Архив

Posts Tagged ‘Заводи химиявии Тоҷикистон’

Ҷонон Икромӣ: «Ба гуфтаҳои худ мутлақо ҷавобгарам»

12 сентября, 2010 Оставьте комментарий

Тавре бархе аз сомонаҳои  иттилоотӣ менависанд, вақтҳои охир расонаҳои мухталифи ӯзбекистон дар мавриди оқибатҳои марговари фаъолияти Корхонаи Арзизи Тоҷикистон маводҳои зиёд пахш мекунанд. Аз маводҳои мазкур чунин бармеояд, ки чангу дуди корхонаи Арзизи Тоҷикистон барои аҳолии манотиқи наздисарҳадии ӯзбекистон хатарнок  ва марговар аст. Дар ҳар сурат, намояндагони ниҳодҳои экологии ӯзбекистон ин ақидаро тасдиқ мекунанд. Аммо оё матолиби расонаҳои ӯзбекистон асосӣ илмӣ доранд ё асли мақсад чизи дигар аст? Ҷиҳати рӯшанӣ андохтан ба ин ва дигар паҳлӯҳои масъала мо мусоҳибае анҷом додем бо Ҷонон Икромӣ, доктори илмҳои химия, профессор, узви Академияи улуми Тоҷикистон.

— Таври маълум, мушкилоти экологии ТалКо на бори аввал, ва фикр мекунам, на бори охир аст, ки дар расонаҳои гурӯҳӣ мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифтааст. Ташаббускори асосӣ ҳар вақт ҳамсояҳои ӯзбеки мо мебароянд. Ва ҳар маротиба, новобаста аз шарҳу эзоҳҳои мо бо тамоми ҷузъиёти мавзӯъ, экологҳои ӯзбек боз аз нав таъсири манфии ТалКо-ро ба ҳудуди ӯзбекистон такрор мекунанд.

Биёед аз нав ба таърих баргардем. Шояд решаҳо ва ё сабабҳои имрӯзаи чунин «таваҷҷӯҳи хоса»-ро ба ТалКо пайдо кунем?

— Дар солҳои 50-60-уми асри гузашта барои сохтмони Заводи аллюминӣ ҳам ӯзбекистон ва ҳам Тоҷикистон довталаб шуда буданд. Шароф Рашидов, сарвари машҳури давлати ӯзбекистон, ҳамчун номзад ба узвияти бюрои сиёсии КМ ҲКШС, бо тамоми нерӯ ва бо истифода аз мақому манзалати худ, талош кард, ки мақомоти баландпояи Иттиҳоди Шӯравиро барои ҷойгиршавии Заводи алюминӣ дар ҳудуди ӯзбекистон моил кунад. ӯ ин кӯшишҳоро бо баҳонаи афзоиши қувваи корӣ ва зиёд будани майдонҳои калони холӣ дар ҷануби ин кишвар амалӣ менамуд. Аммо Тоҷикистон таҳти роҳбарии Т. Улҷабоев ва А. Қаҳҳоров тавонистанд А. Н. Косигинро бовар кунонанд, ки сохтмони чунин иншооти азим дар кишвари мо мувофиқи ҳадаф аст. Далели асосие, ки дар ин кор нақши муҳимро бозид, ин электроэнергияи арзони НОБ-и «Норак» мебошад. Ҳамчунин мавҷудияти манбаъҳои захоири бойи табиӣ, наздик будани роҳи оҳане, ки корхонаро бо маркази кишвар мепайвандад, мавҷудияти майдон ҷиҳати ҷойгир кардани заводи азим ва шаҳри Регар (имрӯза ноҳияи Турсунзода), ки ҷиҳати сохтмони манзилҳои истиқоматӣ барои коргарон ва муҳандисон муносиб аст, маҷмӯи далелҳои дигаре дар ин иртибот мебошанд. Ба ғайр аз ин, наздикии кишвари ҳамсоя барои бо ҷойи кор таъмин намудани аҳолии ин ҷумҳурӣ аз ҳисоби фаъолияти завод низ даъвои раҳбарони ӯзбекистонро аз байн бурд.

Ҳангоми сохтмони завод Шароф Рашидов ба Тоҷикистон омад ва бо технологияи пешқадами ҳосил кардан ё коркарди алюминӣ, ки дар ТАДАЗ тадбиқ гашта буд, шинос шуд. Дар он солҳо ягон даъвову эътироз аз ҷониби ӯзбекистон бар қиболи корхона набуд.

Нақшаи давлатии (Госплан) ИҶШС ва вазоратҳои марбутаи он ҳаргиз ба манфиати Тоҷикистон қароре қабул намекарданд, агар тамоми далелу бурҳон қотеи ба мақсад  мувофиқ дар мавриди сохтмони завод  пешниҳод карда намешуд. Тег «Далее»