Архив

Archive for Октябрь 2010

Ояндаи миллат аробакашист?

29 октября, 2010 4 комментария

Бепул суханат асар надорад ё мошиншӯиву аробакашӣ ба хотири таҳсил дар мактаб

Кӯдакони ятим ва камбизоатро аз сабаби напардохтани пули бӯр, журнал, моҳона ва идона ба мактаб қабул намекунанд, ки ин боиси зиёд шудани сафи наврасони аробакашу мошиншӯён дар бозору хиёбонҳои шаҳр мегардад. Аммо дар гузашта иддао мешуд, ки волидайн фарзандонашонро бояд аз хиёбҳои шаҳр ва аробакашӣ ба мактаб равон созанд. Ин дар холест, ки ба гуфтаи баъзе кӯдакон волидайни онҳо аз шароити хуби зиндагӣ бархӯрдор нестанд ва имкони пардохтани маблағҳоеро, ки аз ҷониби муаллимони мактабҳои миёна талаб карда мешавад, надоранд. Вале муаллимон дар сурати напардохтани ҳаққи китобу журнал ва моҳона кӯдаконро аз синф меронанд. Тег «Далее»

Рубрики:Uncategorized

Пештар дар ватан «чурка» будем, ҳоло дар берун…

23 октября, 2010 2 комментария

Дар қарни бистум русҳо бо кӯмаки яҳудиёни Ғарб тавонистанд, ки подшоҳи кишвари худ Романовро бо аҳли  оилааш ва наздиконаш сарнагун намоянд. Пас Осиёи Миёнаро таҳти тасарруфи хеш дароранд. Мардумро аз забону фарханг ва тамаддуни хеш дур созанду ба ғуломони асил табдил диҳанд.  Дар ватани худамон замони Шӯравӣ русҳо рӯирост «чурка» гуфта муроҷиат мекарданд ба аҳолии маҳаллӣ. Дар мактабу донишкадаҳо, Воситаҳои ахбори умум, радиою телевизион танҳо таблиғоти русикунонӣ буду, расму русуми барои мардуми маҳаллӣ бегонаро меомӯхтанд.

Айни замон бошад ҳокимони Тоҷикистон аз мардуми мо ғулом тайёр намуда ба  русҳо фиристода  истодааст.   Мо акнун дар дар хонаи ҳар яки онҳо ғулом ҳастем ва ин ба Ҳукумати Тоҷикистон мефорад ва фоидаи калон хам меорад. Ҳукуматдорони имрӯзаи Тоҷикистон барои аз сари қудрат нарафтан чи хоҳиш ва фармоне, ки Русия намояд бе чунучаро иҷро менамоянд. Тег «Далее»

Рубрики:Uncategorized

Ислом-ота кечарасиз!

  • Чунин менамояд, ки гӯё дар ӯзбекистон қатраи об несту ҳоло НБО-и Роғунро насохта, аллакай Тоҷикистонро барои ба нестӣ рафтани заминҳои обиаш айбдор мекунад.

Панҷ сол мешавад, ки Президенти ӯзбекистон бо Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» дар «набард» аст, аммо як соли охир, аз лаҳзае, ки Президенти Тоҷикистон ба қароре омад, ки онро бояд бо қувва ва сармояи худӣ сохт, аз ҷониби ӯзбекистон фишороварии ҷиддӣ сар шуд.

Ин навбат Президенти ӯзбекистон, Ислом Каримов, дар мулоқот бо намояндагони Қароқалпоқистон гуфтааст, ки кишвараш мухолифати худро ба бунёди нерӯгоҳи барқи обии Роғун дар Тоҷикистон идома хоҳад дод.

Дар сурати сар задании ин гуна баҳсҳо саволе ба миён меояд, ки созмонҳое чун ОДКБ, СҲШ ва ИДМ-ву СММ ва чандтои дигар, ки Тоҷикистон узви комилҳуқуқи онҳо аст, чаро наметавонанд ба он дахолат кунанд? Агар дар ин масъалаҳову баҳсҳои дигар коре карда наметавонанд, пас чӣ лозим аст вуҷуд доштани онҳо?

