Архив

Archive for Декабрь 2009

Алӣ, Валӣ, дарахти себ ва профессор Отифӣ

25 декабря, 2009 1 комментарий

(Масали муосир) Қисми I
Алӣ Валиро сурандоз карда, паси бинои донишгоҳ бурд. Валӣ, ки монда шуда буду дамҳака мекашид, худро зери маҷнунбед ба пушт партофт. «Бас ҷӯра, бас шухӣ!! Биё, камта дам бигӣ дар сояи бед, баъд дарс медроем!»,- гуфт ба Алӣ. «Ҳе чурбан, чихелӣ дарс, чил минут гзашт!! Хубш биё ай ҳаму сев ятагӣ бзанем!»,- ситезид Алӣ ва ҷониби ягона дарахти себ шитофт, ки атрофашро ниҳолҳои бесамар печонида буданд. Чун наздик расид, якбора тиққӣ карда истод ва нидо баровард: «Э Валӣ, у пиракийи чумо чико мекна дар тайи дарахт!?».
Валӣ, ки ин замон расида омада буд, баробари дидани мӯсафед ҳуш аз сараш парид. Зуд бо даст даҳони Алиро пӯшонду бехи гӯшаш пичиррос зад: «Хап кн, ҷинӣ!! ӯ маълими фалсафа Отифияй!».
Пирамард дар ҳақиқат Отифӣ буд, ки баъди дуюм ҷуфти дарсаш «ҳавои тоза» гуфта, ба тамошои боғча баромад. Гашта — гашта, ногоҳ себҳои ҳил — ҳил пӯхтаро диду даҳонаш об гирифт. Ҷуфти сеюми дарсаш фаромӯш шуд. Аммо аз чӣ бошад, ки ин замон ба тани дарахти себ такя карда буд ва сумкаи шикамдамидааш канортар мехобид…
Бачаҳо чанд дақиқа карахт шуда истоданд. Ниҳоят тоқати Алӣ тоқ шуду хомӯширо барҳам дод:
— Мараз дар кҷойе ҳамиқа рехтайш-ки, ба пош истода наметона!
— Дамта бигӣ! Мӯсафед кам — кам психават мекна! Ай афтш дарсда ғамш додиян! Сарш вайронай! Хдша успакойит кадестай! Хубш биё дур — дур грезем! Бо ягон бало — мало нашава, ки товони хдмон кнан!,- барошӯфт Валӣ ва хост роҳро чапғалат дода, қафо гардад, аммо фурсат нашуд.
Назари Отифӣ ба онҳо афтод. Нимхез шуд ва бо овози хаста фарёд кард:
— Ҳу бачаҳо, канӣ инҷо биёетон!
Алию Валӣ дили нохоҳам пойҳояшонро рӯи замин кашон — кашон сӯи ӯ омаданд. Алӣ, ки ба қавли ҳамсабақонаш «шустряк» буду «шайтонро чаппа савор мешуд», ба дурӯягӣ даромад:
— Устоди азиз монда шуданд магар!?
— Не — не. Себҳои пӯхтаро дидаму ҳавасам омад. Вале афсӯси ҷавонӣ! Бало занад ҳамин пириро! Ҳарчанд қулочак кашидам, дастам нарасид. Як касе не ки ягон дона афтонад…
— О мешапидед, устод! Инҷо чи бисёр сангу чӯбу кулӯх!,- луқма партофт Валӣ.
— Ҳо — ҳо! Бо ҳамин синну сол-а!? Айбро надониста…
Алӣ дарунакӣ бетоқатӣ дошт. Агар метавонист, каллаи Валиро барои лутфаш ба пиракӣ мисли думчаи каду меканд. Ҳатто чанд бор ҷониби ӯ ба маънии «вақти муносиб аст» лаб газид, чашмакӣ карду қошу абрӯ парронд. Дид ки намешавад, миёни гапи Отифӣ лагад зад:
— Ҳозир устод! Ҳозиракак худам шаппонда медиҳам!
Мӯсафед хост монеъ шавад, аммо Алӣ аллакай дар шохи себ овезон буд.
Як, ду, се! Чараққоси шикаста шудани навдаи дарахт. Себи ялаққосӣ афтону ғелон. Отифӣ аз қафои он. Қапида ҳарисона мегазиду нахоида фурӯ мебурд.
Валӣ ҳам ором истода натавонист. Дилаш қиҷ — қиҷ кард. Давида ба тани дарахт часпиду гурбавор боло шуд. Ҳар бор, ки пояшро бардошта ҷои дигар мемонд, дарахт ба нолиш медаромад: «Вой китфакам-е! Ҷонам дард кард-е! Фаро аз пуштам, нодидаи нохӯрдаи ношуд!!». Ва ҳар бор, ки Алӣ шохеро чангол мекарду «шаштаранг» мекашид, овозаш баландтар мешуд: «Вой, вой!! Дастамро шикастӣ, лаъин!!». Аммо шикваи дарахт ба гӯши ғоратгарон намерасид.
Рӯи замин аз шохи шикаставу себу барг пур шуда, харобазорро мемонд. Бо бағалҳои пурсеб аввал Алию Валӣ ва баъд бо қомати хамида профессор Отифӣ аз зери дарахт ғайб заданд.
Нолаи дардноки дарахти себ боз ба гӯши худаш мерасид: «Вой бар ин дунёи пуршӯру бевафо, ки на ба кабираш ибрат шудаву на ба сағираш!».

Қиёми САЪД

Рубрики:Uncategorized

Қарз

Ҳамкурсон аз назди донишгоҳ гузашта, давраи донишҷӯйиашонро ба ёд оварда, бо ҳам ҳазлу шухӣ мекарданд. Яке мегуфт, ки бо духтарон ҳазлу шухӣ мекарадам. Якеи дигар аз бепулӣ, сеюмӣ баҳои 2 гирифтану мавзӯи масхараи ҳамкурсон қарор гирифтанашро нақл карда, механдиданд. Ногаҳон аз байни онҳо яке бо қаҳру ғазаб ба сухан даромада, ҷилави суханро дигар ба касе намедод. Ҳама ҳайрон буданд, ки чаро ҳамкурсашон ҳеҷ ба асли мақсад наомада, оташин шуда, бо ҷаҳл сухан меронад. Ҳамкурсашон бошад, ба гапи онҳо гӯш накарда, касеро сиёҳ мекарду мекард. Аз байни ҳамкурсон Самӣ, ки сухандон ва зирак буд, рӯ ҷониби ҳамкурси бадҷаҳлаш оварда гуфт: «Наим чаро ин қадар бо ҷаҳл сухан меронӣ? Мо на ба он хотир айёми донишҷӯйиро ба ёд овардем, ки ҳадафи ранҷишу малоли якдигар қарор гирем, балки хостем каме ҳазлу шухӣ карда, хотири якдигарро болида гардонем. Аммо Наим ҳамоно паст намефаромад. Валӣ низ бо ӯ баланд рафт, ки рафт. Наим чун дид, ки намешавад, рӯ ҷониби ҳамкурсон оварда гуфт: «Вақте курси як мехондем, аз хона барои ман нафақаи бибиямро фиристоданд, ки 31 сомониву 50 дирам буд. Ин маблағ барои он буд, ки то моҳи дигар чизе барои худ гирифта истеъмол намояму аз гушнагӣ ба беморӣ гирифтор нашавам. Фасли зимистон буд ва ман дар хобгоҳ зиндагӣ мекардам. Ҳаво хеле хунуку дилгиркунанда ва барои шахси бемор як офати сахти табиӣ буд. Чун 31 сомониву 50 дирамро гирифтам, хеле хурсанд гардида, аз дил гузарондам, ки пагоҳ рафта аз бозор картошкаю пиёз, сабзию карам, лапшаю мош ва як наскии ғафс харида, то моҳи дигар бо шиками сер ва пойи гарм ба донишгоҳ меравам. Аммо ҳамаи ин орзуҳо танҳо дар хайёл монданду халос. Субҳ нодамида дари ҳуҷраро касе кӯфт. Аз хунукии бисёр хуши аз ҷогаҳи хоб баромадан надоштам. Аммо садои тақ-тақи дар ҳамоно баланд мешуду баланд. Ноилоҷ барои кушодани дар хестам ва Қобили ҳамкурсамонро дидам, ки бо чеҳраи ғамгинона пушти дар истодааст. Аз дил гузарондам, ки ба Қобил чӣ ҳодисае рӯй додааст. Вале ин гумонҳоям ғалат буданд. Қобил як қоматашро рост карду сонӣ ба гап даромад: «Наим! Хоҳиш, то пагоҳ ба ман 30 сомонӣ лозим шудааст, қарз намедиҳӣ? Назди чор нафар рафтам, касе ба додам нарасид. Ягона умедам худат ҳастӣ, Наим».
Ба Қобил ҳар қадар мефаҳмондам, ки дирӯз 31 сомониву 50 дирам нафақаи бибиямро фиристоданд ва ман бояд бо ин маблағ як моҳ зиндагӣ кунам, вале ӯ дастамро сар надода, зорию тавалло мекард. «Наим, бовар кун, ман пагоҳ ҳатман пулатро баргардонда медиҳам. Танҳо ҳамин рӯз дасти маро гир». Хулоса, ягон сухани хуше намонд, ки нисбати ман нагӯяд. Мани содда низ ба суханҳои ӯ бовар карда, 31 сомониро аз таги болин гирифта ба ӯ додам ва дар «хазина» 50 дирам боқӣ монд.
Субҳ дамид, офтоб баромад. Либосҳоямро пӯшида роҳ ҷониби донишгоҳ гарифтам. Дар назди донишгоҳ духтараке ба «пирашкифурӯшӣ» машғул буд. Ҳарчанд шармам меомад, ки бо 50 дирам назди «пирашкифурӯш» равам, вале боз шиками гурӯсна маро безобита мекард. Ахиран роҳ ҷониби духтарак гирифтам ва бар ивази 50 дирам ба ман 2 пирашкӣ дод. Онҳоро хӯрда, роҳ ҷониби утоқи дарсӣ гирифтам. Акнун сар шуд… Муаллим лексия мехонду мехонд. Аммо дар аудитория ҷисми Наим буду халос. Ҳушу ёдам тамоман ба чизи дигар равона гардида буд. Фикр мекардам: «Оё Қобил пагоҳ маблағи қарзро бармегардонда бошад??? То пагоҳ бо кӣ ҳамроҳ шуда, ягон чиз истеъмол намоям? Раваду Қобил маблағро бар нагардонад, чӣ кор мекарда бошам? Ба кӣ муроҷиат мекунам? Намедонам??? Э мани содда — е! О, чаро худат пул надорию боз ба касе пул қарз медиҳӣ? Ана акнун «омад ба сарам аз он чӣ метарсидам». Хайр, ҳеҷ гап не, наход Қобил маро фиреб диҳад?». Ин гуна ҳазор гумону шубҳаҳо аз сарам мегузаштанду маро азоб медоданд. Ногаҳон садои устод баланд гардид ва ӯ маро аз дарс пеш кард. Чаро ки ҳушу ёди ман ба дигар самт равона будааст. Вале ман ин чизро тамоман ҳис намекардам. Ҳарчанд ба устод мефаҳмондам, ки ман шуморо гӯш мекардам, ба суханҳоям эътибор намедод.
Хуллас, ин рӯз низ ба охир расид ва субҳи дигар омад. Аз Қобил на садо буду на нишон. Аз дамидани субҳ, ки рӯзи гузашта барои гирифтани қарз омада буд, ҳар қадар интизор мешудам, Қобил ҳеҷ намеомад, ки намеомад. Ҳар як сонияе, ки мегузашт, тапиши дилам баландтар мегардид. Дасту поям беҳаракат мешуд. Раваду Қобил қарзро бар нагардонад. То моҳи дигар барои ман пул ҳам намефиристанд. Чун аз Қобил дарак нашуд, роҳ ҷониби утоқи ӯ гирифтам. Дарашро ҳар қадар мекӯфтам, касе садо намебаровард. Қобил кайҳо боз аз омадани ман огоҳ гардида, дарро сахт баста, садо намебаровард. Боз Худо ризқи одамро медиҳад гуфта, худро дилбардорӣ намуда, ба утоқи худ баргаштам. Қобил ҳатто ба дарсҳо дигар намеомад. 1 рӯз, 2 рӯз, 3 рӯз сабр кардам. Вале чӣ гуна метавон як моҳ саро ба хонаи бегонаҳо халонда, шикамро сер кард? Рӯзе субҳи барвақт хеста азм кардам, ки ҳамин рӯз Қобилро аз таги санг ҳам бошад, пайдо карда, маблағи қарзро мегирам. Бо ҳамин азми ҷиддӣ ба ҷустуҷӯйи ӯ баромадам. Баъд аз ҷӯстуҷӯйҳои зиёд ӯро аз назди бозори «Баракат» ёфтам ва аз гиребонаш сахт дошта, талаби маблағро кардам. Вале Қобили «борондида» боз маро дар як лаҳза фиреб дода рафт. ӯ баҳона пеш овард, ки модараш касал асту барояш касе пул намефиристад. Ва бояд ман сабр кунам, то маблағ гирифтани ӯ…
Ана ҳамин тавр як моҳ бепул мондам ва ҳатто баъди огоҳӣ ёфтан аз ин ҳодиса зери танқиди бибиям қарор гирифтам. Зеро ӯ ҳамеша мегуфт, ки то маблағи ҳангуфте дар даст надошта бошам, ба касе кӯмакпулӣ ва ё қарз надиҳам. Вале мани дилсӯз сухани ӯро гӯш надода, ба фиреби Қобил гирифтор шудам. То ҳанӯз бо Қобил ҷое вонахӯрдам. Зеро ӯ ҳар ҷое, ки маро медид, худро паноҳ мекард ва охир тарки донишгоҳу Ватан намуда, роҳ ҷониби Русия пеш гирифт. То имрӯз 7 сол мешавад, ки аз ӯ на нишоне ҳасту на пайғом. Ман бошам, ин сирро то имрӯз ба касе нагуфта будам. Вале дилам ба он модари пиру барҷомонда ва мушфиқу меҳрубони Қобил месӯзад. Тӯли 7 сол мешавад, ки роҳи фарзандро интизор аст. Аммо Қобили сангдил бисёриҳоро фиреб додаасту дигар виҷдон ва нангу номус ӯро имкон намедиҳад, ки ба Ватан баргардад».
Ҳамкурсон бо як шавқу ҳавас ба суханҳои Наим гӯш меандохтанд. Наим чун суханашро ба итмом расонд, ҳамкурсон якборагӣ ба ӯ «ҳуҷум» карданд. Яке суол медод, якеи дигар афсӯс мехӯрд, якеи дигар аз он дар ҳайрат буд, ки Қобил бо ин ҷурм донишгоҳро тарк гуфтаасту онҳо бехабар. Хуллас, ҳар яке аз онҳо бо ҳам дар онҷо бародарона даст дода, пеши худ мақсад гузоштанд, ки то зӯрашон наояд, аз касе қарз намегиранд ва ба касе ҳам қарз надода, худ ва падару модари худро хиҷолатзада намесозанд. Ва дар лаҳзаҳои ниҳоят душвор дастгири якдигар мегарданд, на фиребгару тороҷгар.

Наврӯзи ҚУРБОНЗОД, донишҷӯйи ДМТ

Рубрики:Uncategorized

Надорам тоби дидан халқи бар нон мӯҳтоҷамро!

25 декабря, 2009 1 комментарий

Ҷанги шаҳрвандӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон чунон зарбаи муҳлике зад, чандон хисороте расонд, ки мардум солҳо натавонистанд аз вартаи он берун бароянд. Ҳарчанд аз бастани сулҳ солҳои хеле зиёд гузашта бошад ҳам, рӯзгори мардум беҳбудии куллиро намебинад. Аз ин рӯ, «ҳар кас ғами худро мехӯрад» гӯён, барои ёфтани ризқу рӯзӣ ба хориҷи кишвар, бахусус ба Русия мераванд. Ба ин кишвар сафар кардани мардуми мо ба қавле анъана шудааст. Зеро халқи камбағал низ мехоҳад мисли раисону сарватмандони кишвар фарзандони хондагӣ ва шиками серу дастурхони пур дошта бошад. Ва ба хотири он, ки орзуҳояш ҷомаи амал пӯшад, ба ҳамаи вазниниҳо нигоҳ накарда, ба сардиҳо тоб оварда, сари худ назди мардуми рус хам намуда, кор мекунад. Ғайр аз ин, надонистани забони русӣ ва ҳуқуқҳои худ мардуми моро назди корфармоёни рус музлам ва корфармоёнро далер мекунад. Бо ҳамин «тоҷикони беномус», «тоҷикони ғулом»-гӯии мардуми рус сар мешавад.

«Следующая станция Таджикистан»
То он рӯзе, ки ба Русия наомада будам, намедонистам қадру қимати ҳамватанонам дар ин кишвар чанд аст. Ҳамеша гумон мекардам, ки моро ҳамчун миллати боору номус, бофарҳангу бомаданият дар тамоми дунё мешиносанд. Бубинед, ки бо ин ҳама меҳмоннавозиву меҳмондустӣ халқи бечораи ман имрӯз дар кунҷаки шаҳру ноҳияҳои Русия аз милисаву дигарон пинҳон шуда, хору зор, хизматгори бегонагон гаштааст.
Бисёриҳое, ки дар ватан хонаи обод доранду ягон камбудие надоранд, муҳоҷиронро гунаҳкор месозанд. Гӯё муҳоҷир худ ба қисмати бадаш сабабгор шуда бошад. Ин андеша дар мавриди муҳоҷиратро ихтиёр кардани мардум ғайри мунсифона аст. Дуруст, ки бештари онҳо забони русиро намедонанд. Аммо ин аллакай мушкили дигар аст, на нахустин. Пас, вақте медонем, ки бе забони русӣ мушкил аст кор кардан, чаро дар қисми зиёди мактабҳо ин забонро намеомӯзонанд (ё агар омӯзонанд ҳам, дар сатҳи паст)?
Вақте кӯдаки шашсоларо мепурсӣ, ки «калон шавӣ кадом касбро интихоб мекунӣ?», мегӯяд: «Калон шавам ба Россия меравам. Доллар кор мекунам».
Рӯзе як ҷавони тоҷик дар кӯча бо коркунони милиса рӯ ба рӯ мешавад. Онҳо аз ӯ ҳуҷҷатҳояшро мепурсанд, вале чизе нагуфта меистад. Баъд милиса мепурсад, ки «ту дар куҷо зиндагӣ мекунӣ, дар кадом ноҳия?». ӯ ба ин савол ҳам ҷавоб надода, хандида меистад. Баъд онҳо бо ишора ба ӯ маънои саволашонро мефаҳмонанд. Пас аз он ҷавон мегӯяд: «Осторожно, двери открываются! Следующая станция Киевская». Милиса хеле ба ғазаб меояду мегӯяд, ки «тез аз инҷо дафъ шав, вагарна «следующая станция Таджикистан» мешавад». Он ҷавон омада, воқеаро ба дӯстон нақл мекунад ва афсӯс мехӯрад:
«Чаро забони русиро дар вақташ наомӯхтам? Охир ман ҳатто ҷои истиқоматамро фаҳмонда наметавонам. Хайрият, ки ҳамин роҳи зеризаминӣ «мэтро» будааст, зеро ҳар як стансияро эълон мекунанд ва ман истгоҳамро медонам. Маро милисаҳо намешиносанд, ки айбам кунанд, аммо миллати маро мешиносанд. Ана акнун аз пушти якто ман барин шуда тамоми мардуми тоҷик шарманда аст».

«На ҳама тоҷикон беномусанд!»
Чанде пеш аз ҷониби вазири корҳои дохилии Федератсияи Русия Рашид Нургалиев қарори хубе баромад. ӯ дар бораи зӯроварӣ ба муҳоҷирон аз ҷониби милисаҳо фармон баровард ва гуфт, ки агар ягон милиса беасос шаҳрванди хориҷиро занад, шаҳрванди хориҷӣ низ метавонад милисаро бизанад. Ва дар ин ҳол шаҳрванди хориҷӣ ба ҷавобгарӣ кашида намешавад. Акнун ҳама хориҷиёне, ки аз милисаи рус озор дидаанд, қасди худро хоҳанд гирифт. Зеро милисаҳо ба пул гирифтану бо баҳонаҳои гуногуни беасос зери шаттаву шаллоқ кашидани муҳоҷирон одат кардаанд.
Як бачаи тоҷик аллакай қасдашро гирифт.
Ориф бо дӯсташ дар роҳ мерафтаанд, ки аз пешашон як корманди милиса баромад. ӯ ҳуҷҷатҳояшонро тафтиш карду хост Орифро бо худ ба шӯъбаи милиса барад. Ориф сабаб мепурсад. Милиса мегӯяд: «Чурка, я тебя сейчас на родину отправлю!». Ориф ба ғазаб омаду аз гиребони милиса гирифт ва мушт ба рӯяш зад. Баъд ӯро ба замин хобонда, лагадкӯб кард. Ва пеш аз роҳӣ шудан ба роҳаш ба милиса гуфт, ки «на ҳама тоҷикон беномусанд!».

