳамчун устоди ояндадор ҷавонони атрофро машқи ҷисмонӣ медиҳад.
Бино ба гуфтаи Алимаҳмад Расулов, то ба имрӯз на аз ҷониби Раёсати ҷавонон, варзиш ва саёҳии вилояту на аз ҳукумат ва на аз худи ин донишкадаи махсусгардонидаи Донишгоҳи аграрӣ, ки толор дар он воқеъ мебошад, таваҷҷӯҳе нашудааст. Ҳатто ректори ин даргоҳ ҷаноби Абдураҳмон Назаров барои ташкил намудани ин толор зид баромада буд. Худ қазоват кунед, ки мо устодони варзиш бо ин аҳвол чӣ гуна метавонем Боқиеви ояндаро тайёр кунем!?
«Аҷоибии корро бубинед, ки бархе аз роҳбарони сатҳи поёнии мо ин мояи ифтихорро барои худ як чизи нолозим дониста, намехоҳанд наврасони болаёқат дар ин ҷода муваффақ бошанд. Албатта дар ин гуна ҳолат на Боқиев тайёр кардан мумкин асту на Рустами Достон»,- иброз дошт дар идомаи суханронияш Алимаҳмад Расулов.
Гуфтаҳои болоро дар Раёсати ҷавонон, варзиш ва саёҳии вилояти Хатлон зимни як сӯҳбати телефонӣ тасдиқ намуда, иброз доштанд, ки мутаассифона то ба имрӯз бо сабабҳои гуногун имкон даст надодааст ба ин толори варзишӣ кӯмак кунем. Аммо дақиқан нагуфтанд, ки бо кадом сабаб толори мазкур то имрӯз аз ҷониби Раёсат кӯмак нагирифтааст.
Дар ҳақиқат ҳам ин толор аз ҷиҳати шароитҳои моддӣ дар сатҳи хеле паст қарор дорад, аммо ба ҳамаи ин мушкилот нигоҳ накарда, падару писар пайваста дар фикри омӯзонидани шогирдони худ, парчамбардорони ояндаи кишвар мебошанд.
Алимаҳмад Расулов агарчи аз чунин бархӯрди бемантиқи баъзе аз масъулин дилсард нашуда бошад ҳам, гилаомез мегӯяд: «Чӣ кунем, ки ҳеҷ кас ба муроҷиатномаи мо ҳатто бо назари тамасхӯромез ҳам наменигарад? Бубинед, ин қолинҳое, ки имрӯз рӯйи он шогирдонам тамрин мекунанд, аз давраи Иттиҳоди Шӯравӣ мондааст. Вале даъвои қолинҳои нав надорам. Хоҳиши ягонаи ман ин аст, ки ягон толоре бароямон ҷудо намоянд, то аз борону барф каме ҳам бошад, эмин монем. Фарз кардем, ки ҳоло табиат рӯ ба гармӣ оварда истодааст. Охир, як соли пурра иборат аз як фасл нест-ку!».
Ҳарчанд зиёд мехостем бо падари А. Расулов дар ин хусус як сӯҳбати ақаллан кӯтоҳе бошад ҳам, барпо намоем, аммо ӯро пайдо карда натавонистем. Ҳамин тавр бо толори варзишиву Алимаҳмад Расулов ва шогирдонаш хайрухуш намуда, роҳ пеш гирифтем сӯйи маркази вилояти Хатлон — шаҳри Қӯрғонтеппа.

Умедҷон НАЗАРОВ, БМСТЖ

Рубрики:Uncategorized

«Беҳуда хорам мекунӣ»

Филми «Беҳуда хорам мекунӣ» рӯзҳои охир миёни мардум чандон паҳн шуд, ки водор намуд рӯй ба мардум орем ва фикрашонро оид ба ҳусну қубҳи он пурсон шавем. Инак мухтасаре аз суханҳои чор нафари эшон пешкаши хонандаи азиз мегардад.
Зоҳир НАЗРИЕВ, дискфурӯш:
— Харидорони филми тоҷикии «Беҳуда хорам мекунӣ» хеле зиёданд. Дар як рӯз аз 10 то 15 нафар одамон диски ин филмро харидорӣ мекунанд. Ҳаводорони филми мазкур аз калонсолон то хурдсолонанд. Инчунин, ҷавонписарон бештар ба филмҳои «зарубежний» шавқи беандоза доранд. Духтарон бошанд, филмҳои «индиский»-ро харидорӣ мекунанд.

Назокат СОДИРОВА, сокини ноҳияи Турсунзода:
— Ман филми «Беҳуда хорам мекунӣ»-ро такрор ба такрор тамошо кардам. Филми ҷолиб аст, мазмуни баланд дорад. Муаллиф кӯшиш намудааст дар ин филмнома беҳтарин лаҳзаҳои зиндагии имрӯзи ҷомеаи моро инъикос намояд ва ба ин то ҷое комёб гардидааст. Мавзӯи филм доғи рӯз аст, вале ҳангоми ба навор гирифтани он хатоҳо дар суханронии нақшофарон ба чашм мерасад. Муаллиф Нозанинро дар аввал ҳамнун духтари покдоман, боақл ва меҳнатии деҳоти муаррифӣ намудааст, вале дар охир ӯ ба тарафи шавҳраш гапгардонӣ мекунад. Агар ҳамин ҷиҳат низ ба назар гирифта, ислоҳ мешуд, филм воқеан ҳам хуб мебаромад.

Фирӯзи АРДАШЕР, сокини шаҳри Душанбе:
— Ба ман филми «Беҳуда хорам мекунӣ» писанд нест. Чунки филми тоҷикиро дӯст намедорам. Маънии филмҳои тоҷикӣ хуб нест. Филмҳои хориҷӣ аз филмҳои тоҷикӣ фарқи калон доранд. Филмҳои хориҷӣ ба мо ҷавонон хеле писанд аст.

Маҳмадсаид ПИРОВ, директори «Тоҷикфилм»:
— Ман филми «Беҳуда хорам мекунӣ»-ро тамошо накардаам, чунки вақт надоштам. Зеро тамошои як диски ин филм 9 соат вақтро мегирад. Лекин аз забони тамошобинон шунидам, ки ин филм ба онҳо хеле маъқул шудааст. Мардуме, ки бекоранду вақти зиёд доранд, ба тамошои ин филмҳо шавқ доранд. Ин филмро на дар студияи «Тоҷикфилм», балки дар «Сафина» ба навор гирифтаанд. Агар мо ягон сенария тайёр кунем, шахсони боистеъдодро ҷамъ карда, кастинг мегузаронем. Дар кастинг касоне, ки фаъолияти хуб нишон доданд, дар филм иштирок мекунанд. Касоне, ки аз хориҷа ё аз ноҳияҳои дурдаст омадаву дар филм иштирок кардан мехоҳанд, ба онҳо дар меҳмонхона ҷойи хоб медиҳем, ҳамаи шароиташонро муҳайё мекунем.

Фароҳамсоз: Наргис ИБОДУЛЛОЗОДА

Бо ду по мелангем
Матолиби интиқодиеро нисбати филми ҳунарии «Беҳуда хорам мекунӣ» хондаму хостам худи ҳамон филмро бо чашми сар бубинам ва тамошо ҳам кардам. То ҷое ба гуфтаҳои танқидии муаллифи он мақола розӣ нестам. Имрӯз мо ҳар як воқеаву рӯйдодро ҷиҳати манфияшро бештар мавриди назари хеш қарор медиҳем, ки ин то ҷое шояд хуб ҳам набошад. Чунки ҳар як чиз дар баробари паҳлӯи манфияш ҷиҳати мусбат низ дорад.
Филми ҳунарии «Беҳуда хорам мекунӣ» ҳам чунин паҳлӯҳо дорад. Дар ин филм ҳам ханда ҳасту ҳам гиря ва ҳам дард асту ҳам дармон. Манзури филм бештар мубориза бар зидди табақабандии ҷомеа аст. Вақти он расидааст, ки мо имрӯз ҳарчи зудтар ин падидаи номатлубро аз шууру мафкураи халқ бизудоем. Чунки ин зуҳурот шояд дар ояндаи на чандон дур ба як ихтилофи бузурги табақавӣ табдил ёбад. Ана ҳамин ҷиҳати хеле ҳадафрас буд. Ва то ҷое тавонист, ба мақсад расид. Чун ин иқдоми аввалини муаллиф дар роҳи филмоварӣ аст, шояд дар оянда боз хубтар шавад. Вале бо вуҷуди ҳамаи ин, имрӯз бояд ҷавононро дастгирӣ намуд. Зеро ояндаи ҳама соҳот дар дасти ҷавонон аст. Бе ин ҳам дар ҷодаи филму филмофарӣ мо бо ду по мелангем. Бо вуҷуди ин филм аз камбудӣ орӣ набуд. Ҳунармандон ҳам аксарияташон касбӣ набуданд, ки ин як бохти филм буд. Сатҳи монтажи филм ҳам ба талаботҳои филмсозӣ ҷавобгӯй набуд. Лекин филм тавонист сарусадоеро нисбати худ ба вуҷуд орад, ки ин худ эътирофи он аз ҷониби мардум аст.

Раҳими КАРИМ

Рубрики:Uncategorized

Номаи модари Ёқуб Салимов ба Шерхон Салимзода Мӯҳтарам Шерхон Салимзода!

Ба Прокуратураи Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба маълумоти Шумо мерасонам, ки ман модари Салимов Ёқубҷон Каримович мебошам, ки ӯ бо ҳукми Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25-уми апрели соли 2005-ум, дар айбдорӣ бо моддаҳои 61, 74 ва 183 қ. 2 КҶ ҶТ (таҳрири соли 1961) ба мӯҳлати 15 сол маҳрумӣ аз озодӣ бо мусодираи амвол ва маҳрум сохтан аз ҳуқуқи ишғоли вазифаҳо дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба мӯҳлати 5 сол, бо нигоҳдорӣ дар колонияҳои ислоҳии дорои низомаш сахт маҳкум шудааст.
Яъне, ҳукми судии ба писарам Салимов Ёқубҷон аз 25-уми апрели соли 2005 ба қувваи қонунӣ даромада, бояд мавриди иҷроиш қарор меёфт.
Салимов Ёқуб бояд аз рӯи ҳукм ҷазои таъиншударо дар колонияҳои ислоҳии дорои низоми сахт адо намояд, аммо воқеан ӯ аз 25-уми апрели соли 2005, яъне аз рӯзи ба қувваи қонунӣ даромадани ҳукм ҷазоро дар маҳкамаи тафтишотӣ дар дохили камера адо карда истодааст, ки ба адои ҷазо дар маҳбас баробар аст. Ин ҳолат зидди талаботи ҳукм ва қонун мебошад, зеро суд ҷазои нигоҳ доштан дар маҳбасро ба ӯ татбиқ нанамудааст.