Президенти ӯзбекистон аз он ҳарос дорад, ки агар НБО-и Роғун сохта шавад, давоми 8 сол мардумаш аз ташнагӣ шояд ҳалок шаванд. Зеро барои пур кардани сарбанди Роғун аз рӯи ҳисобу китоби Ислом Каримов ҳамин қадар вақт лозим будаст. Аммо вакили парлумони Тоҷикисмтон Ёқуб Саидзод дар сӯҳбат ба радиёи Озодӣ ин ҳисобро 8 неву 17-сол гуфтааст, ки агар Ислом-ако огоҳ шавад, мардуми Кароқалпоқистон як сӯ истад, тамоми аҳолии ӯзбекистонро «давоми 17-сол беоб мемонед ва аз ташнагӣ мемиред»-гуфта, ба по мехезонад. Тег «Далее»

Моҷарои Абдулло Давлатов бо cафорати Тоҷикистон

21 октября, 2010 2 комментария

Ё худ, устухон ба гулӯи кӣ мераваду «усто»-и устухонгир кӣ мешавад?

Чанд муддат боз бо сабаби доғ шудани вазъи сиёсии кишвар гуфтугӯҳо атрофи яке аз масоили аввалиндараҷаи тоҷикон — муҳоҷирати корӣ кам шудан гирифт. Аммо дере нагузашта, дақиқтараш ҳафтаи гузашта воқеае рух дод, ки бешак то чанд вақти дигар аз пеши назар ва мафкураи мардуми тоҷик, бахусус муҳоҷирони корие, ки дар Русия қарор доранд, дур нахоҳад шуд. Ин ҳам касод эълон гаштани фаъолияти «Иттиҳоди тоҷикистониёни Русия» аз ҷониби Вазорати адлияи Русия аст, ки вокуниши соҳибмансабони доираҳои мухталифро ба бор овардааст.

Ҷониби Вазорати адлияи Русия бо пешниҳоди як-ду ҳафта манъ кардани фаъолияти «Иттиҳоди тоҷикистониёни Русия» ин ниҳодро бо далели вайрон кардани баъзе ҷузъҳои қонунгузории кишвараш гунаҳкор намуд. Мушовири вазири адлияи Русия Видя Железнёв зимни ибрози ақидааш дар мавриди манъ кардани фаъолияти он гуфтааст, ки «аз ҷониби Вазорати адлия фаъолияти созмонҳои ғайритиҷоратӣ бозрасӣ мешавад. Тег «Далее»

Қирғизҳои ӯзбектабор дар Тоҷикистон

21 октября, 2010 1 комментарий

Ҳафтае қабл чандин шаҳрванди ӯзбектабори Ҷумҳурии Қирғизистон аз Тоҷикистон дархости паноҳандагӣ карда буданд. Гуфта мешуд, ки онҳо бо сабаби даргириҳои қавмии тобистони соли ҷорӣ дар вилояти ӯши Қирғизистон мехоҳанд дар кишвари мо паноҳгоҳ ҷӯянд. Тибқи иттилои расонаҳо, Хадамоти муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин дархостро таҳти баррасӣ гирифтааст. Аммо баъзе коршиносони тоҷик тасмими Хадамоти муҳоҷиратро дар ин замина бенатиҷа дониста, ҳатто пешгӯӣ мекарданд, ки алҳол қабул намудани дархости паноҳҷӯёни ӯзбектабор ғайриимкон аст.

Атрофи мавзӯи мазкур сиёсатшиноси тоҷик Парвиз Муллоҷонов андешаронӣ намуда, аз ҷумла чунин гуфта буд: «Ба фикри ман, ин чиз ғайриимкон аст. Чунки дар ин ҳолат мо бояд баъзе талаботҳоро иҷро кунем. Зеро, вақте ин гуна дархостро қабул мекунем, дар ин маврид меъёрҳои байналмилалӣ вуҷуд дорад, ки онро бояд ба эътибор гирифт. Тег «Далее»

Ояндаи равшанфикрони миллӣ

Аз ин рӯ аз авохири даврони хилофати Ҳорун то рӯзгори Мӯътасим авзоъи Озарбойҷон, Табаристон ва Хуросон мояи нигаронии халифа буд.

Дар воқеъ аз вақте ки халифаҳо авзои Хуросонро бо дидаи диққат ва муроқибат менигаристанд, маркази душманони хилофат ба шимолу ғарби Эрон интиқол гардид. Кӯҳҳои баланд ва роҳҳои душвори ин ҳудуд, андешаи ин саркашиҳо ва шӯришҳоро дар мардуми Эрон тақвият мекард. Аз ин рӯ муддатҳо мардуми ин навоҳӣ бо тозиён ва сипоҳиёни хулафо дарафтоданд ва солҳо бо мусулмонон набардҳои сахт карданд.