Чаро мурдаҳои тоҷикро соҳиб нест!?
Зодаи деҳаи Гулистони ноҳияи Панҷакенти вилояти Суғд Бурҳонов Эргаш Шораҳматович (соли таваллудаш 1979) дар шаҳри Твери Русия бо зани русе оиладор шуда будааст. Эргаш чанд муддат бемор буду дар ҷое кор намекард ва он зани рус ӯро аз хона рондааст. ӯ бо ҷангу
хархаша бегоҳӣ қаҳр карда аз хона баромадаасту се рӯз бедарак шудааст. Рӯзи сеюм ҷисми берӯҳу сардашро аз кӯчаҳои он шаҳр ёфтаанд. Дӯстон ва хешу табор ҳама ҷамъ шуда, сандуқи чӯбин (гроб) хариданд ва бо дастгирии Сафоратхонаи Тоҷикистон дар Москва ба воситаи ҳавопаймо ҷисми беҷони ӯро ба Ватан фиристониданд. Чунин худкушиҳо хеле зиёд ба амал меояд. Ба Русия коркунӣ меоянду дар доми зани рус ғалтида, ҳаёти худро месӯзанд. Куштор низ зиёд аст, вале аз ҷониби кӣ? Оё боре тафтиш шудааст? Мурдаҳои тоҷик бекасанд. Ба касе лозим нест тафтишу ҷустуҷӯ. Агар ин масъала ҳалли худро меёфт, шояд қотилон андаке метарсиданду халқи бо умед бо пои равони худ омадаи моро бо сар ба Ватан намефиристоданд.
Тоҷикро зуд мешиносанд ва қувваи худро дар онҳо месанҷанд. Зеро агар ягон марди русро кушанд, тамоми мардуми шаҳр ё ноҳия ба ҷунбиш меояд. Вале тоҷикро дар Русия кӣ суроғ мекунад? Тоҷик бесоҳиб аст, бесохиб…
«Пул бошад, номус чӣ лозим!?»
Рӯзе як милисаи рус бо се дӯсташ зани миллаташ тоҷикро дастгир карда, ба ҷои беодам мебаранду маҷбурӣ таҷовуз мекунанд. Зан ба шӯъбаи корҳои дохилӣ муроҷиат кардаасту хостаанд ба ӯ кӯмак расонанд. Тафтиш гузаронидаанду аз рӯйи кирдори он милисаҳо парвандаи ҷиноӣ кушодаанд. Дар рузи суд бошад, он зан ҳамаи гуноҳҳои милисаҳоро рад мекунад.
Ҳама дар ҳайрат монданду баъд фаҳмидем, ки ба он зан 10 ҳазор доллари амрикоӣ додаанд, то аризаашро бозпас гирад. Он зан гуфт, ки ба ӯ пул лозим аст, зеро фарзанди хурдакак дар Тоҷикистон дорад ва пулро барояш мефиристад. Ба ӯ гуфтанд, ки магар номусу нанг даркораш нест. ӯ гуфт, ки «пул бошад, номус чӣ лозим? 10 ҳазор долларро ман дар умрам кор карда наметавонам…».
«Ватан вайрона аз дасти ману туст»
Мо дар шеъру шоирӣ ва суруду сарояндагӣ дар ватани хеш дар ҷойи аввал меистем. Вале имрӯз бинед, ки адабиёт ва санъатамон шикамамоноро сер намекунад. Як шоири ҷавон дастаи ароба дар даст, ҳамеша аз вазниниҳои зиндагӣ ва халтабори мардумон дар шикоят аст ва ба ононе, ки дар ёди ватан меноланду орзуи баргаштанро доранд, мегӯяд:
Ду дастаи аробаро ба даст гиру ғам махӯр,
Чунки аз Тоҷикистон ба ту дасти сахо намерасад.

Ва ё аз бефаҳмиву карахтии мардум дар ғазаб мешаваду мегӯяд:
Ватан вайрона аз дасти ману туст,
Гуноҳе нест дар шоҳу вазираш,
Ману ту оҷили вайронии ӯ,
Фақиронему бинмудем фақираш.

Замини кафида мекофтам, то дароям
Агар мо мисли дигар давлатҳо заводу фабрикаҳои бузург медоштем, халқамонро мехӯронду мепӯшонид, боиси забондарозиямон мешуд. Таънаи марди афғоне, ки дар Москва соҳибкор аст, қалбамро сахт захмиву дар назди якчанд дӯсти русам шармсорам кард. ӯ бо ғурур гап мезаду ман замини кафида мекофтам, то дароям.
«Бигӯед, ки дар Тоҷикистон чӣ ҳаст? Заводу фабрика? Шумо аз пеши худ, бо идеяи худ ягон чиз истеҳсол кардаед? Шумо ҳатто барои худ роҳ сохта наметавонед. Нақбҳоятонро эрониҳову роҳҳоро чиниҳо месозанд…»,- пайи ҳам савол медод марди афғон. Ҳамин саволҳояшро ба худи ӯ додам. ӯ гуфт: «Он чизе, ки мо дорем, ору номуси мост. Дар Русия ароба намекашем. Ман аз Афғонистон фирорӣ шудаам, вале дар таги дасти касе кор намекунам. Худам ба худам хӯҷаинам. Дар Русия кор кардани ягон зани афғон дидаӣ?! Вой бар ҳоли зани бечораи тоҷик! Ягон зани афғонро дар саҳнаи тоҷик дидаӣ?! Вой бар ҳоли Манижа Давлатова! Вой бар ҳоли Шабнами Сурайё! Хуб мешавад, агар тоҷик буданатро касе нафаҳмад!».
Ба ин мард чӣ гуфтанамро надонистам, ғайр аз он,ки «ҷавоби аҳмақ сукут»! Рӯзе мешавад, ки миллати ман ҳам ба тамоми мақсаду орзуҳояш мерасад. Агар дидани комёбиҳо моро то охири умр муяссар нагардад ҳам, итминони комил дорам, ки наслҳои оянда ному номуси тоҷикро баланд хоҳанд кард.
«Он беҳ, ки бимирем…»
Имрӯз масъалаи ҳалношудаи мардикорони тоҷик вирди забонҳост. Ҳарчанд аз ин навиштаҳову гуфтаҳо ягон фоидаву беҳбудие нест, вале менависему мегӯем. Ин проблемаро танҳо худи мо, одамони оддӣ метавонем ҳал кунем. Мо бояд худамон ғами худро бихӯрем. Бояд дар Ватани худ истода, зиндагиямонро беҳтар созем. Ва набояд яке аз дигаре худро сипоҳитар бигирему фақиреро бо айби камбағалияш мазаммат намоем. Зеро:
Аз мирии мо мардум агар гӯшна бимиранд,
Он беҳ, ки бимирем аз ин мир шуданҳо…

Бибиҷон АШӯРОВА, Маскав — Душанбе

Рубрики:Uncategorized

Журналистӣ

Аҷаб пурмоҷароӣ журналистӣ,
Чи касби бебаҳоӣ журналистӣ.
Гаҳе чун шоҳ пешат мебаранд арз,
Гаҳе ҳамчун гадоӣ журналистӣ.
Наёфтӣ лаҳзаҳое бурда нонат,
Бимондӣ дар хатарҳо рӯзу ҷонат,
Гаҳе банданд дасту гаҳ забонат,
Нагардӣ аз ҳавои журналистӣ.
Ту худро ҳокими чорум намудӣ,
Дилогоҳи ҳама мардум намудӣ.
Гаҳе дороиятро гум намудӣ,
Зи нав сабзад ҷойи журналистӣ.
Ҳамеша дар забонат ҳарфи миллат,
Ту доим дар пайи роҳи ҳақиқат.
Гаҳе дар судҳо бастанд ҷаримат,
Ба «Пайкон» ҳамнавоӣ журналистӣ.
ЗАВҚИБЕК

Рубрики:Uncategorized

Домулло Абдураҳим:«БАР АСАРИ БОРИШИ БОРОН ДАР РӯИ САНГҲО САБЗА МЕДАМИД»

Ба наздикӣ шаҳрвандони Тоҷикистон, ки барои зиёрати Хонаи Худо ба Маккаи мукаррама рафта буданд, ба Ватан баргаштанд. Баъди омадани онҳо сарусадои зиёде бархосту аз даҳон ба даҳон миёни мардум паҳн гардид. Яке мегуфт, ки ҳоҷиёнро имсол ҳам чун солҳои қаблӣ фиреб додаанд. Дигаре муқобили ин иддао баромада, мегуфт, ки «на, онҳо шароити будубоши хубтаре доштаанд». Ба хотири равшанӣ андохтан ба масоили ҳаҷи имсола хабарнигорамон сӯҳбате дошт бо яке аз иштирокчиёни ин мавсим Домулло Абдураҳим.
— Аз рӯи шунидаҳо, Шумо имсол ба зиёрати хонаи Худо ба Маккатуллоҳ рафтаед ва мо ин зиёратро ба Шумо табрик мегӯем. Баъзе аз зойирин ба мо гуфтанд, ки шаҳрвандони Тоҷикистон дар меҳмонхонаи «Фи сабилиллоҳ», ки меҳмонхонаи хайриявӣ мебошад, сукунат доштаанд. Дар ҳоле, ки ба миқдори 3500 доллар сафари ҳаҷ барои харҷи умумии як нафар муайян шуда буд.
— Дар ибтидо ҷамиъи мардуми Тоҷикистон, ки ҷамъе аз хешу ақрабояшонро ба зиёрати хонаи Худо гусел карда буданд ва имрӯз истиқболашон карданд, табрику таҳният мегӯям ва аз даргоҳи Худованд масалати онро дорам, ки ҳаҷи ҳоҷиёнро ҳаҷи мабрур, саъю талошҳояшонро машкур ва ҷамиъи гуноҳҳояшонро мағфур гардонад. Нисбати мавсими соли 2006 ба мавсими соли 2007, ки ман дар ҳаҷ будам ба ҳайси роҳбалад, хеле сабуктар буд. Мусоидии обу ҳаво мисли баҳори Тоҷикистон буд. Ҳеҷ вақт ин гуна боридани боронро дар он макон надида будам. Мӯъҷизаҳое, ки ҳоҷиён диданд, бар асари бориши борон дар рӯи сангҳо сабза медамид. Ҳақиқатан гурӯҳи ҳоҷиёни рейсҳои аввал, ки асосан аз мардуми Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ иборат буданд, ба Мадинаи мунаввара рафтанд. Рейси дуввум, ки мо низ дар ин рейс будем, дар маҳаллае бо номи Аволӣ қарор гирифт, ки яке аз деҳаҳои қадимаи Мадина ва ба ҳарам наздик аст. Мо мутаассифона дар як меҳмонхонае ҷой гирифтем, ки воқеан ба талабот он қадар ҷавобгӯй набуд. Ин сухане, ки мардум мегӯянд гӯё ҳоҷиён дар меҳмонхонаи «Фи сабилиллоҳ» қарор доштаанд, дурӯғи маҳз аст. Ба он хотир, ки дар ин мавсим ин гуна меҳмонхона нест. Фи сабилиллоҳ фақат дар такягоҳ мешавад. Имрӯз меҳмонхона фи сабилиллоҳ намешавад ва хосатан, вақте аз ҳайати расмии як давлат меоянд, ҳеҷ вақт аз ин гуна хайрияҳо истифода намебаранд. Шароити имсолаи шаҳри Мадина нисбат ба соли гузашта беҳтар буд. Ба меҳмонхонае рафтем, ки дорои ҷиҳоз буд. Имсол дар ҳамон ғурфаҳое, ки мо ҷой гирифтем, шароит бад буд ва ҳамон гилемҳое, ки дар хонаҳо ҷой карда буданд пур аз чирку равғанолуд. Барои ҳашт нафар як ҳаммом муқаррар шуда буд ва дар он ҳаммомҳо як мехи либосовезӣ ҳам набуд, ки ҳоҷӣ пеш аз шустушӯй либосҳояшро овезад. Ҳоҷӣ наметавонад бараҳна вориди ҳаммом шавад. Аксари ҳоҷиён тоҷир буданд ва онҳо, ки бо авзои меҳмонхонаҳо бештар ошно ҳастанд, ба шӯр омаданд. Нисбати шароити меҳмонхона норозигӣ баён карданд. Баъди ин мутасаддии меҳмонхона барои ҳуҷраҳои мо рахтҳои селофанӣ овард ва дар ҳар як ҳаммом либосовезак насб намуданд. Ин масъалае буд, ки бояд қаблан ҳалли худро меёфт, вале нашуд. Ва мо ин мушкилро ба самъи роҳбарияти биъса, ки Исмоил Пирмуҳаммадзода буд, расонидем. Аз рӯи шунидам, дигар меҳмонхонаҳо шароити хуб доштаанд, ҳатто дорои телевизор будаанд.
— Оё буданд маҳфилҳое, ки дар рафти сафар ва ба ҳангоми қарор доштанатон дар Арабистони Саудӣ ташкил шудаву мавзӯи баҳсашон нозукии мавҷудияти рӯҳоният бошад?
— Ростӣ маҳфил доир нашуд, аммо толибилмони тоҷикро дидем. Ин толибилмон дар Арафоту Мино зиёд буданд ва бо онҳо мулоқот кардем. Буданд донишҷӯёне, ки мехостанд ба тоҷикон кӯмаки молӣ расонанд. Аз ҷумла эшони Саидмудассир, ки дар Риёз мехонад ва бисёр хидматҳои хубе мекунад барои тоҷикон.
— Ба назари худи Шумо, рӯҳониёни тоҷик аз рӯҳониёни дигар миллатҳо чӣ фарқияте доранд?
— Байни рӯҳониён чандон тафовут нест. Ҳар касе ки аз илми илоҳӣ бохабар аст, одоби хуб дорад. Тафовути олимони мо танҳо дар либоспушӣ дида мешавад. Тарзи либоспӯшӣ ва салиқаи мо тоҷикон бештар ба намунаи аврупоӣ шабоҳат дорад. Тафовути дигар дар таом хӯрдан аст. Мо тоҷикон қонунҳои нонавиштае дорем. Ба гунаи мисол, ҳангоми хӯрдан дастамонро ба хӯрок намеафшонем ва кӯдакони мо низ ин амалро намеписанданд. Аммо барои дигар мардум он қадар тафовут надорад, ҳатто уламояшон ба ин чиз эътибор намедиҳанд.
— Шумо ба ҳайси роҳбалад низ дар Маккатуллоҳ будед. Гуфта метавонед, ки вазифаи роҳбалад дар ҳаҷ чист?
— Бисёр боиси таассуф аст, ки роҳбаладони мо танҳо қабл аз парвоз бо гурӯҳи худ ошно мешаванд ва ҳоҷиён баъд мефаҳманд, ки роҳбаладашон кист. Ин ҷиҳати манфии кор аст, вақте дар охир инро муайян мекунанд. Агар мардуми мо дар Тоҷикистон як моҳ машқ кунанд ва тариқа барояшон омӯзонда шавад, гумон мекунам, бисёр судманд хоҳад буд. Зеро зуд қоидаҳоро аз худ менамоянд. Бубинед, ҷавонони мо пеш аз ягон чорабинӣ машқ мекунанд, ҳатто мисли ҳунармандони касбӣ амал менамоянд.
Як ҳоҷии тоҷик шикоят кард: «Ман ҳоҷиёни эрониро мебинам, ки даст ба даст карда, давр мезананд». Баъд ман ба ӯ сабабро гуфтам, ки мо машқ накардаем ва дастобадаст намуданро ба худ ор медонем.
Дигар сабаб ба ҳаҷ рафтани баъзе аз роҳбаладонест, ки аз ислом кам хабар доранд. Масалан, бархе кормандони шӯъбаи фарҳанги ноҳия ё вилоятанд. Ин гуна бародарон шумораашон рӯз ба рӯ зиёд шуда истодааст. Ман нисбати онҳо ягон бадбиние надорам, аммо гап дар сари он меравад, ки бояд раҳбалад шахсе бошад аз аҳкоми шариат пурра огоҳ. Агар пурра огоҳ бошад, ҷиноёт камтар мешавад.
— Дар бораи ҷиноят гуфтед. Чигуна ҷиноятеро дар назар доред?
— Имкон надорад, ки ҳаҷ беҷиноят гузарад. Ҷиноят на ба ин маънӣ, ки дар қонунҳои ҷиноии мо навишта шудааст. Вақте яке аз ҳукмҳои шариат иҷро нашуд, ин ҷиноят маҳсуб мешавад. Яъне, ҷиноят ҳангоми анҷом додани маносики ҳаҷ.
— Назари мардуми арабе, ки дар онҷо сукунат доранд нисбати манзалати паёмбар ва зиёрати қабри ӯ дигаргуна аст. Яъне, на он тарз, ки мо эҳтиром дорем. Шумо ҳамчун як рӯҳонии намоёни Тоҷикистон дар рафти зиёрат ба ин монанд лаҳзаҳоеро мушоҳида кардед ё не?
— Ихтилофи аҳли мазоҳиб ба ҳама маълум аст. Мардуми таҳҷойии Мадинаи мунаввара якранг нестанд. Дар онҷо бародарони муҳоҷири тоҷик ва афғон зиёданд ва аксари онҳо ҳанафимазҳаб ҳастанд. Азбаски мазҳаби давлаташон ба ном ваҳҳобияву салафия асту имрӯз маълуму машҳур, худашонро аҳли суннат мехонанд. Мувофиқи таълимоти ин мазҳаб, бӯсидани қабр ва Қуръон хондан дар назди он манъ аст ва ҳатто бидъату ширку ҳаром дониста мешавад. Аз ҳамин хотир, баъзан садои ҳамон пулисҳо дар назди қабри Расулуллоҳ (с) шунида мешавад, ки мегӯянд: «Ҳаром — ҳаром, ширк!!!». Аммо ин маънои онро надорад, ки муҳаббати онҳо нисбати Паёмбар (с) камтар бошад. Албатта мо тарафдори ин кор нестем. Амалҳое, ки дар зиёратгоҳи Ҳазрати Мавлоно Яъқуби Чархӣ мекунанд, аз ифрот мегузаронанд. Масалан, тавоф мекунанд ё ришта мебанданд, ки ин амал ғайри хонаи Худо дар ҳеҷ куҷо дуруст нест.
— Пештар як сафар ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико низ доштед. Бигӯед, ки дар ИМА ислом чӣ дараҷаеро соҳиб аст ва умуман, мардуми ин кишвар нисбати дини ислом ва мардуми мусулмон чӣ назару чигуна муносибате доранд?
— Ҳукуматдорҳо мегӯянд, ки барои мо ҳеҷ тафовуте надорад ва дин аз ҳукумат ҷудо аст, ягон ихтилоф нест ва ба кори онҳо ягон хурдагирӣ намекунем. Яъне, дини ислом мисли 2000 равияи дигар озод аст ва амал мекунад. Ҳеҷ кас ҳуқуқи онҳоро поймол намекунад. Ин сухани мансабдорҳо ва касонест, ки дар умури давлати Амрико кор мекунанд. Аммо тоифае ҳастанд, ки аз зиёд шудани шумораи мусулмонон дар ташвишанд. Аз ҷумла рӯҳониёни насронӣ. Аммо назари худи мусулмонони онҷо бисёр олӣ аст. Шояд муҳаббати онҳо нисбат ба ислом аз мо дида зиёдтар бошад. Вале мо медонем, ки душмани асосии ислом ин Амрикост! Вақте мо сарулибоси исломӣ доштему дар онҷо гаштугузор мекардем, мардум мутаваҷҷеҳ шуда, салом медоданд. Аксари онҳо зангиҳо буданд ва мо аз ин амалашон пай мебурдем, ки онҳо низ мусулмонанд. Ба назди мо омада аз куҷо буданамонро мепурсиданд, суол медоданд, ки «мусалмон?». Ҷавоб медодем: «Алҳамдулиллоҳ».
— Соли 2010-ро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли маориф эълон намудааст. Шумо дастпарвари мактаби замони Шӯравӣ мебошед ва баҳои Шумо ба он давра ва имрӯз чӣ гуна аст? Оё барномаҳои дарсие, ки имрӯз амалӣ мегардад, Шуморо қонеъ мекунад?
— Дар ҳоли ҳозир қонеъ намекунад, зеро, мутаассифона ҳамон камбудиҳое, ки дар замони Шӯравӣ буд вуҷуд дорад. Ақида ақидаи атеизми ҷанговар буд. Ақидаи мубориза бар дин буд, динро афюн мегуфтанд. Мутаассифона, ҳамон ақидаҳои Чарлз Дарвин то ҳол дар китобҳои дарсӣ мавҷуданд. Ин зиёну зарарест бар ҷомеа. Тасаввур кунед, кӯдак дар хурдӣ як лавҳи мусаффо аст, вақте ӯро олуда карданд, дигар бо истифодаи матоъ ҳам мисле, ки аввал пок буд, пок карда намешавад. Як олудагӣ дар вуҷудаш мемонад. Ман дар назар дорам ҳамон форматсияҳоеро, ки дар таърихҳо мехонанд. Замонҳои мезозой, полеозой, давраи сангию дигару дигарро меоранд. Боз ҳамон ақидаи фарсудаи Чарлз Дарвинро, ки гӯё Одам аз маймун пайдо шудааст, дар мактабҳо таълим медиҳанд. Мутаассифона, аҳкоми шариат дар мактаб ба таври бояду шояд таълим дода намешавад. Аз ҳамин хотир, ба талабот ҷавобгӯй нест. Аммо ин мушкилӣ ҳалли худро дар оянда хоҳад ёфт. Саъю кӯшише, ки роҳбарияти давлати мо мекунанд, барабас нахоҳад рафт. Бузурге мегӯяд, ки «сухани мулук подшоҳи суханҳост», ба мисли «сад задани сӯзангару як задани оҳангар».
Иқдоме, ки сарвари давлат бахшида ба Соли бузургдошти Имоми Аъзам намуд, ҳамаро ба ларза даровард. Шахсиятҳое, ки номи Имоми Аъзамро аз девор метарошиданд, Абӯҳанифагӯй шуданд. Шахсиятҳое ки ақидаашон сирф коммунистиву атеистӣ буд, дар бораи Имом ҳатто мақолаҳо навиштанд. Умед аст, ки Вазорати маорифи мо ақидаҳои материалистиеро, ки дар китобҳосту майнаи кӯдаконро заҳролуд мекунад, ба тадриҷ дур меандозанд.
— Мо дар арафаи Соли нави мелодӣ қарор дорем. Баъзе аз рӯҳониён оростани дастурхони солинавиро нишонае аз бидъат ва амали онро куфр медонанд. Нигоҳи Шумо ба ҷашнгирии Соли нави мелодӣ чи гуна аст?
— Сухани Паёмбар аст, ки мегӯяд: «Ман ташаббаҳа биқавмин фаҳува минҳум», яъне «ҳар касе худро ба қавме шабеҳ кунад, аз зумраи ҳамон қавм аст». Соли нав аз ҷашнҳоест, ки аз сӯи давлат қайд карда мешавад ва дар ин рӯз рӯзи истироҳат эълон гардидааст. Оё соли нави григорианӣ барои мусалмонон соли нав аст? Азбаски мо дар замони Шӯравӣ будем, ҳаминро ҳамчун Соли нав донистем ва оғози онро аз январ ҳисоб мекунем. Ё масалан ҷашни занҳо, ки дар рӯзи 8-уми март қайд мегардад, ин ҳам аз мо нест. Модар ё зану духтар азизанд, барои онҳо тамоми рӯзҳо ид аст. Фарзанд бояд ҳамеша дар хизмати модар бошад. Ё фақат 8-уми март хизмат кунаду баъд фаромӯш?
Ақидаи ман ин аст, ки Соли навро аз эътиқодот, аз идҳои худ ҳисоб накунем. Бигзор ин рӯзро рӯзи таътил қабул кунем.
Расули Худо (с) вақте ба Мадина омад дид, ки мардуми онҷо ду ид доранд. Пурсид, ки чӣ рӯзҳо ҳастанд, чаро инқадар шумо шодиву хурсандӣ мекунед? Гуфтанд, ки ё Расулаллоҳ (с), ин рӯзҳои иди мост, мо ҷашнаш мегирем. Паёмбар (с) гуфт, ки Худованд бар ивази ин ду иди шумо ду иди дигарро ато кардааст — иди Рамазон ва иди Қурбон. Аз ҳамин хотир, иди мо мусалмонон иди Рамазон ва Қурбон аст. Ва рӯзи ҷумъа аст, ки сайиди айём аст.