Мӯҳтарам Шерхон Салимзода!
Маълум аст, ки мувофиқи Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати ҳуқуқбунёд мебошад. Яъне, дар давлати мо волоияти қонун эътироф гардидааст. Ҳукми суд, ки ба қувваи қонунӣ даромадааст, қурби қонуниро дорад ва иҷрои он низ аз тарафи мақомоти давлатӣ ҳатмист.
Пас аз ҳукми суд мӯҳлати нигоҳории маҳбус дар муассисаи тафтишотӣ, на бештар аз 15 рӯз муқаррар карда шудааст. Аз рӯйи қонун, назорат аз болои ҳукми судҳо ба дӯши додситон вогузор карда шудааст. Пас дар кадом асос ва кадом асноди ҳуқуқӣ муддати 5 сол мешавад бар хилофи қонун ва ҳукми суд, ки низому мӯҳлати ҷазоро муайян карда буд, дар ин муассисаи тафтишотӣ дар камераи алоҳида бо қулфу панҷараҳои иловагӣ сохта, аз дигар бо панҷара ҷудо карда, чун маҳбуси низомаш сангин зери фишору таҳқир нигоҳ медоранд. Духтур ҳатто бе иҷозат ба камерааш омада наметавонад. Қулфу калид дар дасти роҳбарияти муассиса ва фақат бо иҷозати онҳо дар чор рӯз як бор мекушоянд, 1 соат барои ҳавои тоза.
Ман мехоҳам бифаҳмам, ки ин чӣ низом аст? Маҳбусони низомашон сахт, то он ҷое, ки ман иттилоъ ёфтам, на зери панҷараву на дарҳои баста, балки озод дар маҳбас мегарданду аз ҳама ҳуқуқҳояшон бархӯрдоранд, озод табобат мегиранд, озод қадам мезананд, кор мекунанд, бо наздиконашон дидорбинии тӯлонӣ доранд. Магар ҳукми судро ягон мақомот бекор карда метавонад, ба ҷуз худи суд? Агар чунин аст, пас назорат аз рӯйи судҳо ва ин худсариву қонунпоймолкуниҳо аз тарафи кӣ назорат мешавад? Агар назорат аз рӯйи қонун ба дӯши додситон вогузор шуда бошад, пас чаро ба ин ҳама қонуншиканиҳо хотима дода намешавад? Вазорати адлия мегӯяд, ки бе иҷозати додситонӣ ин қазияро ҳал карда наметавонад. Ин чӣ муаммоест? Касе намехоҳад ба дӯш бигирад. Пас ин ҳукми суд ва ин қонун куҷо шуд? Ба кӣ арзу дод ва шикоят барем?

Мӯҳтарам Шерхон Салимзода!
Аз Шумо эҳтиромона хоҳиш мекунам, ки ба ин қазияи сарпечида баҳои ҳуқуқӣ диҳеду кӯмак расонед.

Ашурбӣ САЛИМОВА, сокини шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 172, ҳуҷраи 1

Рубрики:Uncategorized

Анвар АБДУРАСУЛОВ: «Милтиқ» гирифта, донишҷӯро ҳимоят мекунам!

28 марта, 2010 1 комментарий


Чанд гоҳ боз дар бораи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон миёни мардум сарусадо баланд шуда буд, ки гӯё ин донишгоҳ ягона таълимгоҳест, ки донишҷӯёнро аз дигар донишгоҳҳо дида, бештар хориҷ менамояд. Барои рӯшанӣ андохтан ба ин масъала ва дигар масоили марбути донишгоҳи мазкур сӯҳбате доштем бо ректори он Анвар Абдурасулов.
— Мӯҳтарам Анвар Абдурасулов! Сабабҳои солҳои охир ба илмҳои техникӣ рӯй овардани ҷавононро дар чӣ мебинед?
— Агар ба мушоҳидаҳои коршиносон назар андозем, мебинем, ки то солҳои 60-ум таваҷҷӯҳи ҷавонон ба илмҳои техникӣ бештар буд. Аз солҳои 60-ум то солҳои 90-ум ҷавонон бештар ба илмҳои гуманитарӣ рӯй оварданд. Вале боз аз солҳои 90-ум диққати ҷавононро илмҳои дақиқу техникӣ ба худ ҷалб намуда истодааст. Инро на танҳо дар мисоли донишгоҳҳои кишварҳои дигар, инчунин дар мисоли донишгоҳи мо ҳам мушоҳида намудан мумкин аст. Масалан, аз соли 2000-ум ин ҷониб хоҳишмандони таҳсил дар факултетҳои энергетикӣ дар ҷойи аввал баромад, ки сабабаш сохтмону пайдо шудани ҷойҳои кор дар нерӯгоҳҳои барқӣ дар Тоҷикистон мебошад. Вале тӯли ду соли охир талабот ба факултаи сохтмон ва меъмории донишгоҳи мо бештар гардидааст, чунки ниёзи ҷомеа ба сохтмон афзуда истодааст. Талаботи воқеии ҷомеа самти интихоби касбро муайян менамояд.
— Худи ҷавонон аз рӯйи кадом меъёр ва тасаввур касбро интихоб мекунанд?
— Саволи хуб аст. Мутаассифона ҷавонони мо ҳанӯз ҳам моҳияти касбро шинохта наметавонанд. Бисёре аз ҷавонони ба донишгоҳи мо дохилшаванда интихоби кӯр-кӯрона доранд. Ҳозир ҳама аз паси ҳангома рафта, ҳамон панҷ — шаш тахассусеро, ки дар байни мардум маъмул аст, интихоб намуда, ҳуҷҷат месупоранд. Баъзан аксари довталабони болаёқат дар ҳамин ихтиссосҳо ҳуҷҷат супорида, барои бештар қабул намудани ҷавонои болаёқат ба донишгоҳ монеъ мешаванд. Масалан, дар ихтисоси энергетикӣ 10 ҷойи буҷавии дохилшавӣ пешбинӣ шудааст ва ҷавонон ба ҳамин ҳангомаҳо дода шуда, «касби бозоргир аст» гуфта, 30-40 ва дар баъзе ҳолатҳо 50 нафар ба ин ихтисос ҳуҷҷат месупоранд. Аз онҳо 10 нафарашон дохил мешаванду 30-40 нафари дигар мемонад. Ҳол он ки, донишгоҳи мо 51 ихтисоси зарурии дигар дорад. Агар он 30 нафар 10-нафарӣ ба дигар ихтисосҳои донишгоҳ ҳуҷҷат месупориданд, мо метавонистем 90% чунин бачаҳои боистеъдодро дар донишгоҳи худ нигоҳ дорем. Ана ҳамин ҳангома ва ноомодагӣ ба интихоби касб дар байни ҷавонон аст, ки рақобати носолимро ба бор меораду онҳо аз донишгоҳ дур мемонанд.
— Оё ҳаст ихтисосе, ки таваҷҷӯҳ ба он тамоман кам бошаду холӣ монад?
— Ҳаст. Масалан соли гузашта ба тахассусҳои «Коркарди нахҳои табиӣ (пахта)», «Истифодаи самараноки захираҳои обӣ», «Металлургияи металлҳои ранга», ки барои Тоҷикистон тахассусҳои заруриянд, хоҳишмандон хеле кам буданд ва бо ин сабаб мо дар гурӯҳи шартномавӣ донишҷӯй қабул накардем. Ин фақат ба донишгоҳи мо хос нест. Ҳатто ҳангоми қабул ба донишгоҳҳои хориҷи кишвар низ мушоҳида мешавад. Як сол пеш ҳангоми қабул ба донишгоҳҳои Федератсияи Русия, ки дар донишгоҳи мо сурат мегирифт ва аз рӯйи 51 тахассус барои 150 нафар ҷой довталаб қабул карда мешуд, зиёда аз 470 нафар ҳуҷҷат супориданд. Аз ҳамин 470 нафар ҳоҳишмандон ба 26 ихтисос ариза дода буданду халос. Ҳол он ки, ҷойҳои талабкардаи мо барои Русия ҳам зарурӣ буданд.
— Дар мавриди аз имтиҳоноти дохилшавӣ гузаштану нагузаштани ҷавонон чӣ гуфта метавонед? Зеро бисёр шоҳид гаштаем, ки дар кулли таълимгоҳҳо баъди гузаштани имтиҳон норозигии тарафҳо баланд мешавад.
— Мо кӯшиш мекунем, ки имтиҳони қабул ҳарчи бештар шаффоф бошаду ҳарчи бештар ҷавонони донишмандро дар донишгоҳ нигоҳ дорем. Вале боз як масъалаи писихологии дигар ҳам ҳаст. Масалан, аз як мактаб 5 нафар бачаҳои бо баҳои хубу аълохонда омаданду дар ҳамон факултаи энеркетика ба гурӯҳи буҷавӣ, ки озмун калон аст, ҳуҷҷат супориданд ва ягон нафарашон нагузашт. Аз ҳамон ҳамсинфонашон як бачае, ки доим ду дошту се карат серо базӯр медонист, омаду дар як тахассуси дигари озмунаш ками шартномавӣ ҳуҷҷат супориду дохил шуд. Вақте ин бачаҳо ба деҳа бармегарданд, дар байни мардум тасаввуроте пайдо мешавад, ки «Дар Донишгоҳи техникӣ ҳақиқат нест! Мана писари фалонча, ки бо баҳои панҷ мехонд, нагузашту писари фалонӣ, ки савод надошту пул дошт, гузашт». Ман боз мегӯям, ки дуруст шинохтану дуруст интихоб намудани касб ин душворию овозаҳоро аз байн мебардошт. Мо кӯшиш мекунем роҳҳои ҳалли ин мушкилиро ёбем, вале онро ба мардум фаҳмонидан душвор аст. Саҳми Васоити ахбори омма дар ин самт калон буда метавонад, чунки ҳоло талаботи замонро шинохтану роҳи дурустро ихтиёр кардан ҳатто барои волидон низ пурра муяссар нагаштааст. Яке аз вазифаҳои рушди фарҳанги техникии ҷомеа дар ҳамин аст.
— Метавон гуфт, ки саводи донишҷӯёни донишгоҳи шумо дар сатҳи зарурист ва оё усули дарсгузарии устодон онҳоро қонеъ мекунад?
— Албатта не. Сатҳи таълиму касбомӯзӣ моро ҳеҷ вақт қонеъ карда наметавонад. Дар акси ҳол, пешравӣ намебуд. Мақсади мо раҳнамун кардани ҷавонон ба сӯйи илму технологияи муосир аст. Мутаассифона ҳоло дар ин самт камбудиҳо зиёданд. Сатҳи дониши довталабону донишҷӯёнамон паст аст. Қисми зиёди онҳо амалҳои оддии мактабиро иҷро намуда наметавонанд. Ҷавонони мо ва волидайнашон бештар барои ба даст овардани коғаз — диплом талош мекунанд, на барои гирифтани дониш. Дар дигар кишварҳо ин кор камтар аст. Онҳо барои соҳиби касб шудану дониш гирифтан бештар кӯшиш менамоянд. Ман то ҳол ягон волидайнеро надидаам, ки гуфта бошад: «Дониши писари ман хуб нест, бигузор як сол такрорӣ хонад». Баръакс, «як бало кунед тамом кунад» мегӯянд.
Фикр мекунам мо устодони хуб дорем. Онҳо ҳазорон нафар ҷавонро касб омӯхта, ба кору эҷод ҳидоят намудаанд. Устодони ҷавони камтаҷриба ҳам ҳастанд. Лекин фикр мекунам, ки сатҳу сифати дарси устод аз сатҳи донишу талаботи донишҷӯён низ сахт вобастагӣ дорад. Агар сатҳи дониши шунаванда барои донистану фаҳмидани устод мувофиқ набошад, дарси устодро дуруст баҳо доданашон душвор аст. Ман бисёр вақт шӯхӣ мекунам, ки бисёриҳо мори кашидаро бештар мешиносанд аз мори навишташуда. Манзурам ҳамин аст, ки тибқи ривоят, дар замони пеш дар як деҳае як муллое бачаҳоро дарс медодаасту аз ҳисоби онҳо рӯз мегузаронидааст. Баъди чанд вақт ба он деҳа як муллои ҷавону босавод меояду ба бачаҳо тарзи навиштанро меомӯзад. Ин муллои калонсол мебинад, ки бачаҳо навиштану хонданро омӯхта истодаанд, ба таҳлука меафтад, ки аз нони даҳонаш мемонад. Ба назди мардум рафта, воҳима бардошта, онҳоро метарсонад, ки ин ҷавон фарзандони шуморо ба роҳи нодурусту бесаводӣ бурда истодааст. Агар бовар накунед, имтиҳон кунед. Мардуми бесавод он муллои ҷавонро имтиҳон мекунанд. Супориш медиҳанд, ки мор нависад. Ин ҷавон мор менависад. Мулло бошад, расми моро мекашаду ба мардум мегӯяд, ки кадоме аз инҳо мор аст? Мардуми бесавод ҳамон мори кашидаро «мор» мегӯянду ҷавони босаводро аз деҳа зада берун мекунанд.
— Бояд гӯем, ки саволи асосии мо — ин зиёд хориҷ шудани донишҷӯёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон аст. Дар ин миён чӣ омилҳое вуҷуд дошта метавонанд?
— Мақсади роҳбарияти донишгоҳ хориҷ кардани донишҷӯён нест. Лекин мувофиқи низомномаҳои амалкунанда агар донишҷӯён имтиҳонҳоро дар мӯҳлатҳои пешбинишуда насупоранд, ногузир онҳоро хориҷ намудан лозим мешавад. Низомномаҳо дар ҳамаи мактабҳои олӣ якхелаанд, шояд талаботҳо гуногун бошанд. Дар ҳақиқат дар донишгоҳи мо хориҷкунии донишҷӯён зиёдтар аст. Ҷойи пӯшида нест. Соли гузашта моро дар ҳамин масъалаи интиқолу барқароркунӣ прокуратура низ тафтиш карда буд. Дар ду сол зиёда аз 2400 донишҷӯй хориҷ шуда буд. Ҳар сол зиёда аз ҳазорнафарӣ, яъне дар ҳар нимсола 500-нафарӣ. Фикр мекунам яке аз сабабҳои зиёдтар хориҷшавии донишҷӯён дар донишгоҳи мо ин душвории иҷрои корҳои амалӣ, лабораторӣ ва лоиҳаҳои курсӣ мебошад. На ҳамаи донишҷӯён ин корҳоро иҷро намуда, сари вақт супорида метавонанд. Мо роҳҳои гуногуни ҳалли масъаларо ҷустуҷӯ намуда истодаем. Масалан, имсол ҳангоми супоридани имтиҳонҳо аз тарзи иҷозатномагирӣ даст кашидем. Ҳамаи донишҷӯён дар як вақт ҳам санҷишу ҳам имтиҳонҳоро аз рӯи омодагияшон супориданд. Натиҷаашро вақт нишон медиҳад. Ба ҳар ҳол, шумори хориҷшудагон камтар шуд.
Мо ба донишҷӯёни курсҳои якум бештар имтиёз медиҳем, чунки онҳо аз тартиботи мактаби олӣ ҳанӯз огоҳ нестанд ва барқарор намудани донишҷӯйи курси якум душвор аст. Вале ман боз мегӯям, ки ҳеҷ кас мақсади хориҷ кардани донишҷӯро надорад. Мо ҳатто барои онҳое, ки қарздор мемонанд, дарсҳои иловагӣ мегузаронему ҳатто барои супоридани имтиҳону санҷишҳо вақтро боз як моҳ зиёдтар мекунем. Вале дар охири охирон вақте ки ҳамаи мӯҳлатҳо гузашту чанд нафар монд, маҷбур мешавем онҳоро хориҷ кунем.
Вале бештари хориҷшудагон боз барқарор мешаванд. Бовар кунед, барқароршавӣ дар донишгоҳи мо осонтар аст нисбати дигар донишгоҳҳо. Вале хондан дар донишгоҳи мо душвор аст. Боз чанд сабукие низ барои донишҷӯён пешниҳод намудем. Ин нимсола ҷамъоҷамъ 320 нафар донишҷӯ хориҷ шуд, ки нисбати солҳои пеш камтар аст. Аз 8000 нафар донишҷӯйи шӯъбаи рӯзона 320 нафар, яъне 4% хориҷ шудаанд.
— Дар вақти хориҷ кардани донишҷӯй аз донишгоҳ гурӯҳҳои шартномавию буҷавӣ ба инобат гирифта мешаванд?
— Мо чи дар вақти таҳсил ва чи дар вақти хориҷ кардан ба буҷавию шартномавӣ будани донишҷӯён аҳамият намедиҳем. Гурӯҳҳои мо баробаранд. Як хел талабот аст, як хел хориҷ шудан аст. Ҳангоми таҳсил имтиёз аз рӯи ягон аломат пешбинӣ нашудааст! Ман фикр мекунам, агар бо ягон аломат мо донишҷӯёни шартномавиро аз буҷавӣ фарқ кунонем, дар байни донишҷӯён нобаробарию нобовариро ба бор меорад. Хато аст, дуруст аст, ман тарафдори ҳамин ақидаам. Ман боз мегӯям, агар донишҷӯ босавод бошад, нодуруст хориҷ шуда бошад, биёяду бигӯяд, ки «ман савод дораму муаллим ба ман баҳо намемонад», худам «милтиқ» гирифта, он ҷавонро ҳимоят мекунам! Ғайр аз ин, вақте, ки рӯйхати хориҷшавандагон тартиб дода мешавад, аз донишҷӯ хоҳиш мекунем, ки бо волидайнаш, бо адвокат ё дигар пуштибонаш ба маҷлис бо иштироки Раёсат биёяд, даъвояшро гӯяд ва баъди ин мо фармонро дар бораи хориҷ имзо менамоем. Ба замми ин, дар донишгоҳ як комиссияи аппелятсионии марказӣ амал менамояд, ки даъвои донишҷӯёни хориҷшударо низ дида мебарояд ва аз рӯи қарори он фармони хориҷшавӣ бекор карда мешавад.

