Архив

Posts Tagged ‘Ислом Каримов’

Баҳсҳои обӣ то кай идома меёбад?

Ахиран Ҳукумати ӯзбекистон барои таъсиси Кумитаи миллӣ оид ба бунёди сарбандҳои бузург қароре қабул кардааст. Тибқи гузориши расонаҳои хабарии ӯзбекистон, мақсади ҳукумат аз таъсиси чунин Кумита таъмини бехатарӣ дар бунёди сарбандҳои бузург ва баробарҳуқуқӣ дар истифодабарии оби бурунмарзӣ мебошад. Бинобар маълумоти маркази итилооти вазорати кишоварзии ӯзбекистон, сохтори нав имкони ҳамкориҳои ҳукумати ӯзбекистонро бо ташкилоти дохилӣ ва умумиҷаҳонӣ қавитар мекунад. Онҳо бештар аз фаъолияти шабакаҳои обрасонӣ воқиф гашта, ҳамзамон таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳониро бештар ба бунёди сарбандҳои бузург, асосан дар Осиёи Марказӣ равона месозанд. Бунёди нБо-и «Роғун» дар Тоҷикистон меҳвари кори онҳо қарор дода мешавад.

Дар робита ба ин гуна ҷараён пайдо кардани кор мудири шӯъбаи ташхисгоҳи ги­дроэнергетикаи Донишгоҳи масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи илмҳои Тоҷикистон Георгий Петров изҳори нигаронӣ карда, бо таассуф ёдовар шудааст, ки то кунун дар Тоҷикистон чунин як куми­тае таъсис наёфтааст. Тег «Далее»

Ислом-ота кечарасиз!

  • Чунин менамояд, ки гӯё дар ӯзбекистон қатраи об несту ҳоло НБО-и Роғунро насохта, аллакай Тоҷикистонро барои ба нестӣ рафтани заминҳои обиаш айбдор мекунад.

Панҷ сол мешавад, ки Президенти ӯзбекистон бо Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» дар «набард» аст, аммо як соли охир, аз лаҳзае, ки Президенти Тоҷикистон ба қароре омад, ки онро бояд бо қувва ва сармояи худӣ сохт, аз ҷониби ӯзбекистон фишороварии ҷиддӣ сар шуд.

Ин навбат Президенти ӯзбекистон, Ислом Каримов, дар мулоқот бо намояндагони Қароқалпоқистон гуфтааст, ки кишвараш мухолифати худро ба бунёди нерӯгоҳи барқи обии Роғун дар Тоҷикистон идома хоҳад дод.

Дар сурати сар задании ин гуна баҳсҳо саволе ба миён меояд, ки созмонҳое чун ОДКБ, СҲШ ва ИДМ-ву СММ ва чандтои дигар, ки Тоҷикистон узви комилҳуқуқи онҳо аст, чаро наметавонанд ба он дахолат кунанд? Агар дар ин масъалаҳову баҳсҳои дигар коре карда наметавонанд, пас чӣ лозим аст вуҷуд доштани онҳо?

Президенти ӯзбекистон аз он ҳарос дорад, ки агар НБО-и Роғун сохта шавад, давоми 8 сол мардумаш аз ташнагӣ шояд ҳалок шаванд. Зеро барои пур кардани сарбанди Роғун аз рӯи ҳисобу китоби Ислом Каримов ҳамин қадар вақт лозим будаст. Аммо вакили парлумони Тоҷикисмтон Ёқуб Саидзод дар сӯҳбат ба радиёи Озодӣ ин ҳисобро 8 неву 17-сол гуфтааст, ки агар Ислом-ако огоҳ шавад, мардуми Кароқалпоқистон як сӯ истад, тамоми аҳолии ӯзбекистонро «давоми 17-сол беоб мемонед ва аз ташнагӣ мемиред»-гуфта, ба по мехезонад. Тег «Далее»