Мусоҳиб Аҳлиддини САЛИМПУР, БМСТЖ

Рубрики:Uncategorized

Хуршед АТОВУЛЛО: «Дар шароити Тоҷикистон шикам мондан айб аст!»

22-юми декабри соли ҷорӣ ҳафтаномаи маҳбуби хонандагон — «Фараж» сесола шуд. Дар ин муддат нашрияи мазкур бо кадом шева аз куҷо ба куҷо расид? Сари ин мавзӯъ хабарнигорамон Мавзуна АБДУЛЛОЕВА сӯҳбате дошт бо сардабири ҳафтаномаи «Фараж», ки инак фишурдаи он манзуратон мегардад.
— Нахуст Шумо ва хонандагонро ба муносибати зодрӯзи ҳафтаномаи «Фараж» табрик мегӯем! Муддати се сол барои як нашрияи ҷамъиятиву сиёсӣ мӯҳлати дарозест, то зиёд бархӯрдҳоро аз сар гузаронад. Ба мисли кӯдаке, ки ҳар гоҳ ниҳояти аз пой афтодану бархостанаш ҳаст. Дар ин се сол «Фараж» чанд бор аз пой афтоду бархост?
— Ташаккур барои табрик! Ростӣ аз пой афтидан набуд, вале пешпой додан ҳам аз ҷониби дӯстону ҳам душманон зиёд буду ҳаст. Беш аз даҳ бор аз болои нашрия ба суд муроҷиат карданд, аммо аксар ҳолат кор то суд ҳал шуд. Ҳатто баъзе манфиатдорон кӯшиш карданд то хабарнигорони дигарро бар зидди нашрия шӯронанд, аммо ин амали хандаовар ҳама бо ҳеҷ анҷом ёфт, яъне «тӯфони таъна хандаи моро зи лаб нашуст».
— Баъди аз чоп баромадани аввалин шумораҳои ҳафтанома мудирияти он ҳазломез иброз дошта буд, ки «Фараж» доруест барои табобат кардани «нафарони шикамдард». Аммо ин танз воқеият дорад ва вобаста ба авзои ноҷӯри ҳар замон аст. Мушаххасан, он вақт ҳадафи ҳафтаномаи Шумо табобати кадом соҳаи «шикамдард» буд ва оё тавонист ин ҳадафро амалӣ намояд?
— Ба интихоби ин ном — «Фараж», аксар муқобил буданд. Аммо, дар шумораи аввал мо гуфта будем, ки муродамон табобати шикамҳои дамида — яъне мубориза алайҳи беадолативу ришвахорӣ аст ва то кадом ҳад ба ин мақсад расидаем, бигзор хонанда баҳо диҳад.
— Метавонед айни ҷӯшу хурӯши корро дар фаъолияти ҳафтанома муайян намоед? Бад-ин маънӣ, ки оё ҳолате вуҷуд дошт, то кормандони нашрия ба «садамаи фикрӣ» дучор шуда, чанде ба худ наоянд ва пас аз гузашти андаке вақт корашон дучанду самараноктар гардад?
— Ин гуна ҳолат буд. Соли 2007 ҳофизае нашрияи дигареро, ки Маркази тадқиқоти журналистӣ тайёр мекард ва «Овоза» ном дошт, ба суд дод. Баъзе волидайни хабарнигорони судшаванда сари ман даъво пеш оварданд, ки бояд ба ин ҳолат роҳ намедодам. Духтарон умуман кор карда наметавонистанд, аниқтараш, бовар кардан намехостанд, ки барои ҳифзи манфиати миллӣ ва номуси зани тоҷик онҳоро дар Тоҷикистон суд мекунанд. Баъди он ки суд бо ғалабаи ҷониби мо поён ёфт, роҳи дигарро пеш гирифтанд. Гурӯҳҳои манфиатдоре пайдо шуданд, ки бо мусоидати шахсони алоҳида дар дохили мо тавонистанд ҳайати асосии эҷодии Марказро пурра пароканда кунанд. Ин зарбаи сахт буд, дар ҳоле мо ба наздикӣ рӯзномаи дигарамон — «Ману ту» — ро бояд нашр мекардем. Аммо медонед, Конфутсий мегӯяд, ки «марди хуфтаро лагад мазанед, мабодо бедор шавад». Ман шабҳо намехобидам ва он вақт танҳо бо Сайида Қурбонова «Фараж»-ро нашр мекардем.
Аз Соли Нав ҳайати Марказ қариб ба пуррагӣ нав мешавад, журналистони нав ҷалб карда мешаванд ва табиист, ки усули корӣ ҳам тағйир меёбад.
— Журнализми як соли аввали «Фараж»-ро журналистикаи мардумӣ мегӯянд ва аммо, ду соли охирро ҷангнома. Ба ин нуқтаи назар мувофиқ ҳастед?
— Не. Ин андешаи ду-се нафаре ҳаст, ки мехоҳанд матбуот танҳо ва танҳо майдони турктозии онҳо бошад. Аммо айби ман чист, ки мардум онҳоро, андешаи онҳоро, навиштаи онҳоро пашизе ҳам намегирад!? Аммо мардум донистан мехоҳад, ки Ризвон чӣ ваҳшонияте карда буду зархариди кӣ буд, Сангак барои чӣ Ҷиёнхон Ризоевро кушту сабаби аслии нобуд кардани Нуралича чӣ буд?
Агар мавзӯи «Фараж» ҷангнома асту ба касе хуш намеояд, чаро тамоми матбуоти чопӣ думболаи он ҷангноманавис шудааст? Айни замон, мо ҳамагӣ ду-се саҳифа аз 24 саҳифа перомуни ҷанги шаҳрвандӣ дорем, ки онро ҳам қаламкашони чирадаст ва нотакрор — Нуралӣ Давлат ва Хайриддини Қосим менависанд, на ҳар як хонандаи оддӣ.
— Оид ба бархӯрди манфиатҳо чӣ гуфта метавонед? Масалан, вақте «Фараж» дар бораи раиси вилояти Суғд силсиламақола менавишт, ё оид ба фаъолияти Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода матлаб ба табъ мерасонд, аз ҳар сӯй нидо мехест, ки «мақола супоришист!».
— Агар барои танқид ё таърифи ин нафарон пул медоданд, имрӯз ман аз чопхона қарздор намешудам! Аммо, Қосимов ҳоло ҳам маъруфтарин чеҳра аст, ки хонанда махсусан дар вилояти Суғд дар борааш хоҳ танқид, хоҳ таърифро хондан мехоҳад. Тӯраҷонзода ҷасуртар аз дилхоҳ журналист менависад. Пас чаро нанависем ва чоп накунем? Дар ҳоле ҷуз тираж мо дигар роҳи даромад надорем.
— Ҳафтанома ба хонанда аз кадом дидгоҳ менигарад? Ба нафароне, ки рӯзнома намехонанд, чӣ гуфтанист? Бо вазирону кабирони сертараддуди камкор чӣ бархӯрде дорад?
— Мо, хушбахтона аудаторияи худро медонем. Медонем, кӣ, кадом қишр моро мехонад. Ба хонанда гуфтанием, ки мо чун се соли гузашта минбаъд ҳам дар бораи мушкилоташ хоҳем навишт. Ба вазирону кабирон бошад, бори дигар ёдрас мекунем, ки ҳадафи мо гиёҳи шифобахш барои дарди шикам будан аст ва айб аст дар шароити Тоҷикистон касе шикам дамонад!
— «Фараж» дар арафаи интихоботи парлумонӣ ва маъракаи «Роғун»-созӣ, ки ҳарду ҳам марҳилаи таърихиянд, чӣ кореро ба сомон расонидан мехоҳад?
— Вобаста ба интихоботи парлумонӣ мо замимаи махсусе дорем, ки бе маблағгузории касе бо номи «Парлумон-2010» ба нашр мерасад ва мусоҳиба бо ҳама раисони ҳизб дар ин саҳифаҳо ба чоп расидаанду мерасанд.
Вобаста ба сохтмони нерӯгоҳи «Роғун» «Фараж» миёни аҳли эҷод дар жанрҳои гуногуни журналистӣ барои инъикоси рафти корҳои сохтмонӣ озмун эълон кард, ки дар он новобаста аз мансубияти ВАО ва дар куҷо чопу пахш шуданаш, довталабон метавонанд ширкат варзанд. Ғолибонро се мукофот интизору ҳаҷми умумии мукофот 2000 сомонӣ аст.

Рубрики:Uncategorized

Низоми андозбандӣ, бозори сиёҳ ва фасод

Бо иваз шудани шахсони аввал дар ниҳоди андоз нақшаи солонаи ҷамъоварии андоз иҷро нашудааст. Бо назардошти ин тағйирот, оё гуфтан мумкин аст, ки ислоҳот на танҳо дар соҳаи кадрӣ, балки дар низоми андозбандӣ низ лозим аст? Мақомоти андози кишвари Қирғизистон бо тасмими ислоҳот дар низоми андозбандӣ ва кам кардани теъдоди он то 7 навъ тавонистааст нақшаи андозро иҷро кунад. Бо чунин усули ҷамъоварӣ нақша иҷро шуда, ба таъмини бахши муайяншудаи буҷаи давлат мусоидат кардааст. Аммо ба назари бархе аз коршиносон, монеае, ки дар иҷро нашудани нақшаи ҷамъоварии солонаи андоз дар Тоҷикистон вуҷуд дорад, ин зиёд будани теъдоди андоз дар кишвар аст, ки ба 21 навъ мерасад.

Андозҳои бемаврид бояд лағв шаванд
Исмоил Талбаков, вакили парлумон бар ин назар аст, ки танҳо дар сурати ворид кардани ислоҳот дар низоми андоз ва кам кардани теъдоди он мушкили мавҷуда бартараф мешавад. ӯ мегӯяд, ки зиёдӣ ва гаронии андоз боиси сарпечӣ кардани мардум аз пардохти он шудааст, ки эҳтимол соли ҷорӣ дар буҷети давлат қарзи корхонаву муассисаҳо аз андоз ба 1 миллиард сомонӣ расад. Ба эътимоди ӯ, на теъдоди андоз, балки шумораи андозсупорандаро бояд зиёд кард.
Ин дар ҳолест, ки масъулини мақомоти андоз сиёсати андозбандиро ба рушди кишвари Тоҷикистон созгор арзёбӣ мекунанд ва мегӯянд, ки ҳеҷ тоҷир ва соҳибкор 21 навъи андозро пардохт намекунад, балки аз рӯйи фаъолияташ андоз месупорад.
Аз шӯъбаи равобит бо ВАО-и Кумитаи андоз маълумот доданд, ки қонунгузории андоз ва намуди андозҳои ҷамъоваришаванда дар якҷоягӣ бо ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ ва таҷрибаи давлатҳои Иттиҳоди Авроосиё таҳия шуда, мутобиқи тартиботи муқарраршуда қабул гардидаанд. Аз ин рӯ, тафовути системаи андозбандии Тоҷикистон аз дигар кишварҳо чандон калон нест. Масалан, дар Русия 15 намуди андоз, дар Қазоқистон 29 ва дар кишвари мо 21 навъи он мавҷуд аст.
Аммо Зулфиқори Исмоилиён, таҳлилгари масоили иқтисодӣ мегӯяд, ки низоми андозбандӣ ва ниҳоди мазкур ба ислоҳоти ҷиддӣ ниёз доранд. Вай гуфт: «Дар соли ҷорӣ қариб 800 миллион сомонӣ андозҳои ҷамънашуда пайдо шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 211 миллион зиёд аст. Соли гузашта бо ин далел сарвари давлат раиси Кумитаи андозро барканор карда буд, ки натавонист андозро ҷамъ кунад. Вале имсол раиси нав низ ин нишондиҳандаро кам карда натавонист, баръакс 211 миллион бештар шудааст. Ҳамаи ин бесарусомониҳо ба хотири он аст, ки мардум дар бораи андозҳо маълумоти кофӣ надоранд ва теъдоди андозҳо хеле зиёд ҳастанд. Ҳоло молу амволи даҳҳо корхонаҳои давлатӣ, иттиҳодияҳои деҳқонӣ ва ширкатҳои хусусиро давлат ба хотири насупоридани андоз тасарруф кардааст. Яъне онҳо тавони супоридани андозро надоранд. Масалан, андозҳое ҳастанд, ки онҳоро аслан наметавон андоз ном бурд. Ёд дорам, як ширкати хориҷӣ дар Тоҷикистон ҳаст ва ҳангоме аз Кумитаи андоз тафтиш карда, аз он ҷо чизе наёфтаанд, аз эшон талаб карда шуда, ки дар як рӯз барои мошин даҳ литр бензин сарф мекунанд, бояд андоз супоранд. Инчунин, ошхонае, ки доранд ва бо пули худ хӯрок мехӯранд, аз он низ андоз супоранд. Чунин андоз дар ягон кишвари дунё нест».
Ба эътимоди ӯ, савдогар ва колофурӯш набояд андоз аз роҳ супорад. Вай гуфт, барои чӣ тоҷир, соҳибкор ё касе, ки дар бозор моли худашро савдо мекунад ва аз ворид кардану фурӯши он андоз месупорад, боз андози роҳ супорад? Вай ба нақлиёт чӣ робита дорад, ки аз он ҳам андоз мегиранд? Чунин андозҳое ҳастанд, ки онҳо бояд ҳатман лағв шаванд.
Ақидаҳои пешакии «СОФРЕКО»
Ба иттилои расонаҳо, Мартин де Зюв, роҳбари гурӯҳи коршиносони созмони фаронсавии «СОФРЕКО», ки барои омӯзиши системаи андозбандӣ вориди Тоҷикистон шудааст, дар як нишасти матбуотӣ бо ишора ба андозҳои аз ҳад зиёду нодаркори кишвар ба зарурати ислоҳоти сиёсати андозбандӣ таъкид кардааст. Ба гуфтаи ин коршинос, бахше аз андозҳо то ҷое нодаркоранд, ки давлат ба ҷуз масрафи беҳуда барои ҷамъоварии ин андозҳо суде ба даст намеорад. Барои мисол, ситонидани андоз аз истифодаи роҳ, ҷамъоварии пул аз аксизҳои нодаркор ва андоз аз ҳар навъ колои фурӯшӣ.
Аммо кормандони шӯъбаи равобит бо ВАО-и Кумитаи андоз мегӯянд, ки омӯзиши мутахассисони «СОФРЕКО» то ҳол анҷом наёфтааст ва ақидаҳои пешакии ҷаноби Мартин де Зюв дар расонаҳо нодуруст оварда шудааст. — Номбурда бо чунин тарзи ибрози ақида норозӣ буда, бо арзи таассуф ба Кумитаи андоз мактуб пешниҳод намудааст,- мегӯянд масъулони шӯъбаи мазкур.
Ахиран, дар бораи номукаммалии системаи андозбандӣ бархе аз масъулони мақомоти давлатӣ низ изҳори нигаронӣ кардаанд. Ба гуфтаи раиси Бонки миллӣ ва раиси Агентии назорати амволи давлатӣ ва мубориза бо коррупсия, номукаммалии низоми андозбандӣ боиси рушди бозори сиёҳ ва фасод дар ҷумҳурӣ гаштааст. Раиси Бонки миллӣ андозбандии патентиро, ки шомили 3 ё 4 навъи андоз аст, роҳ ба сӯйи фасод хондааст. Аммо мақомоти Кумитаи андоз усули андозбандии патентиро навъи хос ва судманд барои ҷамъоварии андоз дар Тоҷикистон арзёбӣ кардаанд.
Андоз монеаи сармоягузории хориҷист?
Ба андешаи бархе аз коршиносон, тағйири Кодекси андоз боис мешавад, ки дар ин соҳа мушкилиҳо эҷод гардад. Даврон Қурбоналиев, коршиноси бахши андоз бисёрии теъдоди андозро муҳим намедонад, вале ба эътиқоди вай мушкили аслӣ дар бесуботии низоми андозбандии кишвар аст. Аз ин рӯ, сармоягузори хориҷӣ ба ҳеҷ ваҷҳ розӣ намешавад, ки дар кишвари Тоҷикистон сармоягузорӣ кунад. — Дар ҳоле ки, Кодекси андоз дар як сол чанд маротиба тағйир дода шудааст,- мегӯяд ин таҳлилгар. Вай бар ин назар аст, ки андози барзиёд дар Тоҷикистон ба ҷалби сармояи хориҷӣ монеъ мешавад. ӯ ба таври мисол мегӯяд: «Дар Тоҷикистон як навъи андоз ҳаст. Андоз аз истифодаи роҳ. Ин андоз бар асоси хароҷот ситонида мешавад. Сармоягузори хориҷӣ ки ба Тоҷикистон меояд ва мебинад, ки ҳар қадар пули бештар масраф кунад, ҳамон қадар барои истифодаи роҳ андози зиёд месупорад, бо ин далел аз сармоягузорӣ дар Тоҷикистон худдорӣ мекунад.
Зулфиқори Исмоилиён мегӯяд, ки дар соли 2005 Кодекси андози ҷадид ба тасвиб расид, вале дар тӯли чор соли баъдӣ 10 қонуни дигар дар бораи ворид кардани ислоҳот дар соҳаи андоз қабул карда шудааст. Ҳамин 10 ислоҳот ба 300 бахши Кодекси андоз вобастагӣ дорад, ки онро худи андозгирандаҳо низ наметавонанд ба мардум фаҳмонанд. — Тез — тез иваз кардани Кодекси андоз худ як роҳи ҷамъоварӣ нашудани андоз ва мушкилоти он дар миёни мардум ва Кумитаи андоз аст,- иброз медорад ин манбаъ.
Аммо ба назари масъулони Кумитаи андози кишвар, тағйирот дар Кодекси андоз ба хотири беҳбудӣ бахшидан ба кору фаъолияти шаҳрвандон ва содда кардани андозбандӣ мебошад. Мувофиқи маълумоти онҳо, дар давраи бӯҳрони иқтисодӣ — молиявӣ мутобиқи тағйироти охирин ба Кодекси андоз (№525, 19.05.2009) барои дастгирии соҳибкорӣ имтиёзҳои андозии иловагӣ ҷорӣ гардидааст. Яке аз ин тағйирот баланд бардоштани ҳадди фаъолият дар системаи соддакардашудаи андозбандӣ ва аз андоз аз арзиши иловашуда озод намудани онҳо мебошад.
Ин дар ҳолест, ки Матлуба ӯлҷабоева, раиси Асотсиатсияи миллии соҳибкорони Тоҷикистон мегӯяд, соҳибкорон ва муассисаҳои истеҳсолӣ дар масъалаи пардохти андоз ба мушкилиҳо дучор мешаванд. Барои фабрикаву заводҳои дар Тоҷикистон амалкунанда, ки ягон навъи маҳсулотро истеҳсол мекунанд, андози баланд муқаррар гардидааст.
— Гарчанде андозро то ба 18 фисад паст фароварда бошанд ҳам, он дар шароити Тоҷикистон ҳоло ҳам гаронӣ мекунад. Зеро аз сабаби баланд будани андоз нархи маҳсулоти тайёр низ меафзояд ва дар бозори худиву берунӣ рақобатнопазир мегардад. Яъне дар бозори худӣ бо маҳсулоти Чин рақобат карда наметавонад. Мисоли равшани он корхонаи ҷӯроббарории «Нафиса» мебошад, ки пеш бо ҷӯробҳои худӣ аҳолиро таъмин мекард, ҳоло он қариб аз фаъолият мондааст,- изҳор медорад М. ӯлҷабоева.
Ба эътимоди ӯ, андоз аз фурӯши маҳсулот арзиши онро баланд мебардорад. Андози дигаре, ки ба мардум гаронӣ овардааст, ин андози иҷтимоист, ки 25 фисад ва ҷамъи 1 фоизи дигар барои фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ рӯёнида мешавад. Аз фоизҳои гирифташуда танҳо 1 фисади он ба мардум ҳамчун нафақа баргардонида мешавад.
Ислоҳоти қонунӣ
Ба андешаи баъзе аз коршиносон ва таҳлилгарон, низоми андоз ба тағйироти куллӣ ниёз дорад. Дар ҳамин ҳол Раҳматилло Зойиров, ҳуқуқшинос ва раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон мегӯяд, ки имрӯз аксари қонунҳо тағйирот ва ислоҳоти ҷиддиву объективонаро талаб доранд, аз ҷумла қонун дар бораи андоз. Вай гуфт: «Ягон раиси ноҳия, вилоят ё шаҳр ба қонунгузории андоз таъсир расонида наметавонад. Барои он ки андозро Ҳукумати марказӣ пешниҳод менамояд. Ҳеҷ як аз вакили Маҷлиси намояндагон барои баррасӣ кардани масъалаи андоз ҳуқуқ надорад. Онро танҳо Ҳукумати марказӣ пешниҳод карда метавонад. Ин чӣ гуна органи қонунгузор аст? Барои чӣ буҷети давлатӣ аз ҷониби Ҳукумати марказӣ таҳия карда мешавад, Маҷлиси намояндагон қабул мекунад ва бевосита ба Маҷлиси миллӣ пешниҳод нашуда, ба имзои Президент меравад? Саволи оддӣ, лекин мазмунаш аз он иборат аст, ки Маҷлиси миллӣ сараввал аз раисҳои вилояту ноҳияҳо иборат аст. Агар буҷети давлатӣ, ки аз ҷониби Ҳукумати марказӣ таҳия гашт ва ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод шуд, барои додани ризоият ба Маҷлиси миллӣ пешниҳод шавад, албатта як-дуто раиси ноҳия пайдо мешаваду мегӯяд, ки «мебахшед, вале инҷо манфиати мо маҳдуд карда шудааст». Яъне Конститутсияро қонунгузорҳо ҳамин хел тартиб додаанд, ки ҳама қонунҳо бе ризоияти Маҷлиси миллӣ қабул намешавад, ба ҷуз қонун дар бораи буҷети давлатӣ».