Мусоҳиб Завқибек СОЛИҲОВ

Рубрики:Uncategorized

Made in Uzbekistan


Имрӯз дар Тоҷикистони азиз шароити бозорие фароҳам шудааст, ки ҳунару фарҳанги дигар миллатро миёни мардуми тоҷик таблиғ мекунем, аммо ба дарди худ даво намеёбем. Ҷойи филмҳои хоси тоҷикиро филмҳои бегона гирифта, мафкураи аз хурд то бузурги мардуми моро бо фарҳанги аврупоӣ пур мекунанд. Аммо касе аз масъулини сатҳи болоии мақомоти зидахли Тоҷикистон парвое надорад ва чунин ба назар мерасад, ки касе пинаки ӯро вайрон карда наметавонад.
Мусаллам аст, ки асри 21-ро ҳамчун асри техникаву технологияи муосир ном бурдаанд. Ниҳоят, имсол аз ҷониби ҳукумати ҷумҳурӣ соли 2010 Соли фарҳанги техникӣ эълон гардид. Манзури мо ин аст, ки рӯз то рӯз техникаву технологияи нав тараққӣ карда истодааст.
Пӯшида нест, ки пас аз солҳои навадуми асри гузашта аз хориҷи кишвар филмҳои истеҳсоли Ҳиндустону Амрико ба тадриҷ вориди Тоҷикистон шудан гирифт. Рӯз то рӯз дар нуқтаҳои фиттафурӯшӣ зиёд гардидани филмҳои истеҳсоли дигар кишварҳо ба назар мерасад.
Агар солҳои пешро ба ёд орем, мардум, бахусус аҳли як авлод ё як гузар сарҷамъ омада, филмҳои гуногунро тамошо мекарданд. Ҳамчунон, буданд нафароне, ки видео доштанд ва тариқи намоиш додани филмҳо дар хонаҳои худ ё видеобарҳои хурд-хурд пул кор мекарданд. Шахсоне ки имкони харидани видео ё телевизорро надоштанд, ба он нафар пул, картошка, дарзаи алаф ва умуман, он чизе ки дар хона доштанд, дода, филм тамошо мекарданд. Дар хотирам нақш бастааст он солҳое, ки тоҷирон бо ҳамин восита савдои худро пеш мебурданд.
Аз мушоҳидаҳо бармеояд, ки дар давоми чанд соли ахир шумораи филмҳои истеҳсоли дигар давлатҳо зиёд гардида истодааст. Гузашта аз ин, дар давоми ду-се соли охир аз ҷониби филмофарони тоҷик чанд филм рӯйи саҳна омад, ки аксари онро мардум хуб қабул карданд. Пас аз паҳн шудани филми «Беҳуда хорам мекунӣ» дар байни мардум сару садоҳои зиёде баланд гардид. Баъзе онро хуш қабул карданду баъзеи дигар не. Бо чанд нафар дар мавриди ин филм сӯҳбат кардам. Бисёриҳо баҳои хуб доданд, ба он хотир, ки дар филм зиндагии ду табақаи мардум — шаҳрию деҳотӣ ва бою камбағал нишон дода шудааст. Нафаре бо номи Фаридун иброз дошт, ки вақте халқи мо иборат аз ин ду табақаи одамонанд, ҳангоми тамошои филм рӯзгори худро мувофиқ ба саҳнаҳову лаҳзаҳои он мебинанд. Бо фурӯшандаҳое низ ҳамсӯҳбат шудем, ки дар бозор фиттаҳои филмҳоро мефурӯшанд. Фурӯшандае дар бозори «Шоҳмансур»-и пойтахт иброз дошт, ки харидоронаш филми «Беҳуда хорам мекунӣ»-ро зиёдтар мехаранд.
Аммо бояд маълум кард, ки ин харидорӣ дар муқоиса бо харидории филмҳои хориҷӣ то кадом сатҳ аст. Зеро дар кишвари мо нисбат ба фиттаҳои кинои тоҷикӣ филмҳои истеҳсоли ӯзбекистон зиёданд, ки ин боиси таассуф ҳам ҳаст. Барои исботи ин гуфтаҳо дӯкон ба дӯкони фиттафурӯшӣ гашта, бо фурӯшандаҳову харидорон сӯҳбат кардем. Манучеҳр ном фурӯшандаи тахминан 40-45-сола изҳор намуд, ки мардум бештар филмҳои тоҷикиро мехаранд. Аммо дар дӯкони ӯ ду филми тоҷикӣ — «Беҳуда хорам мекунӣ…» ва «Муҳаббат» буду халос. Аз филмҳои истеҳсоли ӯзбекистон бошад, «Аччиқ ёлға», «Аросот», «Пойма пой», «Гуноҳ юки», «Уйин оқшоми», «Тузок», «Аросот янги», «Киракаш», «Сардор 2010», «Умеда», «Узбекфилмь по русский», «Никох узги», «Янги берма» ва даҳҳои дигар.
Дар бозори «Корвон» назарам ба нафаре афтод, ки аз нуқтаи фиттафурӯшӣ баромад ва дар даст фиттае дошт, ки болои он навишта шуда: «Узбекфилмь по русский». Бо он нафар сӯҳбат карда, сабаби филми ӯзбекӣ хариданашро пурсон шудам. ӯ иброз дошт, ки аксари филмҳои тоҷикии ба забони русӣ тарҷумашударо тамошо мекунад. «Ба наздикӣ дар бинои Кохи Ҷомӣ филми муштараки Тоҷикистону Русия бо номи «Кӯҳистонӣ» намоиш дода шуд. Вале ҳар кас имконият надорад, ки ба «Кохи Ҷомӣ» рафта, ин филмро тамошо кунад. Ба ҳамин хотир, ҳар рӯз аз фурӯшандаҳои филмҳо пурсон мешавам, ки кай филми «Кӯҳистонӣ» ба фурӯш мебаромада бошад. Онҳо мегӯянд, ки намедонем. Кас маҷбур мешавад қатори мардум ҳар филмеро, ки онҳо мехаранд, харидорӣ намояд»,- зикр намуд Ҳадиса. Фурӯшандае, ки аз гуфтани ному насабаш худдорӣ кард, бо таассуф гуфт: «Эҳ додар! Имрӯзҳо фазои фарҳангӣ моро фарҳанги ӯзбекистон ғасб кардааст, ки моро дар ташвиш меорад. Намедонам ҳунармандони мо чӣ кор мекарда бошанд? Ҳамин қадар лоф мезананду ҳунари филмофарӣ надоранд! Ман ҳайронам, ки чаро филмҳои асили тоҷикӣ, аз қабили «Рустам ва Сӯҳроб» дар фурӯш нестанд? Бо ду-се филми тоҷикии «нав» мо фарҳагӣ миллиямонро муаррифӣ карда метавонем?».
Дар ҳамин ҳол, харидоре бо номи Имрони Саъдулло муқобили андешаи мазкур баромад. «Дар шароити кунунии Тоҷикистон бечора ҳунармандони мо наметавонанд бо он маоше, ки мегиранд зиндагияшонро пеш баранд»,- иброз дошт ӯ.
Дар нуқтаҳои фиттафурӯшии шаҳри Ваҳдат, ноҳияҳои Ёвону Файзобод низ фиттаҳои зиёди филмҳои истеҳсоли ӯзбекистон ба назар мерасад.
Саволи матраҳ ин аст, ки чаро дар кишвари мо филмҳои ӯзбекӣ нисбати филмҳои тоҷикӣ зиёданд? Оё аз ҷониби ӯзбекистон нафаре дар кишвари мо филмҳои кишвари ҳамсояро таблиғ мекунад?
Гуфтанист, ки дар ҳамаи нуқтаҳои фиттафурӯшии ноҳияи Шаҳринав ва бозори «Панҷшанбе»-и вилояти Суғд шояд 90 фоизи филмҳо ӯзбекӣ бошанд. Нафаре, ки дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон таҳсил мекунаду аз гуфтани номаш худдорӣ кард, иброз дошт: «Дар Шаҳринав қариб 99 дар садро филмҳои ӯзбекӣ ташкил мекунад. Намедонам он филмҳое, ки аз ҷониби филмофарони тоҷик сабт мегардад, ба куҷо мерафта бошанд? Чаро дар ӯзбекистон филмҳои тоҷикӣ ба назар намерасаду Тоҷикистонро филмҳои ӯзбекӣ ғасб кардааст».
Маъруфзода Абдурауф аз вилояти Суғд бо изҳори таассуф иттилоъ дод, ки ҳамаи фурӯшгоҳҳои вилояти Суғдро филмҳои ӯзбекӣ ғасб кардаанд. Ба гуфтаи Абдурауф, на танҳо дар бозори «Панҷшанбе», балки дар тамоми нуқтаҳои фиттафурӯшии вилоят фурӯши филмҳои ӯзбекӣ ба роҳ монда шудааст. Ҳамчунин, Маъруфзода афзуд, ки се нуқтаро гашта, танҳо 4 филми тоҷикиро дидаасту халос. Зиёда аз 79 филм дар ин нуқтаҳо истеҳсоли ӯзбекистон будааст. Аҷабо! Чаро дар кишвари худамон филмҳои тоҷикиро дастрас карда наметавонем? Ё мо бегонапарварем!?

