Архив

Posts Tagged ‘Рӯзи забони тоҷикӣ’

Ҳикмати Рӯзи забони тоҷикӣ

Чанде қабл Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон қарор қабул кард, ки аз ин пас Рӯзи забони тоҷикӣ на 22-юми июл, балки 5-уми октябр ҷашн гирифта шавад. Зеро охирин қонуни забони тоҷикӣ 5-уми октябри соли 2009-ум ба тасвиб расида буд. Ҳамчунин, 5-уми октябр рӯзи мавлуди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст.

Амри зарурӣ ва саривақтӣ…

Забоншинос ва адабиётшиноси тоҷик, академик Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ ин қарори Маҷлиси намояндагонро саривақтӣ ва зарурӣ арзёбӣ кард: «Чандест, мо бисёр илтимос мекардем, ки Рӯзи забони тоҷикӣ аз 22-юми июл ба дигар рӯз гузаронида шавад. 22-юми июл агарчи ҳақиқатан рӯзи қабул шудани якумин қонуни забони тоҷикӣ дар соли 1989-ум аст, лекин барои ҷашн чандон муносиб нест. Дар ин вақти гармӣ мо наметавонистем, ки ин рӯзро ҷашн гирем. Зиёиён ҳама дар мураххасӣ. Донишҷӯён низ наметавонанд ширкат варзанд. Ба дигар рӯз мондан Рӯзи забони тоҷикӣ амри зарурӣ ва саривақтист».
Воқеан, ҷамъ кардани зиёиёну донишҷӯён барои ҷашн гирифтани Рӯзи забони тоҷикӣ дар ин фасли гармо душвор аст. Вале инҷо чанд суоли дигар посух мехоҳанд. Аз 22-юми июл ба 5-уми октябр гузаронидани Рӯзи забони тоҷикӣ барои беҳбудии забони тоҷикӣ чи манфиат оварда метавонад? Оё дар ҳамон соле, ки ба забони тоҷики мақоми давлатӣ доданд, барои рӯзи ҷашнаш наандешиданд? Чаро то имсол ин санаи таърихӣ тағйир наёфту акнун Кумитаи забон ва истилоҳот онро ба дигар рӯз гузаронд?
Агар ба гуфтаи академик Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ эътимод бандем, аз ҷониби забоншиносони тоҷик борҳо ба президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод шудааст, ки Рӯзи забони тоҷикӣ аз 22-юми июл ба дигар рӯз монда шавад. Гӯё ба ин пешниҳод Эмомалӣ Раҳмон розӣ нашуда, 22-юми июлро рӯзи таърихӣ донистааст.  Тег «Далее»