Дар Табаристон мардум нисбат ба тозиён нафрат ва кинаи хосе меварзиданд. Чуноне ки дар соли 16 ҳиҷрӣ (777 мелодӣ) мардуми умедвори кӯҳ, аз бедоди коргузорони халифа ба сутуҳ (ғазаб) омаданд. Фармонравоёни онҳо, ки Вандод Ҳурмузд, Сипаҳбуд Парвин ва Масмағони Волош буданд, онҳоро бар зидди тозиён шӯрониданд ва бадон сабаб дар андак замон шӯриш ва ошӯби бузурге падид омад. Дар як рӯз мардуми саросари Табаристон бар зидди арабон берун омаданд ва ононро ба боди куштор гирифтанд. Тег «Далее»

Кӯр чанд бор ба чоҳ меафтад?

Президенти кишвар  гуфта буд: «Ҳар миллате, ки бедор нест ва ё дар роҳи худшиносиву ватанпарастӣ фориғболиву лавандиро пеша мекунад, аз бузургтарин неъмати Яздонӣ – Истиқлолу Ваҳдат бенасиб мемонад».

Дар айни ҳол, беваҳдатию бегонагиҳо дар миёни мардумони ҷаҳон пайдо шуда истодааст, Мисоли равшани онро дар кишварҳои Шарқи мусулмон дида истодаем.

Душманони дохилию хориҷии ҳасуди мо аз муваффақиятҳои ба даст омадаю Истиқлолияти кишварамон ҳасад бурда истодаанд. Худованди бузург дар Сураи Фалақ, ояти панҷум мефармояд: «Ва мин шарри ҳосидин изо ҳасад» (Худоё, Ва аз шарри ҳосид чун ҳасад кунад, дар амонам нигоҳ дор).

Фардони кинахоҳу адоватҷӯ ва ҳасудхӯр ҳам ба худ, ҳам ба бародарони худ ва ҳам ба раҳмати Илоҳия зулму таҷовуз мекунанд.

Шахсони ҳасудхӯр аз неъматҳои ба атрофиён расида азоб мекашанд. Ҳасудону бахилони дохиливу хориҷӣ имрӯзҳо аз гулгулшукуфии Тоҷикистони азиз ғамбеморанд ва мехоҳанд чун каждуми таги бӯрё неш зада, авзои ороми кишварро ноором созанд! Рақибони миллату меҳани мо хато мекунанд, зеро ки дар урфият мегӯянд: «Кӯр як бор дар чоҳ меафтад». Мо зеҳни қотили ин нофаҳмиҳоро фаҳмидем. Иншоаллоҳ, дигар хато намекунем.

Ҳамагон медонанд, ки Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода ва бародаронаш хоҳони сулҳу ваҳдат, ободии кишвар ва маърифатнокии мардум ҳастанд. Тег «Далее»

Фармони «боло» то ба кай?

Ва ё дар ноҳияи Шаҳритӯс зер ниқоби «боло» амал мекунанд?

Дарвоқеъ  солиёни охир  дар матбуоти  даврии кишварамон нисбати  муаммо ва мушкилоти   судӣ   мақолаҳои мухталиф бо ҷанбаҳои гуногун интишор мегарданд, ки бештарашон   хусусияти публистӣ  дошта, мундариҷоти  онҳо  омили   ташаккулёбии маърифати ҳуқуқии ҷавонон  гашта, ба шахсияти онҳо  дар ин ё он сатҳ таъсири мусбат ё манфӣ  мерасонад. Агар аз нигоҳи  илмӣ   дар асоси далелҳои гуногун  мундароиҷоти  ин шакли мақолаҳоро  таҳлил намоем, метавон чунин хулоса бардошт, ки рағбати аҳолӣ ба омӯзиш, таҳлил  ва гузориши проблемаҳои  мақомоти суди ҳамасола     хело зиёд гаштааст. Тег «Далее»

Рубрики:Uncategorized

Занаки ришдор

Додарҳои ширин, дар қадамҳотон садқа, қиссаҳои акатона гӯш мекунеду мумкин таҳти дил меген, ки «ин акамон хуб одами таърифӣ будаст, акаи Сталин қатӣ гаштагӣ, калонҳо ҳама наздаш дастҳо пеши бар, носа пеш мекашид, пӯшока пешша мепӯшид, зину банди аспша боз чанд аспи дигар мегирифтан, лекин ҳич намега, ки ягон бор аз ягон кас тарсида будам ё не». Ба Худо, агар акатон ҳам дар ҷойи шумо мешуд, ҳамин хел фикр мекард.