Исфандиёр ХАЛИЛОВ

Рубрики:Uncategorized

Генератори тоҷикӣ

Бо омадани фасли зимистон мардуми камбизоати ҷумҳурӣ ба ташвиш фитода, аз он воҳима доранд, ки зимистони имсоларо чи хел паси сар мекарда бошанд? Сокинони ба ҳарос афтода аллакай барои пешгирии сардӣ ва бебарқӣ бо мошин ба конҳои ангишт ва деҳот рафта, ангишту таппак харидорӣ карда истодаанд. Кунҷкобӣ карда, бо чанд нафар ҳамсӯҳбат гардидам:
— Ман Зарипова Зарнигор, сокини ноҳияи Шаҳринав. Зимистони гузашта ба ёдам меояду диламро ларзаву воҳима фаро мегирад. Барои ҳамин, имсол дар хонаи якҳуҷрагиямон эҳтиётан бухорӣ шинондем. Худо хоҳад, зимистон азоб намекашем. Кайф карда, дар бухорӣ алов сар медиҳем. Ҳам хӯрок пӯхтан мумкин асту ҳам гарм шудан.
— Ман Зайдов Акбар, сокини маҳаллаи Ҳаёти Нав. Пуле надорам, ки барои хона хӯрока хараму боз ангишт мехаридаам? Кошкӣ имсол барои барқ лимит набошад.
— Номи ман Самир. Шаҳрванди Канада, дар аспирантура таҳсил мекунам. Вақте зимистон фаро мерасад, мо — донишҷӯёни хориҷӣ ба ватанамон меравем. Дар чунин шароит зиндагӣ кардан мушкил аст.
— Ман Муқимов Ҳомид, сокини ноҳияи Рӯдакӣ. Як моҳ шуд, ки аз муҳоҷират баргаштаам. Мехоҳам рӯзҳои наздик ба деҳаи Гӯрқишлоқ рафта, аз шиносҳо як 100 килло таппак (саргини гов) харидорӣ намоям. Тавба, ҳозир ҳамин таппак ҳам «дефитсит» шудагӣ!
— Ман Хубон Қодирӣ. Муаллима шуда кор мекунам. Дар мактабамон бухорӣ шинонда, ба миқдори муайян ангишт харида захира кардаанд.
— Ман Сангинова Ойиша, мудири боғча аз ноҳияи Сино. Маҷбур шудем аз волидайни кӯдакони боғча ба маблағи 10-сомонигӣ ҷамъ карда, ангишту таппак харем. Зимистони имсола хунук меояд мегӯянд.
Имрӯзҳо рӯзона дар кӯчаҳои мавзеи фурӯдгоҳ аз ду тарафи роҳ чароғҳои фурӯзон нурафшонӣ мекунанду ҳар навбат ман аз дидани онҳо оҳи сарде мекашам. Охир соли гузашта дар маҳаллаи Иттифоқҳои касабаи пойтахт аз сабаби вуҷуд доштани лимити сахт чи қадар мо — сокинон азоби рӯҳиву ҷисмонӣ кашида будем. Инҷо бошад, шабу рӯз барқ фурӯзон асту ҳасрати дигар шаҳрвандонро меорад. Барои ҳамин, одамоне, ки аз он минтақа хона фурӯхтан ё иҷора додан хоҳанд, мегӯянд: «Дар микрорайони мо обу свет ҳамеша ҳаст, барои ҳамин нархаш ҳам қиматтар аст».
Барои мушоҳида ба деҳаи Тангаии ноҳияи Ваҳдат равона гардидам. Духтаракон ҳар субҳ дар ҷойҳои подахорав гирд омада, саргини говро ҷамъ мекунанду бо сатилҳо ба хона меоранд. Рӯзи дигараш саргинро зуд кулӯла карда, таппак мекунанду дар гармии офтоб хушк менамоянд. Яъне, ҳоло дар деҳоти кишвар бизнеси таппак дар авҷи аълост. Пас, зинда бод генераторҳои тоҷикӣ!

Ш. НАҶМИДДИН

Рубрики:Uncategorized

Пушаймонӣ аз тамошо

Бо аҳли хонавода рӯзи истироҳатӣ ба Боғи ҳайвоноти шаҳри Душанбе раҳсипор гардидем. Гумон доштам, ки нисбати соли гузашта вазъи Боғи ҳайвонот беҳ гардида, шояд барои кӯдакон ягон шароити дилхушкунанда муҳайё гашта бошад. Вале сад афсӯс, ки шароит ҳамон шароити кӯҳна буд. Ғайр аз гӯсфанду бузу мурғобӣ дигар қариб, ки ягон ҳайвони диққатҷалбкунандае наменамуд.
Писарчаам инҷиқӣ карда мегуфт, ки филу «баҳмут»-ро дидан мехоҳад. Ба ҷониби панҷараҳои пешинаи филу баҳмут раҳсипор шудем. Вале ҳайҳот, ки панҷараҳо холӣ буданд. Ба ҷойи махсуси хазандаҳо рафтем. Боз ҳамон аҳволи табоҳу ҳузновар ба чашм менамуд. Дар се-чор қафасчаи шишагӣ морбачаҳо менамуданду халос. Кӯдакону наврасон бо ҳавас ба қафасчаҳо нигариста, мори кобраву дигар хазандаҳоро ҷӯё мешуданд. Вале аз он морҳои калони тамошобоб дараке набуд. Ҳатто аз он сангпуштҳои зиёди соли гузашта дидаам нишоне нест. Намедонистам, ки ба писарчаам чиро нишон дода, аз олами ҳайвонот маълумот бидиҳам.
Дар тамоми дунё шароите фароҳам оварда шуда, ки кӯдакону наврасон аз тамошои боғи ҳайвоноташ лаззат мебаранд. Аммо мутаасифона, ин навбат низ ман бо аҳли хонавода ба тамошои боғи ҳайвонот омадаму аз омаданам ҳазор маротиба пушаймон шудам. Чунки ягон ҷойи тамошобоб набуд.
Ногаҳон садои баланде ба гӯшамон расиду ба ҳамон тараф рафтем. Зане дар дами ҳуҷраи кӯчак нишаста, чипта мефурӯхт. Нарх барои хурдсолон 1 сомонӣ, барои калонсолон 1 сомониву 50 дирам муқаррар шуда буд. Ба ҳуҷра ворид гардидем. Як мард ва як писарбачаи хурдсол ҳунари дорбозии худро назди атрофиён нишон медоданд. Барномаи омоданамудаи ин хонаводаи ба ҳунари сирк машғулбуда хеле шавқовар ба назар мерасиду кӯдаконро ба завқ меовард. Ҳатто калонсолон ҳам аз ҳунари беназири ҳунармандони сирк ҳаловат мебурданд. Вақте навбат ба мори калони кобраи 65-килогӣ расид, шавқуни тамошобинонро ҳадду канор набуд. Ҳунарманди сирк морро гирди сараш тоб дода, ҳар гуна нақшҳоро иҷро мекард. Дар ҳақиқат ин намоиш хеле шавқовар буда, барои кӯдакону наврасон дар тамоми Боғи ҳайвоноти шаҳри Душанбе ягона лаҳзаи фараҳбахш ба ҳисоб мерафт.
Бо фурсати муносиб бо чанде аз падару модарон ҳамсӯҳбат гардидам:
— Мо аз ноҳияи Ҳисор. Набераҳоро гирифта ба тамошои Боғи ҳайвонот омадем. Вале, мутаассифона, ягон чизи тамошобоб набуд. Ҳамин намоиши мори 65-килогӣ маъқул шуду халос.
— Ман Майрам Комилова. Сокини маҳаллаи Ҳаёти Нав. Бачаҳоро гирифта ба тамошо омадем. Ғайри ҳайвоноти хонагӣ дигар чизе нест. Давраи Шӯравӣ чи хел хуб буд! Мо ба Боғи ҳайвонот омада, як ҷаҳон лаззати эстетикӣ мегирифтем. Ҳозир чӣ? Ба панҷараҳои холӣ нигариста, кас ғамгин мешавад. Ин қадар кӯмакҳои байналмилалӣ куҷо мешуда бошад?
— Мо аз водии Рашт меҳмонӣ омадаем. Бо ҳавас имрӯз ба тамошо баромадем, вале баъди дидани намоиши сирк пушаймон шудем. Хайрият, ки ҳамин сиркчиҳо будаанд, вагарна ин қадар мардуми ба тамошо омада чӣ кор мекарданд?
Аз Боғи ҳайвонот бо таъби нимхуш ба хона баргаштем. Вале писарчаам ҳамоно акси мори 65-килогии сабтнамудаамонро тамошо мекарду завқ мебурд…

Шаҳлои НАҶМИДДИН, рӯзноманигор

Рубрики:Uncategorized

«Бозии интихоботӣ» дар Маркази тадқиқоти стратегӣ

Дар маҷлисгоҳи Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагии Хазинаи Фридрих Эберт дар Тоҷикистон барои кормандони ВАО семинари дурӯза баргузор гардид. Дар он намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ҷумҳурӣ, Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ, Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони ВАО-и кишвар иштирок доштанд.

Ҳадафи баргузории ин чорабинӣ тайёрӣ ба маъракаи муҳими сиёсӣ буда, баҳри тақвият бахшидани нақш ва фаъолияти ВАО дар инъикоси воқеъбинонаи маъракаи пеш аз интихоботии Маҷлиси Олӣ, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва мақомоти худидораи маҳаллии шаҳрак ва деҳоти Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ шудааст.
Шерхон Салимов, мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сараввал ҳозиринро хайрамақдам гуфта, дар мавриди қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои байналмилалии ҳуқуқӣ дар бораи интихоботи Маҷлиси Олӣ, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва мақомоти худидораи маҳаллии шаҳрак ва деҳот суханронӣ намуд. ӯ зикр намуд, ки инъикоси баргузории интихоботи шаффофу демократӣ аз фаъолияти воситаҳои ахбори омма вобастагии калон дорад.
Ҳамчунин, дар ин маврид Ҷ. Давлатов, сардори Раёсати хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ карда, тамоми нозукиҳои гузаронидани маъракаи интихоботиро ба аҳли нишаст шарҳ дод.
Мудири шӯъбаи иттилоотию таҳлилии Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҷумҳурӣ Сайдалӣ Сиддиқов гуфт, ки баргузории интихоботи парлумонӣ дар кишвар яке аз маъракаҳои муҳими сиёсӣ буда, аз ҳар шаҳрванди ҷумҳурӣ масъулиятро тақозо менамояд. Шаффофият яке аз принсипҳои баргузории интихобот аст ва аз намояндагони васоити ахбори омма дарки бештари масъулиятшиносиро талаб мекунад.
Инчунин, иштирокчиёни семинар зимни баррасии масъалаҳои марбут ба омодагӣ ва баргузории интихоботи шаффофу демократӣ доир ба принсипу стандартҳои баргузории ин маъракаи сиёсӣ ва инъикоси воқеъбинонаи он аз ҷониби ВАО ибрози назар карданд. Ҳамчунин, зикр гардид, ки баргузории интихоботи парлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2010 аз интихоботҳои қаблӣ ба куллӣ фарқ мекунад. Зеро аз интихоботи дарпешистода умеди зиёд доранд.
Дар рафти семинар бисёре аз ширкатдорон ба суолҳои худ посух гирифтанд ва аз баргузории он қаноатманд ҳам буданд.
Дар рӯзи дуюми семинар намояндагони Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди ҷанбаҳои ҳуқуқиву амалии муносибатҳои байни воситаҳои ахбори омма ва комиссияҳои интихоботӣ, мақомоти ҳокимияти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар рафти тайёрӣ ва гузаронидани интихобот суханронӣ карданд. Инчунин, кормандони ВАО-ро барои риоя намудани қонунҳои амалкунандаи Тоҷикистон ташвиқ намуданд.
Дар охир иштирокчиёни семинар бозии «Рафти тайёрӣ ба интихобот»-ро байни худ гузарониданд, ки онҳо аллакай омода ба маъракаи муҳими сиёсиянд. Яъне, умед доранд, ки интихоботи навбатӣ дар сатҳи баланди ташкилию сиёсӣ ва дар доираи санаду меъёрҳои ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва байналмилалӣ гузаронида мешавад.

Фарангиси МУЗАФФАР, БМСТЖ

Рубрики:Uncategorized

Маҳмуд раиси Турсунзодаро куштан мехост?

Ҳафтаи гузашта ба ҷони узви Маҷлиси миллӣ, раиси ҳукумати ноҳияи Турсунзода Баракатуллоҳ Аҳмадов сӯиқасд ташкил карда шуд, вале бо нокомии шахси ҷиноятпеша анҷом ёфт. 9-уми декабр кормандони милисаи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон шахсеро бо номи Ҳайдар Бобомуродов дастгир карданд, ки бо худ 770 грамм маводи тарканда ва ду телефони мобилӣ барои тарконидани он мавод доштааст. Мавсуф дар кадом ҳолату бо кадом шева дастгир мешавад, маълумот ва ё шарҳи муфассале вуҷуд надорад. Аммо ӯро бо он муттаҳам мекунанд, ки як узви гурӯҳи қумондони тундгаро Маҳмуд Худойбердиев будааст.
Овоза «гӯши фалак»-ро  кар кард
Ин бори аввал нест, ки нисбати Маҳмуд Худойбердиев ва ҷонибдорони ӯ сарусадо баланд мешавад. Дар давоми чанд соли охир бештар аз сад нафар ҷонибдорони ӯро мақомоти Тоҷикистон дастгир кардаву ба ҳабс гирифтаанд. Дар ҳоле, ки пас аз соли 1998, баъди ҳуҷуми мусаллаҳонаи Маҳмуд ба вилояти Суғд, мавсуф ба гумномӣ кашида шуда буд. Дигар касе ӯро ҳамчун як лидери сиёсии таъсиргузор ба вазъи ҷомеа ёд намекард ва қариб ки фаромӯш шуда буд. Ҳамон вақт ҳатто овозае паҳн гардид, ки гӯё Ҳукумати ӯзбекистон ба ӯ пешниҳод мекунад, то ба Афғонистон рафта, муқобили Толибон биҷангад ва аммо бо сабаби рад шудани пешниҳод аз ҷониби Маҳмуд, номбурдаро ҷонишинаш мепарронад. Ин ҳангома хомӯш нашуда ки, овозаи ба ҳалокат расидани ӯ дар як садамаи нақлиётӣ «гӯши фалак»-ро кар кард. Дар ин ҳол, мақомоти прокуратура изҳор дошта буд, ки барои дастгир карданаш ба Интерпол муроҷиат намудаву гӯё ҷониби Интерпол ҳуҷҷатҳои вобаста ба сарнавишти Маҳмудро бо забонҳои русиву арабӣ талаб дошта, гирифта бошад. Аммо ҳодисаҳои Андиҷон, ки дар соли 2005 ба вуқӯъ пайваст, номи Маҳмудро дубора зинда кард. Яъне дар ин ҳодисаҳо даст доштани ӯро қайд намуданд. Собиқ корманди Хадамоти амнияти ӯзбекистон Икром Ёқубов гуфтаст, ки нерӯҳои таҳти фармондеҳии Маҳмуд Худойбердиев барои қатли оми мардум дар Андиҷон сафарбар шуданд. Ба гуфти ин манбаъ, қисме аз қувваҳои муҳофизи элитаи Ислом Каримов ва духтарони ӯро Маҳмуд роҳбарӣ мекунад, ки яке аз вазифаҳои асосияш сари қудрат овардани Гулнора Каримова аст.
Инак, боз сарусадо. Корманди дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон Муҳаммадҷон Нарзиев мегӯяд, ки «Ҳайдар Бобомуродов ҳангоми дар Шаргуни Ҷумҳурии ӯзбекистон қарор доштанаш аз аъзои гурӯҳи Маҳмуд Худойбердиев супориш гирифтааст, ки автомашинаи раиси ҳукумати шаҳри Турсунзодаро бояд тарконад». Аммо, чун дар бораи муносибати бевоситаи ин нафар бо Маҳмуд аз ҷониби худи дастгиршуда сухане нест, зинда ё мурда будани шӯришгар норавшан боқӣ мемонад.

Таҳқиқи амиқтар лозим аст
Аз рӯйи таҳқиқоти полис, Бобомуродови 55-сола маводи тарканда ва телефонҳои мобилияшро аз ӯзбекистон ғайриқонунӣ вориди Тоҷикистон кардааст. Дар асоси ҳамин нукта коршиносони тоҷик тахмин мезананд, ки шояд Маҳмуди ошӯбгар ба саҳна баргардад ва ё дар арафаи интихоботи парлумонӣ ва маъракаи «Роғун» ба хӯсаи «таҳдиди беруна» табдил ёбад. Таҳлилгари тоҷик Амруллоҳи Собир мегӯяд, ки ҳадафи ин сӯиқасд рӯшан асту ба интихоботи қарибулвуқӯъи парлумони Тоҷикистон ва талошҳои ахири Душанбе бармегардад, ки тасмим гирифтааст алорағми хостаҳои ӯзбекистон нерӯгоҳи «Роғун»-ро бисозад. Ин як андешаи умумист, ки ҳақиқат дошта ҳам метавонад. Аммо ин ки ноҳияи Турсунзода дар гузашта аз пойгоҳҳои гурӯҳҳои содиқ ба Маҳмуд Худойбердиев маҳсуб мешуду ҷангиёни ӯ дар солҳои 90 ду дафъа ин шаҳр ва корхонаи алюминбарориро тасарруф карда буданд, метавонад фарзияҳои дигареро низ ба миён орад. Шояд ҳадаф аз ташкили сӯиқасд на халалдор кардани интихоботи парлумонӣ бошад ва на сохтмони «Роғун». Шояд ҳадаф худи раиси ҳукумати ноҳияи Турсунзода бошад. Зеро, мардумеро, ки чандин чунин таҳдиду сахтиҳоро аз сар гузаронида ва аз сиёсатзадагии иҷтимоӣ монда шудааст, наметавон бо фишори ҷузъие тарсонд. Мардум дигар наметарсад ва ба ҳеҷ ваҷҳ муқобили нафаре намебарояд, ки бо ӯ дар масофаи наздик аст ва ба ҳеҷ ваҷҳ дунболи кадом як ошӯбгари «берунӣ» нахоҳад рафт. Ин ҳам дар замоне, ки омма хуш дорад бештар оид ба ҳамон сохтмони «Роғун» иттилоъ гирад ва ҳушу гӯшаш бар «Роғун» аст ва ягон хатару таҳдиди муқобилеро низ писанд нахоҳад кард. Аммо набояд сокит нишасту дар ғафлат афтод. Ҳарчанд мақомоти Тоҷикистон низ изҳори бехавфӣ аз таҳдиди Маҳмуд ва ёрони ӯ карда буданд. Тавре муовини вазири амнияти Тоҷикистон генерал Абдулло Назаров гуфта буд, «Худойбердиев ва гурӯҳҳое, ки замоне Тоҷикистонро тарк карда буданд, хатари мустақим надоранд, балки мехоҳанд албатта аз худ гоҳе дарак диҳанд ва худашонро матраҳ ё реклама кунанд. Вале нигаронӣ аз ҷойи дигар ношӣ мешавад. Охирин маълумотҳое, ки ҳосил шудааст, ҳокӣ аз робита барқарор кардани ин гурӯҳҳое, ки шумо ном бурдед, аз Худойбердиев бо «Ал-Қоида» ва ҲИӯ аст. Онҳо вақте ҷойи пойи худро тангтар мебинанд, ба Афғонистон рӯ меоранд, роҳи ҳамроҳшавӣ бо «Ал-Қоида» ва Ҳаракати Исломии ӯзбекистонро ҷустуҷӯ мекунанд. Аммо зиндаву мурдаи худи Худойбердиев аҳамияте надорад».
Ҳарчи ки набошад, мақомоти амнияти Тоҷикистонро зарур аст қазияи сӯиқасд ба ҷони раиси ҳукумати Турсунзодаро бо истифода аз баёноти худи раиси ноҳия ва нафари дастгиршуда амиқтар таҳқиқ карда бароянд.

