Архив

Posts Tagged ‘Кӯкнор 2009’

«Бин Лодан»-и русӣ кушта шуд

Дигар аз фоли «русӣ» ва тарҳи «амрикоӣ» халос шудем 
Кушта шудани Абдулло Раҳимов, ки бо номи «Бин Лодан»-и русӣ ва «Мулло Абдул¬ло» ёд мешуд, расман тасдиқ шуд. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар як баёния кушта шудани Мулло Абдулло ва 14 ҷонибдори ӯро тасдиқ кард.
Дар ин изҳорот гуфта мешавад, ки ама¬лиёти зидди гурӯҳи мазкур пас аз ошкор шу¬дани маҳали ҷойгиршавии Абдулло Раҳимов, мулаққаб ба «Мулло Абдулло» «дар қисмати ғарбии ноҳияи Рашт, дар масофаи беш аз 50 километр дуртар аз маркази ноҳия, дар мав¬зеи баланду мушкилгузар» рӯзи 15-уми апрел оғоз ёфт. Ҳангоме ки нерӯҳои давлатӣ барои боздошти Абдулло Раҳимов, бо лақаби «Мул¬ло Абдулло» ба ин маҳал омаданд, задухӯрди шадиде шурӯъ шуда, бар асари он Абдулло Раҳимов ва 14 нафар аз «аъзои гурӯҳи ҷиноии ӯ» кушта шудаанд. Дар баёнияи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо изҳори таассуф гуфта шудааст, ки дар ин даргирӣ ду нафар аз сокинони маҳаллӣ, ки бо иродаи ватанахоҳӣ аз ҳамсафони ихтиёрии сохторҳои қудратии кишвар буданд, ба шаҳодат расиданд ва ду нафар аз кормандони мақомоти амният ҷароҳати ҷисмонӣ гирифтаанд.  Тег «Далее»

Дар Ғарм ҷанг сар шуд?

26 сентября, 2010 Оставьте комментарий

Мулло Абдулло фурсатпойӣ мекард, ки президенти Тоҷикистон

кай ба сафар меравад, то ӯ ва гурӯҳаш вазъиятро дар Тоҷикистон ноором кунанд?

Мақомоти амниятӣ дар ин амал гурӯҳҳои Мулло Абдулло, ки сулҳи соли 1997-ро қабул накарда, тарки Тоҷикистон кард ва ҳамчунин Аловуддин Давлатов, маъруф бо лақаби Алии Бедакиро муттаҳам донистаанд. Мувофиқи маълумоти Вазорати мудофиа террористон шаҳрвандони зархарид ва кирояшудаи Ҷумҳурии Исломии Покистон, Афғонистон ва Чеченистони Федератсия Русия буда, ҳадафи аслии онҳо дар зери ниқоби ғояҳои исломӣ ноамн кардани фазои ором, ҷудоӣ андохтан байни гурӯҳҳову миллатҳо ва ба майдони фаъолияти гурӯҳҳои тундраву ҷангҷӯи исломии минтақа табдил додани Тоҷикистон мебошад.

Дар ҳамин ҳол хабаргузориҳои дохиливу хориҷӣ шумораи ҳалокшудагонро ҳар гуна арзёбӣ мекунанд. Ба иттилои расонаҳо мошинҳои низомӣ барои иваз кардани хизматчиёни ҳарбӣ дар роҳ ҳаракат мекарданд ва дар байни деҳаи Шулмак ва Шулеи дараи Камароб нафарони мусаллаҳ бо гранатомёт ва пулемёт сӯи мошинҳо тир кушодаанд. Гурӯҳи мусаллаҳ дар назди роҳи дара маскан гирифта будаанд, вале шумораи онҳо маълум нест. Хабаргузории «Азия плюс» бо такя ба як манбаи боэътимоди қудратӣ хабар додаст, ки на камтар аз 40 нафар аскарони Вазорати дифоъ дар пайи ин амалиёти террористӣ ҳалок гаштаанд. Дар ҳамла ба мошини низомии «Урал» Вазорати мудофиа гурӯҳи Алии Бедакро муҷрим донистааст, аммо чанд рӯз пеш ба иттилои расонаҳо падари Алӣ гуфтааст, ки фарзандаш бо ҳеҷ як гурӯҳи силоҳ ба даст ҳамроҳ нашуда, ба чорводориву кишоварзӣ машғул аст. Тег «Далее»