Азимҷон БАДАЛОВ, БМСТЖ

Рубрики:Uncategorized

Кай соҳиби Бунгоҳи тиббӣ мешавем?

Ба таваҷҷӯҳи вазири тандурустӣ Нусратулло Салимов

Чун сухан дар бораи ноҳияи Зафаробод равад, дар тафаккури мардум як минтақаи паҳндоман, макони қаҳрамонони арсаи меҳнат, диёри пахтакорону чорводорон аён мегардад. Лекин то имрӯз дар шаҳраки Ҷомии ноҳияи мазкур бунгоҳи тиббӣ нест.
Шаҳраки Ҷомӣ мавзеест, ки соли 1960 таъсис ёфтааст ва соли 1975 бинои 2-ошёна дар марказ ба истифода дода шудааст. Дар ҳамин бино соли 1994 бо сардории сардухтур Юсуф Норматов девонахона ташкил карданд. Аз соли 1998 зери сарварии сардухтур Сафаров бо чизу чорае, ки аз девонахона монда буд, беморхона ташкил карданд. Ин беморхона нағз хизмат мекард, вале бо сабаби нарасидани духтур ва набудани дигар шароитҳо соли 2002 аз фаъолият монд. Ба камбудиҳо нигоҳ накарда, муттахассиси ҷавон, меҳнатдӯст ва ташкилотчӣ Хуршед Холмирзоев дар ташкилу ҷобаҷогузории кори беморхона саҳм гузошт. Сарфи назар аз ҳама мушкилӣ ӯ муддати як сол кор кард. Мавсуф барои камбудиҳои беморхонаро бартараф кардан ба маркази ноҳия рафту аз масъулин кӯмак пурсид. Аммо аз тарафи роҳбарон ҷавобе нашуд. Ҳамин тавр, беморхона боз аз кор монд.
Аз соли 2003-2004 дар шаҳраки Ҷомӣ беморхона фаъолият намекунад. Танҳо ду ҳамшираи шафқат Шарофат ва Барфинисо ба тамоми мардум хизмат мерасонанд. Намедонам ин ду ҳамшираи шафқат тани танҳо кулли маризони ян шаҳракро чи хел қабул намудаву табобат карда метаваониста бошанд.
Дар беморхонаи мазкур ягон чизу чора намондааст, ба ҷуз деворҳои рангпаридаю шкатуркааш рехта. Аз сабабе, ки беморхона фаъолият намекунад, мардуми деҳқон ҳама дар азобанд. Беморон меоянду ягон чора нест. Чӣ кунем, ки замин сахту осмон баланд!?
Ҳамшираи шафқат Шарофат Мамадаминова дар суханрониҳояш мегӯяд, ки «ман аз солҳои 1994 то ҳозир дар инҷо кор мекунам. Ҳангоми аз кор мондани беморхона кам-кам чизу чорааш гум шуд. Ман аз фурсат истифода бурда, ду ҷевонашро ба таваллудхона бурдам».
Рӯзе аз назди беморхона мегузаштам, ки ногоҳ чашмам ба ду зан афтид. Онҳо гирду атрофи беморхонаро тоза мекарданд. Пас аз салом бо холаи Марҳабат ва Муяссар ҳамсӯҳбат шудам. Онҳо мегӯянд, ки аз соле ҳамин беморхона ташкил шуд, яъне муддати 12-13 сол ин ҷониб кор мекунанд, аммо ба ҷойи он, ки обод кунанд, чизу чораашро канда ба ҳар тараф кашонда истодаанд. Номбурдаҳо синнашон ба 70-74 расидаасту то ҳол кӯшиш мекунанд, ки боз беморхонаро обод кунанд.
Пас аз сӯҳбат бо номбурдагон бо зиёда аз 20-30 нафар истиқоматкунандагони шаҳраки Ҷомӣ ҳамсӯҳбат шудам. Ҳамаашон ҳамин суханро такрор мекарданд: «Таваккаламон ба Худо». Яке бо алам мегуфт: «Ҳукуматдорон ҳама чораҳоро меандешанд, лекин ҷароҳатҳои қалбамон дер дармон хоҳад ёфт. Чунки бо чор девор рӯзгорро ба роҳ мондан осон нест. Кай мо соҳиби бунгоҳи тиббӣ ва хатти интиқоли оби нӯшокӣ хоҳем шуд?».
Чуноне дар боло гуфтем, мардуми ноҳияи Зафаробод ба деҳқонӣ машғуланд. Дар ҳамин ҳол, боз ҳашароте баромадааст, ки дар байни мардуми ноҳия бо номи «БИ» машҳур аст. Ин ҳашарот монанди мор заҳр мепошад. Дар ҳамин шаҳраки Ҷомӣ ба чандин касон зарар расонд, ки баъзе зуд табобат карда, шифо ёфтанду бархе вафот карданд. Сабаб — дар шаҳраки Ҷомӣ набудани беморхона. Зарардидаро то ба маркази ноҳия (20 км) мерасонанд, ки заҳр дар тамоми бадани ӯ паҳн мешавад. Агар беморхонаи шаҳраки Ҷомӣ фаъолият кунад, ин беморе, ки ба ӯ «БИ» зарар расонидааст, шифо меёбад. Чунки то хунаш паҳн нашудан табобат мекунанд.
Вақтҳои охир аз ҳар як оила маблағ ҷамъ карда, каме ҳам бошад деворҳои рехтаи беморхонаро таъмир карданд. Вале боз қувват намерасад. Аз ин рӯ, аз вазири мӯҳтарм Нусратулло Салимов хоҳиш мекунем, ки ба ҳамин мардуми саргардон кӯмак расонанд, то беморхона обод шавад.