Фозили ФАРРУХ, шаҳрванди Тоҷикистон

Рубрики:Uncategorized

Ҳамсоя ба ҳаққи Худо баробар

— Ҳамсоя, мурғҳоятон дар боғи ман на алаф монданду на обчакорӣ! Медонистам, ки онҳо ҷуфт карда метавонанд, ба тракторчӣ пул намедодам…
— Ҳайвону парранда ақл надорад, чӣ илоҷ, симтӯр хару боғатро маҳкам кун!
Чи кор ҳам мекардам, ки «ҳамсоя ба ҳаққи Худо баробар гуфтаанд». Мадоро кардан лозим. Ҳаштод метр симтӯр харидам, ки боғамро маҳкам кунам, вале ин бор ҳам бо Кали Карим дастбагиребон шудем. Ба одами зӯр чӣ ҳам гуфта метавонӣ? «Сими барқат аз боғи ман мегузарад» гуфта, 5 метри заминамро бо баҳонаи роҳи муштарак бурун аз симтӯр қарор дод. Аз одамӣ некӣ боқӣ хоҳад монд. Ба инаш ҳам розӣ шудам. Намедонам хушбахтона бошад ё бадбахтона, ҷӯйи оббандии Кали Карим аз ҳавлии ман мегузарад, аммо бе иҷозати ӯ ба боғам об баста наметавонам. Дар як ҳафта 6 рӯз ба ҳавлии ӯ ва 1 рӯз ба боғи ман навбати об танзим шудааст. Агар як рӯзи иловагӣ об бандам, ба сари ман омада худашро медарронад. Хайр, камтар барои обчакорӣ об бандам гӯям, изҳори нигаронӣ мекунад, ки об кам шавад, боғи маро «зер» намекунад. Бало ба пасаш гуфта, сар хам карда мегардам. Баъзан шайтон васвос кунад, бо худ мехурӯшам, вале як ганда сад нағз дорад. Бибикалони ӯ ба бобокалонама бобояш издивоҷ карда будааст. Раҳматии бобоям нақл мекард, ки бибияш кампири бисёр шаттоҳ, ҷалоҷин ва шармандае буда, шавҳарашро хар карда савор мешудааст. Лекин бобокалонам мисли ман шахси дурандеш ва сабур буда, ба ситамҳои ӯ тоқат мекардааст. Ҳаминаш бас набуд, боз сими барқи маро, ки аз боғаш мегузашт, бо баҳонаи шикаста шудани шохи дарахташ бурида партофт. Лекин кораш дуруст, ба ҷойи ӯ каси дигар ҳам мебуд, ҳамин тавр мекард. Албатта ба истиснои ман, зеро ман одами дурандеш, босабр, некхоҳ ва ҳаққи ҳамсояшиносам. Чӣ тавр мешавад, ки аз як ҷурми кӯчаке бо ҳамсоя дастбагиребон шавам. Майлаш, ба гузашта салавот.
Як генератор (движок) харидам, ки хона равшан шавад, боз медонед чӣ ҳодиса шуд? Бензин нархаш ба осмони ҳафтум баромад. Бензинфурӯш боз ҳамон Кали Карими хешам. Аз дигар ҷо бензинро арзонтар харам гуфтам, лек андеша кардам, ки бо як сӯм — ду сӯм ҳамсоя харида намешавад. Фарзандонам маро сарзаниш мекунанд, ки Шумо тарсу ҳастед, чаро зӯриятонро нишон намедиҳед? Эҳ, охир девонагӣ аз дасти ҳама меояд, лекин одамгарӣ кори ҳар кас нест. Як сӯм — ду сӯмро ҳамавақт меёбӣ, аммо одамро ёфтан душвор ва ҳамсояе мисли Кариму лекин оддӣ не, боз «кал»-ро аз куҷо меёбӣ. Аз ҷанҷол ман зарари бештар мебинам. Манфиатро ҳама вақт дар назар гирифтан даркор. Охир пагоҳ боз навбати боғобдиҳиям ояд, он гоҳ иҷозат намедиҳад. Бензинро қиматтар кунад, кӣ зиёни бештар мебинад? Ман мебинам. Инҳоро ба назар гирифта, дар муносибати хориҷӣ роҳи созишро пеш гирифтам. Як рӯз як «гардандароз»-ро таҳи каш зада, ба хонаааш рафтам ва як «шайтонпраздник»-и хурд гузаронидем. Ба хотири он ки муносибатҳо беҳтар шавад. «гардандароз»-ро хӯрду гардани ғафсашро ба мисли ӯрдак дароз карда гуфт:
— Ҳамсоя, табрик намекунӣ, ман як «Lexus-RX-350» харидам.
— Муборак бошад!
— Гап сари ин ки, ҳамин мошинро ман дар роҳи муштаракамон муваққатан мемонам, аҳлу аёл қатӣ аз паҳлӯи он гузаштан гиретон, охир мошин ҳамаи роҳро банд намекунад-ку!
— Хуб, майлаш!,- розӣ шудам. Ин бор ҳам дар сиёсати хориҷӣ муносибати дохилии миллиро бардошта натавонистам. Ҳеҷ гап не, бори дигар албатта мебардорам.
Рӯзи дигар кали Карим писарамро аз роҳ гузаштан намондааст. Ман гуфтам, ки «шартнома» ин тавр набуд.
— На ҳама шартномае, ки мебанданд, амалӣ мешавад, ҳамсоя!,- хитоб кард ӯ. Мошинамро рангпаррондаву харош — тарош мекунеду боз ман мегузорам, ки аз роҳ гузаред! Ба шартнома тағйирот ворид кардам!
Ба раиси ҷамоат муроҷиат кардам, ки қазияи моро ҳал намояд. Ба хотири он ки Кали Карим одами пулдор ва манфиаташ ба раис мерасад, қазияро ба фоидаи ӯ ҳал кард. Ман боз роҳи дигари созишро ҷӯста истодаам. Бо роҳи одилона ва мутамаддин муносибатро барқарор кардан мехоҳам. Охир ман шахси муосир ва зиёӣ ҳастам, набояд, ки ба гапи ҳар кас даромада, роҳи ҷанҷолу зӯриро пеш гирам. Ба ҳар ҳол, Карим аз ман ҳам зӯртар аст. Ба зӯр тан додан лозим. ӯ инсони қадри хешро мешинохтагӣ аст. Ба умеди он, ки одами қадри худро мешинохта қадри дигаронро низ хоҳад шинохт, таҳаммул мекунам.
Боз дина фаҳмам, ки бо акаи раисаш дар бораи оби ҷӯйи ману барқи ман ким чи хел гап-гапу миш-мишҳо карда истодаанд. Як вақтҳо бо акаи раисаш чашм хӯрдагӣ буд, ҳезума ёбад, табара намеёфт, табара ёбад, ҳезума намеёфт. «Дунё косаи гардон» мегӯянд, рост будааст. Ҳозир дар байнашон сӯзанро партоӣ, ба замин намеафтад. Хайр, бигзор ҳамин Кали Карим аз метавонистагияш намонад, лекин ба ин акааш боварӣ карда намешавад. Як вақтҳо бо ман ҳам ҷӯраи ҷонӣ буд. Имрӯз бо Карим, фардо бо Нажод, рӯзи дигар мебинӣ, ки ҳардуяшро ҳам «кидат» кардаасту бо Абамо акаю додар шудааст. Ман ба раису паисаш кор надорам, бо ҳамин ҳамсоя муносибатамон хуб шавад, дигараш худ ба худ ҳал мешавад. Бо роҳи духтуриву табибӣ нашуд, ба фолбину мулло ҳам кор ёфт мешавад. Агар ин усул ба кор наомад, асло парво надорам. Ҳамааш дар дасти худам-ку! Боз камтар заминро ба ӯ медиҳаму ҷонам халос.

Исфандиёр ХАЛИЛӣ

Рубрики:Uncategorized

Тоҷик хатои худро мефаҳмад?

Санъат як ҷузъи ҷудонашавандаи фарҳанг аст. Вақте санъат мегӯем, зери ин вожа мафҳумҳои зиёде фаҳмида мешаванд, ба монанди санъати мусиқӣ, санъати рассомӣ, санъати суханварӣ, санъати меъморӣ ва ғайра. Ба ибораи дигар, ҳар як кор санъати худро дорад. Халқи тоҷик бо вуҷуди он ки олимону адибони зиёдеро ба арсаи ҳаёт овард, ҳамчунин, дар тамаддуну фарҳанги гузашта байни миллатҳои дигар ҳамто надошт. Ҳамчунин, тавре гуфтем, зери ин мафҳум маъниҳои гуногун маҳфузанд, вале сухани мо сари санъати мусиқии миллии қадимии халқи тоҷик — Шашмақом меравад. Ҳамон Шашмақоме, ки тавонист аз илми мусиқӣ бохабар будани халқи тамаддунофари тоҷикро ба ҷаҳон муаррифӣ кунад.
Шашмақом дар ҳақиқат санъати миллии халқи тоҷик аст ва асрҳои аср бо ҷаҳду талошҳои пай дар пайи бузургонамон инкишоф ёфтааст. Аммо дар гардиши фалак замонҳое буданд, ки халқи тоҷик ба воқеаҳои мудҳиштарин гирифтор шуд ва фарҳангу тамаддуни худро қариб буд аз даст диҳад. Ин воқеаҳоро аз таърих борҳо хондаему шунидаем.
Дар аввалҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистони азизамон низ ин воқеаҳо миллати моро фаро гирифтанд ва мардум аз баҳри ин ҳама тамаддун қариб гузашта буд. Яъне, дар бораи Шашмақом ҳамчун як навъи санъати мусиқӣ хомӯшӣ ҳукмфармо буд, ки шоир ин шикасти миллатро хуб ба қалам дода:
Чу бинам Шашмақом имрӯз ноҷӯр аст,
Чу бинам ойина дар хизмати кӯр аст
Ва лавҳи хотири мо лавҳаи гӯр аст
Дилам бар Рӯдакӣ сӯзад, ба ҳоли зиндагӣ сӯзад.
Аммо бо мурури вақт халқи тоҷик худро шинохт, тамаддуну фарҳанги худро қадр кард, хатои худро фаҳмид ва рӯй овард боз ба ҳамон гузаштаи хеш. Тоҷик фаҳмид, ки кас то гузаштаи худро надонад, аз оянда умедвор шуданаш ғайриимкон будааст. Фарҳанг, адабиёт, таърих фалсафа ва дигар илмҳои тоҷик бори дигар рӯ ба инкишоф ниҳоданд ва хушбахтона имрӯз илми тоҷик дар авҷи такомул аст. Дар баробари ҳамаи ин, Шашмақом низ зинда гардид ва бубинед, ки аз тарафи сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон рӯзи ҷудогонае барои ин навъи санъати миллӣ пешниҳод шуд, ки ҳамасола 12-уми май таҷлил карда мешавад. Ҳамон замон Ансамбли Шашмақоми Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҶТ таъсис ёфт, ки дар барқарор кардани сурудҳои классикии халқи тоҷик саҳм мегузорад. Ҷуз ин дар дигар шаҳру вилоятҳо низ чунин ансамбли шашмақомсароён кам нест. Масалан, дар шаҳри Хуҷанд бо ибтикори Ҳунарманди Иттиҳоди Шӯравӣ Ҷӯрабек Муродов ансамбли «Нури Хуҷанд» ташкил карда шуд, ки ҳамасола шогирдони зиёдеро дар ин ҷода тарбия менамояд.
Аммо як чиз имрӯз ҳайратовар аст, ки чаро насли ҷавон ба Шашмақом ва сурудҳои классикӣ кам таваҷҷӯҳ доран. Чаро реп ё як санъати эстрадаи дигари дар Ғарб пайдошуда зуд дар дар қалби ҷавонон роҳ меёбаду мусиқии дар кишвари худамон бавуҷудомадаро кам ёд мекунем? Шояд як сабабаш дар он бошад, ки шашмақомсароёни мо ғайр аз рӯзи идашон, ки 12-уми май аст, дигар ҳеҷ гоҳ рӯйи саҳнаҳои барҳавои Кохи Ҷомӣ ё Кохи Борбадро намебинанд. Ҳатто дар ҷашнҳои бузурги миллӣ, аз қабили Рӯзи «Сарқонун», «Истиқлолият», ки дар Кохи Борбад бо шукӯҳу шаҳомат ҷашн гирифта шуданд, кадом сарояндаи шашмақомхонро дидед? Ҳарчанд кишвари мо пур аз ситораҳои нотакрори санъат аст. Кор то ба ҷое расидааст, ки сабти сурудҳои классикии моро аз мағозаҳои фиттафурӯшӣ танҳо бо «микроскоп» меёбед. Ҳама тақлид ба Ғарб намудаву аз фарҳанги миллии худамон то андозае дур шудаем. Мамлакатҳои ҳамсоя Шашмақомро аз мо омӯхтанд ва имрӯз аз мо беҳтар ба он майл доранд. Мо чаро аз одатҳои миллии худамон шарм мекунему кам ёд менамоем. Ин ҳам дар ҳолест, ки як нафар дӯстам Раҳими Карим роҷеъ ба ин мавзӯъ нақл кард: «Агар имрӯз сурудҳои классикиро дар байни ҷавонон замзама кунӣ, онҳо ба ту мегӯянд, ки мурғи дилат мурдааст, ё аз дунё дилат мондааст, ки чунин сурудҳоро мехонӣ?». Бубинед ва худ қазоват кунед, ки то куҷо ҷавонони мо нисбати як санъати миллии хеш меҳр доранд. Охир, наход санъати миллии классикии мо танҳо барои пиронсолон бошад (онҳо ҳам на ҳама). Лекин дар ин ҷо беаҳамиятии худи шашмақомсароён низ дида мешавад. Зеро як ҳофизе, ки дар жанри эстрада машҳур аст, ҳар сол як ё ду маротиба барномаи консертияшро дар ин ё он канори ватан мегузаронаду худро муаррифӣ менамояд. Вале боре ҳам саҳнаҳои барҳавои Кохи Ҷомӣ ё Кохи Борбадро дар ихтиёри ансамбли Шашмақом намебинем (ғайр аз рӯзи 12-уми май). Чаро? Шояд онҳо маблағе надоранд, вале ҳукумат ва масъулини соҳаро мебояд дар ин бора андеша кунанд.
Агар ба ҷойҳои фиттафурӯшӣ гузоратон афтад, ба гӯш танҳо садои гӯшхароши реп ва дигар сурудҳои эстрадии хориҷиву тоҷикӣ мерасад. Ман намегӯям, ки мардум ин гуна сурудҳоро нашунаванд, балки манзура фаромӯш накардани санъати миллист. Зеро мардуми мо чизҳои сабук ва пучи мардуми Ғарбро зуд қабул намуда, аз пайи иҷрои онҳо мешаванд ва ҳамзамон онро барои дигарон тарғиб мекунанд. Бинобар ин, аз он метарсам, ки рӯзе нашаваду мардуми мо ҳама даст ба дасти якдигар дода, ба таври оммавӣ гӯш кардани репро касб намоянд!

Фаридуни УМАРБЕК, БМСТЖ

Рубрики:Uncategorized

«Пистаи бемағз»-и «Пайванд»-и ТВТ

Гар сухан ҷон набувад, мурда чаро хомӯш аст…
Воқеан ҳам сухан ҷон аст, ки ҳаётро, хусусан ҷомеаи имрӯзаи моро метавонад пешбар бошад. Ва агар сухан манфур аст, пас ҷомеаро ақиб мекашад. Сухани хубу шоистаро танҳо суханвар ба гӯши ҷон расонида метавонад. Аммо на суханваре, ки мисраи «Пистаи бемағз агар лаб во кунад, расво шавад» барояш беаҳамият аст. Суханваре, ки хусусан минбару сухан дасти ӯст ва мардуми бисёре бояд ӯро бишнаванд, магар ҳуқуқи нораво сухан гуфтан дорад? Дар назар дорем наттоқони радио ва телевизионро, ки баъзан аз худ он қадар олиму донишманде метарошанд, ҳеҷ ногуфтанӣ.
19-уми ноябри соли ҷорӣ ман, ки аслан барномаҳои шабакаи аввали телевизионро тамошобин нестам, ногаҳ дар хонаи дӯстам, ки нишаста будам ва ӯ ин шабакаро тамошо мекард, ба барномаи «Пайванд» мутаваҷҷеҳ шудам. Кош намешудам! Дар барнома Абдуқодири Абдуқаҳҳор бо меҳмони барнома Ҷамшеди Азимпур аз боби китоби нави шоири меҳмон сӯҳбат ороста буданд. Аммо тӯли сӯҳбаташон «ҳар сухан ҷоеву ҳар нукта мақоме дорад»-ро аз ёд бурданд магар, ки якбора риштаи сӯҳбаташон ба таҳқири аҳли дин ва тақводорон расид. Ман ҳамчун мусулмон мутаваҷҷеҳ шудам ба ин сӯҳбат. Абдуқодир ба таҳқири олимони дини ислом пардохта, гуфт, эшон ҷои он ки ба тарбияи насли ҷавон дар роҳи омӯзиши илм саҳмгузор бошанд, масъалаҳои ночизу пучеро аз қабили сатру ҳиҷоб ва риш пеш меоранд.
Худо бубахшад ин гуна мусулмононро. Охир, чаро сатру ҳиҷобро, ки Аллоҳ фарзият амр кардааст, пучу ночиз медонем? Абдуқодир ҳар шоми ҷумъа тариқи радио барномаи «Фазилат»-ро пеш мебараду ба таърифи Қуръони маҷид мепардозад ва ин барнома «Қуръон»-и бо тарҷумаи наву бо кӯмаки Эмомалӣ Раҳмон ба табъ расидаро ба самъи шунавандаҳо мерасонад. Пас, магар ӯ аз тарҷумаи хеле соддаву фаҳмои ин китоби муқаддас чизе набардошта бошад? Ҳангоми мутолиаи ин китоб саҳифаҳои 350 ва 418, сураҳои «Нур» ва «Аҳзоб»-ро истисно карда бошад? Агар на, пас дар сураи «Аҳзоб», ояти 59 Аллоҳ мефармояд, ки «Эй пайғамбар, бигӯ ба занони худ ва духтарони худ ва занони мӯъминон, ки чодарҳои худро ба худ фурӯ гузоранд». Ва ё дар сураи «Нур» дар ояти 31 омадааст, ки «… ва ба занони мӯъмин бигӯ, ки чашми худро бипӯшанд ва шармгоҳи худро нигаҳ доранд ва ороиши худро ошкор накунанд, магар он чи аз он (мавзеъҳо) ошкор аст ва бояд, ки сарандозҳои худро то гиребонҳои худ фурӯ гузоранд ва ороиши худро намоён накунанд…». Ба ин чӣ мегуфта бошад Абдуқодири азизи мо? Ё суханҳои Худовандро пучу беҳуда гуфтани ӯ аз он бошад, ки боре дар сӯҳбати олимони имрӯзаи дини исломи пок набуда ва онҳоро «муллоҳои чалласавод» мегӯяд? Ҳол он ки, бо ҳунари суханварӣ олимони дин он қадар доираи зиёди сомеъонашонро дарёфтаанд, ки ин рӯзноманигор шояд орзу мекунаду халос.
Абдуқодир дар барнома ҳадисе меорад, ки «Илм аз ибодат болотар аст». «Ҳадис»-хони мӯҳтарам! Бадтарин мӯъмин назди Худову расулаш он кас аст, ки аз китоби муқаддаси «Қуръон» ҷойи лозимаро ба худ иқрору он чизро, ки ба табъи хонандаву донандааш «намефорад», инкор мекунад. Ва исломи бузургро ба манфиати он, ки андешаи ботилашро собит сохта тавонад, истифода мебарад. Худованд дар китоби «Қуръон», сураи Бақара, оятҳои 85 ва 86 мегӯяд: «…оё ба порае аз китоб имон меоред ва ба порае кофир мешавед? Пас, ҷазои касе ки аз шумо чунин кунад, ба ҷуз хорӣ дар зиндагонии дунё чист? Ва дар рӯзи қиёмат ба сӯи сахттарин азоб гардонида шаванд (85). Онҳо ҳамон касонанд, ки ба ивази охират зиндагонии дунёро харидаанд, пас азоб аз онҳо сабук карда нашавад ва онҳо ёрӣ дода нашаванд». Абдуқодир бояд ақаллан аз ин гуфтаҳои Худо дар «Қуръон» чизе бифаҳмад.
Дар мавриди он ки олимони динро ӯ «чаласавод» меномад ва худро ҳадисдон, ҳадиси дигареро аз пайғамбарамон Муҳаммад (с) меорам:
«Аз Ҷобир ривоят шуда, ки пайғамбар ду нафар аз шуҳадои Уҳудро якҷо намуда ва ба қабр гузошта ва мефармуд, ки кадоминашон аз «Қуръон» бештар ҳифз доранд, чун ба сӯи яке аз онҳо ишора мешуд, ӯро дар гӯр пештар мениҳод». Яъне олимони имрӯзаи дин ҳар сухане мегӯянд, аз «Қуръон» ҳифз мекунанд. Берун аз фармудаҳои Худованд суханеро куфр медонанд. Аммо қазои рӯзноманигоре, ки тасодуфан лаҷоми суханро дасташ боварӣ кардаанд ва аз минбари симо ва садо, ки муқаддасиятро ҳатман бояд дошта бошад ва оне, ки сухани Аллоҳро «пучу ночиз» медонад ва ба он шак меорад (мисле, ки сатру ҳиҷоб зарур нест) чӣ гуна бошад?

ҲИҶОБА, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рубрики:Uncategorized

Қонун киро ҳақ мебарорад?

