Главная > Uncategorized > ПӯКид

ПӯКид

ЧАНД НУКТА БА ҶОИ ПЕШГУФТОР

Шукри беҳад яздони покро, ки фурсате ба мо дод ва иншои ин китоб сари вақт ба поён расид. Ҳеҷ гоҳ бо чунин дилгармӣ ба навиштани посухе саргарм нашуда будам, чуноне ки дар як моҳи пас аз Наврӯзи соли 2011. Бояд ба ҳарифон низ ташаккур баён намоем, ки ҳар гоҳ хорише пайдо карданд, ному навиштаҳои моро ба миён меоваранд ва ҳадафи тӯҳмату ифтироъ қарор медиҳанд.

Албатта, барои ҳарифони мӯҳтарам ин нуктаро низ мехоҳам таъкид намоям, ки ба забони русӣ посух навиштан бароям душворие надорад, вале баҳсу андеша дар ин мавзӯъи таърихи начандон дур ё навин пеш аз ҳама кори дохилии миллат аст ва бояд байни тоҷикон ҳаллу фасл шавад ва ба доварии бародарони бузургу миёна ниёз нест (лозим ояд матни посухҳоро ба забони русӣ баргардон ва нашр хоҳем кард).

Дар посухҳо ба таври бисёр мухтасар танҳо ба бархе масъалаҳо ишорат кардему халос, зеро барои аҳли фаҳм ҳамин ишоратҳо кифоят мекунад.

Мақолаи «То ба кай об аз таги ях меравад?», ки шашуми январи соли 1988 дар рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» 1.  ба нашр расида буд, дар ин китоб оварда шудааст.

Мирбобои Мирраҳим (М. Мирраҳимов)

ш. Душанбе, 27.04.2011

7 Саври (Урдибиҳишт) 1390 хуршедӣ

Мирбобои Мирраҳим

ҲАМТАБАҚИ ШОДМОН ФАЙЗУЛЛАЕВИЧ ЮСУПОВ ВА ХУЛЬКАР ЮСУПОВ ПӯКИД 2. !!!

Саромади гуноҳон дурӯғ аст.

Дурӯғ гуноҳро поягузорӣ мекунад, ба ҷустуҷӯ аз он мепардозад, онро собит ва барқарор медорад. Дурӯғ ҳамвора ба се ранг дармеояд: ба ранги орзӯ ва ранги инкор ва ранги ситезаҷӯ.

Рӯзбеҳ (Ибни Муқаффаъ)

Чашми ҳасуд кӯр аст ва гоҳе дубин. Ҳар чӣ каҷ мебинад, ҳамон хел дар зеҳнаш мемонад ва солҳои сол дар ғаму андӯҳ ба сар мебарад, ки чаро на ӯ, балки дигаре дар садри коре ҳаст ва ё андешаи волое дорад. Суоли Чаро?! Чаро?! Чаро на ман?!,- дар ҳама ҷо ва ҳар давру замон ӯро азобу азият мекунад ва то дами марг дар ғами ҳамин андӯҳ мемонад.

Бисту се сол пеш аз ин рӯзгор мақолаи «То ба кай об аз таги ях меравад?» дар рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» (6.01.1988) чоп шуда буд, ки фитрат ва ғояҳои он то ба имрӯз бархе аз ҳасудонро ором намегузорад, ки «чаро» ва «сад чаро, ки он нуктаҳоро ман нагуфтам…».

Аз он ки мо то имрӯз зиндагӣ дорем, барои бархе сахт гарон аст, зеро бознависии таърих ва дурӯғҳояшон пойдор ва бозоргир нахоҳад шуд. Бинобар ин кӯшиши зиёде ба харҷ медиҳанд, то ба хоҷагонашон биқабулонанд, ки дар ҳамаи ин дигаргуниҳои бист-сӣ соли ахир маҳз Мирбобо Мирраҳимов «гунаҳкор» аст ва дигарон уболаку ҷабрдида ва мазлум. Тӯҳматгароён бар ин боваранд, ки ҳар қадр дурӯғ ва ифтироъ 3.  нисбат ба Мирбобо Мирраҳимов бештар шавад, одамон низ таҳти таъсири он қарор гирифта, дар ниҳоят ба бофтаҳои ишон бовар хоҳанд кард. Аз ин рӯ, ҳар фурсатро ғанимат дониста ва аз ҳар мавқеъияте, ки пеш меояд, моҳирона сӯъиистифода ба амал меоваранд.