Олими НОЗИМБЕК, шаҳраки Ҷомии ноҳияи Зафаробод

Рубрики:Uncategorized

Чанорҳо аз дасти табар нолонанд

Олимон дар қисмати ғарбии Шветсия арчаеро дарёф намудаанд, ки умри он ба 8 ҳазор сол баробар аст! Умри дарозу тӯлонии ин дарахти табиатро олимон дар лабораторияҳои Иёлоти Флоридаи ИМА ба воситаи ташхиси радиокарбонӣ муайян сохтаанд. Дар натиҷаи ин ташхисҳо олимон ба ақидае омаданд, ки ин дарахт аввалин аз дарахтҳое мебошад, ки пас аз хотимаёбии давраи яхбандӣ рӯйидааст. Аммо то пайдо гаштани ин арча дар Калифорния санавбаре мерӯйид, ки он таърихи қариб 5-ҳазорсола дошт ва дарахти кӯҳансолтарини сайёра ҳисоб мешуд.
Дар дунё чанорҳо ҳам дарахтони бисёрсола ба шумор мераванд. Дар аксари мамлакатҳои дунё дар сохтани шаҳрҳои калон аз давраҳои қадим чанорҳо яке аз қисмҳои ҷудонашавандаи майдонҳои кабудизори ин шаҳрҳо маҳсуб меёфтанд. Шаҳри Душанбе ва дигар шаҳру марказҳои Тоҷикистон низ аз қадимулайём бо дарахтони зебову паҳнбарги чанорҳо маъқули сайёҳон гашта буданд ва ҳоло ҳам писанданд. Агар кас ба кадом шаҳру деҳоте наравад, албатта дарахти чанорро ё дар кӯчаҳои он, ё дар саҳни нишастгоҳҳо, ё дар назди чойхонаву мактабу масҷидҳо вомехӯрад. Яъне, яке аз одатҳои қадимаи мардуми диёрамон ҳамин будааст, ки дар ҷойи саршавии чашмаҳо, дар маркази деҳот, дар ҷойҳои дамгирии мардум албатта дарахтони чанорро мешинондаанд ва дар зери ин дарахтони сояафкан аз сангу хок сурфа сохта, мардум дар он ҷо ҷамъ омада, истироҳат мекардаанд, маъракаҳояшоро мегузаронидаанд ва сӯҳбатҳои тӯлонӣ меоростаанд. Ин анъана ҳоло ҳам дар кулли деҳот ба чашм мерасад. Масалан, дар маркази деҳаи Қазноқи ноҳияи Рашт ду дарахти калони чанор мерӯяд, ки таърихи онҳоро беш аз 5 аср мегӯянд. Ё ин ки, дар деҳаи Маҳмуруди ҷамоати деҳоти Роҳатии ноҳияи Рӯдакӣ дарахти азими чаноре мерӯяд, ки дар он ҷо як чашмаи калони оби зулол ҷорист ва таърихи ин дарахтро деҳотиён беш аз 700 сол мегӯянд. Дар шаҳри Душанбе низ дар назди чойхонаи «Роҳат» дарахти қадимаи шаҳрамон то ҳол қомат афрохтааст, ки таърихи вайро низ хеле тӯлонӣ арзёбӣ мекунанд. Чунин дарахтони дарозумри чанорро кас қариб дар сар то сари деҳоти мамлакат вомехӯрад. Ин дарахтони қадимаро бобову аҷдодони гузаштаи мардуми азизамон шинонда, ба мо наслҳо мерос мондаанд.
Вале, тайи солҳои охир мо мушоҳида менамоем, ки дар маркази мамлакатамон — шаҳри Душанбе ва дар аксари марказҳои вилояту ноҳияҳо одамон як бераҳмӣ нисбати ин дарахтон зоҳир намуда, ин дарахтони сояафкани диёрамонро бурида, онҳоро аз байн бурда истодаанд. Ба қарибӣ чунин ҳодисаи куллан аз байн бурдани чунин дарахтони қадимаи чанорҳоро дар ноҳияи Қубодиён ба итмом расонидаанд. Ҳол он ки, қади чунин дарахтонро агар паст менамуданд ва онҳоро аз нав ҷавон мегардониданд (омалаживание), ин дарахтон боз чи қадар мардумро аз ҳавои тафсони фасли тобистон ва гарду чанги ҳаво ҳимоя менамуданд.
Баъзе аз гурӯҳи одамон ба он ақида ҳастанд, ки гӯё гарди гули дарахти чинор дар фасли баҳор дар натиҷаи гул карданаш роҳи нафаси одамонро мегирифта бошаду боиси хориши узвҳои нафаскашии одамон мегашта бошад. Мумкин ин дар асл ҳам дар як муддати муайян барои қисме аз одамони чунин алергиядор таъсир намояд. Пас, бояд чунин одамон дар фасли баҳор, дар вақти гули чанорҳо даҳону бинипӯшаки оддии аз дока тайёршударо истифода баранд. Чунки, вақте мо мефаҳмем, ки ягон вируси грипп омадааст, ба осонӣ даҳону биниямонро ба докаҳои махсус мепӯшонем ва бо ҳамин аз хатари касалӣ худро эмин нигоҳ медорем.
Аммо бояд қайд намуд, ки чанорҳо — «дарахтони вафодор»-и табиату одамон дар давоми фасли тафсони тобистон муҳити зисти одамон, хиёбону кӯчаҳо, биноҳо, саҳни мактабу боғчаву кӯдакистонҳоро аз таъсири шӯълаҳои баланди нури офтоб, аз таъсири нурҳои ултрабунафши офтоб чи қадар хубу босамар муҳофизат намуда, ҳаворо аз оксиген ғанӣ мегардонанд.
«Ба болои сӯхта намакоб» гуфтагӣ барин, ташкилотҳои коммуналии баъзе аз шаҳру ноҳияҳои мамлакат бошанд, боз ба он ақиде ҳастанд, ки дар фасли тирамоҳ баъди фарорасии хазонрез баргҳои чанорҳо кӯчаҳоро пур карда, боиси саргардонии зиёдатӣ мегашта бошад. Ин фикр ҳам дуруст аст, вале набояд фаромӯш кард, ки барги чунин дарахтон беҳтарин поруи табиӣ ба шумор рафта, дар сурати дуруст тайёр намудан, аз онҳо поруи органикӣ (компости аз баргу дигар қисмҳои растаниҳо тайёркардашуда) ҳосил мешавад. Онро ба замин андохта, метавон бо ин восита қабати ҳосилхезии заминро хеле баланд бардошта, миқдори кирмҳои лойхӯрак ва дигар микроорганизмҳои фоидаовари хокро хело афзун гардонид.
Дар аксари мамлакатҳои тараққикардаи олам, ба монади Франсия, Олмон, Швейтсария, Туркиё ва ғайра дарахтони чинор қисми асосии дарахтони сояафкану сабзи шаҳрҳои ин мамлакатҳоро ташкил медиҳанд. Ҳатто дар шаҳри Стамбули Туркиё барои оне, ки як дарахти қадимаи чанорро дар ҷойи сабзишаш осеб нарасонанд, шаҳрдорону сохтмончиён самти лоиҳаи мураккаби роҳи зеризаминиро дигар сохтанд!
Чи тавре ба ҳамагон маълум аст, яке аз воситаҳои дар ҳаво зиёд гаштани гази ихроҷгаштаи карбон ин афзоши миқдори нақлиёт мебошад. Бо чунин суръате, ки ҳоло газҳои ихроҷшаванда ба атмосфера партофта мешаванд ва агар пеши ин ҷараён гирифта нашавад, то охири асри XXI ҳарорати ҳаво метавонад то 7°С баланд гашта, хисороти калонро пеш оварад. Мувофиқи маълумотҳо, то соли 2030 миқдори автомобилҳои олам боз 50 фисад хоҳад афзуд, ки ин боз ҳам ба зиёд гаштани ихроҷи газҳои ба ҳаво партофташаванда оварда мерасонад.
Тайи солҳои охир зиёд гаштани нақлиёт дар шаҳри Душанбе ва дар дигар манотиқи мамлакат низ мушоҳида мегардад. Барои кам гаштану фурӯ бурдани ин газҳои вазнине, ки аз нақлиёт, аз заводу фабрикаҳо ихроҷ мегарданд ва тоза нигоҳ доштани муҳити зист ягон дарахт ба дарахти чанор баробар шуда наметавонад. Набояд фаромӯш кард, ки мувофиқи тадқиқоти олимон, як дарахти чанор дар муддати 1 сол метавонад бештар аз 250 кг гази карбонро фурӯ барад. Аммо дигар дарахтони хурду сӯзанбарг чунин қобилиятро надоранд, агарчанде онҳо ҳамешасабзанд.
Бинобар ин, кам кардани миқдори дарахтони чанор дар шаҳру деҳоти кишварамон дар оянда ба муҳити зист метавонад хисороти калон ворид созад. Аз ин рӯ, месазад аз ин раванди номатлуб ҳамагон ҷилавгирӣ намоянд, то ин ки чанорзори мамлакат бештар гашта, чанорҳо афзоиш ёбанд.

Қурбоналӣ ПАРТОЕВ, номзади илмҳои кишоварзӣ

Рубрики:Uncategorized

Ашки модар


Яке аз рӯзҳои абрнок, вале бе бориш буд. Чун аз канори бинои Вазорати нақлиёт мегузаштам, назарам ба писарбачае афтод, ки рӯйи асфалт бо зонувонаш роҳ мерафт ва аз қафояш тӯдаи бачаҳо қийчувкунон дартоз буданд. Наздик шудам ва хостам сабаб пурсам. Аммо ҷавон дар ҷавоби суолам ҳайрон-ҳайрон ба ман менигаристу забони гӯё надошт. Асли ҳол аз он тӯдаи бачаҳо донистанӣ шудам. Гуфтанд, ки ҷавон роҳ рафта наметавонад ва забонаш ҳам дар суханронӣ оҷизӣ мекашад. Суроғаи хонаашонро пурсидам. Бо ишораи ангушт бинои хобгоҳи мутааллиқ ба нассоҷонро нишон доданд.
Вақте вориди ҳуҷраи ҷавони маъюб гардидам, модараш бо чеҳраи кушода, аммо андаке мағшуш пешвоз баромад. Маро ба хона хонд, дастурхон густурд ва чойи гарм овард. Аммо ҳоли ҳазини он ҷавон чунон бар ман кора карда буд, ки ҳатто чой аз гулӯям намегузашт.
Нахуст аз киву чикора будани аъзои ин оила суол кардам ва модари ҷавонро ба ихтиёри гуфт вогузоштам, то ҳар чӣ дар дил дорад, бигӯяд. ӯ ба гуфтор даромад: «Ман зодаи ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ ҳастам. Дар оилаи омӯзгор таваллуд шудаам. Падарам Алиев Қурбон шахси обрӯманд ва иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ, Аълочии маорифи халқ, дорандаи чандин ордену медалҳо, ғайр аз ин, таърихшиносу шоир ҳам буд. Ҳамяроқи Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ Сафар Амиршоев ва инчунин шаҳрванди фахрии Ленинград буд. Давраи бачагии ман дар ҳамин ноҳия гузаштааст. Баъди хатми синфи даҳум ба Донишгоҳи давлатии Кӯлоб дохил шудам. Пас аз хатми донишгоҳ дар мактаби миёнаи рақами 23-и ҳамин ноҳия ба кор даромадам. Соли 1986 ба шавҳар баромадам ва дар шаҳри Кӯлоб дар мактаби №37 муаллима шуда кор мекардам. Дар ин мактабҳо ман ду вазифаро иҷро мекардам, ҳам сарвожатий ва ҳам муаллимаи синфҳои ибтидоӣ. Дар хонадони падари ман, яьне, оилае ки ман таваллуд шудаам, писар набуд. Дар оилаи ман писар таваллуд шуд. Бадбахтона, писари аввалинам Бахтиёрҷон дар яксолагияш аз дунё гузашт. Ин бор дугоник таваллуд кардам — Ҳасану Ҳусейн. Ҳусейн ҳам аз дунё гузашт. Писари дигарам Ҷасурҷон ҳам аз дунё гузашт. Дар шаҳри Кӯлоб рӯ ба рӯйи хонаи ман қабристон буд. Ҳарсе писарони ман дар ҳамон ҷо дафн карда шуда буданд. Аз ҳамин сабаб, ман аз ғаму андӯҳи бисёр натавонистам дар ин хона зиндагӣ кунам. Чунки ҳар саҳар вақте аз хоб мехестам, болои гӯри писарҳоям гову гӯсолаҳоро медидаму аз саҳар то бегоҳ гиря мекардам. Ҳамин сабаб шуду ман аз Кӯлоб ба шаҳри Душанбе кӯчидам. Ба ин ҷо омада, дар хонаи писари холаам, дар кӯчаи Клара Сеткина 3-4 сол иҷора нишастам.
Соли 1997 ман кор намекардам. Он вақт кӯдаки майда доштам, дар хона менишастам. Баъд мо аз он хона ба дигар ҷо кӯч бастем. Боз дугоник таваллуд кардам — Фотимаю Зӯҳро. Ҳардуяшон хурдакак буданд. Ман наметавонистам ба кор бароям. Вале чун зиндагӣ душвор шудан гирифт, ба Иттиҳодияи истеҳсолии нассоҷии тоҷик рафтам. Гуфтанд, ки аз ҳисоби корхона як хонача медиҳанд, ба шарте, ки дар онҷо кор кунам. Дипломамро гирифтаму дигар ҷой корковӣ рафтам. Ба боғчаи №97 даромадам. Мудири боғча ҳуҷҷатҳоямро дида, маро ба кор қабул кард. Дар инҷо як муддат кор кардам. Солҳои 2000-ум духтарчаам бемор шуд ва аз дунё гузашт. Аз боғча ба Иттиҳодияи истеҳсолии нассоҷии тоҷик ба кор рафтам. Дар фабрикаи якум кор кардам. Ордери хонаро гирифтам, кӯдакон ва худамро дар қайд гузоштам. Аз нобуд шудани духтарчаам шаш моҳ гузашту боз навмедӣ ба сарам омад. Писарам Ҳасанҷон вақти аз мактаб омадан зери автомашина монда, ҷароҳати вазнин бардошт. Боз ба беморхона афтодем, боз ғаму андӯҳ ва азобу машаққат диданам оғоз шуд. Қариб чор моҳ кӯдак намеҷунбид, намешунид, намедид. Ҳатто нафаскашияшро ҳис намекардам. Болои сари ӯ менишастаму намедонистам, ки мурда аст ё зинда. Сардухтур Чобулов мегуфт, ки болои сари кӯдак магитофон оварда монем. Ман гуфтам, ки писарчаи ман дар чунин вазъият асту чи хел мангитафон оварда мемонам? Духтурҳо мегуфтанд, ки Ҳасан мешунавад».
Ҳаминҷо сухани мадари ҷавони маъюбро буридам. Зеро ҷараёни қазияи ба беморхона афтодани ҷавонро пеш аз садама донистан мехостам. Модар дубора оҳи сард аз дили пурдард берун оварду ба сухан оғоз кард: «21-уми май буд. Ҳасан гуфт, ки ба мактаб намеравад. Хоҳиш кардам, ки равад, рӯзи охири дарс аст. Рафт. Аз рафтанаш як соат ҳам нагузашта буд, ки муаллимаш попӯшу сумкаашро овард. Ба ҷойи ҳодиса рафтем. Ба нозири минтақавӣ муроҷиат кардам ва доду вой бардоштам, ки писарамро ёбанд. Зангзаниҳо сар шуд. Оқибат маълум карданд, ки кӯдакеро ба беморхонаи Қарияи Боло бурдаанд. Вақте вориди беморхона шудем, нафароне, ки писарамро бо мошин зада буданд, онҷо менишастанд. Ҳамшираи шафқат маро наздаш хонда, либосҳои писарамро дод. Чун писарамро дидам, ҳама ҷояш варам буд. Боварии кас намеомад, ки ӯ одам мешавад…».
Занро гиря беш аз пеш гулӯгир кард. Аммо боз ба суханаш идома дод: «Чор моҳ гузашт. Дар ин муддат чанд касалӣ мурд. Як рӯз шавҳарам хабаргирӣ омад. Бо ӯ менишастем, ки ногоҳ кӯдак ба замин афтод. Ман тарсидам. Хаёл кардам, ки мурдааст. Сардухтур ҳам омад. Кӯдак ин вақт оҳиста — оҳиста як ангушташро ҷунбонд. Духтур Зокиров ҳама вақт омада аҳвол мепурсид. Ҳамин тавр, баъди чанд муддат кӯдакро ҷавоб доданд. Падараш рафта аз бозор шиму костюми сиёҳ ва куртаи сафед харида овард. Ҳамаи духтурҳо либосҳоро дар тани кӯдак дида, гирён шуданд. Писарамро ба хона овардем. Баъди 7 моҳ ташхис гузаронида, муайян карданд, ки дар мағзи сараш хун ҷамь шудааст. Ҷарроҳӣ карда, як қисм хунҳои ҷамъшударо гирифтанд, аммо нисфи дигараш монд. Баъди ҷарроҳӣ писарам гап зад. Аз як палата бисёр касалиҳо сиҳат шуда мебаромаданд. Як писар аз бачаи ман касалияш вазнинтар буд, сиҳат шуда баромад. Рӯзе ман ҳам ба палата даромадам, ки духтурҳо хурсандӣ доранд. Маро дида, гуфтанд, ки писарат гап зад. Ҳамшираи шафқат болои сараш рафту пурсид, ки 1 гӯяд. Бо дастҳояш ҳисоб мекард. Ман бошам, ҳайронаму гиря дорам».

