Архив

Posts Tagged ‘шабакаи телевизионии «Баҳористон»’

«Аввалу охир Худо!»

Соли дуюм аст, ки Ҳукумати Тоҷикистон миёни наврасон ва ҷавонон озмуни «Ҳифз ва қироати Қуръони карим»-ро доир мекунад. Дар озмуни имсола писарон аз синни 4 то 25-сола иштирок карданд.
Имсол ин озмун санаи 16 ва 17-уми июл дар «Маркази равобити пойтахт» гузашт. Дар он ҳофизони Қуръони карим аз манотиқи мухталифи Тоҷикистон иштирок карданд. Гуфтанист, дар озмун ҳамчунин ҳаводорону мутаваҷҷеҳони фалсафаи малакутии Қуръони карим низ ширкат карданд.
Ба ҳама маълум аст, ки мардуми мусалмон таълимоти диниро ҳанӯз аз овони кӯдакӣ ба фарзандонашон меомӯзонанд ва меҳри дини мубини исломро дар дили онҳо мепарваранд. Маҳз тавассути қироати хушу форами ояҳои қуръонӣ атфол ва наврасон ба китоби муқаддаси Қуръон гароиш мекунанд. Бо таваҷҷӯҳ ба эътимоду имони ҷомеаи Тоҷикистон нисбати дини мубини ислом ва қироати китоби муқаддаси Қуръон, мебоист таваҷҷӯҳи расонаҳо, бахусус шабакаҳои телевизионӣ ба ин озмун бештар мешуд. Аммо мутаассифона телевизиони «Баҳористон», ки маҳз барои кӯдакону наврасон барномаҳо таҳия мекунад, аз чӣ бошад, ширкати намояндаи худро дар кори озмун дареғ дошт. Ин дар ҳолест, ки аксари мушорикони озмун кӯдакону наврасони то синни мактабӣ буданд ва баррасии ҳунару дониш ва малакаи онҳо тавассути шабакаи телевезионии «Баҳористон» ҷиҳати тарбияи маънавии атфол нақши бузург мебозид. Ба фикри ман, телевизиони мазкур бояд аз ин имконият истифода мекард ва перомуни ҳунару қобилияти нобиғаҳои хурдсол барномаҳо таҳия месохт.
Дар рӯзи аввали ин озмун Саидмукаррам Абдуқодиров, корманди масъули Дастгоҳи Президент, ки аъзои ҳайати ҳакамон буд, бо балангӯяк гуфт: «Телевизиони «Баҳористон», ҳеҷ куҷо нараванд, онҳо барои ба пуррагӣ наворбардорӣ кардани ин озмун масъуланд» ва аз ҷой бархосту ба ҷустуҷӯйи «оператор» рафт. Аз ҷониби бинандагони ин озмун садо баромад, ки «телевизион танҳо ба кӯдакон рақс карданро намоиш медиҳад?…». Тег «Далее»