Дина, дар ҳамин ҳамсоягимон як Махсум-урус дорем, мӯйи сараш пахол ворӣ, аз зардии сарша ҳамин хел кличкаш доданд, айбу шарма надониста, мега, ки «акаи Ҷалил, рост аст, ки дар ҷанг аз Гитлер тарсидиву ӯра рукаверх накардӣ?» Тег «Далее»

Рубрики:Акаи Ҷалил Метки: , ,

Пайкон №41 (83)

пайкон 83

OSCE аз вазъи матбуоти Тоҷикистон нигарон шудааст

Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо аз вазъи озодии матбуот дар Тоҷикистон ибрози нигаронӣ кардааст. Дунйа Мийатович, намояндаи созмон дар умури озодии матбуот бо ирсоли номае ба унвони Ҳамроҳхон Зарифӣ вазири умури хориҷа навиштааст, “Масдуд кардани торнамоҳо, монеъ шудан ба нашри рӯзномаҳо ва тафтиши онҳо аз тарафи мақомот, нақзи ҷиддии тааҳҳудоти озодии баён дар Тоҷикистон аст. Саз аз рӯзи 29 сентябр дастрасӣ ба баъзе вебсайтҳои хабарӣ дар Тоҷикистон номумкин шудааст ва ҳам ду рӯзнома Фараж ва Пайкон ду ҳафта боз нашр намешаванд. Хонум Мийотович гуфтааст, аз ин вазъ бисёр нигарон аст ва умедвор аст, мақомоти Тоҷикистон бо дарки аҳамияти гуногунадешӣ дар матбуот, вазъи бади мавҷуд дар озодии баёнро ислоҳ мекунанд.

«Озодӣ»

Рубрики:Uncategorized

Издивоҷи зудҳангом, беҳтарин роҳи пешгирӣ аз бемориҳост

10 октября, 2010 1 комментарий

Мушкилоти гирифтории вируси масъунияти одам (СПИД) ҷомеашиносони ҷаҳонро ба ташвиш овардааст. Имрӯз ҷомеашиносон хатари онро эҳсос карда назар доранд, ки шояд ин беморӣ мавҷуд будани инсониятро дар оянда зери суол барад. Ба ин хотир сӯҳбате оростем бо ҷомеашинос ва муҳаққиқи улуми фалсафӣ ва динӣ Сайидюнуси Истаравшанӣ  доир ба ин намуди беморӣ:

— СПИД, ки вожаест русӣ (синдром приобретённого иммунного дефицита) бемориест, ки вируси норасоии масунияти бадан (ВИЧ) онро падид меоварад. Инак, тибқи омор, ҳама рӯза дар ҷаҳон 16 ҳазор нафар ба ин вабо гирифтор мешаванд. То имрӯз наздик ба 60 миллион адад ба ин касалӣ мубтало шуда ва 20 миллиони онон бар асари он дунёро тарк гуфтаанд.

Бар асоси омори расмӣ, имрӯза дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ зиёда аз 2000 нафар мубтало ба ин вабо шудаанд. Дар робита бо авомили сирояти ин вабо, пизишкон бар онанд, ки асосан се роҳ аст, ки ба воситаи онҳо ин касалӣ ба дигарӣ сироят мекунад:

1. Аз тариқи омезиши ҷинсӣ, ки бештар касоне гирифтор мешаванд, ки аз роҳҳои ғайри оддӣ ба омезиши ҷинсӣ мепардозанд, мисли гомосексуалистҳо ва ё биосексуалистон ва аз ин қабил афрод;

2. Аз тариқи хун, масалан ҳангоми истифодаи сӯзандоруҳои тамйизнашуда, ки бештар муътодону нашъамандон аз ин тариқ гирифтор мешаванд;

4. Занҳое, ки ба ин беморӣ мубтало мебошанд, ҳангоми ҳомила ё таваллуд ва ё ҳатто ширдиҳӣ, беморияшон ба кӯдакони онҳо сироят мекунад.