Баъдан аз модари ҷавон пурсидам, ки тақдири он соҳиби мошин, ки писарашро зер карда буд, чӣ шудааст? Гуфт: «ӯро бахшидам. Ҳаволаашро ба Худо кардам. Танҳо аз масъулини шаҳрдорӣ хоҳише дорам. Агар тавонанд, дар кунҷаке аз пойтахт бароям қитъаи замин ҷудо намоянд, то хонае бино карда, фарзандонамро аз ин ҳуҷраи иҷора берун барам».
Модар ин дам бо алам ҳарф мезад ва ёдаш ба фарзандонаш банд буд. Ҳасанҷони маъюб бошад, зонувонашро рӯйи палос молиш дода, ҳар сӯ мелағжид ва бо забони барои ман нофаҳмо ким-чиҳое мегуфт. Шояд ашки модар ӯро ба шӯр оварда, ки мехост бо лаҳни нимшунаво варо таскин диҳад…

Мавзуна АБДУЛЛОЕВА, БМСТЖ

Рубрики:Uncategorized

«Сайёд» ва «сайд»

Дар тамоми дунё милисаҳоро мардуми оддӣ чашми дидан надоранд. Азҷумла дар қаламрави Федератсияи Русия, махсусан дар шаҳри Санкт -Петербург сари ҳар қадам муҳоҷиронро милисаҳо таъқибу таҳқир мекунанд.
23-юми феврал. Соат ба вақти Русия 8:00. Ду нафар муҳоҷир — Ҳикмат ва Муҳаммад субҳи солеҳон ба кор шитоб доштанд. Дар истгоҳи назди метрои Купчинои шаҳри Питер аллакай мошини полис «сайдҳо»-и худро меҷӯст. Ҳикмат дар наздашон истодани мошини полисро диду худро ба нодонӣ зад. Вале аз даруни мошин ду нафар корманди низомипӯш фаромада, бе салому алейк дағалона «ваши документы» гуён, ҳуҷҷат пурсон шуданд. Ҳикмату Муҳаммад ҳуҷҷатҳои худро нишон доданд. Ҳарчанд ҳуҷҷатҳо қалбакӣ набошанд ҳам, милисаҳои зирак аз нодониву надонистани забони русӣ онҳоро ба мошин шинонда, ба шӯъбаи 73-юми Купчино бурданд.
Шӯъбаи милисаи рақами 73-юм дар Питер машҳуру маълум аст. Воҳимаи бештаре дорад. Муҳоҷирони дастгиршуда аз ин ҷо ба зудӣ намебароянд. Ҳикмату Муҳаммад даст ба ҷайбҳояшон бурданд. Ғайр аз якчанд рубли русӣ дигар чизе наёфтанд. Милисаҳо ба ҳам маънидорона менигаристанд. Мунтазир буданд, ки кай ин муҳоҷирон ягон «доля» медиҳанд. Дар утоқи панҷарадори шӯъба аллакай муҳоҷирони зиёде менишастанд. Милисаи навбатдор оҳи сарде кашиду гуфт:
— Чем занимаетесь?
Муҳаммад, ки аллакай мақсади ӯро пайхас карда буд, гуфт:
— Кафель.
Ҳардуро дигар чизе напурсида, ба ҳоҷатхонаи шӯъба бурда, ишора карданд, ки то бегоҳӣ ба деворҳои ҳоҷатхон кафел чинанд. Ду муҳоҷири тоҷик тамоми қувваашонро ҷамъ карда, то соати 1-и шаб кафел чиданд.
3-юми март. Зафар бо дӯстонаш Шераливу Бегиҷон хостанд ба метро савор шаванд. Баногоҳ ду ҷавони низомипӯш онҳоро боздошта, ҳуҷҷат пурсиданд. Зафар қайди манзили қалбакӣ дошту ду нафари дигар чиптаи ҳавопайморо наоварда буданд. Ҳанӯз ба шӯъба нарасида, милисаҳо ба якдигар чашмакӣ зада, аз ин ҷавонписарони тоҷик пул пурсон шуданд. Зафар кисаҳояшро кофту 500 рубли русӣ ёфт. Милисаҳои кунҷков, ки аллакай каму беш забони тоҷикиро медонистанд, бо истеҳзо гуфтанд:
— Собирите 2000 хазор сомон, потом отпустим.
Шераливу Бегиҷон, ки тамоман забони русиро намедонистанд, ҳайрон ба кисаковӣ даромаданд. Буду шудашонро бароварда, 2000 рубли русӣ ҷамъ карданд. Кормандони милиса «ҳақ»-ашонро гирифтанду аз пайи дигар «сайдҳо» шуданд.
Саид бо худ ҳеҷ гоҳ шиносномаашро намегирад. Вале чи сирру афсунеро медонад, ки ӯро кормандони полис ҳаргиз дастгир намекунанд. Рӯзе тасодуфан ӯро милисаҳои Питер дастгир карда, ба шӯъба бурданд. Дар ҷайбаш ғайри як шишача равған чизе набуд. Милисаи навбатдор ҳайрону ғазаболуд пурсид:
— Чаро бо худат шишачаи равған мегардонӣ?
— Чунки ман бемории туберкулёз дорам. Ин равғанро истеъмол мекунаму ором мешавам.
Милисаҳо аз ин суханони ӯ дар қаҳр шуда, зуд ҷавобаш доданд.

Ш. НАҶМИДДИН, Санкт – Петербург

Рубрики:Uncategorized

Фоҷеа дар Питер

5-уми марти соли 2010 дар хонаи шаҳрванди Тоҷикистон, зодаи шаҳри Қайроққум, ки айни замон дар мавзеи Красноселскийи шаҳри Санкт -Петербург зиндагӣ мекунад, дар натиҷаи беэҳтиётии соҳибхона сӯхтори шадиде ба амал омад.

Бар асари ин сӯхтор фарзандони хонавода Мустафоева Карина Ахметовна (соли таваллудаш 22-юми ноябри соли 2006) ва Мустафоев Тимур Ахметович (соли таваллудаш 24-уми марти соли 2005) дар ҷойи воқеа ҳалок гардиданд. Падари онҳо Ахмет Мустафоев ин замон дар Тоҷикистон буд. Ҷавонмардони хайрхоҳу дилсӯзи тоҷик Неъмат Бобоҷонов ва Бурҳон Муҳиддинов аз ин фоҷеа огоҳӣ ёфта, зуд ба ҷойи воқеа шитофтанд. 18-уми март онҳо ҷасадҳоро кафан карда, мувофиқи расму русуми мусулмонӣ ба хок супурданд.
Дидани ин ғӯрамаргон хеле дардовар аст. Аммо боз ҳастанд нафароне, ки ғами миллат барояшон бегона нест. Ғами мардумро хӯрдан ҳунар аст. Мо ба пайвандони ин ғӯрамаргон сабру таҳаммулро аз Худованд талаб дорем.

Шаҳлои НАҶМИДДИН, аксҳо аз муаллиф

Рубрики:Uncategorized

Президент қонун имзо кард

Оё бо истифода аз ин қонун бозори «сиёҳ»-и тоҷироне, ки ба
хариду фурӯши узви одам сару кор мегиранд, васеътар намешавад?
Хариду фурӯши узвҳои бадани инсон дар ҷаҳони имрӯз ба унвони як тиҷорати пинҳонӣ рушд меёбад. Шароити бади иқтисодиву иҷтимоӣ дар бархе кишварҳо боис шудааст, ки шаҳрвандони он бар ивази маблағи ночизе ҷузъе, порае ва қисме аз узви тани худро фурӯшанду зиндагияшонро пеш баранд. Ба таври мисол, баъзе узвҳо дар тани инсон дутогиянд, ки як вазифаро иҷро мекунанд ва бо ҷудо карда гирифтани яктои он дигараш кори пешинаро дар танҳоӣ метавонад иҷро кунад. Ба ин мисол шуда метавонад гурдаи одам, ки дутост, вале бо кандани яке дигаре аз кор намемонад ва имрӯз яке аз узвҳои бештар мавриди хариду фурӯш ва тиҷорат қарордошта маҳсуб меёбад.
Тасмими Зардорӣ
Мувофиқи маълумотҳо, Покистон пас аз Чин дуввумин кишварест, ки сайёҳон ба мақсади харидан ва иваз кардани узвашон ба узви солим бештар ташриф меоранд. Аз рӯйи навиштаи маҷаллаи Ташкилоти табибони Покистон, ҳамасола дар ин кишвар беш аз 1500 нафар аҳолии камбизоат узви солими худро бар ивази маблағи ночизе мефурӯшанд, то барои худу аҳлу аёли худ «қутти лоямуте» пайдо кунанд. Дар бозори сиёҳи Покистон як узви солим то 40 ҳазор доллар нарх дорад, ки аз ин ҳамагӣ 5 фоиз ба фурӯшандаи он мерасидааст. Чунин тарзи хариду фурӯш ғайриқонунӣ сурат мегирад ва бесабаб нест, ки дар ин робита Президенти Покистон, Осиф Алӣ Зардорӣ дар бораи ба танзим даровардани ивазкунӣ ва хариду фурӯши узвҳои одамӣ қонунеро имзо кард. Зеро шояд мушкили мавҷуд дар кишварашро хуб эҳсос карда, ки чунин тасмимеро гирифтааст ва дар баробари ин, васият намудааст, ки баъди маргаш бадани ӯро ба қисмҳо ҷудо сохта, ба одамони эҳтиёҷманд ройгон диҳанд. ӯ ин васиятро ба хотираи завҷааш Беназир Бҳутто кардааст, ки дар натиҷаи як амали террористӣ дар Покистон ба шаҳодат расида буд.
Ба иттилои хабаргузории «The Times of India», қонуни нав барои хариду фурӯш ва ивазнамоии ғайриқонунии аъзо ҷазои аз озодӣ ба мӯҳлати 10 сол маҳрум шуданро пешбинӣ карда, ҳамзамон назорат аз болои онро пурзӯр мекунад. Ҳамзамон дар ҳолатҳои зарурӣ иҷоза дода мешавад, ки дар бемористонҳои Покистон эҳтиёҷмандон узвҳои корношоями худро ба узви солим иваз намоянд.
Ба гуфтаи Осиф Алӣ Зардорӣ хариду фурӯши узви инсон ба таври қочоқ ва ҳамзамон на аз рӯи кӯмак ба як эҳтиёҷманди мушаххас, балки бо мақсади рӯзгузаронӣ ва тиҷорат як амали нангин маҳсуб меёбад, ки ба хотири он кишвари Покистон муддатҳои дароз дар муҳосираи иқтисодии байналмилалӣ монда, зарари зиёд дидааст. Дар робита ба қонуни имзогашта Президенти Покистон ба парлумон ва масъулини Вазорати тандурустӣ супориш додаст, ки моҳияти қонунро ҳамаҷониба ва саҳеҳ ба мардум фаҳмонанд.