Дар даҳ-понздаҳ соли ахир чандин китоб ва садҳо мақола дар муқобили Мирбобо Мирраҳимов навишта шудааст, ки аксари онҳо қобили нақд ва посух нестанд, вале китобчаи нав дар шаҳри Остона — пойтахти Ҷумҳурии Қазоқистон, бо забони русӣ ба нашр расонидаи ҳазрати Саломиддин Мирзорахматов 4.  аз ҷинси дигар аст, зеро дар тӯҳматгароӣ ба одамон (истисно танҳо мақолае аст, ки ба зиндагӣ ва фаъолияти устоди равоншод Отахони Латифӣ бахшида шудааст) то ба ҳол дар мактаби рӯзноманигории коммунистӣ ва пас аз суқути он режим назир надошт ва надорад. Дар рӯзноманигории коммунистони собитқадам қабл аз он ки нисбат ба касе парвандаи ҷиноӣ боз шавад, нахуст дар саҳифаи рӯзномаҳо ё дигар васоити ахбори умум ҳукми маҳвсозӣ ва ё марги зудҳангоми ӯ содир мешуд (ба вижа дар солҳои 1937-1939) ва пасон «додгоҳи боадолати коммунистӣ» онро таъйид мекард. Пас аз содир шудани ҳукми додгоҳ сиёҳ кардани шахси мақтул ё маҳкумшуда дар саҳифаи рӯзнома ва дигар васоити ахбори умум кори бисёр содда ва «бо санад ва далел» маҳсуб мешуд. Ҳеҷ эътирозе нисбат ба навиштаи рӯзноманигори чапдаст ворид намегардид. Эътироз чист?! Шиори қаламбадастони коммунистӣ чунин буд: «Бигузор он шахс аз айб ва гуноҳҳое, ки мо дар ҳаққаш навиштем, худашро пок созад» (нақли қавл аз Ю. Семёнов). Ин сабк ва ҳунарнамоӣ дар навиштаҳои Саломиддин Мирзораҳматов сад дар сад риоят шуда ва ҳатто гузашта аз он яке дигар аз ҳамтабақҳояш дар пешгуфторе ба он «фатвои илмӣ» ҳам додааст, ки ин рӯзноманигори на он қадар бофарҳанг «ойинаест, ки чеҳраи ҳақиқӣ»-ро инъикос менамояд. Вале гӯиё фаромӯш шуда, ки ҳам ойина ва ҳам худи муфтӣ на танҳо каж ва гандида, балки беш аз ҳад дилбеҳузуркунанда аст. Албатта, барои посух ба дурӯғпароканиҳои ойинаи беҷону каж ва пешвои он бояд китобе навишт, вале мувофиқи мақоли маъруфи «мушт намунаи хирвор аст» дар поён ба мӯҳтавои пешгуфтори он «бузургвор» низ чанд нуктаеро ворид хоҳем сохт, ки чеҳраи ҳақиқии ҳар кас дақиқ намудор гардад.

Дар нахустин сархати мақолаи С. Мирзораҳматов дар бораи Мирбобо Мирраҳимов чандин дурӯғ ҷой дорад.