Аз миёни авомили номбурда, он чи бештар ба унвони омили сирояти ин вабо ва густариши рӯзафзуни он қаламдод мешавад, ин инҳирофи ҷинсист. Тег «Далее»

Қалам ё алам?

Дирӯз навиштаҳои журналистонро ИҒВОГАР номиданд, имрӯз ТАРҒИБГАРИ

ТЕРРОРИЗМ эълон карданд, фардо чӣ? Маҳкум ба марг?

Сураи «Қалам» ва тӯҳмат намудани қаламкашон

Сураи «Қалам» яке аз сураҳои аввали нозилшудаи Қуръон аст… ва савганд ба қалам хӯрдани Аллоҳтаъоло рӯшан сохтани эътибору мартабаи баланди қалам аст пеши худованд ва аз ин дарс гирифтан аст.

Яъне, савганд чунин омадааст: нун вал қалами ва мо ястурун: Қасам ба қалам (-и аъло) ва бо он чи менависанд (фариштагон)

Вале халқи қалам ва «нун», (ки худо донотараст дар маънии он) ва забон, ки бародари қалам аст барои ифодаи мақсад бо хат ин як фазлу марҳамати илоҳист, ки инсонро аз миёни махлуқоташ имтиёз дод то ҳарф бизанад ва қаламу давот дод то фикрашро навишта бисозад.

(Ояи якуми сураи қалам, 29 пораи таборак, «Тафсири осонбаён»)

Бояд ёдрас шуд, ки ин сура се мавзӯи асосиро ёдрас ва рӯшан мегардонад, ки яке аз онҳо қадру қимати пайғамбарон ва пок будани онҳо аз айбҳое, ки мушрикон ба онҳо мебастанд ва соҳиби ахлоқи олӣ будани пайғамбарон таъкид мешавад.

Яъне, дар замони пайғамбарон ҳам бо вуҷуди он ки фиристодаи Худо буданд ва аз рӯйи ончи ки дар китоби муқаддаси Қуръон омадааст, амал мекарданд, нисбаташон тӯҳмату истеҳзо намуда, ба қатл маҳкум мекарданд. Тег «Далее»

Кӣ пойгоҳи забони тоҷикиро танг мекунад?

Тартиб додани як ҷадвали алифбо дар чор сол ё худ нигоҳе ба қафо!

Бино ба гуфтаи шоҳидону дастандаркорон ҳанӯз даҳ сол пеш гурӯҳе аз олимони тоҷик дарк карданд, ки адами алифбои тоҷикӣ дар сафҳакалиди компютер боиси ба системаҳои иттилоотии ҷаҳониву муосир шомил нагардидани он шудааст. Яъне алифбои тоҷикӣ стандарти давлатӣ надорад. Бо таваҷҷӯҳ ба ин мушкил гурӯҳе аз донишмандони соҳа ба номи Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси  миллии кишвар дар мавриди таъйини стандарти давлатӣ барои алифбои тоҷикӣ мактуби расмӣ навиштанд. Маҳмадсаид Убайдуллоев дар ҷавоб ба ин мактуб супориш дод, ки фавран масъалаи мазкур аз ҷониби собиқ Вазорати алоқа (имрӯз Вазорати нақлиёт ва коммуникатсия) ва Академияи улуми Тоҷикистон баррасӣ ва лоиҳаи ҳалли он ба Маҷлиси миллӣ пешниҳод карда шавад. Сипас бо ширкати масъулини АИ Тоҷикистон, масъулини собиқ Вазорати алоқа, донишгоҳҳо ва ташкилотҳои марбута ҷаласа доир шуд.  Дар ин ҷаласа аз ҷониби Толиби Розӣ, корманди Академияи улуми Тоҷикистон, номзади илмҳои филологӣ, барноманависи компютер, муаллифи луғати англисӣ-тоҷикӣ дар компютер, муаллифи сомонаҳои  http://www.termcom.tj, http://www.cit.tj ҷадвали ҷобаҷогузории ҳарфҳои миллӣ, ки тибқи он ба ҷойи ҳарфҳои   русии «ц», «щ», «ы», «ь» чор ҳарфи тоҷикӣ  ва дар раддаи болоии сафҳакалид, яъне дар қатори шумораҳо ду ҳарфи боқимондаи  тоҷикӣ гузошта шудааст, пешниҳод шуд.  Аммо ҷаласаи нахустин ба баҳси масъала нуқта нагузошт. Баъдан моҳи майи соли 2004 як гурӯҳи корие иборат аз намояндагони мақомоти марбутаи давлатӣ, ташкилотҳои мухталифи ғайриҳукуматӣ ва донишмандони соҳа ташкил ёфт.  Ин гурӯҳи корӣ дар доираи фаъолияти худ моҳи августи соли 2004 ҷадвали пешниҳодкардаи  Толиби Розиро дар мавриди ҷобаҷогузории ҳарфҳои миллии тоҷикӣ дар сафҳакалиди компютер қабул намуд ва нусхаи онро ба Консорсиюми ҷаҳонии UNICODЕ фиристод. Чаро  маҳз ба ин консорсиюм, чунки ба гуфтаи мусоҳиби мо UNICODЕ консорсиюми ҷаҳонӣ буда, бисёр ширкатҳои тавлидкунандаи барномаҳои компютерӣ, аз ҷумла ширкати  Mikrosoft аъзои он мебошанд. Тег «Далее»