«Зарур бошад, раво бошад»

Дар бораи иваз кардани узви инсон дар ҳолатҳои зарурӣ бори аввал дар миёни кишварҳое, ки бештари аҳолии он мусулмононанд, қонун қабул карда мешавад. Дар баъзе расонаҳои хабарӣ ин амали Президенти Покистон Осиф Алӣ Зардориро ба унвони «инқилоби хурде дар ҷаҳони исломӣ» арзёбӣ кардаанд. Ҳамзамон сари ин масъала баҳсҳоеро ҳам бо тобиши шаръӣ шурӯъ кардаанд, ки оё аз нигоҳи дини ислом чунин амали Президенти Покистон дуруст буд ё на?
Дар нашрияи «Комсомольская правда»-и Русия муаллиф барои таҳлили масъала аз имом-хатиби масҷиди ҷомеи Маскав Илдар Аляутдинов суол мекунад, ки оё ҷанбаи шаръии он ба назар гирифта шудааст ё не. Имом чунин посух додааст, ки дар амали мазкур, яъне иваз кардани узви инсон дар ҳолатҳои зарурӣ ягон меъёри шариати ислом вайрон нагаштааст.
Дар ҳамин ҳол оиди ин мавзӯъ аз баъзе ҷомеашиносон ва рӯҳониёни Тоҷикистон низ суол кардем. Ба андешаи ҷомеашинос Давлати Мардон, эҳтимолияти иваз кардани узви инсон дар тамоми кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон вуҷуд дорад. Шояд дар Тоҷикистон низ хариду фурӯши пинҳонии узви инсон мавҷуд бошад, вале дар ин бора ягон ҳодисаи боздошту маҳкумкунӣ сурат нагирифтааст. Аз ин хотир ақидаи дигаре низ пайдо мешавад, ки эҳтимолан ба ин тиҷорат камтар машғуланд ё тамоман ҷой надоштани он низ вуҷуд дорад,- мегӯяд ӯ. Аммо ба эътимоди Давлат, дар ҳолати зурурӣ кӯмак расонидан ба инсони эҳтиёҷманд ҳеҷ ҷинояте маҳсуб намеёбад.
— Бигзор шахс узви худро бар ивази маблағи муайян фурӯшад, муҳим он ки инсони эҳтиёҷманд зинда монад. Он некие, ки мардум интизор доранд, дар аксар ҳолат бар ивази пул анҷом мепазирад. Масалан, шахс дар ҳолати марг қарор дорад, ҷарроҳӣ кардан зарур аст, вале духтур бар ивази пул ҷарроҳиро анҷом медиҳад. Ё ки ҳуқуқи шахсеро поймол карданиянду ӯ ниёз ба ҳуқуқҳимоякунанда дорад, лекин вакили дифоъ низ бар ивази пул ҳуқуқи он шахсро ҳимоя мекунад. Хулоса корҳои нек низ бар ивази маблағ сурат мегирад. Аммо ин ҷо гап дар бораи узви инсон меравад, ки ӯ бояд аз баҳраш гузарад ё лоақал аз ду узв якеро ба хотири ҳифзи ҷони инсони дигар қурбон карданист. Пас чаро ҷоиз набошад, ки узви худро бар ивази маблағ фурӯшад?- мегӯяд ӯ.
Вале дар масъалаи хундиҳӣ ба андешаи баъзе ҳолдонҳо як омили тафовуткунандае миёни мардуми кишварҳои Шарқи мусулмонӣ ва давлатҳои Ғарб вуҷуд дорад. Масалан, дар бештари давлатҳои Аврупо мардум бар ивази маблағ хун медиҳанд. Лекин дар баъзе кишварҳои исломӣ ё аксарияташон мусалмон, мафкураи мардум чунин ақидаеро мепазирад, ки хундиҳӣ ба бародари мусалмон бояд ройгон сурат гирад. Ба гуфтаи соҳибназарон дар кишвари Афғонистон чунин ҳолатҳо зиёд ба чашм мерасад, ки одамон барои ройгон хун додан ба эҳтиёҷманде ҷангу талош мекунанд. Ҳамзамон ин гуна ҳолат дар Ҷумҳурии исломии Эрон низ вуҷуд дорад, ки мардум ҳар гоҳе ба бемористон рафта, ба хотири кӯмак ба эҳтиёҷмандон ройгон хун месупоранд.
Дар ин ҳол яке аз рӯҳониёни Тоҷикистон, домулло Нурмуҳаммад мегӯяд, ки супоридани узву хун додан ба хотири зинда мондани касе ҷоиз аст, ба шарте, ки худи шахси супоранда имкони зинда мондан ва зиндагӣ кардан дошта бошад. Ин як кори хайрест, ки савоби бузург дорад,- мегӯяд ӯ. Вале дар мавриди фурӯхтани узв меъёри шариати исломиро чунин баён дошт, ки шахси зинда танҳо дар ҳолати зарурӣ метавонад фурӯшад, дар ҳоле ки дигар роҳи зиндагӣ кардан вуҷуд надошта бошад. Вале узви инсонро пас аз маргаш ҷоиз аст ройгон ё харида ба шахси эҳтиёҷманд диҳанд, дар ҳолате ки худи майит дар зиндагӣ васият карда бошад. Домулло Нурмуҳаммад фурӯхтани хунро ҳам ҷоиз мешуморад, вале ройгон супориданро авлотар меҳисобад.
— Вале тиҷорати узве, ки ҳоло аз рӯйи маълумоти расонаҳои Покистон баъзе шаҳрвандони ин кишвар оғоз кардаанд, оё як амри зарурист ва набудани чораву роҳи дигар шуморидан дуруст аст? Дар ҳоле ки ҳама кор имконпазир аст, агар худи инсон хоҳиш дошта бошад ва барои расидан ба мақсад кӯшишу талош кунад,- мегӯянд соҳибназарон.
Аммо барои шахсоне ки воқеан ниёз ба узви солим доранд, модоме кӯмак кардан амри муҳим ва зарурист, пас намояндагони кишварҳои дигар шояд аз ин ба баъд дар тасвиби ин гуна як қонуне аз Осиф Алӣ Зардорӣ пайравӣ мекунанд? Инро вақт нишон хоҳад дод. Лекин паҳлӯи дигари масъала ин ҷо норӯшан мемонад, ки баъди тасвиби қонун он то куҷо амалӣ мегардад ва ба манфиати умум кор мекунад. Баъдан оё бо истифода аз қонун бозори «сиёҳ»-и тоҷироне, ки ба хариду фурӯши узви одам сару кор мегиранд, авҷ намегирад? Суолест, ки ба он посух додан ҳоло барвақт аст. Вале кори як рӯзноманигор нишон додани паҳлӯҳои проблема аст ва ин ба тасвибу тасдиқи қонун рабте надорад. Зеро дуввумӣ вазифаи Парлумон буда метавонад.

Исфандиёр ХАЛИЛОВ, БМСТЖ

Рубрики:Uncategorized

Пайкон № 54

Пайкон

Рубрики:Uncategorized

«Пайкон» ва ҳизби мо

Амир ҚАРАҚУЛОВ, раиси ҲАТ:
«Пайкон» мавқеи худро ишғол кард
— Боиси хушнудист, ки ҳафтаномаи «Пайон» ҳамчун як нашрияи писандида дар фазои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва маънавии Тоҷикистон мавқеи худро ишғол кард. Бо ҷашни дилписанд хушбод мегӯям ва барои нойил шудан ба камолоти маънавии мардуми Тоҷикистон ба аҳли кормандони ҳафтанома саломатии бардавом ва бурдбориҳо орзумандам.
Иродатманди Шумо, академик Қарақулов Амир Бӯриевич.

Раҳматилло ЗОЙИРОВ, раиси ҲСДТ
«Пайкон» — НОНСЕНСи ҷомеаи Тоҷикистон!
Соли аввали фаъолияти «Пайкон» нишон дод, ки дар симои ин ҳафтанома мо, яъне Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, дар умум, ҷомеаи Тоҷикистон моҳиятан типи нави ҳафтаномаро дар ҳаёти ҷамъиятии Тоҷикистон кашф кардем, ки дар вазъияти имрӯзаи иқтисоди бозоргонӣ нонсенс мебошад. Мушоҳида мешавад, ки «Пайкон» ҳамчун ҳафтанома ҳафтаномаи тиҷоратӣ нест. Ин ҳафтаномаи манфиати мардумист. Яъне, манфиати мардум ва мушкилоти мардум барои «Пайкон» аз тиҷорат болотар мебошад. Аз ин рӯ, барои ҳафтанома рӯзҳои мушкилиҳои моддӣ ва молиявӣ дар соли аввал ду-се карат зиёдтар буд.
Бояд қайд намоям, ки ҳафтаномаи «Пайкон» ба Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон табиатан монандӣ дорад. Ҳам аз рӯи таъиноти иҷтимоияш (масъалаҳои доғи рӯзро новобаста аз шахсияту мақомот пешниҳод менамояд ва ақидаи худро дорад), ҳам аз рӯи рафтораш (соҳиби ҷасорат), ҳам аз рӯи қабули он аз ҷониби мардуми Тоҷикистон (маҳбубият) ва ҳукумат (ҳарос), аз ҳама муҳим — барои беҳбудӣ ва пешравии ҷомеа худфидоӣ дорад.
Ғайр аз ин, ҳафтаномаи «Пайкон» дар соли сипаришуда маркази ақидаҳои ҳуқуқҳимоятгарон буд. Ин сифат дар муаррифии ҳафтаномаи «Пайкон» нақши махсусро ишғол менамояд. Дар умум, бояд хулоса кард, ки «Пайкон» дар ин як сол ба номгӯйи худ мутобиқ буд, яъне «нӯги тези найза»-ро дар ҳаёти ҷомеаи Тоҷикистон ифода мекард. Ин мӯҳтавои «Пайкон» шуд.
Албатта, фаъолияти ҳафтанома бе ҳайати эҷодӣ ба миён намеояд. Хислату сифатҳои ҳафтанома ин сараввал хислату сифатҳои сардабир ва ҳайати эҷодӣ мебошад. Дар ин рӯз барои сардабири ҳафтанома — Ҷумъаи Толиб ва дастаи «Пайкон» ҳам дар эҷод, ҳам дар самти мустақилияти моддию молиявӣ бурдбориҳо таманно дорам.