Абдураҳмон Каримов, раиси Ҳизби адолатхоҳи манъшуда мегӯяд, ки ба ваъдаҳои президенти ҷумҳурӣ намешавад бовар кард. Вай иброз доштааст: «Дар интихоботҳои қаблӣ ҳам ман кафил ба шаффофият мешавам гуфта буд, аммо нашуд. Ин дафъа ҳам ҳамин тавр мешавад. Аммо президент агар хоҳад, метавонад. Масалан, фармон барорад, ки интихобот шаффофу озод ва демократӣ гузарад ва ин фармонро ба тамоми хонаводаҳои кишвар бепул тақсим кунад».
Роҳбарияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон талош карданд Муҳаммадалии Ҳайит, муовини раис ва шахси саввум дар феҳристи ҳизбро дар парлумон ба ҷойи Муҳаммадшариф Ҳимматзода пешниҳод намоянд. Тибқи қонуни «Интихоботи Маҷлиси Олӣ»-и Тоҷикистон, номзадии Муҳаммадалии Ҳайит дар Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ баррасӣ шуда, дар сурати таъйиди номзад дар ин замина, бояд пешниҳод ба Маҷлиси намояндагон фиристода мешуд. Аммо қабули ин дархостро масъулини Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ рад кардаанд, ки дар натиҷа баррасии масъала аз Суди олӣ то ба Суди конститутсионӣ расидааст. Суди конститутсионӣ масъаларо ба манфиати КМИР ҳал карда, ҳукми Суди олиро бетағйир гузоштааст. Маҳкам Маҳмудов, раиси Суди Қонуни асосии Тоҷикистон бо эълони қарори ин ниҳод афзудааст: «Мурофиа оид ба муайян намудани мутобиқати қарори КМИР бино ба салоҳияти Суди Қонуни асосӣ мансуб набуданаш қатъ карда шуд. Қарор қатъӣ буда, аз рӯйи он шикоят овардан мумкин нест ва аз рӯзи қабулаш эътибор пайдо мекунад».
Иддаоро беасос хонданд…
Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ аз ҳалномаи Суди Қонуни асосӣ интиқод кард ва гуфт, ки ҳизбаш дар чаҳорчӯбаи қонунгузории кишвар барои ба даст овардани ҳуқуқи хеш ва таъмини адолат талош хоҳад кард. ӯ дар поёни мурофиа изҳор кард, ки суд зери назорати ҳокимияти иҷроия ҳукм содир кардааст. Аммо Маҳкам Маҳмудов, раиси Суди конститутсионӣ мегӯяд, ки Додгоҳи олӣ бо такя ба асноди Маҷлиси намояндагон даъвои ҲНИТ-ро рад кардааст.
Маҳмадалӣ Ватанов, намояндаи ваколатдори Маҷлиси намояндагон дар мурофиа, зикр кардааст, ки аслан мувофиқи қонун дар умум, яъне дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагон бояд тафсир дода шавад. Протоколе, ки аз тарафи Кумитаи Маҷлиси намояндагон ба ҲНИТ фиристода шудааст, онро ҳамчун ҳуҷҷати ҳуқуқӣ эътироф кардан душвор аст.
Бисту дуюми апрели соли ҷорӣ дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагони парлумони Тоҷикистон дархости Муҳаммадшариф Ҳимматзода, роҳбари маънавии ҲНИТ ва намояндаи парлумон дар мавриди даст кашиданаш аз ваколати намояндагӣ пазируфта шуда буд. Роҳбарияти ҲНИТ мехостанд ба ҷойи ӯ Муҳаммадалии Ҳайитро ба парлумон ворид кунанд. Аммо масъулини КМИР ба ин далел, ки то интихоботи парлумонӣ чанд моҳе боқӣ мондааст, пазируфтани М. Ҳайитро ба узвияти парлумон рад карданд. Муҳибулло Додоҷонов, раиси дастгоҳи КМИР мегӯяд, ки бар асоси моддаи 57-и қонуни «Интихоботи Маҷлиси Олӣ» дар замони камтар аз як сол то баргузории интихоботи парлумонӣ намояндаи нав ба маҷлиси парлумон интихоб намешавад ва ин муқаррарот ба намояндагони парлумон низ, ки тибқи феҳристи ҳизбӣ интихоб шудаанд, рабт дорад.
Масъулони ҲНИТ дар навбати худ ин иддаоро беасос хонда, гуфтаанд, ки таъкиди ин моддаи қонун ба интихобот дар ҳавзаҳо рабт дорад, на ба интихобот тибқи феҳристи ҳизбӣ. Ба гуфтаи эшон раъйдиҳандагон дар интихоботи парлумонӣ на ба номзади мушаххас, балки ба феҳристи ҳизбӣ раъй додаанд.
Раҳматилло Зойиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократ ва ҳуқуқшинос ин иддаои КМИР-ро рад карда, гуфтааст, ки моддаи 57-и қонуни мазкур танҳо баргузории интихоботи миёндавраӣ ба парлумонро номумкин хондааст. ӯ таъкид кардааст, ки ҲНИТ метавонад бидуни баргузории интихоботи миёндавраӣ нафари навбатӣ дар феҳристро ҷойгузини шахси аз парлумон хориҷшуда кунад.
Суди Қонуни асосии Тоҷикистон ба баҳси миёни ҲНИТ ва КМИР нуқта гузошт. Аммо ҷониби Ҳизби наҳзати исломӣ мегӯянд, ки аз тасмими додгоҳ норозӣ ҳастанд. Вале онҳо иддао доранд, ки дар мавриди ғайримунсифона будани ҳукми суд, бо мавҷудияти имкони қонунӣ барои шикоят ба додгоҳҳои байналмиллалӣ муроҷиат кунанд.
Оё қонун мукаммал нест?
Дар ҷараёни мурофиаи баҳси миёни ҲНИТ ва КМИР, ки рӯзи сешанбе, 8-уми декабр дар Суди конститутсионии Тоҷикистон доир шуд, намояндагони додситонӣ аз номукаммал будани моддаи 57-и қонуни «Интихоботи Маҷлиси Олӣ»-и Тоҷикистон сухан ронданд ва аз намояндагони парлумон дархости тавзеҳи бархе аз бахшҳои ин моддаро карданд.
Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ ҳарчанд шарҳи бахшҳое аз ин модда тавассути намояндагони парлумонро имконпазир хонд, вале бо ақидаи додситонӣ дар бораи номукаммал будани моддаи мазкур мухолиф баромад. М. Кабирӣ бо такя ба ин модда гуфт, ки баргузории интихобот ба хотири як вакил сармояи зиёдеро талаб мекунад. Вай бо ёдоварӣ аз мӯҳтавои ин модда гуфт: «Агар вакили Маҷлиси намояндагон камаш як сол пеш аз интихобот ваколаташ қатъ гардад, интихоботи нави МН ба ҷойи депутати ваколаташ қатъгардида гузаронида намешавад».
Муҳибулло Додоҷонов, раиси дастгоҳи КМИР ворид нашудани номзадии Муҳаммадалии Ҳайитро дар МН мувофиқи қонун арзёбӣ кард. ӯ дар посух ба суоли Муҳиддин Кабирӣ дар рафти мурофиа гуфт: «Ақидаи шумост, ки қонунро ҳамин хел мефаҳмед, лекин ман Қонуни асосиро чӣ хеле ҳаст, ҳамон тавр мефаҳмам. Талаботи банди чоруми Қонуни асосии кишвар ба ҳамаи бандҳои боло дахл дорад».
Дахолати ҳукуматҳои маҳаллӣ
Баҳси Ҳизби наҳзати исломӣ дар ҳоле бо нигаронӣ ба манфиати КМИР анҷом меёбад, ки баъзе намояндаҳои аҳзоби сиёсии кишвар аз нокифоя будани назорати КМИР дар баъзе навоҳӣ изҳори норозигӣ мекунанд. Дар марҳилаи пеш аз интихобот намояндагони аҳзоби сиёсии кишвар кӯшиш ба харҷ дода истодаанд, то шумораи бештари овозҳоро ҷамъ намоянд. Ё ҳадди ақал дар ягон минтақа ҳини гузаронидани ҳавзаҳои интихоботӣ мавқеи намоёнро ишғол кунанд. Дар ҳоли ҳозир омодагӣ ба марҳилаи то интихоботӣ идома дорад. Намояндагони ҳизбҳои фаъол теъдоди интихобкунандагон ва овозҳоро муайян ва ҷамъоварӣ мекунанд. Аммо ба андешаи баъзе аз намояндагони аҳзоби кишвар, дар ин раванд назорати Кумитаи марказии интихобот ва раъйпурсӣ чандон муассир нест. Ба гуфтаи эшон, ин ҳолат боис шудааст, ки дахолати ҳукуматҳои маҳаллӣ дар ин раванд таъсиргузор бошад.
Ба гуфтаи раиси бахши вилоятии Ҳизби сотсиал-демократ дар Бадахшон Алим Шерзамонов, онҳо аз ҷониби роҳбари дастгоҳи раиси вилоят талаб намудани рӯйхати аъзои ҳизб, ба мақсади шомил гардиданашон ба рӯйхати комиссияҳои ҳавзавиро нишонаи дахолат ба интихобот мешуморанд. Ба эътимоди Шерзамонов, ин масъулият бояд бар дӯши КМИР бошад.
Аммо дар ҳамин ҳол роҳбари дастгоҳи раиси вилоят Хушқадам Давлатқадамов дар посух ба ин иддао гуфтааст, ки вай ба мақсади таъмини шаффофият дар интихобот танҳо фикрашро дар мавриди усули таъсиси комиссияҳои ҳавзавӣ изҳор доштааст. Вале аҳзоб мавқеашро нодуруст фаҳмида, ӯро ба дахолат муттаҳам кардаанд. Ба андешаи Х. Давлатқадамов, рӯйхати намояндагони аҳзоб бояд аз ҷониби садорати марказии онҳо пешниҳод шавад, лекин одатан таъхир дар пешниҳоди рӯйхат боис мешавад, ки аз боло ба мақомот муроҷеъ мешаванд.
Ин дар ҳолест, ки дар ҷаласаи садорати бахши вилоятии Ҳизби наҳзати исломӣ, ки мавқеи ҳизб дар ростои интихоботи парлумонии оянда мавриди баррасӣ қарор дода шуд, адами фаъолияти Комиссия дар маҳалҳо дар пешорӯйи интихоботи оянда зикр гардид. Ба ин далел, ки ҳини интихоботи қарибулвуқӯи парлумонӣ дар фаъолияти КМИР вазъи номуайянӣ ба вуҷуд омадааст. Зеро аз ҷониби эшон дар ноҳияи Ишкошим рӯйхати аъзои ҳизбро, ки бояд ба комиссияи ҳавзавӣ шомил шаванд, тартиб додаанд, аммо ба кӣ пешниҳод карданро намедонанд. Ба андешаи Шодмонбек Ҷонибеков, анъанаи аз ҷониби шӯъбаҳои ташкилии мақомот назорат кардани интихобот ҳанӯз ношикаста боқӣ мемонад ва дар ҷараёни омодагӣ ба интихоботи парлумонии оянда низ дахолати мақомот дар кори аҳзоб мушоҳида мешавад.
Узви КМИР Шодмонбек Юсуфбеков гуфтааст, ки онҳо ҳуқуқи баррасии аснодро надоранд. Зеро интихоботи нав 75 рӯз қабл аз поён ёфтани мӯҳлати вакилони Парлумон эълом мешавад ва дар асоси он комиссияҳои нави интихоботӣ таъсис мегарданд.
Аммо дар ҳамин ҳол, ба гуфти Мирзоалӣ Болтуев, раиси Комиссияи марказии интихоботи Тоҷикистон, баргузории интихобот бидуни мусоидати ҳукуматҳои маҳаллӣ имкон надорад ва ин даъво, ки онҳо ба кори ҳавзаҳои интихоботӣ таъсир мерасонанд, аслан дуруст нест. ӯ мегӯяд: «Ин корҳо ҷавобгарӣ дорад. Кӣ ҳақ дорад, ки ҳиссаи каси дигарро зиёд нависад? Агар ин хел бошад, интихобот чӣ даркор? Менависему бароварда медиҳем!».
Намояндагони аҳзоб чунин андеша доранд, ки ба таври доимӣ фаъолият накардани комиссияҳои интихоботӣ дар маҳалҳо боиси маҳдуд кардани талошҳои пешазинтихоботӣ дар доираи 75 рӯз мегардад ва дар шароити кӯҳистон мӯҳлати нокофӣ мебошад. Ба эътимоди бархе аз намояндагони аҳзоб, чун шаффоф гузаштани интихоботи имсоларо президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон кафолат додааст, бояд комиссияи интихоботӣ дар маҳалҳо ба таври доимӣ фаъолият кунад.
Эътимод ба шаффофияти интихобот
Намояндагони аҳзоби сиёсии кишвар дар бораи изҳороти Президент Эмомалӣ Раҳмон, ки шаффоф ва ба таври демократӣ гузаштани интихоботи парлумонии соли 2010-ро кафолат додааст, назари гуногун доранд.
Раҳматилло Зойиров, раиси ҲСДТ ин изҳоротро зери суол қарор дода, гуфтааст, дар ҳоле ки президенти ҷумҳурӣ сарвари Ҳизби халқӣ -демократист, пас наметавонад баробарҳуқуқии тамоми аҳзобро таъмин кунад. ӯ мегӯяд, ки Эмомалӣ Раҳмон танҳо президенти як ҳизб нест ва тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, президенти ҳамаи тоҷикон ва дигар аҳзоб низ ҳаст.
Вале Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ ба гуфтаҳои президент эътимод дорад, аммо аз зердастони ӯ ва масъулини сатҳи поёнӣ чандон бовар надорад. Вай мегӯяд, ки Тоҷикистон имрӯз дар минтақаву ҷаҳон танҳо мондааст ва ӯ ба ҳарфҳои президенти ҷумҳурӣ эътимод дорад. М. Кабирӣ афзуд: «Қаблан мегуфтам, ки ба интихоботи шаффоф умед дорам, вале баъд аз сӯҳбате, ки дар Шӯрои ҷамъиятӣ шуд, умеди ман ба бовар табдил ёфт, ки воқеан раҳбарияти олии кишвар мехоҳад интихобот ба таври демократӣ гузарад. Аммо бовари ман фақат дар сатҳи боло мемонад, ба сатҳи поён намерасад. Чун бовар надорам, ки дар сатҳи поён ин ваъдаи президентро анҷом медиҳанд».
Абдураҳмон Каримов, раиси Ҳизби адолатхоҳи манъшуда мегӯяд, ки ба ваъдаҳои президенти ҷумҳурӣ намешавад бовар кард. Вай иброз доштааст: «Дар интихоботҳои қаблӣ ҳам ман кафил ба шаффофият мешавам гуфта буд, аммо нашуд. Ин дафъа ҳам ҳамин тавр мешавад. Аммо президент агар хоҳад, метавонад. Масалан, фармон барорад, ки интихобот шаффофу озод ва демократӣ гузарад ва ин фармонро ба тамоми хонаводаҳои кишвар бепул тақсим кунад».
Абдуғанӣ Мамадазимов, раиси Анҷумани сиёсатшиносони Тоҷикистон мегӯяд, ки бо ислоҳу тағйир ворид кардан ба Қонуни интихобот намешавад ба шаффофу демократӣ гузаштани он эътимод кард ва калиди ислоҳи вазъ танҳо дар сатҳҳои поёнии ҳукумат аст. — Қадами дигар ин роҳ надодан ба тақаллубкорист,- мегӯяд ӯ. Ба андешаи ин коршинос, агар чунин принсип риоя шавад, пас интихобот шаффофу озод ва демократӣ мегузарад.

Исфандиёр ХАЛИЛОВ

Рубрики:Uncategorized

Раҳматилло ЗОЙИРОВ: «То интихобот моро худи Ҳукумат муаррифӣ мекунад»

— Мӯҳтарам Раҳматилло Зойиров, биёед сӯҳбатамонро аз суоли ғайриоддие оғоз менамоем! Агар Шумо, фарз кардем вазир мебудед, ба кадом ҳизб овоз медодед ва агар аъзои ягон ҳизб намебудед, ба ҷонибдории кадом ҳизб овоз медодед ва барои чӣ?

— Сараввал, то имрӯз ҳатто вазир ҳам мешудам, ғайриҳизбӣ будани ман ғайриимкон мебуд, зеро инсони бемавқеъ ва беташаббус буда наметавонам. Яъне, вақте инсони фаъолу мавқеи шаҳрвандӣ дошта, ки доимо навобаста аз илму тахассусу вазифааш шахси сиёсӣ мебошад, бе ҳизб буда наметавонад.
Сониян, агар ягон ҳизби дар ҷомеа вуҷуддошта ба мавқею ҷаҳонбинии ин ё он шахс мутобиқ набошад, он шахс бояд якҷоя бо ҳамфикронаш ҳизби навро ташкил намояд. Дар фаъолияти ман ҳамин тавр ҳам шуд. Ман дар якҷоягӣ бо як гурӯҳи ҳамфикрон соли 1998 Ҳизби сотсиал-демократро ташкил намудам. Аз ин хулоса, агар ман ҳатто вазир ҳам мешудам, узви ҳизби ба мавқеи худ мутобиқ мебудам.
Сеюм, агар узвияти ман дар ҳизб ба қонун мутобиқ набошад, ё ки манфиатҳои хизматӣ, давлатдорӣ беҳизбӣ будани маро талаб намояд, ман узвияти худро қатъ накарда, аз рӯи қонун боз медоштам. Дар ҳамон вақт ҳам ҳамчун шаҳрванд дар интихобот ба ҳизби ба мавқеи худ мутобиқ овоз медодам. Ин вазифаи шаҳрвандист. Барои ман ин мафкураи демократияи иҷтимоӣ ва таҷассумкунандаи ин мафкура Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон мебошад!
Чорум ва хулосаи умумӣ. Вазифаи вазир ин вазифаи касбӣ нест. Ҳатто ин вазифиаи маъмурӣ нест. Ин вазифаи сиёсист, яъне вазир бояд стратег бошад, биниши сиёсӣ, идоравӣ ва лаёқати масъалагузорӣ дошта бошад. Ҳатмӣ нест, ки вазир аъзои ҳизб бошад. Аммо вазире, ки мавқеи шаҳрвандӣ надорад, яъне мафкураи мушаххас надорад, ҳуқуқи ишғол кардани ин вазифаро надорад.
— Дар яке аз изҳоротатон қайд намуда будед, ки ҳизбҳои сиёсӣ «намурдаанд» ва дар мухолифат қарор доранд. Шумо мухолифати ҳизбҳои сиёсиро дар чӣ мебинед? Магар дар гузаронидани нишастҳои матбуотию изҳорот пахш намудан? Агар воқеан ҳизбҳои сиёсӣ дар мухолифат қарор дошта бошанд, чаро ба ҳаёти иҷтимоию иқтисодии мардум таъсир расонда наметавонанд?
— Бояд қайд намоям, ки «намурдан» ё ки дар мухолифат қарор доштан ин мазмуни ҷанги ашадӣ ё силоҳбадаст буданро надорад. Мухолифат дар ҷомеаи бофарҳанг ин мухолифати мафкуравӣ, нотарс будан ва истодагарӣ дар исбот ва ҳифзи ин мафкура, талаби шаффофият ва назорат аз болои амалигардонии ҳокимияти давлатӣ, розӣ нашудан бо усулу воситаҳои идора дар давлатдорӣ ва ғайра мебошад.
Ҳизби сиёсии мухолиф ба ҳаёти иҷтимоию иқтисодии мардум бевосита бо мазмуни моддию молиявӣ таъсир расонида наметавонад, зеро ин ҳизб дар ҳокимият қарор надорад. Агар ҳизби сиёсии мухолиф, ки моҳиятан созмони ғайритиҷоратӣ мебошад, вақте ки ӯ аз буҷаи давлат дастгирӣ намеёбад, аз хориҷа ё шаҳрвандони хориҷӣ, созмонҳои байналмилалӣ ба ин ҳизб маблағгузорӣ кардан манъ мебошад, барои соҳибкорон ширкат варзидан дар фаъолияти ин ҳизб ғайриимкон аст (аз рӯи муҳити сиёсӣ), хусусан дар фаъолияти Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, дар ин ҳолат агар ҳизби сиёсии мухолиф ба ҳаёти иҷтимоию иқтисодии мардум бевосита бо мазмуни моддию молиявӣ таъсир расонад, маълум мешавад, ки ин ҳизб бо фаъолияти ғайриқонунӣ, агар нагӯем, ки бо муносибатҳои коррупсионӣ дохил шудааст, яъне бо ҷинояту фасод машғул мебошад.
Аз ҳама муҳимаш дар он аст, ки аз рӯи қонун вазифаи асосии ҳизби сиёсӣ ин ташаккул додани иродаи сиёсии мардум мебошад. Ин сараввал дар асоси фаъолияти таҳлилию мафкуравӣ, рақобати сиёсӣ имконпазир аст. Барои ин дар ҷомеа се омили асосӣ лозим аст: а) муҳити демократияи сиёсӣ; б) дарки таъиноти иҷтимоии ҳизбҳои сиёсӣ ва рақобат байни онҳо; в) таъмини баробарии онҳо ва дастгирии плюрализми сиёсӣ ва идеологӣ аз ҷониби давлат. Дар ин вақт аз ҳизбҳо чорум омил ва омили асосӣ барои пешрафти ҷомеаи шаҳрвандӣ талаб карда мешавад. Ин баланд бардоштани таҳаммулпазирӣ ва фарҳанги сиёсию ҳуқуқии мардум аст. Ислоҳоти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, ташкилӣ ва ғайра — ин масъалаҳои сиёсист. Аз ин ҷо, дар асоси рақобати таҳлилию мафкуравӣ ҳизбҳои сиёсӣ таъиноти иҷтимоӣ ва вазифаи асосии худ — ташаккул додани иродаи сиёсии мардумро амалӣ мегардонанд.
Имрӯз Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон барои дар роҳи дуруст қадами устувор гузоштани Тоҷикистони муосир, ки роҳи вазнин ва пурмашаққат мебошад (аммо сабуктар ва самараноктар аз роҳи бетаҳлилу кӯр-кӯрона!), мубориза бурда истодааст.
— Чанде қабл тавассути ВАО ба Президенти мамлакат, Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, КМИР муроҷиат намудед. Оё барои амалӣ гардидани пешниҳодҳоятон ягон эътимод доред? Агар боварӣ надошта бошед, чӣ водор намуд, ки муроҷиат намоед?
— Агар иродаи сиёсии ҳокимияти давлатӣ ба манфиати ҷомеаю давлатдорӣ вуҷуд медошт, амалӣ гаштани пешниҳодҳои мо ин зарби ду ба ду мебуд. Аммо иродаи сиёсӣ бар зидди на танҳо пешниҳодҳои мост, балки бар зидди таъиноти иҷтимоии ҳокимияти давлатӣ. Зеро ҳокимияти имрӯзаи Тоҷикистон манфиатҳои худро, ки аз манфиатҳои ҷомеаю давлат ва халқ фарқкунанда мебошад, ба манфиатҳои охирин мутобиқ кардан намехоҳад. Дар ин ҳолат, барои Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон ва шахсан ман, манфиатҳои умумии ҷомеаю мардумро ифода намудан, аз эътимод доштан ё надоштани мо ба амалӣ гардидани пешниҳодҳо муҳимтар мебошад. Хирадманде гуфтааст: «Ту вазифаи худро иҷро намо, ҳамон вақт эҳсос мешавад, ки чӣ арзиш дорӣ». Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон доимо дар иҷрои вазифаи худ мебошад ва дар мавқеи худ истодагарӣ мекунад. Ман боварии комил дорам, ки мардуми Тоҷикистон ба рӯзи эҳсоси арзиши мавқеъ ва ҷонибдории ҳизби мо рӯз ба рӯз наздиктар мегардад.
— Дар бораи иштирок ва суханрониатон дар Конфронси варшавагӣ, ки аз 28-уми сентябр ва 8-уми октябри соли 2009 доир гардид, сарусадо зиёд аст. Гӯё Шумо бо суханрониатон имиҷи Тоҷикистонро паст зада бошед. Воқеан, дар Конфронси варшавагӣ оид ба кадом масъалаҳо нуқтаи назари хешро иброз намудед ва сабаби чунин хӯрдагирӣ чист?
— Дар рӯзи 28-уми сентябри соли ҷорӣ оид ба чигуна фаҳмидан ва таъмин намудани волоияти қонун ва шаффофияти қонунгузорӣ дар минтақаи САҲА, хусусан дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазифаҳои дар пешистодаи САҲА дар Осиёи Марказӣ, зарурияти таҳия ва қабули Оинномаи САҲА сухан рондам. Рӯзи 8-уми октябри соли 2009 бошад, мавзӯи ҷаласаи пленарии конфронс интихобот буд. Аз ин рӯ, ман дар бораи мушкилиҳои интихобот дар кишвар, ғайриконститутсионӣ мавқегирӣ намудани ҲХДТ, ки ба моддаи 64-и Конститутсияи ҶТ мутобиқат намекунад, сухан рондам ва аз САҲА ва нозирони ӯ дар интихобот талаб намудам, ки дар даври интихобот баҳри риояи қонунгузорӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ оид ба интихобот, ки аз ҷониби Тоҷикистон эътироф гардидааст, назорати ҷиддӣ баранд. Моҳияти асосии ин суханронии ман дар муроҷиат ва пешниҳодҳои Шӯрои сиёсии ҲСДТ аз 5-уми ноябр инъикос ёфта, дар чанд рӯзнома ба чоп расонида шуд.
Сабаби асосии пайдо шудани сарусадо оид ба суханронии ман дар он аст, ки ҲХДТ манфиатҳои худро аз волоияти қонун ва манфиатҳои миллӣ, асосҳои давлатдорӣ ва тақсимоти ҳокимият, ки моҳияти демократӣ будани давлатро тақозо менамояд, волотар мегузорад. Ин чиз бараъло аз рӯи хулосаи Ҳукумат оид ба тағйироту илова, хусусан оид ба ризо нашудани Ҳукумат барои ворид намудани намояндаҳои ҳизбҳои сиёсӣ ба комиссияҳои участкавӣ, такя кардани он ба гарави интихоботӣ, ки барои аҳли зиёӣ ва мардуми ғайридузду ғоратгар монеаи ҷиддӣ барои иштирок дар интихоботи Маҷлиси намояндагон мебошад ва ғайра дида мешавад. Ҳокимияти имрӯза ва ҲХДТ ҳамин тавр барои мардуми ҳалолу ростгӯю бовиҷдон, ки дар шароити имрӯзаи Тоҷикистон хоҳад нахоҳад камбизоату нодор мебошад, роҳи қонунии интихоб шуданро паси сар мекунад.
— Дар нишасти матбуотие дар бораи ҷашнгирии 85-солагии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон изҳори ақида намудед. Чӣ шуморо водор намуд, ки чунин масъаларо ба миён гузоред?
— Ин масъалаҳо, хусусан эътирофи номустақил будани ВМКБ, вилояту шаҳру ноҳияҳо, зарурияти ислоҳоти ҳудудию маъмурии Тоҷикистон на танҳо барои интихобот, балки дар умум барои рушди Тоҷикистон ва таъмини ояндаи кишвари мо тақдирсоз мебошад. Ин масъалаҳо аллакай дар соли 2007 дар Барномаи сиёсии ҲСДТ ҷой гирифтааст. Имрӯз дар арафаи 85-солагии ВМКБ танҳо ин масъалаҳо мушаххас номгузорӣ карда шудаанд.
— Соли 2005 дар арафаи интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ бар зидди ҲСДТ мақолаҳо дар рӯзномаҳои марказӣ ба табъ расида, баъдтар дар рӯзномаҳои ноҳиявӣ айнан нашр шуданд. Сабаби инро дар чӣ мебинед? Оё имкони такрор шудани чунин ҳолатро интизор ҳастед?
— Ин на танҳо соли 2005 буд. Ҳолати имрӯза аз он давра фарқ надорад. Ҳатто чанд вақт қабл дар як мусоҳиба барои рӯзномаи «Озодагон» ман пешгӯӣ ва таъкид карда будам, ки «то интихобот моро худи ҳукумат муаррифӣ мекунад». Имрӯз ҲХДТ ва Ҳукумати ҷумҳурӣ ва маҳаллӣ аз ҳизби Сотсиал-демократ ҳарос доранд, на ин ки ҳамчун аз ҳизби мухолифи ашадӣ, балки аз ҳизби ҳақиқатгӯю адолатпеша.
— Моҳи феврали соли 2010 интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ доир мегардад. Боварӣ доред, ки ҲСДТ дар парлумон ҷой мегирад?
— Аз рӯи шумораи ҷонибдорони худ, яъне овозҳои реалӣ, ҲСДТ танҳо аз рӯйи рӯйхати ҳизбӣ имрӯз каму кам сазовори 3 ҷойи вакили Маҷлиси намояндагон мебошад. Аммо беғаразӣ ва адолат аз моҳияти ҳокимияти давлатии Тоҷикистон дур хобидааст ва дар асоси яккатозӣ ин ҳокимиятро ҷилавгирӣ карда наметавонанд. Хусусан дар ҳолате, ки назорат аз болои ҳам фаъолият, ҳам салоҳияти комиссияҳои интихоботӣ, хусусан комиссияҳои ҳавзавӣ ва участкавӣ, ки тақдири интихоботро ҳал мекунанд, дар ихтиёри ҳокимияти маҳаллии Тоҷикистон мебошад. Ин мазмуни онро надорад, ки ман боварӣ надорам ба имкониятҳои ҲСДТ (мо дар парламент ҷой мегирем!), ман боварӣ надорам ба беғаразӣ ва амали одилонаи ҳукумати марказӣ ва маҳаллии Тоҷикистон.
— Рӯзи чоруми ноябри соли равон вохӯрии навбатии Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони аҳзоби сиёсӣ ва дигар созмонҳои сиёсии кишвар шуда гузашт. Шумо ҳамчун раиси ҳизби сиёсӣ дар он вохӯрӣ ҳузур надоштед. Маълум гардид, ки сабаби ширкат наварзиданатон аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ набуданатон аст. Пас чӣ пеш омада, ки дар ин Шӯро аъзо нестед? Дигар, ҳамчун сиёсатшинос ва ҳуқуқшинос ҷараёни баргузории он вохӯриро чӣ гуна баҳо медиҳед?
— Сараввал бояд қайд кунам, ки панҷ рӯз қабл дар Шӯрои ҷамъиятие, ки дар мавзӯи «Ҳизбҳои сиёсӣ ва интихоботи парлумон» ҷаласа гузаронда шуд, аксарияти раисони ҳизбҳои сиёсӣ иштирок надоштанд, аммо ман ширкат кардаму чандин бор баромад доштам. Дар ин Шӯрои ҷамъиятӣ Президенти кишвар иштирок надошт.
Дуюм, дар давоми чор соли охир ман панҷ бор расман талаб доштам, ки Президенти кишвар бо раисони ҳизбҳои сиёсӣ вохӯрӣ гузаронад.
Сеюм, ҲСДТ барои он аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ нест, ки аз соли 1996 ман шахсан дар бастани шартномаи ризоияти ҷамъиятӣ, баъдан дар таҳия ва қабули Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ (солҳои 1996, 1999, 2002) бевосита иштирок доштам, аммо дар давоми ин солҳо Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ ягон бор дуруст риоя ва татбиқ нашудааст. Созмонҳои ҲСДТ дар ноҳия ва вилоятҳо аъзои Шӯрои ҷамъиятии мутобиқ мебошад. Аммо нисбати Шӯрои ҷамъиятии ҷумҳуриявӣ талаби ҲСДТ аз он иборат буд, ки агар Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ риоя намешуда бошад, мо аъзо намешавем. Низомнома риоя шавад, мо ворид мешавем. Аммо, то имрӯз риоя нашудааст.
Чорум, аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ будан ё набудан, ё меъёрҳои Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ аз моддаи 64-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мақоми асосии Президенти кишварро дар ҷомеаю давлат муқаррар мекунад, волоият надорад.
Панҷум, дар давоми 2 ва 3-юми декабри соли 2009 ман бо Дастгоҳи Президент, Шӯрои ҷамъиятӣ ва САҲА (охирон ҷаласаҳои Шӯроро маблағгузорӣ менамояд) ба воситаи телефон мулоқот доштам ва ҷавоби мушаххас ва ҳатто даъвати шифоҳӣ нагирифтам. Маълум гашт, ки иштироки ман дар вохӯрӣ аз онҳо вобаста нест. Ин мазмуни онро дошт, ки изҳороти Президент оид ба гарав буданаш барои баргузор гардидани интихоботи шаффоф ва демократӣ аллакай шикаст хӯрд.
Шашум, ҷараёни баргузории ин вохӯрӣ нишон медиҳад, ки Шӯрои ҷамъиятӣ хоҳиш надоранд оид ба масъалаҳои интихобот ва дигар проблемаҳои мубрами ҷомеаю давлат мубоҳиса ва саволу ҷавоби мушаххас байни Президенти кишвару раисони ҳизбҳои сиёсӣ ба миён ояд. Барои мубоҳиса ташаббускор лозим буд, аммо ташаббускорро ба вохӯрӣ даъват накарданд. Хулосааш ба хонанда ҳавола карда мешавад.