Духтур аз силкасал метарсад

Нодории аҳолӣ боиси хурӯҷи бемории сил шудааст?

Дар 8 моҳи соли ҷорӣ аз ҷониби мутахассисони физиатрӣ дар 10 ноҳияи вилояти Хатлон 898 гирифторони бемории сил ба қайд гирифта шудааст. Ин нишондиҳанда нисбат ба 8 моҳи соли 2009 ба миқдори 56 адад зиёд мебошад. Тавре гуфта мешавад, ҳолати нигаронкунанда ҳоло ҳам ноҳияи Восеъ ва Ҳамадонӣ боқӣ мемонад. Имсол дар ноҳияи Восеъ 230 нафар гирифторони сил муайян карда шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 16 нафар зиёданд.

Бо вуҷуди он ки Созмони ҷаҳонии тандурустӣ барномаҳоеро барои кам кардани ин беморӣ дар Тоҷикистон рӯи даст гирифтааст ва солона миллионҳо доллар ихтисос медиҳад, аммо бемории сил ҳама сола рӯ ба афзоиш аст.

Сил дарди бедаво нест, аммо хатари бедармонӣ вуҷуд дорад

Ҳарчанд сил бемории табобатшаванда аст, аммо мардум бо сабабҳои гуногун аз табобат даст мекашанд. Масъулини Вазорати тандурустӣ бар ин назаранд, ки сатҳи иттилоотнокии мардум нисбат ба бемории сил ва табобатшаванда будани он ҳоло беҳтар гаштааст. Тег «Далее»

Ба куҷо равонаем?!

Тоҷикистон дар даврони Шӯравӣ як ҷумҳурии гулгулшукуфон, саноатӣ, аграрӣ, туризм, осоишта ва кам ҷиноят содир мешудагӣ, ба ибораи дигар макони орзу мекардаи ҳар  инсони солимақл буд. Ҳатто  сайёҳони хориҷӣ Исфараю Қайроққум, Обигарму Гармчашма, табиати биҳишосои Помирро орзуи як бор дидан мекарданд. Корхонаҳои саноатии Душанбеву Хуҷанд, Истаравшану Конибодом, Исфара ва амсоли инҳо ба 22 давлати хориҷӣ маҳсулот мефиристанд. Пахтаи Тоҷикистон  аз лиҳози  сифат ва талабгориаш дар дунё ҷойи аввалро мегирифтанд.

Бародаркушӣ, мансабталошии роҳбарони белаёқат рӯзҳои беҳад вазнинро бар сари мардуми кишвари мо овард, ки оқибати он рӯзҳои шумро то ҳанӯз мардуми ҷумҳурӣ фаромӯш накардаанд. Дар  ин ҷанги бемаънӣ чандин инсонҳои нек: олиму нависандагон, муҳандису лоиҳакашон, мутахассисони хоҷагии қишлоқ, чорводорӣ ва ғайраҳо ҳам ба ҳалокат расиданд.