Нахуст, дурӯғнавис чунин иддао кардааст, ки гӯё муаллифи мақолаи «То ба кай об аз таги ях меравад?» масъалаи «переход к национальному алфавиту» (с.71)-ро пеш гузошта буд. Ин таҳриф чизи наве нест ва куллан сад бор бештар ва хеле пештар-бисту се сол пеш аз ин рӯзҳо аз ҷониби «пешвоёни бузурги миллат» М. Осимӣ, Р. Амонов, Р. Ғаффоров, С. Табаров, Қ. Маҳкамов ва дигару дигарон ва ҳамчунин ҳамтабақи ишон-Хулькар Юсупов гуфта ва навишта шудааст, ки аз дараҷаи «саводи баланд, ҳамадонӣ ва дониши фарогир»-и онҳо шаҳодат медиҳад. Барои ҳамаи он бузургворон ва ҳатто С. Мирзорахматов айнан мисол овардани он пешниҳоди илмӣ (ки дурӯғгӯйии онҳоро собит намояд) аз мақолаи «То ба кай об аз таги ях меравад?» лозим аст: «Хулоса, шояд вақти он расида бошад, ки ба масъалаи таълими ҳуруфоти арабӣ (ин танҳо ба ном «арабӣ» аст, аммо кайҳо тоҷикӣ шудааст) дар мактабҳои миёнаю олӣ баргардем» 5 . Дар ин пешниҳод ба таври эҳтимол-«шояд» (на «бояд» ва «ҳатмӣ») роҷеъ ба «таълими ҳуруфоти арабӣ», яъне масъалаи омӯзиши алифбои ниёкон ҳамчун як фанни илмӣ, сухан рафтааст, на гузаштан ва на баргаштан ба он. Ҳар касе, ки каму беш забони тоҷикиро балад аст, хуб медонад, ки истилоҳи «таълим» чӣ маънӣ дорад. Танҳо онҳое, ки дубинанд, ифтироъ ва тӯҳматро кеши хеш гузидаанд, ба таври худсарона онро «баргаштан ба ҳуруфоти арабӣ» («переход к арабскому или национальному алфавиту») тафсир месозанд. М. Осимӣ, Х. Юсупов, А. Маниёзов, С. Табаров 6. , Р. Амонов, Р. Ғаффоров 7. , Қ. Маҳкамов ва садҳо нафари дигар бисту се сол пеш аз ин рӯзгор маҳз ҳамин нуқтаи назарро ба ҳамагон тафсиру талқин мекарданд (зеро чунин тафсир ва таҳриф барои ҳамагон коро ва таъсиргузор хоҳад буд ва манқуртҳо бештар ба пешвоёни коммунистӣ эътимод мекунанд ва саркӯбии Мирбобо Мирраҳимов чӣ дар Тоҷикистон ва чӣ дар тамоми Иттиҳоди Шӯравӣ аз ин тариқ осонтар ба даст меояд) ва ҳоло пас аз гузашти беш аз ду даҳсола С. Мирзорахматов дурӯғ ва дасисаи онҳоро такрор кардааст ва он ҳам бисёр ноҷавонмардона 8. . Аслан ба шумо ин пешниҳоди банда чӣ зарар расондааст, ки бояд ҷуброн шавад, мӯҳтарам С. Мирзорахматов?! Чаро соли 1988 вақте ки мақолаи «То ба кай об аз таги ях меравад?» нашр шуд, садоятонро баланд накардед? Агар ин дурӯғатонро он сол менавиштед ва чоп мекардед, шояд ҳол дар Қазоқистон зиндагӣ намекардед. Онҳое, ки ин корро сари вақт ё каме дертар дар аз солҳои 1989-1994 ва ҳатто 2001 анҷом додаанд, имрӯз дар ҷумҳурӣ ва дигар кишварҳо чӣ мақому мансабе ва чӣ ҷоҳу манзалате доранд, ки шумо онҳоро дар хоби шабатон ҳам намебинед! Ин машварати муфтро дар хотиратон занҷирбанд кунед: минбаъд дурӯғ ва тӯҳматро сари вақт нависед ва ба чоп расонед ва аз пода дер намонед. Зеро Саъдии бузургвор фармудааст:

Агарчи пеши хирадманд хамӯшӣ адаб аст

Ба вақти маслиҳат он беҳ ки дар сухан кӯшӣ.

Ду чиз тайраи  ақл аст: дам фурӯ бастан

Ба вақту гуфтану гуфтан ба вақти хомӯшӣ.

Нуктаи ҷолиб дар тамоми навиштаҳои «бузургони миллат» ин аст, ки ҳамаи тӯҳматгароён дар саркӯбии муаллифи мақолаи «То ба кай об аз таги ях меравад?» таҳрифи хешро айнан бо ин ҷумла шурӯъ кардаанд:

А. Саъдуллоев ва И Усмонов: «Дар шумораи 6 январи соли ҷории газетаи «Комсомолии Тоҷикистон» ба чунин навиштаҳо дучор омадем…». Нигаред: «Тоҷикистони советӣ», чоршанбе, 27.01.1988, №22(17.421), саҳ. 4;

«Дар шумораи 6 январи соли ҷорӣ дар рӯзномаи «Комсомолии Тоҷикистон» мақолаи номзади илми фалсафа Мирбобо Мирраҳимов бо номи «То ба кай об аз таги ях меравад?» чоп шуда буд…». Нигаред: «Адабиёт ва санъат», №7(532), 18 феврали соли 1988, саҳ.4;

Р. Амонов ва Р. Ғаффоров: «Дар рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» 6 январи соли ҷорӣ зери сарлавҳаи «То ба кай об аз тагӣ ях меравад?»-Андешаҳо аз боби тарбияи интернационалӣ ва атеистӣ»-мақолаи номзади илми фалсафа М. Мирраҳимов чоп шуд». Нигаред: «Тоҷикистони советӣ», №53(17.452), 4.03.1988, саҳ. 3.

________________________________________________________________________—

1  Рӯзи 30.04.2011 ба Китобхонаи миллии давлатии Тоҷикистон ба номи Абулқосими Фирдавсӣ муроҷиат кардем, то аз мақолаамон нусхабардорӣ карда ва намои онро дар ин китоб ҷой бидиҳем. Аммо дар ҳар ду бастаи рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» (ки бо дархости мо кормадони Китобхона ба толори мутолаа оварданд)  шумораи рӯзи 6.01.1988 вуҷуд надошт. Он шумораи рӯзномаро ҳатто дар Китобхонаи миллӣ несту нобуд кардаанд, то дар хотираи мардум нишоне аз он боқӣ намонад…

2  Пӯкидан-таркидан, мунфаҷир шудан, ногаҳон садое даровардан, ҳарфи бемаънӣ ва пуч гуфтан.