Мусоҳиб Фарангиси МУЗАФФАР, БМСТЖ

Консерти Севинчу Афшин: Аз «Пули Сирот» то Кохи Борбад!

13 декабря, 2009 1 комментарий

Бегоҳии рӯзи шанбе. Кохи Борбад. Пас аз пахши эълону рекламаҳо тариқи расонаҳо ва овехтани овезаҳо дар хиёбонҳои пойтахт мардуми зиёде сӯи ин маҷмааи бузурги фарҳангӣ мешитофтанд, то дар барномаи муштараки мусиқии Афшин — сарояндаи маъруфи эронитабори Амрико, Севинч -овозхони саршиноси ӯзбекистон ва Фирӯза Ҳафизова — ҳофизи ҷавону варзидаи Тоҷикистон ширкат кунанд. Бинои Кохи Борбадро мухлисони ин се ҳунарманд печонида гирифта буданд. Банда ҳам бо мақсади ширкат дар ин консерт ва навиштани гузориш аз ҷараёни баргузории ин барномаи густурдаи мусиқӣ ҷониби Кохи Борбад шитофтам. Баробари расидан ба назди бинои мазкур манзараи аҷоиберо дидам. Аз назди дари даромадгоҳ рост ба тарафи пеш ва сипас каҷгардон ба тарафи чап панҷараҳои оҳанин барчидаанд. Дар саршавии роҳрави панҷарапеч марди сабзинае бо риши кӯтоҳ ва нимтанаи сиёҳ меистоду якояк чиптаҳои мардуми ба дохил воридшавандаро тафтиш мекард. Он мард бо садои дағалу баланд баҳудаву беҳуда «билети шумо апа, билети шумо ака» гуён ба одамон муроҷиат мекард. Ба ҳар нафари аз роҳрав гузаранда бад — бад менигарист. Шояд бо ин рафтор сахгиру росткор будани худро нишон додан мехост. Аз аввали роҳрави панҷарадор то даромадгоҳи бино боз чанд тан аз шахсони масъул ва кормандони ҳифзи ҳуқуқ мардумро зери назорат қарор медоданд. Азоби нафарони ба бино воридшавандаро дида, роҳрави панҷарапечи танг дар назарам «Пули Сирот» намуд.

Масъул ба ваъдааш вафо накард

Дар назди бинои Кохи Борбад чанд тан аз ҳамкорони собиқам аз радиои бурунмарзии Тоҷикистонро вохӯрдам. Эшон гуфтанд, ки бо ҳамон шаҳодатномаи хабарнигорӣ мешавад вориди толор гардид ва ҳам ба дохил даромаданд. Чун қаблан ман ҳам ба ҳамин тарз дар чанде аз барномаҳои мусиқӣ ширкат карда будам, бинобар ин, наздики роҳрави панҷарапеч шудам. Шаҳодатномаамро нишон дода гуфтам, ки хабарнигорам ва танҳо бо мақсади омода кардани гузориш аз ҷараёни барномаи мусиқии мазкур вориди толор шуданиям. Аммо ҳамон марди ришдори сиёҳпӯш (агар хато накунам, кормандони ҳифзи ҳуқуқ ӯро Неъмат ном мебурданд) гуфт: «Агар номат дар рӯйхат бошад, медароӣ». Ҳайрон шудам, ки кадом рӯйхатро дар назар дошта бошад. Дар дасташ чанд рӯйхат буд ва онро аз назар гузаронида, иброз намуд: «Дар рӯйхат номат нест, барои даромадан иҷозат нест!». Гуфтам: «Охир, ҳамин ҳозир ҳамкорони ман даромаданд, пас чаро ман ҳам дар қатори онҳо наметавонам вориди толор шавам?». Тӯтивор такрор кард: «Гуфтам-ку, номат дар рӯйхат нест!». Пурсидам: «Рӯйхатро кӣ тартиб додаву масъули он аст?». Гуфт: «Апаи Марҳабо медонад». Пеш аз ман хонуми рӯзноманигори дигаре, ки номаш дар рӯйхати дасти марди сиёҳпӯш буд, хоҳиши даромадан мекард. Аммо он мард бо баҳонаи он, ки писари тақрибан 11-солааш ҳамроҳаш буд, монеи роҳи ӯ мешуд ва ба пурсишҳои рӯзноманигор низ ҳамон ҷавобро медод: «Агар апаи Марҳабо худаш хоҳиш кунад!». Хонуми рӯзноманигор пас аз чанд бори тамосгириҳо тавассути телефон муваффақ шудааст, ки ба бино дарояд.
Тақрибан 10 дақиқа нагузашта, хонуми ҷавону зебое наздики он нозири якрав шуда, мисли ман шаҳодатномаи рӯзноманигорияшро нишон дод, аммо маълум шуд, ки номи ӯ низ дар рӯйхат набудааст ва ӯ ҳам дар берун монд. Назди ман омада пурсид: «Ту ҳам хабарнигор ҳастӣ?». Гуфтам: «Бале». Гуфт: «Ман корманди телевезион ҳастам. Номам Шоира. Маро даромадан намонданд». Ҳарду ба як корманди ҳифзи ҳуқуқ, ки фармонфармоӣ мекард, муроҷиат намудем, то ба шахси масъули сиёҳпӯш бифаҳмонад, ки мо на барои тамошои консерт, балки барои омода кардани гузориш омадаем, аммо бенатиҷа. Чанд нафар аз ҳамкасбонамон кӯшиш карданд, то ба мо кӯмак расонанд, вале боз ҳам натиҷае нест. Сипас, шахси масъули ришдори сиёҳпӯш ба мо гуфт, ки каме мунтазир бошем, ҳама ба толор ворид шаванду мардум дар беруни бино кам монад, баъд моро иҷозаи вуруд медиҳад. Мунтазир шудем. Мардум кам шудан гирифт. Шом наздик шуд. Масъули якрав ба ваъдааш вафо накард. Баҳона мекард, ки ҳаққи иҷозат доданро ба мо надорад…
Чиптаҳои қалбакӣ ва росткории қалбакии нозирон
Ҳарчанд вақти зиёди ман сарфи мунтазирии вуруди толор шуд, аммо дигар аслан таваҷҷӯҳи бештаре ба он барномаи мусиқӣ надоштам, зеро тӯли ин муддат ман шоҳиди воқеаҳои аҷибтаре гардида. Қабл аз ҳама диққати маро бетарафӣ ва бемасъулиятии кормандони ҳифзи ҳуқуқ ба худ ҷалб кард. Мавриди аввал ин буд, ки нафарони зиёде бо чиптаҳои қалбакӣ мехостанд вориди бино шаванд ва ба мақсадашон нарасиданд. Сирри эшон ба зудӣ фош шуд. Минҷумла, як духтаре чиптаи қалбакиро нишон дода, даромадан хост, аммо нозирон ба ӯ иҷозаи вуруд надоданд. Яке аз кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва он масъули сиёҳпӯш аз духтар пурсон шуданд: «Чиптаро аз куҷо харидӣ?». Духтар канори биноро аз ҷониби Кӯли ҷавонон ишора карда, гуфт: «Дар он ҷо, аз як ҷавони либоси рах -рахдор харидам». Масъули ришдори сиёҳпӯш ва корманди ҳифзи ҳуқуқ қоҳ — қоҳзанон хандида, гуфтанд: «Ана акнун назди ҳамон ҷавон рафта, чиптаи қалбакияшро баргардонда, пулатро гир!». Аҷоибаш ин буд, ки чаро кормандони ҳифзи ҳуқуқ худашон ба ҷустуҷӯи он ҷавони чиптаи қалбакифурӯш нарафтанд, то ӯро дастгир карда, ҷазои сазовораш диҳанд ва ба ин васила пеши роҳи қонуншиканиро бигиранд? Ё магар вазифаи эшон танҳо рост истодану беҳаракат назора кардани ҳаводис асту бас? Шахси масъули сиёҳпӯш бошад, ҳамоно худро росткору сахтгир нишон медоду чиптаҳоро сахт тафтиш мекард. Аммо пас аз он, ки шом фаро расиду сапедии рӯз шикаст, росткории шахси масъул низ шикаста шуд. Дар бари ӯ ҷавони лоғарандоме, ки нимтанаи хокиранг ба бар дошт, меистоду ӯ низ худро «шахси масъул» муаррифӣ мекард. Акнун ин «ду шахси масъул» бо маслиҳату гӯшакии ҳамдигар даста -даста хонумҳоро бе чипта ва бе сабти номашон дар ягон рӯйхат вориди толор мекарданд. Баъдан як марди солхӯрдаи лоғарандоми дигар, ки низ худро аз масъулини барномаи мусиқии мазкур ном мебурд, амр кард, то боз якчанд хонумро иҷозаи вуруд диҳанд. Ин ҳолро дида, ману Шоира вокуниш дардодем ва аз масъули ришдори сиёҳпӯш сабаб пурсон шудем. ӯ дигар тӯтивор такрор намекард, ки «полнамочий надорум, наметонум». Акнун булбулакаш бо лаҳни дигар мехонд. Табассуми хунуке карда, «ин хонумҳо бо амри мусассисони барномаи мусиқӣ даромаданд» мегуфт. Қиёфааш акнун ҷиддӣ набуд, балки дурӯягияш маълумамон шуда буд.
Лаҳзаи шубҳаовари дигар чунин ба назар мерасид, ки шахсони масъул ва кормандони ҳифзи ҳуқуқ бо фаро расидани торикии шомгоҳон акнун худро хаста вонамуд карда, ба гунае намехостанд мардум чиптаҳоро харидорӣ кунанд. Масалан, ду ҷуфти ҷавон зуд — зуд қадам монда, ҷониби касса равон буданд. Шахси масъули сиёҳпӯш бо қаҳр ба онҳо муроҷиат кард: «Ҳой, ба куҷо меравед!?». Онҳо гуфтанд: «Ба консерт». Шахси масъул гуфт: «Онҷо консерт нест!». Онҳо гуфтанд: «Чиптахарӣ меравем». Шахси масъул ва ду тан аз кормандони ҳифзи ҳуқуқ ба сӯи мо нигоҳ карда, гуфтанд: «Шумо ҳоло ҳам ҳаминҷоед? Метавонед равед!». Шояд будани мо ба онҳо барои анҷоми ҳадафҳои дигарашон халал мерасонд. Ман бошам, барои он ки бубинам, то аз ин ба баъд масъулин чи гуна рафтор мекарда бошанд, баҳонае пеш оварда, гуфтам: «Диктофони ҳамкорам дар дасти ман асту ӯ дар дохил, бояд лаҳзаҳои консерт ва назари мухлисонро сабт кунад. Хоҳиш мекунам, ки маро барои ақаллан даҳ дақиқа иҷозаи вуруд диҳед. Ман дар толор ҷойи нишастро банд намекунам-ку!». Албатта ин баҳонаи бардурӯғи ман буд, вале рафти ҳодисаҳо диққатамро бештар ба худ ҷалб карда буданд ва тавре зикр кардам, мехостам давоми «кинокомедия»-ро бубинам. Зане дар назди мо пайдо шуд, гапи маро тақвият дода, ба шахси сиёҳпӯши масъул гуфт: «Рост мегӯяд! Шумо бояд монеи роҳи пресса нашавед! Бигзор дохили толор шавад. Аммо он марди ришдори сиёҳпӯш боз ҳам рад карда гуфт: «Толор пур аз одам асту ҳатто ҷойи рост истодан ҳам нест». Сипас Шоира ба он шахси масъули сиёҳпӯш гуфт: «Аз ту дида шахси якраву карахтро надидам! Наход, ки гурӯҳ — гурӯҳ хонумҳоро бе чипта иҷозаи вуруд диҳиву намояндагони расонаҳои давлатиро монеъ шавӣ!». Он марди ришдори сиёҳпӯш бо ифтихор, ки шояд худро қавиирода фикр мекард, гуфт: «Оҳо! Ту ҳоло маро намедонӣ, ки чӣ қадар дар кори худ устувору ростқавлам!». Шоира гуфт: «Росткории туро аллакай дидам, вақте хонумҳои зиёдеро бе чипта иҷозаи даромадан додӣ!». Он мард хандаи хунуке кард ва аз ҷайбаш корти шиносоиро бароварда, ба сӯи Шоира дароз карду гуфт: «Инро гир! Ту ягон рӯз ба Диёр (шояд номи ягон ширкат ё коргоҳ бошад) биё, ана он ҷо чигунагии маро мебинӣ!». Шоира он кортро аз дасти сиёҳпӯш нагирифту ҷавоб дод: «Ин карточкаи ту ба ман асло лозим нест ва ман ба ягон ҷо намеравам!». Ин амали воқеан сарбаландонаву баномусонаи хабарнигор ба шахси масъули сиёҳпӯш маъқул нашуд. ӯ худро таҳқиршуда ҳис карда, табъаш хира шуд. Қаҳраш омада, ба қавли ҷавонон «сар — параш вайрон шуд». Ба ҳоли ӯ хандаам омад. Ба худ гуфтам: «Бечора, ҳарчанд ба сари одамон дӯғу пӯписа мекунад, вале боз ҳам хори сари девор боқӣ мемонад». Сипас Шоира ба ман гуфт: «Чаро аз ин (манзураш шахси масъул) хоҳиши иҷозаи вурудро мекуниву худро паст мезанӣ? Ман рафтам ба хона!».
Ҷавонон ҳамоно ба сӯи толори корсертӣ мешитофтанд. Ба назари ман лаҳзае чунин расид, ки ҳатто чанд нафари онҳо бо чиптаҳои қалбакӣ ҳам дигар вориди бино мешуданд. Бо вуҷуди он ки, ранги чиптаҳо тиратар буд, вале дигар касе онҳоро боздошт намекард…