Ҷумҳурӣ талаву тороҷ шуд, биноҳо вайрон шуд. Аз ҳама бадаш он ки чандин мансабдорон ҷойҳои осоиштаро «приватизатсия» карда гирифтанд. Марказҳои савдо, мағозаҳо, дӯконҳои маҳсулотдору ошхонаро одамҳои «бақувват» соҳиб шуданд. Ягон «посбони қонун» ё ки соҳибмансаб нагуфт, ки: «Ҳой, номардҳо, ин мағозаҳо ва тамоми матлубот бо «пайшикҳо», яъне бо ҳиссагузоронии мардум бунёд шудаасту  онро «соҳибшудан» ҷоиз нест. Ин иншоотҳо дар оянда ба мардум хизмат мекунанд»…

Заминҳои серҳосил, ки як вақтҳо то 40-45 сентнерӣ ҳосили пахта медоданд ба дасти савдогарон, косибон ва техникаҳо бошад ба дасти дигарҳо гузашт. Замин забон надораду дил дорад. ӯро дар вақташ хӯрондан, ташнагиашро шикастан, ҳатто дардаша даво кардан даркор аст. Ин заминбехабарҳо тирамоҳу баҳор маҳсулоти лозимият нозарурро коштан гирифтанд. Оқибат заминҳоро ба ҳолати «эрозия» оварда расониданд. Тег «Далее»

Иззат АМОН: «Мо бояд нишон диҳем, ки Равшану Ҷамшед нестем»

Чанд сол боз муҳоҷирати кории мардуми тоҷик ба кишварҳои дигар, аз ҷумла Русия дар ҳоли афзоиш аст. То ин замон ба ғайр аз намояндагиҳои расмии кишвар, дар минтақаҳои гуногуни Русия созмонҳое таъсис ёфтаанд, ки мақсадашон ҳимояи ҳуқуқҳои муҳоҷирони кории тоҷик эълон мешавад. Аммо то ҳол муҳоҷирони кории тоҷик аз нақзи ҳуқуқҳояшон шикоят доранд ва фаъолияти аксари созмонҳо ва Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русияро нокифоя арзёбӣ мекунанд.

Дар ҳамин ҳол, дар шаҳри Маскави Федератсияи Русия созмони нави «Иттиҳоди ҷавонони тоҷики муқими Русия» таъсис ёфтаву фаъолият дорад.

Ба хотири муайян кардани зарурати таъсиси боз як созмони нав барои муҳоҷирони кории тоҷик ва масоили ҳалталаби марбут ба фаъолияти мардикорон, Оҷонсии иттилотии TojNews бо роҳбари «Иттиҳоди ҷавонони тоҷики муқими Русия» Иззат Амон нишасти виртуалӣ баргузор намудааст. Ҳафтаномаи «Пайкон» аз ин сӯҳбат қисматеро сарчин карда, пешкаши хонандаи гиромӣ месозад.

ҳошим: — Бо салом ҳузури дастандаркорони tojnews ва орзуи комёбӣ ба Иззат Амон ва ҳамаи онхое, ки барои ҳалли масоили ҳамватанон дар диёри ғурбат талош мекунанд. Ҷавонони тоҷик аз чӣ пешрафтҳо ва мушкилот бархӯрдоранд ва созмони Шумо дар ин самт чӣ фаъолият пеш мебарад?

— Ташаккур бародари гиромӣ. Пешрафти ҷавонони тоҷик дар Русия хеле кам ба чашм мерасад, вале солҳои охир, мешавад гуфт, каме бедорӣ ҳис карда мешавад. Масалан, қаблан шумораи зиёде аз ҷавонони тоҷик ба кӯчарубӣ машғул буданд. Имсол мешавад гуфт, қариб ки дида намешаванд. Онҳо бештар ба фаъолиятҳои тиҷоратӣ машғуланд. Ҷавонони мо аллакай зарур будани фарогирии илм ва таҳсил дар донишгоҳҳоро ҳис карда истода, шумораи зиёди ҳамватанон машғули таҳсил ҳастанд. Боз яке аз паҳлӯҳои муваффақиятҳои ҷавонони мо дар ин кишвар ин аст, ки зарурияти ваҳдат ва зери як парчам буданро ҳис карда, ба ҳам омада истодаанд. Тег «Далее»

Рубрики:Uncategorized

Дасти дарози раис

9 октября, 2010 1 комментарий

Охираш. Аввалаш

Ба таваҷҷӯҳи прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерхон Салимзода

Ба таваҷҷӯҳи директории агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза алайҳи коррупсия Ф.Ғ.Саидов