3  Ифтироъ-бофтан, гап бофтан, гап сохтан; тӯҳмат кардан, бӯҳтон кардан, тӯҳмат задан, ба дурӯғ нисбати хиёнат ба касе додан, касеро беасос хоин гуфтан.

4 Мирзорахматов С. Герои-истинные и мнимые.-Астана: РК, 2011.-96 стр. Минбаъд ҳангоми иқтибос аз китобчаи мазкур саҳифа дар қавсайн нишон дода хоҳад шуд.

5 Ниг.: Комсомолии Тоҷикистон, 6 январи соли 1988, саҳ. 1-2.

6 Устоди маҳалгароӣ ва таҳрифу ифтироъ, алломаи даҳр, мӯҳтарам С. Табаров 18 марти соли 1988 дар ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» бо унвони «Алифбо гунаҳкор аст?» дар ин замина чунин дури маънӣ суфтааст: «Баъзе рафиқон бо мақсади он ки «ба масъалаи таълими ҳуруфоти арабӣ … дар мактабҳои миёнаю олӣ баргардем», бартарии алифбои ҳиҷоӣ-овозии арабиро бар алифбои овозии лотинӣ ва русӣ муболиғаомез ба қалам медиҳанд.. Дар ин ҳолат гоҳо андешаи субъективии онҳо бар ҳақиқат ғолиб омаданӣ мешавад. Масалан, чунин фикри хато ва носанҷида нисбат ба халқҳои гурҷӣ, литвонӣ, латиш ва эстон натиҷаи ҳамин гуна андешаи хатост, ки рафиқ Мирраҳимов манзури хонандагон гардондааст». Чунин таҳриф танҳо дар мағзи С. Табаров ғулғулаандоз шуда метавонад. Ҳол он ки дар мақолаи мо на аз муқобилгузории алифбоҳо ва на аз бартарии алифбои арабӣ бар дигар алифбоҳо ҳарфе набуд. Танҳо ба таври эҳтимол ва шояд як пешниҳод буд: таълими алифбои арабиасоси тоҷикӣ дар мактабҳои миёна ва олӣ ба роҳ монда шавад, то мардум аз саводу дониш баҳраманд гарданд.

7  Р. Амонов ва Р. Ғаффоров дақиқан ҳамон таҳриферо, ки С. Табаров ба таври табартақсим шурӯъ карда буд, чунин идома додаанд: «Андешаи М. Мирраҳимов дар ин хусус (манзури ишон «хату алифбо»-М. М.) чандон равшан нест. Вай аниқ нагуфтааст, ки аз хати арабӣ даст кашидани мо кори дуруст буд ё не. Бинобар ин мақолаи ӯ дар байни хонандагон аз ин хусус шубҳа ба вуҷуд овард. М. Мирраҳимов чунин далелҳо меорад, ки агар мақсад аз табдили алифбо осон кардани пешрафти илму маданият бошад, мардуми Наздибалтика ва баъзе халқҳои Кавказ бе ин кор, яъне бе тағъири алифбо ҳам, ба зинаҳои баланди илму маданият расиданд. Ба ҳамин тариқ, мувофиқи пиндошти рафиқ М. Мирраҳимов, халқи тоҷик ҳам метавонист, чун халқҳои мазкур бидуни табдили алифбо пеш равад, ба комёбиҳои имрӯзаи адабиёт ва фарҳанг ноил гардад. М. Мирраҳимов аз рӯи ин ақида дубора ҷорӣ кардани таълими алифбои арабиро дар мактабҳои миёна ва олӣ мувофиқи матлаб дониста мегӯяд: «Шояд вақти он расида бошад, ки ба таълими…»

8  Ин ҷо маълум мешавад, ки хосу ом ба дурӯғ зуд хӯ гирифта, бештар ба он эътимод мекунанд, то ба ҳақиқати ҳол. Он нукта, ки М. Осимӣ, Х. Юсупов, Р. Амонов, Р. Ғаффоров, Х. Юсупов, С. Табаров ва дигарон дидгоҳи илмии моро дар мавриди таълими расмулхати форсии (арабиасоси) ниёгон дидаву дониста барқасд таҳриф ва онро бардурӯғ «баргаштан ба алифбои арабӣ (миллӣ)» тафсир карданд, иғво ба роҳ андохтанд, ба самар нишаст ва меваи талхе ба бор овард, ки ҳатто имрӯз ҷаноби С. Мирзорахматов дурӯғи онҳоро ҳақиқати кулл пиндоштааст. Ғалат кардед, рафиқ С. Мирзорахматов!

Мирбобои МИРРАҳИМ,

mirrahim1954@jmail.com

Давом дорад

  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Оставьте комментарий