ДАР БОРАИ МО

Толибов Ҷумъабой Ҷӯраевич (Ҷумъаи Толиб), 25-уми январи соли 1960 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст. Оиладор, соҳиби 6 фарзанд.
Соли 1979 ба Университети Давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (факултети журналистика) дохил шуда, соли 1984 таҳсилро ба анҷом расонидааст.
Аз соли 1989 то 1994 дар Университети Давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (факултети ҳуқуқшиносӣ) таҳсил кардааст.
Солҳои 1984-1994 дар газетаи ноҳиявии «Меҳнат»-и ноҳияи Айнӣ мусаҳҳеҳ, мухбир ва мудири шӯъба шуда кор кардааст.
Солҳои 1994-1995 сармуҳаррири газетаи «Нури ҳақ»-и ноҳияи Айнӣ буд.
Солҳои 1995-1998 раиси хоҷагии деҳқонии «Авсанъан».
Солҳои 1998-2004 мудири шӯъбаи ҳуқуқи Ҳукумати ноҳияи Айнӣ.
Дар натиҷаи нашри мақолаҳои интиқодӣ нисбат ба мақомоти қудратӣ 8 моҳ зиндонӣ шуд. Пас аз он боз ба рӯзноманигорӣ баргашт.
Солҳои 2004-2005 мухбири махсуси Маркази тадқиқоти журналистӣ дар водии Зарафшон.
Солҳои 2005-2006 директори иҷроияи Маркази тадқиқоти журналистӣ.
Солҳои 2007-2008 директори Оҷонсии иттилоотии «Зарафшон-таймс».
Аз соли 2008 директори Бюрои маслиҳатдиҳӣ, сухансанҷӣ ва тадқиқоти журналистӣ, ҳамзамон, аз моҳи марти соли 2009 сармуҳаррири ҳафтаномаи ҷамъиятиву сиёсии «Пайкон» аст.
Аз соли 1987 узви Конфедератсияи байналхалқии журналистон.
Аз соли 1994 узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон.
Аълочии матбуоти Тоҷикистон.

Устоди мархум Чумъаи Толиб хамрохи Фазлиддин Асозода

Устоди мархум Чумъаи Толиб хамрохи Фазлиддин Асозода

 


Фазлиддин Асозода, соли 1980 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст. Соли 1997 ба факултаи рӯзноманигорӣ ва тарҷумонии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон (ҳозира ДМТ) дохил шуда, соли 2003 таҳсилро ба анҷом расонидааст. Солҳои донишҷӯӣ бо ҳафтаномаҳои «Ҷавонони Тоҷикистон», «Оила» ва рӯзномаи «Ҷумҳурият» ҳамкорӣ мекард. Баъди хатми донишгоҳ муддати 1 сол дар муҳоҷирати корӣ дар Русия қарор дошт. Солҳои 2004-2005 дар ҳафтаномаи «Тоҷикистон» ба ҳайси муҳаррири шӯъбаи иқтисодӣ кор кардааст. Баъдан ба сифати муҳаррири масъули ҳафтаномаи «Реклама-сервис», ҷонишини сардабари ҳафтаномаи иттилоотиву сиёсии «Нигоҳ» ва муҳаррири «Нигоҳ», сармуҳаррири бахши тоҷикии АМИТ «Ховар» фаъолият дошт. Аз моҳи майи соли 2009 инҷониб ҷонишини сармуҳаррири ҳафтаномаи ҷамъиятиву сиёсии «Пайкон» аст. Аълочии матбуоти Тоҷикистон.

 

 

Фирдавс Ниёзӣ, соли 1979 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дунё омадааст. Соли 2003 факултаи филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм намуда, аз соли 2003 то 2004 дар ҶСП «Корпоратсияи Мусофирбар» фаъолият кардааст.
Солҳои 2004 то 2006 дар кафедраи «Адаб ва фарҳанг»-и Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Тоҷикистон ба тадрис машғул гардидааст.
Соли 2006 ба аспиратураи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шуда, соли 2008 онро ба итмом расонидааст. Дар мавзӯи луғатнигорӣ ва муқоисаи забонҳо кори тадқиқотӣ дорад.
Аввалин нигоштаҳояш дар ҳафтаномаҳои «Миллат», «Фараж» ва «Омӯзгор» ба табъ расидаанд. Бештари навиштаҳояш ба мавзӯъҳои маориф ва соҳоти гуногуни рӯзгор нигаронида шудаанд.
Дар ҳафтавори «Пайкон» ба сифати мусаҳҳеҳ фаъолият дорад.
Аз соли 2008 узви ИЖТ мебошад.

 

 

 

Аҳлиддин Салимов, соли 1986 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Соли 2007 ба факултаи рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шудааст. Айни замон дар ин макон тадрис дорад. Аз соли 2004 бо матбуоти даврӣ ҳамкорӣ дорад. Аз соли 2005 то соли 2009 дар ҶДММ «Чархи гардун» ба ҳайси рӯзноманигор ва саҳифабанд фаъолият дошт. Бештари навиштаҳояш ба масоили дини мубини Ислом ва вазъи иҷтимоии ҷомеа нигаронида шудаанд. Дар Бюрои маслиҳатдиҳӣ, сухансанҷӣ ва тадқиқоти журналистӣ ба сифати мухбир ва саҳифабанди ҳафтаномаи «Пайкон» фаъолият дорад. Аз соли 2007 узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон аст.

 

 

 

 

 

 

Ахлиддин Салимов

Ахлиддин Салимов

  1. 14 августа, 2011 в 4:06 пп

    🙂

    Нравится

  1. No trackbacks yet.

Оставьте комментарий