Чиптаҳои арзон ва фурӯшандаҳои қалбакӣ

Баъд аз он, ки вақти зиёде гузашту соат ҳам аллакай наздики 18-и шом буд, ман дигар дар сардии ҳавои берун тоқат накарда, хостам охирин роҳ, яъне харидории чиптаро ба кор барам. Гуфтам: «Хуб, шумо ки маро ба дохил даромадан нагузоштед, акнун мераваму чипта мехарам». Шахси масъули сиёҳпӯш гуфт: «Касса маҳкам кард! Шаб шуд, консерт ҳам аз нисф гузашт. Беҳтар буд, ки ба хона мерафтӣ». Як тан аз кормандони ҳифзи ҳуқуқ ҳам ба ман гуфт: «Ин қадар хирагӣ кардед! Равед гуфтанд, равед! Дигар чиптаро аз куҷо меёбед?». Ман чанд қадам ба сӯи касса гузоштам. Даричаи касса пӯшида буд. Ростӣ наздик нарафтам, зеро гумон кардам, ки воқеан ҳам касса баста шудааст. Ба гапи шахси масъул бовар кардам, ки касса маҳкам аст, аммо танҳо рӯзи дигар фаҳмидам, ки касса то қариби анҷоми консерт кор кардааст ва кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва шахси масъул «нуктасанҷона» маро гуселонидаанд. Дар атрофи бинои Кохи Борбад ҷавонони зиёд ҳанӯз ҳам кӯшиши даромадан ба толорро мекарданд. Шояд ҳузури ман ба ҳайси як хабарнигор, ки метавонистам боз шоҳиди воқеаҳои зиёде шаваму аз бозиҳои пасипардагии нозирону масъулин огоҳ гардам, ба табъи эшон хуш наомад, ки дигар акнун вориди толор шудани маро комилан номумкин шуморида, ба хона баргаштанамро авлотар донистанд. Аз назди онҳо дур шуда, ҳанӯз то назди даромадгоҳи пойин нарасида будам, ки аз пеши роҳам як корманди ҳифзи ҳуқуқ пайдо шуда, пурсид: «Ҳа, даромадан намонданд?». Гуфтам: «Не!». Ба ман наздик шуда, бо овози паст гуфт: «Ман чиптаи ҳақиқии арзон дорам, ба 40 сомонӣ мехарӣ?». Ҳайратзада шудам. Охир, чиптаҳои қалбакиро агар тавассути компютер месохта бошанд, пас, ин чиптаи ҳақиқӣ дар дасти корманди ҳифзи ҳуқуқ аз куҷо пайдо шудааст? Агар худи кормандони ҳифзи ҳуқуқ қонуншиканӣ кунанд, пас, чаро даҳ ё бист нафари онҳоро ба хотири нигаҳдории тартибот назди даромадгоҳҳои Кохи Борбад гузоштаанд? Акнун муаммо бароям кушода шуд, ки чаро ҳузури хабарнигорон табъи дили кормандони ҳифзи ҳуқуқ набудааст! Албатта, агар ҷойи ман каси дигар мебуд, бо хушнудӣ ин чиптаи арзонро харидорӣ мекард, вале ман танҳо ба хотири он, ки кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва масъулин барои манфиати худашон шуда маро вориди толор шудан нагузоштанд, ин чиптаро бо баҳонаи камии маблағи дар даст доштаам харидорӣ накардам. Ҳарчанд, лаҳзае қабл омода будам, ки бо нархи 100 сомонӣ ҳам бошад, чипта харидорӣ кунам. Вале акнун намехостам, ки бар ивази дар сардии ҳаво мунтазирии зиёд кашиданам, дар кисаи ким-кадоме пули бе дарди миён пайдо шавад. Вале чӣ мегӯед, ки дарҳол ду хонуми ҷавон он чиптаро бо нархи 50 сомонӣ харидорӣ намуда, шодикунон ба консерт рафтанд.

Курсиҳои холии толор ва мухлисони мунтазир дар кӯча

Ман ба назди даромадгоҳи пойин рафта, ба як нозири дигар шаҳодатномаи хабарнигориямро нишон додаму хоҳиши вурудро кардам. ӯ гуфт, ки аз даромадгоҳи асосӣ равам. Гуфтам, ки он ҷо маро иҷозат надоданд. Ҷавоб дод, ки ман ҳам наметавонам. Вале ман аз пушти чанд нафари дигар ба як канори дар рафта истодам. Ногаҳон дар кушода шуда, чанд нафар вориди толор шуданд ва ман ҳам дар сояи онҳо ба толор даромадам. Вақте вориди толор шудам, аллакай дар саҳна Афшин таронасароӣ мекарду ҷавони дигаре дар бари ӯ рақсу ҳаракатҳои зебо дошт. Мухлисон ҳамагӣ кафкӯбӣ мекарданду ҳуштак мекашиданд ва лаҳзаҳои ҷаззобро дар телефонҳои мобилияшон сабт менамуданд. Аксбадорҳо низ серкор буданд. Афсӯс, ки ин қисми охири барномаи мусиқӣ буда, дере нагузашта ба анҷом расид. Аммо дар дохили толор низ ман аҷоиботи дигарро мушоҳида кардам. Баръакси гуфтаҳои масъулин ва кормандони ҳифзи ҳуқуқ, дар толор ҳатто ҷойҳои холии нишаст ба назар мерасиданд. Ман гумон карда будам, ки дар толор ҳатто ҷойи рост истодан ҳам намондааст.

Гулӯи Афшин каме дард кардааст…

Як рӯз қабл аз баргузории консерт баранда Мавлуда Раҳматова ба рӯзноманигорон иттилоъ дод, ки соати 14.00-и рӯзи якшанбе дар толори меҳмонхонаи «Истиқлол» бо ширкати Афшин, Севинч ва Фирӯза, се ҳунарманди маъруф нишасти хабарӣ баргузор хоҳад шуд. Хабарнигорони зиёде рӯзи таъиншуда дар назди меҳмонхона гирд омаданд. Вақте соат ба 14.00 наздик шуд, ман дохили бино рафтаву хостам бифаҳмам, ки нишаст шурӯъ мешавад ё не. Назди даромадгоҳ хонуми чеҳракушоди ситорагармеро вохӯрдам. ӯ худро Марҳабо — нафаре аз ташкилкунандагони асосии консерт муаррифӣ кард. Ин ҳамон Марҳабое будааст, ки масъули сиёҳпӯш аз номаш дағдаға карда, батакрор ба хабарнигорон мегуфт: «Апаи Марҳабо медонад».
Ба ӯ ҳодисаву вокунишҳои дирӯзаро нақл кардам. Дар ҳайрат шуда, гуфт: «Ман ба нозирону масъулони даромадгоҳ таъкид карда будам, ки пеши роҳи рӯзноманигоронро нагиранд. Худам ҳатто пеш аз консерт баромада, чанд нафар аз хабарнигоронро вориди толор кардам». Дар мавриди чиптаҳои қалбакӣ, бетарафии милисаҳо, чиптафурӯшии кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва иҷозаи вуруд додани хонумҳои бешумор бидуни харидории чиптаҳо аз ҷониби масъули сиёҳпӯш ва ғайра хонум Марҳабо сахт ғамгин шуд. Маълум гардид, ки ӯ аз ҳамаи ин ҳодисаҳо бехабар будааст.
Сабаби баргузор нашудани нишасти матбуотиро бошад, ҳам хонум Марҳабо ва ҳам Мавлуда Раҳматова чунин шарҳ доданд: «Барои субҳи имрӯз Севинч чиптаи ҳавопаймоӣ дошту аллакай ба Хуҷанд рафт ва аз он ҷо ба ӯзбекистон меравад. Афшин бошад, аз консерти дирӯза хаста шуда, ба иллати сардии ҳавои толор садояш ҳам гирифта, гулӯяш каме дард кардааст ва имкони саволу ҷавоб бо хабарнигорон надорад.
Ба ҳар ҳол, ин ақидаи масъулини консерт аст. Дар асл бошад, кӣ медонад, ки оё ҳақиқатан ин хонандагон бо сабабҳои узрнок майли вохӯрӣ надоштанд, ё сабаб чизи дигар аст? Дар ҳоле, ки ба гуфтаи масъулин, ташкилотчиёни консерт фоидаеро, ки дар назар доштанд, ба даст оварда натавонистаанд. Ва ин омил метавонад сабаби озурдагии овозхонҳо ҳам бошад, зеро шояд дар ин ҳол ҳатто шартномаҳои расман бастаи онҳо низ ба андозае вайрон шавад.

Нилуфари СОБИР, рӯзноманигор

Кӣ «рахнагар» аст: СМТ ё ОРТ?

Телевизиони СМТ дар як муддати кӯтоҳ тавонист дар фазои иттилоотии кишвар нақши боризи худро гузорад. Ҳеҷ ҷойи пӯшида нест, ки дар кулли он манотиқе, ки ин телевизион фаъолият мекунад, тамошобинони зиёди худро пайдо кардааст. Вале дар кишвари мо барои фаъолияти як ВАО-и хусусӣ ҳеҷ набошад аз куҷое монеае пайдо мешавад. Беш аз як моҳ мешавад, ки имконияти техникии пахши барномаҳои ягона телевизиони мустақили ҷумҳурӣ — СМТ халалнок гардидааст.
Дар ҳолатҳои зиёд ҷой иваз кардани шабакаи мустақили телевизионии СМТ бо ОРТ ба андозае вокуниши мардумро низ ба бор овард. Аммо мардуми оддӣ ҳаргиз ба дарки он нахоҳад рафт, ки кадоме аз ин ду шабака «рахнагар» аст. Ин дар ҳолест, ки Низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият аз 3-юми апрели соли 2007 таҳти рақами №172 ба тавсиб расидааст ва дар боби 50-и моддаи 15-уми он оварда шудааст, ки «шаҳрвандони хориҷӣ ва ё бешаҳрванд ба гирифтани иҷозатнома барои фаъолият дар соҳаи телевизион ва радио надоранд. Ташкилотҳои телевизионӣ ва радиоии аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ ё шахсони бешаҳрванд, инчунин шахсони ҳуқуқии хориҷӣ ва филиалу намояндагони онҳо низ соҳиби иҷозатнома шуда наметавонанд».
Сардори бозрасии Кумитаи телевизион ва радио Толиб Холов роҷеъ ба ин мавзӯъ иброз дошт, ки айни замон шабакаи ОРТ-и Русия, ки барои пойгоҳи низомии базаи 201-ум аст, фаъолияташ дар шаҳри Душанбе ва гирду атрофи пойтахт ғайриқонунӣ сурат мегирад. Бинобар ҳамин, мо фаъолияти онро манъ намудем.
Ҳамчунин, сардори Хадамоти танзим дар соҳаи алоқа ва иттилоотонии Вазорати нақлиёт ва коммуникатсия Қ. Сафиев зимни ирсоли як мактуб ба Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, аз 17-уми июни соли 2009 иброз намудааст, ки «айни замон фиристандаҳои телевизионии базаи 201-уми Русия бидуни иҷозати хадамот дар шаҳри Душанбе, Қӯрғонтеппа ва Кӯлоб фаъолият карда истодаанд. Барои пахш намудани барномаҳои телевизионии шабакаи ОРТ аз тарафи базаи ҳарбии 201-уми Русия фиристандаи телевизионии 1кВт дар шаҳри Душанбе ғайриқонунӣ истифода бурда мешавад. Аз тарафи Хадамоти давлатии танзим дар соҳаи алоқа ва иттилоотонӣ ба Базаи ҳарбии 201-уми Русия барои истифодабарии радиобасомадҳои телевизион ва радио, инчунин фиристандаи телевизионӣ иҷозат дода нашудааст. Қаблан дархости Базаи ҳарбии 201-уми Русия, №1637 аз 16.10. 2008 оид ба ҷудо намудан ва гирифтани иҷозат барои истифодабарии радиобасомадҳои телевизион ва радио низ рад гардид».
Директори шабакаи СМТ Зиннатуллоҳи Исмоил мегӯяд:
«Ин қазия дар натиҷаи ғайриқонунӣ фаъолият намудани шабакаи ОРТ-и Русия ба амал омад. Вақте мо фиристандаи нав харида, ба Комиссияи давлатии радиобасомадҳо ва Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи алоқа ва иттилоотонии Вазорати нақлиёт ва коммуникатсия барои иҷозатномадиҳӣ муроҷиат намудем, ин мақомот ба мо иҷозат доданд, ки фиристандаи худро дар радиобасомади 29, ки холӣ буду ба касе мутааллиқ набуд, пайваст кунем. Аслан ин радиобасомад ба касе дахл надошт. Пас аз пайваст кардани фиристанда маълум гашт, ки аз ин радиобасомад чандин сол боз шабакаи ОРТ-и Русия ғайриқонунӣ истифода мебурдааст. Вақте мо ҳуҷҷатҳоямонро ба Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи алоқа ва иттилоотонии Вазорати нақлиёт ва коммуникатсия пешниҳод кардем, онҳо хулосаашонро пешниҳод намуданд, ки қонунан радиобасомади 29 аз они СМТ мебошад. Ростӣ, ман ҳам дар матбуот хондам, ки гӯё 6-сол пеш барои истифодаи ин радиобасомад касе иҷозат гирифтааст ва баъди аз кор рафтани ӯ гӯё ин иҷозатнома эътибори худро гум кардааст. Ман гумон мекунам, вақте иҷозатнома дода мешавад, сарфи назар аз он дода мешавад, ки дар курсии вазирӣ ё раисӣ кӣ менишинад. Иҷозатнома мӯҳлат дорад, васиқаву мӯҳр дорад ва тибқи он муайян карда мешавад, ки он ба кӣ дода шудааст ва он аз они кӣ мебошад. Мо бо Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи алоқа ва иттилоотонӣ шартнома ба имзо расонидаем, ки мутобиқи он ҳама корҳои худро қонунӣ ба роҳ мондаем. Дар ин маврид ҳам мутахассисони Вазорати нақлиёт ва коммуникатсия, ҳам мутахассисони Кумитаи телевизион ва радио огоҳанд. Дар он радиобасомаде, ки барномаҳои мо пахш мешавад, ҳамчунин телевизиони давлати дигар — ОРТ пахш мешудааст. Мувофиқи созишномае, ки байни Ҳукумати ҶТ ва Федератсияи Русия ба тасвиб расидааст, дар яке аз шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон вақт барои таҳияи барномаҳо оид ба базаи 201-ум ва фаъолияти онҳо дар Тоҷикистон ҷудо карда мешавад. Табиист, ки гап на дар бораи ҷудо кардани радиобасомад меравад ва на дар мавриди фиристанда гузоштан. Имрӯз мо мебинем, дар Тоҷикистон кор ба ҷое расидааст, ки фаъолияти ғайриқонунии як ширкактро на дар Вазорати алоқа ва на дар ҷои дигар пешгирӣ намекунанд ё кардан намехоҳанд. Зеро хомӯш намудани фиристандаи онҳо кори техникист ва дар муддати якчанд дақиқа имконпазир.
Сарусадо дар мавриди он, ки чаро маҳз ин кор дар арафаи интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагон рӯй дода истодааст. Ин савол албатта ба масъулони соҳа мебошад ва ба назари мо чунин аст, ки чунин амал садд гузоштан барои тавсияи фаъолияти як ширкати мустақилест, ки дар шаҳри Душанбе намоиш пахш мекард ва дар он бо иштироки 10 ҳизби сиёсӣ баҳсҳо ороста мешуд. Ин маънои онро дорад, ки бо ҳар роҳе масъулони соҳа намехоҳанд проблемаи мазкурро ҳал кунанд. Ва агар дар мӯҳлатҳои кӯтоҳтарин ин қазия ҳалли худро пайдо накунад, мо метавонем тахмин занем, ки як қазия аз қазияи хоҷагидорӣ ба қазияи сиёсӣ мубаддал мегардад.
Он чи ки ба мо вобаста буд, ҳамаашро қонунӣ амалӣ кардаем ва дигар аз Вазорати нақлиёт ва коммуникатсия вобаста аст»

Фаридуни УМАРБЕК, БМСТЖ

Рубрики:Uncategorized

«Илми банда хара мебанда»

Ба наздикӣ шиносеро дидам, ки ҷонибе шитоб дошт. Пурсон шудам, ки ба куҷо ин қадар мешитобад.
— Субҳ бояд барвақттар мерафтам. Вале каме дер шуд. Ба назди фолбини машҳури «Текстил» шитоб дорам.
— Барои чӣ?
— Як кори тиҷоратӣ дорам. Кӯшоиши кор кардан даркор.
— Биё, ҳамроҳ равем.
Ман барои мушоҳида бо ӯ ба хонаи фолбин равона гардидам. Назди ҳавлии ин фолбинзан одамон ончунон навбат меистоданд, ки ҳадду ҳисоб надошт. То навбатамон расидан аз фурсат истифода бурда, бо корафтодагон мусоҳиб шудам.
— Шумо чӣ дарде доред?
— Э хоҳар, ҳамин шавҳарам зан гирифту дарди ман ҳам сар шуд. Сарам ғуввос мезанаду ба чизе дасту дилам намеравад. Ба фикрам ҳамин занак маро ҷоду карда партофтагист. Барои ҷодукушоӣ омадам.
— Ман бошам, тумори кушоиш мегирам. Сафар дорам ба хориҷа.
— Чаро ба фолбинон бовар мекунед?
— Рост аст, «илми банда хара мебанда». Ман баъди хонаамро тоза кардан як қабза мӯй ёфтам. Барои ҳамин бовар мекунам.
Ростӣ, баъди мусоҳиб шудан бо ин нафарон маро ханда омад. Чунки тамоман ба фолбинону сеҳргарон бовар надорам. Вале барои таҳқиқ ба назди ин фолбинзан даромаданӣ будам.
Фолбин аз китобкушо чӣ фарқ дорад?
Зан С. ном дошта, дар мактаб чанд сол пештар муаллима шуда кор мекардааст. Ва гӯё баъди хоб дидан ӯ дасти пир гирифта, ин касабаро ба дӯш гирифта бошад. Имрӯзҳо дар ҷумҳурӣ шумораи фолбинҳову сеҳргарон афзуда, акнун дар ҳар як маҳаллаву ноҳияҳо онҳоро дучор шудан мумкин аст. С. худро паривара эълон намуда, тӯли ду сол аст, ки одамонро кӯшоишу қайтарма мекардааст. Тарзи қабулаш аҷиб буд. Худаш рӯи замин менишасту мизоҷ рӯи кӯрпача. Баъд аз мизоҷ ноаён зиндагиномаашро пурсон мешуду ба ҳама якхел мегуфт:
— Шуморо одами наздикатон ҷоду карда, асбобро ба дарё партофтааст. Барои онро кушодан 50 метр чит ва ду қуттӣ тухми мурғ биёред. Инчунин, 33 шамъро фаромӯш накунед. Баъди ду ҳафта ҷодуятонро мекушоям. Ҳаққи корам 200 доллари амрикоӣ. (Аҷиб, ҳатто фолбинҳо ҳам бо доллар гап мезананд).
— Шумо фолбин?
— Бале, агар ин касабаро партоям, париҳоям бӯғӣ карда мекушандам.
Шиносам ба ивази 50 доллар барои худ як тӯмор гирифту мо аз ҳавлӣ баромадем.
Рӯзи дигар ман роҳи хонаи фолбини дигарро пеш гирифтам. Ин зан дар ноҳияи Рӯдакӣ зиндагӣ мекард. Назди хонаи ӯ низ нафарони зиёде меистоданд. ӯ баъди қабул сафсатаи зиёде гуфту пурсон шуд, ки тӯмор диҳад ва ё оби қайтарма? Худро ҷиддӣ гирифта, гуфтам, ки «тӯмор». Баъди тӯморро ба даст гирифтан кунҷкобона пурсидам, ки ӯ фолбин аст ё сеҳргар.
— Ман китоб мекушоям. Китобкушо аз фолбин фарқ дорад. Фолбин фол мекушояд, бо дандони гург, мӯйи одамӣ, саргини саг. Ман бошам, китоб мекушояму бо сураҳои қуръонӣ фол мебинам.
Сеҳри «сиёҳ»-у «сафед»
Нишонии фолбини машҳури ҳисориеро гирифта, кофта-кофта, ба онҷо рафтам. Одамони зиёди гуногунсоҳа интизор меистоданд. Синну соли фолбини номӣ аз 21 боло набуд. ӯ гуфт, ки сеҳргари сафед аст.
— Ман онҳоеро, ки бо дилу нияти бад ба наздам меоянд, қабул намекунам. Чунки сеҳри сиёҳ оқибат надорад. Одамон он қадар золиму бераҳм гаштаанд, ки аз ғазаби Худованд наҳаросида, пешам меоянду зорӣ мекунанд, ки фалон одамро ҷодуи сиёҳ кун. Вале кори ман аз рӯи илми кашмирӣ аст. Кушоиш мекунам, пеши корҳои одами дармондаро мекушоям. Баъзе соҳирон рӯҳи одамро дар лӯхтак банд карда, онро дар қабристону ҷойҳои хилват гӯр мекунанд. Ман ҳамин хел сеҳрҳоро низ кушода метавонам. Вале бо нархи хеле гарон. Чунки кораш хатарнок аст. Ба назди ман мансабдорону вазифадорон, муаллиму деҳқон, занҳои хонанишин, умуман ҳама меоянд.

Лӯлиҳо
Лӯлиҳо аз азал фол медиданду фол мекушоданд. Имрӯз ҳам онҳоро вохӯрдан мумкин аст, ки одамонро аз роҳ боздошта, хоҳони фол дидан бо нархи 1-2 сомониянд. Онҳо чунон равоншинос шудаанд, ки одамро дар 5 дақиқа ба торҳои найранги худ печонида, пулро барзиёд меситонанд. Психологияи инсонҳо тавре офарида шудааст, ки аз нигоҳу либоспӯшияшон онҳоро баҳо додан мумкин аст. Лӯлиҳо ҳам ин тарафи заифи мардумро дидаву дониста аз он истифода мебаранд.
Бо 200 нафар одами касбу кори гуногун сӯҳбат карда, натиҷаашро хулоса намудам. Аз онҳо 167 нафарашон бо фолбинону соҳирон рафтуомад доранд. 20 нафари дигар бовар надоранд, вале ба назди фолбинҳо мераванд. Боқимонда нафарон гуфтанд, ки тамоман аз хидмати эшон истифода намебаранд.
Аслан, дар ислом фол дидану сеҳр кардан макрӯҳ аст. Одамизод бояд дилу нияташро ҳамавақт тоза нигоҳ дораду ба зиндагӣ ҳар субҳ бо диди нав раҳнамун шавад.

Шаҳлои НАҶМИДДИН, рӯзноманигор

Рубрики:Uncategorized