Архив

Posts Tagged ‘Ёкуб Салим’

Ёқубу Ғаффор «Седой» дар маҳбас, Маҳмадрузӣ Искандаров куҷост?

20 сентября, 2010 Оставьте комментарий

Марҳилаи аввал

«Побег из тюрмы». Як лаҳза:

Вақте фирори маҳбусон аз СИЗО-и КДАМТ дар байни мардум овоза шуд, аксарият филми бисёрсериягии «Фирор аз зиндон»-ро ба ёд меоварданд, ки дар он ҷо тарҳи гурезро нафаре бо исми Майкл аз берун кашида буд ва ба хотири наҷоти бародараш худро ба зиндон андохт. Дар натиҷа бо душвориҳои зиёд Майкл барои озод кардани бародараш аз зиндон комёб гашт. Валекин аз маҳбас ҳамроҳи онҳо якчанд нафари дигар низ гурехтанд. Аммо дар тарки қаламрави кишвар танҳо 4 нафар ба мақсад расиданд, боқимондаҳо ё дар задухӯрд бо полис ҳалок гаштанд ё бо ғаразҳои шахсӣ қурбон шуданд. Ҳарчанд ин филм шояд асоси воқеӣ надораду вале гурехтан аз маҳбас тамошобононро хеле ба ҳайрат гузошта буд, аммо «побег»-и маҳбусон дар Тоҷикистон тамоми мардуми на танҳо тоҷик, балки минтақаро ба ҳайрат гузошт. Коршиносон фарзияи мавҷудияти «дасти бегона»-ро дар ин фирор рад намекунанд, аммо ба андешаи иддае нақши Майклро дар ин ҷо шояд кишварҳои бозингари минтақа ё касе аз «боло» бозидааст. Аммо гумони ҳукумат аз муллоҳо ва тундгароён дар ин маврид бештар ба назар мерасад. Вале ба ҳар ҳол сенарияи филми «Побег из тюрмы» дар аксар ҳолат ба фирор аз зиндони КДАМТ шабеҳият дорад. Дар филм агар то охир 4 нафар дар баромадан аз ҳудуди кишвар муваффақ шуда бошанду боқимонда аз дасти полис ҷон ба саломат набурдаанд, дар воқеият низ саҳна такрор шуда истодааст, танҳо як тафовут дорад. Масалан, дар филм агар тарроҳи асосӣ ба даст наафтодааст, аммо дар ин ҷо нақшакаш Қорӣ Иброҳим аввал ба даст афтод. Сипас, як нафари дигар ва боз ҳоло ду фирорӣ натавонистанд аз чанги мақомот раҳо ёбанд. Аммо як нуктаро бояд қайд кард, ки дар филм ба амали фирориён гурӯҳҳое аз «боло» манфиатдор буданд ва аммо дар фирори воқеии дар Тоҷикистон рухдода ҳоло ин эҳтимол дақиқ омӯхта нашудааст. Ҳарчанд дар доираҳои коршиносон ин омилро ҳам ҷӯё мешаванд. Тег «Далее»