Мӯсо АСОЗОДА, раиси душанбегии Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон
«Ба «Пайкон» бурдборӣ мехоҳам»
— Пеш аз ҳама тамоми кормандони эҷодии ҳафтаномаи «Пайкон»-ро бо рӯзи ҷашн, яъне яксолагии нашрия табрик мегӯям. Хоҳони онам, ки қалами ҳамаи кормандонаш бурро бошад ва дар ҷомеасозии ояндаи мо саҳми арзандаи худро бештар гузоранд. Дар ин роҳ ман ба аҳли эҷоди ҳафтанома бурдборӣ мехоҳам ва хоҳиш мекунам, ки бештар атрофи ҷомеасозӣ, роҳҳои ҳалли проблемаҳо ва мушкилоте, ки дар ҷомеа вуҷуд дорад, сухан гӯянд ва дар пешрафти Тоҷикистон саҳмгузор бошанд.

Абдуҳалим ҒАФФОРОВ, раиси Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон
«Дарк кардем, «Пайкон» арзанда аст»
— Ба қарибӣ дар ҳаёти мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз маъракаҳои муҳими сиёсӣ, яъне баргузории интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ нақши барҷаста дошт. Нақши матбуоти даврӣ, бахусус рӯзномаҳои хусусӣ, ки дар Тоҷикистон мавҷуданд, дар ин маъракаи сиёсӣ басо бузург ва назаррас буд. Аз он ҷумла, ҳафтаномаи «Пайкон», ки дар чанд шуморааш дар бораи Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон мақолаҳо ва матлабҳои заруриро оид ба ташвиқу тарғиб, ҳадафҳои барномаи иқтисодӣ, сиёсӣ ва иҷтимоиву фарҳангии ҲСТ ба мардум расонид, қобили дастгирист ва баробари қобили дастгирӣ будан, мавзӯи асосии он на бо таври ахборӣ, балки дар шакли таҳлилӣ ва ҷиддӣ сурат гирифт. Имрӯз мо дарк кардем, ки «Пайкон» яке аз рӯзномаҳои бисёр арзанда ва дар баробари ин, ҳақиқатнигор дар ҷумҳурӣ буда, барои инъикос намудани ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар як саҳми бисёр муҳимро дорост, ки ин пеш аз ҳама барои мардум ва озодии сухану озодии матбуот мусоидат хоҳад кард. Аз ин лиҳоз, ман ҳамчун роҳбари Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон «Пайкон»-ро ба муносибати яксолагияш, чун рӯзномаи ҳақиқатнигор, рӯзномае, ки ба дарди мардум мехӯрад, табрик карда, барои дар оянда рушду нумӯъ ёфтан ва бештар ба таври объективона инъикос намудани ҳаёти ҳаррӯзаи мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рушду такомули кишвар бурдбориҳо хоста, барои ҳайати эҷодии он муваффақият хоҳонам.

Шамсиддин ҶАЛОЛОВ, раиси душанбегии Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон
«»Пайкон» бо мо ҳамкорӣ надорад»
— На ягон бор интервю гирифтаанд, на барномаи Ҳизби ислоҳоти иқтисодиро пешниҳод кардаанд, на ягон масъаларо аз мо пурсидаанд… Ба назди мо аз чанд нашрия — «Истиқлол», «Нигоҳ», «Озодагон», «Азия-плюс», «Миллат», «Народная газета» ва ғайра омаданд. Мо бо ҳамаи нашрияҳо ҳамкорӣ дорем, лекин бо «Пайкон» дар масъалаи ҳамкорӣ умуман огоҳӣ надорам. Ман намедонам бо кадом аҳзоби сиёсӣ сарукор доранд. Ягон бор дар мавзӯе савол ҳам намедиҳанд. Ман бештари нашрияҳо, аз он ҷумла, ҳафтаномаи «Пайкон»-ро низ мутолиа мекунам. Ин ҳафтанома ба ман маъқул аст. Дар шумораҳои аввалааш бисёр мақолаҳои хуб чоп мешуд, лекин мисли баъзе ҳафтаномаҳо рубрикаи махсусе надорад, ки намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ ақидаву нуқтаи назари худро баён кунанд. Мо барои ҳамкорӣ омодаем.

Масъуд СОБИРОВ, раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон
«Бигзор «Пайкон» ҳамеша пайкон бошад!»
— Дар муаррифӣ шудани Ҳизби демократ тайи се-чор соли ахир матбуоту расонаҳои ғайридавлатӣ саҳми бузург доранд. Ба ҳамин хотир, дар нишасти матбуотии ҲДТ рӯзи 3-юми март дар қатори дигар ҳафтаномаҳо раҳбарияти ҳизб нақши «Пайкон»-ро ҳам назаррас қайд карда буданд. Яъне, ҳафтаномаи «Пайкон» ба ҳар навъе, ки бошад, дар муаррифӣ шудани Ҳизби демократ саҳм дорад ва ҳамин расонаҳои ғайридавлатӣ буданд, ки имрӯз Ҳизби демократро мардум воқеан ҳамчун як ҳизби ҳақиқӣ мешиносанд. Аз ин хотир, ба муносибати яксолагии «Пайкон» ҳайати эҷодии онро самимона табрик мегӯям. Бигзор «Пайкон» ҳамеша чун пайкон нишонрас ва дар рӯи дасти мардум бошад!

Исмоил ТАЛБАКОВ, муовини раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон
«Ҳамчун вакил ба «Пайкон» кӯмак мерасонам»
— Аслан арзи вуҷуд доштани ин ё он рӯзнома дар ҳаёти сиёсиву ҷамъиятии ҷомеаи навин, махсусан Тоҷикистон, дар замони соҳибистиқлолӣ ин як паёмади нек аст. Ва ҳар як рӯзномае, ки дар ҳаёти сиёсиву ҷамъиятии ҷомеа саҳм дорад, аз рӯзҳои аввали арзи вуҷуд доштанаш бояд як иқдоми неке карда бошад. Ба фикри манн, «Пайкон» яке аз ҳамон рӯзномаҳоест, ки дар давоми як сол раванди ояндасози ҷомеаро таҳким мебахшад ва яке аз нашрияҳои шинохташудаи махсусан коршиносон, сиёсатшиносон ва онҳое мебошад, ки дар ин ё он ҷабҳаи сиёсат фаъолият мекунанд. Бо «Пайкон» гарчанде барвақт шинос набудам, аммо дар давоми маъракаи сиёсие, ки дар ҳаёти ҷомеаи мо ба вуқӯъ пайваст, яъне дар давраи тайёрӣ ва гузаронидани интихобот «Пайкон»-ро ҳамчун яке аз рӯзномаҳое, ки ҳампояи нашрияҳои бонуфузи кишвар аст, шинохтам. Ин рӯзнома дар муқоиса бо баъзе нашрияҳо на баҳри сенсатсия ё ҳангома кӯшиш ба харҷ медиҳад, балки аз мавқеи реалӣ ба ин ё он ҳаводис назар мекунад. Ман барои «Пайкон» дар ин фасли баҳор, дар рӯзҳое, ки табиат зинда мешавад, муваффақият хоҳонам ва таманнои онро дорам, ки ҳайати эҷодии «Пайкон» ба он ҳадафҳое, ки дар наздашон гузоштаанд, расанд ва дар оянда барои таҳияву нашр, харидану хондани рӯзнома агар ягон кӯмаки хоксоронае лозим шавад, ман ба ҳайси вакили Маҷлиси намояндагон, ба ҳайси яке аз роҳбарони Ҳизби коммунистии Тоҷикистон, ба ҳайси як хонанда метавонам мусоидат кунам.

Муҳиддин КАБИРӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон
«Аз ҳамкорӣ бо «Пайкон» қаноатмандем»
— Аввалин шиносоии мо бо «Пайкон», метавон гуфт, ки таъсири «Пайкон» ба ҲНИТ ё таъсири ҳизби мо ба «Пайкон» аз он вақте шурӯъ шуд, ки як матлаберо ҳафтанома нашр карда буд ва баъдан дар Агентии «Ховар» дар бораи он матлаб вокунише нашр шуд, ки муаллифи «Пайкон»-ро муттаҳам ба он мекард, ки гӯё маводи супоришии ҲНИТ-ро ба табъ расонида бошад. Ва баъдан сардабири «Пайкон» раддияе навишта, арз карда буданд, ки раиси ҲНИТ-ро аз наздик надидаанд ва он касро шахсан намешиносанд. Ин кор воқеият дошт. Мо баъди нашри он матлаб бо сардабири «Пайкон» дар ноҳияи Файзобод вохӯрдем, ки ҳамон шиносоӣ ё зиёрати аввалину охирини мо бо сардабири «Пайкон» аст, ки иншооллоҳ охирин нахоҳад буд ва мо бо ҳайати рӯзнома аз наздик шинос хоҳем шуд. Вале бо навиштаҳои бисёр мутавозуни худ чӣ аз лиҳози танқидӣ ва чӣ таърифӣ дар бораи ҲНИТ таъсири худро расонидааст. Чун мо ҳама гуна танқиди созандаро, ки матбуоти мустақили Тоҷикистон мекунад, ҳамчун кӯмак ба худ медонем ва ҳамчунин, таърифи ҷойӣ ва воқеиро ҳам як дастгирӣ ва кӯмаки маънавӣ ҳисоб мекунем. Аз ин рӯ, «Пайкон» бо матлабҳои худ, ки дар бораи вазъи сиёсии кишвар, таҳлили ташаккули раванди бисёрҳизбӣ дар кишвар ва ҳамчунин фаъолияти ҳизби мо кардааст, бетаъсир набуд ва мо аз ин ҳамкорӣ қаноатмандем.

Рубрики:Uncategorized

Борхалтаи бисёр вазнини «Пайкон»

Акбаралӣ САТТОРОВ, раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон:
Борхалтаи бисёр вазнини «Пайкон»
— Асосан, ҳар ҳафтаномае, ки дар майдони матбуот пайдо мешавад, хоҳем нахоҳем, вақт тӯли як сол фаъолият мекунад, чеҳраи худ, хонандаи худашро дорад. «Пайкон» низ вақте пайдо шуд, тавонист хонандаҳои худро пайдо кунад, тавонист дар бозори матбуот ҷой ёбад. Сарфи назар аз баъзе камбудиҳое, ки дошт. Махсусан қазияи ба суд кашидани «Пайкон» аслан ягон касро хурсанд ҳам намекунад. Дар арафаи яксолагӣ бо як борхалтаи бисёр вазнин, борхалтае, ки дар он 300000 сомонӣ ҷуброни пулӣ ҳаст, на андешаи ид аст, балки андешаи ба фаъолияти касбии «Пайкон» бештар рӯй овардан. Лекин, пеш ҳам рӯзномаҳое буданд, ки қазияи судӣ доштанд, ё ҳоло ҳам доранд. Аммо «Пайкон» сарфи назар аз камбудиҳояш муваффақиятҳои зиёд дораду ҷуръат ҳам. Бигузор кормандони он минбаъд ҳам боҷурат бошанд, лекин дар баробари ҷуръат масъулиятро низ фаромӯш накунанд.

Нуриддин ҚАРШИБОЕВ, раиси АМВАОТ:
«Пайкон» бештар ба танқид диққат дод
— Ба андешаи ман, пайдо шудани ҳафтаномаи «Пайкон» дар фазои иттилоотии ҷумҳурӣ як падидаи хубе буд. Вале «Пайкон» бештар ба маводи танқидӣ диққат дод. Маводи таҳлилие, ки дар асоси далелу бурҳон ва рақамҳои мушаххас бошад, камтар ба назар мерасид.

Давлаталӣ ҲОТАМОВ, директори Агентии «Тоҷикстандарт»:
Ба «Пайкон» тавфиқ мехоҳам

Сараввал кормандони «Пайкон»-ро ба яксолагӣ табрик мегӯям.
Ман умуман рисолати журналист, рисолати матбуотро пеш аз ҳама дар он мебинам, ки дар пеш бурдани ҷомеа дар ҳама равандҳои он ҳамкорӣ дошта бошанд. Модом ки имрӯз нашрияи «Пайкон» яксола мешавад, дар иҷрои ҳамин вазифаҳо ба ин нашрия тавфиқ мехоҳам.

Рубрики:Uncategorized