Мақомоти дахлдори ҷумҳурӣ вобаста ба арзу шикоятҳо посух додаанд.Чун дар даст нусхаи тарзи гузарондани санҷишҳоро надорем, таҳлили онҳоро як сӯ мегузорем. Танҳо пас аз мутолиаи нусхаи посухҳо даҳҳо саволҳои беҷавоб пайдо мешаванд. “Чаро”-ҳои зиёде паси ҳам қатор гардида, кас худ аз худ мепурсад: «Наход ягон далели қонуншиканӣ набошад?» Мо ҳам ҷонибдори ҳамаи онҳо мебудем, ки дар мақомоти баланди давлатӣ адои вазифа мекарданду мекунанд ва ба ин қазия бархӯрд кардаанду гуфтанд: «Ваҷҳҳои ариза тасдиқ нагардиданд». Вале аз ҷавобҳои додашуда маълум мегардад, ки аризаи даъвогар хеле сатҳӣ санҷида шудааст. Имкон дорад дар дафтари корӣ нишаста, омода карда бошанд.Санҷишгарон аз худ суол накардаанд, ки чаро як тоифаи одамон соҳиби замин ё моликияти давлатӣ мегарданд ва чаро маҳз додари раиси шаҳр? Қонунгузорӣ чиро тақозо менамояд? Оё барои бекор намудани қарорҳои қаблан қабулшуда раиси ноҳия ваколат дорад? Чаро қарори як шаҳрвандро бекор намуда, ба каси дигар ҳамон қитъаи замин ба ҳамон мақсад дода мешавад?

Дар боло аз баҳси  ҶДММ «Терминал-Хизматрасон-Савдо», ки бо қарори раиси шаҳри Ваҳдат №136 аз 6-уми июни соли 2002 ва №127 аз 27-уми апрели соли 2003 барои сохтмони «Маркази тиҷоратии шарқ» ва стансияи нақлиёти автомобили самти Файзобод, дар кӯчаи Исмоили Сомонии шаҳри Ваҳдат ба миқдори 0,31 га замин ва барои сохтмони истгоҳи шабонарӯзии нақлиёти автомобилӣ дар хамгашти кӯчаҳои Фирдавсию Ҳамзаалиеви шаҳр ба миқдори 0,14 га замин ҷудо карда шуда,  ёдрас гардидем. Ин қарорҳоро раиси шаҳр, Ваҳдат Анвари Вайсиддин бо қарорҳои худ бекор карда, қисми заминро ба шаҳрванд П. Зиёев барои сохтмони маркази савдо ва истгоҳи нақлиётии шабонарӯзӣ медиҳад. Тег «Далее»

Муроҷиатнома

Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз  як гурӯҳ маҳкумшудагон

Мо, як гурӯҳ маҳкумшудагон аз гуфтаҳои Шумо бениҳоят хурсандем ва аз талошҳои шабонарӯзиатон дар роҳи беҳбуд бахшидани рӯзгори мардум ва тинҷу ором будани Тоҷикистони азиз ҷонибдорӣ менамоем ва ба маънои том имрӯз мардуми кишвар дар симои Шумо роҳбарeро мебинанд, ки ғамхору халқпарвар аст. Маҳз ҳамин ғамхорӣ ва дилсӯзии Шумо моро умедвор кард, ки ба Шумо муроҷиат намоем.

Мӯҳтарам Ҷаноби Олӣ!

Шумо дар паёми худ ба маҷлиси якҷояи Маҷлиси Намояндагон ва Маҷлиси Олӣ таъкид карда будед, ки «Ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, таъмини волоияти қонун ва тартиботи ҳуқуқӣ яке аз вазифаҳои асосии давлат мебошад».

Мо низ чунин меҳисобем ва ҳоло низ умед дорем, ки дастуру супоришҳои Шумо иҷро мешаванд. Акнун ҳамаи умеди мо аввал ба Худо баъд ба Шумост. Мо ба Шумо боварӣ дорем, чунки Шумо дар ҳар вохӯрӣ ва ҷаласаҳо таъкид мекунед, ки роҳбарон, асосан роҳбарони мақомотҳои прокуратура, судяҳо, ВКД-ро, ки онҳо бояд дасту дили пок дошта бошанд, вале афсӯс, ки ин тавр нест. Тег «Далее»

Рубрики:Uncategorized